Агар зан хастияшро ба чои рашк дар чизи дигаре мекард

Ислоҳ нет

Агар зан хастияшро ба чои рашк дар чизи дигаре мекард

Холо занхое хастанд,ки дар мавриди рашк хама хатхоро мегузаранд. Агар гуйи ин рашкат мухолифи шаръ ва фармудаи Аллох ва Расул аст.
Ончунон бароят далел меоваранд, ки намедони чи бигуй.

Агарчи ягон далелашон аз нигохи шаръ нест. Кушиш мекунанд ба он худашон хилъати шаръи бипушонанд.

Нахуст мехоханд бо оятхои Куръони бо мард бахс кунанд.

Нашуд аз сират огоз менамоянд.
Агар гуйи охир Расули акрам(с) Асхоби киром (раз) чанд зан доштанд?

Мегуянд шумо худро ба он бузургон мукоиса накунед.

Агар гуйи пас чаро бароям аз сирати Он хазрат ва асхобашон мегуй.

Вакте намехохи мисли онхо амал кунему бошем?

Мегуянд шумо наметавонед мисли онхо бошед .

Агар гуйи пас аз издивоч хама хаётам мисли он хохад буд.

Посух чунин аст: На имкон надорад бехуда маро дилшикаста ва худро азоб надех!

Пас чи мехоста бошанд?
Касе хаст посух бигуяд?
Оё зани фозилае хаст?
То ба мусалмонзани Точик чизе бигуяд?
Уро рохнамун гардад?
Ё он зани фозилахам чунин тафаккуре дорад?

Агар занхои мо ончи аз сари рашкашон мачбур ба чустани он мепардозанд, то худашонро хак чилва диханд. Дар дигар масоил пажухиш мекарданд алломаи замон буданд.

Вокеъан рашки зан хело вазмин аст. Гохо аслан занро аз хама чавкот берун менамояд.

Агар ин хамаро барои дин, акидаашон анчом медоданд нухбагони олам мегаштанд.

Ин хикмати дар акс чунин мегуяд: “Зан дуст доштанашро чихил сол пинхон медорад. Вале рашкашро ( ба бохчон ё кундошаш) як соат наметавонад пинхон дорад”

Оё зане хаст тачриба дошта бошаду , рузгор дида ва ба ин саволхо посух бигуяд. ?

Намехохам зане тачриба надоштае насихат кунад.

Зеро ончунон насихат шунидаем, ки изофа аз он набояд шунавем.

Танхо зане бо ин хол зиндагони дорад ва орому осуда худро медонад ва рози хаст аз шавхараш.
Медонад бо ин сабраш ризои шавхар ва Аллохро дарёфта аст сухан гуяд!

Аз хеч марде, ки чунон карду чунон шудхам мисол наоред. Ва хама мардони точикро бо як ё саду хазораш киёс набояд кард. Билохира аз онхоеки ноком гаштхам намехохам чизе шунавам.

Зеро инрохам хамеша ва хамвора мешунаваму мебинаму мехонам.

Мехохам аз шахси муваффак ва зиндакунандаи суннат шунаваму тахсинаш намоям

Агар бародарони тачриба дорехам чизе бигуянд хушхол мешудем.

Share This Article