Алӣ Ибни Абӯтолиб (р) ро хубтар шиносем! (Ном, насаб, куния, сифот ва хонаводаи он ҳазрат)

Ислоҳ нет

Алӣ Ибни Абӯтолиб (р) ро хубтар шиносем!

(Ном, насаб, куния, сифот ва хонаводаи он ҳазрат)

Дар мақолаҳои гузашта шахсиятҳои се халаифаи пеш аз Алӣ Ибни Абӯтолиб (р) ро муфассал баён доштам дар ин бахш мепардозем ба шиносонидани халифаи чаҳоруми ислом пас аз даргузашти Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) фишурдаи он.
Алӣ Ибни Абӯтолиб (р) шахсияте аст, ки аз овони кӯдакӣ бо расулуллоҳ (с) ҳамроҳ буд ва ҳамеша дар хидмат қарор дошта, хоҳишу дархостҳои ҳазрати паёмбар (с)-ро иҷро менамуд, бинобар ин нисбат ба мақоми нубувват, равиши лозим ва шоиста дар рафтору муомила бо расулуллоҳ (с) шинохти амиқе дошт ва нишонаҳои ҳамкориву талошашро бо гуфтору рафтораш намоён мекард. Ӯ ҳамвора мардумро ба пайравӣ аз расулуллоҳ (с) тарғиб менамуд ва баён мекард, ки барои уммати мусулмон итоат аз расули Худо (с) ва амал ба суннатҳои қавливу феълӣ ва тақририи ӯ лозим аст. Ҳамзамон дар ин мақола хонанда ба зиндагии Алӣ (р) дар Мадина, дар даврони зиндагии расулуллоҳ (с) ошно мегардад, инчунин дар мавриди издивоҷи ӯ бо Фотима (р) духтари паёмбари акрам (с) ва дарсу ибратҳое, ки дар ин пайванди муборак вуҷуд дорад, сухан мегӯяд. Ҳамчунин баҳси маҳрия, асбобу васоил, заношӯӣ ва зиндагии муштараки Алӣ (р) ва Фотима (р) ва низ зӯҳду парҳезкорӣ ва садоқат дар рафтору гуфтори Фотима (р), дар мавриди ин ки ӯ дар дунё ва охират сардори занони мусалмон аст, пешкаши хонанда мегардад. Ҳамчунин ба гӯшае аз зиндагии Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо), фарзандони Алӣ ва Фотима (разияллоҳу анҳумо) ва ҳадисҳое, ки аз расулуллоҳ (с) дар фазоили ин ду бузургвор ривоят шудааст, маълумотҳо пешкаш мегардад. Барои дарки амиқ ва комили ин ҳама мепардозем:

Ном, куния ва лақаби Алӣ ибни Абӯтолиб (р)
1.) Ном ва насаби Алӣ, (р) Ӯ Алӣ писари Абӯтолиб (р) (Абдуманоф) (1) ибни Абдулмутталиб, ки ба Абдулмутталиби Шайба ҳамд гуфта мешуд-ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фиҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мудрик ибни Илёс ибни Музар ибни Назор ибни Маъд ибни Аднон, писарамаки паёмбар (с) аст, ки дар аввалин бобояш яъне, Абдулмутталиб ибни Ҳошим ба ҳам мерасанд ва падараш Абӯтолиб бародари тании Абдуллоҳ падари паёмбар (с) аст.
Баъд аз ин ки Алӣ (р) таваллуд шуд, модараш ӯро Асад номид, зеро номи падари худаш Асад ибни Ҳошим будааст. Далели ин даъво шеъре аст, ки дар ҷанги Хайбар мехонд:
Ман касе ҳастам, ки модарам маро Ҳайдар (2) номидааст,
Монанди шери ҷангал, ки зоҳири пурҳайбат ва ҳароснок дорад.

