Ислоҳ нет, Автор в ISLOH.net

Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд
Ахиран эътироз ва норозигиҳои хашмолуди сокинони манотиқи гуногӯни Тоҷикистон аз барзиёд ва изофанависии ҳисобгирҳои биллингӣ-счётчикҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам инъикос шуда баҳсҳои гарму доғеро ба бор овардааст. Мардум бо изтиробу нигаронӣ нобоварии худро бар дурусти арқому омори ин счетчикҳо баён медоранд.

Беш аз панҷ сол мешавад, ки низоми биллингии фаъолият дар системаи барқрасонӣ ҷорӣ карда шудааст. Ва, инҷо пеш аз онки ба навиштаҳои хашмолуди мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ руҷӯъ намоем, чанд ҷумла дар бораи барномаи низоми биллингӣ хоҳем гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2020 ба татбиқи он оғоз кард.

Барномаи биллингӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи январи соли 2020 «Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» (ҳоло бонки Душанбе-сити. Ислоҳ.нет) дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард». Қарор бар ин буд, ки ин се ширкат дар муддати 5 соли наздик лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд. Он вақт гуфта шуда буд, ки «Пас аз анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо, афзоиши ҷамъоварии пули барқ, ҳамчунин кам кардани шумори нозирон маблағҳои ба лоиҳа сарфкардаашонро бо фоизҳояш пурра бармегардонанд».

Барои иҷрои ин барном БОР-Бонки осиёии рушд моҳи июли худи ҳамон сол 105 миллион доллар қарз дод. Он вақт расонаҳо, аз ҷумл Азия+ навишт, ки «Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ» Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад. Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад».

Дар зимн Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон» дастгирӣ намуда, 25 млн доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард.

Мунтаҳо низоми биллингӣ ҷорӣ гардид. Ва ҳамчуноне дидед 105 миллион доллар Бонки осиёии рушд қарз дод ва муҷриёни ин проект «Авесто гурӯҳи Рустами Эмомалӣ» баргузида шуд. Хуб, баъд чи шуд? Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон, ки аз баданаи ширкати «Барқи тоҷик» берун омада ва зери идораи менеҷерҳои беруна қарор дорад баъди чанд вақти ба иҷро даровардани барномаи биллингӣ  ва омӯзиши вазъи барқрасонӣ эълон кард, ки «истеъмолгарони мавҷуднабуда ҳастанд, ки барои аз эътибор соқит намудани талафоти барқ истифода мешуданд».

«Таҳлили барномаи биллингӣ нишон дод, ки солҳои пеш ҳаҷми зиёди барқ ҳамчун истифодашуда аз ҷониби истеъмолгарони маишӣ ҳисоб мешуд, ки асоси воқеӣ надорад. Ҳамчунин бо мақсади коҳиши нишондиҳандаи талафоти барқ ба барнома истеъмолгароне ворид карда шудаанд, ки мавҷуд нестанд. Ин барои фаъолияти дурусти барнома мушкилиҳо эҷод мекард», — зикр шуда буд он замон дар иттилоияи ширкат.

Гуфта мешуд, ки маблағи умумии қарзи ҷамъшуда аз барқ то 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,7 млрд сомониро ташкил медод, ки зиёда аз 40%-аш (ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ) ба номи истеъмолгарони маишӣ навишта шуда буд.

Ёдатон бошад мо ва дигар расонаҳо борҳову борҳо масъалаи ношаффофӣ, дуздии неруи барқро навишта ва изҳор дошта будем, ки аҳолии мамлакат, ончуноне, ки мегӯянд, қарздор нестанд ва он омору арқоми қарз, ки бори аҳолӣ кардаанд, дурӯғ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон гӯши худро ба карӣ меандохт ва бахусус Раҳмонов, ки хуб медонист, ончиро, ки бори аҳолии мамлакат мекунанд, яъне мегӯянд, ки аҳолӣ садҳо миллион, балки миллиардҳо сомонӣ пули истифодаи нерӯи барқро надодааст ва қарздор аст, сиҳат надорад.

Хуллас, бъди чанд сол, баъд аз онки ҳамин менеҷерҳои хориҷии Шабакаҳои тақсимоти барқ ва ҳамин усули биллингӣ ошкор намуданд, маълум гардид, ки ба номи аҳолӣ  беш аз  500 миллион сомонӣ изофа навиштаанд.

То оғози соли 2025  қарзи аҳолии Тоҷикистон дар назди Барқи тоҷик  ҳудуди 2 миллиард сомонӣ (1.млрд, 739 млн ташкил медод. Аммо  ин маблағ дар оғози соли ҷорӣ ба андозаи 33,2% ё худ 577 млн сомонӣ кам шуда, то 1 млрд 162 млн сомонӣ поин рафт. Ин на ба он маъно аст ки аҳолӣ қарзи худро супорид. На гап дар сари он меравад, наздик ба аз се як ҳиссаи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ, ки солҳои пеш ҳамчун қарз ҳисоб шудаанд, беасос эътироф ва бекор шудаанд. Яъне мақомот эътроф ва иқрор кард, ки  аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон, ки болои аҳолӣ бор шуда буд беасос аст .

Ҳоло савол ин аст ки чаро ин тавр шуд ва ин арқоми чандин миллионӣ аз куҷо пайдо шудааст? Ин ҳаҷми бузурги қарзи қалбакӣ, ки ба аҳолӣ нисбат дода шуда буд, дар ҳақиқат масраф шудааст, аммо аз тарафи «аҳолӣ»-и дигар ва барои он бори аҳолӣ карданд, ки муҳосиботи хориҷиҳоро чапғалат андозанд. Дар аслу амал як қисми ин барқро худи масъулини ин арса бо роҳҳои гуногун, балки бо афёра ва қаллобӣ фурухтанд, қисми дигари онро «буққаҳо» истеъмол карданду аммо маблағро напардохтанд. Дар ҳаминҷо гапро зиёд тӯл намедиҳем ва ду иқтибоси конкретӣ аз навиштаҳои пешини «Ислоҳ» меоварем ва хоҳед фаҳмид, ки он «аҳолӣ», ки неруи барқро медуздад киҳоанд ва ба Эмомалӣ Раҳмонов чӣ нисбат доранд:

Иқтибоси аввал:

«730 ҳазор сомони литсейи Ҳасан Асадуллозода аз барқ қарздор аст.

Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730ҳазору 590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд. Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллозода ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» ин қадар қарздор мешавад.

Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ :

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025

10 апрели соли 2025,

«Дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ  дар ҶДММ “Ориёи Колхозобод”,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур  тавассути  се адад истгоҳҳои трансформаторӣ бо тавоноии умумии 7300кВА (1х1000 кВА, 2х 3150 кВА) энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудааст, ки дар натиҷа ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 81 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  110 млн. сомонӣ зарар расонидааст.

Инчунин дар шаҳри Левакант муайян гардид, ки ҶДММ “Паймонаи Заррин” (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ва ҶДММ “Сементи рушди Хатлон” (6,4 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ) низ энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 13,5 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  18,9 млн. сомонӣ зарар расонидаанд. Ҳамзамон санҷиш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан низ истифода гардидани энергияи барқро барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор ошкор намуд, ки зарари расонидаи онҳо низ миқдори зиёда аз 366 ҳ.кВт х с ба  маблағи зиёда аз 465 ҳ.сомониро ташкил медиҳад.

Таҳқиқоти «Ислоҳ» аз ин гузориш инро муайян кард, ки ҶДММ «Ориёи Колхозобод»,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз наздикони Ҳасан Асадуллозода аст,ки барқро барои тавлиди Биткойн ва гардиши он истифода бурдааст. Инчунин «Паймонаи Заррин» (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ҳам марбут ба бародари Ҳасан Асадуллозода аст. Метавонем бигуем ҳама дуздиҳое дар В.Хатлон сурат гирифта дақиқан ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ марбутанд. Диққат диҳед хасорат ва ё дуздии ҳама аҳолӣ ба 465 ҳазор сомонӣ вале ончи марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва бандаи ҷиноятпешаи барқдузди ӯ буда ба миллионҳо сомонӣ мерасад.

Иқтибоси 2

300000 қарзи барқро чи гуна Озода списат кард?

Он бонк бонки Фардо ном дошт. Аз они Озода ва Ҷамолиддин буд. Ин бонк қаблан бо номи ташкилоти хурди қарзии «Музаффар» амал мекард. Моҳи июни соли 2016 бо як қарори Бонки миллӣ ин ташкилоти хурди қарзӣ ба бонк табдил дода шуд. Муҷаввизи бонкро дарёфт кард. Тибқи ин қарори бонки миллӣ литсензияи ТХҚ «Музаффарият» аз 3 декабри соли 2012 беэътибор гардид. Бинои марказии он дар рӯбарӯи стадиони Спартак қарор дошт. Ҳоло бо ин ном дигар вуҷуд надорад. Номи онро чаро «Фардо» гузошта буданд? «Фардо» : -«Фар»-Фаридун ва «До»-Довуд, бачаҳои Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Баъд Фардоро Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир харид. Барои онки инҳо байнашон ҷангу ҷангҷол буд. Ман он вақт сардори яке аз Раёсатҳои асосии ин бонк будам. Ин биноро нав сохта буданд ва мо ба он нақли макон кардем.

Як рӯз аз Горсвет омаданд ва баъди тафтиши счетчики банк гуфтанд светҳоятонро мекушем. Ман гуфтам барои чи мекушед? Гуфт корхонаатон 300000 (сесадҳазор) сомонӣ қарздор аст. Ман ба раис гап задам. Раис телефон кард ба одамҳои Озода. Як нафар ҳаст бо номи Темур. Темур одами Озода. Омад, мо якҷо рафтем ба назди Зелённий бозор, горсвет онҷост. Даромадем пеши раиси Горсвет. Даромад гуфт, ки «немедленно списат кун». Шишту 300 000 сомониро дар як мижа задан списат кард. Ин кор дар соли 2016 сурат гирифта буд. Ана чаро Раҳмон қарзҳои Барқи тоҷикро гузашт мекард? Ҳатто пули свети хонаҳояшонро намедиҳанд. Инҳо ҳар кадомеаш чандин корхона ва қасру кӯшку бӯстонсарову дискокулбу ресторану ширкату дигару дигарҳои бешумор доранд ва ҳамаи онҳо аслан як дирам пули барқро намедиҳанд.

Директори ширкати Фароз Азамат Қосимов аст. Самарқандиҳои Душанбе. Дар бонки Спитамен, Сулаймони ҷияни Ҷамолиддин Нуралиев, муовини директор аст. Аз ҳама дузди калонтарин. Сулаймон соли таваллудаш 1985 аст. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, «бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор», аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад. Ин Спитаменбонк тамоми сармояи худро аз ҳисоби роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд (Чаноқ) ба даст овардааст».

Ин буд он ду иқтибос, ки собит мекунад, киҳоанд, ки медузданду боз нашармида халқро қарздор мекунанд.

Инҷо мехоҳам як нуктаро ёдрас намоям.

Раҳмонов дар паёми ахири солонаи худ ба парлумон рӯзи 16 декабри соли 2025  «кормандони ҷудогона»-и соҳаи электроэнергетикаро ба сунъӣ боло бурдани маблағи қарзи аҳолӣ гунаҳкор донист. Ва гуфт, ки то ҷорисозии низоми биллингӣ тибқи ҳисоботи шабакаҳои барқ, 30-40%-и аҳолӣ маблағи барқро пардохт намекарданд. Аммо пас аз ҷорисозии низом дар шаҳру навоҳии ҷудогона, ба гуфтаи ӯ, маълум шуд, ки аҳолӣ қариб 100% маблағи истифодаи барқро пардохт мекардааст.

Раҳмонов гуфт, ки ин маълумот бозгӯи он аст, ки намояндагони ҷудогонаи шабака бо суиистифода аз мансаби хидматӣ, маблағҳои истеъмолгарони маиширо барои барқ азхуд мекардаанд. «Бо ин сабаб талафоти беасоси барқ ба таври сунъӣ ба дӯши аҳолӣ вогузор карда мешуд»,-илова карда буд вай»

Раҳмонов ин ҳарфу ҳиҷоро хеле дер гуфт. Мо, ончуноне гуфтам, хеле ҳам пештар гуфта будем. Чунки имкон надорад, ки аҳоли ҳудуди миллиард қарздор бошаду Раҳмонов ба онҳо боз барқ диҳад.

Раҳмонов аз дуздии барқ тавассути наздиконаш хуб огоҳ буд. Ва, мову шумо хуб медонем, ки дузди асосии барқ худи Раҳмонов аст. Ба хориҷа, махсусан ба Афғонистон мефурӯшад ва пули он ба киссаи хориҷии худаш меравад. Барои ҳамин аҳолиро қарздор эълон намудан ба манфиати худаш ҳам буд.

Мову шумо хуб медонем, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, имзои Раҳмонов на як бору ду бор садҳо миллион сомонӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» списат карда шудааст. Раҳмонов ин корро барои рӯпӯш кардани ҳамин гуна дуздиҳои худаш ва наздиконаш карда буд.

Аммо ин мудирони хориҷии аҷиршуда аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ дасти дуздҳоро рӯ карданд ва ба аъмоқи афёрҳои Раҳмонов наздик шуданд. Раҳмонов ҳадаҳа, саросемавор як Агентии махсуси назорати назди раиси ҷумҳурӣ ташкил карда ва қисман бошд ҳам шонаҳои аҳолиро аз пардохти қарзи набуда холӣ кард ва бо дастури вай даҳҳо нафар аз масъулону маъморони арсаи барқ барои дуздии барқ дастгир, бархеашон ҷарима ва бархеашон маҳкум шуданд. Ин Агентӣ омори дуздии барқ дар саросари кишварро дар расонаҳо аланӣ кард, ки тибқи он аз ҳама бештар дар Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулоб мавориди дуздӣ ошкор шудааст ва бо ин гуна «иқдомот» Раҳмонов нишон доданӣ шуд, ки худаш дузд нест. Аммо, бигзор як каме сабр дошта бошем, оянда дуздиҳои шахси худаш ҳам рӯ хоҳад зад.

Ҳисобгирҳои биллингӣ-счетчикҳо ва мушкилоти онҳо

«Авесто, биллинг ва миллионҳои мардум: паси счётчикҳо чӣ пинҳон аст?»

Ҳамчуноне дар оғози матлаб навиштем сокинони Тоҷикистон аз барзиёд ҳисоб кардани ин ҳисобгирҳо норозианд. Сухан аз боло бурдани баҳои истифода ё истеъмоли барқ намеравад. Сухан аз он аст, ки мардум баъд аз онки счетчик-ҳисобкунакҳояшон ба ҳисобкунаки биллингӣ иваз гардид нороҳат ва ошуфта шудаанд. Мардум ба дурустии кори ин ҳисобкунакҳо шубҳа доранд.

Дар ҳақиқат ҷорӣ шудани низоми биллингӣ аз як сӯ дасти дуздону муфтхӯронро рӯ занонида бошад аммо ҳисобкунакҳои биллингӣ тавре тоб мехурад, ки суръаташ беҳад пуршитоб ва ба аҷала аст. Як нафар аз муштариҳои ҳамешагии «Ислоҳ» навишт, ки «дар фесбук дидам, шикоят зиёд, хеле зиёд. Дар кадоме аз навиштаҳои шумо ҳам чунин ҳарфе буд, ки ҳисобкунакҳо- счетчикҳои барқӣ зиёд менависанд.

Дар ҳақиқат инҷо чи чизе, чи асроре ниҳуфта аст. Ин счетчикҳо, ки аз Хитой меоянд бо фармоиши Авесто-групп сохта мешаванд. Авесто-групп барои дастрас ва насби ин ҳисобкунакҳо беш аз сад миллион доллар аз Бонки осиёии рушд дарёфт карда буд.

Ман бар ин гумону шак ҳастам, ки ин счетчикҳоро махсус барои Тоҷикистон ва бо дастури махсус сохта бошанд, ки якро якуним ва якунимро ду «сохта» диҳад. Ин ҳисобкунакҳоро бояд як комиссияи муштарак таҳқиқ ва тафтиш кунад».

Бубинед, ин нома танҳо ва ягона нест. Аҳолии кишвар дар дурустии кори счётчик-ҳисобгирҳои биллингӣ шаку шубҳа дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фесбук шӯру валвала ба по кардаанд. Мардуми ба дод омада нороҳату ошуфтаанд, ки ин счётчикҳо маблағро чанд маротиба бештар аз ончики дар асл масраф мешавад мезанад.

Корбаре бо номи мустаори «Рушди ватан» ин масъаларо дар Фесбук дар миён гузоштааст, ки ба он беш аз 200 нафар вокуниш ва ҳамовозӣ кардаанд ва аз кори нодуруст ва ношаффофи ҳисобкунакҳои биллингӣ гуфтаанд.

Бо истинод ва таваҷҷӯҳ бо номаҳои мутааддид ва шикоёти бакарроти хонандагони «Ислоҳ» мо ҳадс зада будем, ки ин ҳисобгир-счётчикҳои биллингӣ «чи балое» доранд. Ва ин эҳтимолро рад накарда будем, ки ин ҳисобгирҳо «махсус» ва бо заказ сохта шудааст. Баъд аз онки аҳолии мамлакат, аз тамоми манотиқ аз як дард ва аз проблемаи ягона ҳарф мезананд, мо итминон ҳосил кардем, ки ончи гумону ҳадс ва шубҳа буд, дар аслу амал воқеият аст. Ин ҳисобгирҳо бераҳмона зиёд менависанд. Бадтар аз инки зиёд менависанд сокинони кишвар, истеъмолкунандаҳоро, рӯирост фиреб мекунанд.

Агар як ё ду маврид буд, агар як ё ду, бигзор даҳ кас буд метавонистем бигӯем, ки счётчики  шумо хароб шудаст ва ё заводской деффект дорад. Аммо вақте даҳҳову садҳо нафар шикоят мекунанд, инҷо ба яқин чи сиреву асроре нуҳуфта аст.

Аз навиштаҳои мардум дар Фесбук далел меоварам:

Рушди Ватан

«Ман чор сол боз пули барқ месупорам дар хонае, ки касе зиндагӣ намекунад. Танҳо як ҳафтаи соли гузашта онҷо як нафар меҳмон зиндагӣ карду боз рафт. Ҳамин қадар вақт ман лом мим нагуфта пули барқ супоридам. Пештар ба он хотир месупурдам, ки лампочкаи подъезд аз ҳисоби счётчики ман буд. Хайр, савоб шавад мегуфтам. Ҳоло равшани подъезд аз ҳисоби ман набудагист. Барои ҳамин биёянду бисанҷанд, нозирони Барқи тоҷик. Биёянд акт карда кушта партоянд ба ман барқ лозим нест».

Заррин Бону

«Чиба ихел мекарда бошан, ай мо ҳам бошем набошем то 500- 600 кор мекна, чи истифода барем чи не»

Гулбаҳор Қосимова

«Мо дар кучаи А.Ғуломов зиндагӣ мекардем. Хонаи моро кучониданд, тамоман чаппа кардагӣ, 2 моҳ боз хона нест. Ҳар моҳ паёмаки супоридани пули барқ меояд! Инро чи хел фаҳмем?»

Рушди Ватан

«Ман як хона дорам онҷо касе зиндагӣ намекунад. Рости гап ман як моҳ як бор рафта хабар мегирам, як светаша дар мегиронам як дақиқа боз бармегардам. Ҳатто ду дақиқа дар намегиронам он лампаро. Барқи тоҷик бошад шарм надошта маро 50-70-80 сомонӣ расид ирсол менамояд. Ман зан модар, аз минбари худам истода аз онҳо талаб менамоям, ки агар мард бошанд биёянду тафтиш ва исбот карда ба куҷо рафтани маблағҳоро ба ман гӯянд!!!»

Хона холӣ, барқ хомӯш, аммо қарз меояд: мардум чӣ мегӯянд?

Чуноне мутолиа фармудед ва огоҳ шудед, ин навиштҳое буданд, ки соҳибони ҳисобгирҳо изҳор медоранд, ки дар хона нестанд, яъне қувваи барқро истифода накардаанд. Истифода накарданд, аммо ба номашон маблағ –расид (квитансия) омада истодааст. Дар ҳақиқат вақте лампа нест, плита нест, хуллас ҳеҷ истифода нест ин пул аз куҷо? Як кас бошад гапи дигар, халқ шикоят дорад.

Аммо боз гурӯҳи дигар аз он шикоят кардааст, ки маблағ барзиёд ҳисоб карда мешавад:

Ҳикмат Розиқ

Маълум, ки биллингаш маблағро барзиёд ҳисоб мекунад. «Барқи тоҷик! Чаро бояд ман дар хонае, ки истиқомат намекунам 80 с.ҳар моҳ пули барқ супорам? Эксперт фиристед. тел 555588570»

Рушди Ватан

«Ман вақто дар хонаи ду ҳуҷрагаам дар ҳамин фурудгоҳи кӯҳна зиндагӣ мекардам, як термекс, плита ва як радиатор истифода мебурдам. Маблағ 150 сомонӣ меомад дар зимистон. Вақто биллинг шуд ин маблағ ба 500 расид, айнан ба ҳамон тарзи истифодабарӣ. Барои ҳамин ман намедонам чи кор кунам, чун зиндагӣ дар кишваре, ки доим фиребат мекунанд, душвор аст. Барои ман масалан пайдо кардани маблағ осон нест, чун ман қаллоб нестам, як зани одии қаламкаш ҳастам».

Файзуллоев Сайфулло

«Биллинг аз счетчикҳои пешинада тенҷи бад кор мекна, чанд фоизе барои Барқи тоҷик кор мекна. Худут якум одам нестӣ и масалақатӣ, меган ҳама система компютер шудааст, аз дастамон ҳеҷ чиз намеояд. Савол:- компютера одам сохтааст, ё одамро компютер сохтааст, пештар дуздира метонистагиё мекардан ҳозир бошад компютер, пас соҳиби компютер кист, боз одам…

Рустам Хоҷаев

То рӯзе, ки ҳами счетчикои нав набуд дар моҳи зимистон ман то 400 сомон дар картаам мегузаронидам, сад фоиз мерасонд, а ҳозир дар зимистон 2 баробар зиёд шуд. Намедонум и чхели счетчикай дар зимистон то 800-900 сомон дар тобистон 400-500 кор мекунад, дига ба кӣ муроҷиат кунем ҳамира якбор аз назар мегузарониданд ки и чи хели счетчикай любой одам менола бахдо дар шаҳри Кулоб

Рушди Ватан

«Ман шабамро рӯз накардаам дар он хона, ҳатто ҳамсоя гувоҳанд. Аммо маблағро месупорам бе чуну чаро, мисли аблаҳ…Барои он маблағ месупорам, ки ба давлат ва шаффофияти кори кормандони Барқи тоҷик бовар дорам. Ман чи медонам, ки ин ширкат чи сир дорад, дӯсти миллат аст ва ё душмани миллат??? Рақамҳои ман пешатон ҳаст. Биёед ва санҷиш гузаронед!!! Агар дуздӣ бошад қатъ намоед, агар айб аз тарафи шумо бошад, шумо системаи пурқудрат ҳастед, ман чизе намегӯям, танҳо аз кишвар кӯч мебандам».

Гулчеҳра Ҳомидова

«Ман ҳам счетчикама нав кардам, нархи якмоҳа маблағи барқ ду баробар шуд. 350-400 месупоридам, акнун то 700 месупорам дар як моҳ»

Ва дар ҳаминҷо як далели ҷолибу аҷиб. Маълум мешавад, ки аз ин рафтори ҳисобкунакҳо кормандони ШТБ-ширкати тақсимоти барқ огоҳанд:

Роҳбар Зайниддинова

Якта савол, ҳозир мардум аз ҳисобкунакҳои биллингӣ хело шикоят карда истодаанд, чунки зиёд барқро ҳисоб мекардааст.

Дирӯз дар ҳавлиҳои мо низ ҳисобкунакҳои биллингиро насб карданӣ буданд, ман аз кормандонаш хоҳиш кардам, ки пеш аз насб кардани ҳисобкунаки биллингӣ мо бояд онро дар «Тоҷикстандарт» аз назорат гузаронем ва даррав ҷавоби радро гирифтам.

Ва чаро мумкин нест ми?

Раҳматзода Ҳайит

«Беҳтараш ба прокуратура ё коррупсия  муроҷиат мекардед, тафтишот ё амалиёт мегузарониданд. Як дастгир шаванд, баъд мефаҳмиданд».

Олимшо Худоиев

Корхонаву ширкатҳое ҳастанд пули барқро қисман месупоранд, шабакаҳои барқӣ бошад аз халқ мегиранд, ҳисобкунакҳои билинги тамоман хато, зиёдатӣ ҳисоб мекунанд. Пули барқро месупорӣ ҳамавақт бақия ҷамъ мешавад. Кай ин мушкили дузди ислоҳ мешавад?»

Майсара Шарипова

«Барқи тоҷик бояд ин ҳолатро дида барояду ягон чораҷӯӣ кунад!!! Ин аҳвол дар тамоми ҷо ҳамин хел аст!!! Ту дар хона ҳастӣ, нестӣ, бояд пули барқро супорӣ»?

Таваралиева Лайло

«Ҳисобкункҳо маҳкаманд онҳоро боз карда намешавад. Дари оҳанин доранд. Ман касеро гунаҳгор карданӣ нестам. Биёянд нафарон аз ширкат муйро аз хамир ҷудо кунанд».

Ҳикмат Розиқ

«Дар тамоми шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо анъанае ҷорӣ шудааст. Нозирони барқ ба манзилатон наомада, ҳисобкунаки барқиатонро надида, аммо охири моҳ ба номатон паёмак мерасад, ки шумо аз барқ 80 ё 150 сомонӣ қарздоред. Агар мабодо қарздор бошеду онро пардохт кунед ҳам, пас аз як ҳафта боз паёмак меояд, ки шумо фалон миқдор маблағ қарздоред. Мардум дар тааҷҷубанд, ки касе аз ҳисобкунаки барқӣ хабар нагирифта, ҳисобкунак ба шабакаи интернетӣ ва сомонаи Барқи тоҷик пайваст набошад, қарздории мардумро аз куҷо муайян мекунанд?.

Хулоса, ба хулосае омадам, ки нозирони барқ ҳама ФОЛБИН шудаанд. Имрӯз, ки дар саросари кишварамон бар зидди фолбинҳову ҷодугарон мубориза мебаранд, чаро ФОЛБИНҳои Барқи тоҷик аз мадди назар дур мондаанд»

Ҳусниддин Имомиддинов

«Ин биллинги шуд аз Худо натарсиден. Ин моҳ 1300 сомон кор кард. Ман дар зимистон тамоми намуди печка кор мекард ин қадар пул намешуд. Ин ягон камиссияи санҷишӣ ҳаст бо лампочка термекс ин килавата санҷед ин қадар кор намекунад ягон идора мақомот приза(?) ва санҷиш ҳаст»

Худоёр Валиев

«Бале, ҳами масала басо ташвишовар. Ба ин қазия кӣ ҷавоб медода бошад ва маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъоварӣ мешуда барои чи ва аз куҷо? Оё масъулон посух мегӯянд ё як роҳи даромадашонро пинҳон доштанианд???»

Абдураҳмон Косимов

«Дар тамоми Тоҷикистон ҳамин авҳол аст ин як ғоратгарии руирост»

Фарух Раҷабов

«Салом ба фикри ман ҳар моҳ компютер автомати хдш 50 то 10 см дар номатон мешнона мисол 200 квт ё 500 квт, рафта аз пеш гап мезани ин масала ҳал мешава».

Сафар Ниёзов

«Ана акнун гап аз гап баромад. Ман се моҳ свет истифода набурдам. Соли гузашта ба дигар шаҳр рафтем, баъд аз се моҳ омадам 100 кор кардай. Симҳои свет аз столба буридагӣ, ин чи хел мешад. Ин арза ба куҷо гӯем ба ки гуем счёчик барои чи даркор?»

Счётчикҳои Рустам: «манбаи нави пулканӣ аз ҷайби мардум»

Ва, дар охири навишта чи гуфтанием? Бигзор, ки ин ҳисобгирҳоро масъулони Шабакаҳои тақсимоти барқ якҷо бо Бонки осиёи рушд бисанҷанд. Барои мисол мо дигар мутмаинем, ки ин миллионҳо, миллиардҳо пули изофӣ, балки ғорати ошкорои мардум, тавассути ин счетчикҳои ба истилоҳ биллингӣ ҷамъоварӣ мешавад ба ҷайби ҳамин Авестогрупп меравад. Ва, онҳо дидаву дониста халқро дуздӣ карда истодаанд

Мардум дар навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда намегӯянд, ки аз дуздони маҳаллӣ, аз дуздоне, ки омада ҳисоб карда мерафтанд халос хӯрдем вале ба доми дуздони техникӣ ғалтидем. Ва ин гуна ба ҳамдигар маслиҳат ҳам медиҳанд, ки ҳисобкунакро сурат гиред, боз ин моҳ сурат гиред

«Бародар хонаи падарии ман 6 моҳ мешавад барқашро куштаанд, симҳояшро бурида буданд аммо ин ҳисобкунаки биллингӣ ҳар моҳ 80-90 сомонӣ задаст. Аҷаб»

Ҳеҷ кас ба ин ҳисобгирҳо дастрасӣ надорад, ки бигӯем, ин кор «дастӣ» сурат мегирад, ҳатто контролёр ё дигар коргари ширкати барқ ҳам. Ин аз реша мушкил дорд. Мушкил дар сари худи ҳамин ҳисобгир-счетчик аст.

Вале боз як саволи дигар ин аст ки бубинед, тамоми масорифу махориҷи ин барномаро муассисаҳо молиявии байналмиллӣ мекунанду аммо даромади онро кӣ мегирад?

Раҳмонов ба ҳадде дузди касбӣ-профӣ шудааст, ки на фақат ҳаминхел, ҳам аз тору ҳам аз пуд мезанад, ҳатто аз дуздиаш ё барои дуздиаш ҳам «пул» кор мекунад. Масалан насби ҳамин счетчикҳо ройгон аст аммо «Авестогрупп»и Рустам онҳоро пулакӣ насб кардаву бо пул ба аҳолӣ мефурӯшад.

Рустами Эмомалӣ мехост бо «биллинг» худро ҳамчун ислоҳгар ва мудири замонавӣ нишон диҳад. Аммо имрӯз мардум мебинанд, ки пушти ин «технологияи нав» на шаффофият, балки як низоми нави ғорат пинҳон шудааст. Пештар мардум аз контролёру нозир метарсиданд, имрӯз аз счётчике метарсанд, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунад.

Мардум як чизро хуб фаҳмиданд: вақте дар кишвар қонун нест, ҳатто технология ҳам ба олати дуздӣ табдил дода мешавад. Счётчик айбдор нест. Система айбдор аст. Он системае, ки ҳама чизро аз барқ то нон, аз об то нафаси мардум, ба манбаи даромади хонаводаи Раҳмонов табдил додааст.

Имрӯз мардум мепурсанд: агар хона холӣ бошаду барқ насӯзад, пас ин пул ба куҷо меравад? Ин савол танҳо саволи техникии «биллинг» нест. Ин саволи сиёсист. Савол дар бораи низоме аст, ки солҳои дароз бо рақамҳои сохта, қарзҳои қалбакӣ ва омори дурӯғ мардумро ғорат кард.

Рустами Эмомалӣ ва доираи ӯ фикр карданд, ки метавонанд дуздиро рақамӣ ва «қонунӣ» кунанд. Аммо як чизро фаромӯш карданд: вақте шикояти мардум аз тамоми кишвар яксон садо медиҳад, дигар ин «хато» ва иштибоҳ нест-ин як ғорати системавист. Аммо ноком ва шармандаву расвояшон кард дар назди миллат.

