Анбори ҳероин дар Зумрад, ҳелаҳои нави заминфурӯшӣ (3)

Technik
By Technik

Идомаи номаи Исфарагиҳо: Анбори ҳероини домод дар Зумрад, ҳелаҳои нави заминфурӯшӣ

(бахши севвум)

Дар ин қисмат дар бораи осоишгоҳи овозадори Зумрад мехоҳам чанд сухан бигӯем. Ин осоишгоҳро домоди Президент гирифт.Тамоми ҷойҳои сердаромад ва ободи кишварро домодҳо  ва духтарҳои президент гӯё, ки харида хусусӣ мекунанд. Дар асл ин хел ҷойҳои даромаднокро бепул мегиранд. Зумрадро бо тамоми замину замонаш бо як пули пучак гирифту одами худашро оварду монд.

  Ҳалимов Абдумумин, мудири осоишгоҳи Зумрад шуд. Мудири нав коргарону мутахассисони тамоми умр дар инҷо кор кардаро аз фаррош сар карда то духтурҳо аз кор пеш кард. Ва одамони худашро аз маҳалли таваллуди худаш,чи ҷойи пинҳон доштан аз шаҳру навоҳии вилояти собиқи Кулоб овард. Вале нафарони овардааш кор карда натавонистанд, маҷбур шуд коргарони ҷавобдодаашро дубора ба кор даъват кунад, чун муҳтоҷ шуд ва илоҷи дигар надошт. Аммо бархе барнагаштанд ва Русия рафтанд. Феълан инҷо мутахассис қариб,ки надорад. Нархи осоишгоҳ чанд баробар гарон карда шудааст. Ҳоло осоишгоҳро навсозӣ карда истодаанд. Аммо мо маълумоти дақиқ дорем ва шоҳидҳо ҳам гувоҳӣ медиҳанд, ки кори Ҳалимов Абдумӯмин танҳо аз мудирияти осоишгоҳ иборат нест. Вай ҳам замин мефурӯшад, ҳам ба вазифафурӯшӣ машғул аст ва ҳам ба тиыорати наркотик. Фикр мекунед, ки замини Исфара ба директори Зумрад чи дахл дорад. Гап дар инҷост,ки ӯ ба унвони “одам”-и домоди президент гапаш ба раиси Исфара мисли корд мегузарад. ”Корафтодаҳо” меоянд ва мегӯянд, ки фалон корхонаи собиқро,ки аз кор мондааст  ёрдам кунад, ки аз тавозун (баланс) берун кунанд ва мусоидат намояд барои замини онро ба унвони замини наздиҳавлигӣ ба мардуми камбағал тақсим кардан. Абдумумин ин корро дар Душанбе сари бод анҷом дода меояд ва раиси шаҳр ҳам хурсанд аст ки дар “доля” шарик мешавад, чун ӯ ҳам одами “бачаҳакои боло” аст. Пул кор кунад шуд. Ҳамин тавр замини он корхонаро на ба камбағалҳо ва бепул, балки бо пули калон ба пулдорҳо мефурӯшанд. Ва.албатта саҳми мудири осоишгоҳ ҳам ҳатман дар назар гирифта мешавад.

Аммо дар асл ҳамаи ин қарорҳо ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ҳастанд. Чунин қарорҳо содир нашудаанд. Инҷо танҳо “мошшеники” рафта истодааст. Мардумро гул зада истодаанд, ки гӯиё чунин вазъият дар тамоми ҷумҳурӣ ҳасту президент фармони афви заминҳоро баъди интихоботи президентӣ мебаровардааст. Ҳамин тавр директори осоишгоҳи Зумрад  ба миёнаравҳо ва заминфурушони Исфара раиси кумитаи замин Саидаминзода Сахиюлло, Абдурасул ва Абдувақос ва Шукур шарики тиҷоратӣ шуд.

