Асрори қатли Мирзо Зиёев (Ҷага)

Ислоҳ нет

                

  Шоҳиди куштори ваҳшиёнаи Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли нерӯҳои низомии Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон маъруф ба Мирзо Ҷага пардаи асрорро мешикофад.

 

  Мирзо Зиё аз аввалин фармондеҳони ИНОТ буд,ки шароити Созишномаи сулҳро қабул кард, худ ва нерӯҳои таҳти назораташ халъи силоҳ шуданд, бо қувваҳои  ҳукуматӣ ҳамоиш кард ва то охирин лаҳазот,ки ба ҳайси вазир фаъолият дошт, содиқона хидмат кард.

 

Аммо замоне кушта гардид,ки ҷузву томҳои вазоратҳои қудратӣ ба шумули вазорати мудофиа вориди Тавилдарра шуда буданд, мавзеъе,ки солҳои муқовимати дохилӣ  таҳти назорати Мирзо Зиё қарор дошт.Мақомот эълон карданд,ки гӯиё Мирзо аз тири снайпери ҳамсилоҳони худ ба шаҳодат расид. Ҳеҷ касе ба он бовар накард ва расонаҳои он давра ҳам куштори  ӯро “пурасрор, “мармуз” ва “боварнакарданӣ” ба қалам дода буданд.Зеро қабл аз он чанд бор  ҳам Мирзо аз таъқибҳо шикоят карда буд. Мақомот баъди ду моҳи аз вазорат рафтани ӯ талош карданд, ӯро ба дуздии маблағҳои будҷа муттаҳам  ва боздошт кунанд. Аммо ин тӯҳмат коромад нашуд. Рӯзи қабл аз куштори ваҳшиёнаи ӯ,ки дар зер тафсилоташро қироат мекунед,эълон карданд,ки Мирзо Зиё таслим шуд ва ӯро боздошт карданд. Аммо чанд лаҳза пас,ҳатто як шабонарӯз нагузашта буд,ки ривояти кушта шудани ӯ тавассути снайпери ҳамроҳи Неъмат Азизовро бофтанд ва ба мардум расониданд. Инак,бо гузашти беш аз даҳ сол аз он иттифоқоти мудҳиш ва фоҷиабор ҳақиқати пинҳоншуда аз забони яке аз шоҳидони он соату лаҳзаҳои хунин ошкор мешавад.Нақли шоҳиди ҳодиса бори дигар возеҳу рӯшан мекунад,ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ оштӣ нашуда будааст ва то ҳамин рӯз,ки ҳамин рӯз аст, кинаву адоватро аз дил назудуда,балки дар ҳар пайти мувофиқ шахсиятҳо ва ҳарифони эҳтимолии худро сарбанест кардааст.Ва ба таъйиди худаш “бо бачаву набераву абераҳояшон”. Тӯли ин ҳама солҳо ҷони чи шахсиятҳоеро гирифт, ба ҳабсу зиндон андохт ва водор ба тарки кишвар кард, худ як достони дигар аст, ки дар ояндаҳо навишта мешавад, чун дер ё зуд аъмоли ҷиноӣ рӯ мезанад.Аммо ҳоло аз шаҳид Мирзо Зиё ва фоҷеаи қатли ӯ хоҳем гуфт. 

 

  Яке аз сокинони ноҳияи Тавилдара,ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, бароям занг зад ва хело гила кард,ки чаро роҷеъ ба бобои Мирзо ва фоҷеаи куштори ӯ наменависед ва барномае таҳия ва пешкаш намекунед.

 

    Барояш гуфтам агарчи он шабу рӯзҳо дар Тоҷикистон будам, вале мисли ҳамагон ончи мақомот дар ин бора эълон карданд, онро медонам.Ончиро медонам,ки  ҳама медонанд,чӣ ниёз аст ба гуфтану навиштани он?

 

“На, домулло, на. Ончи мақомот гуфтанд дурӯғ аст ва ҳатто 1% ҳам рост нест. Мирзо Зиёро, он муҷоҳиди ростинро, он шери нарро зада-зада,бо таҳқиру қину азоб ва дар ҳузури фарзандаш куштанд”.

 

  Хеле такон хурдам, агарчанде мо ҳам ба гуфтаҳои мақомот мутмаин набудем ва тахмину гумонҳои зиёд доштем,ки Мирзоро онҳо кушта буданд.Аммо ӯро дар пеши чашмони фарзандаш куштанд гуфтанӣ ҳамсӯҳбатам тамоман ногаҳонӣ буд. Ва гуфтам,ки саропо гӯшу ҳушам ба шумост,ҳодисаро қисса кун то ҳақиқатро ба мардум расонем. Ҳудуди се соат сӯҳбат дошт. Ба Тавилдара бо фиреб даъват кардани Мирзо Зиё ва барои ғофилгир ва ба дом андохтани  ӯ чи тавр нақшаву тарҳҳо кашиданҳояшонро гуфт.Гоҳо ашк гулӯгираш мекард, таваққуф мекард,оҳи ҳасрат мекашид.

