Ғазна дар аҳди бостон ва қуруни вусто

Ислоҳ нет

Ғазна дар аҳди бостон ва қуруни вусто

Имрӯз аз шаҳри кӯҳансоли ­Ғазнин (Ғазна), ки рӯзгоре ба унвони пойтахти Ғазнавиён шукӯҳ ва ҷалоли фаровон дошт ва яке аз конунҳои муътабари илмиву фарҳангӣ ва адабӣ буд, вайронае беш боқӣ намондааст. Ин осор, ки дар фосилаи наздике аз шаҳри кунунии Ғазна, (ки байни Кобул ва Қандаҳор дар кишвари Афғонистон воқеъ аст), қарор дорад. Илова бар он, ки ҳикоятгари вусъату азамати он шаҳр таърихе мебошад аз масоибе, ки дар гузари замон ва дар ҷараёни ҳуҷумҳои мукаррари мутаҷовизон бар ин шаҳр ворид омадааст, парда бармедорад. Ҳарчанд овоза ва эътибори Ғазна то ҳадди зиёде мадюни талошҳои салотини Ғазнавӣ барои густариш ва зебоии он шаҳр аст, аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки қабл аз интизоби он шаҳр ба унвони пойтахти Ғазнавиён низ Ғазна шаҳри муътабар будааст.
Ғазна ба маънои ҷогушодатарин ва покизатарин шаҳрҳост. Аз ин шаҳр, ки маркази вилояти Зобулистон буда, дар тарафи Хуросон миёни Хуросон ва Ҳинд қарор дошта, бо номҳои Ғазнин, Ғазнӣ ва Ғазна ёд гардидааст. Ҳарчанд дар порае аз фарҳанги луғот Ғазнавӣ низ сурати дигаре аз Ғазнин дониста шуда, аммо дар ҳақиқат аҳолӣ ва мансубин ба шаҳри Ғазнин, ба Ғазнавӣ маъруф будаанд. Ғазна, (ки ба арабӣ Ҷазна номида мешавад) дар воқеъ талаффузи омиёна Ғазнин аст ва номи саҳеҳи ин шаҳр назди уламо Ғазнин аст. Дар Бурҳони қотеъ низ Ғазна махфуфи Ғазнин дониста шудааст.
Ғазна дар даште наздик ба кӯҳистон воқеъ шудааст. Муқаддасӣ мегӯяд, ки фосилаи даште, ки Ғазна дар он ҷо қарор дошт то кӯҳистон як фарсанг будааст. Саъолибӣ низ ба кӯҳистонӣ будани Ғазна ишора дорад.

Бино ба навиштаи ӯ Ғазна аз ҳавои покиза, хоки некӯ, оби гуворо бархурдор будааст. Ин шаҳр ба навиштаи манобеъи мутаъдади ҷуғрофиёӣ дорои зимистони сард ва пурбарф будааст. Аммо хубии ҳавои он ҷо муҷиби коҳиши бемориҳо гардида, аҳолии он ҷо аз амре тӯлонӣ бархӯрдор буданд. Дар манобеи дигари таърихӣ ба зеборӯии мардумони Ғазнин низ ишора шудааст.

Шаҳри Ғазна аз таърихи кӯҳан бархӯрдор мебошад. Ривоёти асотирие шоҳид бар ин мудаъо мебошад, ки Ғазна шаҳре аст, ки аз рӯзгорони бисёр дур бар доманаҳои Сафедкӯҳ (Сафедкӯҳ силсилаи ҷиболе азим дар шимоли Афғонистон ва дар он гарданаҳое аст, ки фотеҳон аз оғози таърих ба ҳангоми фатҳи билоди Ҳинд аз онҳо убур кардаанд) ғунуда шудааст. Зол, ки ба ниёбат аз падари хеш (Сом) дар Сиистон ва Зобулистон ҳукумат дошт ҳангоми шикор ва тафреҳ аз Ғазна гузар кард ва то Кобул пеш рафт. Дар Ғазна маҳалаест онро Шула хонанд, бар сари майдон найза фурӯ бурданд, оҳанин, сари вай се шох, аз они Рустам ибни Зол, онро бузург доранд.

Фирдавсӣ низ мегӯяд:
Ки ӯрост то ҳаст Зовулистон,
Ҳамон Бусту Ғазнин Кобулистон.

