Архивы Мақолаҳо - ISLOH.net

Раҳмонов аз манзаре дигар….
Ҷоиза ба китоб, суол ба «муаллиф»

«Тибқи қарори ҳайати доварони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар номинаи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи аввал гардид.(Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ рӯзҳои 2-3 октябри соли 2025 дар Маскав баргузор шуд.)

Бояд зикр намуд, ки қаблан низ китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номинаи «Илм ва ҳаёт» ғолиби Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ шуда буд».
https://navisandagan.tj/15.12.2025

Раҳмонов аз манзаре дигар….

(қисми дуввум)

Дар Тоҷикистон китоб навиштан дигар ҳунар нест — мансаб аст. Агар курсӣ дошта бошӣ, нависанда мешавӣ; агар вазир бошӣ, шоиру драматург; агар президент бошӣ, муаррих, забоншинос, исломшинос, мавлоношинос ва мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ мешавӣ. Дигар на шабзиндадорӣ лозим аст, на мутолиа, на сиёҳнавису дастнавис ва на умре дар пайи калимаву маънӣ сӯхтан. Курсӣ ҳаст китоб ҳам ҳаст, унвон ҳам ҳаст, ҷоиза ҳам ҳаст!

Ба номи Эмомалӣ Раҳмонов беш аз сад китоб нашр шудааст. Китобҳоеро, ки корвони уштурҳо ҳам аз кашондани онҳо монда мешавад. Аз таъриху давлатдорӣ то забону ориёиҳо, аз Имоми Аъзам то Мавлоно — соҳае намондааст, ки қалами «пурэъҷоз»-и Ҷаноби олӣ ба он нарасида бошад. Гӯиё Тоҷикистон на раиси ҷумҳур, балки як академияи зиндаи илм дорад, ки рӯзона давлат меронад, шабона таърих менависад ва миёни ду сафар асрори Мавлоноро мекушояд.

Аммо як саволи сода ҳаст: ин ҳама китобро кай навишт?

Раиси ҷумҳуре, ки реҷаи ҳар рӯзу ҳар соаташ аз пеш муайян аст; сафар, маҷлис, мулоқот, суханронӣ, ифтитоҳ, қабули меҳмон ва боз сад кори дигар дорад, дар кадом фурсат беш аз сад китоб навишт? Сиёҳнависҳояш куҷоянд? Дастнависҳояш куҷоянд? Дафтарҳои қайд, тарҳҳои аввалия ва таҳрирҳои чандинкаратаи ӯ куҷоянд? Магар як нафар метавонад то панҷоҳсолагӣ як мақолаи ҷиддӣ нанависаду баъд ногаҳон ба муаррих, муҳаққиқ, исломшинос ва мавлоношиноси «пурмаҳсул» табдил ёбад?

Аҷибтар аз ҳама ин аст, ки ҳукумате, ки дар дохили кишвар нисбат ба масҷид, мадраса, риш, ҳиҷоб ва таълими динӣ сиёсатҳои маҳдудкунанда пеш мебарад, раҳбарашро ҳамчун шиносандаи Мавлоно муаррифӣ мекунад. Мавлоное, ки тамоми ҳастӣ, андеша, ирфон ва осораш аз Қуръон, ҳадис, намоз, рӯза ва муҳаббати илоҳӣ об мехӯрад. Пас, ин ихлоси ногаҳонӣ ба Мавлоно аз куҷо пайдо шуд? Раҳмонов куҷову Мавлоно куҷо?

Инҷо дигар сухан танҳо аз китоб нест. Сухан аз сохтани чеҳраи сунъии як «донишманд», аз истифодаи мактабу донишгоҳ, радио, телевизион, нашриёт, озмун ва пули давлат барои таблиғи он чеҳра аст. Китобҳо ба номи ӯ чоп мешаванд, аз тариқи радио қироат мешаванд, дар муассисаҳои таълимӣ омӯхта мешаванд ва барои беҳтарин хонандаи онҳо аз буҷет ҷоиза медиҳанд. Яъне миллат бояд на танҳо ҳукмронии ӯро таҳаммул кунад, балки осорашро бихонад, аз бар кунад ва барои «донистан»-и он мусобиқа намояд.

Дар ин қисми силсилаи «Раҳмонов аз манзаре дигар…» мепурсем: пушти ин корхонаи азими китобсозӣ кист? Муаллифи воқеӣ кист? Китоб барои маърифат аст ё барои сохтани буте аз коғаз? Ва чаро дар кишваре, ки нависандаи воқеӣ саркӯб ва нашриёташ баста мешавад, китобҳои раиси ҷумҳур бо пули давлат чоп, таблиғ ва ҷоизадор мегарданд?

Ин бор Раҳмоновро на аз минбари сиёсат, балки аз пушти рафи китобҳояш тамошо мекунем. Рафе пур аз китоб — аммо ҳамоно холӣ аз посух.

Нависандаи беш аз сад китоб: муаллиф кист?

«Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» ва «Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон» номи ду китобе аст, ки якеро нашрияи расмии “Ҷумҳурият” ва дуввумиро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ чанд рӯзи пеш рӯнамоӣ карданд.

«Ховар» баъди як рӯз боз як хабари дигар чоп кард:

«Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Хирадгон» китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хатти форсӣ (бо нависагардонии Суҳайло Юсуфӣ) ба нашр расонид».

Китобҳои навиштаи Эмомалӣ Раҳмонов ва китобҳои навишта дар бораи ӯро корвони уштурҳо, ки чи дулану поезду самолёт кашонида наметавонанд, камиву майдагӣ мекунанд. Чанд соли пеш ҳатто аксҳои Раҳмоновро китоб карданд. Китоби 300-сафҳаии аксҳои Э.Раҳмонов, ки бидуни муқоваи чарминаш 2,5 кило вазн дорад, бо маблағгузории парлумон дар соли 2016 дар Туркия чоп гардид. Қабл аз ин, китоби 500 акси Эмомалӣ Раҳмоновро дар Чин нашр карда буданд.

Сабқати чопи китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов тавассути доира ва афроди муайян ва ғаразу қасди онҳо аз ин амалро бимонем барои вақти дигар. Аммо аз онки як раиси ҷумҳурӣ, ки бо ҳазоруяк гирифторӣ, машғалаву махмаса банд аст, реҷаи кориаш аз чанд вақти пеш муайян ва танзим шудааст, сафарҳои дохиливу (аз они Раҳмонов бошад беҳисоб аст) хориҷӣ, мулоқоту маҷлис ва ҳоказоҳо дорад, то рафтан ба рахти хоб билкулл лакоту хаставу шалпар шудааст, чун сину солаш ҳам болост, фурсате мемонад, ки бишинаду китоб нависад, ногуфта намешавад. Каму андак ҳам не, беш 100 адад. Дар як хабар дар интернет хонда будам, ки ба қалами Раҳмонов 113 китоб тааллуқ дорад. Ва, ҳамин тавр Раҳмонов ба ҳайси нависанда, олим, муҳаққиқ, муаррих, донишманд зуҳур кард ва он ҳам дар остонаи 50 солагӣ. Ва дар як фурсати кутоҳ ончунон навишту навишт, ки бестселлернависи машҳури Амрикоӣ Айзек Азимов ва профессори биохимияро,ки дар Русия таваллуд шудаастро ба қафо зад. Таълифоти вай ӯро ба яке аз пуркортарину пурмаҳсултаринҳои олам бадал кард.

Аммо бовар кунед, (дасти худам нест) вақте «навишта аст»-ро ба Раҳмонов нисбат медиҳам, гиҷу гаранг мешавам, ки ман чи гуфта истодаам? Раҳмонов менависад? Раҳмонов нависанда, китобнавис? Ягон сиёҳнавису дастнавис дошта бошад. Дафтари қайдҳо дошта бошад. Яъне пешакӣ тезис мекарда бошад. Ё яку якбора мешинду як китобро дар як бор менависад? Манзурам ин аст ки маълумоту факт ҷамъ мекарда бошад, дар калааш мепазонида бошад, ақалан як ду- се моҳ.

Дар яке аз барномаҳо «Ислоҳ» наворе дошт, ки Раҳмонов вақте аз як синфхона берун мешавад, дар китоби давомот (журнали синф) соядаст мемонад: «ЯК ҶАҲОН ТАШАКУР».

Инҷо не ҳарфи хурд, не ҳарфӣ калон риоят шудааст. Раҳмонов намедонад, ки ҳарфи калон ҳасту ҳарфи хурд. Калимаи «ташаккур» магар бо як «к» навишта мешавад? Раҳмонов намедонад, ки ташаккур ду «к» дорад. «К»-еи дигари он куҷо шуд, Раҳмонов хӯрд?

Магар дар журнали синфӣ «соядаст» мемонанд?

Ҳоло, ки чунин аст магар Раҳмонов чи тавр китоб менависад?

Чопи китоб барои Раҳмонов ва аз номи Раҳмонов чи маъно дошта бошад? Магар мешавад нафаре, ки то 50 ҳатто як ҷумла болои варақ наовардааст, нанавиштааст китобнавис шавад?

Як нафар навишта буд, ки кай успет кард дар навишти ин ҳама китоб.

Солҳое, ки Раҳмонов мехонд, сиёҳидону перо буд, баъд ручка шуд. Ҳоло нависандаҳо бо ноутбуку компютер менависанд. Раҳмонов осорашро бо чӣ менавишта бошад? Гоҳо фикр мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳуши маснуъӣ ҳам зӯр ва пурмаҳсултар аст.

Молекула (ҳуҷайраҳо)- ҳои мағзи сари Раҳмонов ончунон бо суръату шитоб ба ҷунбиш даромада, ки баъди соли 2016, баъди онки ба худ титули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро дод, соле панҷ китоб навиштааст.  Фирдавсӣ, ҳамосасарои бузурги олам як китобро дар сӣ сол навишт. Барои ҳама, аз ҷумла худи ман ҳам аҷиб аст ки масалан «Мавлавӣ ва тамаддуни инсонӣ»-ро дар чанд вақт навишта бошад.

Аз ин муқоиса шояд Ато Мирхоҷаву Абдулло Раҳнамо хушашон наояд ва эътироз (протест) кунанд, ки Фирдавсӣ кист, ки бо Ҷанобашон, ки «бар таърих пирӯз омадааст» (ҳеҷ нафаҳмидем, ки пирӯз омадан бар таърих чи маъно дорад) ҳамчандаш кардем. Аммо ин Давлат Сафару СС-и махуф бошанд тамоман васвоси шақшақа мешаванд, ки инашонро, ки «баъди 1000 сол барои тоҷикҳо давлат сохт», бо як шоир вазну чен мекунем. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳатто худи Раҳмонов аз ин титул ва барчаспи муғлақи тулонии тумтароқ изо кашиду гуфт, ки дигар бас, Асосгузорашро нагӯед.

Боз ҳам, бигзор такрор шавад, дар таҳайюру тааҷҷубем, ки Раҳмонов вақте беш аз нисфи умрро тай карду ҳатто як мақола, бигзор дар дар бораи ферма, ҷигорӣ, ҷаву гандуми лалмӣ нанавишт, чи расад ба таърих, чи расад ба забон, чи расад ба Мавлоно вале яку якбора ончунон ба навиштан даромад, ки дошта намешавадаш:

«Аз Ориён то Сомониён»,  “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»,«Уфуқҳои истиқлол», «Тоҷикистон дар оинаи таърих», «Забони миллат-ҳастии миллат», Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам, «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»,«Бист қадами созанда»,

“ Чеҳраҳои  мондагор”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”,феҳристи мухтасари осори Раҳмонов, хулоса беш аз 120 ва аз рӯй баъзе манобеъ 140 китоб.

Ҳуши маснӯъӣ ин ҳамаро дида“я,офигею” гуфтааст.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чаро Раҳмоновро узви худ қабул накардааст. Беш аз 100 китоб навишта бошаду ҳанӯз ҳам қабулаш накарда бошанд, магар ин хатои сиёсӣ ба ҳисоб намеравад? Ё шубҳа доранд, ки муаллифи воқеӣ кас ё касони дигаранд?

Низом Қосимро зарур аст ки ин хатоии сиёсиро ислоҳ кунад. Абдулло Раҳнамо, мушовири раиси ИНТ чаро ин саҳвро надида бошад. Ато Мирхоҷа муаллифи мадҳия барои Паём чӣ? Ёдатон ҳаст? Навишта буд, ки на фақат мардуми тоҷик паси мониторҳо шишта Паём мебинад. Трампу Путину Си Ҷин Пин ҳам наушникҳоро дар гӯш зада ғалақаи утоқҳои кориашонро аз дарун баста Паёми пешворо тамошо мекунанд. Аҷаб, ин чизҳоро мебинаду кори худашро фаромуш мекунад.

Аз феҳристи мухтасари осори Раҳмонов дидед, ки вай муҳаққиқи чандпаҳлуву чандсамта яъне серсоҳа аст. Соҳоти гуногунро ба баррасӣ ва риштаи таҳқиқ ва тасвир кашидааст. Хуб, бигзор. Вале як чиз. Ин чиз он аст ки Раҳмонов дар бораи Мавлоно Ҷалолуддини балхӣ китоб навишт: «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ва ин китоб баъди сездаҳ соли нашр дар Маскав барандаи ҷоиза дар Озмун шуд.

Раҳмонов ва Мавлоно

Раҳмонов дар бораи Мавлоно Ҷалолуддини балхӣ навиштааст. Ин китобро надидам ва нахондам. Аз чанд тақризе дар бораи муҳтавои он огаҳӣ пайдо кардам. Аммо нахондаву надида бошам ҳам, мисли ҳар яке аз шумо дар тааҷҷубу дар таҳайюрам-Раҳмонов куҷову Мавлоно куҷо?

Чи шуду ҷаноб ба Мавлоно руҷуъ кард, рӯ овард? Ин қадр ихлос ба Мавлоно аз куҷо ёфт бошанд. Мавлавӣ,ки як мулло асту “Мавлоно”-як рутбаи динӣ аст.

Чанд вақту чанд  муддат дар баҳри осори Мавлано ғарқида бошад? Аз мавлавишиносони дигар ҳам дарак дошта бошад? Ягон маслаҳат ва машварат пурсида бошад, ягон саволе барояш пеш омада бошад ё ҳамааш мафҳуму маълум буда бошад. Мавлавиро бо ҳуруфи кириллӣ хонда бошад ё форсӣ.

Ҳеҷ “туғрӣ” нагирифта истодааст.

Бор, Худоё, Раҳмонов бо Мавлоно чи рабте дорад? Гуфти гапҳои бародарони масчоиямон «хоки ман бод»! Як дурӯғе гӯ, ки ақалан думашро гирифта хезад, боварнакарданӣ бошад ҳам тасаввур кардааш шавад.

Мавлоно як мулло аст, як домулло аст.

Раҳмонову муллову домуллоро чашми дидан надорад.

Ҳоло агар Мавлоно буд бо статяи 307 мезад, зиндон мекард: ришашро қоқоқоқ мегирифт, бо ифротӣ ва бунёдгарои исломӣ муттаҳам мекард?

Мегӯед не? Ин тавр намекард. Ба худо қасам бадтар мекард. Китобашро чоп намекард, агар нахоста чоп ҳам мешуд дона-дона аз дуконҳо мечинд ва ба оташ мекашид.

Бо ин вазъу бо ин ҳол Раҳмонов дар бораи як мутабаҳҳир ва мутафаккири исломӣ менависад?

То инки дар бораи Мавлоно бинависӣ, аввал бояд бихонӣ, бидонӣ, бифаҳмӣ, ки Мавлоно кист? Раҳмонов чанд вақтеро сарфи омӯзиши осори Мавлоно карда бошад? Раҳмонов аз Мавлоно фаҳму дарке дошта бошад?

Як боби китоби Раҳмонов дар бораи Мавлоно  «Сурат ва сирати сӯфӣ» ном доштааст.

Раҳмонов аз «сӯфӣ» чи дарку маърифат ва шинохте дорад?

Раҳмонове, ки аз дини ислом ҳазар дорад, бад мебинад, қасд дорад, ки дар Тоҷикистон бихушконад, аз муллову масҷиду мадраса мутанаффир аст дар бораи як ориф, як суфӣ, як муллои калон, ки тамоми ҳаёт дар намозу ниёзу рӯза машғул буд, ҳамаро аз баракати ислом медонист, ҳамаро дар доира ва мизони дин чанду чен мекард, тамоми муҳосаботаш бар ислом бунёд шудааст менависад? Кӣ бовар мекунад? Кӣ бовар мекунад, ки Раҳмонов бар рағми хосту дидгоҳи худаш дар бораи як домулло бинависад?

Хуб, бигзор аз ҷангу сулҳ, аз давлату давлатдорӣ, аз сиёсат, аз ҳар чизе дигар  аммо дар бораи Мавлоно, афигет можно. Ҳиҷ истанса, ҳиҷ астановка, ҳиҷ хати қирмизу ҳеҷ чизе дигару дигар боқӣ намонд. Воқиан ҳам, ин куҷову он куҷо?

Раҳмонов дар бораи як шайх чи менависад, ненавист дорад, бад мебинад. Ин кор на дар белу на дар каланд меистад. Раҳмонов бо Мавлоно дуруст намегирад ва созгор нестанд.

Агар Раҳмонов бо ислом дуруст мегирифт муносибаташ бо масҷиду муллову таълими диниву намоз ин тавр хашин ва хасмона намебуд. Намегӯем, ки Эрдуғон мешуду тиловат мекард, ақалан Тоқаев ё Жапаров мешуду майдони пеши кохи Раёсати ҷумҳуриро саҷдагоҳ мекарду пушти имом меистоду намози иди Қурбон ё Рамазон мехонд.

Вале вақте як чизро бад мебинӣ чи тавр дар бораи он менавсӣ?

Раҳмонов ва Атъима

Раҳмонов бояд вобаста ба ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳоншиносиаш бинависад.

Раҳмонов агар ин тавр ҳавасу ҳавсалаи навиштани китоб дорад, бояд дар бораи Абӯисҳоқи Атъимаи шерозӣ нависад. Чаро?  Чунки аз лиҳози завқу салиқа наздикӣ бо осори ин шоирро дорад. Атъима, ҳамчуноне аз тахаллусаш пайдост навиштан дар бораи ғизо, наҳору чошту тановул, ношто умуман хурданро писандидааст. Раҳмонов ҳам пирмидаи боқило, каду, картошка, сабзӣ, ҳандала, тарбуз, харбуз ва ҳоказоҳоро ҳамеша ташкил мекунад.

Ишками Раҳмоновро бинед, ки ба кафидан наздик аст, Тоҷикистонро балъида истодааст. Гардану ишкамаш баробар шудааст. Дукуна. На, ба маънои дурӯя не. Ба маъноӣ воқеӣ. Як кунаш кунаш аст куни дигараш ишкамаш. Ишкамаш аз кунаш ду баробар калон аст. Гардани балонигазиаш сурини фил шудааст. Размери воротникашро намебинед. Галстукбандиаш аз дигарҳо фарқ дорад. Ҳаво намерасад, агар зичу ҷафс бандад.

Бубинед ин ҳама-ишкамба, кислород, туалет ба хурдан муртабит аст.

Аммо сӯфиҳо яъне Мавлоно ин тавр пурхӯри шикамӯ нестанд. Ишқашон тасаввуфу ирфону худову расул аст.

Магар Раҳмонов ҳам ҳамин тавр аст. Раҳмонов чуноне мову шумо хуб медонем хӯрдан, пухтан ва сӯҳбат дар бораи хурданро нағз мебинад. Дар фонд ё захираи луғавиаш ҳам аз ҳар соҳаи дигар ҳамин мавзӯъ мақоми махсус дорад.

«Шакарови бо олича», «таҳмол», «гирдача», қуротов-дуғиба шир аралаш, набераҳои ман қурутра нағз мебинан, модарам шира ба дуғ алдараш мекард, фатирмаска мекард, бамаза буд, қурутови оличагира хурдагиен.

Агар Раҳмонов дар бораи Атъима таҳқиқ ва пажӯҳиш мекард ва асаре чоп мекард, мегуфтем мувофиқи хӯву хислату табиаташ аст. Чун аксари авқот аз ақвот мегӯяд: Масалан

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Ба пешам чун хуросонӣ гар орӣ саҳни буғроро,
Ба бӯи қаляаш бахшам Самарқанду Бухороро.
Биринҷи зарди собунӣ агар дорӣ, ғанимат дон,
«Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро».
Чӣ ороӣ ба мушки заъфарон рухсори «полуда»,
«Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?»
Ҷамоли «барраи бирён»-у ҳусни «дунбаи кашкак»,
«Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо».
Ман аз он бӯи рӯҳафзо, ки «гипо» дошт, донистам,
Ки зуд аз пардаи парҳез берун оварад моро.
Бигӯ Бусҳоқ васфи хӯшаи «ангури мисқолӣ»,
«Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро».

Агар ба мулоқотҳои Раҳмонов бо аҳли зиё аҳамият дода бошед саволу ҷавобаш сирф аз зиндагист. Шавҳар кадаи, дар оила чанд фарзанден? Отат дар куҷо кор мекунад? Ҳатто бо ғолибони олимпиядаҳо ва фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст ҳангоме суҳбат мекунад ягон маротиба дидед аз ягон китоб пурсида бошад ва ё бо донишомӯзе саволу ҷавобҳои илмӣ карда бошад? Чаро охир дар он кала чизе нест чи пурсад? Аммо вақте дар шабҳои шеър бо Роҳбари фақиди Эрон агар диққат дода бошед дар шеърҳо луқма медоданд, тасҳеҳ мекард. Дар намоишгоҳи китоб вақте иштирок мекард аз си сол пеш китобе хондаашонро мегуфтанду чанд ҷилд ва чи гуфта шуда буд мегфтанд. Ин аз он шаҳодат медод,ки китоб мехонданд ва бар ало дида мешуд дар эшон. Аммо дар ҳаётатон дидаед,ки Раҳмонов дар ягон намоишгоҳи китоб иштирок карда бошад ва китоберо дар даст қапида бошанд? Не ва нахоҳед дид. Ҳатто дар Ҳисор дар ёдатон бошад ба хонае рафт як китоби форсии қадимаро барояш доданд китобро сарчапа қапид, охир намедонад китобро чигуна кушояд куҷо расад ба хондану навиштан.

Таблиғи китобҳои Раҳмонов: «аз мактаб то ба идораҳои давлатӣ»

Дору даста ва дастгоҳи таблиғи Раҳмонов барои ташвиқу таблиғи китобҳои Раҳмонов ҳар коре, ки аз дасташон барбиёяд, анҷом медиҳанд. Ҳам барои фурӯш ва ҳам барои тақсиму тавзеъ.

Китобҳои Раҳмонов бозори фурӯш ва муштариҳои худро доранд.Чанд соли пеш буд, ки расонаҳо навиштанд дар китобфурӯшиҳои Душанбе асарҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва асарҳое, ки ба ҳаёту кори ӯ бахшида шудаанд, аз китобҳои серхаридортарин ба шумор мераванд.

Муштарии китобҳои Раҳмонов омӯзгорон, донишҷӯён ва мансабдорон мебошанд. Махсусан аз ҳама зиёдтар мансабдорон ҷилд- ҷилди асарҳои Раҳмонов ва китобҳо, ки дар бораи ӯ навишта шудаанд, харидорӣ мекунанд.

«Бисёриҳо баъди вазифа гирифтан омада барои ороиши утоқҳои коришаон асарҳои президентро мехаранд. Масалан, агар мудири мактаб ҳам таъин шаванд, омада мехаранд. Бисёриҳо барои табрик кардани дӯстонашон, ки вазифа гирифтаанд, китоби президент ва портретҳои ӯро мехаранд. Китобҳои барои ҷевон ва мизи корӣ, акс барои овезон кардан дар утоқи корӣ ҳаст», гуфтааст як фурӯшандаи китоби шаҳри Душанбе. Бинобар навиштаи расонаҳо утоқи кории мансабдореро бидуни ҷевони пур аз китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ва аксҳои ӯ тасаввур кардан номумкин аст. Яке аз раисони ҳамакнун собиқи як ноҳияи  гуфтааст, ки  баъди таъин шуданаш ба ин вазифа аввалин коре, ки кард, харидории асарҳои Эмомалӣ Раҳмон барои утоқи кориаш буд. Вай гуфтааст, ки беш аз 20 китоби раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва зиёда аз 50 китоб, ки дар бораи ӯро дар утоқи кориам нигоҳ медорам.

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судури як фармон дар соли 2015 мудирони шӯъбаҳои маориф ва раҳбарони муассисаҳои таълимии кишварро муваззаф карда буд, ки дар баробари курсҳои омӯзишии компютерӣ ва машғулиятҳои дигар, омӯзиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Раҳмоновро кишварро дар байни омӯзгорон тарғиб кунанд.

Ишқу алоқаи Раҳмонов ба китобнависиро бародарони ҳисорӣ пай бурда ҳайкали китоби яктоннагии ӯро, ки аз чӯбу оҳану сементу шағал таркиб ёфта шаш метр паҳнӣ, чор метр дарозӣ дорад ва бо масрафи 12 ҳазор сомонӣ ва ҳашар дар ноябри соли 2016 сохтанд.

Аммо барои ҳарчи бештар таҳти таъсир қарор додани афкори умум чопу нашри китобҳои Раҳмонов кифоят накард. Шурӯъ карданд ба васила ва усулҳои дигари таблиғи китобҳои Раҳмонов.

Дар соли 2016 Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳама шабакаҳои радиоии кишвар дастуре содир кард.

Оҷонси хабарии «Азия плюс» дар як хабар дар ин бора чунин навишта буд: «Комитет по телевидению и радиовещанию Таджикистана обязал все государственные радиокомпании проводить литературные чтения произведений президента страны Эмомали Рахмона. В эфире их радио уже звучали аудиозаписи книг президента. «Мы получили соответствующее распоряжение Комитета в середине октября этого года, — сообщил «АП» директоир госрадио «Точикистон» Фаррух Зиёев. – Эти чтения проводятся для повышения чувства самосознания и патриотизма в каждом  Мы записывали уже в 2016 году две книги: «Таджики в зеркале истории» голосом Абдурашида Ходжамкула и «Язык нации — сущность нации» в прочтении Джонибека Асрориён, и передали их в «Золотой фонд» — сказал он. – Теперь эти аудиозаписи звучат в радиоэфире. В настоящее время идет запись очередной книги президента в исполнении Фирузи Умар».

Тарҷумаи хабар: «Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамаи шабакаҳои давлатии радиоро вазифадор кардааст, ки аз осори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қироатҳои адабӣ баргузор намоянд. Дар пахши ин радиоҳо аллакай сабтҳои аудиоии китобҳои Президент садо додаанд.

— Мо дастури дахлдори Кумитаро дар миёнаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ гирифтем, — гуфт ба «АП» директори радиои давлатии «Тоҷикистон» Фаррух Зиёев. — Ин қироатҳо бо мақсади боло бурдани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар вуҷуди ҳар як шаҳрванд баргузор мешаванд.

— Мо ҳанӯз соли 2016 ду китобро сабт карда будем: «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо садои Абдурашид Хоҷамқул ва «Забони миллат — ҳастии миллат» бо қироати Ҷонибек Асрориён. Сипас онҳоро ба «Хазинаи тиллоӣ» супоридем, — гуфт ӯ. — Ҳоло ин сабтҳои аудиоӣ аз тариқи радио пахш мешаванд. Дар айни замон китоби навбатии Президент бо қироати Фирӯзи Умар сабт шуда истодааст».

Ин усул ҳам чуноне мушоҳида мешавад нокофӣ  аз об даромад. Қаноат ҳосил накарданд. Бояд кутуби Раҳмонов аз курсии таҳсил дар мағзи мардум ҷой карда шавад. Аз инҷо буд, ки дар соли 2023 як озмунеро бо номи «Беҳтарин донанда ( хонанда)-и асарҳои Эмомалӣ Раҳмон» дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ карда аъзои ҳакамон таъсис доданд, ки маошбигир шуданд ва барои баргузории ин озмун ва ғолибони он ҳам аз ҳисоби байтулмоли давлат маблағ  ҷудо карданд. Нахустин  Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупории он рӯзи 28-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҷамъбаст гардид ва ду донишҷу аз донишгоҳ ва коллеҷ соҳиби 20000 сомонӣ гардиданд.

Ба онҳое, ки ҷои 2-юмро соҳиб шуданд, 15 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки зинаи сеюмро гирифтаанд, 7,500  сомонӣ тақдим гардид. Барои хонанда ё донандаи  беҳтарини китобҳои Раҳмонов боз як имтиёзе ҳам дода шуд. «Ғолибони озмун (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми донишгоҳу донишкада ё колеҷ барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва  маълумоти дуюми олӣ ба ихтисоси интихобкардаашон бе супоридани имтиҳон ройгон қабул мешаванд».

Дар соли 2018 хабаргузории Ховар ва Китобхонаи миллӣ феҳристи беҳтарин 50 асарро таҳия карданд, ки бояд ҳар як тоҷикистонӣ ва тоҷик онҳоро бихонад, ки дар се ҷои аввали он:

Эмомалӣ Раҳмон — «Чеҳраҳои мондагор» (очеркҳои портретӣ-чеҳранамоӣ)

Эмомалӣ Раҳмон — «Тоҷикон дар оинаи таърих». Аз Ориён   то Сомониён ( насри таърихӣ    иборат аз 4 ҷилд, (дар соли 2016 ба муносибати ҳамин китоб дар Ҳисор ҳайкал гузоштанд)

Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» (очерки илмӣ-оммавӣ) ҷой гирифт  Дигар, масалан “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баъди он, Шоҳномаи Фирдавсӣ баъди он. Яъне осори Раҳмонов муфидтар боарзиштар аз Шоҳнома, Тоҷикон ва ҳар китобе дигар аст.

Дар охир чи гуфтаниам

Сад дареғ, ки ҳамин гуна донишманди мутабаҳҳир ва академисияни беунвон чиҳил соли умри худро дар даруни ҷӯяҳои пахтаву фермаи совхози Ленини Данғара беҳуда сарф кардааст. Ҷомеаи Тоҷикистон аз таълифоти ҷовидонӣ ва безаволи ӯ, аз донишу хиради азалияш, аз чакомаҳои илмиаш бештар баҳраманд мешуд. Ҳамин ҳоло ҳам дер нашудааст. Беҳтар ин буд, ки мусоидат кунанд биравад ва курсиро бисупорад. Ҳамчуноне, ки Бобоҷон Ғафуров ба манзури навиштани таърихи халқи тоҷик курсии роҳбари аввали Тоҷикистонро раҳо кард. Ҳайф аст ки ин ҳама донишу ақлу хиради дар сари Раҳмонов ҷамъшуда ба халқ ногуфта ва дастрас ношуда бимонад.

Пириву навиштан дигар. Тамоми заҳамоти китобнависиву китобхониаш бояд самаре дошта бошад, бояд ба ёдгор бимонад.

Рафи ҷевон аз осори дар ҷилдҳои зебову мунаққаш ва зарандуда барқ мезанад.

Э.Ш.Раҳмонов:

“Ба Шумо сулҳ меоварам”

“Тоҷикистон ва нақши он дар ҳалли масоили умумибашарӣ”

“Тоҷикистон 10 соли истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”

“Аз Ориён то Сомониён”

“Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ”

“Соле, ки ба қарнҳо баробар аст”

“Мероси Имом Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”.

Ва суханҳои пурҳикмату пурбораш, ки

“ Фарҳанг ҳастии миллат аст.

”Об аловро мекушад”.

“Барф борад ҳаво хунук мешавад”.

“Офтоби тобистон сузон аст”.

“Руз шавад аз хоб мехезем, шаб шавад хоб мекунем”.

“Китоб хонед, касал намешавед”,

“Китоб хонед асабатон ором мегирад”,на аз ҳар калаву на аз ҳар хирад, метаровад.

Ростӣ, пеши худам ин суолро медиҳам, ки ҷевонро нигоҳ карда чи мегуфта бошад:  «агар раис мешудаӣ, нависанда мешудаӣ, олим мешудаӣ, муаррих мешудаӣ, ҳама чи мешудаӣ.

Бубин, ҳатто якташа вазир кардам драмматург шид, шоириш кам буд, ки спектакл менависад. Як ҳукумате сохтам, ки аҷоибот шуд. Хоҳ бовар кунед хоҳ не Ғаффор Седой ҳам зашита карда кандидат наук шуда буд. Ёқуб Салим ҳам китоб навишта буд. У солҳо ба назарамон чум чи метофт. Фигр мекадум, ки тамоми ақли дунё дар сари ленинободиҳо.  Вақте гав мезаданд, мегуфтум, ки хай ақл доранд, ки гав мезанан: кандидат наук, доктор наук. Ҳичи гапе набудаст. Ина ҳоло Абдуҷаббор академик, Саймумин член корр, Озодаву Фарзони хумона намегуй, ҳардушам кандидат наук. Фигня будай и ҳамаш.  Қобилҷон Хушвақт Президенти Академия. Ун чизе, ки ленинаботиҳо сохта натонистанд, сохтум. Худум ҳам Ленинбобоҷон шидум: доҳии муаззам неву пешвои муаззам шидум.»

Охирсухан

Китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» моҳи октябри соли 2025 дар озмуни «Санъати китоб» дар Маскав ҷойи аввалро гирифт. Яъне сифат ва кайфияти чопи китоб ба ваҷҳи аҳсан ва зебо буд, ки чунин мақомро доданд.

Аммо ношири ин китоб чопхонаи «Бухоро»-и Душанбе, ки дар соли 2012 онро мунташир карда буд,баъдан табдили ном кард ва муассис ва молики он Шаҳобиддини Шуҷоъ, адиби тоҷик дар кадоме аз кишварҳои урупоӣ овораву сарсону саргардон аст….

Китоб навиштан бозӣ нест. Китоб умр мехӯрад, чашм месӯзонад, хобро мегирад ва муаллифро водор мекунад, ки барои як ҷумла даҳҳо сарчашмаро бихонаду муқоиса кунад.

