Ихтилофотамонро ба иттиҳод чигуна иваз намоем?

Ислоҳ нет

Ихтилофотамонро ба иттиҳод чигуна иваз намоем?

Идома аз мақолаи гузашта.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
«Ман мегузорам, пас аз худам дар миёни шумоён чизеро агар ба он пас аз ман чанг занед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд,Китоби Худо(Қуръон) ва Суннати ман(ҳадисҳоям)»

Паёмбари акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳангоме,ки асҳоби киромашро ,ки ҳаркадоме аз онҳо мактаби такмилёфтаеро мемонданд,ки аз расонандаи ваҳйи Илоҳӣ Муҳаммади Амин(салаллоҳу алайҳи васаллам) омӯхта буданд.Охирин мавъизаҳои он ҳазратро бо чашмони пур аз ашк бо ҷону дил гӯш фаро медоданд ва ба хотираҳояшон барои худ ва барои наслҳои ояндаашон мисли мо ва шумо сабт менамуданд.
Гуфтанд:Эй расули Худо бароямон панд бидеҳ зеро пай бурда буданд,ки ин мавъиза ва пандҳои охирин ва вопасини паёмбар(с) аст.Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба асҳобаш нигариста чунин гуфтанд:

« Васият менамоям шуморо ба тақво ё парҳезгорӣ ба сўйи Худованд»

Инҷо хонандаи гиромӣ диққат намоед албатта ин «Васиятеки» барои асҳобаш намуд барои мо ва шумо ва тамоми умматаш то қиёми қиёмат боқӣ ва татбиқшаванда бояд бошад.Ин васият барои ислоҳи миёни мо ва миёни Худованд гуфта шудааст, то бо ин васият устувор бошем ва корҳоямон ва зиндагиамонро Худованд хубу бо саодат намояд.
Дар ривояти дигар Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин васият намуданд:

Васият менамоям шуморо ба тақво ё парҳезгорӣ ба сўйи Худованд ва шунидан ва итоат намудан, агар бар шумо ғуломе раёсат намояд»
Дар ривояти дигар омадааст: «Агар ҳоким ва ё амир гардад бар шумо ғуломи Ҳабашие ва сари он ба монанди мавиз (яъне сиёҳ ва жулида бошад) итоаташ намоед».

Ин сухан ё васияти он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам) ,ки моро бар итоати раисонамон амр менамояд, зеро дар ин ҳангом ихтилоф ва ҷудоӣ аз миёни мо дур мешавад.Уммат бо ин итоаташ бо қувват мегарадад ва иттиҳод,ҳамбастагӣ миёни мо пайдо мегардад.Дилҳо боҳам гашта ва улфат миёни мо сурат мегирад.Дар ин иттиҳод корҳои мо дар умум хуб мегардад , мо уммат ва миллати бо қуввате хоҳем гашт.Дар ғайри он ҳаргиз мо осуда нахоҳем буд ва ҳамеша дар изтироб ва ташвиш умр ба сар мебарем, миёни мо душманӣ ва ба гурӯҳҳо ҷудо хоҳем гашт.

Худованд дар Қуръони карим чунин мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва аз расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худову паёмбар руҷўъ кунед, дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад.»
(Сураи Нисо,ояти 59)

Дар ин Ояти муборака Худованд моро ба итоати Худо Паёмбар ва раисонамон амр менамояд,ки асоси ҳама дар ин се нуҳуфта аст, пас иттиҳодро аз ин ояти карима бояд биомӯзем ва гирди он ҷамъ шавем, то ихтилоф ва ба гурӯҳҳо ҷудо нашавем.

Инро низ бояд бидонем, раис набояд бар маъсияти Холиқ амру фармоне содир намояд.Агар раис мухолифи фармудаи Қуръон ва Суннат амре намуд, итоъат аз он барои ҳеҷ мусалмоне воҷиб нест.
Масалан фармон содир намуд: намоз нахонед,рӯза нагиред,ҳиҷобро риъоят накунед,ришҳоятонро тарошед татбиқи фароизи Аллоҳро таътил ва иҷро накунед.Аз чунин раис ба ҳеҷ сурат набояд итоъат гардад.
Агар пурсед охир раиси мо чунин аст чикор кунем? Ҳиҷрат намоед аз он сарзамин ва равед ба он ватане,ки динатонро тавонед озодона татбиқ намоед.Зиндагонӣ дар он сарзамине,ки дорои чунин раис аст гуноҳ ва маъсият аст.