 

 Ҳамаро навиштам. Шумораи телефони милисаеро, ки ӯ ҳам шоҳиди мустақими ин қатл будааст, бароям дод ва гуфт, ки аз ӯ ҳам бипурсам,то мутмаин шавам,ки асли қазия аз чи қарор буд. Бо ӯ ҳам тамос гирифтам ва як соат суҳбат намудам.Ҳодисаи қатлро нақл кард,ки хело ваҳшиёна буд,мӯй дар тани инсон рост мехезад. Як ҳамватан, як ҳамзабон, як нафаре,ки тамоми ҳастиашро фидои сулҳу осоиштагии кишвар карда буд, як паҳлавоне,ки натавониста буданд пушташро ба замин бихобонанд, аз сӯи чанд ҳамватану ҳамзабон ва ҳамдину ҳаммиллат,ки ошкоро мегуфтанд, дастури Ҷаноби олиро иҷро мекунем,мисли як шери захмӣ дар иҳота ва банди  шағолон афтодаву дорад ҷон меканад.

 

Лоҷарам барои тасвири комил ва рӯшани манзара асли қазияи қатли фармондеҳ Мирзоро возеҳу равшан баён созам. Бармеояд,ки барномаи ин қатл бо тамоми ҷузъиёт ва омодагии тамом таҳия шуда будаст.Қабл аз  ба марҳалаи иҷро гузоштани барномаи қатл мебоист дар раёсати ноҳияи Тавилдара,ки ҳоло Сангвор номида шуда аст, нафаре таъйин мешуд,ки бо диктаи Раҳмонов тамоми супоришотро бечуну чаро  иҷро бикунад.Ба ҳама амалу аъмол, ҳатто агар он бар зидди ин мардум ва зарари онҳо бошад ҳам.

 

Пеш аз Ҳимматшо Ғайратов ин масъулият бар ӯҳдаи шахсе бо насаби Олимов буд,ки ӯро бо машварати Мирзо Зиёев дар ин мақом таъйин карда буданд. Дар қадами аввал ӯро барканор мекунанд ва бинобар маълумоти мо Олимов феълан дар дастгоҳи Раёсатиҷумҳур ё дар кадом мақомоти дигаре  фаъолият доштааст.

 

Ҳиматшо Ғайратов, собиқ раиси бунёди Оғохон дар ноҳия дар соли 2007 раиси ноҳияи Сангвор таъин мешавад. Раиси ноҳия дар барномаи қатли Мирзо Зиёев даст дошт ва нақши асосиро бозидааст. Пас аз инки раиси ноҳия таъйин мешавад, мусоидат ва ёрдам мерасонад,ки бародарзодааш  Ғайратов Убайд сардори бахши кофтукоби ҷиноии шӯъбаи умури дохилӣ дар ноҳия таъйин шавад.Убайд бо рутбаи лейтенанти хурд ба ин вазифа мансуб мешавад то ҳамроҳ бо амакаш барномаи қатли Мирзоро ба иҷро бирасонанд.Ин ду аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошанд.

 

Неъмат Азизов,ки бо номи қумандон Неъмат маъруф мебошад ва аз афроди наздик ба Мирзо Зиё буд, дар он давра ба ҳайси сардори бахши вазорати ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Тавилдара то соли 2008,яъне як сол қабл аз кушта шудани Мирзо Зиёев  кор мекард. Ин ниҳод то таъйини Мирзо Зиё Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ унвон дошт,ки ба вазорат табдил  дода шуд ва баъди Мирзо Зиё боз дубора ба ном ва мақоми пешинааш иваз карданд.  

 

   Ҳиматшо Ғайратов,ки раиси ноҳия шуда буд, дар фикри  татбиқи барномаи қатли Мирзо амалиётро аз наздикони Мирзо шуруъ мекунад. Шӯъбаи ВҲФ-ро баста ва қумандон Неъмат Азизовро бекор мекунад. Маблағҳои буҷҷавиро ба кисаи худ гузошта вале ба ҳукумати марказӣ гузориш медиҳад,ки Ҷага омада аз ман талаб карда ҳамаашро мегирад. Дар ҳоле,ки ҳамчунин коре тамоман ва ҳатто як маротиба ҳам нашудааст.Мирзо Зиё чунин инсон набуд ва аслан дар пойтахт ба сар мебурд ва кам меомад ба Тавилдара.  

