Абдуҷаббор Зардиев: « Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам»

(бахши дуввум)

Абдуҷаббор Зардиев 30.000 доллар барои пайдо ва ошкор  кардани он одаме, ки сиру асрори ӯро  тавассути «Ислоҳ.нет» фош кардааст, ҷоиза эълон намудааст.

Домулло Муҳаммад Иқбол! Бародари азиз, худованд дар ҳифзу амонаш нигоҳ дорад шуморо, ки ниқоби чунин ҳақимардумхорони золимро аз рухашон бармедоред. Ҳоло Зардиев якҷо бо бархе аз кормандони мақомоти интизомӣ дар пайи ёфтани шахсияти нафареанд, ки ин маълумотҳоро ба шумо ирсол кардааст. Аммо ӯ инро фаҳмидан намехоҳад, ки маълумотҳо барои нишон додани симои ҳақиқии ӯро тамоми мардуми Кулоб мефиристад. 30.000 не.100.000 доллар ҷоиза диҳад ҳам боз кулобиҳо дар бораи зулму ситами вай хоҳанд гуфт. Чун, худованд ва ҳамаи мардуми шарифи Кулоб шоҳиданд ва бо чашми сар дида истодаанд, ки Зардиев ҳамроҳ бо бачаҳояш ин мардумро тохта истодааст.

 Фарзандони Абдуҷаббор Зардиев инҳоанд: 

1 Абдураҳмон, с.т 1973,

2  Бахтиёр,

3 Набӣ,с.т 1975

4 Шариф,с.т 1978  

5 Ҳусниддин, с.т 1981,

6 Ҷовидон,с.т 1978,

7 Сафар с.т 1990

Инчунин  се духтари дигар ҳам дорад ва нахостем номҳои духтаронашро дар матлаб дарҷ кунем.

Абдуҷаббор Зардиев, раиси собиқи Кулоб,собиқ аъзои Маҷлиси Миллӣ баъди навори «Ислоҳ.ТВ»-ро  тамошо кардан дар ғазаб омада ба ҳамаи мақомот  фармон додааст, ки зудтар соҳиби ин қаламро ёбед ва ҳамаи писарҳову  набераҳояш, ки соҳибони асосии  замини Кулоб ҳастанд ба мардум эълон кардаанд, ки агар ин одамро ёбед 30.000 доллар  мукофот мегиред. Мо,мутмаинем, ки ин фиреб ва дурӯғи ошкоро аст ва як дирам ҳам нахоҳад дод.

“Айни замон дар деҳаи мо, баъди дарави гандум макка кишт карданд. Ҳар бегоҳ,  вақти пода омадан  Зардиев бо писару набераҳояш дар сари замин истода гове, ки нохоста ба  замин медарояд зада дасту пояшро мешикананд. Зардиев ба бачаҳояш фармон додааст, ки паронед ин говҳоро.”

Вақте раиси шаҳр буд  писараш Шариф аз дунё гузашт, чунки ба садама дучор шуд.

Як рӯз пеш аз садама дар хонаи Шариф сагҳои деҳа даромада гӯштҳои ӯро мехуранд. Шариф дар ғазаб омада ҳамаи сагҳоро паронд. Шариф Зардиев вақти як сафараш ба Душанбе дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд. Шариф дар ин сафар ронандаашро ҷавоб медиҳад ва худаш мошинро меронад. Вақте ӯ дар садама ҷон бохт яке аз бародарони вай бо номи Набӣ қариб буд, ки шоферро паронида мекушт, ки чаро ту ӯро набурдӣ? Шофер аз деҳаи Чапаев буд. Ӯро аз кор пеш карданд. Албатта дар мавриди марги мармӯзи Шариф чандин маълумотҳои дигар ҳам вуҷуд дорад. Ӯ машғули интиқоли маблағ аз Душанбе ба Кулоб буд,ки ҳамеша ин корро анҷом медод. Инҷо гап сари маблағи қочоқи Афғонҳо меравад. Дигар қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!