Ҳюн Тасонг саёҳи чинӣ, ки дар ҳудуди соли 633 мелодӣ аз Ғазнин дидор карда, (ба талаффузи чинӣ аз Ғазнин бо номи Ҳусино ёд намуда), он ҷоро маркази Зовулистон хондааст.
Аз он ҷо, ки Ғазна дар масири Кобул воқеъ аст, метавон тақрибан яқин ҳосил кард, ки ҳангоми фатҳи Кобул шаҳри Ғазнин низ ба василаи мусалмонон тасарруф шудааст.
Таърихи Ғазна дар қуруни нахустини исломӣ чандон равшан нест. Танҳо медонем, ки Яъқуби Лайси Сафорӣ пас аз тасаллут бар Сиистон ба Буст тохт ва Солеҳ ибни Наср (фармонравои собиқи Сиистон ва Буст) ба Ратбил паноҳ бурд. Натиҷаи ин набард, ки дар соли 249 қ. иттифоқ афтод, бо чирагии Яъқуб ибни Лайс анҷомид.
Яъқуби Лайс баъд аз тасарруфи минтақаҳои мазбур тайи солҳои 253-255 қ. ва дарёфти маншури халифа Муътамад бори дигар дар таъқиби писари Ратбил ба сӯи Кобул лашкар кашид (рабеъ-ул-аввали соли 358). Аммо он чи ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, гуфтори муаллифи Таърихи Сиистон дар боби бинои Ғазна мебошад. Вай муътақид аст, ки Ғазна Яъқуб ибни Лайсро малики дунё кард. Дар ҳамин замина дар китоби Зайн-ул-ахбор омадааст, ки Яъқуб баъд аз саркӯбии Ратбил ва тасарруфи Панҷвой ва Рахд ба Ғазнин омад ва Зобулистон бигрифт ва шористони Ғазнаро ба по афканд. Бад-ин сурат шояд битавон гуфт, ки дар воқеъ Яъқуби Лайс Ғазнаро густариш додааст. Ин мавзуъ аз ҷумалоти баъдии Таърихи Сиистон, ки зимни ном бурдан аз шаҳрҳову вилоятҳои Сиистон ёдоварӣ кардааст, ки ин ҳама шаҳрҳо ба рӯзгори ҷоҳилият андар фармони паҳлавонон ва марзбонони Сиистон буданд, низ мушаххас мешавад.
Бинобар ин метавон дарёфт, ки Ғазна дар муддатҳои бисёр қабл аз Яъқуб вуҷуд дошта, аммо он шаҳр дар аҳди Яъқуби Лайс бозсозӣ шуда, густариш ёфтааст. Дар аҳди хилофати Муътазид биллоҳ (279-281 қ.) фармони ҳукумат бар Форс, Кирмон, Хуросон, Зобулистон, Сиистон ва Кобул ба Амри Лайси Сафорӣ (265-287 қ.) дода шуд. Дар замони фармонравоии Амри Лайс фарде бо номи Муҳаммадон Ҳамадон ибни Абдуллоҳ аз ҷониби Сафориён волии Зобулистон будааст. Ҳам дар рӯзгори Амри Лайс ва дар ҳоле, ки ӯ барои рӯёрӯӣ бо амир Исмоили Сомонӣ озими Балх буд, ду тан аз шоҳони маҳалии Ҳинд ба номҳои Носиди ҳиндӣ ва Олмони ҳиндӣ бо якдигар муттаҳид шуда, Бурдолиро, ки аз ҷониби Амри Лайс бар Ғазна ҳукумат мекард, мутаворӣ намуданд ва ин мавзуъ хашми Амри Лайсро дар пай дошт.
Байҳақӣ бо баёни ин матлаб, ки ин шористон ва қалъати Ғазна Амр ва бародар Яъқуб ободон кард, ба бозсозии Шаҳристон ва қалъаи Ғазнин ба василаи он амири Сафорӣ ишора дорад. Дар аҳди ҷонишинони Амри Лайс низ Зобулистон ва Ғазна дар қаламрави Сафориён буд. Дар тайиди ин мавзуъ бояд гуфт, ки баъд аз дастгирии Лайс ибни Алии Сафорӣ ба василаи сабукрай ва эъзоми ӯ ба Бағдод ( дар соли 298 қ.) хутба ба Сиистон, Буст, Кобул ва Ғазна Муҳаммад ибни Алӣ ибни Лайсро ҳамӣ карданд.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки Ғазнаро Яъқуби Лайс ба тасарруф дароварда, пас аз ӯ он шаҳр ғолиби авқот, ҷуз қаламрави Сафориён будааст. Аммо ин нукта низ пазируфта аст, ки фармонравоёни маҳалӣ, ки бо унвони хос Луик (ё Анук) мушаххас буданд, ба унвони хироҷгузорони Сафориён бар Ғазна ҳукумат доштанд.

