Амонулло Саъдуллоев ва идораи наркобизнеси Норак

Дар Норак се нафар наркобароне буд,ки тавассути қатор ба Русия маводди мухадир интиқол медоданд.Онҳо ягон нафарро “заказ” мекарданд,бар ивази як миқдор маблағи муайян ва ӯ мебурд Маскав. Дар онҷо онҳо боз одамҳои худро доштанд,ки маводди мухаддирро ба фурӯш мерасониданд. Масалан як миқдор,фарқ надорад аз грамм сар карда то килограмм мегиранд ва бо шакари зарди талқон ва ордшуда омехта мекунанд,барои мисол як бар панҷ ва ё як бар ҳашт карда мефурӯшанд. Аз ин ҳисоб фоида чандинкарата ба даст меоваранд.

Наркобарони якум:

Яке аз ин нафарҳо Илҳоми Садриддин ном дорад, ки тақрибан чилсола мебошад. Ӯро чанд рӯз пеш ҳангомеки дар  Узбекистон аз пинҳонгоҳ (тйник ) 176 кг пайдо шуд ва фаҳмиданд, ки ин бор аз Илҳом аст омада ӯро  дастгир карданду бурданд. Илҳомро дар даруни Норак дастгир карда буданд. Аз телефони дастӣ ва дафтарчааш, ки вақти кофтукоби хонааш пайдо мекунанд, рӯихати нафароне, ки аз ӯ “бор” гирифтаанд, бо ҳаҷму андоза, маблағ ва бо рақами телефонҳояшон ошкор мешавад. Нафаронеро,ки бо ӯ муомила доштанд якто, якто даъват мекунанд. Аз бархеи онҳо пул канда ҷавоб доданд. Бархеи дигарро ҳамроҳи Илҳом шинониданд. Бар пояи баъзе аз маълумоти дастрасшуда 1.000.000 доллар пешниҳод кардааст Илҳом, аммо раҳо накарданд. Ҳоло вай дар боздоштгоҳи амният қарор дорад.

Наркобарони дуввум:

Нафари дуввум Муқимча аст. Муқими норакӣ бо лақаби “бачаи кампир”. Ин кори Шоҳрух Саид буд, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД. Инҷо ҳама кор, аз дастгир шудан то навор бардоштан ва то нашру пахши он дар телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ кори Шоҳрух буд. Ҳоло ҳарчи тиҷорате,ки Муқимча дошт аз дасташ кашида гирифтанд. Чанд дача ва гармхона дошт, ки то чил нафар кор мекард. Корхонаҳои зиёд дошт ва шумори коргаронаш ҳам аз 200 кам набуд. Тамоми моликияташро тасарруф карданд, ба ҷуз аз як хонаи заминӣ,ки зан ва кудаконаш дар он зиндагӣ мекунанд. Муқимча аз се зан 12 фарзанд дорад.

Наркобарони севвум:

Нафари сеюм Диловар Талбаков буд, ки 6 ноябр 41 сола шуд. Вай се моҳ пеш дар моҳи август вафот кард. Хонаи вай рӯбарӯи хонаи Сангови раиси ноҳияи Файзобод аст. Зани Сангов ва бачаҳояш хонаи Диловар бисёр меомаданд. Зани Диловар як зани ҷодугар аст.

