Архивы Адабиёт ва фарҳанг - ISLOH.net

Тарси диктатор аз кисту чист?
Дар назари аввал гӯё Диктаторон аз касеву чизе наметарсанд. Вале ҳаргиз ин гуна набуду нест. Баръакс, сабаби асосии рӯ ба истибдод овардани ҳокимони инқилобгар айнан дар тарсу тараддудашон реша дорад. Инсонҳои қавишахсият дар дарозои торих ниёзе ба истибдод надоштаанд. Ҳама гуна истибдод реша дар истибдоди фикрӣ дорад, ки бадбахтона диктаторон ҳамеша дар афкору ҷаҳонбиниву раъяшон мустабид, ё худ каҷандешу якраву ҷаҳолатмаобу «ҳамадон» будаанд.

Аз ин рӯ буда, ки паёмбар (с) Абулҳакамро «Абуҷаҳл» мехонд.

Диктатор агар фикри худро аз ҳама афкор волотар намедонист, пас, чӣ зарурат буд, ки ҳамеша фикри худро , чи хатову чи савоб, ба маҷрои амал ворид созад? Аз онҷо, ки диктаторон тарсӯянд (ва тарсуҳо тоқати шунидану дидани фикру мавҷудияти дигаронро надоранд) ҳамеша, дар баробари афкори дигарон, на бо далелу бӯрҳон, балки бо теғу тиру шамшер ҷабҳа мегиранд. Аввалин коре, ки ҳаряк диктатор мекунад ин куштани дигарандешон аст. Ҳол он ки инсони қавишахсияту оқилу боирода, ки аслан тарсе (тарси фикрӣ, ва ё худ заъфи фикрӣ) надорад, дар майдони муборизаи андеша, бидуни тарсу талвоса ворид, ва чи басо ғолиб ҳам мешавад. Вале, аз онҷо ки инсонакҳои заъифиродаву заифҷоне, ки бо тасодуфи маҳзи ҳодисоти торих, дигарон рӯи миллате таҳмилашон мекунанд, нотавонтар аз ононад, ки вориди рақобати интихоботӣ шаванд, балки бо ин ақли гунҷишкиии модарзоде, ки дар косахонаи зангидаашон доранд, ҳамеша аз мусоҳибаҳои телевизионӣ, суҳбатҳои ошкоро, далеловарӣ барои қонеъсозии шаҳрвандон фирор мекунанд. Ва барои худ унвонҳои пуртумтароқи дурӯғини болохонадор ва қонунҳои «Пешвоӣ» метарошанд! Чӣ зарурат аст, чун ту марди «маҳбуб» бошӣ пушти ин ҳама «қонун»-у «дахлнопазирӣ» пинҳон шуда, дар интихоботҳо умре тақаллуб  роҳ андозӣ?!

Ягона услуби диктаторони тарсӯ дар мусоҳиба (дискуссия) ё гуфтугӯ (диалог) ин – «ту хап кун, ман гап мезанам» аст, ки аз соле, ки Эмомалӣ бо роҳи қатлу куштору тазвирҳои интихоботӣ ва фанду фиреби кулли тоҷикон сари давлат оварда шуд, аз ин усули «гуфтугӯ» кор мегирад; гуфтугӯ бо забони зӯр, бо забони мили силоҳ, бо забони ғадру куштору тороҷ!

Мардуми дилхоҳашро дар чорабиниҳо, ҷамъомадҳо, ҷашну сӯру хурсандиҳову маросимҳои давлатию ғайридавлатӣ, бо ғалбери амниятӣ бехта, чанд тане аз ҳизалаку гунҷишкмағзу гуспандсифату харкаллаву чоплусу чилимбардоронро гирд овардаву худ чун тамоми диктаторони тарсӯи торих рӯи трибуна баромадаву сар мекунад: ончи парту палое ки як-ду гандапили хармағзу шағолмушовири духоне чун худаш доранд, ки дар ҷумланигорӣ каме ҳам бошад аз ин барзангии говбон мактабдидатаранду ду -се ҷумларо сару нӯк карда метавонандро тӯтивор қироат мекунад.

Ва ҳаминки каллаи ғафс аз рӯи коғаз бардошта шуд, «войдоду дӯғу пуписаву таҳқиру вай-вай» сар мешавад!

Уштурро гуфтам: ғамза кун

Полезро вайрон карду рафт!