Абӯтолиб ҳангоми таваллуд шудани Алӣ (р) ҳузур надошт ва чун аз сафар баргашт аз номе, ки модараш интихоб карда буд хушҳол нашуд, бинобар ин ӯро Алӣ номид. (3)
2.) Кунияи Алӣ, (р) Абӯлҳасан кунияи Алӣ (р) буда, мансуб ба писари калониаш Ҳасан аст, ки ӯ аз фарзандони духтари расулуллоҳ (с) аст. Кунияи дигараш Абӯтуроб аст. Ин кунияро паёмбар (с) барояш ба кор бурд ва ҳар гоҳ ӯро бо ин куния садо мезаданд хушҳол мешуд. Сабаби номгузорӣ бо ин куния ин буд, ки рӯзе паёмбар (с) ба хонаи духтари худ Фотима (р) омад, Алӣ (р) дар хона набуд. Паёмбар (с) пурсид: «Писарамакат куҷост?» гуфт: «Байни мо бигӯ магӯе шуд ва аз хона берун рафт ва барои истироҳати нисфирӯзӣ (хоби қайлула) пеши ман намонд». Паёмбар (с) ба яке аз ёронаш гуфт: «Бубин, ки ӯ куҷост?». Он саҳобӣ пас аз ҷустуҷӯ омад ва гуфт: «Дар масҷид хобидааст». Паёмбар (с) ба масҷид рафт ва дид, ки Алӣ (р) бар паҳлӯ хобидааст ва абоаш (ҷома) аз шонааш афтода, шонааш хоколуд шудааст. Паёмбар (с) дар ҳоле, ки хокҳоро пок мекард, фармуд: «Эй Абӯтуроб! Бархез!» (4)
Дар ривояти Бухорӣ омада: «Ба Худо савганд ин кунияро касе ҷуз паёмбар (с) барояш интихоб накардааст.» (5)
Дигар кунияҳои мансуб ба ӯ иборатанд аз: Абӯлҳусайн, Абӯлқосим Алҳошимӣ (6) ва Абӯсибтайн. (7)

З.) Лақаби Алӣ, (р) Амирулмӯъминин лақаби Алӣ, &, ва ӯ чаҳорумин халифа аз хулафои рошидин аст.

Таваллуди Алӣ (р)
Ривоятҳои мухталиф ва зиёде дар бораи соли таваллуди Алӣ (р) вуҷуд дорад ва Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Алӣ понздаҳ ё шонздаҳ сол пеш аз биъсат таваллуд шудааст.» (8)
Ибни Исҳоқ мегӯяд: «Даҳ сол пеш аз биъсат таваллуд шудааст.» (9) Ибни Ҳаҷар қавли Ибни Исҳоқро бартарӣ додааст. (10)
Муҳаммад ибни Алии Боқир дар ин бора ду қавл зикр кардааст, ки яке аз он ду ҳамон қавли ибни Исҳоқ аст оид бар ин, ки Алӣ даҳ сол пеш аз биъсат таваллуд шудааст ва Ибни Ҳаҷар ҳамин қавлро бартарӣ додааст. (11) Қавли дуввуми Муҳаммад ибни Алии Боқир ин аст, ки панҷ сол пеш аз биъсат таваллуд шудааст. (12) Аз дидгоҳи муаллиф низ қавли Ибни Ҳаҷар ва Ибни Исҳоқ нисбат ба дигар қавлҳо бартарӣ дорад ва он ин аст, ки Алӣ (р) даҳ сол пеш аз биъсат таваллуд шудааст. Фокиҳӣ мегӯяд: «Алӣ аввалин навзод аз Бани Ҳошим аст, ки даруни Каъба таваллуд шудааст.» (13)
Ҳоким мегӯяд: «Тибқи ахбори мутавотир Алӣ (р) дар даруни Каъба ба дунё омадааст.»(14)
Вале дигар муаррихон аввалин мавлуди каъбаро Ҳаким Ибни Ҳизом(р) мегӯянд. Бояд зикр намоям,ки дар ягон кутуби ҳадис нисбати вилодати Алӣ Ибни Абӯтолиб(р) ки дар дохили каъба таваллуд шудаанд чизе ворид нашудааст.Имом Сиюти ривояти Ҳокимро заъиф мегуяд нисбати вилодати Алӣ(р) инчунин мегуяд бояд он ривоятҳои мутавотирашро бояд Ҳоким зикр менамӯд.Инчунин соҳиби китоби Таҳзибул-асмоҳам ривояти Ҳокимро заъиф мегуяд.Соҳиби китоби Суқот вилодати Ҳаким Ибни Ҳизом (р) 13 сол пеш аз оми фил зикр менамоянд,ки бо вилодати Алӣ(р) нисбати ривоёт мунофот дорад.Хонандаи гиромӣ дар он ҳангомеки Алӣ Ибни Абӯтолиб (р) таваллуд шуданд дар дохили каъба 360 бут вуҷуд дошт ва дар он ҳеҷ фазилате низ вуҷуд надошт,ки ба фазилати ин саҳобии ҷалилуқадр чизе биафзояд.Пас инро мо фазилат намедонем ва фазоили Алӣ (р) бешуморанд ва ниёз ба ин фазилати сохта надоранд.

