Ба доди узбектаборони Деваштич, ки гаравгонони оилаи Абдуллоевҳоянд кӣ мерасад?

Ислоҳ нет

Нома аз муҳоҷирони узбеки ноҳияи Деваштич аз шаҳри Санкт-Петербург 

Қариб 1000 сокини деҳаи Зарнисор дар муҳоҷират дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бештарини онҳо дар шаҳри Санкт-Петербурганд.Чанд рӯзи пеш дар як садамаи нақлиётӣ 3 ҷавони деҳаи Зарнисор ба ҳалокат расид.

Дар деҳаи Зарнисори Деваштич барои ҷавонҳо кор нест.

Авлоди Абдуллоевҳо дашт, замин, об, мактаб, танзим, мизи ҳарбӣ, хуллас ҳама соҳаҳоро монополия кардагианд. Домоди 20 рӯз пеш хонадоршуда маҷбур аз «облава» гурехта, рӯ ба муҳоҷират оварад. Дар шаҳри Новий Уренгой қариб 200 кас аз деҳаи Зарнисор кор мекунад.

Зимистон то 40 дараҷа сард бошад ҳам кор мекунем, дигар илоҷ нест. Зиндагӣ мушкил, нархи озуқа гарон. Авлоди Абдуллоевро сер кардан даркор. Барои замини бепул пул медиҳем, ба мактаби бепул пул медиҳем. Облава барои ҳар 6 моҳаш камаш 5000 сомонӣ медиҳем.

Абдуллоев Бобур аз моҳи апрели 2022 раисии хоҷагии идораи об дар Деваштич мебошад.

Ду хати лулаи об нушокӣ аз давраи Шӯравӣ мавҷуд буд, ки аз они худ кардааст. Дар 1 моҳ 40 сомонӣ медиҳем, 3 соат об медиҳад.

Оби полезӣ бошад соаташ 40 сомонӣ. Фишори об хеле суст аст. Як ҳавлии дорои 8 сотих 2 ё 3 соат об медиҳад. 100 литр дар 24 соат. 200 сомонӣ нархи 100 литр. Ба 3 тақсим карда ба 24 соат ҳисоб мекунанд. 2000 то 3000 сомонӣ мешавад. Кадом ташкилоти хориҷие ба татбиқи барнома шурӯъ кард. Бобур Абдуллоев  ҷойи дастгирӣ кардан зиёни худро расонд,то мардум бе пул сощиби об нашаванду тиыораташ касод нашавад. Барои мардум 1комбайн ва 2 то трактор доданд. Бобур Абдуллоев  онро гирифт ва барои 1 гектар гандум 500 сомонӣ ҳаққи комбайн таъйин кард. Барномаи ғайридавлатии омадаро барои худаш истифода мебарад. Наход як давлат бо ин қадар амнияту милиса ва мақомоти тафтишотӣ ин ҷиноятҳоро набинад? Ё мебинанду бо  ӯ  дар долия шариканд. Оби нушокӣ даркорӣ нест гуфта корҳоро ақиб монданд. Чихел оби нушокӣ лозим нест? Яъне тиҷораташ касод мешавад агар об расад ба аҳолӣ.Аз дасти инҳо на замин на об монд. Мардум шикоят карданд. Ягон кас мардумро гӯш накард.

  Мардуми деҳа аз Абдуллоевҳо сахт метарсанд

Инҳо тӯҳматчӣ, дурӯғгу ва қасами ноҳақхӯр мебошанд. Нуриддин Абдуллозода раиси идораи замин ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.Аз дасти Нуриддин Абдуллозода раиси ноҳияи Деваштич 2 бор, раиси дастгоҳ 1 бор, раиси ҷамоати Ғазантарак дар соли 2018 ба дасти коррупсия афтиданд.

“Нуриддин Абдуллоев мисли бузи ваҳшӣ мебошад. Дар давоми кораш камаш 20 кас коргари идораи замини Деваштич суд шуданд. Баъзе аз он судшудаҳо Сарвар, Абдукарим, Фарух, Далер, Асадхон, Лутфулло, Илҳом, Равшан, Темур, Аброр, Обид ва дигарон.”

