“Ғар гардани ғар хояду хар гардани хар”

Аз матни ин барқия бармеояд,ки чи қадар хушҳолу хурсанд аст ва мисли онки мехоҳад бол баровардаву пар-парзанон биравад ва бар ҷабину каллаи бемӯи Лукашенко 1000уанд бӯса занад. Бӯса занад ва бигӯяд,ки дар ин як шабу саҳар маро куштиву аз нав зинда кардӣ ва дар рамақи афсурдаам ҷони тоза ворид кардӣ !

ҳамин аст мазмуни барқияи табрикотии Раҳмонов ба Лукашенко

Имкон надошт, ки Раҳмонов бо ирсоли танҳо як барқияи табрикотӣ ба Лукашенко иктифо кунад. Ҳеҷ касе мисли Раҳмонов мунтазир ва чашмчори хабари ғалабаи Лукашенко набуд.Вай мебоист коре дигартар, барҷастатар,намоёнтар ва фарқкунандатар аз дигарҳо мекард,ки кард.Ба Лукашенко,ки ҳоло он қадар ҳам аз тазоҳуроту хиёбонрезиҳои мардум ба худ наомада ва шаҳди пирӯзии тақаллубӣ дар комаш мазза надодааст,занг зад.Ва,барқияи ирсолдоштаашро дар гӯшӣ қироат намуд :

“Александр Григоревичи гиромиқадр, лутфан самимонатарин табрикоти моро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус қабул фармоед.

Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус буда, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям.

Мо нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумонамон мебинем.

Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам”.

Аз матни ин барқия бармеояд,ки чи қадар хушҳолу хурсанд аст ва мисли онки мехоҳад бол баровардаву пар-парзанон биравад ва бар ҷабину каллаи бемӯи Лукашенко 1000уанд бӯса занад. Бӯса занад ва бигӯяд,ки дар ин як шабу саҳар маро куштиву аз нав зинда кардӣ ва дар рамақи афсурдаам ҷони тоза ворид кардӣ ! Хуш ба ҳоли туву хуш ба ҳоли ман ! Ин ҳоло ҳардуямон мондаем аз он даврони атиқа.

Дар сӯҳбати телефонӣ боз чиҳо гуфту чи машваратҳо додро метавон ҳадс зад. Барои мисол ҳатмани ҳатман Лукашенко,ин яке дигар аз пиртурушҳои сиёсии аз замони Дақёнус мондаи мисли худашро таҳрик ва ташвиқ кард,ки : “асло кам набиё, паррону сӯзону кушу ҳабс куну.… вале қудратро нате,ни в коем случи,не дай бог” гуфта акидан таъкид ҳам кард.

“Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо” .…., “дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатон”.… “арсаи байналмилалӣ” .

Таъбиру ибораҳои аз умқи ҷони Раҳмонов берун овардашуда, ки ба руҳу равони худи ӯ мувофиқ аст. Ин ҳарфу иборотро ӯ ҳамзамон барои худаш ҳам гуфта истодааст. Яъне ин ҳама солҳо,ки Шумо (ман ҳам) дар сари қудрат будед,.…халқу ватан шуморо ҷонибдорӣ кард. Шумо ин ҳама муддат коре кардаед, ки халқ аслан домани шуморо (манро) сар намедиҳад. 

“Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро” .… гуфтанҳои Раҳмонов на ба хотири рушди робитаҳои ду кишвар, балки идома ва бақои қудрати ҳарду диктотур аст. Як диктотур аз ғалабаи диктотури дигар, албатта, ки хурсанд мешавад ва “боиси хушнидӣ”-аш хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест,ки дар воқеъ ҷаҳон рӯзторӯз аз вуҷуди ин манҳусон дорад поку холӣ мешавад. Эътирозу тазоҳуроти мардуми башӯромадаи белорус ба ин зудиҳо фурӯкаш нахоҳад шуд ва ин оғози фурӯрезии пояи истибдоди дарозумрони сиёсе назири Раҳмонов ва Лукашенко аст ки дигар шуморашон дар тамоми рӯи дунё камтар аз панҷаҳои даст аст.

Сартопои матни барқияи фиристодаи Раҳмонов ба худи Раҳмонов ва ояндаи худи Раҳмонов тааллуқ дорад. Вай ба Лукашенко барқия ирсол карда худ ва ҷойгоҳу ҳузури ояндаи худ дар арши қудратро дар назар дорад. Вагарна амсоли раиси ҷумҳурии Литва ва Полша аз Лукашенко даъват мекард, ки алайҳи мардумаш аз силоҳ ва қувва кор нагирад. Аммо вай, ки ба таъбири Лукашенко сари китф бо пулемёт вориди Душанбе шудааст, баракс ба ӯ ҳатмани ҳатман гуфт,ки қири мардуматро барору курсиро надеҳ. Курсиро надеҳ гуфтани ӯ ҳам барои худаш аст.Чун аагар Лукашенко бо вуҷуди 26 сол боз ҳам мисли як ҳариси носерам ба мансаб талош карда бошад,ӯ баъди чанд ҳафтаи дигар баъди 28 сол айни кори Лукашенкоро мекунад.

