Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон.

Ислоҳ нет

Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон.
(дар партави Қуръон ва суннат)
(бахши панҷум ва охир)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

16. Ба ёд овардани марг, қабр, рӯзи ҳисоб, пули сирот, қиёмат ва аҳволи он рӯз.
Ҳар як мусалмон бояд аз худ бипурсад, ки барои он рӯз чӣ омодагие дорад. Оё омодагии он рӯзро дорад ё на? Тавреки мо медонем ва борҳо онро таҷриба намудем, ҳангоме, ки ба инсон мусибате мерасад он гоҳ рӯ ба Худо меорад ва аз Ӯ талаби раҳоӣ аз ин мусибатро мекунад. Медонад, ки танҳо Ӯ таъоло ин мусибатро аз ӯ дур менамояд на каси дигар. Шахси оқил медонад, ки ҳаёти хушу босаъодат ва орому осудаи ин дунё, агарчӣ даҳсолаҳо идома ёбад ҳам боз ба фарҷом мерасад, зеро он наметавонад мудовиму ҳамеша бошад. Вуҷуди инсоният дар дунё мувақатист ва умри барояш муайян гардида тибқи фармудаи Расули Акрам (с)
أَعْمَارُ أُمَّتِي مَا بَيْنَ السِّتِّينَ إِلَى السَّبْعِينَ ، وَأَقَلُّهُمْ مَنْ يَجُوزُ ذَلِكَ ” ، الترمذي وابن ماجه وآخرون من حديث محمد بن عمرو بن علقمة ، عن أبي سلمة بن عبد الرحمن عن أبي هريرة به مرفوعا ، وصححه ابن حبان ، والحاكم ، وقال : إنه على شرط مسلم
«Умри уммати ман аз шаст то ҳафтод сол аст ва каме аз уммати ман аз он зиёдтар умр мебинад (яъне аз ҳафтод боло)»
Агар мусибати бар сарат омадаро бар он мусибатҳое, ки дар интизорат ҳастанд муқоиса намоӣ ин назди марг, сахтии ҷон кандан, қабр, ҳисобу, пули сирот ва аҳволи рӯзи қиёмат воқеъан ҳеҷ аст, магар воқеъият ғайр аз ин аст? Уламо ва донишмандон бар ин назаранд, ки ба ёд овардани марг ҳамеша барои инсон муфид аст. Аввал инки аз анҷоми гуноҳон сар мепечад ва ҳар мусибати ба сараш омадаро чун қиёс ба он мекунад аз нигоҳаш ночиз аст. Бояд ҳамеша дар фикри ин рӯз ва воқеъоти ба сари мо меомада каме фикр кунем, зеро касе наметавонад моро аз он бираҳонад, магар амалҳои некамон. Муъминон мардумони босабранд. Ба ҳар мусибате, ба ҳар сахтиву душворие, ки пеш меояд сабр мекунанд. Дар мушкилтарин ҳолоти сангину тоқатфарсо ризояти худро нишон медиҳанд, зеро кутоҳии умри дунёро нисбат бар умри ҳамешагии охират медонанд. Аз ин рӯ дар ин дунёи фонӣ ва гузаро аз ҳарчи пеш меояд ҳеҷ хавфе надоранд. Хонандаи гиромӣ! Ба ин бахш хуб таваҷҷӯҳ кун, зеро хеле мушкилотатро, агар тааммул дошта бошӣ бо ин бахш ҳал хоҳӣ намуд.

17. Ҳамеша ризои Худовандро ҷӯё бош.
Ин масъалаест хеле муҳим барои хушбахтии мову шумо, ки ағлаби авқот аз он ғофил мешавем. Бархе аз мову шумо дар чизҳое, ки шубҳаноканд ё макрӯҳанд рӯ ба рӯ мегардем ва ё саҳлангорӣ мекунем. Шояд баъзе аз онҳо ҳаром бошанд ва анҷоми он дар шаръиат ҷоиз набошад. Мисли ин ки як нафар барои ризо намудани мудираш, раисаш ва ё рафиқаш коре анҷом медиҳад, ки он ҳаром аст. Ё зане шавҳарашро ва ё шавҳаре занашро бо як амали ноҷоиз ва мамнуъ дар шариъат, ризо менамояд, ки ин ҷо Худовандро аз ин розӣ сохтанҳои ноҷоиз дар ғазаб меоваранд. Тавре ки дар ҳадис аз Расули Акрам (с) дар ин масъала омадаасст:

من التمس رضا الله عنه بسخط الناس رضي الله عنه، وأرضى عنه الناس، ومن التمس رضا الناس بسخط الله،
سخط الله عليه وأسخط عليه الناس.
( رواه ابن حبــان في ” صحيحه”

Аз Ойшаӣ Сиддиқа (раз) ривоят аст,ки Расули акрам (с) чунин фармӯданд: “Шахсе талаби ризои Худовандро дошта бошад агар чӣ дар он (талабу илтимосаш сабаби ) хашми мардумон ба бор ояд.Худованд аз Ӯ розӣ мегардад ва розӣ мегарданд мардумонҳам аз ӯ.Аммо шахсе талаби ризои мардумонро дошта бошад,ки бо он (ризову хушнӯд созии мардумон) хашми Худовандро биорад.Хашмгин мегардад Худованд аз ӯ ва мардумонҳам аз ӯ норозӣ ва хашмгин мегарданд”(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Ибни Ҳиббон)