Бо тамоми он чи гуфта шуд бояд ба ин мавзуъ эътироф кард, ки тасхири Ғазна ба василаи Алптегин ва истиқрори он сипаҳсолор ва сипоҳиёнаш дар шаҳр ном бурда, дар ҳақиқат оғози инзимоми қатъӣ ва ҳамешагии Ғазна ба қаламрави исломӣ аст. Барои исботи ин мавзуъ бояд гуфт, ки муаллифи Ҳудуд-ул-олам, аз Ғазна ба унвони шаҳре ёд карда, ки аз қадим ҷузъи Ҳиндустон буда, «акнун андар ислом аст ва сарҳаде аст миёни мусалмонон ва кофирон.»
Ғазна ба далели мавқеъияти ҷуғрофиёии хеш аз лиҳози тиҷорӣ низ аҳамияти фаровон дошт. Ҳарчанд Босворт ба дурустӣ муътақид аст, ки нақши иқтисодии Ғазна ҳаргиз ба андозаи Кобул набудааст. Бо ин ҳол дар манобеи ҷуғрофиёии қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аз Ғазна ба унвони яке аз марокизи мубодила колоҳои тиҷории Хуросон ва Мовароуннаҳр бо Ҳинд ёд шудааст. Истахрӣ чунин менигорад, ки «Дар ҷумлаи шаҳрҳо, ки дар навоҳӣ ва атрофи Балханд ҳеҷ шаҳре маъмултар ва хайри неъмат дар он бештар аз Ғазна нест, ҷиҳати он ки фаризаи Ҳинд аст.» Муаллифи Ҳудуд-ул-олам Ғазнаро шаҳри пурнеъмат ва аз марокизи иқомати бозаргонон медонад. Муқаддасӣ низ он шаҳрро яке аз борандозҳои Хуросон ва анборҳои Синд ба шумор овардааст.

Бо тамоми он чи дар мавриди қидмати таърихӣ, ҷойгоҳи ҷуғрофиёӣ ва аҳамияти иқтисодии Ғазна қабл аз зуҳури давлати Ғазнавиён гуфта шуд, бояд иқрор намуд, ки дар партави интихоби ин шаҳр ба унвони пойтахти силсилаи Ғазнавӣ марҳилаи тозае аз ҳаёти таърихии Ғазна оғоз гардид ва давлати ояндаи Алптегину ворисонаш, ки аз шаҳри Ғазна шуруъ шуд, он шаҳри деринасол шукӯҳу эътибори ғайри қобили тасаввур ба даст овард.
Тавре, ки дар рӯзҳои нахусти ба қудрат расидани Масъуд ибни Маҳмуд (1031-1040) аммаш Ҳураи Хатлӣ барояш менависад: «Асл Ғазна асту он гоҳ Хуросон, дигар ҳама фаръ аст». Аз ин гуфта бармеояд, ки Ғазна гаҳвораи ҳукумати Ғазнавиҳо маҳсуб меёбад. Ғазна дар аҳди оли Сабуктегин ба авҷи шукӯҳу ободонӣ мерасад ва ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубаддал гардид. Садҳо биноҳои маъмурӣ, қасру кушку масҷиду мадрасаҳо бунёд ёфт. Бо талошҳои фаровони Маҳмуду ворисонаш Ғазна муҳимтарин маркази сиёсӣ, минтақаи умдаи тиҷорӣ ва конуни илму маърифати рӯзгор мегардад, то бад-он ҳадд, ки баъзе аз муҳаққиқони хориҷӣ Ғазнаи аҳди Маҳмудиёнро «пойтахти маънавии олами ислом» хондааанд. Ғазна бузургтарин маркази тиҷории асри Ғазнавиён бад-он хотир аст, ки аз тамоми гӯшаву канори дунё молҳои мавриди ниёзи аҳолӣ оварда мешуд. Вобаста ба ҷойгоҳи Ғазна ва нуфузи он нарху наво нисбат ба дигар шаҳрҳо баландтар буд. Аз Ғазна ба дигар кишварҳо барда содир мешуд. Манбаи ба даст овардани бардаҳо Ҳинд буд. Муҳити адабии Ғазна низ дар пояи баланд қарор дошт. Тамоми сарвату дороии шаҳрҳову сарзаминҳои забтшуда ба Ғазна оварда мешуд. Аз ҷумла пас аз тасарруфи шаҳри Рай (с. 1029) аз ҷониби Маҳмуд китобҳои нодири ин шаҳр ба Ғазна фиристода шуданд, ки дар миёни онҳо осоре аз Абӯалӣ ибни Сино мавҷуд буд. Ховаршиноси маъруф Лен-Пол қайд мекунад, ки то он таърих ҳеҷ як аз пойтахтҳои Осиё бад-ин гуна мазҳари шукӯҳу ҷалол қарор нагирифта буд.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

