Бо ин барқдуздони “Барқи тоҷик” то соли 2036 лимит ҷорист

Ислоҳ нет

Лимити барқ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2036 боқӣ хоҳад монд. Албатта, агарки дар ин муддат неругоҳи барқи обии Роғун битавонад чархаи ахири худро ба кор дароварад. Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳангоми корандозии чархаи аввали ин неругоҳ дар ноябри соли 2018 гуфта буд, дар Тоҷикистон дигар лимит ба афсона бадал шуд. Вале ин дуруғи аввали Раҳмонов роҷеъ ба таъмини мардум бо барқ нест, ки гуфта мешавад. Ҳамчуноне дар октябри соли гузашта гуфт, ки дар зимистон  мардум бо барқ таъмин мешавад, аммо ҳоло даҳаи аввали январ дар ҳоли анҷомёбисту ҳамоно шабона манотиқи деҳоти Тоҷикистон дар коми торикиву сардӣ фурӯ мераванд.

  Вале, бо таваҷҷӯҳ ба суръату ҳаракати сохтмони ин неругоҳ, маблағгузории он ва талаву тороҷи ашё ва пули неругоҳ шак надошта бошед, ки дар соли 2036 ҳам он анҷом нахоҳад ёфт ва ҳамин тавр лимити барқ идома меёбад.

   Ширкати «Барқи тоҷик», ки ҳамин чанд рӯзи пеш боз ҳам Эмомалӣ Раҳмонов ҳудуди 300 миллион сомонӣ аз қарзи чанд миллиордии онҳоро бубахшид, маълум нест, ки чаро, аммо гоҳо ҳар сол, гоҳе ҳар ду ва ё се сол қарзҳояш бо фармони Раҳмонов кам ва бахшида мешавад. Аммо, дар ҳамин фосила аз замон баҳои фурӯши он боло бурда мешавад ва феълан ҳар киловатти он ба аҳолӣ наздики 3 сент аст, ки ин дар муқоиса бо нархи фурӯши он ба Узбекистон чизе бештар аз ним сент гаронтар аст. Ин ширкат, ки феълан ба 3 бахш тақсим шуд, бузургтарин муассисаи истеҳсолии Тоҷикистн аст ки аз ҳама бештар бидеҳкор мебошад. Инро бояд тазаккур бидиҳам, ки аз чанд соли бад-ин су арсаи барқ ва коргоҳҳои тавлиди барқ ба шумули неругоҳи дар ҳоли сохтмони Роғун дар дасти Оилаи Раҳмонов ва аъзои он аст. Аз ҷумла сохтмони неругоҳи Роғун ба ихтиёри Ҳасан Асадуллозода ва ширкати он супорида шудааст. «Ислоҳ» дар ин бора дар чандин гузориш ҳам ба нашр расонида буд, ки чи гуна Ҳасан Асадуллозода ва бародарони вай ва духтарони Эмомалӣ Раҳмонов ва наздикони онҳо пулҳои Роғунро ба сирқат мебаранд.

Ин фақат миллиард-миллиард маблағҳои ҷудошудаи буҷети давлатӣ барои сохтмони Роғун нест, ки инҳо талаву тороҷ мекунанду медузданд. Қарзу грантҳои хориҷии барои ин арсаро ҳам маҳз ҳамин оилаи Раҳмонов ва фарзандони чун худаш дузд аз они худ кардаву талаву тороҷ мекунанд. Барои мисол ширкати «Авесто гурӯҳ», ки дар асл аз они Рустами Эмомалӣ аст дар январи соли 2020 барои навсозии ҳисобкунакҳо (счетчик)  аз тарафи Бонки осиёии рушд 130 миллион доллар маблағ дарёфт кард. Маблағи мазкур бо кафолати ҳукумати Тоҷикистон гирифта шуд. Ин пулро барои гуё насби 250.000 ҳисобкунак дар Душанбе ва навоҳи атрофи он бояд масраф кунанд. Вале маълумотҳои расида аз он мегуяд, ки аз соҳибони хонаҳо барои насби ҳисобкунакҳои саохти нав пул гирифта истодаанд.