Ва мардум дер ё зуд ҳақиқатро пурра хоҳанд фаҳмид:
Эмомалӣ Раҳмонове, ки солҳо аҳолиро «қарздор» мегуфт, дар асл худи ӯ ва оилааш бузургтарин қарздорон ва ғоратгарони ин миллатанд. Дигар ниёз ба далелҳои бештар аз ин нестед!

Сообщение Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №29
Кони тиллои Фарзона ва бӯстонсарои Сомонро «Ислоҳ» ифшо кард

Маҷаллаи ҷадиди «Семейканюс» аст, ки ин бор ҳам бо хабарҳои «обрнарехта» ва ҷазу доғ ва ҳамин тавр гузоришҳои ифшо ва ошкоркунанда аз зиндагӣ ва фаъолияти аъзои ин «Семейка»-и барои ҳамаамон маълум такмил шудааст, ки феълан дар дастраси якояки шумо дӯстону нодӯстон қарор медиҳем.

Дар хабарҳо аз Азизмои газетхонаку ҳавзи гулмоҳиҳояш, аз Сомону бустонсарояш аз Фарзонаву кони тиллояш, зан, писар ва духтари Раҳмонов-главар «Семейка» дар дараи Ромит мегӯем. Ва шумо хоҳед фаҳмид, ки Раҳмонов-главар «Семейка» чи гуна Ромитро бахшу тақсим карда ба аъзои оилааш додааст ва хоҳед фаҳмид, ки ончики мегӯяд соҳибкорҳо фалон-фалон чизҳо сохтанд ва Раҳмонов рафту ин иншоотҳо, масалан ҳавзҳои моҳӣ ва ё меҳмонхонаро ифтитоҳ кард, дурӯғ ва чашмбандие беш нест. Дар ин шумора дар бораи як ҷияни «весавой»-и Муҳиби бародари Азизмои газетхонак ҳам маълумоте дорем.

Ин бор низ бародарон Дилшод ва Даврон Ҷӯразодаҳо, рафиқони хуби хуби Рустами Эмомалӣ, қаҳрамони марказии моҳномаамон интихоб шуданд. Аз ин гузориш бохабар мешавед, ки ин ду бародар дар сар чи фикру хиёлҳое доранд ва чаро тиҷоратҳои миллионмиллион долларии худро ба Тошканд кӯч медиҳанд. Ва, иллати мухолифати онҳо бо Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар чист?

Ва, ҳоло шурӯъ мекунем бо «Ахбор»-и Семейканюс

Ҳавзҳои моҳии Азизмои газетхонак дар Ромит

«Моҳи сентябри соли 2020 дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Эмомалӣ Раҳмонов ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ кард».

Тамоми расонаҳои онрӯзаи Тоҷикистон бо зикри ин хабар афзуданд, ки «ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардид.

Дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний)  парвариш карда мешаванд.

Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад».

Бинобар ин хабар  «соли 2020 дар ҳавзҳои мазкур 30 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шуда, соли 2021 бошад, дар нақша аст, ки беш аз 60 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ, ки роҳбариашро соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо Ширкати «Алераква»-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд. Дар вақти сохтмони маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии «Баҳор» зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шуданд. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст».

Дар ҳамин қисмати дараи Ромит дар масоҳати 7 гектар аз тарафи як соҳибкори дигар бо номи Комилҷон Ғаниев, ки аз Муминобод будааст, боз чанд ҳавзи парвариши ин навъҳои моҳӣ сохта шудааст, ки онҳоро ҳам зимни ин сафараш Раҳмонов ифтитоҳ кардааст. ҶДММ-и Комилҷон Ғаниев «Меҳвари Душанбе» ном доштааст.

Ва, аммо воқеият чӣ аст? Дар ҳақиқат ин ду соҳибкор соҳибони аслии ин ҳавзҳои моҳипарварианд?

Чуноне манобеъи огоҳи «Ислоҳ» аз Ромит хабар доданд, ҳам ин соҳибкорҳо ва ҳам ширкатҳои мутазаккираи онҳо ба истилоҳ подставной буда ва ин ҳавзҳо бошад дар асл ба Азизмои газетхонак, зани Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ доштааст. Чунки ин ду соҳибкор ин қадар пулдор набуданд, ки дар як чунин баландӣ ва бо масорифи садҳо миллион сомонӣ даст ба парвариши моҳӣ бизананд. Ин  ҳам дар ҳоле, ки бозори тавлидоти ин ҳавзҳо ҳам аз онҷо хеле дур аст ки наметавонад харҷи худро бипӯшонад.

Манбаъи мо мегӯяд барои сохтмони ин ҳавзҳои моҳипарварӣ, ки соҳиби аслиаш Азизмои газетхонак аст Раҳмонов 90 миллион доллар масраф кардааст.

Ин манбаъ гуфт, ки кор дар инҷо беҳад душвор аст. Ба дараҷае, ки ба кормандон маоши таъйиншуда дода намешавад.

Барои ин ҳавзҳо шуда дар чандин километр роҳҳои куҳистонӣ мумфарш шуда чандин километр хутути интиқоли барқ кашида, чандин адад трансформаторҳо шинонида шуданд, ки ин ҳама масорифро ҳеҷ соҳибкоре бар уҳда намегирад.

«Дар онҷо свет проблема не, 24 соат бо барқ таъмин. Аз хати барқе, ки барои кони тиллои «Покруд» овардаанд, барои ин ҳавзҳо ҳам линияи алоҳида кашидаанд. Дар асл онҷо ҷои истироҳати Раҳмонову оилааш ва дигар мақомдорони наздик ба ин семейка аст»

Албатта, ин моҳиҳоро мардум мехаранд, баъзе аз шахсҳо аз инҷо гирифта ба мағозаҳову бозорҳои Душанбеву Бохтар (Қурғонтеппа) ва шаҳри Ваҳдат мебаранд. Аммо гумон аст ки ин ҳавзҳо худкифо ва фоидаовар бошанд. Бо бовари зиёди ин манбаъ харҷу масраф барои ин ҳавзҳо аз ҳисоби давлат гирифтааст ва онҳоро Раҳмонов ба ҳамсараш Азизмои газетхонак сохтааст.

Кони нави тилло дар Ромит. Туҳфаи Раҳмонов ба Фарзона

Манбаъи огоҳи мо ин хабари ҷолибро дар ихтиёри мо гузошт:

«Гапгапи кашфи кони нави тилло дар дараи Ромит ягон шаш-ҳафт моҳ пеш баромад. Кор дар ин кон ҳанӯз оғоз нашудааст. Вале омодагӣ барои баҳрабардорӣ аз он шурӯъ шудааст.  Ба наздики дар тарафи дигари Покрӯд кони дигар баромад. Онро ба духтари хурдиаш тӯҳфа кардааст. Онҷо бояд чанд қишлоқро барои ин кон шуда хезонанд. 15қишлоқ зиёд мехезад. Ин кон дар тарафи  Яфракнима кашф шудааст. Геологҳову археологҳову дигару дигарҳо омада чену чоқ карданд. Чанд вақт онҷо комиссияборон шуд. Асосан мутахасисини хитоӣ, ки дар кони Покруд кор мекунанд дар инҷо барои муайян кардани захираҳои он корҳои иктишофӣ, геологоразведка бурда истодаанд.

Бояд ба наздикӣ корро сар кунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки тамоми отходу отработкаи кони тилои Покруд дар даруни об мерезад ва солҳост, ки оби инҷо дигар ғайриқобили истеъмол шудааст.

Кони Покруд солона бо тона истихроҷ дар дасти хитоиҳост. Аз рӯи маълумоти муқаддамоти захоири кони нав кашфшуда ду баробар бештар аз кони Покруд дар Ромит будааст.

Раҳмонов гуфтааст, ки «Фарзона баъд аз ҷудошавӣ аз шавҳараш беҳаад зиқ буд. Ин конро ба вай ҳадя мекунам».

Ана падару ана ота. Кони марбути халқро ба духтараш тақдим кардааст.

Боз гуфтааст, ки оқибат барои Фарзона ҳам ҷойи кори хуби бо даромади ҳамгуфте пайдо кардам.

Меҳмонхона ё бӯстонсарои Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов дар Ромит

Дар хабарҳое, ки аз ифтитоҳи ҳавзҳои парвариши моҳӣ дар Олучадара навишта шудаанд, ҳамчунин аз ба истифода додани бинои як меҳмонхонаи нав дар инҷо сӯҳбат мешавад.

Дар тавсифи ин бустонсаро гуфта мешавад: «бино аз ду ошёна ва 50 ҷойи қабули меҳмонон иборат буда, бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин мебошад. Меҳмонхона аз ҳисоби даромади софи ширкат дар ин мавзеи дилфиреб бунёд шуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст».

Вале асли кор чӣ аст? Ин меҳмонхона аст ё бустонсаро? Ва он аз тарафи ширкат сохта шудааст ва ё боз ҳам аз ҳисоби пули давлат? Манбаъи мо аз Ромит гуфт, ки ин бӯстонсаро барои Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов сохта шудааст.

Ва, аммо дар ин бустонсаро-меҳмонхонаи Сомон рӯшод маводи мухталифи мухаддир:-нашъа, банг, ҳашиш, героин, кристал ва ҳар гуна ҳабҳо мефурушанд. Онҷо фақат толибаҳои мактабро мебаранд барои истироҳат ва роҳати худ.

Дар дохили он ягон кас намедарояд. Охранаи сахт дорад. Ин меҳмонхона-бустонсарои Сомон дар Лиҷак, дар лаби дарё воқеъ аст. Ду ҳазор сомонӣ як рӯзаш. Як ҳофизаро бисёр вақт ҳамонҷо мебарандаш, «живая музика» -Осия бону ном дорад. Ва онҷо масташ мекунанду ба саҳна мебароранд. Ин ҳофизаро кадом вақте аз кадом туй, ки маст мебарояд, меқапанд. Баъди он дигар «постоянка»-и ин меҳмонхонаи Сомон шудааст.

«Як вақт, шояд як сол баъди коронавирус буд, ки Сомонро як шаб бо Кемри-2 ГАИҳо қапида буданд. Он вақт рейди вазнин рафта истода буд. ГАИҳо ӯро дар роҳи Ваҳдат-Ромит масту калкот меқапанд. Нашинохтанаш. Кулулааш карданду бо мошин бурданд.

Ана баъд сар шуд. То началник Управления, хуллас як барбарро аз кор пеш карданд, ки  Сомонро хафа кардед. Дар ҳоле, ки мошинаш беномер, худаш маст. Ин ҳодиса дар Тангаӣ, аз чашма онсӯтар руй дода буд ва ҳама шоҳиди ин ҳодиса буданд. Қонун барои ин Семейка ҳеҷ таъсире намекунад ва ин оила фароқонунанд.

Он вақтҳо Сомон бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, ки солҳо пас домоди Раҳмонов шуду боз духтари Раҳмонов, ҳамин Фарзонаи «кандидат наук», муҷаррад, модари танҳо ва ҳоло акнун молики як кони тиллоро сар дод.

Бинобар маълумоти манбаъи мо дар меҳмонхонаи Сомон дурбинҳои мадорбаста-скритий камераҳо насб карда шудааст. Ин камераҳо дар ҳамон утоқҳои ВИПи ин истироҳатгоҳ насб кардашудаанд.Инҷо, чуноне гуфтем, асосан вазирҳову писаронашон ва дигар мансабдорони баландпоя мераванд ва табиист, ки онҳо дарак надоранд, ки съемка мешаванд бо духтарчаҳои ёшёшаки ноболиғ. Камераҳоро гейнерал Шорух Саид, сардори Раёсати милисаи Душанбе ва наздиктарин одами Рустами Эмомалӣ барои компрамат  ҷамъоварӣгузоштааст. Ин корро махсус кардагӣ аст. «Ягон корро мефармояд агар накард бо он наворҳо шантаж мекунад».

Ин бустонсароро барои худи пешво сохтаанд. Раҳмонов онро ба Сомон туҳф кард. Дар онҷо дарахтҳои хориҷӣ оварда шинониданд. Ин бустосаро ду гектар масоҳат дорад. Аз Хушунг боло. Роҳҳоро барои ҳамин дача ё бустонсаро, ҳавзи моҳиҳо ва кони тилло мумфарш карданд.

Мебоист аз Ромит то дарвозаи Ваҳдат роҳ таъмир ва навсозӣ мешуд. Аз мардум солҳову борҳост пул мегиранду мехуранд. Як грейдер як бор ҳамвор мекунаду тамом.

Дар ин бустонсаро-меҳмонхона моҳӣ бизнесашон аст. Мардуме, ки мераванд-катакатҳо, вазирҳову раисҳову генералҳо мехаранду мехуранд. Бори дигар мегӯям, ки ба коргарони ҳавзи моҳӣ пули дуруст намедиҳанд. Боз раисаш ҳақорат мекунад: не зан мемонад, на оча. Ту пул гуфтӣ гуфта. Як пуле медиҳанд барои хурдану намурдани кормандон.

Ҷияни Муҳиб кист?

Мардӣ, ки аз номард бар намеояд, пас баҳри худ шиор мекунад: «номард бошаму зинда бошам»-ро бар худ барчасп зад ва барои як умр.

Мо дар бораи ин шахс қаблан ҳам навишта будем. Дастобрезаки Муҳиби додари  Азизмои газетхонак. Ин касофат Шарифзода Фирдавс, директори литсей касбии техникии ноҳияи Шаҳритус аст: «Мегӯяд, ки «гапзанша ма м****м». Ва Муҳибро тағои худ мегӯяд. Хулас, ҷияни Муҳиб. Тамоми ноҳияро ба дод овардааст. Аз мағозаҳо даромада чизҳои лозимашро мегирад, аммо пул намедиҳад. Мошинҳои касифашро, ки ба фоҳишахона табдил додааст, ба нуқтаҳои мошиншуӣ бурда мешӯяд, инҷо низ пардохт намекунад. Дар мошинаш ҳар рӯзе ҳар гуна занҳо саворанд. Боз катагӣ карда мегӯяд, ки «тағам мега ай литсейют ягон пистачаи хушруша мада биёр, ки хдт дастш нарасонда бошӣ».
Бинои хобгоҳи литсей дигар барои хонандаҳо нест. Онҷо маркази дилхушиву кайфу сафои Шарифзода Фирдавс шудааст. Ба гуфти худаш ҳатто раиси ноҳия аз ӯ метарсад. Чунки ӯро кришааш вазнин аст. Бале, чанд аксе аз Муҳиб дар пеши мошинаш дорад. Шояд гуфтаҳояш дуруст ҳам бошанд. Чунки чанд маротиба мардуми ноҳия аз бетартибиҳову худнамоишдиҳиҳояш ба Прокуратураи генералӣ шикоят карда буданд ва аз прокуратураи вилояти Хатлон омада санҷида ин директори тарбиятгари ба тарбия мӯҳтоҷро чизе нагуфтанд. Чунки кришаи вазнинаш болои сараш ҳаст.

Боз мегӯяд, «и Шаҳритус барои мо данғарагиҳо Русия аст. Бале, ҳамаи бесаводони Кӯлобу Данғараву Восеъ ҳаминҷо ҷамъ омадаанд. Барои сокинони ин ноҳия кор нест. Маҷбур мешаванд, ки тарки оила намуда ба муҳоҷират бираванд.

Акси дар назди мошини Муҳиб  гирифтааш ҳам ҳаст.

Шарифзода Фирдавс дасти рости Муҳиб аст. Тибқи ҳикояҳои худашу бинобар таърифҳое, ки атрофиёнаш мекунанд вазифаи роҳбари Дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритусро ба рафиқаш гирифта додааст. Чи тавр гирифта додааст? Ҳозир мефаҳмонам. Маблағро рафиқаш ба Шарифзода Фирдавс додааст. Шарифзода бурда ба Муҳиб додааст. Муҳиб ба раиси ноҳияро занг зада фармон додааст, ки лоиҳаи қарорро дар зудтарин фурсат тайёр куну коргари навро қабул намо.

Боз як дӯсти дигарашро ба вазифаи директори муассисаи таълимии литсейи болаёқатҳои ноҳия овардааст. Мегӯяд мудири маорифро ҳам ман овардаам «рафиқи наздикмай, ягон кас гав метона задан, чикоремон форад мекунем давлат да дастмонаи». Прокурори ноҳия ҳамдеҳаам, вай низ аз Кангурт аст мегуяд.

Хулоса, ҳама хешу табору рафиқонашонро ҳаминҷо ҷамъ кардааст. Бародарашро оварда дар литсей ба кор монд. Аниқтараш номашро навиштаасту худаш умуман кор намеояд. Лек маоши давлатро гирифта истодааст.

Бо зердастони шавҳардораш дар робита аст. Хонаи чандин нафарро ба вайронӣ овард. Шавҳарҳо дар Русияву ҳамсарон бо Шарифзода Фирдавс дар ишратанд. Ин девонаро ҳаст ягон нафар, ки ҷамъ карда гирад, то ноҳия аз чунин ифлосҳо тоза шавад?

Хубтараш ҳамин мардуми Кӯлобу Данғарагиҳо ва дигар ноҳияҳои наздики онҷо, ки ин Семейка овардаанд ба ноҳияҳои худ раванд, то мо мардуми ноҳия Шаҳритусу Қубодиён барои худ кор пайдо кунем. Савод надоранд, вале афсус дар ҳар сохторе ин бесаводҳо роҳбаранд. Мо мардуми босавод овораву сарсони мулки рус ҳоҷатхона тоза карда мегардем. Дипломро бошад барои таги сандуқ гирифтаем.

Дилшод ва Даврон Ҷӯразодаҳо, дӯстони Рустами Эмомалӣ дар фикри фирор

Маълумоти нав дар бораи Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯраев, вобаста ба аъмоли ҷиноятӣ, фаъолиятҳо ва ширкатҳояшон ба мисли  F-55 — ширкати букмекерӣ, Fifty five group Tajikistan, Fardo investment global Uzbekistan ва UFC GYM Uzbekistan .Ва низ маълумот дар бораи душмании пинҳонии шахсии Даврон ва Дилшод Ҷӯраевҳо нисбат ба Хуршед Мирзо ва Ҳасан Асадуллозода.

Ширкатҳои Fifty five group Uzbekistan, Fardo investment global ва UFC GYM Uzbekistan, ки ба Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯраев тааллуқ доранд, тавассути намояндаи худ дар Ӯзбекистон-директори генералии ин ширкатҳо Кабир Рустам дар яке аз биноҳои боҳашамати шаҳри Тошканд бо номи PIRAMIT TOWER бино харидаанд.

PIRAMIT TOWER дар шаҳри Тошканд, кӯчаи Бобур 44 ҷойгир буда, аз 48 ошёна иборат аст. Кабир Рустам бо супориши Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев дар ошёнаи сеюми ин бино 2000 метри мураббаъ масоҳатро харидорӣ кардааст. Кабир Рустам ин биноро ба маблағи 5 миллион доллари ИМА харидааст, яъне ҳар як метри мураббаъ 2500 доллар: (2000 м² × 2500 доллар = 5 000 000 доллар).

Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев ба Кабир Рустам супориш додаанд, ки дар ин бино ду тарабхона ва як толори варзишии UFC GYM таъсис диҳад. Ҳоло Кабир Рустам барои оғози корҳои таъмирӣ дар ду тарабхона ва толори варзишӣ омодагӣ мебинад.

Пас аз пахши маводи махсусан ахир дар канали YouTube Ислоҳ дар бораи бародарон Ҷӯраевҳо, онҳо сахт ба тарсу таҳлука афтода асабонӣ ва нигарон шудаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба онҳо саволҳо пайдо доранд ва онҳоро барои қонунигардонии маблағҳои ҷиноятӣ ва саркашӣ аз андоз ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ба ҳамин сабаб Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев фавран ба берун бурдани маблағҳои ғораткардаашон аз Тоҷикистон оғоз карданд. Пас аз нашри филми YouTube онҳо ҳамаи муовинон, ёрдамчиён ва хадамоти амнияти худро дар дафтари худ дар Душанбе ҷамъ намуда, ҷустуҷӯи манбаи хуруҷи маълумотро оғоз карданд.

Ҳамчунин ба Кабир Рустам супориши фаврӣ доданд, ки дар маркази шаҳри Тошканд қитъаи замин харад, то сохтмони меҳмонхонаи навро оғоз намоянд. Кабир Рустам зуд дар минтақаи Қушбегии Тошканд қитъаи замини 1 гектариро ба маблағи 4 миллиону 200 ҳазор доллар харид, яъне ҳар як сотих 42 ҳазор доллар. Дилшод, Даврон ва Кабир Рустам мехоҳанд дар кӯтоҳтарин муҳлат сохтмони меҳмонхонаро оғоз кунанд. Тибқи нақша, меҳмонхона 12-ошёна ва дорои 160 ҳуҷра хоҳад буд. Нархи пешакии сохтмони меҳмонхона 18 миллион доллар баровард шудааст. Онҳо мехоҳанд ин меҳмонхонаро дар соли 2026 бунёд кунанд.

Пас аз пахши барномаи видеоии Ислоҳ.ТВ Даврон Ҷӯраев ва Дилшод Ҷӯразода бисёр тарсидаанд ва ҳоло бо ваҳму таҳлука даромада бо амрикоиҳо музокира карда истодаанд. Онҳо мехоҳанд ширкати букмекерии F55 (Formula 55)-ро ба амрикоиҳо бо нархи 400–450 миллион доллар фурӯшанд. Тибқи маълумоти манбаъ аз дафтари бародарон Ҷӯраев, онҳо роҳҳои махфиёнаи таъсиси ширкатҳои офшорӣ дар кишварҳои ғарбиро барои интиқоли сармояҳои ҷиноятии худ баррасӣ доранд.

Чӣ тавре маълум аст, қиморбозӣ аз нашъамандӣ ҳам бадтар аст. Аз сабаби фаъолияти ҷиноятии ширкати букмекерии F55 чандсад нафар дар Тоҷикистон худкушӣ кардаанд, ҳазорон ҷавон қиморбоз шуда тамоми пулу амволи худро аз даст додаанд ва ҳазорҳо оилаи ҷавон аз ҳам пош хӯрдааст.

Тибқи арзёбии пешакӣ, фоидаи софи солонаи F55 тақрибан 55–60 миллион долларро ташкил медиҳад, ки онро аз Тоҷикистон берун бурда, ба ширкатҳои офшории худ мегузаронанд, то дар сурати фирор аз Тоҷикистон дороӣ ва амвол дошта бошанд.

Низоъи байни Дилшод ва Хуршеди Мирзо

Айни ҳол байни Дилшод Ҷӯразода, Даврон Ҷӯраев ва муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо муноқишаи пинҳонии шадид дар ҷараён аст

Хуршед Мирзо, раиси Агентии навтаъсиси инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон мебошад, ки ширкатҳои букмекерӣ бояд ба он андоз ва маблағҳои иҷтимоӣ пардохт кунанд. Аммо ширкатҳои бародарон Ҷӯраевҳо аз ин пардохтҳо саркашӣ мекунанд. Бародарон Ҷӯраевҳо бо IP-адресҳои қалбакӣ даромадҳои худро пинҳон мекунанд, то система ҳаҷми воқеии маблағҳои дуздидашударо нишон надиҳад.

Ҳамчунин ин ду бародар чанде пеш дар Вашингтон буданд, вақте Эмомалӣ Раҳмонов моҳи ноябр ба Амрико рафта буд. Даврон ва Дилшод ба дӯстону шиносҳояшон мегӯянд, ки онҳо ҳамчун қисми ҳайати президентӣ ҳар вақт ба Президент ва роҳбари Дастгоҳи Президент дастрасӣ доранд ва метавонанд ҳар масъалаеро ҳал кунанд. Зеро Дилшод Ҷӯразода роҳбари ширкати давлатии Тоҷинвест ва Даврон Ҷӯраев президенти ассотсиатсияи TAJMMAF мебошад.

Тавре Шумо дар филми YouTube нишон дода будед, Даврон Ҷӯраев ба кулобиҳо нафрати беандоза дорад ва мехоҳад Ҳасан Асадуллозода ва Хуршед Мирзоро ба низоъи бузург кашад. Маълумоте ҳаст, ки Даврон Ҷӯраев қаблан борҳо кӯшиш карда буд, ки барои Ҳасан Асадуллозода мушкилот ба вуҷуд оварад.

Аз манбаъе дар Русия маълум шуд, ки Даврон Ҷӯраев дар солҳои 2016–2021 дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ кор мекард ва ба махзани маълумоти махфии давлатӣ дастрасӣ дошт.

Соли 2019 ширкати олмонии марбут ба Ҳасан Асадуллозода барои Тоҷикистон тавассути СММ ва Салиби Сурх аз Франкфурт ба воситаи Русия -аэропорти Шереметьево ба Душанбе бор фиристодааст. Вазни бор 4 тонна будааст ва гуфта мешавад, ки маводи аввалия барои доруҳои тиббӣ доштааст.

Даврон Ҷӯраев аз маълумоти хизматӣ истифода бурда, ба мақомоти гумруки Русия хабар додааст, ки ин бор ғайриқонунӣ ва эҳтимолан маҳсулоти асосии маводи мухаддири синтетикӣ мебошад.

Дар натиҷа, гумруки Маскав борро боздошт кардааст,ки дар пай ҷанҷоли дипломатӣ ба вуҷуд омадааст. Ширкати Ҳасан Асадуллозода бо истифода аз робитаҳои сиёсӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо душворӣ мушкилро ҳал кардааст.

Ба фикрам барои Ҳасан Асадуллозода донистани он ки фармоишгари ин мушкил кӣ буд, ҷолиб хоҳад буд.

Дар гурӯҳи ширкатҳои Fifty five group Tajikistan шахсе ҳаст, ки яке аз одамони калидӣ дар идоракунии бахши молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ тамоми ҷараёнҳои молиявӣ-доллар, евро, сомонӣ, USDT ва Bitcoin- ро идора мекунад. Ҳамчунин интиқоли ғайриқонунии пули нақд ба воситаи ба ном «почтаи афғонӣ» барои гурехтан аз андоз ва комиссияҳои бонкӣ анҷом дода мешавад. Ин шахс Ашуров Рифъат Абдурашидович-ҳамкурси Даврон Ҷӯраев дар Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия будааст.

Ҳамаи паролҳову кодҳо ва калидҳои электронии суратҳисобҳои бонкӣ ва депозитҳои бародарон Ҷӯраев дар дасти Рифъат Ашуров қарор дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон (Амният, Прокуратураи генералӣ, ВКД, Нозироти андоз ва Дастгоҳи Президент) ин маълумотро барои оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Даврон Ҷӯраев ва Дилшод Ҷӯразода истифода хоҳанд кард.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ва инак суоли асосӣ: ин ҳама сарват аз куҷо омад? Кони тилло, бустонсарои чандмиллиондоллара, ҳавзҳои моҳии садҳо миллионсомона, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои офшорӣ, толорҳои UFC GYM дар Тошканд, қиморхонаи F55 ва миллионҳо доллари ба хориҷ бурдашуда-магар ин ҳама аз маоши давлатӣ ҷамъ шудааст? Ё аз ҳисоби ҳамон миллате, ки имрӯз барои як бурда нон дар муҳоҷират сарсон аст?

Мардуми оддӣ дар Тоҷикистон барои пардохти барқ, андоз, иҷора ва як халта орд шабу рӯз азоб мекашанд. Ҷавонони кишвар дар Русия ҳоҷатхона мешӯянд, дар сохтмонҳо мемиранд, дар муҳоҷират таҳқир мешаванд. Аммо дар ҳамин вақт «Семейка» Ромитро байни худ тақсим мекунад: ба яке кони тилло, ба дигаре бустонсарои махфӣ, ба саввумӣ ҳавзҳои моҳӣ ва ба дӯстону шариконашон ширкатҳои миллионӣ.

Фоҷиа танҳо дуздии пул нест. Фоҷиа он аст, ки тамоми давлат ба як корхонаи хусусии як оила табдил шудааст. Роҳҳоро аз ҳисоби давлат барои дачаҳои худ месозанд, барқро барои бизнесҳои хусусии худ мекашанд, заминҳоро мисли мероси падарӣ тақсим мекунанд ва баъд дар телевизион онро «сармоягузории соҳибкорони ватанӣ» ё «шарикони рушд» меноманд.

Ҷӯраевҳо, ки имрӯз худро соҳибони империяҳои букмекерӣ ва молиявӣ нишон медиҳанд, хуб медонанд, ки ин сарват бе пуштибонии «Семейка» як рӯз ҳам пойдор намемонад. Барои ҳамин имрӯз пулҳоро ба Тошканд мебаранд, офшор мекушоянд ва роҳи фирор омода мекунанд. Чунки худи онҳо ҳам мефаҳманд, ки сарвате, ки бар пояи ғорати миллат ва фасод сохта шудааст, рӯзе ба гардани соҳибаш ҳалқа мешавад.

Таърих нишон додааст: ҳеҷ империяи фасод абадӣ нест. На конҳои тилло Фарзонаро наҷот медиҳанд, на бустонсарои Сомон, на миллионҳои F55 ва на дӯстии мансабдорон. Вақте миллат бедор шавад, тамоми ин қасрҳои сохташуда бар ашки мардум ба рамзи нафрат ва шармандагии «Семейка» табдил меёбанд.

То имрӯз ба «Ислоҳ» барои барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» Мақомотҳои гӯногун, раисони ноҳия ва шаҳру вилоятҳо пайваста занг мезананду мегӯянд: «чи мехоҳед, чи хизмат кунем, фақат ин барномаро нашр накунед». Чун дар ин барномаҳо аз дуздиҳо ва ғоратҳои худашон гап меравад. Мехоҳанд дигар ифшогарӣ нашаваду идома диҳанд. Аммо ҷолиб ин аст, ки то имрӯз аз тарафи ҳамин «Семейка» ва ё ягон мансабдори калоне, ки шабу рӯз «пешво, пешво» гуфта мегардад, ягон нафар занг назадааст, ки «барномаи Семейкаро дигар нашр накунед». Баракс, баъзе шахсони дар зинаҳои болоии ҳамин режим буда худ занг мезананду мегӯянд: «агар боз чи маълумот дар бораи ин семейка лозим бошад, медиҳем». Ин беҳтарин далел аст, ки ҳатто дар дохили худи система ҳам аз ин оила хаста шудаанд. Онҳое, ки имрӯз маҷбуран чоплусӣ мекунанду «пешво» мегӯянд, дар асл аз ин семейкаи носерам ба танг омадаанд.

Сообщение Семейка news №29 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№360
Ин бор номаҳо ба  почтаи «Ислоҳ»хеле зиёд ворид шудааст, ки мо бо навбат интихоб ва омода кардем. Ин номаҳо аз Данғара, Кулоб, Нуробод ва Душанбе расидаанд.

Гурӯҳе аз сохтмончиён аз Данғара дар сохтмони як бинои мутааллиқ ба ширкати «Ватан-иншоот» кор карда ва аммо кидат шудаанд. Ин ширкат ба Зоир Соҳибови домоди Раҳмонов тааллуқ доштааст. Зоир ин нафарҳоро  кор мефармояд ва маблағашонро намедиҳад. Ҳамчунин чанд нафар аз коркунон, ки намоз мехондаанд аз тарафи амният дастгир ва барои панҷ сол маҳкум ба зиндон мешаванд.

Як нафар аз сокинони Кулоб, ки аз чопи номаи пешинааш изҳори ташаккур кардааст, аз он шикоят мекунад,ки мудири мактаб ҳанӯз соли таҳсили нав шурӯъ нашуда волидонро маҷбур карда истодааст, ки барои фарзандонашон формаи мактабӣ бихаранд. Ин директори мактаб падару модари талабҳоро водор кардааст,ки дар сурати наовардани чеки сару либос фарзандонашонро аз ин мактб гирифта ба дигар мактаб диҳанд.

