Бузургмеҳр Ёров – шаҳрванд ва посдори озодӣ

Ислоҳ нет

Муфаттиши Прокуратура,
Шогирди Ойниҳол Бобоназарова,
Ҳамнишини Раҳматилло Зойиров,
Писари нависанда Равшани Ёрмуҳаммад ва Модаре, ки мегӯяд “Писарам бояд барои мардум бо баҳои зиндонӣ шудан ҳам бошад мубориза барад”.  

Адвокати Таҳмина Раҳмоноваю Ғаффор Седой Мирзоев.
Дӯсти рӯзноманигорони тоҷик ва ҳам Корбудкуни садҳо камбағалу нодор  аз 4
и субҳ то соати 1- и шаб…
Падари … фарзанду ёри беминнати зиндониёни тоҷик дар ҳамин шабу рӯзи куруно.

Ин ҳама сифатҳои як тананд!
Сифатҳои як тоҷик ва ҳоҷии ҳарамайн!
Ин Шаҳрванд ва Посдори аслии Озодии Тоҷик

Бузургмеҳр Ёров ном дорад.
Номе, ки акнун ҷаҳони мутамаддин шинохтаву зиндонии сиёсияш хондааст!
Имрӯз намои тоҷики номусдору мардумдӯст 50 сола мешавад!

Соли шашум аст ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои тоҷик, роҳбари собиқи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» рӯзи таваллуди худро дар зиндон сипарӣ мекунад.

Дар ин муддате, ки ӯ дар банди режими Эмомалӣ Раҳмонов қарор дорад тамоми созмону ташкилоти ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ  аз қабили Афви байналмилал, Кумитаи  Ҳелсинкии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, Дидабони ҳуқуқи башар, созмони  Мемориал, Хонаи озодӣ ва даҳҳои дигар боздошту ҳабси ӯро маҳкум карда ва озодии бидуни қайду шарти ӯро аз мақомоти тоҷик тақозо кардаанд.

Созмони милали муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ маҳкумияти ин адвокати маъруфи тоҷикро як амали сиёсӣ хонда ва ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки ҳукми ӯро бозбинӣ ва озодии ӯро таъмин намояд.

Вале чуноне мебинем, ҳанӯз ҳам ин вакили дифои хушноми тоҷик пушти милаҳои зиндон қарор дорад.
Агарчи ному корномаи ӯ дар тамоми олам маъруфу маҳшур гаштаасту ӯ барандаи ҷоизаи байнулмилалии Homo Homini  яке аз муътабартарин ҷоизаҳои аврупоӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар ҷумҳурии Чех дар соли 2020 шудааст, аммо ӯ ҳамоно бегуноҳ зиндонист. Бо ҳукми 23 соли зиндони золим!

Дар ҳоле, ки аз 29 соли ҳукми зиндони ин адвокати хушноми тоҷик дар соли 2019 шаш соли он дар пайи афви коҳиш ёфт,  ӯ ба ҳайси намод ва рамзи муқовимат алайҳи бесалоҳиятӣ ва ҳамоқати мақомост, хоса ВКД ва Прокуратураи генералӣ дархости мақомот барои хостани узр ва пузиш аз Раҳмонов бар ивази озодиро рад мекунад.
Вай, ки чанде аз иттиҳомоташ ҳам барои таҳқири президент  мебошад, завлона ва гушаи зиндонро, азобу заҷру ҳирмонро болотар аз узрхоҳӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов, як диктатори худкома донист, ки тайи сӣ сол мешавад, ки ҳокимият дар Тоҷикистонро дар қабзаи худ нигаҳ доштааст.

Бузургмеҳр Ёров бе баҳс зиндонии сиёсии як хонавода ва хизматгорони он, назири Рамазон Раҳим ба ҳисоб меравад, ки дер ё зуд бошарафона озод хоҳад шуд. Зеро ҳич гуноҳе надоштааст, балки барои рисолати касбӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони тоҷик пушти панҷараи зиндон равона шудааст.

Имрӯзҳо низ Ҳоҷӣ Бузургмеҳр, ки ҳамвора барои адолат ва ҳақиқат талош карда ва дар бештарин парвандаҳои шахсиятҳои машҳури кишвар ширкат доштааст, дар хизмати зиндониён аст ва гоҳ- гоҳе сару садоҳои аз талошҳои ӯ барои дигарон ба гӯши озодихоҳон мерасад.

Бузургмеҳр Ёров ҳанӯз дар парвандаи Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, бародарон Тураҷонзодаҳо, Зайд Сайидов бо мақомоти тафтишотиву додгоҳии Тоҷикистон сарбасар зада камбуд ва навоқиси ҳам тафтишот ва ҳам додгоҳҳоро ошкоро баён доштааст. Ӯ буд, ки муҳтавои аксари ин қазияҳо ба мардум мерасид, вагарна мақомот мехостанд хуфӣ амал кунанду рози зулму бедодияшонро пинҳон созанд.