Contents
Лимити барқ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2036 боқӣ хоҳад монд. Албатта, агарки дар ин муддат неругоҳи барқи обии Роғун битавонад чархаи ахири худро ба кор дароварад. Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳангоми корандозии чархаи аввали ин неругоҳ дар ноябри соли 2018 гуфта буд, дар Тоҷикистон дигар лимит ба афсона бадал шуд. Вале ин дуруғи аввали Раҳмонов роҷеъ ба таъмини мардум бо барқ нест, ки гуфта мешавад. Ҳамчуноне дар октябри соли гузашта гуфт, ки дар зимистон  мардум бо барқ таъмин мешавад, аммо ҳоло даҳаи аввали январ дар ҳоли анҷомёбисту ҳамоно шабона манотиқи деҳоти Тоҷикистон дар коми торикиву сардӣ фурӯ мераванд.  Вале, бо таваҷҷӯҳ ба суръату ҳаракати сохтмони ин неругоҳ, маблағгузории он ва талаву тороҷи ашё ва пули неругоҳ шак надошта бошед, ки дар соли 2036 ҳам он анҷом нахоҳад ёфт ва ҳамин тавр лимити барқ идома меёбад.   Ширкати «Барқи тоҷик», ки ҳамин чанд рӯзи пеш боз ҳам Эмомалӣ Раҳмонов ҳудуди 300 миллион сомонӣ аз қарзи чанд миллиордии онҳоро бубахшид, маълум нест, ки чаро, аммо гоҳо ҳар сол, гоҳе ҳар ду ва ё се сол қарзҳояш бо фармони Раҳмонов кам ва бахшида мешавад. Аммо, дар ҳамин фосила аз замон баҳои фурӯши он боло бурда мешавад ва феълан ҳар киловатти он ба аҳолӣ наздики 3 сент аст, ки ин дар муқоиса бо нархи фурӯши он ба Узбекистон чизе бештар аз ним сент гаронтар аст. Ин ширкат, ки феълан ба 3 бахш тақсим шуд, бузургтарин муассисаи истеҳсолии Тоҷикистн аст ки аз ҳама бештар бидеҳкор мебошад. Инро бояд тазаккур бидиҳам, ки аз чанд соли бад-ин су арсаи барқ ва коргоҳҳои тавлиди барқ ба шумули неругоҳи дар ҳоли сохтмони Роғун дар дасти Оилаи Раҳмонов ва аъзои он аст. Аз ҷумла сохтмони неругоҳи Роғун ба ихтиёри Ҳасан Асадуллозода ва ширкати он супорида шудааст. «Ислоҳ» дар ин бора дар чандин гузориш ҳам ба нашр расонида буд, ки чи гуна Ҳасан Асадуллозода ва бародарони вай ва духтарони Эмомалӣ Раҳмонов ва наздикони онҳо пулҳои Роғунро ба сирқат мебаранд.  Пас, ҳар он касоне, ки умедвор буданд ва умедворанд,ки имсол ё соли дигар аз лимит халос мешаванд, пурсабру пуртоқат бошанд ва давраи аввали риёсати ҷумҳурӣ ва шояд ҳам дуввуми Рустами Эмомалӣ ҳам бо лимити барқ ба анҷом мерасад, агарки Раҳмонов дар соли 2024 Рустамро ба ҷойи худаш оварад, 12 соли риёсати вай ҳам бо бебарқӣ тай хоҳад шуд. Пас ин мероси бади падараш барои 12 соли дигар ҳамроҳи вай хоҳад буд. 12 соли ҳукумати Рустам ҳам мисли 33 соли ҳукумати падараш халқ бесвет мемонад. Дар ин ҳолат барои мардуми тоҷик ин гуна ҳукумат ва ин гуна «ҷавони ояндадор» ба чӣ дарде мехурад?

Инҷо як ҳолати ҷолибро,ки сокинони Душанбе ва Регар ба мо навиштаанд меоварам,то аз он огоҳ гардед:

“Киссаи аҷоиби ин дуздҳои “контрдуздон”и “Барқи тоҷик”ро бинед,ки да шприц бензин мегирианд дар хисобкунаки барқӣ мепошанд ва бо зажигалка оташаш мезананд ва ҳисобот медиҳанд гуё хисобкунак оташ гирифт. Ҳам аз соҳибхона пул мегиранд ва ҳам аз “Барқӣ тоҷик””

Бо вуҷуди ин ҳама ширкати «Барқи тоҷик», ки гуфта мешавад ҳудуди 35 миллиард сомонӣ (бештар аз бюҷети солонаи Тоҷикистон) қарздор мебошад, эълон кардааст, ки қарздори асосӣ дар назди ин корхона аҳолӣ мебошанд.

