Пас аз касби истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Президентӣ гузашта, то вуруди нерӯҳои аҳримании ҷаҳолату ситампарокани «Народний Фронт», бо ин система пеш мерафт.
Пас аз барпосозии Сессияи 16-ум дар кохи «Арбоб»-и Хӯҷанд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Узбекистон тавассути дастнишондаҳои дохилияшон миллати тоҷикро бо мили силоҳ аз ин раванд боздошта, имрӯз ба қаъри зулумоти диктатураи кавданона ва яккатозии ҳизбие чун яккатозии ҲКҶТ ворид кардаанд.
Пас аз соли 1994 кӯҳнаҷунубҳои пиркоммунисту раиси шӯрои олии говбонашон сари ақл омада, диданд, ки дигар ҲКҶТ-у КПСС-ву Раёсати Шӯрои Олию Совети Вазирону яккатозии кавданонаашон ба дарди ҷаҳони муосир намехӯрад. Охир, Шӯравӣ сар аз охири соли 1990 ба ахлотрӯбаи торихи инсонӣ парт гаштаву тандису ҳайкалҳои доҳии Шарипович Раҳмонов дар ошғолҳову металаломҳову анборҳо зери саргини сагҳои вилгарду кабӯтарони ваҳши як ваҷаб ахлоту чангу ғубор гирифтаанд; СССР-и ҷоноҷони Раиси Колхози ба номи В.И.Ленин ҳам барқарорнашаванда аст. Ва дар санаи 15.12.1994 (пурра пас аз 2 соли ғасби пойтахту пароканда сохтани ҳукумати қонунии Муросои Миллӣ) Абдулмаҷид Достиеви моямоли Оменҳутеп ҳизбе бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил дод, ки Шарипович, пас аз тақрибан 20 соли «коммунистӣ», акнун «халқӣ» гардонида шуд. Халқӣ гардонидан пас аз коммунист-миронидан ҳаққ аст, «яфъалу Елтсин мо яшо ва Ислом Карим мо юрид!»
Пасон Криса Раҳмонови говдузди данғарӣ занғарӣ карда, барои аввалин бор ба дуздӣ сар кард: ҲХТ-ро пас аз муталошӣ кардани «Фронти Халқии хоҷагонаш», дар санаи 1998, пас аз Созишномаи «мо бо Ҳизби террористию экстремистии Наҳзат дар ягон ҷо шартнома набастаем», моли худ кард. Мегуфта бошӣ, ки Майрами садшӯяи наскидаридаву Шарипчақури пияндари ҳизаш барояш ҳизб тӯҳфа карда бошанд.
Баъд аз ҳодисаи шӯриши сарҳанги узбактабор Маҳмуд Худойбердиев дар санаи 4-ум то 8-уми ноябри соли 1998, Раҳмонов 2 ҳизбро дар ҳамкорӣ бо ӯ муттаҳам кард. Ин ҳодисаро Иброҳим Усмонов чунин оварда аст:
«Вокеаҳои аввали ноябри соли 1998 сарнавишти ду ҳизб – Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби ягонагии халқ таъсири ҳалкунанда расонд.
Ҳардуи ин ҳизб ба он гунаҳкор карда шуданд, ки дар воқеахои Хӯҷанд даст доштанд, 8 декабри соли 1998
Суди Олии Тоҷикистон дар ин бора масъала баррасӣ карда, фаъолияти Ҳизби ягонаи халқро манъ кард.
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бошад, 13 ноябри соли 1998 дар раёсати худ изҳорот дод, ки дар воқеаҳо шарик нест, воқеаҳои Хуҷандро маҳкум мекунад ва дар ин бора расман ба Президент муроҷиат намуд. Аммо роҳбарияти ҳизб аз идомаи таъқибашон гумонбар буданд.
30 Марти соли 1999 роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон С.Кенҷаевро шахсони номаълум террор карданд. Дар тирамоҳи соли 1999 байни роҳбарияти нави ҳизб ихтилоф ба амал омад.[i]
Хулоса, аз 12 ҳизб дар соли 1999 ҳамагӣ 6 ҳизб боқӣ монд! Баъди аз нав бақайдгирӣ шаш ҳизб боқӣ монд.
Баъди интихоботҳо як ҳизб баста шуд. 27 декабри соли 2002 боз як ҳизби нав Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Ба ин маълумотҳо диққат фармоед:
Моҳи Майи соли 1999 кӯшиши ташкил кардани
Ҳизби ҷунбиши миллии Тоҷикстонба амал омад,
Оинномаи ин ҳизб, ки мақсадаш «барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати хукукбунёд дар Тоҷикистон, хусусияти таърихию фарҳангии мамлакатро ба назар гирад, фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, забон ва дин, дар ҳал кардани масъалаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ» буд, низ чоп шуд. Аммо ба фаъолияти ин ҳизб рухсат дода нашуд.[ii]
Барои бастани ҳизбҳои ғайрикисагӣ ва рақиб Раҳмонов сар аз соли 1997 то 1999 бар иловаи юриши сарҳанг Худойбердиев дар саннаи 4-8.11.1998, қаблан спектакли сӯиқасд ба ҷони ҳақираш дар санаи 30.04.1997 дар назди ҳамон қасри наҳсе, ки бар он зери таҳдиди мили силоҳи хоҷагонаш дар санаи наҳси манфури 16.11.1992, дар Сессияи 16 ум, аз никтоӣ ба ктоӣ расидро ташкил карда, қири шимолиҳоро баровард. Сабаби ин сӯиқасди ноком ҳамоно реша дар зулму зӯргуиву ҳайвонии нафси бетарбияи Раҳмонову тарафдоронаш дошта, ки дар санаи 14-17-уми ҳамон моҳи апрели соли 1997 мунҷар ба ошӯби фарогир дар зиндони Хӯҷанд гашт, ва бо ирсоли одамкушонаш Раҳмонов тавонист 158 инсонро танҳо ба хотири онки маҳбусон намехостанд аз зиндонҳои минтақаи худ ба зиндонҳои Душанбешаҳру Ёвон интиқол ёбанд, кушаду 200 тани дигарро захмӣ созад! Ҳоло ин версияи режими одамхори дурӯғгӯи рӯсиёҳи Шарипчақурович аст, дар асл бошад ин шумора метавонад хело зиёдтар аз ин омор бошад.[iii]
Ҳеҷ ҷои шигифтӣ надорад, ки чаро дар зиндонҳои Тоҷикистони пас аз сарикороии Шарипчақурзод ин қадар солҳо, ба ин густурдагӣ ошӯбҳову балвову бесарусомониҳо рух медиҳаду сагҳои муғулии булдог-Раҳмонов барои пахшу қалъу қамъи асируфтодагон «сафарбар» баҳри «безараргардонӣ» мегарданд. Вале ба ин нуқтаи масъалаи таваҷҷӯҳ фармоед, ки ҳамагӣ «ошӯбҳо»-и воҳиманок танҳо пас аз Сулҳи кашидашудаи дурӯғини режими нотоҷики Шарипович рух додан дорад. Як сабаб дорад: то соли 1997 дасти ғадру қатли Шарипчақури тоҷиккуш боз буду ҳар гоҳе хумори нӯши хуни тоҷикаш мегирифт, мигҳову болгардҳову зиреҳпӯшу тӯпхонаҳои аз хоҷагонаш баорият гирифтаро ба 4 самти Тоҷикистон «сафарбар» мекарду дарёе аз хун равон мекарду мегуфт: «Мо бо хун омадаву бо хун меравем». Вале пас аз созишномаи сулҳи «да-ридашуда» аз тарафи Шарипуф, ягона ҷои озодона куштани тоҷикон ҳамоно зиндонҳо боқӣ монда аст, ки пеш аз ҳар як ИНТИХОБОТИ ТЕАТРӢ дар он рафта хуни тоза мерезад!!