Ин Бузургмеҳр Ёров буд, ки дар соли 2012 Ҳасан Асадуллозода маҷбур шуд баъди 9 соли баҳсу баррасиҳо 100.000 доллари мудири ширкати «Бахт» дар вилояти Суғдро бозгардонад. Касе бовар намекард, ки додгоҳ дар Тоҷикистон муқобили Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ҳукм содир мекунад ва ӯро водор месозад, ки пули ин тоҷирро баргардонад. Вале пофишории Бузургмеҳр Ёров буд, ки Ҳасан Асадуллозода ночор шуд маблағҳои Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати «Бахт»-ро баъди 9 сол бозгардонад ва иқрор ва эътироф кунад, ки ба иштибоҳ роҳ додааст. Бузургмеҳр Ёров ва муваккили вай, ки баъдан ӯ низ адввокат шуд ва ҳоло  ӯ ҳам дар зиндон ба сар мебарад, он замон як қисме аз ин пулро барои зиёрати хонаи Худо сарф карданд ва дар ин кор ба онҳо ҷониби муттаҳам мусоидат карда буд.

Мавқеи иҷтимоиву сиёсии Бузургмеҳр Ёров  барои мақомдорони тоҷик сахт номаъқул буд. Хоса талошҳои ӯ барои муқовимат бо мафияи уйғурӣ, ки бозорҳои колофурӯшии Бишкеку Хуҷанду Душанберо зери по карда буданду дар Тоҷикистон аз ҷониби домоди президент Махмадзойир Соҳибов ва навкари ӯ Рамазон Раҳимов пуштибонӣ мешуданд. Хонандаи ҳушманд қиссаи издивоҷи уйғури 50 сола ва духтараки 12 солаи шаҳритузиро хуб дар ёд доранд, ки никоҳашон дар аз хонаи собиқ раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов иҷорагирифта анҷом дода шуда буд. Ҳабси Матраимов дар Бишкек ва куштори корманди ӯ дар Истамбули Туркия шохаҳои ҳамин қисса мебошанд, ки дер ё зуд расонаӣ хоҳанд шуд.

Чун Бузургмеҳр Ёров  барои  барқарории адолат миёни шарикони тиҷорӣ дар ин гуруҳҳо талош мекарду ҳуқуқҳои як тоҷири тоҷикро ҳимоя ва ҳам дар қазияи бозори Шаҳритус зидди манфиатҳои Муҳибулло Асадуллозодаи таҷовузгар аз моликони асосии бозор Баҳром … ва Мунаввара намояндагии ҳуқуқӣ мекард,  ба қарор омаданд, ки ӯро ба ҳар баҳонае набошад, зиндонӣ кунанд. Ва ин кори дасти Рамазон Раҳим буд, ки супориши Маҳмадзойир Соҳибовро иҷро мекард.
Нафаре, ки худро подшоҳи Қурғонтеппа медонисту акнун даъвои болотар ҳам дорад.

Замоне,ки ба қонуни адвокатҳо тағйирот ворид карда озодӣ ва ихтиёроти адвокатҳоро аз байн бурданд, яъне акнун адвокатҳо мебоист барои машруияти кори худ аз имтиҳони вазорати адлия гузашта ва танҳо баъди гирифтани шаҳодатнома ва ё муҷаввизи ин вазорат ҳуқуқи корро пайдо мекарданд, зери тозиёнаи шадиди танқид кашида давлатро дар таҳти назорат гирифтани фаъолияти адвокатҳо муттҳам кард. Акнун ӯ ҳамчун як чеҳра ва шахсияти ҷамъиятӣ барои дигар мақомоти тоҷик низ нафари нохушоянд шуд.

Аммо вақте ӯ ошкоро муқобили маҷро рафт ва барои боздошшудаҳои ҲНИТ, ки Раҳмонов ва мақомоташ  дар анҷоми кудетои давлатӣ шарик ҳисобид, довталабона адвокат шуд, баҳонае хубе гашт барои ҳабсу муҷозоти сахти ӯ аз ҷониби ҳукумат. Душманону бадхоҳони Ёрови саркаш аз вазъ истифода бурданд, то ӯро душмани давлат муаррифӣ кунанд, ҳол он ки ӯ пуштибони қонуну таблиғгари қонунмандӣ буд.

Бузургмеҳр Ёров баъди нахустин дидораш бо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, ки ҳоло ҳукми абад гирифтааст, баромаду ба рағми дӯғу дағдағаи тафтишот ба хабарнигорон тамоми воқеиятро аз забони домулло  Ҳусайнӣ ба мардум гуфт. Маълум шуд, ки Ҳусайниро аз ҳавопаймо берун кашидаанд ва барояш то пости вазирӣ пешниҳод намудаанд, то ки бар зидди ҲНИТ ва раиси он суҳбат кунад.