Қарзи аҳолӣ аз куҷо аст? Дар ҳақиқат аҳолӣ қарздор аст ва ё ин қарз сохта ва дуруғ мебошад? Мо саддарсад мутмаинем ин иттиҳом, ки аҳолӣ қарздори асосӣ аст, воқеият надорад. Аҳолии кишвар пули масрафи неруи барқро дода истодааст ва агар ҳам ки қарздор аст на ба он ҳадду андозае аст ки эълон мешавад.

Ба дасти «Ислоҳ» як номае расидааст, ки аз кормандони ширкати «Барқи тоҷик» мебошад, яъне муаллиф ё муаллифони ин нома онҳоеанд, ки аз сиру пиёзи дуздӣ ва дуздони барқи кишвар огаҳӣ доранд. Ҳоло биёд ин матлабро бо ҳам мурур мекунем.

Шикоят аз мафияи барқдуздон

Барқи дуздӣ, бақия аз куҷост ва чаро бақия пайдо мешавад. Сифр шуда буд, аммо боз пайдо шуд.Чаро?

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Шумо дар барномаҳоятон дар бораи мушкилоти набуди барқ ва ё норасоии барқ бисёр мегуед. Мо ба шумо бояд бигуем, ки барқхомушкунӣ проблемаи мардум нест. Ин проблемаи ҳукумат, ин проблемаи Раҳмонов аст. Проблемаи дигар дар ин бора, ки аҳолии кишварро ҳайрон намудааст, ин ҳар моҳ зиёд кардани қарзи мардум аз истифодаи ва ё сарфи неруи барқ аст. Мо, дар ин навиштаамон дар бораи «бақияпулӣ» дар квитансия ё расидҳое суҳбат мекунем, ки аз тарафи нозири участка, ё назоратчии ҳисобкунакҳои барқӣ ба аҳолӣ дода мешавад. Навиштаи мо дар бораи вазъият дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аст.

Бигзор мардум донад, ки кӣ дар ин дуздӣ даст дорад?

Айни замон сардори фурӯши барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ  нафаре бо номи Қодиров Абдумалик бо тахаллуси “Малика” мебошад.

Қодиров Абдумалик Малика барои иҷрои нақшаҳои дуздиаш як гурӯҳи метавон гуфт муташаккили ҷиноӣ бо ном «инспексияи марказӣ» ташкил намуда тамоми мардумро қарздор карда истодааст. Қодиров Абдумалик аз шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба ин мақом омад. Қодиров Абдумалик сар карда аз аввали моҳ бо гурӯҳи ҷиноӣ худ «дуздинспексия» тамоми завод, корхона, бозорхо, чойхонаву ошхона гашта пули барқро сетақсима мекунад. Масалан дар Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод,Норак,Рашт, Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод,Ёвон ва ғайра. Инҷо як мисоли мушаххас аз дуздии Қодиров Абдумалик ( Малика) меоварем, ки ин кор ҳар моҳ идома дорад.

Тақсимоташон чунин аст:-фарз кардем ҳисобкунаки барқи як  завод 30000 сомонӣ кор кард, яъне дар ҳамин андозаи маблағ неруи барқ масраф кардааст. Бо маслиҳат ва роҳнамоии Қодиров  Абдумалик фақат барои 10000 санад месозаду (квитансия) он ба давлат мераваду халос, 20.000-и боқӣ монда тақсим мешавад.

Тамоми нишондоди корхонаву заводҳо дар ҳисоботи марказӣ бо фармони бевоситаи Қодиров Абдумалик  иваз карда мешавад. Аҷоибии кор дар ин аст ки аз рӯйи ҳуҷҷатҳо гуё ин корхонаву заводҳо дар ихтиёри назоратчиён аст, назоратчӣ барқи минтақа, албатта, бархеашон, ҳатто ранги ҳисобкунакҳои ин корхонаро намедонанд, ки сиёҳ аст ё сафед.