 

 Убайд Ғайратов, бародарзодаи раиси ноҳия ва сардори бахши кофтукови ҷиноии Тавилдара  қумондон Неъмат Азизовро,ки дигар бекор ва бе ҳимоят буд, бо ҳар роҳу васила ва дар ҳарҷо ва ҳатто дар маросимҳои гуногун ва дар ҳузури мардум пичингу киноя мезад, таҳқир мекард, фишор меовард,то кадом вокунише нишон диҳад. Ҳама дороиҳояшро бо зӯрӣ кашида гирифта аз они  худ мекунад,ҳатто гӯсфанду бузҳояшро аз хонааш пешандоз карда дар як мошин бор карда ба Панҷ бурда дар бозор мефурӯшад. Чун мебинад,ки Неъмат ин ҳамаро таҳаммул карда хашмгин намешавад ва намехоҳад ҷанг кунад, барои ин ки ӯро ба хашм оранд ва водор ва маҷбур ба вокуниш созанд духтари синфи ҳафти Неъматро маҷбуран дар назди чашмони худи Неъмат таҷовуз мекунад.Шоҳидони дигари воқеа мегӯяд на танҳо ин духтари ноболиғи Неъмат Азизов ҳатто бо ҳамсари ӯ чунин кореро мекунад. Ва ин ҳама ҷинояти ғайриинсонӣ дар пеши чашмони Неъмат Азизов сурат мегирад, то инки Неъмат ба таҳрик биояд ва муқовимат кунад ва ба даст силоҳ гирад. Неъмат Азизов дигар сабру тоқатро аз даст медиҳад ва ба бародараш Зайдулло, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт занг мезанад,то биёяд ин ҳамаро бубинад. Ҳамсӯҳбатам,ки ҳодисаро нақл мекард мегӯяд: -ман тасодуфан бо Зайдуллоҳ аз Русия ҳамроҳ ба Тавилдара баргаштем,чун ҳамсоя будем. Дар ёд дорам,ки вақти гандумдарав буд. Мо ба Тавилдара расидем. Писари Мирзо Зиё- Сайидаҳмад ҳам дар он шабу рӯз дар Тавилдара машғули деҳқонӣ дар мавзеи Зғара буд ва чизе аз моҷаро дарак надошт.

 

Расидан баробар рафтем ба хонаи Неъмат қумондон.  Ростӣ ман ин ҳамаро аз дур тамошо мекардам. Надаромадам. Чун дилам гувоҳӣ медод,ки кадом кори зиште сар мезанад,худро қафо кашидам.Зеро чи гуна мешавад ин ҳама аъмоли шанеъ ва мухолифи ахлоқи як мусалмонро анҷом дод ва боз озодона ҳамин ҷинояткори таҷовузгар,ки милиса ва ҳомии ҳуқуқ аст, бигзор бародарзодаи раиси ноҳия ҳам бошад, байни аҳолӣ  мегардад. Албатта, агарки ин ҳама  амалҳо бар тибқи барнома набуд, то ба ин ҳадд имкон надошт,ки пеш биравад ва касе набитвонад пишаки ӯро пишт гӯяд. Аммо фишороварданҳо ба Неъмат ва бахусус таҷовуз дақиқан барои он буд,ки Неъмат Азизов аз мадор хориҷ шавад,контролро аз даст диҳад ва силоҳ гираду ба кӯҳ барояд ва рафта интиқоми духтару ҳамсарашро гирад.Ва,ин моҷаро рух бидиҳад, хабар расонида шавад,ки гурӯҳҳое дигарбора силоҳ ба даст гирифтаанд ва аз онки Неъмат аз фармодеҳони таҳти назорати Мирзо Зиё буд, ӯро барои хомуш ва сокит кардани авзоъ ба Тавилдара бихонанд.

 

Ҳокими бародари Мирзо Зиё,Раҳмиддини бародари Неъмат ва Сайдаҳмади писари Мирзо дар айлоқи Зғара кишти картошка доштанд. Ҳамон рӯзҳо ин се нафари вақтрасида дар Зғара машғули корҳои зироъати  худ будаанд.Маҳмадризо, писари дуввуми Мирзо Зиё аст ки пас аз ин ҳодисаҳо бо ҷурми онки гуё як қазоқ ва ду чеченро дар Душанбе ҷой дода будааст ва онҳо дар ҳодисаи қатли Неъмат қумондон кушта шуда буданд, барои 25 сол маҳкум ба зиндон шуд.