Дар номаи омада аз Душанбе боз ҳам дар бораи мавриди аз Русия бо роҳи фиреб ва ваъдаи авф овардани муҳоҷирони корӣ аст ки гӯё ба хориҷа пул гузаронидаанд.

Дар ин нома муаллиф аз саргузашти як нафар  менависад,ки барои раҳоӣ аз чанголи мақомот 150 ҳазор сомонӣ додааст.

Муаллифи номаи Нуробод аз беҷуръатӣ ва тарсуии сокинони  баъзе аз деҳаҳои ин ноҳия ба шиддат изҳори нигаронӣ карда мегӯяд, иллати ба чунин вазъу ҳол гирифтор шудани мардум баъзе аз бузҳо-хабаркашҳоянд, ки як гап нашуда зуд ба мақомот маълумот медиҳанд. Нависанда дар идомаи суҳбаташ аз он гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам духтурони бемористони Нуробод даст аз гирифтани ришва қафо накашидаанд.

Дар қисмати дуввуми ин нома муаллиф аз вазъияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ навиштааст.Ба гуфтаи муаллиф сабаби вуҷуди «дедовшина» дар артиш худи командирҳои рота будаанд.

Данғара

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз ноҳияи Данғара, аз зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мефиристем ва шикояти мо аз як ширкати сохтмонӣ аст ки корамон фармуду музди онро напардохт. Яъне мо як гурӯҳ ҷабрдидаҳо аз ширкати сохтмонии ҶДММ «Ватан- Иншоот» ҳастем. То ҷое маълумот дорем ин ширкат ба Зоир Соҳибов, ки бо лақабҳои Зоир Соҳибови мундуқ, Зоири калта, Зоири ҷайра маъруфу маълум аст ва «ата»-и Исмоили Пингвин, Исмоили даст ба хайри набераи  Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, тааллуқ дорад. Ин ҶДММ «Ватан- Иншоот»  ба номи кӣ расман сабти ном шудааст, номаълум. Дар ягонҷо сабт нашудааст. Ҳеҷ маълумоте ҳам дар бораи ин ширкат нест, ки роҳбараш кист? Аммо то ҷое мо медонем,ин ширкатро як шахс бо номи Умед роҳбарӣ мекунад. Ин Умед аз Кӯлоб мебошад. Гуфтанд, ки муовини дасти рости Зоири мундуқ мебошад. Дар вақташ барои Зоир ва Исмоил ба ҳайси човандоз ва аспбон (мирохур) кор мекардааст. Баъдан, намедонем кадом кораш ба Зоири мундуқ маъқул шудааст, ки ба ин сабаб Умедро дар бараш мегирад.

Ҳозир бошад ин Умед раиси ҶДММ «Ватан- иншоот» мебошад. Ин ширкат дар соли 2024 дар Данғара сохтмони як меҳмонхонаи байналмилалиро ба уҳда гирифт. Ин меҳмонхона дар назди бинои  ҳукумати ноҳияи Данғара, боғи Парчам ва аз тарафи дигар дар қарибии бино варзишгоҳи калони ноҳия қарор дорад.
Ин бино бояд то 12 ё 13 ошёна баландшавад. Аммо қаду басташ ба монанди биноҳои 20 ё 21 ошёна аст.
Дар сохтмони ин бино як гурӯҳ сохтмончиҳо кор карданд.Сохтмончиҳо як  бригадир доштанд, ки номаш Умед аз Советский-Темурмалики ҳозира буд, ки бисёр бачаи муъмину мусалмон буд. Вай мегуфт касе, ки намоз мехонад, биёяд кор кунад. Намозхонҳоро ба кор даъват мекард. Коргаронаш қариб, ки ҳамаашон намозхон буданд.Тақрибан 25 ё 27 нафар кор мекард.

Ин бригада бетони падушкаи биноро бо ҳамроҳи ҳамин бригадир рехтанд.  Маблағи ин кор 330 000 сомонӣ шуд. Аз ин маблағ як миқдорашро бачаҳо гирифтанд ва 108 000 сомониаш монд.

Раиси ширкат гуфтааст, ки бетони девори подвалро мерезӣ, маблағи деворро медиҳам, перекритаи подвалро мерезӣ, сипас маблағи аз падушкаи бино- 108 000 сомониро якҷо маблағи перекрити медиҳам. Кор дар деворҳои подвал ҷараён дошт. Бригадир додарашро ба кор фарёд кард аз ноҳияи Темурмалик. Баъди ба кор омадани додари бригадир ягон 4 ё 5 руз гузашт, ки аз амнияти Данғара ва аз амнияти Вахш се нафар ба назди бинои сохтмон омаданд. Пеш аз обед буд,ки ҳамаи коргарҳоро фарёд карданд ва одамони амният гуфтанд,ки як се -чор афғон омадааст. Баъд номи бачаи холаи бригадирро гирифтанд. Бачаи холааш бо ҳамроҳии додаронаш кор мекард. Яъне ду бачаи холааш бо ҳамроҳияш кор мекарданд. Ва баъд номҳои ду бачаи дигарро, ки аз Норак будаанд, гирифтанд. Боз номи бригадирро гирифтанд ва баъди вай бачаи холаи дигариашро ҳам бо худ бурданд. Бачаҳо пурсон шуданд, ки инҳоро куҷо мебаред? Амниятиҳо дар бораи ҳамон афғонҳо як, ду савол мекунему ҷавоб медиҳем гуфтанд.

Тахминан соатҳои 11-и пеш аз хуроки нисфирӯзӣ буд. Баъди рафтани онҳо бачаҳо ваҳшатзада шуданд, касе кор набаромад. Ҳамон рӯз, рӯз бегоҳ шуд, бачаҳоро ҷавоб надоданд. Онҳо гуфта буданд, ки як ду савол медиҳему ҷавобашон медиҳем. Аммо ҷавоб надоданд. Соатҳои 9 –и шаб яке аз бачаҳои Норакро ҷавоб доданд. Додари бригадир хавотир шуда ба назди бинои амнияти Данғара меравад ва мепурсад, ки «акай ман куҷо шуд,шумо гуфтед, як ду савол пурсида ҷавоб медиҳем». Посбони даҳани дар мегуяд, ки онҳоро ба амнияти шаҳри Бохтар бурданд.

Додараш мепурсад, ки барои чи бурданд, онҳо чи гуноҳ доштанд. Посбон мегуяд, ки он ҷо рафта пурс, мо чизе намедонем ва додараш фардо ба шаҳри Бохтар меравад. Муфаттиши амният мегуяд, ки ӯро ба модаи 307 пайравӣ аз равияи Салафия гунаҳкор карданд ва як бачаи холаашро ҳам ба ҳамин модда гунаҳгор карданд. Як бачаи холаашро бо ҳамроҳи он бачаи норакӣ ҷавоб медиҳанд. Умеди бригадирро бо ҳамроҳии дигар бачаи холааш бо модаи 307 гунаҳкор мекунанду   ба муҳлати 5 сол ҳардуяшро мешинонанд. Ин кор дар соли 2024 шуда буд, ки ин ҳар ду оиладор ва соҳиби ду фарзанди хурдсол буданд.
Ва дар сохтмони Данғара бошад кор дар ними деворҳои подвал мерафт. Он маблағи 108 000 сомоние, ки аз ҳисоби кор дар падушка монда буд, коргарҳо дар калаи додараш гузоштаанд. Коргарҳо гуфтанд тибқи шартномае, ки бригадир бо Умеди раиси сохтмон карда буд- бетони перекритии подвалро мерезӣ,баъд маблағи падушка- 108 000 сомонии мондагиро бо ҳамроҳии маблағи перекрития медиҳам, маблағи моро гирифта медиҳӣ. Ин қавлу шарти раиси сохтмон Умеди муовини Зоир Соҳибов буд.

Вақте он бригадирро маҳкам карданд, додараш бригадириро ба кала нагирифт ва дигар касро бригадир оварданд. Додари бригадир бо ҳамроҳи бригадири нав кор кард. Кори деворҳоро  ба анҷом расонданд ва ба сари маблағ ба Душанбе рафтанд бо ҳамроҳи бригадири нав. Додари бригадир хост, ки ҳамон маблағи 108 000 сомони мондагиро гирифта ба бачаҳое, ки дар падушка кор карда буданд,  диҳад. Додари бригадир дар падушка кор кардагӣ набуд. Аммо ба хотири бародараш хост, ки маблағи мондагиро гирифта диҳад. Вале раиси ширкат Умед мегуяд,ки шартномаи мо бо акаи ту ин хел буд. Қавлу қарор ин тавр буд,бетони перекритии подвалро мерезӣ, баъд маблағи мондагӣ аз падушкаро якҷоя медиҳам, Хуллас, Умеди раиси ширкат маблағро намедиҳад ва ба вай мегуяд, ки рав бо ҳамроҳии бригадири нав омадагӣ бетони перекритии подвалро бирез, баъд биё ман маблағи падушка-108 000 сомониро медиҳам. Хуб мегӯянду мераванд. Омада бетони перекритиро рехтанд. Тахминан дар 20 ё 22 рӯз. Баъд боз бо ҳамроҳии бригадири нав ба Душанбе, ки офисашон дар пушти бозори Султони Кабир поёни мости Султони Кабир қарор дошт, яъне офиси «Ватан Иншоот» омаданд, ки он вақт дар лаби дарё домҳои баланд ошёна се ё чор блока месохтанд
Ба инҷо назди раис омаданд. Гуфт,ки ака ҳамон пули бачаҳоро намедиҳӣ,то ман ба онҳо диҳам. Онҳо аз ман пул пурсид истодаанд. Раис мегуяд, ки рав демонтаж кун. Яъне ҳамон фанерҳое, ки дар таги бетон мондаӣ, бо ҳамроҳи домкрат аз болояш бетон мерезӣ, онҳоро аз таги бетон гир, тоза ва ҷобаҷо кун, баъд биё пулро медиҳам. Додари бригадир розӣ шуда меравад демонтаж мекунаду месупорад. Боз ба назди раис меравад. Раис мегуяд ту кор накардаӣ,ҳақ надорӣ ту. Аз байн қариб се- чор моҳ гузашт. Бачаҳое,ки аз аввали сохтмон, аз ҷумла дар падушка кор карда буданд, онҳо аз кор рафта буданд. Раис гуфтааст, ки «бра ҳаму бачоҳоера биёр, ки ҳамуво кор кадагиян уво кори мара партофта рафтиян, ма хдм қатишон гап мезанм, уво кори мара партофта рафтиян бо сум меган?»

Додари бригадир рафта бачаҳора меёбад. Чанд рӯз пас онҳоро гирифта ба офис меояд, аммо раисро намеёбад. Сипас чанд рӯз пас додари бригадир боз ба офис омада раисро яке меёбад. Боз ҳамон маблағро мепурсад. Раис дод зада мегуяд, ки ту ҳақ надорӣ кор, накардаӣ.

Бародари бригадир ба назди прорабе,ки кори ҳамон бригадирро қабул карда буд   меравад. Аз он прораб санад доштааст. Дар санад прораб корро қабул карда имзо гузоштааст, ки ман дар ҳақиқат кори акаи ҳаминро қабул кардам, ҳамин қадар маблағ мешавад, ҳамин миқдорашро гирифтааст,108 000 сомони дигараш мондааст гуфта имзо кардааст прораб. Боз додари бригадир гашта ба назди раис мераваду мегуяд маблағи бачаҳоро намедиҳед. Раис бошад мегуяд,ки ту кор накардаӣ «иди на..й» ва ӯро аз офисаш пеш мекунад.

Бо ҳамин маблағи он бачаҳоро то ҳол надодааст.
Бачаҳо мегуянд,ки ҳар вақте ҳамин раиси сохтмон Умед ба Данғара меомад, началник милиса, началник амнияти Данғара дар пешаш ҳаштқаду нуҳқад мешуданд бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Данғара. Боз бачаҳо мегӯянд, ки милисаҳо ва амниятиҳо дар пеши раиси Умед ташкилӣ мехӯрданд. Ҳамин раис самбусаро мегирифтасту тарафи милисаҳо ва амниятиҳо мегуфтааст «мехрӣ» ва худаш мехурдааст- издеватсия мекардааст. Дар ҳамин масъала қандашро занад, ки амниятиҳоро бо милисаҳо издеватсия мекардааст.

Аллоҳ лаънататон кунад милисаҳо ва амниятиҳо хизматашон кунед. Боз аз ин ҳам бадтаратон кунад, лаънатиҳои бадбахт.

Кулоб

Ассалому алайкум Муҳаммадиқбол, бародари муборизи роҳи ҳақ. Номаро аз Кулоб равон мекунам.Ин бори дуввум аст ки ман ба шумо менависам.Номаи аввалини ман дар бораи Қунғуротзода, собиқ сардори милисаи Кулоб ва ҷиноятҳои содирнамудаи вай буд.

Албатта нашр шуд. Навори онро мо дар Ютуб ҳам тамошо кардем. Ман ин бор чи гуфтаниам?Маҳаллаи мо дар Кулоб бо номи кучаи Содиқов машҳур аст.

Дар ҳамсоягии мактаби мо, мактаби 52 шаҳри Кулоб дар ҳамин кучаи Содиқов узбекзабонҳо зиндагӣ мекунанд. Дар самти дигари мактаб кучаи Тамоштепа воқеъ мебошад.

Дар бораи ин мактаб гуфтаниам, ки талабаҳоро маҷбур карда истодаанд, ки формаҳои мактабӣ гиранд. Ман ба муаллима гуфтам, ки чор фарзанд дорам, ман аз куҷо меорам ин қадар пулро, ки ба ҳар як  фарзандам форма харам? Ин формаҳо ҳар хел  нархнома доранд:-аз 200 то 300 ва 350 сомонӣ. Тақрибан ҳамин хел. Ман аз куҷо биёрам ин қадар сумро? 4 фарзанди ман мактабхон ҳастанд. Аз 1000 то 1200 сомонӣ мешавад. Ман худоро шукр метавонам харидорӣ карда ба фарзандонам. Аммо мардуме, ки надорад,бечора дар хонааш ба солу моҳҳо гушт намехурад, ки ба фарзандаш сару либос харад.

Э,мардум, э ҳукумат,э,маориф шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Раиси шаҳри Кулоб, ки нав шудааст,куҷоро нигоҳ мекунед? Нишон диҳед ба мардум кору фаъолиятатонро, ки бинанд мардум. Ҳама корҳои шумо дар назди ин мардум ҷавобгарӣ дорад. Дар пешгоҳи худо чи хел ҷавоб медиҳед? Ҳол онки шумо масъулед, вазифадоред, ки ба мардум як каме ҳам бошад, сабукӣ биёред.

Мардум худаш навакак аз селе,ки омад зарари вазнин дид. Куҷост имону инсофи шумо?

Бародар Муҳаммадиқбол. Дар ин мактаб, мактаби №52 директораш як зан аст ки зани дуввум мебошад. То он ҷое ман медонам шавҳараш ҳам коргари давлатист. Ин муаллимаро пешаш меравӣ, гуё, ки як инсони хуб дар назар метобад. Аммо ман намедонам, ки чи ин қадар водор мекунад муаллимаро, ки ба мардум ин қадар зулм мекунад. Падараш ҳам бо худаш дар он мактаб кор мекунад, ба ҳайси бухгалтер. Вақте ки ман ба муаллимаҳои фарзандонам мегуям, ки мо намегирем формаи мактабӣ, ин муаллима гашта мегуяд, ки агар чек барои формаи мактаббачаҳо нагиред, биёед фарзандонатонро гиреду дигар мактаб баред. Чунки моро ҳам директор маҷбур мекунад,ки ба ҳамаи талабаҳоятон бояд чек бигиреду биёред.Чекро меравӣ аз кооператор мегирӣ меорӣ ва ба дасти директор ё ки роҳбарони синфҳо медиҳӣ. Баъд фарзанди ман метавонад, ки боз то соли дигар озодона гардад.

Бародар, ман боз мебинам, ки баъди чопи ин нома ягон тағйирот мешавад ё не. Ман боз менависам. Ин бори номи директорро ҳам менависам.

Ному насаби муаллима Хушбахтзода Гулангез аст. Ногуфта намонам, ки як автомошинаи Хундай ҳам дорад, ки сафед аст. Шишаҳояш темнит кардагӣ. Номерҳои мошинашро бигзор нагӯям. Ҳамин қадараш кофист. Худаш мефаҳмад.

Худо нигаҳбонатон бародар. Ин номаро ҳарчи зудтар нашр кунед, хуб мешавад. Чунки ҳамин алъон сумҷамъкунӣ доранд.

Нуробод

Ассалому алайкум домулло як пайғоми маро ба мардуми бечораи Нуробод расонед ки ин қадар натарсад аз ҷумла мардуми Хумдон мардуми Самсолиқ, мардуми Ҳакимӣ, дараи Мучахарф, райони куҳна, райони нав, Яхак, Истон,Яхч. Мардуми Тегирми ку полний чмо шудагӣ, ранги муш. Масҷидашон маҳкам.Мегуӣ масҷидатонро маҳкам карданд, мегӯянд «хай ҳаму амният гунаҳкор». Парвои масҷид надоранд. Ин қадар мардум тарсончак шудаанд, нурободиҳо. Мардуми Тегирми ку мурғи тухм кун шудаанд. Ҳамсояашро барои риш, барои дарс додани «Қоидаи бағдодӣ» мебаранд амният, мегӯянд, ки хубаш карданд. Тавба ин қадар ин мардум беимон шудаанд.

Мардуми Шашволон баъди нашри номаҳо дар «Ислоҳ» хело хуб шуданд, оштӣ карданд. Фақат Комили Мирзохуҷа бо группаи худаш чор нафар Мерган Муродалӣ, Бахтиёр ва Баҳриддин хело одами хуб шуд. Лекин ҳоло ҳам қоидаи бузиашро напартофтааст. Ду тарафа бозӣ мекунад. Дар пеши усто Муқим Комилро мегӯяд, дар пеши Комил Орифрро мегӯяд. Одати безеб, ҳамин одатро парто Баҳриддин, ки дигар корҳои бузиатро менависем. Аммо ин дафъа бисёртар ва муфассалтар менависем, аз он ҷумла дуздиҳоятро. Як тарафа бозӣ кун бо мардуми бо шарафи Шашволон.

Мулло Муҳиддинро аз қафояш ҳар гап нагу. Хитоб ба Хуршеди муаллими дароз! Мулло Муҳиддинро дар амният нафуруш. Чи коре кунад, дарав хабар мекашӣ. Аз худо битарс.

Мулло Муҳиддин куҷое меҳмонӣ равад ё ягон меҳмон хонааш биёяд дарав хабар накаш. Хуршеди муаллим бидон, ки огоҳӣ як бор мешавад. Шамси 3 тилфона мардумро ҷанг андохту худаш гурехта Русия рафт. Моямоли Исмоили дастбахайр шудааст. Шайтони калон ҳамон буд.Ҳозир худашро калон гирифта гаштааст Шамси 3 тилфона.

Огоҳӣ  ба Манучеҳри Шафӣ.Ҳамроҳи падарат ҳочӣ Шафӣ мулло Муҳиддинро сиёҳ накунед дар назди мардум. Манучеҳр бузиро бас кун, мулло Муҳиддинро ин қадар ғам надеҳ. Ҳозир дар Кумитаи замин вазифаи калон гирифтаӣ, ҳавобаландӣ накун Манучеҳр.Ту ба гуфти худат депутат ҳастӣ. Мардумро бар зидди мулло Муҳиддин накун ҳамроҳи падарат ва ҳамроҳи бачаи ҳоҷӣ Тақдир Саиди майдабоз.Аз худо битарсед, ислоҳ шав Манучеҳр. Маълумоти бисёр корҳоят ҳаст:- чи хел пора мегирӣ, чи хел заминҳоро документ мекунӣ. Ҳушатро дар сарат гир.

Домулло ҳамон нома мардуми Шашволонро хело ислоҳ кард. Беҳтарин барнома  аст «Номаҳо аз ноҳияҳо». Худованд аз ин ҳам бештар муваффақатон гардонад ва  мардуми Тоҷикистонро аз зулми амният, милиса ва фиръавни асри 21 халос кунад. Ё рабӣ, Ё рабӣ, Ё рабӣ,

Омин,Омин, Омин.

Домулло хеле корҳо созтар шуд. Вале ҳамин порагирии коргарҳои болниста кам нашуд, аз ҷумла Шафоатова Зарина бас  накард. Боз як духтури дигар бо номи Муҳаммад аст, ки бо лазер дасти кудакҳоро ҳалол мекунад. Аммо беҳад гарон мегирад. Аз як кӯдак 750 сомонӣ мегирад. Аз Худо битарс доктор Муҳаммад. Ин Қосимов Иброҳим бошад ҳамон ҳамон кораш -пора гирифта гаштааст.

Солеҳзода Фатҳуддини, раиси Нуробод дар маҷлисат мегӯӣ, ки ин гапҳои хоинҳо дурӯғ аст. Хоинҳо не, мо худамон дар даруни мардум ҳастем, мебинем порагириро.

Инҷо Муҳаммадиқбол гунаҳкор нест. Инҷо шумо муҳтарам раис гунаҳкор ва коргарҳои амният ва милисаат, ки фақат муллоҳоро меқапанд. Порагирҳоро биқапед, мардуми бегуноҳро нақапед. Одамони ришдорро мебинед фақат амният ва 6 –ой отделро хабар медиҳанд. Аз Аллоҳ битарсед.

Ин қадар натарсед. Ба чанде, ки амният фишор меораду 6-ой отдел камтар  гап занед. Ҳеҷ набошад ба «Ислоҳ» нависед. Бахудо баъзеи инҳо  як намуд тарсончак шудаанд, ки милисаро мебинанд ё амниятро ду даста, таъзим карда салом мекунанд. Мурданатон беҳ баъзе аз мардуми Нуробод.

Ин раиси Нуробод Солеҳзодаи мундуқча ягон пешравӣ намекунад. Фақат ба баҳонаи чорабинии варзишиву наврузӣ аз мардум пул металабад.

Ва ҳоло, ки маъракаи даъват ба артиш идома дорад дар бораи хизмати аскарӣ аз саргузашти худам мегӯям.

Соли 2019  падарамро амнияти Нуробод фарёд кард.Ман Русия будам. Падарамро амният 10 руз маҳкам кард. Модарам телефон кард,ҳамин хел ҳодисаву хезу биё. Падаратро амният маҳкам кардаст. Маҷбур шудам билет гирифтам омадам. Маро акарӣ ба қушунҳои сарҳадӣ дар Душанбе бурданд. Баъд перевод карданд Помир.

Он сабабе, ки дедовшина мегӯянд, ҳамааш худи командирҳоянд. Командири рота демблҳоро мегӯяд,ки «бзанен сарбозои нав омадагира».Баъд демблҳо як солаҳоро мегуянд, ки шумо чумо ҳастед,чаро шашакоро-навомадаҳоро намезанед? Пас даъвати 6 моҳ зиёд хизмат кардагӣ шашакҳо-молодойҳоро   строй мекунанд ва дар сушилка яъне ҷойи утюгкунӣ,ҷои пӯшокдӯзӣ ё ки дар баня   мезананд,навдаъватшудаҳо-шашакҳо ва молодойҳоро.То ба дараҷае,ки молодойи нав омадагӣ аз ҷон безор шуда даст ба худкушӣ мезанад,ё сӯзан мехурад ё худашро мепаронад.

Охир ҳар шаб призивҳои пешомада бечораи молодойҳои навомадагиро мезананд. Соати 04:00 подём медиҳад шашакҳову молодойҳоро,то соати 06:00 пол мешаканд.Вақти полшакит, ки сари ту хам дар шикамат бо пойҳояшон мезананд, азоб мекашӣ. Барои ҳамин ҳамааш айби командири рота, старшинаи рота, прапоршикҳо. Ҳаминҳо призивҳои болоро мегӯянд, ки як солаҳоро чмо кунед. 6акҳоро  мезананд. Онҳоро строй мекунанду мезананд.

Ман худам 4 дандонам шикаст дар хизмат. Мезананд дар руят ба мушт. Глоткааро меҷафанд, нафасат мегирад. Вақте глотка мезананд, нафасат мегирад, мешинӣ. Мегуянд ту бузӣ, ё …ҳастӣ. Бояд чанде мезананд хап рост биистӣ ва онҳо чанде форадашон задан бигиранд. Ин азоби задану шаллоқ бисёртар дар ротаи комендатура сурат мегирад. Ҳар шаб задан баъди ужин,то вақти хоб. То вақти хоб пушокҳои деблҳоро утюк мекунӣ, мешуӣ, пушокҳои сержантҳоро.

Хулосаи гап домулло хизмат азоб, фақат ҳақорат: апаатро фалон кунам. Гапи задагии командирро гапи дембл ба молодой як ҷаҳаннам хизмат агар биравӣ шикоят кунӣ, мезананд. Командири ротаро гӯӣ сержантҳоро фарёд мекунад ва фармон медиҳад, ки баред ин бузичаро бизанед, дигар бузӣ накунад. Қасами ҳарбӣ бо номи пешови миллат содиқона хизмат мекунам ҳаст. Хурду хурок фақат приловка, гарохшурбо, обро ба макарон меҷушонанд медиҳанат. Як хлеб ба се нафар тақсим,сер намекунӣ аз хлеб.Хурокҳои бекалория

Мардум Хумдон, мардуми Зорун, амният ҳоли ин мардумро ба танг овардааст барои облава. Бачаҳоятонро дар Русия насиҳат кунед, ки Ислоҳу Гурӯҳи 24 тамошо накунанд. Дараки ҳамаашро дорем мегуяд амният.

Дар масҷидҳо маҷлис мекунанд, кӣ менависад, медонем мегуяд. Охир рафиқ командир ман ҳамончо дар маҷлис шиштагӣ будам, дар рӯбарӯят.Гуфтед як хоин ҳаст,мо мондагиашем,нигоҳаш дорем, хуб мешносемаш. Дар ҳоле,ки ман ҳамонҷо рубаруятон шишта гуш доштам. Вале намегуям кадом қишлоқ. Чи даркор гапҳои дурӯғу воҳима мегуед. Гоҳо аз Русия мегӯед,боз меистеду аз дарун мегӯед. Барои онки намедонед, просто мехоҳед храп занед, мардумро тарсонед.

Ҳеҷ касро намеёбед, дар гӯшҳои мардум лапша кашол накунед, ин қадар, ки мо зӯрем. Ҳиҷчи нестед. Кори шумо фақат зулми мардуми бегуноҳ аст, тамом. То ҳозира ягон нома нависро нақапидаед. Ҳамаамон ҳастем, дар дохилатон ва ҳаррӯз ҳам мебинему озодона мегардем ва мушоҳида мекунем ва боз ҳамон хеле будем ба «Ислоҳ» навишта истодаем.

Мардум натарсед, инҳо  ҳеҷ касро нақапидаанд. Фақат бо тӯҳмат касеро зиндон кардагианд, тамом.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№360 появились сначала на ISLOH.net.

Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт»
«Ҳар кӯҳнагадое, ки тавонгар гардад…Умар Алиматов барқи хонаашро бо дуздӣ аз Медгородок таъмин мекардааст. Аммо инҷо Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт чи рол бозидааст?»

Умар Алиматов: Бо ин ном дар Тоҷикистон хелеҳо шиносанд. Умуман Алиматовҳо аз афроди машҳур мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо қиссаву ҳикояту ривояти хоси худро доранд.

Аммо Умар Алиматов, бизнесмен, катазан, нафаре, ки тавлиду истеҳсоли бӯза- пивои чехиро нахустин шуда дар Душанбе ба роҳ монда таҳти номи «Сим-сим» ба фурӯши он пардохт. Сим-сим на фақат пиво, ҳамчунин исми занҷираи ресторанҳои Умар Алимтов ҳам ҳаст, ки дар худи Душанбе дар чанд ҷой амал мекунанд.

Моҷароҳои додгоҳӣ, ҷангу занозаниҳои аъзои ин хонавода ҳам ҳар сари чанд вақт дар расонаҳо хабари аввал мешуданд. Умар Алиматов дар тиҷорати наркотика ҳам як замон гӯи сабқат карда буд. Ва, то чандин муддат ин тиҷоратро контрол ҳам мекард, пеш мебурд. Ҳатто маводи мухаддирро бо ҳелекуптер (вертолёт)-ҳои части 3102и Суҳроб Қосимов ба Хуҷанд интиқол медод. Аз онҷо тавассути Автобусҳои мусофирбар ба Русия интиқол медоданд. Ин корро ҳамроҳ бо бародари Генерал Суҳроб Қосимов якҷо анҷом медоданд. Ҳамон солҳои 2005 КДАМ ин гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро боздошт намуд. Дар ин ҳалқа ё гурӯҳ Раҳмат, Маҳмад ва Давлатшо ҳамроҳ будунд. Аммо аҷоиби кор ин аст,ки пас аз боздошти ин гурӯҳи қочоқбарон,ки борро дар як части Суҳроб Қосимов тахлия карда буданд ва ҳангоми интиқол боздошт шуда буданд. Бо дахолати Суҳроб Қосимов ҳамаро озод карданд. Дар поён чигуна духтари Давлатшо Нодираро Умар Алиматов бо кадом сабаб ба занӣ мегирад хоҳем гуфт.

Ҳатто дар як маросими намоиши молу коло дар шаҳри Душанбе худи Эмомалӣ Раҳмонов вақти дидан аз тавлидоту фаровардаҳои ширкатҳо, вақте аз назди ғурфаи мансуби ширкати «Сим-сим» рад мешуд тарафи яке аз Алиматовҳо гуфт, ки ана акнун ба кори ҳалол ёфтӣ дигар бо наркотик заниматса накун. Яъне Раҳмонов ҳам огоҳ ва хабардор буд.

Аммо ин сумдори калон ва дар гузашта аз боевикҳои Фронти халқӣ, ки аз инсоният ва одамият кам баҳра ва бӯ бурдааст чанде пеш даст ба коре задааст, аслу асосу ӯву шахсияти ӯро намоён мекунад. Свети хонаи истиқоматиашро ба таври дуздӣ дар ноқили Медгородок, беморхонаи шаҳри Душанбе пайвастааст. Тавассути нозирони барқ ба даст меафтад.

Идомаи моҷаро аз чи қарор аст, аз ҳикояти наздикон, дурусттараш бигӯем огаҳони ин ҳодиса хоҳед фаҳмид.

Барқ дуздӣ : «чӣ гуна Алиматов зери ҳимояи Музаффар Юсуфӣ қарор гирифт?»

Бо дуруди фаровон ба устоди муҳтарам, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳайати кормандони расонаи маъруф ва ҷасури «Ислоҳ». Дар ин навишта ҳодисае ҳикоят карда мешавад, ки як калимааш ҳам ҳосили тахайюл нест, ҳамагӣ ҳақиқат ва воқеият аст ки ҳамин чанд моҳи пеш иттифоқ афтод.

Ман мехоҳам дар бораи шахсе сухан кунам, ки рафтори вай инсонро ба ҳайрат меорад. Ин шахс як бизнесмени дузди Тоҷикистон Умар Алиматов, роҳбари ширкат ва тарабхонаҳои Сим-Сим мебошад.

Ин шахс қувваи баркро медуздад, маблағи ҷаримаро пардохт намекунад, аз кормандони барқ маблағи калон мегирад ва онҳоро тавассути мақомоти шиносш маҳкам намуда аз кор пеш мекунад.

Устод, инро бояд мутазаккир бишавам,ки ҷабрдидаҳо наметавонанд ному насаби худро  ба ҷиҳати бехатарии ҷони худу пайвандонашон ошкор намоянд.

Ин нафарон дар горсвети ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекарданд.

Дар асоси муроҷиати роҳбарияти беморхонаи рақами 5, яъне Медгородок дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки масрафи барқаш баробар ба даҳҳо ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми қарзаш садҳо ҳазор шудааст, як корманди ин идора бо ҳамроҳии як ҳамкораш дар беморхонаи мазкур санаи 11.02.2025 санҷиш мегузаронад.