Паёмбари гиромӣ дар ҳадисе дар ин маврид чунин мефармояд:

« Худованд се чизро дар шумо дӯст медорад, ва се чизро бад мебинад.Рози мегардад аз шумо ин,ки ибодат намоед Ӯро ва шарике ба Ӯ наоред.Чанг бизанед ба ресмони Худованд ҳама бо ҳам ва ҷудо аз ҳам нагардед. Насиҳат намоед онеро,ки Худованд бар шумо ҳоким таъин намуд» (мухолифи ин се амрро Худованд бад мебинад).
Ҳоким ва раис агар насиҳатпазир бошад, барояш уламои он мардум фаҳмонанд,ки амрҳоят мухолифи фармудаи Аллоҳ аст ба ҷони худат ҷабр накун!Вале агар насиҳатпазир набошад ва бими зиндонишудан,марг,озору азият бошад,пас ҳиҷрат намоед.

Худованд машруъ гардонидааст бар мо ва шумо ин,ки амал намоем ба манҳаҷ ва роҳу равиши гузаштагони некӯкорамон мисли муҳоҷирон ва Ансор дар умум.Ин чунин амал намоем ба роҳу равиши хулафои рошидин разияллоҳу анҳум аҷмаъин,зеро онҳо асҳоби расули Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) буданд, манҳаҷ ва роҳу равиши онҳо дуруст буда, касе бо онҳо душманӣ варзад ва роҳашонро ғалат пиндорад ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкор аст.

Ҳар инсоне аз пеши худ роҳу равишеро месозад, то бо ин роҳ мардумро дар атрофаш ҷамъ намояд, он роҳ ва манҳаҷ бо роҳи паёмбар ва хулафои рошидин ва Асҳоби киром (раз) мухолиф бошад, пас он роҳи интихоб кардааш роҳи дуруст нест. Ҳеҷ фоидае он роҳи интихоб намудааш надорад, балки зарар ва гумроҳӣ барои худ ва пайравонаш мебошад.Чуноне,ки мебинем бархе аз мусалмонони имрўзаи мо бо фикрҳои бегона ва муғризона вориди ин мароҳил шуда истодаанд.Миёни мусалмонон бо афкорашон ҷудои меандозанд,ки аз онҳо бўйи бади нифоқ меояд, на ҳамбастагӣ ва иттиҳод.Хуб мешуд агар ҳама якҷоя боҳам ин миллатро дар атрофии ин дин ва мазҳабе,ки бештар аз ҳазор сол миёни мардуми мо ҳамчун мазҳаби роиҷ пазируфта шудааст. Мисли мазҳаби Имом Абуҳанифа(раҳ),ки барои ҳама сокинон ошност.Тафриқае дар ҷомеъаи мо зуҳур намекард, ҳама бо ҳам ором ва муттаҳидона зиндагонӣ менамудем.Барои онки ҷудои миёни миллати мо буруз накунад, мо дар меҳвари ин мазҳаб ҷамъ шавем ва зиндагонии сарбаландонаеро дошта бошем.

Худованди карим мо мусалмононро ҳамеша ба якҷоягӣ ва муттаҳидшудан даъват намудааст, агарчӣ мо худамон ба моҳияти он сарфаҳм намеравем, вале он аз ин қабил аст.

Худованд моро амр намудааст, то намозҳоямонро дар ҷамоат адо намоем, то инки миёни мо улфат ва ҳамбастагӣ ба вуҷуд ояд.Масалан намозҳои панҷгонаеки мо онро дар ҷамоат адо менамоем:

1-) Ин ҷамъомад дар бисту чаҳор соат панҷ маротиба сурат мегирад.Ин аз он шаҳодат медиҳад,ки аз пушти як имом бо иттиҳоди тамом анҷоми ибодат менамоем, то барои итоат омода бошем.

2-) Инчунин моро дар як ҳафта ба ҷамъ шудани аз намозҳои панҷгона бештар амр намудааст,ки гирди ҳам ҷамъ шавем ва аз пушти як имом намози ҷумъаи муборакро адо намоем, ин ҳам аз иттиҳод ва ҳамбастагии ин дин шаҳодат медиҳад.

3-) Боз моро дар як сол ду бор гирди ҳам ҷамъ шуданро амр намудааст,ки аз намози ҷумъа карда дар он анбӯҳи бузургтаре аз мусалмонон ҷамъ мегардад,ки он намозҳои иди саиди Фитр ва намози иди Қурбон аст.