 

  Ҳамин тавр Неъмат Азизов тақрибан бо15 нафар мусаллаҳ мегардад, ки ду нафари аз онҳо бародаронаш Зайдулло ва Раҳмиддин Азизов  буданд ва ба кӯҳ мебарояд. Ва ниҳоят барнома, проекти Раҳмон,ки барои ташкили он хело кӯшиш кард, дақиқан бо ҳамон ҳолате,ки мехост ба иҷро медарояд. Ончиро, ки интизораш буданд, фаро расид. Неъмат, қумондоне,ки ҳамсар ва духтари ноболиғашро қасдан таҷовуз карда буданд ба кӯҳ баромад,то аз таҷовузгарон интиқом гирад.Аммо ҳоло авзоъ то ба ин ҳадд печида нашуда буд,ки бо баҳонаи амалиёти “Кукнор-2009” қувваҳои низомӣ бештар аз 4000 вориди минтақа шуданд. Ана дар ҳамчунин ҳолат Мирзо Зиёро даъват мекунанд,ки ба Тавилдара ояд ва вазъиятро ором намояд. Неъматро аз кӯҳ поён фарорад, то ҷанг нашавад. Хуб мутаваҷҷеҳ бошед,то ҷанг нашавад! Дар ҳоле то инҷо дуруст фаҳмидед,ки чӣ ҷинояти мудҳише анҷом доданд,то ки ҷангу паррон-паррон бишавад. Қабл аз онки Мирзо Зиёев аз Душанбе ба Тавилдара равад, Шукурҷон Зуҳуров,вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа ба Мирзо ваъда ва кафолат медиҳанд,ки рафта онҳое,ки ба кӯҳ баромадаанд,аз кӯҳ пойин кунад, чизе барояшон нахоҳад шуд.Мирзо посух медиҳад,ки охир духтару зани Неъматро корманди ВКД таҷовуз кардааст ва тамоми мардум аз ин бохабаранд ва ин масъалаи вазнин аст,гумон аст, ки  коре аз дастам барбиёяд. Шукурҷон Зуҳуров,Мирзоро қаноатманд мекунад,ки ҳатман бирав ва Неъмат, ки бо ту ҳамсаф ва ҳамяроқ аст, ӯро розӣ кун,то аз кӯҳ фарояд. Президент асли қазияро огоҳ шуда аст, ҷинояткор ҷазояшро ҳатман мегирад. Аммо мову ту набояд бигузорем,ки як бори дигар дар диёрамон хуни инсонҳо рехта бишавад. Мирзо Зиёи хушбовари вақтрасида ҳам ба ин ваъдаи дурӯғи Шукурҷон Зуҳуров ва вазири мудофиъа бовар мекунад ва ба Тавилдара меравад.Бехабар аз онки ин ҳама тавтиа,дасиса ва домгустарданҳоро ҳадаф худи уст. Аммо, дар ҳар сурат чун марди ҷанг ҳам буд, мисле чизеро пай бурда бошад,вақте ба Тавилдара меояд ба назди Эшони Орифҷон- писари Эшони Халифа,ки дар ноҳияи Тавилдара шахсияти муътабар ва маъруф аст, меравад ва аз ӯ машварат мехоҳад.Эшони Ориф, хеле сокиту бо таҳаммул гӯш медиҳад ва дар посух мегӯяд, беҳтар буд, ки наомада будӣ, акнун,ки омадӣ,дигар чорае надорӣ. Ҳоло рав ба хонаат ва аз хонаат берун набаро,ки қасди куштани шуморо доранд.

 

 Мирзо Зиё аз мулоқот бо Эшони Ориф мебарояд ва ба самти хонааш ҳаракат карданӣ мешавад. Дар сари пули Тавилдара Мирзоро боз медоранд ва мошинашро мекобанд. Дар ин асно Мирзо ба Шукурҷон Зуҳуров занг мезанад ва мегӯяд ман бо гарантия ва замонати шумо ба инҷо омадаам,чаро ин аскарҳо маро боздошта ва мошинамро мекобанд. Шукурҷон Зуҳуров бо як бетафовутӣ ва бо оҳанги комилан дигар ва ба ҳамин осонӣ мегӯяд,ки вазъият чунин аст, вазъро ором кун ва ман дигар аз дастам коре намеояд. Аммо Мирзо тавре мешавад,ки ба хонааш мерасад. Шукурҷон Зуҳуров дар ҳол ба Мирзо занг мезанад ва мепурсад,ки дар куҷоӣ ва чаро хонаат рафтаӣ ва масъаларо тез ҳал намекунӣ?

 

Мирзо Зиёев,ки Шукурҷон Зуҳуровро кафил ва зомини амнияти худ медонист ва бо хоҳиш ва исрори ин ҳамдиёри худ ба Тавлидара омада буд, ночор боз ба ӯ ба гуш медиҳад.

 

   Шукурҷон Зуҳуров дар телефон ба Мирзо Зиёев мегӯяд набояд ба хонаат мерафтӣ, бихез ва ҳарчи зудтар ба Хуҷаи Хулоз тарафи Чилдара рав,Неъмат ва ҳамроҳонаш,ки онҷо рафтаанд, мутақоид намо ва аз онҷо баргардон.

