Аҳмади колбасаи %шик «спонсор»-и Р. Раҳимзода кист ва бо Боим ӯро чи мепайвандад?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

 Дар навиштаҳои пешина оиди ҳаёт ва фаъолияти Қаюмов Аҳмад Ҷалоллович мулаққаб ба  Аҳмади “колбаса” аз нафарони наздик ба Шералӣ Кабиров каме ҳам бошад маълумот дода будем. Баъд аз шинос шудан бо тарҷумаи ҳол ва фаъолияти соҳибкории Аҳмади “колбаса” пай бурдем, ки бисёр ҳарис аст ва аз он тоифа зотҳоест, ки ба хотири пул ба роҳҳои паст мерафтааст. Яке аз дӯстони наздики Аҳмади “колбаса” нақл намуд, ки чи тавр Аҳмад байни як артисти хизматнишондодаи тоҷик ва  собиқ роҳбари Дастгоҳи президент, собиқ вазири дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов дар як масъалае миёнаравӣ намуда аст.

Қиссаи ҷолиби вазифаи вазири фарҳангро “Колбаса” мехост фурӯшад

Фақат ба хотири ҳурмати он сароянда номашро ифшо намекунем. Албатта бисёре аз хонандагон фаҳмиданд, ки гап дар бораи кӣ меравад. Аҳмади “колбаса” бо он сароянда бисёр дӯсти мекардааст. Рӯзе Аҳмад ба он сароянда мегуяд, ки агар пул дошта бошӣ биё “ягон вазифат бигирум бтум” аз роҳбари дастгоҳ Салехов Махмадназар. Вай “барои пул ҷойи худро даркор бошад мефурушад”, – суханони худро давом дода мегуяд Аҳмад. Сароянда ҳам каме фикр карда розӣ мешаванд. Ва ба хулосае меоянд, ки ба курсии ҷонишини аввали вазири маданияти Тоҷикистон бояд бишинад. Ин воқеъа тахминан охирҳои моҳи августи 2006 мебошад. Аҳмади “колбаса” баъд аз як-ду рӯз ба назди Салехов Маҳмадназар рафта маслиҳат мекунад. Салехов Маҳмадназар  ба Аҳмади “колбаса” гуё мегуяд, ки нархи ин вазифа, барои одами худат, 200 ҳазор доллар мебошад. Агар номзад розӣ бошад ҳуҷҷатҳояшро ба назди ман биёр бубинам, баъд мегуям кай сумашро аз дасташ бигирӣ. Аҳмад бо тезӣ сарояндаро ба назди худаш даъват намуда, воқеаро нақл мекунад ва сарояндаро розӣ мекунонад, ки вазири маданиятро камтар пас аз вазифааш мегиранду мумкин вазир ҳам шавӣ. Вазири ҳозира Раҷабмад Амиров ҳам пештар ҷонишини аввал буд. Бо ҳамин суханҳо номзадро розӣ мекунад ва ҳуҷҷатҳоро бо 200 ҳазор доллар талаб мекунад. Сароянда баъд аз чанд рӯз пул ва ҳуҷҷатҳоро ба Аҳмади колбаса меорад. То овардани пул ва ҳуҷҷат Аҳмад 3-4 маротиба ба номзад занг зада саросема мекунад, ки тезтар корро буд кун, ки ҷой аз даст наравад. Баъд аз пул ва ҳуҷҷатҳоро гирифтан зиёда аз ду моҳ мегузараду ҳама хомӯш. Аҳмади “колбаса” аз паси бизнесҳои худ гашта истодааст. Номзад 4-5 маротиба аз натиҷаи корҳо пурсон мешавад, ҳамон ваъдаҳои тоҷикӣ. Аҳмад таъкид мекунад, ки “аз таги телевизор ва ахбор дур нарав, фармонатро мехонанд”. Бечора номзад як ахборро се маротиба такроран нигоҳ мекунад, ки мумкин маро фаромӯш карда бошанд ё гуфта бошанду ман нашунидам. Ҳамин тавр се моҳ дар таги телевизор менишинад. Баҳонаҳои дигар сар мешавад, “ана маҷлиси ҳукумат, рӯзи истиқлолият, визити пешво ба ягон ноҳия, ана зодрӯзи пешво, ана пешво настроения надорад, ана ҷамббасти нуҳмоҳа ва ғайраҳо”. Ҳамин тавр рӯзҳо ва моҳҳо мегузаранд, ягон хабаре аз фармон нест. Рӯзи 01.12.2006 номзад, ки аз зери телевизиону ахборҳо дур набуд, фармонҳоеро гуш кард, ки ҳуш аз сараш парид. Фармони аввал, Салехов Маҳмадназар ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд, вазири маданият ба нафақа равон карда шуда ба ҷояш Асроров Мирзошоҳрух таъин гардид. Ба тези хонаи Аҳмади колбаса омад, ки ин чи кор шуд? “Колбаса” бошад бо як хурсандӣ ӯро пешвоз гирифта гуфт, ки акнун корҳо хеле хубтару зиндагиҳо беҳтар мешаванд, парво накун, боз МВД азони худамон шуд ва ваъда кард, ки 3-4 рӯз пас назди Салехов Маҳмадназар ҳамроҳ меравем.

Дидори артисти вазиршав бо ВКД М.Солеҳов

Як бегоҳӣ Аҳмад ҳамроҳ бо номзад ба хонаи Салехов Маҳмадназар рафтанд. Салехов хуб қабул кард. Баъд аз каме нушонуш Салехов Маҳмадназар ба тарафи Аҳмади “колбаса” нигоҳ карда гуфт, ки кори ин бародар ҳозир мушкилтар аст. Вазири нав одами шимол, лағжонак аст. Ягон гап занем тез ба пешво хабар мекашад.

“Биё ба рафиқат рутбаи майор ё подполковник медиҳем. Ин дар салоҳи Ятимов ва ман аст. Дар кадом ноҳияҳои куҳистонӣ муштарӣ зиёд дошта бошад, ҳамонҷо сардори ШКД равонуш мекунем. Як блокпост дар даромади ноҳия мегузорад, ки аз пойтахту дигар шаҳрҳо сарояндаҳо ба туйҳои ин ноҳия наоянд, ҳамаи туйҳоро худуш “монополия” карда мегузаронад. Дар 7-8 моҳ пулҳояшро кашида мебарорад.”

Колбаса ҳайрон монд аз пешниҳоди вазир, лекин ҳарду бо Салехов дар як фикр буданд, чи тавр сарояндаро розӣ кунанду пулашро қафо надиҳанд. Ин ду нафар  пули муштариро одати баргардонидан надоранд, пула доди тамом дигар ранги ҳарду гушат намебини пулта. Сароянда аз шунидани суханҳои Салехов дар ҳолати шок буд, намефаҳмид, ки вазир дар бораи кӣ гап зада истодааст ва гап дар бораи чанд пул меравад. Сароянда фикраш дар он буд, ки Аҳмад ба ӯ чанд дода бошад, ки ба ҳисоби ӯ дар як ноҳияи куҳистонӣ ман 200 ҳазор долларро дар ин қадар муҳлати кам ҷамъ мекарда бошам? Бо ҳамин хаёлҳо аз ҳавлӣ берун шуданд.

“Вақте ки аз хонаи Салехов берун баромаданд, Аҳмади “колбаса” гуфт, ки шеф фикри бад нагуфт. Як ҷонишини хуб мегирӣ корҳоро пеш мебарад, худат сарояндагиро давом додан мегирӣ. Дар хотир дошта бошӣ Илҳоми Ботурободӣ низ бизнесмен буд, боз начальник милисаи шаҳри Қурғонтеппа мондуш Шери “бинӣ”. Ҳарду корро мекарду бизнесаш хуб пеш мерафт. Сароянда бисёр фикр карда, охир розӣ нашуд ва талаб намуд, ки илоҷ ёфта маблағи маро баргардонед. Аҳмади “колбаса” бо шефи худ маслиҳат карда, дар давоми қариб ду сол аз ҳисоби льготҳои додаи Салехов Маҳмадназар дар ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва миёнаравии корафтодагон як қисми пулро гардонду қисми дигарашро бо баҳонаи “шеф надод” ҳамин тавр бар нагардонид.”

Корнамоиҳои Аҳмади “Колбаса” бо вазири пешинаи дохилӣ

Солҳои 2007-2009, дар даврони вазири корҳои дохилӣ будани Салехов Маҳмадназар, Аҳмади “колбаса” аз номи ӯ ҳазорҳо паспорти тоҷикиро ба шаҳрвандони Афғонистон аз 5000$ то 20000$ ва зиёдтар ҳам фурӯхта онҳоро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва дигар мамлакатҳои Аврупо равон карда буд, ҳатман ҳамроҳи кормандони “паспортный стол”, ки тамоми мақомоти Тоҷикистон аз ин кору бори Аҳмади “колбаса” хабардор буданд. Зиёде аз мардуми афғоне, ки дар Тоҷикистон паноҳ гирифтанд ё ғайриқонунӣ зиндагӣ менамоянд, Аҳмади колбаса онҳоро “крышагари” аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ менамояд, то ҳатто садҳо духтарони тоҷикро, ки онҳо хоҳарони мову шумо ҳастанд ба хотири пул ба онҳо шинос менамояд ва давомаш ба ҳама маълум. Канӣ як нангу номуси миллат!! Мо ҳаргиз муқобили зиндагӣ намудани афғонҳо дар Тоҷикистон нестем. Онҳо бародари ҳамзабони мо, бародари мусулмони мо, ҳазорҳо маротиба беҳтар аз чиниҳо ҳастанд. Лекин дар “меҳмонӣ” бояд ҳурмати худ ва ҳурмати соҳибхонаро ба ҷой оранд. Айби онҳо ҳам нест, асосан айби Аҳмади “колбаса” барин шахсони беномус, ки ба онҳо “зелёный светофор” дар ватани мову шумо медиҳад, ки чи ҷинояте содир кунед “мааа ҳалуш мекунум, фақат шумо пайсаро ҷур кунен”. Дар хотир дошта бошед, даҳҳо   афғонро дар Русия ва Аврупо бо паспортҳои тоҷикӣ дастгир карда буданд. Нисбати ин ҳолатҳо ва чи тавр бизнеси паспортфурӯширо ҳам аз дасти Аҳмади колбаса гирифтани Раҳмонқул дар оянда ҳатман нақл менамоем. Ин ҳама ҳақиқат ва суханҳои рост мебошанд, ки зиёде аз мардум пеш аз мо ҳам аз ин корҳо дарак доранд. Методҳои аҷоибе дорад Аҳмади “колбаса”.  Меҳмонҳои афғонӣ, ёру дӯстони наздики худро соле як -ду маротиба ба воситаи кормандони милиса гуё “профилактика” менамояду ба сари худашон ё фарзандонашон аз дуртар истода ягон проблема месозад ва ҳатман боз худаш миёнаравӣ намуда бо ивази маблағ, ки гуё “кор хеле серьезно аст” ҳал менамояд. Мардум мефаҳманд, лекин аз “бало ҳазар” гуфта ҳеҷ гапе намезананд.

Тиҷоратҳои Аҳмади “Колбаса”  бо куратори феълии Ғарм ва интригаҳои ҷолиб

Аҳмади колбаса аз қишлоқи “Ангурзори” ноҳияи Восеъ мебошад, ки аз он ҷой низ Муроди “телех”, Авази кур- бозори “Султони кабир”, Шералӣ ГАИ  ва Раҳмони “булочка”– соҳибмулки як замоне беҳтарин, номдортарин “хлебо-булочный комбинат”-и шаҳри Душанбе мебошад, ки зиёда аз 40% шаҳрро бо хлебу булочка ва маҳсулоти орд таъмин менамуд, бо ёрии Аҳмади “колбаса” аз вазорати ғалла ба қимати 15 ҳазор доллар, ин корхонаи ба миллионҳо доллар сохта шударо харидааст. Дар давоми 30 сол як кг ранг ба дару девораш масраф накарда аст, тамоми иншоотро ба иҷораи нуктаҳои савдо супорида, ба гуфтаи Аҳмад ҳар моҳе 30-40 ҳазор доллар иҷорапулӣ ҷамъ карда нишастааст.  Крышааш Аҳмади колбаса мебошад. Барои ҳамин хотирҷамъ оромона зиндагӣ дорад. Дар ҳақиқат Раҳмонқул Раҳимов додари вазири МВД бизнесҳои калонро дар вазорати корҳои дохилӣ ғасб намуд ва ба бародараш фаҳмонид, ки Аҳмади “колбаса” чи қадар вазирро фиреб кардааст. Раҳмонкул Раҳимов солхои 1995-1996 аз давраҳои лейтенантӣ дар вилояти Суғд, дар шуъбаи нақлиёти вилоят, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шуруъи вазифа намуда, аз носфурӯшу нашъаҷаллоб, аз хурд то калонтарин наркокурерҳо доля мегирифт ва то ҳозир “клиентҳояш” зери назорати худаш ҳастанд  ва дар хизмати ӯ низ ҳама ҳастанд. Ҳатто сержанте дар вилояти Суғд, ба вазифа бе иҷозати Раҳмонқул то ҳозир таъин намешавад. Махсусан УБОП-и вилоятро “приватизация” карда гирифтааст, ки асосан ҳамчун як “инструмент давления” барои руёнидани пулҳои калон, барои шантажи мардум, барои нишон додани қудрату тавоноии худ, истифода бурда мешавад. Раҳмонқул дар кадом сохторе кор накунад, то рӯзе, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аст, масъалаҳои кадрӣ, махсусан вилояти Суғдро ӯ хал менамояд. Ин ҳама сардорони раёсати вилояту кураторон аз вазорат, мисли як кукла ҳастанду халос. Барои он ки Раҳмонқул Раҳимзода дар давоми кору зиндагӣ, маҳорати пулҷамъкунӣ ва интригант, беинсофӣ ва бераҳмиро нафақат ба бародарони худ, балки ба дигар шогирдони вазир низ нишон дод. Соҳиби садҳо миллион доллар дар вақти кориаш дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати қочоқи гумрук будан маблағҳо ҷамъ намуд, ки ба гуфтаи Аҳмади “колбаса” на фақат ба ӯ баробар ҳатто “мо ба у ронанда шуда наметавонем”. Рамазон Раҳимзода ҳам нисбати истеъдоди додари худ қоил мебошад. Аз рӯйи гуфтаҳои Аҳмади “колбаса”, вақте ки Раҳмонкул Раҳимзода ба гумрук ба кор омад, бизнеси шакари ӯро ҳам маҳз Раҳмон ба бародари хурдиаш гирифта дод. 50% шакари Тоҷикистонро, бародари Раҳмонқул бидуни пардохти боҷи гумрук ва бо роҳи қочоқ аз Покистон ба воситаи Афғонистон ворид месозад, ки ҳатман нархи ӯ арзонтар назар ба шакарҳои дигар мебошад. Вақте ки Раҳмонқул бизнесҳои додани рутбаҳо, таъиноти кадрҳоро дар МВД зери дасти худ гирифт, дар ҳақиқат як ҳамдигарфаҳмӣ, байни муштариён ва миёнараву вазир пайдо шуд.

Раҳмонқул пеши роҳи рутбафурӯшиҳои Аҳмади “Колбаса” -ро ба нафъи оилаи худашон  гирифт

  Нархномаҳо ҳам шаффофу равшан шуданд. Масалан вақте ки Аҳмади “колбаса” миёнаравӣ менамуд, худиву бегона дошт, нархи рутбаи “генералӣ” аз 120 то 150.000 долларро ташкил менамуд. Рутбаи “полковник” аз 40.000 шуруъ мешуд то 70.000 доллар. Замоне, ки Раҳмонқул Раҳимзода миёнаравиро ба дасти худ гирифт, аввал калимаи худиву бегона аз байн рафт, ба ҳама як нархи муайян, ки ҳеҷ кас аз якдигар хафа нашаванд. Рутбаи “генералӣ” -100 ҳазор доллар, шарт нест вазифаат муносиб ҳаст ё не, рутбаи полковникӣ – 50 ҳазор доллар, фарқ надорад, майор ҳам бошӣ, дар давоми ду моҳ полковникиро мегирӣ. Асосаш ягон ид наздик бошад, ки ба муносибати Ид пешниҳод кунанд. Ин солҳои шуравӣ буд, ки Иди рӯзи милицияро як сол интизор мешудед. Ҳоло ҳар ҳафта як Ид ҳаст. Масалан дар Иди оши палав пешниҳод мекунанд, подполковник мегирӣ, 10-15 рӯз пас Иди фалак, ё ин ки Иди харбуза алакай полковник мешавед!  Дар инҷо муҳим пункти якуми шартнома иҷро шавад;-50 ё 100 ҳазор $ нақд дошта бошӣ, дигар пунктҳои шартнома ҳолати техникӣ ва ислоҳшаванда аст.

Шикоятҳои ҷонкоҳи Аҳмади  “Колбаса” аз додари вазири дохилӣ

Аҳмади колбаса нақл кард, ки ягона нафаре, ки аз давраҳои ҷавонӣ ҳамроҳи Рамазон Раҳимзода, Пирӣ Ҳусейн кор кардаасту маро “акаҷони қанд” мегуяд, бо ёрӣ ва дастгирии дӯстон бо “дисконт”-и калон рутбаи генералиро гирифт, ин Фаттоев Абдусаттор “жираф” ба 70 ҳазор доллар, аз ҳисоби суханҳои ширин, хушомадгуии беҳаду канор зиёд доштан, дигар ба ягон нафар муяссар нашудааст, ки қонунҳои баровардаи Раҳмонқулро дар МВД вайрон намояд. Аҳмади колбаса ва даҳҳо дигар кормандони баландпояи вазорати дохилии Тоҷикистон шикоятҳо, арзу додҳо менамоянд, ки Раҳмонқул Раҳимзода дар кадом мақомоте кор накарда истода бошад, гумрук ё агентии наркотика, ҳама вақт сардорони раёсатҳо, махсусан УБОП, раёсати вилояти Суғд, раёсати тафтишотӣ, умуман қариб ҳамаи ШКД-ҳоро бо супоришу фармонҳои ғайриқонунии худ аз номи бародараш дилгир кардааст ва ҳазорҳо парвандаҳоро аввал сохта, баъд аз “переговор” бо он бечораҳо, парвандаҳоро қатъ мекардааст. Генералу полковникҳои вазорати дохила рӯйирост мегуянд, ки худи вазир Рамазон Раҳимзода садҳо маротиба назар ба бародараш Раҳмонқул Раҳимзода боинсофтару ботамкинтар мебошад, лекин Раҳмонқул Раҳимзода бисёр беинсоф, сохтакор, нафси бад дошта, дар рӯйи худ хун надошта, шахс мебошад. Наход вазир аз рафтору ҷиноятҳои додараш бехабар бошад, фикр мекунем хабар дорад. Лекин аз сабаби пулҳои калонро ба оила овардани ӯ вазирро дар назди оилаашон каме забонкутоҳ кардааст. Яъне оилаи Раҳимовҳо методи кории Раҳмонқулро пазируфтаанд. Вазир фақат аз рафтору кирдор ва ҷиноятҳои ду бародараш ва миёнараву партнери бизнесиаш Аҳмади “колбаса” беобруй мешавад. Аҳмади колбаса рӯйирост мегуяд, ки пулҳои калонро Рамазон Раҳимзода фақат аз дасти ман гирифтааст. Барои ҳамин чи гапи баде нисбати ман ба ӯ нагуянд, маро ҳеҷ гоҳ ӯ фаромӯш намекунад ва гап ҳам намезанад.