МАЪХАЗҲО САРЧАШМАҲО:
Абулфазли Байҳақӣ. Таърихи Байҳақӣ. Тасҳеҳи Алӣ Акбари Фаёз. –Теҳрон: Машҳад, 1350. –с. 342.
Абӯсаъид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ. Зайн-ул-ахбор. Таълифи Абдулҳаййи Ҳабибӣ. –Теҳрон: Бунёди фарҳангии Эрон, 1347. -с.306.
Абӯмансури Саъолибӣ. Латоиф-ул-маъориф. –с. 252.
Абӯшарафи Носеҳ ибни Зафари Ҷарфодқонӣ. Тарҷумаи Таърихи Яминӣ (Перевод истории Ямини). Бо эҳтимоми Ҷаъфари Шиор. –Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 2537. –с. 365.
Газневиды // Большая советская энциклопедия: В 30 т. -М.: Советская энциклопедия, 1969-1978.
Газневиды // Советская историческая энциклопедия / Под ред. Е. М. Жукова. -М.: Советская энциклопедия, 1973—1982.
Газневиды // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 томах (82 т. и 4 доп.). -СПб., 1890-1907.

8. Ёқути Ҳумавӣ. Маҷмаъ-ул-булдон. Ҷ.4. –с.402., Луис, Мари. Сарзамин ва мардуми Афғонистон. –с.27., Клуҳан Кашмирии Пондат, Роҷтрангинӣ. Таърихи Кашмир. –с.387.

9. Муқаддасӣ. Осор-ул-булдон ва ахбор-ул-аъбод. –с. 209.

10. Муқаддасӣ. Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ал-ақолим. Тарҷумаи Алинақии Мунзавӣ, -Теҳрон, 1361. –с. 442

11. Муҳаммад Ғиёсиддини Мустафоободӣ. Ғиёс-ул-луғот. –с.625.

12. Муҳаммад Ҳусайн. Бурҳони қотеъ. Љ.3. –с.1411.

13. Муҳаммад ибни Маҳмуд. Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот. –с. 252-253.

14. Муҳаммадризои Хуросонӣ. Риёз-ул-алвоҳ. –с.1-219., Fiury, S., Le décor epigraphique Des monuments De Ghazna, p.61-89.

15. Муъин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ. Ҷ. 5. –с.769.

16. Овез Гундогдыев Энциклопедичиский словарь «Историко-культурное наследие Туркменистана» // Под общей редакцией О.А. Гундогдыева и Р.Г. Мурадова.

17. Рыжов К.В. Газневиды // Все монархи мира. Мусульманский Восток VII-XV вв. -М.: Вече, 2004. -544 с.: ил с.

18. С. Лен-Пол. Табақоти салотини ислом. Тарҷумаи Аббос Иқбол. –Теҳрон, 1312. –с.258.

Таърих-и Систан. Перевод, введение и комментарий Л.П. Смирновой. -М., 1974. –с.24.

19. Фарҳанги Онандроҷ. Ҷ. 4. –с.26-30.

20. Ҳудуд-ул-олам мин-ал-машриқ ила-л-мағриб. Бо эҳтимоми Манучеҳри Ситуда. –Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, 1362. –с. 325.

21. Ҷалоли Ғуломи Ҷелонӣ. Ғазна ва Ғазнавиён. –Кобул: Байҳақӣ, 1351. –с. 24-25.

Share This Article