Аҳамияти хонавода ва таъсири он дар наслҳо
Илми колбадшикофӣ (ки дар мавзӯи шиносоии таркиби бадан ва аъзои ҷасад аст), илми равоншиносӣ, илми ахлоқ ва илми ҷомеашиносӣ бар ин ҳақиқат таъкид доранд, ки хунӣ ва женетик (genetic-гена-ирсӣ) дар ахлоқ, рафтор, салоҳиятҳо, тавоноиҳо ва истеъдодҳои наслҳо то ҳадди зиёде дар бештари ҳолат муассир аст ва ин таъсирҳо аз се ҷиҳат қобили дарк аст:
а). Арзишҳо ва улгуҳое вуҷуд дорад, ки ҳамеша падарон, бобоҳо ва калонсолони хонавода ба он имон доранд ва ба таври ҷиддӣ ба он пойбанд ҳастанд ва кӯшиш мекунанд онро ҳифз намоянд. Барои он арзиш қоил ҳастанд ва ҳамеша онҳоро мавриди ситоиш ва эҳтиром қарор медиҳанд ва ҳар кас аз фарзандони хонавода аз ин арзиш мунҳариф бошад, инсони мунҳариф ва бероҳа ба шумор меравад ва муътақиданд, ки мухолифат бо русуми падарон ва бобоӣ кӯтоҳӣ ва айб аст ва ба бовари инҳо надоштани ҷавонмардӣ ва нофармонӣ аз падарон гуноҳе дар ҳаққи онҳо аст, ки ҳаргиз дар қонунҳои урфӣ ва меросии хонавода бахшида нахоҳад шуд.

б). Достонҳо ва ҳикоёти зиндагии падарон ва бузургони хонавода дар қаҳрамониҳо, ҷавонмардиҳо ва муборизаҳо, рафтори некӯ, бузургӣ, саховат ва ҳимояташон аз мазлумон ва нотавонҳо, наслҳо ба якдигар мунтақил мекунанд ва ин масъаларо ҷузъи ифтихороташон медонанд ва нақли ин ҳикоятҳо аз оғози солҳои кӯдакӣ то ҷавонӣ ва дар ниҳоят то пирӣ идома дорад, бинобар ин дар такомули фаҳм, шуур ва таъйини нишонаҳои бузургӣ ва ҷавонмардӣ ва некӣ кардан дар ҳаққи падарон ва ҳимоят аз шӯҳрати хонавода ва наслу насаб муассир аст.
в). Ҳамеша пайванди хунӣ ва ирсӣ дар аъзои хонавода насл андар насл таъсир дорад, ба хусус хонаводае, ки дар пайи ҳифзи насаб ва асолаташ бошад ва ин ҳамон чизе аст, ки илми нажодшиносӣ онро таъйид мекунад. (15) Равшан аст, ки ин як қоидаи мутлақ нест, ки монанди суннатҳои илоҳӣ истисно надошта бошад, зеро Худованди мутаъол дар бораи суннатҳои худ мефармояд:

«…ва дар суннати Худо, ҳаргиз, табдиле намеёбӣ ва дар суннати Худо, ҳаргиз, тағйире намебинӣ».
(Сураи Фотир, ояти 43)