Чаро ин синдроми «интихобофобия» дар вуҷуди Шарипович ин ҳама солҳо ҷой гирифта астро мо аз таҳқиқоти «Радиои Озодӣ», ки чунин гуфта аст, метавонем решаёбӣ кунем: «Аз сӯи дигар, ин як давраи авҷи талошҳои ӯ (Э. Р. Ш.) ба таҳкими қудрати шахсияш буд, ки пас аз интихоботи моҳи ноябри соли 1996 зарбхӯрда намудор мешуд.
Ҳарифаш дар сабқати президентӣ, сарвазири собиқ, Абдумалик Абдуллоҷонов худро барандаи воқеии интихобот ва Раҳмонро ғосиби қудрат меномид. Афзун бар ин, Абдуллоҷонов аз тарафи бахши мардум вориси сулолаи Хуҷанд ба шумор мерафт ва ақидае роиҷ буд, ки дар мавҷи ҳасрати мардум дар ҳаққи оромию рифоҳи замони шӯравӣ пирӯз гаштааст».
Оре ҳар боре Интихобот барпо мегашту Раҳмони ҷанговар дар он шикасти сиёсӣ мехӯрд, қасдашро ё аз зиндониён ё аз тазоҳуротгарон мегирифта аст.
Барои мисол; моҳи майи соли 1997 дар Хӯҷанд бар зидди ҳукумати бефаросатҳои олучашакаровхӯр тазоҳуроти густурда барпо шуд, ки Шариповичро девона кард. Ва рафта, чуноне дидем, қасдашро дар моҳи апрел аз зиндониён гирифт, то чашми шимолиҳоро битарсонаду зимнан лидерҳои мардумие чун Хуршед «Тайсон» ва атрофиёнашро «безарар» гардонад.
«Вақте ки нерӯҳои давлат барои ҳабси гурӯҳи Хуршед – Тайсон Абдушукуров ба деҳаи Қистакуз ё Хеставарз омаданд, ин гурӯҳ силоҳ дар даст аз худ дифоъ кард. Чандин нафар аз ҳарду ҷониб ба ҳалокат расид ва Хуршед ё “Тайсон” дар охирин лаҳза худкушӣ кард. Як узви дигари гурӯҳ низ норинҷакеро мунфаҷир карда, худро ба ҳалокат расонд».
Чуноне мебинем, ҳам тазоҳуроти моҳи май, ҳам қатли оми зиндониён дар моҳи апрел, ҳам рафта дар Хистеварз куштани «Тайсон»-у тарафдоронаш, ҳам мавриди сӯиқасди дурӯғин (худаш ташкил карда буд, то баҳонае шавад барои қатли оми шимолиҳо ва қасду нафраташро, ки реша дар шикасташ дар баробари Абдулмалик дошт, пардапӯш кунад) қарор гирифтанаш, ҷуз дасисаи худаш чизе беш набуд.
Шахсан, чун раддипойковӣ кардам, ҳама «лашкаркашӣ»-ҳои Раҳмонов чи ба Шимолу чи ба Ҷанубу чи ба Шарқи кишвар ҳамчун Темурланг реша дар шикастҳои интихоботияш дошта аст. Ҳаминки натиҷаҳои сандуқҳои раъйро барояш аз манотиқ гузориш медоданд, ҳар минтақае, ки ба рақиб, ё ҳизби дигар бештар овоз медода аст, ҳатман дар онҷо чун Рашт «гурӯҳҳои ҷиноятӣ» сару каллаашон пайдо мегаштаву Раҳмоновро ба «безараргардонӣ» «маҷбур» мекарда аст, то дар ҷаласаҳои пас аз куштораш баҳонае дошта бошад, ки «хай дигар илоҷ набуд»! Бале барои Чингизу Ҳолекуву ҳамтоёнашон ҳамеша ҷуз истифода аз силоҳ «чораи дигар набуда аст», ин Раҳмонов ҳам сагаке аз ҳамон шағолони тоҷиккуш аст!
Дар пушти ин моҷаро бошад дарди ниҳони Раҳмонов нуҳӯфта аст, ки алами шикасташро бо террори навбатӣ аз милияти тоҷик, ки ӯро чун хугу гуроз бад мебинанд, мегирифта аст!
Агар ҳодисоти занҷиравии солҳои 1997-и Шимоли кишварро бо ҳодисоти занҷиравии Бадахшон, ки аз соли 2012 то 2022 ба дарозои 10 сол тӯл кашид, муқоиса намоем, боз ҳам ҳамон сенорё, ҳамон дарди Шарипчақурович, ҳамон тинати хугонаи манфури ӯ пеши назар бармало мегардад, ки он реша дар шикасти интихоботияш дошта аст.
Вақте мардуми шарифи Бадахшон бар алайҳи Нотоҷик-Раҳмонов дар интихоботҳо овоз дода, раъйи худро ба аҳзобе чун ҲКҶТ, ҲСДҶТ ва ҲНИТ доданд, малъун-Раҳмонов аз ҳамон «муборизаи интихоботӣ»-и суннатии чингизӣ – қатл кор гирифт.
Ба як фарқ, он ҳам инки мардуми Шимол чун мардуми Бадахшон сароғоз тазоҳуроти осоишта карданд, вале шимолиҳо аз «Тайсон» чун бадахшиён то охир ҳимояти физикӣ накарданд. Ва ба ҳамин қазияи лидерони мардумии Шимол бо як бераҳмии тамом хотима дода шуд, вале бадахшиён тӯли 10 сол лидерони мардумияшонро чун гавҳараки чашм дифоъ карданд.
Ба фарқ аз Хӯҷанд дар Бадахшон зиндону зиндониён набуданд, то Шарипович сагҳои муғулияшро барои тарсондани бадахшиён «сафарбар» кунад, то бо баҳонаи «ошӯб дар зиндон» садҳо тани ононро қир кунанд. Аз ин рӯ, Раҳмонов барои қасди шикасти интихоботияшро аз онон гирифтан, пайи баҳона мегашт! Вале баҳона намеёфт, то инки худашон онро бори аввал бо қатли генерале тарроҳӣ карданд, вале сиррашон фош шуду мардум, якҷоя, бар зидди лашкари чингизии Шарипович чанд рӯз ҷанги мусаллаҳона карда, ҷузъу томҳои Шарипчақуровичро аз минтақа берун карданд, албатта бо миёнҷигарии шодравон Оғохони IV.
Ва Сабзаалӣ Мамадризоев, раиси шӯъбаи ҲНИТ-ро айнан барои иштироки фаъъолона дар интихоботҳо дар 24 уми июли 2012, террор карданд! Вагарна ӯ ҳатто силоҳе бар даст надошт, ва «муқобилияти мусаллаҳона» ҳам аз худ нишон надода буд!!