“Баъди сари Шариф бозори ҷамоати Зиракиро ба номи Шариф  монданд. Ҳозир ба ҷои Шариф писари Шариф раиси ин бозор аст. Шоҳрух -соли таваллудаш1998. Дар таги по Прадои последний модел. Ин ҳам аз бобояш ҳеҷ камӣ надорад. Ба худо одами одӣ агар 200 сол кор кунад, нисфи суми Шоҳрухи 23 соларо кор намекунад.”

Абдуҷаббор Зардиев ҳама заминҳои кишти деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Кулобро ба писархояш тақсим кардааст. Ҳақи Зардиев Шариф, писари марҳумашро ба писари Шариф Шоҳрух додааст. Шоҳрух 1998 таваллуд шудааст. Савориҳои ӯ Лексусу Прадо мебошад. Вай дар додани азобу азият аз бобояш камӣ надорад. Мардуми деҳа дар зери дасти вай ройгон кор мекунанд. Аз моҳи март то аввалҳои январ кор мекунанд,ба ҷойи музд танҳо шохаҳои буттаи пахта мегиранд.

Абдуҷаббор Зардиев ду ферма дорад: яктоаш дар Шаршари Зиракӣ ва яктои дигараш дар деҳаи Лақаё.

“Дар деҳаи Сайрозии миёна як бунгоҳи тиббӣ амал мекунад.   Аз соле худамро мешиносам сардухтури он акаи Саидшо буд. Дар саводаш гап нест. Ҳар бемори омадаро бидуни пул қабул карда дармон мебахшад. Аммо Абдуҷаббор Зардиев ин нафари мутахассис ва табиби асилро аз кор гирифта ба ҷои ӯ  зани марҳум Шарифи писарашро гузошт.”

Дар ҳоле, ки зани Зардиев Шариф  ҳатто укол карда наметавонад. Тамоман ақлаш намегирад. Вай баъди се соли марги шавҳараш яке духтур шуд. Гумони ғолиб ин аст ки    зани Зардиев Шариф дипломро харидааст, чунки вай то вафоти шавҳарашдар ҳеҷ ҷо кор накардааст. Вақте Зардиев Абдуҷаббор раиси Кӯлоб буд, писари марҳумаш Шариф раис ва писари бародари Абдуҷаббор Зардиев Абдусаттор Зардиев муовини раиси хоҷагии деҳқонӣ буданд.

Дар саршавии кучаи Зардиев як  нафаре хонаи куҳна дошт. Баъд хост, ки хонаи нав созад, битонро рехт. Зардиев омада дид. Гуфт, ки роҳи маро танг кардед. Бечораи камбағал битонро чапа карда боз  4 метр дарун  даровард ва аз саршавии куча то деворҳои Зардиев, дар рости хонаи худаш роҳ кушод, агарчи 3 метр роҳ танг мешавад.

Рӯбарӯи хонаи ин мард хонаи акаи Зардиев-  ҳоҷӣ Бобохон воқеъ аст. Ин ҳам даҳани хуб надорад. Писари Бобохон ҳоҷӣ Саттор аст. Ҳоҷӣ Саттор то омадани коронавирус ҳар сол ҳаҷ мерафт. Инҳо аз куҷо сум меёбанд?

Ҳоҷӣ Набӣ Зардиев-писари Зардиев бо наркотик сарукор дорад. Як маротиба ӯро дастгир карданд. Абдуҷаббор Зардиев аз сумҳои дар Шветсария доштааш  камеашро оварда ҷони писарашро халос кард.

 “Сафар -писари дигари Зардиев «уголовный розыск» кор мекунад.  Дар таги пои ин ду Прадои маркаи охирон: яктоаш сафед ва дигариаш сиёҳ. Вай худашро аз ҳама  девонатар мегирад, ҳатто худашро аз Рустами Эмомалӣ боло мегирад. Як вақт бо писарҳои Убайдулоев  чап буд, бо ҳам соз набуданд. Агар ба ҷои Сафар мо будем, кайҳо паси панҷара равон мекарданд. Аммо инҳо бо ин ҳама ҷурму ҷиноят дар озодӣ ҳастанд..”

Худи Абдуҷаббор Зардиев 24 соат маст мегардад. Барои ҳамин мегӯяд, ки роҳро кушоед, то ки ягон касро бо мошин назанам.

Падари Абдуҷаббор Зардиев ду зан дошт. Аз модари Зардиев ду писар ва як духтар ва аз зани дуввум 3 писар. Зардиев аслан ба 3 бародари аз зани дуввуми падараш он қадар таваҷҷӯҳ надорад.

Дар масъалаи  об  вазъият тағйир накардааст. Вале хушбахтона раиси водаканали Кулоб Набиев Ҷамшедро аз кор гирифтанд. Аммо ҳамон таври пешина  хуни халқро хурда истодааст. Бовар кунед, ки Кулоб соҳиб надорад.

Ба Худо домулло мардум ба шумо сахт бовар ва эътимод пайдо кардаанд. Ҳама ба гапҳои шумо гӯш мекунад. Як чизро бояд кушоду равшан бигӯям, ки ҳамаи одамон медонанд, ки аз ин ҳукумат ягон умед нест.

   “Мо гуфта будем, ки замини хирманҷоҳои пахтаро ҳам фурухтанд, аммо нав фахмидем, ки писарони Абдуҷаббор Зардиев вақти фурӯхтан ба халқ ваъда карда будаанд, ки хонаҳоятонро созед баъд қарори заминҳояторо  медиҳам. Аммо фармони нав ин ки ин ҷоҳоро «не закона» фурӯхтаанд. Дар ин муддат баъзе одамон хона андохтанд, баъзе дигар таҳкурсӣ рехтанд, дигарҳо сангу шағал оварданд. Аммо акнун бояд ҳамаи ин одамон инҷоро холӣ кунанд. Чунки Абдуҷаббор Зардиев ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кардааст ва одамонро фиреб додааст. Ҳоло агар касе даъво ё шикоят кунад одамонро суд мекунанд. Ҳеҷ кас ба ӯ чизе намегӯяд. Ӯро барои ин ҷинояташ, ки даҳҳо нафарро фиреб додааст, давлатро фиреб кардааст ба суд намекашанд. Ё Тоҷикистон бе соҳиб аст ё мақомотҳо аз ӯ муттаҳам..”

Ронандаҳову трактористҳо ва бригадирҳои пахта, дар умум ҳама коргарҳои зери дасти Зардиев наметавонанд бе розигии вай корро бо сабаб, ки маошаш кам ё умуман намедиҳад ва ё ба нафақа баромадан хоҳанд, тарк кунанд ва ҷойи дигар, ки маоши бештар медиҳад, бираванд. Масалан як тракторист аз деҳаи Чапаев хост ба нафақа равад. Зардиев иҷозат надод. Рӯирост дар ҳақи он мард тӯҳмат карда гуфт, ки ту 5 тонна соляркаро дуздидӣ. Агар ҳозир равӣ, суми соляркаро деҳу баъд рав. Мӯсафеди бечора аз куҷо биёбад ин қадар сумро? То охири  умраш кор кунад, ҳамаи маошаш ин қадар сум намешавад.

Абдуҷаббор Зардиев дар  деҳаи мо пиёз  кишт кард. Посбони замини пиёз як марди камбағал буд. Каму беш аз инҷо бе иҷозати Зардиев пиёз гирифтааст. Зардиев инро фаҳмида ӯро қариб зиндон кунад. Агарчи зиндон накард аммо аз зиндон  бадтар кард. Ӯро гуфт, ки  барои ман 5 сол бе музд кор мекунӣ. Агарчи як маоши ночиз мегирифт. Ҳукми Зардиев  аз ҳукми Эмомалӣ  ва аз Сталин  сахттар аст.

Ман як бор ёд дорам, ки рӯзи ид ва вақти пахтачинӣ буд, масҷид омада мардумро бо овози дилхароши алкашиаш табрик карду гуфт «ид то обед аст, баъди обед ҳамаро дар пахтачинӣ бинам вагарна……» Диққат додед хонандаи гиромӣ тибқи қонун рӯзҳои ид истироҳат аст дар ҳама кишвар ҷуз Кулоб. Дар Кулоб қонунҳои кишварро аслан намепазиранд. Дар Кулоб “Ҷаноб” Зардиев Абдуҷаббор аст.