Паёмбар (с) бо ишора ба ҳамин мавзӯъ мефармояд: «Мардум маъданҳое мисли маъданҳои нуқра ва тилло ҳастанд, беҳтаринашон дар ҷоҳилият беҳтаринашон дар ислом ҳастанд ба шарте, ки (динро ба хубӣ) фаҳмида бошанд.» (16) Низ мефармояд: «Ҳар кас амале надошта бошад насабаш ба танҳоӣ барояш коре анҷом намедиҳад.» (17)
Шоёни зикр аст, ки дар пайванди насабӣ ҳеҷ гуна ифтихор ва маврусияте вуҷуд надорад, то ба ин васила дин ё раҳбарии маънавӣ ва илмӣ ба хонаводаи муайян дода шавад ва ё хонаводае раҳбарии динӣ, маънавӣ ва илмии умматро ба сурати доимӣ ба ихтиёри худ гирад. Ин масъалае аст, ки ҷаҳон дар гузаштаи пеш аз ислом аз фасоди иҷтимоӣ, рафтори хушки истибдодии бе ҳадду канор ва сӯи истифодаҳои моддии мунҳариф дар ранҷу машаққат будааст. Китобҳои таърих пур аз ин гуна амалҳои ҳокимон ва шоҳони меросӣ аст ва гувоҳии муаррихон дар бораи амалҳо, рафтор ва тарзи ҳукумронии императорони меросии Рум ва Эрон (-и Сосонӣ) ва дар ҷомеаи Юнони қадим ва Ҳинд ва ғайра таъйидкунандаи ин ҳақиқат аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ дар бораи аҳамияти хонавода ёдовар шудем шоиста аст ба вазъияти хонавода, иҷтимоъ ва нажоде, ки Алӣ (р) дар он ба дунё омада, ишора кунем, то равшан шавад чӣ имтиёзҳо ва хусусиятҳое аз нигоҳи одатҳо, русум ва суннатҳо ва мероси ахлоқӣ ва маънавӣ доштааст ва бидонем, ки хонавода ва тоифаи ӯ дар назари арабҳо чӣ арзиш доштааст. Аввал аз Қурайш ва сипас аз Бани Ҳошим оғоз мекунем:

1.) Қабилаи Қурайш
Тамоми арабҳо ба боло будани насаби Қурайш ва раҳбарӣ, раёсат, фасоҳати забон, возеҳ будани гуфтор, бартарии ахлоқӣ, шуҷоат ва ҷавонмардиашон эътироф мекарданд ва ба воқеъияте табдил шуда буд, ки ҳеҷ ҷое барои ҷарру баҳс ва муҷодала боқӣ нагузошта буд. (18) Қурайш ҳампаймони бовафо ва пойбанд ба шариати Иброҳим (а) буданд ва монанди дигар арабҳо набуданд, ки ба дин пойбандӣ надошта бошанд ва ба одоби иҷтимоӣ бе таваҷҷӯҳ бошанд. Қурайш фарзандонашонро дӯст медоштанд ва ҳаҷҷи хонаи Каъба ва маносики ҳаҷро ба ҷой меоварданд ва мурдаҳои худро ғусл медоданд ва кафан мекарданд ва аз оташпарастӣ ва ақидаҳо ва бовари ҳиндувон дур ва нафрат доштанд ва дар издивоҷ бо маҳрамҳое мисли никоҳ бо хоҳарзода (ҷиян), набера ва хоҳар иҷтиноб мекарданд, чун дорои ғайрат буданд ба ин сурат аз расму одатҳои маҷусиён дур буданд ва ҳангоме, ки Қуръон нозил шуд рафтор ва интихоби некӯяшонро мавриди таъйиду таъкид қарор дод. Онҳо бо маҳрия ва шоҳид издивоҷ мекарданд ва ҳангоми ҷудоӣ бо се талоқ аз ҳам ҷудо мешуданд. (19)
Он чӣ бар шарофат ва эҳтироми Қурайш меафзуд ин буд, ки бе ҳеҷ шарте бо ҳар тоифае, ки мехостанд издивоҷ мекарданд ва шарти онҳо дар издивоҷ ин буд, ки бояд мард ё зани мавриди назар барои издивоҷ сахт ба динашон пойбанд бошад ва муътақид буданд бе риояти ин шарт издивоҷашон дуруст нест. (20)