 Ҳоло,барои мисол на танҳо вазифи сардори амнияти Исфара, ҳатто дигар мансабу вазифаҳо дар вилоятро мешавад тавассути Ҳалимов Абдумӯмин харид. Мисли ауксион кушоду равшан нарху наво мекнеду мехаред. Ҳоло, ки бино ва дохили биноҳои Зумрадро тармим ва навсозӣ карда истодаанд, дар ҳақиқат асбобу анҷоми куҳнааш,масалан кати хоб,мизу курсиҳо, ҷевон, қандил ва ғайраро ба беморхонаи руҳии шаҳри Исфара – Лакон, ба ятимхонаи Шӯроб ва ба  хонаи  пиронсолони  ноҳияи Ҷабор Расулов доданд. Байни мардум гап карданд, ки ин ҳама таҷҳизотро домоди президент ба ин суроғаҳо ҳамчун хайру савоб, ройгон додааст. Аммо мудири яке аз ин муассисаҳо гуфт, қавру бало хайр кардааст. Ин ҳама куҳнаколоро бо нархи гарон ва ҳамчун маҳсулоти нав барои мо фурӯхт ва аз бюҷет ба ҳисоби осоишгоҳ пули калон гузарониданд. Ин ғоратгарии рӯирости домоди президент аст ки ҳатто аз хӯрдани ҳақи даҳони ятимону беморони рӯҳӣ ва пиронсолони бекас парҳез намекунад. Ҳоло дар шафати осоишгоҳи Зумрад дар масоҳати се гектар барои Президент ҷои истироҳат сохта истодаанд.

Абдумумин Ҳалимов, ҳоло тамоми қочоқчиҳо, наркобизнес ва кормандони мақомоти қудратиро контрол ва рулит мекунад. Ҳероини домодҳо ва духтарҳои президент дар ҳамин Зумрад ҳаллу фасл мешавад. Зумрад хранений ва перевалочний базаи наркотики домоду духтарҳои президент шудааст. Беҳрӯзи домоди Мурод Сайиди телехи президент ва Абдумӯмин Ҳалимов муносибати хуб доранд.Беҳрӯз гоҳе барои хабаргирии “склад”-ҳои ҳероин ва молҳои қочоқӣ, ки дар Зумрад ҷойгиранд меомадааст. Ҳамаи 15 амбори осоишгоҳ дар ихтиёри Маҳмадзоир-домоди презиент аст. Аз ҳамин ҷо тавассути марзи Қирғизистон молҳои қочоқӣ ва ҳероин ба хориҷа меравад. Ҷолиб ин аст ки Русия ҳам аз вазъият хабардор аст ва махсусан аз қочоқи ҳероин. Зумрадро,ки бо як пули пучак харида буданд ҳоло онро фурӯхта истодаанд. Гуё, ки кадом тоҷири ворухи муқими Русияро ёфта ба ӯ фурӯхтанианд.  Агар медонистам,ки ӯ кист, мегуфтам,ки беҳуда худат ва пулу молатро ба дасти аждаҳонафсон насупор.

Инҷо аз як воқеаи дигар мехоҳем бароятон ҳикоя кунем. Мо-сокинони ҷамоати шаҳрак ба унвони  раиси пешини шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин мактуб кардем, ки ба андозаи 30 сотих барои майдончаи варзишӣ замин ҷудо карда диҳад. Раис ҷавоби мусбат гардонд. Вале гуфт,ки қитъаи мавриди назарро бояд нишон бидиҳем ва дуввум иҷозатномаи раиси федератсия футболи Тоҷикистонро гирем,коратон будай.

Дастҷамъона ба раиси  Федератсия  Футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мактуб кардем ва Рустами Эмомалӣ иҷозат дод. Баъди дарёфти изоҷатномаи Рустами Эмомалӣ боз ба раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин мактуб кардем ва иҷозати ӯро гирифтем. Саломзода Сиҷоуддин ба раиси ҷамоати шаҳрак супориш дод, ки ин қитъаи замин ҷудо ва дода шавад. Раиси шаҳр таъкид кард,ки замин ҳуҷҷатгузорӣ шуда ва аз анҷоми он ба таври катбӣ маълумот дода шавад. Аммо раисаи ҷамоати шаҳрак супориши раиси шаҳрро иҷро накард. Раисаи ҷамоати шаҳрак  Мирзохӯҷаева  Мубаширхон  мебошанд. Мирзохӯҷаева  Мубаширхон ҳам мисли дигарҳо бизнеси заминро ба манбаи даромад ва тиҷорати шахсиаш табдил додааст. Як усули аҷибдорад ин раиса. Масалан одамҳо барои сохтани мағоза, заправка ва ё майдончаи варзишӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ба ӯ ариза мебаранд. Ӯ мегӯяд,ки дар ҷамоат замини холӣ нест ва агар бошад ҷояшро нишон диҳед. Вақте шумо маҳалли мавриди назар барои сохтани нуқтаи фурӯши маводди сӯхт-заправкаро нишон медиҳед.Баъде,ки раиса ин қитъаи заминро дид, кор ранги дигар мегирад. Ӯ филфавр он қитъаро ба номи одами худаш ҳуҷҷатгузорӣ карда ва қарори раиси шаҳрро ҳам содир мекунад.