Тамоми ин киловатҳои дуздидашудаи Қодиров Абдумалик дар гардани назоратчӣ ва мардуми аз ҳамон минтақа бор карда мешавад. Ҳоло, ки давраи ҷамъбасти сол аст Қодиров Абдумалик бо гурӯҳи ҷиноии худ тамоми минтақаҳоро гашта мардумро бо баҳонаҳои пломба (муҳр) надорӣ, нишондод дуруст нест, рақами ҳисобкунак дар барнома нест, ҳар гуна санадҳои ҷаримавӣ тартиб дода худро дар вазорати энергетика коргар нишон медиҳанд. Аз 1 то 5-уми ҳар сари моҳ давраи ҳисоботӣ мебошад. Қодиров Абдумалики тамоми нишондодҳоро гирифта киловатҳои дар моҳи ҷорӣ сарфшударо ба нозирон равон мекунад. Назоратчӣ вазифадор аст, ки тамоми киловатҳои дуздидашударо ба мардум тақсим  кунад.

Мардуме, ки тули як моҳ соатбаъй барқ доштанд акнун аз 100-то 300 сомонӣ қарздор мешаванд. Дар ҳисоботи барқиашон киловатҳои бардуруғ ҳисобӣ карда мешавад. Ва ҳамин тавр дар квитансияҳои онҳо бақияпулӣ пайдо мешавад, ки ин бақияпулиҳо ҳар моҳ то моҳи дигар зиёд шуда истодааст. Ҳамаи 5-рӯз Қодиров Абдумалик аз системаи назорат ҳама раванди корро мебинад ва назоратчие, ки қарзи беасос-яъне бақияро камтар ҳисобӣ кунад, дар ҳол аз марказ «дузд-инспексия» омада дар ҳисобкунакҳои хонаҳое, ки киловати кам ҳисобӣ шудааст, санадҳои дар боло зикр шуда тартиб медиҳад, яъне ӯро бо ин ё он баҳона ҷарима мекунад. Ҳатто кор то чое мерасад, ки аз дасти он назоратчие, ки мардумро камтар қарздор кард аппарати пул ҷамъмекардаро гирифта таҳдид мекунанд, ки аз кор пешат мекунам. Ҳоло боз ба ин қисмат таваҷҷӯҳ кунед ,ки Қодиров Абдумалик барои онки худашро бегуноҳ намоёнад баъди анҷоми давраи ҳисоботӣ мегуяд, ки ҳама назоратчиҳоро ҷамъ кунед, то онҳо баёнот бинависанд, ки мо ин ҳама киловатҳоро бо дасти худ ҳисобӣ кардем. Ҳоло дар кабинети корияш ояд аз сад адад зиёд чунин баёнотҳо дорад. Қодиров Абдумалик  мегуяд, ки ман ин ҳамаи баёнотҳоро дар кабинетам мемонам мақомот, ки омад «проверка меброрм баёнотора метамшон». Яъне бо ин кор назоратчиҳоро ҳам муттаҳам мекунад ва ҳам метарсонад ва мутеъи худ мекунад.

Бовар кунед мо дар дохили ҳамин афиёра қарор дорем ва ҳамаро ҳар рӯз бо ду чашми сарамон мебинему шоҳиди он ҳастем. Тавассути барномаи “билингӣ” пуле бояд Амонатбонк гузарад милионҳо сомониро медузданду ҳам мардум қарздор, ҳам бару нест ва ҳам “Барқӣ тоҷик” қарздор охир ин як ваҳшат аст.

Мақсад аз навиштани мо ҳам дар ҳамин аст, ки мардум ҳам бидонанд, ки Қодиров Абдумалик кист, барои чи ҳар моҳ қарз дар квитансияҳояшон зиёд шуда истодааст. Вақте Қодиров Абдумалик моро бо баёнот таҳдид мекунад мо наметавонем гуфта, ки ҳар моҳ ин қадар пули дуздидагии худатро чаро мақомот намепурсад. Чаро мақомот намепурсад 100,000$-ро аз куҷо ёфтӣ, ки тавонистӣ ин вазифаро бихарӣ? Метавонед аз дарбони ин ниҳод пурсед вазифаи раис чанд пул меистад бароятон мегӯяд. Чаро мақомот Абдумалик Қодировро намепурсад, ки  нишондодҳои заводу корхонаҳо ҳар моҳ дар барнома дигар мешаванд, чаро мақомот санадҳои бардуруғи муоинаи техникӣ мекардаатро намепурсанд?