Фирдавсӣ барои офаридани «Шоҳнома» тақрибан сӣ сол заҳмат кашид. Садриддин Айнӣ барои навиштани осораш хотираҳо, санадҳо ва зиндагии воқеии мардумро солҳо омӯхт. Бобоҷон Ғафуров барои таълифи «Тоҷикон» ба садҳо китоб, ҳуҷҷат ва сарчашмаи таърихӣ муроҷиат кард. Табарӣ ахборро бо санад ва ривоятҳо гирд меовард. Ибни Халдун танҳо китоб нанавишт, балки ҳодисаҳои таърихиро муқоиса кард, сабабу натиҷаи онҳоро санҷид ва аз ҳамин роҳ «Муқаддима»-и худро навишту он муқаддима имрӯзҳо китоби дарсӣ аст.

Ман инро аз рӯйи тахмин намегӯям. Худам то соли 2014 беш аз 117 китобро тарҷума, таълиф ва баргардон кардаам. Ман медонам, ки китоб чӣ гуна навишта мешавад ва барои таҳияи он чӣ қадар заҳмат лозим аст. Баъзан барои дуруст баргардон кардани як ҷумла чанд луғатро мекушоӣ. Барои такмил додани як мақтаи китоб маҷбур мешавӣ ба чанд манбаъ ва сарчашма муроҷиат кунӣ, матнҳоро бо ҳам муқоиса намоӣ, саҳеҳу заифро аз ҳам ҷудо созӣ ва баъд аз чандин бор таҳрир ба як натиҷа бирасӣ.

Гоҳе барои як саҳифа як рӯз ва барои як боб ҳафтаҳо вақт сарф мешавад. Муаллиф менависад, мехонад, ҳазф мекунад, дубора менависад, санҷиш мекунад ва боз таҳрир менамояд. Китоб танҳо рӯи коғаз овардани калимаҳо нест; китоб порае аз умр, дониш ва ранҷи муаллиф аст.

Аммо Раҳмонов китоб менависад! На як китоб, на ду китоб — ба номи ӯ беш аз сад китобро нисбат медиҳанд. Аз таърих то забон, аз давлатдорӣ то дин, аз Имоми Аъзам то Мавлоно, аз тамаддуни ориёӣ то масоили умумибашарӣ. Соҳае намондааст, ки гӯиё ин «донишманди ҳамадон» дар он асаре нанавишта бошад.

Дар ин миён чанд нафар ба мо гуфтаанд: китобҳое буданд, ки олимон ва муҳаққиқон дар бахшҳои гуногун навишта буданд, аммо имкони нашри онҳоро надоштанд. Баъдан номи муаллифи аслиро аз рӯи китоб бардошта, номи Эмомалӣ Раҳмоновро ҷойгузин кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба муаллифи аслӣ маблағи хуб дода мешуд ва китоб бо номи шахси дигар ба чоп мерасид.

Мо ҳоло номи ин афродро, то замони пешниҳоди санад ва ризоияти худи онҳо, нашр намекунем. Аммо агар ин гуфтаҳо дуруст бошанд, як суоли бисёр ҷиддӣ пеш меояд: ин чӣ ном дорад?

Агар як олим таҳқиқ кунад, сарчашма ҷамъ оварад, матн нависад ва тамоми заҳматро бикашад, вале номи ӯро бардоранд ва номи шахси дигарро гузоранд, оё ин плагиат нест? Оё пардохти маблағ метавонад ҳаққи маънавии муаллифро аз байн барад? Магар бо пул метавон дониш, қалам, заҳмат ва номи як донишмандро харид?

Ҳатто агар муаллифи аслӣ аз рӯи ниёз ё фишор розӣ шуда бошад, ҳақиқат тағйир намеёбад: касе, ки китобро нанавиштааст, ҳақ надорад худро муаллифи он муаррифӣ кунад. Пул метавонад дастнависро бихарад, аммо муаллифӣ намеофарад. Фармон метавонад номи касеро рӯи муқова гузорад, аммо ӯро донишманд намекунад.

Мушкили асосӣ танҳо дуздидани як китоб ё номи як муаллиф нест. Мушкили бузургтар сохтани як шахсияти қалбакии илмӣ бо истифода аз имкониятҳои давлат аст: дигарон менависанд, чопхонаҳо чоп мекунанд, вазоратҳо таблиғ мекунанд, радиоҳо мехонанд, мактабу донишгоҳҳо меомӯзанд ва ҷоизаҳо низ ба ҳамон ном дода мешаванд.

Агар ин китобҳоро худи Раҳмонов навишта бошад, дастнависҳо, манбаъҳо, тарҳҳои аввалия ва раванди таҳияи онҳоро нишон диҳанд. Агар дигарон навишта бошанд, номи муаллифони аслиро барқарор кунанд. Таърихро метавон муддате бо унвону таблиғ фиреб дод, аммо барои ҳамеша не.

Китобро бо пул чоп кардан мумкин аст, аммо муаллифиро харидан намешавад. Номро рӯи муқова гузоштан мумкин аст, аммо донишро ба сар ворид кардан намешавад.

Давом дорад…….

Сообщение Раҳмонов аз манзаре дигар…. появились сначала на ISLOH.net.

Аз як дипломи ғоибона то «доктори ҷаҳон»: коллексияи академии Эмомалӣ Раҳмонов
17 сентябр дар Кореяи шимолӣ эъъ мебахшед дар Кореяи ҷанубӣ боз як саҳнаи ошно такрор шуд: либоси академӣ, вале бидуни кулоҳи докторӣ, диплом дар даст ва аксҳои хотиравӣ. Ин дафъа Шӯрои илмии Донишгоҳи Корея Эмомалӣ Раҳмоновро бо унвони доктори фахрӣ сарфароз кард.

Аммо агар аз ин ҳама либосу унвонҳо ба оғози роҳи таҳсилии ӯ баргардем, манзара хеле сода аст. Эмомалӣ Раҳмонов соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона бо додани пора ва қурут , шир ва пулҳои аз равғандуздии заводи равғани Қурғонтеппа ба дастовардаашро дода ва хатм кардааст. Ҳатто хабаргузории давлатии «Ховар» дар зиндагиномаи ӯ ҳамин шакли таҳсил — «ғоибона»-ро зикр мекунад.

Яъне, дипломи асосии донишгоҳӣ — иқтисодчӣ. Баъд аз он, бахусус дар давраи президентӣ, дипломҳои фахрӣ яке паси дигар  мисли оилаи пеш пинҳон будааш пайдо  шудаанд.

Соли 2006 — доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии Туркия.

Соли 2008 — доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев.

Соли 2009 — доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия.

Соли 2012 — боз Туркия: доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлоно.

Соли 2015 — Покистон: унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам.

Соли 2018 — Озарбойҷон: доктори фахрии Академияи дипломатӣ (ADA).

Ҳамон соли 2018 — Ҷопон: доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба.

Соли 2022 — Миср: доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира.

Ва акнун, соли 2026 — Кореяи Ҷанубӣ: доктори фахрии Донишгоҳи Корея. Рӯйхати то соли 2022 дар зиндагиномаи расмии ӯ омадааст ва унвони Корея 17 сентябри 2026 ҳам ба он илова шуд.

Ҳисоби одӣ: ҳадди ақал 9 унвони докторӣ ё доктории фахрӣ дар 8 кишвари хориҷӣ — Туркия, Украина, Русия, Покистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Миср ва Кореяи Ҷанубӣ. Туркия ҳатто ду бор ба ин «коллексияи докторӣ» саҳм гузоштааст.

Ва ин ҳанӯз тамоми коллексия нест. Дар канори «доктор» профессорҳои фахрӣ ҳам кам нестанд: Маскав, Урал, Беларус, Малайзия, Чин, Туркманистон, Уфа, Брюссел… Танҳо моҳи майи соли 2026 Донишгоҳи Пекин ба Раҳмонов боз унвони профессори фахрӣ дод.

Ҳамин ҷо як нуктаи муҳим аст: доктори фахрӣ PhD-и илмӣ нест. Барои чунин унвон ҳатман чанд соли докторантура хондан, рисолаи илмӣ навиштан ва онро ҳимоя кардан шарт нест. Донишгоҳ онро ҳамчун унвони ифтихорӣ тақдим мекунад. Дар мавриди Раҳмонов ҳам бисёре аз ин унвонҳо маҳз зимни сафарҳои расмии давлатӣ дода шудаанд.

Пас тарҷумаи ин манзара ба забони сода чунин мешавад:

Таҳсил — як дипломи иқтисодӣ, ғоибона ва он ҳам дар 30 солагияш, пирбузбала шуд диплом гирифт
Сафарҳо — Туркия, Украина, Русия, Покистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Миср, Корея.
Натиҷа — доктор, доктор, боз доктор…

Гӯё дипломатияи хориҷӣ як бахши нави кори худро пайдо кардааст: аз фурудгоҳ ба қасри президентӣ, аз қаср ба донишгоҳ ва аз донишгоҳ — бо як либоси академӣ ва унвони нави фахрӣ ба Душанбе.

Аз диплом то дан: вақте «пешво» шуди ба «камарбанди сиёҳ»- ҳам мерасӣ

Агар ҳамин суръат идома кунад, масъала дигар ин нест, ки Раҳмон чанд доктори фахрӣ дорад. Савол ин мешавад, ки кадом сафари хориҷӣ ҳанӯз бе докторӣ мондааст?

Коллексия бо докториву профессор тамом нашудааст. Дар Кореяи Ҷанубӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто бо либоси таэквондо, камарбанди сиёҳ ва сертификати фахрии DAN ҳам акс гирифт. Яъне пас аз дипломҳои иқтисодӣ, докториҳои фахрӣ ва унвонҳои профессориву академӣ, навбати «устоди размӣ» ҳам расид. Акнун коллексия қариб мукаммал аст: диплом ҳаст, докторӣ ҳаст, профессор ҳаст, камарбанди сиёҳ ҳам ҳаст — танҳо мондааст барои ҳар сафари нав як ихтисоси нави фахрӣ пайдо кунанд. Бо ҳамин суръат, шояд дар сафари баъдӣ дигар напурсем «чӣ созишнома имзо шуд?», балки бипурсем: «ин дафъа пешво кадом диплом ё камарбанд гирифт?»

«Осорхонаи унвонҳо, дипломҳо ва камарбандҳои Пешво».

Дар даромадгоҳаш ҳам мумкин аст чунин навишта шавад:
«Лутфан ором бошед — дар ин ҷо таърих не, коллексия нигоҳ дошта мешавад».

Ва шояд бузургтарин танзи рӯзгор ҳамин бошад: миллате, ки ба адолат, озодӣ ва пешрафт ниёз дорад, ҳар рӯз ба ҷойи натиҷа — унвон тамошо мекунад. Ба ҷойи ислоҳот — диплом. Ба ҷойи ҷавобгарӣ — акс. Ва акнун ба ҷойи сиёсат — камарбанди сиёҳ ва семейкаи бе карони пешвои таэквондоистро мебинему зиқ мешем…

Сообщение Аз як дипломи ғоибона то «доктори ҷаҳон»: коллексияи академии Эмомалӣ Раҳмонов появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов аз манзаре дигар
«Мастерок» аз Душанбе, «Ҷумъабозор» аз Хуҷанд: як шеваи тасарруф

«Мастерок»,мағозаи бузург (супермаркет)-и масолеҳи бинокорӣ ва таҷҳизоти рӯзгори Раҳими ғармӣ, ки дар маҳаллаи Зарнисори Душанбе воқеъ буд, аз тарафи Бег Сабур, яке аз қудоҳои сершумори Эмомалӣ Раҳмонов тасарруф гардид.

«Ҷумъабозор»-и Хуҷанд, ки ба як соҳибкори маҳаллӣ тааллуқ дошт аз тарафи ширкати домсози «Асри ман» бо иҷбор гирифта шуд. «Асри ман» ширкате дар Душанбе аст, ки гуфта мешавад аз они дӯстони Рустами Эмомалист.

Агар чанд соли пеш танҳо аъзои хонавода ин корро мекард, ҳоло дигар хешони дур ҳам ба ин ғасбу тасарруф даст заданд.

Мавориди ғасбу тасарруфи ширкату тиҷорату корхонаҳо, ки тавассути оила ва наздикони Раҳмонов сурат мегирад, марҳалаи наве дар раванди ғорати сармояи дигарон аст, ки аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ва авлоду ақориби вай ба амал меояд. Кореро, ки худи Раҳмонов ва аъзои хонаводаи вай асос гузошта бузургтарин манобеъи иқтисодиву молиявии кишварро тасаллут ва тасоҳуб карданд, имрӯз хешовандон ва ҳаммаҳалаҳояш дар саросари Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Яъне Раҳмонов иқтидори сиёсӣ ва ҳокимиятро василаи бойшавии худ ва наздиконаш қарор дода роҳи ғорату дуздии мардум ва сарвату дороиҳои мамлакат барои оилаи худ ва наздиконашро ҳамвор кардааст.

Раҳмонов аз манзаре дигар

(қисми аввал)

Бо баргузории ҷашни сивупанҷумин солгарди Истиқлол бо издиҳоми беш аз садҳазорӣ Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳад бигӯяд, ки ин ҳама баёнгари тарафдорӣ аз сиёсатҳои ман ва нишони меҳру муҳаббати мардум ба шахси ману ҳукумати ман аст.

Э. Раҳмонов мисли соири худкомаҳои бехудшуда дар қудрат ташвиқу таблиғи осмонӣ, лофу газоф, воҳимаву дабдабаро барои таҳкими ҳокимият муҳим меҳисобад. Ин издиҳом дар тафсири Э.Раҳмонов чунин аст ки «дар зери сояи давлати ман мардум чи қадр хушҳолу розианд, ки 100, 101 ё 99 ҳазор шуда барои ман тавлаку думбра мезананду рақсу бозӣ мекунанд». Ҳамин аст ки ҳарчи бештар воҳимаву валвала, гундаву барҷаста ва муҳташаму ғайриодӣ мекунад.

Аммо вақте аз миёни тӯдаҳои мардум дар ин сивуанд сол ҳатто як нафар дар нисфи Ҳасан Асадуллозода нарасид, ҳатто як ширкате дигар монанди «Фароз» ё «Авесто» пайдо нашуд бар садоқату самимияти иштироки ин садҳазор таҳти савол меравад.

Хонанда ва тамошобини бозаковату боҳуши «Ислоҳ»! Ин бор ҳам аз Э.Раҳмонов хоҳем гуфт. Чунки аз 35 соли даврони истиқлол 34 соли он бо Раҳмонов гузаштааст. Тамасхур, тасодуф ва бозии қисмат ин буда, ки нафаре, ки муқобил буд, ҳоло шудааст муҳофизи истиқлол.

«Ислоҳ» панҷ соли пеш, дар робита ба сисолагии ҷашни Истиқлол риштагузоришеро таҳти ин унвон«Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор» (https://isloh.net/14773/si-soli-istiqlol-bo-jak-diktator) дар шаш бахш таҳия ва тақдим карда буд.

Ин бор бахшида ба сивупанҷумин солгарди Истиқлол қарор бар ин шуд, ки силсилаи дигареро пешкаши шумо гардонем. Вале ин бор Раҳмонов аз манзар ва зовияе дигар ба тасвир кашида шудааст. Ин ба он маъно нест, ки шиштаву Раҳмонови дигар сохта ва эҷод карда бошем. Ин ба он маъност, ки Раҳмоновро аз манзар ва дидгоҳи як инсон гуфтем. Инҷо низ мехоҳем намехоҳем ба кору фаъолияти вай мудохала мешавад, аммо бештар тамаркуз, таваҷҷӯҳ, болои инсоният ва одамияти Э.Раҳмонов аст. Ҳамчун як инсони ба гуфтаи худаш «деҳқонбача»,ки «дар авлодаш касе дипломдор ҷуз худаш надорад», як акаи тракторчӣ дораду тамом (ин акааш солҳо баъд фермери бузург, тоҷири пулмаст, духтарбоз ва началник отделкадри ғайрирасмии Раҳмонов шуд),то куҷо деҳқонбачагии худро нигаҳ дошт? Як нафаре, ки тӯли ин беш аз се даҳа қудрат ва ҳокимиятро дар ихтиёр дорад, тавонистааст инсоният ва одамияти худро ҳифз кунад ва ё ба як мошинаи (оҳан)-и беруҳу беҳис бадал шудааст.

Ба пиндори мо дар вай инстинкт (ғариза)-и ҳайвонии як инсон бештар таборуз ва таъарруз кардааст ва ҳар чи аз тағзияву ризқи умум, мансуби мардумро мисли як дарранда кандаву гирифтаву бо худу галаи худ бахшу тақсим карда истодааст.

Мо ин силсиларо «Раҳмонов аз манзаре дигар» ном гузоштем.

Як мақоли тоҷикӣ ҳаст, ки мегӯяд: «осиёб, ки даромадӣ, гардолуд мешавӣ». Ва ин мақол дар оини нафароне амсоли Раҳмонов фалсафа ва моҳияти зиндагиашон аст. Хуб, бошад! Аммо вақте осиёб дароиву ҳамаро бигириву осиёбонро берун андозиву ҳатто нагузорӣ гарде ба дигарон насиб нашавадро чи метавон гуфт?

Мисли офтоб рӯшан аст, ки ин издиҳоми садҳазорӣ, ки Душанберо ба ларзаву воҳима меандозад, барои хушиву хушнудии ҳамин як кас, як касе, ки осиёбро ҳам гирифту гарди онро ҳам ташкил шудааст. Ҳамин як касро бояд хурсанду хушҳол кард. Худи ин садҳазор чи проблема ва чи мушкил дорад, гарде ба вай ҳам хоҳад расид ё хайр, қатъан аҳамият надорад. Аҳамият ва муҳиммияти ин таҷаммӯъи садҳазорӣ фақат барои ҳамонест, ки гуфтем осиёбу гарди осиёбро тасоҳуб кардааст.

Чаро маҳз садҳазор? Масалан чаро 10, 20, 30, 50, 60, хуб бигӯем 90 ҳазор неву маҳз садҳазор? Бале, бояд гунда кунад, баландтару баландтар ҷеғу фарёд занад, таблу нақора бикӯбад, барҷаставу барҷастатар созад, думбраву сурной навозад, тавре намоён кунаду намоиш диҳад, ки нӯҳ фалак  дар тарокум ва таҳлука афтад.

Аммо дар ин васат ҳиҷ оҳоде аз инҳо, не Ҳасан, на Сомон, на Шамсулло дар ин «маршировка», ки болои гардан портрети Раҳмоновро дошта бошанд, ба назар намеоянд. Раҳмонову Рустаму Озода дар болои минбаранд.

Дар майдон онҳо, ки аз садҳазор афзунтаранд, аблақу азрақу қирмизу қатрон ва атласу адрас пӯшидаанд, соқу соид намоён, пешобағалҳову сару гарданро бараҳна кардаанд, дар асл эҳтиёҷ ба гарди осиё доранд, осиёбе, ки гуфтем Раҳмонов аз худ кардааст.

Паси саҳнаи ҷашни 35-солагии истиқлол

Аммо воқеияти ин мамлакат дигар аст. Воқеият оне нест, ки ин издиҳоми ғулғулафкан ба намоиш мегузорад. Воқеиятро дар ин навишта ва дар ин наворҳову филми мо мебинед.

Ин бор навиштаи мо дар панҷ қисмат омода шудааст. Дар қисмати аввал хоҳем дид, ки чи гуна як нафар,ки дар миёни мардум буд( раиси совхоз,на аз элита ҳокими вақт)бо гардиши чархи каҷрафтор раиси ҷумҳур шуд, зарфият, иқтидор ва зӯри бозуи давлатро барои ғасбу тасарруф истифода карда ончики ин мамлакат дорад, ба бастагони худ бахшу қисмат кардааст.

Бешак, то ин муддат ҳам дар бораи Раҳмонов кам нагуфтаанду мо низ кам нагуфтаем. Ҳеҷ ҷойи ободиаш намонд. Аз мансабфурӯшӣ, аз порагирӣ, аз маҳалгироиву авлодбозӣ, аз ғасбҳои рейдерӣ, аз куштору ба зиндон андохтани рақибони сиёсӣ, аз динбезорву масҷидбандӣ, хуллас, аз хеле аз кору кирдори вай гуфтем, аз ҷумла дар ҳамон риштаматолиби «Сӣ соли истиқлол бо як диктатор».

Агар дар солҳои қабл манбаъи даромади Раҳмонов, (дигар кайҳо деҳқонбачагии худро фаромуш карда буд)ғасби тиҷорати дигарҳо, корхонаву ширкатҳо, масалан корхонаи тавлиди алюминий-Талко, фурӯши захираҳои табиӣ ба хориҷиҳо, масалан хитоиҳо, бонкҳо, пахта, неруи барқ, мансабу курсиҳо дар ҳукумат ва амсоли инҳо, то бозорҳову то корхонаҳои коркарди пахта (хлоппункт), осоишгоҳҳо (санаторияҳо) ва ғайра, мунтаҳо иқтисоди гардону дар ҳоли ҳаракат буд, дар ин авохир шурӯъ кардааст ба тасарруфи байтулмол-хазинаи давлат. Чун дигар ҳамачиро, ки даромад дошту фоида меовард, манобеъи пул буд, масалан корхонаи спиртбарории Исфара, корхонаи дузандагии «Гулистон»-и Душанбе, нуриҳои минералии Ёвон, сангҳои гаронбаҳои Бадахшон, тамоми автозаправкаҳо дар шаҳри Хуҷанду атрофи он ва амсоли инро гирифт, тамоми тиллову нуқраву биринҷиву қалъагиву урану волфраму молибдену, хуллас, ҳама моддаҳои ҷадвали Менделеев, ки дар қаъри куҳҳо (хуни ҷигари куҳҳо)-и кишвар буд бо Хитой ва Талко -групп, Талко- голд, Талко -кемикал, ки соҳибашон Ҳасани ишкамба додарарӯсаш аст, гирифт, конҳои ангишти Қаротегину Айниву Масчову Исфараву Панҷакент ҳам барои ин оила хизмат мекунад ва ҳоло, ки ҷойе барои ором кардани нафси амморааш намонд, бюҷети мамлакат ва кафолати ҳукуматро ҳадаф ва василаи ғасби сарват қарор додааст. Ин ба он маъно аст ки Раҳмонов дар амри тасарруфу тасоҳубу тасаллут уфуқҳои наверо боз карда истодааст.

Дар ҳоли ҳозир Э.Раҳмонов аз гузашта бештар, зарфият, имконият ва кафолати давлату ҳукуматро барои бойшавии оилааш ва махсусан Рустам истифода карда истодааст. Қасди Раҳмонов ин аст, ки Рустам дар курсии президентӣ ҳамчун як мултимиллиардер биншинад, на мисли худаш, ки бо костюми аренда ҳукумат гирифта буд. (Як пар костюму брюкро аз военторги Термез ҳам пушонида буданд).

Раҳмонов ба таври расмӣ, бо санади ҳукумат ва бо тасвибу таъйиди парлумон барои Рустам миллионҳову миллиардҳоро аз ҳисоби байтулмол-бюҷети кишвар вогузор карда истодааст.

Масалан Раҳмонов аз номи ҳукумат қарор содир мекунад, ки «дар доираи ҳамкории ҳукумат бо бахши хусусӣ ва бо ҳадафи дастгирии соҳибкорони ватанӣ барои сохтмони фермаи мурғу гови «Мармарӣ» -и Рустам дар Данғара 100 миллион доллар сармоя мегузорад». Парлумони Тоҷикистон бошад билофосила онро тасвибу таъйид мекунад. Аммо парлумон суол намекунад, ки чаро ҳукумат маҳз барои «Мармарӣ» сармоя мегузорад? Ба ягон корхона ва ё ширкати дигар намедиҳад?

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ».

Ин тавр гумон накунед, ки ҳарфи муфт гуфта бошем. Далели мувассақ ва муваҷҷаҳ меоварем, ки Раҳмонов барои Рустам пули бюҷетро бебаркаш арзонӣ дошта истодааст.

«7уми июни 2019 байни ширкати Авестогрупп ва ҳукумати Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон барои ба Авестогрупп ҷиҳати сохтмони корхонаи истеҳсоли нӯшоба ва машруботи «Сиёма» 10 миллион доллар ҷудо мекунад».

Ин созишнома дар ҳамин сана аз тарафи Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.

Ҳоло барои худ суол кунед, ки раиси ҳукумати Тоҷикистон кӣ асту молики Авестогрупп кист?

Ва боз як мисоли конкретии дигар:

« Дар майдони 37 гектар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ширкати “Кристалл Грин Гласс” шаҳрчаи саноатӣ месозад. Дар ин замина байни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Корхонаи истеҳсоли шиша бо сармоягузории 120 миллион доллар, баробар ба як миллиарду 200 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад, ки « аллакай байни Ҳукумати кишвар ва корхонаи “Кристалл Грин Гласс” барои ин, созишнома ба имзо расидааст. Дар ин хусус масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд».

Фикр мекунед ин соҳибкори бо дилу гурда кист,ки 37 гектар замин дар Душанберо метавонад бигирад,дар ҳоле,ки ҳар сотихи он аз ҳазорон доллар боло нарх дорад ва гузашта аз ин ҳукумат барои иҷрои нақшаву барномаи вай як миллиару 200 миллион сомонӣ сармоя мегузорад?

Бар пояи маълумот аз манобеъи муътамад корхонаи “Кристалл Грин Гласс” тавассути нафарони Авесторупп идора ва назорат карда мешавад.

Воқеият ин аст ки  ин ҳотамӣ, ин қорунӣ, ин валинеъматӣ, ки Раҳмонов барои Авестогрупп карда истодааст, фақат ва фақат барои Рустам аст. Бубинед, ки танҳо бо имзои ду созишнома (худо донад, ки теъдоди ин гуна созишномаҳо чи қадар бошад) ҳудуди якуниммиллиард сомонии бюҷет ба ҳисоби ширкати Рустам сарозер мешавад. Инҷо ба ин нукот, ки ҳади ақал даҳяки ин пулро барои дигарҳо медод, чи мешуд ва дигар ин ки ин ҳотамӣ ва дасти кушоди Раҳмонов, ки аз ҷайби худаш, ки нест, аз ҳисоби бюҷет, байтулмоли давлат, ҳам мутаваҷҷеҳ бишавед, ки мо беҷиҳат ва бефакт нагуфтаем. Дар ҳақиқат дузди асосӣ ва дузди рақам,№1-и Тоҷикистон худи Раҳмонов аст ва ин хислат ва хӯи зотиву аслии худро ба Рустам омӯзонида истодааст. Албатта, пурсишу саволҳои дигар ин аст ки оё аз ин пулҳо Рустам ва худи Раҳмонов чи қадарашро медузданд? Магар ягон ниҳоде метавонад, ки инро бисанҷад? Дақиқан, ки наметавонад.

Аммо ҳама чиз бо ин чанд ҳолату мавориди дуздиҳои наву расмии Раҳмонов барои мултимиллиардер кардани Рустам ба поён намерасад. Раҳмонов ба унвони як қаллоб ва афиристи давлатӣ аз давлатҳои хориҷӣ, масалан аз Хитой барои ширкату корхонаҳои Рустам маблағҳои бузург гирифта онро ҳамчун қарз дар гардани ҳукумат бор мекунад. Қарзи Хитойро ширкату корхонаҳои Рустам дарёфт мекунанду гарантӣ ё кафолати бозгардони онро ҳукумати Тоҷикистон бар зима мегирад. Ба ин хабар мутаваҷҷеҳ бишавед:

«Дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе ба Хитой,ки аз 20 август то 23 соли 2023 сурат гирифт 11 санад ба имзо расид, ки бештари онҳо ба шаҳри Душнбе ва корхонаву ширкатҳои Рустм марбут аст. Аз он ҷумла ин созишномаҳо:

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»;

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид бо иқтидори 300 ҳазор дар як сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Ин созишномаҳо даҳҳо миллион доллари қарзро бо гарантияи ҳукумати Тоҷикистон аз Хитой ва ширкатҳои он ба ихтиёри Рустам ва ширкатҳои он қарор додаанд.

Тафсиру ташреҳи ин уфуқҳои нави қаллобиву дуздиҳои Раҳмонов ғайримкон аст, чун аз сафаҳоти китобҳои «навишта»-и Раҳмонов бештар мешавад. (Зимнан,бахши баъдии ин риштагузориш дар бораи “асарҳо”-и Раҳмонов аст). Ин ҳама маблағҳои бузургу беҳисоб, ки Раҳмонов аз ҳисоби бюҷети мамлакат ва бо кафолати ҳукумат ба Рустам медиҳад, чи маъно дошта метавонад?

Яъне ҳама чиз, ҳама дору мадор барои Ҷаноби олӣ ва хонаводаи вай аст? Яъне ин аст ки шумо хап кунед, лому мим нагуед. Ҳамаи чиз аз ман аст. Ҳар навъе бихоҳам распределят мекунам. Шумо знукатон набарояд, шумо ғулому канизу бардаед. Ин ману  Рустаму Озодаву….рулеват мекунем. Шумо бара, буз, гуспанд, бузғола, гусола, гов, хар, асп ҳастеду мо раис, чупон, даҳмарда ва подабонем?

Садҳазори шумо, дар пеши ману Рустам Озода тансеват мекунед, шагат мекунед, мо аз шумо баланду болоем, шумо дар таги пои мо ҳастед. Мо шуморо суворӣ кардаем.

Мардум беҳуда ин саволро намедиҳад, ки чаро Ҷаноби олӣ Исмати дулик ( Исмат Абдуллозода,раиси собиқи фурудгоҳи Душанбе) дӯст ва ҳамсинфи Азизмои газетхонакро, ки як миллиарду сесад миллиони давлатро дуздид, озод кард, ҳатто сари суд набурд, аммо Иззат Амонро барои гуё напардохтани ҳамагӣ 200 сомонӣ 9 сол зиндон кард ва боз ҷинояти содирнакардаеро бораш карду муҳлати ҷазоро ба 16 сол расонид?.

Чаро Раҳмонов калаю пуст барои Рустам зада истодааст? Агар ончиро, ки барои Рустам ва оилааш кард, барои халқ мекард, вазъи халқ мисли вазъи оилааш мешуд? Раҳмонов ҳамеша халқро дар пастӣ ва фақр ниёзмандӣ нигоҳ медорад?

Раҳмонов ин ҳама маблағҳои бузургро, ки аз они халқ аст чаро бебаркаш ба Рустам медиҳад? Чаро ҳукумати Тоҷикистон, яъне Э. Раҳмонов ба ягон ширкати дигари ғайри оила сармоя намегузорад?

Ба ягон соҳибкори дигари ватанӣ Раҳмонов ҳозир аст ки аз пойтахти кишвар 37 гектар замин ҷудо кунад?

Чаро дар ин 11 созишнома, ки бо кафолати ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид фақат ширкатҳои марбути Рустам ҳаст?

Ширкати «Азот»-ро, ки дар ин созишнома исмаш тазаккур мешавад, яъне корхонаи собиқ нуриҳои азотии Вахш дар соли 2021 дар як музоядаи ҷаълӣ ва дурӯғӣ Рустам гирифт. Ин корхонаро дар гузашта соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид комилан навсозию гардон карда ва тавлидоташро ба қаламрави СНГ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо бароварда буд.

Хуб, ҳоло,ки дигар ин факту рақамҳоро,ки гирифтед, шояд бипурсед,ки яъне чӣ?

Яъне инки сармоягузории ҳукумат ба ширкатҳои Рустам навъи дигари тасарруфу ғасби дороиву манобеъи халқи тоҷик аз тарафи Раҳмонов аст.

Раҳмонов фарзанди содиқи халқи тоҷик нест, онгуна, ки чоплусону маддоҳонаш ба қалам медиҳанд. Раҳмонов сипару ҷавшани оилаву авлодаш аст.

Бубинед, як факти ҷолиби дигар. Дар миёни ҳудуди 200 нафар аз онҳо, ки ба муносибати ҷашни сивупанҷсолагӣ мукофоти давлатӣ гирифтанд Рустами Эмомалӣ танҳо нафаре аст ки орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ гирифт. Ин ҷоиза, чуноне дар расонаҳо гуфта шуд ба роҳбарони давлату ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон тақдим мешавад, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд. Раҳмонов чанд соли қабл ба Рустам нишон ё ордени Зарринтоҷ дода буд. Бинобар тағйир дар қонун нафарҳое, ки барандаи ду ҷоизаи давлатӣ мешаванд, маоши онҳо дукарата пардохт карда мешавад.

Ва, аммо бо ин ҳама фароҳамсозии шароит барои мултимиллиардерсозии Рустам аз ҳисоби пули байтулмол, бюҷети давлат ва гарантияи ҳукумат хотима намеёбад. Э. Раҳмонов ба унвони як дузд ва ғоратгари бузурги ботаҷриба Рустамро бо имтиёзҳои саршори ҳукуматӣ ҳам таъмин кардааст. Ин имтиёз (лготҳои расмӣ) амалан як даричаи дигар барои дуздии пули бюҷет аст.

Боз ҳам брмегардем ба «Мармарӣ»

Дар соли 2021, ҳукумати Тоҷикистон ин ширкати азимро барои ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Тибқи феҳрасти ҳукумат, «Мармарӣ« метавонад, аз ҷумла 40 трактор, 40 комбайн, 20 мошини борбар, 10 мошини обкашон, 120 ҳазор тонна пунба, ним миллион тонна хӯроки мурғ, 450 ҳазор тонна тухми зағер, 540 ҳазор тонна тухми рапсро бе ҳеч гуна пардохтҳо ба буҷет ба кишвар ворид кунад.

Дар ин санад миқдори пуле, ки буҷети кишвар аз ин қарори «саховатмандона»-и ҳукумат ба ширкати хусусии «Мармарӣ» бой медиҳад, зикр нашудааст. Ба арзёбии чанде аз брокерони гумрук, ки бо ин феҳраст шинос шуданд, боҷи гумрук ва андози ин миқдор молу таҷҳизот беш аз 20 миллион сомонӣ буда метавонад».

Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти

андоз аз фоида;

андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

андози замин;

андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.

Ҳоло бингарем, ки барои Рустам боз чи гуна имтиёзҳои ҳукуматиро Раҳмонов арзонӣ доштааст. Бинобар додаҳои интернетӣ ва навиштаи расонаҳо,аз ҷумла «Озодӣ» то омадани Рустам ба шаҳри Душанбе «имтиёзҳои хос ва буҷаи бештар ба ҳукумати ноҳияи Данғара дода мешуд». Ба навиштаи расонаҳо, буҷаи он ба буҷаи 13 ноҳияи дигари вилояти Хатлон баробар буд. Акнун таваҷӯҳи хос ба Душанбе тамаркуз ёфтааст.

Бино бар омори расмӣ, чунин имтиёзҳои фаровон ба шаҳри Душанбе пеш аз таъин шудани Рустами Эмомалӣ дода намешуданд. Аз ҷумла, соли 2016, як сол қабл аз раиси шаҳри Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ, ҳукумат фақат воридоти нақлиёти мусофирбар, мазут барои “Маркази барқу гармидиҳӣ” ва масолеҳ барои сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” аз пардохти андоз озод шуда буд. Ҳамчунин, имсол барои Федератсия футболи Тоҷикистон сабукӣ додаанд. Ҳамин тавр, ФФТ ва дастаҳои футбол фақат ними андоз аз молу мулкро месупоранд. Инчунин, мураббиёну бозигароне, ки аз хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба андозаи 50 дарсад озод ҳастанд.

Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, 15-уми феврал гуфт, бар асоси Кодекси нави андоз, имтиёзҳои андозии иловагӣ наметавонад аз 5 сол зиёд давом кунанд. Вале дар мавриди шаҳри Душанбе ва баъзе аз ширкату ниҳодҳои наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон ин қоида амал намекунад. Аз ҷумла, имтиёзҳои озодӣ аз андозу пардохтҳо барои сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” беш аз 15 сол боз идома доранд ва соҳаҳои хеле дуртар аз бинокориро низ фаро гирифтаанд.

Додани сабукӣ барои шаҳрдории Душанбе ягона имтиёзи ҳукумат барои Рустами Эмомалӣ Раҳмон нест. Соли 2017 бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 48 вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончанҳои варзишӣ бунёд кунанд.

Ҳатто идораву вазоратҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеч рабт надорад, дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдони бозии кӯдаконро бунёд карданд. Инчунин ҳукумати вилояти Суғд вазифадор шуд, ки Боғи ба номи Садриддин Айниро бозсозӣ кунад ва онро моҳи ноябри соли 2017 ифтитоҳ карданд. Бо пули ҳукумати вилояти Хатлон Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанберо навсозӣ карданд».

Чуноне мебинем Раҳмонов дар оқибати кор идораи нафси худро комилан аз даст додааст. Ба унвони як инсон низ,таҳаввул ва тағйироти ҷиддӣ дар Раҳмонов таборуз кардааст.Вай дигар як инсон ва як одам нест. Саволи вай ба аксарияти мансабдорон ин аст, ки ин қадар сол кор кардӣ, чи дорӣ? Фалсафа ва моҳияти зиндагии шасӣ ва ҳукуматдориаш ҳам ҳамин шудааст. Вай ба як монстр ва ба як ғул ва ба як динозаври давраҳои дури дур бадал шудааст. Ба гумони ғолиб бо ин нафсе, ки дорад Раҳмонов ё дар сари дастурхон ё дар халоҷо ҷонаш ранги бодшиканӣ мебарояд.

Ҳузур ва ширкати даҳҳо ҳазор (фақат дар Душанбе 100000 донишҷуву хонандаҳои муассисаҳои таълимӣ) дар тамоми қаламрави кишвар барои роҳпаймоӣ ва режаравӣ ба муносибати 35умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки тамоми ду моҳи дарози тобистон машқу тамрин карданд, бинобар хабарҳои расида то кунун 15 нафар кушта доштааст.

Аммо, аз онки аз як рустои Муллобарот то маркази Рашт 80 гулдухтарҳову бачаҳои мактабхон болои портер мехамбанд мижаи Раҳмонов хам намехурад. Вай бояд ҳарчи бештар ҷилва,  воҳима ва ҳангома кунад. Як базми осмонкаф, як ҷашне баргузор созад, ки ҳамаро моту мабҳут кунад. Тавре нишон диҳад, ки чи қадар вай ва халқ бо ҳам наздиканд ва барои ҳамин аст ки ин ҷашни пурзарқубарқу пуртаҷаллӣ ҳарчи қадар бузургу пурвоҳима бояд бошад. Мехоҳад тавону қудрату зӯри бозу, шаҳомат, азамат ва салобат нишон диҳад.

Дар ҳоле, ки ҳамаи ин садҳазору ҳазорони дигар бо боклашкаи чои сарду нони хушк, ки аз хонаҳояшон овардаанд рафъи гушнагӣ мекунанд ва сарулибоси аз ҳисоби худ харидаро дар рӯзи ҷашн ба бар мекунанд.

Раҳмонов ин ҳамаро барои шахси худаш мекунад. Вагарна агар барои мардум мекард, як ҷаласаи одию сода кофӣ буд…. ва «Мастерок»-и Раҳими ғармӣ моли Бег Сабури қудояш намешуд.

Охирсухани «Ислоҳ»

Сиву панҷ сол гузашт. Аммо суоли асосӣ ҳамоно беҷавоб аст: Тоҷикистон истиқлол ёфт ё як хонавода истиқлолияти Тоҷикистонро аз они худ кард?

Истиқлол он нест, ки сад ҳазор донишҷӯву хонандаро ду моҳи тобистон зери офтоб машқ диҳанд, либоси идона пӯшонанд ва барои хушнудии як нафар ба майдон бароранд. Истиқлол он нест, ки акси роҳбарро бардошта, рақсу суруд хонанд, дар ҳоле ки сарват, замин, корхона ва имкониятҳои давлат миёни гурӯҳи маҳдуде аз минтақаи муайяне ва семейкаи ба ҳама маълум даст ба даст мешаванд.

Истиқлоли воқеӣ он аст, ки соҳибкор нигарони ғасби тиҷораташ набошад; моликияти шаҳрванд дахлнопазир бошад; буҷети давлат барои тамоми мардум хизмат кунад; қонун миёни фарзанди президент ва фарзанди як деҳқон фарқ нагузорад. Истиқлол он аст ки мардум соҳиби давлат бошанд, на тамошобини ҷашнҳои он.

Пас аз 35 сол бояд пурсид: агар сарватҳои кишвар моли мардуманд, чаро мардум аз онҳо бенасибанд? Агар давлат мустақил аст, чаро ниҳодҳои он наметавонанд аз касоне, ки ба хонаводаи ҳоким наздиканд, ҳисоб талаб кунанд? Чаро барои як гурӯҳ қарз, замин, имтиёзи андозӣ ва дастгирии давлатӣ ҳаст, аммо барои миллионҳо шаҳрванди дигар муҳоҷират, фақр, қарз ва бекорӣ?

Мушкили Тоҷикистон танҳо дар он нест, ки як хонавода сарватманд шудааст. Фоҷиа дар он аст, ки давлат ба василаи сарватманд кардани як хонавода табдил ёфтааст. Вақте буҷет, қонун, порлумон, замин ва имкониятҳои миллӣ ба манфиати ворисони қудрат истифода мешаванд, ин дигар идораи давлат нест — омода кардани мероси хонаводагӣ аз ҳисоби як миллат аст.

Мардум дар соли 1991 истиқлолиятро барои он ба даст наоварданд, ки баъд аз сиву панҷ сол кишвар мисли моликияти шахсӣ аз падар ба писар гузарад. Истиқлолият мероси президент нест, ки онро ҳамроҳи корхонаҳо, бонкҳо ва курсии ҳокимият ба фарзандаш бисупорад. Истиқлолият ҳаққи миллат аст.

Аз ин рӯ, ҷашни пуршукӯҳи 35-солагӣ наметавонад ҳақиқати талхро пинҳон кунад: парчам баланд аст, аммо ҳаққи мардум поймол; саҳнаҳо мунавваранд, аммо зиндагии мардум тираву сангин; шиорҳо аз истиқлол мегӯянд, аммо сарнавишти давлат ба як хонадон вобаста карда шудааст.

Пас суол ин нест, ки Тоҷикистон 35 сол боз истиқлол дорад ё не. Суоли кӯбанда ин аст:

Оё мардуми Тоҷикистон соҳиби ин истиқлолият ҳастанд, ё истиқлолияти онҳо низ тасарруф шудааст?

Ин танҳо қисми аввали силсилаи «Раҳмонов аз манзаре дигар» буд. Интизори чаҳор матлаби дигари мо бошед. Дар онҳо парда аз паҳлуҳои дигари ин 35 сол бардошта хоҳад шуд: солҳое, ки ба номи истиқлол ҷашн гирифта мешаванд, аммо бояд пурсид — истиқлол барои миллат ё истиқлол аз миллат?

Сообщение Раҳмонов аз манзаре дигар появились сначала на ISLOH.net.

Ledy from Ғарм №6
Маршировкаи иҷбории духтарон дар Рашт: миллионҳои гирифтаи Зарина куҷо шуданд?

Ин шумораи шашуми силсилабарномаи «Леди фром Ғарм» аст. Мо моҳи майи соли ҷорӣ шумораи панҷуми ин барномаро нашр карда будем. Дар баробари ин, тайи ин муддат «Ислоҳ» чандин барномаи махсуси дигарро низ дар бораи Ғарм, вазъияти ноҳия, мушкилоти сокинон ва аъмоли масъулони он таҳия ва нашр кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама барномаҳо, ҳамоно аз ин минтақа номаҳо, шикоятҳо, сабтҳои аудиоӣ ва наворҳои зиёде ба дасти мо мерасанд.

Инак, бар асоси нома ва маводи тозаи ба «Ислоҳ» расида, шумораи шашуми «Леди фром Ғарм»-ро пешкаши шумо мекунем.

Зарина Идиева, раиси ноҳияи Рашт, маъракаи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолиятро ба як олот ва василаи фишор болои ин мардум табдил додааст. Мардуми бечора намедонанд, ки доду арзи худро ба кӣ бигӯянд. Корро то ба ҳадде душвор кардааст, ки ҳатто толибаҳои мактаб болои мошини борбари «Портер» — дар кузови мошин — чандин километр роҳи душворгузари кӯҳистониро тай карда, ба маҳалли машқу тамрин меоянд.

Гузашта аз ин, тамоми масорифу махориҷи ин маршировка бар дӯши худи толибаҳо ва волидони онҳо мебошад.

Дар матлаби зер аз ҷузъиёти ин аъмоли фашистӣ огоҳ мешавед. Инҷо як иқтибос аз суханҳои Зарина Идиеваро меоварем, ки чӣ гуна мардумро аз сиёсатҳои Раҳмонов метарсонад:

«Як ҳафта пас раис дар гурӯҳ эълон кард, ки аз деҳа 80 нафар духтари мактаб барои маршировка тайёр шаванд ва ҳамаи онҳо барои худ либоси махсуси бадахшонӣ дӯзанд, ки арзиши як либос 300 сомонӣ аст — албатта, аз пули худашон. Аз панҷуми август 80 нафар духтар ва 13 нафар шахси хизматкардаро ҳаррӯза ба маршировка мебаранд.

Аз ҷониби ҳукумат дар расонаҳо эълон шудааст, ки хароҷоти маршировка куллан аз ҷониби ҳукумат пардохт мешавад. Лекин ҳукумат ягон намуд дастгирӣ намекунад, ақаллан як қатра об ҳам таъмин намекунанд. Ҳамаи хароҷоти бурдану оварданашонро аз мардум мегиранд. Барои як рӯз бурдан ва овардани талабаҳо 800 сомонӣ фақат барои сӯзишвории мошинҳо сарф мекунанд. Шахсони мошиндор бепул онҳоро ҳар рӯз бо навбат бурда меоранд. Ба талабаҳо мегӯянд, ки бо худ як баклашка чой ва нон гиранд, то гурусна намонанд».

Зарина Идиева соли гузашта дастур медиҳад, ки мактаби деҳа ва бунгоҳи тиббии шафати онро чаппа кунанд, то дар ҷойи онҳо аз тарафи ҳукумати ноҳия мактаби нав ва бунгоҳи тиббии нав бино шавад. Аммо як сол мегузарад ва сохтмони ин муассисаҳоро ба гардани мардум бор кардааст.

Бар изофаи ин нома, ба «Ислоҳ» навори суҳбатҳои чанде аз масъулони деҳаи Муллобаротро низ фиристодаанд, ки кормандони мо онро ба матн баргардон кардаанд. Матни ин суҳбатҳои аудиоиро барои тақвияти нома дар ин матлаб ҷой додаем, то бубинеду огоҳ шавед, ки ин ҷашни 35-солагии Истиқлолият барои киҳо кайфу сафо асту барои мардум чӣ мушкилиҳо ва дарди сарҳое ба бор овардааст.

Рашт

Номаи сокини Муллобарот: мактабро вайрон карданду сохтмонашро ба гардани мардум бор намуданд

Ассалому алейкум устоди азизу гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман чанде пеш аз Ғарм, аз деҳаи Мулло Барот ду нома навишта будам. Имрӯз дар бораи зулму ситам ва ноадолатиҳои раисаи ноҳия Зарина Идизода-Леди менависам.Ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ин раиса ба асбоби зуру фишор ва тарс додани мардуми минтақа мубаддал шудааст. Бар замми ин бо ин баҳона ба ғорати мардум даст зада истодааст. Барои ин кор масъулини деҳаро ҳам таҳти фишор қарор додааст.

Барои фаҳмо шудани ин масъала аз чи гуна сар задани ин ғоратҳо мефаҳмонам.

Дар деҳаи мо сохтмони мактаби нав ҷараён дорад. Дар ин бора дар номаи пешина зикр карда будам. Мактаби деҳа, ки дар солҳои шуравӣ сохта шуда буд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Дар пайи навиштани аризаву дархостҳои зиёди мардуми деҳа ва директору муаллимон ба ҳукумати ноҳия, ки муддати 7- 8 сол давом кард, аз ҷониби давлат барои сохтмони мактаби нав 14 400000 сомонӣ (чордаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ ) яъне Яъне тақрибан 1 миллиону 557 ҳазор доллари ИМА.ҷудо шуд.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳамсояқишлоқ, деҳаи Зрангак барои хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардида «ба гуфтаи мақомот, хонаҳои аз ҷониби ҳукумат сохташударо» омода ба истифода дод, ки ҳамаи Тоҷикистон онро дар телевизион дид.

Дар асл ҳукумати ноҳия ҳар як сохтори ноҳияро барои сохтани хонаҳо вазифадор карда буд. Масалан кумитаи нозироти андоз 4 хона, кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 хона, вазорати корҳои дохилӣ 4 хона ва ҳамин тавр ба дигар корхонаҳои ноҳия тақсим карда буд. Ҳамаи ин мақомот аз мардуми оддӣ бо ҳар ҳиллаву зӯроварӣ пулро ҷамъ мекарданд ва бо ҳамин тарз ин хонаҳоро сохта ба истифода доданд. Акнун бояд фаҳмед, ки ШВКД ва КДАМ чи гуна месозанд? Бояд ками кам 1000 ғармиро туҳмат кунанд ва шантаж аз онҳо пул гиранду ин хонаҳоро созанд.

Дар асл ғорати халқ аз ҷониби ҳама мақомоти давлатӣ дар ноҳия Рашт чандин сол аст ки идома дорад. Дар рафти сохтмони хонаҳои зарардидагон дар ҳамсоя қишлоқ, раиса Идиева Заррина ба мактаби деҳа омада фармон дод, ки мактаби деҳаи МуллоБаротро чапа кунед. Бунгоҳи тиббиро, ки дар паҳлуи мактаб ҷойгир буд, аз сабаби нарасидани масоҳати замин барои мактаби нав, раиса дастур дод, ки онро ҳам чаппа кунед. Ин бунгоҳро 12 сол пеш мардуми деҳа бо кумаки масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи ҳукумати ноҳия сохта буд.

Идиева Заррина ба раиси ҷамоату деҳа дастур медиҳад, ки ин бунгоҳро чаппа кунед ва дар бараш аз мардуми деҳа пул ҷамъ карда бунгоҳи тиббии нав созед.

Хулоса, бо фармони раиса дар охири соли хониши 2025 мактабро ҳамаи мардум ҳашар карда  чаппа кардем.

Аз ҷониби раиси ҷамоат ва раиси деҳа Ҳайдаров Имодуддинро барои пешбарии сохтмони бунгоҳ интихоб карданд, чунки мардум нисбатан ба ӯ бовар мекарданд . Ва дар ҳол кори сохтмони бунгоҳи тиббиро бо сардории Ҳайдаров Имомуддин ва касир Нуралиев Беҳруз сар карданд. Нуралиев Беҳруз хона ба хона гашта аз мардум 700 сомонӣ аз ҳар як хоҷагӣ ҷамъ мекард ва бунгоҳи тиббиро аз кисаи мардум аз нав сохтанд. Баъзе мардум то ҳол пул насупориданд, аз ҷумла худи ман ҳам насупоридаам.

Баъди чанд рӯз соли хониши 2026-2027 оғоз мешавад. Аммо тамоми хонандагон ҷое (синфхонае) барои хондани дарс надоранд. Чунки мактабро чапа кардем бо фармони раиса. Аз ҷониби мардум пешниҳод шуд, ки масҷиди боло ва чойхонаи деҳа (фароғатгоҳ)-ро муваққатан ба синфхонаҳо табдил диҳанд, то фарзандони деҳа тавонанд соли хонишро оғоз кунанд. Аммо барои азнавсозии сохтмони синфхонаҳо, аниқтараш ба синфхонаҳо табдил додани фароғатгоҳу масҷиди боло, на аз тарафи ҳукумат ва на аз тарафи маорифи ноҳия ягон маблағ ҷудо нашуд ва ба ҷои чораҷӯӣ ҳар рӯз  аз маорифи ноҳия омада раиси деҳа ва директори муассисаро таҳдид мекарданд, ки агар барои хонандаҳо ҷой муҳаё накунед, мактаби шуморо аз 11 сола ба 5 сола бар мегардонем. Дар ин мактаб зиёда аз 500 талаба таҳсил мекунад. Ҳол онки аз барномаҳои шумо мо огоҳ шудем, ки барои азнавсозӣ ё ремонти ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ аз буҷаи давлат барои ҳар як мактаб 400.000 сомонӣ ҷудо шудааст ва ин ҳаромхурҳо ба мардум чунин тарс медиҳанд, ки фарзандони шумо аз синфи 5 то 11 ба дигар деҳаҳо рафта дарс мехонанд. Дар ҳоле барои ин бунгоҳ ва мактаб 14 миллион сомонӣ гирифтааст вале коре намекунад ин Зарина Идизода.

Сипас директори муассиса  ва раиси волидайни деҳа Идрисов Зокирҷон, Мирзо Мирзоев ва касир Нуралиев Саидҷон барои азнавсозии синфхонаҳо аз ҳар хоҷагӣ 300 сомонӣ ҷамъовариро шурӯъ намуданд. Мардуми деҳа ночор ба супоридани маблағ шуруъ карданд. Дар ин кор ҳам аксари мардум пул насупорид.

Ва дар ҳамин вақт Идрисов Зокирҷон дар ватсап гуруҳи деҳаи МуллоБарот-ро ташкил кард. Вай ҳаррӯз дар гурӯҳи деҳа мегуфт — эй мардум, биёед, ҳама дар ҳамин гуруҳ ҷамъ шавем, деҳаро обод кунем. Ҳеҷ кас аз ягон ҷо намеояд деҳаи моро обод кунад. Мо диламон месузад ба ҳамин фарзандони деҳа гуфта эълон мекунад.

Бале, дили ҳамаи мо месузад ба фарзандони худ. Лекин аз пушти шумо барин лаганбардори дуруя мо имруз ғуломи ҳукумати Раҳмонов шудем. Ва пули аз буҷаи давлат ҷудо шуда дуздида мешавад. Ягон нафари шумо парво надоред ва дар ин ҳолоти вазнин мардум бояд пул ҷамъ кунанд, мактабу бунгоҳ созад. Агар аз ҷониби масъулини ҳукумати Ҷумҳурӣ маблағҳои барои сохтани мактабу бунгоҳҳо дуздида нашавад имруз дар деҳа ҳамаи камбудиҳо бе ягон мушкилӣ ҳали худро меёбад . То ин вақт ҷамъ накардани маблағ аз тарафи мардум ва хомушии онҳо ва бетараф будани мардум дар корҳои баном «хайрхоҳӣ» сабаби ҷудо шудани маблағи сохтмони мактаби нав дар деҳа шуд .Чунки агар мардуми деҳа аз аввал чунин маблағҳо ҷамъ мекарданд имруз ҳукумати ноҳия сохтмони мактаби навро ҳам ба души мардум мегузашт ва боз пули аз буҷа ҷудошударо медуздид. Мардум аз ҳамаи корҳои шумо огоҳ аст. Ана ҳамин иродаи қавии халқ буд, ки пул ҷамъ накарданд ва аз буҷаи давлат (14 миллион 400 ҳазор  сомонӣ) барои сохтмони мактаби нав ҷудо шуд. Агар мардум ба гапи шумо кунад, дар ҳама ҳолатҳо пул ҷамъ мекунад ва ҳамин пули мактаби навро ҳам ин ҳукумати дузд нисфашро   медуздид ва пас боз шумо шарм накарда аз мардум дар ба дари хонаҳо пул ҷамъ мекунед. Боз шарм надошта дар корҳои «хайр»  саҳмгузориӣ кунед гуфта худро бечораҳол нишон медиҳед.

Хулоса, то ин вақт аз ҷониби мардуми деҳа ҷамъоварии маблағ хело кам ба назар мерасид. Пас аз ташкили гуруҳи (Аҳли деҳаи Мулло-Барот) раиси деҳаро халқ озод кард ва дар ҷойи он халқ Ҳайдаров Имодуддинро интихоб кард. Ҳайдаров Имодуддин ва Идрисов Зокирҷон дар ҳузури мардум пули аз мардум ҷамъкардаашонро  ҳисобот доданд. Бале, шумо дар назди мардум ҳисоботи худро пешниҳод кардед, шояд ягон камбудие набошад дар ҳисоботи шумо. Вале дар инҷо гап дар бораи маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудошуда меравад. Шумо ба дуздони мақомотҳо бо ин шакл ёрӣ медиҳед, то онҳо ҳар қадар тавонанд бисёртар дузданд.

Мардуми деҳа дар як гуруҳ ҷамъ шуданд ва кори раиси деҳаву раиси волидайн барои ҷамъоварии маблағ осонтар шуд. Масалан раиси деҳа як рӯз аз ситоди ноҳия омада эълон кард, ки барои сохтмони қасри ҷавонон дар маркази ноҳия маблағ намерасад. (Раиса фармон дод, ки аз ҳар деҳа 2000 сомонӣ ҷамъ кунед, аз шумо хоҳиш мекунем 10 сомонӣ ҷамъ кунем, бурда супорем. Хайр, ҳамин хел супориш шудааст, чи кор кунем) Мардум дарҳол пулро ҷамъ кард, раис бурда супорид.

Як ҳафта пас раис дар гуруҳ эълон кард, ки аз деҳа 80 нафар духтари мактаб барои маршировка тайёр шаванд ва ҳамаи онҳо барои худ либоси махсуси бадахшонӣ дузанд, ки арзиши як либос 300 сомонӣ аст, албатта, аз пули худашон . Аз панҷуми август 80 нафар духтар ва 13 нафар шахсони хизматкардаро ҳаррӯза ба маршировка мебаранд.

Аз ҷониби ҳукумат дар расонаҳо эълон шудааст, ки хароҷоти маршировка куллан аз ҷониби ҳукумат пардохт мешавад. Лекин ҳукумат ягон намуд дастгирӣ намекунад, ақаллан як қатра об ҳам таъмин намекунанд. Ҳамаи хароҷоти бурдану оварданашонро аз мардум мегиранд. Барои якруз бурдан ва овардани талабаҳо 800 сомонӣ фақат дар сузишвории мошинҳо сарф мекунанд. Шахсони мошиндор бепул онҳоро ҳарруз бо навбат бурда меоранд. Ба талабаҳо  мегуянд, ки бо худ як баклашка чой ва нон гиранд, то гурусна намонанд. Охир ин ҳолу рӯзгор аст ва ба мо чи лозим ин маршировка ва намоишҳои бардурӯғ?

Дар рузҳои аввали саршавии маршировка дар гурӯҳи деҳа аз мардум пул талабиданд. Мардум, бовар кунед, аз тарс пул месупоранд ва раисон бошанд онҳоро шермарди ватандуст эълон мекунанд. Дар ҷамъоварии пул барои маршировка ҳамагӣ 30-35 нафар пул супоридаанд, боқимондаҳо намесупоранд. Аҳсан ба онҳое ки ба чунин корҳои нолозим пул намесупоранд!

Дар деҳа 280 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Раисон ҳар рӯз дар гурӯҳи деҳа мегуянд чаро 30-35 нафар пул медиҳанд, дигарон ҳама хомушанд? Чунки дигарон намехоҳанд дар корҳои зулму дуздӣ саҳм гузоранд. Ин 35 нафар аксараш ҳамон соҳибкорон ҳастанд, ки аз тарси аз даст надодани молашон пул месупоранд. Агар насупоранд ба ҳама маълум аст ки чӣ мешавад. Ва ё ин 35 нафар ҳамонҳое ҳастанд, ки аз ночори худро тарафдори ҳукумат нишон медиҳанд, аммо дар асл аз рангу рӯйи ин ҳукумати золим безоранд.

Бовар кунед, аҳволи мардум дар минтақаи Рашт аз душвор ҳам душвортар аст. Ин мақомот хуни мардумро хурда истодаанд. Агар мардум дар якҷоягӣ аз ҳақи худ дифоъ кунад, онҳо ягон кор аз дасташон намеояд.

Эй, мардум, бигзор мақомот омада ҳар яки моро зулм кунад, аммо набояд фарзанди худро ба маршировка равон кунем. Фарзандони мо номуси мо ҳастанд. Ин ҳукумати золим ба номуси ҳар яки мо бозӣ дорад. Вале мо хомуширо пеша кардем:

Агар духтари худат дар пеши худат сари луч рақс кунад, ба у чи мегуӣ? Магар намегӯӣ, ки аз Худо шарм дор. Пас, чаро духтарони мо рафта дар пеши Раҳмонов рақс кунанду Раҳмонов аз рақсҳои духтарони мо ҳаловат барад. Мурдани мову шумо беҳ, ки дар чунин ҳолат хомуш менишинем.

Хамаи шумо дар ин гуноҳи бузург шарик ҳастед. Фардо дар назди худованд чи ҷавобе доред? Магар аз Раҳмонов итоат кардан мову шуморо аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад? На, ҳаргиз!

Эй, мардуми мазлуми Раштонзамин! Валлоҳи худованд ҳеч вақт бандагони дар имони худ содиқро танҳо намегузорад. Оҳи дили мазлум дар назди Парвардигораш хеле бо арзиш аст. Худовандро, фаромӯш накунед. Дар ҳама сахтиҳо ба Ӯ субҳонаҳу ва таъоло руй биёваред. Ин шоАллоҳ мо пирӯз хоҳем шуд. Дар ҳама давру замон ин гуна шахсони золим буданд. Дар замони пайғамбари охируззамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам ҳам. Он ҳазрат бо чунин азобҳо дини муқаддаси исломро комилан ба мо расонид.

Дар ҳақиқат тарафдорони ин ҳукумати дузд ҳамин 10-12 фоиз мансабдороне ҳастанд, ки дар ҳамаи дуздиву зулми мардум саҳм доранд, боқимонда ҳамаи мардум аз ин ҳашаротҳо безоранд. Натарсед, дар ҳама ҳолат бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ кунед. Ҳеҷ кас наметавонад шуморо зараре расонад. Агар ба гуфтаҳои ман бовар намекунед дароед дар сайти «Ислоҳ» ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи Раҳмоновро тамошо кунед. Хоҳед фаҳмид, ки ҳақиқатро кӣ мегӯяд, кӣ мардумро фиреб дода истодааст. Пас, дар ҷустуҷӯи ҳақ кутоҳӣ накунед, то тавонем миллатро аз ин золимону ғоратгарон ҳарчи зудтар наҷот диҳем.

Бо умеди пирузӣ.

Боқӣ дар паноҳи Аллоҳи меҳрубон бошед!

Ва ҳоло дар ин қисмати матлаб матни наворҳои аудиоии ба дасти «Ислоҳ» расидаро пешниҳодатон менамоем:

«Ана бо ба як гуфтаҳое, ки имрӯз муаллима (муаллима кличкаи Зарина Идиева)  занг зад. Аз маориф якта спринтер ҷудо кардиян. Хай ҳамин муаллимаҳо Абдумаҷид Зубайдулло ҳамин хел муаллим ҳамунҷа буд. Ҳолӣ ягонташ информатсияи пурра надодай. Фақат ҳамун кӣ муаллима камтар информатсия дод, неки ҳамун вая тилфон кардиян 20 летир саляркаш брезе хоб,баре шофира ҷобаҷо кне.Ман дар ҳақиқатан гуфтум, ки дар маҷлиси ҷамоъат гуфтодан, ки шумо фақат то омадани спринтерора шумо кори хутона бкне спринтеро, ки омадан тақсим кардан уша ноҳия ба зима мегирад чуба, ки имрӯз бо ита каран намедонум. Хай ман ку иштирокчи  набудум, ман муаллимара гуфтум, ки ҳамин маҷлиси ҷамоата дар ҳамунҷа пешниҳод ку, ки гап  ҳамита буд, мо шароити на соляркарезӣ дорем, на ягон ҷое дорем, ки фароғатгоҳе, ки меҳмон қабул кунем. Ана ҳамин гапора гуфтумуш хай. Бо намедонум. Ҳоле ҳишки ба мара занг назадай. Ба раиса ага занг зада бошан хай намедонум».

«Салом алейкум мардум. Субҳи ҳамаи мову шумо ба хайр боша. Хуб як ду масалада рӯшанӣ меандозем. Масалаи асосӣ масалаи ҳамин таъмири мактабай. Хайр вобаст кардем. Раиси волидайна қариб, ки ҳама шароита муҳайё кард. Ба зораву нола ҳам аз тарафи раиси волидайн, аз тарафи худум хай мардум дастгирӣ кардан ҳаматарафа. Ҳамаи ҳамин маҳсулоте, ки даркорай, масолеҳи сохтмонӣ, краскаву эмулсияву умуман чизе, ки даркор буд ҳамара ҳамин харидорӣ кардан, бурдан да ҳамин пеши мактабай. Имрузу пага дарс сар мешава. Ягон кас дастгирӣ накардестай ҳаминда, ки. Хай инҷа мардумам гунаҳкор намекунем мо. Камтарак инҷа бояд роҳбарияти мактаб масъулият ҳис кунанд.

Ҳамино банданд, иёрам фаҳмидан даркор.

Ина ҳамин маршировка ҳамара шалпар кардагияй. Ана ба ҳамин хотир хоҳиш мекнем, аку хай ҳамин кор ба каламонай маҷбурем, ки букунемуш –сарҷамъ. Хоҳиш. Ҳамин ҳози мо мехамбем роҳбарият қатӣ вохурӣ менем. Ҳамин роҳбарони синфо кадомера, ки гуфтан раисои волидайшона ҷаъм мекунан, маслиҳат мекнан ҳамин сарҷаъм шем, ҳамия руз ду руз корай ҳавай. Ҳаму, хай ҳамуҷа медроӣ проблемаш бисёр охи. Ҳаму як тахтаи полавоя да танаи девол задемуш ,краскаи чи пуштошун краска умуман нокардаҳай. Ҳамунора хай камтарак сфеду краска полора каран даркор халос. Девола сфед, ки ҳамуҷа рушантар шавад, ҳамун синфову ҳамин шароит каме ҳам бошад, муҳайё шава барои ҳамун талабаҳо  Хоҳиш, ки ҳамин кадомета даъват кадан чи раиси волидайни синфӣ ё ки ай падару модара ҳамунҷа кадоме, ки ҳастан ягон нафаре, ки ҳамуҷа хоҳиш кардан илтимос, ҳамуҷа гире иштирок кнен».

«Мора ҳар лаҳза мепурсан аз ноҳия, аз ҷамоъа, ки дар чиз ҳолатай мактаб чи қарор дорад, таъмир шид нашид.Мо дуруғу рост ҳо мегем, дар асл ягон кор накарем. Хай илтимос аку ҳамин, ки ҳози мо мехамбем мерем як вохуримона мегзаронем роҳбарою шефо қатӣ вохурӣ менем. Вайиш,ки навбтшай да маршировка мера, вайиш, ки навбатуш нестай бо роҳбарои ҳамун волидайни ҳамун синфоша даъват мекнам. Хай ба навбат коре кнан, ки  ҳамунҷа биёян иштирок кунан, ҳамунҷо. Ҳамин муддати я руз, ду руз таъмир кнем, бо мактаб, ки сар шавад крсакаи ҳамуҷа брава ҳамуҷа шароитуш муҳайё шава. Ана барои ҳамин хай волидайне ҳаст, ки да ду се синф чи дора. Хай ваяша бо даракша меёвем, регуловкаш менем, ки ҳами кор тезтар буд шава, ки гапу гузори зиётӣ нашава, да раисо гап нараса.

Хоҳиш ҳамин, ки кадомета, ки даъват кардан илтимос биёе да ҳамунҷа иштирок куне, ҳамун кора да ҳамун ду-серуза бигирем, ки бо ҳамуҷа тиёр боша, ки аллакай ина худшам 25уми август омад. Вахт қариб буд шедестай. Чор –панҷ рӯзи дига монд, ҳамуна тиёр кадан даркор».

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли деҳа, шабатон хуш бошад. Худои меҳрубон дар касбу кортон, дар зиндагитон баракату нусрат ато бифармояд. Бародарони азиз, ина буквално як панҷ –шаш минут пеш  аз тарафи маъмурияти мактаб дархост шуд, ки ина имруз, хай маршировка, алҳамдулиллоҳ гузшт, соз хушру, ели успет кардем, хай талабаҳо да ҷои муайян бурдем расондем. Ана мақсад тилфон кардан, гап задан, ки ана эълон кнем, ки пгаҳ маршировка дар Ғарм мегузаштай. Ана барои ҳамин диққат боше бачаҳо, ки соати 7уним сбор, яъне, ки ҷаъм шудан даркор ба соати 8а раҳакӣ кардан даркор ай ҳамиҷа. Яъне барвақтам бгем шумо дер меойе дерам бгем … яъне, ки ҳамиқа муҳлатинда. Ина кадомет соати 7унимда сер хов куниву яъне, ки бо шахсони масъул соати 7 ҳаминҷа бошан. Шахсони масъул, касе, ки вобастаяй ба чи коре. Эҳтиромона хоҳиш мекунум, ки соати 7 биёянд дар ҳамин ҷойи нуқтаи ҷаъмшавӣ ҷаъм шаванд. А шахсоне, ки барои шафёро,хай муҳтарам раис ана чира партова спискаи ҳашара партова, спискаи шафёрая партова ё ай Абдумачид ё раис. Хай раис да спискаи вай ҳашаро ҳаму одами охирон касе буд ай ҳаму усун даҳ нафар не, бист нафар, ду гуруҳа партова. Старшишона муайян менем. Яъне, ки пага кори мактаба кардан даркор. Ду рӯзи дига мондай. Унҷа вай бо буву тупу краскву сангу вай қоқ шудануш даркор. А агар ин кора накунем ҷура, яъне, ки ай ҷаъмияту ай пешравӣ мо қафо мезанем. Деҳара қафо назанонем бародарони азиз. Яъне,ки дасгирӣ кне. Касет, ки метунӣ, ҳамин биё я кора бку, гапа зиётӣ нагу:- ҳа иҷаш ита шид. Мо як моҳ ду моҳ ай маслиҳати кор то ҳозирарар я ду моҳ шудагӣ, ки мо оиди ҳамин масъалаи ремонт гап зада истодем. Ха рузи вазминай. Ина пгаҳ Ғарм бояд бравад. Соати 8 да Ғарм шудан даркор, кудакора талабаҳора. Ай ҳама эҳтиромона хоҳиш мекунем,ки гапора ҷиддӣ буфаҳме, масалара ҳал кне. Ҷазокаллоҳу хайр.

«Хоб, хай ина, бо як бори дигар салом. Ҳамин масалаи пагаҳанда бо..хай  мо дига роҳ надорем. Ҳозираша ду портер заказ кардем ба пагаҳира. Хай мушкилай, қинай барои мо ҳам чунки да дастомо на маблағи бисёре дорем, ки ҳамаи мошинора сафарбар кнем на дига гапмона гирифтестан тилфон менем, тилфономона шофиро ҳуй намена, чи хеле,ки имрӯз панҷ-шаш нафар қариб иштирок накард ай мошино. Маҷбур шудем ҳамин кора карем. Хай мо ҳамаи роҳаша кофтем, ки осонтар биғалтад да мо, ки ҳам арзонтар бғалтад ҳам бо кудако азоб накашан. Неки ҳама муҳри хамушӣ задагӣ да лабо. Ягон кас ягон гапу гузор намекуна. Ҳамун хиёл мекунум, ки ай ҳамун фарзандои худшон безоранд я хелаш. Барои ҳамин хай мо ҳамин кора кардем, хай иҷозат пурсидем аз болоҳо, ки хай ҳамин кора мо менем, агарчанде иҷозатам набуд аз боло, ки ҳамин кора накунед. Неки хай ихели куне бо гапу хабару бо проблема бисёр мешава. Барои ҳамин ҳозираша мо ду портер гирифтем. Бо иҷозат ба шарте додан, ки гудако бишинан да болои ҳамун мошин, чухт нараванд гапу хабару ҳама бубинану бо проблема шава. Хай кадомет ҳамин шофёрои муҳтараме, ки дар ҳамин қишлоқ ҳастеву зиндагӣ меневу раҳм ба фарзандои худтун, ба набераҳотун, ба фарзандои ёру бародари хутон доре, хай чи хеле, ки Ҷафру Нимишак рафта истодаанд, бо дига ҷоша намедонем дар кадом вазъиятан, ҳамино ройгон бурда оварда истодаанд. Ҳамиқае, ки мо ина қариб худшам хато накунам тайи даҳ ҳазор сомон омадай расходи мо. Хай мо то имрӯза шукри худо ба ҳар роҳ оҳиста-оҳиста хай вазбинам рубарӯ боршон мекардем хай рафтан омадан. Хай намедонум аку чанд рӯзи дига давом мекуна то Нимича рафтана. Бо ина дирӯз Ғарм рафтан имрӯз Нимич рафтан бо ҳамун қин барои кудако.   Барои ҳамин кадоме, ки имконият дорӣ ина пагаҳ биё ройгон баре ай ҳисоби бензини худут, ки бо сабуктар шава ба ҳаму кудакора»

«Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ҳамдеҳаҳои азиз. Хай, иншоаллоҳ, ки шабатон хуш бошад. Аллоҳи меҳрубон шаби ба хайр дошта боше. Ҳамин раиса ина гӯш кард. Ҳамин ман аку бисёртари маҳал эрод мегирам, камбутиҳорада. Ина ҳами ҳар нафаре, ки гӯш кара истодай, падполний гуш мекунаву гуфти гапои раис лаву даҳан кулух молидагӣ хап мена а бисёри ҳолатонда ҳамаи мардум раисора ҷанг менан. Ҷанг менан, ки чува иҷаш ита шуд, чува уҷаш ута шид. Ина буквална саршавии коранда барои ҳами портерову ҳамино ҷангҷол сар шид. Хай ина ҳамиҷа 90 одам, 96 одам ҳиссагузорӣ кард. Хай ҳами қа шид. А ҳиҷка ҷанг намена, ки фалонӣ ту чува иштирок наменӣ, фалонӣ ту дасгирӣ наменӣ, чува фалонӣ ай кор қафо задӣ, фалонӣ чува дер менӣ. И гапора намегану мегардан раиса меқапану дигариву дигарира, ё ки мора. Бародаро ин хел намешава. Ҳаму шахсияте, ки қафо мекаша анамун шахсията ҷанг кадан даркор, мора не. Мо агар …моям хатогӣ мекунем, ба кала мегирем. Чува дигаро хатогии худшонаву  қафокашишона ба кала намегиран? Вот чом логика, вот чом проблема.

Ана имрӯз ай мошинои майда аку дига муҳайё намешава, саришта намешаван, маҷбур мешем. Ҳоле мумкин я ҳафта пас худое накарда яке портерошон атказ кна, баъд чи коршон мекнем? Дина у бародар дар масалаи автобуси ину вая гуфт. Хай ма да каментария гуфтум. Ма аввали ҳууууууу вақте сар шиду маҷлис шид, ки вай чандум ира сар мекнем дуюм сеюмора ман гапома да ҳамин ҷамоъат гуфта будум. Ина айнан ҳами гапе мезанум қати шумо гуҷоенда, ки брам ма ҳаму гапома мезанум ма. Барои ҳамин бародарои азиз касе, ки да ҳамин иштирокчи нест қуш намекна худша ана ун одама ҷанг кардан даркор, ана ун одама бедор кардан даркор. Хай смисле ранги шапошапу ҳақорат неву хай мегуи бародар чи кор карда истодай ҳама яъне, ки ҳози инак давай ҳамун маҳаллаҳои боло инам хиёл менум, ки кам иштирок доранд. Ҳами хай я ду се бачаҳои нарри соз дора ҳамуҷа. Ҳамин сравнит кнем ба хоҷагиҳои мо  ҳиҷ кас расчот нагирад, ки алҳамдулиллоҳ, хай шукр, як тика нон ёфта хурда истодему неки ҷош омадагӣ мо аз ваё қафоем аз барои худо. Ай ҳамин баъзе хоҷагиҳое ки шумо камбизоат ҳисоб мекне, я хел положенияй, ки мо ай ҳаваё қафоем. Ҳамин хел бисёри одамо қафоян. Ҳамун миллионеро ай як хел ҳолатунда ай дигаро қафоян, неки ҳиссаҳошона гузошта истодаанд, сверхдастаточна. Барои ҳами бародаро хуб уйла кне мора ҷанг накне, анаму одамое, ки қафо мезанану қафо мекашан ана ҳаваёра ҷанг кадан даркор.

Гапои раиса ҷиддӣ буфаҳме. Ина барои як кило ду кило картушка, сесадграм картошка и мардака бине. Э, аз барои худо хай дуруст бо ҳаму ду-се шери наре, ки ҳаму будан бо ҳамуё хапу дам мепартован кор буд мешавад.

Неки чи даркор деҳара ифлос кардиян баъзеҳо. Чи даркор аз корҳои ҷамъиятӣ дер мемонан, қафо мекашан. Ин як қафомонӣ ин як гала гапай. Баъд да бари мумин бародари мумин, як ҳадисай. Риоя кне ҳадиса. Дар бари ҳамраҳат қуш ша. Чени вай нате ҳамин чени пусти хирмо ёрдам ку, ҳамин биё да корои ҷаъмиятӣ ёрдам ку ту. Биёед мактаба ремонт кнем. Пул дода наметонӣ я кора дастгирӣ ку.Субҳоналлоҳ!

«Салому алайкум бародарони аҳли деҳа. Иншоаллоҳ, ки хуб бошен, рӯзатон ба хайр боша. 100 офарин ба ҳамдиёрони азиз, ки ин қадар рӯзҳои вазмин, соли вазмин,алҳамдулиллоҳ  бо шукрона мекунем, ки шермардои ватан бо ина дастгирӣ кардан  ремонти мактаб сар шид.

Аллоҳи меҳрубон ҳаминҷа бародарое ҳастанд, ки  ҳамин дар ҳақиқатан хизмату мароми бисёр доранд, як сутуманд барои ҳамин деҳа. Худованд гузаштаҳошона раҳмату мағфират карда бошад, беҳад дастгирӣ карда истоданд. Хай алҳамдулиллоҳ хела одамо ҷаъм шуда истодаанд. Касоне, ки мақсад аз сабаби дер партофтани спискаҳо да ҳар кор машғул шудан пагаҳ иншоаллоҳ бо иштирок мекунан. Барои мо фақат қувваи корӣ даркор ҳози. Қувваи корӣ. Ҳамин иншооллоҳ, ки ҳамаи кор мешавад. Фақат дастгирии шумо шермардони ватан даркорай тамом. Ина алҳамдулиллоҳ кор сар шуд. Ина бене тамошо кнен, ҳозир ина ай мактаб ана ин наворора партофтиянд. Аллакай кор ҷумбидагияй.

Ҳамин я руз меравад бо гуфти гапои раиси муҳтарам бо одих менӣ мегардӣ. Ун ҳамун бачаҳое, ки дар бозорча рӯзи дароз лоқлоқ мегардан ҳаваё ҳиҷ гап надора биёян  иштирок кнан. Сар карда ай ҳамин бачаи  худум то дигариш. Хай гап бисёрда».

«Бародарони азиз ман Идрисов Зокирҷон раиси волидайни интихобшудаи ҳами аҳли деҳа. Ба чи тариқе, ки буд ҳамаи вариантоша дидем. Вақтуш буд, ки бе райпурсӣ буд. Мо омадем чанд бор муҳокима кардем, вай кардем ҳамаша ба маслиҳат овардем ба расмият даровардем. Ҳамчун раиси волидайн бародаро ман ба ҳамаи ҳамин аҳли деҳа зиндагӣ мекардагӣ ман ҳамчу заказчик яъне ҳамчун талабгоре, ки ба пешравии корҳое, ки хоҳ мактабӣ, хоҳ дарсӣ, хоҳ маҷлисҳои синфӣ ҳамин он чизе,к и  гирду атрофи мактаб мешавад ман ҳамчун заказчик фаъолият мекунум. Ман масалаҳое, ки доир ба таълиму тарбия мерава маслиҳат карда ҷавобгӯ ҳастем мувофиқи қонун».

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Эй мардуми деҳаи Муллобарот ва сокинони ноҳияи Рашт!

Аз ҳамин рӯз ба баъд барои ҳар чизе, ки мақомот аз шумо пул мепурсанд, пул надиҳед! Барои маршировка, либоси махсус, сӯзишворӣ, сохтмони мактаб, таъмири синфхонаҳо, бунгоҳи тиббӣ, Қасри ҷавонон ва дигар намоишҳои ҳукуматӣ аз ҷайби худ як сомонӣ ҳам напардозед. Ҳар касе пул талаб мекунад, бигӯед: асоси қонунӣ, қарори расмӣ, сметаи хароҷот ва суратҳисоби давлатиро нишон диҳад. Пули нақдро ба дасти ҳеҷ раиси деҳа, раиси волидайн, хазинадор ё намояндаи мақомот надиҳед.

Ин мактаб мактаби давлатӣ аст ва дар он зиёда аз 500 талаба таҳсил мекунад. Сохтан, таъмин кардан ва ба истифода додани чунин муассиса масъулияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аст. Мардум вазифадор нестанд аз музди ночизу нони фарзандони худ пул канда, мактаби давлатиро бисозанд. Шумо андоз месупоред, то давлат мактаб, беморхона ва роҳ бисозад. Давлат аз шумо андоз мегираду боз сохтмони муассисаҳои давлатиро ҳам ба гардани худатон бор мекунад — пас он маблағҳои буҷетӣ куҷо мераванд?

Барои сохтмони мактаби нав, тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ», 14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ — тақрибан 1 миллиону 557 ҳазор доллар — ҷудо шудааст. Пас чаро аз мардум боз 300 сомонӣ, 700 сомонӣ, 10 сомонӣ ва дигар маблағҳо ҷамъ мекунанд? Чаро волидон бояд девор сафед кунанд, фарш ранг кунанд ва синфхона омода созанд? Пеш аз талаб кардани ҳатто як сомонӣ, мақомот бояд ба мардум ҳисобот диҳанд: аз 14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ чӣ қадар гирифта шуд, ба кадом суратҳисоб ворид гардид, ба кадом ширкат дода шуд ва то имрӯз барои чӣ харҷ шудааст?

Ҳатто кандану чаппа кардани мактаби куҳна ва бунгоҳи тиббӣ вазифаи мардум набуд. Ҳар касе фармони вайрон кардани ин муассисаҳоро додааст, бояд техника, коргар, масолеҳ ва тамоми хароҷоти онро аз маблағи расмии лоиҳа таъмин мекард. Кор кардани шумо бе музд вазифаи шумо нест. Ҳашари маҷбурӣ кори хайр нест — ин истифодаи ройгон аз нерӯи мардум аст.

«Леди фром Ғарм» — Зарина Идиева — агар дастури чаппа кардани мактаб ва бунгоҳи тиббиро дода бошад, бояд худаш назди мардум истода шарҳ диҳад: санади вайронкунӣ куҷост, иҷрокунандаи сохтмон кист, муҳлати анҷоми кор кай аст ва маблағи ҷудошуда дар дасти кадом ниҳод қарор дорад? Вай бояд бо пули аз буҷет барои ин ду муассиса ҷудошуда мактабу бунгоҳи тиббиро бисозад, на ин ки сокинонро маҷбур кунад аз ҳисоби худ пул ҷамъ кунанду ройгон кор намоянд.

Падару модарон, духтарони худро дар кузови мошини «Портер» ба маршировка нафиристед. Агар ин маърака барномаи расмии давлат аст, пас ҳукумат вазифадор аст нақлиёти бехатар, хӯрок, об, либос ва тамоми хароҷоти онро таъмин кунад. Фарзандони шумо бор нестанд, ки онҳоро дар кузови мошини боркаш чандин километр аз роҳҳои кӯҳистонӣ баранд. Агар воситаи бехатари нақлиёт вуҷуд надорад, маршировка бояд қатъ карда шавад.

Бас аст тарсидан! Ҳар қадар тарсидед, ҳамон қадар шуморо мурғ пиндоштанду пар канданд; хар гумон карданду саворатон шуданд. Ҳар боре хомӯш мондед, бори дигар ба пуштатон бор гузоштанд. Имрӯз барои маршировка 10 сомонӣ мепурсанд, фардо барои бунгоҳ 700 сомонӣ, пасфардо барои мактаб 300 сомонӣ ва баъд барои ҳар намоиши дигар боз дари хонаатонро мекӯбанд.

Бас аст чорзону задан! Шумо ғулом нестед ва ҳаққи худро талаб кардан ҷиноят нест. Дастаҷамъона бигӯед:

Пул намедиҳем! Бе музд кор намекунем! Фарзандонамонро дар кузови «Портер» намефиристем! Аввал аз 14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҳисобот диҳед!

Агар аз шумо пул талаб кунанд, номи талабкунанда, маблағ, таърих ва сабаби талабро сабт кунед. Паёмҳои WhatsApp, сабтҳои аудиоӣ, рӯйхати пулдиҳандагон ва расидҳоро маҳфуз нигоҳ доред ва ба «Ислоҳ» фиристед. Агар таҳдид кунанд, таҳдидро низ сабт намоед. Танҳо бо санад метавон ин низоми пулҷамъкунӣ ва кори маҷбуриро фош кард.

Зарина Идиева ва масъулони ноҳияи Рашт бояд бидонанд: мардум дигар вазифадор нестанд камбудкории мақомотро аз ҷайби худ пӯшонанд. Ё маблағи буҷетиро ба таври шаффоф масраф карда, мактабу бунгоҳи тиббиро месозед, ё назди мардум ҳисобот медиҳед, ки миллионҳо куҷо шуданд.

Мардуми Рашт, натарсед! Пул надиҳед, ба кори маҷбурӣ набароед ва фарзандони худро қурбони намоишҳои сохтаи бе маъно ва моҳияти Раҳмонов накунед!

Сообщение Ledy from Ғарм №6 появились сначала на ISLOH.net.

Ҳайати ВКД дар Маскав бо номи «афв»: муҳоҷирон, бовар накунед ва пул надиҳед!
Як ҳайати эъзомӣ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тайи чанд рӯз аст ки дар Маскав -пойтахти Федератсияи Русия қарор дорад. Ин ҳайат зери раҳбарии генерал-майор Назарзода Бахтиёр Бобо, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД (УУР) гуё ба дунболи шароити татбиқи Қонуни афв омадааст, то ба шаҳрвандони шомили ин санад, ки дар Русия ба сар мебаранд, «фаҳмондадеҳӣ» кунад.

Бинбар маълумот ва маводи расида ба дасти мо ин ҳайат бо шуморе аз фаъолону масъулони диаспора ва марокизи тоҷикони муқими Русия дидору гуфтугӯ анҷом дода ва тавассути гурӯҳ (группа) -и «Истиқлол» дар фазои маҷозӣ ба ҳамватанон паёмҳое дар робита ба қонуни «Дар бораи афв» фиристодааст. Ва, аз роҳбарони гурӯҳу созмон, марказҳо ва диаспораҳои тоҷикӣ дархост кардааст, ки дар амри иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба «ҳамватанони бурунмарзӣ» ҷиҳати иҷрои қонуни афв ҳамроҳӣ кунанд.

Сарҳанг Мансур Бухоризода, мушовири аршади вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва узви ин ҳайати эъзомӣ дар сӯҳбатҳояш фавоид ва ҳузури ин ҳайат барои иҷрои қонуни афв ба ҳамватанони бурунмарзӣ дар Русияро тазаккур ва ташреҳ карда маҳалли кори худро, ки дар меҳмонхонаи «Комета», дар проспекти Вернадский -16 қарор доштааст, эълон мекунад.

Дар бораи чанду чунии ин сафари ҳайати вазорати дохила ва ангеза ва аҳдофи аслии дар зери матни се навори суханронии Мансур Бухоризода, ки ба дастамон аз як нафари маҳкум ба моддаи 307 расид, таҳти унвони «Эзоҳи Ислоҳ» суҳбат мекунем. Ин сабтро мо аз 20 нафар дарёфт намудем,ки ҳама як чиз буд. Одатан диаспораҳо ба маҳкумшудаҳои бегуноҳ фиристодаанду онҳо барои инки бовар кунем ва ё не ба «Ислоҳ» фиристоданд.

Сафари корӣ ё бизнеси «афв»

Матни навори аввали суханронии сарҳанг (полковник) Мансур Бухоризода, мушовири аршад (старший советник)-и вазири дохилаи Тоҷикистон:

«Салому алейкум дустони азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони диаспораи тоҷикон дар Федератсияи Расия ва марказҳои тоҷикон дар шаҳру навоҳиҳои Федератсиони Расия.

Як гурӯҳи корӣ аз вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии сардори Раёсти кофтукови ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Назарзода  Бахтиёр Бобо ва ман ҳам дар ҳамин гурӯҳ шомил ҳастем. Мо ҳамун масалаи умуман шаҳрвандони худмона дар Федератсияи Расия вобаста ба татбиқи қонун дар бораи «афв» ва шахсони мисол дар кофтуков қарор доранд, дар ҳамин масъаларо баррасӣ мекунем. Ман аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нафароне, ки ба шумо муроҷиат мекунанд, нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд, шумо медонен, марҳамат ана ҳамин телефонҳои моро бтен занг бизананд.

Мо дар шаҳри Масква, дар Вернадский- 16 ҳамон меҳмонхонаи Кометада (меҳмонхонаи«Комета», дар хиёбони Вернадский 16, дар назди ҳайкли Ю.А. Гагарин) ҷои корӣ дорем. Ҳамиҷада қарор дорем, марҳамат биёян занг бзанан, масалаҳошона баррасӣ кунем. Чунки баъди қабули қонун дар бораи «афв»   вай одамо дар ҳолати ғоибишон касе, ки мисол модаҳои бигем,ки дар кофтуков қарор доштанд, тибқи ҳамин қонун дар «афв» мефуроян ба тариқи автоматӣ авф мешаванд. Лекин баъд, аз баъди оне, ки аз системаи назоратӣ Федертсия Русия ҳам умуман хориҷ карда мешаванд. Барои ҳамин ваё бояд, ки дар бораи худшон умуман ба тариқи телефонӣ ба ҳамун мақомотои дахлдор касоне, ки уҷада имконияти тилфон кардан надорад иҷада мисол омада мақсад, ки аз системаи ҳамин назоратии Федератсияи Русия мақсади мо ҳамин аст. Ваё ба тариқи ғоибишон аз бигем, ки аз розиск кадоме, ки модаҳояш мефурояд дар қонун дар бораи авф хориҷ мешавад. Лекин медонем,ки чандин маротиба аз тарафи кормандони инҷа дастгиршон кардагианд. Баъд мисол бгем ҳолатҳои коррупсионӣ шуданаш мумкинай. Баъд ҳозир ҳамин хел имконият ҳаст. Метавонанд, ки бо мо дар алоқа бошанд. Ин масъаларо мо баррасӣ мекунем. Баъдан касе, ки дар кофтуков қарор дорад, метавонанд, ки омада мисол масъалаҳоша дар иҷа баррасӣ кунад».

Эзоҳи «Ислоҳ»

Дар аввал инро бояд мутазаккир бишавем, ки матни суханронии ҷаноби Бухоризодаро, он гуна ки буд, айнан овардем. Ва,шумо худ мебинед,ки як нафар сарҳанги ВКД,як нафаре,ки дорои ду дипломи таҳсилоти олӣ аст, бо чи шевае бо «ҳамватанони бурунмарзӣ» суҳбат меорояд ва қонуни забони давлатиро чи гуна нақз мекунад ва мубтадову хабар, оғозу анҷоми ҷумлаҳояш ҳам номаълуму номафҳум аст. Хуб, дигар, солҳост, ки ҳамин тарзи гуфтор ҷойи забони давлатиро гирифтааст ва танҳо Бухоризода ҳам нест. Полковник Бухоризода мегӯяд, ки барои ҳазфи ному насаби шаҳрвандони таҳти пайгарди мақомоти Тоҷикистон, ки дар системаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русияанд ва дар ғиёбашон шомили санади афв шудаанд, омадаанд.

Дар ҳақиқат ин гурӯҳи ҳамватанони мо, ки тҳти розиск-кофтуков эълон шудаанд, аксарият дар Русия қарор доранд. Бухоризода ва ин ҳайати эъзомӣ гуё барои кумаки ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия омадаанд. Аммо савол инҷост, ки магар намояндагиҳои ВКД дар шаҳрҳои Русия, ки дар ин авохир хеле зиёд шудаанд ва ё сафорату консулгариҳо ин корро анҷом дода наметавонанд? 100% метавонанд. Аммо ҷаноби Бухоризода ба шаффофият ва кори холисонаи онҳо шакку шубҳаи худро иброз медорад ва бо сароҳат ошкор мекунад, ки «Баъд мисол бгем ҳолатҳои коррупсионӣ шуданаш мумкинай».

Аммо, кӣ гарантӣ медиҳад, ки ҳадаф ва ангезаи аслии сафари ин ҳайати ВКД ба Русия маҳз ҳамин «ҳолатҳои коррупсионӣ» аст. Ба ин маъно, ки бо истифода аз қонуни «афв»  ин ҳайат барои пулкоркунӣ омадааст ва дасту чашми тамаъаш ба ҷайби муҳоҷирони мазлум аст ки ё шомили ин санад шудаанд ва ё инки ҳоло ҳам дар таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Ва Назарзода Бахтиёру Бухоризода Манур ва ҳамроҳонашон инҷо маҳз барои аз онҳо маблағ ситонидан омадаанд. Ва яқинан маблағи  меҳмонхона ва иҷораи утоқи гирифта дар хиёбони Вернадсий-16-ро ҳам аз ҳисоби ҳамин муҳоҷирон пардохт хоҳанд кард.

Ҷаноби Бухоризода чанд бор мегӯяд, ки «ҳолатҳои коррупсионӣ аз байн биравад».Аммо ин мақоми масъули ВКД аз кадом ҳолати коррупсионӣ ҳарф мезанад, равшан нест. Ҳолати коррупсионӣ бо милисаҳои Русия ё бо милисаҳои Тоҷикистон? Ҳолати коррупсионии пешмеомада бо милисаҳои Русияро чи гуна пешгирӣ мекунад? Яъне гуфтанӣ аст ки худаш ба коррупсия даст намезанад? Ин тарзи суҳбати Бухоризода узри бадтар аз гуноҳи як мақоми масъули ВКД аст, ки бар вуҷуди ришвату коррупсия дар милиса эътирофу иқрор мекунад. Бале ин иштиёқу алоқаи шадид ва хӯву одат ба «коррупсия» аст ки генерал Назарзода Бахтиёр Бобо пешдарову шумо узви ҳайат шуда Маскав омадаед. Кошелокҳо, кифҳо, сумкаҳои кифтгиракатонро аз рубли русиву доллар лабрез мекунед, хонаи садҳо ва шояд ҳазорҳо муҳоҷири мазлумро хароб мекунеду бармегардед ба ватан.

Барои ихроҷи асомии атбои тоҷики дар розик буда кофист, ки асноди онҳо ба мақомоти зидахл фиристода бишавад ва онҳо метавонанд аз система-низоми худ ихроҷ кунанд. Аммо, маҳз барои ҳамин як ҳайат шуда омадан, бори дигар мегӯем, ки ба хотири пулкоркунӣ-бизнес аст, ки УУР –Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД мехоҳад аз ин шонс истифодаи ҳаддиаксарӣ кунад, дигар ҳеҷ.

Матни навори дуввуми суханронии сарҳанг (полковник)Мансур Бухоризода, мушовири аршад (старший советник)-и вазири дохилаи Тоҷикистон:

«Саломат бошен акаи …., саломат бошен, мо миннатдорем, ҳо. Корҳои ҳамин ташвиқотӣ-тарғиботиро бурдан даркор, ки аз ҳамин будани мо дар ҳаминҷо истифода баранд, ки пагаҳ мисол ҳамин мардуми ҳамин сарзамин вайора баҳудаву беҳуда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манъ накунанд. Ҳолатҳои коррупсионӣ аз байн биравад. Дигар гап зада бутонан, ки ваё дар қайд нестанд, дар кофтуков нестанд. Мақсаду маром ҳамин аст. Ҳамада расондан даркор, ки ҳаминхелин корҳоро вай кунанд. Касоне,ки  дар ҳақиқат дар кофтуков қарор доранд бигуем, ки ҳамон модаҳои ҳамон ҷиноятҳои содиркардагишон дар қонун дар бораи авф намефароя ҳам ҳамун категориярам сафарбар кунед, тилфон кунанд мо нозукиҳоша буфаҳмонем, ки беҳуда дар иҷа сарсону саргардон нашаванд, ана бигеем, ки пинҳон нашаванд, ки бефоида аст. Имрӯз не пагоҳ, пагоҳ не пасфардо серавно ба даст мефароянд, некӣ ҳозир шаванд. Ҳозирам боз тибқи талаботҳои қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сабукиҳора пешбинӣ мекунад.

Саломат бошед, сарбаланд бошед. Шумода барори кор».

Эзоҳи «Ислоҳ»

Бубинед, ки ҷаноби Бухоризода чи мегӯяд? Дар ин суҳбатҳои ҷаноби Бухоризода ҳадаф пардапушона ва ишораҳо гуфта шудааст. Мақсад ҳамаи корҳоятонро мо метавонем дар худи ҳаминҷо ҳал намоем. Як нафар аз муҳоҷирони корӣ, ки дар вохурӣ иштирок доштааст гуфт инҷо ҳадафи аслӣ ва ангезаи сафар пул кор кардан аст. Бузҳоро сар додагианд. Бузҳо мардумро ҳалаҳала доранд, ки аз ин «шонс» истифода кунед. Эзоҳи моддаи 307 ва амсоли инро ҳам мешавад бо ин ҳайат гапзанон кард. Бояд бо онҳо рӯбарӯ шавед ва «гапзанон» кунед.

Ин нафар гуфт, ки ин эҳтимол ва имкон вуҷуд дорад, ки як,ду нафарро даъват карда дар асоси талаботи  Эзоҳи ин моддаҳо, албатта, бар ивази пули калон озод намоянд, то дигарҳо бовар кунанд. Аммо маълум аст ки инҷо комбинатсияи чандтарафа ва чандсамта аст дар ҷараён аст. Гӯё барои иҷро ва анҷоми масъулият омаданд, аммо эҳтимоли 100% вуҷҷуд дорад, ки чандин нафаронро дастгир ва истирдод кунанд. Ва, ҳатто пул гиранду ваъдаи татбиқи Эзоҳро бидиҳанд, вале баргарданду иҷро накунанд. Агар  даҳ каси дар розиск бударо ҳам баранд барору плюси кори ин ҳайат аст. Вале инки сумкоркунӣ ҳадафи аслии сафарашон аст, яқин аст. Чунки яке аз кормандони намояндагии ВКД ба яке аз роҳбарони диаспораҳо гуфтааст, ки «мо худамон мекардем ин корро».

Аз тарафи дигар сафари ин ҳайат намоиши он аст ки бубинед мо-ВКД метавонем Маскав омада шуморо дастгир ва боздошт кунем, яъне эҷоди даҳшат ва тарс байни муҳоҷирон аст ки ба худ натиҷа бигиранд, ки роҳи гурез вуҷуд дорад. Худи Бухориза дар ин бора ошкоро мегӯяд, ки «мо нозукиҳоша буфаҳмонем, ки беҳуда дар иҷа сарсону саргардон нашаванд, ана бигеем, ки пинҳон нашаванд, ки бефоида аст. Имрӯз не пагоҳ, пагоҳ не пасфардо серавно ба даст мефароянд, некӣ ҳозир шаванд. Ҳозирам боз тибқи талаботҳои қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сабукиҳора пешбинӣ мекунад».

Бубинед, ки аз системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва ё ҳар кишваре дигар ихроҷ ва ҳазфи номи нафари таҳти ҷустуҷӯ ё розиск қарор дошта ба худи шаҳрванд чи рабт дорад? Магар ин кори байниидоравии вазоратҳои ду кишвар нест? Шаҳрванд, ки наметавонад бираваду ба системаи мақомоти интизомӣ дастур диҳад ё хоҳиш кунад, ки номи ӯро пок кунад. Ҳамин тавр не?

Ҳоло ин гуна шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ақсо нуқоти дунё ба сар мебаранд, магар ВКД онҷоҳо ҳам меравад? Албатта, ки намеравад. Чун харҷу масорифи сафар дар Русия, ки ҳамватанони бо мақомот мушкилдошта зиёданд, аз ҳисоби онҳо пушонида мешавад.

Матни навори саввуми суханронии сарҳанг (полковник) Мансур Бухоризода, мушовири аршад (старший советник)-и вазири дохилаи Тоҷикистон:

«Баъдан, хоҳиш аз ҳамаи ҳами нафаро, ки дар ҳамин гурӯҳи Истиқлол ҳастанд  фарз кардем ҳамин гуфтагиҳои мара фақат барои худи шумову барои ташвиқоту тарғибот аст. Дигарода ҳамун нафарое, ки дар кофтукованд фиристодан даркор нест. Ин хел и мумкинам нест. Ин фақат барои шумо аст ки шумо роҳбарен, шумо роҳбари диаспораен, шумо роҳбари маркази тоҷиконед, ё ки дар ин ё он самте, ки  вобаста ба Тоҷикистон вобастагӣ дорад, сарукор доред, дигарода фиристодан даркор нест. Фақат гуфтан даркор, агар хоҳед шунавонидан даркору лекин фиристодан лозим нест».