 

   Мо, чизе наметавонем бигӯем,ки Шукурҷон Зуҳуров дар иҷрои барномаи қатли Мирзо Зиё то чи ҳад ворид буд, вале инки ӯ нақши муҳиммеро дар ин амр ба анҷом бирасонд, ҷое барои шубҳа надорад.Нақшеро,ки барояш пешбинӣ ва вогузор карда буданд, ба ваҷҳи олӣ ба иҷро расонд. Мирзо, Сайидаҳмади писараш ва Ҳикмат Азизов, писарамаки Неъмат Азизовро, ки бо лақаби  “Кури Малиш” маъруф аст, бо худ ҳамроҳ мегирад ва дар мошин менишинанд ва ба роҳ мебароянд ба тарафи Чилдара. Лексуси Мирзо ба минтақаи Хуҷаи Хулоз мерасад.Дар ин мавзеъ қотилони Мирзо мунтазири ӯ ва омодаи куштанаш буданд.Нахуст фармон мерасад,ки мошинро комилан нобуд созед ва ё чуноне,ки мақомот мегӯянд безарар гардонида шавад.Як тир ба баки бензини мошин мезананд,ки мошин кафаду ҳарсе кушта шаванд.Аз қазо тир ба бак расида бошад ҳам мошин намекафад. Плани “а” амалӣ намешавад, мегузаранд ба варианти “б”.  Мирзо ба роҳаш идома медиҳад вале пас аз чанд километр дар камини ӯ 15 нафар қотил интизораш буданд.Сари роҳаш мебароянд ва мошинашро боз медоранд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд,ки “Бобои Мирзо фароед бо шумо як сӯҳбат кунем”. Мирзо мегуяд: “Фарзанд чӣ гап аст”? Мегӯянд Бобои Мирзо танҳо сӯҳбат мекунем ва пас аз он пайи коратон равед.Ҳангоме,ки Мирзо оромона мефарояд ин вақт вазир ва ё касе занг мезанад. Ба Мирзо занг мезанад, ки оромона фаро ва бо бачаҳо сӯҳбат кун, хавотир нашав, чун Мирзо дар вақти сӯҳбат сарашро меҷунбонид ва дар чеҳрааш осори тарс ва ё дудилагие дида намешуд. Мирзо мефарояд ва ӯро мебаранд тақрибан даҳ метр дуртар аз назди мошин.

 

Дар ин асно афроди мусаллаҳ ҲикматуллоАзизов – “Кури Малиш”-ро бо Сайидаҳмади писари Мирзо бо мили силоҳ гирд мекунанд ва дар дастонашон наручник мезананду аз мошин берун мекашанд. Ҳамин вақт буд,ки Мирзоро ба ҷанги тан ба тан даъват мекунанд ва бо тамасхур мегӯянд:- ана ин моем …..ҳо, ку қумандон гав зан (баъзе суханони дигар ҳам мегӯянд аммо аз овардани онҳо худдорӣ мекунам,) к…..з…. ва дар назди арчае 15 нафар гирдаш мекунанд ва писараш Сайидаҳмад ва Кури Малиш ин ҳолатро аз дур тамошо доранд. Ду нафари тануманд аз шумори он қотилон Мирзоро ба ҷанги тан ба тан мебароранд. Ҳоли Мирзое, ки умраш аз панҷоҳ болост бо ҷавонони машқдида ва варзишкор дар ҷанги танбатанро тасаввур кунед. Аммо Мирзо муқовимат нишон медиҳад ва яке аз ин муҳоҷиминро бо як зарба нақши замин мекунад ва ба тарафи дигарӣ ҳамла карданӣ мешавад,ки як нафар аз онҳое,ки дар назди мошин ва ҳамроҳони Мирзоро зери мили силоҳ нигоҳ медоштанд, сахт фарёд мезанад,ки “агар як мушт занӣ писаратро дар пешат мекушем, мушт зан ва ин ҳолатро пеш аз маргат бо чашмат бубин.Инҷо “бой без правила” ҳаст, вале правиларо мо мегузорем ва ту онро итоат мекунӣ”. Мирзои асир ночор ором меистад ва ӯро ҳарчи метавонанд мезананд, аз ҳуш бе ҳуш мешавад, обаш мепошанд ва боз мехезонанду мезананд. Кӯбокӯб тақрибан як соат давом меёбад.Ҳам мезананд ва ҳам ҳарчи мехостанд мегуфтанд: “ана дидӣ, чихел дар дасти мо афтодӣ,имрӯз касе туро аз дасти мо наҷот намедиҳад ва моро медонӣ, мо ки ҳастем ва аз куҷо ҳастем? Имрӯз он вақте нест,ки дар дастат силоҳ доштӣ ва моро намемондӣ аз ин минтақаҳо гузарем. Дидӣ ба духтару ҳамсари ҳамсангарат чикор кардем, пас аз ту бо наздикони ту ҳам чунон мекунем”.

