Авази Султони Кабир ва ҷиноятҳое,ки дар атрофи ӯ мегузарад

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Матлаберо,ки ҳоло мутолеа мефармоед аз номи як мақомдори воломақоме ба “Ислоҳ” расидааст, ки мегӯяд, «Суханоне, ки ман ба Шумо хохам равон кард ин хама хакикат дошта барои дурӯғ ва рост набудани онхо ман рузи киёмат дар пешгоҳи Аллоҳ чавоб мегуям.»

Султони Кабир, падари Кабиров Авазхон (кӯри Аваз) соҳиби бозори Султони Кабир аст. Аз бобои Султони Кабир шаш фарзанд ба дунё омадааст

1-Ҳотам Кабиров

2-Хуршед Кабиров

3-Ҷамшед Кабиров

4-Авазхон (кури Аваз).

5-Кароматулло Кабиров

 6-Сафар Кабиров

Дар давраи шӯравӣ Султон Кабиров раиси  совхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ буд. Ҳаромхӯриву ҳаромхиштакӣ ба Аваз меросӣ аст. Бобои Султон солҳои 60-70 мардонро барои барқарор кардани шаҳрҳои осебдидаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Русия равон мекарду худ зани онҳоро таҷовуз карда мегашт. Кадоме, аз онҳо бар намегашт молу мулкашонро тороҷ мекард. Натиҷаи ҳамин ҳаромхӯриву зинокории ӯ буд, ки чунин фарзандони беинсофу золим аз ӯ ба дунё омаданд. Бояд иқрор шуд, ки дар инҷо сухан на аз ҳамаи фарзандон, балки аз Кури Аваз ва акаи ӯ Ҷамшед меравад.

Совхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ дар солҳои шӯравӣ бойтарин ба ҳисоб мерафт. Феълан Ангурбоғ ном дорад. Дар мавриди Ангурбоғ барномае ҳам доштед,ки аз Муроди телех ва ҷиноятҳои онҳо гуфта будед. Дар инҷо заминҳои обию лалмӣ бениҳоят бисёранд ва заводи калони коркарди меваҷот низ мавҷуд буд, ки садҳо нафар кор мекард. Тамоми намуди консерваи мевагиро  истеҳсол мекард. Ин заводи саноатии бениҳоят пуриқтидор ҳоло талаву тороҷ карда шуда нисфи он ба  Ҷамшед Кабиров ва нисфи дигараш аз Қурбоналӣ-қудои Муроди телех мебошад расидааст. Имрӯз   ҳатто як сехи завод кор намекунад. Дар ҷои коркарди мева акнун дар дохили ин завод чанд сар бузу гусфанд мегардад. Оғили рамаи Аваз шудааст гӯем хато намекунем.

Ҷамшед Кабиров тамоми дастгоҳу таҷҳизоти ин заводро оҳанпора карда фурӯхт. Айни ҳол дар ин корхона бассейн ва ба гуфте истироҳатгоҳ вале дар асл ҷойи фаҳшу зинокорӣ сохтааст, ки вазифадорон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат арус меоваранду онҷо кайфу сафо мекунанд. Дар инҷо «живая музика» ва танес живота дар авҷ аст. Садои мусиқии он ба дараҷае гӯшхарош аст ки  дар дохили хона ҳам шишта намещавад.

Вакте, ки бачаҳои бобои Султони Кабир ба воя расиданд, бобои Султон ба онҳо пул дорони он замонро нишон дод ва гуфт, ки онҳо чи қадар пулу мол ва тилло доранд.

“Яке аз тилло дорони солҳои 90-ум Ҳақназари шугновӣ буд, ки Ҷамшед бо ҳамроҳии бародараш ва дигар наздикони худ ӯро то девона шудан лату куб карданд ва тиллоҳои ӯро гирифтанд. Ҳақназари шугновӣ девонакасал шуд ва лақаби девонаро гирифт. Аммо чанд сол пас каме ба худ омад ва дар ҳар ҷо мегуфт, ки Ҷамшеду Аваз тиллоҳои моро гирифтанд. Барои онки сири бой шудани оилаи Кабировҳо  ошкор нашавад, билохира ӯро заҳр дода куштанд.”

Бояд қайд кард, ки қатлу куштор дар оилаи Кабировҳо хеле зиёдаст. Аммо Аваз дар Тоҷикистон ҳамаи прокурору судяҳоро мехарад. Кабиров Ҷамшед, духтарашро ба бачаи Маҳмасаид Убайдуллоев додаст. Ҷамшед Кабиров ба Мусо Зариф   пораи калон дода зиёда аз 125 гектари заминҳои ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеро аз халқи бечора, ки ҳама саҳм доштанд ба фанду фиреб ва бе пул кашида гирифт. Халқи ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъ, ки ҳар кадоме саҳм доштанд, кадоме 20 сотих дигаре 50 сотих ва ғайра беш аз 200 оила  бе замин  ва бе кор монданд.