Вақте меравед,ки чаро ин тавр кардед,ҷавоб медиҳад,ки он одам аз шумо пештар барои он қитъа ариза дода буд ва қарори раиси шаҳр ҳам баромадааст. Агар барои шумо онҷо зарур аст метавонед,ки аз ӯ бихаред. Агар дар савдо гапзанон напухт пеши ман оед миёнарав шуда арзонтар гирифта медиҳам. Раиса барои онки бозорашро тез кунад ҳатто ташвиқ мекунад,ки “Шумо аз даводаву гирифтани қарори ҳукумати шаҳру ҳама чиз озод шудед.Ҳамаашро он одам кардааст. Вале вай дигар пули сохтмони заправкаро надорад. Як каме ба болои харҷи кардааш монед, медиҳад,ба номатон мегузаронеду халос”.  Ин усулро на бо як касу ду кас бо чандин нафар истифода карда аст. Ба одами аризадода мепурсад,ки қитъаи замин дар куҷо аст,маълум мекунад ва аслан худаш ба номи дигар кас онро харида хусусӣ мекунад ва сипас чанд баробар мефурӯшад, ба он касе, ки онро хариданӣ буд. Вале то он вақте ки ҳуҷҷатгузорӣ накард, бо ҳар баҳона аризаи шумо ва баррасии онро ба қафо мепартояд. Аммо аризаи одами худашро як моҳ ва ё ду моҳ пештар санад мекунад.

   Раисаи ҷамоати шаҳрак Мирзохуҷаева Мубаширхон шавҳар дорад. Шавҳараш дар муҳоҷирати  меҳнатӣ мебошад ва соҳиби фарзанд аст. Мубаширхон дӯстдошта  дорад: подполковник  Абдуллозода  Исо, сардори  шӯъбаи кофтукоби ҷиноии милисаи Исфара. Аз Данғара ё ки аз Восеъ. Ҳама медонанд,ки Абдуллозода Исо дар бештари рӯзҳо баъди соати панҷи бегоҳӣ ба  ҷамоати  шаҳрак, ба кабинети кории Мирзохуҷаева  Мубаширхон омада то соати 12 ва 1- шаб мемонад. Утоқи кории Мубаширхон мисли меҳмонхонаи панҷситора- суперлюкс. Исо як як ёру шариконашро ҳам мебиёрад ва Мубаширхон бошад дугонаҳояшро барои шарикони Исо. Утоқи Идораи давлатӣ – кабинети раиси ҷамоати шаҳрак-намояндаи Президент то саҳар монанди Хваканда-ҷалабхона мешавад. Мубаширхон бо ёрӣ,пуштибонӣ ва бо тавсияи Исо ба корҳои ғайри  қонунӣ машғул аст-ба заминфурӯшӣ.

  Чандин қитъаи заминро,ки сотихаш то 10.000 доллар арзиш дорад ба номи Муродов Машраб истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, кӯчаи Самадов,хонаи 28 (муваққатан дар қайд аст) ҳуҷҷат карда сипас ба сокинони воқеии Исфара бо нархи дучанду сечанд фурӯхт аст. Гап дар инҷост,ки Муродов Машраб,ҳамшаҳрии Абдуллозода Исо,сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ (уголовний розиск)-и милисаи Исфара аст. Зиёда аз 20 қитъаи заминро ба номи ҳамин одам ғайриқонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда фурӯхтанд ва фурӯхта истодаанд. Барои он ба номи ин одам заминҳоро мехаранд,ки раиси шаҳр ҳам зуд барои ӯ қарорро содир мекунад.Хулоса ҳоло давру даврон доранд: заминҳоро мефурӯшанду пул кор мекунанд ва тавассути Мубаширхон нафси тагашонро ҳам қонеъ мекунанд. Ҳамон майдончаи варзишӣ,ки Рустами Эмомалӣ барои сохтмонаш розигӣ ва раиси шаҳр дастур дода будро низ Мирзохӯҷаева Мубаширхон ва Абдуллозода  Исо ба номи Муродов Машраб ҳуҷҷатгузорӣ карда  ва қарори раиси шаҳри Исфараро гирифтанд ва сертификат ҳам карданд.Ҳамин тавр мардум шоҳиди он шуданд,ки супориши ҳамакнун собиқ раиси Исфара ва иҷозатномаи Рустами Эмомалӣ дар Исфара ба кор нарафт.

