Ҳаштуми март- Рӯзи озодии занон ё рӯзи макр

Ислоҳ нет

Ҳаштуми март- Рӯзи озодии занон ё рӯзи макр?

 

Дар як сол як рӯзе ҳаст, ки бисёри мардони сайёраи мо кӯшиш мекунанд, ки занонро дарк кунанд, хоҳишҳои пинҳонии онҳоро кашф ва иҷро намоянд. Дар ин рӯз мардон аз кӯча ба хона бо гулдаставу ширинӣ ва ҳадяҳо бармегарданд. Занон мегӯянд, ки дар ин рӯз онҳо хушбахттарин дар ҷаҳон ҳастанд.

Аммо аз рӯзи дигар … ҳаёти онҳо боз ба олами одаткардаашон бармегардад. Хандаҳои зебо аз лабонашон дур мешаванд, рухсораҳои хандон оҳиста ба абрӯҳои гирифта табдил меёбад, ғамхории дирӯзаи мардон ба таҳқиру сахтгирӣ мубаддал мешавад.  Ин рӯз 8 март, рӯзи байналхалқии занон аст, ки ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад. Аммо оё занони мусалмон ба ин ид ниёз доранд, оё ин рӯз барои мусалмонон низ ид аст?

 

Дар ҷустуҷӯи сафҳаҳои таърих

Таърихи пайдоиши ин идро ба хонум Кларо Тсеткина, ки бо созмон додани ҷумбиши инқилобӣ алайҳи зулмҳо нисбати занон машҳур шудааст, нисбат медиҳанд.

Аммо пеш аз таъсиси ҷумбиши инқилобии Тсеткина, рӯзи 8 марти 1857, занони коргар дар шаҳри Ню-йорки Амрико ба кучаҳо рехта, даъво намуда буданд, ки маошашон зиёд ва соати корияшон кам карда шавад.

Соли 1907 ба муносибати панҷоҳумин солгарди тазоҳуроти Ню-йорк дар ҳаштуми март, занон даст ба тазоҳурот заданд.

19 марти соли 1911 хиёбонҳои Олмон, Австрия, Швейтсария ва Дания тазоҳуроти пуршукӯҳи занон сурат гирифт. Шумори занони тазоҳуроткунанда дар Австрия ба 30 ҳазор нафар мерасид.

Дар бораи ин тазоҳуротҳо хеле зиёд гуфта шудааст. Ин гуфтаҳои таърихиро қариб ҳама медонад.

Аммо, агар дар ин бора ҷуқуртар омӯзем, баъзе аз ҳарфҳои таърихии дигарро низ дарёфт хоҳем кард, ки донистанаш хусусан барои мусалмонон зарур аст. Ҳамчуноне, ки таърихнигорон тасдиқ мекунанд, санаи 8- март бастагӣ ба таърихи мардуми яҳуд дорад.

Чанд аср пеш, малика Эсфир бо найранг мардуми худро аз нобудшавӣ наҷот дода буд. Баъдан, бахшида ба ин корнамоии Эсфир ҳамасола, охири зимистон ва рӯзҳои аввали баҳор ҳамчун рӯзи наҷоти яҳудиён ҷашн гирифта мешуд, ки яке аз ҷашнҳои асосӣ ва пуршукӯҳи онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ид бо номи Пурим машҳур аст. Занони яҳудӣ бо пайравӣ ба Эсфир барои наҷот ва ҳуқуқу озодиҳои худ маҳз дар охири зимистон ва аввали баҳор таҷаммуъ намуда, талош меварзиданд. Дар ҳамин рӯзҳо иди худ Пуримро ҷашн мегирифтанд.

Талошҳои минбаъда, хусусан аввали асри ХХ ин буд, ки яке аз рӯзҳои охири зимистон ва ё аввали баҳор, маҳз рӯзи занон дониста шуда, ҷашн гирифта шавад.

Санаи 23 феврали 1909 пешниҳод карданд, ки ҳар сол дар рӯзи якшанбеи охири феврал, як тазоҳуроти саросарӣ дар Амрико ба муносибати «рӯзи зан» баргузор шавад.

Дар соли 1910, дуввумин “конфронси занони сотсиалист”, ки Клара Тсеткина аз раҳбарони он буд, ба масъалаи таъйини “рузи байналамилалии зан” пардохт. Занони сотсиалисти Австрия қаблан рӯзи аввали моҳи майро пешниҳод карда буданд. Занони сотсиалисти Олмон, рӯзи 19 мартро пешниҳод карданд. Ин гуна тазоҳуротҳои занон бо номҳои гуногун чандин маротиба, тули солҳо такрор ёфтаанд. Ҳатто дар Амрикову Аврупо, занон алайҳи расму одатҳо ва аҳкоми динии калисо ба по хестаанд.   