2.) Бани Ҳошим
Бани Ҳошим дар миёни Қурайш аз ҳама болотар ва бартар буданд ва бо мутолеаи таърих ва китобҳои сират, ки ададшон зиёд ҳам нест ба осонӣ метавонем истинбот кунем, ки онҳо чӣ қадар аз хубиҳо ва арзишҳои инсонӣ бархурдор буданд ва дар ҳар чиз миёна ва дар ҳадди шоиста қарор доштанд ва дорои ақли солим ва имони қавӣ ба арзишҳои Каъба буданд. Дар парҳез аз зулм ва дифоъ аз ҳақ ва баландии ҳиммат, меҳрубонӣ бар мазлумон ва нотавонон, саховат шуҷоаат ва тамоми хусусияти ҷавонмардӣ дар назди арабҳо, ки аз мафҳумҳои арзишманд ва хислатҳои ҳамида ва некӯ аст камназир буданд. Аз ин рӯ хусусиёт ва сифоти мазкур сабаб шуда буд, ки бобоҳо ва ниёгони паёмбар (с) бар дигарон бартарӣ дошта бошанд ва аз тарафе ахлоқ ва рафторашон сабаби бартарӣ бар дигарон шуда, аз сӯи дигар ахлоқ ва рафторашонро бо макорими ахлоқӣ созгор карда буд. Аммо онҳо дар замоне зиндагӣ мекарданд, ки ҳанӯз паёмбар (с) мабъус нашуда буд ва бо боварҳо ва ибодатҳои ҷоҳилӣ тарбият ёфта буданд ва Бани Ҳошим бо фидокорӣ, саховат, бахшиш ва хидмат ба мардум ба болотарин дараҷа ва мақом дар иҷтимоашон расида буданд.

3.) Абдулмуталиб ибни Ҳошим
Абдулмуталиб бобои расули Худо (с) ва Алӣ (р) аст. Ӯ пас аз амакаш Мутталиб уҳдадорӣ ва масъулияти қабули ҳоҷиҳоро ба ӯҳда гирифт ва барои қавмаш корҳоеро, ки падаронаш анҷом медоданд, анҷом дод ва дар миёни қавмаш ба шарофат ва ба мақоме расид, ки касе аз падаронаш нарасида буд ва қавмаш ӯро бисёр дӯст медоштанд ва мақомаш дар миёнашон бисёр бузург шуд ва мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор гирифт. (21)
Абдулмуталиб сарватмандтарин фарди Қурайш набуд ва мисли Қусай танҳо сардоре набуд, ки аз ӯ фармонбардорӣ мекарданд, зеро мардони дигаре дар Макка вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ӯ мол ва қудрати зиёдтаре доштанд, аммо ӯ нисбат ба дигар мардони Макка аз обрӯ ва эътибори бештаре бархурдор буд ва қабули ҳоҷиҳо ба ӯҳдаи ӯ буд ва аз муҳимтарин ифтихороташ ин ки оби чоҳи Замзам дар ихтиёри ӯ қарор дошт ва ин мақом бо хонаи Каъба иртибот дошт. (22)
Абдулмуталиб яқин дошт, ки хонаи Каъба назди Худованд арзиш ва мақоме дорад ва ӯ ҳимоятгар ва нигаҳбони он аст ва ин амр дар гуфтугӯе, ки миёни ӯ ва Абраҳа рух дод, бештар ошкор мешавад. Моҷаро ба ин тарз буд, ки Абраҳа дар ҳамла ба Макка, ки қасди вайрон кардан ва нобудии Каъбаро дошт, дусад шутури Абдулмутталибро гирифта буд. Абраҳа ба ӯ иҷоза дод ба наздаш биёяд ва ба эҳтироми ӯ аз тахташ фаромад ва ӯро дар канораш шинонд ва гуфт: «Ҳоҷататро бигӯ!» Абдулмуталиб гуфт: «Ҳоҷати ман ин аст, ки ҳамон дусад шутуреро, ки аз ман гирифтаӣ ба ман баргардонӣ!» Ин дархост ба назари Абраҳа бе арзиш талаққӣ гардид, аз ин рӯ аз ӯ рӯй баргардонид ва гуфт: «Бо ман дар бораи шутуроне, ки аз ту гирифтам сухан мегуӣ?! Ва дар бораи хонаи Каъбае, ки дини ту ва бобоҳову ниёгони ту аст чизе намегуӣ, дар ҳоле, ки ман ба қасди вайрон кардани он омадаам?!»

