Ба баҳонаи зодрӯзи Нуриддин Раҳмонов

Ислоҳ нет

Имрӯз 31.12.1950 рӯзи таваллуди Нуриддин Раҳмонов бародари калонии Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Вақте Раҳмонов болои минбари Иҷлосияи ватансӯзи 16 дар қасри Арбоби Хуҷанд сӯҳбат мекард, аз ӯ ба унвони танҳо бародари тракторчиаш ёдоварӣ карда гуфта буд, ки дигар хешу табори дипломдору мансабдор надорад. Ин бародари тракторчии Раҳмонов, ки баъдҳо миллионери Данғара ва умуман Тоҷикистон шуд, хеле корҳоеро анҷом дод, ки ҳамагонро дар ҳайрат гузошт.

Як ҷумла илова намоем:

“Нуриддини тракторист 7уми октябри соли 2017 дар сини 67 аз олам даргузашт. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ҳодисаи марги вай ногаҳонӣ ва дар роҳи самти Тоҷикободу Ғарм дар даруни мошин рух додааст. Мегӯянд, ки вақте ҷон медод сахт маст буд. Хуб, инки ҳаром мурд ва ё инки ҳоло дар куҷои сақар ё ҳовия  ва ё қориъа  аст чизе гуфта наметавонем.”

Аммо иллати ҳоло дар бораи ӯ навиштани мо ин аст ки ба баҳонаи рӯзи мавлудаш як каме  дар бораи «корнама»-ҳояш ёдоварӣ намоем.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар солҳои аввали рӯи кор омадани бародараш ором буд. Вале ба тадриҷ дигар тракторро раҳо карду даст ба ғасби замину замони Данғара ва дараву куҳу пуштаҳои Ховалингу Кангурту Балҷувон зад. Оҳиста-оҳиста ба тиҷорати пахта рӯ овард. Фермаи мурғу фермаи бузу гусфанду аспу говашро намегӯед? Ҳама дараву адири Данғара,то Норакро симхор гирифта заповедник карданаш ба ҳеҷ кас пӯшида ва пинҳон нест.

  “Дигар барои гирифтани мансабу мақом «посредник» мешуд ва ҳатто «отдел кадр»-ҳам мегуфтанд. Домодаш Баҳром Холназаров сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон таъин шуд. Духтарҳои дар хона мондаву бӯгиритфааш ҳам яке, яке шӯ гирифтанд. Барои мисол яке аз онҳо ва шавҳараш соҳиби бемористони «мадади Акбар» дар Душанбеанд.”

Феълан Умеди Нуриддин, писари юристаш додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст ва писари дигариаш Исломиддин раиси ноҳияи Данғара. Мо, агар дар бораи духтарҳову домодҳову дигар бачаву ҷиянҳои Нуриддину зани Нуриддин нависем, магарам як асари сеҷилда рӯйи кор ояд.

Аммо инҷо дар бораи худи Нуриддин мегӯем. Хок хабар набарад вақте дигар дасту пову лабу лунҷаш аз солидолу афтолу соляркаву запчастҳо тоза шуданду вай «сумдор» шуд, шурӯъ кард ба духтарбозиву арӯскобӣ.

Ёдатон бошад ба баҳонаи баргузории Наврӯзи Данғара чи хел талош карда буд, ки Манижа Давлатоваи овозхонро «ҳамхоба» кунад? Аммо Манижа ҳуй хӯрда шарафу номусашро ҳифз карда буд. Дар ҳаминҷои навишта, қабл аз онки ба «ҷойи асосӣ»-и ин навишта бирасем як иқтибос аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ.нет» меоварам:

«Мардуми оддии Данғара аз Нуриддини Раҳмон бародари Эмомалӣ сахт норозӣ буданд. Тақрибан ҳама ончӣ дар ин ноҳия бударо шахсӣ намуда буд, бо зурӣ моликияти сокинонро мегирифт ва касе чизе гуфта наметавонист. Мардум чарогоҳ надоштанд, ҳукумати шуравӣ пистазорҳоро натавониста буд симхор кашад Нуриддин Раҳмонов садҳо километр масоҳатҳоро симхорпеч карда буд ва ҳамаро шахсӣ намуда буд. Мардумро дар заминҳояш кор мефармуд вале ба онҳо ҳаққи хидматашонро намедод.