Эзоҳи «Ислоҳ»

Аҷаб! Ҷаноби Бухоризода сарҳанг ва мушовири аршади вазир аз чи ҳарос дорад, ки мегӯяд ин суханҳои маро яъне навори суҳбаташро шунавонидан мумкин вале фиристодан мукин нест. Фиристанд чи мешавад?

Магар ин сафари шумо расмӣ ва қонунӣ нест?

Магар шумо ба суроғи «дигарон» омадагӣ нестед?

Магар ин сафари шумо хуфия ва пинҳонӣ аст?

Чи магар гурӯҳи Истиқлол ташвиқу тарғиби ҳадафи сафари шуморо дар байни фақат худаш анҷом диҳад? Яъне, ин гуфтаи шумо бори дигар исбот мекунед, ки бо нияти холис ва сирф барои кумак ба муҳоҷирони бо қонун мушкилдошта наомадаед.

То кунун мо маълумот надорем, ки ба қабули ин ҳайат ҳмватанонамон рафтаанд ё хайр.

Аммо сафари ин ҳайат таҳти муроқибати Ислоҳ аст. Ку, бубинем, ки чи миқдор ҷамъ мекунанд ва бо шаҳрвандони ғарибу муҳоҷиру мусофир, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ омаданд, чи гуна бархурд мекунанд.

Сайтҳои расмӣ аз ҷумла сомонаи ВКД дар мвриди сафари ин ҳайат чизе нагуфтааст.

Аммо ихтор ва ҳушдори мо ба ҳамватанони азиз ин аст ки ҳар касе даъват мешавед огоҳ ва ҳушёр бошед. Ҳам дар масъалаи пул, ҳам дар масъалаи истирдод ва ҳам дар масъалаи онки бо фиреби татбиқи эзоҳи моддаҳои қонун аз ҷумла 307, 401 ва амсоли инҳо асноду ҳуҷҷатҳоятонро эҳтимол ва имкон дорад бигиранд ва шуморо водор созанд баргардед ва ё баргардонанд. Хоҳиши дигари мо аз шумо ин аст ки натиҷаи суҳбату зангҳои телефониатон бо ин гурӯҳро ҳатман ба мо хабар диҳед.

Дар ҳар сурат ин ҳайат ба хайру салоҳи шумо наомадааст. Зирак бошед.

Суҳбатҳои Мансур Бухоризодаро, ки матнашро овардем ҷиддан мутолаа кунед. Ошкоро гуфта истодааст, ки дер ё зуд ба даст меафтед. Мо ба шумо аз қавли бузургонамон гуфтанием:

Ба зону гар занад душман, ба таъзимаш макун бовар,

Ки хам-хам рафтани сайёд, баҳри қатли мурғон аст.

Ҳасби ҳоли ин ду меҳмони нохонда ба Москав

Бухоризода Мансур Ғоиб, олковник,мушовири аршади вазири дохилии Тоҷикистон, 23 августи 1962 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олӣ:-омӯзгорӣ ва ҳуқуқшиносӣ.Аз декабри соли 1992 дар мақомоти дохилӣ дар вазифаҳои гуногун дар шаҳри Кулоб корро сар кардааст. Аз ҷумла сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар ШКД Кулоб, баъдҳо дар ВКД, сардори Раёсати мубориза алайҳи гардиши маводи нашъаовар, сардори маркази илми тадқиқотӣ, муовини Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, сардори Раёсати умури дохилӣ дар ВМКБ кор кардааст. Ҳамчунин дар вазифаҳои сардори ШВКД дар Конибодом ва Ваҳдат фаъолият намудааст.

Назарзода Бахтиёр Бобо, генерал-майори милитсия, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД. Аз соли 1998 корро дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ВКД шурӯъ кардааст. Аз ҷумла сардори ШВКД-и Сино, сардори шуъбаи 6 уми РВКД дар Душанбе, муовини ШВКД-и Кулоб, сардори УБНОН-Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири вилояти Хатлон, сардори ШВКД-1-и Исфара, сардори ШВКД Исфара, ҷонишини Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД,сардори УБНОН-и ВКД кор кардааст. Аз 22 апрел 2025  сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин мешавад.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ҳамватанони азиз, муҳоҷирони тоҷик дар Русия!

Аз шумо ҷиддан хоҳиш мекунем: ба ваъдаҳои шифоҳии афроди муаррифишуда ҳамчун кормандони ВКД дар бораи «афв», пок кардани ном аз рӯйхати кофтуков ё ҳалли парванда бовар накунед. Ба ҳеҷ кас пул надиҳед, ҳуҷҷатҳои аслии худро насупоред ва бе ҳузури вакили мустақил ба ягон мулоқот наравед. Ҳар ваъдаро танҳо дар сурати пешниҳоди санади расмӣ, хаттӣ ва санҷишшаванда баррасӣ кунед.

Таҳти пайгард қарор гирифтани шахс худ ба худ маънои гунаҳкор будани ӯро надорад. Гуноҳ бояд дар доираи мурофиаи одилона ва бо ҳукми қонунии суд исбот шавад. Нагузоред бо тарс, таҳдид ё ваъдаи «афв» шуморо ба манбаи доимии пул — ба истилоҳ, «гови ҷӯшо» — табдил диҳанд.

Дар бойгонии «Ислоҳ», тибқи маълумоти дар ихтиёри мо буда, наздик ба 30 сабт ва нома танҳо аз як минтақа маҳфуз аст. Аммо дар умум 118 сабт ва мукотабаҳо аз муҳоҷирон вуҷуд дорад.Дар онҳо афроде, ки ҳамчун кормандони ВКД муаррифӣ шудаанд, аз муҳоҷирон талаб мекунанд ариза фиристанд ва дар иваз ваъдаи «афв» медиҳанд. Ҳамчунин, ба мо муроҷиатҳои ашхосе расидаанд, ки иддао мекунанд маблағ пардохтаанд, аммо баъди бозгашт боз ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

Мо ин маводро алоҳида месанҷем. Номҳо, сабтҳо ва шикоятҳои расида ҳифз шудаанд. Пас аз санҷиш ва гирифтани мавқеи шахсони зикршуда, «Ислоҳ» барномаи муфассале нашр хоҳад кард. Ислоҳ дақиқан пулситонии кормандони ВКД ва даст доштани шахсони мушаххасро ҳамчун далели собитшуда эълон мекунем. Мо бе далел чизе намегем,агар Рамазон Раҳимзода хоста бошад ва гуяд нашр кунед, ҳатман 64 сабт ва суҳбатҳое,ки возеҳ бо ному насаб ва рутбаи кормандони ВКД-ро нашр мекунем, то донад мо бе далел гап намезанем.

Муҳоҷирони азиз, агар аз шумо пул талаб карданд ё ваъдаи «афв» доданд:

суҳбат ва паёмҳоро ҳифз кунед;

ному вазифа ва рақами телефони шахсро сабт намоед;

расид ё далели интиқоли маблағро нигоҳ доред;

пеш аз ҳар иқдом бо вакили мустақил машварат кунед;

нусхаи маводро ҳатман ба «Ислоҳ» фиристед.

Ва ҳушдори мо ба Рамазон Раҳимзода ин аст: бас аст! Мақомоти зери роҳбарии шумо вазифадоранд ба мардум ҳисобот диҳанд, на ин ки бо тарс ва ваъдаҳои ношаффоф муҳоҷиронро саргардон кунанд. Агар ин ҳайат барои иҷрои қонун ба Маскав рафта бошад, пас ҳадаф, ҳайат, муҳлати сафар, тартиби муроҷиат ва тамоми хизматрасониҳо бояд расман ва ошкоро нашр шаванд. Агар ягон пардохт пешбинӣ шуда бошад, асоси ҳуқуқӣ ва расиди расмии он бояд пешниҳод гардад.

Кормандони худро аз ҳар гуна пулситонӣ, фишор ва ваъдаҳои беасос боздоред. Ба саволҳои ҷомеа посух диҳед ва ҳар шикояти муҳоҷиронро мустақилона таҳқиқ кунед. Зулме, ки муҳоҷир дар ғарибӣ мебинад, кофист; мақомоти Тоҷикистон набояд ба ранҷи ӯ ранҷи дигар зам кунанд.

Ҳушдори охир: ба ваъдаи шифоҳии «афв» бовар накунед, пул надиҳед ва бе вакили мустақил ба мулоқот наравед!

Сообщение Ҳайати ВКД дар Маскав бо номи «афв»: муҳоҷирон, бовар накунед ва пул надиҳед! появились сначала на ISLOH.net.

Сафари «тавбаву надомат» ба Теҳрон? Паси пардаи дидори Ҳасан Асадуллозода бо Бобаки Занҷонӣ
Таҳқиқоти Ислоҳ

Сафари ахири як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Эрон дар хабарҳои расмӣ ҳамчун сафари иқтисодӣ, энержӣ ва тиҷоратӣ муаррифӣ шуд. Аммо маълумоте, ки мо аз манбаъҳои дохилӣ ва афроде, ки аз ҷузъиёти ин сафар огоҳанд, дарёфт кардем, нишон медиҳад, ки пушти барномаи расмии ин ҳайат масъалаи дигаре низ қарор доштааст: парвандаи куҳнаи Бобаки Занҷонӣ ва миллиардҳо долларе, ки солҳо боз номи Тоҷикистон дар канори он зикр мешавад.

Ин маълумот вақте аҳамияти бештар пайдо мекунад, ки худи Бобаки Занҷонӣ баъди мулоқот бо ҳайати Тоҷикистон пардаро то андозае канор зад.

Ӯ навишт:

«Дирӯз ҷамъе аз меҳмонони даъватшуда аз Тоҷикистон, аз ҷумла вазири нақлиёт, вазири роҳи оҳан, вазири энержӣ, масъулони бонкӣ ва хонаводаи муҳтарами раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон меҳмони мо дар Эрон буданд».

Занҷонӣ ҳамчунин эълон кард, ки меҳмонони тоҷик барои ӯ «медали ифтихорӣ ва акси наққошишуда»-ашро ба ҳадя овардаанд. Радиои Озодӣ низ ҳузури Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигаронро дар ҳайат тасдиқ кардааст.

Хабаргузории давлатии Эрон — IRNA — низ сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистонро тасдиқ карда, навиштааст, ки Далер Ҷумъа, Азим Иброҳим, Фаррух Шарифзода ва гурӯҳе аз соҳибкорон бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ мулоқот карданд. Пеш аз он ҳайат бо вазири нафти Эрон Муҳсин Покнажод дар бораи ҳамкориҳои энержӣ гуфтушунид дошт.

Пас сафари расмӣ ва музокироти нафтӣ ҷои баҳс надорад.

Аммо он чи дар паси ин сафари расмӣ гузаштааст, қисмати муҳимтари моҷарост.

Чаро Ҳасан Асадуллозода?

Дар миёни вазирон ва дипломатҳо ҳузури Ҳасан Асадуллозода махсусан ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.

Ӯ вазири нафт нест. Вазири энержӣ нест. Вазири нақлиёт ҳам нест.

Ҳасан Асадуллозода раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ва маҳз ӯ дар мулоқот бо Бобаки Занҷонӣ ҳузур пайдо мекунад — шахсе, ки номи ӯ беш аз даҳ сол боз бо баҳси миллиардҳо доллар ва Тоҷикистон пайваст аст. Ҳузури Асадуллозода дар ҳайатро Радиои Озодӣ низ тасдиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъҳои дохилии мо, масъалаи Бобаки Занҷонӣ ҷузъи муҳими пушти пардаи ин сафар будааст ва қисми расмии сафари давлатӣ ҳамзамон имкон додааст, ки ин мулоқот дар чорчӯби як сафари бузурги иқтисодӣ анҷом шавад.

Яъне он чи ҷомеа дид — вазирон, музокироти нафт, энержӣ ва нақлиёт буд.

Аммо он чи дар паси парда қарор дошт, ҳалли як баҳси бисёр куҳнаи молӣ низ будааст.

2,5 миллиард доллар — баҳсе, ки ҳеҷ гоҳ тамом нашуд

Парвандаи Бобаки Занҷонӣ як баҳси одии тиҷоратӣ нест.

Дар Эрон мақомоти гуногун ҳаҷми қарзи ӯро дар солҳои гузашта бо рақамҳои андаке мухталиф эълон кардаанд: тақрибан 2,35 миллиард евро, 2,6 миллиард евро, 2,8 миллиард доллар ва рақамҳои наздик ба ин. IRNA соли 2014 ин ихтилофи рақамҳоро ҷамъбаст карда буд. (ایرنا)

Аз ин рӯ, рақами маъруфи «2,5 миллиард доллар» бештар ба шакли умумӣ барои тавсифи ҳаҷми баҳс истифода шудааст ва рақами дақиқ дар манобеи гуногун яксон нест.

Аммо робитаи молии худи Занҷонӣ бо Тоҷикистон тахмин нест.

Вазорати хазонадории ИМА ҳанӯз 11 апрели соли 2013 расман сабт карда буд, ки ширкати Kont Kozmetik, ки ба Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дошт, соли 2011 Kont Investment Bank дар Тоҷикистонро харидорӣ кардааст. Суроғаи идораи он ҳам дар Душанбе, кӯчаи Бухоро 43 нишон дода шудааст. (U.S. Department of the Treasury)

Яъне Занҷонӣ дар Тоҷикистон танҳо меҳмон ё соҳибкори тасодуфӣ набуд. Ӯ дар ин кишвар сохтори бонкӣ ва тиҷоратӣ дошт.

Радиои Озодӣ низ менависад, ки мақомоти эронӣ дар гузашта гуфта буданд, Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва сарнавишти бахше аз дороиҳои ӯ то ҳол рӯшан нест.

Ин аст заминае, ки мулоқоти имрӯзаи Ҳасан Асадуллозода ва Бобаки Занҷониро аз як дидори одӣ фарқ мекунад.

Манбаъҳои мо: масъалаи пул дар музокирот будааст

Тибқи маълумоте, ки мо аз дохили ин сафар дарёфт кардем, масъалаи маблағҳои Занҷонӣ ва роҳи ҳал кардани баҳси куҳна дар гуфтугӯҳо матраҳ шудааст.

Манбаъҳои мо мегӯянд, Душанбе имрӯз ба беҳбуди муносибат бо Теҳрон ва, бахусус, ба ҳамкории Эрон дар бахши сӯзишворӣ ва энержӣ ниёз дорад.

Музокироти расмии ҳайат низ ҳамин ниёзро тасдиқ мекунад: ҷониби Тоҷикистон бо мақомоти Эрон масъалаи густариши ҳамкории энержиро дар сатҳи баланд баррасӣ кардааст. (IRNA English)

Ба иттилои манбаъҳои мо, дар чунин шароит бастани баҳси Занҷонӣ ба яке аз шартҳои муҳими барқарор кардани эътимоди комил табдил ёфтааст.

Манбаъҳои мо ҳамчунин мегӯянд, ки дар ин сафар масъалаи баргардондани бахше аз маблағҳои мавриди баҳс ва идомаи тасвияи он дар оянда матраҳ будааст.

Ин қисми маълумот аз суҳбатҳои мустақими мо бо афроде гирифта шудааст, ки аз ҷараёни сафар иттилоъ доранд.

Аммо рафтори худи Занҷонӣ баъди мулоқот низ қобили таваҷҷуҳ аст.

Ӯ на танҳо ҳайати Тоҷикистонро бо гармӣ пешвоз гирифт, балки ҳадяҳои аз Душанбе овардашударо махсус ба намоиш гузошт.

Медал ва портрет барои чӣ?

Биёед ҳамин саҳнаро тасаввур кунем.

Аз Душанбе барои Бобаки Занҷонӣ портрет мекашанд.

Онро бо худ ба Теҳрон мебаранд.

Медали ифтихорӣ низ ҳамроҳи он аст.

Ва ин ҳадяҳоро ҳайате мебарад, ки дар он вазирони Тоҷикистон ва Ҳасан Асадуллозода ҳузур доранд.

Худи Занҷонӣ баъдан ин ҳодисаро ошкор мекунад ва мегӯяд, ки ин ҳадяҳо барои ӯ «бисёр боарзиш» буданд. Ин воқеаро ӯ ошкоро дар сафҳаи худ дар интернет нашр кардааст.

Ҳамин ҷост,ки ин ҳадя дигар танҳо ҳадя нест.Ин як навъ изҳори тавбаву надомат ва узри бисёр калон ва бадтар аз гуноҳ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоте, ки аз манбаъҳои дохилии худ гирифтаем, ин рафторро метавон ҳамчун нишонаи оштӣ ва талош барои бастани як баҳси бисёр сангини гузашта хонд.

Дар дипломатия ва муносибатҳои хусусии сатҳи боло на ҳамаи паёмҳо дар коғази расмӣ навишта мешаванд.

Гоҳе худи тарзи истиқбол, ҳадя, ҳайати фиристодашуда ва шахсе, ки барои музокирот интихоб мешавад, паём аст.

Ва ин ҷо паём хеле рӯшан менамояд:

Душанбе мехоҳад парвандаи Занҷониро аз сари роҳ бардорад ва бо Теҳрон ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ворид шавад.

Хуб,ин ҳама чӣ маъно дорад?Ин маънояш ин аст ки мо ғалат кардем,мо пушаймонем, ки пулҳои туро надодем.Вагарна чаро аз Душанбе акси наққоши Бобакро кашидаву сохтаву дар самолет бор кардаву Теҳрон меоваранду Ҳасан миёнашро дуқат карда тақдим мекунад?

Инро ҳам агар Бобак мегуфт,ки расми баргузории эътои «акси мунаққаш» дар манзили зисти вай иттифоқ уфтодааст ва ё дар кадом утоқи вазоратхона дар Теҳрон боз ҳам ҷолибтар мешуд.Ин маънои дигараш ин аст ки «ҳо бале мо пули туро дуздида будем,вале акнун бармегардонем ва шумо илтимос ба мо бензину солярка ёрдам кунед,нефт ёрдам кунед.Чунки мо дигар ҳоламон табоҳ аст».

Бубинед,ки барои манфиати худу қудраташ чи корҳои касифу хабисеро иҷро мекунад ва бо сарнавишти миллату давлат чи гуна бозӣ мекунад ва обрӯи давлатро чи гуна поин меоварад.

Хулоса,Бобаки Занҷонӣ бо нашри ин пост дар Телеграмканали худ дасти дуздро рӯ кард ва нишон дод,ки вай рост гуфта буд,ки Раҳмонов дунимиллиарди ӯро дуздид.

Вале кори худоро бинед,ки баъди чанд сол ҳамачиро ошкор кард.

Чаро ҳоло?

Ин суол аз ҳама муҳимтар аст.

Чаро баъди ин ҳама сол?

Чаро маҳз ҳоло Ҳасан Асадуллозода рӯбарӯи Бобаки Занҷонӣ менишинад?

Чаро маҳз ҳоло портрету медал мебаранд?

Ва чаро маҳз дар ҳамон сафар Тоҷикистон аз Эрон нафт, сӯзишворӣ ва густариши ҳамкории энержӣ мехоҳад?

Ба иттилои манбаъҳои мо, посухро бояд дар ниёзи имрӯзаи Душанбе ба Теҳрон ҷуст.

Раҳбарияти Тоҷикистон мехоҳад муносибати сиёсиву иқтисодии худро бо Эрон то ҳадди имкон беҳтар кунад ва аз имкониятҳои ин кишвар дар бахши энержӣ, нақлиёт ва тиҷорат истифода барад.

Аз тарафи дигар, наметавон аз Теҳрон ҳамкории стратегии нав талаб кард, вале баҳси чандмиллиарддолларии гузашта бо яке аз муҳимтарин афроди ин парванда боз боқӣ монад.

Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи Занҷонӣ дубора аҳамият пайдо мекунад.

Оё ҲНИТ сабаби аслии сардии муносибатҳо буд?

Солҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон чунин тасвир дода мешуд, ки яке аз сабабҳои аслии буҳрони муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон масъалаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳузури роҳбарияти он дар Эрон буд.

Ин омил воқеан дар танишҳои сиёсӣ нақш дошт.

Аммо таърихи парвандаи Занҷонӣ нишон медиҳад, ки баҳси молӣ пештар аз авҷи моҷарои ҲНИТ вуҷуд дошт.

Kont Investment Bank-и Занҷонӣ ҳанӯз соли 2011 дар Тоҷикистон фаъол буд ва Вазорати хазонадории ИМА соли 2013 робитаи онро бо шабакаи Занҷонӣ расман сабт карда буд. (U.S. Department of the Treasury)

Аз ин рӯ, маълумоти манбаъҳои мо тасвири дигареро пеш мегузорад:

моҷарои Занҷонӣ яке аз масъалаҳои бисёр ҷиддии пасипардагии равобити Душанбе ва Теҳрон будааст ва баҳсҳои сиёсӣ баъдан ба он илова шудаанд.

Ин маъно надорад, ки масъалаи ҲНИТ тамоман сохта буд. Аммо маънояш ин аст, ки муносибатҳои ду кишвар аз як баҳси бузурги молӣ низ осеб дида буданд.

Сафари давлатӣ — ва рисолати дигар

Ба иттилои манбаъҳои мо, агар танҳо масъалаи хусусии Занҷонӣ матраҳ мебуд, имкон дошт Ҳасан Асадуллозода ё шахсони дигари масъул алоҳида ба Эрон раванд.

Аммо ворид кардани ин мулоқот ба чорчӯби як сафари баландпояи давлатӣ ду вазифаро иҷро мекард:

аз як тараф музокироти энержӣ ва тиҷоратӣ анҷом мешуд;

аз тарафи дигар баҳси куҳнаи Занҷонӣ дар сатҳе баррасӣ мешуд, ки вазни сиёсӣ ва давлатӣ дошт.

Аз ҳамин назар, манбаъҳои мо ин сафарро танҳо сафари иқтисодӣ намедонанд.

Онҳо онро сафари оштӣ ва тасвияи ҳисобҳои гузашта низ тавсиф мекунанд.

500–600 миллион доллар сармоя куҷо шуд?

Соли 2015 Ҳасан Деҳдаштӣ, узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар порлумони Эрон, гуфта буд, тибқи маълумоте, ки онҳо ҷамъоварӣ кардаанд, Занҷонӣ тақрибан 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин изҳор карда буд, ки мумкин аст қисме аз дороиҳои вобаста ба Занҷонӣ ба номи афроди дигар, аз ҷумла ашхоси бонуфуз, сабт шуда бошанд. Ин маълумот баъдан, ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти қазоии Эрон пешниҳод шудааст.

Ин ҷо бояд бо дақиқӣ таъкид кард: ин сухан иддаои як мақоми эронӣ аст. Манбаъҳои кушода ҳукми додгоҳеро нишон намедиҳанд, ки собит карда бошад 500–600 миллион долларро шахсан Эмомалӣ Раҳмон ё Ҳасан Асадуллозода тасарруф кардаанд.

Аммо худи мавҷудияти чунин иддао дар сатҳи узви порлумони Эрон ва пайгирии расмии парванда як воқеияти таърихист.

Посте, ки пардаро каме канор зад

Шояд агар Бобаки Занҷонӣ худаш аксҳо ва ҷузъиёти мулоқотро нашр намекард, ин бахши сафар ба ҳамин андоза мавриди таваҷҷуҳ қарор намегирифт.

Аммо ӯ худаш гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон меҳмони ӯ буд.

Худаш аз ҳузури аъзои хонаводаи раисиҷумҳур ёд кард.

Худаш ҳадяҳои овардашударо нишон дод.

Худаш аз медал ва портреташ гуфт.

Ва ҳамин навишта як саволи куҳнаро дубора ба маркази таваҷҷуҳ овард:

миёни Бобаки Занҷонӣ ва мақомоти Тоҷикистон дар ин солҳо воқеан чӣ ҳисобе боқӣ монда буд?

Таҳқиқоти мо бар асоси иттилои манбаъҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки баҳси маблағҳо аз байн нарафта буд ва сафари ахир яке аз марҳилаҳои талош барои ҳал кардани он будааст.

«Тавбаву надомат» — маънои сиёсии сафар

Агар ин сафарро танҳо бо забони протокол бихонем, он сафари ҳайати иқтисодии Тоҷикистон ба Эрон аст.

Аммо агар онро дар канори таърихи Занҷонӣ, миллиардҳои баҳсбарангез, фаъолияти бонкии ӯ дар Душанбе, ҳузури Ҳасан Асадуллозода, мулоқоти хусусӣ, медал, портрет ва маълумоти манбаъҳои дохилии мо гузорем, тасвири дигаре пайдо мешавад.

Аз ҳамин назар метавон онро сафари тавбаву надомати сиёсӣ ва талош барои оштӣ бо як парвандаи куҳна номид.

На ба ин маъно, ки ягон санади расмии «узрхоҳии Эмомалӣ Раҳмон» имзо шудааст.

Балке ба ин маъно, ки мувофиқи маълумоти манбаъҳои мо, намояндагони наздики сохтори ҳокимият барои бастани баҳсе рафтаанд, ки солҳо ба муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон соя андохта буд.

Ва аз ҳама рамзитар ин аст, ки имрӯз шахсе, ки солҳо дар маркази ин баҳс қарор дошт, на ҳамчун душман, балки ҳамчун мизбон истодааст ва меҳмонони Тоҷикистон барои ӯ портрет ва медали ифтихорӣ мебаранд.

Хулоса

Бобаки Занҷонӣ як шахси тасодуфӣ дар таърихи иқтисодии Тоҷикистону Эрон нест.

Санадҳои расмии байналмилалӣ мавҷудияти бонки вобаста ба шабакаи ӯ дар Душанбе аз соли 2011-ро тасдиқ мекунанд. (U.S. Department of the Treasury)

Мақомоти Эрон солҳо дар бораи миллиардҳо доллар қарзи Занҷонӣ баҳс кардаанд ва рақамҳои наздик ба 2,5–2,8 миллиард доллар ё 2,3–2,6 миллиард евро дар изҳороти мухталиф омадааст. (ایرنا)

Расонаҳо аз садҳо миллион доллар сармоягузории Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва норӯшан мондани сарнавишти дороиҳои ӯ хабар додаанд.

Ва имрӯз, баъди беш аз даҳ сол, Ҳасан Асадуллозода дар ҳайати баландпояи Тоҷикистон бо ҳамин Бобаки Занҷонӣ мулоқот мекунад ва барои ӯ аз Душанбе медалу портрет мебаранд.

Ба иттилои манбаъҳои дохилии таҳқиқоти мо, ин мулоқот танҳо мулоқоти дӯстона набуд: баҳси маблағҳои гузашта ва роҳи тасвияи он низ яке аз мавзӯъҳои аслии пасипардагии сафар будааст.

Ҳамин аст ҷиҳате, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои ҷомеа шарҳ надодааст.

Агар ин маълумот нодуруст бошад, роҳи рад кардани он осон аст: мақомоти Тоҷикистон метавонанд ошкор кунанд, ки Ҳасан Асадуллозода бо Бобаки Занҷонӣ дар бораи чӣ суҳбат кард, медалро кадом ниҳод дод, портретро кӣ фармоиш дод ва масъалаи дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар чӣ вазъ қарор дорад.

То он замон, сафари Теҳрон танҳо бо чанд акси дипломатӣ ва хабар дар бораи нафт шарҳ дода намешавад.

Зеро дар паси ин аксҳо як парвандаи чандмиллиарддолларӣ истодааст, ки баъди беш аз даҳ сол боз Бобаки Занҷонӣ ва наздикони Эмомалӣ Раҳмонро сари як миз овардааст.

Ва,дар охир.Бастани қарордод барои хариди маҳсулоти омодаи нафтӣ:бензину солярка ва нафти хом(яқинан барои корхонаи тавлиди нафт дар Данғара) пеш аз ҳама шарики стратегии Тоҷикистон Русияро нигарон кардааст.Интерфакс,хабаргузории русӣ мисле,ки аз даруни ин мулоқот менависад: («Душанбе запросил у Тегерана около 2,6 млн тонн топлива, включая 2 млн тонн нефти»- «https://www.interfax.ru/world/1109931).

Агар ончики др ин навишта амалӣ ва татбиқ шавад,дар ҳақиқат Тоҷикистон аз вобастагии сахти Русия хеле ҳам халос мешвад,албатта,агарки мудовим бошад,на барои сол.Вале аз тарафи дигар Эрон,ки таҳти санксияи байнлмилалӣ қарор дорад,интиқоли ин ҳама ҳаҷми бузург,беш аз 50 ҳазор вагон аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя барои Тоҷикистон осону роҳат даст нахоҳад дод.

Сообщение Сафари «тавбаву надомат» ба Теҳрон? Паси пардаи дидори Ҳасан Асадуллозода бо Бобаки Занҷонӣ появились сначала на ISLOH.net.

«“Ҷумъа муборак” мамнӯъ аст ё не? Ривоятҳои мардум ва мавқеи Кумитаи дин»
«Хусумати  Раҳмонов бо ислом нав нест»

Як нома қабл ва номаи дигар баъди муайян шудани мавқеъи Кумитаи дин дар мавриди баъзе аз навиштаҳои маъмулии оҳанги исломӣ дошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дасти мо расид. Мо ногузир шудем, ки бо як нигоҳи гузаро баъзе аз андешаҳои худро дар робита ба сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот ба дини ислом изҳор дорем. Аммо он ду номаро дар қисмати поёни мутолиа хоҳед кард.

Бо нашри як баёния Кумитаи дин баҳсҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба манъи навиштаҳое «Рӯзи саиди ҷумъа муборак», худованд раҳмату мағфират кунад» ва амсоли ин таманиёти исломиро, ки асрҳо боз дар миёни муслимин роиҷ ва ҷорӣ аст, такзиб кард ва гуфт, ки ҳиҷ гуна муҷозоте барои ирсолу қабули ин навиштаҷот дар қонунгузорӣ пешниҳод нашудааст. Гуё ин Кумита, ки сиёсати ҳукуматро дар арсаи дин пеш мебарад, ба ин баҳс нуқта гузошт.

Аммо хабарҳо ва маълумотҳое, ки ба мо мерасад, баракси инро мегӯяд. Ҳукумати Тоҷикистон дар шахси худи Раҳмонов ва масъулони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи он, яъне мақомоти интизомиву амниятӣ тамоми неру ва тавони ҳокимиятро барои тазъифи дини ислом ва дурсозии ҷомеа аз он ба харҷ дода истодаанд.

Мову шумо хуб медонем, ки Раҳмонов як душмани қасамхӯрда ва сарсахти дини ислом, дини мардум ва миллат аст. Касе, аз шумо, ки ин навиштаро мутолаа мекунад дар ҷое, масалан дид, ки Раҳмонов боре ҳам масҷид рафтаву сарашро ба саҷда гузошта бошад.

Раисони ҷамоҳири кишварҳои ҳамсоя, масалан Узбекистон, Турманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар ду иди бузурги мову шумо Қурбон ва Рамазон дар майдони марказии пойтхтҳояшон ҳамроҳи мардум нмоз мехонанд. Афви махсус бахшида ба фарорасии ин ду ид қабул мекунанд. Аммо Раҳмонов чӣ? Раҳмонов ҳатто барои баргузорӣ ва барпоии намоз маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кард. Шумо агар дар вақти намоз дар роҳ бошед, ҳақ надоред, ки ибодати фарзии худро дар лаби роҳ ба ҷо оваред. Масалан дар кишварҳои ғайрисломӣ, дар фурудгоҳ, дар вокзал ва дар дигар амокини иҷтимоӣ хонае барои баргузории намоз пешбинӣ шудааст, масалан дар Кохи Сафеди Амрико, аммо дар мо дар чунин ҷойҳо намоз барпой доштан ҷарими сангин дорад.

Ду ё се соли пеш Раҳмонов дастур дода буд, ки рӯзаатонро бихуреду зардолуро чинед: ҳосил талаф наёбад.

Рости гап ман дар ин бора, ки Раҳмонов дар ин беш аз 70 соли умраш ягон бор рӯза дошт бошад бо он ишками калону гардани балони газияш, хабар надорам, баъид аст, дар гумон аст, шаку шубҳа дорам.

Насли он солҳо хуб дар ёд доранд, ки он қавму гурӯҳ, ки Раҳмоновро сари қудрат овард, бо шиори «Нест бод ислом» вориди саҳна шуда буданд. Ва ҳамин сиёсати зиддиниро Раҳмонов то ба имрӯз  бар болои ин миллати мазлум ва мустазъаф татбиқ мекунад.

Раҳмонов дар симои ҳар як намозгузор, ҳар як марди бо ришу хонуми муҳаҷҷаба хатар эҳсос мекунд ва онҳоро душман мешуморад.

Дар тамоми тӯли ҳокимияташ давра ба давра, қадам ба қадам доираи дини ислом дар кишварро маҳдуд кард. Даҳҳову садҳо масҷидро дар қаламрави кишвар басту маҳкам кард. Ҳатто бинои масҷидро ба амният дод ва ба дискотека мубаддал кард. Таълиму тадриси исломиро барои насли наврас ва кудакон манъ кард. Уламои муътабарро аз минбару меҳроби масҷид поин овард. Хуллас, корҳое кард, ки як мусалмон ҳиҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳад, чи расад ба онки вай раиси якмиллату давлати мусалмонӣ бошад.

Талош мекунад тарзе ҷилва диҳад, ки таъриху фарҳанги мо аз дину оини мо мутафовит аст. Вай, барои он намегӯяд, ки ориёӣ як чизе бузургу баланд аст вай барои он мегӯяд, ки ангор ориёӣ будан ғайриисломӣ будан аст. Ин қадар танаффур дорад, ки бо истифода аз қудрат ва зӯри ҳокимият дигар дину мазҳаби моро, масҷиди намозу тоату ибодати моро, ҳатто ном гузоштан ба кудаконамонро таъин мекунад. Таъин мекунад, ки аз кай аркони динмонро ёд бигирем. Яъне то 18 солагӣ рӯ овардан, омӯхтани аркону заруриёти динӣ дар Тоҷикистон қатаған аст ва дар сурати риоят накардани ин банди қонун муҷозот дар пеш аст. Ин қонун, ки вазъ кардааст, садфисад бар муқобили фарз, яъне дастури мустақими Аллоҳ ва шариъати Ислом аст.