Аҳмади “Колбаса” аз Мурод ва Шарифбеки қудо ҳимоят мехоҳад

Лекин Аҳмад маҷбур шудааст аз Муроди “телех” ва Шарифбек Давлатови қудои президент ҳимоят хоҳад. Ҳоло бошад, ҷиноятҳояшро бо номи бизнес ҳамроҳи Шарифбек ва Кури Аваз содир карда истодааст, ки дар матлабҳои дигар нақл менамоем. Солҳое, ки гуё бо равған Тоҷикистонро таъмин менамуд, равғанро аз Русияву Қазоқистон оварда, дар Тоҷикистон бо равғани пахта ва палмагӣ, ки ниҳоят зараровар мебошаду дар бисёр мамлакатҳо воридот ва истеъмолаш мамнуь мебошад, омехта намуда, бо зарфҳои пластикӣ ба миқдори 4,7 – 4,8 литр рехта, ҳамчун 5 литрӣ мефурӯхт. Ҳамаи харидорон мефаҳмиданд, лекин аз тарс харфе намезаданд. Оиди бо чанд миллион доллар устод, шарики бизнесии худ, раҳматӣ Пирӣ Ҳусейнро пас аз баромадан ба нафақа фиреб карда то имрӯз он пулҳоро надодааст бо далелҳо ва рақамҳояш дар навиштаҳои баъдӣ нақл менамоем.

Аҳмади “Колбаса” ҳамеша аз дастуроти “пешво”барои ободкорӣ  фирор кардааст

Аҳмади колбаса дар ягон чорабиниҳое, ки пешво фикр карда баромаддаст, оиди ободкории шаҳру ноҳия аз ҳисоби фарзандони баруманд, соҳибкорон, мақомдорон ягон саҳме надорад. Масалан вақте ки дар ноҳияи Восеъ ситод барои ободкорӣ, сохтумони мактабу беморхонаҳо, мумфаршсозии кучаҳову ободии ягон боғҳо ташкил карда мешавад, ба Аҳмади колбаса ҳатман хабари аввалин, қатори Муроди телех, Кури Аваз, Раҳмони булочка ба ӯ ҳам мерасад. Аҳмади “колбаса” аввал билет ба тарафи Москва мегирад, баъд баҳонаҷуӣ намуда мегуяд, ки ман дар Ангурбоғ таваллуд ва калон шуда бошам ҳам, лекин ватани асосии ман Ховалинг аст ва ман он ҷой барои ободкорӣ ҳиссагузор мебошам. Дар вақти аз ноҳияи Ховалинг расидани хабар барои ободкорӣ, Колбаса бо баҳонаи ман зодаи Ангурбоғи Восеъ, аз он ҷой ҳам ҷони худро бо осони раҳо мекунад. Ҳамин аҳвол давоми 30 соли истиқлолият давом дорад  ва ягона соҳибкори калон ва сердаромади тоҷик, ки дар ободкорӣ, дар хайру садақа, дар ягон корҳои хайр умуман ҳисса нагузоштааст.

“Ягон халта орди кирмзадаи худро ба касе бепул надодааст ва кумаке накардааст, лекин мо ба бузургии Аллоҳ шаку шубҳае надорем. Ҳар соле дар Қазокистон ё Русия ягон ширкатеро ҳатман Колбасаро ба садҳо ҳазор доллар фиреб мекунад. Албатта колбаса қасди худро боз аз мардуми тоҷик мегирад, аз ҳисоби омехта намудани равған, кам намудани литри он дар зарфҳо ва бо %и баланд маблағ додан ба корафтодагон. Масалан бо як домсоз ба номи Амон, масолеҳи сохтумонӣ- арматураро, ки аз Русия ворид мекунад, ду вагонро ба муддати се моҳ дода, бар ивазаш қариб 30 квартираи ӯро аз ҳисоби фоизҳои баланд бо фишору зуроварӣ тавассути МВД кашида гирифтааст. Баъди ин кор Амон якчанд вақт  дар як ҳолати бадтарини молиявӣ қарор дошт. Айнан бо ҳамин метод ба зани дувуми худ як ҳавлии беҳтаринро аз соҳибмулкаш кашида гирифта дод, ки албатта рӯзе аз ин зулму ситамаш ҷазояшро мебинад.”

Як маротиба худаш бигуяд, ки дар давоми зиёда аз 30 сол ба куҷое кумаки ҳақиқатан чашмрасе кардааст. Аз рафторҳои паст, аз бизнесҳои бисёр шубҳаноки Аҳмади колбаса Муроди телех барвақт хабардор мебошад, ки якчанд сол пештар ба наздикон ва ҳамшаҳриҳои худ гуфтааст, ки “гумуш кунен ӯ крысара, ба ягон маърака фарёдуш накнен, ӯ одами пастай”. Аз ҳамин ҳисоб ӯро дигар ба ободӣ ва ягон маъракаҳои муҳим даъват намекунанд. Махсусан дар кадом маъракае, ки Муроди телех меравад онҷо Аҳмади “колбаса” назди чашми ӯ пайдо набояд шавад, супориш аз тарафи Муроди телех ҳамин тавр буда аст. Аҳмади “колбаса” ҳам ғайрат менамояд, дар ягон иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон набошад. Худаш мегуяд, ки як рӯз дар Точикистон зиёд истодани ман якчанд ҳазор доллар зарар аст, ҳама аз ман ягон чиз мехохад, барои ҳамин ба хонаи зани дигари худ ба шаҳри Москва доимо сафар мекунад, на барои он ки бо супориши Шералӣ Кабиров бо маҳсулоти арзон Тоҷикистонро таъмин намояд. Ӯ дар ғами пул аст, на дар ғами Шераливу Ҳасану мардуми Тоҷикистон. Ӯ доимо аз ин гуна нафарон гурехта мегардад. Яке аз шарикони бизнеси Аҳмади “колбаса” , қудо ва хешу табори Шералӣ Кабиров, раиси Кумитаи захираҳои давлатии Тоҷикистон Аҳмедов Нурмаҳмад мебошад, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кумитаро аз супоридани андози НДС, аз воридоти маҳсулоти хурокворӣ пурра озод кардааст. Аҳмади “колбаса” зиёде маҳсулотро ё бо фирмаҳои однодневка ва ё бо ҳуҷҷатҳои ҳамин кумита ворид намуда, бар ивази 10-12% пора додан аз ҳисоби НДС ба Аҳмедов Нурмаҳмад, ба бюҷети давлат, 20% пули НДС- ро намесупорад. Ин ҳама хиёнат аз тарафи Аҳмедов Нурмаҳмад ба давлату ба пешво мебошад, ки гуё ҳамин намуд маҳсулот дар амборҳои Кумитаи захираҳои давлатӣ ворид карда шуд. Дар асл дар амборҳо ин маҳсулотҳо нестанду барвақт дар бозорҳо бо нархи баланд фурӯхта шудааст.

