Архивы Сиёсӣ - ISLOH.net

Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт»
«Ҳар кӯҳнагадое, ки тавонгар гардад…Умар Алиматов барқи хонаашро бо дуздӣ аз Медгородок таъмин мекардааст. Аммо инҷо Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт чи рол бозидааст?»

Умар Алиматов: Бо ин ном дар Тоҷикистон хелеҳо шиносанд. Умуман Алиматовҳо аз афроди машҳур мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо қиссаву ҳикояту ривояти хоси худро доранд.

Аммо Умар Алиматов, бизнесмен, катазан, нафаре, ки тавлиду истеҳсоли бӯза- пивои чехиро нахустин шуда дар Душанбе ба роҳ монда таҳти номи «Сим-сим» ба фурӯши он пардохт. Сим-сим на фақат пиво, ҳамчунин исми занҷираи ресторанҳои Умар Алимтов ҳам ҳаст, ки дар худи Душанбе дар чанд ҷой амал мекунанд.

Моҷароҳои додгоҳӣ, ҷангу занозаниҳои аъзои ин хонавода ҳам ҳар сари чанд вақт дар расонаҳо хабари аввал мешуданд. Умар Алиматов дар тиҷорати наркотика ҳам як замон гӯи сабқат карда буд. Ва, то чандин муддат ин тиҷоратро контрол ҳам мекард, пеш мебурд. Ҳатто маводи мухаддирро бо ҳелекуптер (вертолёт)-ҳои части 3102и Суҳроб Қосимов ба Хуҷанд интиқол медод. Аз онҷо тавассути Автобусҳои мусофирбар ба Русия интиқол медоданд. Ин корро ҳамроҳ бо бародари Генерал Суҳроб Қосимов якҷо анҷом медоданд. Ҳамон солҳои 2005 КДАМ ин гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро боздошт намуд. Дар ин ҳалқа ё гурӯҳ Раҳмат, Маҳмад ва Давлатшо ҳамроҳ будунд. Аммо аҷоиби кор ин аст,ки пас аз боздошти ин гурӯҳи қочоқбарон,ки борро дар як части Суҳроб Қосимов тахлия карда буданд ва ҳангоми интиқол боздошт шуда буданд. Бо дахолати Суҳроб Қосимов ҳамаро озод карданд. Дар поён чигуна духтари Давлатшо Нодираро Умар Алиматов бо кадом сабаб ба занӣ мегирад хоҳем гуфт.

Ҳатто дар як маросими намоиши молу коло дар шаҳри Душанбе худи Эмомалӣ Раҳмонов вақти дидан аз тавлидоту фаровардаҳои ширкатҳо, вақте аз назди ғурфаи мансуби ширкати «Сим-сим» рад мешуд тарафи яке аз Алиматовҳо гуфт, ки ана акнун ба кори ҳалол ёфтӣ дигар бо наркотик заниматса накун. Яъне Раҳмонов ҳам огоҳ ва хабардор буд.

Аммо ин сумдори калон ва дар гузашта аз боевикҳои Фронти халқӣ, ки аз инсоният ва одамият кам баҳра ва бӯ бурдааст чанде пеш даст ба коре задааст, аслу асосу ӯву шахсияти ӯро намоён мекунад. Свети хонаи истиқоматиашро ба таври дуздӣ дар ноқили Медгородок, беморхонаи шаҳри Душанбе пайвастааст. Тавассути нозирони барқ ба даст меафтад.

Идомаи моҷаро аз чи қарор аст, аз ҳикояти наздикон, дурусттараш бигӯем огаҳони ин ҳодиса хоҳед фаҳмид.

Барқ дуздӣ : «чӣ гуна Алиматов зери ҳимояи Музаффар Юсуфӣ қарор гирифт?»

Бо дуруди фаровон ба устоди муҳтарам, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳайати кормандони расонаи маъруф ва ҷасури «Ислоҳ». Дар ин навишта ҳодисае ҳикоят карда мешавад, ки як калимааш ҳам ҳосили тахайюл нест, ҳамагӣ ҳақиқат ва воқеият аст ки ҳамин чанд моҳи пеш иттифоқ афтод.

Ман мехоҳам дар бораи шахсе сухан кунам, ки рафтори вай инсонро ба ҳайрат меорад. Ин шахс як бизнесмени дузди Тоҷикистон Умар Алиматов, роҳбари ширкат ва тарабхонаҳои Сим-Сим мебошад.

Ин шахс қувваи баркро медуздад, маблағи ҷаримаро пардохт намекунад, аз кормандони барқ маблағи калон мегирад ва онҳоро тавассути мақомоти шиносш маҳкам намуда аз кор пеш мекунад.

Устод, инро бояд мутазаккир бишавам,ки ҷабрдидаҳо наметавонанд ному насаби худро  ба ҷиҳати бехатарии ҷони худу пайвандонашон ошкор намоянд.

Ин нафарон дар горсвети ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекарданд.

Дар асоси муроҷиати роҳбарияти беморхонаи рақами 5, яъне Медгородок дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки масрафи барқаш баробар ба даҳҳо ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми қарзаш садҳо ҳазор шудааст, як корманди ин идора бо ҳамроҳии як ҳамкораш дар беморхонаи мазкур санаи 11.02.2025 санҷиш мегузаронад.

Санҷиш нишон медиҳад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок ин дуздии барқ аз ноқилҳои ин беморхона мебошад. Вақте кормандон таҳқиқи ин вазъро шурӯъ мекунанд, маълум мешад, ки ноқили дуздии пайвастшуда ба хона (қасри) Умар Алиматов тааллуқ дорад. Ин хона дар бари беморхонаи мазкур қарор дорад. Умар Алиматов аз ин шароити «ҳамсоягӣ» истифода бурда бо таври пинҳонӣ тӯли чандин солҳо аз ҳисобкунаки беморхона ноқил гирифта бешарафона ва бешармона барқро истифода менамудааст.

Кормандони идораи барқ ин ҳолатро ошкор намуда пурра ба навор мегиранд, ( навораш маҳфуз аст) ва бар муқобили шаҳрванди барқдузд Умар Алиматов акти ҷаримавӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ тартиб медиҳанд ва тибқи талаботи қонун барқи коттеҷи ӯро қатъ мекунанд.

Ба энергетики Умар Алиматов, ки номаш Комил мебошад, мефаҳмонанд, ки шумо бояд ноқили дуздии худро фавран аз ноқили беморхона ҷудо намуда 151 ҳазор сомони барқи дуздишударо ба манфиати беморхонаи Медгородок пардохт намоед, то мо барқи шуморо пайваст намоем. Комил дарҳол бо Умар Алиматов ҳамсӯҳбат шуда ҳолатро пурра мефаҳмонад.

Умар Алиматов ба Комил мегӯяд, ки ба кормандони горсвет гап зан, токи ин ҳолатро ба ягон нафар, хусусан роҳбари беморхонаи Медгородок хабар надиҳад ва барқро рӯшан кунанд. «Ман омада чанд суме бошад пардохт менамоям».

Онҳо барқро гирён мекунад.

Пагоҳ Комил ин кормандони идораи барқро даъват карда ба онҳо мегӯяд, ки Умар Алиматов бародарвор хоҳиш кард, ки ин корро бе овозаву дарвоза ҳал кардан даркор. Зеро агар гап ба боло, то раиси шаҳр равад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок Умар Алиматов мебошад, шояд ба ман проблемаи сахт шавад, ман беобурӯ мешавам ва мегӯяд мо ҳамаамон аз як минтақа Данғара ҳастем, бояд якдигарро дастгирӣ намоем. Хуллас, суханҳои бисёр барои ба дом афтонидани кормандони барқ мезанад. Комил мегӯяд Умар Алиматов гуфт 80 ҳазор сомониро медиҳам, чанд сомонии дигарашро ба суратҳисоби Медгородок мегузаронам ё ба роҳбари беморхона медиҳам. Хуллас, ин корро бе ягон овоза ҳал кунанд.

Ин кормандони барқ ба барқчии Умар Алиматов, ки пеш дар горсвети Душанбе кор мекард, яъне  Комил, бовар карда розӣ мешаванд ва мегӯянд, ки ҳаҷми ҷаримаро кам менамоем -60 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби беморхонаи Медгородок мегузаронем, 20 ҳазор сомонии дигарро мо тақсим менамоем.

Баъдан Комил меравад. Як рӯз пас, рӯзи 14. 02.2025 ба ин кормандон тамос гирифта мегӯяд ба пеши Медгородок, хонаи Умар Алиматов биёед. Онҳо ба онҷо мераванд. Комил барои боз ҳам ба боварии кормандони барқ даромадан, «илтимос коре накунен, ки гап барояд, ман ба сарам ҷавоб медиҳам» гуфта аз сари 80 ҳазор сомонӣ 5 ҳазорашро мегираду 75 ҳазор сомонӣ ба онҳо медиҳад.

Ин кормандони барқ намедонистанд, ки дар доми аждаҳор афтодаанд. Чунки, дар ин лаҳзаҳо, пас аз ба мошин савор шудан, онҳоро кормандони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дастгир намуда рост ба бинои Прокуратураи нақлиёт мебаранд.

Ва кормандони Прокуратураи нақлиёт барои корро калон ва пурвоҳима нишон додан дарҳол рафта тамоми кабинетҳои идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомониро муҳр зада мошинҳои ин корманди барқ ва ҳамкорашро дар прокуратура маҳкам менамоянд. Маълум шуд, ки Умар Алиматов барои ба дом афтонидани кормандони идораи барқ бо генерали Прокуратураи транспорт Музаффар Юсуфӣ, ки одами наздики вай мебошад,маслиҳат кардааст.

Наздикони ин кормадони дастгиршуда барои халосии онҳо ба тамоми нафарони наздики генерал Музаффар Юсуфӣ то ба Комил Мирзоалиеви роҳбари Рохи оҳан баромаданд, аммо корашон ҳал нашуд. Ҷавоб фақат як сухан. «Рафта дили Умар Алиматовро ёбед. Агар ман бе иҷозати вай ин корро ҳал кунам Умар метавонад ба ман проблема кунад».

Барои розигии Умар Алиматов ба тамоми шахсони наздики ӯ хусусан генерал  Суҳроб Раупов ва яке аз додарони худи Умар Содиқ одам ёфтанд. Вале сухани ягон нафарро нагирифт. Дар ҷавоб фақат мегуфтааст, ки «ин ду кӯдак бояд наказат шаванд ва бидонанд Умар Алиматов,кӣ аст!»

Мо то ин андоза боқувват будани мафияи Умар Алиматовро баъд фаҳмидем. Дуъо мекунем ба даргоҳи Аллоҳ, ки ин мафияро ба монанди мафияи Исмати Дулик шикаст диҳад.

Аз байн 3 рӯз гузашт. Онҳо дар ҷустуҷӯи «таға» буданд то дили Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфиро ёбанд.

Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфӣ барои шикастани бачаҳо, ё барои баланд бардоштани ставкаи сум ё намедонам барои чӣ нисбати онҳо бо моддаи 319, қисми 4- сангинтарин ҷазо- делои ҷиноӣ оғоз намуданд. Яъне дидаву дониста барои баланд бардоштани ставка ва шикастани кормандони барқ, ки моддаи зикршуда барои кормандони давлатӣ аст, на нисбати кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҶСК -ҳо (дар поён мегӯем чи хел статяро иваз карданд). Хуллас, ҳама дар гиряву нола, ки ҳарду бача суд мешаванд. Зеро ин статия ҷарима надорад, фақат аз озодӣ маҳрум намудан аз 7то12 солро дар бар мегирад.

Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда барои проблема накардани роҳбарони барқи шаҳри Душанбе, ки кормандонашон ба ин кор даст задаанд, садҳо ҳазор сомонӣ пора мегирад.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ намудани тағо ҳама ҷо баромаданд ва розӣ буданд ба ҳар маблағе бошад ин нафарҳоро аз ИВС бароранд.

Дар ин ҳол як нафари шинос гуфт, ки ҳамсинф ва ҳамсояи ман наздиктарин шахси наздики Умар Алиматов мебошад. Вай метавонад 100 фоиз ин корро ҳал намояд. Ман бо он суҳбат кардам. Он шахс номаш Сиёвуш мебошад, ронанда ва началники охраннаи Умар Алиматов будааст.

Онҳо бо ҳамроҳи падари яке аз нафарони боздоштшуда бо Сиёвуш вомехуранд. Сиёвуш гуфт ман наздиктарин шахси Умар Алиматов мебошам. Маро ҳатто аз фарзандаш зиёд эҳтиром менамоям. Ман ин кори шуморо 100 фоиз ҳал менамоям. Гуфт: «агар акаи Умар ба Музаффар Юсуфира бга бмбр Музаффар мембра. Гап -гапи акаи Умарай. Ҳозир агар бхоҳа меброрашон».

Боз ханда карда гуфт «кадом шахсе бо акаи Умар сарбасар шава ҳамин хелшон мекна. Чанд соле, ки ма катиш кор кардаам чандин кормандони идороҳора ба воситаи Музаффар Юсуфӣ ҳамихел кардааст. (Аз ким кадом сохтмончӣ барои сохтмони мактаб, аз ким кадом судя, милиса ва чанде пеш боз кормандони барқи ким куҷо). Хуллас, ин Умар Алиматов дар ин масъала таҷрибаи калон доштааст. Дар охири суҳбаташ гуфт: «имшав бо акаи Умар маслиҳат мекунам, вай ба генерал Музаффар Юсуфӣ занг мезанад, пагоҳ ҷавобша мегӯям».

Пагоҳ омад гуфт маслиҳат хамин хел шуд, 50 ҳазор долларӣ. Дар умум 100 ҳазор долар медиҳед коратон ҳал мешавад ва аз ИВС ҷавобашон медиҳанд ва гуфт аз ин 100 ҳазор 20 ҳазор доллараш ҳақи ман аст. 80 ҳазорашро ба акаи Умар  Алиматов медиҳам. Вай худаш бо генерал ҳал мекунад.

Наздикони боздошт шуда аз вай хоҳиш карданд ин маблағи калон аст, мо аз куҷо меёбем, камтар раҳм кунанд. Вай гӯё ба ғазаб омада гуфт шумо ҳамаҷо баромадед «кортон ҳал нашид, ин кора акаи Умар ба хотири ман ҳал мекна. Набошад ҳарду бача мешинанд, хушру фигр кунен».

Дар охири суханаш гуфт, майлаш, ман шуморо мефаҳмам 10 ҳазор аз ҳақи ман кам кунед мешавад. Дигар роҳу илоҷ набуд. Дар як рӯз аз хешу таборҳо қарз намуда 45 ҳазор долларӣ, дар умум 90 ҳазор доллар ба Сиёвуш расониданд. Барои онки онҳоро аз ИВС халос кунад. Аммо боз ба доми фиреб афтоданд. Зеро аз байн ду рӯз гузашт. Бачаҳоро аз ИВС-и Прокуратураи нақлиёт ба СИЗО бурданд. Наздикони боздошт шуда ба Сиёвуш гуфтанд маслиҳат ин хел набуд.

Сиёвуш гуфт сабр кунед, ҳал мекунем. Сумҳоро гирифтанд: 30 ҳазорашро акаи Умар гирифт, 50 ҳазорашро ба генерал Музаффар Юсуфӣ дод ва боз афзуд, ки барои овоза нашудан бояд дар СИЗО як ҳафта биистанд.

Аз байн 2 ҳафта гузашт. Вале аз баровардани бачаҳо аз СИЗО ягон ном ва нишон набуд ва муфаттишони Прокуратураи нақлиёт ҳам дар рафти пурсиш мегуфтанд: «аз боло ягон супориш нашудаст».

Сиёвушро даъват намуда  ва баландравӣ карда мегӯянд, ки аз байн қариб 20 рӯз гузашт, аз кор ягон ному нишон нест, пулҳоро баргардон. Барои он бо ин қадар маблағи калон бо Шумо розӣ шудем, ки онҳоро аз ИВС бе ягон проблема бароред. Ин хел бошад мо бо адвокат ва муфаттишон сӯҳбат кардем. Ҷинояти инҳо мутобиқи дигар статия мебошад ва онҳо бо пардохти ҷарима мебароянд. «Моддаи 279» ришвадиҳии тиҷоратӣ.

Сиёвуш дар ҷавоб мегӯяд, ки Шумо ҳоло ҳам акаи Умар Алиматовро намедонед. Агар ман ин суханҳои Шуморо ба ӯ гӯям маблағҳои шуморо бар мегардонад. Аммо Шумо як чизро фаромуш накунед, ки ин ду нафар хоҳед нахоҳед мешинанд.

Баъд барои тарсонидани наздикони боздоштшуда аз Умар тавсиф намуда гуфт «акаи Умар армияи шахсии худро дорад. Ба онҳо ҳар моҳ маош медиҳад дар части 3502. Чандин ҳазор яроқ, беспилотныйи шахсӣ «паҳбодҳо». Дар ҷанги байни қирғиз ва худамон кори асосиро армияи  акаи Умар кард, на мудофиа, на МВД. Хуллас, гапи акаи Умар дар ҷумҳурӣ якум ҷо мебошад, хушру фигр кунед».

Ин нафар гуфт, ки мо дигар дар ҳайрат мондем:-« и Умар ин қадар корнамоӣ карда бошад ва ҳатто армияи шахсии худро дошта бошад, мо бо вай чи сарбасар мешавем? Ва таваккал бар Худо кардем».

Рости гап наздикони дубоздошт шуда гуфтанд чи кор карданамонро дигар намедонистем ва ба Сиёвуш гуфтем аз рӯи мардакӣ кор ҳал нашид, ту бояд 10 ҳазор доллари ҳақи худатро бар гардонӣ. Вай  гуфт ман ин пулро расход кардаам, аз куҷо ёбам. Дар охир гуфт ман бо акаи Умар боз маслиҳат мекунам, ҷавобашро мегӯям.

Сиёвуш пеш аз ҷашни Наврӯз ба мо алоқа баромада мегӯяд генерал Музаффар Юсуфӣ бо акаи Умар маслиҳат карданд. Баёноти бачаҳоро аз нав гирифта статияи онҳоро иваз мекунанд ва пас аз ҷашни Наврӯз мебароянд.

Ва Сиёвуш аз 10 ҳазори доля гирифтааш 2 ҳазор долларашро бар гардонид. 8 ҳазор доллари дигарашро гуфт талаб накунед, ман ҳам даводав кардам барои  шумо.

Хуллас, ҳамин хел ҳам шуд. Пас аз анҷоми ҷашни Наврӯз статияи онҳоро аз 319, қисми 4,ба статияи 279,қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки моддаи реалии онҳо буд, иваз мекунанд. Ва баъд аз гузашти 58 рӯз бо ҷазои ҷарима бачаҳо аз суд хушбахтона ба озодӣ баромаданд.

Пас аз баромадан Сиёвуш назди мо омад. Гуфт условияи акаи Умар ҳамин аст ки 8 ҳазор долияи гирифтаи манро талаб намекунед. Дуюм ин ки супориш додагӣ  аст ки минбаъд ин контролёрҳо дар идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор намекунанд.

Дардед, ки моро барои муроҷиат ба назди Шумо овард ва бовар дорам Шуморо тамоми мақомот мешунаванд, ин аст ки мутаассифона, чунин инсонҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд ва ҳамроҳи мову шумо зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди доштани сарвату маблағи зиёд чунон, мумсик, зихна, гушначашм ва мурдаи гӯранд, ки ҳатто свети беморхонаро,ки ҳақи сағиру маризу муҳтоҷҳо аст ва ниёз ба дастгириву кӯмак дорад, ғорат мекунанд.

Ҳоло агар ин ҳолат ошкор намешуд, фикр мекунед дуздии барқи бемористонро бас мекард? Албатта не. Оне, ки устухонаш ба дуздӣ шах шудааст, то охир машғул ба дуздӣ мешавад ва агар касе сари роҳи онҳоро гирад онҳоро ҳамин хел мешикананд. Яъне шиорашон ва фалсафаву фаҳмишаш ва моҳияти зиндагиашон ҳамин аст: «медузем, кадоме сари роҳамонро гирад, шикаста нест мекунем, ғорат карда маҳкам менамоем».

Дар ин кор контролёрҳо худро бе гуноҳ намешуморанд. Онҳо ҷазояшонро диданд. Аммо санаде, ки онҳо тартиб доданду аз ҷониби Прокуратураи нақлиёт гирифта шуд, куҷо шуд? Чаро он ҷаримаро аз ҳисоби Умар Алиматов нарӯёниданду наситониданд?

Аз тамоми кормандони идораҳои дахлдор хоҳиш менамоем дар рафти кор аз ин ҳайвони даранда эҳтиёт бошанд. Зеро ин шахс, яъне Умар Алиматов бо ин кораш ҳаловат мебурдааст.

Як воқеаи дигар. Тахминан моҳҳои август бо фармони вай Сиёвуш бо ҷияни Умар Алиматов, ки номаш Алимат мебошад 3 корманди Кумитаи андозро дар рафти фаъолияти кориашон дар корхонаи Умар Алиматов мурданӣ мезананд. Ва ин се корманди Кумитаи андозро баъдан  бо мусоидати Умар Алиматов аз Кумитаи андоз пеш мекунанд.

Ман бовар дорам, ки ин суханони мо то мақомоти дахлдор, хусусан президенти кишварамон рафта мерасанд ва нисбати ин гурӯҳи ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Агар зарур бошад дар мактуби баъдина наворхои дуздии барқи Умар Алиматовро ба шумо пешниҳод менамоем то шумо ба тамоми мардум онро пешниҳод намоед.

Дар охир дуъо мекунам, ки ин гурӯҳи мафияи Умар Алиматов ва генерал Музаффар Юсуфӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба монанди дигар гурӯҳҳои ҷинояткор ҷазои худро бикашад.

Чуноне дар боло гуфта гузаштем,ки Умар Алиматов чи гуна духтари рафиқаш Давлатшоро ба зани гирифт. Давлатшо аз Умар Алиматов чанд маротиба бо ҳаҷмҳои калон маводи мухаддир мегирад. Давлатшо маводҳоро чанд маротиба бо чанд трафик мефиристад вале ҳама борҳо мусодира мешаванду куриерон боздошт мегарданд. Албатта чун маблағ хело калон мешавад яъне хело…Умар Алиматов дар зиндон буд ва маблағашро талаб мекунад. Давлатшо дигар роҳи дигаре пайдо намекунад ҷуз инки духтари тоза синфи 11 тамом кардашро ба ақди никоҳи Умар Алиматов дар дохили зиндон медарорад. Умар Алиматов,ки барои қатли ҳамсараш дар зиндон буд ,Давлатшо фаҳмида ин корро мекунад. Дар ҳоле Умар Алиматов ва Давлатшо ҳамсол ва портнёр буданд. Албатта қиссаҳои Умар Алиматов хело зиёданд вале мегузорем онҳоро барои барномаҳои баъдӣ. Чуноне Музаффар Юсуфиро дар ҳар барнома ҷиноятҳояшро таку рӯ дорем. Ҳатман аз ин пас ҷиноятҳои Умар Алиматов ва мафияи ҷиноятпешаашро тақдим хоҳем кард.

Эзоҳи «Ислоҳ».Чанде пеш мақомот эълон карданд, ки санҷиш ошкор кардааст, ки аз ҳаҷми қарзи аҳолӣ, ки қаблан эълон мекарданд беш аз 30 фоизи он изофанаависӣ, яъне тӯҳмат будааст.

Др як навиштаи мо ин факт зикр шуда буд, ки дар соли 2017 Спитаменбонки Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари вай бо як занги телефон 300 ҳазор сомонӣ қарзи барқшро нол кард.

Раҳмонов сари ҳар чанд вақт қарзи ширкати барқро списат мекунад.

Ҳамаи инҳо аз чи далолт мекунад? Аз он далолат мекунад, ки дуздони барқ нафарони одӣ нестанд. Мегӯед Раҳмонов худаш намедуздад. Чи гуна Озода медуздад? Озода дуздиро аз кӣ омӯхтаст?

Вале дар ин моҷарои боло як ҳолати ҳайратовари дигар ин ширкати Прокуратураи нақлиёт ва шахси Музаффар Юсуфӣ аст. Мо дар бораи ин генерали додситонӣ борҳо навиштаем. Дар ин қазия маъулм мешавад, ки ин Прокурор бар ивази пул ба Умар Алиматов дасти кӯмак ва пуштибонӣ дароз кардааст. Вале оё Прокурори нақлиёт ин салоҳият ва ҳуқуқро дорад, ки фаъолияти идораи барқро тафтиш кунад?

Ҳоло, мо мунтазир мемонем, ки ин қазияро Прокуратураи Генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва шахсан худи Президенти Тоҷикистон чи гуна баррасӣ ва расидагӣ мекунанд.

Пайгирии қазияро идома хоҳем дод.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ин қазия танҳо дар бораи як нафар нест-ин оинаи як низом аст. Низоме, ки дар он сарват метавонад қонунро хомӯш кунад, ва робита метавонад ҳақиқатро пинҳон намояд.

Умар Алиматов, агар ҳама он чи дар боло оварда шуд, воқеият дошта бошад, савол одӣ аст:
чӣ гуна мумкин аст барқи як бемористон-маконе, ки ба дармон ниёз дорад-ба манфиати шахсӣ истифода шавад?

Қонун бояд барои ҳама яксон бошад-на барои баъзеҳо нарм ва барои дигарон сангин. Агар дар ин қазия дастҳои пуштибон вуҷуд дошта бошанд, пас масъулият низ бояд муштарак бошад. Ҳеҷ мақом, ҳеҷ унвон ва ҳеҷ дороӣ набояд болотар аз адолат қарор гирад.

Имрӯз ҷомеа на танҳо посух мехоҳад-шаффофият, тафтиш ва натиҷаи воқеӣ мехоҳад. Агар ин саволҳо бе ҷавоб монанд, паёмаш равшан аст: беҷазоӣ идома дорад.

Ва агар ҷавоб дода шаванд-ин метавонад оғози барқарории эътимод бошад.

Ба Музаффар Юсуфӣ низ саволҳои ҷиддӣ матраҳанд.
Агар воқеан мақомоти таҳти роҳбарии ӯ ба ин қазия дахолат карда бошанд, пас суоли асосӣ ин аст:

Прокуратураи нақлиёт ба чунин парванда чӣ иртибот дорад?
Оё салоҳият вуҷуд дошт, ё сухан аз истифодаи мақом барои ҳадафҳои дигар меравад?

Ин ҷо дигар масъала танҳо як қазияи ҷудогона нест-сухан дар бораи эътимоди мардум ба адолат меравад. Ҳар як қадами ғайриқонунӣ, ҳар як дахолати беасос, пояҳои давлатдориро суст мекунад.

Музаффар Юсуфӣ бояд дарк кунад:
мақом масъулият аст, на имтиёз.
Ҳар амале, ки берун аз доираи қонун сурат мегирад, на танҳо савол, балки ҷавобгариро низ ба миён меорад.

Имрӯз ҷомеа мепурсад —
на бо эҳсос, балки бо ҳақ:

Кӣ ба ту ба ин дахолат иҷозат дод? Ва бар асоси кадом қонун?

Хомӯшӣ дар чунин ҳолатҳо посух нест.
Ҷавоб бояд равшан, қонунӣ ва ошкор бошад. Медонем ту аз Худо наметарсӣ, ақалан аз ҳамон пешвоят ва писари ӯ наметарсӣ? Ё бароят мисли Умар Алиматов анҷоми ҳама ҷиноят иҷозат аст? Музаффар Юсуфӣ хуб дон ва огоҳ бош мо дар пошнаи ту шиштаем!

«Ислоҳ» ин саволҳоро боз ҳам пайгирӣ хоҳад кард. Ислоҳ пайгирии ин қазияро ҳатман идома медиҳад….

Сообщение Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт» появились сначала на ISLOH.net.

Ledy from Ғарм №5
Зарина Идизода: аз «фитр» то «доля»—аз гуштӣ то «конверти Раҳими Ғармӣ»

Навиштаи зер идомаи достонҳо аз корномаҳои Зарина Идизода, «Ledy from Ғарм» раиси ноҳияи Рашт аст. Ин бор сӯҳбатҳои ҷолибу рангине аз ширкат ва ҳузури ин раиса дар як сабқати гуштӣ дар ноҳияи Рашт аст. Ислоҳ 4 барномаи махсуси «Ledy from Ғарм»-ро нашр намуда буд ва дар мавриди Ғарм чандин барномаҳои махсӯсе тақдим намудем. Охирон барномаи «Ledy from Ғарм» дар охири соли гузашта буд. Барномаи панҷумро дар соли ҷадид тақдим менамоем.Воқиан хело ин Зарина Идизода зани шаттоҳу бадгашту баднафсе будааст,ки Қаноатшо Лоиқзода ва Набизода дар назди ӯ ҳеҷ будаанд. Ислоҳ Қаноатшо Лоиқзодаро бо нашри матолиб аз кор сабукдуш ва аз мақоми Раиси порлумон шудан маҳрум намуд. Набизодаро ҳам ҳамчунин ва инак расидааст навбати «Ledy from Ғарм».  Раиса дар расми баргузории сабқати гуштӣ ширкат намуда танҳо баъд аз гирифтани «доля» аз Раҳими Ғармӣ ба идомаи он иҷозат медиҳад. Вагарна бозӣ ба итмом нарасида сабқатро қатъ мекард, то солимҳо ба худаш монанд.

Ин номаро яке аз ҳозирини ин мусобиқа корманди ….ба «Ислоҳ» фиристодааст, ки мо ҳам барои нашр омода ва пешкашатон кардем:

Шоҳиди воқеа аз Ғарм

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари дар роҳи ҳақ! Худованд шумову пайвандонатонро умри дарози пурбаракот диҳад ва гузаштагонатонро раҳмату мағфират кунад.

Мехоҳам як каме аз зулму золимии мақомоти ноҳияи Рашт дидаву шунидаамро аз дилам холӣ кунам. Дар урфият мегӯянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан».

Аз дидаҳову шунидаҳоям рӯи ин коғази сафед меорам. Дарди дили худ ва ин ҷабрдидагонро сабук мегардонам, аммо намедонам гуноҳ мегирам ё савоб?

Хулласи калом, бо даъвати яке аз бародарон, ки дар санаи13. 04. 2026 мусобиқаи гуштини калоне дар ноҳияи Рашт баргузор гардид, омадем.