Барои падару модар-волида фарз аст ки ба муҷарради 7 , 9 ва 12 солагии духтар ва писар онҳоро бо аркони ислом бузург кунад, яъне таълим бидиҳад. Аммо Раҳмонов дурусту дақиқ бар муқобили ин дастури Аллоҳ қонун қабул кард, ки падару модар, ки бидуни иҷозат кӯдаки худро бо таълими исломӣ фаро мегирад, муҷозот хоҳад шуд. Шумо аз як чунин раис ва роҳбар дигар чи таваққуъ дошта метавонед?

Қонун қабул кард, ки то ба 18 надарояд, масҷид наравад. Дар ғайри сурат ба ҷазо мубтало хоҳӣ шуд. Аммо Муҳаммад ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) мегӯяд, ки аз 7 солагӣ ба фарзандонатон омӯзиши намозро омӯзед ва даҳ сола шуданд нахонданд танбеҳ кунед фарзандонатонро.

Ҳоло акнун ин вазъи мову шуморо, мусалмонони Тоҷикистонро кӣ бояд ислоҳ бикунад? Мо,дастури Аллоҳу паёмбарамонро итоат кунем ё қонуни Раҳмоновро? Бубинед Раҳмонов мустақим бо Аллоҳ ҷанг карда истодааст.

Ин танаффур ва ин бадбинӣ дар қалби Раҳмонов бар алайҳи ислом воқиан ҳам ҷойи нигаронӣ дорад. Роҳбар ва раиси як мамлакати мусалмонӣ аз дину оини мардуми худаш мутанаффир аст.

Баъзе хабарҳое, ки аз давру бараш меояд, ҳокӣ аз он аст занҳои сатрпушро бинад касал мешавад. Инки фарҳанги бегона, сару либоси бегона мегӯяд, нишонаи буғзу хусумати ошкорояш бо ислом аст.

Бубинед, ки дар ҷаласаҳо, ки рақсу базм доранд, чи қадар табъаш болида мешавад ва гоҳе микрофонро мегираду сари овоз мегирад. Руҳаш боз мешавад. Ин, яъне руҳан ва қалбан зиди ислом аст.

Инҷо як гуфтаашро, ки ҳамин чанд рӯзи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад, пешкашатон мекунам:

«Агар дар забонамон, дар рафторамон, дар кирдорамон зоҳирпарастӣ кунем, ҷелакҳои дароз пӯшем, ришҳои дароз монем, сатру ҳиҷоб бандем, лекин дилу нияти бад дошта бошем, ин зоҳирпарастӣ асту халос».

Бигзор, ин гуфтаи Раҳмоновро таҳлили мантиқиву маъноӣ накунем. Чун мисли ҳама ҳарфҳояш зидунақиз аст. Аммо бубинед, ки чи тавр эҳсоси нафрати худро ба «ҷелакҳои дароз… ,ришҳои дароз, сатру ҳиҷоб» пинҳон дошта наметавонад.

Ёдатон бошад Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон манъи гузоштани ришу пӯшидани ҳиҷоб дар бархе корхонаҳои давлатиро “тартиботи дохилии муассисаҳо” унвон карда буд. Яъне аз дӯши худ соқит ва ба гардани дигарҳо бор кард. Ҷуръат накард бигӯяд, ки раиси ҳукумат ҳамин таврашро мехоҳад.

Инро қабл ҳам гуфтему боз ҳам мегӯем, ки агар ҷомиа озоду демократӣ бошад, агар давлати мо дунявии маданӣ бошад, кӣ чи кор дорад, ки дар тани ман ҷелак аст ё костюм ва ё ҷома ва ё палто? Риши ман ба ту чи зиён дорад, ки кутоҳ гузорам ё дароз? Ва ҳамин тавр як зан сатру ҳиҷоб кунад ба ту чӣ?

Инҷоҳо, ки чандин сол шуд аз юмни палиди Раҳмонов мегардам, касеро ба касе дар ин масъалаҳо коре нест. Мебинӣ дар зимистон тайи шорт мегардад, баракс мебинӣ дар тобистон бо палто аст. Ин кор хусусӣ аст, ҳарими хусусӣ аст. Ту раисӣ, хуб бошад, вале раиси ришу ҳиҷобу сатру ҷелаку дастори ман нестӣ,ку? !Ман бояд тибқи хоҳишу ирода ва мазоқи ту форма одеват кунам? Чаро? Чаро барои либоси ман, ту проблема дошта бошӣ? Шаб то рӯз, рӯз то бегаҳ русская водкаро зада мегардӣ, мо кордорат намешавем ку? Рухшона дар кучаҳои Ландан бо миниюбка мегардад, касе кордораш намешавад. Як бор пурсаш, ки дар онҷоҳо ҳам проблемаи ришу сатру ҷелаку рӯзи ҷумъа муборак ҳаст ё хайр?

Бори дигар ёдрасат мекунам, ки ҳамин Исмоили Сомонӣ ва тамоми дудмони вай, ки бароят улгуву намуна шудааст, риш дошт, аз кудакӣ Қуръон хонда буд, мулло буд ва ё Рӯдакӣ риш дошт, Сино риш дошт, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ риш дошт, Айнӣ риш дошт. Инҳо ҳамааашон муллою  домуллову мавлавӣ буданд ва ҳамашон дар хурдӣ Қуръонро хондаву аз бар карда буданд, на аз 18 солагӣ. Ҳатто асосгузори ҳукумати худат Сангак дар зери занахаш чор тор ҳам буд, риш дошт….

Ва,ҳоло он ду номаро пешкаш менамоем, то бифаҳмед, ки мардум беҳуда намегӯяд: «то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад»

Номаи аввал, ки қабл аз баёнияи Кумитаи дин ба «Ислоҳ» расидааст, аз шҳри Кулоб аст. Ин савтӣ-навори аудиоӣ аст ки бо табдил ба матнаш кардем ва он ба шарҳи зайл аст:

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз шаҳри Кулоб менависам. Ба назар мерасад, ки ду- се соли дигар Раҳмонов дини исломро дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон мекунад. Кор ба ҳамин самт рафта истодааст. Аз сол то соли дигар фақат кораш маҳдудият дар расму русуми динии мо аст. Инҷо номбар намекунам. Ҳоло акнун маълум шуд, ки минбаъд навиштаҷотҳои исломӣ, таманниётҳои исломӣ, навиштаҷотҳои «Ҷумъа муборак» ё «хайру баракати рӯзи ҷумъа муборак» тибқи қонуни нав манъ аст. Нафаре, ки ин гуна навор ё матнро ирсол мекунад 9000 сомонӣ ва шахси қабул мекардагӣ 7000 сомонӣ ҷарима мешавад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ба шумо навори суҳбатҳои як нафарро мефиристам. Вале ӯро шинос намекунам, шахсияташро пинҳон медорам. Ин нафар дар группаи мо чунин суҳбат кард:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бачаҳо ҳамакаса созен, тинҷен, чи ҳол дорен?

Бачаҳо, хайр аку мора гуфтан, шумора мегем. Дар маҷлиси бахшида ба ваҳдат эълон шид, ки амният гуфт, ки ҳар касе,к и «Ҷумъа муборак мекунад, ку ,менависад ҷумъа муборак» ина ҳамин корара мекунад 11 ҳазор сомонӣ ҷарима, ҳар касе, ки лайк мемона, ана ҳамиша фромуш кадум- 40 ҳазор гуфт,чанд ҳазор гуфт иша нафаҳмидм. Хай мақсади гап, ки «Ҷумъа муборак» ҷарима, ҷарима 11000, лайкаш  бисёртар.

Баъд касе дар масҷид суната намехонад меброяд, видеора таҳти назорат мегиранд камерҳора, касе суната намехонад, нохонда мебарояд вай одам қавруш кандагӣ — ба тоҷикиш бигирем. Мақсади гап, ки эҳтиёт бошен бачаҳо. Хай аку ҳаминхелин давлатда зиндагӣ мекунем. Дига чи кор мекнем. Маҷбурем қонуна риоя кунем».

Номаи дуввум

Душанбе

Ин нома чуноне тазаккур кардем баъди нашри такзиби Кумитаи дин расидааст ва он аз Душанбемебошад. Ин нома ҳам навори аудиоӣ буд, ки мо табдил ба матн карда пешкаши шумо мекунем, то бифаҳмед, ки ончики дар расонаҳо гуфта шуд воқеӣ ҳаст ё овоза. Ин нафар, номи як ҳамкорашро дар оғози суҳбаташ мегирад ва дар охир ба чанд зердасташ дастур медиҳад, ки дар ин бора назоратро дуруст кунанд. Мо ба хотири амнияти манбаъамон номҳои зикршуда дар ин наворро, ки онҳо низ кормандони умури дохилианд ҳазф кард. Ин нома чунин аст:

«Ҳо (номи шахсро мегирад)дуруст қайд кардӣ. Мо ҳозир дар ҷаласаи селектории назди  вазир будем. Дигар касе рӯзи саиди ҷумъа муборак мекунанд ҷарима 10 000 сомонӣ таъин шудагӣ, лайк мемонанд ё менависанд худованд раҳмату мағфират кунад, тариқи раҳмат шоистаи ҷанат ину вай  40 ҳазор. Лайк намонанд, рӯзи саиди ҷумъа нанависанд.

Алҳамдулиллоҳ ҳамаамон мусулмонему неки  ҳамин гапҳо… вай кадестан ҷидӣ назорат каесан. Ту да занг задум (ном мегирад) акаи (ном мегирад) занг задум нагирифт.(Ном мегирад ( гуфтум, (ном мегирад) гуфтум ҳамин масъалара ҷидӣ назоратда бигӣ, ки рӯзи саиди ҷумъа муборака  назорат кунанд дигар.

Як манбаъи дигари мо дар мақомоти қудратӣ гуфт,ки ин тасмим дар сатҳи боло гирифта шуда буд ва мебоист дар намози ҷумъаи 31 июл ин маҳдудиятҳоро эълон мекарданд. Аммо боз бо чи мулоҳизоте тарҷеҳ доданд, ки бидуни эълон аммо онро амалӣ кунанд.

Ҳатман иҷро мекунанд ва мову шумо шоҳид хоҳем буд, ки барои Рӯзи саиди ҷумъа муборак ҷарима ва ё статя мезананд…

Дар пешгоҳи Аллоҳ чӣ посух хоҳед дод?

Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов!

Шумо метавонед Кумитаи динро водор кунед, ки хабарҳоро такзиб намояд; метавонед мақомотро барои назорати масҷидҳо, риш, ҳиҷоб, таълими динӣ ва навиштаҳои мазмуни исломӣ сафарбар созед; метавонед мардумро тарсонед, ҷарима кунед ва садои эътирозро муваққатан хомӯш намоед. Аммо як ҳақиқатро тағйир дода наметавонед: мардуми Тоҷикистон мусалмонанд ва ислом бахше ҷудонопазири ҳувият, таърих ва фарҳанги онҳост.

Исломро бо фармон аз қалби мардум берун карда намешавад. Муҳаббат ба Қуръон, намоз, рӯза, ҳиҷоб, масҷид ва рӯзи сайиди ҷумъаро бо қонунҳои маҳдудкунанда нобуд сохтан имкон надорад. Фишор танҳо захми ҷомеаро амиқтар, эътимоди мардумро камтар ва фосилаи ҳукуматро аз миллат бештар мекунад.

Мувофиқи номаҳо ва сабтҳои ба «Ислоҳ» расида, аз як тараф Кумитаи дин овозаҳои марбут ба манъи ибораҳои «Ҷумъа муборак» ва «Худованд раҳмату мағфират кунад»-ро рад мекунад, аммо аз тарафи дигар, манбаъҳо аз дастурҳои ғайрирасмӣ, ҷарима ва назорати чунин навиштаҳо хабар медиҳанд. Мо мустақилона дурустии ҳамаи ин иддаоҳоро тасдиқ карда наметавонем, вале ҳамин тазод худ ба таҳқиқи ошкоро ва посухи равшан ниёз дорад.

Агар ин хабарҳо дурӯғанд, пас чаро мақомоти давлатӣ ҷуз як баёнияи кӯтоҳ санад, шарҳи ҳуқуқӣ ва кафолати равшан пешниҳод намекунанд? Чаро ба мардум ошкоро намегӯянд, ки барои навиштани «Ҷумъа муборак», дуо кардан барои шахси фавтида ё гузоштани “лайк” ҳеҷ кас ҳаққи боздошт, бозпурсӣ ва ҷарима кардани шаҳрвандро надорад?

Ва агар ин дастурҳо воқеан дода шудаанд, пас масъулияти онҳо танҳо бар дӯши як корманди маҳаллӣ нест. Масъулият то болотарин сатҳи ҳокимият мерасад.

Ҷаноби Раҳмонов, шумо чандин сол аст, ки худро ҳомии таъриху фарҳанги миллат муаррифӣ мекунед. Аммо фарҳанги ин миллатро аз ислом ҷудо кардан мумкин нест. Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мавлоно ва садҳо шахсияти барҷастаи ин сарзамин дар муҳити тамаддуни исломӣ парвариш ёфтаанд. Бо номи онҳо ифтихор кардану ҳамзамон барои таълими одитарини исломӣ монеа гузоштан, зиддияти ошкор аст.

Чаро аз намози кӯдак метарсед?
Чаро аз рӯймоли зан метарсед?
Чаро аз риши як мард метарсед?
Чаро аз паёми «Ҷумъа муборак» метарсед?

Агар ҳукумат аз як ҷумлаи дуъоӣ ба ларза меояд, мушкил дар он ҷумла нест — мушкил дар заъфи худи ҳукумат аст. Давлати устувор аз ибодати шаҳрвандонаш наметарсад. Давлати одил ба ҳарими хусусӣ, эътиқод ва виҷдони мардум дахолат намекунад.

Сулаймон Давлатзода ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода!

Муроҷиати ҷиддии мо махсусан ба шумост.

Шумо одамони бесавод нестед. Шумо таҳсилоти олии динӣ доред, оятҳои Қуръон, ҳадисҳои Паёмбар ﷺ ва аҳкоми шариатро хондаед. Медонед, ки олим бояд ҳақро ба соҳибони қудрат бигӯяд, на ин ки барои ҳар амали ҳукумат далели сохта биҷӯяд ё бо хомӯшӣ онро сафед кунад.

Оё ягон бор дар хилват аз худ мепурсед, ки вазифаи шумо чист: ҳимояи дину ҳуқуқи мусалмонон ё табдил ёфтан ба сипари сиёсати ҳукумат?

Оё вазифаи Кумитаи дин фаҳмондани аҳкоми дин ва ҳимояи озодии эътиқод аст ё назорат кардани либос, риш, масҷид, маросим ва паёмҳои телефонии мардум?

Ҷаноби муфтӣ, минбари шумо амонат аст. Номи «муфтӣ» танҳо унвон нест; масъулиятест, ки дар назди Аллоҳ аз он пурсида хоҳед шуд. Вақте дари масҷид ба рӯи наврас баста мешавад, вақте омӯзиши дин маҳдуд мегардад, вақте зан барои ҳиҷоб ва мард барои риш таҳти фишор қарор мегирад, сукут кардани шумо чӣ маъно дорад?

Оё шумо воқеан гумон мекунед, ки рӯзи ҳисоб метавонед бигӯед: «Мо фармонбардор будем»?

Аллоҳ намепурсад, ки мансаби шумо чӣ буд ё кадом мақом аз шумо чӣ мехост. Мепурсад, ки вақте ҳақ поймол мешуд, шумо чӣ кардед. Мепурсад, ки илму мақоми худро барои ҳимояи ҳақ истифода бурдед ё барои сафед кардани зулм.

Қуръон ҳушдор медиҳад:

«Ва онҳоро боздоред, зеро онҳо бозпурсӣ хоҳанд шуд».
(Сураи Соффот, ояти 24)

Шумо беҳтар аз дигарон медонед, ки итоат аз махлуқ дар коре, ки нофармонии Холиқ аст, ҷоиз нест. Пас чаро ин ҳақиқатро ба раиси давлат намегӯед? Чаро намегӯед, ки дини мардум душмани давлат нест? Чаро намефаҳмонед, ки маҷбур кардани ҷомеа ба тарки нишонаҳои динӣ на амният меорад ва на муҳаббат ба давлат?

Оё як бор ҷуръат кардаед ба Эмомалӣ Раҳмонов бигӯед:

— Ҷаноби президент, ин миллат мусалмон аст; бо эътиқоди он наҷангед.
— Масҷидро ба макони тарс табдил надиҳед.
— Таълими динро ҷиноят насозед.
— Ба либоси занон ва риши мардон дахолат накунед.
— Аз «Ҷумъа муборак» душман натарошед.
— Мардумро водор насозед, ки миёни қонуни давлатӣ ва фармони Худо якеашро интихоб кунанд.

Агар нагуфтаед, чаро? Аз даст додани мансаб бароятон сангинтар аст ё посух додан дар пешгоҳи Аллоҳ?

Шояд имрӯз вазифа, мошини давлатӣ, минбар ва муҳофиз шуморо аз саволи мардум дур нигоҳ дорад. Аммо ҳеҷ яке аз инҳо дар қабр ҳамроҳатон намеравад. Он ҷо на фармони президент мемонад, на дастури вазир ва на баҳонаи «сиёсати давлат». Танҳо амал мемонад ва масъулият.

Мо аз шумо даъват намекунем, ки ба сиёсат ворид шавед. Аз шумо талаб мешавад, ки вазифаи динӣ ва виҷдонии худро иҷро кунед: ҳақро ҳақ бигӯед ва ботилро ботил. Ба ҳоким фаҳмонед, ки мубориза бо нишонаҳои ислом мубориза бо ҳувияти аксарияти миллат аст ва оқибати чунин сиёсат барои давлату ҷомеъа хатарнок хоҳад буд.

Ҷаноби Раҳмонов!

Ин кишвар моликияти шахсии шумо нест ва дини мардум низ тобеи завқу табъи шумо нест. Шумо раиси давлатед, на соҳиби имон, виҷдон, риш, ҳиҷоб, масҷид ва дуъои мардум. Ҳудуди вазифаи давлатро бишносед. Мардумро барои имонашон таҳқир накунед ва ҷомеъаро маҷбур насозед, ки эътиқоди худро пинҳонӣ нигоҳ дорад.

Ва шумо — Сулаймон Давлатзода ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода — пеш аз он ки дер шавад, аз худ бипурсед:

Агар фардо дар пешгоҳи Аллоҳ аз шумо пурсанд, ки ҳангоми маҳдуд шудани дини Ӯ чаро хомӯш мондед, чӣ ҷавоб хоҳед дод?

Ҷавоби ин саволро имрӯз омода кунед. Фардо барои ислоҳи сукут, тавҷеҳи мавқеъ ва бозгашт ба ҳақ шояд дер шуда бошад!.

Сообщение «“Ҷумъа муборак” мамнӯъ аст ё не? Ривоятҳои мардум ва мавқеи Кумитаи дин»          появились сначала на ISLOH.net.

Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд
Ахиран эътироз ва норозигиҳои хашмолуди сокинони манотиқи гуногӯни Тоҷикистон аз барзиёд ва изофанависии ҳисобгирҳои биллингӣ-счётчикҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам инъикос шуда баҳсҳои гарму доғеро ба бор овардааст. Мардум бо изтиробу нигаронӣ нобоварии худро бар дурусти арқому омори ин счетчикҳо баён медоранд.

Беш аз панҷ сол мешавад, ки низоми биллингии фаъолият дар системаи барқрасонӣ ҷорӣ карда шудааст. Ва, инҷо пеш аз онки ба навиштаҳои хашмолуди мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ руҷӯъ намоем, чанд ҷумла дар бораи барномаи низоми биллингӣ хоҳем гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2020 ба татбиқи он оғоз кард.

Барномаи биллингӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи январи соли 2020 «Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» (ҳоло бонки Душанбе-сити. Ислоҳ.нет) дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард». Қарор бар ин буд, ки ин се ширкат дар муддати 5 соли наздик лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд. Он вақт гуфта шуда буд, ки «Пас аз анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо, афзоиши ҷамъоварии пули барқ, ҳамчунин кам кардани шумори нозирон маблағҳои ба лоиҳа сарфкардаашонро бо фоизҳояш пурра бармегардонанд».

Барои иҷрои ин барном БОР-Бонки осиёии рушд моҳи июли худи ҳамон сол 105 миллион доллар қарз дод. Он вақт расонаҳо, аз ҷумл Азия+ навишт, ки «Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ» Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад. Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад».

Дар зимн Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон» дастгирӣ намуда, 25 млн доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард.

Мунтаҳо низоми биллингӣ ҷорӣ гардид. Ва ҳамчуноне дидед 105 миллион доллар Бонки осиёии рушд қарз дод ва муҷриёни ин проект «Авесто гурӯҳи Рустами Эмомалӣ» баргузида шуд. Хуб, баъд чи шуд? Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон, ки аз баданаи ширкати «Барқи тоҷик» берун омада ва зери идораи менеҷерҳои беруна қарор дорад баъди чанд вақти ба иҷро даровардани барномаи биллингӣ  ва омӯзиши вазъи барқрасонӣ эълон кард, ки «истеъмолгарони мавҷуднабуда ҳастанд, ки барои аз эътибор соқит намудани талафоти барқ истифода мешуданд».

«Таҳлили барномаи биллингӣ нишон дод, ки солҳои пеш ҳаҷми зиёди барқ ҳамчун истифодашуда аз ҷониби истеъмолгарони маишӣ ҳисоб мешуд, ки асоси воқеӣ надорад. Ҳамчунин бо мақсади коҳиши нишондиҳандаи талафоти барқ ба барнома истеъмолгароне ворид карда шудаанд, ки мавҷуд нестанд. Ин барои фаъолияти дурусти барнома мушкилиҳо эҷод мекард», — зикр шуда буд он замон дар иттилоияи ширкат.

Гуфта мешуд, ки маблағи умумии қарзи ҷамъшуда аз барқ то 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,7 млрд сомониро ташкил медод, ки зиёда аз 40%-аш (ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ) ба номи истеъмолгарони маишӣ навишта шуда буд.

Ёдатон бошад мо ва дигар расонаҳо борҳову борҳо масъалаи ношаффофӣ, дуздии неруи барқро навишта ва изҳор дошта будем, ки аҳолии мамлакат, ончуноне, ки мегӯянд, қарздор нестанд ва он омору арқоми қарз, ки бори аҳолӣ кардаанд, дурӯғ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон гӯши худро ба карӣ меандохт ва бахусус Раҳмонов, ки хуб медонист, ончиро, ки бори аҳолии мамлакат мекунанд, яъне мегӯянд, ки аҳолӣ садҳо миллион, балки миллиардҳо сомонӣ пули истифодаи нерӯи барқро надодааст ва қарздор аст, сиҳат надорад.

Хуллас, бъди чанд сол, баъд аз онки ҳамин менеҷерҳои хориҷии Шабакаҳои тақсимоти барқ ва ҳамин усули биллингӣ ошкор намуданд, маълум гардид, ки ба номи аҳолӣ  беш аз  500 миллион сомонӣ изофа навиштаанд.

То оғози соли 2025  қарзи аҳолии Тоҷикистон дар назди Барқи тоҷик  ҳудуди 2 миллиард сомонӣ (1.млрд, 739 млн ташкил медод. Аммо  ин маблағ дар оғози соли ҷорӣ ба андозаи 33,2% ё худ 577 млн сомонӣ кам шуда, то 1 млрд 162 млн сомонӣ поин рафт. Ин на ба он маъно аст ки аҳолӣ қарзи худро супорид. На гап дар сари он меравад, наздик ба аз се як ҳиссаи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ, ки солҳои пеш ҳамчун қарз ҳисоб шудаанд, беасос эътироф ва бекор шудаанд. Яъне мақомот эътроф ва иқрор кард, ки  аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон, ки болои аҳолӣ бор шуда буд беасос аст .

Ҳоло савол ин аст ки чаро ин тавр шуд ва ин арқоми чандин миллионӣ аз куҷо пайдо шудааст? Ин ҳаҷми бузурги қарзи қалбакӣ, ки ба аҳолӣ нисбат дода шуда буд, дар ҳақиқат масраф шудааст, аммо аз тарафи «аҳолӣ»-и дигар ва барои он бори аҳолӣ карданд, ки муҳосиботи хориҷиҳоро чапғалат андозанд. Дар аслу амал як қисми ин барқро худи масъулини ин арса бо роҳҳои гуногун, балки бо афёра ва қаллобӣ фурухтанд, қисми дигари онро «буққаҳо» истеъмол карданду аммо маблағро напардохтанд. Дар ҳаминҷо гапро зиёд тӯл намедиҳем ва ду иқтибоси конкретӣ аз навиштаҳои пешини «Ислоҳ» меоварем ва хоҳед фаҳмид, ки он «аҳолӣ», ки неруи барқро медуздад киҳоанд ва ба Эмомалӣ Раҳмонов чӣ нисбат доранд:

Иқтибоси аввал:

«730 ҳазор сомони литсейи Ҳасан Асадуллозода аз барқ қарздор аст.

Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730ҳазору 590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд. Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллозода ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» ин қадар қарздор мешавад.

Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ :

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025

10 апрели соли 2025,

«Дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ  дар ҶДММ “Ориёи Колхозобод”,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур  тавассути  се адад истгоҳҳои трансформаторӣ бо тавоноии умумии 7300кВА (1х1000 кВА, 2х 3150 кВА) энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудааст, ки дар натиҷа ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 81 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  110 млн. сомонӣ зарар расонидааст.

Инчунин дар шаҳри Левакант муайян гардид, ки ҶДММ “Паймонаи Заррин” (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ва ҶДММ “Сементи рушди Хатлон” (6,4 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ) низ энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 13,5 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  18,9 млн. сомонӣ зарар расонидаанд. Ҳамзамон санҷиш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан низ истифода гардидани энергияи барқро барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор ошкор намуд, ки зарари расонидаи онҳо низ миқдори зиёда аз 366 ҳ.кВт х с ба  маблағи зиёда аз 465 ҳ.сомониро ташкил медиҳад.

Таҳқиқоти «Ислоҳ» аз ин гузориш инро муайян кард, ки ҶДММ «Ориёи Колхозобод»,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз наздикони Ҳасан Асадуллозода аст,ки барқро барои тавлиди Биткойн ва гардиши он истифода бурдааст. Инчунин «Паймонаи Заррин» (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ҳам марбут ба бародари Ҳасан Асадуллозода аст. Метавонем бигуем ҳама дуздиҳое дар В.Хатлон сурат гирифта дақиқан ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ марбутанд. Диққат диҳед хасорат ва ё дуздии ҳама аҳолӣ ба 465 ҳазор сомонӣ вале ончи марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва бандаи ҷиноятпешаи барқдузди ӯ буда ба миллионҳо сомонӣ мерасад.

Иқтибоси 2

300000 қарзи барқро чи гуна Озода списат кард?

Он бонк бонки Фардо ном дошт. Аз они Озода ва Ҷамолиддин буд. Ин бонк қаблан бо номи ташкилоти хурди қарзии «Музаффар» амал мекард. Моҳи июни соли 2016 бо як қарори Бонки миллӣ ин ташкилоти хурди қарзӣ ба бонк табдил дода шуд. Муҷаввизи бонкро дарёфт кард. Тибқи ин қарори бонки миллӣ литсензияи ТХҚ «Музаффарият» аз 3 декабри соли 2012 беэътибор гардид. Бинои марказии он дар рӯбарӯи стадиони Спартак қарор дошт. Ҳоло бо ин ном дигар вуҷуд надорад. Номи онро чаро «Фардо» гузошта буданд? «Фардо» : -«Фар»-Фаридун ва «До»-Довуд, бачаҳои Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Баъд Фардоро Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир харид. Барои онки инҳо байнашон ҷангу ҷангҷол буд. Ман он вақт сардори яке аз Раёсатҳои асосии ин бонк будам. Ин биноро нав сохта буданд ва мо ба он нақли макон кардем.

Як рӯз аз Горсвет омаданд ва баъди тафтиши счетчики банк гуфтанд светҳоятонро мекушем. Ман гуфтам барои чи мекушед? Гуфт корхонаатон 300000 (сесадҳазор) сомонӣ қарздор аст. Ман ба раис гап задам. Раис телефон кард ба одамҳои Озода. Як нафар ҳаст бо номи Темур. Темур одами Озода. Омад, мо якҷо рафтем ба назди Зелённий бозор, горсвет онҷост. Даромадем пеши раиси Горсвет. Даромад гуфт, ки «немедленно списат кун». Шишту 300 000 сомониро дар як мижа задан списат кард. Ин кор дар соли 2016 сурат гирифта буд. Ана чаро Раҳмон қарзҳои Барқи тоҷикро гузашт мекард? Ҳатто пули свети хонаҳояшонро намедиҳанд. Инҳо ҳар кадомеаш чандин корхона ва қасру кӯшку бӯстонсарову дискокулбу ресторану ширкату дигару дигарҳои бешумор доранд ва ҳамаи онҳо аслан як дирам пули барқро намедиҳанд.

Директори ширкати Фароз Азамат Қосимов аст. Самарқандиҳои Душанбе. Дар бонки Спитамен, Сулаймони ҷияни Ҷамолиддин Нуралиев, муовини директор аст. Аз ҳама дузди калонтарин. Сулаймон соли таваллудаш 1985 аст. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, «бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор», аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад. Ин Спитаменбонк тамоми сармояи худро аз ҳисоби роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд (Чаноқ) ба даст овардааст».

Ин буд он ду иқтибос, ки собит мекунад, киҳоанд, ки медузданду боз нашармида халқро қарздор мекунанд.

Инҷо мехоҳам як нуктаро ёдрас намоям.

Раҳмонов дар паёми ахири солонаи худ ба парлумон рӯзи 16 декабри соли 2025  «кормандони ҷудогона»-и соҳаи электроэнергетикаро ба сунъӣ боло бурдани маблағи қарзи аҳолӣ гунаҳкор донист. Ва гуфт, ки то ҷорисозии низоми биллингӣ тибқи ҳисоботи шабакаҳои барқ, 30-40%-и аҳолӣ маблағи барқро пардохт намекарданд. Аммо пас аз ҷорисозии низом дар шаҳру навоҳии ҷудогона, ба гуфтаи ӯ, маълум шуд, ки аҳолӣ қариб 100% маблағи истифодаи барқро пардохт мекардааст.

Раҳмонов гуфт, ки ин маълумот бозгӯи он аст, ки намояндагони ҷудогонаи шабака бо суиистифода аз мансаби хидматӣ, маблағҳои истеъмолгарони маиширо барои барқ азхуд мекардаанд. «Бо ин сабаб талафоти беасоси барқ ба таври сунъӣ ба дӯши аҳолӣ вогузор карда мешуд»,-илова карда буд вай»

Раҳмонов ин ҳарфу ҳиҷоро хеле дер гуфт. Мо, ончуноне гуфтам, хеле ҳам пештар гуфта будем. Чунки имкон надорад, ки аҳоли ҳудуди миллиард қарздор бошаду Раҳмонов ба онҳо боз барқ диҳад.

Раҳмонов аз дуздии барқ тавассути наздиконаш хуб огоҳ буд. Ва, мову шумо хуб медонем, ки дузди асосии барқ худи Раҳмонов аст. Ба хориҷа, махсусан ба Афғонистон мефурӯшад ва пули он ба киссаи хориҷии худаш меравад. Барои ҳамин аҳолиро қарздор эълон намудан ба манфиати худаш ҳам буд.

Мову шумо хуб медонем, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, имзои Раҳмонов на як бору ду бор садҳо миллион сомонӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» списат карда шудааст. Раҳмонов ин корро барои рӯпӯш кардани ҳамин гуна дуздиҳои худаш ва наздиконаш карда буд.

Аммо ин мудирони хориҷии аҷиршуда аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ дасти дуздҳоро рӯ карданд ва ба аъмоқи афёрҳои Раҳмонов наздик шуданд. Раҳмонов ҳадаҳа, саросемавор як Агентии махсуси назорати назди раиси ҷумҳурӣ ташкил карда ва қисман бошд ҳам шонаҳои аҳолиро аз пардохти қарзи набуда холӣ кард ва бо дастури вай даҳҳо нафар аз масъулону маъморони арсаи барқ барои дуздии барқ дастгир, бархеашон ҷарима ва бархеашон маҳкум шуданд. Ин Агентӣ омори дуздии барқ дар саросари кишварро дар расонаҳо аланӣ кард, ки тибқи он аз ҳама бештар дар Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулоб мавориди дуздӣ ошкор шудааст ва бо ин гуна «иқдомот» Раҳмонов нишон доданӣ шуд, ки худаш дузд нест. Аммо, бигзор як каме сабр дошта бошем, оянда дуздиҳои шахси худаш ҳам рӯ хоҳад зад.

Ҳисобгирҳои биллингӣ-счетчикҳо ва мушкилоти онҳо

«Авесто, биллинг ва миллионҳои мардум: паси счётчикҳо чӣ пинҳон аст?»

Ҳамчуноне дар оғози матлаб навиштем сокинони Тоҷикистон аз барзиёд ҳисоб кардани ин ҳисобгирҳо норозианд. Сухан аз боло бурдани баҳои истифода ё истеъмоли барқ намеравад. Сухан аз он аст, ки мардум баъд аз онки счетчик-ҳисобкунакҳояшон ба ҳисобкунаки биллингӣ иваз гардид нороҳат ва ошуфта шудаанд. Мардум ба дурустии кори ин ҳисобкунакҳо шубҳа доранд.