Диловар дар хонааш бемор шуд, оварданаш Якум Советский. Ӯ бовар надошт ва намехост, ки дар беморхона бошад. Дар ин бемористон ӯро бистарӣ карданд. Хонаи вай Ҳоҷӣ Амон (Амонулло) хусурбачаи президент, бисёр меомад. Ҳоҷӣ Амриддин меомад, хусурбурдаҳои президент аст ӯ ҳам. Дигар хусурбачаҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам меомаданд. Овоза ҳаст, ки Диловарро заҳр додагианд. Чунки агар коронавирус мешуд мебоист ба бародаронаш, ҷиянҳояш, занаш мегузашт. Массажистҳо омада масҳ мекарданд. Вале ягон нафари онҳо сироят нашуд. Ҳатто намонданд, ки ҷасадаш медэкспертиза шавад. Мегӯянд, ки ҳоҷӣ Амонулло Саъдуллоев, бародари завҷаи Эмомалӣ Раҳмон бо ин зан робита доштааст. Овоза шуда буд,ки онҳоро қапидааст ва баъди он занашро сар додааст. Вале боз чизе шуда,ки як гов кушта аз нав никоҳ карда буд Диловар. Ҳамсараш Садафмоҳ баъди як моҳи даргузашти шавҳараш рафту як мошини Кемрии 37.000 долларӣ харид. Чилро доду ин мошинро хонааш овард. Соли таваллуди Садафмоҳ  1986 аст ва рақами давлатии мошинаш ҳам бо рақами соли таваллудаш мувофиқ карда шудааст:1986. Аз шавҳараш пули бисёр мондагӣ аст. Дар Душанбе 10 мошини таксиаш кор мекунад. Квартираи 250.000долларӣ дорад, ки иҷора додааст. Дар Дубай хона дорад. Диловар ҳам бо грамм мефурӯхт ва ҳам бо кило. Бори тоза ҳам мефурӯхт. Дар як рӯз аз 20.000 то 30.000 доллар кор мекард. Баъди марги Диловар Ҳоҷӣ Амон ба хонаи вай зиёд меомад. Вақте кадом қарзхоҳе хонаи ин зан омада мегуфт, ки шавҳарат аз ман 120.000 доллар қарздор, 80.000 доллар қарздор ӯ мегуфтааст,ки равед, ҳозир Ҳоҷӣ Амон меояд ва ҳал мекунад. Чизе мешуд, Садафмоҳ  ба ҳоҷӣ Амон вомегузош. Одамҳоро бо номи ҳоҷӣ Амон тарс медод. Дафтарчаи қарздориҳои шавҳарашро Садафмоҳ гирифта ҳар касеро,ки аз Диловар “бор” гирифтаву ҳисобӣ накардааст, даъват карда муҳлат медиҳад ва таҳдид мекунад, ки агар ки наовардед ҳоҷӣ Амон аз дастатон рафта мегирад.

Вазифаи асосии ҳоҷӣ Амон болои наркобизнесҳо доля бастан ва ҳимояти онҳо аст. Дилхоҳ наркобизнесро фармон медиҳад, ки буққа биёр, чаҳорто гусфанд биёр ва ё фалон доллар биёр ва онҳо ҳам меоранд. Он одамҳо рост мебаранд совхози Чапаеви Колхозобод ва ба дасти ҳоҷӣ Амон ва ё онҷое ӯ мегӯяд чизи гуфтаашро бо ду дасти адаб месупоранд.

Ҳозир боз як наркобизнеси дигар пайдо шудааст. Дар мошинаш ратсия ҳам дорад ва туфанг ҳам. Ӯро амниятиҳо “кришават” мекунанд. Барои амниятиҳо онҳо як манбаи даромад ҳастанд. Барои мисол телефони маводфурӯшро мегирад ва мебинад, ки рақами наркоманҳо ва ё фурӯшандаҳо зиёд аст. Фавран “доля” мебандад. Ё 10.000 сомонӣ медиҳӣ ва ё отдел мебарам, дело мекунам. Ночор дар ҷояш 10.000 дода халос мешавӣ. Ҳозир мешавад гуфт ки Норак дар дасти накробизнесҳост. Инҳо бештар миёнарав ҳастанд. Ҳатто аз инҷо истода дар Русия ҳам тиҷорат мекунанд. Фурӯшандаҳои яклухтфурӯш ҳам доранд ва барригаҳо ҳам. Аз ҳаминҷо управлят мекунанд ва ҳақашонро мегиранд. Чанд нафари дигаре ҳам ҳастанд, ки аз Афғонистон тавассути миёнаравҳо маводди мухаддир мегиранд. Вале асосан инҳо бори дар дохилро ҳам дар инҷо ва ҳам дар Русия тиҷорат мекунанд. Онҳо одам доранд, маош мегиранд. Масалан одамро билет гирифта мефиристад Маскав. Барои ӯ ба100.000 рубл хонаи иҷора мегиранд. Як кило бори тоза медиҳанд. Вай ин борро бо 6 кг.шакари зарди аз кофемолка гузаронида мешӯрад ва омода мекунад. Шакарро аз кофемолка мегузаронанд. Орд мешавад. Мешӯранд. Сахт мешавад. Ва сипас нарм мекунанд. Мисли худи героин мешавад ва сипас омехта мекунанд. Ин борро, ки реализоват кард-фурӯхт 250.000 рубл маош мегирад, Боз чи қадаре, ки худаш ҳам “кор” кард. Ин миқдори борро дар тӯли се рӯз мегузаронад. Боз 1 килои дигар медиҳанд. Ҳамин тавр идома медиҳанд. Ин барригаҳо боз одамҳои худро доранд, ки 50, 60, 100 ё 200 ва 1 кило ҳам аз ӯ мегиранд. Инҳоро метавон нимоптовик гуфт. Дар ҳар куҷои Русия, ки набошад аммо дар “склад” бораш аз рӯи грамм омода аст. Барои мисол аз рӯи грамм суроға месозад, масалан даҳ бастаи 50 граммӣ дар фалонҷо ва ё 10 бастаи 100 граммӣ дар ҷое дигар. Суроғаҳоро ба инҷо мефиристад. Аксҳо ва ҳама нишонаҳои “склад”-ро роҳӣ мекунад. Нафаре, ки 50 грамм мегирад, сумро ба ҳисоб мегузаронад ва меравад борро мегирад. Аз ҳаминҷо яъне Норак истода контрол мекунанд. Дар онҷо “одамҳо” кор мекунанд.