 

   Шоҳиди ин ҳодиса,ки аз милисаи собиқи ноҳияи Тавилдара буд мегӯяд, медидам, ки Бобои Мирзо нафасҳои охиронашро мекашиду ё, Аллоҳ мегуфт. Дар замин бо шикам афтода буд. Ӯро чанд нафара бо пушт хобониданд. Нафас дар гулӯяш руст мемонд, хунҳои сиёҳ ҳалқа зада аз даҳонаш берун меомаданд. Қотилони  понздаҳ нафара,ки ному насаби ҳар кадоме аз онҳоро дертар хоҳем гуфт аз ин ҳолат хушҳолӣ мекарданду мегуфтанд: Ҷагаҳа диден ба чӣ ҳолат овардемш. Яке аз онҳо мегӯяд бояд тибқи фармон амал кунем. Мунтазир будам,ки чи фармоне бошад? Мирзо,ки оғуштаи хун буд,охирон нафасҳояшро мекашид ва дар ҷасадаш ҷойи обод намонда буд як бор “номардҳо” гуфт,ки шунидам. Ин понздаҳ  нафар ҳама бидуни истисно рӯйи  ҷисми абгоршудааш пешоб карданд  ва пас аз хандаву хушҳолии зиёд дар пешонияш яке аз онҳо,ки дақиқан ба тоҷик шабоҳат надошт ва чашмҳояш танг буд бо тир зад ва гуфт:- “вот и все попал в лоп”.

 

Номҳои ин қотилони понздаҳнафара ҳашт нафарашон назди мо ҳаст.Яке аз ин қотилон Зоиршо командири ОМОНи Хатлон буд,ки пас аз як соли ин ҳодиса бо дасти худи мақомот безарар гардонида шуд.Дар фурсати муносиб аз ин афрод ҳам хоҳем навишт.

 

Пас аз кушташудани Мирзо Зиёев

 

   Вақте Мирзо кушта гардид Неъмат дар кӯҳҳои Тавилдара  қарор дошт ва аз ончи бо Мирзо мегузашт комилан огоҳӣ надошт. Панҷ- шаш нафар аз мардуми Чилдара Мирзоро дар Хуҷаи Хулоз ҷаноза карда дафн мекунанд. Пас аз гӯронидан чор рӯз мегузарад. Аз мақомот меоянду қабрро шикофта аъзои дохилии ҷасадро мегиранд,гӯиё барои ташхис.То ин ҳангом аз Неъмат Азизов ва ҳамроҳонаш ҳеҷ дараке нест ва овоза миёни мардум паҳн мекунанд,ки Мирзо Ҷагаро Неъмат қумондон бо снайпер зада аст. Шоҳидон ҳатто ин ҳолатро аз писари Мирзо мепурсанд,ки чӣ гуна кушта шуд падарат? Писараш ҳам мегӯяд,ки падарамро аз болои куҳ Неъмат бо снайпер паронда кушт. Шоҳиди ҳодиса мегӯяд ман,ки он ҳамаро дида будам ва ҳолати писарашро хуб мефаҳмам..Ончи бо Сайдаҳмад, пас аз онки бо падараш чӣ карданд, намехоҳам бигӯям ва бароям душвор аст. Ӯ дар зиндон ҳам бошад, охир зиндааст, насиб бошад як рӯз не як рӯз мебарояд.

 

  Пас аз кушта шудани Мирзо Зиё  амалиёти боздошт ва ё безараргардонии Неъмат Азизов ва ҳамроҳонаш идома меёбад.Аммо аллакай қисмати зиёди неруҳои эъзомӣ ба минтақаро бозпас бурда буданд.

 

  Ҳикматуллоҳ Азизов мулаққаб ба “Кури малиш”- ро,ки бо Неъмат амакбачаанд, бо чархбол ба Душанбе интиқол медиҳанд.

 

    Сайидаҳмади писари Мирзо Зиёев то боздошти Неъмат Азизов дар Тавилдара озод мегашт.Пас аз он боздошт ва ба Душанбе интиқол меёбад. Ӯ ва бародарашро  хеле ҳам номардона ба 28 ва ба 25 сол зиндон карданд. Раҳмон онҳоро ҳеҷ вақт намегӯяд ва нахоҳад гуфт,  ҷавонанд ва “Худта гум кун ай пешум”, ончуноне, ки Шаҳбоз Раҷабзода ҳамхобаи духтарашро танбеҳ дода буд. Ин ду писарони Мирзо Зиё мебошанд,Мирзое,ки режимро ба зону дароварда буд, вале ҳеҷ гоҳ номардӣ накарда буд.  

