Назари уламои ғайри исломи ё ғарби барои Муҳаммад (с)

Назари уламои ғайри исломи ё ғарби барои Муҳаммад (с)

Херберт Ҷорч Велҷ: Нависанда ва муҳаққиқи англисӣ дар китоби “Сармояи сухан” мегўяд: “Ислом танҳо дине аст, ки ҳар башари шарофатманд метавонад ба доштани он ифтихор варзад… Танҳо дине аст, ки ман дарёфтаам ва борҳо гуфтаам, ки аз сири хилқат огоҳ аст ва бо рози офариниш ошно ва ҳама ҷо бо тамаддун ҳамроҳ аст, дини Ислом мебошад. Ислом дар оғози кор аз печидагиҳои лоҳутӣ муддатҳо мояи дарди сари масеҳият шуда буд ва саранҷом ҳақиқат онро аз миён бурд. Ислом коҳин надорад, балки гурўҳи донишманд ва муаллим ва воъиз дорад ва ба рўҳи раъуфату саховат дар он нофиз аст”.
***
Ҳанри Массе:Агар дар бораи Паёмбари Ислом як баҳси иҷмолӣ намоем, шахсияте, ки ҳамвора мутафаккир ва дар андеша аст, бо нафсе, ки ботинаш мамлу ё пур аз ғаму андўҳ бошад, дар баробари мо намудор мешавад. Аммо мадорике, ки аз ў дар даст аст, шахсеро дар баробари мо меоварад, ки мўьтақид ба Худои ягона ва зиндагонии ухравӣ аст ва аз сифоти барҷастааш меҳрубони бешоиба, азму ирода ва эътиқод аст; илова бар ин марде аст ҳоким, идоракунанда, сиёсӣ, ҷангӣ ва бо вуҷуди ин, қоҳир ва ошўбталаб набуда, баръакс, ҳамеша толиби сулҳ ва оромиш будааст.( Эй кош зиёиёни исломситези тоҷик ин назарро мехонданд, то Муҳаммад (с) ва динашро хубтар мешинохтанд.Ин сухани як олими ғарби аст на шайхи мусалмоне)
*** 
Алфонс Де Хамартин: Агар бузургии ҳадаф, камии васоил ва азаматро барои як нобиғаи башари миқёс бигирем, дар таърих назире монанди ҳазрати Муҳаммад (с) наметавон ёфт, вай дар арзу тўли маскунии императориҳо, артишҳо, қавонин, хонадонҳо ва тўдаҳои азими башариро ба ҳаракат даровард, бештар ва боазаматтар аз он ин аст, ки ақлҳо, андешаҳо, ақидаҳо ва равонҳоро ба эҳтизоз даровард ва онҳоро тасхир кард.

Ҳеҷ фарде довталабона, ё маҷбуран ҳадафе олитар аз ҳадафи паёмбари ислом надоштааст, зеро дини ислом мўҷиби аз байн бурдани мавҳумпарастӣ гардидааст, ҳамон мавҳумпарастӣ, ки байни Худо ва махлуқаш ба вуҷуд омада буд ва ҳамчунин боиси наздик кардани инсон ба Худо ба тавсияи ақидаи маъқули худопарастӣ мебошад ва дар миёни он ҳама хараҷу мараҷ ва беназмӣ ва иғтишоши бутпарастон ва муътақидон ба худоёни гуногун, ислом танҳо фикри мантиқӣ мебошад.