Ҷои дигар дар ҳадисе омадааст:

من التمس رضا الله بسخطِ النّاسِ كفاهُ الله مؤنةَ النّاسِ؛ ومن التمسَ رضا الناسِ بسخطِ اللهِ وكلَه الله إلي النَّاسِ( رواه الترمذي)

“Шахсе талаби ризои Худовандро дошта бошад (ва онро ба ҷой оварад) агарчӣ мардумонро хашмгин намояд(барои ризо сохтани Худованд) Худванд мардумонро саришта менамояд.Вале шахсе талаби ризои мардумонро дошта бошад,ки дар он хашми Худовандро ба бор оварад.Худованд чунин шахсро бар мардумон вогузор менамояд то онҳо бар чунин шахс саришта намоянд”
( Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Тирмизӣ)

Барои он ки инсонро ин мушкил пеш наояд бояд ҳамеша ҳушёр бошад, то ғазаби Худовандро наорад. Чи он амал кӯмак бар зулме бошад, чи шаҳодати ғалат барои ризо намудани раисе ё пулдоре шахси бегуноҳеро, ё ҳар амале, ки бар ризои шахе бошад ва сабаби ғазаби Худованд гардад. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки Худованд аз шумо дар ғазаб наояд аз амали кардаатон, ки ҳадиси зер дар ин маврид омада аст .
Дар китоби Канзул Уммол чунин омадааст:

– إن الله تعالى إذا رضي عن العبد أثنى عليه بسبعة أصناف من الخير لم يعمله، وإذا سخط على العبد أثنى عليه بسبعة أصناف من الشر لم يعمله. (حم حب) عن أبي سعيد. كنز العمال في سنن الأقوال والأفعال

“Худованд ҳангомеки аз бандааш рози ва хушнӯд шавад.Ситоиш менамояд бар он банда ба ҳафт бартари ва некуие,ки банда онро анҷом надодааст.Вале ҳангомеки Худованд аз бандааш хашмгин гардад бар он банда ҳафт бадиро вогузор менамояд,ки онро анҷом надодааст”( Ҳадис заъиф аст дар Заъифуҷҷомеъ таҳти № 1548 саҳ 319 омадааст)

18. Барои мушкили пеш омада то ҷои имкон набояд аз чизе (мисли идораи пулис ва додгоҳ) истифода бурд.
Мушкилоте, ки ба сари инсон меоянд албатта онҳо мухталифанд. Ҳамеша бархурди хуб сабру шакебоӣ ва рафтори хуб тамоми мусибату нооромиҳоро ҳал месозад. Ба қадри имкон агар ба он каме таваҷҷӯҳ кард. Барои он ки мушкилоти шумо роҳи ҳали худро ба зудӣ пайдо кунад нахуст аз ҳикмат бояд кор гирифт ва онро миёни худ ба таври мусолиматомез ҳал намоед. Дар он аз полис ва додгоҳ истифода набаред.

Албатта агар имкони ҳали масъаларо дар худ пайдо кардед. Шояд ин қазияҳои додгоҳие, ки солҳо ҳалли худро пайдо намекунад дар чанд лаҳза бо миёнҷӣ ё дахолати шахси саввуми оқил ва ё олими ислом, ки огоҳии комил аз дин дошта бошад ин шо Аллоҳ корро метавонад ҳал намуда, муқассири асосиро пайдо намояд ва тарафайнро ба созишу мувофақа расонад. Агар албатта ҳарду тараф каме дар худ тинату шараф ва имон ба Худо дошта бошанд. Агар яке аз он ду тараф кибр ва ё худро баланд аз дигар тараф донад ва танҳо ман ҳақ гӯяд дар ин ҳол ногузир аз додгоҳ ва идораҳои ҳукуматӣ истифода шавад. Инро низ бояд донист, ки ҳамеша Худованд бахшандагонро дӯст медорад ва бахшидан дар ислом назди Худованд хеле дорои қадру манзалати волоест, пас ин сифатро дар худ парвариш диҳед, то растагор гардед.

19. Хушзабон ва ҳангоми додугирифту муомила бо як дигар нек рафтор кунед.
Бисёре аз мусибатҳои бар сари мо омада аз рафтори худи мо маншаъ мегирад. Агар ду мутахосим ва душман шударо пурси, ки чӣ тавр шумо бо якдигар душман ва бадбин гаштед. Чунин мегӯянд: Худро баланд гирифт ва бо ман беэҳтиромӣ кард. Дигаре чунин мегӯяд: Аз ман пул қарз гирифт ва то вақти муайян, вале чун он вақти муайян расид пулро пас намедиҳад. Дигаре мегӯяд: Маро назди ҳамсояҳо тӯҳмате кардааст. Агар аз занҳо пурсед мушкили доду гирифти ҳамсоягӣ, мушкили ҷанҷоли ду кӯдак, ду ҳамсояро солҳои дароз бо якдигар бадбин намудааст дар ҳоле, ки он ду кӯдак дар берун бо якдигар хуб ва он моҷаро фаромӯш шуда, вале модарони онҳо бо якдигар қаҳрӣ ва бадбинанд. Ва ё зиёд аст чунин масоили печида, ки агар фикр куни барои шахси оқил он ҳеҷ аст, ки чунин мушкилотро бояд ҳал намуд.