Санҷиш нишон медиҳад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок ин дуздии барқ аз ноқилҳои ин беморхона мебошад. Вақте кормандон таҳқиқи ин вазъро шурӯъ мекунанд, маълум мешад, ки ноқили дуздии пайвастшуда ба хона (қасри) Умар Алиматов тааллуқ дорад. Ин хона дар бари беморхонаи мазкур қарор дорад. Умар Алиматов аз ин шароити «ҳамсоягӣ» истифода бурда бо таври пинҳонӣ тӯли чандин солҳо аз ҳисобкунаки беморхона ноқил гирифта бешарафона ва бешармона барқро истифода менамудааст.

Кормандони идораи барқ ин ҳолатро ошкор намуда пурра ба навор мегиранд, ( навораш маҳфуз аст) ва бар муқобили шаҳрванди барқдузд Умар Алиматов акти ҷаримавӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ тартиб медиҳанд ва тибқи талаботи қонун барқи коттеҷи ӯро қатъ мекунанд.

Ба энергетики Умар Алиматов, ки номаш Комил мебошад, мефаҳмонанд, ки шумо бояд ноқили дуздии худро фавран аз ноқили беморхона ҷудо намуда 151 ҳазор сомони барқи дуздишударо ба манфиати беморхонаи Медгородок пардохт намоед, то мо барқи шуморо пайваст намоем. Комил дарҳол бо Умар Алиматов ҳамсӯҳбат шуда ҳолатро пурра мефаҳмонад.

Умар Алиматов ба Комил мегӯяд, ки ба кормандони горсвет гап зан, токи ин ҳолатро ба ягон нафар, хусусан роҳбари беморхонаи Медгородок хабар надиҳад ва барқро рӯшан кунанд. «Ман омада чанд суме бошад пардохт менамоям».

Онҳо барқро гирён мекунад.

Пагоҳ Комил ин кормандони идораи барқро даъват карда ба онҳо мегӯяд, ки Умар Алиматов бародарвор хоҳиш кард, ки ин корро бе овозаву дарвоза ҳал кардан даркор. Зеро агар гап ба боло, то раиси шаҳр равад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок Умар Алиматов мебошад, шояд ба ман проблемаи сахт шавад, ман беобурӯ мешавам ва мегӯяд мо ҳамаамон аз як минтақа Данғара ҳастем, бояд якдигарро дастгирӣ намоем. Хуллас, суханҳои бисёр барои ба дом афтонидани кормандони барқ мезанад. Комил мегӯяд Умар Алиматов гуфт 80 ҳазор сомониро медиҳам, чанд сомонии дигарашро ба суратҳисоби Медгородок мегузаронам ё ба роҳбари беморхона медиҳам. Хуллас, ин корро бе ягон овоза ҳал кунанд.

Ин кормандони барқ ба барқчии Умар Алиматов, ки пеш дар горсвети Душанбе кор мекард, яъне  Комил, бовар карда розӣ мешаванд ва мегӯянд, ки ҳаҷми ҷаримаро кам менамоем -60 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби беморхонаи Медгородок мегузаронем, 20 ҳазор сомонии дигарро мо тақсим менамоем.

Баъдан Комил меравад. Як рӯз пас, рӯзи 14. 02.2025 ба ин кормандон тамос гирифта мегӯяд ба пеши Медгородок, хонаи Умар Алиматов биёед. Онҳо ба онҷо мераванд. Комил барои боз ҳам ба боварии кормандони барқ даромадан, «илтимос коре накунен, ки гап барояд, ман ба сарам ҷавоб медиҳам» гуфта аз сари 80 ҳазор сомонӣ 5 ҳазорашро мегираду 75 ҳазор сомонӣ ба онҳо медиҳад.

Ин кормандони барқ намедонистанд, ки дар доми аждаҳор афтодаанд. Чунки, дар ин лаҳзаҳо, пас аз ба мошин савор шудан, онҳоро кормандони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дастгир намуда рост ба бинои Прокуратураи нақлиёт мебаранд.

Ва кормандони Прокуратураи нақлиёт барои корро калон ва пурвоҳима нишон додан дарҳол рафта тамоми кабинетҳои идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомониро муҳр зада мошинҳои ин корманди барқ ва ҳамкорашро дар прокуратура маҳкам менамоянд. Маълум шуд, ки Умар Алиматов барои ба дом афтонидани кормандони идораи барқ бо генерали Прокуратураи транспорт Музаффар Юсуфӣ, ки одами наздики вай мебошад,маслиҳат кардааст.

Наздикони ин кормадони дастгиршуда барои халосии онҳо ба тамоми нафарони наздики генерал Музаффар Юсуфӣ то ба Комил Мирзоалиеви роҳбари Рохи оҳан баромаданд, аммо корашон ҳал нашуд. Ҷавоб фақат як сухан. «Рафта дили Умар Алиматовро ёбед. Агар ман бе иҷозати вай ин корро ҳал кунам Умар метавонад ба ман проблема кунад».

Барои розигии Умар Алиматов ба тамоми шахсони наздики ӯ хусусан генерал  Суҳроб Раупов ва яке аз додарони худи Умар Содиқ одам ёфтанд. Вале сухани ягон нафарро нагирифт. Дар ҷавоб фақат мегуфтааст, ки «ин ду кӯдак бояд наказат шаванд ва бидонанд Умар Алиматов,кӣ аст!»

Мо то ин андоза боқувват будани мафияи Умар Алиматовро баъд фаҳмидем. Дуъо мекунем ба даргоҳи Аллоҳ, ки ин мафияро ба монанди мафияи Исмати Дулик шикаст диҳад.

Аз байн 3 рӯз гузашт. Онҳо дар ҷустуҷӯи «таға» буданд то дили Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфиро ёбанд.

Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфӣ барои шикастани бачаҳо, ё барои баланд бардоштани ставкаи сум ё намедонам барои чӣ нисбати онҳо бо моддаи 319, қисми 4- сангинтарин ҷазо- делои ҷиноӣ оғоз намуданд. Яъне дидаву дониста барои баланд бардоштани ставка ва шикастани кормандони барқ, ки моддаи зикршуда барои кормандони давлатӣ аст, на нисбати кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҶСК -ҳо (дар поён мегӯем чи хел статяро иваз карданд). Хуллас, ҳама дар гиряву нола, ки ҳарду бача суд мешаванд. Зеро ин статия ҷарима надорад, фақат аз озодӣ маҳрум намудан аз 7то12 солро дар бар мегирад.

Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда барои проблема накардани роҳбарони барқи шаҳри Душанбе, ки кормандонашон ба ин кор даст задаанд, садҳо ҳазор сомонӣ пора мегирад.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ намудани тағо ҳама ҷо баромаданд ва розӣ буданд ба ҳар маблағе бошад ин нафарҳоро аз ИВС бароранд.

Дар ин ҳол як нафари шинос гуфт, ки ҳамсинф ва ҳамсояи ман наздиктарин шахси наздики Умар Алиматов мебошад. Вай метавонад 100 фоиз ин корро ҳал намояд. Ман бо он суҳбат кардам. Он шахс номаш Сиёвуш мебошад, ронанда ва началники охраннаи Умар Алиматов будааст.

Онҳо бо ҳамроҳи падари яке аз нафарони боздоштшуда бо Сиёвуш вомехуранд. Сиёвуш гуфт ман наздиктарин шахси Умар Алиматов мебошам. Маро ҳатто аз фарзандаш зиёд эҳтиром менамоям. Ман ин кори шуморо 100 фоиз ҳал менамоям. Гуфт: «агар акаи Умар ба Музаффар Юсуфира бга бмбр Музаффар мембра. Гап -гапи акаи Умарай. Ҳозир агар бхоҳа меброрашон».

Боз ханда карда гуфт «кадом шахсе бо акаи Умар сарбасар шава ҳамин хелшон мекна. Чанд соле, ки ма катиш кор кардаам чандин кормандони идороҳора ба воситаи Музаффар Юсуфӣ ҳамихел кардааст. (Аз ким кадом сохтмончӣ барои сохтмони мактаб, аз ким кадом судя, милиса ва чанде пеш боз кормандони барқи ким куҷо). Хуллас, ин Умар Алиматов дар ин масъала таҷрибаи калон доштааст. Дар охири суҳбаташ гуфт: «имшав бо акаи Умар маслиҳат мекунам, вай ба генерал Музаффар Юсуфӣ занг мезанад, пагоҳ ҷавобша мегӯям».

Пагоҳ омад гуфт маслиҳат хамин хел шуд, 50 ҳазор долларӣ. Дар умум 100 ҳазор долар медиҳед коратон ҳал мешавад ва аз ИВС ҷавобашон медиҳанд ва гуфт аз ин 100 ҳазор 20 ҳазор доллараш ҳақи ман аст. 80 ҳазорашро ба акаи Умар  Алиматов медиҳам. Вай худаш бо генерал ҳал мекунад.

Наздикони боздошт шуда аз вай хоҳиш карданд ин маблағи калон аст, мо аз куҷо меёбем, камтар раҳм кунанд. Вай гӯё ба ғазаб омада гуфт шумо ҳамаҷо баромадед «кортон ҳал нашид, ин кора акаи Умар ба хотири ман ҳал мекна. Набошад ҳарду бача мешинанд, хушру фигр кунен».

Дар охири суханаш гуфт, майлаш, ман шуморо мефаҳмам 10 ҳазор аз ҳақи ман кам кунед мешавад. Дигар роҳу илоҷ набуд. Дар як рӯз аз хешу таборҳо қарз намуда 45 ҳазор долларӣ, дар умум 90 ҳазор доллар ба Сиёвуш расониданд. Барои онки онҳоро аз ИВС халос кунад. Аммо боз ба доми фиреб афтоданд. Зеро аз байн ду рӯз гузашт. Бачаҳоро аз ИВС-и Прокуратураи нақлиёт ба СИЗО бурданд. Наздикони боздошт шуда ба Сиёвуш гуфтанд маслиҳат ин хел набуд.

Сиёвуш гуфт сабр кунед, ҳал мекунем. Сумҳоро гирифтанд: 30 ҳазорашро акаи Умар гирифт, 50 ҳазорашро ба генерал Музаффар Юсуфӣ дод ва боз афзуд, ки барои овоза нашудан бояд дар СИЗО як ҳафта биистанд.

Аз байн 2 ҳафта гузашт. Вале аз баровардани бачаҳо аз СИЗО ягон ном ва нишон набуд ва муфаттишони Прокуратураи нақлиёт ҳам дар рафти пурсиш мегуфтанд: «аз боло ягон супориш нашудаст».

Сиёвушро даъват намуда  ва баландравӣ карда мегӯянд, ки аз байн қариб 20 рӯз гузашт, аз кор ягон ному нишон нест, пулҳоро баргардон. Барои он бо ин қадар маблағи калон бо Шумо розӣ шудем, ки онҳоро аз ИВС бе ягон проблема бароред. Ин хел бошад мо бо адвокат ва муфаттишон сӯҳбат кардем. Ҷинояти инҳо мутобиқи дигар статия мебошад ва онҳо бо пардохти ҷарима мебароянд. «Моддаи 279» ришвадиҳии тиҷоратӣ.

Сиёвуш дар ҷавоб мегӯяд, ки Шумо ҳоло ҳам акаи Умар Алиматовро намедонед. Агар ман ин суханҳои Шуморо ба ӯ гӯям маблағҳои шуморо бар мегардонад. Аммо Шумо як чизро фаромуш накунед, ки ин ду нафар хоҳед нахоҳед мешинанд.

Баъд барои тарсонидани наздикони боздоштшуда аз Умар тавсиф намуда гуфт «акаи Умар армияи шахсии худро дорад. Ба онҳо ҳар моҳ маош медиҳад дар части 3502. Чандин ҳазор яроқ, беспилотныйи шахсӣ «паҳбодҳо». Дар ҷанги байни қирғиз ва худамон кори асосиро армияи  акаи Умар кард, на мудофиа, на МВД. Хуллас, гапи акаи Умар дар ҷумҳурӣ якум ҷо мебошад, хушру фигр кунед».

Ин нафар гуфт, ки мо дигар дар ҳайрат мондем:-« и Умар ин қадар корнамоӣ карда бошад ва ҳатто армияи шахсии худро дошта бошад, мо бо вай чи сарбасар мешавем? Ва таваккал бар Худо кардем».

Рости гап наздикони дубоздошт шуда гуфтанд чи кор карданамонро дигар намедонистем ва ба Сиёвуш гуфтем аз рӯи мардакӣ кор ҳал нашид, ту бояд 10 ҳазор доллари ҳақи худатро бар гардонӣ. Вай  гуфт ман ин пулро расход кардаам, аз куҷо ёбам. Дар охир гуфт ман бо акаи Умар боз маслиҳат мекунам, ҷавобашро мегӯям.

Сиёвуш пеш аз ҷашни Наврӯз ба мо алоқа баромада мегӯяд генерал Музаффар Юсуфӣ бо акаи Умар маслиҳат карданд. Баёноти бачаҳоро аз нав гирифта статияи онҳоро иваз мекунанд ва пас аз ҷашни Наврӯз мебароянд.

Ва Сиёвуш аз 10 ҳазори доля гирифтааш 2 ҳазор долларашро бар гардонид. 8 ҳазор доллари дигарашро гуфт талаб накунед, ман ҳам даводав кардам барои  шумо.

Хуллас, ҳамин хел ҳам шуд. Пас аз анҷоми ҷашни Наврӯз статияи онҳоро аз 319, қисми 4,ба статияи 279,қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки моддаи реалии онҳо буд, иваз мекунанд. Ва баъд аз гузашти 58 рӯз бо ҷазои ҷарима бачаҳо аз суд хушбахтона ба озодӣ баромаданд.

Пас аз баромадан Сиёвуш назди мо омад. Гуфт условияи акаи Умар ҳамин аст ки 8 ҳазор долияи гирифтаи манро талаб намекунед. Дуюм ин ки супориш додагӣ  аст ки минбаъд ин контролёрҳо дар идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор намекунанд.

Дардед, ки моро барои муроҷиат ба назди Шумо овард ва бовар дорам Шуморо тамоми мақомот мешунаванд, ин аст ки мутаассифона, чунин инсонҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд ва ҳамроҳи мову шумо зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди доштани сарвату маблағи зиёд чунон, мумсик, зихна, гушначашм ва мурдаи гӯранд, ки ҳатто свети беморхонаро,ки ҳақи сағиру маризу муҳтоҷҳо аст ва ниёз ба дастгириву кӯмак дорад, ғорат мекунанд.

Ҳоло агар ин ҳолат ошкор намешуд, фикр мекунед дуздии барқи бемористонро бас мекард? Албатта не. Оне, ки устухонаш ба дуздӣ шах шудааст, то охир машғул ба дуздӣ мешавад ва агар касе сари роҳи онҳоро гирад онҳоро ҳамин хел мешикананд. Яъне шиорашон ва фалсафаву фаҳмишаш ва моҳияти зиндагиашон ҳамин аст: «медузем, кадоме сари роҳамонро гирад, шикаста нест мекунем, ғорат карда маҳкам менамоем».

Дар ин кор контролёрҳо худро бе гуноҳ намешуморанд. Онҳо ҷазояшонро диданд. Аммо санаде, ки онҳо тартиб доданду аз ҷониби Прокуратураи нақлиёт гирифта шуд, куҷо шуд? Чаро он ҷаримаро аз ҳисоби Умар Алиматов нарӯёниданду наситониданд?

Аз тамоми кормандони идораҳои дахлдор хоҳиш менамоем дар рафти кор аз ин ҳайвони даранда эҳтиёт бошанд. Зеро ин шахс, яъне Умар Алиматов бо ин кораш ҳаловат мебурдааст.

Як воқеаи дигар. Тахминан моҳҳои август бо фармони вай Сиёвуш бо ҷияни Умар Алиматов, ки номаш Алимат мебошад 3 корманди Кумитаи андозро дар рафти фаъолияти кориашон дар корхонаи Умар Алиматов мурданӣ мезананд. Ва ин се корманди Кумитаи андозро баъдан  бо мусоидати Умар Алиматов аз Кумитаи андоз пеш мекунанд.

Ман бовар дорам, ки ин суханони мо то мақомоти дахлдор, хусусан президенти кишварамон рафта мерасанд ва нисбати ин гурӯҳи ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Агар зарур бошад дар мактуби баъдина наворхои дуздии барқи Умар Алиматовро ба шумо пешниҳод менамоем то шумо ба тамоми мардум онро пешниҳод намоед.

Дар охир дуъо мекунам, ки ин гурӯҳи мафияи Умар Алиматов ва генерал Музаффар Юсуфӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба монанди дигар гурӯҳҳои ҷинояткор ҷазои худро бикашад.

Чуноне дар боло гуфта гузаштем,ки Умар Алиматов чи гуна духтари рафиқаш Давлатшоро ба зани гирифт. Давлатшо аз Умар Алиматов чанд маротиба бо ҳаҷмҳои калон маводи мухаддир мегирад. Давлатшо маводҳоро чанд маротиба бо чанд трафик мефиристад вале ҳама борҳо мусодира мешаванду куриерон боздошт мегарданд. Албатта чун маблағ хело калон мешавад яъне хело…Умар Алиматов дар зиндон буд ва маблағашро талаб мекунад. Давлатшо дигар роҳи дигаре пайдо намекунад ҷуз инки духтари тоза синфи 11 тамом кардашро ба ақди никоҳи Умар Алиматов дар дохили зиндон медарорад. Умар Алиматов,ки барои қатли ҳамсараш дар зиндон буд ,Давлатшо фаҳмида ин корро мекунад. Дар ҳоле Умар Алиматов ва Давлатшо ҳамсол ва портнёр буданд. Албатта қиссаҳои Умар Алиматов хело зиёданд вале мегузорем онҳоро барои барномаҳои баъдӣ. Чуноне Музаффар Юсуфиро дар ҳар барнома ҷиноятҳояшро таку рӯ дорем. Ҳатман аз ин пас ҷиноятҳои Умар Алиматов ва мафияи ҷиноятпешаашро тақдим хоҳем кард.

Эзоҳи «Ислоҳ».Чанде пеш мақомот эълон карданд, ки санҷиш ошкор кардааст, ки аз ҳаҷми қарзи аҳолӣ, ки қаблан эълон мекарданд беш аз 30 фоизи он изофанаависӣ, яъне тӯҳмат будааст.

Др як навиштаи мо ин факт зикр шуда буд, ки дар соли 2017 Спитаменбонки Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари вай бо як занги телефон 300 ҳазор сомонӣ қарзи барқшро нол кард.

Раҳмонов сари ҳар чанд вақт қарзи ширкати барқро списат мекунад.

Ҳамаи инҳо аз чи далолт мекунад? Аз он далолат мекунад, ки дуздони барқ нафарони одӣ нестанд. Мегӯед Раҳмонов худаш намедуздад. Чи гуна Озода медуздад? Озода дуздиро аз кӣ омӯхтаст?

Вале дар ин моҷарои боло як ҳолати ҳайратовари дигар ин ширкати Прокуратураи нақлиёт ва шахси Музаффар Юсуфӣ аст. Мо дар бораи ин генерали додситонӣ борҳо навиштаем. Дар ин қазия маъулм мешавад, ки ин Прокурор бар ивази пул ба Умар Алиматов дасти кӯмак ва пуштибонӣ дароз кардааст. Вале оё Прокурори нақлиёт ин салоҳият ва ҳуқуқро дорад, ки фаъолияти идораи барқро тафтиш кунад?

Ҳоло, мо мунтазир мемонем, ки ин қазияро Прокуратураи Генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва шахсан худи Президенти Тоҷикистон чи гуна баррасӣ ва расидагӣ мекунанд.

Пайгирии қазияро идома хоҳем дод.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ин қазия танҳо дар бораи як нафар нест-ин оинаи як низом аст. Низоме, ки дар он сарват метавонад қонунро хомӯш кунад, ва робита метавонад ҳақиқатро пинҳон намояд.

Умар Алиматов, агар ҳама он чи дар боло оварда шуд, воқеият дошта бошад, савол одӣ аст:
чӣ гуна мумкин аст барқи як бемористон-маконе, ки ба дармон ниёз дорад-ба манфиати шахсӣ истифода шавад?

Қонун бояд барои ҳама яксон бошад-на барои баъзеҳо нарм ва барои дигарон сангин. Агар дар ин қазия дастҳои пуштибон вуҷуд дошта бошанд, пас масъулият низ бояд муштарак бошад. Ҳеҷ мақом, ҳеҷ унвон ва ҳеҷ дороӣ набояд болотар аз адолат қарор гирад.

Имрӯз ҷомеа на танҳо посух мехоҳад-шаффофият, тафтиш ва натиҷаи воқеӣ мехоҳад. Агар ин саволҳо бе ҷавоб монанд, паёмаш равшан аст: беҷазоӣ идома дорад.

Ва агар ҷавоб дода шаванд-ин метавонад оғози барқарории эътимод бошад.

Ба Музаффар Юсуфӣ низ саволҳои ҷиддӣ матраҳанд.
Агар воқеан мақомоти таҳти роҳбарии ӯ ба ин қазия дахолат карда бошанд, пас суоли асосӣ ин аст:

Прокуратураи нақлиёт ба чунин парванда чӣ иртибот дорад?
Оё салоҳият вуҷуд дошт, ё сухан аз истифодаи мақом барои ҳадафҳои дигар меравад?

Ин ҷо дигар масъала танҳо як қазияи ҷудогона нест-сухан дар бораи эътимоди мардум ба адолат меравад. Ҳар як қадами ғайриқонунӣ, ҳар як дахолати беасос, пояҳои давлатдориро суст мекунад.

Музаффар Юсуфӣ бояд дарк кунад:
мақом масъулият аст, на имтиёз.
Ҳар амале, ки берун аз доираи қонун сурат мегирад, на танҳо савол, балки ҷавобгариро низ ба миён меорад.

Имрӯз ҷомеа мепурсад —
на бо эҳсос, балки бо ҳақ:

Кӣ ба ту ба ин дахолат иҷозат дод? Ва бар асоси кадом қонун?

Хомӯшӣ дар чунин ҳолатҳо посух нест.
Ҷавоб бояд равшан, қонунӣ ва ошкор бошад. Медонем ту аз Худо наметарсӣ, ақалан аз ҳамон пешвоят ва писари ӯ наметарсӣ? Ё бароят мисли Умар Алиматов анҷоми ҳама ҷиноят иҷозат аст? Музаффар Юсуфӣ хуб дон ва огоҳ бош мо дар пошнаи ту шиштаем!

«Ислоҳ» ин саволҳоро боз ҳам пайгирӣ хоҳад кард. Ислоҳ пайгирии ин қазияро ҳатман идома медиҳад….

Сообщение Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 359
Ин бор номаҳо аз  Душанбе, пойтахти кишвари азизамон, аз Рашт ва аз Вахш ва як нома аз Аврупо, аз Варшава-пойтахти Полша ба дасти мо расиданд.

Нафаре, ки аз Душанбе дар бораи масъалаи «свиданка» дар маҳбаси Душанбе навиштааст, мегӯяд, ки ин мардум худашон дар азобу мусибатанд, аммо барои як свиданка 1500 сомонӣ таллаб кардани зиндониро наметавон кори инсон номид. Ҳайвон бо ҳайвон ба чунин тарзу тариқ муомила ва муносибат намекунад, ки кормандони СИРҶи Вазорати адлияи ҶТ мекунанд.

Номаи омада аз Рашт ҳамовозии муаллиф ба як матлаби Ислоҳ аст. Муаллиф бо сипосу ташаккури зиёд аз нашри он нома изҳор доштааст, ки дар бораи ин корманди бааландмақоми ВКД, ки барои ҳифзи курсиаш хоҳарашро ба вазири дохилӣ ҳадя кардааст, хоҳад навишт.

Номаи аз Вахшро бародари қиёматии мо навиштааст. Вай дар оғоз аз хоби дидааш ҳикоят карда ва дар идома дар бораи дастгир шудани як раиси деҳа ва моҷарои он ҳикоят кардааст. Гуфтааст, ки дар ин бора дар шумораи пешинаи барнома ҳам навишта буд, аммо инҷо маълумотҳои нав овардааст.

Аз Варшава дар бораи мушкилоти фазояндаи муҳоҷират ва рӯзторӯз хору залил гардидани ҷавонҳои миллат шикоят шудааст. Муаллиф бо баршуморидани зиёну зарари раванди муҳоҷират ба Раҳмонов рӯ оварда гуфтааст, ки дар ин беш аз сӣ соли кориат коре барои коҳиши ин раванд накардӣ, баракс ин муҳоҷират беш аз пеш афзуда истодааст, барои онки натавонистӣ ва наметавонӣ ҳарчи зудтар истеъфо деҳ!

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз Душанбе менависам. Як бародар бо гуноҳи дуздӣ дар шишт. Даҳ сол дар шабакаи Барқи тоҷик кор карда буд.

Як ҳамсинфаш аз зиндони Русия ҷавоб мешаваду меояд ба ватан. Ин ҳамсинфаш дуздӣ мекунаду ин бародар бо вай соучастник будааст. Хулосаи гап, ки ҳоло дар зиндон аст.

Ин ҳодиса порина сурат гирифта буд. Вай10 уми март уже дар ИВС буд.

Вақтҳое дар Душанбе будам дачкааш мекардам.Тибқ қонун се моҳ пас, ё ду ҳафта пас  барои свиданка иҷозат аст. Албатта, сум медодем ба адвокаташ ва вай иҷозати свиданка гирифта медод. 6-7 кас медаромадем медидему мебаромадем.

Чанд рӯз пеш бо модараш  гап задаму аз аҳволаш пурсидам. Гуфтанд, ки ҳозир барои як комнатаи дусоата ё якунимсоата барои свиданка якунимҳазор сомонӣ бояд бидиҳанд. Яъне аз паси шиша неву алоҳида. Барои чунин свиданк комнатаро снимат мекунӣ дар дохили зиндон, ки ҳоло нархашро якуним ҳазор сомонӣ кардаанд.

Ман мехостам бифаҳмам, ки ҳамин нарх қонунӣ аст ё инки худашон муқаррар кардаанд. Хонагиҳои он бародар дар Душанбеву модараш дар Қабодиён. Аз Қабодиён меояд тюрма барои мулоқоти писараш. Тюрма худаш Душанбе- сити доштааст. Ба ҳамон ҳамёни ин бонк ин пулро мегузаронидаанд. Ё инки агар ба он бародар сум лозим шавад, ба хонагиҳо, хешу табораш мегуфтаст, ки ба ҳамин ҳамён кашелок сум парто, ки барои мисол ман бо  телефон гап занам.

Рости гап намедонам ҳамаи ин корҳо легалний, қонунианд ё чӣ?

Вале аз Мансур Умаров, сардори зиндонҳои Тоҷикистон пурсиданиам, ки ин нархи якунимҳазор сомонӣ барои як свиданкаро аз куҷо ёфтӣ? Инсофу имон дорӣ? Наход барои ду соати сӯҳбат якуним ҳазор бигирӣ?

Рашт

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Худо кунад, ки ҳама вақт сиҳату саломат бошед.
Дар бораи Сайидаҳмад Маҳмадҷонов дар барномаи              «Номаи маро алоҳида нашр кунед»№24 ҳар чизе гуфтед ростанд. Вале мутмаинам ҳоло аз 100%, 1%-ро гуфтед. Ин бадбахти беимонро баҳузур таҳқиқу кофтукоб кунед, хеле ҷиноятҳои ваҳшиёнаи зиёд содир кардагӣ аст. Ин дар вақташ ҳамроҳ бо Шарифи калабур буданд. Вай ҳам аз Навдии Ғарм буд. Дар кӯҳу пушта буданд. Духтарҳои хонаро мерафтанд меоварданд,таҷовуз мекарданд ҳамроҳ бо Шарифи калабур ва калаҳояшонро мебуриданд. Инҳо як ҷинояткори қотилу даҳшатафкани беномуси беимонанд. Ин дар ҳамон вақташ ҳам аз тарафи ҳукумат буд, ҳамроҳ бо Шоҳ. Инҳо марионетка буданд. Ҳаминҳо Алии бедакиро фанд карда куштанд, чандин ҷавонмардҳоро бе гуноҳ зиндон карданд. Барномаатон беҳтарин буд дилам тар шуд аз ошкор шудани ин чеҳраҳои даҳшатафкан.

Ва ҳоло як маълумот мувассақ аз як бародар. Ба гуфтаи он бародар як сарбоз аз қисми ҳарбиии Камаров баромадааст. Бояд хонаашон мерафтааст. Дар ҳамии Ғарм ин тарафтар Сари пул мегӯянд, донишгоҳ. Дар пеши донишгоҳ дискотека ҳаст. Дар главний дорога. Дискотека «Субҳи Рашт» ном дорад. Ин қисми ҳарбӣ дар ҳамонҷо аст. Хуллас ин сарбоз меояд ҷавоб мегирад аз дискотека пиён мебарояд. Бачаи Саидаҳмад Маҳмадҷонов бо мошин бо суръати баланд омада истода будаасту, мезанадаш. Сарбоз дар ҷойи садама якмарг мешавад, мемурад. Аммо ҳамаро ором карданд. Сарбозро хапу хомуш роҳӣ мекунанд ба хонаашон. Аммо бачаи Саидаҳмад Маҳмадҷонов дар озодӣ зада гаштааст.

Устод, агар як кам таҳқиқ намоӣ дар бораи ин Саидаҳмад Маҳмадҷонов хеле гапҳо мебарояд. Ин ҷинояти зиёд содир кардагӣ аст. Мардони калонсоли Ғарм медонанд, бояд бинависанд. Худо кунад шоҳидони ҳодиса маълумотҳои ҷиноятии ин даҳшатафканонро менависанду бо худ ба гур намебаранд.

Бохтар

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин боз ҳам ман ҳамон бародари қиёматии шумо ҳастам аз Бохтар.

Салом ба модари азизу меҳрубонам. Модарҷон ба номи худои покам дар дилам як орузу дорам. Чуноне, ки ҳар бор аз ғарибӣ меомадам дастони модарамро  бусида бо руям мемолидам, ҳамин орузуро дорам аз худованди таъоло, ки дастони шуморо ҳам бибӯсам. Баъд ҷонамро бигирад, дигар ҳеҷ орузу надорам, модарҷон.  Дуъогу бош дар ҳақи фарзанди беморат.

Бародари азиз меравем сари масъала. Рӯзи 13 уми май намози хуфтанро хондам. Валлоҳӣ ин дурӯғ нест, дар ҳақат аз сидқи дил дуъо кардам. Аз Худованд талаб кардам, ки ин бародари маро пируз гардон ва хоб кардам. Хоб дидам, ки дар хона дар сари дастархон бо модарам, падарам ва бародаронам, ки шумо аз дар даромадӣ. Якҷоя шишта ҳамроҳ чой мехурдем. Модарам шуморо пурсид, ки чи хел? Пируз шудӣ, ки омадӣ? Шумо гуфтед, ки ин шайтони лаъинро зиндон кардам ва баъд омадам.

Худоё, ин хоби ман таҳаққуқ пайдо кунад ва ин золим зиндон шавад, омин.

Хулосаи гап бародар, ман такси кор мекардам, маро заказ доданд аз Вахш то бозори ҳоҷӣ Шариф дар Қурғонтеппа. Як муйсафед бо занаш. Ин мӯсафед ҳоҷӣ будааст. Ба роҳ баромадем. Муйсафед гапро сар карда гуфт, ки дар ҳамсоя қишлоқи мо як раиси қишлоқро қапиданд.