Ҳеҷ паёмбаре натавонистааст монанди паёмбари ислом инқилоби ончунон муқаддас ва тўлониву пураҳамият дар он муддати хеле кам амалӣ намояд, зеро ҳануз ду аср аз оғози паёмбари ислом нагузашта буд, ки дини ў интишор ёфт ва аввал дар се ноҳияи Арабистон ва сипас дар сояи калимаи тавҳид(яъне якто парасти) дар соҳилҳои рўди Сайҳун ва Ҳинди ғарбӣ ва Миср ва Ҳабаша ва тамоми Африқои шимолӣ ва бештари ҷазираҳои Миёназамин ва қисмате аз хоки Фаронса ва қисмати зиёди сарзамини Испаниа ё Андалус густариш ёфт. 
***
Хюстин Смит:Паёмбар дар дунёи ислом басирати зуҳур ва таҷалли вуҷуди мутлақ дар зиндагии башар аст. Паёмбар улгўи илоҳиӣ ва осмонӣ аст, ки ақл ва иродаи мусалмононро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Мусалмонон паёмбари исломро дўст медоранд ва мекўшанд аз ў дар кўчактарин ҷузъиёти зиндагии рўзмарра пайравӣ кунанд. Дар хусуси ақл ҳам бояд гуфт, ки паёмбар намоёнгари логос, ё ақли мутъаолӣ аст. 
Ҳангоме, ки Масеҳ мегўяд: “Ҳеҷ инсоне ба назди падар (худованд) роҳ намеёбад ҷуз ба воситаи ман, ин низ логос аст, ки сухан мегўяд”. Дар назди масеҳиён ин калимаи куллӣ тақрибан баробар бо Исои Носирӣ аст. 
Барои мусалмонон ин калимаи куллӣ ва ваҳёнӣ иборат аз Қуръон аст, ки ба воситаи паёмбари ислом иблоғ шудааст.Муҳаммад вуҷуди мутлақ ба худи ваҳй нест, аммо вуҷуди мутлақ ҳақан ва таври мутамойиз худашро аз тариқи ў мутаҷаллӣ месозад.
***

Ирвинг: Нависанда ва консули Амрико дар Испаниа дар китоби «MOHAMAD AND HIS SUCC -ESORS» мегўяд: “Tамоми оёти Қуръон маҳкам ва пурмаънӣ мебошад ва аз рўйи шуъур навишта шудааст. Бинобар ин, санаде, ки боиси тасаллии қалби худамон дар даст бошад, надорем.»
***

Хонум Борталаме СенХилёрд: Муҳаммад (с) дар давраи худ, бохуштарин араб ва парҳезгортарин ва диндортарини онон, пурҳавсала ва бурдбортар аз ҳама ва нисбат ба душманон аз ҳама меҳрубонтар ва хушрафтортар буд ва бар пояи он императории азим ва бемонанди исломиро барпо кард, ки ношӣ аз бартарии ин паёмбар бар риҷоли(абармардони) он аср буду бас.
***
Ҷон Ди Финрот:Mуҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ў нишонаи яке аз олитарин оқилон мебошад. Агар Осиё бихоҳад ба фарзандони худ ифтихор кунад, сазовор аст, ки ба ин родмарди бузург ва бемонанд ифтихор намояд. Албатта, яке аз зулмҳои бузург аст, ки агар нахоҳем ҳаққи ин марди бузургро адо накунем, зеро ин ҳамон шахсе аст, ки дар ҳангоми зуҳураш араб дар дараҷае аз ҷоҳилият буда, ки бар мо маълум аст ва боз мебинем, ки пас аз биъсати ў бар асари нурҳоеро, ки дини мубини Ислом дар касоне, ки онро бо майл пазируфтанд, фурўзон кард, чӣ гуна авзоъи он сомон дигаргун гашт. 
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шак дар мабъаси(фиристодашудани он ё паёмбарии) Муҳаммад (с)-ро шак дар қудрати худовандӣ, ки шомили тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониён аст, бояд донист.
***
Хеберт Вил:Муҳаммад шашсад сол пас аз Масеҳ зуҳур кард ва бо нерўи илоҳие, ки дошт, тавонист тамоми номафҳумиҳоро бартараф намояд ва бутпарастиро барандозад ва чун марди дурусткирдор, ростгў ва беолоиш буд, мардум ба ў лақаби Амин дода буданд. Лаҳҷаи содиқ ва азми устуворе дошт ва бо ҳамин хусусиятҳо тавонист гумроҳонро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
***
Ҷавоҳир Лаъл Неҳру: Мазҳабе, ки паёмбари ислом таблиғ мекард ба воситаи содагӣ ва ростӣ ва дурустии он ва доро будани тухми демократия ва баробарӣ мавриди истиқболи гурўҳҳои бузурги кишварҳои ҳамҷавор шуд.