 

  Неъмат Азизовро чигуна ба қатл мерасонанд?

 

Агарчи пас аз қатли Мирзо Зиёев амалиёти кофтукоби бар алайҳи Неъмат Азизов идома дошт вале режим барномаи қатли Мирзо Зиёро ба иҷро расонд.Як нуктаро бароятон бигӯям,ки ин чор ҳазор аскар ба Тавилдара барои куштани Мирзо Зиёев сафарбар шуда буданд. Амалиёти “Кукнор -2009” ва безарар гардонии гурӯҳҳои худсар дурӯғе беш набуданд.

 

Модари Неъмат Азизовро мебаранд,ки ба кӯҳ барояд ва писаронашро баргардонад. Мегӯянд,ки “мо онҳоро мебахшему зиндонӣ намекунем,агарки  худашон таслим шаванд.Чун касе намурдааст ва танҳо як нофаҳмие шудааст,мо ба онҳо зарар  намехоҳем”.

 

Диққат диҳед, ҳеҷ кас намурдааст? Дар ҳоле баёнияи худашонро,ки Неъмат Азизов Мирзо Зиёевро куштааст, худашон такзиб мекунанд.Чуноне,ки мегӯянд ҳофизаи дурӯғгӯ заъиф аст ва ин ҳам айни ин гуфтааст.Чун фаромӯш кардаанд,ки охир Мирзоро Неъмат куштааст, гуфтем,боз чихел Неъмат касеро накуштааст, мегӯем?  

 

Модарашон меравад ба Зғара ва Қавола онҷое,ки писаронаш ҳастанд.Модар ду писарашро,ки бо Неъмат буданд, меорад. Вале Неъмат худаш ба модараш мегӯяд,модар инҳо дурӯғ мегӯянд ва ман чӣ гуноҳе доштам,ки маро ба чунин ҳолу рӯзи сиёҳе расониданд:-очаҷон мебинед,ки ин ду додарамро зиндон мекунанд. Зайдулло ва Раҳмиддин Азизов бо модар ба Тавилдара меоянд ва таслими ҳукумат мешаванд. Ҳардуро меқапанд ва бе ягон қайду шарте зиндон мекунанд.

 

Раҳмиддин Азизов дар ҳодисаи пурсарусадои фирори зиндониён кушта мешавад.Зайдулло Азизов бошад то имрӯз дар зиндон аст.Инчунин ҳамсӯҳбатам афзуд,беш аз 20 ҷавони бегуноҳро аз Чилдара ва Тавилдара,ки ба ҳодиса дахл надоштанд боздошт намуда  ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ намуданд,ки ин зулми бузурге буд ба мардуми водии Вахё. Мехостанд,ки миёни мардуми он минтақаро шикананд,то касе дигар бар алайҳи ин золимон қиём накунад.

 

Дар ҳодисаи фирори 25 зиндонӣ Ҳикматулло Азизов ҳам(Кури малиш)  фирор мекунад ва ӯро  дарАфғонистон боздошт мекунанд ва дубора ба Душанбе бар мегардонанд.

 

Неъмат Азизов бо чанд ҳамроҳаш дар он минтақа боқӣ мемонанд  ва мехоҳад аз як чӯпон чизе бипурсад ва онҷо истироҳат мекунад,ки ин чӯпон ба ҳукумат хабар медиҳад ва қумондон Неъматро дар болои Чилдара тавассути снайпер ҳадафи тир қарор медиҳанд, нахуст ӯро дар пояш мезананд ва сипас ба ҳалокат мерасонанд.

 

Пас аз ин ҳама бо фарзандони Неъмат Азизов чӣ мегузарад?

 