Имрӯз бархе аз дӯстону хомафарсоён калла об кардаву навишта истодаанд, ки Рустам беҳтар аст аз Раҳмонов. Вале гуфти бародари помирӣ ғозималику зоғималик, ё алихӯҷаву хӯҷаалӣ чи фарқ мекунад ? Агар ба гуфти бародарони хуҷандӣ “интугишба гийем” Раҳмонов гушнагиву бенониро дидаву чашидааст. Рустам аслан намедонад ва тасаввур надорад, ки гушнагӣ ва бенонӣ чӣ аст ? Барои якшаба нишасти “денрожденияш” ба 300 .000 доллар артисти импортний меорад. Кай парво дорад,ки об тагрӯ меравад ё болорӯ.

Вале ҳузури муборакатон арз кунам,ки Раҳмонов ба ин зудиҳо курсиро ба Рустам намедиҳад. Вай курсиро аз Рустам зиёдтар дӯст медорад. Аз ҳамин матни барқияаш ба Лукашенко ҳам маълум аст ки ягон майда дар фикри супоридани курсӣ нест. Дар асл то ин хонаводаи гушнапурзӯр дар сари давлати Тоҷикистон ҳаст,мутмаин бошед Тоҷикистон рӯи ободиро намебинад ва сад сол гузарад ҳам мардуми тоҷик ғуломи дари русу қазоқу халқҳои дигар боқӣ мемонад ва ғуломӣ ҳам дигар меросӣ мешавад. Падар ба писар писар ба набера ва ҳамин тавр то .. оне ки инҳо ҳастанд идома меёбад. Аммо Раҳмонову Рустам оқибат Помирро ба Хитойю Исфараро ба қирғизҳо мефурӯшанд.

Ёдатон бошад Александр Лукашенко рӯзи 4‑уми июн лоф зада буд,ки Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди хунрезӣ нашуд. Вай барои тақвияти суханҳояш даргириҳои Украинаву ошӯби Андиҷон ва ҷанги солҳои 90‑и Тоҷикистонро намуна овард. Ва,ҳатто аз Раҳмонов тамҷиду тавсиф кард,ки ришдорҳоро кушт : “Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”.

Ҳоло хабарҳо ҳикоят аз он дорад, ки дар Минск хуни инсонҳоро Лукашенко танҳо ба хотири курсӣ ва ҷоҳу мансаб рехт. Вай дар пайравӣ аз Раҳмонов ҳатто артишро вориди хиёбонҳои шаҳрҳои кишвар,ки моломоли муътаризин, онҳое, ки ӯро намехоҳанд кард. Ошкоро изҳор дошт,ки омодаи ҳама пастиву номардӣ ва ҳатто одамкушӣ аст. Вале қудратро ба касе намедиҳад. Дурусту дақиқ ҳарфи дили Раҳмоновро зад. Ин бо хун омадаи бо хун мерафта айнан ҳамин шаклу усули ҳифзи қудратро ва айнан ҳамингуна тазоҳуроту норозигиҳоро мехост, то нагӯянд,ки тоқа ӯст,ки барои курсӣ омодааст ҳама чизро бифурӯшад. Оббурда ёр металабад мегӯянд. Ин ду диктотури фартут танҳо бо мурдан аз қудрат мераванд ва ё илло инқилоб.

Ин шабу саҳар хурсандии Раҳмонов ҳадду канор надорад.То рӯз вискиву коняк зада баромад ва барои онки интихобот бар нафъи Лукашенко ҷамъбаст шавад дар гулӯи Эмомалии кучулу ҳам чакид. Вале баъди нашри хабари 80% дигар Азизморо бағал гирифта мачак кард ва гуфт, ки садои Нигинаро дар “музикалний сентр” бланд кунен :

“Бландуш кун а бача. Ин ғалаба фотеҳаи ғалаби мост. Путин мурда-мурда дӯсти манро табрик кард. Вале ӯ бо ман телефонӣ ҳам суҳбат кард.…” Рустам ҳам фаврӣ рафту мурвати тембри овозро то охир вардошт. Дар ҳақиқат мардуми тоҷик мақолу андарзҳое дорад, ки як дунё китобро дар худ ҷой додааст. Ба мисли “ғар гардани ғар хояду хар гардани хар”

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов ?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад