Бозори марказии Шаҳритусро Муҳибулло Саъдуллоев оташ зад

Рӯзи 24уми май,дақиқан дар рӯзи иди Фитр соатҳои тақрибан 16 ба 17 дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус сӯхтор ба амал омад

 

Рӯзи 24уми май,дақиқан дар рӯзи иди Фитр соатҳои тақрибан 16 ба 17 дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус сӯхтор ба амал омад. Бозори марказии Шаҳритус,ки бозори қадимаи ин ноҳия аст ва аз замони шӯравӣ дар ҳамин маконе,ки феълан қарор дорад, амал мекард.

 

Муҳибулло Саъдуллоев, ноҳияи Шаҳритусро амалан идора карда ва ба монополияи худ табдил додааст. Ҳама соҳаҳои ин ноҳия дар инҳисори ӯ қарор дорад.

 

Муҳибуло Саъдуллоев,чанд соли пеш бозори “Ином”-и ин ноҳияро,ки тоҷир Абдуллоев сохта ва ба истифода қарор дода буд, бо зӯрӣ кашида гирифта буд. Аз моҷарои ин бозор он замон ҳам расонаҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ навишта буданд. Муҳибулло мардум ва махсусан соҳибкоронро ба он бозор даъват мекард. Вале касе намехост ба он бозор биравад, на савдогарон ва на харидорон. Номи он бозорро Муҳибуло тағйир дода “Пайванд” гузоштааст. Ин бозор аммо то сухтори бозори қадимии ноҳия холӣ буд. Тибқи маъмул вақте аз аъзои ин оила бозор месозанд ва тоҷирону харидорон ба он намераванд, бозорҳои куҳнаро оташ мезананд, то фурӯшандаҳо ва харидоронро бо зӯрӣ ба бозорҳои сохтаи худ бубаранд.

 

Бозори марказии ноҳия мисли дигар бозорҳо аз чанд қисм иборат буд. Моликони ин бозор чанд нафар мебошанд. Масалан қисмати ин бозор бо номи Баракат аз тоҷире бо номи Абдусаттор буд. Қисми қафои бозор аз тоҷире бо номи Ҳоҷӣ Фахриддин буд,ки бештар ошхонаҳоро дарбар мегирифт. Инчунин қисми фурӯши либоса аз як нафар ва қисми мева ва сабзавотфурӯшӣ, ки аз як нафари дигар буд. Қисми магазинҳои фурӯши маводи хоҷагӣ ва рӯзгор ба як нафари дигар тааллуқ дошт. Хулоса бозори марказӣ аз они ҳашт тоҷир буд ва ҳамаашон ин бозорро идора мекарданд ва мардум ҳам аз фаъолияти онҳо розӣ буданд.

 

Муҳибулло Саъдуллоев чанд маротиба даъват кард,ки ба бозори ғасб кардааш,- “Пайванд” раванд вале касе ба ин даъвати ӯ таваҷҷӯҳе намекард. Пас аз он Муҳибулло Саъдуллоев тасмим мегирад ин бозорро ба кулли бисӯзонад. Ин корро дар як рӯзе ташкил мекунад,ки касе дар бозор набошад ва зарари бештар расонад ва ё ин бозор ба кулли сӯхта аз байн равад.

 

Муҳибулло Саъдуллоев фармон медиҳад,ки бозорро аз чор тараф оташ зананд. Шайкаи Муҳибулло ин корро бечуну чаро иҷро мекунанд. Рӯзи Иди Рамазон ин бозор,ки се дарвозаи вурудӣ аз пеш дорад ва ду дарвозаи калони дигар,ки мошин ҳам ворид мешавад аз пушт. Муҳибулло бо охранаҳои бозор низ дар ин сӯхтор ҳамкорӣ мекунад ва онҳоро фармон медиҳад, ки ҳангоми сар задани сухтор касе аз тоҷиронро нагузоранд, то вориди бозор шаванд, то молу ашёи дохили мағозаҳои худро берун кунанд. “ Охранаҳо”и бозор дарвозаҳои вурудии онро маҳкам карданд, то касе ворид нашавад. Танҳо ҳамон фурӯшандаҳои дорухонаҳо тавонистанд тирезаҳои дуконҳои худро шикаста як қисм аз доруҳои дӯконҳои худро берун кунанд.