Агарчи аз он ҳодисаи золимона 10 сол мегузарад, то имрӯз фарзандони қумондон Неъмат дар вазъияти хело баде қарор доранд, барояшон ҳама дарвозаҳо баста аст.Фарзандонашро аз синфи нуҳ дигар дар мактаб хондан намегузоранд,ҳатто дар ПТУ-омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ барои хондан роҳ намеёбанд ва наметавонанд шаҳодатномаи ронандагӣ бигиранд,наметавонанд шиноснома бигиранд ва ба Русия барои кору бор раванд.Интиқоми режим аз фарзандони ин мазлум,то имрӯзҳо ба шакли васеъ идома дорад.Аз ҳама аҷибаш инҷост,ки он таҷовузгари духтар ва ҳамсари қумондон Неъмат,ҷинояткор Убайд Ғайратов дар ШКВД ноҳияи Сангвор бо рутбаи полковникӣ имрӯз ҳам ифои вазифа менамояд. Агар ёд дошта бошед, амаки ин ҷинояткор Ҳиматшо Ғайратов,ки дар оғоз исмашро зикр карда будем, пас аз қатли Мирзо Зиёев тақрибан нӯҳ сол дар вазифаи раиси ноҳия кор карда буд. Вақте Раҳмон дар тобистони имсол ба ин ноҳия сафар кард ҳамин Ғайратов Ҳиматшо буд,ки ба ӯ акси модарашро тӯҳфа кард. Пас аз тӯҳфаи акси модари Эмомалӣ ба бародари ӯ- Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат вазифаи раиси ноҳия  вогузор гардид. Пас аз инки Ғайратов Ҳиматшо тақрибан 8 сол дар ҳамин мақом ва дар ҳамин ноҳия кор кард ва як ҷинояткори дигар Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақерро ба ҷойи ӯ гузоштанд,ки расвоиҳояш расонаӣ гашта буд ва боз ин ҷинояткорро раиси ноҳияи Панҷ таъин карданд,боз ҳукумати ноҳия ба Ғайратовҳо ба ҳамон ҷинояткорони нобакор гузашт.Бояд инҷо зикр намоям,ки муовини раиси ноҳияи Сангвор Гулчеҳра Раҳимова ҳамсари полковники қотил Убайд Ғайратов мебошад.Ин ҳама инъомҳо дақиқан барои қатли Мирзо Зиёев расидааст.

 

Бародарони Мирзо Зиёвро чикор карданд?

 

Ҳоким Зиёевро боздошт мекунанд бо ҷурми ҳамдастӣ бо Ҷага ва ба мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ мекунанд,ки бо ду писари Мирзо:- Сайидаҳмад ва Маҳмадризо дар зиндонанд. Сулаймон Зиёев, бародари хурдии Мирзо дар Тавилдара набуд. Ӯро боздошт мекунанд ва ду моҳ дар боздоштгоҳи КДАМ нигоҳ медоранд. Аммо чизе пайдо карда натавониста раҳояш мекунанд ва мегӯянд ба Тавилдара бояд равад. Сулаймони вақтрасидаи ноогоҳ ҳам ба Тавилдара, ба деҳаашон Пашор бар мегардад.Қотилон ин дафъа кушторро бо шевои дигар анҷом медиҳанд.Ӯро дар назди зану фарзандонаш дар хонааш дор мекашанд ва ба зану фарзандонаш таҳдид мекунанд,ки агар чизе ба касе аз ин амал гуфтед, шуморо ҳам ин марг интизор аст.Сулаймонро ҳам бе ҷаноза ба хок месупоранд ва дар ҷанозааш аз тарси мақомоти даррандаи режими “Фронти Халқӣ” касе иштирок намекунад.Аз ин ҳама даҳ сол гузашта бошад ҳам, осори  дарду ранҷу азобҳои ба ин мардуми худотарси мутадаййин расонида фаромуш нашудааст…

 

Вазъи кунунӣ дар Сангвор чӣ гуна аст?

 

 

Вазъият дар Сангвор бениҳоят тоқатфарсо аст. (Ҳамсӯҳбатам,ки собиқ милиса аст нақл мекунаду мегиряд). Дар муддати панҷ сол ду прокурор иваз мешавад ва аксари идораҳои мақомот:- амният,прокуратура, ВКД ҳама ба фоҳишахона мубаддал гашта аст. Ғайратовҳо барои худро ҳар чи бештар  наздик кунонидан ба  мақомоти ноҳия духтарон ва занҳоеро,ки мардҳояшон дар Русияанд бо роҳҳои фиреб тақдими ин ниҳодҳои қудратӣ  мекунанд. Ҷиноятҳоеро,ки ин оила дар ноҳия содир мекунад, бо ин роҳ мехоҳанд назди мақомот рӯпуш намоянд.Масалан ба прокурори ноҳия,ки як марди боло аз панҷоҳ ва зану фарзанд дорад, як духтараки ҷавонро,ки номаш Сайда аст пешкаш мекунанд ва ҳоло ҳомила аст. Метавонед тафтиш кунед ин ҷиноятро.Чунин ҷиноятҳо ончунон зиёд аст,ки дигар наметавонам ҳамаро бигӯям. Бовар дорем,ки ин ҳамаро Шумо ба мардум расонед,то аз вазъияти мардуми Тавилдара огоҳ гарданд.

 

Аз корнамоиҳои Мирзо Зиёев аз ҳамсӯҳбатам пурсидам?

 

Ончӣ бароям ин шоҳидон гуфтаанд,пас аз таҳқиқ аз чанд манбаъ,онро дар барномаи видеои тақдиматон менамоям ва метавонед онро бубинед!

Дигар ҳама ҷавҳари муҳимми гуфтаҳояшонро ба қалам оварда тақдиматон намудам.

 

 

 

Share This Article