 Як нақли дигар. Дар инҷо як фермаи кӯҳна дар зери кӯҳ ҷойгир аст. Мубаширхон мардуми  ҷамоати шаҳракро дилпур кардааст, ки иҷозатномаи президентро барои ба замини наздиҳавлигӣ табдил доани он гирифта медиҳад. Ва ба 250 оилаи эҳтиёҷманд тақсим хоҳад кард. Дере нагузашта бо миёнаравҳои худ ва раисони  маҳалла феҳристи ин 250 оиларо тартиб доданӣ шуда ва онҳоро ҳамчун эҳтиёҷи шадид дошта ба участкаи наздиҳавлигӣ муаррифӣ мекунад. Раиса баъди шиносоӣ бо ин рӯихат пешниҳод мекунад, ки аз ин 250 оила ақалан 200 оила    20 ҳазор сомонӣ пешпардохт кунанд. Раиса гуфтааст,ки то ба боло нахуронӣ иҷозат намедиҳанд. Мардуми бечораи муҳтоҷи як порча замин бо ду дасти адаб пулро дола ва инак чанд сол мешавад,ки мунтазиранд. Мардуми ҷамоати шаҳрак ноилоҷ монд ба Коррупсия шикоят бурд. Коррупсияи марказӣ вилоятро дастури санҷиш дод. Аммо раиса ба воситаи Исо Абдуллозодаи дӯстдораш-сардори кофтукови ҷиноии Исфара бо пора корро ҳал кард.

Мо, дубора ба Коррупсия навиштем.Аммо посух омад,ки дар кирдорҳои раиса Мубаширахон пора ва қаллобӣ ошкор нашудааст. Баъди ин гуна шудани вазъият Абдуллозода Исо мардуми ҷамоати шаҳракро рӯз надода истодааст. Ҳаррӯз даъват карда бурда азобу шиканҷа дода истодааст, пули зиёди мардумро пас аз ин навиштанҳоямон ба коррупсия  гирифт. Абдуллозода Исо дар Исфара зиёда аз 4 га боғ кушод. Тамоми дархти онро аз мардум бепул гирифт. Мардумро бепул бурда кор фармуда истодааст. Ин замин дар номи худаш  нест. Аммо ҳама медонад,ки ин замини “уголовний розиск” ва “любовник”-и раиси ҷамоати шаҳрак Мирзохуҷаева Мубаширхон аст. Корҳои онҳоро боз Муродов Машраб, дӯсти наздики Абдуллозода ва ҳамшаҳрии раиси шаҳри Исфара ёрдам мерасонад.

 Чанде пеш ба Исфара прокурори нав омад. Овоза шуд,ки чашмаш серу кисааш пури пул, эҳтиёҷ надорад, ҳар рӯз бо мошинаҳои нав ба нав кор меояд. Хурсанд шудем,ки ин дунё холӣ нест ва шукр,ки прокурори сери честний” Исфара кор омадааст. Ба арзу шикояти мардум расид. Бо замин  фурӯшҳо часпид. Онҳо ба дод омаданд ва ба “криша”ашон муроҷиат карданд,ки Дӯстзода Садриддин-додситони нав моро ғам медиҳад. ”Криша” касе ба ҷуз аз мудири осоишгоҳи Зумрат Ҳалимов Абдумумин нест. Абдумӯмин Дӯстзода Садриддинро тавре тоб дод,ки дигар ӯ ҳам ба арзу шикояти мардум гӯш накард. Ҳатто қабули мардум дар рӯзи шанбеҳоро ҳам Дӯстзода.С бас кард.

   Ин нуктаро ҳам гӯям,ки ГАИҳои Исфара бадтар аз ГАИҳои Конибодоманд.Мо аз “Ислоҳ.нет” хондем дар бораи ГАИҳои Конибодом.Каримов Фирдавс, яке аз ин ГАИҳои порхӯр аст. Қаблан дар шаҳри Хуҷанд дар бозори Атуш ва Сомон бозор дар истгоҳҳои пулакии мошинҳо пулчинак буд. Ӯ чи хел ГАИ шуда ба Исфара омада мо -гаранг шудем. То онҷо ки медонем вай мошини худашро аз техосмотр намегузаронад. Ва ҷолиб инҷост,ки ягон корманди мақомот ин корро,аз техосмотр гузаронидани мошинашро намекунад.