***
Ҷорҷ Бернард Шоу: Mан ҳамеша нисбат ба дини Муҳаммад (с) ба воситаи хосияти зинда будани шигифтовараш, ниҳояти эҳтиромро доштаам, ба назари ман ислом танҳо дине аст, ки дорои ончунон хосияте аст, ки метавонад тағйироти гуногунро ба худ ҷазб кунад ва худро бо шаклҳои ҳар аср мутобиқ созад.Ман дар бораи дини ҳазрати Муҳаммад (с) чунин пешбинӣ кардаам, ки кеши ў барои фардои Аврупо қобили қабул хоҳад буд. Ҳамон тавре, ки дар Аврупо имрўз ҳам пазириши ин оғоз шудааст. Ман мўътақидам, ки агар марде монанди паёмбари ислом фармонравоии мутлақи ҷаҳони асри ҷадидро ба даст гирад, чунон тавфиқе дар ҳалли масоили ҷаҳон хоҳад ёфт, ки сулҳу саодатеро ки башар ба шиддат ба он эҳтиёҷ дорад таъмин, хоҳад кард “
*** 
Карл Маркс: Муҳаммад марде буд, ки аз миёни мардуми бутпараст бо иродаи оҳанин баpхост ва ононро ба ягонапарастӣ даъват кард ва дар дилҳои эшон ҷовидонии рўҳ ва равонро бикошт. Бинобар ин ўро на танҳо бояд дар радифи мардони бузург ва барҷастаи таърих шумурд, балки сазовор аст, ки ба паёмбарии ў эътироф кунем ва аз дилу ҷон бигўем, ки ў паёмбари Худо будааст.

***
Аня Бисант:Ғайри мумкин аст, ки касе зиндагӣ ва шахсияти паёмбари бузургро мутолиа кунад ва ўро такрим накунад. Касе, ки яке аз бузургтарин паёмбарони Худост... ман ҳар чи зиндагии паёмбарро бештар мутолиа мекунам эҳсоси тамҷид ва такрими ман нисбат ба ў шакли ҷадидтаре мегирад ва эҳсоси ҷадиде аз бузургии ин устоди бузурги араб ба ман даст медиҳад. ***

Эдуард Гебин: Аз уқёнуси Атлас то канори рўди Ганг Қуръон на фақат қонуни фақеҳу шинохта шудааст, балки қонуни асосии шомили равияи қазоии низомоти маданӣ ва ҷазоии дарбаргирандаи ќонунҳое аст, ки тамоми амалиёт ва умури молии башарро идора мекунад ва ҳамаи ин умур, ки ба мўҷиби аҳкоми собит анҷом мешавад, бархоста аз иродаи Худост. Ба иборати дигар Қуръон дастури умумӣ ва қонуни асосии мусулмонон ва дастуре аст шомили маҷмўаи қонунҳои динӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, низомӣ, қазоӣ, ҷиноӣ, ҷазоӣ ва ҳамчунин маҷмўаи қонунҳое аз таколифи зиндагии рўзона то ташрифоти динӣ, аз тозагии нафс то ҳифзи бадан ва беҳдошт ва аз ҳуқуқи умумӣ то ҳуқуқи фардиву манофеи умумӣ ва аз ахлоқиёт то ҷиноёт ва аз азобу мукофоти ин ҷаҳон то азоб ва мукофоти ҷаҳони оянда ҳамаро дар бар дорад .