Ман дар мақомоти инҷо  чандин сол кор кардаам, рафтору гуфтор, урфу одати ин мардумро хуб медонам. Нону намаки ин сарзаминро бисёр хурдааму медонам, ки инҳо мардумони меҳмоннавоз вале дусткушу душманпарвар мебошанд. Хуллас, даъватро рад накарда омадам. Вале, чи ҷойи руст кардан, ки худам бисёрии инҳоро дар вақташ зулм кардаам. Баъди тамошои барномаи шумо, ки дарк намудам, ки инҷо таги коса нимкоса ҳаст. Дар назди 3 бародар ин гапҳоро мегуям, Аллоҳ баракаташон диҳад, намедонам кадомаш бошад норезондаю ночаконда ба шумо мерасонанд. Ҳамаашро вақте дар мақомоти ноҳияи Рашт будам барои як коре оварданд, ки фармондиҳандаашон аз деҳаи Тагоба буд. Фармон додам, ки маҳкамаш кунед. Ӯро чунон зулм кардаанд, ки ҳисобаш нест. Аммо шери Аллоҳ ба гардан нагирифт. Вақте қассобони подвал омаданду гуфтанд, ки аз ҳуш рафта дар ҳолати марг аст вале ҳеҷ ба гардан намегирад, гуфтам баред фелдшер бинадаш, соз шуд ба кабинетам биёред.

Хуллас, овардандаш. Дидам ва гуфтамаш, туро дар ҳамин подвали мо тавреат карданд, ё аз тюрмаи Гуантанама гурехтӣ. Гуфт худованд ҳидоятатон кунад. Шумо ҳам тоҷикед, дар кадом дине, ки бошед. Вале аз инҷо дида он тюрмаи гуфтагиат азобу шиканҷааш камтар будагист.

Дар вақти калимаи ҳидоятро шуниданам як ваҳме дар дилам омад, ки ман вообше ин суханҳоро афсона медонистам. Баъди суханҳои бисёри вай пушаймон шудам. Чунки чунин суханҳои ин қадар пур аз номи Аллоҳу расулро нашунида будам. Аз вай хоҳиш кардам, ки «гир амбуррову валлоҳӣ нохунҳои маро кан, гушти бадани манро тоб деҳ, то расчёт шавем. Ба ин суханҳои зебои ту агар ҳақиқат бошанд, ман чи ҷавоб хоҳам дод фардо дар назди Аллоҳ. Ту хафа шудаӣ, маро бубахш».

Вай гуфт, бародар бубин чи сухани зебое? Ҳол онки аз  ҷабри фармони ман дар дасташ нохун несту дар сараш муй нест. Ба амбур кандаанд.

Аъзои баданашро бо бинту пахта бастаанд. Чунки амбурро мондаю тоб додаанд. Ҳамааш дар хун гум аст. Гуфт ман аз ана ҳамин стул хафаам, ки ту дар болояш нишастаиву вазифаатро иҷро мекунӣ. Ин тавр шумо барин чандинтоатон ин стулҳоро тарк карду рафт. Рӯзе мерасад, ки шумо ҳам ин стулро тарк хоҳед кард.

Ман ларзидаму хестам ва оғӯшаш кардаму бурдаму дар врач нишонаш додаму ҳамаи уколу доруҳояшро харидаму гуфтам, ки «ана ҳамин номери асосии ман. Дар ҳолате, мушклие ба сарат омад, маро занг зан. Вале инро бояд гуям, ки ин ноҳияро тарк кун». Чунин машвараташ додам, чун медонистам дигар дар Ғарм зиндагонӣ карда наметавонист.

Ҳозир дар дигар ноҳия зиндагӣ мекунад.

Вақте даъватномаи гуштинро равон кардам, зангаш задам ва гуфтам, ки ба шаҳр биё. Дар минтақа гуштин меравем.

Хуллас, омадам. Бурданд, дар қарибии раиса шиштем.

Дар вақти кориям яке аз одамони наздики раисаро барои як кори ғайриқонунӣ дастгир намудам. Гапи раисаро нагирифтам. Вале бо хоҳиши як роҳбари баландмақом, ки раиса бо вай алоқаи бисёр зич дорад, онро раҳо кардам. Ба ҳамин хотир нахостам раиса манро бинад. Чунки ман дасти мардакӣ дода будам. Ба ҳамин хотир инро нақл намекунам.

Аммо ин раиса кина дар дил дошт. Шояд то ҳозир дошта бошад. Барои худам як ҳолати алоқаи шаҳвонии ин раисаро сабт кардаву бо дигар кас фаҳмондамаш, ки

крайни чего «ма шармандаш мекнм». Барои ҳамин камтар поёнтар шиштем. Хуллас, гургбача калон шавад, ҳамон модагурги ваҳшист, ки гурги ҳамроҳаш бударо дар ҳолати суст шуданаш меронаду боз гурги бақувватро ҷустуҷӯ мекунад.

Дар рафти гуштин барои ритмҳояшро ба шумо фаҳмонам баландгӯякро бардошту гуфт, ки ним соати дигар бо ҳамин тамом.

Аммо ин луқма барои Раҳими ғармӣ буд. Чунки як одам он тарафтар Раҳими ғармӣ нишаста буд. Вале раисаро аҳамият намедод. Раҳими бо лақаби ғармӣ овозаш дод:- «илтимос мон, давом тиян».

Раиса хесту он мақомдорро (бигзор номаш махфӣ монад) гуфт: «хез, ма да бари Раҳимҷон шинам, каме суҳбат бояд кунам». Вай хесту ин шишт ва каме гап заданд. Жучоки таги стол гапҳояшонро сабт кардааст.

Бародаронро илтимос кардам, ки гапҳояшонро ба ман партоянд. Раҳим, ки мард аст, гуфташ, ки апа, ҳозир маъракаро ба анҷом мерасонӣ, баъд ин меҳмонҳо мегӯянд Раҳим номардӣ кард. Дидӣ, ки ман гуфтам зарае номардӣ бишавад, ман худам отмениташ мекунам. Ва онҳо ба чи хулосае омаданду ҳамаи паҳлавононро -инашро ба ваяш чи бо роҳи хол ва чи бо роҳи задан муайян намуданд.

Акнун 8 нафар бо вазнҳои гуногун муайян шуданд. Агар шумо маъракаро ба анҷом расонед, ин меҳмонҳо мегӯянд, мошинҳои аз салон гирифта ҳамааш таърифу сафсата будааст. Барои ҳамин бо хости раиса гуштинро кашола додаву мошинҳоро нагиранд, дигар иҷозат надоданд гуфту як конверти ё 100 ҳазора буд ё 50 ҳазор сомониро дар дасти раиса доду гуфт:-илтимос гиред. Раиса тираш, ки ба ҷояш расид, гуфт Раҳимҷон то саҳар иҷозат, гуштин гирифтан гириен.

Вақте Раҳим ба раиса гуфт «мон гуштин давом кунад» ман ба воситаи ин барнома ба раиса аз тани Раҳим (маълум аст руяш намешавад, ки туро беваи беномус гӯяд) гуфтаниям, ки ҳар ҷашне баргузор мешавад аз номи пешво ба Раҳим занг зада мегӯӣ «хариди ин маъракаро Ҷаноб мега Раҳима бгу». Баъд зуд маъракаро тамом мекунию тамоми чизҳои мондагиро аз они худ мекунӣ.

Ин дафъа ҳам хостӣ, ки қариб як камаз чизҳои зиёдатишударо аз они худ кунию боз бурда дар магазини худат ва онҳое бори туро мегиранду сраза наличка медиҳандат супорӣ. Вале Раҳим кайхо фаҳмидааст, ки ту кӣ ҳастӣ.

Чунки чанд бор шуд, ки вақте чизхо зиёдатӣ мекунанд, мегӯӣ «Раҳимҷон мара те ҳисобашонро миёвам ба камбағалҳо аз номи Ҷаноби олӣ падарка мекунам. Ҷаноб бошад аз ту хурсанд мешавад».

Вале дурӯғ мегуию онҳоро фурухта гуфти худат барои заднит каса мекунӣ.

Аммо ин сафар, ки пурсидӣ Раҳим пай бурдааст, ки ту кӣ ҳастӣ, дар ҷавобат гуфт, ки «мебахшӣ началник милицияи Навобод пагоҳ бузи калон доштааст, онҳоро ба вай ваъда кардаам, ҳамон мебарад». Нороҳат шудию абри сиёҳе ба сарат омаду дигар ягончи гуфта натавонистӣ.

Худат медонӣ барои чӣ? Барои онки началники Навобод пеш началник милицияи Тоҷикобод буд. Ӯро барои корҳои ғайриахлоқиаш аз мақомот бо статия сураш карданд. Аммо ба гузашти моҳҳо вай, ки балелчики бузкашӣ мебошад, ҳоҷӣ Амриддин боз оварда началники Навобод монд ва як аспи бузӣ падаркааш кард. Ту медонӣ, ки ин одами асосии Амриддин аст. Вагарна ин шармандагии мақомот аст ки бо статия аз як ноҳия сур мекунанду боз оварда дар дигар нохия мемонандаш.

Нисбати началник милицияи пешинаи Навобод, ки бо перевод Қурған рафт ин хело созтар аст. Вай дар ҳар як бузкашӣ мегуфт «ма шапидагиюм, фармонте варзишу бзкаширо долияи маро 5000сомони метиен ба буза мекашен». Аммо инаш бошад мегӯяд «ма шапидагиюм пулгира. Коме буз мета додан гира».

Вале як кори зиракиро пеш гирифтааст. Участковийҳояшро 2 моҳ пас ҷойиваз мекунад, ки агар участковий ҳаққонӣ кор кунад на камтар аз 3 то 5 сола бояд кор кунад. Вале инҳо дар ду моҳ ба ҳар баҳона халқро ҷаримаю долябандӣ мекунанд. Барои ҳамин инҳоро иваз мекунад, то ному насабашон расонаӣ нашавад. Ман ба раисони ҷамоатҳо гуфтаниям:- шумо оянда дар вақти раис буданатон ба ҳар як коратон ҷавоб хоҳед гуфт. Барои ҳамин ин участковию амнияту уголовникҳоро қайд кунед, ки кианд ва аз куҷоянд.

Дар ҳаминҷо ба вазири корхои дохила гуфтаниям, ки ҳой буқача медонам аз Нақшов қади аҷал метарсӣ. Вале як бор кори ин участковийҳои Раштро назорат кун.

Раҳмими Ғармӣ вақти саршавӣ гуфта буд, ки номардӣ шавад, маъракаро ба анҷом мерасонам.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте Раҳим эълон кард, ки ягон номардӣ шавад, худам гуштинро манъ мекунам, ин раиса роли шайтонро бозиду Раҳимро ба гап гирифта ҳуши ӯро парешон кард, то инҳо яъне Лоиқовро  дубора писари ин додараш Маҳмасафо, ки раиси бахши варзиши ноҳияи Рашт буд, аз раисӣ хаташ зада буданд, бо маслиҳати раиса барои онки авлоди Раҳиму Ҷабборовҳо гӯянд, ки «и раисарам Лоиқовҳора чашми дидан надора» писари ин Маҳмасафо додари Қаноатшо Лоиқзода  якум боре даромад сраза зада буданаш, бояд дуюмбора наменавистанаш. Чунки инҳо ба умед буданд, ки бачаи Маҳмасафо бой дод. Дуто аз Ёрибекашон аст. Аммо ин ду писари Ёрибекашонро сари пар як чечен зад. Инҳо маҷбур шуданд, ки раисаро розӣ кунанду дуюмбора писари Маҳмасафоро нависанд. Раиса бошад розӣ шуд. Чаро не? Ҳам доляро  гирифт, ҳам кадомеаш ҳам, ки занад всеравно байни Ҷабборовҳо ва Лоиқовҳо боз норозигие мешавад.

Ҷабборов Илҳомидин бошад паҳлавонҳои беҳтаринро заду ба ин бачаи Маҳмасафо аҳамият надод, ки чандин бор задамаш ва боз мезанмаш.

Лекин ногаҳон худашро бар тахтаи пушт дид. Аммо ана ҳамин раиса ин ду авлоди номдори100-ҳо кас мешинохтагӣ дар ин дараи Таговаро намехоҳад. Коре кард, ки Лоиқзода Муҳаммадӣ- ҷиян, бачаи додари Лоиқзода Қаноатшо ва Илҳомидин Ҷабборов додари Сияршо ) ҳардуи инҳо боз ногуфта намонад домулло Муҳаммадиқбол, ки «лидер»-ҳои барномаҳои шумо мебошанд))), ном бароранд.

То ҷое медонем Қаноатшо Лоиқзода зиёда аз 1миллион доллар баъди барномаҳои шумо доду ҷонаш халос шуд. Вале Сияршо бошад ҳаромию дуздию чи коре, ки кард берун аз зодгоҳу  ватанамон кард.

Аммо ин раисаи ришвахур Зарина Идизода  бошад тамоми ҷинояти зулму пораро дар ин ноҳияаш карда истодааст, аз номи мақомоти болоӣ карда истодааст ва мегӯяд, ки маро шахсан Ҷаноби олӣ худаш фармон додааст.

Як ҳамкорам нақл кард, ки Рашт 14 ҷамоат дорад. Дар ҳар ҷамоат на камтар аз 8 то 10 -12 қишлоқ ҳаст. Сари қишлоқе аз 10 ҳазор сомонӣ боло раисони қишлоқҳоро маҷлис гузарондаву гуфтааст, ки фитри рузаро оварда диҳед, то числои 16ум. Агар буд накунед, барои ин 10ҳазор сомонӣ милисаву пажар даромада хона ба хона хокатонро мебезад. Ман ба раиса гуфтаниям: «ҳой леди фром Ғарм! Вақте баландмақомро мебарӣ, ташкилӣ мекунию мезанед кайфҳо дар осмони ҳафтум баланд мешавад: «мегӣ биё….( ҳолатҳои шаҳвонӣ ҳаст як сафҳа,ки аз он парҳез мекунем».

Бахудо қасам бас кун, ки ма медонам и домло одами худотарс аст, дар ин барномаш намемонад ин сиёмкаро клипатро майда када дар кароткиёи ютуб мепартоям. И 10ҳазор сомони мегӣ фитри руза. Кадом руза? Рузаи пешмеомадагиро ҷамъ дорӣ? Мегӯӣ маро фармон дод ин пирбузбалаи беақл. Кушиш кардӣ аз Ҷаноби олӣ  як тул гирӣ. Хоҳишат ҳамин буд, натавонистӣ. Ҳозир ин пирбузбалаи девона шуд. Аз номи ин сум мегирӣ Ҷаноби олӣ инҷо причем, ё шояд рост мегӯӣ. Чунки гузаштани рамазонро як моҳ шуд нав ту фитри руза ҷамъ дорӣ. Ба раисҳо интавр гуфтӣ, вале дар дигар ҷо худат медонӣ, ки подкайф будӣ. Ин пирбузбала мегӯяд аз сар налоги рузаи ин ҳамшаҳриҳоятро гирифта ба ду дасти адаб оварда деҳ.

Охир як чанд бор шуд мегуям ҳамаи қишлоқҳо ними маблағро додаанду хапанд, як дастгирӣ кун, ҷамъаш кунем барои ҳамин дилат пур шуд. Мегӯӣ милисаву пажар хонабахона гашта, кроме ин пул боз ҷарима мекунанд. Ҷаноб налоги рузаро мебинаду ман бисёр фикр мекунам, ки ҳамин Ҷаноб ҳамин гапро намедонад. Чунки агар донад чаро аз Қазноқ ва Поче ватани Раҳим ҷамъ накардӣ? Ё инашро ҳам Ҷаноб гуфт, ки ҷамъ накун?

Ман ҳамчун корманди ин мақомот аввал ба Раҳимӣ ғармӣ, баъд ба ин мақомот гуфтаниям Раҳимҷон, бародар агар сатҳи психологияи одам кам ё хаставу заиф бошад, дар амнияти мо онро тамоман роҳ намедиҳанд. Чунки як саволҳоеят медиҳанд, ки агар номуси мардакӣ дар вуҷудат каме ҳам бошад ин саволдиҳандаро гарданашро мезанию баъд меравиву баҳазур дам мегирӣ. Ана ман аз назари психологӣ ба ту ба воситаи ин барнома мегуям, ки вақте раиса дасташро дар сари зонуи ту заду хандид, аз чашмони вай ман пай бурдам, ки вай туро ҳаматарафа мехоҳад. Шояд мо ин раисаро имруз то пагоҳ ғалтонем ва баъзе номардони мо барои бадном кадани ту ин раисаро истифода баранд. Барои онки   дар баъзе ҷо гуфтааст, ки вақте Раҳим ба ман хонаро хариду подарка кард, дар он хона вай алакай маро мехост, вале ман нахостам. Вагарна ӯ тайёр буд. Шояд баъди дастгир карданаш барои бадномии ту розӣ шаваду туро бо ягон кор подставит кунад. Барои ҳамин вақте даъватат мекунад, танҳо нарав ва аз ин шайтон дурӣ биҷӯй.

Ба мақомот гуфтаниям, ки фардо дар назди Аллоҳ ҳар як налоги рузаро, ки дуюмбора мегиред, ҷавоб медиҳед. Ин суми маҷбурӣ гирифтаи шумо шояд дар қиёмат ягон фоида ё зарари инҳо бошад, вале аниқ ин дарди сари шумо мешавад. Шумо мард шаведу коведу бароред. Ку бинед ҳамин сум куҷо мешавад?

Маълум шуд, ки сари ҷон 7 сомонӣ будааст. Агар мисол ҷамоате камаш 7ҳазор аҳолӣ дошта бошад ба 7зарбаш занем мешавад 49 ҳазор ва ба 14 ҷамоат зарбаш занем мешавад 686000 сомонӣ!! Ана суми бедарди миён.

Пас,чоплусони Раштонзамин, хулосаатонро бароред: хоин кист, бешараф, бепадар, бенасл, бевиҷдон кист? Наход мардумро намонӣ, ки худашон касеро хоҳанд фитри рӯзаашонро диҳанд. Охир рузаро як моҳ шуд, ки буд шуд. Магар шумо боз барои соли дигар пешаки ранги налогҷамхкунитон мегиред?

Пасгуфтори Ислоҳ:

Хонум Зарина Идизода, бо псивдоними «Ledy from Ғарм»!

Таърих дар ин сарзамин борҳо такрор шудааст, вале на ҳама аз он дарс мегиранд. Оё сарнавишти пешиниён барои шумо ибрат нашуд? Онҳое, ки дирӯз худро устувор ва дастнорас мепиндоштанд-имрӯз аз саҳна канор рафтаанд. Номҳое чун Қаноатшо Лоиқзода, Набизода ва Маҳмадтоир Зокирзода гувоҳи онанд, ки қудрат абадӣ нест ва мансаб кафолати амният нест. Шумо ҳам хонум хонумо аз ин арбада дур нестед!

Матолиб ва ифшогариҳо танҳо калима нестанд-онҳо оинаанд. Оинае, ки дер ё зуд ҳақиқатро нишон медиҳад. Ва ҳар қадар талош шавад онро пинҳон кунанд, рӯзе равшан мешавад.

Имрӯз фурсати он аст, ки ҳар соҳибмансаб ба худ назар кунад:
қадамҳое, ки мегузорад-ба куҷо мебаранд?
амалҳое, ки анҷом медиҳад-чӣ паёмад доранд?

Ва ба Раҳими Ғармӣ низ як сухани кӯтоҳ:
андеша кунед, пеш аз он ки ҳар иқдоми молӣ ё дастгирие анҷом диҳед. Ҳар амал паёмад дорад, ва дар фазое, ки ҳар чиз зери назар аст, ҳатто як қадами нодуруст метавонад ба мушкили ҷиддӣ табдил ёбад.

Ин танҳо як ҳушдор аст-на аз рӯи кина, балки аз рӯи таҷрибаи дидашуда.
Роҳи интихобшуда метавонад ба обрӯ ё ба беномӣ анҷом ёбад.

Интихоб—ҳанӯз дар дасти шумост.

Сообщение Ledy from Ғарм №5 появились сначала на ISLOH.net.

Рӯзи байналмилалии озодии баён: «ҳар қадар Оила қавитар шуд-ҳамон қадар матбуот нобуд гардид»
Ҳамасола 3-уми май ҷаҳон Рӯзи байналмилалии озодии баёнро таҷлил мекунад-рӯзе, ки бояд садои ҳақиқат баланд бошад, қалам озод нависад ва журналист аз тарсу таҳдид эмин бошад. Аммо барои Тоҷикистон ин рӯз бештар ба як оинаи воқеияти талх табдил ёфтааст.

Тибқи раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот, ки онро Reporters Without Borders таҳия мекунад, Тоҷикистон дар зинаҳои поёнии ин индекс қарор дорад (дар солҳои ахир- тақрибан дар даҳгонаи охири кишварҳо). Ин нишон медиҳад, ки вазъи озодии баён дар кишвар дар сатҳи «бисёр душвор» арзёбӣ мешавад-сатҳе, ки бо саркӯб, сензура ва таъқиби густурдаи журналистон тавсиф мешавад.

Ин воқеият танҳо рақам нест-он бо сарнавишти одамони воқеӣ чен мешавад. Имрӯз даҳҳо рӯзноманигор, аз ҷумла Рухшона Ҳакимова, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Аҳмади Иброҳим, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхонум Мамадшоева, Ҳушом Ғуломов, Хуршед Фозилов ва чандин блогеру озодандеши дигарбо иттиҳомҳои гуногун пушти панҷара қарор доранд.

Бархе аз онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, танҳо барои он ки ҳақиқатро навиштанд ё аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва фасод ҳарф заданд. Ин рӯйхат бо чанд ном маҳдуд намешавад- тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, ҳадди ақал 8–10 хабарнигор дар робита ба фаъолияти касбии худ дар зиндон қарор доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо ба ин вазъ вокуниш нишон додааст. Созмонҳое чун Reporters Without Borders, Human Rights Watch ва дигар ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки журналистони боздоштшударо озод кунанд ва фишор ба матбуотро қатъ намоянд. Аммо ин муроҷиатҳо, изҳоротҳо ва гузоришҳо то имрӯз натиҷаи воқеӣ надодаанд. Садо баланд шудааст, аммо тағйирот дида намешавад.

Омили асосии ин вазъ, ба гуфтаи таҳлилгарон, сохтори мутамаркази қудрат ва ҳокимияти тӯлонии Эмомалӣ Раҳмонов ва доираи наздики ӯст. Дар чунин низом, ки қудрат, иқтисод ва фазои иттилоотӣ дар дасти як доира ва оилаи маҳдуд қарор дорад, матбуоти мустақил на ҳамчун шарики ҷомеа, балки ҳамчун таҳдид ба қудрат арзёбӣ мешавад.

Дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз ба ҷое расидааст, ки дар он Рӯзи байналмилалии озодии баён на рӯзи ҷашн, балки рӯзи ёдоварии саркӯб, маҳдудият ва мотам аст. Журналистоне, ки бояд садои мардум бошанд, худ ба ҳимоя ниёз доранд-ҳатто адвокатҳо ниёз ба ҳимоят доранд ва ҷомеае, ки аз ҳақиқат маҳрум аст, дар торикии иттилоотӣ боқӣ мемонад.

Оила месабзад-журналист мемирад

Ҳар қадар, ки Оила зиёд ва зӯр мешавад, матбуоти тоҷик ҳам ба ҳамон андоза залил ва заиф шуда истодааст.

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии 26 солаи Раҳмонов замоне дар вазорати тандурустӣ ба мақоме даст меёбад, ки Рухшона Ҳакимоваи 30 сола, хабарнигори мустақил барои ҳашт сол маҳкум ба зиндон шуд. Вале Рухшона Ҳакимова ягона журналисте нест, ки зиндонӣ шудааст. Ба ҷуз аз ӯ боз нӯҳ нафари дигар аз журналистони тоҷик пушти милаҳои зиндон ҳамроҳи ҷинояткорон ба сар мебаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Парвинаву Тахмина, ду духтари Раҳмонов машғули бизнесанду фирмаҳои чандинмиллиониро мечархонанд, Озодаву Рухшонаву Зарина, духтарони дигари ин диктотури худкома бошанд дар мақомоти баланди давлатӣ ва дар қасру кӯшкҳои муҷаллал ва сари хони пур аз нуқлу наво дар айшу ишратанд. Аммо, бале, боз ҳам аммо….. Улфатхонум Мамадшоева ин бонуи рӯзноманигори 60учандсола дар ин шабурӯзҳо се сол аз ҳукми 20 сол зиндони худро дар маҳбаси Норак сипарӣ кард.

Ҳоло шояд бипурсед, ки Оиларо ба матбуот чи рабте? Инро, нагӯем ҳам фаҳмидед, ки Оила чи оила аст ва аз чӣ Оилае гуфта истодаем. Акнун, ки фаҳмидед, инро ҳам бидонед, ки Раҳмонов, саробони ин Оила тӯли ин солҳо на фақат иқтисоду молия ва арсаи сиёсатро ғасбу тасарруф кард, матбуоти тоҷикро ҳам тавре тохт, ки дигар дар он на ҷоневу мондаву на номе. Чунки Раҳмонов на фақат аҳзобу ҳаракат, сиёсатмадорону дигарандешон, балки журналистонеро, ки ҳарфи як каме дигартар мезаданд, чашми дид надорад. Онҳоро ба унвони манобеъи таҳдид мешиносад, агарчи, барои мисол на Далери Имомалӣ ё Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва ё Хуршеди Фозилу Завқибек Аминӣ ҳеҷ гоҳ даъвои сиёсие накарда буданд, ҳатто барои худи Раҳмонов ҳам чизе нанавишта буданд. Навиштаҳои онҳо, мухотабони онҳо мансабдорону масъулони сатҳи васат буд.

Аҳмади Иброҳим, сардабири «Пайк» як нашрияи музофотӣ дар Кулоб барои интиқоди раиси шаҳри Кулоб 10 сол маҳкум ба зиндон шуд. Даҳ соли умри худро ин марди аз шастсола боло бояд дар зиндон бигзаронад. Вай навишт, ки Бахтиёр Назарзода, раиси Кулоб аз пули бюҷети давлат барои модараш ҳайкал гузошт ва роҳи самти қабри модараш дар қабристонро мумфарш кард, ҷойи онки роҳҳои харобу валангорро дар Кулоб ободу нав кунад. Гуноҳи Аҳмади Иброҳим ҳамин ҳақгӯияш буд. Аҳмад Иброҳимро зиндон карданд. Чунки набояд ҳарфе бар болои ҳарфи ҳокимон бизанад.

Вале баъди чанд вақт маълум гардид, ки Аҳмади Иброҳим ҳоло чизе нагуфта будааст, чун ҳолоҳолоҳост, ки дафтари аъмоли раиси ҳамакнун собиқи Кулоб тавассути мақомот дар тафтишот асту ончики Аҳмади Иброҳим навиштааст аз ҳазорон яке ҳам набудааст.

Ҳаёти ин рӯзноманигор талху шӯр шуд ва муроҷиату шикоёти батакрори бастагони вай ва бастагони ҳамаи ин журналистон, аз ҷумла Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки дар зиндон ҷарроҳӣ шуд Раҳмонов, Озода ва Рустам гӯш накарданд.

Номаҳои дастҷамъии даҳҳо тан аз фаъолони маданӣ, шахсиятҳои шинохта ба Озода Раҳмон, ки гуманизм нишон диҳад, зан модар аст, то Рухшонаро, ки тифли ширхора дар доман дорад, озод кунанд, дар фазо муаллақ монд. Озода ҳатто эътино накард. Пас, вақте мегӯям, ки Оила зиёдтар ва матбуот заифтар шуда истодааст, беҷиҳат нагуфтам.

Барои раҳоии ин журналистон, ба шумули ду зан созмонҳои байналмилалӣ ҳам ба Раҳмонов муроҷиат карданд аммо аз санг садо ҳасту аз вай нест.

Имрӯз, ки дар кишварҳои мутараққии дунё Рӯзи байналмилалии озодии баён, яъне матбуот таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон ин журналистон ба хотири ҳамин озодии баён заҷри завлонаи зиндон мекашанд.

Дар ҳаминҷо тасвиреро аз Жанна Кавелйе, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони Гузоришгарони бидуни марз дар бораи вазъи озодии баён дарТоҷикистон пешниҳодатон мекунам, ки ҳамин ду рӯзи пеш дар «Озодӣ» сӯҳбат кардааст:

Жанна Кавелйе: «Дар аввали соли 2025 дар паи додгоҳҳои сохтакоришуда хабарнигор Рухшона Ҳакимова ва сардабири “Пайк” Аҳмади Иброҳим ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд. Дар ҳоли ҳозир 9 хабарнигор дар робита бо фаъолияти кориашон дар зиндон қарор доранд. Дастрасӣ ба иттилои мустақил фавқулода маҳдуд аст, сомонаҳои мунаққиди давлат баста боқӣ мемонанд, хабарнигорон назорат мешаванд ва бо ҳабсу таҳдид рӯбарӯ ҳастанд. Бисёриҳо маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд».

Шуморе аз ин журналистони зиндонӣ дар ҳамдастӣ бо мухолифин ва созмонҳои мамнуъа муҷрим шинохта шудаанд, ки ин иттиҳом дар зоту бунёди худ як дурӯғи дигари Раҳмонов ва мақомоти вай аст. Ҳеҷ яке аз ин журналистон, барои мисол бо ман Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи «Ислоҳ», ки Раҳмонов ифротиву даҳшатафкан иттиҳомам задааст, ҳамкорӣ надоштанд.

Иллат ва сабаби асосии саркӯб ва хафақони матбуот, маҳву нобудсозии озодии баён дар Тоҷикистон ин аст ки як Оила ҳокимият меронад. Раҳмонов ба унвони саробони ин Оила фақат дар фикри таъмину таҳкими ҳамин Оила аст. Ҳукумат аз марказ то музофот фақат барои ҳамин Оила хидмат мекунад. Ва, ин Оила фаротар аз қоида ва қонун зиндагӣ дорад. Дору мадори мамлакат дар дасти ҳамин Оила аст. Барои онки мардум ин ҳама дуздиву ғорату шӯру чаповули Оиларо нафаҳмад, Раҳмонов барои матбуот ва озодии баён маҷоли гапзанӣ ва иҷозаи вуҷуд ва будан намедиҳад.

Агар дар Тоҷикистон озодии баён буд, матбуоти мустақил вуҷуд медошт, аз интихоботҳои пур аз мазҳакаву масхараи худи Раҳмонов менавишт, аз он менавишт, ки чаро бояд фарзандони Раҳмонов, масалан Рустам, масалан Озода, Рухшона, Зарина ҳукуматро тасоҳуб кардаанд, аз он менавишт, ки ҳукумати оилавӣ- қабилаӣ -маҳаллии Раҳмонов дуздиву ғоратро ба авҷи аъло расондааст.

Аз хариди самолёти 100 миллиондолларии Раҳмонов, аз суратҳисобҳои оффшории аъзои ин Оила, аз Авестогрупп, аз Фароз, аз Озода кемикал, аз Сифатфарма аз IRS менавишт, ки чи тавр давлатро, мардумро доранд ғорат мекунанд.

IRS, як ширкати ҷаъливу дурӯғӣ, ки солона беш аз 40 миллион доллари мардумро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зада мегирад, Фароз, ҳатто права ва техпаспортро аз ГАИ кашиду гирифт, Тахмина фурӯши чиптаҳои ҳавопайморо аз худ кард, конҳои ангишти мамлакатро Фароз соҳиб шуд. Хуллас ин Оила ҳамаро кашиду гирифт.

