Ҷамолиддини 10% ва «афёра»-и бонкӣ

Ислоҳ нет

Ҷамолиддин дар Минфин 4% буд, дар Нацбанк 10% шудааст

“Манбаъ мегӯяд инҷо сухан аз қарздории “Тоҷпромбонк” ҳам намеравад. Сухан ва асли моҷаро ин аст ки Ҷамолиддин Нуралиев як барномаи муфассали рейдерӣ-тасарруф ва ғасби бонкҳои кишвар, таҳти назорат ва итоати комил гирифтани соҳа ва сиёсати пуливу молиявӣ ва қарзии давлатро таҳия ва бо пуштибонии 100%-и падарарӯсаш-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба иҷро гузошт.”……

Ҷамолиддин Нуралиев моҳи майи соли 2015 аз вазорати молия ба Бонки миллӣ омад. Дар вазорати молия ӯ дар мақоми муовини аввал фаъолият мекард ва дар Бонки миллӣ ҳам ҳамин мақомро дар ихтиёраш гузоштанд. Амалан бошад ӯ кори шахси аввалро иҷро мекунад. Бо омадани ӯ ба ин мақом барои шуморе аз бонкҳои Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангине пеш омад. Дар аввал ангеза ва заминаҳо барои мудохила ба фаъолияти бонкҳоро фароҳам кард, дертар фазои кории онҳоро тавре маҳдуд кард, ки дигар гиребонашонро аз чанги муштариҳо аз як сӯ ва аз тарафи дигар, аз дасти мақомоти тафтишот раҳонида натавонистанд. Мунтаҳо “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” дар соли 2017 муфлис эълон шуданд.

Ҷамолиддин, солҳое,ки дар вазорати молияи Тоҷикистон ба ҳайси муовин ва муовини аввал кор мекард, бо тахаллуси Ҷамоли 4% машҳур шуда буд. Аз тамоми корхона,муассиса ва вазорату кумитаву сохторҳои давлатӣ ва низ аз қарзе,ки давлат ба корхонаву муассисаву ширкатҳо медод, ҳатман 4% ҳақ -“доля” дошт. Бар фарзе агар вазорати маориф ва ё як корхона пули худро аз вазорати молия, барои мисол 1 миллион сомонӣ мегирифт, аввал 4% -и онро ба Ҷамолиддин ба таври нақд оварда медод. Он тарафаш дигар мушкили мудири корхона ва ё вазиру сармуҳосиби он аст ки он 4%-ро чи тавр “списат” бикунад. Возеҳ аст, ки тамоми пули бюҷет тавассути вазорати молия ба мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ тақсим ва мунтақил мешавад. Агар бо камтарин ҳисоб Ҷамолиддин аз 70% маблағи бюҷети давлатӣ 4% дар сади онро аз они худ кард, чи маблағи астрономиро дар замони дар вазорати молия будан амбор ва баҷо ва ё аз худ кард? Ин ҳам дар ҳоле аст, ки мегӯянд бар ҳеҷ ниҳод, минҷумла Маҷлиси Намояндагон ва Дастгоҳи иҷроияи президент ҳам кадом гузаште набуд, ҳамагӣ муваззаф буданд, ки бидуни “лому мим” 4%-ро ба Ҷамолиддин бипардозанд, чун медонанд, ки дар пушт Пешво меистад.

Аммо ҳадаф аз варшикаста кардан ва аз бозори бонкӣ берун андохтани бонкҳо, масалан “Тоҷпромбонк”, “Фононбонк” ва дар балои бад мувоҷеҳ кардани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” чи буд? Ду бонки ахир то соли 2015 ва то нимаҳои 2016 бонкҳои асосии кишвар ва ба истилоҳ “низомсоз” ба ҳисоб мерафтанд ва бахусус ”Тоҷиксодиротбонк”,ки гуфта мешуд беш аз 20 %-и низом ва бозори бонкии кишварро дар итоат дорад, кори худро хуб пеш мебурданд.