Яке аз анҷуманҳои занони сотсиалист таърихи баргузории нахустин маросими «рӯзи зан»- ро 19 март соли 1911 таъйин кард ва тасмимгирии қатъӣ барои таъйини «рӯзи ҷаҳонии зан» ба баъд гузошта шуд. Дар кишварҳои собиқ шуравӣ, бо нишони озодии зан аз хурофот, гирифтани чодари занон дар калисо ва дар ҷумҳуриҳои мусалмонишин аз сари занон гирифтани русарии онҳоро маҳз дар рӯзи 8-март ба намоиш мегузоштанд.

Ниҳоят соли 1977 Созмони Милали Мутаҳид 8 уми мартро “Рӯзи байналмилалии занон” эълон кардааст. Айни ҳол ин рӯз дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад.

 

Рӯзи озодии занон ё рӯзи макр?

Агар мо ба рӯзи 8-март ҳамчун иде ба хотири эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои занон назар кунем, бояд инро андеша намуд, ки дар асл имрӯзҳо оё зан озод аст ва оё ҳуқуқу озодиҳои зан таъмин мебошад?

Имрӯзҳо мебинем, ки зан ҳамчун воситаи рекламаи коло истифода мешавад, ба зан ҳамчун як василаи танҳо оромиши шаҳвоният муносибат мекунанд. Зан дар хона лату куб мешавад, назди фарзандонаш аз шавҳар таҳқирҳо мешунавад. Атрофиёнаш дар хона то ҳадди тавонашон шаъну шарафашро поин мебаранд. Занҳои имрӯз то ба ҳолате расидаанд, ки ҳатто баъзе аз ин “озодиҳоро” бо ифтихор қабул доранд.

Аз рӯзе, ки 8-март барои занон ид эълон шудааст, занони озод бо таври мудернӣ хариду фурӯш мешаванд, зиёда аз 50% корҳои машаққатталаб ва мардонаро дар кишварҳои ғарб занон иҷро мекунанд ва мардони онҳо хонашин шудаанд, иҷрои корҳои мардона, ҳамчун ифтихори баробарии занону мардон ба ҷинси латиф ташвиқ мешавад. Дар кишварҳои ғарб зиёда аз 40% фарзандон падарони худро намешиносанд ва ё шиносанд ҳам, бидуни падар зиндагӣ мекунанд. “Озодии зан” дар ғарб тамоми бори зиндагиро ба души ӯ афкандааст. Дар аксарияти оилаҳо марди хонаро намеёбӣ.

Ҳазорҳо созмонҳо бо номҳои гуногун барои дифоъи ҳуқуқи зану кӯдак пайдо шудаанд. Агар эҳтироми зан ба ҷо оварда мешуд ва ба ҳуқуқу озодиҳои ӯ арҷгузорӣ мешуд, магар ниёзе ба чунин созмонҳо буд?

Бубинед, 8-март рӯзе, ки мебоист ҳуқуқу озодиҳои занон ва баробарии онҳо бо мардонро хотиррасон мекард ва бояд то як соли дигар мардон ба он арҷгузорӣ мекарданд, дар асл зани бечораро беҳуқуқу бепуштибон кардааст. Оё хурсандии якрӯза метавонад захми хорҳои яксолаи рӯзгорро даво бахшад?

Имрӯзҳо занон то ҳадде ба пастзании шаъну шарафашон одат кардаанд, ки ҳатто бисёре аз онҳо муносибатҳои таҳқиромезро гӯё эҳсос намекунанд. Магар ин далолат ба ҳаёти сарбаландонаи зан мекунад? Магар ин озодии зан аст? Магар зан бо гузаронидани як рӯзи “озодӣ” метавонад қувваеро, ки тамоми як соли умраш тавони бардошти таҳқиру тавҳинро дошта бошад, пайдо намояд?

Пас, агар воқеъият ин бошад, ки мо бо ин як рӯз, зану фарзанд, модарону хоҳарони худро фиреб мекунем, ин ид чигуна ид будааст? Оё месазад, ки ин рӯзро ид гуфт?

Мафҳуми ид табиист, ки ин як рӯзи хурсандӣ ва хушнудист. Хурсандиву хушнудӣ на барои як рӯз, балки тамоми умр барои мо лозим аст. Пас оё фазои хурсандиву хушнудӣ дар хонадони мо таъмин аст? Хусусан дар кишвари мо Тоҷикистон модарон оё хушбахт ҳастанд?