***
Монте:Муҳаммад (с)паёмбаре буд, ки ба ҳамон маънӣ ки қўдамои(бузургон ё гузаштагони) Бани Исроил мегўянд,ў аз як ақидаи холис, ки ҳеҷ бастагӣ бо бутпараст надошт, дифоъ кард.Тамоми саъй ва кўшиши ин мард барои наҷоти миллаташ аз як дини бемаънӣ ва беэътибор буд.Ў мехост онҳоро аз гирдоби фасоди ахлоқӣ, одатҳои бад ва фасоди ақида наҷот диҳад. Бинобар ин мумкин нест дар ростии ахлоқ ва ақидаи худопарастӣ, ки саросари вуҷудашро фаро гирифта буд, шак кард.
***
Ҳегел:Исломият тарҳи хеле ҷадид ва дар айни ҳол тарҳи ғайримахдуш ва бисёр олии тавҳид мебошад .
***
Вилли Дурант:Aгар бар асоси мизони асари ин марди бузург дар мардум бисанҷем, бояд бигўем, ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз бузургтарини бузургони таърихи инсонӣ аст. Вай дар садад буд, ки сатҳи мутолиот ва ахлоқи қавмеро, ки аз фарти гармои ҳаво ва хушкии саҳро ба торикии таваҳҳуш афтода буданд авҷ диҳад. 
Дар ин замина тавфиқе ёфт, ки аз тавфиқоти тамоми муслеҳони ҷаҳон бештар буд, камтар касеро ҷуз ў метавон ёфт, ки ҳамаи орзуҳои худро дар роҳи дин анҷом дода бошад, зеро ба дин эътиқод дошт. Муҳаммад (с) аз қабилаҳои бутпараст ва пароканда дар саҳро уммати воҳид ба вуҷуд овард. 
Болотар аз дини Яҳуд ва дини Масеҳ ва дини қадими Арабистон ойини сода ва дини равшану нерўманд бо маънавиёте, ки асоси он шуҷоат ва манфиати қавмӣ буд, падид овард, ки дар таи як насл дар яксад маъракаи низомӣ пирўз шуд ва дар муддати як қарн як императории азим ва паҳновар ба вуҷуд овард ва дар рўзгори мо нерўи муҳимест, ки бар як нимаи ҷаҳон нуфуз дорад.
***

Пер Симон Лаплас: Гарчи мо ба динҳои осмонӣ ақида надорем, вале ойини ҳазрати Муҳаммад (с) ва таълимоти ў ду намунаи иҷтимоӣ барои зиндагии башарият аст, бинобар ин эътироф мекунем, ки зуҳури дини ў ва аҳкоми хирадмандонааш бузург ва боарзиш мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат аз пазириши таъолими ҳазрати Муҳаммад бениёз нестем “.

***
Лев Толстой: Ҷойи ҳеҷ гуна шаку шубҳа нест, ки паёмбари ислом аз бузургони муслиҳини дунё аст,он ҳам муслихе, ки ба ҷомеи башарият хидмати шоёне кардааст. Ва ин ифтихорот ва бузургӣ барои ў бас аст, ки як миллати хунрез ва вахширо аз чанголи аҳриманони одати зишт бираҳонад ва роҳи пешрафтро ба рўи онон боз кард ва ҳоло он ки ҳар марди оддӣ наметавонад ба чунин кори шигирфе иқдом кунад ва натиҷа бигирад.
Бинобар ин шахси шохиси паёмбари ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариъати паёмбари ислом ба иллати тавофуқи он бо ақлу ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд .
***
Реналд Ален Николсон: Душманон агар ба назари ҳақиқат бингаранд хоҳанд фаҳмид, ки дар нафси ин марди бузург афкори фавқи тамаи дунявӣ ва ҷоҳ ва салтанат будааст.
Бо зуҳури ҳазрати Муҳаммад (с) пардаи нуфузнопазири зулмати он давра ногаҳон канор зада шуд ва мардуми ҷазираи Ал-араб асоси маҳками суннатҳои таърихӣ пайдо карданд.