Аҳмади “Колбаса” тоҷирони хуҷандиро бо номи вазири дохилӣ  гови ҷӯшо кардааст

Як шарики бизнеси Аҳмади “колбаса” , шакарфурӯши калони хуҷандӣ бо номи Илҳомча Бобоҷонов мебошад, ки зиёда аз 25 сол ҳамроҳ бизнес доранд. Лекин методҳои дӯстдоштаи худро ҳар соле ақалан як маротиба ба сари ӯ низ истифода бурда 200-300 ҳазор доллари ӯро ба номи Рамазон Раҳимзода мегирад. Албатта аввал ягон проблема месозад, баъд худи “колбаса” гуё бо Рамазон Раҳимзода ҳал менамояд. Илҳомча ҳам дар давоми ҳамкории солҳои зиёд ба додани “закоти мол” ба Рамазон Раҳимзода омухта шудаасту дигар фақат рӯз хисоб мекунад, ки кай Аҳмади “колбаса” аз дунё меравад ё ин ки Рамазон Раҳимзода аз вазифа. Барои он ки боз Раҳмонқул Раҳимов ҳам Илҳомчаро хуб мешиносаду баъзе вақт аз ӯ “дуо” мегирад Нисбати “подстава” -ҳои Аҳмади “колбаса” ба Илҳомчаро дар мақолаҳои оянда муфассалтар  нақл менамоем.

Аҳмади колбаса бо дӯстони худ “содиқона ва мардона” рафтор мекунад. Як корхонаи ордбарории Илҳомчаро, якчанд сол пештар Аҳмади колбаса бо нархи якчанд маротиба баланд аз арзиши аслиаш ба Кумитаи захираҳои давлатии Аҳмедов Нурмаҳмад фурӯхта пулҳои зиёдатии болояш мондаашонро бо Аҳмедов Нурмаҳмад тақсим карда гирифтанд. Лекин то ҳозир Илҳомча пули асосии корхонаро нагирифтааст. Фақат ваъда ва фақат баҳона: «аз бюҷет имсол пул ҷудо нашуда истодааст, ё ин ки Шералӣ Кабиров ваъда кард ба мо аз бюҷет пул ҷудо карданро кумак мекунад».

  “Нисбати “дустӣ” ва бародарии Аҳмади “колбаса” бо корманди МВД Алишер Тухтаев, ҷиноятҳои якҷояи онҳо, пулкоркунӣ ва сохтани парвандаҳои бофтаву сохтаи онҳо ва чи қадар аз Аҳмади “колбаса” муттаҳам ва вобастагӣ доштани Алишер Тухтаев ва боз 3-4 кормандони ВКД-ро дар бахшҳои баъдӣ хоҳем гуфт. Аҳмади “колбаса” як дӯст бо номи Нуруллои (кур) дорад, ки чи тавр фарзанди дӯсти худашро ба як ҷинояти ночизе муттаҳам намуда, маблағҳои ниҳоят калонро ба номи Рамазон Раҳимзода –вазири корҳои дохилӣ гирифтааст.”

Нурулло аз воқеият хабардор аст, вале чора надорад, ки албатта дар ин бора низ дар оянда бо тафсил нақл менамоем.

Ҳаёти пурмоҷарои Аҳмади “Колбаса” бо писарони ҷиноятпешааш

 Аммо ҳоло барои ошноии беҳтар бо шахсияти Аҳмади колбаса баъзе ҳикоятҳои ҷолиби дар дастамон бударо инҷо пешнищод мекунем.

 “Писари хурдии Қаюмов Аҳмад-Аҳмади колбаса Ҳабибулло ном дорад. Якуним ё ду соли пеш буд, ки ба ҳангоми тармим ва таъмири роҳи маъруф ба битонка, роҳҳои МЖК-Товусро, ки муфарш мекарданд, бо фолсваген се ҷавонро пахш карду кушт. Ин бачаҳои кушташуда як нафарашон аз Ҷуйбодом ва ду нафарашон аз худи Ҳисор буданд. Он бачаҳои кушташуда яктоӣ ва дутоӣ фарзанд доштаанд. Он қадар милисаву ГАИ онҷо ҷамъ омад, ки ҳама фақат аз саломати Ҳабиби писари Аҳмади “колбаса” мепурсиданд. Касеро парвои он се ҷавони кушташуда набуд. Онҷо ҳам аз прокуратура ҳам аз МВД ва ҳам аз КГБ ҷамъ омада буданд.”

Дар ҳамон ҷойи ҳодиса ҳамон се бачаҳои кушташударо гунаҳкор эълон карданд. Даст ё пойи Ҳабиб шикаста будааст. Ҳамин тавр ин ҳодисаро хапу хомӯш карданд. Як нафар аз мақомдорони ВКД Алишер Тухтаев, писари раиси собиқи Ҳисор мисли мурғи посухта ин бару он бар медавид. (Гуфтем, ки дар бораи ин қаллоби МВД Алишер Тухтаев дар барномаҳои баъдӣ хоҳем гуфт,ки чи гуна масъулияти давлатиро ба манбаи тиҷорат табдил кардааст). Вай дар ҳақиқат саги устухонхури Аҳмади “колбаса” аст. Мисли Алишер Аҳмадаи “колбаса” дар ВКД даҳҳо нафар саги худро дорад.

Аҳмади “колбаса” яке аз протсентшикҳои асосӣ ва ниҳоят беинсофу бераҳми кишвар аст.

Бачаҳои “колбаса” бо ҳидояти падар ба одамҳо қарзи бо% медиҳанд. Колбаса мегуяд як хеле қарз диҳед, ки отаву очаашон фаҳманд, ки аз шумоҳо қарздоранд. Пул медиҳанду қарздор мекунанду ҳамин ки як соат аз муҳлати қарордод гузашт зуд ба Алишер Тухтаеви МВД занг мезанаду мегуяд, ки бирав фалониро дастгир ва маҳкам кун, аз ман қарздор аст. Ин касофат ва боз чанд касофати дигарро  ҳамроҳаш мебаранд задаву канда баёнот мегиранд, ки дар ҳақиқат фарзанди мо аз ҳамон одам фалон миқдор қарздор аст. Баъд ин милисаҳо мезананду мешапанду хонаву дару дигар амволи нафари қарздоррро кашида мегиранд. Аҳмади “колбаса” бо ин роҳ хонаи садҳо нафарро хароб кардаву одамҳои зиёдеро бехонаву дар кардааст.