Иҷозатномаи тонировкаро ҳам надоранд. Як ГАИи дигар майёр Ҷуразода Юсуф. Ин одам масъули ҷарима аст. Вақте кабинеташ меравӣ   ҷаримаи шумо ду нишондод ё ки се нишондод гуфта санад мекунад ва пулро нақд гирифта пеши сардори ГАИ даромада барои як нишондод имзо мегирад ва пули ду нишондоди дигарро дар киссаи худаш мезанад. Вале агар рафту гуфтӣ,ки меравам ба бонк месупорам,нақд намедиҳам, ҳазору як ҳуҷҷатҳои но- даркориро талаб карда сарсону саргардон мекунад. Барои супоридани пули ҷарима ба бонк ҳам ду суратҳисоб медиҳад. Вақте Амонатбонк меравӣ корманди он суратҳисобро дида бо табассум савол медиҳад,ки шуморо Ҷуразода Юсуф роҳӣ кард? Чун аломати тасдиқро дид, дар ҷавоб мегӯяд, ин кор кори Ҷуразода. Юсуф мебошад. Зимнан ин нуктро фаромӯш накунам,ки ГАИҳои Исфара ҳам ба баҳонаи Ковид-19 пости алоҳида кушода аз ҳар сари мошин аз 20 то 100 сомонӣ гирифта истодаанд.

   Имшабу рӯзҳо дар тамоми расонаҳо чи дохилӣ бошаду чи хориҷӣ дар бораи раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода,ки барои замин фурӯшиаш 400 ҳазор сомонӣ пора гирифта аст менависанд.100% кафолат медиҳем,ки инҷо “подстава” аст. Собиқ раиси Шаҳри Исфара Зоидзода  Даврони Абдуқодир солҳои 2013 ва 2016 кору фаъолият мекард. Соли 2016 дар рӯзи корӣ ва дар утоқи кориаш ӯро кормандони Идораи Коррупсия  дар дастонаш завлона зада бурданд. Дар аснои гирифтани пора ба даст афтод. Ин хабар дар тамоми ҷойҳо ва дар расонаҳо паҳн шуд. Аммо баъди як ҳафта боз ба ҷои кори худ баргашт. Ҳоло бошад ба ҳайси ҷонишини раиси ноҳияи Спитамен кор карда истодааст. Ҳолати дуввум,ки такрор ва айни ҳолати аввал аст. Собиқ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ солҳои 2016 ва 2018 фаъолият мекард. Соли 2018 ӯро дар утоқи кориаш кормандони коррупсия дастгир ва дар дасташ дастбанд зада бурданд.Ӯро ба коррупсия хабар доданд.

  Яке аз кормандонаш бо супориши худи раис заминро фурӯхт. Вақте ба даст афтод,иқрор кард,ки супориш иҷро кардааст ва худаш тоқа нест: “Бо супориши раиси шаҳр ин корро кардам”. Хулоса ӯ ҳам баъди як ҳафта ба ҷои кори худ омад. Сипас  аз кор озод шуд ва феълан депутат ва раиси заводи КСМ мебошад. Ин буд қиссаи ду собиқ раиси шаҳри Исфара,ки бо пора  ба даст фаромаданд ва боз кор карда истодаанд. Лекин қазияи раиси собиқи шаҳри Кулоб “заказной” аст. Агар “заказ” намешуд дар маҳкама намешишт.

  Дилшод Ҷабборӣ, раиси собиқи Исфара пештар раиси Химзавод буд. 60 вагон бори Химзаводро ба яке аз шаҳрои Русия фурӯхт. Чи тавре шуд,ки он вагонҳо аз Русия барнагашт.”Разбор” калон шуд. Вале аҷиб ки онро ҳам хомӯш карданд ва ҳам Дилшод Ҷабборӣ ҷойи онки ба ҷавбгарии ҷиноятӣ кашида шавад,раиси шаҳри Исфара таъин шуд. Боз як гапи дигар. Мегӯянд,ки гӯиё Президент гуфта бошад, ки раисони вилоят ва ё шаҳру навоҳиро зиндон накунед,чун обрӯи Президент мерехтааст.Аз ин ҷост ки вақте мегӯем Баҳром Иноятзода аз ин қоидаи нонавишта истисно шуд, ки ӯ “заказной” аст.