Дар идораи замини Деваштич ҷияни Нуриддин номаш Рамзиддин кор мекунад, соли таваллудаш 1998 аст. Вай эксперт аст. Бе  имзои Рамзиддин Қулдошев  сертификати замин дода намешавад. Як имзо камаш 5000 сомонӣ қимат дорад. Нуриддин бо Рамзиддин замини деҳаи Зарнисорро қариб 50 фоиз гирифтаанд. Пеш якто ҳочагии деҳқонӣ бо номи Бобур буд. Ҳозир Баҳористон, ҳоҷӣ Тӯйчибой, боз якто ҳочагӣ ба номи Гавҳар модари Қулдошев Рамзиддин. Инҳо сер намешаванд. 30 сол боз 2 гектар замини обии президентӣ дар дасти Нуриддин Абдуллозода. Аммо ба мардум як ваҷаб замин нест. Дар бораи заминфурӯшиҳои ин ғоратгарон як китоб нависем ҳам кам аст.

 Таҳқиқоти “Ислоҳ” дар қазияи куштор дар Деваштич

17 июл 2022 дар идораи замини Деваштич ду ҳодисаи куштор ба амал омад. Сабаби ин куштор мо хуб медонем ва таҳқиқоти”Ислоҳ” бо манобеъи доштаамон дар ноҳияи Деваштич чунин хулосаҳо баромад. Ба хамагон маълум аст, ки “Ислоҳ” дар барномаҳои худ дар гузашта  аз ҷиноятҳо ва кирдорҳои  собик раиси кумитаи замини ноҳияи Деваштич  Абдуллозода Нуриддин Туйчиро мақола чоп карда буд. Агарчӣ ҳоло Нуриддин Абдуллоев дар мақоми кумитаи замини ноҳия кор намекунад. Аммо тавассути раиси амалкунандаи замини кунунии Деваштич ҳама хостаҳои  худро дар ноҳияи Деваштич ба сокинони ин ноҳияи амалӣ дорад. Озодона тавассути раиси кунунии кумитаи замини ноҳия ба заминхарҳо заминҳои дилхоҳашонро пешниҳод намуда аз онхо маблағи дилхоҳи муқаррар намудаашро  мегирад. Чунин рафти кор ба раиси амалкунандаи кумитаи замини ноҳия хуш намеояд ва хама вақт хоҳишоти мафияи Нуриддин Абдуллоевро иҷро намекунад. Абдуллозода Нуриддин барои ин амалҳои раиси кумитаи замин қасд гирифт. Нуриддин Абдуллозода ба ғазаб меояду тавассути ҷиянаш, ки  корманди кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич аст бо номи Қулдошев Рамзиддин  Турсунбоевичро дават намуда аз он тамоми шароити корхонаро мепурсад.Абдуллозода Нуриддин нақшаи ҷиноии худро кашида санаи 16 июл, рӯзи шанбе баъд аз  кор ба бинои кумитаи заминсозии ноҳия хозир шуда тамоми ҳуҷҷатҳои ба худаш тааллуқдоштаро  сузонида аз идораи замини ноҳия берун мешавад.Як рӯз мегузарад ва бори дигар  санаи 17 июли 2022 боз барои идома додани кирдори худ ба  бинои кумитаи замин ҳозир мешавад.Дар он вақт фарроши кумита Фозилова Ворисаи 56 сола ва Зокирова Умедаи 45 сола истиқоматкунандагони дехаи Ғазантараки ҷамоати  Ғазантарак барои тоза намудани корхона ҳозир мешаванду шоҳиди кирдори Нуриддин Абдуллозода мешаванд.

  “Барои руйпуш намудани кирдори худ ҳар ду зани бегуноҳи шоҳидро яктаашро бо 13 захми корд дигариашро 11 зарби корд мезанаду аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. “Ислоҳ” ин қазияро дунбол кард вале ҷинояткори аслӣ бе ҷазо мондааст. Қотили ду зани бе гуноҳи шоҳид дар ноҳияи Деваштич бе ҷазо монд. Манзур аз қотили аслӣ аст, на қотили сохташуда ва подставной.”