 

Пас аз инки дутарафи бозор оташ гирифта хокистар мегардад, як мошини оташнишонӣ барои пахши сӯхтор аз худи ноҳия меояд тамом. Мошини оташнишон ба тарафи бинои Амонатбонк,ки ба бозор часпида буд он тарафро оташашро хомӯш мекунаду меравад,то ин бонк оташ нагирад ва дигар ба молу ашёи тоҷирон ва дӯкону рафҳои онҳо аҳамияте намедиҳад. Пас аз тақрибан тамоман сӯхта оташ гирифтани бозор аз Қабодиён,ки масофаи 17 километрро ташкил мекунад, чор мошин мерасад. Дар ҳоле оташ ба хокистар мубаддал шуда аз молу колои тоҷирон чизе намонда буд. Боз пас аз чанде се мошини “пожарни” аз ноҳияи Носири Хусрав,ки масофаи 25 километр аз Шаҳритус дуртар аст мерасад.Яъне пас аз хотимаи сӯхтор мерасанд.

 

Ин дақиқан сенарияи ташкил намудаи Муҳибулло Саъдуллоев мебошад,ки онро хело моҳирона ташкил карда ва то ҷое ба мақсади нопоки худ расид. Ҳамон шиори “номард бошу зиндабош” ро то имрӯз истифода мебарад. Дар ин сухтор 800 соҳибкор зарар дидаанд,ки ин хело хасорати калон барои ин мардуми бечора мебошад.Акнун фикр кунед 800х 5=4000 ҳазор нафар сарсону саргардонанд. Чандин тоҷир муҳоҷир ва чандин хона бе саробон ва чандинтои дигар бонкҳо хонаҳои дар гарав монади онҳоро мегиранд. Ин хидмати наздикони оилаи пешво ба мардуми кишвар мебошад.

 

Мардуми молу мулк гумкарда пас аз ин сӯхтор рӯзи 25 уми май дар назди ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ҳудуди 500 нафар ҷамъ меоянд ва аз раиси ҳукумати ноҳия Ҷаббори Ғаффор талаб мекунанд, ки зарари дидаи моро ҷуброн кунанд. Қарзҳое,ки аз бонкҳо барои тиҷорат ва гардиш гирифтаем онҳоро ба таъвиқ андозед, ки мо тавони пардохти онро дар ин ҳолат надорем. Омилони ин сӯхтор муҷозот шаванд. Вале чандин соате,ки мардуми ҷамъ омада интизор буданд, раиси ҳукумати ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба назди зарардидагони ошуфта ва хашмгин намеояд. Ин таҷаммуъро аскарон ва милисаҳо иҳота намуданд.

 

Мардумро ба назди қасри фарҳанги ноҳия даъват мекунанд, то онҷо раванд ва раис бо онҳо сӯҳбат мекунад ва арзу додашонро мебинад. Мардум ба онҷо мераванд аммо аз раис на пайе буду на ҳайдаре ва ба инҷо ҳам намеояд. Мардум ба хашм омада талаб мекунанд раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба наздашон барояд вале раис амр мекунад то онҳоро пароканда кунанд. Аскарон ва милисаҳо бо дубинкаҳо мардумро пароканда карда ва таҷаммуъашонро аз ҳам дур мекунанд.

 

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус рӯзи 25-уми май гуфт, ба соҳибкороне, ки осеб дидаанд, сабукии андозӣ дода шуда, масъалаи додани сабукӣ ба қарзҳои бонкӣ низ баррасӣ мешавад. Тибқи маълумоти охири расида тоҷирон дар беруни ин бозор ба хариду фурӯш машғуланд вале намехоҳанд ба бозори ” Пайванд”и Муҳибулло Саъдуллоев раванд.

 

Аммо дар гумон аст сабукие ба соҳибкорони садҳо ҳазор доллар зарар дида дода шавад. Ин як бозие буд,ки тарроҳ ва нақшакаши он додараруси президент Раҳмонов барои суди бештар ташкил ва роҳандозӣ карда буд.

 

Ин буд моҷаро ва асли воқеияти сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус,ки он на аз ноқили барқ балке аз дасти Муҳибулло Саъдуллоев додараруси Эмомалӣ Раҳмонов ба коми оташ фурӯ рафт.

 

Total
0
Shares
Related Posts