Ҳоҷӣ Амон ва ҳоҷӣ Амриддин одамони наздики раиси ҷумҳурӣ кори асосиашон контрол ва ҳимояти наркобизнесҳо аст. Ҳоҷӣ Амриддин писархолаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ҳоҷӣ Амон худи ҳамин наркобизнесҳо “доля” оварда медиҳанд. Чунки вақте номи ҳоҷӣ Амонро мегиранд, милисаву кгбеву дигару дигараш метарсад,дигар ҳама корашонро карда мегарданд ин наркобаронҳо.

Як килои героин агар дар сарҳад 1000 доллар бошад дар Маскав аз 15 то 18000 доллар боло меравад. Боз чихеле гуфтем дар як кило 6 то7 килои дигар шакар илова мекунанд. Истифодаи бори тозаи героин наркоманро филфавр мекушад-передоза мешавад. Андозаи  омехта кардани бо шакар аз навъи героин вобаста аст. Навъи баланд бошад то 8 кило шакар якҷоя мекунанд. Грамми он аз 2000 то 3 ва 4000 рубл аст дар Русия.Чи қадар,ки аз Маскав дур бошад арзишаш боло меравад. Аз фурӯши граммии он байни 1 ҳафта 250,000 ҳазор доллар кор мекунанд. То ҷое шунидам бархе аз афғонҳо дар марз барои даҳ шиша арақ аз 200 то 500 грамм героини тоза медиҳанд.

Айни замон ҳамсари Диловар Садафмоҳ дар Душанбе аст. Норак намеояд. Ду духтар ва ду писар дорад. Модари Садафмоҳ дар вақташ дубора шавҳар мекунад. Шавҳараш ӯро бо бародараш меқапад. Вай ҳафт ҳашт акаву хоҳар дорад, ки аз 7, 8 падаранд. Инҳо аз Норак ҳастанд. Зиндагӣ дар Норак аз ҳисоби наркобизнес аст. Аз ҳамин майда чуйда гирифта то бори калон аз ҳисоби наркотик аст. Касе,ки ин кор аз дасташ намеояд, меравад дар замину оғилу фермаву корхонаву ресторану хулоса дар дасти ҳамин наркобизнесҳо кор карда рӯз мегузаронад.

Ps: Хонандагони гиромӣ ин маълумот оперативӣ аст ва як корманди содиқи КДАМ,ки ҳудуди як солу шаш моҳ дар Норак ифои вазифа намуда буд.Пас аз боздошти охири 176 кг аз қатор ва ҳолатҳои дигаре,ки аз дастдоштани афроди воломақоми амниятӣ ва оилаи Эмомалӣ Раҳмонов дар ин кор тасмим гирифт ҳамаро ба Ислоҳ нависад. Мо барои халалдор нашудани таҳқиқ номҳои баъзе аз афроди баландпояро наовардаем ва пас пас аз поён ёфтани таҳқиқот номҳои он афродро ҳам зикр хоҳем кард. Дуруд бар шарафи баъзе аз кормандони бошарафи КДАМ,ки аз ноадолатиҳои система ва фасоду маводи мухаддир фурӯшиҳои онҳо сукут намекунанд ва онро тақдими миллат менамоянд.Шумо қаҳрамонони воқеии ин миллатед. Ислоҳ пас аз пирӯзи номҳои ҳама ин қаҳрамонҳоро ба миллат бозгӯ хоҳад намуд ва ҳама аз онҳо огоҳ мегарданд.

Total
17
Shares
Related Posts