Боздошту ҳабси Далери Имомалӣ. Кори дасти кӣ ва чаро?

Ба Рустами Эмомалӣ сад бор нома нависед, зери он садкаса имзо гузоред, раъйпурсӣ баргузор кунеду оро ҳам ба даст оваред, чизе иваз намешавад. Чаро? Зеро ҳабсу боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ кори дасти «фабрикаи ҷавоб» – масъули амнияти давлати ӯ ва падари вай аст ва ин қазияро амният тавре «фаҳмондадиҳӣ» кардааст, ки онҳоро бояд «шинонд». Инҷо аз навиштаҳои фабрикаи ҷавоб, ки амалан айбномаи Далери Имомалӣ ва далели ин иддаои мост, чанд иқтибос меоварам:
«Мафкураи танги баъзе блогерони КУР!

Блогерони гиромӣ баъзеашро мисли Д. Имомалӣ садқаи гиромӣ гуфтан кунад, ба ҳар ҳол.., чашмонатонро кушоед ва тазодҳои ҷаҳониро бубинед, ҳатто Хитой, ҳатто Амрико ва ҳатто Ҳиндустон бо вуҷуди ин қадар пурқудрат буданашон мушкилотҳои иҷтимоӣ доранд ва ин маънои онро надорад ки инро расонаӣ кунеду обрӯйи миллат ва давлатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коста кунед..

Кош ҳама ҳамватанони азиз медонистанд ва ё дарк мекарданд ки пушти ҳама саҳнасозиҳои журналисти ғайрирасмӣ Далери Имомалӣ кӣ ва ё чӣ манфиате меистад».

«КӢ МЕГӮЯД, КИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ РУЗНОМАНИГОР АСТ?

Ҳар касе мегӯяд, ки Далери Имомалӣ Рӯзноманигор аст, ӯ номаҳқул кардааст. Зеро ин ҳамқадами Доч ва Гоббан маълумоти олии актёрӣ дораду бояд дар саҳнаи театр раққосагӣ кунад. Аммо ӯ ин давлату ин ҳукуматро бе ягон дарвоза гумон карду хост бо роҳи ифлос ва шайтонӣ худро рӯзноманигор муаррифӣ карда пул кор кунаду ҷайбашро лабрези маблағҳои бе дарди миён гардонад. Ман борҳо дар саҳифаи аслии худ ба ин масъала равшанӣ андохта будам, ки Далер рӯзноманигор нест ва ӯ ба гайр аз доғ дигар манфиате ба ин ҷомеъа оварда наметавонад».

«Далери Имомалӣ ҳам ё кӯр аст, ё кар аст, ё девона. Чаро ки ин ҳама ободиро бо вуҷуди ин қадар шароити мураккаби сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ…

Доим ба мавзӯъҳое чанг мезанад ки ба дарди мардум намехӯрад!

Набояд фаромӯш сохт ки ЗАМИНАГУЗОРИ ҲАМА НУНА ИНҚИЛОБҲОИ РАНГА ВА ИНҚИЛОБҲОИ САБЗ МАҲЗ АНА ҲАМИНГУНА ЛАЛЕРСИФАТАКОН – ШАҒОЛАКОН – МУЗДУРАКОН ҲАСТАНД»

 «Далери Имомалӣ яке аз бадхоҳони сулҳу суботи кишвар пайваста кӯшиш дорад, ки мардумро ба муқобили давлат хезонаду боварии ҳукуматро аз дили сокинон берун барад. Имрӯз чанд соат вақти холигии худро дар сомонаҳои интернетӣ гузаронидаму чанде аз наворҳои Далер диққати маро ҷалб намуд. Ин бадахлоқ худро рӯзноманигор нишон медиҳаду аслан тарзу гуфтори рӯзноманигорӣ надорад. Пеш аз ҳама рӯзноманигор бояд нутқи бурро дошта бошаду захираи луғавияш бой бошад. Аммо ин фосиқ мисли модаговҳои гулмехшуда ваос мезанаду мақсади худро муайян карда наметавонад».

Дақиқан ҳеҷ тасарруфе дар матни навиштаи ин корманди ферма накардаем. Далерро ЛАЛЕР ва Гӯнаро НУНА гузоштам, то бештар ин тудаи авбошу арозилро шиносед.

«Далери Имомали ва Абдулло Гурбати Шумо сагбачахо то ба кай мардумро бо суханхои бардуругу игвоангезонаатон сарсону саргардон мекунед, фикр кардаен, ки ин мардум ва ё ин давлат бесохиб аст. Акнун вакти саволу чавобатон шудааст мо аз макомотхои хифзи хукук хохиш менамоем, ки ингуна афроди дар чомеьа зарарасонро дасгир намуда нисбаташон чорахои сахти конуни андешанд.»

«Далери Имомалӣ як иғвоангез буда, нооромиҳои ҷомеаро мехоҳад.Чуноне, ки худи фуккаҷала мегӯяд барои ӯ масъулини давлатӣ исбот кардаанд, ки он ҷоеро, ки фуккаҷала сенария сохта барои мардум пешниҳод намудааст, он ҷой аввалин зонна (минтақаи садамавӣ) мебошад. Пас аз ин бармеояд, ки фуккаҷалаи Далер аз рӯи киннаи ба миллат доштанаш бе таҳқиқоти журналистӣ ин минтақаро сенария карда, мардумро бар зидди миллат ва бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ хезонида, фазои солими ҷомеаро ноором сохта истодааст».                               

Ба ин далел, агар моҷарои Далер бо Шуҳрати Ашӯриён, прокурори ноҳияи Шоҳмансур, писари вазири адлия ва домоди Суди олӣ ҳам рух намедод, ӯро оқибат мешинониданд. Чунки вай муқобил баромадааст. Вақте фазо ва афкору азҳони ҷомеаро бо ин дуруғ, ки Тоҷикистон биҳишт аст пур кардаанд, бо ин дуруғ, ки бояд шукри Раҳмоновро кард, ки сулҳу тинҷӣ овардааст, моломол кардаанд, бо ин дуруғ, ки ҳама шукргузоранду меболанду мушкиле надорем, оганда кардаанд, Далер чи касе аст,ки барзаху аъроф ва ҷаҳаннами онро намоиш диҳад? Чунки ба пиндори инҳо дар инҷо «амнияти сиёсати давлат» таҳти хатар рафтааст. Бубинед,ки чиҳо навиштаанд:

«Далери Имомалӣ яке аз бадхоҳони сулҳу суботи кишвар пайваста кӯшиш дорад, ки мардумро ба муқобили давлат хезонаду боварии ҳукуматро аз дили сокинон берун барад».

  Бор, худоё!  Инҷо чи бадхоҳие кардааст Далери Имомалӣ? Ҳоло агар дар як гушае аз Тоҷикистон чанд сокине барои сохтмони худсарона муҷозот мешавад, ин боиси «муқобили давлат хезонаду боварии ҳукуматро аз дили сокинон берун» кардан мешавад? Инҷо бояд ҳамон давлат ва ҳамон раис ва ҳамон прокурор ҳамон нафареро, ки ин мардумро фиреб додаву ҳатмани ҳатман пулҳояшонро гирифта ва иҷозаи сохтмон додааст, ёфтаву ҷазо дода шавад. Тамом. Ва, ё бибинед, ки боз чи менависанд: «Набояд фаромӯш сохт ки ЗАМИНАГУЗОРИ ҲАМА НУНА ИНҚИЛОБҲОИ РАНГА ВА ИНҚИЛОБҲОИ САБЗ МАҲЗ АНА ҲАМИНГУНА ЛАЛЕРСИФАТАКОН – ШАҒОЛАКОН – МУЗДУРАКОН ҲАСТАНД».

Ман амдан иштибоҳҳои ин навиштаро ислоҳ накардам. Вале бубинед, ки чи қадар барои инҳо бармехурад, ки сари муе танқид бишаванд. Пас, онҳо «инқилоби ранга» айб мемонанду «муздур». Ба назари Шумо чаро моддаи 307заданд ба Далер?