Аз қисмҳои низомӣ моҳҳо аскарбачаҳо дар заминҳои Нуриддин кор мекарданд дар ҳоле онҳо бояд дар хидмати ҳарбӣ қарор медоштанд. Тоҷирони ноҳия ончунон норозӣ буданд,ки намедонистанд чӣ гӯянд ва ҳатто мардум ба Нуриддин Раҳмонов пас аз сохтани чойхонаеки аз мазори Мавлоно Тоҷиддин, ки худаш дар баландҷое мебошад сохта буд. Чойхонаашро аз ҳама баландтар сохтааст ва ба ин хотир ба ӯ лақаби Мавлоно Нуриддин гузошта буданд. Пас аз сохтани  ин чойхона дигар барои ҳеҷ тарабхонае иҷозат набуд дар арусиҳо ва ҷамъомадҳои сокинони ноҳияро гузаронанд, ҳама бояд бо пули қимат дар чойхонаи акаи мавлоно Нуриддин маросимҳои худро гузаронанд. Ҳатто пас аз ташриф овардани Эмомалӣ дар маросимҳое ба Данғара хурокҳои боқимонда аз он маросимҳоро,ки барои мардум буданд сокинон шикоят мекарданд, ки Нуриддин онҳоро ба хонааш мебурд ва ба касе чизе намедод,то бихуранд.Тақрибан ҳама мегуфтанд акаи мавлоно, ки ин як масқара ё як таҳқир нисбати ин бародари трактористи Эмомалӣ буд вирди забонҳои сокинонаш буд.

Дар мавриди инки барои меҳмонҳои хориҷияш барояшон, аз духтарони ноболиғи мактабхони ин ноҳияро тақдим мекардааст. Ин ҳолатро пас аз ҳомила шудани духтарон, наздиконашон фаҳмида буданд ва пурсиданд,ки чӣ кор бояд кунем бо ин трактористи фосиқ?

“Афсарони қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Данғара шикоят мекарданд,ки Нуриддин ба онҳо картошкаҳо ва маҳсулоти полезии харобшударо меорад ва мегӯяд инро холӣ кунед ва ба ҳисоби ман маблағашро бо нархи бозор гузаронед, дар ҳоле аз даҳтон картошка се тонааш солим буд ва ҳафт тонаи дигараш пусида буд,ки онро ба партобгоҳ меандохтанд. Ана акнун фикр кунед афсарони бечора моҳҳо гурусна мемонданд барои онки Нуриддин суд ба даст оварад. Ҳато афсаре гуфт говҳоеки ҳаром мемурданд Нуриддин онҳоро ба қисми ҳарбӣ меовард,ки ин говҳоро ба аскарон диҳед ва маблағи гуштро ба ҳисоби ман аз қисм ҳарбӣ гузаронед ва ин корро дар моҳи рамазон карда буд. Афсари он қисми низомӣ гуфт вақте гуфтем ака моҳи рамазон аст гуноҳ аст. Ончунон дашномамон кард ва таҳдид намуд, ки агар нахоҳед аризаатонро навишта равед».

