Сабабҳои ҳафтгонаи нузули бало

Сабабҳои ҳафтгонаи нузули бало

1.) Зиёд намудани гуноҳ ва ночиз шуморидани он.

2.) Ошкоро гуноҳ намудан ё инки гуноҳони анҷом додаро ба дигарон ифшо намудан.

3.) Зулм ва ситам бар мардум ва бо зуровари гирифтани моликият ва ончи марбути онҳост.

4.) Мусалмононро ба бади ёд намудан,аз мусалмон безори ҷустан ва дашному носазо гуфтан.(Ҳаркуҷо давлати исломи аст ҷанг аст,мусалмонон қафо мондаанд,чӣ бало мусалмони пасте аст,сатр пушон ҷоҳилонанд,риш аз мо несту амсоли ин суханон).

5.) Тарки силаи раҳм ва қатъи робита бо хешони наздику аввалиндараҷа. Оқ шудан аз падару модар.

6.) Кумак намудани золимону ситамкорон дар зулмашон инчунин аҳли фасодро ҳамроҳи намудан ё кумак намудан ва аз амалҳои фасодашон рози будан.

7.) Хурдани ҳаром ва онро ҳалол шуморидан ё барои шахс муҳим набошад ин аз кадом роҳ ба даст омада аст.

Дар ҳар мардуме, қавме,миллате, ҷомеае,давлате чунин амалҳо дида шуд,пас мунтазири нузули бало бошед.Мутаасифона ин ҳамаро дар кишвари азизи худ мебинам.Аллоҳ ин миллати куҳанбунёду наберагони Абуҳанифа, Бухорӣ, Тирмизӣ, Муслим, Форобӣ,Берунӣ ва ҳазорҳо ходимони ин динро аз ҳама балоҳо маҳфуз бидор.Ин миллат гуноҳе надорад, базе афроди мусаллат бар миллат,мехоҳанд миллатро аз ислом берун кунанд.Аллоҳ он ашхосро ҳидоят кун агар лоиқи ҳидоятанд.Агар лоиқи ҳидоят нестанд ҳарчи зудттар маҳвашон кун,то ибрате барои ибратгирандагон бошанд омин.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.