Ё агар бо худ биандешем чаро забонамро ҳангоми сухан гуфтан ҳифз нанамоям ,чаро дар муомилаи пулӣ, пуле қарз гирам, ки онро баргардонда натавонам.Чаро барои кӯдаки беақлам бо ҳамсояам ҷанҷол намоям.Онҳое, ки ба ин мусибатҳо гирифторанд бо ба кор бурдани ақли солим онро ҳал менамоянд. Аммо ҳар ки ин сатрҳоро хондад бояд дар фикри он бошад, ки ба чунин моҷароҳои бе маънӣ гирифтор нагардад ва ҳамеша ҳушёр бошад.
Худованд дар ин мавзуъ дар Қуръони карим мефармояд:

“Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад!” Сураи Оли Имрон,ояти 134).

Кӯшиш кун, ки кинаро аз дилҳо дур намоед ва бо бахшишу накӯӣ рафтори нарм ва гуфтори нармро дар худ амалӣ намоед. Бовари комил дорам, агар шумо бо ин гуфтаҳо ҷидди таваҷҷӯҳ намоед хеле асари бузургеро дар хушбахтии худ ва хонаводаи худ хоҳед ёфт ва хушбахтӣ шуморо ҳамроҳи хоҳад кард.

20. Донистани зиёд роҳкушои мушкилот аст
Ҳангоме, ки бар сари инсон мусибат расид ё тавре ки гуфтаанд: Ҳангоме, ки табар бар сар расид ё мусибати ғайри мунтазира ва ё мунтазира расид инсон кӯшиш мекунад роҳҳои ҳали онро биҷӯяд ва то ҷои имкон ва тавон онро ислоҳ ва ё ҳал намояд. Дар мо мақоли мардумие ҳаст, ки мегӯянд: «Аз беруни бало карда дар даруни бало бошӣ хубтар аст.» Ҳангоме, ки инсон дар дохили он мусибат рӯзашро мегузаронад ва бо он хато ва иштибоҳоте, ки аз ӯ сар заданд, ки ин мусибат ва ё мушкилот ба сараш омад ё аз бетаҷрибагӣ ва ё аз саҳлангориаш ва ё бар асари хиёнати атрофиёнаш ва….. Рӯз то рӯз фаҳмишаш зиёд ва дорои таҷрибаи кофӣ мегардад.
Тавре ки Расули Акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд:
«Мусалмони закӣ ва ҳушёрро аз як сурохӣ ду бор мор намегазад.»

Бояд пас аз он таҷрибаи ҳосил намудааш рӯ ба китоби Худо Қуръон ва суннати гуҳарбори муаллими башарият Ҳазрати Муҳаммад (с) оварад. Ин рӯйоварӣ ва иқтидо намудан шахсро аз ин бумбаст мераҳонад ва зиндагиро дар нигоҳаш рангин месозад. Чун мумкин аст фаҳми ҳамагон ба ин ду асли муҳими дин нарасад ва шояд бипурсад, ки ман Қуръонро на хонда метавонам ва на ҳадисеро медонам.

Бародар ва хоҳари гиромӣ, алҳамдулиллоҳ дар кишвари азизи мо китобҳое, ки ҷавҳари ин ду асли муҳими динро баёну шарҳ медиҳанд, вуҷуд дорад. Онҳо нахуст уламои муҳтарами исломӣ чи аз тариқи мубошир бошад ва чи ғайри мубошир, яъне аз тариқи наворҳои муфид китобҳои тарҷумашудаи ин уламо мақолаҳои мутанавеъ ва мухталифи нашрияҳои кишвар ва барои қишри огоҳ ва ҷавонони болаёқат як қатор сомонаҳои динӣ вуҷуд дорад. Ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ. Метавон истифода кард.

Ҳамзамон шабакаҳои моҳвораҳои мухталиф, ки ҳадафи маърифатӣ ва омӯзишӣ доранд, рӯй овардан аст ва бо ин васоиле, ки ном бурдам метавонед огоҳӣ ва маърифатнокии динии худро ғанӣ гардонед ва бори дигар ба иштибоҳе, ки қаблан карда будед наафтед ва аз мусалмонони закиву боҳуши уммати Муҳаммад (с) гардед. Дар ин ҷода инсонро танҳо устуворӣ ва иродаи қавӣ мебояд на чизи дигар.

Хонандаи гиромӣ бист машвартро дар инҷо ба поён мерасонем.Умед аст аз ин машваратҳо нафъе бурда бошед.Аз дуоҳои холисонаи худ моро фаромӯш насозед хонаободу сарбаланди дорайнро аз даргоҳи ҳақ таоло бароятон таманно дорам.

Share This Article