Аслан, дар дарбори диктаторон «шӯро», «машвара», «табодули раъй» гуфтанӣ низоми идорӣ вуҷуд надорад. Агар чунин мебуд, ки режими ин гунаҳо диктатура маҳсуб намеёфт, вале ки ин падидаҳои давлатсоз кайҳост аз ҷониби ин каркадан куштаву лаҳ шудаанд, онро диктаторӣ меноманд.

Диктатура дар ҷомеаҳо худ ба худ, бо роҳи стихиявӣ падид намеояд, балки барои пайдоиши тухми наҳси диктатура як чанд омилу заминаву боду ҳавое лозим мешавад, то ин тухмаи наҳсу палиди торих дар кишваре борояду бузург гашта мардумро ба табоҳиву сияҳрӯзӣ кашад.

Сараввал мехоҳам оид ба  омилони диктатура суҳбат намуда, пасон оид ба ёрдамчиёнӣ он хотирнишон намуда, дар охир ба падофандҳои диктатура суханро ба анҷом расонам.

Истибдод натиҷааш истиъбод ё худ бардасозии як миллат, ё, лоақал қишре аз ин гуна ҷомеаҳост. Барои тавлиди истибдоди низомӣ якчанд падидаҳо даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд:

Таҳкими истибдод ба василаи дин

Тақcими истибдод ба василаи илм

Таҳкими истибдод бо роҳи тарбияи ғуломхӯӣ

Таҳкими истибдод аз роҳи фасоди ахлоқ (чоплӯсӣ, дурӯғгӯӣ, фанду фиреб, нифоқ, сиёҳро сапед гуфтану вожгунанамоии воқеият, пуштибонӣ аз зулму ситам барои манфиат ва ғ.)

Таҳкими истибдод аз роҳи «шахсиятсозӣ»-и дурӯғин ва обрӯрезии мухолифон.

Таҳкими истибдод бо фишангҳои пулӣ ва сарватғундории ашхоси мустабид.

Ҳеч диктатурае дар рӯи ин курраи хокӣ зуҳур накарда, магар ин ки ҳамрадифаш дин буда. Фарқе надорад он чи дине буда, муҳим инки барои қонунманд кардани султаи диктатор муҳимтарин фишанг ҳамоно дин будаву дин ҳаст. Аз Фиръавнҳои Мисри Бостон то ба мустабиддони Ошӯриву Бобулӣ гирифта, то ба диктаторону тиранҳои Юнони Бостон, аз шоҳаншоҳони Эрони Бостон гирифта то диктаторчаҳои асри пору кунун, ҳамагӣ худро бо василаи дин худову нимахудову намояндаи худо ё худоён гуморидаву таҳмили мардум кардаанд; ҳам худу ҳам ҳавову ҳавасашонро дар либоси дин тазйин дода, худро намояндаи қувваҳои фарозаминӣ ё худ, баъзан, Худо ҳам унвон додаанд, ки барои донандагони торих ин ашхос маълуманд.

Баромадан бар зидди ифлоскории ин гунаҳо «хуруҷ бар алайҳи дину имону худову алъаёзу биллоҳ фарзанди худо» маҳсуб, ва ҳукмаш марг мебуд.

Дар ин доираи маҳдуди дин муллову попу эшону коҳину ҳахому шаману бараҳману попу падари рӯҳониву ҳазору як «ситамгарпарастон»-и дунҳиммату дурӯяи торих камари зиллат (ё ба гуфти эшон камари ҳиммат) мебастаанд. Ба ҷуз чанд тане аз ростгӯёну диндорони ростин, ки дар фарҷом ин кохи истибдоди муташаккил аз диктатору аъвонашро ба хоки сияҳи тира баробар карда, дар оворҳову харобазори он парчами ҳақиқатро бармеафроштаанд! Вале то он лаҳза, чи басо якрӯҳову содиқони «солеҳу муслиҳ» тӯъмаи теғҳои охта шудаву чи сарҳои буланде рӯи чӯбаҳои дорҳо мерафтаву чи сиддиқоне туъмаи гургону шеру палангони тиранҳо, дар малаи омм, мегаштаанд! Имрӯз бо роҳи «демократӣ» ҳам режими Раҳмонов ва раҳмоновсифатон доранд бедод мекунанд, ки на сӯистифода аз дин ва на аз демократия асли онро хадшадор намекунад!

Олимон ва диктатор

Шуҷоату корномаҳои ин гунаҳо ҳам дар торих моломоланд, ки дар байни инҳо натанҳо рӯҳониён, балки олимону ситорашиносону табибону аҳли илмҳои ақлию фалсафию иҷтимоӣ кам нестанд!