***
Перси Сайкес: Ақидаи шахсии ман ин аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни машоҳири олам бузургтарин инсоне аст, ки бо як мароми олии тамом ҳам худро масруфи ин дошт,ки ширк ва бутпарастиро решакан карда ва ба ҷойи он афкори баланди исломро барқарор созад ва ў хидмати вофир ва намоёне, ки аз ин роҳ ба башарият намудааст, хидматест, ки ман онро ситоиш намуда ва сари таъзим фуруд меоварам. 
***

Флекид: Ақли Муҳаммад (с) аз уқули бузургу бемонанде буд, ки замона камтар онҳоро ба вуҷуд меовард ва бо ҳамон ақли бузург буд, ки Муҳаммад (с) аз умур иттиллои комил дошт ва бо як назари сатҳӣ ва кинаи умур пай мебурд ва ташхис медод. Дар муомилоти хусусӣ, гузашт, адл ва инсофи беназире дошт ва бо дўст ва ошно, фақиру ғанӣ ва заифу қавӣ бо мусовот рафтор мекард. 
Изофа бар он чи гуфта шуд, тибқи гуфтаи таърихнависони араб ҳазрати Муҳаммад(С) бисёр худдор ва мутафаккир, камҳарф, эҳтиёткор, хушқалб,дар рафтоp ва кирдори худ бисёp муроқиби адаб ва покизагии хеш буд, то пас аз он ки ба сарват ва иқтидор низ расид, ҳеҷ гоҳ корҳои худро ба дигарон вогузор накард. 
***
Густов Лобон: Ў марде буд бурдбор дар баробари сахтиҳо ва душвориҳо, худдор ва мутаҳамил, дорои ҳиммати баланд ва дар бархўрдҳо меҳрубон ва хушрў буд. 
Яке аз хидматгузоронаш нақл мекyнад, ки 18 соли тамом хидмати ўро анҷом дод ва дар тўли ин мyддат ҳеҷ гоҳ сухани тунд ва кирдори малоловаре, ҳатто барои танбеҳ кардани ман низ, аз ў надидам. Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷангҷўйи диловар ва моҳир дар фунуни ҷангӣ буд, агар эҳсоси хатаре менамуд, фирор намекард ва бидуни ҷиҳат низ худро ба маҳлака намеандохт. 
*** 
Гёте: Mундараҷоти китоби Қуръон... моро мансуб мекунад ва ба шигифт меоварад ва саранҷом ба таъзим ва эҳтиром бармеангезад, аз ҳамоқатҳои одами аст, ки танҳо ақидаи шахсии худро ситоиш кунад. Ҳар гоҳ маънои ислом таслим шудан ба иродаи Худованди ҷаҳон мебошад, пас мо ҳамагӣ дар ислом зиндагӣ мекунем ва мусулмон мемирем. (Хуб диққат бояд кард ба ин сухан)
***
Ҷон Де Фин Рот: Муҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ў нишонаи яке аз олитарин ақлҳо мебошад. Агар Осиё бихоҳад ба фарзандони худ ифтихор кунад, сазовор аст, ки ба ин родмарди бузург ва бемонанд ифтихор намояд. 
Албатта яке аз зулмҳои бузург аст, агар бихоҳем ҳаққи ин марди бузургро адо накунем, зеро ин ҳамон шахсе аст, ки дар ҳангоми зуҳураш араб дар дараҷаи инҳитот буда, ки бар мо махфӣ нест ва боз мебинем, ки пас аз баъсати ў бар асари анворе ки диёнати ислом дар касоне, ки онро бо майл пазируфтанд, афрўхт, чигуна авзои он сомон мунқалиб ва дигаргун шуд; ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шак дар баъсати Муҳаммад (с)-ро шак дар қудрати Худованд, ки шомили тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониён аст, бояд донист.
