Ҳикматҳои зебо ва ҷолиби Шайх Алии Тантовӣ(раҳ)

Ҳикматҳои зебо ва ҷолиби Шайх Алии Тантовӣ(раҳ)

Шайх Алии Тантовӣ (раҳ) олими Димишқӣ (1909-1999) яке аз доъиёни бузурги асри 20 ба шумор меравад. Дар китоби 8 муҷалладаи худ “Зикраёти Алии Тантовӣ” онро соли 1985 навиштааст.Ҳангоми мутолеъаи ин китоб ин суханонаш бароям писанд омад, мехоҳам онҳоро пешкаши шумо намоям.
Ҳангомеки бихоҳем ба фақире садақа кунем кисаҳои худро мекобем,то пули хурд ё тангаеро барояш бидиҳем.Аҷибаш инҷост,ки боз мехоҳем Аллоҳ бароямон болотарин мақоме дар ҷаннат Фирдавси Аъло насибамон намояд.Атоямон хело кам, талабу хоҳишамон бузург.
-----------------------------------------------
Ҳангомеки хушҳолие насибамон мегардад дар ҳол мешитобем ба сӯйи шахсонеки мо дӯсташон медорем,то бо онҳо хушҳолиамонро тақсим намоем.Аммо ҳангомеки ғамгин мегардем мешитобем ба сӯйи шахсонеки онҳо моро дӯст медоранд.Хело хӯб мешуд агар дар ин ду дар як ҷамъ мешуд.
-----------------------------------------------
Баъзе инсонҳо мисли китоби ҷолибу бо арзише мебошанд вале бо муқобаи одди ва на чандон ҷолибу зебое.Бархе дигар аз инсонҳо ба монанди китобеки муқобаи ҷаззобу дилкаш ва зебое,аммо бо муҳтавои на чандон бо арзише.Пас ҳаргиз муқоба фиребат накунад ва аз ҳақиқати дохилаш огоҳ набоши.Ҳаргиз ба зоҳир аҳамияти бештар набояд дод,зеро зоҳир фиребанда ва аз мақсуди асли мунҳариф кунанда аст.
---------------------------------------------------
На ҳама онҳоеки бахшиш мепурсанд хатокору нотавонанд.Бахшиш пурсидан сифати камёбу нодире мебошад,ки онро наметавон пайдо намуд магар дар шахсони содиқу вафодор.
----------------------------------------------------
Ҳангомеки қаҳрамонони ватанатро дар қабрҳо.Мардони некукору аҳли салоҳашро дар зиндонҳо.Дуздону аблаҳонашро дар қасрҳо диди.Пас дар ин ҳолат ба дунё падруд бигӯ.
-----------------------------------------------------------
Хело бароям дардноку аламовар аст ҳангоме имоми масҷид сураеро дар намоз иштибоҳ ё фаромӯш мекунад.Касе аз намозгузоронеки аз пушти он имом намоз мегузоранд ба имом кумак намекунад,ки имом сураи аз ёд рафтаашро ба ёд орад ва идома диҳад.Зеро аксари намозгузорон қуръон намехонанду ҳифз намекунанд.Вале вақте як сарояндаи бе ҳаё ва иззату шараф аз дастрафтаи урёне сурудеро мехонад идомаашро қабл аз он сароянда ҳама ҳозирин бидуни истисно бо яксадо мехонанд.
------------------------------------------------------------
Ғарбиҳо нобиға ва ё доҳи нестанду мо аҳмақу девона.Фақад фарқ инҷост,ки ғарбиҳо он ашхоси нокому шикастхурдаи худро кумак мекунанд,то инки дубора ба по хезанду комёб гарданд.Мо бошем ашхосеки комёб ва рӯ ба инкишоф ҳастанд бо онҳо меҷангему онҳоро боздошт мекунем,то нокому варшикаста гарданд.
--------------------------------------------------------------
Хело зебост агар туро дӯсте бошад,ҳарвақте хаста ва ноумеду шикастахотир ба наздаш дарои.Ҳангоми бозгашт аз наздаш болида хотиру хушҳол хориҷ гардӣ.Ҳарвақте ба наздаш нотавон дохилшавӣ аз наздаш қавӣ хориҷ гардӣ 
-----------------------------------------------------------
Хело суханони ҳикматгӯна ва ҷолибе дорад ин шайх бо ҳамин андоза иктифо менамоям.Умед аст шумоҳам хонандаи гиромӣ истифода намуда бошед!

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.