  Баъди соли 2015 дар Исфара “отчистка” сар шуд. Онҳо мардумро барои ба ҳизби Наҳзат овоз додан азобу азият доданд. Аз Наҳзат халос хӯрдем вале ҳоло боз ба сари мардуми мо як балои дигар омадааст.Амниятиҳо якта якта мардумро даъват ва фишор оварда истодаанд,ки барои чи  дар интихоботи парлумонӣ ба ҳизби Зоиров овоз додед? Гӯё,ки мардуми Исфара дар рафти интихоботи парлумонӣ 60% ба Зоиров овоз додааст. Бо ин васила гӯё маъракаи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд, чунки дар пеш интихоботи президентӣ аст. Ҳоло аҷиб ин аст ки аз раиси шаҳри Исфара гирифта то пулчинаки туалетҳои пулакии ин шаҳр аз мардуми Данғара ҳастанд. Бо пули Исфара ва туалетҳои он зиндагии худро чархонида ва дар ободии Данғара саҳм гузошта истодаанд. Ман маҳалчигӣ намекунам вале Аллоҳ шоҳид аст рост мегӯям ва ҳама инро тасдиқ мекунанд.Охир зулм ва ситам ҳам меъёр доштагист.

 Ба  тамоми мақомоти қудратии Тоҷикистон мерасонем,аз он ҷумла ба Президент мо аз дасти  шумо безор шудаем. Дар ҳаққи Муҳаммадиқболи Садриддин тӯҳмат накунед. Барои онки   ҳамаашро мо-мардуми Исфара худамон навистем.

   Ягон маротиба мақомоти аз Қирғизистон талаб накардааст, ки қотили шаҳрванди Тоҷикистонро,ки дар марз кушта шуд,боздошт ва муҷозот кунад ва ба Тоҷикистон диҳад. Қирғиз аз туфанги шикорӣ ҷароҳат бардошт вале давлати Қирғизистон талаб кард, ки гунаҳгор боздошт ва ба дасти онҳо супорида шавад. Мо дар даст баъзе маълумотҳо дорем (вале онро бояд конкретитар кунем),ки дар қочоқи маводди мухаддир тавассути марз  сардори шуъбачаи милисаи Чоркуҳ, полковник Шоҳмаҳмадов Фирдавс шарик аст. Бадбахтии мо ворухиёну чоркӯҳиён ин аст ки ҳам бо қирғизҳо дастбагиребон мешавем, барои нангу номус, барои замину хонаамон ва ҳам омада дар пеши амнияту милиса ҳисобот медиҳему террорист мешавем ва аз мо пули калон мегиранд.

  Шомаҳмадов Фирдавс,пойи пиёда ва шояд бо як шиму костюм-униформа омада буд.Ҳоло як   ҷипи Прадои Сиёҳи охирин маркаи напа нав дорад. Мошини шахси худаш аст вале бо рақами давлатӣ мегардад. Бо кадом пул ин мошинро харид ва бо кадом маош заправка карда мегардад? Маоши ӯ пули запрафкаи як рузаи ин мошин намешавад.Дар охир ба мардуми Чоркуҳ гуфтанием, ки аз ин найрангҳои мақомоти манфиатдор бохабар шавед, худ ва писарони ҷавонатонро эҳтиёт кунед.

Ps: Хонандагони гиромӣ ин буд поёни бахши севвуми Исфара. Мо ҷиноятҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ,мақомоти қудратӣ,шайкаи мофиёии оила ва кришаҳои онҳоро бо ҳамдастонашон дар Исфараро идома медиҳем. Исфарагиҳои гиромӣ шумо натарсед ва ҳама ончи мебинед ва шоҳиди он шуда бошед ба Пойгоҳи “Ислоҳ” нависед ва мо он ҳамаро таҳқиқ карда дар аввалин фурсат расонаӣ мекунем. Аксҳои афроди номашон дар ин матлаб рафтаро бароямон фиристед, то дар барнома бо аксҳояшон нашр гарданд.

Ислоҳ” ба хотири барқарории адолат ва муборизаи бе амон бар алайҳи мақомдорони дузд, порахур, ситамгар ва мардумозор таъсис шуда ва ҳамеша дар хидмати шумо ҳаст. То барчидани решаи ин зулму ситам ва ҷабри оилаи диктатор Раҳмонов бар мардуми азияткашидаи кишвари азизамон қадамҳои устувори худро хоҳем гузошт. Дуъоҳои хайри худро дар ҳаққи дастандаркорони Пойгоҳи мардумии “Ислоҳ” дареғ надоред.

Share This Article