Раҳмонов боз дасиса пароканда, Гулбиддин Зиёбекро бидуни ягон айбу гуноҳ, дар рӯзи равшан, чун «Тайсон»-и шимолӣ куштанд! Ба як фарқ, ки Гулбиддин Зиёбек аслан силоҳе надошт, ва як таппончаро сагҳои муғулӣ бурда, назди ҷасадаш монданд! Кош чун «Тайсон» силоҳ медошт, то муфту номардона куштанамешуд!
Пасон, лидерони мардумии Бадахшон: Муҳаммадбоқирро хоинона тирборон карда куштанд. Ва як қисмашон, чун дастаи мусаллаҳи гурӯҳи «Тайсон» ҳаёти худро бо худкушӣ, вале ба дасти ин ҷаллодон наафтодан фарҷом доданд.
«Чандин нафар аз ҳарду ҷониб ба ҳалокат расид ва Хуршед ё “Тайсон” дар охирин лаҳза худкушӣ кард. Як узви дигари гурӯҳ низ норинҷакеро мунфаҷир карда, худро ба ҳалокат расонд».
Вале лидерони Бадахшӣ ин бор чун соли 2012, ва чун дастаи «Тайсон» дар соли 1997 наҷангиданду муфт кушта шуданд.
Пас аз ҳодисоти моҳи апрели соли 1997 аз Шимол ва пас аз қатли оми мардуми Рӯшон садҳо нафар фаъолони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаркӣ барои Раҳмонов нописанд буд, барои солҳои мадид равонаӣ зиндон шуданд.
Агар ИНТИХОБОТ дар кишварҳои демократӣ барои миллатҳо саодату пешрафту навгонӣ оварад, барои тоҷикон ҷуз қатли майдонӣ, қатли зиндонӣ, ва пуркардани зиндонҳо аз интихобкунандагоне, ки бар алайҳи Раҳмонов ва ҳизбаш овоз додаанд, чизе бештар самару армуғон надошта аст.
Ягон сабаби мантиқии дигар надорад ин корҳо; худаш заминаҳои ошӯбро таҳия карда, худаш онро барпо карда ва сагонашро худаш барои «безараргардонӣ» мефиристаду аз хуни тоҷик, инак, 33 сол аст, ки холҳои сиёсӣ касб мекунад. Ҳар як садои тири шилликшуда дар зиндонҳо қабл аз интихоботи дурӯғинаш як миллион садоро дар ҳулқумҳо хафа хоҳад кард. Санҷидаасту медонад, ки натиҷаи хуб дорад хунрезӣ қабл аз «интихобот» ва баъд аз он.
Интихобот «санҷишгоҳ»-и навбатии Раҳмонов ва режими нотоҷикаш аст, ки ба василаи он раъйи мардумро на барои интихоби худу атрофиёнаш, балки назари навбатии миллатро нисбати худаш дармеёбад! Ва пас аз дарёфти «фикр»-и миллат пайи чора: қатлу террору зиндонисозии навбатӣ барпо мешавад!
Аммо, ин дафъа як каме саросема шуда, қабл аз фаҳмидани «фикри миллат» сагони муғулияшро равонаи зиндон кард!!
Қабл аз маълум гаштани фикри миллат «Инқилоби навбатӣ»-яшро ташкил карда, даҳҳо нафақахӯрро умрбод равонаи зиндон кард. Ин ҳама «юриши зиндону пахши он ва хунсосозии Инқилоби навбатӣ» заминаи дигари Интихобот аст, ки бояд ин режими хуношомро сулолавӣ кунад – Рустами гунг ҷонишини хари Калон шуда, ҳамин говигариро идома додан гиранд!! Гӯё миллати тоҷик ким-чи гуноҳи азалие карда аст, ки бояд то рӯзи Растохез гирифтори муғултаборон бошанд? На. Гуноҳамон дар он аст, ки тақдири худро ба дасти худ намегирему онро ба дасти як мушт хару гову муғулу арозилу дузду раҳзану туппой дода, ин тӯдаи хармағзро «Пешво» гуфта гаштаем! Ҳақиқату ҳувияти худро гум карда, пайи ботили дигаронем! Аз ин рӯ сарсону нигарону ба умеди дигаронем!
Ва, инак, боз интихоботи қарибулвуқуъу инак, боз Инқилобу инак, боз ошӯби зиндониёни Ваҳдат!
Агарчи соли 1997 барои «сарнагунӣ»-яш клани шимолиҳоро дар сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам карда, ҳамагиро қалъу қамъ карду зиндониҳоро тирборон кард, инак, ин сол ҳам ҳамон сенорёи санҷидашудаи куҳнашударо айнан такрор кард: аввал боқимонда мӯсафедони «инқилобгар»-ро бо баҳонаи сӯиқасди сиёсӣ ҷамъу ҷӯр карда вориди зиндон карду барои рӯпуш сохтани ин ҷинояти ошкораш сагонашро вориди клеткаҳои зиндон карду ҳарчи миқдор дили муғулии тоҷиккушашон хост, хуни ҷавонони тоҷикро барҳадар рехтанд!
Барои чӣ мо дар мавзӯи «Интихобот» ин ҳама оид ба аҳзобу зиндонҳову тазоҳурот сухан гуфтан дорем?
Чун, агар аҳзоби мустақил набошанд, Раҳмонов бо «ҳизб»-и Шарип-Чақури палид вориди рақобат мешавад? Дар асл худи Шарипович дар умраш, ба ҷуз интихоботи ғайриқонунии 6 уми ноябри 1994 бо касе вориди корзори интихоботӣ нагашта аст, чун талхии шикасти рақобатро дар баробари Абдуллоҷонов чашида ва то кунун талхияш дар «рӯи ҷигари говонона»-аш нишаста асту аз дидани рақиби сиёсӣ дилзанак мешаваду дуд аз димоғи чингизияш ба осмон дакка мехӯрад!
Гуфтем, ки то интихоботи боз ҳам дурӯғини соли 1999, ки пас аз он Раҳмонов барои абад нақшаи аз байн бурдани рақобати солими интихоботиро дар Ҷумҳурӣ аз байн бурд, 12 ҳизби расмӣ ба қайд гирифта шуда буд, вале дар соли 1999 дигар танҳо 6 ҳизби нимколаҷон боқӣ монда буд, ки дигар мурдаро монда пайи тутхурӣ мегаштанду танҳо функсияи қонуният бахшидан ба спектаклҳои Раҳмоновро, ҳар сари чанд сол, дар интихоботи ғайришаффофу пуртақаллуб иҷро мекарданд. ИНОТ бошад тақрибан пароканда гашта буд. Давлат Усмон гӯйё рақиби Раҳмонов вале на ситоде буду, на тарғиботи интихоботие. Метавон гуфт оғози мазҳакаи сиёсӣ ва рукуду бадбахтии миллат аз ин солу пас аз ин интихобот оғоз ёфт.
Сафи аъзои ин аҳзоб ба ҷои зиёд шудан, рӯз аз рӯз каму камтар шудан мегирфит, то инки ин аҳзоб саранҷом аз ҳизб ба «ҲИЗ» мубаддал шуданд! Аз ин 6 ҳизб ҲНИТ-ро соли 2015, боз ҳам пас аз «Инқилоби навбатӣ» одамхудои тоҷикон барои бори 4-ум басту аъзои аршадаш қалъу қамъу зиндонӣ гашта, қаториҳояшро бо тӯҳматҳои сохтаву бофта, бо моддаи 307 равонаи зиндонҳо кард.