Шумо аз эътирози мардуми ба ҷон расида дар Восеъро чанд моҳ пеш шоҳид будед. Дақиқан чунин ҳолат дар ин ноҳия бедодӣ мекунад вале ҳалли ин мушкилотро мақомоти қудратӣ ва прокурору коррупсия ба инобат намегиранд, аслан аҳамият намедиҳанд. Ҳама як мафия мебошанд ва якҷо ин мардумро ғорат ва зулм мекунанд.

“Ҷамшед Кабиров бародари калонии Аваз гирду атрофи ин заминҳоро симтӯр кашида қадами халқро дигар намегузорад, ки ба онҷо зананд. Агар мабодо буз ё гови мардум ба он замин равад маҳкам карда ҷарима мебандад. Ҷамшеди Кабиров аз 125 гектар замини дуздидааш аз халқ андоз намесупорад. Идораи андози ноҳия ҷуръати талаби андоз ба онҳоро надорад. Андози ноҳияи Восеъ налоги туалети халки бечораро мегирад аммо на аз дари  хонаву на аз заводи Кабировҳо боре ҳам гузар намекунанд. Ҳатто пули қувваи барқро намедиҳанд. Дар инҷо бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Восеъ, алалхусус ҷамоати Рудакӣ дилхоҳ вазифадор ё хешу табори Муроди телех ё хешу табори Кабировҳо ҳастанд, ки ягон намуди андозро намесупоранд ва пули барқро  ҳам намедиханд. Коргарони андозу барқи ноҳия метарсанд, ки ба дар хонаи онҳо наздик шаванд.”

Раиси онвақтаи ноҳияи Восеъ Мусо Зариф ғуломи Аваз ба хисоб мерафт. Ҳар дастуру хоҳиши Авазро иҷро мекард, чунки Аваз ӯро бо ришва муттаҳам карда буд. Масалан Мӯсо Зариф тамоми мактабҳои ноҳияро маҷбур мекард, ки формаи мактабии дӯхти фабрикаи Авазро бихаранд. Аваз ба Мусо Зариф чор танга ришва дода волидайни талабаҳоро дар тамоми ноҳия маҷбур мекунад, ки либоси мактабии гарону қимати фабрикаи «Дунёи нав»-и ӯро харанд, на аз бозор ва бо нархи арзон. Агар падару модари кудак либоси мактабиро аз бозор харанд директорҳои мактаб бо фармони Мусо Зариф кӯдакро ба мактаб роҳ намедоданд, то он замон, ки аз Султони Кабир нахаранд. Масалан нархи либоси кудаконаи мактабӣ дар бозор 150 сомонӣ бошад дар фабрикаи либосдузии Аваз аз 330 сомонӣ зиёдтар меистад.   Аваз бо Мусо Зариф халқро фанд мекарданд, ки бояд мо истеҳсолгари ватаниро ёрдам диҳем, то ки мардум соҳиби ҷои кору нон шаванд. Аммо дар асл кор тамоман дигар хел аст. Аваз либоси мактабиро дар Хитой фармоиш дода меоварад ва  дар бозори марказии Восеъ, ки худи ӯ сохтааст тамғаи либоси китайскиро ба фабрикаи худаш  иваз намуда   ҳамчун моли ватанӣ мефурушад.

“Ин рафтори ноҷавонмардона ва палиди Аваз бо раиси ҳозираи Восеъ Шарбатулло Азизов ҳам давом ёфта истодааст. “

Ба номи Худованди пок бисёриҳо инро медонанд, аммо ягон кас коре карда наметавонад. Чунки онҳоро Муроди телех «кришават» мекунад. Аваз ба Мурод доляи хуб ҳам медиҳад ва инро худаш ҳам инкор намекунад.

    “Дар Восеъ 72 мактаби миёна мавчуд аст. Шумораи хонандагон ба беш аз 5000  хонанда мерасад.  Фоидаи Аваз  бо раиси ноҳия 12-15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин пул аз халқи бечора маҷбур гирифта мешавад.”

Ҳар гоҳ Аваз ба утоқи кори раиси ноҳия Мусо Зариф медаромад вай зуд аз ҷояш хеста «биёед раис» гуфта  ба Аваз хитоб мекард. Дигар намефаҳмӣ, ки кӣ дар инҷо раис бошаду ки шаҳрванди оддӣ. Айни ҳамин муомила ва муносибатро бо раиси ҳозираи Восеъ Шарбатулло, ки аз Данғара мебошад идома дода истодааст.