Абдулмутталиб гуфт: «Ман соҳиби шутуронам ва хона ҳам соҳибе дорад, ки аз он ҳимоят хоҳад намуд». Абраҳа гуфт: «Касе наметавонад садди роҳи маро бигирад». Абдулмутталиб гуфт: «Ин ту ва он хонаи Каъба.» (23)
Саранҷом ҳамон тавр, ки Абдулмутталиб гуфта буд, Худованд хонаашро ҳимоят кард ва нақшаву найранги Абраҳа ва сипоҳашро сабаби ҳалокаташон қарор дод.

Худованди мутаъол дар ин бора мефармояд:
«Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод. То онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд. Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт».
(Сураи Фил, оёти 3-5)

Абдулмутталиб ба фарзандонаш супориш мекард, ки аз зулму ҷабр бипарҳезанд ва онҳоро ба риояти ахлоқи хуб тарғиб мекард ва аз корҳои паст ва бероҳа боз медошт ва дар синни ҳаштод солагӣ дар ҳоле, ки расули Худо (с) ҳаштсола буд, вафот кард. Ба ин тартиб ӯ дар соли 578 мелодӣ вафот кардааст. (24)
Муаррихон навиштаанд, ки ба хотири вафоти Абдулмутталиб муддате бозори Макка таътил шуд… (25)

Идома дорад

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Маъхази истифодашуда:
Номи Абӯтолиб Абдуманоф аст.
Хаттобӣ. Ғарибул-ҳадис. 2/170., Абдулҳамид ибни Алӣ Носирӣ Фақиҳӣ. Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб. 18.
Хаттобӣ. Ғарибул-ҳадис. 2/170., Абдулҳамид ибни Алӣ Носири Фақиҳӣ. Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб. 18.
Муслим. Ш. 2409.
Бухорӣ. Ш. 441, 3280, 3703.
Албидоя-ва-н-ниҳоя. 7/223.
Асад-ул-ғоба 4/16 ва манзур аз сибтайн Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо) аст.
Алмуъҷам-ул-кабир. Табаронӣ 1/54. Ш. 163, бо санади мурсал.
Ас-сирату-н-набавия. 1/262, бе санад.
Ал-исоба. 2/501. Зиндагиномаи Алӣ (р).
Табаронӣ. Алмуъҷам-ул-кабир. 1/53. Ш. 165 ва исноди он ҳасан аст.
Табаронӣ. Алмуъҷам-ул-кабир, 1/53. Ш. 166., исноди он то Муҳаммади Боқир ҳасан ва аз он ба баъд мурсал аст.
Фатҳул-борӣ. 7/174., Ал-исоба. 2/507.
Соҳиби Ахбори Макка ба таҳқиқи Абдулмалик ибни Даҳиш.
Ал-Муртазо, Надавӣ, 19-20.
Муснади Аҳмад. 2/539., исноди он саҳеҳ аст.
Муслим, китоби зикру дуо ва тавба.
Дар бораи хусусиятҳо ва имтиёзоти арабҳо ба «Ассирату-н-набавӣ», таълифи Надавӣ руҷӯъ шавад.
Булуғ-ул-ираб фӣ маърифати аҳволил-араб 1/243, Олусӣ.
Ал-муртазо., -с. 22., Булуғул-ираб. 1/243.
Ибни Ҳишом.Ассирату-н-набавия. 1/142,
Ҷавод Алӣ. Алмуфассал фӣ торихил-араби қаблал-исломи. 4/78., Ал-Муртазо. -с. 22.
Сирати Ибни Ҳишом. 1/49 ., Ал-Муртазо. -с. 23.
Ҷавод Алӣ. Алмуфассал фӣ торихил-араби қаблал-исломи. 4/78., Ал-Муртазо.
Балозарӣ. Ансобул-ашроф. 1/78.

Share This Article