Ҳар сол, ки моҳи Рамазон сар мешавад мегурезад меравад Москва. Дар пеши Кремл хона дорад.

Бачаи калониаш Сайидаҳмад се зан дорад. Ҳатто занҳояшро ментҳо мешиносанд.Он қадар алкаш аст ки нахурад дастонаш меларзад.

Мегӯянд, ки худованд ҳар касро аз дилу нияташ медиҳад. Аҳмади “колбаса” ягон фарзанди соқ надорад, ё одамкушанд ё арақхуранд. Духтарашро дилхоҳ бармен мешиносад. Любой клуб дарову Нигинаи “колбаса” гу ҳама мешиносад.

  “Вақте Ҳабиб дар роҳи битонка се ҷавонро бо мошинаш заду кушт, ба ҳадде пиён буд, ки намедонист чи мегузарад. Ин Алишер Тухтаев қаллоб-мошенники даруни ВКД аст. Шабурӯз дар пушти дари Аҳмади “колбаса” хоб меравад. Вай аз «погон»-дорҳо пули зиёдро залог мегирад. Меояд пушти хонаи Колбаса «списка»-ро ва пулҳоро медиҳад. Колбаса зуд ташкилӣ ва Рамазон Раҳимзодаро фарёд мекунад. Рамазон Раҳимзода шабошаб бо ронандааш меояд хонаи Колбаса. Арақро сар мекунанд. Аҳмади колбаса спискаро медиҳад. Мегуяд ки началники кадратро фарёд кун, ба инҳо вазифа бидиҳад.”

Пули ҷамъкардаашро ҳамонҷо тақсим мекунанду мераванд хона ба хона.

Чи дар МВД, чи дар КГБ ва чи дар Суд ва чи дар Прокуратра колбаса «қуш» аст. Он қадар қуш аст ки мултимиллиардер шудагӣ аст.

Линчаҳои пулашон дар даст дилхоҳ вазифаталаби МВД пушти дари “Колбаса” хоб аст.

Колбаса пеш аз Рамазон Раҳимзода саги раҳматӣ Маҳмадназар Салехов буд.

Алишер Тухтаев як саги хонаи Колбаса аст дар МВД. Аҳмади кобаса ба воситаи полковник Раҳмат Назаров ба Салехов роҳ ёфта буд.

Раҳмат Назаров хешу табори Колбаса аст, полковник, сардори 6ум отдели республика буд. Дар солҳое Салехов вазири ВКД буд ӯ началники 6-ой отел буд, аз соли 1996 кор мекард. Садҳо нафарро бо фармони ин одам куштагианд. Бераҳмат Назаров мегуфтанд ӯро хелеҳо.

“Аҳмади “колбаса” дар мобайни Салехов ва Назаров сагча буд. Пулҳои Назаровро мегирифт % медод. Он вақтҳо% додан хеле муд шуда буд. Агар вақти пас додан як соат аз срок мегузарониданд колбаса ба ин одам Раҳмат Назаров хабар медод. Назаров, ки дар 6 отдел буд одамҳояшро мефиристод меоварданду сахт мезаданд. Инҳо хеле одамҳоро бехонаву дар кардагианд.”

Баъд раҳматӣ Салехов мурд. Ӯро ҳамин Бузмаков кушт. Бобоҷони бачаи майдаҳаки Салехов мегуфт. Он ҳолатро духтари Салехов дидагӣ аст. Бузмаков дар калаи Салехов ду тир задагиаст. Садои Салеховро духтараш мешунавад, ки мегуяд Абдураҳмон, Абдураҳмон, ин корро накун. Бузмаков мепаронад ва пистолетро дар дасти Салехов мемонад. Вақте инҳо медароянд мегуянд, ки худкушӣ кард. Вақте Салеховро куштанд Раҳмат Назаровро ва дигарҳоро Раҳмонов дафъ кард.

Фаттоҳ Сайид он вақтҳо дар ВКД кор мекард вале шофери хонаи Раҳмат Назаров буд. Бачаҳояшро боғча мебурд. Падари Шоҳрух Саид. Фаттоҳ Саид сабаб шуд, ки ба Раҳмат Назаров нарасиданд. Аҳмади “колбаса” доногӣ кард ва ба Рамазон Раҳимзода спонсорӣ кард ва вазираш монданд. Аз рӯзе, ки Рамазонро вазир кард аз Раҳмат Назаров алоқаро канд. Вагарна ҳардуяшон хонабахона часпидагианд. Дигар на инаш ва онаш ба ҳамдигар салом надоданд. То омадани Рамазон Раҳимзода Раҳмат Назаров то духтур то фаррошро вазифа медод. Ҳоло ҳам медиҳад. Одамҳо, ки зиёд пеши хонааш меомаданд. Аммо бас кард. Як заводи орд ҳам дорад. Аз Қазоқситон гандуму орди навъи пасттаринро оварда мардумро фиреб карда гаштааст. Заводаш дар пушти фабрикаи Ширин, ки аз як бизнесмен зада гирифта буд. Ҳоло онро Аҳмади “колбаса” ба пули % гирифт. Ҳозир ҳамин Алишери Тухтаев посредникаш мебошад. Ҳар рӯз эълон мекунад, ки дар кӣ вазифа даркор аст ба кӣ погон даркор аст.

 ” Списка мекунад. Лингчаи пулро оварда медиҳанд. Рамазон Раҳимзодаро даъват мекунад арақхуриро сар мекунад списакаро ба дасташ медиҳад. Ҳамроҳаш бисёр гап намезанад. Ҳаминҳоро вазифа бидеҳ, фаҳмидӣ мегуяд?. Мегуяд гап нест. Пушти дари хонаи “Колбаса” бо либосҳои милисагиашон хобанд. Ба хотири вазифа.”

Аҳмади “колбаса” ба писараш Сайидаҳмад машварат медиҳад ва насиҳат мекунад, ки хонагиҳояшонро в курсе кун, ки бидонанд аз ту қарздоранд. Ҳатто ҷураҳояшро, ки 24 соат мешинанду мехезанд бехонаву дар кардагӣ аст. Ҳавлиҳои фасон-фасонашонро ҳамин   гирифтагӣ аст.

Колбаса медонад, ки писараш як алкаш аст. Вале ҷураҳояш одамҳои шароитдоранд. Через бачаҳояш хонаву дари ҳамсинфу ҳамкурсони онҳоро аз падару мадарҳояшон кашида гирифтагӣ аст. Ҳар як корманди уголовник ҳаст, ки думдуми ҳамин алкаш мегарданд, ранги сагбача, ҷиноятҳои инро мепушонанд. Барои он мегарданд думудуми Колбасаву бачаҳояш, ки ягон вазифа бигиранд.