Мактабҳои ноҳия дар ҳолати ниҳоят баде қарор доранд. Аммо мегӯӣ,ки ин мактабҳо бозор бошанд. Рӯзе нест, ки аз хонандагони бечора пул нагиранду ё як китобча, ё ягон журнале, ки дар барномаи таълимӣ тамоман дахл надорад,  мефурушанд. Волидайни хонандагон аз ин тарзи кори шӯъбаи маорифи ноҳия ба дод омадаанд. Бозоре, ки Аваз дар маркази ноҳияи Восеъ сохт ва бениҳоят бузург аст.Аммо аз он як дирам андоз намесупорад. Даҳҳо маротиба Аваз халқи ноҳияро ба воситаи Мусо Зариф маҷбур мекард, ки бозори кӯҳнаи марказиро партоянду ба бозори ӯ оянд, аммо мардум намехоҳанд. Зеро дар бозори Аваз иҷора чанд баробар гарон аст. Барои ин кораш мардум чанд маротиба митинг ҳам карда буданд. Вақте сухан дар бораи кӯри Аваз меравад бояд донист, ки ӯ яке аз шахсони сарватмандтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чанд навбате,ки бозори Султони кабир оташ гирифт,онро худи вай кард ва аз сари нав  ба тоҷирон фурӯхт. Аваз як бор як корманди Раёсати кофтукоби ҷиноӣ, подполковники милисаро зада шаш қабурғаашро шикаст. Барои раҳоӣ аз ин моҷаро ва маҳрумият аз озодӣ 1 миллион доллар ба Раҳмонов дод ва ӯро ҳабс накарданд. Вай бо ҳамроҳии Раҷабалӣ Одинаеви “Умед-88”,ки  зиндонӣ шуд ва онҷо даргузашт аст бисёре аз духтарони ноболиғро таҷовуз кардааст. Вақте муфаттишони кумитаи амният корҳои Умед-88-ро тафтиш мекард, хеле аз аъмоли ҷиноии  Аваз ҳам аён гаштанд.

“Байни кури Авазу Умеди 88 як мусобиқа ва як шарте вуҷуд доштааст, кӣ бештар   метавонад духтарони ноболиғро таҷовуз кунад. Инро ба мо як муфаттиши амнияти ҷумҳурӣ гуфт. Ин корманди амният амният, ки “прослушка”-и ин зинокоронро бар ӯҳда дошт, гуфт, ки Аваз ба соҳиби “Умед-88” занг зада мепурсидааст, ки ин моҳ чанд ноболиғро таҷовуз кард? Дар ҷавоб Умед-88 ба вай мегуфтааст, ки 6 духтари мактабхонро, баъд Аваз ба Умед-88 мегуфтааст, ки аз ту кам, ман ин моҳ 7 духтари 14-15 соларо таҷовуз кардам. Бовар кунед, ин хабаре мебошад, ки худи коркунони амният ба ман гуфтанд.” 

(Агарчи дар ҳаққи шахси мурда набояд сухани носазое бигӯем.Бо таассуфи шадид инҷо таҷовуз ба номуси ноболиғон меравад. Мо низ ин маълумотро ҳазф накардем.)

Вақте аз Кумитаи андоз барои ҳисоби молу мулки Аваз фармон мешавад, ки дар асоси он андозаи андози ӯро мушаххас кунанд, маблағи фақат солона аз як миллион сомонӣ зиёдтар шудааст. Ин хабар ба президент расид. Ӯ гуфт, ки бозори Султони Кабирро   ба Таҳмина месупорӣ. Аваз бо ёрдами Муроди телех, ки ҳамсояи дар бадари дар ноҳияи Восеъ мебошанд, ба Эмомалӣ гуфт, ки «Дунёи нав»- фабрикаи замонавии либосдузӣ дар Душанберо, ки Аваз миллионҳо сомонӣ барои сохтанаш сарф карда буд гираду илтимос бозорро не. Раҳмонов ва оилааш ба аваз гуфтаанд,ки ҳам «Дунёи нав» ва ҳам хонаи дар хонаи дар хиёбони  Исмоили сомониро,ки дар маркази шаҳр воқеъ аст медиҳӣ, мо ба ту кор надорем.

  “Наздикони Аваз медонанд, ки ӯ бо воситаи Муроди телех ба Эмомалӣ дар як сол беш аз як миллион доллар «доля» медиҳад.”

Поёни бахши аввал,бахши дуввуми онро дар ҳолати ислоҳ нашудани ҷиноятҳои ҷой дошта бидуни шакку шубҳа нашр менамоем. Дар бахши дуввум афроди воломақоме ҳам ҷой дорад,ки аз корҳои пинҳонии онҳо низ хоҳем гуфт.

Ps: Хонандагони гиромӣ ин маълумотро шахси муътамад ва мақомдори воломақоме, ки аз ин бедодгарию зулми ҳамтоёнаш ба ҷон расида ба “Ислоҳ”  ирсол намуда аст. Инчунин иброздошта аст,ки бо муборизон ҳамкорӣ менамояд,то адолат барқарор гардад. Мо дар ин матн ҳеҷ иловае накардаем ҷуз дар масалаи Раҷабалӣ Одинаев,ки дохили қавсаин шарҳамонро намудем.

Share This Article