4-) Илова бар он ҷамъомадҳое дар боло зикр гардид,ҷамъомади бузургтареро бароямон омода намудааст.Адои фаризаи ҳаҷ,ки дар он анбӯҳи ба маротиб зиёдтареро мебинем.Дар аснои адои фаризаи ҳаҷ мусалмонони тамоми миллатҳоро метавон дид.Адои шаъоири ҳаҷ имони мусалмонро ба Аллоҳ ва Паёмбар ва Ислом зиёдтар менамояд,иунин ҳиссиёте инсонро фаро мегирад,ки мо ва шумо танҳо мусалмон нестем, балки мисли мо ва шумо мусалмонони дигареҳам дар олам арзи вуҷуд менамоянд.Ин шаъоир воқеан дарси хело олӣ ва аз бузургтарин иттиҳоди ин дини ҳаниф шаҳодат медиҳад.

Бале хонандаи гиромӣ ин аст дарсҳои иттиҳод ва якбастагии дини ислом ва ҳаргиз ин дин ихтилофро бар мо намеомӯзонидааст ва ҳамеша моро ба иттиҳод ва якҷо будан фаро мехондааст.

Худованди карим дар китоби ҷовидонааш Қуръон чунин мефармояд:

«Аз Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаън (шавкат) аз шумо биравад. Сабр пеша гиред, ки Худо ҳамроҳи собирон аст!»
(Сураи Анфол,ояти 46)

Ин чунин дуруст нест барои ду бародар,ду шахс, ду рафиқе,ки имони ба Худо ва Паёмбари Ў доранд бо як дигар душманӣ ва ё кинаварзӣ намоянд,зеро ин амалро Аллоҳ ва Муҳамад(салаллоҳу алайҳи васаллам) хело бад гуфтаанд ва аз он манъ намудаанд.

« Ҳаройна,муъминон бародаронанд.Миёни бародаронатон ошти бияфканед ва аз Худо битарсед,то ки бар шумо раҳмат орад»

Ин ояти карима барои боз доштани мусалмонон аз низоъ ва ихтилофоти миёнашон аст.Зеро ихтилофот сабаби ғазаби Худованд мегардад.Ислоҳ ва дур шудани ихтилоф миёни мардум сабаби раҳмати Худованд хоҳад шуд.Агар шахсе битавонад ду шахс ва ё ду гурўҳеки бо як дигар душмананд сулҳ биандозад вале ин амалро накунад, сабаби қарор гирифтан дар ғазаби Аллоҳ мегардад.

Дар ҳадисе аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) омадааст:

«Ҳамаи амалҳо боло бурда мешаванд ба назди Худованд дар ҳар рўзи душанбе ва панҷшанбе. Худованд мебахшад ҳар шахсеро,ки ба Худованд шарике наоварда бошад.» Магар Марде,ки миёни ў ва бародараш кинае(душмание ихтилофе) бошад.Ин ҳангом Худованд мегӯяд: «Нигоҳ доред (мунтазир шавед) ин дуро то ин,ки миёнашон ислоҳе шавад(яъне то бо ҳамдигар дубора баргарданд ва оштӣ намоянд)»

Бале низоъ, кина варзи ва ихтилоф манъ менамояд мағфирати Худовандиро,то инки баҳам бар нагарданд ва сулҳ нанамоянд.Ин ҳама таъкид барои иттиҳод ва ҳамбастагӣ миёни мусалмонон аст.Манъ ва мазаммат аз ҷудо шави ва ихтилофоти миёни як дигар аст.

Аҳамият диҳед ба ин ояти Қуръонӣ Аллоҳ бо сароҳат манъ намудааст мусалмононро аз он амалҳое,ки ҳато сабаби ҷудоӣ ва ихтилоф мегарданд.

«Эй касоне,ки имон овардаед,мабодо,ки гурўҳе аз мардон гурўҳи дигарро масхара кунад,шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд.Ва мабодо,ки гурўҳе аз занон гурўҳи дигарро масхара кунанд,шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд.Ва аз ҳам айбҷўӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед.Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан.Ва касоне,ки тавба намекунанд,худ ситам коронанд»
(Сураи Ҳуҷурот,ояти 11)

Бале хонандаи гиромӣ фармудаҳои Худованд дар ин масъала ин аст. Ба ҳеҷ ваҷҳе иҷозат нест мусалмон мусалмони дигареро масхара ва бо лақабҳои баде,ки ӯро аз он бадаш меояд ном бубарад ин амал сабаби ихтилоф ва ҷудоӣ миёнашон мегардад.

