Бузургмеҳр асири “пешво” вале қаҳрамони миллӣ

Ислоҳ нет

Инсонҳое амсоли Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи зиндонии тоҷик дар ҷомеаи имрӯза ангуштшуморанд.

Дар дасту по завлона, пушти панҷараи зиндон, маҳрум аз тамоми хушиҳои зиндагӣ, бандии дасти кас, дар ҳасрати дидори падару модар, зану фарзанд, бо диле пур аз дарду ранҷу ғам, аммо ҳамоно бо иродаву бо имони қавӣ, собиту устувор, бо саре болову пур аз ғурур имзои коғази талаби бахшишро рад мекунад.

Танҳо як имзо, ва ин ҳама азобу азияти зиндон, ки шаш сол мешавад, асир ва бандии он аст, пушти сар мемонад ва ӯ ба озодӣ мебаромад. Аммо не, гуфт. Гуфт ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ!

Аз як номарди бешараф, аз як диктатори беномус, аз як наводаи Чингиз, аз як роҳзану дузду яғмогар, аз як душмани Худову душмани Пайғамбар, ки «аз каҷравии замона»  соҳиби қудрат шуда аст сар намехамонад, бахшиш нахоҳад пурсид, изҳори надомат намекунад.

Валлоҳ, на ҳар як инсон ҳамчунин тобу тавон дорад, таҳаммул ва тоқат мекунад, бавижа, бо ин шароити зиндон ва муносибати зиндонбонҳои Тоҷикистон. Дар пеши чашмони ӯ   куштанд, хунашонро резониданд, сар буриданд, ба шаҳодат расониданд, аммо боз ҳам сари қавлаш истод ва натарсид ва гуфт, кадом ҷурме накардааст, ки бахшиш бипурсад.

Се соли дигар зам карданд, барои онки президентро таҳқир кардааст! 29 сол шуд!!! 29 солро мешинам гуфт аммо аз Раҳмонови ватан, миллат, номус, шараф, динфурӯш бахшиш намепурсам!!

Бо чунин инсонҳои дона-дона чаро бояд ифтихор накард?

Воқеан ҳам Бузургмеҳр ба намоду рамзи мубориза ва муқовимат табдил шудааст. Ин аст як зиёии асил ва воқеӣ!!Имону ақидааш, ба инки роҳи рафтааш рост буд, ҳақ буд, боз ҳам росиху боз ҳам муҳкамтар шудааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хушном ва машҳури тоҷик ҳанӯз дар шумори андаки адвокатҳои Тоҷикистон буд, ки барои худ шахсият сохт. Ӯро ҳама мешинохт, чун дар мураккабтарин парвандаҳо, ки тарафи сиёҳкунандааш Эмомалӣ Раҳмонов ва дору дастааш буд, сафедкунанда-вакили дифои тарафи мазлум мешуд. Вай аз як шаҳрванди қаторӣ гирифта то қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ, ё Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ё руҳониҳои муътабар ва ё собиқ вазирону раисони ҳукумат дар баробари додситону додрас истодагарӣ кардааст. Чунки ин миссия ва рисолати касбиву кори адвокат аст. Ҳамин кору пайкори Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров, Қаюм Юсуфов, Аъзам Бадриддинов, Сайидкомил Қурбонов, Ҷамшед Ёров ва бонуи зиндаёд Файзиниссо Воҳидова буд,ки ҳукумати диктотурии Эмомалии Раҳмонов ночор шуд, барои фаъолияти адвокатҳо монеа ва маҳдудият ҷорӣ ва вакилони дифоъро вобастаи вазорати адлия кунад.

Бузургмеҳр Ёров ноогоҳона ба дифоъи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон барнахост. Вай медонист, ки ба як кори бисёр ҳам хатаровар даст задааст. Аммо аз роҳу раъяш нагашт. Идома дод, то инки бо туҳмату буҳтон ба пояш завлона заданд. Мутмаин бошед, агар Бузургмеҳр Ёров аз дифои ҲНИТ даст мекашид, ҳеҷ парвандае алайҳи ӯ боз намешуд, ҳатто агар тамоми муштариҳо-корафтодаҳояш шикоят мебурданд, ки пуламонро гирифту одамамонро натавонист озод кунад.

Баракс, баъд аз дидору мулоқот бо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар боздоштгоҳ баромаду муфассал ҳамаро ба дасти расонаҳо дод. Дар ҳоле, ки ҳама нақшаҳо қаблан тарҳрезӣ шуда ва парвандаҳои дастисохти наҳзатиҳо ва худи Наҳзат пушти дарҳои баста ва зери муҳри комилан махфӣ ҷараён мегирифт, ифшо ва дар дасти умум қарор додани ин ҳама сиру асрор барои Раҳмонов ва Ятимов баробар ба марг буд. Барои ҳамин Бузурмеҳрро зиндонӣ карданд. Вагарна ин танҳо Бузургмеҳр Ёров буд, ки дар як баҳси додгоҳӣ муқобили Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ва яке аз пурнуфузтарин аъзои ин хонавода пирӯз омад ва бинии Ҳасанро ба хок молид.100.000 доллари яке аз муштариҳояш, Нуриддин Маҳкамов, мудири ширкати «Бахт»-ро баъди 9 соли баҳсу баррасиҳо дар додгоҳ рӯёнд. Ҳасан Асадуллозода боз Бузургмеҳр ва Нуриддинро асбоби сафар ба ҳаҷ фароҳам кард ва тамоми масрафи ин дуро бар дӯш гирифт.

Ин танҳо маврид аст, ки наздиктарин одами Эмомалӣ Раҳмонов дар додгоҳ бой дод ва  дастонашро бардошту таслим шуд. Ва, ин корро Бузургмеҳр кард.

Имонам комил аст, ки Бузургмеҳр дар рафти муҳокимаи парвандаи ҲНИТ ва аъзои раёсати зиндонии он низ хеле қаҳрамониҳо нишон медод, дурӯғҳову тӯҳматҳои Раҳмонову Ятимовро ошкор мекард. Барои ҳамин ӯро нагузоштанд ва надоданд, ки корашро ба поён бубарад.

Аммо, имрӯз ҳам, ки дар маҳбаси ин фиръавн ва тоғути аз дину худобаргашта қарор дорад, заррае накостааст. Бо ҳузури худ бар рухи Эмомалӣ Раҳмонов ҳамеша шатронӣ мезанад, рӯсияҳаш кардаасту карда истодааст.

Бо номи ӯ як созмони дифои ҳуқуқи башар дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис дода шуд. Барандаи чандин ҷавоизи байналмилалии ҳомиёни ҳуқуқ эълон гардид

Созмони милали муттаҳид эълон ва эътироф кард, ки Бузургмеҳр Ёров, зиндонии сиёсӣ аст. Ва, ҳукумати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳарчи дар ҳақи ӯ гуфтанду карданд, асосу далел надорад, балки ӯро бо туҳмат шинонидаанд ва фавран бояд раҳояш куннад ва ҷуброн пардохт намоянд, чун Бузургмеҳр Ёров бегуноҳ аст….

Share This Article