Нуриддин Абдуллозода аз 19 октябри соли 2012 раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич кор мекард.Пас, аз навиштаҳо ва барномаҳои “Ислоҳ” ӯро аз ин мақомаш барканор ва муовини кумитаи замини Вилояти Суғд яъне хело болотар гузоштанд.Аз ин мақом на чандон хушаш омада буд, чун дуздияш бештар набудааст. Ба мақоми раиси идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин мегардад. Чун косякҳо дар ҷой кори собиқаш Деваштич дар тули 8 соли корияш бисёр буданд аз заминфурӯшиҳояш тули ин солҳо ва барои забонкутоҳ намонданш онҳоро бояд бе восита худаш тоза мекард.Вале ин ду зан садди роҳи ин кораш гаштанд ва ӯро ҳангоми содир намудани ҷинояташ диданд. Барои он ки ҳеҷ шоҳиде боқӣ намонад ин ду занро ваҳшиёна ба қатл мерасонаду меравад аз пай кораш. Аз он рӯзе ,ки “Ислоҳ” дар мавриди ҷиноятҳои Нуриддин Абдуллозода ва бародару хоҳар ва мафияи ташкил намудаи ӯ огоҳ карда буд,мақомот даст ба кор мешуданд, ин ҷиноятҳо содир намешуданд. Аммо боз ба ҷойи сабукдуш намудани ин ҷинояткор ӯро ба вазифаи нав гузоштанд,то идома диҳад корҳояшро. Билахира натиҷа ин шуд,ки дида истодаед. Вой ба ҳоли сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов,ки бо ин раиси кумитаи замини қотилаш чи хоҳад шуд.

“Дар деҳаи Зарнисор замин обӣ дар дасти Абдуллоев Нуриддин, ягон ваҷаб замин барои мардум намондааст. Идораи замин аз дасти инҳо кораш каша шудагӣ, мардум сарсону саргардонанд.”

Фаридун Қулдошев ҷияни Нуриддин писари хоҳараш Гавҳар масъули мизи ҳарбӣ дар ҷамоат Ғазантарак мебошад. Соли 2021фаъолиятро аз шӯъбаи кишоварзии ҷамоат сар карда декабри 2021 январи 2022 дар танзим буд.Аз март 2022 масъули мизи ҳарбӣ мебошад. Мобайни 1 сол дар 3 вазифа кор кардааст. Раиси ҷамоати Ғазантарак Рузиматов Бобур шин гуяд мешинад,хез гуфт мехезад. Фаридун соли таваллудаш 1996 хизмати ҳарбӣ нарафтааст. Аз дасти Фаридун муҳоҷирони деҳаи Зарнисор ба хона баргашта наметавонад. Ягон нафар аз авлоди Абдуллоевҳо хизмати ҳарбӣ нарафтааст. Фарҳод Олимов раиси маҳалла, Амир нозири минтақавӣ, пулчинаки Фаридун. Амир нозири минтақавӣ 1сол шуд омаданашро, мошини сабукрав хориҷӣ харид. Маоши нозири минтақавӣ 1000 сомонӣ аст, худатон хулоса бароред. Бо ин пул чи хел мошин мехарад ?Облава ва танзим гуфта пули халқро кашида гирифта истодааст.

Бобохон писари Бобур Абдуллоев  1998 таваллудаш аст. Диплом гирифта раис танзиму анъана шудааст. Ноҳияи Деваштич зиёда 170ҳазор аҳолӣ дорад. Кадрҳои ботаҷриба зиёд дорад. Аммо Бобур Абдуллоев мансабро харидааст. Қонун барои камбағалхо кора мекунаду татбиқ мешавад. Раиси танзими ноҳия худаш Бобур Абдуллоев  қонунро вайрон мекунад. Моҳи июни 2022 Тӯйчибой Абдуллоев падарашон вафот кард. 100 фоиз танзимро вайрон карданд. 3-юм рӯзи таъзия дар деги калон ош карду се бегаҳа гузаронид. Дар як ҳафта панҷ молу гов кушт. Дар чил 200 кас бештар омад. Маъракаи калон баргузор кард, зидди қонуни танзим мебошад ин амалаш. Раиси маҳалла худаш хизмат кард дар он маъракаашон.Ҳама медонанд,ки раиси маҳалла беиҷозати Бобур Абдуллозода кор карда наметавонад, чунки ӯ раиси танзими ноҳияи Деваштич аст дигар.

Тахмина Абдуллоева рӯйрост моро ғорат дорад

Таҳмина Абдуллоева хоҳари Нуриддин ва Бобур,то имрӯз  директори мактаби №13 мебошад. Дар мактаб аксарият занҳо дарс медиҳанд. Ягон тарс надорад. Аз ҳар як муаллим доля мегирад. Агар нафаре ба кор дарояд 1 моҳи маоши ӯро мегирад. Комиссия омадааст гуфта пул ҷамъ кардан мегирад. Ҳар баҳона карда пул ҷамъ мекунад. Масъалаи таълиму тарбия ба дараҷаи тамоман паст расидаст. Ҳайфи пули буҷаи маорифу кишвар. Бахшида ба 30 солагии истиқлолият дар соли 2021 дар мактаб 4 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Ҳисобот додааст, ки 78000  сомонӣ харҷ кардааст. Ин тамоман дурӯғ аст. Бо ин пул ду баробари ин хел иншоот сохта мешавад. Директори мактаб аз сохтмони мактаб ду баробар бештар барои худаш пул кор кард.Ҷойи садамаи иншоотро вайрон карда буданд, қариб 50% стройматериал истифода бурда мешуд. Ҳар як муаллим як моҳона маоши худро дод. Ҳар як ҳочагӣ ҳам 300 сомонӣ барои бунёди он дод.  Муҳоҷирон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ҳисса гузоштаанд. Аксарияти устоҳо тариқи ҳашар бепул кор  карданд. Хонандаҳо ҳар моҳ ба фонди мактаб пул доданд, ки ҳисоб надорад. Таъмири мактаб гуфта аз ҳисоби таъмири мактаб Таҳмина хонаашро таъмир карда қарзҳои калони шавҳараш аз банкҳоро баргарадонд. Амир  Абдуллозода (Илёс номи аввалаш) шавҳари Таҳмина Абдуллоева директори МҶХ як идораи ғайридавлатӣ мебошад. Як барнома (проект) омадагӣ барои деҳаи Зарнисор маблағаш 500.000 доллар. Якто нассоси обкашӣ бароварданд барои 10 фоизи мардуми деҳа. Оби полизи таъмин шуд. 90.000 доллар комбайн ва 2 то трактор қариб 50000 доллар меистаду мондагии пул барои обёрии заминҳои деҳа гуфта Абдуллоевҳо корҳои ақиб мондан об монополия карда гирифтааст.

Муҳоҷирони деҳаи Зарнисор аз ин авлод талаб мекунад, ки замин ва оби мардум  баргардонида шавад. Ҷавонон деҳа маҷбур ғулом нашаванд.Ҳозир аз дасти оилаи Абдуллоевҳо одамҳо бо зану бачаҳояшон шаҳрванди Русия шуда истодаанду аз ноҳияи Деваштич фирор доранд.

  “Қариб 500 зану талаба дашт мардикорӣ мераванд. Корҳои саҳроӣ, рӯзи корӣ аз 50 то 70 сомонӣ. Дар Зарнисор президенту прокурору суд ҳамааш Абдуллоевҳо.”

Мо, хоҳиш мекунем, ки ба Шавкат Мирзиёев, Президенти Узбекистон оҳу нолаи муҳоҷирони узбеки Тоҷикистонро расонед. Раиси ноҳия ҳатто ба ҷанозаи се ҷавони муҳоҷир наомад. Деҳа аз маркази ноҳия 3 километр дур мебошад. Ба ҷанозаи Тӯйчибой падари ин оилаи дузду ғоратгар  коргарони мақомоти ноҳияи Деваштич омада дастҳо пеши бар хизмат карданд. Барои мардум ягон фоида намеоваранд. Як сол пеш роҳкирои байни Деваштич- Зарнисор 2 сомонӣ буд, ҳозир бошад 3 сомонӣ шудааст.Барои талбаҳо моҳона 50 сомонӣ буд ҳоло 80 сомонӣ шудагӣ. Истаравшан- Ғончӣ 12 км фосила доранд ва роҳкиро 5 сомонӣ буд 10 сомонӣ шудагӣ аст.

Тибқи шунидаи мо ҳоло Прокуратураи генералӣ масъалаи замин ноҳияи Деваштичро тафтиш карда истодааст. Хоҳиш менамоем қазияи Абдуллоевҳоро ҷиддӣ бубинанд. Замини ноҳия дар ихтиёрашон, танзими ноҳия дар ихтиёрашон, об ва кумакҳое меояд барои обёри дар ихтиёрашон ,мактабу мизи ҳарбӣ. Бовар кунед чунон ноҳияро тасхир кардаанд,ки намедонем чикор кунем. Наход як ҳукумат зурашон ба ин оила нарасад.

Аз Деваштич даҳҳо нома ба “Ислоҳ” расидааст, ки на ҳамеша метавонем онҳоро нашр намоем. Мехоҳем ҳамчун намуна як номаи шикоятиро тақдиматон намоем, то боз ҳам бештар аз ҳоли сокинони ин ноҳия огоҳтар гардед.

Нома ба “Ислоҳ” илтимос дарди моро расонаӣ кунед!

Дар деҳа як оилаи мансабдорон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат намекунанд.Онҳо худро ҳамчун ҳоким мегиранд ва ҳеҷ касро писанд намекунанд.Сокинони деҳаи мо ӯзбекзабонанд. Ин шахсони мансабдор сокинони деҳаро писанд накарда, ба онҳо чун ғулом рафтор мекунанд. Онҳо Абдуллоев Бобур-раиси ҳоҷагии оби ноҳия, писараш Абдуллоев Бобохон-раиси танзим, Абдуллоева Таҳмина-директори мактаби деҳаи Зарнисор, Абдуллоев Нуриддин-раиси Кумитаи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов, Қӯлдошев Рамзиддин-эксперти идораи замини ноҳияи Деваштич ва Қӯлдошев Фаридун – мизи ҳарбии Ҷамоати Ғазантарак мебошанд.

Рӯзи 1-уми октябр соати 14:00 онҳо бо иштироки раиси ҷамоати Ғазантарак ва бо иштироки хешованду наздикони худ наздик ба 40 нафар,ки бисëрии онҳо Абдуллоевҳо буданд, маҷлис гузарониданд.Сабаби гузаронидани маҷлис баррасии фаъолияти мақомоти хурдфаъолияти ҷамъиятӣ дар деҳаи Зарнисор оиди лоиҳаи барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ буд. Масъалаи маҷлис нав намудани раиси ташкилоти Мақомоти хурдфаъолияти ҷамъиятӣ буд.Барои лоиҳа аз тарафи мақомоти ғайридавлатӣ 500 000 доллар ҷудо карда шудааст. Мақсади Абдуллоевҳо ҳамин лоиҳаро ба даст овардан аст. Аз ин маҷлис ҳам сокинони деҳа ва ҳам Комиссияи лоиҳа бехабар буданд. Наздик ба соатҳои 15:00 аъзоëни Комиссия бохабар шуда, омаданд, аммо аллакай бо иштироки раиси ҷамоат бе розигии сокинон онҳо раиси лоиҳа ва аъзоëни комиссияро пешниҳод карда буданд.Ин шахс мисли раиси ҷамоат яке аз одамони Абдуллоевҳо ба шумор мерафт. Баъд аз ин сокини деҳа Мизомов Озод аз  ин  қарор норозигии худро баëн кард, аммо хешу таборони  Абдуллоевҳо якбора ба ӯ ҳамла карда, ба ӯ  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расониданд, ки  ҳоло  дар   беморхонаи ноҳияи Деваштич қарор дорад. Абдуллоев  Бобур  10 сол пеш дар давраи Шӯравӣ  2  лӯлаи обро, ки монда буд, аз  они худ  карда гирифта буд. “Ислоҳ” дар ин маврид барнома дошт, ки ҳамааш дуруст буд ва то имрӯз ҳеҷ тағйроте нашудааст.Ҳар як сокини деҳа сари касӣ аз 1- сола то 100-сола бошад ҳам  моҳона 3 сомонӣ медиҳанд. Дар деҳа зиëда аз 5 500 сокинанд. Лекин дар як рӯз фақат 3 соат об медиҳаду халос. Мақсади Абдуллоевҳо аз они худ кардани лоиҳа чун 2 лӯлаи об аст. Дар деҳа об ва замин ҳамаи инҳо дар дасти ҳамин оила аст. Зиëда аз 5000 гӯсфанд, 1000 гов ва ғ. доранд, аммо то ҳол сер намешаванд. Аз ҳамин сабаб Мизомов Озод норозигии худро баëн намуд,аммо ӯро заданд,ки ҷароҳат гирифт.Сокинони деҳа аз ин оила метарсанд, зеро ҳамаи онҳо туҳматчӣ , дурӯғчӣ ва қасамхӯранд. Аз дасти ин оила ҳамаи мо  азобу ранҷ кашидаем, лекин онҳо: Бобур, Бобохон, Рамзиддин коргари мақомот Мизомов Озодро лату кӯб карданду лекин то ҳол дар кӯча бемалол гашта истодаанд. Агар зодрӯз ë ягон маъракае, ки гузаронидӣ худи Бобохон, ки раиси танзим мебошад,  ба  нозири минтақа занг мезанад ва онҳо дар муддати кӯтоҳ ҳозир мешаванд, аммо Мизомов Озодро, ки заданд ба чанд нафаре, ки занг задем ягон шахс наомад ва ахиран маҷбур шудам, ки ба ШКВД-и ноҳияи Деваштич бурдем. Дар бораи кору амалҳои ҷиноятии Абдуллоевҳо як китоб нависем ҳам кам аст. Дар назди Прокурори ноҳия 80 варақ аризаи сокинон истодааст, аммо ягон кори ҷиноятӣ кушода нашудааст ва ҳамаи ин аризаҳо бекор истодаанд. Аз ҳамин сабабҳо ба хулосае омада, хостам аз Шумо Ҷаноби олӣ муҳтарам Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯмак талаб кунам ва мехостам, ки нисбати ин шахсон кори ҷиноятӣ кушода шавад ва деҳаи мо аз ғуломӣ халос шаваду сокинон озодона зиндагии худро баранд ва ҳама дорои замину оби худ шаванд.