Бо ин вуҷуд, ки Ҳасани ишкамбаи додарзани Раҳмонов садҳо ширкату корхонаҳои давлатиро шахсӣ карду гирифт, нафсаш қаноат надод, бозори Панҷшанбе дар Хуҷандро ҳам тасарруф кард. Қабл аз вай Муҳиби номард бошаму зинда бошам бозори Ином дар Шаҳритусро аз моликони аслиаш кашиду гирифт. Автозаправкаҳои Умед-88-ро Шамсулло Соҳибови домоди Раҳамнов соҳиб шуд ва молики он Раҷабалӣ Одинаевро дар зиндон куштанд.

Дар мамлакате, ки ҳама чиз ошкор ва дар дастраси мардум қарор дорад, зарурат ба саркӯбу хафақони озодии баён ва фаъолияти матбуот намемонад, чун давлат росту шаффоф аст, аз касе биму ҳарос ва чизе барои аз халқ рустондан ва пӯшонидан надорад.

Як борон, як барф ё як шамол шуд, Душанбе фалаҷ мешавад, аммо Раҳмонов ба Рустам ҳамчун шаҳрдори пешқадам ордену ҷоиза медиҳад. Дар ҳоле, ки комилан баракс, бояд барои ноуҳдабароӣ ва нолоиқӣ аз кор дураш кунад, ӯро барои президент омода кардан дорад.

Ин гуна давлат, ин гуна ҳукумат, ки ҳамаро дорад мебалъад, ба яғмо мебарад магар озодии баёнро магар таҳаммул мекунад.

Озодии баён як рукни ҳуқуқи башар аст, сиёсат аст. Аммо сиёсат аст дар Тоҷикистон ба моли шахсии Оила бадал шудааст. Сиёсат зайнит шудааст ва фақат бояд Раҳмонов, Рустам ва Озодаву дигар фарзандони ин Оила заниматсия кунанд.

Давлатсафарҳо, абдуллораҳнамоҳо, саъдимаъдиҳо, атомирхоҷаҳо ва амсолаҳум ҳай бале мегӯянду мегарданд. Инҳо ба мардум чи кор доранд. Ҳиҷ гоҳ аз маргу мири ҷавонҳо дар аскарӣ наменависанд. Ҳиҷ гоҳ аз ноуҳдабароии Рустам, ҳиҷ гоҳ аз хонаводагиву маҳаллӣ кардани ҳукумат наменависанд.

Расонае мисоли «Ислоҳ» метавонад дар дохил бошад? Фикр мекунед «Ислоҳ» дар дохил нашрия дошта бошад? Имкон надорад.

Ҳоло агар Озодагон буд, агар Нигоҳ буд, агар Миллат буд, агар Рӯзи наву Неруи сухан буд чи мешуд? Ҳатмани ҳатман менавиштанд, ки чаро бояд Ҳасан биравад дар Хуҷанд бозори Панҷшанберо бигирад.

Мутаассифона имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳолати рукуд қарор дорад ва мардум бо ҳам пичир пичир мекунанд, ҳарфу сухани ҳама зери лаб аст. Мардум мебинанд, аммо гӯё надидаанд, мардум мешунаванд вале гӯё намешунаванд

Агар озодии баён буд журналист аз Фарзона  суол мекард, ки чи тур шуд, ки дар фосилаи чанд моҳ номзади илм шудӣ, аз Рустам мепурсид, ки чи тавр як рӯз дар хизмат набудӣ, ҳоло рутбаи генералӣ дорӣ.

Оила барои он бо озодии баён ва матбуоти мустақил мушкил дорад, ки аз вай метарсад. Метарсад, ки вуҷуди онҳо, амали онҳо мардумро бедор мекунад, маълумоти сиррии хонаводаро берун мебарорад.

Раҳмонов матбуоти озод ва озодии баёнро таҳдид ба бақои худ, ба ҳукумати худ медонад. Агар чанд соли пеш навиштан дар бораи Раҳмонов табу буд, ҳоло дар бораи кулли Оила навиштан табу аст.

Барои ҳамин мо гуфем, ки ба андозаи зиёд ва зӯр шудани Оила матбуот дар Тоҷикистон заиф ва залил мешавад. Ҳар қадар, ки Оила калон шуда истодааст, ҳамон қадар дуздӣ, ғорат, зиёд шуда истодааст. Оила соҳиби аъзои нав мешавад ва ин узви нав ҳам ба дуздӣ рӯ меоварад, чунки инҷо ҳама ҳаминкораанд, аз худи Раҳмонов гирифта то Анӯшервон. Маълум аст ки дузд мехоҳад ҳама чизаш пинҳон бошад, ба даст наафтад. Аммо матбуоти озод дуздро менависад ва дузд ба даст меафтад.

Ҳукумати халқӣ не, ҳукумати зидихалқӣ аз озодии сухан ва матбуоти озод метарсад. Чунки сиру асрораш гуфта мешавад, чунки расвоиҳояш рӯ мезанад, дурӯғҳояш ошкор мегардад.

Барои ҳамин Раҳмонов душмани озодии баён аст. Агар Раҳмонов софу тоза буд, матбуот-даҳҳо нашрияро намебаст. Озодии баёнро кордор намешуд. Журналистонро зиндонӣ ва фирорӣ намекард.

Озодии баён ва матбуоти мустақил бо ҳукуматҳои оилавии назири ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ созиш нахоҳанд кард. Ин ду ду қутби мухолифанд.

PS: Оилае, ки барои зинда мондан матбуотро мекушад, дар асл аз дарун мурдааст. Қудрате, ки ҳақиқатро зиндонӣ мекунад, худро фош мекунад-ҳамчун тарс, на қувват. Онҳо метавонанд журналистро банданд, даҳонҳоро бубанданд, расонаҳоро хомӯш кунанд-аммо ҳақиқатро не. Ҳақиқат дер мекунад, вале меояд. Ва он рӯз, на қалам дар занҷир мемонад балки онҳое, ки аз он метарсиданд.

Сообщение Рӯзи байналмилалии озодии баён: «ҳар қадар Оила қавитар шуд-ҳамон қадар матбуот нобуд гардид» появились сначала на ISLOH.net.

Бидуни худситоӣ: Ҳоло танҳо «Ислоҳ» аст!
Сухане чанд аз корномаи «Ислоҳ», расонае интернетӣ, ки имрӯз аз таъсиси он расо нӯҳ сол сипарӣ мешавад.

Нӯҳ сол барои як расона умри зиёд ба ҳисоб намеравад. Вале барои расонае, ки дар хориҷа, дар дуриҳои дур фаъолият хоҳад кард, бозтобу инъикоси ҳаводису рӯйдодҳои дохилро ҳадаф қарор медиҳад, навиштан аз ватан ангеза ва асоси ҳузур ва вуҷуди вай аст, тоб овардан дар таййи ин солҳо, пеш рафтан ва пешрав шудан заҳмати зиёд металабад. Бидуни онки кадом ташкилоту созмоне кӯмак карда бошад, бидуни онки манбаъу сарчашмаи дастрас ва ҳамкороне дошта бошад, коре саҳлу сода нест. Ва, ин ҳама дар шароиту ҳолате, ки макони зисти муайян надорем, ҷомадонҳоямон ҳамеша пеши дастамон аст, ҳар лаҳза метавонанд кафшамонро пеши поямон монанд, по дароз кардан аз кӯрпа пайомадҳои сангин ба ҳамроҳ дошт ва дорад.

Аммо, чун ҳамеша такя ва таваккул бар Худо кардем, натарсидем, риск кардем ва чуноне мебинед, шукри Аллоҳи пок, ки ҷойи по пайдо кардем, мақому манзалат ёфтем ва ба як нашрияи маҳбуб ва мақбули мардумамон бадал шудем.

Аммо…

Пойгоҳи «Ислоҳ»: оғози роҳ ва идомаи мубориза

Пойгоҳи «Ислоҳ» санаи 27.04.2017 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон таъсис ёфт.

Мо санаи 12.02.2016 аз Украина ба Лаҳистон гузаштем ва дар он ҷо барои дарёфти мақоми паноҳандаи сиёсӣ муроҷиат кардем. Моро дар лагери муҳоҷирони маъруфи ин кишвар бо номи Безвола, ки дар минтақае бо номи Радзин Подляска қарор дорад ва дар наздикии марзи Белорус воқеъ аст (тақрибан 60 километр фосила дорад), ҷойгир карданд. Ин лагер дар дохили ҷангал ҷойгир буд.

Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи июли соли 2017 мо дар ҳамин лагер қарор доштем, яъне 16 моҳ дар он ҷо зиндагӣ кардем. Ман ҳатто дар ҳамин шароити лагер низ менавиштам ва фаъолиятҳои худро идома медодам.

Бо вуҷуди дурӣ, мо дар тазоҳуротҳои мухолифин дар шаҳри Варшава, ки аз маҳалли сукунати мо наздики 250 километр фосила дошт, иштирок мекардем. Ҳамчунин дар конфронсҳои САҲА дар солҳои 2016 ва 2017 фаолона ширкат варзидем.

Моҳи июли соли 2017 мо ба шаҳрчаи Прушков (наздикии Варшава) кӯчидем ва дар он ҷо тақрибан 5 моҳ зиндагӣ кардем. Пас аз он ба Фаронса ҳиҷрат намудем.

Дар инҷо мехоҳам аз ин қарори худ зикри хос кунам. Аз ин қарор, ки дигар ҷоро неву Фаронсаро интихоб кардам, дар ҳақиқат хеле розӣ ҳастам, зеро аз ҳама ҷиҳат барои оилаи мо беҳтарин буд: фарзандон таҳсил карданд, забон омӯхтанд, ба донишгоҳ роҳ ёфтанд. Ин, воқеан, яке аз қарорҳои дуруст дар зиндагии мо буд.

Инҳо қисме аз зиндагии ман дар Лаҳистон буд, ки баён кардам.

Замоне дар Лаҳистон будам, соли 2017, пайваста мегуфтам, ки мехоҳам як сомона таъсис диҳам ва хоҳиш мекардам, ки дастгирӣ шавад, то онро фаъол гардонем. Аммо, мутаассифона, садое баланд нашуд ва дастгирие низ сурат нагирифт. Пайваста ба ман мегуфтанд: агар мехоҳӣ чизе нависӣ, дар «Паём» бинавис.

Пештар,вақте дар дохил будам, мо сомонае бо номи «Васатият» доштем, ки хусусияти илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣ дошт ва аз соли 2007 то соли 2015 фаъолият мекард. Он ҳеҷ гуна ангеза ва масоили сиёсӣ надошт-танҳо фарҳангӣ, маърифатӣ ва таълимӣ буд. Бо вуҷуди ин, онро КДАМ баст ва моро ҳатто ҷарима ҳам карданд. Пас аз он дигар танҳо дар Facebook ва гурӯҳҳои он менавиштам.

Ман чунин хислат дорам: агар ба анҷом додани коре тасмим бигирам ва бубинам, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ аст, вале муҳим аст-ҳатман онро то анҷом пайгирӣ мекунам.

Ҳоло мехоҳам як нуктаи дигарро тазаккур диҳам. Дар таъсиси «Ислоҳ» ду бародар саҳми бисёр арзанда гузоштанд: яке дар Русия ва дигаре дар Олмон. Ҳар ду шахсони одӣ буданд, бо маош кор мекарданд. Ман дигар тафсил намедиҳам-муҳим он аст ки бо дастгирии ҳамин ду бародар пойгоҳи «Ислоҳ» фаъолияти худро оғоз кард.

Ҳамон вақт ба баъзе сомонаҳои маъруфи он замон муроҷиат кардам, ки моро муаррифӣ кунанд, аммо бо баҳонаҳои гуногун рад ё дурпартоӣ карданд. Хуб, муаррифӣ кори осон нест-заҳмати шабонарӯзӣ мехоҳад. Ман ҳам омода будам ва ҳастам.

Платформаи «Ислоҳ» аз оғоз бо рӯйкарди комилан дигар-на фарҳангӣ ва илмӣ, балки маҳз сиёсӣ ва таҳлилӣ— фаъолиятро оғоз кард.  Дар муддати ҳамагӣ 4 моҳ, сомонаи Isloh.net бо матолиби худ худро муаррифӣ кард.

Аз он замон то имрӯз беш аз 9 сол мешавад, ки «Ислоҳ» пайваста ва устувор фаъолияти худро идома медиҳад. Он сомонаҳое, ки ҳатто барои муаррифии «Ислоҳ» як хабар нашр накарданд, кайҳост, ки аз фаъолият бозмондаанд. Аммо «Ислоҳ», бо фазлу карами Илоҳӣ ва талошҳои пайвастаи кормандонаш, ҳамоно фаъол аст.

Дар тӯли фаъолият «Ислоҳ» зарбаҳои зиёдеро паси сар кардааст: аз ҳамлаҳои ҳакерӣ то иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи фаъолияти устувори он. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ гоҳ дар роҳ наистодаасту аз кору фаолият боз намондааст.

Ҳатто кӯшиш карданд, ки бо маблағ «Ислоҳ»-ро хомӯш кунанд. Аммо як чизро фаромӯш карданд:

«Ислоҳ»-иён на харида мешаванд ва на фурӯхта.

Мо аз ҷониби афроди сиёсӣ-сафирон, вазирон ва роҳбарони ниҳодҳо-номаҳо дарёфт кардем: гоҳе таҳдид, гоҳе даъват ба музокира. Аммо то имрӯз, чуноне будем, ҳамон гуна боқӣ мондаем ва роҳи худро идома медиҳем.

Борҳо шудааст, ки тими «Ислоҳ» барои чанд моҳ бе маош монд, аммо ҳатто ба андозаи як мӯй ҳам аз кор ва талош даст накашид. Ин ҳама аз эътиқод, садоқат ва ҳадафмандии ин тими бошараф шаҳодат медиҳад.

Ман дасти ҳамаи кормандони тимҳои «Ислоҳ»-ро-чи дар дохил ва чи дар хориҷ мефишорам. Шумо беҳтарин муборизон ва баргузидагони Худованд ва ин миллати мазлум ҳастед.

Бидонед ва огоҳ бошед:

ин миллат ҳаргиз заҳматҳои шуморо фаромӯш нахоҳад кард.
Номҳои ҳар яки шумо дар таърихи ин миллат сабт хоҳанд шуд.

Чанд ҷумлаи дигар…

Маъмулан санаҳои ба истилоҳ «круглий» -ҳодисаву рӯйдоде зикри хос мешавад, ки 9 солагӣ шомили он сана намешавад. Чун як сол пас 10солагӣ аст. Аммо ман ёдоварӣ ва ёдрас кардам.

Бигзор ҳар касе чизе бигӯяд. Аммо ман ба унвони муассис ва роҳбари «Ислоҳ» бо сароҳат эълон медорам, ки мо комёб ва муваффақ шудем ва бидуни таоруф ва худситоӣ гуфтаниам, ки ҳоло танҳо «Ислоҳ» аст. Мо рисолат ва масъулият як расонаи озоду мустақил ва мардумиро ба иҷро расонидем ва боз ҳам ба иҷро хоҳем расонд ва низ ба ҳайси минбар ва майдони муборизаи неруҳои оппозитсионӣ хобу хур ва осоиши ин режими золимро  ба мухотара андохтаем.

Ҳар касе холисона ва бидуни ғараз кори нӯҳсолаи моро арзёбӣ мекунад, мутмаинам ба ин ҳарфҳои мо розӣ мешавад. Боз ҳам барои ҳисоботу гузориши муфассал ва мудаллал омодаем, аммо зарурате намебинам.

Ислоҳ бо нашри мақолаҳои таҳлилӣ ва интиқодӣ корро шурӯъ кард. Хонанда, манбаъ, муаллиф, ҳамкорон ва мухлисону ҳаводорону тарафдорони  худро ёфт.

Барномаҳои он амсоли «Минбари муҳоҷир», «Номаҳо аз ноҳияҳо» ,«Семейканюс»  ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҷойгоҳи Ислоҳро таҳким ва тақвият бахшид, хонанда ва тамошобинони онро ба даҳҳову садҳо ҳазор ва то ба миллион расонд. Моро «блогер» унвон доданд. Аммо ҳоло ба блогерӣ рӯ оварданд. Мо дар шароити фавқулода ва ғайриодӣ фъолият мекунем. Мо, хуб медонем, ки чаро моро бад мебинанд. Чун дар даҳани ҳама муму сурб рехтанд, аммо дар навбати мо дасташон кӯтоҳ аст.

«Ислоҳ» дар навишти матолибу мақола мушкил надошт ва надорад. Мо дар дарёфти хабар дасти дароз надорем, ки табиист. Аммо дар ин самт ҳам ноком нестем.

Чандин нафарҳо барои «Ислоҳ» зиндон шуданд. Аммо ин мубориза аст. Мубориза идома мекунад. Ва, мубориза огоҳона идома хоҳад кард.

Ҳаройина, бо лутфу инояти Илоҳӣ пешрафт дорем. «Ислоҳ» бо русӣ ва англисӣ ҳам маводҳои худро мунташир мекунад. Муассисаҳои байналмилаллии таҳлилӣ ва бунгоҳҳои маъруфи хабарпароканӣ расман муроҷиат ва иҷозаи истифода аз маводу матолиби «Ислоҳ»-ро мекунанд.

Ҳар коре Раҳмонов ва дастгоҳи идеологии он тӯли ин солҳо бар алайҳи «Ислоҳ» кард, мисли лойи хушк, ки ба девор намечаспад, дар кору пайкори мо асар нагузошт. Ҷилд-ҷилд парванда сохта ба кишварҳои урупоӣ, аз ҷумла кишваре, ки муассиси «Ислоҳ» зиндагӣ мекунад, фиристод. Тавассути фабрикаи ҷавоб тӯҳмату бӯҳтони зиёд зад, ҳатто филм сохту аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш кард, кариктураҳо қариб ҳаррӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мекунад, аммо камтарин таъсир надорад. Баракс, шумори ҳавохоҳону дӯстдорону дӯстони «Ислоҳ», ҳамасола рӯ ба афзоиш аст.

Дар ниҳоят «Ислоҳ», худи маро ҳам ба як марди сиёсат бадал кард. Ин шо Аллоҳ, дар сиёсат ҳам комёб ва муваффақ хоҳем шуд, чун сидқамон ва диламон ба Худо ва халқи худо рост аст. Мо, аз оғоз ростиро пеша кардаем. Ростонро Худо ва халқи Худо хуш дорад.

Дар охир ба тамоми кормандони «Ислоҳ» ва мардуми шарифи Тоҷикистон нӯҳумин солгарди таъсиси Ислоҳро муборак мегӯям.

Муҳаммадиқболи Садриддин, муассис ва сардабири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии «Ислоҳ».

27.04.2026

Сообщение Бидуни худситоӣ: Ҳоло танҳо «Ислоҳ» аст! появились сначала на ISLOH.net.

Шоҳрух Саид: «вазири ояндаи корҳои дохилӣ ё наркобарони ҳукумати ояндаи Рустам?»
Шорух Саид ва Рустами Эмомалӣ, ду дӯсти қадимӣ контрол ва регуровкаи тиҷорат ва бозори наркотик дар Тоҷикистонро ба дасти худ гирифтаанд. Акнун дар ин тиҷорати миллиардӣ Зоиру Шамсулло Соҳибовҳо, домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳасану Муҳибулло Асадуллозодаҳо, хусурбачаҳои Президенти Тоҷикистон ва Комил Мирзоалиев, раиси Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки наҳангҳои наркобизнесанд, бидуни шарокат ва ҳамоҳангӣ бо Шоруху Рустам дар ин бозор ҷойи худро аз даст хоҳанд дод: ё бо ин ду нафар кор мекунанд ва ё комилан аз ин тиҷорат берун карда мешаванд.

Шабакаи дохилӣ: вақте ниҳодҳои қудратӣ худ ба бозигар табдил мешаванд

Шорух ва командаи вай, ки аз шумори кормандони милисаи шаҳр ва бархе дигар аз афроди касбу кори гуногун ба шумули ҳатто «қорӣ» ба тиҷорати маводи мухаддир-наркотика машғуланд, ба хотири дарёфти даромад аз ин тиҷорат ба бадтарин корҳо даст зада истодаанд.

Дар навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ» мо дар ин бора гуфта будем. Барои онки манзара ошкортар ва маълумот бештар дошта бошед, инҷо аз як навиштаи пешинаамон истинод меоварем:

«Ва, аммо Шорух бо афроди наздики худ даст ба амалҳое зада истодааст, ки бисёр ҳам хатарнок ва авоқиби хуб надорад.

Шорух ба тиҷорати наркотик сахт машғул шудааст, аммо аз тариқу роҳу усулҳои дигар.

Шорух, бо ташкили як шабака аз ҳисоби сардорони шуъбаҳои милиса дар пойтахт, аз ҷумла сардори УУР, УБНОН ва сардори кор бо ноболиғон, ки Сайёд ном дораду аз Данғара аст «бор»- наркотикро аз Афғонистон мехаранд, сопровождат мекунанду меоранд Душанбе, пас, харидорро ёфта гапзанон карда дар дохили бор жучок монда он харидорро худашон меқапанд.

Як нафар аз афроди комилан  огоҳ гуфт, ки «чи бори калоне, ки дар чор-панҷ моҳи охир дар Душанбе ба даст афтод, кори дасти ҳаминҳост, подсавит аст. Маълумот ҳам аз худашон аст. Инҳо ҳама одамони Шоруханд. Борро мехаранд нишон медиҳанд. Масалан аз сарҳади Масковский , Фархор, Қусангир, Шаҳритуз, Ҳамадонӣ мехаранд худашон. Аз сарҳад афғона меган ягон одама бгу биоя бора бигирад бравад мо сопровождат мекунем. Афғоно ҳам одамони худашонанд. Одама афғон меёбад, бора метияд, вай мегирад меравад ба хонааш, жучок мондагӣ. Аз қафшон мераванд чун адреса медонанд меқапанд».

Ҳозир резултат фақат ҳамин хел. Началник УБНОНуш Дев кличка дорад ва аз Кулоб аст. УУР ҳам аз Кулоб, ҳамаро подстава карда истодаанд.

Ин нафари огоҳ гуфт, ки «худашон бора ба қирғизу узбаку қазоқу расия мезананд. Чор панҷ рейс мезананд, як навбаташро резултат нишон медиҳанд».

Як каси дигар аз группаи ҳаминҳо аз тюрма бо чи роҳе баромад. Вай садфоиз фаҳмида ва мехост ин ҳамаро ба Рамазон Раҳимзода ва СС. Ятимов бигӯяд. Аммо бурда заданд, ӯ мурд. Бачаи Калинин буд. Ҳамин Сайёди ноболиғҳо бо УБНОН ва УУР задагианд. Ягон кас жалоб накард. Кришаи мо Шорух гуфта касеро гуш намекунанд. Он бачаро дар ток мемонанду мезананд.

Шорух аз УУР- ҷои пешинааш қариб сӣ касро ҳамроҳаш овардааст. Дар чанд вақти охир қариб 300-400 кило резултат нишон  дод. Чор -панҷ мошин мераванд мехаранд. Лично Сайёд худаш мехарад меорад. Мошинҳояшон 0010, 5000 прямой мезананд. Лексусу Кемри, номерои баҷоӣ мезананд».

Акнун дар ин қисмати ин матлаб бештар дар бораи гурӯҳи генерал-майор Шорух Саид, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе, наздиктарин дӯсти Рустам ва бачахонди Эмомалӣ Раҳмонов, ки сару садоҳо дар бораи онки вазири корҳои дохилии ояндаи Тоҷикистон мешавад маълумот медиҳем. Ин маълумотҳоро яке аз аъзои командаи худи Шорух ба мо тавассути як нафар дастраси мо кард. Бинобар маълумоти ироадодаи ин манбаъ дар ин гурӯҳ як нафар ҳаст бо номи қорӣ Илҳом. Ӯро эшони Илҳом ва қорӣ Илҳоми чортутӣҳам мегӯянд. «Борҳо»-и  группаи Рустаму Шорухро основной ҳамин қорӣ обулой мекунад: сад кило, ду сад кило ва аз ин ҳам бештар.

Агар дар ёд дошта бошед солҳои пеш наркотикаи ҷамъшудаи мақомотро дар печка-бухории махусус Агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор месӯзониданд. Он вақт ин ниҳод ниҳоди муштараки СММ ва Тоҷикистон буд ва СММ қисми асосии бюҷети ин ниҳодро пардохт мекард. Аммо ҳоло ин корро намекунанд. Наркотикаи мусодиркардашудаи ниҳодҳои қудратии кишварро ин группа мегирад ва вориди бозор ва содирот мекунад. Любой касро бо бори крупний меқапанд, дуруғ алов задем гуфта вале борро ба худашон мегиранд.

Гуфта мешавад, ки ҳозир дар ин группаи Шоруху, Рустам, бародари Комили Мирзоалӣ ва Илҳоми чортутӣ (Боими нав) ва худи Комил Мирзоалӣ «кор» мекунанд. Як сет-шабакаи муқтадири байналмилалӣ ташкил кардаанд.

Нафар ё муҳраи асосии дигар дар ин сет нафаре бо исми Акмал аст. Ин Акмал основной бо узбекҳо кор мекунад. Соли гузашта Акмалро амният дар Душанбе бо партияи калон қапид. Ин Акмал аз Масковский-Ҳамадонӣ аст.Одами наздики Комил Мирзоалӣ.Ҳамин Акмал партияҳои беҳад калони наркотикро ба берун, махсусан Узбекистон бароварда истодааст.

Акмалро Шорух бо миёнравӣ ва пули Комил Мирзоалӣ аз СИЗОи КДАМ баровард. Статяашро иваз кард: ба «недонесение» табдил доду баровард. Чунки Акмал дар Узбкистон «связҳо»-и мошний дорад.

Группаи Шорух ва Рустамро ВКД ҳеҷ кор карда наметавонад, аз дасташ ягон кор намеояд. Рамазон Раҳимзода «по уши» муттаҳами инҳо шудагӣ аст.

КГБ карданаш мумкин аст, аммо инҳо ҳам ҷуръат намекунанд. Чунки Рустам дар ин группа калони асосӣ аст ва маблағҳои бузург дарёфт мекунад.

Группаи Шорух, Рустам, Акмал, Илҳоми чортутӣ Комил Мирзоалӣ ва бародараш ҳама намуди маводди мухаддирро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бизнес мекунанд: ҳам героин, ҳам афюн, ҳам ҳашиш ва ҳам метамфетамин ва ҳам кристалл ва ғайра.

КГБ агар бихоҳад дукаратду дигарбора Акмалро меқапад. Бори крупний дар храненияҳои ҳамон аст. Дар камтарин саволу ҷавоб мисли булбул ҳамаро мегӯяд.

Подстава, «резултат» ва тиҷорати пинҳонӣ: механизми кории гурӯҳ

Ҳозир любой бореро, ки меқапанд, Шорух ҳал мекунад. Аммо кори асосии инҳо подстава кардан аст.

«Дар охири соли гузашта КГБ резултат нишон дод, наход мо қади ҳамон к***очаҳо нашем. 100-150 000 бтен резултат кнен» гуфта Шорух кормандонашро сахт таҳдиду таъкид мекунад. Аммо ин ҳама барои показуха,публика. Дар асл ҳозир Шорух на фақат дар дохил, ҳамчуноне гуфтем аз марз ҳам ошкоро ворид карда истодааст.

Шорух Сайёди сардори кор бо ноболиғон дар УВДи Душанберо аз кор сур кард. Акнун одамони сахт ба худаш вафодорро дар УБНОН ва УУР началник мондааст. Ҳатто «бор»-ро ташкил карда ба воситаи дигарҳо дода одамҳоро подстава карда қапида истодаанд ва барои раҳоии онҳо маблағҳои калон гирифта истодаанд. Масалан сад кило борро чанд бор ба «бозӣ» медароваранд, ба як нафар медиҳанд, ӯро меқапанд, аз вай ҳам пул ва ҳам борро мегиранду боз ба нафари дигар медиҳанд. Он нафарро ҳам қапида ҳам пул ва ҳам боз обратно борро мегиранд. Инҷо дар ҳақиқат як даҳшат рафта истодааст. Чунки масири ҳаракати худи бор-наркотикро комилан зери назар доранд.

Чанд рӯзи пеш чор афғонро дар сарҳад зада куштанду эълон карданд, ки террористҳо буданд, автомату тиру маводди мухаддирашон мусодира шуд. Валлоҳӣ ҳамааш дурӯғ аст. Он афғонҳоро худашон гапзанон карда буданд. Онҳо ҳамааш шуда курйер (нафароне, ки «борҳо»-и наркобизнесҳоро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бар ивази маблағи ночиз мегузаронанд) буданд. Борашонро гирифтанду худашонро куштанд.

Мо афғонҳоеро медонем, ки дар Душанбе ва Хуҷанд савдо мекунанд, тиҷорати оддӣ доранд. Аъзои группаи Шоруху Рустам ба пеши онҳо мераванду бо ҳазоруяк ваъдаву пуштибонӣ дар тиҷорат ва шароити ҳуқуқии зисташон мегӯянд, ки барои мо «канал» кобед, мо дар ҳамонҷо сумро медиҳем. Сарашонро метобанду ба гап меғалтонанд.

Дар ин группаи Шоруху Рустам аз погранвойски КГБ  ҳам шариканд. Ҳозир фармондеҳи марзбонӣ ҳам қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Хусури Сомон аст.

Хуллас, ҳамин қочоқбарони афғонро ҳам одамҳои ҳаминҳо ба доми фиреб андохта аз он тараф оварда истодаанд. Инҷо на террорист аст на экстремист, тем более тоҷикҳо. Агар онҳо тоҷикҳо буданд, ҳоло Раҳмонов дар тамоми дунё эълон мекарданд, ки «ина тоҷикҳои Ансоруллоҳ ё ДОИШ» аз Афғонистон ҳуҷум карданд.

Инҳо ҳамаашро худашон карда истодаанд. Ҳам пул кор карда истодаанд, ҳам нишон дода истодаанд, ки бар зидди қочоқи маводди мухаддир муборизаи беамон мебаранд. Аммо, валлоҳӣ, қасам ба худо, ҳамаи он наркотикаҳоро худашон тасарруф ва ғасб карда аз Узбекистону Қирғизистон сар карда то Русияву Аврупо бизнес мекунанд.

Бубинед, пешакӣ меоянд, роҳҳову пайраҳаҳо ва куҳу пуштаҳоро (ҳоло ҳеҷо ҳеҷ гапу хабре нест) видео мекунанду навор мебардоранд. Роҳро видео мекунанд, ки аз инҷо қочоқчиҳо меоянд. Пешакӣ! Охир, ту аз куҷо медонӣ, ки террорист ё қочоқчӣ меояд ва он ҳам шаб меояд ва ту камера карда рафтан мегирӣ? Як рӯз, ду рӯз фақат дар торикӣ, роҳҳоро съемка мекунанд.

«Ҳамин хел мезанемшон» мегӯянд ва баъд наворро дар ТВ-ҳо пахш мекунанд.

Бовар кунед, ки ягонтои ин ба ном амалиётҳо просто так нест. Ҳамааш бо нақша ва ҳамааш подстава: «Хе ака ба фалонҷора биё, тра дар фалонҷо встречат мекнан, бора метӣ, сумта мегирӣ мерай». Аммо ба «фалонҷо», ки омад мезананду мекушанд. Он бечораи аз таги гап бехабар агар успет кард ба қафо мегурезад ва табиист, ки ҷон ширин, борҳоро мепартоянд ва инҳо борро мегиранд.

Ҳозир ин корҳоро се -чор бор дар сарҳади Панҷ карданд ва афғонҳоро паррониданд.

Началник КДАМ-и Панҷ аз Кангурт ё Фархор, беҳад падарлаънати дарранда аст.

Ба ҷуз аз ин боз информатор-бузҳо доранд. Инҳо маълумот медиҳанд. Сипас мераванду меёбанд.

Вале основной ин группа дар либоси «харидор» медароянду афғонҳоро дар «ловушка» меандозанд. Худашонро мекушанду борашонро мегиранд.

Аммо маълумот аз Акмал «збитчики асосӣ»-и ин группа хеле зиёд аст. Вай бузӣ ҳам мекунад. Одамҳо медонанд, ки ба кӣ, кай ва чаро 50 -100 ҳазор доллар додааст.

Муҳраҳои асосӣ дар паси парда ва тавсеаи шабака

Яке аз дигар «одамҳои основной»-и группаи Шорух ва Рустам Сафарзода Манучеҳр Аслонбек, сардори идораи нотариалӣ-нотариуси вилоят Хатлон аст. «Борҳо»-и Шоруху Рустамро асосан ҳамин нафар аз тарафи Шӯробод меоварад. Агарчи ӯро барои вазорати адлияи ҳукумати Рустами Эмомалӣ ин группа нафари муносиб медонад вале худи вай мегуфтааст: «ино ба боварира нестан. Ва гуфта истодааст, ки «и к****ачаҳора, нару модаша фалон кадан даркор. Ба инҳо Исмати дулик бовафо буд ва аз ҳама бештар хубӣ кард. Ҳамуна дидӣ инҳо чи ҳол кадан»? Ба як бародари наздикаш ҳамин гапҳоро задааст, ки «ай ҳамада Исмати дулик ба инҳо наздик буд, хизмат мекард, аммо чи ҳол шуд? Ино любой касро ҳаминхелин мекунанд».

Нафари дигари группаи Шорух ва Рустам ҳоҷӣ Аминҷон, началник уголовний розиск-сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аст. Ин ҳам «бор» мекашонад:

«Чанд вақт пеш бачаҳои аэропотро қапиданд ва ду ҳафта маҳкам карданд. 520 ҳазор доллар, як Тойота -прадои соли барориши 2025, ду Лексуси 570-и барориши 2022-23-ашро гирифтанд»

Он бача аз ҷабри инҳо хонаву дару ҳама чизашро фурӯхт ва ҳоло дар берун аз кишвар қарор дорад. Гуфтанаш, ки «дар ягон ҷо даҳанта воз мекунӣ очата ме***ем.Сарат метем аз территорияи Тоҷикистон баро гум шав». Агарчи аз вай бор гирифтагӣ нестанд. Беҳуда, бе ҳеҷчи. Шорух шахсан худаш таъдид кардааст, «ки баро тез гум шав».

Аммо гапи ин кор баромадаст. Шорух ин миқдори пули нақдро якҷо бо зердастонаш ҳоҷӣ Аминҷон ва ҳамон Сайёд гирифтаанд. Ин корро ҳама медонад. Боз Шорух ба кормандонаш гуфтааст: «ин пул ҳақи боло -ҳақи Рустам аст».

Гап дар инҷо аст ки ин одами ҳоло ҳуйхӯрда бо инҳо «кор» намекард. Додарашро оварданд бо як грамм, гӯё қапиданд. Аз қафои додараш худашро қапиданд. Гуфтанд, ки «хез биё. Додарат афтид». Ва, ӯро заданду дар ток монданд ва ба гарданаш бор карданд ва ҳамин тавр беҳиҷчӣ, бо тӯҳмат ниммилион доллар ва мошинҳои гаронбаҳояшро гирифтанд. Ин кори соли 2025 аст. Аммо нақшаи ин «амалиёт»-ро асосан Сайёд тарҳрезӣ ва ташкил кардагӣ аст. Сумҳоро началник УБНОН, ҳоҷӣ Аминҷони началник УУР ва Сайёд гирифтагианд.

Шорух Сайёдро дар распоряженияи кадр монд. Аз бахши кор бо ноболиғон гирифт. Гуфт, ки гум шав, ту палидӣ, ҳамаро бадмон кардӣ. «Борҳо»-ро ҳамаашро ҳамин мебурдааст ба ҳамон Кемри, ки рақами давлатиаш як панҷу се нол-5000 аст.

Шорух лично гуфтааст, ки ту якнима шав, гапу чап зиёди бад шуда истодааст, КГБ аз қафоям кор дорад. Якнима шав. Бародари директори бозори Корвон дар ҷои Сайёд сардори бахши кор бо ноболиғони милисаи шаҳри Душанбе шуд. Шорух ӯро дар бари худаш овард. Шорух Сайёдро гуфтааст, ки ҳамаи данийҳоро додагием: « итари к***оча дар даруни худмонай, буз аз даруни худмон шудестай.

Аммо Сайёд таҳти шубҳа ва гумон афтодааст: «бебало думби мара ҳуй надорад. Ҳамин информатсияҳоро точно- точно гуфта истодааст».

Сафарзода Манучеҳр Аслонбек қисми зиёди корҳои ин группаро пеш бурда истодааст. Аз тарафи сарҳади Масковский-Ҳамадонӣ ҳам борҳоро бурда истодааст. Началник нотариуси вилояти Хатлон. Агар сесадто ба Шоруху Рустам занад, 100 тояшро ба худаш. Гуфтааст: «аз инҳо дигар ҳиҷчи фоида нест».

Манбаъи мо аз милисаи шаҳр, ки ин маълумотҳоро дар ихтиёри мо гузошт, гуфт Сайёд ҳоло ҳам барои онҳо бор мекашондааст. Ҳамроҳи Манучеҳр Сафарзода.

Сайёд паралелно борҳои Зоирро ҳам мекашонад ва ҳамроҳи борҳои вай як миқдор бори худро ҳам ба пул, ба савдо мерасонад. Зоир борашро отделно намедиҳад. Зоир бо Рустам якҷоя мезанад. Аммо, гоҳо, худаш тоқа мефурӯшад, бидуни огоҳии Рустам.

Аммо инҳо-«курйер»-ҳо полний недоволнигӣ доранд, ки «мора да копек кор фармудестан. 50-60- 100тоӣ ба худамон задан даркор».Тарафи ҳамон одам Манучеҳр Сафарзода гуфтааст, ки «по любому ба худамон ҳам  бояд 50-60-100тоӣ кор кунем. Инҳо борро асосан аз Ҳамадонӣ зада истодаанд. Сайёд дар распоряжения кадр бошад ҳам вале «тихаряк бор задеста, кор кардеста».

Манучеҳр ба ҳамон рафиқаш боз гуфтааст, ки Муҳаммадиқбол беҳуда инҳоро кино накардааст, рост мегӯяд: «инора фалон кадан даркор» гуфтааст Манучеҳр: «Ино вафо мекардан ба Исмата мекарданд. Нару модаша фалон кардан даркор, пака шанс ҳаст исползоват бояд кард».

Манучеҳр Сафарзода доим ҳамин гапро мегуфтааст, ки «аз Шурободу Ҳамадонӣ постоянний бор мекашем, аммо кадоме, ки полёнӣ мешуд…» «и зани Зоира б***ом ҳиҷкира ягон грамм подержка намекунад».

Манучеҳр гуфтааст: «ба баҳонаи ҳамино роҳам пака тинҷай. Ба узбаку қирғиз мезанам, ай номи ҳамино. Дигар полнирост мезанаму фоидаша як зиндагима рост мекунам. Вале ин к**изано ҳеҷ вақт вафо намекунанд. Иё саг ворӣ истифодат мебаран. Исмат то размери трусиву лифчики Азизморо аз харидани зиёд медонист. Мехарид мебурд. Ино, ин мардум, бисёр номарду ноҷавонмарданд».  Манучеҳр дар тамоми ҷо фақат аз номи ҳамин катакатаҳо гап мезанад. Худаш мардуми Чапаев аст.

Боз дар ин гурӯҳ як нафари дигар аст ки ӯро «шефча»-аш мегӯянд. Ин шефча ҳам мисли Сайёд ва Манучеҳр бори ин группаро мекашад. Як акаи ин «шефча» дар МВД генерал аст. Дар перевозкаи бори группа аз Шурободу Ҳамадонӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Сафарзода Манучеҳр Аслонбек гуфтааст «ино ба касе вафо намекунанд. Як нафар катазани дигар буд бо номи мудир Исо, ки даҳмарда ва чупонаш ҳам мегуфтанд. Вай барои Зоир бор омода мекард. Вайро вақте Бароти кал сардори милисаи Душанбе буд, қапид. Вақте ӯро қапиданд, гуфтааст, ки «э,бача шумо девонаед, кришаи ман фалонӣ -Зоир аст».

Зоирро занг зада гуфтанд, ки ба ту показаний дод. Зоир гуфтааст, ки «якнимаш» кунед. «Тоқа худуш бравд тоқ, ягон каси дигар ба кала нагира».

Шоҳрух се чор муовин дорд, ки ҳама кулобианд. Даҳ рӯз пеш дар ҷои Шорух як боздоштшударо ба ток зада куштанд. Аз дуюм этаж парида худашро партофта кушт гуфтанд. Ҳамин ҳоҷӣ Аминҷон ва кормандонаш меқапанд.

Аммо ин тавр шуданаш, яъне аз тиреза парида худкушӣ кардан сиҳат надорд. Чунки вақте дастгир мекунанд, сраза наручник мезананд ва меоранду як тарафи дастбандро дар батареяи отоплений мезананд, аз куҷо парида метавонӣ. Қазои ҳоҷат намемонанд. Наручникро дар ИВС ва дар СИЗО ҳуй мекунанд.

Худи Шоҳрух дастур додааст, ки аз тиреза партоед, гӯед париду худкушӣ кард. Ду каси дигарро аз Ваҳдат ва 7ум километр дар ток заданд ва куштанд.

«Мо одмои Шорух, мо одамои Рустамем мегуянд. Қонунро тамоман задагӣ? Ҳар коре хоҳанд мекунанд.

Бачаҳои Кулобро ҳам мекушанд. Ҳамин Озод шерга бачаи гарени зӯр буд. Ӯро аз Кулоб оварданду дар УВДи Душанбе куштанд. Ҳоло додри Шерга дар зиндони Якум Советский аст.

Сардори УБНОНи пойтахт ва ҳоҷӣ Аминҷони сардори УУР ва худи Шорух, сардори милиси Душанбе милисахонаро ба қассобхона табдил додаанд.

Акнун ин Шорух вазири МВД шуданиву Рустам раиси ҷумҳур. Ҳоло агар инҳо ба ин мақомҳо оянд вазъи мардум чи хоҳад шуд?

Наркобаронҳо ҳокимиятро мегиранд? Дар сари қудрат наркобаронҳо меоянд?

Пасгуфтор ва ҳушдори Ислоҳ!

Агар ин иттиҳомҳо дуруст бошанд, пас масъала танҳо як шахс ё як гурӯҳ нест-сухан дар бораи худи низом меравад. Низоме, ки бояд қонунро ҳифз кунад, аммо имрӯз зери суол қарор гирифтааст: оё воқеан мубориза мебарад ё худ бахше аз мушкил шудааст?

Вақте номи шахсони наздик ба қудрат дар канори чунин иддаоҳо зикр мешавад, ҷомеа ҳақ дорад бипурсад:
оё ин ҳама бидуни донистан ва ё ризоияти сатҳҳои боло имконпазир аст?

Маводи мухаддир на танҳо ҷиноят, балки фоҷиаи миллӣ аст. Ин заҳр ояндаи ҷавононро месӯзонад, хонаводаҳоро вайрон мекунад ва миллатро аз дарун заиф месозад.
Кӯдакони ин миллатро ба доми нашъамандӣ тела додан -ин танҳо ҷиноят нест, ин хиёнат ба миллат аст.

Агар сохторҳои давлатӣ натавонанд ё нахоҳанд ин равандро боздоранд, пас саволи асосӣ ба миён меояд:
кист масъул барои ин фоҷиа?

Имрӯз ҷомеа танҳо ҷавоб мехоҳад. На таблиғ, на нишондиҳандаҳои сохта, балки ҳақиқат.
Зеро ҳар амале, ки ба сарнавишти миллат таъсир мерасонад, дер ё зуд дар назди қонун, таърих ва мардум ба баррасӣ кашида мешавад.

Ин суханон ҳушдор аст:
миллатро заиф кардан, ҷавононро ба нашъамандӣ бурдан ва қонунро ба абзори манфиат табдил додан-оқибат дорад.
Ва он рӯзе, ки ҳисобот талаб мешавад, ҳатман фаро хоҳад расид.

Сообщение Шоҳрух Саид: «вазири ояндаи корҳои дохилӣ ё наркобарони ҳукумати ояндаи Рустам?» появились сначала на ISLOH.net.

Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ»
Имрӯз -11 март, рӯзноманигорони Тоҷикистон иди касбии худ, Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд. Ҷойи аввалу, ҷойи дуввуму ҷойи саввумро таъйину ташхис мекунанд, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон медоранд. Яъне кору амалеро, ки ҳар солу ҳамасол иҷро мекунанд. Аммо савол инҷост, ки аз ин сол то ба соли дигар матбуоти тоҷик ва рӯзноманигорони он рушду пешравӣ доштаанд, шумораи нашрияҳову радиои телевизион афзудааст, нақши васоити ахбори омма дар ҳаёти кишвар тақвият ёфтааст, хуллас, журналистикаи тоҷик дар чи вазъу ҳолат қарор дорад?

Бо камоли таассуф наметавонам бигӯям, ки «бале, ҳама о,кей аст», журналистика ва журналистони тоҷик қишри бисёр ҳам бонуфуз ва муассири ҷомеи кишвар мебошанд, ҳарфу гуфтори онҳо шунида мешавад, нақши онҳо дар рафъу бартарафсозии навоқис ва камбуди ҷомеа хеле ҳам назаррас ва калон аст.

Шумо, худо шоҳид аст, аз онки аз деҳаҳои дурдаст, аз шаҳрҳои кишвар барои «Ислоҳ» номаҳо менависанд, шикоят ва арзу дод мекунанд, бовар кунед, хушҳолу хурсанд нестам. На, ин тавр, ки барои мо нанависанд, беҳтар аст, на, ин тавр нест. Бигзор барои мо бештару бештар бинависанд. Чунки ҳар як нома ва ҳар як арзу шикояти мардум, ки ба «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол меояд, тире аст ки ҷигари Раҳмонов ва дорудастаи вайро шикоф ва сӯрох мекунад. Онҳо, аз шиддати, аз як сӯ рашку ҳасодат, ки чаро мардум ба мо муроҷиат мекунад, дар оташ месӯзанд, аз тарафи дигар, аз бими онки ҳамарӯза шумори муроҷеъин ба мо дар ҳоли зиёдшавист, талхакаф мешаванд.

Аммо, мо инҷо ҳамчун як ҳаракати иҷтимоӣ ва нерӯи сиёсӣ ҳузур ва зуҳур дорем. «Ислоҳ» ҳам, агарчи расона ва воситаи ахбори омма аст, вале миссия ва рисолати он бо як нашрия ва расонаи маъмулӣ тафовут дорад. Ана аз ҳамин манзар ва ана барои ҳамин гуфта истодаам, ки хушҳолу хурсанд нестам. Хушҳолу хурсанд нестам барои онки мардум ва ҷомеаи кишвар дар дохили мамлакат як нашрия ва як расонае наметавонад пайдо кунад, ки арзу шикояташро нашр кунад ва ба гӯши мақомот ва масъулин бирасонад. Барои ҳамин аст ки  ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунанд ва менависанд. Ва «Ислоҳ» танҳо ба расонае табдил шудааст, ки ҳамроҳи мардум ва дар канори мардум аст ва бо ифшову изҳори шикоёти мардум мақомот ва масъулинро водор мекунад, ки пайи шунуфту расидагии ин шикоятҳо бошанд. Ҳадафи ташкил ва роҳандозии барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҳам ҳамин ҳамроҳӣ бо мардум аст. Агарчи мо медонем, барои мардум навиштан ба «Ислоҳ» сахту гарон меафтад, рисолати матбуотро бар ӯҳда гирифтаем.

Дар ҳоле, ки ин ҳама шикоят, ки аксарияти мутлақи онҳо ҷанбаъи иҷтимоӣ  доранд боястӣ дар матбуоти дохили кишвар нашру чоп шаванд ва матбуоти кишвар ҳамгому ҳамроҳи ҷомеа бошад. Маъаласаф, ки ин тавр нест, балки журналистони тоҷик рӯзи иди касбиашонро дар вазъияте таҷлил мекунанд, ки ҷони зинда ва солим дар майдони матбуот дар Тоҷикистон намондааст.

Ин режими нобакор ҳанӯз аз оғози фаъолияташ бо матбуот ва журналистика мушкил дошт ва бархӯрди хасмона ва хушунатомез мекард. Инҳо (ин «инҳо» ҳамин режим аст) омаданду журналистика дар Тоҷикистон мисли соири аркони ҷомеаи мардумсолор ва маданӣ маҳву нопадид гардид. Нашрияҳои озоде назири  “Сухан”,“Растохез”(Дунё),”Адолат”, “Наҷот”“Чароғи рӯз”, “Минбари ислом” ”Ҳафтганҷ”,“Ҷоми ҷам”,ки дар кишвар то омадан  «инҳо» фаъолият мекарданд аз байн рафтанд.

Инҳо даҳҳо хабарнигорро куштанд, зиндонӣ ва  фирорӣ карданд ва ин корашон ва ин тарзи муносибаташон то ба имрӯз идома дорад, тағйир накардааст.

Солҳои баъд журналистони тоҷик боз ҳам нашрияҳое ҳамчун  “Нерӯи Сухан”,”Оламу одам”ва“Рӯзи нав”  таъсису ташкил доданд. Дертар дар арсаи матбуот «Миллат», «Фараж» “Нигоҳ”, ва  “Озодагон”  қадам ниҳоданд.

Аммо «хиради азалӣ»-и  «пешвои миллат», пешвои худхонда (самозванетс») тобу таҳаммул накард ва  ҳамаро яксара қатъ намуд. Ва ҳоло даҳҳо тан аз хабарнигорони беҳтарини ин миллат дар дори ғурбат ва берун аз ватан ба сар мебаранд. Онҳо паноҳандаанд.

Ва чандин нафар аз журналистони тоҷик ба шумули Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов,  Хушом Ғулом,   Далери Имомалӣ,  Улфатхоним Мамадшоева ва ахиран Аҳмади Иброҳим аз 7у 10 то ба 20 сол зиндонӣ шудаанд.

Бале, ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеаи Тоҷикистон аз муносибату муомилаи Раҳмонов бо матбуот воқиф аст ва медонад, ки ин режим бо онки бо дуздиву ғорати мардум машғул аст, ҳиҷ намехоҳад, ки хабаре аз он ба берун дарз кунад. Муносибати дастандаркорони бахши идеологии он бо «Ислоҳ» дар ин чанд соле, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият дорем борҳо тағйир кард. Аз ҳамон оғоз то ба имрӯз талош доранд, ки муассис ва роҳбари он, ман Муҳаммадиқболи Садриддинро дастгир кунанд ва баранду зиндон кунанд. Аммо, як чизро бояд бидонанд, ки бо ҳатто ба ҳадаф расиданашон, ки ин шо Аллоҳ нахоҳанд расид, боз яке чун ман ва шояд даҳҳо ва садҳое чун ман вориди корзор мешаванд.

Дар ҳамин ду-се соли ахир фабрикаи ҷавоб бо усулу методҳои мутааддид талош кард, ки моро биуфтонад. Як вақт буд, ки солҳои 2022-2023 аз мақомоти ҷамоату ноҳияву шаҳру дигару дигар ба барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ворид шуда ҳамлаҳои густардаеро алайҳи мо шурӯъ карданд. Аммо яке кадом ақлакаш фаҳмонд, ки шумо ин корро накунед, чун бо дастони худатон онҳоро бузургу барҷаста карда истодаед ва ҳамзамон фабрикаи ҷавоб ҳам шабурӯз маводи бадномкунанда чоп мекард.

Яке буд, ки комилан хапу хомӯш шуданд. Гӯё дигар «Ислоҳ»-е вуҷуд надорад. Аммо боз ба ин натиҷа расиданд, ки на, набояд бепосух гузошт ва ҳоло аз соли гузашта ба ин тараф боз ҳам матолибу маводи бадномкунанда зидди «Ислоҳ» ва муассиси онро ҳамарӯза нашру пахш карда истодаанд.

Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки дуздро то дузд нагӯӣ ва нашиносонӣ, номаълуму ноаён боқӣ мемонад. Ҳоло «Ислоҳ» аст ки ин дуздро пайваста мегӯяд, ин дурӯғро ифшо ва ошкор мекунад.

Аммо, боз ҳам мегӯям, ки матбуоти дохилӣ, нашрияҳои Тоҷикистон ҳадди ақал аз ифшову бозтоби камбудиҳои иҷтимоӣ, ки ба Раҳмонов ва оилаи вай муртабит нест, масалан ба домсоз марбут аст, масалан ба беморхона марбут аст, масалан ба мактаб марбут аст иҷтиноб наварзанд. Вагарна аз будани онҳо чи суд? Беш аз пеш хонанда ва майдони худро аз даст медиҳанд.  Нороҳатӣ, норозигӣ ва нигарониҳои мардумро бояд бигӯянд. Мо намегӯем ва исрор намеварзем, ки барои мисол Абдулло Роҳнамо, ки Раҳмоновро тавсиф карда метавонад чаро танқид карда наметавонад? Дар вақташ матбуот Қаҳҳор Маҳкамовро танқид мекард, Раҳмон Набиевро танқид мекард, чаро ҳоло фақат таъриф мекунад. Роҳнамо ҳозир сармуҳаррири нашрия аст. Бигзор танқид ҳам кунад.

Масалан мушкили мусофирбарӣ дар Душанберо магар гуфтан мамнӯъ аст. Мо мавзӯъҳои табу барои матбуоти тоҷикро медонем. Бигзор онро дар ихтиёри мо гузоред.

Мо, аз фашҳу фаҳшои духтарҳояш ҳам мегӯем аз домодҳояш ҳам мегӯем аз Муҳибулло номард бошаму зинда бошам, аз Ҳасани ишкамбаи дузд, аз Шмсулло, аз Зоири наркобарон, хуллас аз онҳо мегӯем ва гуфтанро идома медиҳем. Аммо шумо маслан аз КЖКП, аз хадамоти таксӣ, аз бебарқӣ, аз партову, аз пулгирӣ дар бемористону мактабҳо гӯед, чи мешавад?

Бори дигар гӯшрас мекунам, ки фикр накунед, ки ман хурсанд ё қонеъам, ки аз як ноҳияи дур менависанд ва ба Муҳаммадиқболи Садриддин санову сипос мекунанд, ки «як шумо ҳастед». Ин «як шумо» танҳогии ман фоҷиа аст, ин мусибат аст. Набояд як ману Ислоҳ бошем. Бояд бисёр бошем.

Сукут ва тарсуии мо моро ана ҳамин тавр маҳдуд ва кам кард. Матбуот ба як ҳисобу ба як назар миёнарав миёни ҳукумат ва ҷомеа аст. Ҷомеа ва афкори иҷтимоӣ пуштивона ва тавону иқтидори матбуот аст. Ҳарчи қадар, ки сокит бошем, ҳар чи қадар ки дар мавқеъи Абдулло Роҳнамо биистем болои мо зӯр ва қулдур мешаванд. Набояд гӯшамонро кар, чашмамонро кӯр кунем. Бояд бигӯем. Матбуот бояд бигӯяд

Барои ҳатто ҳамин ҳукумати қулдури иқтидоргаро агар нашрия муҳим ва зарур набуд масҷидро маҷбур намекард, ки обуна бишавад.

Дуруст аст ки матбуотро чашми дидан надорад, аммо матбуотеро, ки Абдулло Роҳнамо бошад истиқбол мекунанд

Шумо, журналистони муҳтарами тоҷик бо нашру дарҷ ва инъикоси масоилу мушкилоти мардум дигарбора ҷойгоҳи аздастрафтаи матбуоти тоҷикро барқарор мекунед.

Бубинед, як нафар, ки барои мо менависад, огоҳ аст ки навиштан барои мо барояш хатарнок аст, аммо хатарро ба ҷон мехарад ва менависад? Чаро? Чунки матбуотро беҳуда ҳокимияти чаҳорум намегӯянд. Он нафар ҳамаҷо рафт, аммо мақсудаш ҳосил нашуд ва омад пеши матбуот.

Оё ҳамин имрӯз дорем ҳамин гуна нашрия ва расона, ки як нафар аз пулгирии кормандони зиндон, аз шароити бади зиндон бинависад, чоп кунад? Инҷо на номи Эмомалӣ, на Азизмо, на Рустам, на Озода, на Рухшона ва на Ҳасану Зоиру дигару дигараш нест, ку? Шумо чоп намекунед ва он нафар ночору ноилоҷ ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунад. Мо дидем ва санҷидем, ки бо вуҷуди онки моро хоин мехонанду Ислоҳро ифротгаро аммо ба навиштаҳои мардум дар сомонаи мо вокуниш мекунанд, расидагӣ мекунанд.

Ростӣ, мо даҳҳову садҳо хабару маълумотҳоро фақат ба хотири онки ба нависанда зарар мерасад, чоп намекунем ва гоҳе дигар ба воқеияти онҳо машкук мешавем ва мутаассифона имкони санҷидани онҳоро на ҳама вақт дорем. Аммо шумо, ки «хоин» нестед, бо шумо ҳамкорӣ «ҷиноят» ҳисоб намешавад, чаро мунташир намекунед?

Ҳамин чанд рӯзи пеш ду хабар дар оҷонсии Ховар хондам. Ва дар тааҷҷуб афтодам.

Якеаш он буд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як конфаронси илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» доир шудааст ва дар хабар омадааст, ки «Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад.

Дар хабари дигари ҳамин хабаргузорӣ омадааст, ки Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид: «Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст».

Дар хабари аввал Ховар зикр шудааст, ки  «Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд».

Аммо ҳанӯз ду соли қабл маълум шуда буд, ки ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст. Гуфта мешавад, ки адади матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Хуб, дар соли гузашта ҳам ин шумора боз ҳам коҳиш ёфт. Чаро? Чунки матбуоти даврии Тоҷикистон беш аз гузашта  камҷону камқудрат мешавад, балки ба ҷисми беҷон дорад табдил меёбад.

Ҳамин нишастҳои матбуотии ахири мақомотро як бор назар афканед, ки мақомот бо журналистон чи гуна муносибат карданд. Масалан вазир ба журналист мегӯяд, ки ту як савол додӣ бас ва ё мегӯяд, ки инро аз ман напурс.

Агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, барои журналистикаи тоҷик  мешавад марсия бихонд. Набояд гузошт, ки барои мо марсия бинависанд.

Ман мехоҳам, ки ранги «Ислоҳ» даҳҳову садҳо расона амал кунад, ки ҳамроҳу ҳамгоми мардум бошад ва аз ин ҳарфҳо, ки «танҳо шумо мондаед, шуморо ҳамчун умеди охирин ҳисоб кардем», набошад беҳтар аст.

P.S.
Миёни матбуоти тоҷик имрӯз таъсири «Ислоҳ» хеле бузург аст. Инро ҳам хонандагон мебинанд ва ҳам худи мақомот эҳсос мекунанд. Ҳар матлабе, ҳар номае, ки дар «Ислоҳ» нашр мешавад, дар ҷомеа садо медиҳад ва ҳатто онҳое, ки моро танқид мекунанд, маҷбуранд онро бихонанд ва пайгирӣ кунанд.

Аммо мо ростӣ як орзу дорем: мехоҳем «Ислоҳ» дар дохили кишвар амал кунад, на дар хориҷ. Ҷойи табиии як расона ва як минбари озод дар миёни ҷомеаи худ аст, дар дохили кишвар, дар паҳлуи мардум.

Хабарнигор бояд озод бошад, на зиндонӣ. Вақте даҳҳо журналист зиндонӣ ва боқӣ дар муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор доранд матбуот чигуна бояд рушд кунад?

Вале то замоне ки низоми ҳозира вуҷуд дорад ва матбуот озод нест, чунин имконият фароҳам намешавад. Барои он ки матбуоти тоҷик воқеан озод бошад ва расонаҳо дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд, пеш аз ҳама бояд ин низом ва сиёсатҳое, ки матбуотро хомӯш кардаанду дар хафақон қарорашон додаанд, тағйир ёбанд.

Он гоҳ на танҳо «Ислоҳ», балки даҳҳо ва садҳо расонаҳои озод метавонанд дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва матбуоти тоҷик дубора ҷойгоҳи ҳақиқии худро дар ҷомеа пайдо намояд.

Сообщение Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ» появились сначала на ISLOH.net.

Озода Раҳмон,раиси Дастгоҳи Иҷрояи Президенти Тоҷикистон бо ширкати қаллобони байналмилалии интернетии Fatin LLC чи алоқа дорад?
(бахши аввал)

Ассалому алейкум, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мо Барномаҳои шуморо зиëд мебинем. Мехоҳем барои Шумо як нома бифиристем. Мо чанд нафар бо роҳу василаҳои гуногун ба ин ширкат ба кор даромадем ва ҳар кадоми мо чанд забони хориҷиро медонад, ҳадди ақал, англисӣ ва русиро балад ҳастем.

Инҷо талош мекунем, нома тавре навишта бишавад, ки шахсияти мо ошкор нагардад. Агарчанде мо дар хориҷа ҳастем, аммо гоҳ-гоҳе Ватан меравем.

Кӣ пушти ширкат меистад ва он чӣ кор мекунад?

Мо дар ширкате кор мекардем, ки яке аз «инвестор, сарпараст ва криша»-и асосиаш Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Иҷроия Президенти Тоҷикистон ва духтари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мо, мутаассифона, ҳар кадомеамон баъдан, баъди чанд вақт кор кардан фаҳмидем, ки ин як ширкати қаллобӣ будааст. Ба мардуми Аврупо, Канада, Сингапуру  Кореяи ҷанубӣ ҳамчун «брокер» занг зада аз онҳо пул мегирифтаанд.