Имрӯзҳо ҷигарбандонашон ҳамроҳашон нест. Бори мушкилоти зиндагӣ ба душашон буда, дар хона на фақат барои гузаронидани ид, ҳатто моҳҳо мешавад деги хонадони тоҷик гӯштро намебинад. Фироқи шавҳар, бародар ва ё фарзанде, ки кайҳо барои дарёфти қути лоямут ба дуриҳои дур рафтааст, оё мемонад, ки дар лаби ин ҷинси латиф табассуме мушоҳида шавад? Ба болои ин ҳама, озодиву ҳуқуқҳои фитрии занони тоҷик дар хона, дар кучаву хиёбонҳо, дар коргоҳҳову донишгоҳ ва мактабу корхонаҳо поймол мешавад…

Дар ҳама ин ҳол оё зебанда аст, ки ин рӯзро занон ҳамчун иди ҳуқуқу озодиҳо ва ба даст овардани шаъну шарафу эътиборашон ҷашн гиранд? Ҳаргиз не! Пеш аз ҳама ин рӯзро месазад, ки рӯзи фиреби занон ва канизгардонии онҳо бо таври мудернӣ биномем!

 

Иди озодии занон дар ислом

Дар тақвими мусалмонӣ иде бо номи 8 март- рӯзи озодии занон ва рӯзи модарон вуҷуд надорад. Мусалмони воқеъӣ ба ин гуна ид ниёзе ҳам надорад. Зани мусалмон бо шавҳари худотарс ҳар рӯзаш барояш ид аст. Шавҳари худотарс ҳамеша қуввати дилу пайванди ҷони ҳамсараш аст. Ба хотири исботи бовафоӣ марди мусалмон ҳамеша мушкилотҳои зиндагиро ба души худ мегирад, ҳеҷгоҳ ӯро тарк намекунад ва ҳаргиз розӣ намешавад, ки шавҳар дар хона нишинаду ҷинси латиф барои дарёфти як бурида нон машғули корҳои тоқатфарсо гардад.

Дар ҳоле, ки занҳои ғарб ба як нигоҳи пурмеҳри бовафоёнаи як марди ивазнашаванда муҳтоҷ ҳастанд, занҳои мусалмон ҳар субҳ дар оғуши гарму пурмеҳри шавҳарони бовафои худ рӯзи пурфайзро пешвоз мегиранд. Агар шавҳаронашон дар сафар бошанд, бо орзӯҳои нек баргашти онҳоро интизор мешаванд. Зан ва марди мусалмон барои ҳамдигар оромиши ҷисму ҷони якдигар ҳастанд.

 

Аллоҳ таоло мефармояд:

 

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا

 

«Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биёфарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид то ба ӯ оромиш ёбад». (Қуръони карим, сураи 7:189).

 

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

 

«Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд.» (Қуръони карим, сураи 30:21).

 

وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ

 

«Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!» (Қуръони карим, 2:228).

 

Пайғомбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудаанд:

 

“Дар муносибат бо занҳо аз Худо битарсед, чун онҳо амонати илоҳӣ дар дасти шумоянд”.

.

“Танҳо шахси саховатманд метавонад ба зан эҳтиром қоил бошад ва фақат шахси сангдилу номеҳрубон қодир аст, ки занро таҳқир кунад”

 

«Занҳои мусалмон хоҳарони мардони мусалмонанд».

 

“Марди мусалмон ҳаққи бад дидан ва сарсон намудани зани мусалмонро надорад. Агар як хислати зан ба марди мусалмон маъқул нашавад, бо хислатҳои дигари хуби зан худро таскин медиҳад”

 

“Барои марди мусалмон беҳтарин садақа онаст, ки луқмаеро бо дастони худ меҳрубонона, ба даҳони завҷааш мегузорад”

 

“Ҳаргоҳ худат мехурӣ, завҷаатро низ бихурон, ҳаргоҳ ба худат либос мехарӣ барои завҷаат низ бихар! Ба рухсораи зан шаппотӣ назан, бо ҳарфҳои қабеҳу нохушоянд ӯро садо накун. Ҳаргоҳ, ки байнатон муноқиша шуд, баъди муноқиша ӯро дар хона танҳо нагузор!”

 

“Беҳтарини мардони уммати ман онҳое ҳастанд, ки бо занони худ бо сазовортарин ваҷҳи некӯ муносибат мекунанд. Беҳтарин занҳои уммати ман онҳое ҳастанд, ки бо шавҳарони худ бо сазовортарин ваҷҳи некӯ муносибат мекунанд”

 

“Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки беҳтарин муносибат бо занони худро дошта бошанд ва ман беҳтарини шумо дар муносибат ба занҳои худ ҳастам”

 

Таҳияи Марям Шарифӣ

Share This Article