Бубинед, ки ҳоло Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси “Тоҷпромбонк”-ро беш аз ду сол аст, гоҳе дар ИВС-боздоштгоҳи муваққати амният ва гоҳе ҳам дар СИЗО-тавқифгоҳи тафтишотии вазорати адлия нигоҳ медоранд. Вай беш аз 200 миллион сомонӣ аз муштариҳои бонк қарздор шудааст. Бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ”, “сохтакорӣ” ва “сӯиистифодаи ваколат” муттаҳам кардаанд. Мурофиаи додгоҳиаш ҳам дар моҳи июни соли 2019 шурӯъ шуд, аммо ҳайратангез аст ки ҳамоно идома дорад. Дар ин миён як муовини ӯ -Абӯбакр Мирзоев бо айни иттиҳомот ба 8 соли ҳабс маҳкум шуд, вале баъди чанде дар зиндон ба таври мармуз даргузашт. Бархеҳо мегӯянд,ки ӯро куштаанд.

Арзу шикояти муштариҳои “Тоҷпромбонк”-ро на Прокурор, на Суд, на Сарвазир, на раиси Маҷлиси миллӣ ва на Президент намепурсанд. Савол ҳам ин аст ки чаро касе ба доди муштариҳои “Тоҷпромбонк” намерасад? Хонанда ва бинандаи азиз, дар ин ҷо сахт бо таваҷҷӯҳ бошед!

Манобеи огоҳ аз мақомоти интизомӣ, ки табиист наметавонанд исму насаб ва номи мушаххаси идораи худро ифшо бисозанд, ба мо гуфтанд, қазия на ба он тарзе ҳаст,ки дар расонаҳо инъикос мешавад. Дар пушти ин қазия Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки милии Тоҷикистон ва домоди Раҳмонов, раиси ҷумҳурӣ меистад. Манбаъ мегӯяд инҷо сухан аз қарздории “Тоҷпромбонк” ҳам намеравад. Сухан ва асли моҷаро ин аст ки Ҷамолиддин Нуралиев як барномаи муфассали рейдерӣ-тасарруф ва ғасби бонкҳои кишвар, таҳти назорат ва итоати комил гирифтани соҳа ва сиёсати пуливу молиявӣ ва қарзии давлатро таҳия ва бо пуштибонии 100%-и падарарӯсаш-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба иҷро гузоштааст. Яке аз охирин иқдомот дар татбиқи ин барнома таъсиси равзанаи воҳид барои қабули маблағҳо аз хориҷа ва ҷоришаванда ба Тоҷикистон аст. Ин манбаъ гуфт, ки танҳо аз воридоти маблағҳои муҳоҷирони корӣ, ки ҳамакнун через “филтр”-и Бонки миллӣ мегузаранд Ҷамолиддин солона аз 12 то 15 миллион доллар даромад хоҳад дошт. Аз тарафи дигар бо иҷрои ин амали ғайриқонунӣ меъёри ҳуқуқии сирри бонкӣ ҳам дигар дар Тоҷикистон муроот намешавад. Нишона ва намунаи возеҳи он расонаӣ кардани ҳаҷми ҳақи қалами хабарнигорони тоҷик дар филми “Хиёнат” аст ки тавассути мақомоти амният таҳия ва нашру пахш шуд. Ҳоло пурсиш ин аст ки ин ҳама маълумоти сиррии бонкиро кӣ ба ихтиёри онҳо гузошт ва бо иҷозати кӣ? Албатта, ки чунин мухторияти бидуни қарори додгоҳро танҳо Ҷамолиддин Нуралиев дошта метавонад. Зеро ӯ иммунитети асосӣ-домоди Пешво буданро дорад!

Аммо, ончуноне ҳам ки ишораҳо кардем аз бозори бонкӣ ва тиҷорати пул берун кардани бонкҳое назири “Фононбонк”, ”Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо кадом буҳрони иқтисодӣ марбут нестанд. Ва ё ин баҳонаҳо, ки онҳо қобилияти пардохт ва ё ҷалби пасандозҳо бо баҳраҳои таъйиншуда ва ҳамин тавр зарфияти қарз додан ба муштариҳоро аз даст дода бошанд, дурӯғи маҳз аст. Ин муассисаҳои устувору мӯҳками молиявиро барои он аз по афканданд, ки мисли арсаҳои дигар, низоми бонкии кишвар ҳам дар зери тасарруфи мустақими Раҳмонов ва Оила қарор бигирад. Ҷои ин бонкҳо филфавр бонкҳои домодҳои Раҳмонов “Спитаменбонк”, “Коммерсбонк”, “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, “Тавҳидбонк” гирифтанд ва дар як муддати хеле кутоҳ бозор ва низоми бонкӣ дар кишварро забт ва тасаллут карданд. Ҳамакнун низоми бонки кишвар ҳам бар манфиати Раҳмонов ва оилаи вай кор мекунад.

“Спитаменбонк” дар соли 2009 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ сабти ном шуд. Дар соли 2014 ба бонк табдил ёфт. Ҳама медонанд, ки соҳиби ин бонк Ҷамолиддин Нуралиев аст ва сармояи оинномавии он аз пули ғоратшуда аз роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд ба даст омадааст. Ташкили ин бонк дуруст як сол қабл аз таъйини Ҷамолиддин Нуралиев ба мақоми муовини аввали Бонки миллӣ иттифоқ афтода буд ва аз онҷо ки натавонист дар низоми бонкӣ қомат афрозад, бонкҳои дигарро аз бозор берун кард.

Азбаски “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” сармояи бузург ва муҳимтар аз он шаҳрвандони зиёдеро ҷалб карда буданд, мисли “Тоҷпромбонк”ва “Фононбонк” зуд муфлис эълон нашуданд. Аммо роҳбарияти ин бонкҳоро ба ҳадде гирифтору вобаста карданд, ки натавонистанд ҳатто аз хатти кашидаи Ҷамолиддин ва падарарӯсаш Эмомалӣ Раҳмонов по берун ниҳанд. Сухан аз он меравад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов дар декабри соли 2016 барои гӯё дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоршуда беш аз 3 миллиард сомонӣ қарз дод. Ҳайратовар он аст ки ҳанӯз дар соли 2017 “Тоҷиксодиротбонк” 65% қарзҳои муштариёнро баргардонида буд. Аммо ҳоло бар ивази қарзи додаи ҳукумат тамоми моликияти ин бонк ба ихтиёр ва ё мушаххастар бигӯем ба гарави ҳукумат ва боз ҳам ошкортар бигӯем таҳти тасарруфи Ҷамолиддин Нуралиев ва Эмомалӣ Раҳмонов қарор гирифтааст. Ҳамин тавр ҳадафи асосии Ҷамолиддин Нуралиев ва падарарӯси ӯ -забту тасарруфи низоми бонкӣ дар кишвар татбиқ шуд ва ҳам “Тоҷиксодиротбонк” ва молу мулки ӯ, ки шояд аз 150–200 миллион доллар бештар бошад, дар ихтиёри ҳукумат,яъне Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиев гузаштааст.

Роҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” бидуни иҷозати онҳо наметавонад ҳатто хасе аз моликияташро ба фурӯш гузорад.

Тоҷиддин Пирзода,раиси “Тоҷиксодиротбонк”дар бархе аз сӯҳбатҳои матбуотӣ ба дунболи дучори мушкил кардани бонкаш гоҳо ошкоро ва гоҳо ба таври пӯшида изҳор доштааст, ки бонки ӯро рақибони қудратманд аз рӯи “рашку ҳасодат” ва нотавонӣ ба мушкил дучор карданд. Вай он замон гуфта буд,ки “сад бор тафтиш кунанд ҳам ман кадом коре ғайриқонунӣ накардаам ва баракс сохтам, овардам ва бунёд кардам”. Ӯро наздики 7 моҳ аз роҳбарияти бонк дур карданд. Вай бо дарду алам аз вуҷуди “проблемаи сунъӣ” сӯҳбат карда ва изҳор намудааст, ки рақибон махсус “ажиотаж” ташкил карданд, “баъзе нафарон сохтакорӣ карда, мардумро ба воҳима андохтанд, …ҷамъ шудани нафарони иғвогар дар атрофи бонку филиалҳо бо “байрақҳо” дар даст сабаби ба вуҷуд омадани мудирияти муваққатӣ гардид.”

Раиси “Тоҷиксодиротбонк” бидуни онки аз номи Ҷамолиддин Нуралиев ёдовар шавад, дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст: “Ҳатто раиси собиқи Бонки миллӣ дар яке аз вохӯриҳо гуфтанд, ки Шумо функсияи “Амонатбонк”-ро иҷро кардед ва мардумро бо маош таъмин намуда, онҳоро меомӯзонед ва ҳатто тамоми нафақагирон ба воситаи кортҳои “Тоҷиксодиротбонк” маошашонро дарёфт мекарданд. Кормандони тамоми вазоратҳо, аз ҷумла вазоратҳои қудратӣ, тариқи кортҳои мо сарукор доштанд. Бо онки муштариён маошро бо сомонӣ дарёфт мекарданд, аммо дар хориҷи кишвар бо истифода аз кортҳои “Тоҷиксодиротбонк” пули он кишварро мегирифтанд. Албатта, чунин сатҳи хадамот ва шароити мусоид рашки рақибони моро овард”.

Дар соли 2016 барои “Тоҷиксодиротбонк” Бонки миллӣ яъне Ҷамолиддин Нуралиев мудирони муваққат таъин кард. Овардани мудирияти муваққатӣ барои ин бонк, ки бар хилофи 3 моҳ 6 моҳ нишаст “афёра”-и навбатии Ҷамолиддин Нуралиев буд. Ӯ инро шарти Бонки аврупоии бозсохт ва тараққиёт ба хотири ҷалби сармоя мегӯяд. Вале дертар маълум мешавад, ки ин кор нақшаи танҳо шахси Нуралиев будааст, бо мақсади донистани зарфият ва имконоти “Тоҷиксодиротбонк”. Зеро Бонки аврупоии бозсохт ва тараққиёт чунин шарт нагузошта будааст. Ҳатто дертар маълум мешавад,ки Ҷамолиддин Нуралиев ба роҳбарияти ин муассисаи молиявӣ ҳушдор додааст,ки ҳукумат “Тоҷиксодиротбонк”-ро муфлис эълон хоҳад кард,пул надиҳанд. Дар асл додани қарз ё пули ҳукумат бо ҳадафҳои муайян сурат гирифта буд. Аввал ин аст ки бо ин пул Пирзодаро водор карданд, ки қарзи мардумро баргардонад. То инки мардуми зиёд даст ба кадом эътироз ва ё тазоҳурот назананд. Дигар инки роҳи бонкро барои дарёфти қарз аз берун, масалан аз давлатҳо ва ё созмонҳои молиявӣ бубанданд. Ҳам Чин ва ҳам яке аз кишварҳои арабӣ розӣ шуда буданд, ки “Тоҷиксодиротбонк”-ро кӯмак кунанд. Аммо қарзи ҳукумат имкони ин корро ба сифр баробар кард.

Тоҷиддин Пирзода,раиси “Тоҷиксодиротбонк” баъди роҳбарияти муваққат дубора роҳбарии бонкашро бар ӯҳда гирифт, аммо дороӣ ва молу мулки бонк таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиев қарор дорад. Бонке,ки 335.000 муштарӣ ва аз ин ҳисоб 30–35% муштарии амонатгузор дошта ва дар тамоми манотиқи кишвар шуъбаҳои худро бо пули худ сохта буд, манзурам биноҳо ва низ дар Данғара чандин бинои 9–10 ошёна бунёд мекард ва ҳамин тавр дар Рашту Душанбеву дигар навоҳии кишвар ва миллион-миллион доллар барои Роғун ва дигар маъракаву иншооти давлатӣ харҷ кардааст, баъид буд, ки ба ин вазъ гирифтор ва саҳлу содда аз бозор берун шавад. Худи Пирзода дар ҳамин сӯҳбаташ гуфтааст, ки 8 бино бо ҳудуди 500 ҳуҷра нофурӯхта истодааст. Ва “натанҳо дар Данғара, балки дар Мастчоҳи Кӯҳӣ ҳам бонк сохтем, ҳам меҳмонхона ва ҳам мағоза. Дар дохили як деҳаи дурдасти ин ноҳия филиали бонкро сохтем. Дар ноҳияҳои дурдасти Шамсиддини Шоҳин, Мурғоб ва Дарвоз, дар тамоми манотиқ филилаҳои бонкро бунёд кардем. Айни ҳол дар қаламрави кишвар 40 филиал ва 700 нафар корманд дорем. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли 2015 беш аз 3 ҳазор корманд ва 90 филиал доштем.”