Айни ҳол ҳизби мухолиф пайравону аъзояшро ба ҷои расонидан ба курсиҳои парлумон, чун Саидҷаъфар Усмонзода рост вориди зиндон, бари Зайд Саиду Шокирҷон хоҳад бурд. Ана ин аст Демократия по – Рахмонский!
Интихоботи демократӣ ва демократияи «тоҷикӣ-шарқӣ»–е, ки умре Саидҷаъфар Усмонзода аз он ситоиш мекард. Акнун, дар шкураи худаш эҳсос кард, ки «Восток – дело тонкое» чӣ маъно дошта аст. Ба гуфти шодравон Ш. Шабдолов, бо як қанот парвоз карданӣ бошед, паридан гиред. Мебинем то куҷо мепаред? Шабдолов надид, ки аҳзоби ҳизу сарҳизалаки олии мо то ба куҷоҳо, то ин дам, паридану ҷазир карданду расиданд!
Аз таърихчаи аҳзоби сиёсӣ пас аз касби истиқлолият:
Аҳзоби 12-гона инҳо буданд:
- Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон. Бо таваллуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар санаи 05. 12. 1929 таъсис ёфт ва соли 1931 аввалин анҷуманашро баргузор кард. Ва то соли 1991 ягона ҳизби беалтернативаи яккатози дастнишондаи Болшевикҳо боқӣ монд. Ин яккатозиро коммунистҳои «демократишуда» пас аз соли 1992 то имрӯз дар қабзаи худ гирифтаанд. Дар аҳди Шӯравӣ ҳам «интихоботҳо» барпо мешуд, ки мисли интихоботҳои имрӯзи Шарипович аст, ки аз боло то поён кадрҳоро «таъйину ҷобаҷогузорӣ» мекарданду онро “интихоботи шаффофу демократӣ” меноманд ва аз будҷети кишвар (на ҳизб) маблағгузорӣ мекунанд!!
- Ҳизби Демократии Тоҷикистон. 3 палатформа дошт, ки ин платформаҳои (Теҳрон, Алмаато ва Душанбе)-ро ташкил медод ва дар солҳои гуногун, ҷудо аз ҳам ташкил ёфтаанд. Платформаи теҳронии он 20.07.1995 таъсис ёфта, дар интихоботи 1999 ҷудо аз ҳамдигар вориди корзори интихоботӣ гашта, ҳамон сол фаъолияташ қатъ гардид. Чун парокандагӯ ва парокандакор буданд!
- Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон. 6. 08. 1996, пас аз онки Раҳмонов идеяи С. Кенҷаевро мабнӣ бар ташкили Ҳизби Халқӣ ва Фронти Халқӣ аз худ кард, ташкил ёфт. Вале пас аз юриши М. Худойбердиев дар ноябрмоҳи соли 1998, тӯҳмат ба ҳамдастию дасисаманд будани роҳбари он зада шуду дар саннаи 30.03. 1999 С.Кенҷаевро Шарипович террор кард!
- Ҳизби ягонагии халқ. 16.12.1994 таъсис ёфта, дар санаи 08.12. 1998 чун ҲСТ муттаҳам ба «ҳамкорӣ» бо Худойбердиев шуда, фаъолияташ қатъ гардид.
- Ҳизби Халқии Тоҷикистон – ҳизби ҳоким, ҳизби ходим ва ҳизби яккатоз. 15 12.1994 таъсис ёфта соли 1998 ба он вожаи «Демократӣ» изофа ва моли Раҳмонов шуд. Раҳмонов рӯзе вориди Пойтахти тоҷикон рӯи БТР-и русию узбакӣ шуд, ҳизбе ҷуз ҳизби доҳии пролетариатҳои ҷаҳон – Ленин надошт. Вале аз 1992 то 1994 ва то имрӯз ягон ҳизбу мазҳабу дине ҷуз Ясои Чингизҷаддаш надошту надорад! Ин «ҳизб» дар тинати ҳар як чингизтабор аз азал дарҷ аст. Зарурат нест барои чингизхисол шудан чун коммунистҳо варақаи ҳизбӣ дар киса дошта бошӣ. Дар рагу пайвандат хуни Чингизи малъун ҷорӣ бошад, ҳамин кофист то одамхор гардӣ!
Ин ҳизб моли А. Достиев буд, ки пасон Раҳмонов чун дигар ашёву дороиҳои ғораткардааш аз худ карду имрӯз онро метавон «Ҳизби Оила ё сулолаи касифи Раҳмонов» номид, чун ҳама авлоди Раҳмонов варақаи ин ҳизби падарияшонро дар киса доранд! Ҳизбе, ки саравлодашон аз Достиев дӯздида буд.
- Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Соли 1990 ҳамчун шӯъбаи Ҳизби Наҳзати умумуишӯравӣ қайд гашта, моҳи декабри соли 1991 пас аз касби истиқлоли давлатӣ дубора дар ҷумҳурӣ қайд гардид. Соли 1993 аз ҷониби Раҳмонов мамнуъ гардида, 12. 08. 1999 себора қонунан иҷозати фаъолият касб кард. Соли 2015 чорбора «ҳизби экстремистӣ-террористӣ» эълон шуд.
- Ҳизби Адолатхоҳи Тоҷикистон. 26.02.1996 ба қайд даромад.
- Ҳизби Аграрии Тоҷикистон. 31.12.1998 қайд гардид
- Ҳизби Шаҳрвандони Ватанпарасти Тоҷикистон – “Иттиҳод”. 24.04.1995 қайд гардида буд.
- Ҳизби Адолат ва Тараққӣ (Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон). 05.04.1999 аз қайд гузашта, моҳи марти соли 2003 расмӣ гашта, Ҳизби Адолатхоҳи Тоҷикистон ба он пайваст.
- Ҳизби дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ. 05.04.1994 ба қайд гирифта шуд. Моҳи марти 1999 фаъолияташ қатъ гардид.
- Ҳизби 12-ум шояд Растохез бошад, ки аз он Иброҳим Усмонов амдан дар асараш ном набурда аст[iv].
Мавзӯи асосӣ – ИНТИХОБОТ.
Вожаи «Интихобот» пас аз фурӯпошӣ ё ҳангоми вопасин нафасҳои Шӯравӣ дар лексикони тоҷикон муд шуд. Чун дигар вожаҳои «феодалӣ», дар аҳди яккатозии шӯравиҳои сурхмафкураи манқурт ин вожа истифода намешуд, балки ба ҷои он вожаи интернатсионалии урусӣ – вибор истифода мешуд. Вакил надоштем. Вакилонамон костюму туфлӣ надоштанд. Қарз карда, омада «депутат» мешуданд. Президент надоштем. Раиси Шӯрои Олӣ доштем. Ҳичӣ надоштем. Манқурт будем. Манқуртҳои серу пур будем. Ҳоло Раҳмонов бо демократияи манғитию феодалии мазҳакавияш омаду манқуртҳои серупурро гастарбайтеру чуркаву муҳоҷирони умрбоди корӣ кард! Ҳам системаи то ҷое ниҳодинашудаи Шӯравиро дарҳам шикасту ҳам ҷаҳони навине барои тоҷикон сохтан натавонист ё нагзоштандаш бисозад, чун марионеткаи русу узбак буд, ҳоло ғуломи 3-тарафа шуда аст.
