Аврупо Раҳмоновро ботилу қотил хонду маҳкум кард

Ислоҳ нет

Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо қабули қатънома роҷеъ ба ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалан тамоми иттиҳомоти Раҳмонов алайҳи мардуми ин вилоятро бепояву асос хонда баръакс эълон кард, ки вай (Раҳмонов) дар инҷо даст ба ҷиноёти сангин задааст.

    “Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов Улфатхонум Мамадшоева, як рузноманигор ва фаъоли иҷтимоии сокини Душанберо дар иртибот ба ин ҳаводис муттаҳам меҳисобад, аммо қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо ӯро бегуноҳ ҳисобида озодии ҳарчи зудтари ӯро талаб менамояд.”

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҷавонони бадахширо «ҷинояткор ва симои Бадахшон нестанд» мегӯяд, қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо Раҳмоновро дар дастгиру ҳабсу қатли онҳо муттаҳам мекунад.

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки «мардуми Бадахшон вай ва сиёсати пешгирифтаашро дастгирӣ мекунанд» қонунгузорони Парлумони Аврупо Раҳмоновро дар озору азият, табъиз, ваҳшоният, саркуб ва қатли ақалиятҳои забониву мазҳабиву қавмӣ дар Бадахшон муттаҳам мекунад.

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҷавонони бадахшониро дар ташкили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, қочоқи маводди мухаддир, муқовимати мусаллаҳона, табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекунад, қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо аз Раҳмонов тақозо карда истодаанд, ки Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев, Хурсанди Муҳаммадшоев, Чоршанбе Чоршанбеев, Амриддин Аловатшоев ва чандин нафари дигарро билофоисла озод ва ҳама иттиҳомоти муқобили онҳоро бекор кунад.

 “Мунтаҳо қонунгузорони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сиёсати Раҳмонов дар қиболи Бадахшон ва сокинони онро ба шиддат маҳкум карда рафтору муносибати вай бо ин мардумро ваҳшиёна ва саркуби ақалиятҳои қавмӣ арзёбӣ кард.”

Ва, чуноне мебинем на танҳо Парлумони Иттиҳоди Аврупо, балки дигар созмонҳои байналмилалӣ низ бар хилофи Раҳмонов ва генералҳои қотили вай бо сароҳат эълон карда истодаанд, ки Раҳмонов дар Бадахшон ҷинояткоронро не одамони бегуноҳу бесилоҳ, шаҳрвандони ин минтақаро кушту ба қатл расонду зиндонӣ кард. Ахиран созмони байнулмилалии «Genocide Watch»  ё Дидбони наслкушӣ низ бо нашри як баёнияе изҳор кард, ки «ақалиятҳои помирӣ» аз тарафи мақомоти Тоҷикистон куштаву дастгир шуда ва эътирози осоиштаи онҳо саркуб шудааст. Беш аз ин, ин созмон Раҳмоновро дар боздошту истирдод ва рабоиши фаъолони помирӣ дар Русия муттаҳам кардааст. Ин созмон ошкоро гуфтааст, ки Раҳмонов помириҳоро барои он қатли омм мекунад, ки ин мардум дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 аз Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони  тоҷик пуштибонӣ ва тарафдорӣ мекарданд. Яъне дар баёни мардуми Раҳмонов помириҳоро барои он таҳти шиканҷаву зулм қарордода ва даҳҳо нафар аз онҳоро кушту ҳабс намуд, ки бо сиёсатҳои вай мухолифанд. Ва ба ин тариқ ҳама иттиҳоми Раҳмонов, СС.Ятимов,Рамазон Раҳимзода, Юсуф Раҳмон, Аламшозода Абдурраҳмон (Бузмаков), Суҳроб Рауфзода ва Шодӣ Ҳафиззодаро, ки ҳамагӣ парварда ва баромада аз як маҳалли муайян ҳастанд дар нисбати мардуми Бадахшон беаслу беасос хонд.

Ҳол  Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо хоҷаи хориҷии Мамадбоқир аст.

Ҳол Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо мехоҳад, ки дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад.

   Ҳол  Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мегирад.

    Ҳоло Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо душман ва хоини миллат ва давлати Тоҷикистон аст.

Чунки, чуноне мебинем, Парлумони Аврупо ҳама иттиҳомот, ҳама айбу гунаҳкорсозии мардум ва ҷавонони Бадахшонро такзиб кард. Гуфт, ки баракс Раҳмонов болои аҳолии осоишта, болои муътаризин, болои онҳое, ки додхоҳӣ карданд, силоҳ кашид ва онҳоро қатли омм кард.

Дар воқеъ посухи Раҳмонов, ғайри инҳо чи хоҳад буд?

Ё ҳамон «ярмарка»-и силоҳу абзори ҷангиеро, ки ба ин мардум нисбат доду тавассути шабакаҳо нишон дод, ҳамчун далели террористу экстремист будани онҳо ба Парлумони Аврупо пешкаш мекунад?