Суроғаҳо ва кӯчиданҳои ширкат дар Душанбе

Аввалин суроғаашон бизнес центри «Пойтахт- 80», воқеъ дар назди Амфитеатр буд. Сонӣ кучида ба наздикии Алфемо рафтанд, ҳозир бошад дар рӯбарӯи Созидание, пушти маркази савдои «Пайкар» ҷой гирифтаанд.

Даромадҳои миллионӣ аз фиреби мардум

Ин ширкат моҳона то 2-3 миллион доллар аз ҳисоби мардуми бечора бо роҳи қаллобӣ ба даст меоварад.
Ва крыша-раиси онҳо полковник Зафар аст. Он касро мо чандин бор онҷо дидаем. Онҳо охраннаи бақувват доранд ва ҳамаи муҳофизонашон собиқ коргарони ОМОН ва УР (уголовний розиск) мебошанд. Ин Зафар бо вуҷуди зану фарзанд доштанаш боз маъшуқабозӣ ҳам мекардааст. Аз ВКД Шаҳноза гуфтанӣ занро «тоб медодааст». Ба як қавле ба маъшуқааш рӯяшро мисли пушти дег сиëҳ карда мегуфтааст, ки дар биржа бозӣ мекунад, барои ҳамин ин қадар пулҳои калон ба даст меовардааст.
Дар онҷо сиëҳпустоне, ки дар Душанбе аз Камерун ва Гана ҳастанду фаронсавӣ суҳбат мекунанд, фаъолият доранд. Саркардагонашон гурҷиҳо (грузинҳо) ҳастанд. Ба мо як ним арабу ним арманӣ роҳбарӣ мекард. Вай мегуфт моро оилаи президенти шумо ҳифозат мекунанд ва ҳеҷ кас ба мо ҳеҷ чиз карда наметавонад.
Номи ин ширкат Фатин-«Fatin LLC»-мебошад
Вақте мо фахмидам онҷо чи гап аст, ин чи гуна ширкат аст тасмим гирифтем, ки ҳарчи зудтар биравем. Албатта, аз онҷо, берун шудан кори осон нест. Ин Зафари полковник таҳдид мекунад ва аз гудоз мегузаронад, ки барои чи аз кор меравем?

Ҳамчунин ин қаллобон боз як ширкати дигар дар Хуҷанди бостонӣ кушоданд. Бо ташаббуси «Ғози калонамон»

Дар ҳамон ширкат тақрибан 150 нафар фаъолият мекунанд. Таги 50% тоҷикон, дигараш зодагони Гурҷистону Камерун, Гана ва қисми камаш аз Молдова ва Украина ҳастанд. Ҳамчунин 2-3 нафар арабҳои муқимишудаи Арманистон ҳам кор мекунанд.

Марҳалаи аввал: реклама, 250 доллар ва «брокер»-и қалбакӣ
Ин одамон псевдоплатформаҳо доранд ва шаҳрвандони хориҷиро барои ба форекс маблағгузорӣ кардан тавассути реклама бо ëрии медибайерҳо ҷалб менамоянд. Ҷабрдида рекламаро мебинад, рақамҳои телефон ва суроғаи электронӣ- почтаашро менависад ва коргарони онҷо ба онҳо занг зада 250 доллар гирифта ба онҳо дар платформаҳои худ «торговый счёт» кушода бо хабарҳои бардуруғ, фиребу найранг биткоин харед, акцияи Тесла харед гуфта онҳоро розӣ мекунонанд. Чи қадаре «муомила» идома биёбад, пулашонро мекананд ва баъдан дар рӯйхати сиëҳ мепартоянд.

Марҳалаи дувум: «рефанд», адвокатҳои сохта ва регуляторҳои дурӯғин

Ва баъди чанд вакте қисми дигари коргарони онҷо ба одамони ба рӯйхати сиëҳ дохилшуда аз номи фирмаҳои ҳуқуқӣ, регуляторҳо (ба монанди  BaFin, Financial Conduct Authority, Finra, баъзан вақт Интерполу Европол) бо ному хуҷҷатҳои бардуруғ худро адвокат, намояндаи фирмаи ҳуқуқӣ муаррифӣ карда ëрӣ пешниҳод мекунанд.
Чи хел ëрӣ? Мегӯянд шуморо қаллобон фиреб доданд, ба мо ин хабар нав расид, мо пулҳои шуморо дар блокчейн дарëфт кардем ва нигоҳ медорем. Барои пулҳоятонро гирифтан шиносномаатонро равон кунед. Баъдан бо ҳар гуна найрангҳои психологию дуруғ, ҳамчунин гуë, ки инҳо бояд налоги давлатӣ супоранд, ва ë пулҳоро декларация кунанд то ягон мушикилӣ пайдо нашавад, пул меситонанд. Ҳамин тариқ моҳе 1000,1500 то 2000 нафарро фиреб мекунанд.
Ғайри давлатҳои дар боло номбар кардаам, ҷабрдидагон зиëдтар шаҳрвандони Олмон, Австрия, Швейсария, Кореяи ҷанубӣ, Канада, Фаронса ва Белгия  мебошанд.

Шиносномаҳо, Даркнет ва бозори ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Ҳамчунин ҳамаи шиносномаҳои ба даст оварда дар Даркнет ба дропперу нафароне, ки шиносномаҳои қалбакӣ месозанд, фурӯхта мешаванд.
Ин ба ягон чорчубаи дину конфессия, ҳамчунин маданияту одамгарӣ рост намеояд.
Ҳамчун далел мо якчанд ҷабрдидагонро моҳҳои тулонӣ кофтукоб кардем ва ëфтем. Метавонем фиристем.
Ин ягон ширкати брокерӣ нест, фиреби тоза, найрангу шайтонӣ аст. Пул аз ҳисоби мардум то ба ҷайби яҳудию қафқозиҳо ҳам мерасад. Аммо қисми зиëдаш ба киссаи бобо Раҳмон (Эмомалӣ Раҳмонов)меравад. Ҳамаи инро Озодахону оилаи вай пуштибонӣ мекунанд. Мо шахсан ҳамонҷо дидем шахси наздики оилаи онҳоро, афсӯс номаш дар хотирам нест. Омада ҳамаро тарсонда рафт, таҳдид ва таъкид карда гуфт, ба ҳеҷ кас чизе нагуед ва ин маълумот агар берун баромад зинда намемонед.
Ногуфта намонад, ки ин гурҷиҳо дар Тоҷикистон бачабозӣ ҳам мекардаанд, бо якдигар. Чеҳраи инҳоро хусусан дар клубҳои шабона «Комюнити» воқеъ дар роҳи Пивзавод, қабати Мерве, ҳамчунин дар Алфемо «Майнушии ирландӣ» ва «Паблик» ҳама мешиносад.
Ҳамаашон бо номҳои бардуруғ мегарданд. СЕО-и ҳозира номаш Джони (номи ростиаш Ираклий), қаблан дар ҷои вай холааш ва шавҳари холааш, яъне зану шавҳар Марк (гурҷӣ)ва Каролина (укроинӣ) роҳбарӣ мекарданд. Ин полковники лаъин ҳамаашонро мешиносад. Маҷбур шавад мегуяд.
Бисëр мехостем рӯи ин палидонро дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ бубинем. Шарманда шаванд.

Эзоҳи «Ислоҳ»: санҷиш, тамос ва далелҳо

Вақте ин нома ба дасти мо расид, воқиан ҳам гиҷу гаранг ва моту мабҳут шудем. Зеро бовараш сахт аст, ки роҳбарони давлати Тоҷикистон ва он аз Оилаи Раҳмонов то ба ин ҳад аз худ рафтаву дунёро бесоҳиб дидаанд ва барои пулу маблағ шуда даст ба ҷинояти байналмилалӣ мезананд ва ҷинояткорони  қаллобҳои байналмилалиро «ҷову макон» медиҳанд, сарпарасти ва ҳимоят мекунанд.

Барои ҳамин бо муаллифони ин нома чанд навбати дигар дар тамос шуда маълумоти бештар ва мувассақ хостем.

Дар ин қисмати матлаб посухҳои онҳоро пешниҳод мекунем, ва ҷавобҳои онҳоро меоварем. Посухи онҳо ба шакли зайл аст:

« Бале, устод, ин як ширкати саддарсад қаллобӣ, як схемаи беҳад калони пурпечутобу мураккаб аст. Ин ширкат сайтҳои хоси худро дорад. Сайтҳои одноразовий, ки ду -се моҳ кор мекунанд ва сипас барои пайи пои худро несту дастнорас кардан брендашонро ва номашон тағйир медиҳанд, ду -се моҳ кор мекунанд, брендашон ва номашонро иваз мекунанд ва боз ду-се моҳ кор мекунанд, брендашон ва номашонро иваз мекунанд.

Масалан дар Украина ва дар дигар кишварҳои хориҷа коргарони худашонро доранд:-маркетолог, таргетолог (таргетолог — специалист, который настраивает таргетированную рекламу. Это человек, который настраивает и запускает рекламу в социальных сетях), медиабайер (медиабайер работает в рекламных агентствах, где выполняет поручения креативного директора. Он продумывает стратегии размещения на различных площадках и следит за тем, чтобы рекламные материалы (ролики, баннеры, сюжеты, интеграции) выходили согласованно и в нужный срок. Кроме того, медиабайер участвует в переговорах с заказчиками и разрабатывает для них оптимальные кампании продвижения).

Таргетолог: мутахассисест, ки рекламаи ҳадафнок (таргетӣ)-ро танзим мекунад. Яъне шахсе, ки рекламаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ (мисли Facebook, Instagram ва ғайра) омода карда, ба кор медарорад ва муайян мекунад, ки реклама ба кадом гурӯҳи одамон нишон дода шавад.

Медиабайер: мутахассисест, ки одатан дар агентии рекламавӣ кор мекунад ва супоришҳои директори креативиро иҷро менамояд.

Ӯ: стратегияҳои ҷойгиркунии рекламаҳоро дар платформаҳои гуногун тарҳрезӣ мекунад; назорат мекунад, ки маводҳои рекламавӣ (роликҳо, баннерҳо, маводҳои таблиғотӣ, интегратсияҳо) сари вақт ва мувофиқи нақша нашр шаванд; дар гуфтушунид бо фармоишгарон иштирок мекунад; барои онҳо кампанияҳои самараноки таблиғотӣ таҳия менамояд.

Кори инҳо аз чанд давра ё марҳала иборат аст. Вақте як нафарро ба дом кашиданд, дар қапқон андохтанд, сраза хунашро намехуранд, майда-майда, чунон мекунанд, ки ҳатто пулдору сарватманд бошад ҳам, муфлису банкрот шуда аз «бозӣ» урёну нолон берун мешавад.

Марҳалаи 1

Ин ширкатҳо иборат аз нафаронеанд, ки рекламаро дар платформаҳои хориҷӣ ба мисли Инстаграм, Фейсбук, Телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Барои мисол мегӯянд, ки агар шумо пул кор карданӣ ҳастед, регистратсия кунед ва пул кор кунед. Баъдан, вақте пейҷи худи ҳамон сафҳа ва қайд-регистратсия кушода мешавад пардохти аввал-250 евро медиҳад. Ё аз ин ширкат ба вай занг мезананду 250 еврояшро мегиранд. Баъдан аз ҳамин ҳисоб (то ест ин кори сейл конверсияаш аст, занг зада маҳкам мекунанд) пули инҳоро мегиранд: 250-еврояшрову ба рейтенҷшин медиҳанд. Рейтенҷшин дар ошёнаи 2 меистанд. Онҳо худро брокер мегуянд. Ширкат ба онҳо шиносномаҳои қалбакӣ месозад. Аз номи Полша, Британияи Кабир ва дигар давлатҳо. Яъне инҳо шахсиятҳои қалбакиенд, ки паспорт доранд. Масалан, гӯем як тоҷик бо номи Аҳмадов Аҳтам дар онҷо кор мекунад, лекин вай ному шиносномаи ҷаълӣ дорад ва Вилям Новак мешавад, шаҳрванди Германия, Полша ва ё аз дигар ҷо. Ҳамин сайти «ефсией регистр»  «This is the ‘FCA Register’ website» ва «финра индевидуел»  FINRA Individual Check— FINRA Individual Profile ин персонжҳоро копия карда мегиранду баъд аксашро дар паспорти қалбакӣ мемонанд ва истифода мекунанд

Ин нафаронро рекомендатсияҳои инвеститсионӣ медиҳанд. Яъне ба шумо занг мезанад, гуё вай брокер шумо, гуё шумо инвестор ва пешниҳод медиҳад:-мехоҳед дар форексу криптовалюта маблағгузорӣ кунед.

Гап дар инҷост, ки баъд аз онки 250 еврояшро мегиранд ва ба ошёнаи боло, ба брокерҳо мефиристанд ва онҳо ҳамчун брокер занг зада мегуянд ман брокери шумо, биёед кор кунем ва платформаи қалбакиро ба онҳо нишон медиҳанд. Ному насабаш ва маълумотҳояшон онҷо ҳаст. Албатта, он ному насаб ва маълумотҳо ҳамааш фиребу дурӯғ аст, аммо он «инвестор» инро намефаҳмад. Баъдан ба ҳар яки онҳо рӯзона рекомендатсия медиҳанд. Барои мисол мегӯянд, ки «мана имрӯз арзиши биткоин хест, шумо бояд биткоин харед, аксияи Тесла боло рафт, шумо бояд аксияи Тесла харед, ё ки ефириум ё ки криптовалюта ё алткоину дигар чизҳо. Ҳамин хел рӯзона рекомендатсия медиҳанду ҳар ҳафтаву ҳар моҳ инҳоро ба дуруғ аз маошашон мегиранд, ё ки агар пул надошта бошанд водор мекунанд қарз гиранд ва ба ҳамин усули қаллобӣ хело пул мегиранд. Ин ҳолат то вақте ки ҳамин одам худаш безор шавад ва гуяд, ки ман пуламро мебарорам идома пайдо мекунад.

Агар содатар фаҳмонам ин як намуди нави пирамида, пирамида интернетӣ аст.

Вақте муштарӣ, ки инҷо инвестор ном дорад, мегуяд, ки ман пуламро аз ин кор мебарорам пулашро бароварда наметавонад. Барои чӣ? Барои онки ин платформаи қалбакӣ аст ва чи рақаму ададу сумаву дигар чизҳое, ки ҳаст ин аз як компютери директор контрол мешавад. Контрол мешавад ва ҳамаи ин рақамҳоро менависад. Ана масалан аксия Тесларо харидем дар бозори ҷаҳонӣ (аз ростӣ гуем, ки аксияи Тесла ҳеҷ вақт 500% ё1000% дар як ҳафта ё дар як моҳ намехезад аммо дар инҷо мехезад ва ҳамаи ҳамин аз компютери директор контрол мешавад. Чунки инҳо нархҳову дигар чизҳоро сахт боло мебардоранд, аз ҷиҳати математикӣ сумма боло мешавад, ва нархи ин чизҳо дар ҳисоби муштарӣ, яъне пул зиёд мешавад. Аммо дар асл ҳиҷ пуле инҷо нест,фақат информатсияи ҷаълӣ фиристода мешавад.

Баъд ин инвестор-муштариҳо фаҳмида ё нафаҳмида (чун дар ҳисобашон ҳаҷми маблағ достаточно зиёд шудааст) пулро бароварданӣ, пас гирифтанӣ мешаванд ва мегуяд ба брокер, ки пулҳоямро деҳ. Ин инвестор пул ва фоидаи пулашро гирифтан мехоҳад. Амммо пул нест. Ҳамаашро кайҳо ин ширкат гирифтааст. Инҷо барои инвестор фақат ҳамон рақамҳо мемонанду тамом.

Марҳалаи 2

Баъдан инҳо чи хел мекунанд? Ин нафар-инвесторро, ки пулҳоямро деҳ гуфт дар черний список мепартоянд. То дигар ба алоқа баромада натавонад. Инҷо марҳалаи аввали «кор»-и ин ширкат тамом мешавад.

Дар черний списка, ки партофтанаш барои вай дигар конетс света мешавад, пулҳояш тамоман рафт.

Аммо дар ин ширкат шуъбаҳои дигар кор мекунанд, ки идомадиҳандаи кори ҳамдигаранд. Тамоми маълумоти ин инвестори пулсухтаро ба як нафари дигари ин ширкат медиҳанд. Он нафар (шуъба) махсус барои ҳамин корҳо аст ки бо рекадерӣ, то ест рефанд мегӯянд англисҳо, ба ҳамон стратегия кор мекунад. Занг мезанад. Вай паспортҳои бисёри қалбакию документу удостоворенияҳои сохтаву дурӯғини Интерпол, Европол дорад, ки бори дигар мегӯем ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо қалбакианд. Ин корманди ширкат занг мезанад мегуяд, ки мо фаҳмидем, ки шуморо брокери қаллоб фиреб дод ва мо пулҳои шуморо заморозит кардем. Биёед ин пулҳоятонро пас бигирем ва ба шумо  баргардонем.

Дар ин ҳолат чи мешавад? Маълум, ки ин муштарии фиребхӯрда розӣ мешавад

Ва аз ширкат мегуянд, ки даннийҳои индентификатсионии худро ба мо равон кунед: ба ватсап, бо телеграм. Масалан ҳуҷҷати ронандагӣ, паспорт ё ва дигар санад.

Аснодро равон мекунад. Аз ширкат мегӯянд, ки маблағи шумо деклоратсия карда нашуда будааст, инро бояд декларатсия кунед, вагарна ба шумо проблема мешавад аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Тибқи қонунҳои Аврупо барои вуруд ва ё баровардани маблағи беш аз 10000 евро бояд деларатсия карда шавд. Ҳамин талаби қонунро истифода бурда ба онҳо давит мекунанд ва мегӯянд, ки пул деҳ. Пулашро мегиранд. Баъдан як -ду рӯз ғайб мезананд, боз занг мезананд. Мегуянд, ки мо бо регулятори давлати шумо (ин BaFin, Financial Conduct Authority, Finra, дар Амрико ефсией ё ки дар Англия ё ки худи ҳамон бонки марказӣ бошад дар алоқа шудем, маълум гардид, ки шумо налог супоридагӣ набудаед. (Ин инвестор бовар мекунад, агарчи ин гап тамоман дурӯғ аст) Ин пулро страховка кардан даркор. Яъне ин боз идомаи пулканӣ, дар амал бошад ҳиҷ гапе нест.

Ва ҳамин хел чанд дафъа пулашро кашида мегиранд. Аз дасти як одам бо ин роҳҳо сӣ, чил панҷоҳ то садҳазор мегиранд. Надоштагиаш пуламро бо фоизҳои фоида кардаам гирам гуфта ночор қарз мегирад, хонаашро мефурӯшад, маҷбураш мекунанд таҳдид мекунанд. Ҳамин хел аз инҳо пул ҷамъ мекунанд. Дар як моҳ чанд ҳазор одам мешавад ва ҳамин тариқ даромад аз чанд миллион мегузарад. Мо дар моҳ то 7 миллион доллар ҷамъ овардани ин ширкатро шоҳид будему дида будем.

Ин қаллобони интернетӣ ғайри Душанбе боз дар Хуҷанд ҳам ширкат доранд. Ба наздикӣ хабар омад, ки яке аз хедашон (хед ранги страший менеҷҷер) як комната дорад, ки дар таги дасташ чанд сад одам кор мекунад ва дар Шри-Ланка ба худаш боз ҳамин хел ширкат кушодааст. Бинобар маълумотҳо ғайри Тоҷикистон боз 9 филиали дигар дар давлатҳои дунё доранд. Дар Тошканд кушоданд нашуд, рафтанд. Дар Қазоқистон доранд. Дар Краснодар ҳам доштанд, аммо як коргари афроамерикоиашонро куштанд ва бо ҳамин он офис маҳкам шуд.

Бо давлатҳое, ки раводид даркор бошанд, дар шест секунд раводид дуруст мекунанд, хона иҷора мегиранд регистратсия прописка ҳамашро барои онҳо мекунанд токи онҳо кор кунанд.

Инҷо донишҷҷӯҳои факултетҳои хориҷӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ҳам кор мекунанд, аммо қисми зиёди коргаронашонро духтарҳо ташкил медиҳанд. Маош дар коғаз 3000 аммо то чанд ҳазор доллар кор мекунанд. Дар инҷо англисзабонҳои афроамерикоӣ (бештари коргарҳо ҳаминҳоанд) аз 4 то 6у ним ҳазор, туркҳо маоши дигар, фаронсавизабонҳо (аз Камерун) дигар мегиранд, боз бонус доранд вобаста ба ҷамъоварии инвестор-клиент. Масалан агар 100 ҳазор доллар ҷамъ овард, вориди ҳисобу хазинаи ширкат кард аз он 5- 6% медиҳанд ба он корманд.

Ин ширкатро аз хориҷа поддержка мекунанд, бо информтсия, бо методҳои нав ва технологияҳои нав. Инҷо ҳамешва ВПН ҳаст, дар роултер насб шудааст. Дар релтери микрочип насб шудааст, бо сетевойй кабел ба тамом компютерҳо насб кардагӣ. Инҷо боз як компютери дигар ҳаст, ки ҳардуяш васл шудааст.

Вақте локатсияи худатро дақиқ карданӣ мешавӣ дар Гугл Бритониёи Кабир мебарояд ва дар компютери дигар, ки дар дарун ҳаст, Нидерландияро нишон медиҳад.

Инҷо одамҳо жертва мешаванд. Рекламаро мебинанд, ҳушашон меравад, тамоми данниҳову рақамҳои иртиботии шахсиву хусусиву маҳрамонаи худро мегузоранд ва пул медиҳанд. Инҳо, ки ба дом афканданд, аз худои карим ҷуста занг зада 250 еврои онҳоро мегиранд.

«Рекомендатсияҳои инвеститсионӣ» ҳар рӯз дода мешавад (дар асл гӯшпарӣ, фанду фиреб). Ҳар рӯз инҳо дар контакт бо он инвестор-жертва дар гушаш мехонанд: имрӯз Тесла, пагоҳ криптовалюта ва ҳамин хел мафтуну маҷзуб ва гипноз мекунанд ва дар ҳар платформаи фиктивний инҳо портфел месозанд ва мегуянд- ана муштарии ман 100 ҳазор доллар кор кард, 500 ҳазор кор кард…. яъне як ҳамлаву ҳуҷумҳои психологӣ, ки нафарро ҷазбу ҷалб кунад…

Посух ба саволҳои мо

Бародар Муҳаммадиқбол акнун, ки саволҳо додед, ба саволҳоятон посух додем.

Бале, ин ширкати қаллобии байнулмилалӣ аст. Чунин ширкатҳоро дар тамоми ҷаҳон ҷустуҷу доранд,тавассути Интерпол, Европол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои алоҳида.

Инҳо дар давлатҳои дигари дунё ҷинояткорони ашаддӣ ба шумор меоянд ва бисёр ҳам пинҳону пӯшида ва махфӣ кор мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон баракс. Тавассути давлат, аниқтараш оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ва ВКД-и Тоҷикистон таҳти ҳимоят гирифта шудаанд.

Як инсони дигар дар онҷо буд нимараб нимарманӣ, бо номи Карим. Номи аслиашро мо баъдан фаҳмидем. Номаш Крист будааст. Аслаш аз Ливан ё аз Фаластин. Вале дақиқи шуд, ки аз Ливан аст.

Ин одам ба мо гуфта буд, ки агар касе, ки чизе фаҳмид, ё ки шумо ягон кор карданӣ бошед, кунед ё накунед фарқ намекунад. Мо аз тарафи оилаи президенти шумо дастгирӣ мешавем, моро дастгирӣ мекунанд, охранят мекунанд. Мо ҳақи онҳоро ҳатмн медиҳем, Онҳо, махсусан Озода аз мо беҳад розӣ аст. Ин гапҳоро гуфт ва ангушташро самти боло бардошт.

Вақте мо ба кор қабул шудем, фикр доштем як кори одӣ аст. Онҷо охранна меистад.

Саруруямонро акс гирифтанду гуфтанд боло бароед. Боло баромадем. Моро айтишник пешвоз мегирифт. Боз отпечаткаҳои дастонамонро дар компютер гирифту гуфт, ки рав дари рӯбарӯ, як ангуштатро мон кушода мешавад.

Рафт кушодем, пешвоз гирифтанд. Даромадем ба ҳайрат афтодам. Тақрибан 50-60 нафари онҳо дар афроамерикоӣ-сиёҳпустҳо буданд. Онҷо негрҳо буданд. Қарсак зада, дод зада дод зада пешвоз гирифтанд. Музди меҳнат дар шартномаи корӣ 3 000 сомонӣ навишта шудааст вале аз 6000 сомонӣ боло медоданд.

Дар онҷо як толоре буд, ки дар як моҳ ё ду моҳ як бор тамоми коргарони он ширкатро ҷамъ мекарданд ва мо бо чашмонамон медидам.

Теъдоди150 нафар коргар сифри тахминӣ аст, аз ин зиёд ҳам буда метавонад. Аммо аз ин кам нест. Сонӣ, вақтҳои чошт, аз соати 12 сар карда як, ду, се то соати 4. мерафт. Ҳар соат аз сӣ то чил нафар обед мебаромаданд. Даҳ дақиқа кофебрек буд, чор панҷ маротиба дар як рӯз. Ғайри як соати обед, боз ба ҳоҷат мерафтӣ. Мебаромадем медидем.

Зафар лаҳҷаи хуҷандӣ дорад. Вай роҳбари ин ширкат аз тарафи оилаи Раҳмонов мебошад. Онҷо гоҳо охранникҳо, баъди анҷоми кор сигор мекашиданд, қаҳва менушиданд ва дар бораи дуздиҳояшон, дуздиҳои ҳамкоронашон аз давлат ва аз шахсиятҳое, ки худашон подставит мекарданд ё гунаҳкор буданду пул гирифта сар медоданд, ҳикоя мекарданд.Аз онҷо фаҳмидем, ки ин охранникҳо ҳамагӣ кормандон и мақомот, ба хусус аз МВДанд.

Гуфтем, ки маъшуқаи Зафар Шаҳноза дар МВД кор мекунад. Ин факти 100% аст.

Ду дафъа суроғаи офисашонро иваз карданд. Аввал дар бизнессентри Пойтахт 80 буданд.

Баъд дар наздикиҳои ALFEMO, дар бари доми Пайкар. Дар ҳамонҷо буд, ки амният даромад ва баъд боз маконашонро дигар карданд. Ҳозир дар пушти Пайкар, дар рӯбарӯи бинои Созидание офис доранд. Созидание аз они Ҳасан Асадуллозодаи тағои Озода, раиси Ориёнбонк аст, дар назди бемористони Скорий, қарбии гардиши аэропорт, дар хиёбони Айнӣ. Дар бари дараш овезаи FatinLLC навишта шудааст. Агар бо он кӯча гузаред намоён аст. Инҳо коргарони дар соҳаи скен мошеникиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо ва даъват мекунанд. Бо чатҳо меёбанд. Инҷо шуъбаҳои ангисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва туркӣ кор мекунанд.

Мақомот интересоват карданд. Ду бор амният омад кофт компютерҳоро, дигар василаҳоро   кофт ва ёфт. Ин хел нест, ки наёфта бошанд. Дар онҷо маслан предложениҳо алинеску дигар чизҳо ҳастанд, ки мисол компютери жертва ба компютери коргари ширкат пайваст аст ва аз он истифода мекард. Мисол банкаш медаромад.

Аммо гуё амният 100.000доллар пора гирифта рафта бошад. Ин дар тавтиши дуввум буд. Натиҷаи тафтиши якумашонро намедонем. Аммо баъдан ҳеҷ кас ҳеҷ кор накард.

Раиси онҷо дар документ ҳамон давраҳо як грузин буд бо номи гурҷӣ, аммо худро Марк Чехов мегуфт, як марди миёнақади кал буд. Номи занаш Каролина Астемирова буд. Дар кишвараш пеш варзишкори шинохта будааст.

Аммо калонашон ҳамон Зафар буд, ки дар ОМОНи МВД кор мекунад. То ҳозир дар онҷо кор мекунад. Мегӯянд, ки одами Озода аст.

Инро бояд махсус зикр намоем, ки инҷо танҳо Озода нест, тамоми оила шарик аст. Зафар курироват мекунад. Инҳо косвенно иштирок мекунанд. Пул медиҳанд барои реклама. Чунки   реклама дар тамоми дунё запускат карда мешавад ва тахминан аз 1000.000 то1500000 млн доллар даркор мешавад. 35-40то 50 фоизи даромад ба ин оила меравад. Барои онки ҳар охири моҳ директор ноит мекард, ки охир моҳ шудааст, ҳиҷчи надорем, боз ин инвесторҳо ин хел мекунанд, он хел мекунанд. Яъне манзураш Озода ва Оилаи Раҳмонов бисёр мегиранд.

Аз одамони оилаи Раҳмонов як писарбача меомад, беҳад мутакаббир ва ҳавобаланд буд. Ин бача дар иҳотаи муҳофизони мусаллаҳ меомад. Ба ҳеҷ кас гап намезад. Дар коробка долларро мегирифт, мерафт.

Як охранники фарбеҳи узбекмонанд, чашмтанг доштем, беҳад инсони хуб метофт, гуфт ин аз оилаи Ҷаноб аст.

Аз Озода бошад кадом дугонааш меомад. Бо лафзу лаҳҷаи хуҷандӣ гап мезад. Як бор, ду бор омада моро тарсонда буд, ки гапҳои зиёд назанед, дар куча ин хел накунед, он хел накунед.

Мо дар онҷо касе набудем, фақат тарҷумон будем.

Аммо, яқин кардем ва мутмаин бошед, ки ин ширкати қаллобони байналмилаӣ таҳти ҳимояти роҳбарияти давлати Тоҷикистон амал мекунад.

Коргарони инҳо барои раводид, қайди иқомат, мошини хидматӣ, таъмин бо духтар (фоҳишаҳо) хурду хурок ягон мушкил надоранд.

Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон қапид, аммо коре накард, доляашро гирифт рафт.  Инҳо, ин мошеникҳои байналмилалӣ кор карда хонаи ҳазорҳо нафарро ба оташ кашиданду кашида истодаанд.

Биноҳоеро, ҳам ки офис мегиранд, бубинед, масалан Созидание, аз они Ҳасан Асадуллозодаи додараруси Раҳмонов ва он биноҳое ҳастанд,ки аз оила ва наздикони оилаи Раҳмонов мебошанд.

Поёни бахши аввал, таҳқиқоти Ислоҳ идома дорад бо мо бошед!

Пасгуфтори Ислоҳ!

Он чи дар ин матлаб ошкор шуд, як иштибоҳи ҷузъӣ ё «бизнеси баҳсбарангез» нест. Ин лоиҳаи муназзами брокерии қаллобӣ аст, ки дар миқёси байналмилалӣ амал карда, ҳазорон нафарро фиреб дода, зиндагии бисёре аз мардумро ба вартаи фалокат бурдааст. Одамоне ҳастанд, ки пас аз ин «инвеститсияҳо» хона фурӯхтаанд, қарздор шудаанд, оилаҳояшон вайрон гаштааст. Ин хонасӯзӣ аст, на тиҷорат.

