Бе хабар намонед аз рӯзаи рӯзҳои бийз дар моҳи мубораки раҷаб!

Ислоҳ нет

Бе хабар намонед аз рӯзаи рӯзҳои бийз дар моҳи мубораки раҷаб!

Бо Рӯза доштани рӯзҳои Бийз 210 сол ҷасадҳои худро аз оташи ҷаҳаннам дур созед!

Ба иттилои ҳама бародарон ва хоҳарони гиромӣ мерасонам, ки фардо шанбе 2 май мутобиқ ба 13 уми моҳи ҳиҷрӣ қамарии Раҷаб аст. Рӯза доштани 3 рӯзи миёнаи ҳар моҳи ҳиҷрӣ қамарӣ, ки ба “Рӯзҳои бийз” маъруфанд, аз суннатҳои доимии расули акрам (с) мебошанд. Дар ин моҳ рўзҳои 13-14-15 моҳи Раҷаб мутобиқ ба 2,3,4 моҳи май солшумории милодӣ рост меоянд.

وعن أبي سعيد رضي الله عنه قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : (( ما من عبد يصوم يوما في سبيل الله تعالى إلا باعد الله بذلك اليوم وجهه عن النار سبعين خريفا )) رواه البخاري ومسلم والترمذي والنسائي
– “Аз Абусаъиди Хударӣ (раз) ривоят аст,ки Расули акрам (с) фармуданд: Ҳар бандаеки рӯза медорад рӯзе дар роҳи Худо.Магар,инки дӯр менамояд Худованд ба сабаби он рӯза рӯзаи доштааш ҳафтод сол чеҳраашро(ҷасадашро) аз оташи ҷаҳаннам”
(Ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳ инчунн Тирмизӣ ва Нисои)
Боз дар ҳадиси дигаре чунин омадааст:
وبقوله عليه الصلاة والسلام : إذا صمت من الشهر ثلاثة أيام ، فَصُم ثلاث عشرة ، وأربع عشرة ، وخمس عشرة . رواه الإمام أحمد والترمذي والنسائي .
Аз расули акрам (с) ривоят аст,ки фармуданд: “Агар рӯза дошти аз (ҳар) моҳе се рӯз.Пас рӯза бидор сездаҳ,чаҳордаҳ ва понздаҳи онро”(Ҳадис ба ривояти Тирмизӣ ва Нисоӣ)

– “Рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ баробари рӯза доштани тамоми умр аст” (ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳ).
Агарчӣ мешавад аввали моҳ ва мобайни моҳ ва охири моҳ рӯза дошт. Вале ба рӯзҳои Бийз афзалият шориҳони ҳадис таъкид намудаанд.
Боз ҳадиси дигаре бо чунин лафз ривоят шудааст “Расули акрам(с) амр менамуданд моро инки рӯза дорем рӯзҳои бийзро, ки (онҳо иборатанд аз: 13-14-15) ва фазли рӯза дории ин рӯзҳо ба монанди як умр аст)”
Ба иттилои шумо мерасонам хонандаи гиромӣ,ки метавонед ҳар яке аз шумо ба ин сомона “Макка календар” ворид шавед то ҳамеша аз моҳҳои ҳиҷрӣ қамарӣ ва чанд рӯза будани моҳ иттилоъ пайдо намоед. www.makkahcalendar.org Ин сомона бо услуби дақиқ тибқи расадхонаи маккаи мукаррама ҳама вақт дар хидмати хонандагонаш қарор дорад.

وعن أبي هريرة، رضي الله عنه، قال: ”أوصاني خليلي بثلاث لا أدعهنّ حتّى أموت، صوم ثلاثة أيّام من كلّ شهر وصلاة الضُّحى ونوم على وتر” رواه البخاري ومسلم

Тарҷума: Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки чунин фармудааст: “Васият намуд маро дӯстам(Муҳаммад (с)) ба се чиз ва ман низ ҳаргиз тарк намекунам онҳоро то инки маргам фаро расад. Рӯза доштани се рӯз аз ҳармоҳ ва намози зуҳо(ишроқ ё сари офтоб пас аз бомдод пас аз тулуъи офтоб аст вақташ) ва хоб накардан қабл аз адои намози витр”(Агар шахс яқин дошта бошад посе аз шаб метавонад бихезад метавонад намози витрашро қабл аз намози субҳ адо намояд) (ҳадиси саҳеҳ мутафақуналайҳ)
Бо ин ҳадис навишти худро ба поён мерасонам.

عن سهل بن سعد عن النّبيّ، صلّى الله عليه وسلّم، قال: ”إِنَّ فِي الجنَّةِ بَابًا يُقَالُ لَهُ الرَّيَّانُ، يَدْخُلُ مِنْهُ الصَّائِمُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، لَا يَدْخُلُ مَعَهُمْ أَحَدٌ غَيْرُهُمْ، يُقَالُ أَيْنَ الصَّائِمُونَ فَيَدْخُلُونَ مِنْهُ، فَإِذَا دَخَلَ آخِرُهُمْ أُغْلِقَ فَلَمْ يَدْخُلْ مِنْهُ أَحَدٌ” متفق عليه .

Тарҷума: Аз Саҳл ибни Саъд аз Расули акрам (с) чунин ривоят аст, ки он ҳазрат (с) чунин фармуданд: “Дар ҷаннат дарвозае ҳаст, ки онро Райён меноманд. Танҳо Рӯза дорон аз он дарвоза дар рӯзи қиёмат дохил мегарданд .Дохил намешавад ҳамроҳи онҳо каси дигаре ба ҷуз онҳо. Мегуянд куҷоянд рӯзадорон то дохил гарданд аз он. Ва чун охирин шахси рўзадор дохил гардад, дарвоза баста мешавад ва шахси дигаре аз он дохил намегардад.”
( мутафақуналайҳ)
Як тазаккури дигар барои баъзе “Алломаҳои нав баромад” як идда аз ин алломаҳои дар нохунак чизеро нофаҳмида агар рӯзҳои Бийз ва ё арафа ва ё 9 ва 10 муҳаррам ба рӯзҳои ҷумъа шанбе мусодиф биояд.Мегуянд дар ин рӯзҳо рӯза надоред зеро инҳо рӯзҳои манҳия ҳастанд.Намехоҳам суханамро тӯлонӣ намоям вале инро меафзоям агар рӯзҳои дар боло зикрашон намудам дар рӯзи ҷумъа шанбе ва якшанбе мусодиф биоянд рӯза бидоред ва бардошти ин алломаҳо аз ҳадис ғалат ва иштибоҳ аст.Танҳо он барои ихтисос надодани рӯза дар рӯзи ҷумъа хос ва шанбе хос омадааст. Наметавонад шахс хос рӯзи ҷумъа ва ё хос рӯзи шанберо барои рӯза махсус намояд.Аммо мусодиф гирифтанашон ба рӯзҳоеки барои рӯза доштани он савоб аст ҳеҷ иртиботе надорад.
Умед аст Худованди муттаол дар ин рӯзҳои миёнаи моҳи Раҷаб,ки аввалин моҳҳои ҳаром аст аз ин аҷру подоши бузург маҳрумамон нагардонад. Ин суннати расули акрам (с) ро зинда менамоем ва ба ёру дӯстонамон,ки аз ин маълумот бехабаранд мерасонем.Далолат кунандаи кори неку хайр мисли анҷом диҳандаи он аст. Ҳангоми ифтор моро аз дуъоҳои хайратон фаромӯш насозед.

Share This Article