Дар Қурон ғуломи яктарафаро аз дутарафа «озодтар» медонанд[v], вале ин ғуломи 3-тарафаи элакгаштаро чӣ ҳукм бидиҳем?
Мо барои шарҳи бештари мафҳуму маънои вожаи Интихобот, ки шакли ҷамъи вожаи арабии «интихоб» аст пардохта, онро аз Энсиклопедияҳои Советӣ ва Миллии тоҷик ва дигар манобеъ, хулосатан, зикр хоҳем кард.
Интихобот аз решаи калимаи نخب дар шакли انتخب сохта шуда, масдари феълист – انتخاب ва шакли ҷамъаш ҳаст: انتخابات
Агар ба мазмуни феъли نخب диққат диҳем, он бо калиамаи نخبة нухба, ки дар забони мо дар шакли «нухбагон» бисёр ба назар мерасад, ҳамреша аст. Маънои нахаба дар қомуси арабӣ ба арабӣ чунин омада аст:
1.”نَخَبَ الشَّيْءَ”: أَخَذَ نُخْبَتَهُ، أَيْ مَا هُوَ مُخْتَارٌ مِنْهُ
Нахаба – гули чизеро сарчин кардан аст. Яъне аз байни чизҳо (ё интихобшавандагон) беҳтарину саршиностарину тавонотарину маҳбубтарину боарзиштаринашонро «баргузидан» аст.
Маънои дуюми он ҳам мароқангез аст:
2″نَخِبَ قَلْبُهُ”: جَبُنَ
Нахиба қалбуҳу – тарсончаку буздил шуд. Яъне ҳар тарсончаку буздиле наметавонад «нухба» – elite бошад, аз ин рӯ, аз онҷо ки Раҳмонов ва «элитагаштагон»-и говбонаш (Нахб) – буздил ҳастанд, дар интихобот умре тақаллуб мекунанд. Бояд иқрор шаванд, ки инсони нотарс ниёз ба тақаллубкорӣ надорад.
3. النَّخْبُ : مصــ.- من الرجال: الجَبَان
Итихобот дар Энсиклопедияи милли Тоҷик, ба фарқ аз Энсиклопедия советии Тоҷик, ки дар он бо чанд ҷумлае хулоса шуда асту арзиши иқтибосоварӣ надорад[vi], доманадор шарҳ дода шуда аст, ки дар зер онро мухтасаран меорем, то тоҷиконе, ки кам доиратулмаъориф мехонанд, аз ториху ҳақиқату рушди Интихобот (ELECTIONS) дар саросари олам огоҳ шаванд ва демократияву интихоботи худиро бархеста бисозанд. Дигар миллатҳо ҳам заҳмат кашида то ба рӯзи озодӣ расидаанд, мо бо хобу хаёл мехоҳем рӯзе ба некрӯзӣ бирасем, вале таърих ба мо дар мисоли хоби ҳазорсолаи аҷдоди сиёсатгурезу дунёбезорамон нишон дод, ки сад ҳазор соли дигар ҳам ҳамин гуна фаросати сиёсию ақлонияту менталитетро давом додан гирем, абераҳомон ҳамин ҳолеро хоҳанд дошт, ки аҷдодонамон имрӯз ба мо мерос гузоштаанд! Бадбахтии имрӯзи мо реша дар бефаросатӣ ва дунёбеғамию масъулиятгурезии аҷдодонамон дорад! Бало ба паси гузашта, вале моро имрӯз чӣ бало зада, ки боз ҳам аҷдодгуна рафтор дорем?! Ба умеди кистед, тоҷикон? Ин кишвари кист, тоҷикон? Фарзандони кадом миллат бояд насл андар насл дар ин марзу бум зиндагонӣ кунанд? Ба ояндагон чӣ низоме гузоштаниед? Нашавад, ки ҳамин диктатураи муғулмаобонро? Ҳамин аст интихоби вопасини мову шумо? Чаро ҳамагӣ сукут кардаеду пайи чора нестед? Ҳамин зиндагии ғуломона писандатон аст? Фарзандону наберагони худро ба ғуломӣ гузоштаниед? Раҳм надоред? Мардонагӣ надоред? Ҳамин гуна то ба кай бо зиллат хоҳед зист?
Идома…
Чун дар саросари олами исломӣ аксаран низомҳои ғйаридемократӣ ва бештар истибдодию манархию мафиозӣ ва кланӣ (бо номи демократӣ) амал мекунанд, ягон намунаи демократии шаффофе аз ҳеч кадомашон аз машриқ то ба мағриб овардан наметавонем. Чун ақлонияти 1000-у чандсолаи «шоҳу маликпарастона»–и мо то кунун ба мо иҷозат намедиҳад, ки ба мазмуну мафҳуми интихоботу демократия пай барем. Ва агар ҳокимонамон ба ин арзишҳо пойбанд гарданд, аслан ба ҳукумат даст нахоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, интихоботро арабҳо «интисобот» انتصابات мегӯянд, ки ҳамон маънои «таъйиннамоӣ»-и имрӯзи моро дорад. Онро режими кавдани имрӯза «ҷобаҷогузории кадрҳо» ҳам меномад, ки идомаи ҳамон фаҳмиши манғитиёни мансабфурӯшу болшевикҳои «синфиатгаро» аст .
Аксарияти ҳизбҳои шашгонаи имрӯзаи мо ҷузъигароянд на фарогаро, ба ин маъно, ки гӯё ҳар кадоме омадаанд, ки масалан соҳаи аграриро «ислоҳ» кунанд ё ҷомеаро рӯбароҳ кунанд, ё чун Наҳзати Исломӣ ормонҳову одобу ахлоқи исломиро ниҳодина кунанд.
Дар ҳоле ки, аслан, барои як Амрикои Бузург ҳамагӣ 2 ҳизби сиёсии пуриқтидор кифоят карда, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт пешсаф бошанд, ва танҳо дар кишварҳои диктатории ақабмондае чун Тоҷикистон аст, ки ниёз ба 12 ё 6 ҳизб буда аст. Ва инак ин 6 ҳизб ҳам ҳамагӣ гумному беамалу нолозиманду сохтаи мағзи тирании Раҳмонов, ки барои спектаклҳои сари чанд сол ташкил мекардааш нақши «Мири Наврӯзӣ»-ро иҷро мекунанд. Наҳзат бошад; ронда шуд.
Асли матлаб, иқтибос аз ЭМТ:
ИНТИХОБОТ, раванди баргузидани шахсе барои уҳдадориҳои мансабии умумӣ аз тариқи раъйдиҳӣ. И. Яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти мардумӣ, шакли ифодаи иродаи сиёсии халқ ва омили дар амал татбиқ кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва интихоб кардану интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳи қонунӣ гардонидани ҳокимияти сиёсӣ ва демократикунонии ҷомеа мебошад. И. Раванди демократии сиёсӣ ва натиҷаи ҷустуҷӯи дуру дароз ва ихтилофноки таърихии ҷомеаи инсонӣ барои дарёфти тарҳи беҳтарини ташаккул, рушд ва идораи давлат мебошад.