Ман телефонро бароварда запс кардам, ки аз ёдам набарояд. Пурсидам чи ном дорад? Гуфт номаш Илёс. Гуфтам, ки ному насабашро пурра гуед. Гуфт, ки вай раиси қишлақи Сабзавот, аз бригадаи 2 Раупов Илёс, падараш Имод ном дорад.Муддати 6 сол мешавад,ки раиси қишлоқ аст.Аз мардум пул мегирад. Мегуяд,ки документи хона мекунам. Пулро гирифта бо кормандони ҷамоатҳо кайф карда хӯрда мегардад. Ба камияш 20 нафарро фанду фиреб карда мегаштааст. Чор сол пеш дар деҳаашон помош додаанд: равған, биринҷ, нахуд. Хулоса ҳар намуд маводи ғизоӣ. Аммо ин ҳама ҳақи мардуми камбағалро  фурухта хурда гаштааст. Аз байн чанд моҳ мегузарад. Аз амният фарёдаш мекунанду мегуянд,ки ҳақи мо куҷо шуд? Ҳақи моро бидеҳ. 50 ба 50 буд.

бародар дуздро қарақчӣ зад мегуянд. Ин ҷавоб мегӯяд, ки пулро ман хурдам. Пул надорам. Қариб 50 ҳазор сомонӣ мешудааст, ки 25 ҳазораш доляи амниятиҳо будааст.

Хулоса пулро надодааст ва ӯро бурда мурданак заданд. Бародари ин Илёси ҳаромхур пеш аз ҷанг раис будааст. Ин муйсафед беҳад таърифаш кард. Гуфт инсони беҳтарин буд. Ӯро дар ҷанг куштанд. Вале мурдаи ӯро наёфтанд, куҷо шуд, касе намедонад.

Падарашро ҳам кушта бо баданаш санг баста ба дарё партофтанд, ки болои об нахезад. Як додари  хуб дошт, ки ҳамон вақтҳо аз аскарӣ меояд. Вайро дар вақти ҷанг бо пулемёт зада баданашро тика тика карда буданд.

Вақте ин Илёси ҳаромхур дар моҳи шарифи рамазон ба даст меафтад, коррупсия инро меқапад ва делояшро бурда ба суд медиҳанд, суд вайро 27 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунад. Вай имрӯзу пагоҳ карда пули ҷаримаро намедиҳад.

Аз байн 2 ҳафта мегузарад. Ин раиси ҳақи мардумхурро дар моҳи шарифи рамазон бурда маҳкам мекунанд.

Хулоса аз ҷамоатҳо масҷид ба масҷид гашта пул ҷамъ карда доданд ва баъд аз як моҳ вайро бароварданд.Касоне,ки пул дод барои раҳоии ин харомхур занашро, духтарашро ҳақорат карда гуфтанд,ки ҳақи равғану биринҷи моро хурдӣ, ин 100 сомони дигарам заҳри танат шавад.

Ин муйсафед як чизи аҷиб гуфт. Падараш Имод ном доштааст, ҳамоне, ки кушта сангро бо сим дар миёнаш баста дар дарё партофтанд. Замини совхоз дар поёни замини хонааш будааст. Ҳар шаб як метр аз замини совхоз медаровардааст.  Шишашро тарафи замини совхоз тела мекардааст ва ба ҳамин усул қариб 30 сотихи замини совхозро аз худ кард. Баъд фаҳмиданд, ки ин бобои Имод замини совхозро тарафи хонаш медаровардааст. Сипас нишона монданд. Дигар натавонист, ки дуздӣ кунад. Ҳамон замине, ки падари Илёс аз совхоз дуздида буд, ин муйсафед қасам хурд, ки қариб 70 ё ки 80 сотиҳ ҳаст. Баъдтар Илёс нимашро ба мардум фурухт.

Падар дузди совхоз, писар порахури давлат. (Ин қисмати қиссаи муйсафед дар «Номаҳо аз ноҳияҳо №353» омада буд чун намехонанд танҳо навор мебинанд фикр кардааст ин навиштаашонро нашр накардаем.)

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Иззат Амонро барои 280 сомонӣ тӯҳмат карда бераҳмона чанд сол доданд. Аммо ана ин хел ҳаромхурҳо як моҳ мешишанд, боз дар озодӣ мегарданд.

Ба бародари азизам Муҳаммад Тағоев гуфтаниам, ки хабари реҳлати модари азизатро шунидам, бисёр зиқ шудам. Аллоҳ дар боғҳои биҳишт макону манзилаш бидиҳад барои як чунин шермардро ба дунё овардан. Он модар модари шумо тоқа набуд, модари ҳамаи мо муборизон буд. Ин шо Аллоҳ барои як тори муи модари ману шумо ҷавоб хоҳанд дод. Бародар дар ҳақи модар дуъо кардам,аз дилу ҷон хатми Қуръон бахшидам.

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,

Агар сузад шабе сузад,шаби дигар намесузад.

Ҳатман, ки дар қафои Раҳмонов  месузад.

Дар охир гуфтаниам бародар, ки валлоҳӣ ягон гапи ман бофта нест. Чизе гуфтам ҳақиқат буд. Худованд шуморо нигаҳбон бошад, бародари азизам.

Варшава

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам сиҳату саломат ҳастед.  Аз яке аз шаҳрҳои Аврупо ба Шумо навишта истодаам. Ростӣ, худи ҳозир шумораи  навбатии «Номаи маро алоҳида нашр кунед»-№48- ро дар Ютюб дидам, дар бораи «Зери таҷовуз қарор додани ноболиғи 13 солаи рус аз ҷониби ҷавонони тоҷик». Хостам фикру ақидаи хешро оиди ҳамин масъала каме ҳам бошад, иброз намоям.

Чи хеле ба ҳамагон маълум аст Эмомалӣ Раҳмонов 34 сол аст дар сари қудрат ҳаст ва ӯ барои некуаҳволии мардум коре ҳам намекунад. Кори ӯ ва аҳлу байташ ғундории молу сарват ва ғорати ошкорои халқи мазлуми тоҷик ҳаст. Яке аз масъалаҳои доғи рӯзе, ки давлату ҳукумати моро бояд ба ташвиш ораду аз пайи ҳалли он гардад албатта, ки муҳоҷират ҳаст.

Падару модари ҳар яке мо мардуми тоҷик бо таваллуди фарзанд аввал хурсанд гашта, баъдан зиқ мешаванд. Барои чи ғамгин? Барои он ки намедонанд, ки ояндаи насли онҳо чи мешавад. Писарашон пас аз хатми мактаби миёна маҷбур ё ба хондан рӯ меорад ё ба муҳоҷират. Барои чӣ иҷборӣ ба таҳсил? Чунки каме ҳам бошад аз сафарбар шудан ба артиш раҳо мегардад.

Ғамгин барои духтаронашон барои он мешаванд, ки пас аз ба шавҳар доданашон, домодашон маҷбур мешавад пас аз муддате хонаашро тарк кунаду аз пайи ризқу рӯзӣ боз ба муҳоҷират рӯ орад.

Муҳоҷират аз рӯи сатҳи зиндагии паст ва набуди ҷойи кор. Шахсан худам бо як орзуи калон ба таҳсил рӯ овадам ва ба умеди ояндаи нек соҳибмаълумот ва соҳибдиплом гаштам. Аммо сад афсӯс, ки ҳамаи ин солҳои таҳсилам бефоида шуд. Чунки баъди хатми мактаби олӣ соҳиби ҷойи кор нашудам. Ба ҳар куҷое мерафтам аввал макони таваллуд ва ба ҷайбам нигоҳ мекарданд.

Яке аз хиёнатҳои бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба халқи тоҷик кард,ин таъмин накардани зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳоло онки  мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зиндагии арзанда дар моддаи 1 ва боби дуюм, махсусан моддаи 31, инъикос ёфтааст.

Моддаи 1: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 31: Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки барои худ ва оилааш сатҳи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дошта бошад. Ин моддаҳо асоси ҳуқуқии кафолати зиндагии шоиста ва шароити иҷтимоиро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Дар асл муҳоҷирати кунунии халқи тоҷикро наметавон муҳоҷират номид. Чунки ҳангоми дар муҳоҷират будан  ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар қисман ё ин ки умуман риоя карда намешавад.

Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи шаҳрвандони бурунмарзӣ дар моддаи 16 муқаррар карда шудааст.

Дар ин модда омадааст:

Моддаи 16: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар берун аз марзи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.»

Инчунин, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 11), мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷа ҳимоя кунанд.

Ба иззати нафси касе намехоҳам расам, аммо мо ба муҳоҷират не ба ғуломӣ меравем.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ин худ пурра мусибат аст, чунки он дар бештари маврид мушкилоти нав ба навро ба бор меорад. Аз ҷумла:

— Дур шудани волидон чи падар чи модар аз фарзандон.

— Тарбияи нодуруст гирифтани фарзандон

— бероҳа гаштани фарзандон аз ҳисоби муҳоҷирати волидонашон

— аз байн рафтани қувваи кории волидон ва хастагии равонӣ.

— вайроншавии оилаҳо.

Аксар маврид мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қисме  занон ба набуди мардонашон тоқат накарда, ба хиёнат даст мезананд. Бо ин гуфтаҳо аксар мардум шояд розӣ нашаванд, вале ин ҳақиқати талх аст.

Инҳо танҳо аз шумори каме аз зиёнҳои муҳоҷират ба ҳисоб мераванд.

Дар аксар маврид падару модарон( на ҳама ) ба писарони худ таъкид мекунанд, ки то маблағи калон кор накунӣ бар нагард. Албатта, онҳоро фаҳмидан мумкин, лекин дар ин маврид ҷавонон, хусусан мардон аз ҳисоби дер оиладор шудан, дар муҳоҷират даст ба амалҳои номатлуб, алалхусус ба зинокорӣ мезананд. Медонам ин суханони ман сахт аст, вале ҳақиқати талхи имрӯза ҳамин аст.

Бар мегардем ба моддаи 1.

Дар ин шароите, ки ту эй калаварами Эмомалӣ  бо ҳукумати худкомаи хеш фароҳам овардаӣ чӣ гуна мо инкишофи озодона карда метавонем? Мисоли оддӣ. Ҳангоми як тиҷорати хурд кушодан аз чанд тараф омада соҳибкори бечораро нафастанг мекунед.

Ту ва оилаи касифат ҷавонони ин миллати бузургро ҳамчун гови ҷушо кардаӣ.  То он даме, ки қувва дар ҷисму ҷонамон ҳаст водор месозӣ, ки ба ғуломӣ рафта, ба мисли хар кор кунем. Ҳатто аз ҳисоби интиқоли маблағҳои бо арақи ҷабинамон ту фоизи хешро мегирӣ.

Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, аз дурии падару модар, аз ҳамин муҳоҷират хаста шудам. Мехоҳам ба ватан баргардаму ба мисли инсон зиндагӣ кунам.

Муроҷиати ман ба ин беимони беинсофи каладам. Бирав аз сари қудрат, 99%  мардум аз ту ва аз ҳаромзодаҳоят хаста шудем. То ба кай мо барои шумоҳо кор кунем, то ба кай мо дар ғуломӣ умр ба сар барем, ҳам руҳан ҳам ҷисман хаста шудем. Бинобар ин ба диктатураи хеш хотима бахш.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 359 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 358
Турсунзода, Нуробод, Қубодиён

Аз Турсунзода аз порахориву порагирии директори мактаб ва мудири шӯъбаи маориф навиштаанд. Ин директори мактаб як нафар бону будааст, ки ҳатто аттестати хатмкунандҳоро бо нархи даҳҳо баробар мефурӯхтааст.

Низ дар ин нома аз он шикоят кардаанд, ки масҷиди худи халқ сохтаро маҳкам карда шарт гузошта истодаанд, ки мактаб созед, спортзал созед ва ғайраву ҳоказоҳо, баъд масҷидатонро боз мекунем намоз хонед.

Аз Нуробод дар бораи як куратори пешини шӯъбаи амният ва дар бораи як раиси маҳалла, ки бузи ҳамин амниятӣ будааст, сӯҳбат мешавад. Муаллиф навиштааст, ки ин корманди амниятӣ дар ҳар мавсими даъват ба артиш садҳо ҳазор доллар кор мекард, вале боз ҳам падару модари ҷавонҳоро азияту азоб медод.

Аз Волгоград хабарнигори иҷтимоии мо аз пеш омадани як мушкилоти тоза дар гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Узбкистон навиштааст. Вай аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки аз Узбекистон баровардани маҳсулот то 5000 доллар бидуни расмиёти гумрукӣ иҷозат аммо ҷониби Тоҷикистон барои ворид кардани аз 1000 доллар боло молу маҳсулот андоз ва боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст.

Нависандаи номаи Қубодиён аз ҳолатҳои ташвишовару даҳшатангези рӯзҳои ахир ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва аз Раҳмонов хостааст, ки дар сари вазифаҳо шахсони лоиқ ва сазоворро таъин кунад.

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Ширкент, ҷамоти Работи шаҳри Турсунзода ҳастам. Мехоҳам чанд хабареро аз инҷо ба шумо пешкаш кунам. Дар аввал гуфтаниам, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»№199 дар бораи директори мактаби №94 Шоева Бибиробия навишта буданд. Гуфта шуда буд, ки ин директори мактаб порахӯр аст ва вазифаро ҳам бо пора аз Лайло Раҷабова, мудири шуъбаи маориф харида буд. Баъд аз нашри ин барнома Шоева Бибиробия, ин балои осмониро аз мо мардуми одӣ дур кардед. Миннатдории худ ва ҳамдеҳаҳоямро ба шумо баён мекунам. Баъд аз он барномаи пуртаъсир ва ифшокунанда ба мактаб ҳаррӯз аз милитсия ва комиссия меомад барои тафтишу проверка кардан.

Аммо боз ҳам мисли ҳарвақта муаллим ва муаллимаҳо ва коргарарони мактаб аз тарси ҷони худ даҳон боз карда натавонистанд. Шабу рӯз ба отдел бо навбат бурда тарсонда пурсиш карданд. Телефонҳоро ҷамъ карда гирифтанд, аммо ягон маълумот наёфтанд, ки кӣ ба шумо, ба «Ислоҳ» навишта буд. Муайян накарданд, натавонистанд. Ҳатто мардуми оддиро ҳам тафтиш карданд.

Ҳар касе, ки Шоева Бибиробия гумон дошт руйхат карда дод, бурда тафтиш карданд. Аммо Шоева Бибиробия як бор рафт дигар маза карда гашт. Дигаронро бурда шабу рӯз саволу ҷавоб ва истинтоқ карданд.

Аммо худи Шоева Бибиробия бо кадом тариқ халос шуд, бо кадом нарх, маълум нест. Лекин як муаллима —Холиқзода Шоиста, ҷияни Шоева Бибиробия тасдиқ кард, ки «бале, манро бо 2000сомонӣ ба кор қабул кард».

Бо вуҷуди тасдиқ шудани порахуриаш ҳиҷ кор накарданд Лек бе фоида. Чунки Лайло Раҷабова гуфтаааст «аз дасти ҳеҷ кас ҳеҷ чӣ намеояд, то ман зиндаам, дар дастгоҳи президент одам дорам».

ва Лайло Раҷабова, мудири шӯъбаи маориф Шоева Бибиробияро аз директорӣ гирифт вале бо кадом нархе ба назди худ ба маориф ба кор қабул кард. То он ҷое шунидем ба Шоева Бибиробия ваъда додааст, ки «камтар сабр кун Бибиробияҷон обҳо аз осиёб фурояд», яъне камтар вазъиятҳо тинҷ шуд боз ба ягон мактаб директор мемонам. Ва ҳамин хел ҳам кард. Бибиробияро боз ба як мактаби дигар директор таъин кард, аммо рақами мактаб ҳоло сир нигоҳ дошт мешавад.

Чун агар боз ягон номаъқулӣ кунад боз ба «Ислоҳ» менависанд. Лекин успет накардем. Дар онҷо ҳам чи порахурие кард, ки боз мардум шикоят карданд ва ҳоло дар онҷо ҳам вазъияташ нотинҷ аст.

Ва он муалимаеро, ки аз пушти духтари вайронаш дафъ карда буд, ба кор нагирифтанд ва духтараш уже … шудааст. Ва ба ҳар мактабе, ки меравад пеш мекунанд, чун одобу ахлоқ надорад. Дар мактаб як директори дигар таъин карданд, аммо бо кадом нарх маълум не то ҳол.

Боз қайд карданд мехостам, ки Шоева Бибиробия касоне,ки пул доранд аммо аттестати синфи 11надоранд аттестат карда медодааст. То ҳол ба 2 талаба аттестат карда додааст, то онҳо ба донишгоҳ дохил шаванд. Ана ин аст коррупсия. Вале ҳама худро ба нодонӣ мезанад, аз тарси Шоева Бибиробия, ки вай пулдор аст.

Ва боз як маълумоти дигар. Дар деҳаи Ширкент беш аз 160 аҳолӣ зиндагӣ дорад. Солҳо пеш масҷиди 2ошёна сохта буданд, албатта, бо ёрдами халқ. Зиёда аз 10 сол аст ки документҳояш камбуд дорад гуфта масҷидро маҳкам ва онро ба синфхона-мактаб табдил карданд. Мана баҳона. Дар давлати мусулмонӣ барои аҳолии мусулмон масҷид нест. Шармандагӣ. Ҳар сол халқро фиреб мекунанд.

Ба халқ ваъда доданд, ки роҳро асфалтпуш кунед, масҷидро мекушоем. Бечора халқ роҳро асфалтпуш кард, аммо фиреб карданд.

Не, акнун толори варзиш дар деҳа надоред, спортзал созед. Бечора халқ сохт. Боз фиреб карданд- не мактаб созед, бад масҷидро мекушоем. Бечора халқе, ки нони хурдан надоранд, камбағал аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мебинанд, боз мактаб сохта истодаанд. Фақат ба хотири онки ҳуҷҷатҳои масҷидро диҳанд, ин ҳама корҳоро халқ аз ҳисоби худаш кард.

Боз шарм накарда барои кушодашавӣ меоянд, айб аст, вубол аст, камтар раҳм кунад.

Пас, савол пеш меояд, ки буҷаи давлат барои чист? Ҳама чизро халқ обод кунад охи мардуми Дехаи Ширкент хеле мардуми камбағал аст, ягон бизнесмен ё миллионер надорад. Дар он деҳа мардуми одӣ аз ҳисоби Русия зиндагӣ дорад, шиками худро ба азоб сер мекунанд. Пулдор бошад ҳам ӯ ҳам аз хисоби муҳоиҷрат.

Ҳар боре ба ватан меравам дилам ба халқ месузад.

Бародари ҳақгӯ, ташаккур ба шумо. Нашри номаамро интизорам ва боз чи навигарӣ шуд, ҳатман менависам.

Боз як чизро қайд кардан мехоҳам. Мисли он дафъа кӣ ин номаро ба «Ислоҳ» навишта бошад гуфта накобед. Ман шахси соҳибилм ва ба шумо хеле наздикам ва барои ба «Ислоҳ.ТВ» навиштан телефон ва номери нав дорам, ки ҳеҷ кас хабар надорад. То маро кофтан қонуншиканонро, порахуронро ҷазо диҳед, албатта, агар аз дастатон ояд.

Аз ҳар як ҳолати порагириву порахурӣ ва ноҳақӣ карданатон ба «Ислоҳ» менависам ва интизори кушодашавии масҷид мемонам.

Нуробод

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Розиқов.

Аллоҳ аз шумо розӣ бошад барои заҳматҳоятон, барои баланд кардани садои мардуми ҷабрдидаи Тоҷикистон. Барои чи тоҷик нагуфтаму Тоҷикистон гуфтам? Чунки тамоми мардум чи узбек, чи қирғиз ва дигарон аз дасти ин ҳукумати Раҳмонов ва оилаи вай ҷабр мебинанд. Инро худи мардуми тоҷик ҳам хуб медонанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман имрӯз дар бораи коргарони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, аз деҳаи Самсолиқ, ки  ба Сафедчашма табдили ном кард, мегӯям. Дар масъалаи сарбозшикор ва ҷабру зулми собиқ началники шӯъбаи амният дар ин қишлоқ гап мезанам, ки Ҳайдар ном дошт. Ҳоло Ҳайдарро аз кор гирифтанд, барои сумгирӣ (пора) аз даъватшавандаҳо. Ва низ аз ҷабру зулми Ҳайдар. Ҳайдарро қариб як сол пеш аз кор ронданд ва ҳоло дар амният кор намекунад. Аммо дар вақте ки кор мекард, началник буд, ба ягон кас итоат намекард.

Мувофиқи қоидаи низомӣ Ҳайдар дар итоати началники шӯъбаи амнияти миллӣ дар Нуробод қарор дошт. Вале на гапи раиси ноҳия ва на гапи сардори шӯъбаи амният ва на ҳеҷ касро мегирифт. Худаш шоҳ буду табъаш вазир дар қишлоқҳои Самсолиқ, Пандовчӣ ваТегирмӣ. Вазъияти мардумро ба ҳадде бад карда буд, ки ногуфтанӣ. Ба Аллоҳ қасам, ки аз 3000 то 7500 сомонӣ дар як мавсим аз мардуми минтақа мегирифт. Агар мехостӣ, ки бачаат ба хизмат наравад, ҳамин қадар пулатро меканд мегирифту мегуфт ту як сезон халос, рав. Боз 6 моҳ пас фарёд мекард падару модаратро. Вақте ки ҷавон дар Русия бошад, худатро бурда хар барин мезад, ки писаратро биёр ба хизмати модар -ватан ба хубӣ, вагарна мурда -мурда меорӣ. Ё ки маҷбур мешудӣ боз сумаш диҳӣ, ё ки меовардӣ ва ин Ҳайдари амниятӣ ба хизмат равонаш мекард.
Як чизеро бигуям, ки военкоми ноҳияи Нуробод дар пеши Ҳайдар ҳеҷ кас набуд, аз ин Ҳайдар дар эзораш тар мекард, ҳама метарсиданд, началник милиса ва раиси ноҳия ҳам  метарсид.
Ҳайдарро барои сумгириаш коррупсия хело тафтиш карда чанд бор бурду чанд бор овард. Гапу хабараш ба коррупсияи Душанбе рафт. Аммо ҳеҷ кораш накарданд, фақат аз кор ронданаш. Ҳар қадар ки ин амниятиҳо зулм кунанд мардуми Нурободро бо қадранд.

Дар қишлоқи Самсолиқ Розиқов Эраҷ Акаҷонович бузичаи Ҳайдар буд. Аммо дар хело ҷойҳо худашро бо номи Рустам мешиносонд. Ин Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҷабру зулм бисёр кард. Ин Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҳамааш шуда раиси маҳалла дар як маҳаллаи бо номи Шербегиён дар дохили Самсолиқ  аст. Шумо дар барномаҳои гузашта дар бораи Розиқов Эраҷ Акаҷонович бисёр гуфтагиед ва огоҳ ҳастед аз ин бузичаи амниятиҳо. Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» № 309 дар мавриди Розиқов Эраҷ Акаҷонович пурра ва муфассал маълумот дода будед, ки мехоҳам каме аз он матлабро инҷо орам.

«Дар ин бахши нома аз амалҳои ҷинояткоронаи зодаи ноҳияи Нуробод ҷамоати Сафедчашма деҳаи Шербегиён Розиқов Эраҷ Акаҷонович, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекунад, гуфтаниам. То ҷое маълумот нисбати ин нафар дастрас намудем ҳатто аттестати хатми синфи 9 надорад. Бо роҳи найрангу фиреб чандин ҷавондухтарро аз зиндагии ободашон маҳрум намуда, ба никоҳи худ дароварда 3-4 моҳ зиндагӣ намуда онҳоро дар нимароҳ раҳо намудааст. » Дар идома исму насаби 7 занро овардаед, ки ҳар касе хоҳад аз он матлаб онро хонад….

Ҳардуи инҳо Ҳайдар ва Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҷабру зулми бисёр кардагианд ба ин мардуми ҷабрдидаи Самсолиқ бовар кунед.

Розиқов Эраҷ Акаҷонович кашелоки Ҳайдар буд ва Ҳайдар ба воситаи Эраҷ хело пули зиёд кор кардагӣ аст.
Вақте ки Ҳайдарро корупсия фарёд кард Розиқов Эраҷ Акаҷонович гурехта рафт ба Русия, ки ӯро ҳам даъваташ накунанд ва зидди Ҳайдар шоҳидӣ надиҳад. Ҳайдар ӯро гурезонд. Вай дар Русия се моҳ  кор кард дар шаҳри Березникии Пермский край. Ба кори сохтумон машғул шуд ва онҷо низ хабарчинӣ мекардааст. Вақте Ҳайдар корҳояшро бо коррупсия ҳал кард, Розиқов Эраҷ Акаҷонович баргашту омад ба Тоҷикистон.

Чунки ин поделники Ҳайдар буд. Эраҷро намегурезонд вазъияти Ҳайдар безебтар мешуд. Ҳайдар немедленно ин бузичаашро гурезонд, ки рав вазъиятҳо безебанд: «Ма кришаҳом зуран, ма ба қавле бачаҳакой болоюм, ҳал мекунум ҳойют мегум биё». Ва ҳамин хел ҳам шуд.
Ман медонам, ки Ҳайдар аз киҳо чи қадар сум гирифтагӣ аст. Вале он одамҳоро боз проблема мекунанд. Худатон ҷабри инҳоро медонед ку.
Ин Ҳайдар бисёр одами бедин буд. Дар масҷидҳо мардумро дашном медод, ки писарҳоятонро биёред ба хизмати Модар -Ватан.

Ин Ҳайдар ду моҳ пеш, ҳанӯз мавсими даъват сар ношуда сар мекард ғам доданро. Дар ҷони мардуми ин минтақа зада буд. Худованд хору залилаш кунад. Хуб шуд, ки ҳоло бе кор монд, аз кор ронданаш. Аз рӯи шунидам ба занбурпарварӣ ба ҳамин ноҳия омадааст. Агар иштибоҳ накунам дар барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед»№34 дар мавриди занбурпарвар шудани ин золими мардумозори Нуробод навишта буданд. Чунки инҷо барои парвариши занбури асал хеле ҳам мувофиқ аст. Розиқов Эраҷ Акаҷонович машваратш дода аст, ки «раис, биё кори хуб аст, даромади хуб дорад замбурпарварӣ». Чунки худи Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҳам занбурпарвар аст.
Розиқов Эраҷ Акаҷонович ба касалии инфаркт гирифтор шудааст. Ду бор шуд сактаи дил мегузаронад. Бояд гуям, ки аз руй барномаҳои Шумо шудааст ва худаш ҳам гуфтааст, ки «и Ислоҳ ай куҷое ҳамай даниҳои мана медонад, чанд зан доштану ба чи корҳо машғул буданамро», хулоса баъди нашри барномахои Шумо Розиқов Эраҷ Акаҷонович дарди сар ҳам шудааст. Бо вай хеле ҳукумати ноҳия барои асфалте, ки дар пеши хонааш кард, кашокаш кард.    .
Ҳоло дилашро табобат карда истодааст. Умедворем пас аз нашри ин номаи мо ба ягон дарди табобатношавандаи дигаре мубтало мегардад. Натиҷаи зулму ситам ва оҳу фиғони мардумро овардан чунин мусибатҳо дорад.

Ман ба мардум гуфтаниам, ки э,мардум кушиш кунед нависед ба «Ислоҳ», натиҷа 100% дорад.
Агар инҳоро суд ҳам накунанд, ана ҳамин хел инфаркт ва ба бемориҳои табобат ношаванда мубтало мегарданд ва халос мешавед аз ин касофатҳо, алҳамдулиллоҳ. Шукри Аллоҳ, ки «Ислоҳ» ҳаст ва мо сархамии золимону озордиҳандаҳои худро бо чашмонамон мебинем қабл аз маҳкамаҳои одилона дар давлати оянда ва додгоҳи қазоии Аллоҳ дар қиёмат.

Волгоград

Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Барои ман ин бор як масъала, ки дар як гузориши «Озодӣ» дар миён гузошта шудааст, бисёр ҳам сахт расид. Чунки ман худам ҳам гоҳ-гоҳе тавассути мошинҳои борбар барои рӯзгори бародар ва модарам аз инҷо асбобу анҷом мефиристам. Бовар кунед, ки ҳамин зимистон ман гӯшт ҳам фиристодам. Чунки гӯшт дар мо-Волгоград назар ба Тоҷикистон ним баробар арзон аст.

Як нафар аз хешовандони ман аз тарафи Узбекистон нахӯди пухта, мағз (мағзаи арахис) мавиз, писта, бодом, печак, ҳалво меовард ва ба магазинҳо тақсим мекард. Гуфт, ки чанд рӯз мешавад, ки дар сарҳади Тоҷикистон намегузоранд, ки борро ворид намоям. Гуфтаанд, ки бояд боҷ ва молиёт бисупорад.

Ҳамин бародар чанд сол пеши ман дар Волгоград буд. Чанд сол кор кард. Рафт як опели зефира хариду чанд муддат кирокашӣ кард. Аммо аз куҷое ҳамин роҳро ёфт. Мерафт аз онҷо ҳамин гуна маҳсулот меовард.

Ҳоло акнун ба ана ҳамин гуна савдои майда ҳам Раҳмонов чашм ало кардааст. Ин кормандони  гузаргоҳи «Қуштегирмон» ба Тоҷикистон ворид кардани молро манъ карданд. Ин гузаргоҳ дар сарҳади миёни ноҳияи Нов, ҳоло Спитамени Тоҷикистон ва шаҳри Бекободи Узбекистон қарор дорад.

Аҷобат дар он аст, ки давлати Узбекистон барои баровардани молу коло то 5 ҳазор доллари амрикоӣ бе пардохт боҷи гумрукӣ иҷозат медиҳад, вале содир кунанд, сарҳадбонон ва гумручиҳои Тоҷикистон бе санаду боҷи гумрукӣ иҷозти ворид кардан намедиҳанд. Дар ҳоле, ки бояд Тоҷикистон манфиатдор бошад, ки ин молу маҳсулот, ки дар дохили кишвар истеҳсол намешавад, ворид бишавад то бозорҳои дохилӣ пур ва арзонӣ бошад.

Ин бародар гуфт, ки аз ин ҳисоб мошинҳои боркаши майда, мсалан портерҳо кор мекарданд, мо кор мекардем, мағозаҳо кор мекарданд, аммо ҳоло ҳама бекор мемонанд. Ин бародарам аз қавли гумрукчиҳо гуфт, ки гуё ҳукумат қонунро иваз кардааст ва акнун барои ворид кардани маҳсулот аз 1000 доллар боло бояд воридкунандҳо боҷ ва андоз супоранд. Дар ҳоле, ки ҷониби Узбекистон барои камтар аз 5000 доллар ягон санад намедиҳад. Ин навигарии барои мардум зиёноварро чаро қонунӣ кардаанд. Бояд инро аз нав дида мисли пешина кунанд. Ман дар ҳайратам, ки ҳукумат ба бархе аз корхонаву ширкатҳо, ки ба миллионҳо доллар бору коло медароранд имтиёз медиҳад, аммо чашмаш ба ҳамин чор танга пуле, ки майдасоҳибкорҳо бо азоб аз сарҳад мегузаронанд дӯхта шудааст ва аз ҳамин чор нафар зану мардҳои бо чунин роҳҳо худро ва бозори дохилиро таъмин мекарда андозу боҷи гумрукӣ талаб мекунанд. Ҳайфи шумо барин давлатдор,ки миллионҳоро барои ширкатҳои калон мебахшеду бо ҳамин сад дусад сомонӣ мехоҳед ба давлат фоида оваред. Ман бовар дорам, ки шумори ин гуна таъминкунандаҳои дастурхони мардум ба мротибаҳо кам ва нархи ин навъи маҳсулот хеле баланд мешавад. Тибқи маълумоте,ки дорам ин ҳама маҳдудиятҳо барои ширкатҳои «Оила» мебошанд, ки то онҳо молу коло ва ҳама ончӣ дохил мешавад тавассути ширкатҳои «Семейка» ворид шавад ва онҳо фоида бубинанд. Охир ҳама кишвар ва тиҷоратҳои калон дар дастатон наход ҳамин майда тиҷоратҳоро ҳам тасоҳуб шавед? Шарматон бод эй нодидаҳои чашмгурусна!