Барои ин ҳамаро рӯйи об баровардан ба мақомот заҳмати зиёд кашиданаш шарт нест. Нарзуллои ёрдамчияшро (роҳбари шуъбаи биллингӣ) ҳамроҳи  компютераш бо як программисти боқувват биёранду тафтиш кунанд, маълум мешавад.

Дар ҳар як шаҳру ноҳия куратори КДАМ, КОРРУПСИЯ, ПРОКУРАТУРА ҳаст. Лекин инҳо бе ягон тарсу ҳарос пули киловатҳоро дар кисса мезананду мардум бошад қарзи беасос (бақия) ҳар моҳ зиёд шуда истодааст ва боз дар болои ин  мардум бо неруи барқ таъмин нестанд ва ҳамоно лимит, маҳдудияти интиқоли барқ аз байн нарафтааст. Медонед, боз аҷобати кор боз дар чӣ аст? Баъди анҷоми ҳисоби Қодиров Абдумалик пули талафот ҷамъ мекунад. 500-сомонӣ гуё бо айби назоратчиён барқ талафот ёфта аст. Ҳатто аз талафоти барқ худи Раҳмонов ҳам гуфта буд. Акнун Шумо фикр кунед 400-500 назоратчӣ 500 ҷамъ мекунад!

Ба ин дуздони барқ бояд ҳама ошно шаванд:

Нарзулло ёрдамчии Қодиров Абдумалик

Беҳрӯз Сарнозир

Тоир ҷияни Қодиров Абдумалик

Аслам бо тахаллуси Гушна шогирди бо вафои Қодиров .А

Шумо дар барномаҳоятон аз он мегуед, ки қувваи барқро ба хориҷа мефурӯшанд. Бале, ин фактро касе рад карда наметавонад. Аммо ба фикри мо яке аз сабабгорони асосии набудани барқ ин Қодиров Абдумалик ва маликасифатонанд. Вақте барқро дар дохил, дар пеши чашми мову шумо, дар пеши чашми тамоми мақомоти интизомиву амниятӣ фурӯхта мешавад, албатта ба хориҷа мефурӯшанд. Ҳозир пули фурӯши як киловат неруи барқ ба аҳолӣ 27-дирам –ҳудуди 3 сент таъин шуд. Ба Худо қасам агар1-сомонӣ ё 57-дирам ҳам кунанд на қарзи “Барқи тоҷик” кам мешавад, на қарздории мардум аз барқ. Инро бо замонат бароятон мегӯем ва ба он мутмаин ҳастем.

Фақат шумори хонаву мошинҳои Қодиров Абдумалик- ва амсоли вай зиёд мешавад. Агар дар гуфтаҳои ман ягон шубҳа пайдо шавад, марҳамат раведу комиссияи бо салоҳияти содиқ ба ин ватану миллат ташкил кунанду бисанҷанд.

1-шуъбаи биллинги марказӣ

2-шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо раведу бинед, ки чи хел  дар шабака маҷбур назоратчиҳоро мешинонанду мардуми бе светро қарздор мекунанд.

 Мардум аз назоратчиҳо напурсанд, ки чаро қарз ё бақия зиёд шуда истодааст, назоратчӣ фақат як фармониҷрокунанда аст.

Як нафар аз огаҳони ин вазъият мегуяд, ки як сабаи дигари афзудани ин «бақияпулӣ»-и номашруъ ин аст ки ҳиссаи ҷамъоваринашуда ва ё ҷамъоварӣ карда наметавонистаи худро сари аҳолӣ саршикан мекунанд. Барои мисол раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҳар моҳе 200.000 киловолт ба сирқат мебарад. Яъне ба корхонаҳо мефурӯшад ва ё бо нархи пойинтар муомила мекунад. Ва, барои баргардони он ҳамин бақияпулӣ пайдо мешавад.