Дар ҳақиқат ҷорӣ шудани низоми биллингӣ аз як сӯ дасти дуздону муфтхӯронро рӯ занонида бошад аммо ҳисобкунакҳои биллингӣ тавре тоб мехурад, ки суръаташ беҳад пуршитоб ва ба аҷала аст. Як нафар аз муштариҳои ҳамешагии «Ислоҳ» навишт, ки «дар фесбук дидам, шикоят зиёд, хеле зиёд. Дар кадоме аз навиштаҳои шумо ҳам чунин ҳарфе буд, ки ҳисобкунакҳо- счетчикҳои барқӣ зиёд менависанд.

Дар ҳақиқат инҷо чи чизе, чи асроре ниҳуфта аст. Ин счетчикҳо, ки аз Хитой меоянд бо фармоиши Авесто-групп сохта мешаванд. Авесто-групп барои дастрас ва насби ин ҳисобкунакҳо беш аз сад миллион доллар аз Бонки осиёии рушд дарёфт карда буд.

Ман бар ин гумону шак ҳастам, ки ин счетчикҳоро махсус барои Тоҷикистон ва бо дастури махсус сохта бошанд, ки якро якуним ва якунимро ду «сохта» диҳад. Ин ҳисобкунакҳоро бояд як комиссияи муштарак таҳқиқ ва тафтиш кунад».

Бубинед, ин нома танҳо ва ягона нест. Аҳолии кишвар дар дурустии кори счётчик-ҳисобгирҳои биллингӣ шаку шубҳа дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фесбук шӯру валвала ба по кардаанд. Мардуми ба дод омада нороҳату ошуфтаанд, ки ин счётчикҳо маблағро чанд маротиба бештар аз ончики дар асл масраф мешавад мезанад.

Корбаре бо номи мустаори «Рушди ватан» ин масъаларо дар Фесбук дар миён гузоштааст, ки ба он беш аз 200 нафар вокуниш ва ҳамовозӣ кардаанд ва аз кори нодуруст ва ношаффофи ҳисобкунакҳои биллингӣ гуфтаанд.

Бо истинод ва таваҷҷӯҳ бо номаҳои мутааддид ва шикоёти бакарроти хонандагони «Ислоҳ» мо ҳадс зада будем, ки ин ҳисобгир-счётчикҳои биллингӣ «чи балое» доранд. Ва ин эҳтимолро рад накарда будем, ки ин ҳисобгирҳо «махсус» ва бо заказ сохта шудааст. Баъд аз онки аҳолии мамлакат, аз тамоми манотиқ аз як дард ва аз проблемаи ягона ҳарф мезананд, мо итминон ҳосил кардем, ки ончи гумону ҳадс ва шубҳа буд, дар аслу амал воқеият аст. Ин ҳисобгирҳо бераҳмона зиёд менависанд. Бадтар аз инки зиёд менависанд сокинони кишвар, истеъмолкунандаҳоро, рӯирост фиреб мекунанд.

Агар як ё ду маврид буд, агар як ё ду, бигзор даҳ кас буд метавонистем бигӯем, ки счётчики  шумо хароб шудаст ва ё заводской деффект дорад. Аммо вақте даҳҳову садҳо нафар шикоят мекунанд, инҷо ба яқин чи сиреву асроре нуҳуфта аст.

Аз навиштаҳои мардум дар Фесбук далел меоварам:

Рушди Ватан

«Ман чор сол боз пули барқ месупорам дар хонае, ки касе зиндагӣ намекунад. Танҳо як ҳафтаи соли гузашта онҷо як нафар меҳмон зиндагӣ карду боз рафт. Ҳамин қадар вақт ман лом мим нагуфта пули барқ супоридам. Пештар ба он хотир месупурдам, ки лампочкаи подъезд аз ҳисоби счётчики ман буд. Хайр, савоб шавад мегуфтам. Ҳоло равшани подъезд аз ҳисоби ман набудагист. Барои ҳамин биёянду бисанҷанд, нозирони Барқи тоҷик. Биёянд акт карда кушта партоянд ба ман барқ лозим нест».

Заррин Бону

«Чиба ихел мекарда бошан, ай мо ҳам бошем набошем то 500- 600 кор мекна, чи истифода барем чи не»

Гулбаҳор Қосимова

«Мо дар кучаи А.Ғуломов зиндагӣ мекардем. Хонаи моро кучониданд, тамоман чаппа кардагӣ, 2 моҳ боз хона нест. Ҳар моҳ паёмаки супоридани пули барқ меояд! Инро чи хел фаҳмем?»

Рушди Ватан

«Ман як хона дорам онҷо касе зиндагӣ намекунад. Рости гап ман як моҳ як бор рафта хабар мегирам, як светаша дар мегиронам як дақиқа боз бармегардам. Ҳатто ду дақиқа дар намегиронам он лампаро. Барқи тоҷик бошад шарм надошта маро 50-70-80 сомонӣ расид ирсол менамояд. Ман зан модар, аз минбари худам истода аз онҳо талаб менамоям, ки агар мард бошанд биёянду тафтиш ва исбот карда ба куҷо рафтани маблағҳоро ба ман гӯянд!!!»

Хона холӣ, барқ хомӯш, аммо қарз меояд: мардум чӣ мегӯянд?

Чуноне мутолиа фармудед ва огоҳ шудед, ин навиштҳое буданд, ки соҳибони ҳисобгирҳо изҳор медоранд, ки дар хона нестанд, яъне қувваи барқро истифода накардаанд. Истифода накарданд, аммо ба номашон маблағ –расид (квитансия) омада истодааст. Дар ҳақиқат вақте лампа нест, плита нест, хуллас ҳеҷ истифода нест ин пул аз куҷо? Як кас бошад гапи дигар, халқ шикоят дорад.

Аммо боз гурӯҳи дигар аз он шикоят кардааст, ки маблағ барзиёд ҳисоб карда мешавад:

Ҳикмат Розиқ

Маълум, ки биллингаш маблағро барзиёд ҳисоб мекунад. «Барқи тоҷик! Чаро бояд ман дар хонае, ки истиқомат намекунам 80 с.ҳар моҳ пули барқ супорам? Эксперт фиристед. тел 555588570»

Рушди Ватан

«Ман вақто дар хонаи ду ҳуҷрагаам дар ҳамин фурудгоҳи кӯҳна зиндагӣ мекардам, як термекс, плита ва як радиатор истифода мебурдам. Маблағ 150 сомонӣ меомад дар зимистон. Вақто биллинг шуд ин маблағ ба 500 расид, айнан ба ҳамон тарзи истифодабарӣ. Барои ҳамин ман намедонам чи кор кунам, чун зиндагӣ дар кишваре, ки доим фиребат мекунанд, душвор аст. Барои ман масалан пайдо кардани маблағ осон нест, чун ман қаллоб нестам, як зани одии қаламкаш ҳастам».

Файзуллоев Сайфулло

«Биллинг аз счетчикҳои пешинада тенҷи бад кор мекна, чанд фоизе барои Барқи тоҷик кор мекна. Худут якум одам нестӣ и масалақатӣ, меган ҳама система компютер шудааст, аз дастамон ҳеҷ чиз намеояд. Савол:- компютера одам сохтааст, ё одамро компютер сохтааст, пештар дуздира метонистагиё мекардан ҳозир бошад компютер, пас соҳиби компютер кист, боз одам…

Рустам Хоҷаев

То рӯзе, ки ҳами счетчикои нав набуд дар моҳи зимистон ман то 400 сомон дар картаам мегузаронидам, сад фоиз мерасонд, а ҳозир дар зимистон 2 баробар зиёд шуд. Намедонум и чхели счетчикай дар зимистон то 800-900 сомон дар тобистон 400-500 кор мекунад, дига ба кӣ муроҷиат кунем ҳамира якбор аз назар мегузарониданд ки и чи хели счетчикай любой одам менола бахдо дар шаҳри Кулоб

Рушди Ватан

«Ман шабамро рӯз накардаам дар он хона, ҳатто ҳамсоя гувоҳанд. Аммо маблағро месупорам бе чуну чаро, мисли аблаҳ…Барои он маблағ месупорам, ки ба давлат ва шаффофияти кори кормандони Барқи тоҷик бовар дорам. Ман чи медонам, ки ин ширкат чи сир дорад, дӯсти миллат аст ва ё душмани миллат??? Рақамҳои ман пешатон ҳаст. Биёед ва санҷиш гузаронед!!! Агар дуздӣ бошад қатъ намоед, агар айб аз тарафи шумо бошад, шумо системаи пурқудрат ҳастед, ман чизе намегӯям, танҳо аз кишвар кӯч мебандам».

Гулчеҳра Ҳомидова

«Ман ҳам счетчикама нав кардам, нархи якмоҳа маблағи барқ ду баробар шуд. 350-400 месупоридам, акнун то 700 месупорам дар як моҳ»

Ва дар ҳаминҷо як далели ҷолибу аҷиб. Маълум мешавад, ки аз ин рафтори ҳисобкунакҳо кормандони ШТБ-ширкати тақсимоти барқ огоҳанд:

Роҳбар Зайниддинова

Якта савол, ҳозир мардум аз ҳисобкунакҳои биллингӣ хело шикоят карда истодаанд, чунки зиёд барқро ҳисоб мекардааст.

Дирӯз дар ҳавлиҳои мо низ ҳисобкунакҳои биллингиро насб карданӣ буданд, ман аз кормандонаш хоҳиш кардам, ки пеш аз насб кардани ҳисобкунаки биллингӣ мо бояд онро дар «Тоҷикстандарт» аз назорат гузаронем ва даррав ҷавоби радро гирифтам.

Ва чаро мумкин нест ми?

Раҳматзода Ҳайит

«Беҳтараш ба прокуратура ё коррупсия  муроҷиат мекардед, тафтишот ё амалиёт мегузарониданд. Як дастгир шаванд, баъд мефаҳмиданд».

Олимшо Худоиев

Корхонаву ширкатҳое ҳастанд пули барқро қисман месупоранд, шабакаҳои барқӣ бошад аз халқ мегиранд, ҳисобкунакҳои билинги тамоман хато, зиёдатӣ ҳисоб мекунанд. Пули барқро месупорӣ ҳамавақт бақия ҷамъ мешавад. Кай ин мушкили дузди ислоҳ мешавад?»

Майсара Шарипова

«Барқи тоҷик бояд ин ҳолатро дида барояду ягон чораҷӯӣ кунад!!! Ин аҳвол дар тамоми ҷо ҳамин хел аст!!! Ту дар хона ҳастӣ, нестӣ, бояд пули барқро супорӣ»?

Таваралиева Лайло

«Ҳисобкункҳо маҳкаманд онҳоро боз карда намешавад. Дари оҳанин доранд. Ман касеро гунаҳгор карданӣ нестам. Биёянд нафарон аз ширкат муйро аз хамир ҷудо кунанд».

Ҳикмат Розиқ

«Дар тамоми шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо анъанае ҷорӣ шудааст. Нозирони барқ ба манзилатон наомада, ҳисобкунаки барқиатонро надида, аммо охири моҳ ба номатон паёмак мерасад, ки шумо аз барқ 80 ё 150 сомонӣ қарздоред. Агар мабодо қарздор бошеду онро пардохт кунед ҳам, пас аз як ҳафта боз паёмак меояд, ки шумо фалон миқдор маблағ қарздоред. Мардум дар тааҷҷубанд, ки касе аз ҳисобкунаки барқӣ хабар нагирифта, ҳисобкунак ба шабакаи интернетӣ ва сомонаи Барқи тоҷик пайваст набошад, қарздории мардумро аз куҷо муайян мекунанд?.

Хулоса, ба хулосае омадам, ки нозирони барқ ҳама ФОЛБИН шудаанд. Имрӯз, ки дар саросари кишварамон бар зидди фолбинҳову ҷодугарон мубориза мебаранд, чаро ФОЛБИНҳои Барқи тоҷик аз мадди назар дур мондаанд»

Ҳусниддин Имомиддинов

«Ин биллинги шуд аз Худо натарсиден. Ин моҳ 1300 сомон кор кард. Ман дар зимистон тамоми намуди печка кор мекард ин қадар пул намешуд. Ин ягон камиссияи санҷишӣ ҳаст бо лампочка термекс ин килавата санҷед ин қадар кор намекунад ягон идора мақомот приза(?) ва санҷиш ҳаст»

Худоёр Валиев

«Бале, ҳами масала басо ташвишовар. Ба ин қазия кӣ ҷавоб медода бошад ва маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъоварӣ мешуда барои чи ва аз куҷо? Оё масъулон посух мегӯянд ё як роҳи даромадашонро пинҳон доштанианд???»

Абдураҳмон Косимов

«Дар тамоми Тоҷикистон ҳамин авҳол аст ин як ғоратгарии руирост»

Фарух Раҷабов

«Салом ба фикри ман ҳар моҳ компютер автомати хдш 50 то 10 см дар номатон мешнона мисол 200 квт ё 500 квт, рафта аз пеш гап мезани ин масала ҳал мешава».

Сафар Ниёзов

«Ана акнун гап аз гап баромад. Ман се моҳ свет истифода набурдам. Соли гузашта ба дигар шаҳр рафтем, баъд аз се моҳ омадам 100 кор кардай. Симҳои свет аз столба буридагӣ, ин чи хел мешад. Ин арза ба куҷо гӯем ба ки гуем счёчик барои чи даркор?»

Счётчикҳои Рустам: «манбаи нави пулканӣ аз ҷайби мардум»

Ва, дар охири навишта чи гуфтанием? Бигзор, ки ин ҳисобгирҳоро масъулони Шабакаҳои тақсимоти барқ якҷо бо Бонки осиёи рушд бисанҷанд. Барои мисол мо дигар мутмаинем, ки ин миллионҳо, миллиардҳо пули изофӣ, балки ғорати ошкорои мардум, тавассути ин счетчикҳои ба истилоҳ биллингӣ ҷамъоварӣ мешавад ба ҷайби ҳамин Авестогрупп меравад. Ва, онҳо дидаву дониста халқро дуздӣ карда истодаанд

Мардум дар навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда намегӯянд, ки аз дуздони маҳаллӣ, аз дуздоне, ки омада ҳисоб карда мерафтанд халос хӯрдем вале ба доми дуздони техникӣ ғалтидем. Ва ин гуна ба ҳамдигар маслиҳат ҳам медиҳанд, ки ҳисобкунакро сурат гиред, боз ин моҳ сурат гиред

«Бародар хонаи падарии ман 6 моҳ мешавад барқашро куштаанд, симҳояшро бурида буданд аммо ин ҳисобкунаки биллингӣ ҳар моҳ 80-90 сомонӣ задаст. Аҷаб»

Ҳеҷ кас ба ин ҳисобгирҳо дастрасӣ надорад, ки бигӯем, ин кор «дастӣ» сурат мегирад, ҳатто контролёр ё дигар коргари ширкати барқ ҳам. Ин аз реша мушкил дорд. Мушкил дар сари худи ҳамин ҳисобгир-счетчик аст.

Вале боз як саволи дигар ин аст ки бубинед, тамоми масорифу махориҷи ин барномаро муассисаҳо молиявии байналмиллӣ мекунанду аммо даромади онро кӣ мегирад?

Раҳмонов ба ҳадде дузди касбӣ-профӣ шудааст, ки на фақат ҳаминхел, ҳам аз тору ҳам аз пуд мезанад, ҳатто аз дуздиаш ё барои дуздиаш ҳам «пул» кор мекунад. Масалан насби ҳамин счетчикҳо ройгон аст аммо «Авестогрупп»и Рустам онҳоро пулакӣ насб кардаву бо пул ба аҳолӣ мефурӯшад.

Рустами Эмомалӣ мехост бо «биллинг» худро ҳамчун ислоҳгар ва мудири замонавӣ нишон диҳад. Аммо имрӯз мардум мебинанд, ки пушти ин «технологияи нав» на шаффофият, балки як низоми нави ғорат пинҳон шудааст. Пештар мардум аз контролёру нозир метарсиданд, имрӯз аз счётчике метарсанд, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунад.

Мардум як чизро хуб фаҳмиданд: вақте дар кишвар қонун нест, ҳатто технология ҳам ба олати дуздӣ табдил дода мешавад. Счётчик айбдор нест. Система айбдор аст. Он системае, ки ҳама чизро аз барқ то нон, аз об то нафаси мардум, ба манбаи даромади хонаводаи Раҳмонов табдил додааст.

Имрӯз мардум мепурсанд: агар хона холӣ бошаду барқ насӯзад, пас ин пул ба куҷо меравад? Ин савол танҳо саволи техникии «биллинг» нест. Ин саволи сиёсист. Савол дар бораи низоме аст, ки солҳои дароз бо рақамҳои сохта, қарзҳои қалбакӣ ва омори дурӯғ мардумро ғорат кард.

Рустами Эмомалӣ ва доираи ӯ фикр карданд, ки метавонанд дуздиро рақамӣ ва «қонунӣ» кунанд. Аммо як чизро фаромӯш карданд: вақте шикояти мардум аз тамоми кишвар яксон садо медиҳад, дигар ин «хато» ва иштибоҳ нест-ин як ғорати системавист. Аммо ноком ва шармандаву расвояшон кард дар назди миллат.

Ва мардум дер ё зуд ҳақиқатро пурра хоҳанд фаҳмид:
Эмомалӣ Раҳмонове, ки солҳо аҳолиро «қарздор» мегуфт, дар асл худи ӯ ва оилааш бузургтарин қарздорон ва ғоратгарони ин миллатанд. Дигар ниёз ба далелҳои бештар аз ин нестед!

Сообщение Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд появились сначала на ISLOH.net.

Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт»
«Ҳар кӯҳнагадое, ки тавонгар гардад…Умар Алиматов барқи хонаашро бо дуздӣ аз Медгородок таъмин мекардааст. Аммо инҷо Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт чи рол бозидааст?»

Умар Алиматов: Бо ин ном дар Тоҷикистон хелеҳо шиносанд. Умуман Алиматовҳо аз афроди машҳур мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо қиссаву ҳикояту ривояти хоси худро доранд.

Аммо Умар Алиматов, бизнесмен, катазан, нафаре, ки тавлиду истеҳсоли бӯза- пивои чехиро нахустин шуда дар Душанбе ба роҳ монда таҳти номи «Сим-сим» ба фурӯши он пардохт. Сим-сим на фақат пиво, ҳамчунин исми занҷираи ресторанҳои Умар Алимтов ҳам ҳаст, ки дар худи Душанбе дар чанд ҷой амал мекунанд.

Моҷароҳои додгоҳӣ, ҷангу занозаниҳои аъзои ин хонавода ҳам ҳар сари чанд вақт дар расонаҳо хабари аввал мешуданд. Умар Алиматов дар тиҷорати наркотика ҳам як замон гӯи сабқат карда буд. Ва, то чандин муддат ин тиҷоратро контрол ҳам мекард, пеш мебурд. Ҳатто маводи мухаддирро бо ҳелекуптер (вертолёт)-ҳои части 3102и Суҳроб Қосимов ба Хуҷанд интиқол медод. Аз онҷо тавассути Автобусҳои мусофирбар ба Русия интиқол медоданд. Ин корро ҳамроҳ бо бародари Генерал Суҳроб Қосимов якҷо анҷом медоданд. Ҳамон солҳои 2005 КДАМ ин гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро боздошт намуд. Дар ин ҳалқа ё гурӯҳ Раҳмат, Маҳмад ва Давлатшо ҳамроҳ будунд. Аммо аҷоиби кор ин аст,ки пас аз боздошти ин гурӯҳи қочоқбарон,ки борро дар як части Суҳроб Қосимов тахлия карда буданд ва ҳангоми интиқол боздошт шуда буданд. Бо дахолати Суҳроб Қосимов ҳамаро озод карданд. Дар поён чигуна духтари Давлатшо Нодираро Умар Алиматов бо кадом сабаб ба занӣ мегирад хоҳем гуфт.

Ҳатто дар як маросими намоиши молу коло дар шаҳри Душанбе худи Эмомалӣ Раҳмонов вақти дидан аз тавлидоту фаровардаҳои ширкатҳо, вақте аз назди ғурфаи мансуби ширкати «Сим-сим» рад мешуд тарафи яке аз Алиматовҳо гуфт, ки ана акнун ба кори ҳалол ёфтӣ дигар бо наркотик заниматса накун. Яъне Раҳмонов ҳам огоҳ ва хабардор буд.

Аммо ин сумдори калон ва дар гузашта аз боевикҳои Фронти халқӣ, ки аз инсоният ва одамият кам баҳра ва бӯ бурдааст чанде пеш даст ба коре задааст, аслу асосу ӯву шахсияти ӯро намоён мекунад. Свети хонаи истиқоматиашро ба таври дуздӣ дар ноқили Медгородок, беморхонаи шаҳри Душанбе пайвастааст. Тавассути нозирони барқ ба даст меафтад.

Идомаи моҷаро аз чи қарор аст, аз ҳикояти наздикон, дурусттараш бигӯем огаҳони ин ҳодиса хоҳед фаҳмид.

Барқ дуздӣ : «чӣ гуна Алиматов зери ҳимояи Музаффар Юсуфӣ қарор гирифт?»

Бо дуруди фаровон ба устоди муҳтарам, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳайати кормандони расонаи маъруф ва ҷасури «Ислоҳ». Дар ин навишта ҳодисае ҳикоят карда мешавад, ки як калимааш ҳам ҳосили тахайюл нест, ҳамагӣ ҳақиқат ва воқеият аст ки ҳамин чанд моҳи пеш иттифоқ афтод.

Ман мехоҳам дар бораи шахсе сухан кунам, ки рафтори вай инсонро ба ҳайрат меорад. Ин шахс як бизнесмени дузди Тоҷикистон Умар Алиматов, роҳбари ширкат ва тарабхонаҳои Сим-Сим мебошад.

Ин шахс қувваи баркро медуздад, маблағи ҷаримаро пардохт намекунад, аз кормандони барқ маблағи калон мегирад ва онҳоро тавассути мақомоти шиносш маҳкам намуда аз кор пеш мекунад.

Устод, инро бояд мутазаккир бишавам,ки ҷабрдидаҳо наметавонанд ному насаби худро  ба ҷиҳати бехатарии ҷони худу пайвандонашон ошкор намоянд.

Ин нафарон дар горсвети ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекарданд.

Дар асоси муроҷиати роҳбарияти беморхонаи рақами 5, яъне Медгородок дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки масрафи барқаш баробар ба даҳҳо ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми қарзаш садҳо ҳазор шудааст, як корманди ин идора бо ҳамроҳии як ҳамкораш дар беморхонаи мазкур санаи 11.02.2025 санҷиш мегузаронад.

Санҷиш нишон медиҳад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок ин дуздии барқ аз ноқилҳои ин беморхона мебошад. Вақте кормандон таҳқиқи ин вазъро шурӯъ мекунанд, маълум мешад, ки ноқили дуздии пайвастшуда ба хона (қасри) Умар Алиматов тааллуқ дорад. Ин хона дар бари беморхонаи мазкур қарор дорад. Умар Алиматов аз ин шароити «ҳамсоягӣ» истифода бурда бо таври пинҳонӣ тӯли чандин солҳо аз ҳисобкунаки беморхона ноқил гирифта бешарафона ва бешармона барқро истифода менамудааст.

Кормандони идораи барқ ин ҳолатро ошкор намуда пурра ба навор мегиранд, ( навораш маҳфуз аст) ва бар муқобили шаҳрванди барқдузд Умар Алиматов акти ҷаримавӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ тартиб медиҳанд ва тибқи талаботи қонун барқи коттеҷи ӯро қатъ мекунанд.

Ба энергетики Умар Алиматов, ки номаш Комил мебошад, мефаҳмонанд, ки шумо бояд ноқили дуздии худро фавран аз ноқили беморхона ҷудо намуда 151 ҳазор сомони барқи дуздишударо ба манфиати беморхонаи Медгородок пардохт намоед, то мо барқи шуморо пайваст намоем. Комил дарҳол бо Умар Алиматов ҳамсӯҳбат шуда ҳолатро пурра мефаҳмонад.

Умар Алиматов ба Комил мегӯяд, ки ба кормандони горсвет гап зан, токи ин ҳолатро ба ягон нафар, хусусан роҳбари беморхонаи Медгородок хабар надиҳад ва барқро рӯшан кунанд. «Ман омада чанд суме бошад пардохт менамоям».

Онҳо барқро гирён мекунад.

Пагоҳ Комил ин кормандони идораи барқро даъват карда ба онҳо мегӯяд, ки Умар Алиматов бародарвор хоҳиш кард, ки ин корро бе овозаву дарвоза ҳал кардан даркор. Зеро агар гап ба боло, то раиси шаҳр равад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок Умар Алиматов мебошад, шояд ба ман проблемаи сахт шавад, ман беобурӯ мешавам ва мегӯяд мо ҳамаамон аз як минтақа Данғара ҳастем, бояд якдигарро дастгирӣ намоем. Хуллас, суханҳои бисёр барои ба дом афтонидани кормандони барқ мезанад. Комил мегӯяд Умар Алиматов гуфт 80 ҳазор сомониро медиҳам, чанд сомонии дигарашро ба суратҳисоби Медгородок мегузаронам ё ба роҳбари беморхона медиҳам. Хуллас, ин корро бе ягон овоза ҳал кунанд.

Ин кормандони барқ ба барқчии Умар Алиматов, ки пеш дар горсвети Душанбе кор мекард, яъне  Комил, бовар карда розӣ мешаванд ва мегӯянд, ки ҳаҷми ҷаримаро кам менамоем -60 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби беморхонаи Медгородок мегузаронем, 20 ҳазор сомонии дигарро мо тақсим менамоем.

Баъдан Комил меравад. Як рӯз пас, рӯзи 14. 02.2025 ба ин кормандон тамос гирифта мегӯяд ба пеши Медгородок, хонаи Умар Алиматов биёед. Онҳо ба онҷо мераванд. Комил барои боз ҳам ба боварии кормандони барқ даромадан, «илтимос коре накунен, ки гап барояд, ман ба сарам ҷавоб медиҳам» гуфта аз сари 80 ҳазор сомонӣ 5 ҳазорашро мегираду 75 ҳазор сомонӣ ба онҳо медиҳад.

Ин кормандони барқ намедонистанд, ки дар доми аждаҳор афтодаанд. Чунки, дар ин лаҳзаҳо, пас аз ба мошин савор шудан, онҳоро кормандони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дастгир намуда рост ба бинои Прокуратураи нақлиёт мебаранд.

Ва кормандони Прокуратураи нақлиёт барои корро калон ва пурвоҳима нишон додан дарҳол рафта тамоми кабинетҳои идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомониро муҳр зада мошинҳои ин корманди барқ ва ҳамкорашро дар прокуратура маҳкам менамоянд. Маълум шуд, ки Умар Алиматов барои ба дом афтонидани кормандони идораи барқ бо генерали Прокуратураи транспорт Музаффар Юсуфӣ, ки одами наздики вай мебошад,маслиҳат кардааст.

Наздикони ин кормадони дастгиршуда барои халосии онҳо ба тамоми нафарони наздики генерал Музаффар Юсуфӣ то ба Комил Мирзоалиеви роҳбари Рохи оҳан баромаданд, аммо корашон ҳал нашуд. Ҷавоб фақат як сухан. «Рафта дили Умар Алиматовро ёбед. Агар ман бе иҷозати вай ин корро ҳал кунам Умар метавонад ба ман проблема кунад».

Барои розигии Умар Алиматов ба тамоми шахсони наздики ӯ хусусан генерал  Суҳроб Раупов ва яке аз додарони худи Умар Содиқ одам ёфтанд. Вале сухани ягон нафарро нагирифт. Дар ҷавоб фақат мегуфтааст, ки «ин ду кӯдак бояд наказат шаванд ва бидонанд Умар Алиматов,кӣ аст!»

Мо то ин андоза боқувват будани мафияи Умар Алиматовро баъд фаҳмидем. Дуъо мекунем ба даргоҳи Аллоҳ, ки ин мафияро ба монанди мафияи Исмати Дулик шикаст диҳад.

Аз байн 3 рӯз гузашт. Онҳо дар ҷустуҷӯи «таға» буданд то дили Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфиро ёбанд.

Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфӣ барои шикастани бачаҳо, ё барои баланд бардоштани ставкаи сум ё намедонам барои чӣ нисбати онҳо бо моддаи 319, қисми 4- сангинтарин ҷазо- делои ҷиноӣ оғоз намуданд. Яъне дидаву дониста барои баланд бардоштани ставка ва шикастани кормандони барқ, ки моддаи зикршуда барои кормандони давлатӣ аст, на нисбати кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҶСК -ҳо (дар поён мегӯем чи хел статяро иваз карданд). Хуллас, ҳама дар гиряву нола, ки ҳарду бача суд мешаванд. Зеро ин статия ҷарима надорад, фақат аз озодӣ маҳрум намудан аз 7то12 солро дар бар мегирад.

Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда барои проблема накардани роҳбарони барқи шаҳри Душанбе, ки кормандонашон ба ин кор даст задаанд, садҳо ҳазор сомонӣ пора мегирад.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ намудани тағо ҳама ҷо баромаданд ва розӣ буданд ба ҳар маблағе бошад ин нафарҳоро аз ИВС бароранд.

Дар ин ҳол як нафари шинос гуфт, ки ҳамсинф ва ҳамсояи ман наздиктарин шахси наздики Умар Алиматов мебошад. Вай метавонад 100 фоиз ин корро ҳал намояд. Ман бо он суҳбат кардам. Он шахс номаш Сиёвуш мебошад, ронанда ва началники охраннаи Умар Алиматов будааст.

Онҳо бо ҳамроҳи падари яке аз нафарони боздоштшуда бо Сиёвуш вомехуранд. Сиёвуш гуфт ман наздиктарин шахси Умар Алиматов мебошам. Маро ҳатто аз фарзандаш зиёд эҳтиром менамоям. Ман ин кори шуморо 100 фоиз ҳал менамоям. Гуфт: «агар акаи Умар ба Музаффар Юсуфира бга бмбр Музаффар мембра. Гап -гапи акаи Умарай. Ҳозир агар бхоҳа меброрашон».

Боз ханда карда гуфт «кадом шахсе бо акаи Умар сарбасар шава ҳамин хелшон мекна. Чанд соле, ки ма катиш кор кардаам чандин кормандони идороҳора ба воситаи Музаффар Юсуфӣ ҳамихел кардааст. (Аз ким кадом сохтмончӣ барои сохтмони мактаб, аз ким кадом судя, милиса ва чанде пеш боз кормандони барқи ким куҷо). Хуллас, ин Умар Алиматов дар ин масъала таҷрибаи калон доштааст. Дар охири суҳбаташ гуфт: «имшав бо акаи Умар маслиҳат мекунам, вай ба генерал Музаффар Юсуфӣ занг мезанад, пагоҳ ҷавобша мегӯям».

Пагоҳ омад гуфт маслиҳат хамин хел шуд, 50 ҳазор долларӣ. Дар умум 100 ҳазор долар медиҳед коратон ҳал мешавад ва аз ИВС ҷавобашон медиҳанд ва гуфт аз ин 100 ҳазор 20 ҳазор доллараш ҳақи ман аст. 80 ҳазорашро ба акаи Умар  Алиматов медиҳам. Вай худаш бо генерал ҳал мекунад.

Наздикони боздошт шуда аз вай хоҳиш карданд ин маблағи калон аст, мо аз куҷо меёбем, камтар раҳм кунанд. Вай гӯё ба ғазаб омада гуфт шумо ҳамаҷо баромадед «кортон ҳал нашид, ин кора акаи Умар ба хотири ман ҳал мекна. Набошад ҳарду бача мешинанд, хушру фигр кунен».

Дар охири суханаш гуфт, майлаш, ман шуморо мефаҳмам 10 ҳазор аз ҳақи ман кам кунед мешавад. Дигар роҳу илоҷ набуд. Дар як рӯз аз хешу таборҳо қарз намуда 45 ҳазор долларӣ, дар умум 90 ҳазор доллар ба Сиёвуш расониданд. Барои онки онҳоро аз ИВС халос кунад. Аммо боз ба доми фиреб афтоданд. Зеро аз байн ду рӯз гузашт. Бачаҳоро аз ИВС-и Прокуратураи нақлиёт ба СИЗО бурданд. Наздикони боздошт шуда ба Сиёвуш гуфтанд маслиҳат ин хел набуд.

Сиёвуш гуфт сабр кунед, ҳал мекунем. Сумҳоро гирифтанд: 30 ҳазорашро акаи Умар гирифт, 50 ҳазорашро ба генерал Музаффар Юсуфӣ дод ва боз афзуд, ки барои овоза нашудан бояд дар СИЗО як ҳафта биистанд.

Аз байн 2 ҳафта гузашт. Вале аз баровардани бачаҳо аз СИЗО ягон ном ва нишон набуд ва муфаттишони Прокуратураи нақлиёт ҳам дар рафти пурсиш мегуфтанд: «аз боло ягон супориш нашудаст».

Сиёвушро даъват намуда  ва баландравӣ карда мегӯянд, ки аз байн қариб 20 рӯз гузашт, аз кор ягон ному нишон нест, пулҳоро баргардон. Барои он бо ин қадар маблағи калон бо Шумо розӣ шудем, ки онҳоро аз ИВС бе ягон проблема бароред. Ин хел бошад мо бо адвокат ва муфаттишон сӯҳбат кардем. Ҷинояти инҳо мутобиқи дигар статия мебошад ва онҳо бо пардохти ҷарима мебароянд. «Моддаи 279» ришвадиҳии тиҷоратӣ.

Сиёвуш дар ҷавоб мегӯяд, ки Шумо ҳоло ҳам акаи Умар Алиматовро намедонед. Агар ман ин суханҳои Шуморо ба ӯ гӯям маблағҳои шуморо бар мегардонад. Аммо Шумо як чизро фаромуш накунед, ки ин ду нафар хоҳед нахоҳед мешинанд.