Истилоҳи «овоздиҳӣ» (SELECTION) таърихи қадим дошта, аз Спарта боқӣ мондааст, ки дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (герусия) дар раванди маҷлиси умумӣ (апелла) ва бо роҳи фарёдзании умумӣ ташкил мешуданд. Узви герусия шахсе интихоб мешуд, ки ба тарафдории ӯ аз ҳама баландтар фарёд мезаданд. Маҳфуми «қуттии интихобот» ҳам аз Афинаи Қадим ба замони мо расидааст. Афинагиҳои қадим дар рафти овоздиҳӣ ба қуттии И. Сангҳои сафед ё сиёҳи худ – «бюллетен»-ро мепартофтанд. Санги сиёҳ маънои «зид» ва санги сафед маънои «тарафдор»-ро дошт. Ибораи маъмули «сақои сиёҳ партофтан» ба маънои муқобил овоз додан истифода мешуд. Дар шаҳр-давлатҳои Юнони Қадим ба мансаби давлатӣ шумори каме аз шаҳрвандони ҷинси мард, озод ва сарватманд бо овоздиҳии бевосита ва ошкоро интихоб мешуданд. Дар Ҷумҳурии қадими Рум ҳайатҳои судро қишри озоди он кишвар бармегузиданд. И.-и Англия аз асри 13 м. Оғоз шуд.
Раъйгирии махфӣ аз соли 1882 ҷорӣ шуда, занон соли 1928 ҳуқуқи интихоботиро соҳиб гардиданд.
Дар замони муосир мамлакатҳое, ки дар онҳо И.-и намояндагони мардумӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ вуҷуд надошта бошад, ангуштшуморанд. На дар ҳамаи кишварҳо И. Бо роҳи демократӣ гузаронида мешавад.
Намудҳои И. (вобаста аз хусусияти таъсири байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ):
1. И.-е, ки дар шароити тобеи давлат будани ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад. Ин хосси низомҳои сиёсии авторитарӣ буда, тамоми қарорҳои асосӣ дар бораи ҳайати вакилон, мундариҷаи барномаҳои пешазинтихоботӣ пешакӣ аз тарафи роҳбарияти сиёсии мамлакат (хунта, олигархия, ҳизби яккаҳукмрон ва ғ.) қабул мешаванд. Интихобкунандагон дар бораи номзадҳо ва барномаҳои онҳо чизе намедонанд. Набудани имконияти интихоби номзади беҳтарин ва ташкили манзараи сохтаи дастгирии умумихалқӣ аз он далолат мекунад, ки дар ин кишварҳо ҳуқуқи воқеии ташаббуси интихобкунӣ на дар дасти мардум, балки дар дасти бюрократияи ҳизбӣ мебошад.
Чунин амалия на фақат хосси собиқ ИҶШС буд, балки дар Покистон, Индонезия, Филиппин ва чанд кишвари дигар низ ҷой дошт. (Тоҷикистон саромад ва бадтарини онҳост. Иловаи аз мо).
Вобаста ба он ки ба кадом мақомоти ҳокимияти сиёсӣ номзад интихоб мешавад, И. Ба ҳокимияти қонунгузор – парламент, иҷроия, мақомоти сатҳи гуногун ва судӣ фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон танҳо вакилони парламент, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ интихоб мешаванд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади ором нигоҳ доштани вазъи сиёсӣ роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроя ва худидораи маҳаллӣ на интихоб, балки таъйин мешаванд. Дар бархе аз мамлакатҳои демократии дунё ИМА, Фаронса, Руссия ва ғ., роҳбарони ҳокимияти иҷроия ва судӣ интихоб мешаванд.
И.-ҳои бевосита, бавосита ва бисёрзина вуҷуд доранд. Дар И.-и бевосита намояндагонро худи шаҳрвандон интихоб мекунанд. Дар И.-и бевосита аксаран бештар вакилони палатаи поёнии парламент, парламентҳои якпалатагӣ, мақомоти ҳокимияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот интихоб мешаванд. Дар баъзе аз мамлакатҳои мусулмонӣ (Покистон, Бангладеш) шумораи муайяни занҳо ба вакилии палатаи поёнӣ аз ҷониби худи парламент интихоб мешаванд. Дар парламенти якпалатагӣ шумораи муайяни вакилонро метавонад президент аз ҳисоби шаҳрвандони шинохтаи мамлакат таъйин намояд (дар Миср то 10 нафар). Дар Тоҷикистон аз 33 нафар узви палатаи болоӣ – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 25 нафар дар маҷлисҳои умумии вакилони мақомоти намояндагии ҳокимиятҳои маҳал интихоб мешаванд ва 8 нафари дигар аз ҷониби президент таъйин мегарданд. Дар бисёре аз мамлакатҳо президентҳо, вакилони палатаи поинӣ ва болоии парламент (Бразилия, ИМА) ва сарвазирон (Исроил) бо роҳи И. Интихоб мешаванд. (Ҳоло Раҳмонов на 8 нафар, ки аз А то Я ҳамаро «таъйин» мекунад. Илова аз мо).
И.-и демократиро як қатор аслҳое муайян мекунанд, ки дар қонунгузории интихоботӣ ҳамчун шарти зарурии таъмини ҳуқуқ ба овоздиҳӣ ва ё ҳуқуқи овоз мебошанд, зеро бе таъмин намудани ин ҳуқуқ дигар ҳуқуқҳои инсон маъное ҳам надоранд. (Решаи ҳамаи беқонунӣ дар интихоботҳои тақаллубии ин режим ҷойгоҳ дорад. Иловаи мо) Инкори он нишони ҳадафҳои авторитарӣ ё тоталитарӣ доштани қувваҳое мебошад, ки қудратро дар даст доранд. Муҳимтарин аслҳои И.: 1. Умумӣ будан. Яъне ҳамаи шаҳрвандон, новобаста ба ҷинс, мансубияти нажодӣ, миллӣ, синфӣ ва касбӣ, забон, даромад, таҳсилот ва ғ. ҳуқуқи ширкати фаъол ба сифати интихобкунанда ва ғайрифаъол ба сифати номзад дар И.-ро доранд. Ҳамзамон, барои татбиқи ин асл як қатор маҳдудият ҳо мавҷуданд, ки асосан ба синну сол, ноқисулақлӣ ва доғи судӣ вобаста мебошанд. Дар баъзе мамлакатҳо то имрӯз маҳдудияти табақавию синфӣ (дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) ва маҳдудияти ҷинсӣ (дар якчанд мамлакати мусулмонӣ) ҷой дорад. (Дар Тоҷикистони кунунӣ ягон принсипи он риоя намешавад. Иловаи мо).
Интихоботи бевосита. Интихобкунандагон бевосита намояндагону вакилон, аъзои парламент, президент ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти сиёсиро бе дахолати миёнаравон интихоб мекунанд. Ин асл барои иштироки ҳақиқию умумии интихобкунандагон ва ҳамаҷониба қонунӣ будани маъракаи интихоботӣ имконият медиҳад; байни интихобкунандагону номзадҳо ягон фосилае вуҷуд надорад, касе аз номи онҳо овоз намедиҳад ва тақаллуб вуҷуд надорад.