Фикр мекунед, ки боздошти Далер бе розигии Эмомалӣ Раҳмонов ба амал омадааст? Ҳатман ба ӯ гуфтанд, ки як ҳамин гуна «иғвогар» бо дастур ҳидоятҳои Кабирӣ ва Гуруҳи 24 мардумро ба шур оварда истодааст. Вай, ки мегуяд худам фармон додам, ки помириҳоро кушанд, магар мемонад, ки Далер мардумро ба «шур» оварад? Далер ин қадар ҷинояткори хавфнок буд, ки дар роҳи сафар, дар ноҳияи Айнӣ дастгир карда ба Душанбе оваранд? Бале, барои ин ҳукумат далерҳо дигар хавфноктарин ба шумор мераванд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллои Ғурбатиро «фабрикаи ҷавоб» ва гардонандаҳои он барои он ба ҳабс гирифтанд, ки вай муқобили дуруғҳои ҳамарузаи онҳо навору гузоришҳои тасвирӣ  таҳия ва нашр кард ва нишон дод, ки инҷо ҳеҷ биҳиште нест ва оне, ки муттасил шукрона кунед мегуяд,дар асл чашманбандӣ карда истодааст.

Аммо бо ин умед, ки Рустам чун писари Президент асту нафари дуввум асту президентшав аст, шояд барои касби холи сиёсӣ ва обру лутфу марҳамат кунад, ба унвони вай нома навиштан ҳеҷ чизеро иваз намекунад. Оё Убайдуллоев ягон кореро ба рағми Раҳмонов иҷро карда буд?

Тоҷикистон, ки чанд солест аз ҳар ларзиши барги дарахте эҳсоси кудето ва инқилоб мекунад. Ҳар касе як ҳарфе зад, ки ба онҳо нафорид вай дафъатан мешавад, муздур, иғвогар, табаддулотчӣ.

Мақсади Раҳмонов ва маъмурони вай ин аст ки бароятон чаҳорчуба муқаррар кардаем, аз он набароед. Раҳмонов руирост уфт: ба корҳои давлат, ба сиёсати давлат қуш нашавед, қуш шудед ба сиёсат турма мешавед.

Акнун ин давлат то зинаҳои поёнӣ ҳам дигар ҳамон давлате аст ки дар болост. Чун дар поин ҳам бачаҳои ҳамон болоҳост. Пас, давлат аз сар то по сиёсати давлат аст ва набояд қуш шуд. Ҳамон кадрҳои маҳалли муайян ва ҳамонҳо-ҷиянҳову ҷиянчаҳо, ки фардо бо Рустаму Шоҳруху Исмоилу дигарҳо ҳокимияти марказӣ меоянд. Онҳо набояд ба муҳокима ва анзори умумӣ кашида шаванд.

Агар Рустам ба номаҳо посух медод ба номаи ҳамин бародари арҷманди мо Аҳмади Иброҳим дар робита ба Шоҳида Мамадҷонова, ки барои шаш сол ва барои танҳо як лайку коментаря нависӣ зиндонӣ шуд, вокуниш мекард. Агар Рустам ба номаҳо посух медод ба номаи Певистамоҳи модари Гулбиддин Зиёбеков ҷавоб медод, то Раҳмонов қири помириҳоро намебаровард ва намегуфт, ки ин манам,ки онҳоро қатли ом кардам. Ман ба Раҷаби Мирзо ва Аҳмади Иброҳим, ҳарду хабарнигорони номӣ ва чирадасти кишвар аҳсант мегуям ва ба самимияту холисии нияти онҳо заррае шак надорам, ки бо як василае мушкилро матраҳ мекунанд. Вале, маъаласаф бо онки медонанд, вокунише ончунонӣ нишон намедиҳад,расидагӣ намекунад (дар ин ҳолатҳо «мамин синочек» мешавад) масъаларо тарзе пешниҳод мекунанд, ки асли матлаб ва мақсад   «задний план» мемонад ва дар мадди аввал ҳифзи давлату ҳифзи обруи Раҳмонову Рустаму давлат (воқеан ҳам ин давлат аст) ва сипас тақдири барои мисол Шоҳида Мамадҷонова Далеру Ғурбатӣ қарор мегирад.Тавре муроҷиат мекунанд, ки оҳанги тамаллуқ бештар  аст ва дар нақши адвокати Рустам масъалагузорӣ мешавад.

Бародари арҷманди мо Аҳмади Иброҳим дар номаи навбатиаш ба унвони Рустами Эмомалӣ навиштааст:

«Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ беҳтарин роҳи бадномсозии давлат аст.

Хабари боздошт шудани ду хабарнигори тоҷик -Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ барқосо паҳн шуд. Ин хабар мисли қулти оби гуворое буд дар гармои тобистон дар гулӯйи душманони давлати мо, чунки барои корашон дар мубориза алайҳи маҳв кардани давлати мо мусоидат кард. Гарчанде, ки коре аз дасти бадхоҳон намеояд, аммо опозитсияи ҳукумат ба ҷаҳониён ҳатман хоҳад гуфт: «Дидед, ки мо бо чигуна давлат мубориза бурда истодаем. Террористоне, ки дар он суйи марз бар зидди мо дандон тез карда истодаанд, ҳатмани ҳатман мегӯянд: «Биёед бо мо бошед, то ин давлати зиддидемократиро аз байн барем.»

Аллоҳи бузург ҳифзу ҳимоятат кунад бародар Аҳмад. Ман ва моҳо, «душмани давлат» нестем  «бадхоҳон» нестем, «террорист» нестем, дар фикри «маҳв кардани давлат» нестем. Ба ҳар чи муқаддасоте ҳаст, қасам мехурам ва сидқан мегуям. Аммо, бале, ман ва мо зидди ҳокимияти қабилавӣ-хонаводагӣ ва диктотураи Раҳмонов ҳастем ва барои барандохтани он талош меварзем. Инки мубориза барои тағйироти як ҳокимият ва он ҳам ҳокимияти мустабид ва диктотурӣ ҳақи ҳаққи мусаллами ҳама ҳаст, ҳеҷ ҷинояте нест ва  инҷо ҳеҷ террористе ҳам дар кор нест. Чун ин халқ аст ки ҳокимимятро иваз мекунад. Агар ин тавр набуд, Раҳмонов ҳоло мехесту мегуфт, ки навбати Рустам омад, ман курсиро ба вай месупорам. Аммо ин тавр гуфта наметавонад. Ҳатто зоҳирӣ, ҷаълӣ ва фиреб ҳам бошад, интихобот доир мекунад

Ман хоҳиш мекунам, ки ҳадди ақал мисли Шумо инсонҳое, ки азоби виҷдон мекашед, бояд дигар мутмаин шуда бошед, ки мо гунаҳкорони бегуноҳем. Ҳеҷ бовар накунед, мутмаинам, чун ифтихори миллӣ ва ғурури диниатон сокит нест, бовар намекунед, ки афроде мисли Далер, ки ба ҷуз аз «ду танга» бештар кор кардан ҳадафи дигар надошт бо кадом созмони мамнуъу террористҳо-ки манзурашон мо ҳастем, алоқаву ҳамкорӣ дошта бошад. Валлоҳ, ин дуруғ аст. Ба худо савганд, ҳатто инҷо бархе аз мо, бар ин назар будем, ки ин «проект» аст. Аммо онҳо ба ҷуз аз онки кори хабарнигорӣ кунанд ва он кор онҳоро тавонад нон диҳад ҳадафе надоранд.

Ё дар идома менависад: «Бо гузашти се рӯз аз боздошти журналистон саволе бароям то кунун норушан аст, ки чӣ зарурат дошт боздошти ин ду хабарнигор? Хайр чӣ, соҳибкореро танқид карданд, дар куҷое ба доди мардум расида ба иззати нафси кадом нафари сарватманду пулдор расиданд. Наход мо барои як каллахур шуда давлатамонро шарманда кунем!?»

Ба ростӣ сахт дар ҳайрат мешавам, ки наход надонед «каллахур»-и асосӣ кӣ аст ва чаро тамоми мансабдору мансабдорони мо каллахуранд.