Қубодиён

Ассалому алайкум устод! Ман аз ноҳияи Қубодиён бароятон ин номаро мефиристам. Хеле асабиям. Худамро қапида наметавонам.

Дар ин рӯзҳои ахир Тоҷикистон кашмар шуда истодааст, мисли филмҳои ужас.  Якеро бо табар майда карда истодаанд, дигареро аз сеюм ошёна ҳаво доданд. Қариб ҳар рӯз як нафар духтар нопадид шуда истодааст. Дар аскарӣ низ ҳолатҳои куштори сарбозҳо зиёд шуда истодааст.

Рамазон Раҳимзодаи «буқача» куҷоро нигоҳ мекунӣ? Ҳоло биист …мардум шӯ медиҳад. Ман девона мешавам. Ҳар рӯз як нафарӣ гум шуда истодааст. Магар шумо одамҳоро мехуред? Тоҷикистон ранги ҷазираи Эпштейн шудааст.

Як одам дар Русия сахттар бод шиканад худи пагоҳаш меоранд ва рапорт медиҳанд, ки террористро қапидем.

Охир ин духтарҳои мардум куҷо мешаванд? Пеш дар як сол як, ду одам гум мешуд дар барномаи «Ахбор ВКД» нишон медоданд. Ҳозир кай дохил шавӣ дар Инстаграм хабарҳо даҳшатангез: як духтарча нопадид шуд ё ин сарбоз устухон хурда мурдаст, ё дигарӣ худашро ба дарё андохтааст, ё як нафар аз ошёнаи 4и милисахона худро партофтааст, охир ин чи гап аст?

Эй, Раҳмонови палид, пир шудӣ қабр раҳат намедиҳад бо ин гуноҳҳоят. Миллатро ба бадтарин ҳолат овардӣ, бас набуд, ки акнун кушта истодаӣ? Мурдаҳоро мехурӣ?

Рамазон Раҳимзода чаро нигоҳ намекунӣ? Вазифаи аввалиндараҷаат амнияти мардумро таъмин кардан аст. Шумо беору беномусҳо, бешарафҳо аз уҳдаи кор намебароед.

Ҳар як шермарди тоҷик ҳаст, ки бимонед дар вазифаҳо, то ки мардумро хидмат ва муҳофизат кунанд.

Шумо худатон духтарҳои мардумро ҳар рӯз шикор доред.

Охир, эй мардум ҳушёр шавед, то кай дар хоби ғафлатед?

Ин Раҳмонов раҳм ба миллат надорад. Бояд мо сарҷамъ бишавем ва ҳамакаса ин балоро аз сари Тоҷикистон дур кунем, ягон одами соз биояд, то ин қадар мардум  кушта ва бедараку шикор нашавад.

Ин Раҳмонов як Заҳҳок аст. Ин ба хӯрдани на фақат хун, худи одамҳо одат кардааст.

Раҳмонов фаромуш накун, ки дар рӯзи қиёмат одамҳо аз гиребонат меқапанд. Инро   бидон, ки дар ислом хуни ноҳақ резондан чи қадар гуноҳи бузург аст. Бовар кунед, ки асабҳоям чунон вайрон аст, ки намедонам чи бигӯям.

Мегӯянд, ки ба хизмати модар- ватан мераванд. Мемурӣ шароити хизматро хуб кунӣ. Шароитро хуб кун ҷавонҳо худашон ба хоҳиши худашон мераванд. Ҳар рӯз як нафарӣ фарзандони мардумро кушта хурда истодаӣ. Дар ин ҳолат мардум девона аст, ки фарзандашро, ки бо як азоб калон мекунад ба қассоб бидиҳад?

Фарзандони ин лаънаткарда Раҳмонов Сомону Рустам Исмоили пингвину Фаридун дар куҷо хизмат кардаанд? Фарзандони мардум ҳам хизмат мекунанд ҳам мекушандашон. Ман аз Суди байналмилалӣ Лоҳа ё ГААГА хоҳиш мекунам ин Раҳмоновро ба маҳкама кашанд ва  Тоҷикистонро аз Заҳҳоки асри 21 наҷот диҳанд, ки ҳар рӯз як одамро кушта истодааст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 358 появились сначала на ISLOH.net.

Нуробод метаркад: «фасод чӣ гуна Нурободро фурӯ бурдааст?»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №51

Сокинони Нуробод мардумони бедору ҳушёранд ва аксарият ҳақталошанду дар ифшои камбуд ва навоқис шуҷоъу ҷасур.

«Ислоҳ» дар бораи ин ноҳия борҳо матлабҳои алоҳида чоп кардааст. Ин бор ҳам нашри навбатии барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ба ин ноҳия бахшида мешавад.

Дар ин барнома ду нома аз Нурободро ҷой додем, ки боз ҳам аз фасоду коррупсия дар ин ноҳия навишта шудааст.

Муаллифон аз раиси ноҳия шикоят кардааст,ки наметавонад ҷилави порхӯрҳоро,ки масъулиятҳоро дар идораҳо банд кардаанд, бигирад:

Номаи Аввал

Раис картошка мехоҳад, мардум адолат: «шикояти сокини Меҳробод аз зулм ва фишорҳо»

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин, муборизи роҳи ҳақ ва умеду муттакои мардуми мазлум ва ситамдидаи Тоҷикистон.

Ман, сокини деҳаи Пандовчии ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод ҳастам. Ман, ростӣ, тақрибан ҳама наворҳои шуморо тамошо мекунам. Рости гап, то-ин замон бештар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо мекардам, вале акнун ман ҳам ба ҷуз аз тамошо сар кардам ба номанависӣ. То ин замон дар ватан будам, наметавонистам, ки нависам. Чунки он мақомотҳои хабис моро бисёр зери фишор қарор дода буданд. Вале, бовар кунед, устод ман агар солҳо аз зулм ва ситами ин одамхурон ва наслкушҳо гӯяму нависам ҳам кам аст.

Ман мехоҳам дар оғоз дар бораи раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн каме ҳам бошад маълумот диҳам. Сипас дар бораи раиси ҷамоат ва куратори амният сӯҳбати худро идома медиҳам.

Устод ин муаллим С.Ф.Ҳ(Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн) аст. Ин дар навбати аввал омада ба заминҳои мардуми чорводор сарукор гирифт. Заминҳои юнучқа ва спарсезҳо яъне каҳдаравҷоҳои мардумро ҷуфт карда ҷаву зағир кошт.

Дар тирамоҳ ва баҳори имсол пода ва моли мардумро ба чарогоҳҳо рафтан намонд. Дар аввал ба мардум гуфт ин шоҳроҳ аст, мумкин-нест. Дар ҳоле, ки мо мардум зиёда аз 250 сар чорвои калони шохдор-гов ва аз 5000 то 6000 моли майда дорем.

Ин омор танҳо чорвоҳои қисми болои деҳаи мо аст ва тақрибан ҳамин қадари дигар чорво қисми поёнии деҳаамон дорад. Ва, маълум аст ки як қисми зиндагии мардуми мо куҳистон аз ҳисоби ҳамин чорвоҳоямон таъмин мешавад.

Хуллас, устод ин Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейни золим бисёр ба болои мардуми мо зулм кард истодааст.

Айни замон ӯ омӯзгоронро маҷбур карда истодааст, ки талабаҳоро барои коштани картошка баранд: «дарс лозим не, картошка шинонед, дер мешавад»

Ин раиси таъин кардаи Рустам на девонагиаш маълум, на соқиаш.

Солеҳзода Фатҳуддин мегуяд:  ӯро ба ин ноҳия Рустам (Рустами Эмомалӣ) равон кардааст- «ба ҳеҷ кас гӯш намекунам, ҳарчи хоҳам анҷом медиҳам».

Хитоби ман ба Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн ин аст:-мисли ту барин раис дар  ҳамин умри начандони ман 5 нафар омаду рафт. Ҳушёр бош, рӯзе ту ҳам меравӣ..

Ҳоло як, ду сухан дар бораи раиси ҷамоати Меҳробод Эшонов Туйчи Бегмаҳмадович ва Сиёвуши амният гуфтаниам. Дар таърихи 5-уми майи ҳамин сол раиси маҳалла Зуров Каримҷон Шарифович ва муовинонаш Мирзо Раҳматов, Далер Муқимҷонович мардуми маҳалларо барои гирифтани пилла ба масҷиди поёни деҳа даъват карданд. Ин масҷид айни ҳол ҷои баргузории ҳамин гуна маҳфилҳои давлатӣ шудааст. Хулоса, ин бузи Туйчӣ бо ҳамроҳи Сиёвуши амният омада мардумро дар ҳолати хондани намози шом ба навор гирифта ҷарима карданд.

Ин шо Аллоҳ, ин аз Худо баргаштаҳоро Худо худаш мезанад.

Устод, ин номаро чоп кунед. Дар оянд ҳатман менависам. Ҳамкориро тоза шурӯъ кардем.

Боқӣ дар амони Худо бошед!

Номаи дуввум

Аз таваллудхона то ГАИ-Нуробод дар муҳосираи пора: «номаи пурифшои як сокини ноҳия»

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Давоми 3 моҳ ман ба Нуробод, Рашт, Файзобод, Оби гарм, Роғун, Ваҳдат, Данғара, Варзоб, Восеъ, Кулоб Бохтар (Қурғонтеппа) бо ҳамроҳии чанде аз ҳамхизматҳоям сафар кардам. Дар давоми ин сафар аз мардумони ин ноҳияҳо дар бораи кору бори духтурҳо ва бемористонҳо пурсидам. Маълум гардид, ки Нуробод ва духтурони вай дар порахурӣ дар миёни ин ноҳияҳо дар ҷойи якум меистодааст.

Барои мисол дар Ваҳдат духтур барои дасти кудакро ҳалол кардан 150 сомонӣ мегирад. Дар Файзобод ҳам150, аммо дар Роғун ва Оби гарм 170 сомонӣ, бист сомонӣ зиёдтар мегирифтаанд. Дар Данғара ва Кулоб нархи ин амали духтурҳо 200 сомонӣ будааст.

Аммо дар Нуробод духтурҳо барои хатнаи як кӯдак 700 сомонӣ мегирифтаанд!! Бубинед, ки фарқ то чи андоза калон аст: 150 сомонӣ куҷову 700 сомонӣ куҷо?

Духтур Қосимов Иброҳим мегуяд ман ҳақи худам ҳаст, боз назначений менависам. Ҳамин Қосимов Иброҳим танҳо барои қабул ва навиштани як ретсепт 50 сомонӣ мегирад. Беҳад бетавфиқу беинсоф аст. Эй, Қосимов Иброҳим аз Аллоҳ битарс! Ту, ки аз давлат пул мегирӣ, маош мегирӣ ҳар моҳ. Боз аз мардуми камбағал ҳам нашармида пул мегирӣ. Ба онқадар, ки Солеҳзодаи раиси ноҳия гуфта бошад, ки пора гиреду кори мардумро баробар кунед, баъд бебаркаш гирифтан мегирӣ? Ба ин гуна гапҳо фирефта нашав. Кадом рӯз коррупсия меояду ҳама хурдагиатро аз биниат кашида мегирад. Он гоҳ Солеҳзода ба додат намерасад.

Боз пулро мегирад касофат мегӯяд «розӣ бошен». Аз сари қабри падарат розӣ бошем. Рӯирост мегӯяд 700 сомон медиҳӣ. Бетавфиқ. Наход як чукбурӣ 700 сомонӣ бошад?

Акнун дар бораи Шогирезов Бахтиёр, духтури дандони ноҳия гуфтаниам. Ин ҳам беҳад гарон мегирад. Боз як характери безеб дорад, ки бо занҳо зино мекунад. Ин Шогирезов Бахтиёр, хонапари зинокор хонаи чандин мардҳои зандорро килет кардааст. Ҳоло нимашро мегуям. Бадбахт зану кудак дорӣ, шикамат ранги Ширек дам кардагӣ, бас кун зинокориро. Ин дафъа ном ба ном мегирам. Занҳои ҳамкоратро медонам, ки бо чандинтоаш ин амали пастро анҷом додаи. Акнун занҳои аз шавҳарҳояшон баромадагӣ беҳисоб. Бори дигар мегӯям, ки Бахтиёр бас кун зиноро.

Домулло, ман дар моҳи декабр фарзанддор шудам. Пули справкаро додам ба дасти Раҳматуллоева Назрон. Ду моҳи дигар аз қафояш давидам. Боз 90 сомонии дигарамро гирифту баъд справкаро дод. Баъдан ҷамоат рафтам. Боз ҷамоат барои шаҳодатнома 80 сомонии дигар гирифт. Вале ҳоло ҳам нагирифтаам шаҳодатномаро.

Раиси ҷамоат аз Тегирмӣ, Туйчӣ ном дорад. Фақат дар ҷойи кораш нест.

Ҳар рӯз дар райони нав рейди телефонкобӣ гузаронида истодаанд, ки дар ҷони мардум заданд. Амният ва 6-ой отдел ҳоли мардуми Нурободро танг карданд. Эй, бадбахтҳои амният ва 6 –ой отдел аз телефонҳои мардумро кофтан порагирҳоро биқапед, як кори дуруст кунед.

Солеҳзода Фатҳуддин ин вазифа аз сарат мемонад, кадом рӯзе мегирандат ранги Ҳасани севакӣ, ранги ин раиси наве, ки гирифтанаш ва ҳоло мардум бо онҳо салом намекунад.

Зиёрати Саъдулло, раиси пешини Нуробод солҳои 2010 то 2017 кор кард. Масҷиди ҷумъахонӣ медарояд мардум пешаш мехезанд, барои он ки хизмат кард. Аммо Солеҳзода туро як сол мешавад, ягон навигарӣ накардӣ. Амакат дар Душанбе. Шабе аз дасгоҳ зангат заданд. Бо амакат шиштаги будӣ. Гуфтӣ пеши Ҷаноб меравам, раиси Нурободам мемонанд. Насиҳатат кард, ки роҳи порагириро бигир, пора нагир, ҳоло фаромуш кардӣ ё вазифа мутакаббират кардааст.

Муҳтарам раис! Бихоҳӣ, ки мардум ҳурматат кунанд, роҳи порагириро бигир ва амняту 6-ой отделро бигӯ ин қадар мардуми бегуноҳро шиканҷа накунанд. Камтар риш дошта бошӣ 6 –ой отдел мебарад шиканҷа мекунад.

Ин Шафоатова Зарина, духтури занҳо бошад ҳоло ҳам барои момодоягиаш пулгириро бас накарда баракс зиёдтар кардааст. 750 сомонӣ кардааст.

Камолзода Мадина Тоҳир раиси суди Нуробод чанд вақт пеш дар Хундон маҷлис гузаронд. Гуфт агар ман фаҳмам, ки кудаконатон дарси динӣ мехонанд, агар фаҳмам талабаҳои мактаб масҷид рафтанд, агар штраф 5000 сомонӣ барои дарси исломӣ бошад 10000 сомонӣ штраф мекунам. Ин раиси суди Нуробод Мадина Камолзода беҳад исломро бад мебинад. Агар писаратон дар телефон ягон навори исломӣ тамошо кунад, беҳад штрафи вазнин мекунад. Ин раиси суди Нуробод як намуд ба ислом нафрат дорад, ки одам бар мусулмон ва мусулмонзода будани вай шубҳа мекунад.

Вай рӯирост таҳдид кард мардумро ва гуфт, ки барои масҷид ва барои дарси исломӣ парванда мекушоям. Раҳм намекунам мегуяд бадбахтбаргаштаи Мадина Камолзода.

Домуло кумитаи замин барои ННН-РМА-рақами мушаххсаи андозсупоранда меравӣ 50 сомонӣ, ҷамоат меравӣ барои справка 50 сомонӣ, духтурҳо назначений мекунанд- 50 сомонӣ. Дар Нуробод порагирӣ дар авҷи аълои худ расидааст.

Дар бораи ГАИҳои пости Турба даромадани Файзобод, ки дар Ислоҳ мардум чанд бор навиштанд. Дар ҳақиқат пора мегиранд. Аввал 5 сомонӣ буд, ҳозир 20 сомонӣ. Мошинат документ дорад, надорад 20 сомонӣ медиҳӣ. Пости Роғун ҳам ҳамин  хел. Пости ГАИи даромадани Нуробод ҳам ҳамин аҳвол-20 сомонӣ.

Ин Солеҳзода Фатҳуддин инҳоро мефаҳмад, аммо кару кӯр аст.

Солеҳзода Фатҳуддин мардумро аз ин порагирҳо наҷот деҳ. Вақти Зиёрати Саъдулло порагирӣ ин хел набуд. Зиёрати Саъдулло як вақт дар пости Лаби ҷар меистад ва як ГАИро мепурсд, ки аз куҷоӣ? ГАИ мегуяд аз Ғарм. Зиёрат мегуяд ба ГАИ, ки кӣ туро инҷо вазифа додааст. ГАИ тарафи раис мегуяд вазир. Зиёрати Саъдулло тарафи ГАИ мегуяд «дафша аз ин нуробод, мада даркор нест коргари бегона».

Зиёрати Саъдулло кадом хонае ягон кас аз дунё мегузашт мерафт, ҳамдардӣ мекард. Камбағал бошад, набошад мерафт.

Аммо ин раиси нави мо Солеҳзода ягон ҷой намеравад, ягон пешравӣ ҳам накард. Ҳоло фақат картошка корида гаштаст.

Солеҳзода Фатҳуддин фаромуш накун, ки ту дар ин вазифаву курсӣ муваққатӣ ҳастӣ. Инро бидон, ки кадом рӯзе мепарӣ аз вазифаат. Барои ҳамин ободӣ кун. Хусусан роҳи пораро дар Нуробод бигир. Инҷо ҳамаи кормандони идораҳо  пора мегиранд. Бе додани пора ягон кор буд намешавад. Ин чи ҳол аст?

Он Хушнуди холабачаатро гуш накун. Вай тарафат гуфт, ки «ин хоинҳо бекоранд, мегуянд, дар Нуробод порагирӣ нест».

Одам мон мефаҳмӣ, худат тафтиш кун. Дар райони куҳна дар таваллудхона момодояҳо 700-800 то 1000 сомонӣ барои як таваллуд мегиранд.

Аз худи ман барои духтарчаам Раҳматуллоева Назрон 650 сомонӣ гириф, ин ҳам баъди баҳсу даъво. Аммо пули справкаро отделно гирифт вале дар охирин лаҳзаҳо боз 100 сомонӣ гирифт.

Ба Худо тамоми идораҳо ва махсусан таваллудхона як бозор шудааст. Ҳатман нархи баланд мегӯянд ва агар надонӣ гуфтаашонро медиҳӣ. Ягон хел санад барои ин пулҳо намедиҳанд. Чунки ин пулҳо пораанд, ба кисаи худашон меравад.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ҳой ҷаноби Солеҳзода Фатҳуддин!

Ту раиси ноҳияи Нуробод ҳастӣ, на сардори бригадаи картошкашинонӣ!

Вазифаи раиси ноҳия ин аст, ки болои тамоми идораҳо, мақомоти қудратӣ, бемористонҳо, ҷамоатҳо, суд, маориф ва сохторҳои давлатӣ назорат барад, то мардум аз зулму порагирӣ наҷот ёбанд. Аммо имрӯз мардум аз ҳар гӯшаи Нуробод менависанд, ки ноҳия ба бозори фасод табдил шудааст.

Дар таваллудхона бе пора фарзанд таваллуд намешавад.
Дар бемористон бе пул справка намедиҳанд.
Дар ҷамоат бе маблағ ҳуҷҷати лозима ҳал намешавад.
Дар роҳ кормандони ГАИ мардумро мисли нуқтаи андоз ғорат мекунанд.
Мақомоти амниятӣ бошанд, ба ҷойи ҷустуҷӯи ҷинояткору порахӯр, телефони мардумро мекобанд, ки мабодо «Ислоҳ» набинанду аз ҷиноятҳои мақомдорон огоҳ гарданд ва риши ҷавононро чен мекунанд.

Ин аст сиёсати идоракунии ноҳия?

Наход ту надонӣ, ки мардум аз дасти ҳамин кормандони порахӯр ба дод омадаанд?
Ё медонӣ ва худро ба кариву кӯрӣ задаӣ?

Раиси суди ноҳия Мадина Камолзода мардумро таҳдид мекунад, ки барои масҷидравӣ ва дарси исломӣ парванда мекушояд, аммо ту хомӯшӣ. Магар раиси ноҳия вазифа надорад, ки пеши роҳи ифрот ва зулми зердастонашро бигирад?

Ту бояд вақти худро барои адолат сарф кунӣ, на барои маҷбур кардани мардум ба картошка ва зағиршинонӣ. Нуробод вазорати кишоварзӣ нест. Нуробод ноҳияест, ки мардумаш мехоҳанд бо иззат зиндагӣ кунанд.

Фаромӯш накун:
ин курсӣ ҷовидона нест.
Пеш аз ту дигарон омаданду рафтанд. Баъзеҳо бо дуъои мардум рафтанд, баъзеҳо бо нафрати мардум.

Кӯшиш кун аз гурӯҳи дувум набошӣ.

Рустам туро барои зулм кардани мардум гузоштааст? Мардуми Нуробод аз бе масъулиятии раиси ноҳия ба дод омадаанд .

Аммо бидон:
на Рустам абадӣ аст,
на вазифа,
на ин қудрат.

Он чизе, ки мемонад-номи неку ёди мардум аст.

Ҳушёр бош, ҷаноби Раис!

Сообщение Нуробод метаркад: «фасод чӣ гуна Нурободро фурӯ бурдааст?» появились сначала на ISLOH.net.

Паёми хатарноки Раҳмонов: қотили Умаралӣ Қувватов чаро озод ва мукофот гирифт?
Номаи маро алоҳида нашр кунед №50

«Ислоҳ», ҳанӯз моҳи июни соли 2025 хабари аз зиндони Туркия озод ва ба Тоҷикистон  фиристодани Сулаймон Қаюмовро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумораи 251 нашр карда буд. Як каме пеш аз ин дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ҳам ин хабарро ба мардум расонида будем. Тибқи маълумоти он шабурӯзҳо Сулаймон Қаюмовро аз Туркия оварда буданд ва вай дар СИЗО нигоҳ дошта мешуд.

Сулаймон Қаюмов, қотили шаҳид Умаралӣ Қувватов, роҳбар ва муассиси ҳаракати оппозитсионии «Гурӯҳи 24» аст ки дар марти соли 2015 бо тири туфанги бесадо Умаралиро дар ҳузури фарзандон ва ҳамсараш дар яке аз хиёбонҳои Истанбул дар пушти сараш паронида ба шаҳодат расонд.

Додгоҳи Туркия дар он сол қотили аҷиркардаи Раҳмоновро барои ин ҷинояти сангин ба ҳукми абад маҳкум кард. Аммо бо гузашти даҳ сол аз ҳукми додгоҳи Туркия нафаре, ки бо ҳабси абад маҳкум шуда буд, ҳоло дар хиёбонҳои Душанбе савори Лексус мегардад.

Номаи зер дар ҳамин бора маълумот медиҳад:

Раҳмонов ба Сулаймон Қаюмов, қотили Умаралӣ Қувватов озодӣ ва мошину хона подарка кард

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз шаҳри Душанбе бароятон менависам. Бовар дорам ин хабар барои мардуми Тоҷикистон ва тамоми мухолифин бетафовут нахоҳад буд. Ман бо бастагони Сулаймон Қаюмов, нафаре, ки соли 2015 Умаралӣ Қувватов, асосгузори ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро дар Истанбул ба шаҳодат расонд, равуо ва ошноӣ дорам.

Сулаймонро аз зиндон бароварданд ва ҳозир дар озодӣ ба сар мебарад.

Ба ин муносибат дар хонаи додари Сулаймон Қаюмов, дар Душанбе ва Восеъ нони калон   доданд. Мо ҳам даъватӣ будем. Номи додараш Абдураҳмон аст.

Дар шаҳри Душанбе ба вай хона тӯҳфа карданд ва ба ҷои кор таъмин намуданд. Ҷои корашро ҳоло ман намедонам. Ба Сулаймон Қаюмов дар район ҳам хонаву дар доданд. Дар маркази райони Восеъ, дар кӯчаи Фирдавсӣ хонаи 8 зиндагӣ мекунанд.

Аввал омад дар хонаи тағояш дар қарибиҳои бозори Корвони Душанбе истод. Баъд аз инҷо бурданаш Восеъ. Дар Восеъ ҳам баъди ду рӯзи анҷоми моҳи Рамазон нон доданд.

Ҳамсари Сулаймон вақте мефаҳмад, ки Сулаймон зиндонии якумра шудааст, тобу тавонро аз даст медиҳад ва дигар ҳардаста ва «полний рост» мешавад ва бо «бачаҳо» -асосан амният ва МВД дар дачаҳои Варзоб чанд сол аст ки мераваду истироҳат мекунад.

Зани Сулаймон дар беморхонаи Восеъ ҳамшираи шафқат-медсестра буд. Масҳ-массаж мекард. Лекин «бачаҳако» мебурданду…..

Худи Сулаймон ҳама чизро медонад. Акнун ва ҳоло пас аз озодии Сулаймон чи гап мешуда бошад, инаш хело аҷиб аст.

Дар бозори Султони кабири Восеъ ҳам барои додараш магазин туҳфа карданд. Онҷо Абдураҳмони додари Сулаймон қолинфурӯш аст.

Ин ҷоизаҳо ба Сулаймон ва додараш барои иҷрои бомуваффақи миссия ва хушрӯ  оправдат кардан- куштори Умаралӣ Қувватов дода шудааст. Ана «президента бераҳмуш»

Умаралӣ Қувватов кӣ буд?

Умаралӣ Қувватов аз ҷумлаи он сиёсатмадороне, ки тарафдорони зиёд дошта бошад набуд, дар кӯраи сиёсат гудохта, обутоб ёфта, собиқа ва таҷрибаи зиёди сиёсӣ дошта бошад, набуд.

Аммо вай дар фурсати андак ба як шахсияти пештозу пешрави неруҳои мухолифи Раҳмонов бадал шуд ва дар як фосилаи кутоҳ ҷойгоҳи намоён ва рейтинги боло касб кард, мавриди таваҷҷӯҳи оммаҳо қарор гирифт ва дар қиёс бо оппозитсиони онвақта, масалан ташкилоти пурнуфуз ва пурҷамъияти ҲНИТ, ки аз ҳар гуна рӯёрӯӣ бо режим имтиноъ меварзид, Умаралӣ Қувватов ба унвони раҳбари ҳаракати нави сиёсии «Гурӯҳи 24» бо сароҳат ва ошкоро ба сарнагунӣ ва нобудии Раҳмонов ва режими вай даъват мекард ва ҳамин даъватҳои ошкоро ва оммавӣ ӯро ба рақиби сахти Раҳмонов дар майдони сиёсат мубаддал кард.

Даъвати вай барои тазоҳурот дар тирмоҳи 2012 дар Душанбе барои мақомоти Раҳмонов мисли раъду барқи тамуз ногаҳонӣ буд ва таҳдиди ошкоро ва ҷиддӣ ҳисоб меёфт. Аз инҷо буд, ки он рӯз тамоми ҷодаҳои пойтахт пур аз мошинҳои зиреҳпӯш ва низомиҳову милисаҳои мусаллаҳ шуда буд. Чанд рӯз қабл аз он ҳам неруҳои вижа ва таъиноти махсуси мақомоти қудратӣ зидди саҳнахезӣ ва хиёбонбароӣ дар майдони назди кинотеатри ҳамакнун собиқи Ҷомӣ

тамрини зидди тазоҳурот доир карда буданд, ки далолат аз тарс ва таҳлукаи Раҳмонов мекард.

Инҷо мехоҳем як иқтибосеро, агарчи тулонӣ ҳам бошад, дар бораи Умаралӣ Қувватов аз як матлаби қаблиамон, ки 12 феврали соли 2022 таҳти унвони «Фармоишгар ва қотилони Умаралӣ Қувватов ошкор шуданд»

(https://isloh.net/14044/farmoishgar-va-qotiloni-umarali-quvvatov-oshkor-shudand ) пешкаш намоем:

«Худобиёмурз Қувватов аз муассисони ширкати “Фароз” буд, ки баъдан Шамсулло Соҳибови домоди раиси ҷумҳурӣ ӯро на танҳо аз ин ширкат маҳрум, балки тамоми дороӣ ва моликияташро ҳам тасарруф намуд ва коре кард, ки хусураш бо истифода аз фишанги давлатӣ ӯро ба унвони як ҷинояткор муаррифӣ бикунад. Қисааш тӯлонист. Вале ҳаминро бигӯем, ки вақтҳои ахир Умаралии шаҳид дигар на танҳо ба як мунтақиду ифшосозандаи аъмоли ҷиноякоронаи Раҳмонову хонаводааш, балки ба як сиёсатмадори мардумӣ ва лидери садҳо ҳазор аз муҳоҷирон бадал шуда таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои қудрати Раҳмонов маҳсуб мешуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти «Гурӯҳи 24»-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Ҳар гоҳе, ки Қувватов тариқи шабакаҳо ва бахусус шабакаи моҳвораии  “К+” суханрониҳо мекард, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун мешуд. Шояд даҳҳо миллион доллар масраф карда буд, ки ӯро бо ҳар роҳу восита ба ватан бозгардонад. Чанд навбат тавассути ИНТЕРПОЛ-пулиси байналмилалӣ  ӯро мавриди боздошту бозпурсӣ қарор дод. Аммо ҳеҷ яке аз ин кишварҳо, ба шумули ҳамин Туркия розӣ нашуданд, ки шаҳид Умаралиро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Аз инҷо буд, ки таҳдиду ихтори зиёди ӯ ба Умаралӣ Қувватов камтарин таъсир надошт. Дигар Раҳмонов тасмим гирифт, ки ӯро ҷисман аз байн бибарад. Ва, ҳамин тавр ҳам кард. Ин масъулиятро Раҳмонов бар дӯши Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гузошт. Рамазон Раҳимзода Сулаймон Қаюмови  восеъиро барои иҷрои ин амалиёт ҷалб кард…….

Аммо Сулаймон Қаюмов нақши агенту гумошта ва барномасози амалиёти қатли Умаралиро бар дӯш гирифт. Ӯро чанд муддат дар вазорати дохилӣ омӯзониданд. Тахминан шаш моҳ ӯ нақшеро, ки бояд ифо мекард, машқ кард. Баъде, ки мутмаин шуданд, ӯ аз ӯҳдаи иҷрои нақши бар дӯшаш вогузоршуда баромада метавонад, роҳии Истанбул карданд. Сулаймон Қаюмов дар Туркия худро савдогару тоҷир рост карда,ҳатто корманди назофати масҷиде дар наздикии фурудгоҳ, оҳиста-оҳиста ба марҳум Қувватов ва ёронаш наздик мешавад. «Наздикшавӣ» аввалин марҳалаи нақшаи куштор буд, ки ӯ муваффақ шуд ва тавонист, ки дар як фурсати кӯтоҳ бо Қувватов ошно ва ҳатто дӯст бишавад. Хонуми шаҳид Умаралӣ аз наздикшавии шавҳараш бо Сулаймон Қаюмов хушбин набудааст, ки баъдан бо хабарнигорон ин нигарониашро изҳор намудааст.