Бо назардошти далелҳо, шаҳодатҳо ва сохтори кор, шакке боқӣ намемонад, ки ин афёраи брокерӣ бе сарпарастии сатҳи баланд имконпазир набуд. Ҳимоя, макон, рекламаи гарон, ҳаракати озоди пул ва хомӯшии мақомот-ҳамаи ин нишонаи як ҷинояти бузурги созмонёфта аст. Озода Раҳмон, ки дар дохили кишвар даҳҳо тиҷорати инҳисорӣ дорад-аз сохторҳои марбут ба молияву андоз (IRS), то бонкҳо чун «Спитаменбонк», то брендҳои тиҷоратӣ монанди «Озода косметик», «Озода кемикал» , фурӯши вазифаҳо ва дигар бизнесҳои бастаи оилавӣ-дигар наметавонад худро аз ин афёра канор гирад. Вақте тамоми бозор дар ихтиёр аст, аммо боз ба чунин схемаи ҷиноятӣ даст мезананд, ин аллакай тамомияти ахлоқӣ ва ҳуқуқиро зери суол мебарад.

Мо инчунин асос дорем бигӯем, ки ин тарҳ бе нақш ва таҷрибаи Ҷамолиддин Нуралиев-шавҳари Озода Раҳмон- роҳандозӣ нашудааст. Ҳатто агар имрӯз ӯ дар саҳна набошад, далелҳо нишон медиҳанд, ки асосгузори ин навъи «тафаккури афёравӣ» дар оила маҳз ӯст. Ин гуна схемаҳои мураккаб дар сатҳи ҷаҳонӣ аз оилае, ки таҷрибаи молиявӣ, дастрасӣ ба сохторҳо ва иртиботи байналмилалӣ надорад, сар намезанад.

«Ислоҳ» бо масъулияти комил эълон мекунад: ин таҳқиқот ба муассисаҳои ҷаҳонӣ ирсол хоҳад шуд-ба ниҳодҳои молиявӣ, зиддикоррупсионӣ ва тафтишотии байналмилалӣ. Ин ҷо сухан аз обрӯ нест, аз ҷавобгарӣ меравад. Ҳар касе, ки дар фиреби мардум, шустани пул ва роҳандозии қаллобии байналмилалӣ даст дорад, новобаста аз насаб ва вазифа, бояд ҷавоб диҳад.

Ин ҳушдор аст. Ҳам ба ҷабрдидагон-ки хомӯш намонанд. Ҳам ба онҳое, ки худро дастнорас мепиндоранд. Ҷиноят, ҳатто агар муддате пинҳон шавад, дер ё зуд рӯшан мегардад.

Сообщение Озода Раҳмон,раиси Дастгоҳи Иҷрояи Президенти Тоҷикистон бо ширкати қаллобони байналмилалии интернетии Fatin LLC чи алоқа дорад? появились сначала на ISLOH.net.

Гузориши Ислоҳ – 2025: Дар хатти пеши набарди иттилоотӣ
«Ислоҳ» бо сомонаи isloh.net ва шабакаи ютубии худ-«Ислоҳ.ТВ» соли 2025-ро, ки дигар ба гузашта ва моли таърих бадал шуд, ҳамоно дар миёни расонаҳои интернетии мухолифи режими худкомаи Раҳмонов мақоми аввали худро ҳифз кард. Ва дар фазои иттилоотӣ  «Ислоҳ» минҳайси  тавонотарин, муҳкамтарин, муқтадиртарин пурхонандатарин ва пурбинандатарин нашрия боқӣ ва устувор бимонд.

Маъмулан, дар охирин рӯзҳои сол, мо ба роҳи тайкарда ва корҳои анҷомдодаи худ назар меафканем ва чуноне мегӯянд ғалберро аз об бармедорем. Шукри Аллоҳи бузург, ки дар соли 2025 ҳам мисли солҳои гузашта кори «ислоҳиён», чӣ дар сомона ва чӣ дар Ютуб пурравнақ ва пурбор будааст. Инро оморе, ки шӯъбаи фаннӣ-техникии мо омода кардааст, тасдиқ ва тасбит мекунад ва инҷо бо камоли майл ба таваҷҷуҳи шумо пешниҳод менамоем:

Дар давоми соли 2025 Пойгоҳи «Ислоҳ» беш аз 300, дақиқан  311 матлаб нашр намуд, ки ин шумора дар қиёс бо соли 2024 16 адад бештар аст.

Дар соли ҷорӣ дар канори рубрикаи доимии «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет» матолиби вофири таҳлилӣ ҳам доштем. Бо дархост ва талаби шумо,муштариёни муҳтарам Рубрикаи ҷадиде бо номи «Номаи маро алоҳида нашр кунед»-ро ташкил намудем,ки таҳти ин рубрика 25 барнома нашр карда шуд. Дурустараш 22 шумора тақдим ва се шумораи дигар омода ба нашр аст. Ин барнома ҳам аз навиштаҳои мардум таҳия мешавад. Вале тафовут дар инҷост, ки масъала ва мавзӯъ батафсил нигошта мешавад. Ҳоло пеши мо чандин мусаввадҳаҳои ин барномаи тоза  дар ҳоли коркард ва омода шудан қарор дорад ва агар бо ин суръат идома пайдо кунад, баъид нест, ки дар соли оянда он нашри хеле зиёд дошта бошад.

«Семейканюс» –моҳномаи «Ислоҳ» ва «Ислоҳ.ТВ» барномаи сермутолиа ва сертамошобин соли дуввуми нашри худро пушти сар кард. Давоми 2 соли корӣ моҳномаи «Семейканюс» 24 шумора омода ва мунташир кардем.

Воқиан ҳам дар дарёфти хабару маълумот барои ин барнома хабарнигорони мо дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар заҳмати зиёд мекашанд, ки инҷо аз номи кулли бинандаи Ислоҳ, чи дӯст ва чӣ ғайридӯст барояшон ташаккур мекунам.

Пойгоҳи «Ислоҳ» имсол беш аз 11 миллион хонанда дошт. Адади хонандагони матолиби «Ислоҳ» дар Фейсбук моҳона аз 6 млн ҳам гузашт ва метавонем бигӯем, ки гузоришу мақолаҳои «Ислоҳ»-ро дар фейсбук 69млн хонанда мутолиа карда аст. Замимаи Пойгоҳи Ислоҳ низ дар телефонҳои Андроид ба хубӣ кор карду боргирӣ шуд.

Ислоҳ дар Ютуб чи вазъиятеро дар худ дошт ?

Дар соли 2024 ҳудуди 49,5 млн бинанда «Ислоҳ»-ро тамошо карда буд. 280 навор тақдим гардидида буд. 72 барномаи пахши мустақим доштаем, яъне 352 рӯз дар сол дар хидмати мардум будаем он сол.

Дар соли 2025 бошад «Ислоҳ» 209 миллион бинанда дошт.  Пас аз ҷанги Русия ва Укроин дар Русия вуруд ба Ютуб маҳдуд гардид ва бо мушкил печид, ки маъаласаф беасар набуд. Аммо, ин боис нашуд, ки бар суръат ва сифати кори мо  зарба зада бошад. Имсол дар Ютуб 359 навор (мустанад) нашр кардем, ки аз ин шумора 74 барномаи он пахши мустақим буд. 71 барномаи «Минбари Муҳоҷир» ,ки чуноне шоҳидед бо саволу ҷавоби муҷрӣ бо тамошобин сурат гирифт ва 3 барномаи «Зери Заррабин». Ҷойи зикр ва таъкид аст ки дар қиёс бо соли гузашта, ки 13 рӯз истироҳат доштем дар соли 2025 ҳамагӣ як ҳафта истироҳат доштем. Гоҳо бархе аз бинандаи «Ислоҳ» фикр мекунад, ки Барнома танҳо пахши мустақим аст ва барномаҳои дигари мо осонтар аст аз пахши мустақим. Аммо воқеият баракс аст хело аз барномаҳо ва матолибе дар Ислоҳ нашр мешаванд, назар ба барномаҳои онлайнӣ ва ҳамин пахши мустақим мушкилтару заҳматталабанд.

Имсол аз «Ислоҳ.ТВ»  22 ҳазор нафар отписатся ё хориҷ шуданд вале сипос мар худойро, ки 24 ҳазор нафари нав ворид ё подписатся кардаанд. Дар барномаҳои Ютубии мо дар соли 2025 -73 ҳазор лайк гузоштаанд.

Мо аз моҳи май то ноябр, яъне давоми  7 моҳ нашри наворҳои шорт- ихтисоршударо низ ба роҳ мондем, ки боиси афзоиши шумори бинандаҳои мо дар шабакаҳои маҷозӣ гашт. Ҳар рӯз панҷ навори кӯтоҳ мегузоштем ва ин наворҳои кӯтоҳшуда дар Инстаграм ва Тик Ток мунтазам нашр гардиданд. Инчунин сафҳаи Фейсбукӣ роҳандозӣ шуд, ки дар он низ ин наворҳои мухтасар вале пурмуҳтаво нашр мешуданд, ки ба ростӣ хело бинандаи зиёд доштанд. Ба ин далел метавонем бигӯем имсол «Ислоҳ»-ро аз ҳама зиёд дар Фейсбук ва Инстаграму Тикток диданд. Шумори бинандаҳо ки на камтар аз 100 миллион буд, ки воқиан ҳам хеле масарратбахш барои «ислоҳиён» ва шахсан барои худи ман буд. Танҳо дар Фейсбук теъдоди тамошочиҳои мо  69 миллионро ташкил дод ва ин ҳам тайи камтар аз ҳафт моҳ.

«Ислоҳ» бо ин ҳама дастовард, масъулияти худро дар назди бинандаи худ анҷомшуда намеҳисобад ва барои солҳои баъдӣ боз ҳам талоши бештар ба харҷ хоҳад дод.

Инро ҳам бояд бигӯям, ки масорифи моҳонаи «Ислоҳ» мисли солҳои қаблӣ  5000 (панҷ ҳазор)  евро яъне ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ ва ё каме бештар аз он, тибқи курси муомила мешуда миёни евро ва рубл муқаррар шудааст. Мо, мутмаинем, ки барои соли оянда ҷавонмардоне пайдо хоҳанд шуд, ки ин ҳазинаро пардохт мекунанд ва мо ҳам битавонем ба ҳамин минвол идома хоҳем дод.

«Ислоҳ» дар соли 2025 ҳамагӣ аз канали ютубӣ 8627,69 (ҳашт ҳазору шашсаду бистуҳафт евро ва шастунуҳ сент) евро даромад доштааст, ки каме бештар аз масрафи як моҳаи он аст. Агар мо дар моҳ 5000 ҳазор евро масраф дошта бошем, ки имсол масорифи моҳона аз 6500 евро ҳам гузашта буд дар як сол 8627 евро даромад доштаем. Танҳо замимаҳо ва барномаҳои истифода мешуда дар Ислоҳ 640 евро мебошад. Метавон гуфт он даромаде Ислоҳ аз Ютуб дошт маблағи ҳамин замимаҳои интернетиро тақрибан пӯшиш намуд.

Ва, ҳоло чанд андешаеро дар инҷо, ки солро ҷамъбаст мекунему барои шумо ҳисобот медиҳам, мехоҳам баён бисозам.

Дуруст аст ки бештарини хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ» дар Русия ва муҳоҷирони кории мо мебошанд. Албатта, бо масдуд сохтани шабакаҳои муқтадири интернетӣ дар ин кишвар шумори бинандагони мо коҳиш ёфт вале ҳамон тавр, ки дар фавқ тазаккураш рафт ҷойи онро наворҳо дар Фесбук пӯшонд. Бархе аз барномаҳои ютубии моро барои мисол ду, се соли қабл 400-500 000  то 1 миллион бинанда медид. Аммо ҳоло ин шумораро надорем. Пахши зиндаи моро ҳам то 12-13000 медиданд. Вале тавссути Фейсбук, Инстаграм ва Тик-ток муваффақ шудем ин камбуд ба таври қобили мулоҳиза рафъ бишавад.

Ончики мо инҷо мегӯем ва бо солҳои гузашта муқоиса мекунем, қиёси раҳмоновӣ нест, ки бар фарзи мисол соли 2004-ро бо соли 2024, соли 2005-ро бо 2025 муқоиса мекунад. Қиёси мо воқеист ва ҳар ончизе мегӯем мустанад аст ва пеши дасти худи шумост, тугмаи ноутбук, компютер ва телефони ҳамроҳатонро пахш мекунеду ҳисобу китоб кард.

Чизи дигаре, ки мехоҳам махсус зикр кунам, ин аст ки таъсири навиштаҳо ва мустанадҳои «Ислоҳ» Раҳмонови диктотур ва дорудастаи вайро дар сатҳи болои боло ошуфта ва парешон кард ва онҳо дигарбора «фабрика ё ҳамон фермаи ҷавоб»-ашонро ба майдон дароварданд ва маълум аст ки қасд доранд афкори ҷомеаро бар муқобили мо мудирият кунанд.

Бо роҳҳои «дипломатӣ» пешниҳод карданд, ки бар ивази қатъи «Номаҳо аз ноҳияҳо» омодаанд якуним миллион доллар бидиҳанд. Ин барнома режимро бағоят ошуфта ва пурташвиш кардааст.

«Фабрикаи ҷавоб» наздик ба ду сол сукут кард. Ингор, бо ин сукути худ гуфтанӣ шуд, ки кадом «Ислоҳ»-е, кадом оппозитсионе дигар боқӣ намондааст ва ҳамин ҳоло ҳам, ки дигарбора, масалан бо номи «Маънавиёти Панҷакент» (албатта, яке аз гуруҳҳои фабрикаи ҷавоб) посухҳои подарҳаво ва гапҳои хоидагии бемаънову бемантиқро «посух» ба мо медиҳанд, тавре вонамуд мекунанд, ки дигар тамом, ин ҳукумат то қиёмат ҳаст, ҳаст.

Худи ҳамин эҳёсозӣ ва вориди афкори иҷтимоӣ кардани ин фабрика гувоҳи он аст ки шикасти сангин хурдаанд ва ҳарфи мо болои мардум ва дар равону руҳи мардум корагар аст. Чунки мо ҳарфу фикру зиндагии мардумамонро мегӯем, на инки Раҳмоновро ҳамчун мардум нишон медиҳем.

Раҳмонов, баъди аз радди Путин барои овардани Рустам дучори касалии ваҳмак шудааст. Аз ин касалии вай истифода карда, онҳое, ки аз ҳисоби гардон кардани «фабрикаи ҷавоб» барои худ як охури дигар сохтанд,ин «фабрика»-ро барои мубориза ва масофи иттилоотӣ муҳим хонданд ва онро дигарбора фаъол намуданд. Мо, аз ин кори онҳо бисёр ҳам розӣ ҳастем, чунки онҳо моро реклама мекунанд. Ва, мардум моро бо онҳо қиёс мекунанд ва бо зиндагии ҳамарӯзааш чен мекунанд ва ҳақиқат дар куҷост, мефаҳманд.

Мо аз ҳамон оғози кори худ изҳор дошта будем, ки «до конца» меравем ва то онҷо, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат хабарҳо мерасад, моро ҳоло дар Тоҷикистон дар экранҳои телевизорҳои худ тамошо карда истоданд вале ҳамин ки Раҳмонов баромад кард, зуд ба канали дигар тоб медиҳанд. Ин маънояш он аст ки бо вуҷуди ин ҳама таъқибу тарсу фишороварданҳо мардум бо мо, бо душманони ин режим аст ва ончи мо мегӯем барои онҳо фораму гӯшнавоз аст. Маълум аст ки мо барандозии ин режимро нақароти гуфтаҳои худ қарор додаем. Пас, ин мардум ҳам барои ҳамин нақарот бо мо аст. Ҳамин тавр не?

Барои ҷомеаи тоҷик, ки дар шароити фишор, тарс ва маҳдудият зиндагӣ мекунад,вуҷуди «Ислоҳ» ва амсоли он мисли обу ҳаво зарур аст.

Як нигоҳи мухтасар ба фаъолияи «Ислоҳ» кофист, ки дар ин роҳ мо хеле корҳоро анҷом додаем. Барои мисол соли 2021 барои «Ислоҳ» соли шикастани хомӯшӣ буд.

Вокунишҳои сахти мақомот ба ҳар сухани интиқодӣ худ он солҳо нишон медоданд, ки сухан ба нуқтаи ҳассос расидааст. Соли 2022 «Ислоҳ» тадриҷан ба минбари муҳоҷирон табдил ёфт. Муҳоҷират барои Тоҷикистон танҳо масъалаи иқтисодӣ нест, балки як воқеияти сиёсӣ, амниятӣ  ва иҷтимоӣ аст. Миллионҳо шаҳрванд берун аз кишвар қарор доранд, аммо тарси таъсири онҳо дар сиёсати дохилӣ Раҳмоновро раҳо намекунад

Дар ҳамин сол иртиботи «Ислоҳ» бо хонанда ва бинанда шакли фаъолтар гирифт. Номаҳо, паёмҳо ва иттилооти ирсолшуда аз дохил ва хориҷ нишон доданд, ки ҷомеа танҳо шунаванда нест, балки иштирокчии раванд шудааст. Фишор ба муҳоҷирон, таҳдид ба хонаводаҳо ва боздошт бо иттиҳоми «ҳамкорӣ» далели он буд, ки низом аз паҳншавии иттилооти мустақил нигарон аст.

Солҳои 2020–2023-ро метавонем марҳилаи ташаккули (тавсеа ва тараққиёт) эътимод номем. Дар ин давра «Ислоҳ» аз як минбар ба як ҳаракат табдил ёфт. Ҳаракате , ки бо иштироки мустақими мардум пеш мерафт. Номаҳо дигар танҳо шикоят набуданд, балки ҳуҷҷатҳои зиндаи воқеияти рӯзгори ҷомеъаи Тоҷикистон гардида буданд.

Соли 2024 ин ҳаракат ба имтиҳони ҷиддӣ кашида шуд. Дар гузориши солонаи он сол ошкоро эътироф гардид, ки имконоти молиявӣ коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, фаъолият қатъ нашуд. Баръакс, таваҷҷуҳ ба номаҳо ва шикоятҳои мардум бештар гардид. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба яке аз шаклҳои асосии фаъолияти «Ислоҳ» табдил ёфт. Аз миёни садҳо матлаби нашршуда, қисми зиёди онҳо маҳз аз воқеаҳои дохили кишвар буданд ва аз ҷониби худи шаҳрвандон ирсол мешуданд.

Ин барнома таъсири мустақим дошт. Пас аз нашри бисёре аз номаҳо мақомот маҷбур мешуданд вокуниш нишон диҳанд. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо муаллифони номаҳо зери фишор қарор мегирифтанд, худи вокуниш далели таъсир буд. Агар ин фаъолият бетаъсир мебуд, чунин вокуниш ҳам намешуд.

Соли 2024 ҳамзамон соли шикастани яке аз табуҳои асосӣ буд, табуи баррасии ошкорои сохтори оилавии қудрат. Силсилаи «Семейка news» на танҳо барномаи интиқодӣ, балки таҳлили сохтории робитаи хешутабор, мансаб ва манфиат гардид. Вокунишҳои асабонии доираҳои вобаста ба қудрат ва талош барои ҳимояи ҳуқуқӣ нишон доданд, ки мавзӯъ ба нуқтаи ҳассос расидааст.

Дар ҳамин сол ҳамлаҳои густурдаи ҳакерӣ ба пойгоҳи Isloh.net сурат гирифтанд. Пойгоҳ борҳо аз кор монд, аммо ҳар дафъа барқарор шуд. Ин мубориза танҳо техникӣ набуд, балки нишондиҳандаи иродаи идома додан буд. Ҳуҷумҳои ҳакерӣ аз хориҷи Тоҷикистон яъне бо пардохти ҳазинаи бузург барои харобкардани Пойгоҳи Ислоҳ роҳандозӣ шуда буд. Ҳар рӯз садҳо ҳазор ботҳо ба Ислоҳ ҳуҷум мекарданд. Агарчи мисли соли 2023 натавонистанд ҳатто барои ду рӯз   мутаваққиф созанд,тамоми масорифу заҳамоташон бе натиҷа   тамом шуд. Шикастҳои пайдарпай  фаъолияти фермаи ҷавобро ҳам ноумед кард. Тӯҳмат ва таблиғи фармоишӣ дигар таъсири пешинаро надошт.

Соли 2025 идомаи мантиқии ҳамаи ин ҳаракат гардид. Ин сол барои ҷомеа соле буд, ки дар он фаҳмиш аз сатҳи эҳсос ба сатҳи таҳлил гузашт. Масъала дигар дар як шахс ё як ҳодиса маҳдуд намонд. Ба тадриҷ барои хонанда ва бинанда равшан шуд, ки мушкил дар низом аст, дар ҳалқаи қудрате, ки мансаб, амният, сарват ва таблиғро ба ҳам мепайвандад.

Дар соли 2025 «Ислоҳ» бештар ба шарҳи механизмҳо пардохт: чӣ гуна қарорҳо қабул мешаванд, чаро масъулият ҳамеша ба поён меафтад ва чаро қонун интихобӣ истифода мешавад. Ин гуна  аз фошсозии алоҳида ба таҳлили сохторӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои фаъолияти солонаи 2025 буд.

Ин сол ҳамчунин бо нишонаҳои ихтилоф дар дохили низом ҳамроҳ буд: барканориҳо, боздоштҳои интихобӣ ва нигаронӣ аз ифшои иттилоот. Ҳамаи ин нишон медод, ки фишор дигар танҳо аз поён ба боло нест, балки дар дохили ҳалқаи қудрат низ таниш вуҷуд дорад.

Соли 2025 нишон дод, ки фишор ба таври механикӣ дигар кор намекунад. Тарс метавонад як шахсро хомӯш кунад, аммо вақте фаҳмиш хусусияти ҷамъиятӣ мегирад, онро пурра боздоштан мумкин нест. «Ислоҳ» дар ин сол бештар ба мактаби тафаккури интиқодӣ табдил ёфт, на танҳо ба манбаъи хабар ва ошкори ҷиноятҳои мақомдорон ва оилаи ҳоким бар кишвар.

Бо итминони комил метавонем дар ин гузориши соли 2025 бигӯем, ки имсол аз солҳои қабли фарқияти бузург дошт. Аз чанд ҷиҳат ва равиш:

Матолиб ва гузоришҳои Ислоҳ дар робита ба фасод ва ҳама гуна ҳолатҳое зикр мешуд дар ҳол мавриди таваҷҷӯҳи мақомот қарор мегирифт ва дар ҳар зинаҳое мавриди тафтиш ва амал қарор мегирифт.

Аз барканароии раисони ноҳияҳо ва ба зиндон кашидани онҳо, инчунин ҳолатҳои гуногуни дигаре, ки ВАО онҳоро зикр намудаанд.

Ислоҳ , то имрӯз аз ошкори ҳақиқат ва тақдими он ба миллат ва мардум қадам қафо нагузоштааст. Дар сангинтарин ҳолатҳое қарор доштем вале ин роҳи муқаддасро ба ивази чизе нафурӯхтаем ва ин шо Аллоҳ то охир хоҳем рафт.

Ҳисоботи солонаи 2025 ҷамъбасти як марҳила аст. Марҳилае, ки аз соли 2019 оғоз шуда, тавассути ташаккули садо, афзоиши эътимод, фишор, номаҳои мардум ва таҳлили сохторӣ ба ин нуқта расид. Ин матн на танҳо ҳисоботи фаъолият, балки санади як давра аст, барои сабти он чи рӯй дод, чӣ гуфта шуд ва чӣ гуна ҷомеа тадриҷан аз хомӯшӣ ба суол расид.

Мо аз ин миллату мардумем чизе барои пинҳон кардан надорем, ончи ҳаст ошкоро мегуем ва гузориш хоҳем дод.

Боқӣ саломат ва сарбаланд бошед.

Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи Садриддин

Мудири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии «Ислоҳ»

30.12.2025

Сообщение Гузориши Ислоҳ – 2025: Дар хатти пеши набарди иттилоотӣ появились сначала на ISLOH.net.

Ledy from Ғарм №4
Ид ба дӯши халқ: сафари «Ледии Ғарм» бо пули камбағалон

«И кор шухӣ нест-ай, э мардум. Ҳукумат меёя иҷо, амният меёя, раёсатуш меёя, прокуроруш меёя. Ин ҷо маъракаи чорабинии вазнин мегузара. И кори шухӣ нест-ай, э бародаро. Ба сиёсати давлат бозӣ карда намешава».

Истиқболи гарми мардум аз шумораҳои қаблӣ

Чӣ гуна матолиби «Ледии Ғарм» дар байни сокинони Рашт паҳн гардид

Шумораҳои қаблии «Ледӣ аз Ғарм», ки ба кору фаъолият ва зиндагии Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт ихтисос дода шуда буд, ҳамчуноне аз куҳистони Ғарм ба мо маълумотҳо расид, дар байни мардум бо истиқболи хеле ҳам гарм рӯ ба рӯ шудааст.

Вокуниши Зарина Идизода: дастури ҷустуҷӯи муаллифон

Амният, милиса ва кормандони муассисаҳо таҳти бозпурсӣ

То ҳамин имрӯз дар ҳама гуна маҳфилу маҷлисҳо сухан ва суҳбат аз «Ледии Ғарм» меравад. Худи «Ледии Ғарм» ҳам, сахт таҳти таъсири ин навишта монда ва ба тамоми мақомот дастур додааст, ки муаллифони ин номаҳоро пайдо кунанд. Даҳҳо нафар аз сокинон, ба шумули омӯзгорон, табибҳо, ҳатто кормандони военкомат ва бемористонҳоро ба амният ва отдели милиса бурдаанд. Чандин нафар аз кормандони худи ҳукумати ноҳияро ҳам таҳти шубҳа қарор додаанд.

Нақшаи нав: такрори «сафарҳои корӣ»-и Ҷаноби Олӣ

Сафар ба деҳаҳо, буридани лента, сурудхонӣ ва рақси иҷборӣ

Баъди нашри ин мақолаҳо Зарина Идизода барои худ «нақша-чорабинӣ» кашида ва бо баъзе аз раисони ҷамоатҳо маслиҳат ва ба ин хулоса расидааст, ки корҳои Ҷаноби Олиро такрор кунад. Яъне ба деҳаҳои гуногуни ноҳия «сафарҳои корӣ» анҷом диҳад ва «иншоотҳои ҷашнӣ»-ро бикушояд ва барои ин ӯро айнан, мисли Ҷаноби Олӣ пешвоз гиранд ва дар пешаш рақсу бозӣ ташкил намоянд, кудакҳову талабаҳо суруд хонанд, мусафедҳо дуъои ҷондарозиашро кунанд. Ва ӯро (махсус таъкид кардааст, ки ҳамин тавр гӯянд: «ободкор, пайи қадамаш бобаракат, Ҷаноби олии Ғарм»).

Иштироки мардуми Навдию Ҳалқарф дар «Рӯзи Президенти Ғарм»

Чӣ тавр истиқбол ба намоиши расмии Кулобу Рӯдакӣ монанд шуд

Ва як чунин вохӯрӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои ҷашниро дар рӯзи 16 ноябр-Рӯзи Президенти Тоҷикистон (ба гуфтаи Зарина Идизода-«Рӯзи Президенти Ғарм») дар ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф баргузор кард. Чуноне аз наворҳо бармеояд, дар ин мулоқот вайро пирони ришсафеду кудакҳо айнан мисли истиқболи Раҳмонов пешвоз мегиранд ва ӯ курта-курта гӯшт гирифта истодааст.

Аммо, дар ин номае, ки дар поён мутолиа мекунед, сояҳову пасманзарҳои ин вохӯрӣ хеле ҳам ошкоро рӯшан мешавад, ки барои пешвози ин Ледӣ мардуми дар куҳистони сард ва зимистонӣ ва торики ҷамоати Навдӣ чӣ харҷу масраф ва азобҳо кашидаанд. Ҳоло ин номаро мутолиа кунед.

Нома аз Ҳалқарф: овози мардуми азобкашида

Эътироз бар зидди маҷбуркуниҳо ва қаллобии раиси деҳа Тоҳиров Файзиддин

Ассалому алайкум, устод ва муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи ман аз Ғарм-ноҳияи Рашт, ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф дар бораи раиси ин деҳа Тоҳиров Файзиддин бо лақаби «флис» мебошад. Ин раис чоплуси №1 аст. Мегуфта бошӣ, «Заринаи Ледӣ очаи роднойаш бошад».
Рӯзи 16 ноябр, ба гуфтаи ҳамин Файзиддин Тоҳиров, «Рӯзи пешвои муаззами миллат», Заринаи Ледӣ ба қишлоқи мо омада буд. Як моҳ пешакӣ тайёрӣ диданд барои ин «меҳмони олиқадр». Аз 29 кас 200 сомонӣ ва боз аз чандин нафарони дигар 100 сомонӣ ҷамъ карданд. Як одамро ош фармуданд, якеро себ, якеашро каду, якеро мурғ, хулоса мевагиҳо, аз ҳамаи чиз, ранги Эмомалиро мекунанд, барои ин Ледии Ғарм ҳам ҳамон тавр карданд. Ба Худо, бародар, мардум безор шудаанд аз ин раиси қишлоқ. Ҳамчунон буз аст, ки то «бас» гуфтан. Ягон гапро агар ба соатҳои шом ё бегоҳ шунид, то рӯз бедор меистад, ки чӣ тавр зуд раваду бузӣ кунад.
Як гап мегӯӣ, номи амниятро мегирад ё таҳдид мекунад, ки «ба назди участковый медарорам, ҳамаатонро ҷарима мекунад: ба сиёсат кордор нашавед». Ё ҳозир мардум худашон мактаб рост карда истодаанд, меояду мегӯяд, ки «тезта ростуш кнен, бо ай боло фармон нашава, ҳар гапмон бган». Мардум худашон 2-ошёна мактаб месозанд. (Ҳамаи аксу наворҳоро бароятон мефиристем, ҳамааш бо «факту доказателство».) Ман ба ин раис хитоб дорам: аз омадани Заринаи Ледӣ чӣ беҳбудиҳо шуд? Барои чӣ аз шӯъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия барои сохтмони мактаб ёрдам намекунанд? Мо шароит надорем, ки мактаб бисозем, бо ин маош. 1100 сомонӣ чӣ маош аст? Панҷ фарзанд дорам. Барои чӣ мардуми камбағалро маҷбур мекунед, сум супоранд? Як бор пешниҳод намекунӣ, ки аз тарафи давлат ёрдам кунанд. Боз воҳима мекуниву лоф мезанӣ, ки «номи Ҳалқарфро мебардорам». Туро раиси ҷамоат ва амният истифода бурда истодаанд: «Мега, бояд мо яхеле райисара пешвоз бгирем, ки хурсанд биёя, хурсанд брава. Ягон проблематон шид, тезтар райиса ҳалш мена, барои и бояд номи деҳара боло бардорем дар райён».

Ба Худо, бародари мубориз, ягон қишлоқ ранги қишлоқи мо тарсу нест. Дигар қишлоқҳо задагианд и Ледиро. Вале дар мо бошад раис маҷбурӣ номҳои мардумро менависад: «ту и чиза меёрӣ, ваяш дига чиз». Мардум безор шидагиян. Ҳами бина, камтар шароитат 50 фоизаҳай да группа номта мегира, мега: «1 камаз рег ё 100 халта семент биёр ва як дуъо ранги Раҳмонов метия» ба ҳамин халос.
Дар 1 моҳ 2 бор маҷлис баргузор мекунанд ва гап фақат «пешвои миллат»: «меган, мардма чанқаи тонистейсан, ба ҳар намуд кор тарсондейсан, оқибаташ ба хайр боша».

Ва акнун дар ин қисмат, ба унвони далел ва мадорики мувассақ, феҳристи афроди барои ҷашни пешвози Идизода Заринаи Ледӣ аз Ғарм спонсорӣ карда ва корҳои анҷомдодаи раиси ҷамоат ва бархе аз чоплусонро пешкаш менамоем. Супориши сахт ин будааст, ки то расидани пойи Заринаи Ледӣ ба Ҳалқарф ҷуқуриҳои роҳ ҳатман ҳамвор ва муҳимтар аз ҳама маъракаи обунаи маҷбурӣ, бо чӣ қимате бошад, барои «Оинаи Рашт» ба анҷом бирасад. Ин ҷо эълони обунаи маҷбуриро дар ин ҷамоат барои ин нашрия пешниҳод менамоем:

Ҳамаи номи «хайрхоҳон»: рӯйхати маблағу туҳфаҳои иҷборӣ

Аз телевизор то 2 пачка пиёла -хароҷоти боркардашуда бар дӯши мардум

Эълон:
120 с супоред
35 с «Оинаи Рашт»
100 с мактаби №84
500 с мактаби №84
ҷамъбасти соли 2025-12-03 қарздор нашавед.
аз деҳа Ҳалқарф

Муҳр. Тасдиқ мекунам, раиси ҷамоати д. Навдӣ (имзои раис) Тоҳиров Файзиддин:

Рӯйхати Обунаи «Оинаи Рашт» барои соли 2026 дар ҷамоати деҳоти Навдӣ

номгӯи деҳа      шумора     маблағ         шахси масъул

1.Навдӣ               162              11340            Хидирова Ф

2 Қалъаи шайх   51               3570               Бегов К

3 Қалъаи махсуд 28               1960              Хидирова Ф

4 Кулло                 68               4760               Бегов К

5 Кочон                 125             8750               Убайдулоев Г

6 Ниширён           50              3500                Гулов С

7 Бедак                   126            8820                Убайдулоев Г

8 Ҳалқарф             98              6860                 Мирзоев Х

9 Ғарми боло        80              5600                 Алимова Д

10 Навбунёд         10                700                  Барфакова П

Ҳамагӣ                  796              55720

Ва, ана, акнун феҳристи афродеро, ки барои маъракаи пешвозгирии раиси ноҳия Зарина Идизода сум партофтаанд. Ин сумҳоро (ҳоло поинтар мехонед) барои дастурхон ва низ туҳфаҳо ба баъзе аз нафарон, ки аз номи раис тақдим карда шуд, аз аҳолӣ базӯрӣ гирифтаанд:

Бекмуродов Муродбег +200 с

Асов Наҳибулло +200 с

Ғиёсов Аҳсан +200 с

Асоев Мирзо +200 с

Азизов Далер +200 с

Аминов Ҳабибҷон +100 с

Муродов Иззатулло +100 с

Латипов Ҳандулло +100 с

Содиқов Иброим +300 с

Қандаков Нодир +400 с

Фаёзов Собирҷон +200 с

Маҳмадонов Сунатулло – хона бо хурок, гулҳо

Мирқурбонов Абдуқадим – телевизор

Қадриддинов Нажмӣ – 2 комплект набор чойпиёла

Қадриддинов Аскар – 4 пачка шарик ранга

Сангинов Ҷамшед – 1 пачка набор чойпиёла

Ғиёсов Хайридин –

Аҳмадов Муминшо –

Аҳмадов Мирзошо +100 с

Мирзоев Сабоҳидин –

Сангинов Атохуҷа –

Муборо Ҷиёдулло –

Маҳмадонов Хисрав Ҳ. –

Аюбов Ҷовидон –

Нозилшоев Хисрав –

Нозилшоев Қурбон –

Насирдинов Диловар –

Аҳмадов Мирзомурод –

Мирзоев Иҳромидин +2 пачка набор чойпиёла

Аминов Сахиҷон –

Ва, акнун, ба ҷолибтарин қисмати ин навиштаамон омадем. Ин ҷо навори суҳбати се нафар аз масъулони ҷамоати Навдӣ пешкашатон мешавад.

Се навори фошкунанда: чӣ тавр масъулон мардумро дастур медиҳанд

Фош шудани суханони раиси ҷамоат ва гурӯҳҳои ҷавонмардон

Навори аввали суҳбат, ки матнашро мутолиа мефармоед, чунин аст:

«Салом алейкум, раисои муҳтарам. Ина ситод баргузор гашт вайда, зали мақомотда оиди Рӯзи президента ҷашнгириш. Ҳамаи мову шумора лозим меояд, ки мо дар ҳудуди ҷамоат иншоотҳои ҷашнӣ дорем барои Рӯзи пешвои муаззами миллат. Дар деҳаи Ҳалқарф се иншооти ёрирасонай, мағоза, сартарошхона, баъд чупаки одамгузар. Ҳаминора мо бояд кушодакунӣ кнем.

Мардуми деҳаи Ҳалқарф як иқдоми бениҳоят хуб гирифтагианд пешвози муҳтарам раиса қати роҳбарои ташкилоту муассисаҳо, ана рӯзи понздҳум (ноябр) ҳамунҷа ҳамзамон ай баъд мегем, ки вақту ҳамачии муайян рӯзи чимонам мо баргузор мегардонем ҳунарманди беҳтарину хуштомани беҳтарину ҳамин хели ҳолатҳо мешава. Ҳамира илтимос, хоҳиш ана фаъол бошен, мардуми ҷамоати Навдӣ, шахсан деҳаи Ғарми боло, Ҳалқарф. Акаи Файзиддин, ҳами саломи мора ба мардуми деҳадоритон брасоне. Хоҳиш, илтимос мекунем, ки да ҳамин хел рӯзои ҷашнӣ дар бари худут, шахсан дар бари мо истодагарӣ кунад, ки меҳмоно меёян, айб нашавад, ки бениҳоят ҳамин баъзе масалаҳое ҳаст, ки то имрӯза ҳалли худшона ёфтагӣ нестан дар мо. Деҳаи Ҳалқарф ҳаминора бартараф кунем, ки баъде, ки омадан, хай меҳмонои олиқадр ягон камбудӣ набошад. Ай сафеду тоза кардани биноҳои ҳамин назди иншоотҳои ҷашнӣ.

Баъд ай рафти қабулам мардум меган, ку дарку масъулияти баланд дошта бошанд. Илтимосу хоҳиш, ҳамин чии мора, талаботи мора ба деҳадориҳо шахсан, ба акаи Файзиддин, ба акаи Беҳрӯз ана ба чи брасонед, ба мардуми деҳадоритон, ба гурӯҳи деҳадорӣ ҳаст. Илтимос, як коре кунан, ки да як сатҳи хуб бгзаронан.

Баъд мақсад, бо ба ҷои ифтитоҳамон бо камбудиҳо дарди сар накнем ба худмонам, барои ки баъзе ҳаст. Мегум, ки чизое то ҳозира ваё ба талаботи меҳмонои олиқадр ҷавоб намекунанд. Ай қабили кумрову баъд дига рафтагӣ, уна у иншоотои гуфти гапо, ки ана масалаҳои сохтмониву ҳаминора, хай вай охи раҳай. Роҳ роҳи давлатай, да бари вай ту масолеҳи сохтмонита рехта, ҳишки намегуяд, ки наёр, биёр, бмону, неки бо бар. Вая, аку ба даруни ҳавлита меорӣ, баъд ёки намерезиш, гуфти гапо биги, ай ҳаму роҳ бераҳааш кун, охи. Сад меҳмон мегзара, сад камбудиву сад вай меша, да ҳамун роҳ монеа эҷод шуда истодаанду ҳамиё, ба талабот ҷавобгӯ нестан ина ҳамиё. Мардум бе ягон зӯраворӣ мо ягон чи вай надорем. Бояд ҳамин рушди деҳот дар маҳал боша.

17 моҳи март буд дар Данғара майлис гузарондан пешвои муаззами миллат деҳаи беҳтарин. Хушбахтона ҳазорон мартаба шукр, ки имсолам манам раис рафтам, сазовори ҷои дуюм шудам ба ёрдаму дастгирии ҳамин мардум, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ буд, ки ноҳияи Рашт бозам ина соли дуюм аст, ки сазовори ҷои дуюм гашт дар ана ҷумҳурӣ. Ҳамин коре кунем, ки хай ҳар як ҳисоботу ҳар як суратгузоришу ҳар як чорабиние, ки мешавад, ҳамаи ҳамин ино наворои телевизионӣ мешаван, баъд иттилоот бисёр меравад, дар сомонаҳо мепартоян, ҳами бояд чии хумон нашавад. Ҳама бояд да ҳамин равад.

Барори кор мехоҳем. Ҳозир ба ғайре аз бигирем масъалаи обунара. Ина, аку ду руз шуд мо нигаҳ дорем, ягон кас ягон корам накарда истодай, ҳамин рӯз бояд як натиҷаи хуб ба даст биёрем. Мо то абити руз нига мекунем, наомаде маҷбур мешем, ки соъати се ҳамаи шумора даъват кнем, ай вазъияти обуна оиди газетаи «Оинаи Рашт» пурсем, ки дар чи вазъият қарор дорем, чи корҳо рафта истодааст. Ҳамада барои кор».

2. Матни навор: Фишор ба ҷавонон барои «обрӯи деҳа»

Барои пешвози раис ҳатто ҷӯйбор бояд «аз телевизор намоишпазир» бошад

«Саломалайкум, ҷавонони деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Созен, хубен, тенҷен… Хайр, як шарти эълонкунӣ гапзаниям нестай. Рӯзи шанбе соати 8 фароғатгоҳи байнда ҷамъ шудан даркорай. 9 да муҳтарам раиси ноҳияра қабул мнем да дураҳагӣ. Да унҷа меоя магазини акаи Ҳоҷӣ Сафарбег, баъд маркази деҳа, сартарошхона илтимос. Наворо, сиёмка, сурат. Як чиза гуфтаниюм, ки илтимос, илтимоси бародаронаву хешутаборона, ки ҳами хафагиё нашава ба ягон хоҷагӣ. Тозагия бқапе, бқапе, бачаҳо, наворо мешаван, салютои болоиҳо мешаван, наворо гапу чап зиёд нашавад, ки даруни деҳа, а у бландиёи куҳо навор мешава деҳа, ҳамаи и дар сиёмкаву наворӣ мешава, да телевизор пешниҳод мешава.
Ай ҳамат хоҳиш, илтимос, тозагира якумдараҷа бқапе.
Баъд ҳами ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ, на самом деле як кор бале намеге. Хай, мора ҳамин як сиёсатмо кардан, як рӯзи маъракаи ҳамин деҳада, раиси ноҳия шавошав рафтем, ай бачаҳои Бедак гардани каҷ кардем, мисол ҳамин Амирхуҷа бачаи фаъолай, дастгиримон кардай овардем, чиба ҳамин да барам намехезе гап занед, ки ҳамон камерчиски Шервон да мондагия, мондагия, уш қарибии хонаи акаи Холмаҳмаддаҳай… ҳамун чуқуриҳо ҳастан, кур нестан, дида истодаан ҳамун мардуми чи кайф мекардагие, ки истифода мебарад деҳа, накарда истодан ҳамуна дастӣ. Чико кунем ина. Погрузчик наёран, ки агане брам, дастш кунам, э, и обрӯи ҳамин деҳаяй, барои ободии ҳамин деҳа гап задестем. Охи, ба хонаи Шарифбега нагуфта истодему ба хонаи як каси дигара. И ҷо ҷаъмиятияй. Намеган, ки хай биё, ҳамин камбудиҳоя ҷобаҷо кунем, ки ҳамин деҳамона меҳмон мешава, у руз даҳ қишлоқ меёя, иқа талабаи беруна миёя.
И кор шухӣ нестай, э мардум. Ҳукумат меяё иҷа, амният меёя, раёсатуш меёя, прокуроруш меёя. Ин ҷо маъракаи чорабинии вазнин мегузара. И кори шухӣ нестай, э бародаро.
Ба сиёсати давлат бозӣ карда намешава. Касе мора туғрӣ бфаҳма, дар барам бхезе, ки имрӯз ма ин худм тоқа, қати Шарифбег бачам шубонӣ дорам, набераҳои акаи Маҳмагадо дар латок пушти масҷидан, дига ҳишки надида истодаам. Акаи Меъроҷидин ай пушти плакатову расмо, ки ваёра пага бо ҷобаҷокунешон. Акаи Мустафошам ҳамита хизмат дора. Кияй дига да бари ман. Илтимос, хоҳиш, ҷавонмардита ншон бте, ака.
Мо бояд ногуфта шумо биёе, мна ёрдам кнен, ки обрӯи деҳа ҳамиқа пеш брава».

3.Матни навор: Омодагии маҷбурӣ, ҷалби омма ва ҷамъ кардани туҳфаҳо

Дастурхони маҷбурӣ, тозагии ҳатмӣ ва иштироки умумии кӯдакону пирон

«Ассалому алайкум, ҷавонони деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ, созен, тинҷен, хубен.
Як эълона ба сари ҳамаи мардуми деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ брасонум, ки имрӯз ҷамоатда маҷлис буд, ай маҷлис бо ҳукумат фарёдмон кардан қати раиси ҷамоат рафтем, бо да ҳузури муовинони раиси ноҳия будем, ина бегаҳ бо да алоҳидагӣ раиси ҷамоата, раиси ноҳия бо фарёд кадай барои чорабинии кори деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ.
Бачаҳо, эълон ҳамияй, ки рӯзи шанбе раиси калони ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода ана чи мешава, меҳмон мешава да деҳа, рӯзи откритийи ҳавай мешава. Маърака, чорабинӣ бақувват мегзара то ҳамуруза, бо ина хатчаям равон кадан да телефон, ки якум масала ай тозагишон сар шава, баъд тарафи ободониҳошову ҷаъму гири халқи мардумшо. Илтимос, да хоки потон, ҷонум, падвадит накунен ҳамун рӯзи раиси ноҳия омаданда. Ай ҳамат хоҳиш, илтимос, ки ҳами дару деволо тоза бошан, зану мард ҳама рӯзи омадани раиси ноҳия дар фароғатгоҳи байн маъракаи калон мегзара, ҳамиҷада ҳама иштироки ҳамаи пиру калон ҳатмияй да иштирокшон, бачаҳо. Иҷа туҳфаҳо мешававу фаъолои диёру деҳа туҳфа менему, мақсад, ки чорабинӣ хушрӯ мегузара, фаъолона иштирок куне. Ҳама, ҳама, ҳар як хоҷагӣ, илтимос, ҳама бояд биёян. Кудаку зану мард ҳама бояд биёян. Илтимос, хоҳиш. Касе, ки да самти ана ҷавонон нестай, илтимос, ҳамду ҳамсояҳотона, илтимос, хоҳиш, ки хабардор кне, ки аввал тозагии ҳаду маҳалҳошона бинан, ки сиёмкаи наворӣ мешава, раҳу рӯй тозагиҳо. Баъд ана чорабиниҳора кушода менан.
Маслиҳат ҳаминай, ки мактаби 84 медроян, ай мактаби 84 магазини тғои Сафарбега кушода мена, ай уҷа меёя, сартарошхонара кушода мена, бачаҳо, мости талабагузара кушода мекна, баъд пеши трибунаш меоя, вохӯрӣ ба халқ мешававу баъд туҳфатививу, мақсад, кору бору дига. Хай, ваёша акаи Абдуқадимӯ акаи Сунатуло чизои вазбинии кора ана ба уҳда гирифтиян у чизои вазбин. Бо хела сабуктарем, бачаҳо. Хоҳиш, илтимос, касе хайрхоҳ бошад, ина пеши пояш (сарша поин мекна) яг комплекти чойнику пиёла мегирад, я тефал мегира, ина ай магазини Сунатулояй, а магазини Абдуқадимай. Марҳамат, касе, ки хайр мена, биёра. У руз Рӯзи падаркатийияй. Хайр кнен, брава. Касе, ки хайрхо боша, да бармон бхеза.
Ош барои талабаҳо мешавад ай ҳисоби акаи Ғайратшо. Даҳ кило бринҷа ош менем. Ҳамина мо да нақша, да гузориш да ҳукумат пешниҳод кардагием, бачаҳо. Рӯзи иди деҳаи Ҳалқарф ҳастай. Илтимос, ай ҳама илтимос, ай ҳама, ҳами, ки фаъолона иштирок кунед. Касе, ки да группа нестай, хотиррасон кунед. Ай ҳаматон хоҳиш, илтимос, ҷавоби ура бгардоне».

Ана ин буд омодагиҳо ба истиқболи Зарина Идизода, раиси калон: туҳфаҳо аз ҳисоби хайрхоҳҳо, деги оши палав ва кудакону мусафедони ришсафеди ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф ва ташвишу сарсониву саргардониҳо, ки дар рӯзи 16 ноябр Зарина ба ин деҳа «ташриф» фармуда буд.
Вай худаш махсус супориш додааст, ки «пешвозгирии маро камтар аз Ҷаноби Олӣ накунед, ки душманҳо сӯзану муран. Нишон тийед, ки мара мардуми Ғарм дӯст медоран. Дар ҳақи ма мусафедо дуъо кнан, духтаро рақс ва суруд хонанд. Растаи ҳунармандо ташкил кунед…» Аммо ин Ледӣ андеша накард, ки харҷи ин сафари кории вай барои кушодани иншоотҳои ҷашнӣ, ба шумули сартарошхона, чаро бояд ба дӯши мардуми камбағал бошад?

Хулоса: Ледие, ки хароҷоташро мардум медиҳад

Сафарҳои зоҳирии идона, аммо бо азобу хароҷоти мардуми деҳаҳои камбизоат

Ҳикояи «Ледии Ғарм» ва як мулоқоти зоҳиран «идона» дар деҳаи Ҳалқарф, дар асл муодилаи дақиқи тамоми низоми зулму ғорат дар Тоҷикистон аст. Ҳама чиз бо номи «пешво», ва таъбирҳои «ид», «таҳаммулпазирӣ», «рушди деҳот» ва «ободонӣ» оғоз мешавад, аммо поёнаш ба ҳамон ҷо мерасад, ки мардуми камбағал маҷбур мешаванд аз маоши 1100-сомониаш  барои гӯшт, барои ош, барои телевизор, барои нашрияи ноҳиявӣ ва барои «обруи деҳа» пул диҳад. Пешво ва «ледӣ»-ҳои ӯ механданду мегарданд, мардум қарздор, таҳқиршуда ва тарсу мемонад.

Ин нома садои як деҳаи дурдаст нест, садои тамоми Рашт, тамоми Ғарм ва дар асл, тамоми Тоҷикистон аст. Он чӣ дар Ҳалқарф рух дод, имрӯз бо шаклу чеҳраҳои дигар дар даҳҳо ҷамоат ва ноҳия такрор мешавад: чоплусӣ, обунаи маҷбурӣ, «сафарҳои корӣ», сафҳо барои пешвозгирӣ, гиряҳои   кӯдакон дар сармо барои қарсакҳои ҷонбдорӣ задан, дуъоҳои сунъии пиронсолон барои умри тӯлони «пешво». Ҳама чиз ба хотири он ки чанд нафар дар район ва ҳукумат сабти навор дошта бошанд ва дар назди болоиҳо ҳисобот диҳанд: мардум «шукргузор» аст.

Лек, ҳамин нома нишон дод, ки тарсу хомӯшӣ абадӣ нест. Деҳқон, омӯзгор, табиб, муҳоҷир ва корманди оддии идора вақте мебинад, ки барои як «сафари корӣ»-и раис хонааш ғорат мешавад, дигар дар вай суол пайдо мешавад: ин кадом давлат аст, ки ба ҷои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳисобашон хӯроки «ледӣ»-ҳоро мепазанд? Ин кадом «пешво» аст, ки ободиро аз ҳисоби ба гардани мардум бор кардани обуна, семент, рег ва телевизор месозад?

Мо ин номаҳоро нашр мекунем, на барои он ки ягон раиси ҷамоат ё як «ледӣ»-ро танҳо бадном кунем. Онҳо танҳо пайкари хурд аз як дастгоҳи бузурги зулманд. Аммо ҳар боре, ки як деҳаи дурдаст тавре ки Ҳалқарф ин нописандиҳоро номбар мекунад, ин девори тарсу сукут як хишт заифтар мешавад. Ҳар нафаре, ки ҷуръат мекунад ва номи худро, номи деҳаашро, номҳои чоплусон ва ғоратгаронро менависад, як қадам ба сӯи ҳамон рӯзи озодӣ мегузорад, ки дар он на «Ледии Ғарм» ва на «Ҷаноби олӣ», балки ХАЛҚ соҳиби аслии мулк ва сарзамин хоҳад буд.

То он рӯз, мо садои ин деҳқонон, омӯзгорон ва мардумони оддиро боз ҳам баландтар мерасонем. Чунки тавре яке аз қаҳрамонони ин нома навиштааст: «Ба Худо, бародар, дигар қишлоқҳо задагианд и Ледиро…» навбат ба тамоми кишвар мерасад, ки ин «ледӣ»-ҳо ва «ҷаноб»-ҳоро аз бори гардани худ бизанад, пеш аз он ки онҳо пурра нафаси мардумро бигиранд.

Поёни бахши чаҳоруми Ledy from Ғарм №4, бахши панҷумро ҳам интизор бошед!

Сообщение Ledy from Ғарм №4 появились сначала на ISLOH.net.

Ledy from Ғарм №3
Ҳуқуқ, шарофат ва давлатдорӣ қурбони як «бонуи фосид»: суқути Рашт аз даруни худ

Ин сеюмин шумораи силсилаи «Ledy from Ғарм» аст-силсилае, ки ба назар мерасад доманадор мешавад ва ҳар бор парда аз рӯйи маълумоти нав аз дохили ноҳия, аз равобит, кадргузорӣ, фасод, лоббиҳои хешутаборӣ ва зулме, ки мардум мебинанд, хулосаи худро мебардорад.

Матлаби ҷорӣ ишораҳои тоза ба равандҳои пинҳонӣ, муносибатҳои қудратӣ, тасмимҳои пуштипарда ва ҳолати воқеии идора шудани ноҳияро дар бар мегирад. Чизҳое, ки то имрӯз на гуфта мешуданд ва на иҷозаи баён доштанд.

Ин силсилаи матолиби «Ledy from Ғарм» то тантанаи ҳақиқат идома хоҳад ёфт.

Матлаб чунон ки расидааст-бидуни таҳрир-ба шумо пешниҳод мешавад. Ором хонед…

Ҳукумати ноҳия дар муҳосираи фасод

Ассалому алайкум бародари азизам Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Рашт менависам. Қаблан ҳам навишта будам, ҳамон мӯсафедеам, ки дар ҳукумати минтақа чандин сол фаъолият кардаам. Албатта, аз рафти қироати нома пай хоҳед бурд, ки ман кӣ ҳастам ва то куҷо маълумотҳои мефиристодаи ман воқеӣ мебошанд.

Ба ростӣ, бо он ду мақолае, ки дар бораи Зарина Идизода бо номи «Ledy from Ғарм» нашр ва навор намудед хело мардуми ноҳия кӣ будани ин зани, намедонам чи номаш бигирам, шаттоҳи мағзупосабукро фаҳмиданд. Аммо аз ҳазорон айбу нуқсонаш танҳо нол як фисадашро гуфтаед. Ман талош кардам, ки навиштаи шуморо идома бидиҳам.

Баъди ба сари вазифа омадани Идизода Зарина Фузайлшоевна тамоми соҳаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт рӯ ба таназзул ва  нобудшавӣ ниҳодааст.
Зарина Идизода дар ҳақиқат як зани гандагашт, сахт булҳавас ва айшу ишратдӯст мебошад. Метавонанд дар бораи ин бонуи сарсари зонуҳо аз Нуралӣ Муродов, собиқ сардори КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Аббосзода собиқ мудири маориф ва айни замон роҳбари почтаи ноҳияи Рашт, аз ҳамсари дуюми додараш Фируз, бо номи Ганҷинаи Соҳибназар, ки аз додараш як духтарча дорад, аз Муслим, аз Ориф аз Ҳоҷӣ Обид директори кони ангишти Камароб пурсанд ва инҳо ҳам ҳақиқатро беистиҳола баён медоранд, як майда ҳам намепӯшонанд, буду шудашро мегӯянд.

Бигзарем аз ин ҳама «дил бурдану дил доданҳояш», ки ҷойи ободиаш намонд-моли худаш, кори худаш.

Зарина Идизода дарунсиёҳ ва кинагир аст

Падари Зарина Фузайлшо, ки гураш дар гирад, худ як одами дуруя буд ва ин шо Аллоҳ, ки ҳаром мурд. Фарзандонашро бо таги тавақи мардум калон кардааст.
Дурӯя барои чи мегуямаш? Барои онки дар он вақтҳо ҳам тарафи давлат гап мезад ва ҳам тарафи мухолифин. Кӣ будани ӯро аз дилхоҳ одам пурсед мегӯяд.  Насиҳати Фузайлшо ба фарзандонаш ҳамин буд, ки дарси зиндагиро ҳама вақт аз ман омӯзед. Фақат ва фақат таърифу тавсифи бардуруғ роҳбарияти давлату атрофиёнашро кунед. Чунки роҳбарияти давлатро ҳар чи дуруғ таърифаш кунед, ҳамон қадар хушаш меояд.
Баъди ба сари вазифа омадани Зарина Идизода тамоми шахсоне, ки каме донишу таҷрибаву маҳорати корӣ доштанд аз вазифа маҷбуран суршон карду ба ҷояшон шахсони наздик ба худаш, ки тамоман дониш ку як тараф, одоби инсониро надоранд ба вазифаҳо таъин намуд.
Барои мисол раиси молияи Раштро, ки инсони хоксор буд аз вазифа гирифту ба ҷояш Алишери ҳамсинфи додараш Фирӯзро монд.

Сардухтурро гирифту ба ҷояш ҳеварашро, ки на таҷриба дораду на дониш таъин намуд. Раиси Идораи андози ноҳияро гирифту ба ҷои вай нафари худаш бо номи Маҳмадиев Оятуллоро таъин намуд.

Директори медколлеҷро гирифт, ба ҷояш хешованди хадашро таъин намуд, ки як ҷавони бетаҷриба аст

Хулоса ҳамаи  кадрҳоро иваз намуду ба ҷояшон хешовандон ва наздикони бе таҷрибаи худашро оварда монд.
Дар худи ҳукумат, ки ҷои кори худаш аст ҳамаи одамони созро сур карда ба ҷояшон нафаронеро овардааст,ки бемаълумотанд. Барои мисол дар кумитаи занон ва оила як духтари дузандаи бе маълумотро оварда раис мондааст. Ҳукумати ноҳияро  духтарборон кардааст, ки мегуӣ инҷо Идораи занҳо бошад.
Агар шахс бе маълумот ҳуқуқи кор кардан дар муассисаҳои давлатиро дошта бошад, чи даркор буд ин қадар сол нафарони бечора сарашонро гаранг карда донишгоҳу донишкадаҳоро хонда диплом мегиранд. Нахонанд, бе диплом ҳам кор карда мешудааст, ку. Мақомот, марҳамат, тафтиш карда бароед. Аксарият аз кормандони ҳозира, ки бо Заринаи Идизода кор мекунанд, маълумотнома пешниҳод кардаанд, ки гуё мехонанд.

Як нафар аз онҳо мегӯяд, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар курси ду батаври ғоибона мехонад. Вай мегӯяд, ки бо тавсия ва ёрдами Зарина Идизода ба Донишгоҳ ворид шудааст. Зарина Идизода гуфтааст, ки худи Ҷаноби олӣ, Пешвои муаззами миллат ғоибона хондагӣ. Шумо ҳам як бало карда дипломро бигиред.

Вале, мо мегӯем, ки хуб агар мехонанд бигзор хонанд, вале магар кадрҳои дигарро қаҳт задааст, дигар кадри дорои таҳсилоти олӣ дар Ғарм боқӣ наомндаст. Бигзор ҳоло соҳибони диплом, онҳо, ки хонда тамом карданд, ба кор қабул шаванд, онҳо, ки феълан мехонаннад, баъди анҷоми таҳсил ба кор қабул шаванд.

Мақсади ин хонум дар инҷо дигар аст. Яъне онҳоеро оварад, ки мурданивор дар итоати вай муттаҳам ва забонкутоҳи вай бошанд.

Аз ин ҷо аст сиёсати кадрии Зарина тамоман сифр аст.

Аммо маълум гардид, киЗарина дар як кор бисёр маҳорати хуб дорад: дар туҳмат, фишор ва шантаж тавассути мақомоти болоӣ, болои мардум ва кормандонаш. Бисёриҳоро бо роҳи фишор ба воситаи мақомотҳо аз вазифа озод намуд. Барои мисол вақте ки раиси молияи ноҳияро аз кор озод кард, талабгорҳо барои ин мансаб бисёр буданд. Ҳамаи онҳоро даъват карда бо бародаронаш таҳдидҳо намуд, ки агар аз фикратон барнагардед Шуморо туҳмат зада ҷаҳаннамро дар ин дунё бароятон нишон медиҳам.