Латукуби писари Аҳмади “Колбаса”  нозири минтақавиро

Як ҳикояти воқеӣ. Солҳои 2014. Як участковий буд. Маҳмадалӣ ном дошт. Ҳозир таксӣ мезанад. Як инсони ҳаром буд. Дар пеши бозори нав пушти хонаи Ҷаноб таксиаш меистад. Аз як туй баромадем. Ягон кас ба пояш рост намеистод. Бачаҳо байни ҳам баланд-баланд гап мезаданд. Яке ҳамин участковий аз куҷое бо формаи милисагӣ омад -пиён. Онҷо ягон одами простой набуд, ҳама сағираҳои гапзани шаҳр.

Аҷалрасида омаду дӯғу дағдаға карду гуфт: э,инҷа қатор шавед!! Бовар кунед, рутбааш лейтенанти хурд, ончунон бачаҳо заданду куфтандаш, ки то бас гуфтан. Сайидаҳмад гуфт «и кияй, бигирен бизаненша. Гуфт и к.. оча милисаяй, участковияй, бизане тикатика кунен ҳамааш дар каллаи манай.»

Формаҳои милисагӣ пур аз хун шуд. Дар бағоҷи мошин бароварданаш.

Ними танаш даруни бағоҷ нимаш берун дод мезанад: «Мана назанед. Ман Маҳмадалиюм участковийюм».

Сайидаҳмад гуфт ман зани тура …. Заданд қабурғаҳояшро шикастанд. Сайидаҳмад мурданивор куфт. Участковийро дар як таксӣ гурезонидем. Участковий рафт то экспертиза кунад. Маъюбу маслуқаш карда буданд.

Аз отдели 82 омаданд як ду се нафарро гирифтанду бурданду маҳкам карданд. Бачаҳо тарафи Сайидаҳмад гуфтанд, ки э,бирав он милисаҳота бигир. Ту фармон додӣ ҳоло омада бачаҳоро бурданд. Рав ҷилави ин корҳо ва ин милисаҳоятро бигир, бачаҳоро сар диҳад. Шабошаб пиён пиён рафтанд милисахона. Саймаҳмад даромад началники милисаи Синои 2 парида- парида аз ҷояш хест. Дар назди дежурка истоду гуфт канӣ началникта фарёд кун. К…м дар даҳани ҳамаат». Овози инро фаҳмида сардори милиса парида омад. Нисфи шаб. Соати аз даҳ ҳам гузаштагӣ аст. Гуфт «Саймаҳмадҷон чо кадӣ? Чи проблема аст?»

Сайидаҳмад гуфт «Зани участковийи туро ма фалон кунам дар куҷояй?»

Гуфт «чо кадай,чо кадай,мада бугу.»

Гуфт «мо ай туй буромадем, дар пеши хонамон омад туйи моро ҷазир кард».

“Он сардори милиса хиёл кард, ки туйи Аҳмади колбасаро ҷазир кард. Бовар кунед, дигар напурсид. Замначалникро гуфт, ки фарёд кун. Вай кияй. Дар к… очаи вай ман б..м. Рафтанд участковийро аз суд- экспертиза ёфтанд, оварданаш пеши мо. Сардор гуфт, ки як бор пуф кун. Участковий маст буд. Аз даҳанаш буи спирт омад. Дар пеши мо боз началники милиса гирифту зад. Футболаш кард. Гуфт барен махкамаш кунен. Бурданд дар кателажкаи худашон маҳкамаш карданд.”

Ба тарафи Саймаҳмад гуфт, ки Саймаҳмадҷон ман то пагаҳ инро дело карда маҳкамаш мекунам ва пурсид, ки туйро чи хел ҷазир кард. Баъд фаҳмониданаш. Баъди шунидани ҳолат дили началник камтар ҷон гирифт. Чунки вай хиёл карда буд, ки туйи Аҳмади колбасаро ҷазир карда бошад. Баъд пурсид, ки охир туйи шуморо не? Гуфт не. Туйи ҳамсояро.

Баъд мо омадаем.

“Баъди ду-се соат буд, ки началники милиса ба Саймаҳмад занг зада пурсид, ки Саймаҳмадҷон ҳамиро мебахшӣ, ки дар маҳаллатон кор кунад ё не? Шумо инро он қадар безеб задаед, ки ҳамаи ҷойҳояш шикастгӣ. Ин ҳаромӣ посух дод, ки не инро дафъ кунед, ки моро қасд мегирад. Ана ҳамин хел ҷиноятҳоро содир кардагианд, Аҳмади “колбаса” ва бачаҳояш. Ин Саймаҳмад як мошенник аст. Пулҳои милисаҳро мегирад, вазифаатон медиҳам гуфта онҳоро мазоҳу аҳмақ карда мегардад.”

Рафоқати писари Колбаса бо писари вазири дохилӣ

Колбасаи хурдӣ ҷураи Дилшоди бачаи Рамазон Раҳим аст. Ҳозир худи колбаса, ки пир шуда истодааст боз ин мошеникро дар ҷойи худаш омода карда истодааст. Бачаи Рамазон Раҳим пагоҳ-бегоҳ вазифаҳои баланд мегирад ва колбасаи хурдӣ через ҳамон движениҳояшро сар мекунад. Вазифафурӯшӣ ва вазифадиҳӣ мекунад. Бовар кунед, ки дилхоҳ началникҳои МВД пушти дари  “колбаса” хобанд. Рамазон Раҳимзода сеюм срокаш аст. Ӯро бачаҳои Аҳмади “колбаса”  ошкоро қалуғ мегуянд. Ин вазирро дар узкий кругҳо ҳамчун як қалуғи беномус мешиносанд. Як копеейшник мегуянд. Дар дасти “колбаса” бозича аст. Спискаро медиҳад мегуяд инҳоро вазифа бидеҳ,спискаро медиҳад мегуяд, ки инҳоро погон деҳ, медиҳад. Колбаса китоб-журнал  дорад. Вақти таъин шудани онҳоро менависад. Ба як кас семичка дода бошад, менависад. Бачаҳояш ҳам ҳамин хел феъл доранд. Блокнот доранд, расходу доход даромаду хароҷоташро менависанд. Як таксисти шинос гуфт, ки дар ресторанҳо пиён мешаванд занг мезананд, ки биё моро  ба хона бар.