Ин бақия пулӣ ҳатто дар ҳисоботи солонаи ҳукумати Тоҷикистон ба бонкҳои байналмилалӣ ироа мешудааст ба ин маъно, ки аҳолӣ тавони пардохти пули истифодаи барқро надорад. Аммо воқеият ин аст ки мардум, яъне аҳолии Тоҷикистон пули неруи барқи масрафкардаашро тин ба тин, дирам ба дирам месупорад ва ин бақияпулие, ки дар расид-квитансияҳо дубора пайдо шуданду аз ин моҳ то ин моҳ бештар мешаванд, як навъи дуздӣ-изофанависӣ, переписка аст ки то худи Раҳмонов аз он ба хубӣ огоҳ аст. Зеро, чуноне гуфтем дузди асосии қувваи барқи истеҳсолмешуда дар Тоҷикистон ин худи Раҳмонов ва фарзандони вай аст.

Ҳангоми омода намудани ин матлаб аз Хуҷанд ба “Ислоҳ” ин маълумот расид:

Дар Хучанд ҳисобномаи пули барқ дар мохи декабр нисбат ба ноябр 100% зиёд омада аст. Масалан агар дар моҳи ноябр ҳисобнома ё квитанция ба 200с барои пардохт пешниҳод карда буданд ҳоло бошад ба мо 400  сомонӣ ва аз он бештар омадааст.

Ҳамсояҳоямон мегуянд мо дар моҳи  ноябр 270сомонӣ супорида будем, ин мох бошад  870 сомонӣ дар ҳоле ки дар моҳи  декабр газбалон истифодакардаст.

Хаво тамоман фарк накард дар ин моҳ ки гуем гармкунакхоро зиёд карда бошем барои гарм кардани хонаҳоямон. Аниқ ки ҳаромхурии сахт рафта истодааст.  Ба қавле мегӯянд қарзҳои калоншавандаҳора ба гардани халқ тақсимкардагӣ.

Аз Қурғонтеппа –Бохтар низ чунин ҳолат ба “Ислоҳ” аз як зани бе шавҳар ва модари панҷ тифли хурдсол шикоят аз дуздии кормандони “Барқӣ тоҷик” расидааст. Ба мо 11 квитанция ирсол намудааст,ки бар ало аз дуздии ошкоро шаҳодат медиҳад.

Ва, дар охир шояд дар зеҳнаи шумо ин савол пайдо шавад,ки чаро гуфтем, ки то соли 2036 лимити барқ аз байн бурда намешавад? Барои он соли 2036 зикр шуд, ки қарор аст дар ҳамин сол кори сохтмони неругоҳи Роғун ба поён бирасад ва котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» ҳамин чанд рӯзи пеш тазаккур дод, ки лимити барқ,  ки ҳоло дар қисмати шаб идома дорад, танҳо баъди фаъолшавии охирин чархаи неругоҳи Роғун ба анҷом мерасад.

  Пас, ҳар он касоне, ки умедвор буданд ва умедворанд,ки имсол ё соли дигар аз лимит халос мешаванд, пурсабру пуртоқат бошанд ва давраи аввали риёсати ҷумҳурӣ ва шояд ҳам дуввуми Рустами Эмомалӣ ҳам бо лимити барқ ба анҷом мерасад, агарки Раҳмонов дар соли 2024 Рустамро ба ҷойи худаш оварад, 12 соли риёсати вай ҳам бо бебарқӣ тай хоҳад шуд. Пас ин мероси бади падараш барои 12 соли дигар ҳамроҳи вай хоҳад буд. 12 соли ҳукумати Рустам ҳам мисли 33 соли ҳукумати падараш халқ бесвет мемонад. Дар ин ҳолат барои мардуми тоҷик ин гуна ҳукумат ва ин гуна «ҷавони ояндадор» ба чӣ дарде мехурад?