***
Луи Томас: Камтар хонаводае дар Арабистон дида мешавад, ки номи яке аз фарзандонашро Муҳаммад нагузорад ва усулан интишори ин ном дар олам, бештар аз интишори номи Петрус ва Юҳанност, Муҳаммад (с), Паёмбари араб, аввал касе буд, ки ваҳдати миллии арабро амалӣ кард ва он қабоилро дар зери як парчам гирд овард ва ҳангоме ки зуҳур намуд, на танҳо Арабистон, балки ҷаҳон, мўҳтоҷ ба зуҳураш буд. 
Ў бо қувва ва аъмоли нуфуз ваҳдати Арабро эҷод накард; балки бар асари каломи ширин ва ахлоқи неки худ қалбҳои ин қавмро тасхир кард, то онон аз рўйи майл аз ў пайравӣ карда, ба гуфтаҳояш имон оварданд. Ҳаққан метавон гуфт, ки фарзанди Макка сафое дошт, ки дар сойири паёмбарон ёфт намешавад. 
Дар ў нерўе буд, ки бо он миёни дилҳои мутафарриқ, эҷоди эътилоф мекард ва ба тавре онҳоро муттаҳид мекард, ки дар пиндор ва эҳсос дар ҳукми як дил буданд.
*** 
Харенсиё Далбри: Муҳаммад (с), бузург ва пешвои ҳикмати исломӣ ва ҳамвора мароқиби осоиш ва озодии миллати худ буда ва касонеро, ки муртакиби ҷиноят мешуданд, муҷозот мекард. Ин паёмбар даъват ба парастиши Худои ягона ва дини ягонагиро тарвиҷ мекард ва дар даъват ба ин дин лутф ва меҳрубониро, ҳатто бо душманон, муроот мекард. Дар ин шахсият, ду сифат аз беҳтарин ва олитарин сифоти башарӣ вуҷуд дошт ва он ду адлу раҳмат мебошанд.
***
Бале хонандаи гироми ин буд назари чанд тан аз уламои ғарби.Он ғарбеки дар пешрафт ва иқтисод феълан аз мо пешанд.Вале уламо ва донишмандонашон паёмбари гиромии исломро чунин меситоянд. Аммо мо мусалмонон, ки падарону бобоёни мо бо даъвату рисолати он ҳазрат(салаллалоҳу алайҳи васаллам) ва ҷоннисориҳои Асҳоби киром (раз) имон овардаанд ба ваҷҳи бояду шояд қадри он ҳазратро намедонем .Гоҳ гоҳе аз бархе олимнамоҳои миллати мо касоне ёфт мешаванд,ки онҳазратро таҳқир ва ё суханҳое мегуянд,ки забон аз гуфтани он калимот лол ва мабҳут мемонад.Инҷо намехоҳам аз он ҳаммилатонамон,ки Муҳаммад (с) бадбинанд ном бубарам зеро онҳоро ҳама мешиносанд.Бояд Муҳммад(с) дар назди мо мусалмонон аз зану фарзанд молу бисотамон болотар бошад.Бо таасуфи хеле шадид мо мусалмонон фаромуш кардаем,ки ҳатто номи онҳазратро мешунавем ба у салавотҳам намефиристем дар ҳолеки ин як бе масулияти ва дур шуданамон аз дини азизамон ислом дарак медиҳад.Биёед як сайри бо таъаммуе дар сираи он ҳазрат назар афканем умед аст моро зиёдтар ба ёди онҳазрат водор намояд.