Хабаргузориҳо дар он шабурӯз навишта буданд, ки 5-уми март, Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ бо номи Сулаймон Қайюмов барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. Ба оила заҳр хӯронданд, вале онҳо зинда монданд. Дар ин зиёфат бо шаҳид Умаралӣ бархе аз рафиқонаш,аз ҷумла Суҳроби Зафар, Ҳусейн Ашуров ӯро ҳамроҳӣ менамуданд. Ғизои заҳролуда ба ҳамаи инҳо ҳам таъсир карда буд. Ҳама беҳолу бемадор буданд ва бо марҳум натавонистанд аз хона берун шаванд. Умаралӣ аммо исрор меварзад, ки бояд аз хона бадар шуд, чун инҷо «чи гапе» ҳаст. Худи Сулаймон Қаюмов ба баҳонаи онки ғизо аз гӯшти гӯспанд таҳия шудааст, луқмае самти даҳан намекунад. Вақте амалиёти бо заҳр куштан амалӣ намешавад марҳум Қувватовро дар кӯча замоне, ки дар як даст дасти ҳамсар ва дар дасти дигар дастони яке аз кӯдаконашро дошт ва мунтзири таксӣ буданд, аз пушти сараш парронданд. Аз пушти сар ва бо туфанги бесадо».

Поёни иқтибос

Иллат ва ангезаи куштори шаҳид Умаралӣ Қувватов сиёсӣ аст. Раҳмонов аз Қувватов барои он тарсид, ки вай аз Кулоб буд ва метавонист, ки норозиҳои ин минтақаро, ки бар зидди Раҳмонов вақту соатро мунтазиранд ба ҳам биёрад. Иллати дигар он буд, ки мардум беҳад аз Раҳмонов хаста шудааст ва вақте як чунин нафаре мисли Қувватов, ки бо оилаи Раҳмонов ҳамкор буд, равуои дошт дар муқобили вай қад алам мекунад, ҳатман ҳамроҳаш мешуданд ва тарафдорӣ мекарданд. Хулоса, Раҳмонов барои онки аз курсӣ ва қудрат маҳрум нашавад роҳи чораро дар маҳви физикии Умаралӣ Қувватов дид. Ва, ин корро кард.  Раҳмонов ҳар касеро, ки даъвои сиёсӣ кард, ҳар касеро, ки нуфуз ва ҷойгоҳ пайдо кард ё кушт ё зиндонӣ кард ё водор ба фирор намуд.

Аммо, ростӣ, мо ҳанӯз ҳам нафаҳмидем, ки ҳукумати Туркия нафареро, ки ба ҳукми абад муҷозот шудааст, чи гуна озод кард?.

Бинобар навиштаи муаллифи ин нома Сулаймон Қаюмов то раҳоияш дар СИЗО-и Душанбе қарор дошт. Вай дар онҷо наздик ба як сол истод. Пеш аз иди Рамазон ҷавобаш доданд. Чунки вай миссияашро иҷро кард, корашро кард».

Ин гуна фарзияҳо ҳам ҳаст, ки гӯё Сулаймонро бо як нафар аз табааи Туркия, ки дар яке аз муасссаҳои таълимии Фатҳулло Гюлен дар Душанбе кор мекард ва аз афроди наздики Гюлен буд табодул кардаанд. Бар ивази он нафар ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст Сӯҳроби Зафар, роҳбари ҳамакнун пешини «Гурӯҳи 24»-ро аз туркҳо бигирад. Вале, ин ҳарфҳо фақат фарзияанд.

Аммо инки Сулаймон Қаюмов ҳоло дар озодӣ аст ва дар Душанбе ба сар мебарад воқеият аст.

Бинобар навиштаи муаллифи ин нома « Ҳамон шабурӯзҳо, ки Восеъ омаду нон доданд, бо як Лексус чанд рӯз бо каттагӣ ва ҳавобаландӣ гашт. Дар асл ӯро запреташ монда буданд, ки «нарав ба Восеъ. Яке журналистҳо даракатро меёбанду ғавғову валвала мехезад. Боз меоранду маҳкамат мекунанд.»

Барои ҳамин агарчи нон доданд фақат давру бариҳояш иштирок карданд. Ҳеҷ кас наомад, хабаргирӣ

«Худаш бо Лексус омад, дар район фир гашт, катагӣ, худнамоӣ кард. Вале онҷо одамҳое буданд, ки гуфтанаш «хеле кори хуб кардай, ки боз дар инҷо каттагӣ карда гаштестай. Боз занта на*****янд».

Баъд, тағояш пагоҳи барвақт оҳиста мегирад ва мегӯяд, ки «биё ҳуй буху, рафтем, ки ростат меган. Ту да инҷа чиӣ, киӣ, ту чи кор кардай, ҳама медонан, ту ягон қаҳрамонӣ нишон додай, ки да иҷа ба Лексус гаштестай. Ту кулобии худмона куштай».

Баъд, гурехту омад шаҳр. Ва ҳоло бо занаш дар Душанбе зиндагиашон якҷоя рафта истодааст.

Ҳоло саволи асосӣ инҷост, ки Раҳмонов Сулаймон Қаюмовро чаро озод кард, бештар аз ин хонаву мошин тӯҳфааш кард?  Раҳмонов чӣ гуфтанӣ аст?

Тақдиру таҳсин, беш аз ин додани ҷоиза ва инъом ба як нафари қотил аз тарафи раиси як давлат чи гуна бояд фаҳмида шавад? Вақте раиси ҷумҳурӣ як қотилро озод ва поошерят мекунад, магар он раиси ҷумҳурӣ кафилу зомини саломат ва амнияти ҳаёти шаҳрвандон шуда ва ё буда метавонад?

Мо мутмаин набудем, аммо ҳадс мезадем, ки Сулаймон раҳо мешавад.

Раҳмонов ҳам ӯро озод мекард, маълум буд. Чунки Сулаймон амри бевоситаи Раҳмоновро иҷро карда буд.

Аммо Туркия ин қарори Раҳмоновро чи гуна пазируфта бошад. Вақте додгоҳи Туркия дайн карду ҳукми абад доду даҳ сол шинонд аммо Раҳмонов оварду озод карду мошину хона дод. Яъне Раҳмонов Туркияро ҳам зад? Имиҷи Туркия дар сатҳи байналмилалӣ чи шуд? Давлати Туркия чи фикр мекунад. Ҷинояти қатли Қувватов дар Туркия бо имзо ва дастури Раҳмонов ба иҷро даромадааст?! Вагарна чаро қотил мукофот мегирад аз давлат?

Бо ин кор Раҳмонов тасдиқ ва иқрор мекунад, ки марҳум Умаралиро вай куштааст. Тасдиқ кард, ки амалиёти куштор ва маҳви физикии шаҳид Умаралиро вай сармоягузорӣ кардааст.

Қотиле, ки ҷинояташ дайн ва зиндонӣ шудааст, ҳукми абад гирифтааст, меояду ҷоиза ва инъом мегирад. Аммо инки ӯро мукофот диҳад, савори Лексус кунад, маъно ва паёмаш ин аст ки ин давлат нест. Ин давлат амалан ОПГ-гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аст ки бо ҳар роҳу восита бояд худро ҳифз кунад

Гуфтанист, ки ҳарки бо ман аст, ҳарки маро бонӣ мекунад, одам кушад ҳам ҷоиза мегирад. Раҳмонов мехоҳад ба ҳарифону рақибони худ зарбаи рӯҳиву равонӣ ворид кунад, шабехун бизанад, то ки касе сар барнадорад.

Додани ҷоиза ба қотили рақиби сиёсӣ ҳамин мазмунро дорад, ки ман омодаам барои курсиам одамро кушам, ман аз ягон ҷиноят рӯ намегардонам.

Инҷо дигар ҳама чиз ба ҳам омехта шудааст.

Вақте «заказчик» президент аст аз вай чи мешавд тавққуъ кард?

Ҳоло масалан Рустам, ки ояду нафаре амсоли Умаралӣ Қувватов дар рақобат бархезад, вай ҳам мекушад? Раҳмонов ба Рустам одамкуширо ҳам меомӯзанд ё уже омӯзонд?

Эмомалӣ Раҳмонов ба ин қотил аз кадом ҳисоб мошину хона дод?

Вале дар ин байн Раҳмонов ба мардум ба ҳайси кӣ муаррифӣ мешавад? Оё мо, тоҷикҳо бовар бикунем, ки давлат дорем ва ин давлати мо қонун дорад, ки гунаҳгорро, ҷинояткорро, одамкушро ҷазо медиҳад.

Ва ё баракс мо ба ин андешаву хиёл бошем, ки раиси давлати мо худ як одамкуш аст.

Аз сӯи дигар куштори Умаралӣ Қувватов нишонаи аҷзу нотавонӣ ва заъфи Раҳмонов  ва ҳукумати вай аст. Чаро? Чунки як нафаре, ки бо тӯда ва анбӯҳу издиҳом, яъне бо халқ канор омад, пуштибонӣ ва дастгирӣ ёфт, табдил ба умеду орзуи мардум шуд, Раҳмонов хатарро дар симои вай мебинад.

Ин тавр, ки бигзор, рақиб вориди майдон ва арса бишавад ва инки бигӯяд омода аст бо вай дасту панҷа нарм кунад, шоху шона бизанад, ҷуръат ва ҷасорат надорад. Зеро медонад, ки шикасташ ногузир аст. Шумо ҳарифони интихоботии вайро бинед, ки киҳо буданд.

Раҳмонов ва дору дастаи вай медонанд, ки халқи Тоҷикистон ӯ ва онҳоро кайҳо нафрин кардааст.

Вай мезанад мекушад, на барои онки зӯр ва тавоно аст, чунки роҳи дигар надорад. Тарсро бояд барҷаста, овезон ва пайваста ва даҳшатноктар нишон диҳад.

Аммо, ҳама чиз поёни худро дорад. Ва, Раҳмонов мутмаин бошад, ки ҳамон поёноварандагони вай дар роҳанд ва моро доранд ҳамроҳӣ мекунанд.

Аммо роҳи шаҳид Умаралӣ Қувватов пурроҳрав аст ва ҳаргиз ин роҳро холӣ нахоҳанд гузошт.

Паёми «Ислоҳ» ба Раҳмонов ва СС.Ятимов!

Раҳмонов, иштибоҳ накун. Ин намоишҳои тарсофаринат ва озод кардани қотилон моро наметарсонад. Агар фикр дорӣ, ки бо мукофот додан ба ҷинояткорон паём мефиристӣ, ки «бикушед-подош мегиред», пас худат эътироф мекунӣ, ки низомат ба чӣ табдил ёфтааст.

Ин дигар давлат нест-ин паёми ошкор ба ҷаҳону ҷомеа аст, ки қонун зери по шудааст.

Аммо як чизро фаромӯш кардаӣ: тарс на ҳамеша кор мекунад. Баъзан тарс бармегардад ба сӯи худи он касе, ки онро паҳн мекунад. СС.Ятимови махуф ту ҳам тарафи хасми мо ҳастӣ ва ифтихор накун! Ҳатман рӯзҳои ба шумори ту ҳам мондааст дар ин арикаи зулму истибдод!

Мо ин роҳро тасодуфан интихоб накардаем. Бо чашми боз интихоб кардем. Медонем дар муқобили кӣ истодаем ва медонем ин мубориза чӣ қадар гарон аст.

Марг? Медонем.
Зиндон? Дидаем.
Туҳмат? Аз сар гузарондаем.

Ҳеҷ кадоми ин моро бознадоштааст ва нахоҳад дошт.

Ту бо ин корҳоят танҳо як чизро исбот мекунӣ: тарс дорӣ. Тарс аз ҳақиқат, аз номи Умаралӣ Қувватов, аз хотираи ӯ ва аз он чизе, ки ӯ рамзаш шудааст.

Мо наметарсем.
На аз таҳдид, на аз фишор, на аз саҳнасозиҳои ту.

Роҳи мо роҳи баргашт ба қафо ва афву сулҳ бо ту нест. Роҳи мо рафтан то охир ва расидан ба озодии тамом аз низоми хуношоми туст, ки он рӯзи бузург ҳатман фаро мерасад.

Ва як чизро бидон:
пирӯзӣ дер шавад ҳам- он рӯз мерасад ва мо ба ин имон дорем!

Сообщение Паёми хатарноки Раҳмонов: қотили Умаралӣ Қувватов чаро озод ва мукофот гирифт? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357
Ин бор аз Кулоб, Левакант, Хуҷанд, Конибодом ва Ҷаббор Расулов номаҳоро бароятон омода кардаем.

Аз Кулоб як нафар собиқ ҷангандаи Фронти халқӣ, ки баъдан солҳо дар яке аз мақомоти қудратии Тоҷикистон кор карда то рутбаи полковникӣ расидааст ва ҳоло бознишаста шудааст номае фиристода даъво мекунад, ки Сӯҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони пешини «Фронти халқи»-ро худи Раҳмонов заҳролуд карда аз байн бурд.

Аз Левакант дар бораи баргузории рейди зидди сатр навиштаанд. Муаллиф изҳори нигаронӣ кардааст, ки мо мардуми тоҷик дигар тамоман беғайрат шудаем ва муллоҳо бошанд дигар ҳама дарборӣ шуда ба сухангӯи Раҳмонов табдил шудаанд.

Аз Конибодом боз ҳам дар бораи беспределии ГАИҳо навиштаанд. Муаллиф мегӯяд, ки аксарияти ГАИҳо дар ин ноҳия кадрҳои аз дигар маҳал ҳастанд, ки инҷо пулкоркунӣ меоянд.

Муаллифи нома аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи сардори ШВКД-шӯъбаи корҳои дохилӣ  навиштааст, ки ба гуфтаи муаллиф аз рӯи ҳиссиёти миллатчигӣ узбекҳоро дар ин ноҳия таҳқир мекунад. Нависанда гуфтааст, ки бо омадани ин сардори милиса маъракаи зидди фолбин сар шуд ва ин маъракаро сардори милиса василаи кисапуркунӣ қарор додааст. Муаллиф, ки ба назар мерасад худ милитсионер аст боз аз як рафтори ғайримаъмулии сардори милиса гуфтааст.

Номаи Хуҷанд бисёр ҳам ташвишовар ва изтиробангез аст. Дар ин нома сухан аз мавориди зиёди ғасбҳои рейдерӣ аз тарафи домодҳои Раҳмонов меравад, ки дар шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли кишвар, аз ҷумла ҳама бозорҳо ва тиҷоратҳоро бо зӯрӣ кашид гирифта истодаанд. Муаллифи нома, чуноне худаш мегӯяд, солҳо ба воридоти селитра, нурии маъданӣ барои соҳаи кишоварзӣ машғул будааст, ки дигар онро ҳам Фароз гирифтааст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои Фронти халқӣ будам ва бо хеле аз қумандонҳо ошноӣ ва шину хез доштам. Баъди ҷанг ҳам дар яке аз мақомотҳои қудратӣ кор кардаам. Ман хеле аз сиру асрори Раҳмоновро медонам. Инҷо дар бораи яке аз онҳо мегӯям.

Сабаби заҳр додан ва нобуд кардани яке аз генералҳои Фронти Халқӣ Сӯҳроб Қосимов дар чи буд ва чаро Раҳмонов генерал Сӯҳробро кушт?

Дар яке аз рузҳо генерал Сӯҳроб Қосимов ба як одами дар бараш буда, шахси бовариаш мегуяд ин Раҳмонови ҳаромӣ тамоми командирҳо ва одамҳои бо нуфузе, ки ӯро сари қудрат оварданд яке паси дигар нобуд карда истода аст. Чи чора ҷӯем, ки Раҳмонов маро хам нобуд накунад?

Шахси боваринокаш ба ӯ мегуяд:- бубин, генерал бо яке аз қумандонҳои оппозитсия, кадомеаш, ки пурзӯр ва қавӣ аст бо вай якҷо мешавем ва ӯро сарнагӯн мекунем, то ки ӯ моро нобуд накунад.

Пас, генерал Сӯҳроб ба назди Бобои Раҳмон бо лақаби Раҳмон Гитлер одами худашро равон мекунад ва мегӯяд Бобои Раҳмон  Сӯҳроб Қосимов мехоҳад бо шумо аз наздик шинос шавад ва мехоҳад бо шумо вохурад. Дар ҷавоб Бобои Раҳмон мегӯяд «меҳмон атои Худо аст, мо интизори мехмон ҳастем, марҳамат биёяд».

Баъди чанде генерал Сӯҳроб Қосимов ба дидори Бобои Раҳмон ба Тепаи самарқандӣ ба хонаи Бобои Раҳмон бо шаш мошин шабона ба меҳмонӣ омад ва дар хонаи Бобои Раҳмон шишта сӯҳбат карданд, то қариби субҳ. Генерал Сӯҳроб Қосимов аз Бобои Раҳмон миннатдорӣ кард, ки ӯро пазируфт ва меҳмон дорӣ кард. Генерал бо умеди дидор гуфт ва аз ин пас дусти байни Сӯҳроб ва Бобои Раҳмон оғоз шуд.

Сӯҳроб Қосимов бо Бобои Раҳмон то дами  маргашон дӯст буданд. Як рӯз дар части Сӯҳроб дар Қулписта бо ҳам шишта буданд.

Сӯҳроб Қосимов мегуяд ба бобои Раҳмон, ки ин ҳароми Эмомалӣ Шарипович ҳамаро аз ду тараф нобуд кард: ҳам тарафдорони худаш ва ҳам аз тарафдорони оппозитсияро. Сӯҳроб Косимов ба бобои Раҳмон мегӯяд, ки биё ҳарду якҷо шавем ва ин ҳаромиро аз байн бибарем, то ки ин ману туро ҳам нобуд накунад. Бобои Раҳмон дар ҷавоб гуфт Сӯҳробҷон ман ин гуфтаи туро бо бачаҳоям суҳбат мекунам ва ҷавоби туро медиҳам. Сӯҳроб интизори ҷавоби ту мешавам, мегӯяд.

Раҳмон  дар Тепаи самарқандӣ бо қумандонҳояш вомехурад ва мегуяд Сӯҳроб Қосимов мехоҳад якҷо шавем ва Раҳмонови ҳаромиро сарнагӯн кунем, шумо чи мегуед бачаҳо? Бачаҳо розӣ шуданд, ки бо Сӯҳроб Қосимов якҷо шаванд.   Ҳатто генерал Сӯҳроб Қосимов нақшаи сарнагӯнии Раҳмоновро ба Бобои Раҳмон дод ва гуфт нақша бикаш, ман тайёрам. Сӯҳроб Қосимов гуфт он қадар ба бобои Раҳмон бовари дорам, ки агар якҷо шавем хоки Эмомалӣ  Шариповичро мебезем

Аз ин нақшакашии ду қумандон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов бо хабар шуд ва бар зидди инҳо нақшаи худро кашид. Як руз «сагҳо»-и бовафои Эмомалӣ Шарипович ба 9 ум километр меоянду ду солдати бобои Раҳмонро бурда мезананду мешикананд ва паси панҷара мекашанд.

Дере нагузашта бобои Раҳмон бо шербачаҳояш ба ДОК омада аз пости ДОК, ки онҷо милисаҳо буданд 9 нафарро гаравгон гирифта ба Тепаи самарқандӣ мебаранд. Дар миёни ин 9 нафар ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев низ буд. Аммо бобои Раҳмон дарак надошт, ки ин нақшаи Эмомалӣ Шарипович бар зидди вай буд, токи Раҳмонро аз байн бибарад.

Дере нагузашта ба назди Бобои Раҳмон қозӣ Тураҷонзодаро равон карданд, токи Бобои Раҳмон милисаҳоро бар гардонад, то ба вай ҳамла накунанд. Дар ҷавоб бобои Раҳмон гуфт солдатҳои маро баргардонед, пас ман инҳоро раҳо мекунам   Тураҷонзода гуфт як милисаашро мегираму меравам. Бобои Раҳмон пурсид, ки чаро? Қозӣ гуфт чунки вай ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад. Бобои Раҳмон он қадар мард буд, ки гуфт бигир бар ҷияни Убайдулоевро. Лекин бобои Раҳмон дарк накард, ки ин дасиса барои аз байн бурдани вай аст.

Чунонки мебинед баъдан ба Тепаи самарқандӣ бар болои бобои Раҳмон ва ҳамрзмонш ҳуҷум шуд ва ҷанги сахт дар миён омад. Бисёр ҷавонҳо ҳалок шуданд. Бобои Раҳмон ба болои Тепаи самарқандӣ баромада ба сӯйи Олучадара равон шуд. Аз пеш генерал Сӯҳроб Қосимов баромад. Бобои Раҳмон гуфт Сӯҳроб бар зидди ман ин дасиса шуд, ту маро фурӯхтӣ? Дар ҷавоб Сӯҳроб Қосимов гуфт қасам ба Худо ман ин корро накардам. Бобои Раҳмон агар бовар накунӣ маро парон дар ҳаминҷо.

Бобои Раҳмон гуфт касе Моро фурухт, паноҳат бар Худо. Пас, Сӯҳроб Қосимов гуфт аз ин роҳ бирав. Ман баъди ду соат аз пасат тир мепаронам ва Раҳмон бо ҳамроҳонаш ба тарафи Олучадара раҳсипор шуданд. Баъди ду соат Сӯҳроб Қосимов тир ба тарафи ҳаво паронданро сар кард ва ба ратсия баромада ба Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки дер кардем, Раҳмон ба тарафи Олуча дара рафта аст.

Шоҳиди ин воқеа мегуяд дар Олучадара ҷамъ омадем 73 нафар будем. Бо чархбол моро ҳамла карданд. Ҳама пароканда шудем, ба ҳар тараф, кадоме куҷое равад. Баъзе бачаҳо онҷо дар Олучадара шаҳид шуданд. Баъдан яке паси дигаре кушта шуданд. Мансур бо Исломи личакӣ, бобои Раҳмон, Сафари даҳмарда, хуллас, ҳамаро куштанд. Баъзе паси панҷара ба муддати 25 сол, баъзе ҳукми қатл гирифтанд. Писари домулло Ҷумъа, Марах ҳукми қатл гирифтанд. Худо раҳматашон кунад ин ҷавонони боғайратро.

Баъдан Сӯҳроб Қосимовро аз кор гирифтанд ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон монданд. Дертар барои Рустами писараш шуда Сӯҳробро аз ин вазифа ҳам дур кард. Ҳатто дар ҷаласаи аз коргирии генерал Сӯҳроб Рустами Эмомлӣ ӯро таҳқиру дашном ҳам мекунад. Ҳамин тавр оҳиста оҳиста ӯро аз байн бурданд.

Як наздики генерал Суҳроб ба ман гуфт, ки ӯро аз тарафи як генерали рус дар Душанбе буда, ки дар 201 дивизия кор мекард, заҳр доданд. Ба стакани коняки Сӯҳроб заҳр рехта ӯро заҳролуд карданд. Сӯҳроб шаш моҳ табобат кард. Лекин дар Русия ҷон бохт. Баъд ба Душанбе оварда ба хок супурданд. Пеш аз марг генерал Сӯҳроб Қосимов ба ҳамин нафари наздикаш гуфтааст ин ҳаромӣ корашро кард, ҳамаро аз байн бурд. Хело ба шакли вахим ҷон дод.

Левакант

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Левакант ҳастам, кӯтоҳ менависам.

Як ду рӯз пеш дар шаҳри Сарбанд Левакант рейд баргузор шуд. Сатри занҳоро аз сарҳояшон гирифтанд. Як бародар сӯҳбат кард, гуфт бо мошин тарафи Қурған мерафтем. Дар роҳ як занро чанд нафар руймолашро аз сараш бо зӯр гирифта истода буданд. Мегӯяд, бовар кун, ҳамин қадар сарам вайрон шуд, ки гиряам омад. Барои онки аз дастам ҳеҷ кор наомад. Ҳатто дар беморхона намемонанд сатр кардан.

Хитоби  ман ба мардуми беғайрати аз дин дуршудаи тоҷик ин аст ки ин муллоҳои дарборӣ ва ин ҳукумати зидди дину зиди оину анъанаамон шуморо гумроҳ кардаанд. Ҳамин ҳоҷӣ Мирзо дар ҳаёти сараш дар бораи тавҳид сухан ва мавъиза кардагӣ нест. Агар бовар накунед дар шабакаи Ютуб худатон бинед, ку як дарс аз вай меёбед ё не?

Имрӯз, сад ҳайф, ки мардуми мо аз дин дур ва беғайрат шудааст.

Боз нав як видеоро дидам. Як торти калон кардаанду дар қафои портер монда дар шаҳр ба мардум тақсим доранд- барои 9 май. Дар ин ватан ба ғайр аз иди Рамазон ва иди Қурбон дигар ҳама идҳо қадр дорад. Кори ин тоҷик фақат дар комментҳои узбекҳо навистан: плов таджикский ё ки Бухоро ва ё Самарканд наше. О, агар ин Самарқанду Бухоро ин қадар қадр медошт дар мактаб чаро таърихи имом Бухориро дар ҳамон китобҳоятон ҷой намедиҳед, намехонед? Дар адабиёт ҳади ақал тарҷумаи ҳолашро камтар мемонданд.

Ин халқи тоҷики мо кай худшинос мешавад, кай ба худ меояд, намедонам. Ғайрату шуҷоату ҷасорат аз мо рафтааст.

Боз як наворро дидам духтару бача дар даруни шаҳр дастобадаст. Дар зери навор ягон ҷавонмард сухан накардаст. Боз ҳама хандаву ҳазл, гуё ин кори хуб аст. Бовар кунед, агар як духтару як писар дар тарафи Кавказ дастбадаст кунанд он писар то хонаашон соқу саломат намеравад. Мутаассифона дар мардуми мо тарс дар ҷои аввал меистад. Аҳсан ба мардуми Бадахшон, ки бо ғайрат ҳастанд.

Бародари азиз, имрӯз дар эфир ҳамин суханони маро хонед ва ба мардум каме бошад ҳам ба ғайрат шуданро фаҳмонед. Саломат бошед!

Хуҷанд

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ ба умри шумо ва касбу коратон баракат бидиҳад. Ман аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Инҷо дар бораи бозорҳои шаҳр менависам, ки онҳоро аз дасти мардуми таҳҷоӣ ва бумӣ сойкелдиҳо кашида гирифтанд.

Бозори Якшанбебозор (мошинбозор) ба Асади бившый рэкет тааллуқ дошт. Вайро гуфтанд бозорро бидеҳ, аммо пули кам гуфтанд. Асад розӣ нашуд,надод.Вале ба зӯр зада гирифтанд.

Бозори Атуш, маъруф ба Атушбозорро ҳам аз дасти Рустам гирифтанд. Вале Рустами рэкет бозорро бидуни баҳсу даъвою ҷанг ва бепул дод.

Бозори Баракат, ҷойи фуруши масолеҳи сохтмонӣ-строителный буд, ки инро ҳам гирифтанд.

Сомонбозорро ҳам гирифтаанд. Дар Хуҷанд ягон бозор намонд. Ҳамаашро кашиданду бо зӯр захват карданд. Рости гап намедонам ин хабарҳо ба шумо даркор буд, чоп мекунед ё не, аммо навиштам. Чунки, ман бовар дорам, ки дар дигарҷо навиштан ва чоп кардан намешавад.

Шумо хуб медонед, ки Панҷшанбебозор, бозори овозадори Хуҷандро чанд соли пеш Ҳасан Асадуллозодаи додарзани Эмомалӣ Раҳмонов гирифта буд.

Солҳои пеш гандумро бачаҳои Хуҷанду Истаравшан ворид мекарданд. Касе мехост ворид мекарду мефурӯхт. Ҳозир бошад фурӯши гандумро «Се ганҷ» монополия карда гирифт. Ин Сеганҷ аз они Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Селитраро пештар ҳар касе мехост ворид мекард, меовард дар бозор савдо мекард. Бизнеси хуб буд. Худи ман бо ин кор мшғул будам. То ба Афғонистон мебурдам. Аммо бозори селитраро ҳам дар Хуҷанд ширкати Фароз пурра гирифт. Ширкати Фароз ба ҳамин Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад.

Ҳоло бе иҷозати Фароз ворид карда наметавонед. Шумо поставшики селитраро меёбед, гапзанон мекунед аммо пулро ба Фароз месупоред. Фароз дар болои он фоиз-протсенти худашро мемонд, сипас харида оварда медиҳад. Яъне ҳаминхел не за что дар бизнес қӯш мешавад ва муҳимтар аз ҳама нархро муқаррар ва контрол мекунад.

Воридоти газу бензин ҳам ҳамин тавр. Пештар касе мехост харида оварда мефурӯхт. Ҳозир лицензия талаб карда мешавад. Аммо нархи летсензия беҳад гарон. Солона аз 1млн боло. Чунки ин тиҷоратро ҳам инҳо гирифтагианд.

Заводи қанду шоколад месозам гӯед иҷозат нест. Иҷозат ҳаст, аммо иҷозатнома нархи миёншикан дорад. Чунки заводи «Амирӣ» ичозат намедиҳад. Монополия карда гирифтааст. Заводи «Амирӣ» аз они Зарифбек Давлатови домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, шӯи Тахмини Клеопатра аст. Боз ин зану шавҳар аз Русия ва Украина конфету шоколад  ворид мекунанд. Корхонаи «Амирӣ»-и онҳо барои даҳ сол аз тамоми пардохтҳои андозу гумрук озод аст.

Бинобар баъзе маълумотҳо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз бояд то моҳи сентябр100 корхонаи молу маҳсулот ворид мекардагиро маҳкам кунад. Фирмаҳо, ҶДММҳо-соҳибкорҳоро бо ҳар баҳона аз сояи однодневка баровада ба эҳтимоли зиёд ба «Фароз», «Таҷэро» ва «Авесто груп» супоранд.

Дар ҳоле, ки Узбекистон барои соҳибкорҳо шароити бисёр хуб фароҳам карда истодааст. Барои ҳамин бисёрии соҳибкорҳо бизнесашонро ба Узбекистон гузаронида истодаанд. Чунки дар инҷо дигар тамоми соҳаҳои тиҷорату истеҳсолоти мавҷударо кашида гирифта истодаанд. Ҳатто бозорҳоро кашида гирифтанд.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу хуш бошед.
Бародар номамро фош накунед вале номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед.

Ман дар бораи як масъала гап заданиам. Дар масъалаи милиса ва ГАИҳо Дар Конибодом шумораи инҳо бисёр шуда истодааст.

Имрӯз дар назди беморхонаи Конибодом як корманди милиса, ҳамчун корманди ГАИ-БДА бе ягон сабаб як нафар ронандаи опелро омада ҳуҷҷатҳояшро тафтиш кард. Вай милиса аст на корманди ГАИ. Барои ҳамин вай чунин ҳуқуқро надорад. Вай милиса аст на коркуни ГАИ. Мошини ин милиса тамғаи мерседес ва номери қайди давлатиаш 1010, рангаш золотой. Оинаҳояш темнит кардагӣ. Мутаассифона ному насабашро намедонам. Чи тавр корманди давлатие, ки 1000-1500 сомонӣ маош мегирад шишаҳои мошинашро, ки арзиши сиёҳкунӣ дар як сол 5000 сомонӣ мекунад ва боз ӯ зану фарзанд дорад.
Ҳар рӯз ГАИҳо моро безор мекунанд. Дар шаҳр меистанд 1 нафар не, 5 нафарӣ меистанд. Барои чи кору постҳои ғайриқонунии онҳоро намебинанд ва инҳоро тафтиш намекунанд?

Як корманди ГАИ ҳаст, ки мерседеси хокистаранг дорад. Рақами давлатиаш 0046 регионаш 01, оинаҳояш сиёҳ. Агар инҳо пора нагиранд аз куҷо ҳар сол 5 ҳазор сомонӣ барои оинаи сиёҳ медиҳанд? Чаро мақомоти Душанбе инҳоро тафтиш намекунанд
Рӯзи якшанбе милисаҳо дар бозор савдогаронро савдо кардан намемонанд.