Дар асл ҳамаи ин силоҳҳо аз они худи Раҳмонов мебошанд, ки ба хотири гул задан ва фиреб додани афкори умумӣ «кино» карда нишон дод. Ҳамчуноне силоҳи бисёреро баъди дастгир кардани Ғаффор Мирзоев (Седой) нишон дода гуфта буд, ки Ғаффор мехост табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад. Аммо, баъдан Ғаффор Седой гуфт, ки ин ҳама яроқу аслиҳа аз они худи Раҳмонов буд ва вай ин ҳамаро бо дастури худи Раҳмонов нигоҳ медошт.

Парлумони Иттиҳоди Аврупо бар хилофи Раҳмонов помириҳоро террорист нагуфт. Гуфт онҳо саркуб шуданд, гуфт онҳо онҳоеанд, ки додхоҳӣ карданд, онҳоеанд, ки ҳақу ҳуқуқ талаб карданд.

Воқеият ин аст ки Раҳмонов, чуноне худаш ҳам гуфт, солҳо (сӣ сол) сабр кард, вале ин бор сабраш тамом шуд ва амр дод, ки онҳоро кушанд.

Аммо воқеият ин аст ки Раҳмонов ҳиҷ гоҳ сабр накарда буд. Солҳои пеш иқтидор ва тавон надошт, зӯраш нарасида буд.

Ёдатон бошад вақте дар соли 2018 Шодихони Ҷамшедро аз вазифаи раиси ВМКБ барканор кард, гуфт:

«Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Агар наметавонед, пас дар курсӣ нишастан даркор нест. Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред ба сиёсати раҳбари давлату ҳукумат, вазифаи давлатиро холӣ кунед. Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ. Омӯзед! Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, қариб, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?»

Вай дар идома афзуд,ки «фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед. Бас будагист.»

Ин иқтибосро ба он хотир ёдовар шудам, ки бароятон маълум ва рушан шавад, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ аз қатлу куштори мардуми Бадахшон ва қасосу ниқоргирӣ аз онҳо даст накашида аст. Вай, бо ин мардум ҳисоби китоби алоҳида дорад ва тӯли ин ҳама сӣ сол мунтазири ҳамин руз буд, ки битавонад онҳоро ҳам ба зону дароварад. Ин ҳама ҷинояткорхониҳо, ин ҳама намоишгоҳи силоҳу муҳиммот ва ин ҳама «хоҷаи хориҷӣ» ва ин ҳам «ҳизби террористии наҳзати исломӣ» гуиҳо дуруғ ва фиреби мардум буду бас. Албатта, мо муваззафем, ки хабари ба дасти мо расидаро ба самъи мардум бирасонем. Дар ин авохир хабари ба дасти мо расида мегуяд, ки Мамадбоқир аз тарафи Мирзо, як корманди Алфа-и КДАМ кушта шудааст. Ва, боқии ҷавонони бадахшонӣ, ки дар ин ҳаводис кушта шуданд, ҳамагӣ бесилоҳ буданд. Бубинед, ки ҳатто аҳкому муҷозоти ин бадахшиҳо то чи ҳад сахту сангин аст: 8 сол,10 сол 18 сол. Наход ба ин ҳад ҷиноят содир кардаанд? Бале, ин нишонаи хашму нафрату бадбинии Раҳмонов нисбати помириҳост? Агар дар пайи қасду қасос набуд, кинаву кудурат, уқда надошт, ҳамин гуна ҷазо медод?

Воқеият ин аст, ки акнун ин вилоят дигар барои абад муқобили ҳукумат шуд. Муфаттишон ба ҳадде бо ин мардум хасмона ва хушунатомез рафтор мекунанд, ки Абдураҳмон Гулобов, як мусафеди 60 сола болоро барои тафтиш бурданду аз онҷо ҷасадашро ба соҳибонаш баргардониданд. Аммо, чуноне мегуянд, кори дунё беподош намемонад. Парлумони Аврупо тарафдори ҲНИТ ва муқобили Раҳмонов нест. Ва, ин парлумон ба намояндагӣ аз 28 кишвари ғарбӣ ташкил шудааст. Ва, онҳо, ҳарфи муфт ва ҳавоӣ намезананд. Аз 755 вакили ин Парлумон 520 нафарашон ба тарафдории ин қатънома, аъне барои маҳкум кардани Раҳмонов ва ботил хондани амалиёти зиддитеррористии вай дар Бадахшон раъй доданд.