Бар пояи сӯҳбатҳои Тоҷиддин Пирзода барои баргардонидани маблағи ҳукумат 5 сол вақт дорад. Ва, сарнавишти ин бонк дар соли оянда ҳал хоҳад шуд. Ҳоло беш аз 80 дарсади саҳмияҳои бонк дар дасти давлат қарор гирифтааст ва тақрибан 15 – 16 дар сад дар дасти худи Пирзода боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки ин бонк то 80 дар сади саҳомаш дар дасти саҳмиягузорон, аз ҷумла худи Тоҷиддин Пирзода қарор дошт. Аз инҷо бармеояд, ки бо додани қарз аз ҳисоби ҳукумат Ҷамолиддин ва Раҳмонов 80% саҳоми ин бонкро ҳам тасарруф кардаанд. Вале бо вуҷуди ин дасту пойи “Тоҷиксодиротбонк” баста аст ва кадом амалиёти бузурги тиҷоратӣ ва қарзӣ ҳам анҷом надодааст ва ҷои онро бошад дар низоми бонкии кишвар “Спитаменбонк”-и Ҷамолиддин ва бонкҳои домодҳои дигари Раҳмонов ишғол кардаанд.

Ва,дар қисмати поёнии ин навишта аз сарнавишти Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” мегӯемки инак ду сол бештар аст ки дар дасти тафтишоту суд қарор дорад вале ҳеҷ не,ки мурофиааш ба анҷом бирасад. Чаро ӯро суд ва бонкашро муфлис эълон карданд ва Ҷамолиддин дар ин миён чӣ нақше дорад?

Бар пояи ҳамон қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки барои бонкҳои ба мушкил дучоршуда маблағи қарз ҷудо карда шуд, “Тоҷпромбонк” ҳам 400 миллион сомонӣ бояд мегирифт. Аммо Ҷамолиддин Нуралиев “ условия” монд, ки 10%-ин ин пулро ба ҳисоби шахсии ӯ бояд гузаронад: “Аввал ин пулро мегузаронӣ, сипас мегирӣ”.Ҷамшед Зиёев ба ин “условия” розӣ нашуд ва нагирифт ин пулро. Чанд рӯз пас, яке аз муштариҳои “Тоҷпромбонк”,ки 100.000 доллар пасандозашро гирифта натавонист, дар назди бинои бонк худкушӣ кард. Ин хабар дар тамоми ҷаҳон пахш шуд. Раҳмонов ба Оҷонси мубориза бо коррупсия дастур дод,ки бубинед чаро Ҷамшед Зиёев аз вазорати молия 400 млн сомониро нагирифтааст? Зеро агар пулро гирифта бо мардум ҳисобӣ мекард, ҳодисаи худкушии ин одам дар назди бонк рух намедод. Ҷамшед Зиёев ба бозрасони коррупсия буду шуди воқеаро қисса мекунад ва мегӯяд, ки ҳисобу китоб кард, ки агар 40 миллиони онро ба Ҷамолиддин Нуралиев диҳад, беҳтар аст он пулро нагирад, чун “туғрӣ” намегирад. Гуфт дар шароите, ки гирифтор шудааст, наметавонад боз 40 миллиони дигарро ба гардан бигирад. Хабари онки Ҷамшед Зиёев ба коррпусия ӯро “фурӯхтааст” ба Ҷамолиддин мерасад ва ӯ Ҷамшед Зиёевро барои “гапро баровардан” зиндон ва тамоми молу мулкашро мусодира кард…..

PS. Ин қисмати аввали маълумоти расида аз “фаъолият”-ҳои Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, домоди раисиҷумҳурии Тоҷикистон, мулаққаб ба Ҷамоли 10% буд,ки мутолиа фармудед. Дар навиштаҳои баъдӣ аз IRS-ширкати пулчинаки марбути Ҷамол,ки дар хонаводаи Раҳмонов бо номи “американец” ном мебаранд, қабоҳату ҷиноятҳо дар ин ширкат, аз ҷумла аз онки чи тавр Насим Шокиров, раиси собиқи IRS кушта шуд, аз зани дуввуми Ҷамолиддин, аз дороиҳои муштараки ӯ бо Озода Раҳмонова, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва модари фарзандонаш, ҳамчунин аз ишқу алоқааш ба гурӯҳҳои маъруф ба “сексменшинств” ва чанд чизи дигар хоҳем гуфт.

Ба Ҷамолиддин Нурализода расонида будам,ки пасандози маъюби гурӯҳи якум Мирзохуҷа Самадовро аз “Тоҷпромбонк” баргардонад ва то охири сол дар мавриди ҷиноятҳояш чизе наменависем. Аммо аз 19 уми июн то имрӯз,ки ду ҳафтаи пурра гузашт, ҳеҷ коре накард.Пас мо дигар ба кашфи ҷиноятҳои шумо бе даранг идома медиҳем.

Share This Article