Махфӣ будани овоздиҳӣ. Бо роҳу воситаҳои гуногуни хусусияти техникидошта махфӣ будани қарори интихобкунанда дар бораи номзади мушаххас таъмин ва эҳтимолияти дахолати қувваҳои берунаро ба интихобкунанда кам мекунад.
Имконияти интихоби номзад. Аслан моҳияти И., аз байни якчанд номзад интихоб кардани беҳтарин нафар мебошад. Дар сурати мавҷуд будани танҳо як номзад ё ҳизб овоздиҳандагон онро на интихоб, балки маъқул медонанд. Дар мамлакатҳое, ки то ҳол низоми бисёрҳизбӣ ташаккул наёфтааст, баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки бо сабаби эътибори баланд доштани сарвари сиёсӣ, қувваҳои мухолифин номзадҳои худро пешбарӣ намекунанд, зеро медонанд, ки имконияти дар И., баранда шуданро надоранд. Дар чунин шароит иқтидори демкоратии И. Ба таври ҷиддӣ коҳиш меёбад. (Дар мисоли Тоҷикистон аз тарси Раҳмонов, то имрӯз номзадии худро касе ҷуз Абдуллоҷонов пеш нагузошта, ё гузоштаву садди 5%-аро нагузашта аст. Иловаи мо).
Пешбинӣ кардани имкониятҳои баробар ба ҳизбҳову номзадҳо, ки мувозинати иқтидори моддию иттилоотии онҳоро дар бар мегирад. Ин баробарӣ бо роҳҳои зерин таъмин мешавад: муқаррар кардани ҳаҷми ҳатталимкони хароҷот ба ҳар як ҳизб барои гузаронидани И.; маҳдуд кардани ҳаҷми маблағҳои ташкилоту шахсони алоҳида, ки ба фонди ҳизбу номзадҳо гузаронида мешаванд; ба онҳо додани вақти баробари ройгон дар телевизион ва радиои давлатӣ.
Имконияти назорати ҷамъиятии И. Ширкати нозирони ватаниву хориҷӣ эътибори раванди И.-ро барои давлате, ки дар он маъракаи интихоботӣ баргузор мешавад, баланд мебардорад.
Дар ҳаёти сиёсии имрӯза се шакли муайян кардани натиҷаҳои И., ки онро низоми И. Меноманд, истифода мешавад:
1. Низоми аксарият (мажоритарӣ), ки дар се шакл гузаронида мешавад: аксари нисбӣ – ғолиб номзаде дониста мешавад, ки назар ба дигар номзадҳо шумораи зиёдтари овозҳои муқарраршударо мегирад; аксари мутлақ – ғолиб номзаде дониста мешавад, ки аз нисф зиёди овозҳоро (50+1) гирифтааст; аксарияти касбӣ, ки барои ғолиб гардидани номзад гирифтани аксарияти овозҳои муқарраршударо (2/3,3/4) пешбинӣ мекунад. Ин шаклҳои И., асосан ҳангоми ҳал кардани масъалаҳои конститутсионӣ истифода мешаванд.
2. Низоми баробарӣ (пропорсиалӣ), ки дар он овозҳо ба тарафдории рӯйхати номзадҳои аз ҷониби ҳизбҳо пешбаришуда дода мешаванд ва ҷойҳо қатъиян мувофиқи шумораи овозҳои гирифтаи ҳизбҳо тақсим мешаванд.
3. Низоми омехта, ки моҳиятан ифодаи низоми мажоритарӣ ва пропорсиалӣ буда, ҳар як интихобкунанда дар як вақт ҳам ба тарафдории номзади мушаххас аз рӯи ҳавзаи интихоботии якмандата ва ҳам аз рӯи ҳавзаи интихоботии умумимиллӣ овоз медиҳад. Ин низом, маъмулан, барои ба даст овардани созиш дар байни ҳизбҳое истифода мешавад, ки тарафдори низоми мажоритарӣ ҳастанд ё низоми пропорсиалиро авло медонанд.
Вазифаҳои асосии И.: ташкили низоми доимоамалкунандаи намояндагӣ; омӯхтан, ҳамоҳанг кардан ва ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа; ба роҳ мондани рақобати солими манфиатҳо дар давраи И. Ва ба ҳамин васила бо роҳи осоишта ҳал кардани ихтилофҳои иҷтимоие, ки дар байни қишрҳои ҷомеа ҷой доранд; дастраси мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардонидани фикру мулоҳизаҳои мардум роҷеъ ба мушкилоти мавҷуди ҷомеа; бо роҳи қонунӣ ташаккул додани ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеапазирии сиёсии шахс ва ғ.
Таҷрибаи таърихии халқу миллатҳо собит кардааст, ки на ҳама вақт бо роҳи И.-и умумихалқӣ беҳтарин шахсиятҳо ба сари қудрат оварда мешаванд, зеро самарнокии И., ба як қатор шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангиву ахлоқие вобаста мебошад, ки фароҳам набуданашон метавонад И.-ро ба омили зиддииҷтимоӣ табдил диҳад. Муҳимтарин шароити хуби демократӣ инҳоанд: муносибатҳои пурқуввати моликиятдорӣ, ки фишангҳои бозаргонӣ ва озодии соҳибкориро пешбинӣ мекунанд (дар соҳаи иқтисодиёт); мавҷудияти «синфи миёна»-и аз ҷиҳати иқтисодӣ побарҷо (дар соҳаи иҷтимоӣ);
Мавҷуд будани анъанаҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандии баркамол, низоми бисёрҳизбии пурқувват ҳамчун инъикоси гуногунии манфиатҳои иҷтимоӣ, дастнигари давлат набудани ВАО ва гуногунандешии сиёсӣ (дар соҳаи сиёсат); мавҷудияти конститутсияи ҷавобгӯи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ ҳамчун навъи шартномаи байни давлат ва халқ (дар соҳаи ҳуқуқ); ташаккули сатҳи баланди фарҳанги сиёсии мардум, баланд будани шуури худшиносии миллӣ, аз ҷониби аҳолӣ дарк кардани мансубияти хеш ба умумияти таърихию миллии худ ҳамчун заминаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси масъулиятшиносии давлатӣ (дар соҳаи фарҳанг)[vii].
Аз он чи то инҷо хулосатан аз Энсиклопедияи навини миллии Тоҷик иқтибос овардем, ба ҳама маълум мешавад, ки режими Раҳмонов ба ягон талаботи мазкур дар интихоботи қарибулвуқуъ ҷавобгӯ набуда, балки баръакс як системаи тоталитариеро роҳандозӣ карда, ки Интихобот онро маҳкум мекунад. Ва аз онҷо ки тамоми фишангҳои сиёсӣ, иттилотӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, низомӣ, фарҳангӣ (телевизиону радиёву ВАО ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби буҷети миллат маблағгузорӣ шуда) дар хидмати ҲХДТ аст, тамоми шаҳрвандон, андозсупоранлагони кишварро зарурат аст, ки овози худро боз ҳам барои тақвият надодани ин режими номардумӣ сарф накунанд, балки барои аз байн бурдани ин ҳолати статус-квои дилгиркунанда ва ин режими ғайридемократии диктатурӣ, аз роҳкори БОЙКОТ ва даст кашидан аз овоздиҳӣ кор бигиранд. Хушбахтона, САҲА ва намояндагонаш (нозиронаш) алакай ин Бойкоти сиёсиро эълон карданд, ки мо бояд дар ҳамоҳангӣ бо аврупоиёну нозирони хориҷӣ аз ин амалкард пайравӣ кунем.