   “Дар деҳаи мо маҷлис карду ҳамаи бригадирҳоро қарздор эълон кард. Аз даҳанаш чанд сумӣ мебаромад, мегуфт. Маблағи қарзҳо аз 20 ҳазор сар мешуд. Давомаш бе ҳисоб. Як бригадирро гуфт, ки «ту планро буд накардӣ, ту медонӣ, ки ҳамаи говҳои ту алакай аз ман шуданд, ё то мурдан бе музд кор мекунӣ?”  Ин бригадир аз солҳои пеш гови зиёд дошт. Онҳоро Зардиев кашиду гирифт.То ҳозир ҳамаро мисли ғулом кор мефармояд.”

Абдуҷаббор Зардиев дар деҳаи Сайрозии боло барои дарахти чанор бо як мард гапаш гурехт. Ин мард ҳам кадом як коргари баландпояи Душанбе аст. Вақти  ҷангу ҷангҷол Абдуҷаббор Зардиев ба тарафи он мард гуфт, ки «ту медонӣ, аз Данғара ин тараф Ҷаноб майум, зӯри ҳеҷ кас ба ман намерасад ҳатто зури ҷаноби олият бо ҳама авлодаш!».

     “Баъди навори шумо нисбати Абдуҷаббор Зардиев  боз ҳам зулмаш шадидтар шуда истодааст. Нафраташ болои ин халқ зиёд шуд. Барои онки  сираш фош шуд. Бо ҳама қудрате, ки дорад муаллифи ҳамон навиштаи «Ислоҳ»-ро кофта истодааст.”

Аммо ҳамаи ин кораш беҳуда аст, чунки ин номаҳо аз одамҳои наздики худаш,ки ҳаррӯз онҳоро мебинад, меоянд. Азбаски ҳамеша пиён аст, онҳоро намеёбад ҳеҷ гоҳ.    Зардиев бемории дил дорад, чандин маротиба дар Европа клапанҳои дилашро иваз кард…

Ҷовидони Зардиев як рӯз бо мошинаш бо суръати баланд омада дар деҳаи Чапаев як кудакро зад, кӯдак мурд. Аммо ягон кас на даъво карда метавонад на мақомот аз дасташон ягон кор  меояд. Соҳибони кудак аз тарсу таҳдид хап карданд, ки боз  худашонро ба ҷавобгарӣ накашанд.

Дар ҷашни Наврӯз Сироҷов Давлатхуҷа, раиси пешини андози ш.Душанбе бо Абдуҷаббор Зардиев ба деҳаи мо омад. Сироҷов Давлатхӯҷа ба Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки писарат Зардиев Шарифи раҳматӣ аз ман қарздор  аст,пули соляркааш нодода   қарзамро бидеҳ. Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки аз ту писарам Зардиев Шарифи раҳматӣ қарздор бошад бирав қабрро кану суматро гир. Дар ҷавоб Сироҷов як шапалоқи обдор дар рӯи   Зардиев заду рафт.

Абдуҷаббор Зардиев  сохтмон мекард. Яке аз шиносҳо дар онҷо коргар буд. Аз ошёнаи дуввуми  хонаи Зардиев ғалтид. Зардиев он вақт раиси Кулоб буд. Намедонам чанд суми ночиз ёрдам кард ё не, ин мард муддати 9 сол мешавад, ки инвалид аст. Қариб 2 сол дар ҷогаҳ хоб буд. Баъд оҳиста -оҳиста бо чигас  роҳ мегашт. Ҳоло бошад бе чигас мегардад. Аммо кори вазнин карда наметавонад, мелангад. Вай аз деҳаи Чапаев аст ва бо мушкилӣ зиндагиашро пеш мебарад. Зардиев ба ӯ ҳатто пенсия дуруст  карда надод. Зӯри худи вай ба пенсия дуруст кардан  намерасад. Номи ин марди бечораи камбағал  Валихон аст. Дар шаҳри Кулоб аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ даркор, ки вай ба нафақа барояду баъд ҳар мо 200 ё 300 сомонӣ бигирад. Ин корҳо барои Зардиев 2х2. Як занги Зардиев бас, масъалаи пенсия ҳал мешавад.”