Як нафар милиса Лексуси сиёҳи аз 100 ҳазор доллар зиёд дорад. Аз кадом ҳисоб харидааст? Барои чи коррупция инҳоро тафтиш намекунад? Ин порахурҳоро бояд аз Конибодом дафъ кунанд.

Милиса ва ГАИҳо аксарияташон аз Конибодом нестанд. Яке аз онҳо Фирӯзи сиёҳ аз Ашт. Дар Конибодом хона ба иҷора гирифта мешинад.
Дар куҷост раиси КДАМ СС. Ятимов? Биё Конибодом тафтиш кун порахурҳои Конибодомро. Ҷеки Чан-вазири дохилӣ ҳам биёяд тафтиш кунад ГАИҳоро. Ин ҳаромхӯрҳо бечора таксистҳоро кор кардан намонда истодаанд.

Номаи маро дар «Номаҳо…»  чоп кунед. Ман боз менависам аз ин гуна бузу ҳаромхурҳо
Ташаккур барои хизматҳоятон бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ҷаббор Расулов

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам ва ба шумо маълумотҳоро вобаста ба фаъолияти ШВКД –шӯъби вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия ирсол менамоям.

Подполковники милитсия Азиззода Аваз, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Азиззода аз вазифаи сардори ШВКД шаҳри Хучанд ба ин ноҳия ба кор омад. Ин шахсият як инсони ҳаром ва миллатчӣ мебошад. Аксарияти халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов узбекҳо мебошанд. Сардори шуъба, масъули ҳифзи қонун ва тартибот ин халқро рӯирост узбак гуфта таҳқир мекунад ва ошкоро мегӯяд, ки «инҳоро г..да,г..да маблағу пулашонро гирифтан даркор» ва боз дашномҳо мекунад.

Баъди ба ин вазифа таъин гаштани Азиззода Аваз мо кормандон фаҳмидем, ки Азиззода Аваз шогирди раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой дар ВКД будааст ва ба воситаи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ҳам ба вазифаи сардори шуъба дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳз хамин раис дастгирӣ намудааст. Аммо Азиззода Авазро муовини аввали вазир, Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков) шум медидааст. Баъди ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омадани Азиззода Аваз дар як ҷамъомад дар байни ҳайати шахсӣ гуфт, ки «баъзе муовинои Вазир, худашона дарондан то ай вазифа гиран, лек бо вазифамон додан». Бачаҳо гуфтанд, ки бо ин суханҳояш Аламшозодаро дар назар доштааст. Чунки писар ё ҷияни Аламшозода, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ дар шаҳри Хуҷанд будааст, ки ӯро низ дар ҷамъомад Азиззода Аваз зикр карда буд, ки дар шаҳри Хучанд, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ доштам, маводи «кристал»-ро мезад ва рӯзи дароз дар кабинеташ хоб буд.

Баъди ба ноҳия омадани Азиззода Аваз маъракаи густурдаи дастгир кардани фолбинҳо оғоз гашт. Вай фолбинҳоро дастгир намуда то 40-50 ҳазор сомони маблағи онҳоро гирифта, ҷаримаи мувофиқро аз руи модда таъин карда, пулҳои изофии калонро ба кисааш зад. Ин сардори шуъба ҳамин қадар гушна аст ки то ҳатто ҳамсараш ва духтаронаш ба ҷои кораш мебиёянд оилавӣ ва дар ҳуҷраи корӣ ё ягон ошхона, хурок истеъмол мекунанд, пули ошхона ва хурокро кормандони милитсия месупоранд. Рости гап ин кор як бор бошд, ду бор бошд, тоқат кардан мумкин. Аммо бовар кунед, ки аз кирдорҳои ин сардор ва аҳли оилааш мо кормандон ба дод омадаем. Чунки хурду хӯроки аҳли оилаш дар ҳудуди ноҳия, харидан ва ирсол намудан ба хонааш ва маводи сӯзишворӣ то автомашинаҳои оилааш ба дӯши мо кормандони милитсия афтидааст. Мо ҳам ба ҷони таксистҳо расонидаем

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода -Қофлонбой ба Азиззода Аваз супориш медиҳад, ки нисбати Олимбек раиси ноҳия маълумот ҷамъ кунад ва Аваз супориши ӯро бе чуну чаро иҷро намуда маълумотҳои даркориро ба раиси вилояти Суғд пешниҳод менамояд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357 появились сначала на ISLOH.net.

Қотил дар Курсии Таҳқиқот: «ҳақиқати Сайдаҳмад, Раҳимзода ва хомӯшии Прокурори генералӣ»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №23

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як нафар аз кормандони пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳастам, ки айни замон ба нафақа баромадаам, ба истилоҳ «давлати пирӣ» меронам ва дар яке аз деҳаҳои ҷамоати Навдии Рашт зиндагӣ мекунам.

Филми ҷолиби «Леди фром из Гарма»-и «Ислоҳ.ТВ»-ро тамошо кардам. Бовар кунед, ки онро 99% мардуми Ғарм тамошо карданд ва бинобар маъулмоте, ки ба дасти мо расид, шахсан худи Ледӣ-Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт онро дар экрани калонҳаҷми хонааш тамошо кардааст.

Аксарияти мо сахт дар тааҷҷубем, ки Шумо ин ҳама факту рақамҳои воқеъиро  аз куҷо дастрас карда бошед?

Масалан дар бораи раиси ҷамоат, ки гуфтед, дар ҳақиқат 100% зинокор аст. Ҳамон корҳоеро, ки дар ин филм гуфтед, кардааст. Вақте ӯро аз кор мегиранд, мақомот боздошташ мекунад. Дар шаҳри Ваҳдат бародари Обиди фиръавн, (Обид Шарипов, раиси кони ангишт), ки Абубакр ном дорад ва Мансур ҳамсинфаш аст, пораи калон дода озодаш мекунад.
Чизи дигар ин аст ки дар ҳақиқат Шоҳ Искандаров ва Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад мухолифин дар байни мухолифин шуда буданд. Инҳо ду нафар хуни мардуми бегуноҳро бисёр резонидаанд. Барои ҳамин аст ки то имрӯз дар мақомот кор мекунанд.

Бародарони Обиди Фиръавн 7 ё 8 нафар аз як падару модаранд, ки калониашон Шарифов Давлатхуҷа Мирзохуҷаевич. Соҳибкитоб ҳам ҳаст. Як китобаш бо номи «Дунё фонӣ ва уқбои боқӣ» чоп шуда буд. Худованд раҳматаш кунад, ки гузашта шудааст.

Ҳоло як каме дар бораи Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад маълумот медиҳам, ки бо вуҷуди ин ҳама ҷиноятҳои содиркардааш тавонистааст то ҳозир дар мансабҳои калидӣ кор кунад.
Ин нафар зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Навдӣ, деҳаи Навдӣ аст.
Маълумоти аввалинаш аз омӯзишгоҳи тиббии Рашт –медучилиш аст. Соли 2006 аз як донишгоҳ дар Душанбе ғоибона хондам гуфта, ҳуҷҷат харидааст. Аз Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ.

Ин нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сафи  ба қавли худашон гурӯҳҳои муҷоҳидин мепайвандад ва то солҳои 2000 бо онҳо ҳамроҳ буд. Баъдан раиси онвақти ноҳия Толибов Маҳмадшариф  ӯро ба ҳайси муҳофизи шахсӣ ба кор мегирад.Сабаби ин одами хунхорро дар бараш гирифтани раиси ноҳия он буд, ки ҳамон вақтҳо сиёсати давлат суст буду  ин гуруҳҳои роҳзану дузду ғоратгарнамемонданд, раисони ноҳия ба осонӣ кор кунанд. Сайдаҳмад, он вақтҳо яке аз командирони бе раҳмтарину беинсофтарин буд, ки бо лақаби Сайдаҳмади калабур ном бароварда буд. Сайдаҳмад як ҳамдеҳаи худашонро бо номи Зуҳуруддин калаашро мегирад ва дар қади ғор  мепартояд, намемонад, ки гиранд гураш кунанд.
Толибов ин нобакорро ба хотири ҳимояи худаш аз дигарони монанди худаш ба кор қабул мекунад.
Ин командири бераҳмтарин дар деҳаашон буд. Танҳо дар деҳаи худашон чор куштор дорад, ки ҳамаи мардуми Навдӣ аз хурд то калон, аз пир то ҷавон, аз зан то мард ҳама  медонанд.Аммо сокит ҳастанд. Онҳо мегуянд, ки Худованд рӯзашро меорад ва ҷазояшонро медиҳад. Номҳои нафароне, ки Сайдаҳмад  аз он деҳа ба қатл расонд:

1) Мавлуда — духтур
2) Модари Мавлуда
3) Духтари Мавлуда, 7сола,
4) Зуҳуриддин.
Ин чор нафаре мебошанд, ки ошкоро кушта шудаанд ва ҳамаи мардуми деҳаашон ин ҳодисаи ваҳшатнокро медонанд.
Агар мехоҳед, ки ин кушторҳоро аниқ кунед, аз собиқ муовини Прокурори генералии Тоҷикистон Ваҳобов Абдувалӣ пурсед. Чунки ин фоҷиаро хуб медонад. Аммо сабаби чаро пинҳон нигоҳ доштанашро намедонам. Фикр мекунам бе восита дар ин кушторҳо шарик аст ё ҳамон вақтҳо чи тарсе додааст, ки то ҳозира хомуш аст. Лекин ин хомушии ҷаноби Ваҳобов аз ҷавобгарӣ озодаш намекунад. Айни замон Абдувалӣ Ваҳобов дар Прокуратураи генералӣ дар кадом як раёсат кор мекунад.

Инро ҳам бояд тазаккур дод, ки Абдувалӣ Ваҳобов (Ваҳобов Валӣ Манонович) моҳи марти соли 2015  ба ҳайси муовини Додситон таъин шудааст. Вай соли 1963 дар Ҳисор таваллуд шудааст. Ҳудуди чиҳил сол мешавад, ки дар додситонӣ кор мекунад ва дар тайи ин муддат умдатан дар бахшҳои назорати вобаста мақомоти қудратӣ кор кардааст. Масалан:-прокурори  шуъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмиллалии прокуратураи РСС Тоҷикистон, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст….
Аммо сардори ҳамаи ин ба ном муҷоҳидин Мирзохуҷаи Аҳмад бо лақаби Белгӣ мебошад.
Сайдаҳмад баъдан аз корманди шуъбаи муҳофиза, ки ба кумаки Толибов омада буд, ба раёсати он вақтаи ВКД дар Рашт мегузарад.
Дар ин вақтҳо буд, ки генерал Маҳмадназар Салихов вазири корҳои дохилӣ таъйин мешавад. Сайдаҳмад бо воситаи як хешаш Маҳмаднаим Наимов аз деҳаи Қалъаи Шайх бо вай шинос шуда апаашро бароварда ба Солиҳов медиҳад. Баъди язна шудани Салихов дигар корди Сайдаҳмад дар болои равған мешавад. Лекин ин хурсандиаш дер давом намекунад, чунки Салиховро аз кор мегиранду дар ҷойи вай Абдураҳим Қаҳҳоровро мемонанд. Абдураҳим Қаҳоров хело шахси маккор ва оғози мубориза бо исломро маҳз ӯ дар кишвар оғоз мекунад ҳамчун вазири дохилӣ. Хулоса корро давом медиҳад.

Дар он вақтҳо Рамазон Раҳимзода муовини аввали Вазир буд, ки яке ҷанг бар зидди Мирзохуҷа Аҳмад дар Ғарм сар шуд. Дар ин ҷанги зидди Мирзохуҷа Рамазон Раҳимзода, сардори штаби ҳамин ҷанг буд.
Дар он сол Сайдаҳмад ва Раҷабалиев Ҳусейн Сафаралиевич ҷанг мондагӣ як сӯву  рӯз то бегаҳ, бегаҳ то саҳар корашон фақат лесидани мояҳои Раҳимзода буду халос. Дар ин бора, ки ин ду нафар духтарони хонаи ғармиро ба Рамазон Раҳимзода меоварданду пешпарон мекарданд, маълумот ҷамъоварӣ шудааст ва барои мо ному насаб ва аз кадом ҷамоату деҳа будани ин духтарҳо маълум аст.

Ҳусейн худаш одами бад нест. Худаш борҳо ҳикоят кардааст, ки духтари ҳамсояашро чи хел оварду ба Рамазон пешпарон андохт. Фикр намекунам, ки ин ду даюси беномуси номарди ноодам фаромуш карда бошанд ин корҳои номардонаашонро.
Мақсад инҷо танҳо Сайдаҳмад аст. Ҳоло барои Ҳусейн  вақташ меояд, ки пурра маълумот диҳем. Ҳамон қадарашро мегуям, ки ин Ҳусейн се зан дораду чанд фарзанд. Ҳусейн ронандаи шахсии хонадони Рамазон Раҳимзода аст. Вақташ, ки ояд ҳамаш рушан мешавад.
Баъдҳо Рамазон Раҳимзода вазири дохилӣ таъин шуд ва ин ду нафарро барои лесиданҳояшон ба вазорат бурд. Айни замон низ  ин ду беномуси моялес  дар вазорат мебошанд.
Вақте Сайдаҳмад дар ноҳияи Ленин ба кор пардохт ҷони мардуми ноҳияро ба лаб оварда буд. Шикояти зиёд ба гӯши роҳбарияти кишвар мерасад ва дастур дода мешавад, ки гиред нобудаш кунед: «вай кӣ аст ки мардум ин қадар шикоят доранд». Аз кор мегирандаш.Чанд вақт мегузарад ва боз Рамазон Раҳимзода ӯро меоварад ва роҳбари Дастгоҳи вазорати дохилӣ таъйин мекунад.

Аҷоибаш ин аст ки Сайдаҳдам дар вақти роҳбарии Маҳмадназар Солиҳов апаашро ба вай дода буд, ба Рамазон Раҳимзода бошад хоҳарашро додагӣ аст ва барои ҳамин ин нобакор кор карда гаштааст.
Ин ягон савод надорад, танҳо саводи чи хел одамро куштан, кала задан, дуздӣ, ғорат, туҳмат, шантаж ва моялеси дораду халос. Азбаски Раҳимзода язнааш шудааст, аз пушти хоҳараш дар вазорат кор карда гаштааст. Ягон нафар дар вазорат бо ин сарбасар шуда наметавонад. Агар ягон гапи нороҳаткунандааш зананд, дарав пеши Рамазон медавад. Ҳамаи кормандонро сиёҳ мекунад, туҳмат ва буҳтон мезанад
Хуни садҳо одами бегуноҳро резондааст, садҳо нафарро ба туҳмату буҳтон маҳбас кардааст, садҳо нафарро хонавайрон кардааст, ҳазорон нафарро аз ватан бе ватан кардааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо сухан бисёр аст. Чи гуна Рамазон Раҳимзода ба мақоми вазирӣ омад ва барои чӣ ҷанги бардуруғ бар зидди Мирзохуҷа Аҳмад ташкил карданд, маълумотҳо дар бораи ҳамаи ин корҳояшон ҳаст. Аммо ифшои ҳама чиз вақту соат дорад. Феълан ҳаминаш кифоя аст.
Сайдаҳмад падару модараш ҳастанд ва дар деҳаи Навдӣ зиндагӣ мекунанд.
Як додараш Маҳмадҷонов Ҳайдар Одинамаҳмадович соли тавалудаш 1988, сардори шуъбаи шиносномадиҳӣ дар раёсати корҳои дохилии ноҳияи Рашт мебошад, ки ягон нафарро ҳато сардори Раёсатро гуш  ва писанд намекунад.
Додари дигараш Маҳмадҷонов Алимаҳмад Одинамаҳмадович, таваллудаш1985, бекор вале кораш бузиву хабаркашӣ  карда гаштан аст. Чи хеле гуфтам ба ду вазири дохилӣ ду хоҳарашро бароварда дод. Ҳардуи ин хоҳаронаш, маълум нест, ки зани чандуми ин вазирон шуда бошанд.

Полковник Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад кист?

Сардори Раёсати таҳқиқоти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2 июли соли1973 таваллуд шудааст. Тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ ва соли 2010 факултети №1-Академияи ВКД барои ҳайати раҳбариро хатм кардааст. Аз 14 апрели соли 2000  хидмат дар ниҳодҳои вазорати корҳои дохилиро сар кардааст .
Дар ҷараёни фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла сардори хадамоти амвол дар қисми ҳарбии 3974 –и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД кор кардааст. Сипас ваколатдори калони фаврии Гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Шуъбаи милисаи навоҳии минтақаи Рашт, баъдан ваколатдори калони фаврии Гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди нашъаовари ШВКД дар ноҳияи Ховалинг, сонӣ ваколатдори калони фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар минтақаи Рашт, муовини сардори милисаи ШВКД дар ноҳияи Рашт, муовини аввали сардори ШВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт кор кардааст.

Баъдтар сардори ШВКД дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд ва дертар сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан мушовири якуми вазири корҳои дохилӣ таъин  ва чанд муддат дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи ВКД кор кардааст.

Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад 2 феврали 2024 ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад ва то ҳол дар ин вазифа кор карда истодааст.
Дар рафти фаъолияти кории худ барои дастовардҳо ва муваффақияти хидматӣ, нишон додани дараҷаи баланди касбӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дохилӣ, саҳми арзанда дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун бо медал, нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорнома ва сипосномаи вазорати корҳои дохилӣ тақдир шудааст.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон №1092 аз 26 июли соли 2011 бо ордени «Спитамен» II сарфароз гардонида шудааст.

Аммо ончи ки ман инҷо навиштам, як қисмати ками маълумот дар бораи Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад мебошад.

Ман, ростӣ бисёр мебинам ва дидаам ва ба қадри имконам бошад ҳақиқати ҳолро расонидам. Модари Сайдаҳмад аз Шаҳринав аз деҳаи Обид Шарипови сардори кони ангишт аст. Аз онҳо пурсед ҳамин навиштаҳои маро тасдиқ мекунанд, лекин шояд тарсанд. Лекин агар дар вазорат одам дошта бошед, пурсед, тасдиқ мекунанду боз маълумотҳои бисёртар ҳам шояд бидиҳанд.
Як чизи дигарро бояд қайд кунам, ки инҳо ҳамаашон аз як хайланд.
Обид, Сайдаҳмад, Ҳусейн, Мирзохуҷаи Белгӣ ҳамаашон мунофиқоне ҳастанд, ки дар якҷоягӣ мардумро зулм мекарданду мекунанд.
Суханҳо бисёр асту афсус, ки шояд бисёриашонро ногуфта аз ин дунё меравам. Ин золимон бояд ҷазои сахттаринро гиранд, ки мардум бинанду қалбашон каме ҳам бошад ором гирад.
Ин кушторҳое, ки Сайдаҳмад дар деҳаи худашон Навдӣ кардааст, агар аз Мирзохуҷаи Белгӣ пурсанд бояд тасдиқ кунад. Чунки он вақтҳо касе бе иҷозаи Мирзохуҷа гунҷишкро намекушт.
Сабаби донистани дигараш ин аст ки ҳамон давраҳо, ростӣ, солаш аз ёдам рафт,   Мирзохуҷа аз пояш ҷароҳат бардошта ва дар беморхонаи деҳаи Навдӣ бистари буду инҳо телехҳои вай буданд.

Марҳума Мавлуда духтур буд. Мехост модарашро бо духтари ягонааш гирифта Душанбе ва аз онҷо Русия равад. Аммо аз руи маълумоте, ки мардуми деҳаашон нақл мекунанд, бо худ тило ва ҷавоҳирот доштааст. Борҳояшонро дар мошин бор мекунанд ва ба роҳ мебароянд. Аммо Сайдаҳмад рафта дар Лаби Ҷари ноҳияи Комсомолобод, ҳозира ноҳияи Нуробод камин гирифта меистад ва вақте онҳо ба онҷо расиданд, онҳоро кушта тиллову ҷавоҳироташонро мегирад.
Зуҳуриддини бечораи камбағал гуё дуздӣ карда бошад, ин мусалмонҳои «ҳақиқӣ»  ту гови фалониро дуздидаӣ гуфта мегиранд мекушанд. Даҳшатноктар боз ин буд, ки мурдаро чанд руз намемонанд гиранду гураш кунанд. Гуё ба мардум ҳақ буданашонро нишон медиҳанд, ки касе чунин кор кунад, ҷазояш ҳамин. Аммо дуздҳои асосӣ худашон буданд. Мардуми ҷамоати Навдӣ ва деҳаи Навдӣ байни худашон ин суханҳоро то ҳол мегӯянд. Беҳуда нагуфтам, ки собиқ муовини Прокурори генералӣ Ваҳҳобов Абдувалӣ, ки то ҳозир дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад, ҳамаи ин қиссаҳоро нағз медонад. Ҳамаи ҷиноятҳоро бо Сайдаҳмад якҷоя содир кардагианд.

Инро мебояд тазаккур дод, Худоро шукр, ки ду нафар аз ин қотилонро боздошт намуданд.Якеаш Шарифи калабур,ки Сайдаҳмад одами дасти росташ буду дар ҳамаи кушторҳо якҷоя буданд, дигараш Шарифи немис, ки одами Мирзохуҷаи белгӣ мебошад.
Дар умум ҳамаи ҳамин қотилон зери роҳбарии қотили калониашон Мирзохуҷаи белгӣ буданду ҳастанд ва ҳар супоришро бевосита аз ҳамин бадбахти худобехабар мегирифтанд.
Аҷоиби кораш ин аст ки ҳамаи ҳамин қотилон аз Мирзохуҷаи белгӣ сар карда то Шоҳ Искандару одамони зертобеи ин нафарон дар  зери чатри Рамазон Раҳимзода қарор доранду пуштибониашон мекунад.Медонед чаро чунин аст? Барои онки ҷанги Мирзохуҷаи белгӣ дар соли 2008 ва соли 2010 ин ҷанги сохтаи мақомот буд. Рамазон Раҳим вазир шуду боз чанд мансабталаб соҳиби мансаб ва чандин нафар рутбаталабон соҳиби рутбаҳои генералӣ шуданд. Хулоса ҷангро худашон сохтанд.Омада хонаҳои Мирзохуҷаи белгиро, ки дар деҳаи Ниширёни ҷамоати деҳоти Навдӣ қарор доранд,ба коми оташи тиру туфанг гирифтанд. Ду ҳафта аз ин корҳо гузашт омада боз даҳ карати пешина таъмираш карда доданд, аз нав сохтанд.
Тибқи маълумотҳои расид Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад бояд рутбаи генералӣ гирад.Барои ҳамин командири пешинаашро бо нақшаҳои шумаш боздошт карданд ва ваъдааш додааст, ки ҳарчи ҳаст ту ба уҳдаи худ бигир, ман генерал шавам боз аз маҳбас мебарорамат.То ҳозир куштори 45 нафарро ба гардан гирифтааст. Иншоаллоҳ Сайдаҳмад бо ин нақшаи кашидааш ба чоҳи кандаи худ меафтад ва то мурданаш дар маҳбас мемонад ва мурдаашро сагу гургҳо мехуранд.Дар он дунё дар қаъри ҷаҳаннам абадан иншоаллоҳ, ки мемонад. Чунки ин нафарон хуни ҳазорҳо инсонро резонидаанд.
Сайдаҳмад ва Шарифи калабур аз ҷамоати деҳоти Навди,деҳаи Навдии ноҳияи Рашт мебошанд.Шарифи Немис аз ҷамоати деҳоти Навдӣ,деҳаи Бедак мебошад.
Мирзохуҷа,ки бо лақаби Белгӣ мешиносандаш зодгоҳаш деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанак аст.Аммо аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки зани дуюм гирифт дар ҷамоати деҳоти Навдӣ деҳаи Ниширён зиндагӣ мекунад. Маҳмадҷонзода Сайдаҳмадро дар вазорати корҳои дохилӣ аст ки арӯси вазираш  мегӯянд. Ҳам худаш аруси вазир асту ҳам кадом як ҷиянашро ба вазир додааст.

Таҳқиқоти «Ислоҳ» дар ин қазия идома дорад, агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноёти Сайдаҳмад будаед ва ё медонед ҳатман ба «Ислоҳ» нависед…!

ПАСГУФТОРИ ТАҲҚИҚОТӢ

Рӯйи рост ба вазиру прокурор мегӯем: Ин қотилро чӣ гуна дар ВКД нигоҳ медоред?

Дар тӯли беш аз сӣ соли пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, мақомоти кишвар аз минбари ҳар идора, ҳар конфронс, ҳар барнома аз «устувории қонун», «волоияти қонун», «ҳуқуқи шаҳрванд», «ифтихори ваҳдати миллӣ», «мустақилияти давлатӣ» сухан мегӯянд. Аммо вақте аз пушти ин шиорҳои давлатӣ пардаро каме бармегардонем, воқеъият намоён мешавад:
қонун барои ҳама нест.
Адолат барои ҳама нест.
Ҷазо барои ҳама нест.
Аммо имтиёз ва ҳифз танҳо барои чоплусони ҳукумат аст.

Яке аз намунаҳои барҷаста ва дардоваре, ки ин низоми носолимро исбот мекунад, сарнавишт, рӯҳия ва роҳе мебошад, ки Полковник Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад тай намудааст.

Мардуме, ки солҳо ба умеди қонун зиндагӣ карданд, имрӯз аз худ мепурсанд:

Чӣ гуна имкон дорад, ки қотиле бо чунин миқдори ҷиноятҳои ошкоро, дар ниҳоди қонунгузор ВКД на танҳо фаъол бошад, балки вазифаҳои калидӣ ишғол кунад?

Чӣ гуна мешавад, ки қонуни Тоҷикистон ба дасти одамоне меафтад, ки худашон ба қонун эҳтиром надоранд, ба мардум раҳм надоранд, ба ҳаёт эҳтиром надоранд?

Ҷавоби ин савол танҳо як аст:

Чун дар Тоҷикистон қонун ба шахсият хизмат мекунад, на шахсият ба қонун.
Ва вақте шахсият ҷинояткор аст қонун низ ба ҷиноят хизмат мекунад.

ХИТОБ БА РАМАЗОН РАҲИМЗОДА

(Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон)

Ҷаноби Раҳимзода!

Шумо беш аз ҳар каси дигар медонед, ки дар ин матлаб суханҳои беасос нестанд. Ин иддаоҳои холӣ нестанд. Ин овозаҳои кӯчагӣ нестанд. Ин:

исми одамон,

таърихи воқеӣ,

кушторҳои мушаххас,

маконҳои муайян,

шоҳидони зинда,

сабтҳои таърихӣ мебошанд.

Шумо вазири дохилӣ ҳастед ниҳоди масъул барои амният, оромӣ, қонун, ҳуқуқ ва ҳаёти шаҳрвандон. Агар дар зери роҳбарии шумо шахсе мисли Сайдаҳмад, ки:

дар деҳаи Навдӣ се зан (ду калонсол ва кӯдаки 7-сола) куштааст,

ҷавони бечораро ба номи «дузд» сама суд сар заданд,

роҳи мардумро баст, молашонро гирифт, хонаҳояшонро вайрон кард,

туҳмат сохт, парванда сохт, мардумро бараҳна ба зиндон фиристод,

ба воситаи зӯр ва фасод мансаб ба даст овард,

бо зан додан ба ду вазири дохилӣ қудрат пайдо кард,

бо шантажу фасод бархе аз роҳбаронро ба зону шикаста нигоҳ дошт, ва имрӯз ӯ дар мақоми Сардори Раёсати таҳқиқоти ВКД менишинад —
Савол танҳо ба ӯ нест.

Савол ба шумо низ ҳаст:

Чаро ӯ то имрӯз кор мекунад?

Чаро ӯ таҳқиқ мекунад, на таҳқиқ мешавад?

Чаро ӯ бозпурсӣ мекунад, на бозпурсӣ мешавад?

Чаро ӯ масъули парвандаҳои дигарон аст, на парвандаи худаш?

Чаро ВКД ба ҷои муҳофизи мардум муҳофизи ҷинояткорон шудааст?

Ҷаноби Раҳимзода!

Шумо наметавонед бигӯед «ман намедонистам».
Ҳама медонанд, ки медонистед.
Зеро худи шумо:

ӯро аз Ноҳияи собиқ Ленин аз кор гирифтед,

пас боз овардед,

ба Дастгоҳи ВКД гузоштед,

ба мансаби калони таҳқиқотӣ таъин кардед.

Яъне, шумо на танҳо аз ҷиноятҳои ӯ воқиф будед
Шумо масъули идомаи роҳ ва қудрати ӯ ҳастед.

Ин масъала танҳо масъалаи ахлоқ нест.
Ин масъалаи қонун нест.
Ин масъалаи амнияти миллӣ аст.

Бигӯед, ҷаноби Раҳимзода:

То кай ВКД ба паноҳгоҳи қотилон табдил меёбад?

ХИТОБ БА ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ Ҳабибулло Воҳидзода

Ҷаноби прокурор!

Прокуратура дар кишвар бояд ҷои ҳақиқат бошад, ҷои адолат бошад, ҷои ҷазои қонун бошад.

Аммо вақте куштори се зан, як духтари 7-сола ва як ҷавони камбағал:

ном дорад,

шаҳодат дорад,

сабаби марг дорад,

ҷои ҳодиса дорад,

ҷинояткор дорад,

шоҳид дорад,

ва дар тамоми деҳа ҳақиқат маълум аст агар чунин раво бошад, ки то имрӯз ягон парванда боз нашудааст
ин на камбудии қонун аст,
на мушкили парванда,
ин ҷиноят дар доираи прокуратура аст.

Чаро Ваҳобов Абдувалӣ, муовини собиқи Прокурори генералӣ, ки ба гуфти мардум аз ҷузъиёт пурра огоҳ буд,
солҳо дар вазифа монд?

Чаро ӯ дониста хомӯш буд?
Чаро имрӯз ҳам касе намепурсад:
— чаро кушторҳои Навдӣ расман сабт нашудаанд?
— чаро шахси муттаҳам дар ҷойи таҳқиқ вазифаи таҳқиқот мегирад?
— чаро қурбониён номаълум мондаанд, аммо ҷинояткор пирӯзи саҳна шудааст?

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода!

Ин парванда на танҳо парвандаи Навдӣ аст.
Ин парвандаи обрӯи ниҳоди шумо ҳам аст.

Шумо бояд ҷавоб диҳед:

Чаро қотил аз қонун болотар аст?

ХУЛОСА

(Сухани қатъӣ аз Ислоҳ)

Ҳар қонун, ҳар давлат, ҳар низом, ҳар идора аз дохил бо ду чиз валангор мешавад:

Ҷинояти қудратмандон

Хомӯшии қонун дар баробари онҳо

Ҳамин ду чиз имрӯз дар Тоҷикистон дида мешавад.
Ҳамин ду чиз имрӯз ВКД ва Прокуратураро ба нуқтаи бебозгашт бурдааст.

Мо мепурсем-бо забони мардум, бо забони ҳақиқат, бо забони таърих:

Чаро Сайдаҳмад -ин қотил, роҳзан, шантажгар-дар ВКД дар вазифаи сардор аст, на дар курсии айбдоршаванда?

Чаро ВКД ба паноҳи ҷинояткорон табдил шудааст?

Чаро Прокуратура ҷиноятҳоро намебинад, аммо мардумро мебинад?

Чаро хуни се зан, духтари 7-сола ва як ҷавони бечора — 30 сол боз беқасос мондааст?

Ва то кай?

Ин саволҳо на ба Ислоҳанд,
на ба мухолифинанд,
на ба мардуманд-ин саволҳо ба ШУМО ҳастанд, ҷаноби Раҳимзода ва ҷаноби прокурор.
То посух надиҳед-ин суолҳо шуморо таъқиб мекунанд.

Сообщение Қотил дар Курсии Таҳқиқот: «ҳақиқати Сайдаҳмад, Раҳимзода ва хомӯшии Прокурори генералӣ»       появились сначала на ISLOH.net.