Баъд барои тарсонидани наздикони боздоштшуда аз Умар тавсиф намуда гуфт «акаи Умар армияи шахсии худро дорад. Ба онҳо ҳар моҳ маош медиҳад дар части 3502. Чандин ҳазор яроқ, беспилотныйи шахсӣ «паҳбодҳо». Дар ҷанги байни қирғиз ва худамон кори асосиро армияи  акаи Умар кард, на мудофиа, на МВД. Хуллас, гапи акаи Умар дар ҷумҳурӣ якум ҷо мебошад, хушру фигр кунед».

Ин нафар гуфт, ки мо дигар дар ҳайрат мондем:-« и Умар ин қадар корнамоӣ карда бошад ва ҳатто армияи шахсии худро дошта бошад, мо бо вай чи сарбасар мешавем? Ва таваккал бар Худо кардем».

Рости гап наздикони дубоздошт шуда гуфтанд чи кор карданамонро дигар намедонистем ва ба Сиёвуш гуфтем аз рӯи мардакӣ кор ҳал нашид, ту бояд 10 ҳазор доллари ҳақи худатро бар гардонӣ. Вай  гуфт ман ин пулро расход кардаам, аз куҷо ёбам. Дар охир гуфт ман бо акаи Умар боз маслиҳат мекунам, ҷавобашро мегӯям.

Сиёвуш пеш аз ҷашни Наврӯз ба мо алоқа баромада мегӯяд генерал Музаффар Юсуфӣ бо акаи Умар маслиҳат карданд. Баёноти бачаҳоро аз нав гирифта статияи онҳоро иваз мекунанд ва пас аз ҷашни Наврӯз мебароянд.

Ва Сиёвуш аз 10 ҳазори доля гирифтааш 2 ҳазор долларашро бар гардонид. 8 ҳазор доллари дигарашро гуфт талаб накунед, ман ҳам даводав кардам барои  шумо.

Хуллас, ҳамин хел ҳам шуд. Пас аз анҷоми ҷашни Наврӯз статияи онҳоро аз 319, қисми 4,ба статияи 279,қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки моддаи реалии онҳо буд, иваз мекунанд. Ва баъд аз гузашти 58 рӯз бо ҷазои ҷарима бачаҳо аз суд хушбахтона ба озодӣ баромаданд.

Пас аз баромадан Сиёвуш назди мо омад. Гуфт условияи акаи Умар ҳамин аст ки 8 ҳазор долияи гирифтаи манро талаб намекунед. Дуюм ин ки супориш додагӣ  аст ки минбаъд ин контролёрҳо дар идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор намекунанд.

Дардед, ки моро барои муроҷиат ба назди Шумо овард ва бовар дорам Шуморо тамоми мақомот мешунаванд, ин аст ки мутаассифона, чунин инсонҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд ва ҳамроҳи мову шумо зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди доштани сарвату маблағи зиёд чунон, мумсик, зихна, гушначашм ва мурдаи гӯранд, ки ҳатто свети беморхонаро,ки ҳақи сағиру маризу муҳтоҷҳо аст ва ниёз ба дастгириву кӯмак дорад, ғорат мекунанд.

Ҳоло агар ин ҳолат ошкор намешуд, фикр мекунед дуздии барқи бемористонро бас мекард? Албатта не. Оне, ки устухонаш ба дуздӣ шах шудааст, то охир машғул ба дуздӣ мешавад ва агар касе сари роҳи онҳоро гирад онҳоро ҳамин хел мешикананд. Яъне шиорашон ва фалсафаву фаҳмишаш ва моҳияти зиндагиашон ҳамин аст: «медузем, кадоме сари роҳамонро гирад, шикаста нест мекунем, ғорат карда маҳкам менамоем».

Дар ин кор контролёрҳо худро бе гуноҳ намешуморанд. Онҳо ҷазояшонро диданд. Аммо санаде, ки онҳо тартиб доданду аз ҷониби Прокуратураи нақлиёт гирифта шуд, куҷо шуд? Чаро он ҷаримаро аз ҳисоби Умар Алиматов нарӯёниданду наситониданд?

Аз тамоми кормандони идораҳои дахлдор хоҳиш менамоем дар рафти кор аз ин ҳайвони даранда эҳтиёт бошанд. Зеро ин шахс, яъне Умар Алиматов бо ин кораш ҳаловат мебурдааст.

Як воқеаи дигар. Тахминан моҳҳои август бо фармони вай Сиёвуш бо ҷияни Умар Алиматов, ки номаш Алимат мебошад 3 корманди Кумитаи андозро дар рафти фаъолияти кориашон дар корхонаи Умар Алиматов мурданӣ мезананд. Ва ин се корманди Кумитаи андозро баъдан  бо мусоидати Умар Алиматов аз Кумитаи андоз пеш мекунанд.

Ман бовар дорам, ки ин суханони мо то мақомоти дахлдор, хусусан президенти кишварамон рафта мерасанд ва нисбати ин гурӯҳи ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Агар зарур бошад дар мактуби баъдина наворхои дуздии барқи Умар Алиматовро ба шумо пешниҳод менамоем то шумо ба тамоми мардум онро пешниҳод намоед.

Дар охир дуъо мекунам, ки ин гурӯҳи мафияи Умар Алиматов ва генерал Музаффар Юсуфӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба монанди дигар гурӯҳҳои ҷинояткор ҷазои худро бикашад.

Чуноне дар боло гуфта гузаштем,ки Умар Алиматов чи гуна духтари рафиқаш Давлатшоро ба зани гирифт. Давлатшо аз Умар Алиматов чанд маротиба бо ҳаҷмҳои калон маводи мухаддир мегирад. Давлатшо маводҳоро чанд маротиба бо чанд трафик мефиристад вале ҳама борҳо мусодира мешаванду куриерон боздошт мегарданд. Албатта чун маблағ хело калон мешавад яъне хело…Умар Алиматов дар зиндон буд ва маблағашро талаб мекунад. Давлатшо дигар роҳи дигаре пайдо намекунад ҷуз инки духтари тоза синфи 11 тамом кардашро ба ақди никоҳи Умар Алиматов дар дохили зиндон медарорад. Умар Алиматов,ки барои қатли ҳамсараш дар зиндон буд ,Давлатшо фаҳмида ин корро мекунад. Дар ҳоле Умар Алиматов ва Давлатшо ҳамсол ва портнёр буданд. Албатта қиссаҳои Умар Алиматов хело зиёданд вале мегузорем онҳоро барои барномаҳои баъдӣ. Чуноне Музаффар Юсуфиро дар ҳар барнома ҷиноятҳояшро таку рӯ дорем. Ҳатман аз ин пас ҷиноятҳои Умар Алиматов ва мафияи ҷиноятпешаашро тақдим хоҳем кард.

Эзоҳи «Ислоҳ».Чанде пеш мақомот эълон карданд, ки санҷиш ошкор кардааст, ки аз ҳаҷми қарзи аҳолӣ, ки қаблан эълон мекарданд беш аз 30 фоизи он изофанаависӣ, яъне тӯҳмат будааст.

Др як навиштаи мо ин факт зикр шуда буд, ки дар соли 2017 Спитаменбонки Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари вай бо як занги телефон 300 ҳазор сомонӣ қарзи барқшро нол кард.

Раҳмонов сари ҳар чанд вақт қарзи ширкати барқро списат мекунад.

Ҳамаи инҳо аз чи далолт мекунад? Аз он далолат мекунад, ки дуздони барқ нафарони одӣ нестанд. Мегӯед Раҳмонов худаш намедуздад. Чи гуна Озода медуздад? Озода дуздиро аз кӣ омӯхтаст?

Вале дар ин моҷарои боло як ҳолати ҳайратовари дигар ин ширкати Прокуратураи нақлиёт ва шахси Музаффар Юсуфӣ аст. Мо дар бораи ин генерали додситонӣ борҳо навиштаем. Дар ин қазия маъулм мешавад, ки ин Прокурор бар ивази пул ба Умар Алиматов дасти кӯмак ва пуштибонӣ дароз кардааст. Вале оё Прокурори нақлиёт ин салоҳият ва ҳуқуқро дорад, ки фаъолияти идораи барқро тафтиш кунад?

Ҳоло, мо мунтазир мемонем, ки ин қазияро Прокуратураи Генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва шахсан худи Президенти Тоҷикистон чи гуна баррасӣ ва расидагӣ мекунанд.

Пайгирии қазияро идома хоҳем дод.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ин қазия танҳо дар бораи як нафар нест-ин оинаи як низом аст. Низоме, ки дар он сарват метавонад қонунро хомӯш кунад, ва робита метавонад ҳақиқатро пинҳон намояд.

Умар Алиматов, агар ҳама он чи дар боло оварда шуд, воқеият дошта бошад, савол одӣ аст:
чӣ гуна мумкин аст барқи як бемористон-маконе, ки ба дармон ниёз дорад-ба манфиати шахсӣ истифода шавад?

Қонун бояд барои ҳама яксон бошад-на барои баъзеҳо нарм ва барои дигарон сангин. Агар дар ин қазия дастҳои пуштибон вуҷуд дошта бошанд, пас масъулият низ бояд муштарак бошад. Ҳеҷ мақом, ҳеҷ унвон ва ҳеҷ дороӣ набояд болотар аз адолат қарор гирад.

Имрӯз ҷомеа на танҳо посух мехоҳад-шаффофият, тафтиш ва натиҷаи воқеӣ мехоҳад. Агар ин саволҳо бе ҷавоб монанд, паёмаш равшан аст: беҷазоӣ идома дорад.

Ва агар ҷавоб дода шаванд-ин метавонад оғози барқарории эътимод бошад.

Ба Музаффар Юсуфӣ низ саволҳои ҷиддӣ матраҳанд.
Агар воқеан мақомоти таҳти роҳбарии ӯ ба ин қазия дахолат карда бошанд, пас суоли асосӣ ин аст:

Прокуратураи нақлиёт ба чунин парванда чӣ иртибот дорад?
Оё салоҳият вуҷуд дошт, ё сухан аз истифодаи мақом барои ҳадафҳои дигар меравад?

Ин ҷо дигар масъала танҳо як қазияи ҷудогона нест-сухан дар бораи эътимоди мардум ба адолат меравад. Ҳар як қадами ғайриқонунӣ, ҳар як дахолати беасос, пояҳои давлатдориро суст мекунад.

Музаффар Юсуфӣ бояд дарк кунад:
мақом масъулият аст, на имтиёз.
Ҳар амале, ки берун аз доираи қонун сурат мегирад, на танҳо савол, балки ҷавобгариро низ ба миён меорад.

Имрӯз ҷомеа мепурсад —
на бо эҳсос, балки бо ҳақ:

Кӣ ба ту ба ин дахолат иҷозат дод? Ва бар асоси кадом қонун?

Хомӯшӣ дар чунин ҳолатҳо посух нест.
Ҷавоб бояд равшан, қонунӣ ва ошкор бошад. Медонем ту аз Худо наметарсӣ, ақалан аз ҳамон пешвоят ва писари ӯ наметарсӣ? Ё бароят мисли Умар Алиматов анҷоми ҳама ҷиноят иҷозат аст? Музаффар Юсуфӣ хуб дон ва огоҳ бош мо дар пошнаи ту шиштаем!

«Ислоҳ» ин саволҳоро боз ҳам пайгирӣ хоҳад кард. Ислоҳ пайгирии ин қазияро ҳатман идома медиҳад….

Сообщение Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт» появились сначала на ISLOH.net.

Ledy from Ғарм №5
Зарина Идизода: аз «фитр» то «доля»—аз гуштӣ то «конверти Раҳими Ғармӣ»

Навиштаи зер идомаи достонҳо аз корномаҳои Зарина Идизода, «Ledy from Ғарм» раиси ноҳияи Рашт аст. Ин бор сӯҳбатҳои ҷолибу рангине аз ширкат ва ҳузури ин раиса дар як сабқати гуштӣ дар ноҳияи Рашт аст. Ислоҳ 4 барномаи махсуси «Ledy from Ғарм»-ро нашр намуда буд ва дар мавриди Ғарм чандин барномаҳои махсӯсе тақдим намудем. Охирон барномаи «Ledy from Ғарм» дар охири соли гузашта буд. Барномаи панҷумро дар соли ҷадид тақдим менамоем.Воқиан хело ин Зарина Идизода зани шаттоҳу бадгашту баднафсе будааст,ки Қаноатшо Лоиқзода ва Набизода дар назди ӯ ҳеҷ будаанд. Ислоҳ Қаноатшо Лоиқзодаро бо нашри матолиб аз кор сабукдуш ва аз мақоми Раиси порлумон шудан маҳрум намуд. Набизодаро ҳам ҳамчунин ва инак расидааст навбати «Ledy from Ғарм».  Раиса дар расми баргузории сабқати гуштӣ ширкат намуда танҳо баъд аз гирифтани «доля» аз Раҳими Ғармӣ ба идомаи он иҷозат медиҳад. Вагарна бозӣ ба итмом нарасида сабқатро қатъ мекард, то солимҳо ба худаш монанд.

Ин номаро яке аз ҳозирини ин мусобиқа корманди ….ба «Ислоҳ» фиристодааст, ки мо ҳам барои нашр омода ва пешкашатон кардем:

Шоҳиди воқеа аз Ғарм

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари дар роҳи ҳақ! Худованд шумову пайвандонатонро умри дарози пурбаракот диҳад ва гузаштагонатонро раҳмату мағфират кунад.

Мехоҳам як каме аз зулму золимии мақомоти ноҳияи Рашт дидаву шунидаамро аз дилам холӣ кунам. Дар урфият мегӯянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан».

Аз дидаҳову шунидаҳоям рӯи ин коғази сафед меорам. Дарди дили худ ва ин ҷабрдидагонро сабук мегардонам, аммо намедонам гуноҳ мегирам ё савоб?

Хулласи калом, бо даъвати яке аз бародарон, ки дар санаи13. 04. 2026 мусобиқаи гуштини калоне дар ноҳияи Рашт баргузор гардид, омадем.

Ман дар мақомоти инҷо  чандин сол кор кардаам, рафтору гуфтор, урфу одати ин мардумро хуб медонам. Нону намаки ин сарзаминро бисёр хурдааму медонам, ки инҳо мардумони меҳмоннавоз вале дусткушу душманпарвар мебошанд. Хуллас, даъватро рад накарда омадам. Вале, чи ҷойи руст кардан, ки худам бисёрии инҳоро дар вақташ зулм кардаам. Баъди тамошои барномаи шумо, ки дарк намудам, ки инҷо таги коса нимкоса ҳаст. Дар назди 3 бародар ин гапҳоро мегуям, Аллоҳ баракаташон диҳад, намедонам кадомаш бошад норезондаю ночаконда ба шумо мерасонанд. Ҳамаашро вақте дар мақомоти ноҳияи Рашт будам барои як коре оварданд, ки фармондиҳандаашон аз деҳаи Тагоба буд. Фармон додам, ки маҳкамаш кунед. Ӯро чунон зулм кардаанд, ки ҳисобаш нест. Аммо шери Аллоҳ ба гардан нагирифт. Вақте қассобони подвал омаданду гуфтанд, ки аз ҳуш рафта дар ҳолати марг аст вале ҳеҷ ба гардан намегирад, гуфтам баред фелдшер бинадаш, соз шуд ба кабинетам биёред.

Хуллас, овардандаш. Дидам ва гуфтамаш, туро дар ҳамин подвали мо тавреат карданд, ё аз тюрмаи Гуантанама гурехтӣ. Гуфт худованд ҳидоятатон кунад. Шумо ҳам тоҷикед, дар кадом дине, ки бошед. Вале аз инҷо дида он тюрмаи гуфтагиат азобу шиканҷааш камтар будагист.

Дар вақти калимаи ҳидоятро шуниданам як ваҳме дар дилам омад, ки ман вообше ин суханҳоро афсона медонистам. Баъди суханҳои бисёри вай пушаймон шудам. Чунки чунин суханҳои ин қадар пур аз номи Аллоҳу расулро нашунида будам. Аз вай хоҳиш кардам, ки «гир амбуррову валлоҳӣ нохунҳои маро кан, гушти бадани манро тоб деҳ, то расчёт шавем. Ба ин суханҳои зебои ту агар ҳақиқат бошанд, ман чи ҷавоб хоҳам дод фардо дар назди Аллоҳ. Ту хафа шудаӣ, маро бубахш».

Вай гуфт, бародар бубин чи сухани зебое? Ҳол онки аз  ҷабри фармони ман дар дасташ нохун несту дар сараш муй нест. Ба амбур кандаанд.

Аъзои баданашро бо бинту пахта бастаанд. Чунки амбурро мондаю тоб додаанд. Ҳамааш дар хун гум аст. Гуфт ман аз ана ҳамин стул хафаам, ки ту дар болояш нишастаиву вазифаатро иҷро мекунӣ. Ин тавр шумо барин чандинтоатон ин стулҳоро тарк карду рафт. Рӯзе мерасад, ки шумо ҳам ин стулро тарк хоҳед кард.

Ман ларзидаму хестам ва оғӯшаш кардаму бурдаму дар врач нишонаш додаму ҳамаи уколу доруҳояшро харидаму гуфтам, ки «ана ҳамин номери асосии ман. Дар ҳолате, мушклие ба сарат омад, маро занг зан. Вале инро бояд гуям, ки ин ноҳияро тарк кун». Чунин машвараташ додам, чун медонистам дигар дар Ғарм зиндагонӣ карда наметавонист.

Ҳозир дар дигар ноҳия зиндагӣ мекунад.

Вақте даъватномаи гуштинро равон кардам, зангаш задам ва гуфтам, ки ба шаҳр биё. Дар минтақа гуштин меравем.

Хуллас, омадам. Бурданд, дар қарибии раиса шиштем.

Дар вақти кориям яке аз одамони наздики раисаро барои як кори ғайриқонунӣ дастгир намудам. Гапи раисаро нагирифтам. Вале бо хоҳиши як роҳбари баландмақом, ки раиса бо вай алоқаи бисёр зич дорад, онро раҳо кардам. Ба ҳамин хотир нахостам раиса манро бинад. Чунки ман дасти мардакӣ дода будам. Ба ҳамин хотир инро нақл намекунам.

Аммо ин раиса кина дар дил дошт. Шояд то ҳозир дошта бошад. Барои худам як ҳолати алоқаи шаҳвонии ин раисаро сабт кардаву бо дигар кас фаҳмондамаш, ки

крайни чего «ма шармандаш мекнм». Барои ҳамин камтар поёнтар шиштем. Хуллас, гургбача калон шавад, ҳамон модагурги ваҳшист, ки гурги ҳамроҳаш бударо дар ҳолати суст шуданаш меронаду боз гурги бақувватро ҷустуҷӯ мекунад.

Дар рафти гуштин барои ритмҳояшро ба шумо фаҳмонам баландгӯякро бардошту гуфт, ки ним соати дигар бо ҳамин тамом.

Аммо ин луқма барои Раҳими ғармӣ буд. Чунки як одам он тарафтар Раҳими ғармӣ нишаста буд. Вале раисаро аҳамият намедод. Раҳими бо лақаби ғармӣ овозаш дод:- «илтимос мон, давом тиян».

Раиса хесту он мақомдорро (бигзор номаш махфӣ монад) гуфт: «хез, ма да бари Раҳимҷон шинам, каме суҳбат бояд кунам». Вай хесту ин шишт ва каме гап заданд. Жучоки таги стол гапҳояшонро сабт кардааст.

Бародаронро илтимос кардам, ки гапҳояшонро ба ман партоянд. Раҳим, ки мард аст, гуфташ, ки апа, ҳозир маъракаро ба анҷом мерасонӣ, баъд ин меҳмонҳо мегӯянд Раҳим номардӣ кард. Дидӣ, ки ман гуфтам зарае номардӣ бишавад, ман худам отмениташ мекунам. Ва онҳо ба чи хулосае омаданду ҳамаи паҳлавононро -инашро ба ваяш чи бо роҳи хол ва чи бо роҳи задан муайян намуданд.

Акнун 8 нафар бо вазнҳои гуногун муайян шуданд. Агар шумо маъракаро ба анҷом расонед, ин меҳмонҳо мегӯянд, мошинҳои аз салон гирифта ҳамааш таърифу сафсата будааст. Барои ҳамин бо хости раиса гуштинро кашола додаву мошинҳоро нагиранд, дигар иҷозат надоданд гуфту як конверти ё 100 ҳазора буд ё 50 ҳазор сомониро дар дасти раиса доду гуфт:-илтимос гиред. Раиса тираш, ки ба ҷояш расид, гуфт Раҳимҷон то саҳар иҷозат, гуштин гирифтан гириен.

Вақте Раҳим ба раиса гуфт «мон гуштин давом кунад» ман ба воситаи ин барнома ба раиса аз тани Раҳим (маълум аст руяш намешавад, ки туро беваи беномус гӯяд) гуфтаниям, ки ҳар ҷашне баргузор мешавад аз номи пешво ба Раҳим занг зада мегӯӣ «хариди ин маъракаро Ҷаноб мега Раҳима бгу». Баъд зуд маъракаро тамом мекунию тамоми чизҳои мондагиро аз они худ мекунӣ.

Ин дафъа ҳам хостӣ, ки қариб як камаз чизҳои зиёдатишударо аз они худ кунию боз бурда дар магазини худат ва онҳое бори туро мегиранду сраза наличка медиҳандат супорӣ. Вале Раҳим кайхо фаҳмидааст, ки ту кӣ ҳастӣ.

Чунки чанд бор шуд, ки вақте чизхо зиёдатӣ мекунанд, мегӯӣ «Раҳимҷон мара те ҳисобашонро миёвам ба камбағалҳо аз номи Ҷаноби олӣ падарка мекунам. Ҷаноб бошад аз ту хурсанд мешавад».

Вале дурӯғ мегуию онҳоро фурухта гуфти худат барои заднит каса мекунӣ.

Аммо ин сафар, ки пурсидӣ Раҳим пай бурдааст, ки ту кӣ ҳастӣ, дар ҷавобат гуфт, ки «мебахшӣ началник милицияи Навобод пагоҳ бузи калон доштааст, онҳоро ба вай ваъда кардаам, ҳамон мебарад». Нороҳат шудию абри сиёҳе ба сарат омаду дигар ягончи гуфта натавонистӣ.

Худат медонӣ барои чӣ? Барои онки началники Навобод пеш началник милицияи Тоҷикобод буд. Ӯро барои корҳои ғайриахлоқиаш аз мақомот бо статия сураш карданд. Аммо ба гузашти моҳҳо вай, ки балелчики бузкашӣ мебошад, ҳоҷӣ Амриддин боз оварда началники Навобод монд ва як аспи бузӣ падаркааш кард. Ту медонӣ, ки ин одами асосии Амриддин аст. Вагарна ин шармандагии мақомот аст ки бо статия аз як ноҳия сур мекунанду боз оварда дар дигар нохия мемонандаш.

Нисбати началник милицияи пешинаи Навобод, ки бо перевод Қурған рафт ин хело созтар аст. Вай дар ҳар як бузкашӣ мегуфт «ма шапидагиюм, фармонте варзишу бзкаширо долияи маро 5000сомони метиен ба буза мекашен». Аммо инаш бошад мегӯяд «ма шапидагиюм пулгира. Коме буз мета додан гира».

Вале як кори зиракиро пеш гирифтааст. Участковийҳояшро 2 моҳ пас ҷойиваз мекунад, ки агар участковий ҳаққонӣ кор кунад на камтар аз 3 то 5 сола бояд кор кунад. Вале инҳо дар ду моҳ ба ҳар баҳона халқро ҷаримаю долябандӣ мекунанд. Барои ҳамин инҳоро иваз мекунад, то ному насабашон расонаӣ нашавад. Ман ба раисони ҷамоатҳо гуфтаниям:- шумо оянда дар вақти раис буданатон ба ҳар як коратон ҷавоб хоҳед гуфт. Барои ҳамин ин участковию амнияту уголовникҳоро қайд кунед, ки кианд ва аз куҷоянд.

Дар ҳаминҷо ба вазири корхои дохила гуфтаниям, ки ҳой буқача медонам аз Нақшов қади аҷал метарсӣ. Вале як бор кори ин участковийҳои Раштро назорат кун.

Раҳмими Ғармӣ вақти саршавӣ гуфта буд, ки номардӣ шавад, маъракаро ба анҷом мерасонам.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте Раҳим эълон кард, ки ягон номардӣ шавад, худам гуштинро манъ мекунам, ин раиса роли шайтонро бозиду Раҳимро ба гап гирифта ҳуши ӯро парешон кард, то инҳо яъне Лоиқовро  дубора писари ин додараш Маҳмасафо, ки раиси бахши варзиши ноҳияи Рашт буд, аз раисӣ хаташ зада буданд, бо маслиҳати раиса барои онки авлоди Раҳиму Ҷабборовҳо гӯянд, ки «и раисарам Лоиқовҳора чашми дидан надора» писари ин Маҳмасафо додари Қаноатшо Лоиқзода  якум боре даромад сраза зада буданаш, бояд дуюмбора наменавистанаш. Чунки инҳо ба умед буданд, ки бачаи Маҳмасафо бой дод. Дуто аз Ёрибекашон аст. Аммо ин ду писари Ёрибекашонро сари пар як чечен зад. Инҳо маҷбур шуданд, ки раисаро розӣ кунанду дуюмбора писари Маҳмасафоро нависанд. Раиса бошад розӣ шуд. Чаро не? Ҳам доляро  гирифт, ҳам кадомеаш ҳам, ки занад всеравно байни Ҷабборовҳо ва Лоиқовҳо боз норозигие мешавад.

Ҷабборов Илҳомидин бошад паҳлавонҳои беҳтаринро заду ба ин бачаи Маҳмасафо аҳамият надод, ки чандин бор задамаш ва боз мезанмаш.

Лекин ногаҳон худашро бар тахтаи пушт дид. Аммо ана ҳамин раиса ин ду авлоди номдори100-ҳо кас мешинохтагӣ дар ин дараи Таговаро намехоҳад. Коре кард, ки Лоиқзода Муҳаммадӣ- ҷиян, бачаи додари Лоиқзода Қаноатшо ва Илҳомидин Ҷабборов додари Сияршо ) ҳардуи инҳо боз ногуфта намонад домулло Муҳаммадиқбол, ки «лидер»-ҳои барномаҳои шумо мебошанд))), ном бароранд.

То ҷое медонем Қаноатшо Лоиқзода зиёда аз 1миллион доллар баъди барномаҳои шумо доду ҷонаш халос шуд. Вале Сияршо бошад ҳаромию дуздию чи коре, ки кард берун аз зодгоҳу  ватанамон кард.

Аммо ин раисаи ришвахур Зарина Идизода  бошад тамоми ҷинояти зулму пораро дар ин ноҳияаш карда истодааст, аз номи мақомоти болоӣ карда истодааст ва мегӯяд, ки маро шахсан Ҷаноби олӣ худаш фармон додааст.

Як ҳамкорам нақл кард, ки Рашт 14 ҷамоат дорад. Дар ҳар ҷамоат на камтар аз 8 то 10 -12 қишлоқ ҳаст. Сари қишлоқе аз 10 ҳазор сомонӣ боло раисони қишлоқҳоро маҷлис гузарондаву гуфтааст, ки фитри рузаро оварда диҳед, то числои 16ум. Агар буд накунед, барои ин 10ҳазор сомонӣ милисаву пажар даромада хона ба хона хокатонро мебезад. Ман ба раиса гуфтаниям: «ҳой леди фром Ғарм! Вақте баландмақомро мебарӣ, ташкилӣ мекунию мезанед кайфҳо дар осмони ҳафтум баланд мешавад: «мегӣ биё….( ҳолатҳои шаҳвонӣ ҳаст як сафҳа,ки аз он парҳез мекунем».

Бахудо қасам бас кун, ки ма медонам и домло одами худотарс аст, дар ин барномаш намемонад ин сиёмкаро клипатро майда када дар кароткиёи ютуб мепартоям. И 10ҳазор сомони мегӣ фитри руза. Кадом руза? Рузаи пешмеомадагиро ҷамъ дорӣ? Мегӯӣ маро фармон дод ин пирбузбалаи беақл. Кушиш кардӣ аз Ҷаноби олӣ  як тул гирӣ. Хоҳишат ҳамин буд, натавонистӣ. Ҳозир ин пирбузбалаи девона шуд. Аз номи ин сум мегирӣ Ҷаноби олӣ инҷо причем, ё шояд рост мегӯӣ. Чунки гузаштани рамазонро як моҳ шуд нав ту фитри руза ҷамъ дорӣ. Ба раисҳо интавр гуфтӣ, вале дар дигар ҷо худат медонӣ, ки подкайф будӣ. Ин пирбузбала мегӯяд аз сар налоги рузаи ин ҳамшаҳриҳоятро гирифта ба ду дасти адаб оварда деҳ.

Охир як чанд бор шуд мегуям ҳамаи қишлоқҳо ними маблағро додаанду хапанд, як дастгирӣ кун, ҷамъаш кунем барои ҳамин дилат пур шуд. Мегӯӣ милисаву пажар хонабахона гашта, кроме ин пул боз ҷарима мекунанд. Ҷаноб налоги рузаро мебинаду ман бисёр фикр мекунам, ки ҳамин Ҷаноб ҳамин гапро намедонад. Чунки агар донад чаро аз Қазноқ ва Поче ватани Раҳим ҷамъ накардӣ? Ё инашро ҳам Ҷаноб гуфт, ки ҷамъ накун?

Ман ҳамчун корманди ин мақомот аввал ба Раҳимӣ ғармӣ, баъд ба ин мақомот гуфтаниям Раҳимҷон, бародар агар сатҳи психологияи одам кам ё хаставу заиф бошад, дар амнияти мо онро тамоман роҳ намедиҳанд. Чунки як саволҳоеят медиҳанд, ки агар номуси мардакӣ дар вуҷудат каме ҳам бошад ин саволдиҳандаро гарданашро мезанию баъд меравиву баҳазур дам мегирӣ. Ана ман аз назари психологӣ ба ту ба воситаи ин барнома мегуям, ки вақте раиса дасташро дар сари зонуи ту заду хандид, аз чашмони вай ман пай бурдам, ки вай туро ҳаматарафа мехоҳад. Шояд мо ин раисаро имруз то пагоҳ ғалтонем ва баъзе номардони мо барои бадном кадани ту ин раисаро истифода баранд. Барои онки   дар баъзе ҷо гуфтааст, ки вақте Раҳим ба ман хонаро хариду подарка кард, дар он хона вай алакай маро мехост, вале ман нахостам. Вагарна ӯ тайёр буд. Шояд баъди дастгир карданаш барои бадномии ту розӣ шаваду туро бо ягон кор подставит кунад. Барои ҳамин вақте даъватат мекунад, танҳо нарав ва аз ин шайтон дурӣ биҷӯй.

Ба мақомот гуфтаниям, ки фардо дар назди Аллоҳ ҳар як налоги рузаро, ки дуюмбора мегиред, ҷавоб медиҳед. Ин суми маҷбурӣ гирифтаи шумо шояд дар қиёмат ягон фоида ё зарари инҳо бошад, вале аниқ ин дарди сари шумо мешавад. Шумо мард шаведу коведу бароред. Ку бинед ҳамин сум куҷо мешавад?

Маълум шуд, ки сари ҷон 7 сомонӣ будааст. Агар мисол ҷамоате камаш 7ҳазор аҳолӣ дошта бошад ба 7зарбаш занем мешавад 49 ҳазор ва ба 14 ҷамоат зарбаш занем мешавад 686000 сомонӣ!! Ана суми бедарди миён.

Пас,чоплусони Раштонзамин, хулосаатонро бароред: хоин кист, бешараф, бепадар, бенасл, бевиҷдон кист? Наход мардумро намонӣ, ки худашон касеро хоҳанд фитри рӯзаашонро диҳанд. Охир рузаро як моҳ шуд, ки буд шуд. Магар шумо боз барои соли дигар пешаки ранги налогҷамхкунитон мегиред?

Пасгуфтори Ислоҳ:

Хонум Зарина Идизода, бо псивдоними «Ledy from Ғарм»!

Таърих дар ин сарзамин борҳо такрор шудааст, вале на ҳама аз он дарс мегиранд. Оё сарнавишти пешиниён барои шумо ибрат нашуд? Онҳое, ки дирӯз худро устувор ва дастнорас мепиндоштанд-имрӯз аз саҳна канор рафтаанд. Номҳое чун Қаноатшо Лоиқзода, Набизода ва Маҳмадтоир Зокирзода гувоҳи онанд, ки қудрат абадӣ нест ва мансаб кафолати амният нест. Шумо ҳам хонум хонумо аз ин арбада дур нестед!

Матолиб ва ифшогариҳо танҳо калима нестанд-онҳо оинаанд. Оинае, ки дер ё зуд ҳақиқатро нишон медиҳад. Ва ҳар қадар талош шавад онро пинҳон кунанд, рӯзе равшан мешавад.

Имрӯз фурсати он аст, ки ҳар соҳибмансаб ба худ назар кунад:
қадамҳое, ки мегузорад-ба куҷо мебаранд?
амалҳое, ки анҷом медиҳад-чӣ паёмад доранд?

Ва ба Раҳими Ғармӣ низ як сухани кӯтоҳ:
андеша кунед, пеш аз он ки ҳар иқдоми молӣ ё дастгирие анҷом диҳед. Ҳар амал паёмад дорад, ва дар фазое, ки ҳар чиз зери назар аст, ҳатто як қадами нодуруст метавонад ба мушкили ҷиддӣ табдил ёбад.

Ин танҳо як ҳушдор аст-на аз рӯи кина, балки аз рӯи таҷрибаи дидашуда.
Роҳи интихобшуда метавонад ба обрӯ ё ба беномӣ анҷом ёбад.

Интихоб—ҳанӯз дар дасти шумост.

Сообщение Ledy from Ғарм №5 появились сначала на ISLOH.net.