Ҳаминҳо, ҳамин Рустаму Озодаву Исмоилу дигарҳояшон омаданд дар канори падарашон ва дар ҳукумат шарик шуданд ва «каллахурӣ» ҳам, ҳам ҷавон шуду ҳам рушду ривоҷу равнақ ёфт. Фикр накунам, ки надонед!

Бародари мо Раҷаби Мирзо дар номааш айни як адвокат ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст. Вай ҳам тарзе суҳбат мекунад, ки мушкил мушкили Далер нест, мушкил мушкили обруву имиҷи Душанбе ва раиси он аст. Вай менависад:

«Дар натиҷа, чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ”ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд. Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад».

Ва, боз ҳам гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ, ғаразкорҳо таҳти зарба қарор гирифтаанд, ки аз ин вазъият бар коҳиши нуфузи эътибори шумо шаҳрдори ҷавон истифода мекунанд. Аҷаб!

Ин бародари як замон низ оппозисионер мисли мо дар ташвиш аст ва изҳори нигаронӣ мекунад,ки «имиҷи мусбат» -и шаҳрдори ҷавон коҳиш меёбад. Вале намегуяд, ки Далерро беҳуда туҳмат баста истодаанд,инсоф кунед, намегуяд, мегуяд,ки «имиҷи мусбат» аз байн меравад. Онҳо –Раҳмонов Рустам магар худашон намедонанд, ки чи кор карда истодаанд? Магар бадном шудан ва ё нашудани давлаташон ва «имиҷи мусбат»-ашонро чени шумо намедонанд?

Ин як навъи дигари тамаллуқ набошад ҳам ҳимоя ва адвокатӣ аст, ки дар шаъни шумо муносиб нест, чун дар ҳар сурат мегуянд, ки ҳамин гуна афроде ҳам доранд, мутамоиз, мутафоит. Вале вақте шумо ҳам мисли абдуллораҳнамоҳо ва сайфуллосафаровҳо ва мислуҳум  ҷиноятро, хиёнатро «намебинед» буҳтзада мешавам

Яъне шеваи тарафдории шумо аз Далер дигартар аст. Барои шумо Далер ва Абдулло баъд аз ҳифзи имиҷу обруву давлати Рустами Эмомалӣ меистанд, дар ҳоле, ки онҳо ҳабс шуданд, ранҷу азият мекашанд, ҳаёташон сухта истодааст.

Яке навишт, ки баъди ин муроҷиатномаи Раҷаби Мирзо ба Далери Имомалӣ модаи 307-ро ҳам заданд, ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ. Моддаи маҳсули хиёли КДАМ.

Вале ба ҳар сурат аз онки ин парванда муҳри махфӣ гирифт ва адвокаташ ҳам забонхати додааст, ки дар ин бора лому мим намегуяд, мо бори дигар мутмаинем, ки боздошту ҳабси Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ кори дасти мақомоти амният аст.

Дар охир инро мехоҳам ёдовар шавам,ки аз дохили кишвар ва аз назди ин зиёибадбину равшанфикршикорон зиёиён ва адибону журналистон ва дрматургон дар қазияи Далери Имомомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ бе тараф набуда аз ин ду ҳимоят намуданд. Воқеан ин ҷасорат ва аз худгузарӣ аст,ки медонанд,ки мумкин аст ин сарнавишт гирифторашон ва бар сарашон ояд. Аммо боз ҳам пайваста навиштанду ҳимоят карданд. Аҳсан ба так таки шумо азизон аз дохили зиндони бузурге “ТОҶИКИСТОН” ва зиндонбонҳое чун “Пешвои миллат”  ва мақомоти чирагару бераҳми ӯ.

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,

Дидаам аз равзани девори зиндони шумо…

Ps: Аҳмади Иброҳим номааш бо Рустами Эмомалиро бо ин ҷумла: «Худоё, давлатамонро нигаҳ дор, обуруяшро нарезон» ба поён бурдааст. Аммо ман ва амсоли ман миллионҳо тоҷик дар дохилу хориҷ мегуем: Худоё давлататонро нигоҳ надорад, сарнагуну вожгунаш кунад, давлатеро, ки ҳеҷ гоҳ обру надошт ва надорад!

Total
23
Shares
Related Posts