Агар шахсеро,ки лақабе бадаш меояд,ҳаргиз ўро ба он ном набарад, зеро ин сабаби душмании миёнашон мегардад.Бародаронатонро бо беҳтарин номе ё тахаллусе ёд намоед,то меҳру муҳаббат миёнатон пайдо гардад ва зери ҳукми фосиқ қарор нагиред.Фосиқ маънояш яъне хориҷ шудан аз итоати Худовандро гӯянд.

Дигаре аз амалҳое,ки ихтилофро дар миёни ҷомеъа зиёд менамояд ин гумони бад намудан нисбати бародарат ва ё ҳар шахсе мебошад.

Худованд дар ин маврид чунин мефармояд:

« Эй ононе,ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед.Ҳар ойна,баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст.Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз як дигар ғайбат макунед…»
(Сураи Ҳуҷурот ояти 12)

Пас хонандаи гиромӣ ба бародараи мусалмонат ҳаргиз гумони бад накун.Ҳамеша фикри нек ва хуб дошта бош.Чуноне,ки Худованд зикр намуд бисёре аз гумонҳо гуноҳанд.Ҳаргиз гумон ҳақиқат нест ва на ҳамаи гумонҳо ростанд балки аксари онҳо дурӯғаанд.

Паёмбари Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)дар ин маврид мефармоянд: Эй гурӯҳе,ки имон овардаед бо забон вале дар қалбашон имон дохил нашудааст.

« Пайгири ва ҷустуҷӯ нанамоед авратҳои(розҳои пушида амалҳои ноошкори) мусалмононро,зеро шахсе паӣгирӣ менамояд аврати бародарашро Худованд паӣгирӣ менамояд аврати ўро.Ҳангоме,ки Худованд пайгирӣ намуд авраташро шарманда менамояд ӯро агар чӣ дар дохили хонааш қарор дошта бошад».
Ин амал махсуси мақомоти амниятӣ аст,аз Аллоҳ битарсед ва ончӣ бар сари мардум мекунед ҳатман он бар сари шумо ва хонаводаатон боз хоҳад гашт.

Вале агар бихоҳи аз ҳолати бародарат огоҳ гарди, барои насиҳат ва ислоҳ, иншоаллоҳ дар он боке нест, зеро ту барои он хоҳони некӣ ва хубӣ ҳасти на бади.Он насиҳат бояд пинҳонӣ бошад,танҳо худат боши ва ӯ на дар миёни ҳама ӯро насиҳат куни.Чуноне,ки ҳоло дар фейсбук ва однокласники шахсеро носазо ва айбҷӯйи менамояд вақте пурси охир чаро чунин мекунӣ?.Мегӯяд ман насиҳаташ дорам ва барои ӯ хайр мехоҳам.Ин иштибоҳи хело бузург ва аслан насиҳат ва хайрхоҳи нест,балки ихтилофафканӣ ва обрӯйи резии он бародар аст.Ин амал гуноҳи бузург аст,аз чунин насиҳатгӯие дурӣ намоед.

Албатта амалҳои зиёде низ вуҷуд доранд,ки сабаби ихтилофи мусалмонон мегардад мисли ғайбат,суханчини,туҳмат,миёни тиҷорати бародарат дохил шудан, дар хостгории бародарат аз зане хостгори кардан.Ҳар амалеро,ки сабаби ихтилоф мешавад ҳаргиз он корро накун зеро дар он хатарҳои зиёде вуҷуд дорад,ки ислоҳаш мушкил хоҳад шуд ва ту дар он сабаб мегарди.

Хонандаӣ гироми! Аз ин амалҳо кушиш намоем худро ва хонаводаҳоямонро нигоҳ дорем.Миллатамонро аз хушунат тафриқа ҳифз намоем ва чуноне,ки қабл аз аср мо машҳури ҳам илм,маърифат, фарҳанг,тиб,ҳадис,тафсир,ситорашиносӣ,риёзиёт,кимё,меъморӣ,меҳмоннавозӣ ва бисёри дигар будем вале феълан бо сабабҳои тафриқа ва гурӯҳ гурӯҳ шуданамон ҳатто номи миллати мо тоҷиконро ба ҷуз минтақаҳои муъаян намешиносанд.Биёед камари ҳиммат бубандем ва бори дигар худро бо иттиҳод машҳури олам намоем.
Бо таммано ва орзӯи сарбаландӣ ва иттиҳоди ин миллати бошукӯҳи қадим ва хору зор ва аз ҳам ҷудогашта ва парешони ҳозира.

Share This Article