Дар китобҳои таърих дар мавриди чигунагии ҳолати олам, қабл аз зуҳури он Ҳазрат (с) чунин овардаанд:

- Ҷаҳони куҳан дар интизори дурахши ин нур буд ва аз ҳазорҳо сол пеш паҳлўҳои шабу рўзро ҷо ба ҷо мекард. Ситорагони замону саёраҳои афлок дар иштиёқи он рўз аз азал даварон дошта ва чашм ба роҳи расидани он муъаллими башарият буданд. Қудратнамоиҳои абру бод, партавафканиҳои анфоси поки олами қудс, тавҳиди Иброҳим (а), ҷамоли Юсуф (а), муъҷизаи мирозии Мусо (а), ҷоннавозии Масеҳ (а) ҳама ва ҳама барои ин дар истимрор буданд, ки ин колоҳои гаронбаҳо ба дарбори подшоҳи ду ҷаҳон ба кор ояд.

Бомдоди ҳамон субҳи ҷоннавоз фаро расид. Бешак, ин рўз арзандатарин ва хуҷастатарин рўзи таърихи башарият ба ҳисоб меравад.
Аксарияти таърихнигорон дар баёни он шабе, ки нури ҳақ дурахшид менависанд: 
- Дар он шаб чаҳордаҳ бурҷ аз айвони Кисро бар замин фурў рехт. 
- Оташкадаи Форс, ки ҳазорсолаҳо фурўзон буд, якбора хомўш гашт.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки на фақат айвони Кисро, балки қасрҳои сар ба фалак кашида ва боазамати аҷам, шаъну шавкати Рум, авҷ ва тамаддуни Чин ҳамагӣ аз байн рафт. На фақат оташкадаи Форс, балки ҷаҳаннами шар, оташкадаи куфр, залолат ва гумроҳӣ сард ва хомўш гашт. Аз бутхонаҳо гарду ғубори хок бархост, бутҳо ҳама бар хок яксон шуданд. Шерозаи маҷусият аз ҳам гусаст, баргҳои хазондидаи насроният якояк фурў рехт.

Шуриши тавҳид ба по хост, дар чаманзори саъодат баҳор омад. Шуълаҳои офтоби ҳидоят ба ҳар сў партавафшонӣ намуд, яъне он ҳабиби ду ҷаҳон, фармонравои олам, сарвари паёмбарон Муҳаммад (с) аз олами қудс ба олами имкон ташриффармои иззат ва ҷалол шуданд.Ин ҷаҳони торики Моро мунаввар бо нури тавҳид намуданд.Чун аз кутуби таърих мехонем башарият ҳама пои бар лаби мағоке аз оташ умр басар мебурданд ва дар замин аз тавҳид қариб,ки хабаре набуд албатта буданд паиравони дини масеҳият вале на он масеҳияти асли ҳамаро уламояшон таҳриф намуда буданд.

Чун Муҳаммад ба паёмбари баргузида шуд ҷаҳон қарибки мамлу аз ширк ва хурофот буд вале Муҳаммади Амин ба паёмбари баргузидашуд .Магар ин хабари хуш набуд магар ин навидиу муждае набуд ки ҷаҳон кайҳо боз дар интизори он буданд бале. Вале на ҳама аз омадани он масрур буданд зеро вуҷуди бархе аз аҳриманони одам сурат вале ҳайвон сифат ,ки сади роҳи даъвати он ҳазрат шуданд ва намехостанд ин дини ҳақ мунташир шавад.Онҳо бехабар аз инки ин дини Худовандаст ва он ба ҳар қимате ки бошад интишор хоҳад ёфт.

Алҳамдулиллоҳ ки пас аз 13 соли ҷабру шиканҷа зарбу таҳқир шоъиру маҷнун гуйиҳо ба он ҳазрат ва фишору тазйиқи он ҳазратро водор ба ҳиҷрат намуд ва пас аз 10 соли даъвату паӣкор дубора вориди Маккаи мукаррама бо сари баланд гашт ва ин динро густариш дод.Бале ин аст ҳақиқати ин дин ва инаст даъвати Муҳаммади пас бар мо умматонаш фарз ва зарур аст, ки раҳбар ва пешвои динамонро аз ҷон бештар дуст дорем.Ҳангоми шунидани сухани норавое дар ҳақи онҳазрат, вуҷуди моро ба ларза дарорад зеро он Паёмбар ва мунҷии башарият ва хотами Паёмбарон аст пас ҳамеша онҳазратро ёд намоем ва ба Ӯ(салаллоҳу алайҳи васаллам) салавот бифристем то дар зиндагии ду дунё шарафёб гардем ва дар рузи қиёмат аз шафоъаташ бо насиб ва аз дастони муборакаш аз ҳавзи кавсараш об нушем ва ба дидори Холиқамон Мушарраф гардем.Дар охир аз Худванд оҷизона талаб менамоем,ки ҳубби набиятро дар дилҳои якояки мо ҷоӣ бидеҳ ва ба гуфтаҳояш амалро насибамон кун ва бо калимаи зебои шаҳодат забонамонро ҳангоми қабзи руҳ гуё гардон омин.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.