P.s:  Ин ҳафта назоратчии ҳисобкунаки барқи мо дигар шуд ва вай қонуну қоидаи худашро ҷорӣ карданӣ аст. Ба гуфти он кас ҳама бояд ҳисобкунакҳои барқиашонро аз ҳисоби худашон иваз намоянд. Бояд пули бақияе,ки (чуноне гуфтем)маълум нест аз куҷое дар чеки мо навишта шудаасту барои баъзеҳо 500 сомониву баъзеҳо 5000 сомонӣ муқаррар шудааст,пардохт намоем.Ҳол онки дар кӯчаи мо касе қарздор нест ва ҳама ҳар моҳ пулро саривақт месупоранд, аммо акнун мо пули он бақияро бияд бисупорем.

Аз мутахасисон эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ин ду  масъала равшанӣ андозанд.

1.Ҳисобкунакҳои барқӣ бояд аз ҳисоби кӣ иваз шаванд.

2.Ин пули бақия ки дар чекҳо менависанд,аз куҷо пайдо мешавад?

Ин одам шогирди Қодиров Абдумалик аз давраи шаҳри Душанбе кор карданаш мебошад. Дар ноҳияи Рудакӣ дар мақоми сардори ширкати фурӯши барқ кор мекард. Дар як сол замин харида хонаи 2-ошёна бардошт. Ин нафар мардумро қарздор ва назоратчиҳоро маҷбур кард, ки киловатҳои дуздии Қодиров Абдумалик  ва ҳаммаслаконашро ба сари ҳисобкунакҳои мардум тақсим кунад. Ҳозир ин нафар дар Шаҳринав аст ва боз инҷоро ҷазир кардан омадааст.

Қодиров Абдумалик аз назоратчӣ бохабар аст ки бар ивази 50сомонӣ ба ҳисобкунак пломба задаст, аммо аз ин шогирдаш хабардор нест, ки қариб ҳар рӯз кораш пул ҷамъ куниву хонасозӣ аст. Масъулони бахши тиҷоратии ширкати фурӯши барқ бояд ба ҳисобгирии пул идома дода ҳисобгиракҳои то 30 квт.соат ҳисобишударо рафта бисанҷанд, то воқеият ифшо карда шавад. Нишондодҳои пинҳонкардашударо ҳисобӣ намоед. Нисбати назоратчиёни ба ин камбудиҳо роҳ дода чораҳои зарурӣ андешед.

Мақсад аз ин навиштаи мо он аст ки ҳукумат Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил намуда тамоми корхонаву корхонача ресторану чойхона, нонбойхона ва ғайраро бисанҷад, ки иқтидорашон дар асл чи қадар аст ва чи қадар неруи барқ масраф кардаанд ва  пардохтпазирии онҳо аниқ шавад, ҳам қарзи “Барқи тоҷик” кам мешавад ва ҳам аҳолӣ қарздор намешавад ва аз ҳама асос мардум қувваи барқро мебинанд. Дар ҳақиқат ин нукта ҳайратовар ва нофаҳмо ин аст ки ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳукумат миллионҳо доллар қарздор аст аммо роҳбаронаш миллионер шуда истодааст.

Дар охир ба Раиси “Барқи тоҷик” ҷаноби Маҳмадумар Асозода хотир расон карданӣ ҳастем,ки ба “Ислоҳ” маълумотҳои ҷолиб аз дуздиҳо ва афиёраҳои аҷибу ғарибатон расида аст. Ончунон маълумотҳои сиррие ҳастанд,ки боварии кормил дорем пас аз нашри онҳо “Пешво” аслан як соат шуморо намегузорад дигар кор кунед. Зулму изофанависӣ ба аҳолиро кам кунед ва мардумро аз ин бештар зулм накунеду бардурӯғ чекҳои сохта “дуздинспексия”ҳоятон нанависанд. Ба шумо “Ислоҳ” то охири моҳи январ ҳушдор медиҳад, ин дуздону қаллобонро бе ягон қайду шарт аз мақомҳояшон сабукдуш намоед ва ҳолати “Лизингӣ”ро сахт назорат бубаред ва “дуздинспексия”ҳоятонро назорати қатъӣ бубаред,ки бо 10 барномаи муфассал ҳамааш нашр ва тақдими миллат ва мардум мешавад. Он вақт ҳеҷ домоду наздикони “пешво” шуморо ҳимоят карда наметавонанд.Мо гуфтему шумо шунидед ҷаноби Маҳмадумар Асозода!

Share This Article