Зери ҳеч шароите Ҳукумати феълии мардумозори диктатурии Раҳмонов имкону ҳаққи бо зӯрӣ ба овоздиҳӣ бурдани ҳеч шаҳрвандро надорад, балки як бори дигар бо бойкотатон, шаҳрвандони огоҳи кишвар, нишон диҳед, ки дигар ба спектакли кӯҳнашудаи Раҳмонов бовар надоред ва барои зоҳиран сару сурат додан ба режими хунхор худро ба пойи сандуқҳои учаскаҳои интихоботӣ нахоҳед бурд.
Нарафтани шумо ба интихоботи дурӯғин ва бозори сарди «овоздиҳӣ» як бори дигар ба ҷаҳониён ва худи Режим нишон хоҳад дод, ки миллат ба як интихоботи шаффоф, демократӣ, мардумӣ ва созанда ниёз дорад ва дигар аз ин гуна амалкардҳои кӯҳнашудаи «коммунистӣ» дар амри «таъйинот» хаста шуда аст.
Нарафтани шумо ба интихобот заминаи озодии ин миллат – худу бастгонатонро метезонад! Рафтанатон – идомаи ғуломӣ, бебарқӣ, бекорӣ, хастагию депрессия, дилмондагию рӯ бараҳми худоӣ, бепулӣ, бехонагиву зиндагии пасту фақиронаи кунуниятонро тӯлонитар мекунад.
Озодӣ мехоҳед – Интихоботро таҳрим кунед. Ғуломӣ мехоҳед – рафта, масхарабозӣ кунед.
Фикр мекунам, миллати огоҳ ниёз ба насиҳати сиёсӣ надорад, балки худ аз ҳар василаву фишанги дастрас барои раҳоӣ аз тори 33-сола танидаи диктатур талош меварзад.
Ва аз онҷо ки Раҳмонов душмани манфури ИНТИХОБОТИ ОЗОДУ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ аст, чун медонад никтое беш несту касе барои золиме ҷуз зулмпарастон овоз намедиҳад, ҳамеша ҳизббандӣ ва соҳиби ҳизб дарбандсозӣ карда аст. Айни ҳол дар зиндонҳои Шариповичи «демократ» на камтар аз 100 намояндагону муассисони ҳизбҳои қайдгаштаву қайднагашта; манзурам Зайд Саид, ки мехост ҳизбе бо номи «Тоҷикисиони нав» ташкил диҳаду бо ин сабаб зиндон рафт[viii]. Мақсуд Иброҳимов, Шокирҷон Ҳакимов ва Маҳмурод Одинаев ҷонишинони раиси ҲСДТ, 12 аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ва депутатшавандагоне чун Завқибек Саидаминӣ, Фаромӯз Эргашев ва ғайраҳо, қарор доранд!
Раҳмонов бо роҳи диктатураи оилавӣ натанҳо арсаи сиёсату иқтисоду илму ҳунару фарҳангро барои мухолифину рақибони худ танг кард, балки ин арсаи ҳаётан муҳими як миллатро барои фарзанди туппойяш Рустам ҳам ружду ҳамвор кардан дорад!
Дида мешавад, ки дар ин, бо ном интихоботи соли 2025, ба ҷуз чанд аксу чанд брошюрҳои скочпеч дигар чизе барои миллат аз ин ошуфтабозори Раҳмонӣ дар корзори интихоботи «озоди шаффофу демократӣ» барнахоҳад расид. Инҷо интихоботи ҲИЗБИ ДУЗДИДАИ РАҲМОНОВ барои аз андоз озод кардани фарзандону бастагон ва додани имтиёзҳои давлатӣ ба худу бастагон ва оилавӣ кардани тамоми сохторҳои кишвар, ҷараён дораду бас. Тамоми курсиву мансабҳои тасмимгирӣ дар зери куни худу духтару писару домодҳову бастагонаш қарор дошта, бо номи қонуну интихобот миллатро каллаи хар карданист. Вақте дар низоми демократӣ пешвогарӣ нест, оилагарӣ нест, 33 сол рӯи курсии раёсатҷумҳарӣ нишастан нест, хусусӣ кардани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат нест, балки баръакс омадану рафтан ҳаст, на омадану нарафтан, пас миллати тоҷик бояд ба ин масхарабозӣ ба номи Интихобот худро овора накунад. Бе ин ҳам инҷо диктатураи «конститутсионӣ» 33 сол аст ки барпо гаштаву ҷуз барандохтанаш аз он роҳи халосӣ нест.
Раҳмонов аз роҳи сохтакорию тақаллубу дуздии сандуқҳои блютинҳо то сатҳи Пешвои худхонда расида асту то ҳаст арсаро барои ҳизбу соҳибҳизбу интихобкунандагону интихобшавандагон ва як ҷомеаи озоду қонунӣ, танг хоҳад кард!
Дар фарҷом як чанд роҳбурдҳоеро зикр карданӣ будам, ки ВАО ва аҳли журналистикаи ҳирфаӣ бояд, дар ҷомеаҳои демократӣ, қабл ва дар аснои овоздиҳӣ, ба мисли: Маърака, модератор, бадномӣ (компромат), маркетинги сиёсӣ, мотив, пахши гардон, рекламаи сиёсӣ, электорат, ситора, пиарсоз, нишасти матбуотӣ, мусоҳиба ва ғ.. аз онҳо истифода кунанд, то мардумро аз раванди ҳодисоти қаблазинтихоботӣ ва тақаллуботи интихоботӣ огоҳ созанд, вале дида мешавад, ки дар ин мазористон касе пайи коре нест: на оммиву на олиму на рӯзноманигорони мустақилу на ғайримустақил. На вакилшавандагонро касе дидаву на миллат хабар дорад, ки рӯзи 2-уми март чӣ хабар аст.
Эмомалӣ Шарипович ҳамаро кашида сар дода аст!!
Пас, оташро бо оташ бояд куфт: Раҳмонов бо масхарае бо номи «ИНТИХОБОТ» шуморо кашиданист, бо БОЙКОТ-и он Раҳмоновро кашида сар диҳед!
Поёни мақола.
[i] И.УСМОНОВ ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНИ
СОҲИБИСТИҚЛОЛ Нашриёти «Нури маърифат»
Хуҷанд-2003. С.162
[ii] Ҳамон ҷо. С.. 163
[iii] https://www.ozodi.org/a/2028294.html?utm_source=chatgpt.com
[iv] И.УСМОНОВ ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНИ
[v] ﴿ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَجُلًا فِيهِ شُرَكَاءُ مُتَشَاكِسُونَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِرَجُلٍ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾
(سورة الزمر: 29)
[vi] Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.2. Гавҳарак- Ирланд. Душанбе – 1980. С.623
[vii] Энсиклопедияи миллии тоҷик. ИЛМ ‒ ИСҲОҚ ҶИЛДИ 8 Душанбе 2019. С. 304-306
[viii] https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20131225/zaid-saidov-ba-26-soli-zindon-ma-kum-shud?utm_source=chatgpt.com