Ва, ҳоло омадем ба асли ин навишта. Мо, худову ростӣ дар ин бора солҳои пеш ҳам шунавида будем. Шунавида будем,ки Нуриддин  на танҳо гӯшти говҳои ҳароми оварда аз Ҳиндустонро ба мағозаҳову тарабхонаҳои Душанбеву Қурғонтеппаву Хуҷанд маҷбурӣ бо нархи дучанду се чанд фурӯхта даромад мегирифтааст, балки вай ончунон ба пул дода шуда будааст, ки даст ба духтарфурӯшӣ ҳам мезадаст. Духтарҳои тоҷикро ба хориҷиҳо барои «дамгирӣ» мефурӯхтааст. Ва, ҳоло дар дасти мо як чунин матлаб расид. Ҳамин чанд соати пеш мактуби як корманди оперативии КДАМ ба унвони «Ислоҳ» Муҳаммадиқболи Садриддин расид бо мазмуни зайл:

18 сентябри соли 2016  ба унвони мо кормандони КДАМба воситаи «агентура»-аи внедрит кардаамон дар байни атбои хориҷӣ хабаре пур аз изтироб ва хеле ҳам ташвишовар расид. Ин «агент»,ки барои корҳои фаврӣ нисбати атбои хориҷии дар қаламрави Тоҷикистон ҷалб шудааст аз шаҳрвандони Хитой, ки дар Данғара кор мекунанд маълумот расонд.

“Тибқи ин маълумот чанде аз хитоиҳо бо духтарон аз ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Кулоб ва Восеъ алоқаҳои номашрӯъи ҷинсӣ ба роҳ мондаву ҳамин имрӯз дар як саунаи Душанбе   ба корҳои ғайриахлоқӣ машғул мешудаанд. Бинобар ин маълумот беш аз 20 хитоӣ бо 8 духтари тоҷик дар инҷо «дам» мегирифтаанд. Дар ҳақиқат дар ҷараёни амалиёт ҳам духтарони тоҷик ва ҳам хитоиҳо лучу бараҳна дастгир карда шуданд. Ва, як ҳолати нигаронкунандааш он буд, ки чиниҳо духтарҳои тоҷикро аз тариқи азият додан, задану бо ресмону тасмаҳои чармиву резинӣ бастан таҷовуз мекардаанд. 20 нафар 8 духтари кулобиро таҷовузи гурӯҳӣ мекардаанд.”

Вақте ин маълумот ба мо расид воқеан ҳам сахт дар ғазаб шудем ва ба он суана рафтем ҳамроҳ бо гурӯҳи «Алфа».Вақте вориди сауна шудем, бовар кунед манзараҳоеро дидем, ки аз тасвири онҳо инсон оҷиз мемонад. Хитоиҳо дар ҳолати мастиву мадҳушӣ. Масалан дар болои як духтари тоҷик 4 хитоӣ парида истодааст. Дар даҳони як духтари кулобӣ … мардии се хитоӣ. Мо ҳамаи онҳоро зада ба замин хобонида ин 8 духтарро аз зери поҳояшон кашидаву кашола карда берун баровардем. Духтарҳо ҳзам мисли хитоиҳо арақ хӯрдагӣ ва маълум, ки таблетка ҳам задаанд. Бадани духтарҳоро бо простину сачоқҳо пӯшонда даҳлез баровардем.

Вақте мо хостем, ки сардори шаҳрвандони Хитойро, ки дар утоқи ВИП-и ин сауна бо ду духтари тоҷики15-16 сола (талабаи мактаб)«истироҳат» мекард, дастгир намоем ва ба ин манзур дари утоқашро хостем бо зӯр кушода ворид шавем,медонед чӣ шуд?Директори ширкати хитоӣ таги хилъати кабуди осмониранги худи ҳаммом ба берун баромад ва ба тарафи сардори гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯии КДАМ бо тоҷикӣ дод зада гуфт:

“ци меги??ээ ци меги??ци гапай?? Иди нахуй!!

Телефонашро дар соати дуи шаб аз кисаи халаташ гирифту ба касе занг заду гуфт:

 “акаи НУЛь-ЛИД-ДИН и ксиочаҳо кати гап зан!!” ва гӯшаки телефонро ба сардори гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ полковник М.А дод. (Дар ин лаҳза ман ҳам, ки аз минтақаи Кӯлоб ҳастам фикр кардам, ки мо дар Хитой ҳастему моро хитойиҳо бо ягон ҷиноят дастгир карда бошанду гӯё ба ЦЫ ЦЗИН ПИН, президенти Хитой занг зада истода бошанд. Воқеан ҳам даҳшат!!