Ҳамаи заминҳои деҳаи НКВД-Инкеведеро як нафар бо номи Кураев Турақул аз Абдуҷаббор Зардиев “оптом”харид. Аммо Абдуҷаббор Зардиев ба Кураев Турақул ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дода будааст. Аз байн 2 ё 3 сол гузашта буд, ки Абдуҷаббор Зардиев боз  заминҳоро аз дасти Кураев Турақул бо чи роҳе кашида гирифт

Дар дехаи Офтоблиқо Сафаров Рамазон  аз Зардиев як сола замин харид-1 гектар 200 доллар. Як замини санглохи пуралаф. Зардиев худаш ин заминро ҳеҷ чиз кишт намекард-замини партовӣ. Сафаров Рамазон бо меҳнату заҳмати зиёд дар ин замин пахта корид. Пахта омода шуд. Сафар Рамазон мехост, ки пахтаро бурда дар дигар ҷо бо нархи баландтар фурушад. Аз Абдуҷаббор Зардиев пинҳонӣ пахтаро чинда тайёр кард. Мехост, ки соатҳои 2-и шаб пахтаро ба харидор дастрас кунад. Аммо аз шипанги нигаҳдории пахта як каме дуртар  мошинҳои писарони Зардиев ва милисаҳои ҷамоати  Зиракӣ камин гирифта интизори он буданд, ки мошинҳои пахта барояду онро дастгир кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сафаров Рамазонро аз хонааш дуртар қапиданд. Вай ба сардори милиса  мефаҳмонад, ки “ман налоги заминро супоридагиам, қарздор нестам ва тибқи қонуни давлат метавонам, ки пахтаамро дар ҳар куҷо, ки бихоҳам фурушам”.

Сардори милиса ҳолатро фаҳмиду хост,ки Сафаров Рамазонро озод кунад. Аммо Набӣ Зардиев  сардори милисаро рӯирост таҳдид карда гуфт,ки “занатро фалон мекунам”. “Ту ҳозир бе ягон фикр Сафаров Рамазонро дастгир карда ба шӯъбаи Зиракӣ мебарӣ”. Муҳим пахтаи ӯро гирифтанд ва вазъияти Сафаров Рамазонро вазмин карданд.

Падари Сафаров Рамазон то солҳои наздик бригадир кор мекард. Вай ба Абдуҷаббор Зардиев занг мезанад. Дар ин вақт  Зардиев дар Олмон буд. Ин бригадири бечора занг зада зораву тавалло мекунад. Зардиев мегуяд, ки ман худам ҳал мекунам. Аммо ҳам пахтаро мусодира карданду ҳам Рамазон Сафаровро 30 ҳазор ҷарима карданд. Абдуҷаббор Зардиев боғчаи бачагонаи деҳаи Комсомолро фурӯхт. Ҳамин тавр боғчаи бачагонаи деҳаи Чапаевро низ. Боғчаи бачагонаи деҳаи Офтоблиқоро як маротиба ба маблағи 120.000 доллар фурӯхт ва онро бозпас гирифту 115.000 долларро баргардонд ва 5.000 долларро надод, дар ҷайбаш зад. Ҳоло ин “садик”-ро боз  ба фурӯш гузоштааст. Замини гараж-мошинсарои деҳаи Комсомолро барои ҳар як сотих аз 15 то 20.000 сомонӣ гирифта фурӯхт. Ҳамин тавр гаражи деҳаи Зиркаиро ҳам ба савдо зад. Замини хирманҷои деҳаҳои Офтоблиқо, деҳаи Сангпарто ва Чоҳтемро ҳам фурӯхт.

Заминҳои обии деҳаҳои зеринро диққат диҳед:

1) Тоқакапа,

2) Навободи Боло,

3) Инкеведи,

4)Комсомол,

5)Чапаев,

6) Лақаё,

7) Чоҳтемр,

8) Ҷангалбошӣ,

9) Корез,

10) Навобод поён,

11) Сангпар,

12) Офтоблиқо,

13) Зиракӣ,

14) Хуҷайсоқ,

15) Черкала ва боз деҳаҳои куҳӣ ҳамагӣ аз они Абдуҷаббор Зардиеванд.