 “Дар Федератсияи Русия бисëр ҷавонони мо муҳоҷиранд ва сарсону саргардонанд, аммо вақте ки замину обро мегирем зиндагии худро дар ҳамин ҷо пеш мебарем бо кишоварзию боғдорӣ. Мо дигар ба прокурор ва милиса ва мақомоти ноҳияи Деваштич бовар надорем ва садҳо ариза навиштем вале ягонтои он дида нашуд. Хостем ин аризаро тавассути “Ислоҳ” нависем, то прокурору милиса ва дигар мақомот мушкилоти моро ҳал кунанд. Агар зуратон нарасад мо ба Узбекистон ё Русия кучида равем , дигар илоҷ надорем. Барои эътиборатон сипосгузорем.”

PS: Мо воқиан хело дар таъаҷҷубем аз чунин ранг гирифтани кор дар ноҳияи Деваштич ва хосатан бо узбектаборони ин ноҳия. Чаро ҳукумати ноҳия ва прокуратураи ноҳия ва амният ин мушкилотро намебинаннд? Пас аз нашри ин шикоятҳо мебинем кор то куҷо ҳал мешавад ва ин оилаи ғоратгару захватчикҳо ва одамкушҳо ҷазои муносиб мегиранд  ё не. Дар сурати бе тағйир мондани вазъият дар ин ҷамоат ва сокинони узбектабори он шуруъ мекунем ба худи мақомдорони ноҳия. Аз раиси ноҳия шурӯъ менамоем то прокурор ва милисаю амнияташ. Хуб медонед,ки “Ислоҳ” гуфт анҷом медиҳад ва қаҳрамонони “Ислоҳ” мегардед. То ниҳояти моҳи октябр вазъро назорат мебарем.Сокинони ин ҷамоатро аз асорати оилаи Абдуллоевҳо озод намоед. Бидуни ҳеҷ кофтукобе ва пурсишҳое, кӣ инро ба “Ислоҳ” навишт корро анҷом диҳеду ҳаллу фаслаш намоед. Хуб медонед худатон ин оиларо ва аз ҳама аъмолашон огоҳед.

Ба раиси ҳукумати ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода гуфтанием, ки дар ихтиёри “Ислоҳ” аз даврони дар Шаҳристон буданатон ва дар ин мақоми имрӯзаатон ва аз раиси дастгоҳи пешина ва ҳозираатон ва аз корҳои коррупсионии ҷамоати шаҳраки Ғончӣ маълумотҳои ҷолибе дар даст дорем. Прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ Қодирӣ дар се қазияи хело муҳим дар мавриди шумо маълумотҳои ҷолиб дорем. Зиндагиномаи шумо муфассал дар ҳоли комил шудан аст. Қазияро то ниҳояти моҳи октябр ҳаллу фасл намоед итминони комил медиҳем ба шумо кор надорем ва ҳадафи мо аз шумо болотарҳост. Мо гуфтему шумо ҳарду шунидед!

Share This Article