Як қурбоқахур, як хархуру келаскхӯру як морхӯру як самбақахӯр духтарони ҷавони моро «группавой» таҷовуз карда истоданду боз моро муттаҳам карда дар назди ҳама ин қадар паст мезананд ва ба бародари РАИСИ ҶУМҲУРи ТОҶИКИСТОН занг зада истодааст.

Ман тайёр будам ҳамаи онҳоро парронам. Аммо ин вақт роҳбари гурӯҳ баъди бо Нуриддини акаи президент Раҳмонов гап задан суп- сурх шуду сараш минут ба минут паст шуда:

« Майла, ака, бахшиш нафаҳмидем гуфта узр мепурсиду зора мекард».

Ин ҳолатро духтарони тоҷик ҳам медиданду мегуфтанд, ки «ҳайфи шумо! Мора ку фиреб карда акаи президент коркунӣ гуфта овард иҷа, Шумо чи хел мардакен мора халос кунен ай дасти ин ҳарромои ҳайвоно, илтимос» гуфта гиря мекарданд.

Аммо мо бошем бо фармони сардори гурӯҳ ҳамаи онҳоро ба дасти хитоиҳо додаву баромадему рафтем. Хитоиҳо ба ҳоли мо механдиданд. Тамсхур мекарданду ба забони худ чи чизҳое мегуфтанд: Нулиддин, Нулиддин мегуфтанд.

“Сардори хитоиҳо миёни пояшро ишора карду домани халаташро кушоду гуфт бигиред ва он ду духтари ҳамроҳашро дигарбораи ба утоқи ВИП-и сауна даровард. Гуфт агар лозим шавад хоҳарони шуморо ҳам ҳамин хел мекунем. Дар пеши чашматон мекунем. Инҳоро ба мо акаи президент туҳфа кард. Мо ҳам ба вай як пачка доллар додем.”

Баъди як сол Нуриддини акаи Рахмонов мурд. Дар ҷанозааш моро ҳам барои бехатарии Президент бурданд Ман ба тобути акаи Президент нигоҳ мекардаму хандаи ҳамон хитойии пачақ сачақ пеши назарам меомаду гиряи духтарони ҷавони кулобӣ ва ба даруни дилам мегуфтам: Худованд ҷоят Дузах бошад, дар оташи ҷаҳаннам бисӯзӣ тракторист   Нуль-Лид –Дин. Омин!!!

Ps: Мо машғули корҳои охири сол ва барномаҳои муқаррарии худ будем. Аммо мардуми кишвар ва онҳое аз дасти Нуриддин Раҳмонов ва писарону духтарон ва домодҳои ӯ ба дод омадаанд ҳатто рӯзи таваллуди ӯро фаромӯш накардаанд ва рӯзи вафоташро ҳам. Ба мо чандин номаи дигари мушобеҳ аз Данғара расидааст,ки инро нашр кунед ва мо аз дасти ӯ зарар дидаем ва то ба имрӯз наздиконаш зарар дода истодаанд. Пас мо чикор кунем? Ин дарду шикояти мардумро нагӯем? Мардум дарди худ шикояти худро ба мо ирсол менамоянд ва мо ногузирем онҳоро расонаӣ кунем. Феълан тақрибан 19 номаи тулонӣ аз ҷиноятҳои Нуриддини троакторист дар “Ислоҳ” қарор дорад. Ӯ мурда аст вале наздиконаш сети ҷиноятии ташкил намудаи ӯро чархонида истодаанд. Вақте мегӯям мардуми мо қасдгиранд пас боварам кунед ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кори шуморо фаромӯш намекунанд.

Share This Article