   “Замини мактаба №15 деҳаи Комсомолро тақсим карда истодаанд. Абдуҷаббор Зардиев як қисми заминро ба бародараш дод, боқимондаашро оҳиста- оҳиста фурӯхта истодааст.”

Як қисмашро ба бародаш мулло Иброҳим, қисми дигараш ба Ҳасан, ошхонаи мактаб  ва саҳнашро ба Ҷамшед дод. Хуллас, ҳар сол аз замини ин мактаб фурӯхта истодааст.    Абдуҷаббор Зардиев дар деҳаи Сайрозии миёна-Комсомол   зиндагӣ мекунад. Заминҳои ҳама агар 8 сотих бошад, аз ӯ бе ҳисоб аст. Хонаи Абдуҷаббор Зардиев зиёда аз 80 сотих аст. Дар  паҳлуи хонаи Абдуҷаббор Зардиев хонаи Абдураҳмон Зардиев воқеъ аст. Замин ӯ бошад аз 40 сотих бештар аст.

15 сол мешавад, ки Абдураҳмон дар ин ҷо зиндагӣ намекунад.    Вай дар деҳаи Зиракӣ зиндагӣ мекунад. Дар онҷо як қасри боҳашамат дорад. Танҳо утоқи хобаш 30 адад аст.

Дар давоми хонаи Абдураҳмон Зардиев дар деҳаи Сайрозии миёна хонаи Бахтиёр Зардиев воқеъ аст. Хонаи вай ҳам зиёда аз 40 сотих аст.

Бинобар гуфтаи мардум Бахтиёр Зардиев “леви” омадагӣ аст. Барои онки Абдуҷаббор Зардиев ҳеҷ чизро ба ӯ “доверия” намекунад. Абдуҷаббор Зардиев барои Бахтиёр Зардиев хонаи боҳашамат сохт. Ҳозир бошад дар тақсими заминҳо Бахтиёр Зардиев ҳам саҳм дорад. Бахтиёр Зардиев бо кору бори бригадирони пахта саргардон аст. Абдуҷаббор Зардиев ягон вазифа ба Бахтиер Зардиев надод. Бахтиёр Зардиев як алкаши тайёр аст. Аслан ҳамаашон сар карда аз худи Абдуҷаббор Зардиев то писарону набераҳояш ҳамаашон алкашанд ва арақ мезананду аз помидор ҳам сурхтар мешаванд.

Дар давоми хонаи Бахтиёр Зардиев бошад хонаи Абдусаттор Зардиев воқеъ аст,ки он низ аз 40 сотих  зиёд мебошад. Вале ин Абдусаттор пештарҳо бо Жигулии 07 мегашт ва агар бинӣ намегӯӣ, ки ин қадар боигарӣ дорад. Баъдҳо Нива гирифт ва ҳоло бо Опел-Астраҷӣ мегардад. Аммо ҳар сол ҳаҷ меравад.Ин қадар пулро аз куҷо меёфта бошад?

Дар деҳаи Офтоблиқо як зан бо номи Гулина -духтари бобои Назар рӯ ба рӯи хонаи Бахтиёр Зардиев зиндагӣ мекунад. Ин духтар маъшуқаи Бахтиёр Зардиев аст. Вай ин духтарро истифода мебарад.

Акаи Гулина аз Москва як духтари русро зан карда буд. Беҳад ин зани рус духтари хуб ва коргар буд. Инҳо гову моли  зиёд доштанд. Аз бобои Назар боқимонда буд. Кору бори хона ва гову мол ҳамааш ба дӯши ин зани рус буд. Як рӯз Бахтиёр  Гулинаро ба дамгирӣ мебарад ва баъд аз Гулина илтимос мекунад, ки зани акаат ба ман маъқул шуд- яъне ин зани рус. Аввал Гулина розӣ намешавад. Аммо баъд розӣ мешавад ва ин зани русро ба Бахтиёр Зардиев “туғрӣ” мекунад.