Яқинан Раҳмонов ва лесакони вай дар посух хоҳанд гуфт, ки Тоҷикистон кишвари мустақил аст, мудохила накунед, кордор нашед!! Яқин ҳамин хел мегуяд. Аммо вақте бонкҳои урупоӣ ва созмонҳои он масалан ба Роғун пул медиҳанд, ба низоми барқу энержии Раҳмонов сармоя мегузоранд, барои дастгирии бюҷет,барои рафъи ковид пул медиҳанд,Раҳмонов ин тавр намегуяд. Бидав, бидав мераваду ҷонҷон гуфта мегирад. Намегуяд, ки ба кори давлати мустақил «қуш» нашавед. Шояд Раҳмонов ба парлумони Иттиҳои Аврупо наворҳои дронҳои Бузмаковро нишон медиҳад? Бузмаков гуфт, ки дронҳояш (шояд Байракдорҳои туркӣ) ҳамаро навор гирифтааст, (яъне далелҳояш ҳатто тасвирӣ) аммо чаро як навореро, ки нишон диҳад террористҳои помирӣ муқовимати мусаллаҳона карданд, дар дасташон пулемёт буд, туфанг буд, автомат буд, пешниҳод нанамуд. Аммо вақте аз тааҳҳудоташ, аз уҳдадориҳояш, аз риояти қавонин, аз инки давлат танҳо мошинаи ҷазодиҳӣ ва василаи зӯровариву куштор нест, мегуянду ба инсофу ба рияоти қоидаву меъёр фаро мехонанд, вай «нағма» мекунад, вай «дингила» мезанад. Маълум аст ки Раҳмонов аз ҳукумат рафтанӣ нест. Тамоми ин ҳама муддат қатлу кушторе, ки дар манотиқи кишвар ба роҳ монд барои ҳифзи қудрат аст. Раҳмонов на парвои миллат дорад, на парвои кулобӣ, на помирӣ ва на ғармӣ. Раҳмонов ҷойи орому роҳат ёфтааст. Артиши 201-и Русия вайро аз балоҳои хориҷӣ ҳимоят мекунад. Вай бояд дохилро нафас бигирад, ба хок молад, ба замин хобонад. Фарқ надорад,ки вай кист.Ҳизб аст,маҳал аст,шахсият аст. Бояд ҳамин минвол бошад. Ба ҷуз аз Бадахшон ҳамаро ба ҳамин ҳол расонида буд.

Танҳо Бадахшон монда буд, ки гуиё акнун бо куштани Мамадбоқиру Ёдгор ва зиндонӣ кардани Толибу дигарҳо ва хона ба хона зеру забар кардану дуздидану таҷовуз алови чашми помириҳоро ҳам гирифт, «дух»-и онҳоро ҳам «снимат» кард. Чунки вай қудратро ҷойи «кайф» ёфтааст. Намехоҳад, ки аз он «кайф» ҷудо шавад. Дар он «кайф» ҳоло Рустаму занаш, Озодаву шуйи гурехта гаштаву бе вазифааш, Рухшони сафири кабиру шуяш, Парвинаву шуйи сафири кабираш Ашраф, хулоса ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷро шарик кардааст. Ва, онҳо доранд аз онки помирӣ куштаву зиндонӣ мешавад, хонаашро ба тароҷ мебаранд, деҳаашро, шаҳрашро, оғушта ба хун мекунанд, номусашро, мазҳабашро, забонашро медаранду помол мекунанд, шахсиятҳои муътабарашро таҳқиру дашном мекунанд, лаззат мебаранд, онлайнӣ тамошо мекунанд.

Чун Раҳмонов давлат ва мудирияти давлатро, функсияи давлатро ҳамин тавр фаҳмидааст. Чуноне гуфтем, соли 2018 гуфт, ки «бас будагист». Бас, яъне чӣ? Бояд, гушҳо таги тоқӣ, дастҳо пеши бар Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат бигуянду дигар чизе нахоҳанд?  Раҳмонов мегуяд сӣ сол тоқат кард: «30 сол! Ин беохир намешавад! Дер мешуд, дер! Талаботу корҳои онҳо дигар буд». Намегуяд, ки сӣ сол аст халқи тоҷикро гаравгон ва асир гирифтааст. Намегуяд, ки худаш кайҳост, ки дер кардааст, хеле дер кардааст. Савол ҳам ин аст ки чаро Раҳмонов бояд сӣ сол дар қудрат бимонад? Магар кӣ хоста аз Раҳмонов, ки сӣ сол бимонад? Барои онки Раҳмонов дар қудрат бимонад касе садо ва сар боло накунад, ҳақу ҳуқуқ талаб накунад? Мардуми тоҷик аз қирғиз, аз гурҷӣ, аз арманӣ, аз қазоқ, аз дигару дигараш чи фарқ дорад, ки Раҳмонов болои сараш сӣ сол бимонад?.

Агар Раҳмонов набуд, нафари дигар дар ҷояш буд, ҳоло барвақт мерафт. Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев рафтанд. Магар не?  Қатъномаи Парулмони Иттиҳоди Аврупо парда аз рӯйи ин ҳама кизбу дуруғҳои Раҳмонов бардошт. Амалан Аврупо Раҳмоновро ботил хонд ва маҳкум кард, вале вай, ки ҳарф ҳолаш намешавад, беҳад беҳаёву пуррӯ шудааст, хиҷолат намекашад, мекушад, медуздад, зиндон мекунад….то ки Рустамро биёрад ва боз «кайф» карда давом диҳад. Аммо мо ва шумо мардуми кишвар ҳамеша овора, муҳоҷир, зани ин миллат дар ин интизори шавҳару фарзанд буда ва дар ҳолати бихуру намур қарор доранд.

Share This Article