Яке аз номзадҳо ба вазифаи раиси молия Абдулхайр Мирзоев, роҳбари ДЕУи  минтақа буд. Зарина ва бародаронаш Фаррух, Файзалӣ, Фируз даъваташ карда  гуфтанд, ки агар даъвои ҳамин вазифаро дорӣ, даст бардор, вале даст набардориву рад накунӣ, додаратро бо ҳамроҳи худат туҳмат карда маҳкаматон мекунем, ки дигар озодиро намебинед. Додари Абдулхайр раиси Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия аст.
Дар бораи бародарони Зарина Идизода дар навиштаҳои пешина ҳам гуфта шуда буд, ки киҳо ҳастанд ва дар куҷоҳо кор мекунанд. Аммо бори дигар хотиррасон мекунам, то инки мардум бидонанд.
1) Идиев Фаррух: Раиси нозироти ноҳияи Нуробод, ки тамоми мардумро ба ҷон расонидааст.Аз соҳибкорон пурсед, ки чи азобҳо аз дасти ин ҳаромхури дузд доранд. Фаррух Идиев миллионҳо сомонӣ аз сохтмони шоҳроҳи Оби гарм, Нуробод кор карда ва аз ин пулҳо чанд хона дар Душанбе харидааст ва дар деҳаашон хонае сохта истодааст, ки ҳеҷ ба ақли солим рост намеояд, ки агар одам дузд набошад  чунин хонаву дороиву соҳиби се зану чанд фарзанд шавад? Фаррух се зан дорад: зани аввалааш, дар деҳаашон зиндагӣ дорад, дуюмаш, дар нозироти андози ноҳияи Рашт кор мекунад, сеюмаш дар Нуробод ҳамроҳи худаш мебошад.
2) Идизода Файзалӣ: Раиси Маҷлиси намояндагон аст. Ин як муаллим буд, муаллими бесавод, на ақл дораду на дониш. Ман ҳайронам, ки инро кӣ ва барои чӣ ба ин мақоми муҳимми давлатӣ пешбарӣ карда бошад? Ва кадри ба вазифа лоиқ ҳисобида бошад? Рости ин оби даҳони худашро пок карда наметавонад. Ҳар ки ӯро бардурӯғ пешниҳоди ин мансаб кардааст, хиёнат ба давлату ба Ҷаноб кардааст. Дар ин вазифа то омадани ин нафар шахсоне буданд, ки ба ватан хизмат карда буданд. Барои мисол Хайруллоев Сайдулло нафари намоён ва хизматнишондода буд, Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин. Ба ҳар ҳол Маҳмадтоир Зокирзода ҳам гарчанде одами намоён ҳам набуд, лекин дар вазифаҳои баланди давлатӣкор карда буд. Файзалӣ як муаллим буду халос.
3) Идизода Фируз: Сардори Идораи фурӯши барқи ноҳияи Рашт, ки кораш фақат дуздиву ҳаромхӯрӣ аст.
4) Идизода Зарина: Раиси ноҳияи Рашт. Зарина, бо омаданаш ба ин мақом обрӯ ва иззати раисии ноҳияро аз байн бурд. Аксарият медонанд, ки Зарина ин курсиро чи тавр ва бар ивази чӣ гирифтааст. Ман бо тамоми масъулият эълон мекунам,ки  ҳар нафаре, ки ӯро ба ин вазифа пешниҳод ва дар назди Ҷаноб кадри лаёқатманд муаррифӣ намудааст ба давлат ва роҳбарияти кишвар хиёнат кардааст. Чунки ин зан лоиқу сазовори ин вазифа нест.
Қасам мехурам, ки кори Зарина иншабурӯзҳо иборат аст аз дуздӣ, ғорату фасод  мебошаду халос.  Дар куҷое, ки як ваҷаб замин аст онро фурӯхта истодааст. Ба ҷони ҳамаи кормандони ба соҳаи замин вобаста расидааст. Ҳар рӯз супоришашон медиҳад, ки «ку бинед ба мана замин кобед». Агар бовар надоред рафта пурсед аз шахсони муттасадӣ.
Ноҳияро расво карда истодааст, алалхусус маркази ноҳияро. Дар куҷое як ваҷаб замин барои роҳ гаштан аст ҳамаро ё фурӯхтаасту фурӯхта истодааст ё ба номи хешону наздиконашон карда истодааст.

Дар маркази ноҳия сохтмони биноҳои баландошёна рафта истодааст, ки аз ҳар нафар домсоз маблағҳои ҳангуфтро гирифтааст. Барои мисол аз Ҳоҷӣ Обиди фиръавни замон, ки дар замини худаш хонаи баландошёна сохта истодааст барои иҷозат сад ҳазор долллари ИМА гирифтааст.

Дар маркази ноҳия як нуқтаи истгоҳи мошинҳо буд, ки ҳамонро ҳам фурӯхта дар ҷояш бинои баландошёна сохта истодаанд, ки аз домсозҳои онҷо  ҳам ҳафтод ҳазор доллари ИМА барои иҷозати сохтмон гирифтааст. Насаби ин соҳибкор Киёев мебошад. Хулоса, аз ҳар соҳибкоре, ки ба ин кор машғул аст чунин маблағҳои ҳангуфтро гирифтааст. Ягон майда на дар фикри ободӣ асту на дар фикри мардуми камбағал. Кораш фақат дуздиву ғорат асту халос. Чи аз соҳибкорон ва чи аз маблағҳои буҷа. Барои мисол айни замон бинои сохтмони ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, ки дар деҳаи Қазноқ сохта шуда истодаст (инҷо деҳаи худи Зарина Идизода  аст) бо пули мардум ва соҳибкорон сохта шуда истодааст. Айни чунин аҳвол бинои Идораи ҷаавнон, бинои меҳмонхона дар пушти бинои ҳукумат, бинои боғчаи кудакона, ки ҳамааш бо пули мардум ва соҳибкорони бонангу номус. Вале мо ҳатман пайгирӣ мекунем ва дар охир мебинем, ки маблағҳо аз буҷа ҷудо шуда ба ҷайби Зарина рафтанд.

Як чизи дигаро аз суҳбатҳои «Ledy from Ғарм» инҷо мехоҳам бигӯям. Зарина гуфтааст: «33 фоизи идораи давлат дар Тоҷикистон ҳозир дасти мо аст. Чи коре хоҳем мекунем. Чунки акаам раиси Маҷлиси намояндагон аст. Бо имзои акаи ман метавонанд президентро аз вазифа гиранд. Барои ҳамин мо ҳар кореро хоҳем метавонем бикунем».

Аз роҳбарияти кишвар муҳтарам Пешвои миллат ҳамчун як шаҳрванди одӣ хоҳиш менамоям, ки ҳар чи зудтар ин зани бадахлоқи сабукпоро, ки  дар вазифа ба таърифу тавсифи шояд Асадулло Қимматович таъин намудедаш барканораш намояд. Ин зан лоиқи ин вазифа нест, ҳамаро расво кардааст, боз расвотараш мекунад.
Мардуми одӣ аз рӯзи ба сари вазифа омадани ин зан ба танг омадааст.
Зимистон омадаасту мардум на свет, на ҳезуму на ангишт доранду намедонанд чи гуна сармои куҳистонро  гузаронанд.

Мегузарем ба масъалаҳои асосӣ
Нозироти андози ноҳияи Рашт, ки роҳбариашро Маҳмадиев Оятулло ном шахс ба дӯш дорад якҷо бо кормандонаш ба ҷони мардуми андозсупоранда задаанд. Ин нафар  ягон мақомот ва ягон масъули ҳукумати ноҳияро сари сӯзан писанд намекунад. Ягон нафар ба вай зураш намерасидааст, ки гап занад. Аз ҳамаи соҳибкорон пора мегирад аз 2500 сомонӣ боло. Барои мисол аптекаҳо, мағозаҳои хурокворӣ ва молҳои рузгор, заправкаҳо ва дилхоҳ нафаре, ки ба соҳибкорӣ машғул аст метавонад дар мавриди зулму ситами роҳбари нозироти андоз гап занад. Ҷаноби Маҳмадиев агар ришва ва порагир набошад аз куҷо  ва аз кадом пул дар ҳар бинои сохтмонҳои рафтаистода хона мегираду дар Душанбе ҳам. Барои мисол ман соҳибкор ҳастам омада мегуяд, ки ту бояд нуҳ ҳазор сомонӣ андоз супорӣ, лекин роҳеш ҳаст, ки 6 ҳазор месупориву халос. Вақте мегуӣ чи хел? Мегуяд се ҳазор ҳақи ман, се ҳазор андози давлат ва корат ҳал, аз андоз озод мешавӣ. Аз дилхоҳ соҳибкор пурсед ҳақиқати корро пинҳон намекунанд. Аксарияти кормандони Идораи  андози ноҳияи Рашт даст ба пораву ришвахорӣ мезананд. Раис, муовинаш Нуралӣ, мутахассиси идора Ҷовид, Рустам, ки хусурбурдаи Файзалӣ Идизода мебошад, хулоса, аксарият коррупсиянери гузаро ҳастанд ва ба давлату буҷа зарарҳои калон мерасонанд.

Ҳозир бурути раиси нозироти андози ноҳияро табар намебурад, чунки одами Зарина аст. Ҳар кореро хоҳад дар ноҳия ба қавли худаш мекардаасту ягон касро намепурсидааст, танҳо супориш медодааст.

Зани дуюми Фаррух, ки дар нозироти ноҳия кор мекунад мегуфтааст: «ин занғари ҳароми Фаррух ин беваша барои тулгирӣ роӣ карда бошад назди ман. Зан гирифтӣ ҳамроҳи худат кораш гир».

Дилхоҳ корманди ҳукуматро кор мефармояд. Ягон касро аз мақомоти иҷроия гуш намекунад. Як вақт аз мақомот саҳари барвақт интизоми меҳнатро тафтиш мераванд, ки аз тирезаи утоқи кориаш тафтишгаронро дида калаашро бароварда мегуядашон, ки «гашта равед, ки фалонту мекунам». Ин назоратчиён тарсида гашта мераванд ва ба«Ledy from Ғарм»и раиса мегуянд, ки раиси нозироти андоз ҳамин гуна муносибат кард. Бева бошад (шояд истифодааш мебарад) мегуяд «майлӣ, ҳеҷ гап не зиқ нашавед».

Агар суханашро ҷавоби рад додӣ, тамом, ҳамон рӯз рӯзи охири кориат мешавад. Чунки ин нафар аввалаш шояд фоҳишаро истифода мебарад, дуюм онки ҷодугарбоз аст. Набошад як вақтҳо дар вақте Фаррух раиси нозироти ноҳия буд, аз кор сураш карда буд. Лекин боз бо кадом як воситаи ҷодугарӣ дилашро ёфту кор даромад. Ҳозир, ки раис шудааст фикр мекунад, ки дунё таги пояш аст, намедонад  ки аз пушти ҳамин бева катагӣ дорад. Кораш фақат ғорат асту халос. Ба ғайри дуздиву ғорати мардум ва давлат кори дигар надорад. Чанд ҷойҳоро ғасб карда гирифтагиаст. Ба маълумоте, ки дорам ҳатто дар мудати кутоҳ соҳиби хона дар Душанбе ва соҳиби мағозаҳо дар маркази ноҳия шудааст, агар дузд набошад аз куҷо ба он маоше, ки мегирад ин ҳама дову даҳанаро харидорӣ мекунад? Дуздӣ мекунад аммо соҳибкорҳоро мегуяд «ман болода метиям долия, ин мақомотҳои гушнаи гирду атрофа мехуронум, хай магарам дуздӣ кунем». Пулро ба худаш ҷамъ мекунад аммо «болову поён» дар бало задагӣ.

Раёсати молияи ноҳия ҳам аз давраи Хурсанд бадтар шудааст. Одами худаш аст, ки Раёсати молия мисли киссаи шахсии Зарина шудааст.

Беморхонаи маркази ҳам расво. Ҳеварашро сардухтур мондааст, ки зеби подабони дорад.

Дар коллеҷи тиббӣ ҳам хеши худашро мондааст, ки ҳама корҳо расвотар аз давраҳои пешин.

Кони ангишти Камароб кони шахсии Ҳоҷи Обид -фиръавни замон шудааст.  Як тона ангиштро ду ҳазор ва ду ҳазору сесад сомонӣ кардааст. Аз куҳ меканад ба мардум хокашро 1300 сомонӣ ва ангишти ғайри хокаашро 1550 сомонӣ мефурӯшад, ки бечора ронандаҳо роҳкиро сарф карда мераванд меоранд.

Агар қиммат нафурӯшанд хароҷоти кардаро намебароранд. Аз тарозу барои як мошин бор 500 кг тахфиф мекунад, ки ронанда оварда мефурӯшад, як тонна, то ду тона кам мезанад, як тон то дутонааш санг мебарояд, ки бар зиёни ронандаҳо мешаванд. Кони ангиштро хонаводагӣ кардааст.

«Ledy from Ғарм» дар як маҷлисаш Ҳоҷӣ Обидро даъват кардаву гуфт, ки набояд як тонна ангишт аз 1300 сомонӣ боло фурӯхта шавад. Аммо ин як спектакл аст. Модоме, ки дар ҷои истихроҷаш ба ронандаҳо 1550 сомонӣ мефурӯшад чи гуна метавонанд 1300 оварда мардумро таъмин кунад. Бовар кунед хуни мардумро Заринаи бодпо ва Обиди фиръавн макида истодаанд. Дар инҳо на имону на виҷдону на инсонгарӣ мондааст.
Мехоҳам каме маълумот дар бораи Ҳоҷӣ Обиди раиси кони ангишт диҳам. Ин шахс   зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, деҳаи Шаҳринав мебошад. Ягон маълумот надорад, агар солҳои охир нагирифта бошад. Боз ба ҳамин бе маълумотияш раиси ҷамоати Қалъанак ҳам кор кардааст.

Баъди ба вазифаи раиси кони ангишти Камароб таъин шуданаш як нафар ҳамдеҳааш бо номи Мансурро дар ҷойи худаш овард, ки як шахси дузду ҳаромхур ва зинокор буд. Нав шунидам, ки аз вазифа гирифтаанд. Ин шахси ҳаромхур чандин духтарони хонаро суистфода аз мансаб карда духтариашонро гирифтааст. Ман ҳайронам, ки ин шахси ҷинояткор ҳоло ҳам дар озодӣ аст. Инро бояд 70 сол дохили маҳбасаш мекарданд. Ҳаёти чандин духтарро сузондааст. Ҳамин зинокорро Обид дастгириаш мекарду мекунад.
Обид якчанд бародар дорад, ки дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ тарафдори мухолифин буд ва дар минтақа намояндагӣ мекард. Худашонро яке аз сарсахттарин мухолифин нишон медоданд. Аммо ман ҳайрон ҳастам, ки чаро ҳукумати кунунӣ чунин нафаронро то ҳозир дар вазифаҳои калидӣ мемонад. Ин золиминро ҷояшон ба солҳои тулонӣ маҳбас аст. Ногуфта намонад, ки падари Зарина Фузайл ҳам дар вақташ дуруягӣ мекард: гоҳ дар наълу гоҳ дар мех мезад. Боз фарзандонашро насиҳат мекардааст, ки бояд чунин бошед, дар кадоме паллаи тарозу вазнин аст ҳамон тараф равед. Ин гуна одамон бисёр хатарнок ҳастанд, ҳам барои ҷомеъа ва ҳам барои давлат.

Як бародари Ҳоҷӣ Обид  дар вазорати алоқа кор мекунад, ки домоди Бег Сабур  аст. Гуфтанд, ки зани дуввуми вай  духтар ё хоҳари Бег Сабур аст. Такаббуру катагиашон аз пушти ҳамон додарашон аст. Номи додарашонро намедонам. Лекин ҳамин қадар мегуям, ки ин нафарон дуруяанд, бисёр хатар доранд. Ҳар вақте сари қудрат дигар одам ояд инҳо боз тарафи ҳамон мегарданду дар танқиди ҳукумати кунунӣ мегузаранд.

Аз муҳтарам ҷаноби Президент бо арзи адабу эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар ин фасли сармо ба доди мардуми бечораи мазлум, ки зери зулми Зарина ва Обид қарор гирифтаанд бирасед ва супоришашон диҳед то бо нархи дастрас мардумро бо ангишти хуб таъмин кунанд. Набояд, ки як тона ангишт аз 700 сомонӣ зиёд бошад. Аз куҳ мекананд бор мекунанд. Инҷо дигар коре нест, санги Худованд халқ карда аст.
Ногуфта намонад, ки инҳо:-Зарина ва Обид робитаи хешутаборӣ ҳам доранд.
Чизи дигарро бояд инҷо қайд кунам. Номаҳое, ки дар вақташ дар бораи Лоиқзода Қаноатшо ба Ислоҳ фиристода мешуданд, ман сад дар сад бо боварии том гуфта метавонам, ки кори  дасти Зарина ва бародаронаш буд. Хостанд ба ҳамин восита Лоиқзода аз кор равад ва ҷояшро гиранд, ки инҷо гурӯҳи дуюм- Зокирзода бо ҳамроҳии Муқимӣ Раҳимҷон Набизода халал расониданд, барои ҳамин он вақт раиси ноҳия шуда натавонист. Баъди гирифтани Лоиқзода, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода  ба вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Лоиқзодаро бисёриҳо медонанд,ки Зарина Идизода сиёҳ мекард.

Бародар ман як ҳолати дигарро ба шумо гуфтаниам, то ки симои воқеии ин Зарина «Ledy from Ғарм»  ошкортар гардад.

Дар урфият мегуянд, ки гург ҳамааш бӯр аст. Инаш аз онаш ҳеҷ фарқе надорад. Ҳар кадоме бо услуби худ мардумро зулм карданд. Аммо бадтаринаш ҳамин Зарина аст. Барои мисол Лоиқзода одами бепарво буд. Кадом кореро мардум дархост мекарданд ё бе пора ё бо маблаги ночиз кори мардумро ҳал мекард. Заъфаш дар он буд, ки ҳаромгашт ва зинокор буд. Олими Набӣ раиси пеш аз Зарина Идизода одами зинокорро бад медид, зинокор набуд, аммо порахур буд. Барои мисол агар коре 5 ҳазор ставка дошт чоруним ҳазор мебурдӣ ва зора мекардӣ, ки дигар надорам, не намешавад мегуфт.

Аммо Заринаро ба хотири фоҳиша буданаш ганда бад медид. Аммо Зарина ҳам зинокор, ҳам фоҳиша, ҳам порахур, ҳам дузд ва ҳам, мутаассифона, айни ҳамон Муҳаррами ғарч аст ки духтарони мардумро пешкаш мекунад.
То онҷо ки ҳамон вақтҳо дар кор будам, вақте охирон досйеи сиёҳи Лоиқзодаро нашр намудед-инҳо як фермаи ҷавоб доштанд, ки дар зери наворҳои Шумо коментҳо менавистанд ва яке аз роҳбари ҳамин гуна гурӯҳҳои коментнавис дар давраи Лоиқзода, Зарина Идизода буд, омада ба гурӯҳ гуфт акнун бас аст комент навистан, Лоиқзода тамом шуд, дигар фоидааш надорад ва Ислоҳ корашро кард.

Маҳмадтоир Зокирзода, ки он вақтҳо дар мақоми муовини сарвазир кор мекард пешравии Лоиқзодаро дида ҳасадашон омад. Барои ҳамин онҳо бо ҳамроҳи  Олим Набӣ ба сиёҳ кардани Лоиқзода гузаштанд. Сабаб чӣ буд? Сабаб дар он буд, ки Маҳмадтоир Зокирзода талаби курсии раёсати Маҷлиси Намояндагонро дошт ва баъди худаш Олим Набиро пешбарӣ карданӣ буд, ки Зарина боз корашро ҳамроҳи бародаронаш нисбати Олими Набӣ оғоз намуду ба «Ислоҳ» мактубҳои танқидӣ фиристоданро шурӯъ кард. Коре карда Олим Набиро аз вазифа озод ва дар ҷояш Заринаро таъин намуданд. Боз Олими Набиро дар кадом як вазифа таъин карда буданд, ки дар омадани Ҷаноб дар назди Асадулло Қиматович (Сумбулоғо) сиёҳ ва коре карда ба Асадулло муносибаташонро безеб кард. Вақте Асадулло Раҳмон баргашт ба Душанбе Олим Набиро аз вазифа озод карданд. Ҳолати корро муҳтарама Озода Раҳмон аз Асадулло пурсад ҳатман чунин шарҳаш медиҳад.

Дар мавриди  сиёҳ кардани Лоиқзода агар аз Муродов Нуралӣ пурсанд он кас ҳатман тасдиқ мекунад, ки ҳолати кор чунин буд. Чунки Заринаро Нурали Муродов ба ҳамин ҷойгоҳу мақом расонида буд, бар ивази дилбозиву дилдорӣ.
Боварии комил дорам, ки ин суханон ба гуши роҳбари кишвар муҳтарам Президент мерасад ва бовар дорам, ки чораи кори Зарина Идизодаро мебинад.

Дар бораи интихоботи Файзалӣ Идизодаи бародари Зарина Идизода ба маснади раиси Маҷлиси намояндагон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ин кор ҳамааш як спектакл беш набуд. Агар дилхоҳ одами қади куча дар бари Файзалӣ номзадиашро барои мансаби раиси Маҷлиси намояндагон мемонд, боварии  комил дорам, ки ин нафар мегузашт. Аммо инҳо дар бари Файзалӣ одам тарошиданд, аз ҷумла раиси бахши кишоварзии ҳамон вақтаро, ки номаш дар ёдам нест. Рафтанду костюму брюки 5 ҳазор сомона хариданд, пизишконро фармуданд дандонҳояшро дуруст карданд.

Ин номзад гуфтааст:  « хай соз, ба ин баҳона соҳиби костюм брюки 5ҳазорӣ шудаму соҳиби дандонҳо. Аз ман чи рафт? Ҳеҷ! Ҳамаро худашон карданд».
Зарина бисёр гурусначашм аст. Вақте дар ҳукумат ягон меҳмон ояду меҳмондориаш кунад, баъди рафтани меҳмонҳо омада ҳамаи тагмондаҳои меҳмонҳоро ҷамъ мекунаду хонаш мебарад, мегуяд шавҳараму фарзандом мехуранд.
Ҳар маҷлис бе таърифу тавсифи худаш намегузарад. Мегуфтааст: «ман зани зебои дилрабо ҳастам, ҳар марде маро бинад мехоҳад бо ман расад, лекин камтар дар ҳамин сурато чашму биниам нохуб меоянд, рафта ҷарроҳии пластикӣ мекунам худамро, боз ҳам зеботар шавам».

Аммо бисёр ҳам шумқадам будааст. Аз паи қадами Зарина имсол дар ноҳия бебаракатӣ омад. Заминларза шуд. Ҳама дар майдони марказии ноҳия дар тараддуди ҷашн гирифтан буданд, заминларза шуд. Беваи бешарм муяш наҷумбида маъракаи консертиашро давом додан гирифт. Хулоса, ба супориши роҳбарияти кишвар соҳиби хона шудаанд, аммо Зарина ҳам бо аҳлу авлодаш соҳиби хонаву хеле чизҳо шуд.

Мардуми шарафманди тоҷик аз манотиқи ҷумҳурӣ кумак зиёд фиристонданд, ки ба онҳо як шаҳр месохтиву як сол, ду сол ин мардуми ҷабрдидаро хурока бепул мешуд. Аммо ҳаминҳоро ҳам хурду бурду дуздид бо наздиконаш. Мардумро бисёр азоб доданд, ки равед хонаҳоятонро таъмир кунед. Дар ҳоле, ки маблағи устопулиҳоро ҳам дода буданд, Зарина Идизода мардумро бе пул кор фармуда пулҳоро худаш хурд.
Дар нашрҳо ва наворҳои пешин қайд намудед, ки Раҳими Ғармӣ кашелоки Зарина шудааст, дуруст аст. Ман ҳайронам, ба ин Раҳими Ғармӣ. Ба ҷойи онки маблағи ҳалолатро ба ин сабукпову сабумағз сарф мекунӣ, ба ягон беваи бенавову бе кас ё ягон камбағал диҳӣ хубтар нест?
Дар ҳар маҷлисаш  шинад хезад «мана Раҳими ғармӣ дар Душанбе хона бо тамоми шароитҳояш дод, кайе чи қадар пуле гуям уф нагуфта бароварда метияд» мегӯяд.

Раҳими Ғармӣ гуноҳу бад аст, ки барои як дузду ҳаромхуру сабукпо пулатро ҳаром кунӣ.
Дар дохили ҳукумат ҳама духтарони бе саводро ҷамъ кардааст, гуё коргаранду кордон. Инҳо танҳо барои пешпарон кардан барои сохторҳо ва меҳмонҳои шаб меистодагӣ дар ҒАРМ мебошанд.
Саидов Мубориз, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, ки дар нашрҳои пешина роҷеъ ба   корҳои бади анҷом медодааш гуфта будед, дар воқеъ дуруст аст. Аввалин кори бадашро ӯ бо худи ҳамин Зарина анҷом додагӣ аст. Он вақтҳо Зарина раиси ҳизб буду ин кас корманди ҳизб. Аммо бо мурури вақт «аз лесидана бача ба ҷон омад». Муносибатҳояшон гурехт ва дарав ба туҳмату подстава ва таҳдид гузашт, ки аз кор гирадаш, аммо натавонист. Ҳамон мактубе, ки дар яке аз «Номаҳо аз   ноҳияҳо»-дар ин бора, ки кадом як гуруҳро дар Файзобод қапиданд, рафта буд ва дар он гуфта мешуд, ки корҳои бадро анҷом медодаанд, сад дар сад боварӣ дорам, ки ин мактуб аз ҷониби Зарина ба «Ислоҳ» рафтааст. Чунки бо дигар роҳ ин бачаро аз кор гирифта натавонист ва расонаияш кард, ки бигирандаш. Лекин то ҳозир кор ва фаъолият намуда истодааст.

Ростӣ, ман тарафдори ин бача нестам. Аммо ҳилаву макру бадбиниву қасдгирии Заринаро мегуям, ки як одами чатоқ аст. Набошад, ин бача, ростӣ, арзандаи чунин вазифаҳо нест, ҷавон аст, шояд дониши кофӣ надошта бошад, агар дониш ҳам дошта бошад, таҷриба надорад.

Муовинони раиси ноҳия ранги мурғи дар обзадагӣ дар пеши ин беваи шаттоҳ мебошанд.
Ба ҷуз аз муовини аввал Шарифзода Ҳандулло, ки таҷрибаи калони корӣ дорад, боқимонда муовинон одамони бе таҷриба мебошанд.
Аз ҷумла Баллазода Саидбек, муовини кишоварзӣ кораш фақат дуздӣ, заминфурӯшӣ ва кораш замини холӣ кобӣ ба Зарина аст. Ягон савод надорад. Вазифаи хонагиаш кормандонро сиёҳ кардан дар назди Зарина мебошад. Ногуфта намонад, ки ин одам язнаи Хурсанд, раиси собиқи молия мебошад. Ва як вақтҳо одами Шоҳ Искандаров, яке аз мухолифини онвақтаи ҳукумат буд. Ман боз ҳам ҳайрон мешавам, ки афроди  он вақта ҳозир ҳам дар ҳукумат кор ва фаъолият доранд. Ба монанди Шоҳ Искандаров, Маҳмадҷонов Сайдаҳмад. Ин ду нафар душмани ашадии ҳукумати кунунӣ буданд, аммо айни замон дар сохторҳои қудратӣ кор карда истодаанд.
Саъдуллозода Баҳром муовини раис дар соҳаи сохтмон. Одами бесаводи бе таҷрибаву бе дониш. Аммо одами Маҳмадҷонов Сайдаҳмад яке аз мухолифини сарсахттарини Пешво.

Ба наздикӣ мағозаи бо пули ҳаром сохтаи ин нафар ба коми оташ рафт. Тоза фаҳмидам, ки таъмираш карданӣ ҳастанд ё таъмираш карда истодаанд.

Дар бораи Сайдаҳмад маълумотҳо бисёранд, чунки ҳамон вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо дар ҳукумат кор мекардем. Ин бошад,ба қавли худашон муҷоҳид буд. Баъдан Толибови раҳматӣ, ки ҳамдеҳааш буд ба муҳофизӣ қабулаш кард, Худо раҳматаш кунад Толибовро гуфтамаш, ки инро бояд кор намегирифтӣ. Гуфтанд кори худатро кун. Гуфтамаш, ки сагбача калон мекунӣ, почаки худатро мегазад, боварам накард. Аммо дар ҳақиқат чунин ҳам шуд.Чунки духтари ягонаи Толибовро хонавайрон кард. Ростӣ, дигар намедонам ин духтар чи ҳол дораду чи аҳвол.

Айни замон Сайдаҳмад дар ВКД кор мекардааст,одами бо қувват будааст, аммо кӣ буданашро ҳоло омухта истодаам, ки чӣ кора аст дар ВКД.

Вақтҳои дар ноҳияи Ленин дар мақоми сардори шуъбаи милитсия кор карданашро фаҳмидам, ки чи қадар мардуми ноҳияи Ленинро ғорату тороҷ кардааст. Аз инҷо буд, ки баъдан бо шикояти мардуми ноҳия аз кор ронда будаанд. Боз бо кадом як воситае дар вазорат ба кор даромадааст. Аммо маълумотҳои давраи Толибову давраи ҷанги шаҳрвандиашро дорам, пурра омухта баъд пешкаши хонанда ва бинандагони Ислоҳ мегардонам,то бидоданд ин нафар кӣ асту чаро то ҳозир дар маҳбас неву дар вазифаҳои калидӣ кор намуда истодааст. Бояд қайд намоям, ки Толибов раиси онвақтаи ноҳия буд.
Муовини дигараш Маҳмадисо номаш, ки як одами бе таҷриба аммо инсони на онқадар бадаш мегуянд.
Муовини дигараш як духтар, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ асту як зарра дониш   ва  ягон таҷриба надорад.
Ронандааш Оятулло холабачаи Зарина мебошад. Ба ҳамаи корҳои ҳукумат дахолат мекунад, кошелёк- пулҷамъкунаки Зарина мебошад. Як ронандаро ҳатто   муовини аввал наметавонад дуршттар ҳамроҳаш суҳбат кунад.

Хулоса, вақте ин ҳама корҳои нодурустро мебинем, бовар кунед, хело ҳам зиқ мешавем. Мо ҳам дар вақташ кор мекардем:- аз даврони шуравӣ то сини нафақа ва дар даврони истиқлолият. Чунин беадолатиро ҳеҷ гоҳ надида будем.
Боварии комил дорам, ки суханони мани нафақахур ба муҳтарам Ҷаноби Олӣ мерасанд ва чораи корро ҳам мебинанд.

Охирсухан

Силсилаи «Ledi from Ғарм» акнун аз доираи як матлаб гузашта, ба рӯйкард ва барномаи доманадор табдил меёбад. Ҳар ҳарфе, ки то имрӯз бо садои паст гуфта мешуд, акнун ба навиштаи ошкор табдил ёфта истодааст. Ҳақиқат роҳи худашро мекушояд-ҳатто агар дар байни санги фишор ва девори тарс бошад.

«Ислоҳ» аз ин пас ҳар иттилоъ, ҳар ишора ва ҳар далели навро, ки аз дохили ҒАРМ мерасад, боз ҳам пуртаваҷҷӯҳтар пайгирӣ хоҳад кард. То замоне ки ҳақиқат пурра рӯи об мебарояд ва номҳои гунаҳкорон-аз хурд то калон-дар назди мардум ва таърих қарор мегиранд.

Ин садо хомӯш намешавад.
Ин силсила қатъ намегардад.
То тантанаи пурраи ҳақиқат.

Поёни бахши севвум , бахши чаҳоруми Ledy from Ғарм №3 пурра омода аст ҳафтаи оянда тақдими хонандаи Ислоҳ мегардад, бо Ислоҳ бошед!

Сообщение Ledy from Ғарм №3 появились сначала на ISLOH.net.