Як чизи дигар ин аст ки Зардиев бо писарону набераҳо ва ҷиянҳояш ба зану духтарони мардум бо чашми шаҳват менигаранд ва ба онҳо кадом духтаре маъқул шавад, тамом. Як бало карда ӯро таҷовуз мекунанд. Инҳо танҳо рӯзҳо занҳои худашонро мебинанд, шаби дароз дар шикори занҳои бегона ҳастанд. Духтароне, ки аз занҳои худашон 20 – 25 сол хурд бошадро шикор мекунанд, ҳеҷ вақт бо занҳои худашон хоб намекунанд.

  “Шуъбачаи милисаи ҷамоати Зиракӣ танҳо заминҳои пахтаву  пиёзу ҷуворимаккаву гандум, юнучқа ва заводу фабрикаҳо ва фермаҳои Абдуҷаббор Зардиевро посбонӣ мекунад.”

Ман саддарсад бовар дорам, ки Абдуҷаббор Зардиев як сомонӣ барои “свет” намедиҳад. Қарзҳои шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб аз заводу фермаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии Зардиев аст.

Худи Абдуҷаббор Зардиев ва писаронаш Абдураҳмон Зардиев, Бахтиёр Зардиев ва ҷиянаш Абдусаттор Зардиев дар деҳаи Комсомол ва боз дар Зиракӣ хонаи дигарии Абдураҳмон Зардиев боз ду ферма, як завод, як заправка дар деҳаи Лақаё, ки ҳамаи инҳо нерӯи барқ истифода мекунанд. Инҳо даромади моҳонаашон аз 2 миллион бештар аст, аммо пули “свет”-и давлатро намесупоранд. Налогро,ки тамоман як тин намедиҳанд.

   “Аз тани инҳо халқи камбағали Кӯлоб пул месупорад. Вақте аз нозири барқ мепурсӣ, ки ин “бақия”,ки мегӯӣ аз куҷост? Дар ҳоле ки ман қарздор нестам, ин қарз дар “счетчик”-и ман аз куҷо омад, дар ҷавоб мегӯяд,ки ин пул аз “бақия” мондагӣ аст. Аммо ин як дурӯғи дигар аст, ки корманди давлат мардуми Кулобро фиреб медиҳад. Хуласи гап Зардиев Абдуҷаббор бо авлодаш барқро масраф мекунанд як дирам намедиҳанд. Пули масрафи кардаи ӯ ва оилаву заводу иншоотҳои ӯро мардуми камбағал яъне ҳамон “бақия” е нозири барқ мегуяд медиҳанд. Агар касе садо баланд кард вазъияташ муташанниҷ мешавад.”

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон деҳқонон ва воҳидҳои кишоварзии мамлкатаро аз пардохти андози замин, ба сабаби коронавирус озод кард. Аммо ин фармони ӯ ба Абдуҷаббор Зардиев тамоман дахл накард. Чунки ӯ аз мардум маҷбурӣ андози замин гирифт.

Барои ҳамин аст  ки хелеҳо дар Кулоб мегуянд, ки вақте Зардиев гуфт, ки “аз Данғара ин тараф Ҷаноб ман мебошам ва зури ҷанобат бо ҳама аҳлу оилааш ба ман намерасад”, рост гуфта будааст.

Вақте  Шариф писари Зардиев аз дунё гузашт, ягон кас дар тӯю хурсандиаш базм намекард. Барои онки писари Зардиев аз дунё гузашт ва ҳама чашми тарс дошт. Баъди аз байн рафтани Шариф 6 моҳ гузашт. Якумин одам базм ташкил кард ва он ҳам  танҳо бо диску магнитофон.

Як шаби Соли Нав дар маркази деҳа пеши магазин мо ҷавонҳо  зиёда аз 50 нафар будему рақсу бозиву хурсандӣ мекардем. Дар  ин вақт Зардиев Бахтиёр-як писари дигари Зардиев  бо як чоплусаш омада ҳамаро сур карда асбобу анҷоми мусиқиамонро дар замин зада шикаста худи моро дашном кард. Касе чизе гуфтан натавонист. Ҳоли Кӯлобу кӯлобиҳо ҳоло ҳамин аст.