“Духтар и Аҳмади “Колбаса” тавба кардам ранги ҳамин бародарҳояш ҳаст. Фақат инки духтар аст. Камӣ ва монданӣ надорад аз писарҳояш. Якеаш дар якум ошёнаи дискотека кайф мекунад дигариаш дар дуввум ошиёнаи он. Ана ҳамин хел оилаанд. Дар якум этаж додараш дар дуюм этаж апааш кайф карда истодаанд. Наҳсиву касофатии инҳо бар миллат мезанад. Пули ҳарому % оқибаташ ҳамин аст. Колбаса аз туалет барояд замминистрҳое ҳастанд, ки омодаанд кунашро бо забонашон тозакунанд. Бовар кунед, корҳои инҳоро мебинеду мешунавед, ҳуш аз сари одам мепарад.”

Ҳозир боз Раҳмонқули акаи вазир бо апа ё хоҳари Раҳмонов қуда шудагӣ аст. Инҳо ҳама планҳои колбаса.Чизе колбаса гуяд вазир ҳамроҳ бо авлодаш гуш мекунад. То ҷое шунидам баъди мақолаи авалин давленийи Аҳмади колбаса боло рафтааст.

Даҳҳо шояд садҳо одамҳое ҳастанд ки айни замон документҳои хонашон дар дасти ин одам залог аст. Ҳуҷҷатҳои хона, корхона мошин, баёнотҳо бо нотариус, ки фалон миқдор қарздор аст. Говсандуқи махсус ва ҷои махсус дорад, ки онро дар байни худашон склад мегуянд, дар онҷо ҳифз мекунад. Запискаҳои зиёд дорад. Мебарад ба Рамазон Раҳимзодаи қалуғ медиҳад. Вай қарздорҳоро меораду мезанад. Онҳо менависнад, ки мо аз Аҳмади “колбаса “ қарздорем, забонхат мегиранд. Бачаҳош ҳам айни худаш. Фурсат, ки тамом шуд, ҳатто як дақиқа ҳам нагузаронида молу маноли он одами қарздорро кашида мегиранд.

Боим- Иброҳим Сафаров ва се вазирро Аҳмади “Колбаса” чихел подстава кард? 

“Ислоҳ” аз ҳеҷ ҷинояткоре ҳимоят накардааст ва намекунад. Ончи ирсол шудааст ва бозгӯйи ҳолатҳои воқеъиро кунад онро ҳатман дар худ инъикос медиҳад. Ончи омадааст дар мавриди қазияи Боим барои ҳамагон маълум аст. Ба мо аз паҳлуйи дигари масала чунин маълумот расид,ки онро тақдиматон менамоем.

Боим на танҳо барои маҳаллаи Калинини Душанбе  хизмат мекард. Шаш моҳ зиндонҳои Тоҷикистонро мехуронду мепушонид. Боим- Иброҳим Сафаров бори Аҳмадаи “колбаса” ва Раҳмат Назарро мефурӯхт. Героинҳои ҳаминҳоро мефурӯхт Колбаса  бо Назаров дар пушти дараш хоб буданд,то борҳояшонро дар Русия ба фурӯш расонад.

    “Ӯро дар Маскав дар ресторани Измайлово қапиданд. Ҳамроҳаш се вазири Тоҷикистонро дастгир карданд. Иззатуло Шариповро ҳамроҳаш қапиданд. Дар маҷмуъ 21 нафарро дар ҳамон рейд дар Русия мақомоти Русия боздошт намуданд. Як додари Боим ҳам миёни боздошт шудаҳо буд. Боим ҳамаро ба кала гирифт. Раҳмонов мобайн даромад, шарманда нашавам гуфта вазирҳояшро аз ин шармандагӣ халос кард. Боим гуфт вазирҳоро сар диҳед, худам ба калла мегирам ин ҷиноятро.”

Аммо ин корро Аҳмади “колбаса” ва Раҳмат Назар ташкил карданд, чун Боим дигар бо инҳо хуб муомила намекард. Инчунин инҷо барои шикасатани кориераи Иззатулло Шарипов ҳам вуҷуд дошт. Гоҳо барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ дар қудрат бояд чанд кас ва маблағоро фидо кард,то ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуд. Дар пушти боздошти ин мақомоти баландпояи ҳукумати Раҳмонов ва  Боим ҳардуи ҳамин меистоданд. Вагарна борҳои худи ҳаминҳо буд.  Аммо муҳим ба натиҷаи дилхоҳ Колбаса расид,ки ҳамин Рамазон Раҳимзода ва инак сеюм срок аст вазир аст. Агар Раҳмонқул ктиҷрати Аҳмади “Колбаса”ро хароб намекард миллионҳо даромад дошт, агарчи ҳоло ҳам дорад аз ин сармоягузорияш вале на ончи таваққуъ дошт. Боим бисёр дасткушод будааст ба гуфти манбаъ. Дар зиндон барои удо шудан ва берун баромадани 200-300тоҷикро ёрдам кардаст.

Манбаъи дигар ин қазияро чунин мегӯяд: “Аҳмади “Колбаса” барои худро ба ҷаноб ширин кардан Боимро подставит карду фурӯхт. Иззат Шарифов- Зорро имкон дошт вазир шавад, ӯро ҳам дар ин моҷаро ё сделка мепечонад. Боим аз зиндон баромада омад, бояд дар Тоҷикистон маҳкамаш мекарданд. Одамҳояш дар мақомот ёрдам карданд, гурезонидандаш.”

Азизи афғонро, ки бо 500 кило қапиданаш аз Калинин, он борҳо борҳои Зоир буд. Дар маркази Душанбе ресторан сохт ва ба Исмоил  бачаи Зоир туҳфа кард. Ин оила ба ҳеҷ касе то охир содиқ набудааст ва инро ҳаргиз тоҷирон интизор набошанд.

Зоир солҳои пеш як жигулии 07 дошт, меомад пушти хонаи Боим, думдумаш медавид, як чиркину жулида буд. Пушти хонаи Ҳукумов медавид, думдуми хонаи Азиз медавид. Инҳо ҳама ҳамсоя буданд. Зоири домоди ҷаноб думдуми ҳаминҳо мегашт, ки «марам қатитон қуш кунед.07-и бо рақами давлатӣ дошт…  (Ин ҳама шаҳодати воло медиҳад,ки Зоир аз гузашта ва оғоз бо маводи мухаддир ва онҳое бо ин тиҷорат сару кор доштанд мехост наздикӣ кунад.шарҳи ислоҳ )   Аммо ин ҳама мавзӯи матолиби баъдии мост,ки дар мавриди тиҷоратҳои Зоир ва иртиботи қавии ӯ бо наркотарафик мавзуи махсӯсест,ки онро ҳатман тақдим менамоем.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед, то аз моҷароҳои ҷолибтари пушти пардагии ин ҷинояткорон бештар огоҳтар гардед….

Share This Article