Ҷомеаъ аз асли кор то ҷое огоҳ шуду  Бузургмеҳр Ёровро рӯзи 28 сентябри соли 2015 ба бинои Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи ВКД даъват ва худи ҳамонҷо дастгир карданд.
Дар қиболи ин вакили мудофеъ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Тибқи нишондоди моддаҳои мазкур, ба ашхосе, ки ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам мешаванд, аз 2 то 3 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо ин ду ва се сол фурсате ва муҳлате набуд, ки Ёров бишинаду боз барояд. Ӯро бояд тавре шинонд, ки солҳо дар зиндон бимонад.

Бузургмеҳр Ёров, ки медонист ин фошкориҳо барояш дардисарсоз хоҳад буд аммо виҷдон ва имонашро нафурӯхт. Воқеиятро тибқи талаботи қонун баён кард.

Баъд аз он ки ӯро дастгир карданд барояш ҳазору як айбу иттиҳоми нав бастанд. Як парвандаи дурӯғиеро тайёр карданду барояш бисту анд сол доданд ва дертар дар даруни худи додгоҳ низ боз барои таҳқири президент айби нав бор карданд. Қиссаи бофтаи “Таҳқири президент” аллакай кори дасти прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон буд, ки мехост ба Озода Раҳмон наздиктар шаваду худро саги вафодори ӯ муаррифӣ кунад. Вале дарди сари зиёде ба “Раиса”-ву падараш овард, ки акнун барои онҳо низ возеҳ шудаасту “сари кафида таги тоқӣ” мегӯянд.
Ба ин тариқ Бузургмеҳр Ёровро бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карданду Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои “таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент” 5 соли дигар изофа кард. Соли 2019 бар асоси Қонуни авф ончуноне тазаккур додем ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд. Аммо ин ҳама фишори байналхалқӣ сари ҳукуматро кам накард.

Ахиран Анҷумани адвокатҳои ҷиноии Итолиё Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷикро зери ҳимояи худ қарор додаст. Дар як баёнияе, ки ин созмон моҳи пеш содир кард гуфта мешавад,ки “Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон ҳамчун вакили мудофеи зери хатар дониста мешавад. Ин тарҳ аз ҷониби Анҷумани вакилони ҷиноии Итолиё роҳандозӣ ва ҳимоят мегардад”, – омадааст дар ин гузориши кӯтоҳ.

Ба ин тартиб, номи ин сафедкунанда-адвокати маъруфи тоҷик, ки дар қораи Аврупо  беш аз пеш маъруфият касб мекунад, ба ҳамон андоза чеҳраи шум ва симои ваҳшиёнаи режими диктотури Раҳмоновро  ба ҷаҳониён шиностар мекунад.

Мо, ба ин родмарди зиндонӣ, рамзи мубориза ва муқовимат, соҳиби виҷдону имони росих рӯзи мавлудашро табрик мегӯем.

Ман пешниҳод менамоям,ки рӯзи 9 уми июлро “Рӯзи адвокатҳои бегуноҳи зиндонӣ” эълом намоем.То бо ин баҳона тавонем ҳама вакилони дифоъе, ки худашон ба дифоъ ва озодӣ ниёз доранд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Чун,ки ба мисли Бузргмеҳр даҳҳо вакилони дифоъи дигаре дар зиндон дорем, ки маҳз ба хотири ин вазифаи пуршарафашон мавриди таъарруз ва зиндонӣ шуданашон шудааст. Масалан адвокати Зайд Сайидовро дидем ба чи ҳол оварданд? Барои ин,ки  Исҳоқ Табаров ҳимоятгари Зайд Сайидов буд писараш Фирӯз Табарови 27 соларо бо иттиҳоми  “зархаридӣвадаъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон ба 13,5 сол зиндонӣ карданд. Писари дигари ин адвокат Далер Табаровро  додгоҳ бо иттиҳоми “хабар надодан” ба шаш моҳ равонаи зиндон кард. Пас аз ин фишорҳои пай дар пайи мақомот Исҳоқ Табаров дар синни 61 солагӣ бо сактаи қалбӣ вафот кард. Адвокати фархорӣ Абдумаҷид Ризоев барои як шеъри ҳикматгӯна навиштан дар фейсбук ба панҷунимсол зиндон ҳукм намуд….
Ин аст бархурди ҳукумати хонаводагӣ ба Қонуни асосии кишвар!
Ин аст муносибати ҳукумати як Оилаи гушначашм ба инсонҳо ва шаҳрвандони қонунманд!
Ин аст зулм бар мардум ва афроде, ки аз дардҳои мардуми Тоҷикистон мегӯянд!
Аз ин бедодгариҳо бояд гуфт, то мардум бидонанду тақдири ҷомеаи худро ба даст бигиранд!

Озодӣ ба Бузургмеҳр Ёров!
Озодӣ ба Нуриддин Маҳкамов!
Озоди ба Абдумаҷид Ризоев!
Озодӣ ба кулли афроде, ки аз дасти режим зиндонӣ шудаанд!

Share This Article