Ва, муҳимтарин нукта, ки бояд тамоми мардум ва бахусус кӯлобиҳо огоҳ бошанд ин аст ки Абдуҷаббор Зардиев ҳар сол ба Эмомалӣ Раҳмон як дипломат сум мебарад. Барои ҳамин ин қадар дағдаға ва карру фар мекунад. Дар як круги худаш гуфта будааст:

“Эмомалӣ суми гуфтагиша мегирад аз ман ва дигар ҳақ надорад ба ҳеҷ кори ман дахолат кунад. Ма читарие мекунм, комера мезанм, мекушм, турма мекунам доляша вақтшда бурда мерасонм. Фаҳмиден ма чи мегум? Яъне раиси шаҳр ва ҳама ҷамоатҳо бо милеса, амниятшам и минтақада мара итоат бояд кунанд.”

Зардиев ҳоло 70 сола шудагӣ аст. Дилкасал аст. Дилаш як бори дигар занад тамом. Вале агар сад соли дигар ҳам умр бинӣ маро ёфта наметавонӣ. Шумо барои пайдо кардани ман ин қадар пули калон ҷоиза мондаед. Агарчи ин маблағи шояд ду-се рӯзаи Шоҳрух Зардиев ва рафиқонаш бошад, ки барои зинову фаҳшо сарф мекунад.

Аммо иншоаллоҳ, маро намеёбӣ. Ман чунон бо ту наздикам, ки баландтар гап занӣ, мешунавам.

Зардиевҳо! Шумо ин ҷоизаро барои шарманда кардани худатон эълон кардед. Ончи мо аз ҷиноятҳои шумо гуфтему навиштем рост аст. Шумо метарсед, ки идомаи ҷурму ҷиноятҳои шумо ифшо нашавад, вале ҳатман ошкор ва фош мешаванд.

Поёни бахши дуввум,давом дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷиноятҳои дигари Зардиев Абдуҷаббор огоҳ гардед!

Ps:  Шарм бод ба раиси шаҳри Кулоб ,ба раиси амният ва раиси ШКВД и Кулоб. Ин ҳама зулм ва ситамро мебинед ва ҳазорҳо шикояти мардуми мазлумро мегиред чаро чора намебинед? Ҳеҷ коре аз дастатон бар намеояд. Наход як писари Зардиев раиси милесаро дашном кунад вале ӯ боз оромона ӯро гуш кунад. Шумо номус доред? Ё номусҳои шуморо Зардиев поймол кардааст?  Мебинем пас аз нашри матлаби дуввум чи тағйироте дар Кулоб мешавад ва чи чораҳое меандешед. Агар бе номус ва бе салоҳият бошед пас дигар фаҳмо аст ҳамааш, Зардиев “Ҷаноб” атон будааст ва шумо нукарони ӯ будаед! Мардуми ғаюри Кулоб пас аз нашри матлаби дуввум бояд якдилона ба ин ноадолатӣ хотима бахшед. Ҳамон 17 деҳа ба кулли садо баланд кунанд дигар кофӣ аст. Восеъ қаҳрамони миллиямон барои дақиқан чунин амалҳо ба по хеста буд.  

Кулобиҳои гиромӣ аз Зардиев натарседу наҳаросед. Шумо танҳо ҳар амалкарди хилофи қонуни ӯ ва писару набераҳояшро дидед ба “Ислоҳ” нависед. Ин матлабе мебинед маълумоти кутоҳ кутоҳ аз 21 нафар мебошад. Фикр мекунед барои ин 21 нафарро пайдо кардан 21х30,000 =630   ҳазор доллар медиҳад Зардиев Абдуҷаббор ? Ҳаргиз ин кор шудани нест ва интизори адади бештари маълумот аз шумо ҳастем. Инро низ бояд донед, ки мо ҳамаи маълумоте мефиристед онҳоро аз шахси наздики Зардиев тасдиқ мекунем ва сипас онро нашр мекунем. “Ислоҳ” ба касе туҳмат намекунад ва сидқу ростии ҳар маълумтро диққати ҷиддӣ медиҳад.  Ҳаргиз натарсед ӯ касеро намеёбад, чунки зулмаш ба ҳама мардуми Кулоб расидааст ва касе ӯро эҳтиром ҳам надорад.

Total
14
Shares
Related Posts