Шарт нест барои дар баробари кохи зулму истибдод нидои «ё ҳақ» задани Мансури Ҳаллоҷ ё Аттори Нишопӯрӣ бошӣ, балки метавон Рӯзбеҳ ибни Додвейҳ буд, метавон Ҷон Браун буд, метавон Галилей ё Копперник буд ва Метавон Че Гевара ё Мартен Лутер ё ҳатто Тӯробию яке дигар «Ту» буд! Оре, ҳамин туе, ки имрӯз чашмат кушода гаштаву кохи зулм ва дажманиши кохнишини кохи Заҳҳокро дар маркази пойтахти тоҷикон – Душанбе, ҳамчун тирану тоғуту мустабиду диктатори хуношом шинохтаӣ!

Инҷо, агар 5 падидаи дигар ё усули тақвияти истибдодро барот шарҳ диҳам, сухан тӯлонӣ хоҳад шуд. Муҷарради зикри он бароят кифоя аст,  то бидонӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 30-у анд сол ин Заҳҳоку моялесону муллоҳову олимони диссернетиву назарияпардозону  имиҷсозону «насли ҷавон тарбиятгаронаш» бо ин роҳҳои 6-гона миллати огоҳу фарҳехтаву пешқадамеро, пас аз қатли садҳо ҳазор соҳибхирадонаш, ба ин тирарӯзӣ ва сарафкандагӣ оварда расониданд!

Мулло бо мавъизаҳои дурӯғинаш золимеро «сояи худо» хонду барояш «шаръияти диннӣ» доду ситамгар реша дар мафкураи диннӣ давонд. Ва барои «исботи иддао»-и золимпарасти тоқию салладор ин золим борҳо гирди Каъба даводав кард — оилавӣ ҳаҷдавак карда аст – дар ҳоле ки ба Рабби ҳазал байт имоне надорад! Чун диктаторон худро фаротар аз имон ба Худое, дар дарозои торих медонистаанд! Балки ба дигарон талқин ҳам мекардаанд, ки худ айни худоянд!

Аз ҳамин рӯст, ки дору дастгаҳи истибдоди имрӯзаи Э. Раҳмонов аз ин роҳҳои 6-гона миллатро «тарбия» ва каллаи хар намуда аст.

Пас, фарди диктатор на инки аз дину мазоҳири диннӣ, илму пайомади ихтироъоти илмӣ, ахлоқи «ҳамидаи дастҳо пеши бар», тарбияи «тоҷиконаи ҳалимӣ», обрӯи обрумандони тамаллуқкор ва сарватмандони дарборӣ ҳаросе надорад, балки ин ҳамаро дар раванди тақвияти режими истибдодияш бо маҳорат истифода, ва дар ниҳоят чун барраи қурбонӣ қурбони худшефтагии хеш месозад, ки сазояшон ҳамин.

Аммо, ончи ки диктаторон дар тӯли торих аз он тарсидаанду кунун ҳам метарсанд ин ашхоси амалӣ, огаҳон, сиддиқон, солеҳон, ислоҳгарон, зулмбадбинон ва олимони воқеӣ ҳастанд, ки барои раҳонидани ҷомеаҳову миллатҳо, дар тӯли торих дар баробари бедодиву ситами диктаторон меистодаанд. Ва чи басо қурбон ҳам мешудаанд.

Ва аммо улуме, ки диктаторон аз рушду нумӯи он метарсанду аз он ҷилавгирӣ менамоянд инҳоянд:

Ҳикмати назариявӣ

Фалсафаи ақлгароӣ

Ҳуқуқи инсон

Табиати иҷтимоӣ ё худ ҳамоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ

Рушди сиёсати ҳамгироии фарҳангӣ

Омӯзиши торихи ростин

Баромаду хитобаҳои адабӣ

Дар кул, диктатор аз рушди равшангароӣ метарсад ва то метавонад миллатро дар торикии ҷаҳлу зулмоти бехирадӣ нигоҳ медорад!!

Пас, миллати огоҳу озода ҳамонест, ки ба ҳамин самти 7-гона меравад, на аз думболи аҳримани 6-гонае, ки диктаторро диктатор месозад!

Сахттарин навъи тарси як диктатор аз ана ҳамин шахсонеанд, ки дар ин роҳи 7-гона ба жарфо расидаанд!

Муллоҳои дарборӣ, олимакони хасакӣ, ва ҳатто табибону варзишкорону чемпионҳо ҳам дар ин росто коргар нестанд. Чун, табибон аз ҷисми инсон болотар андеша накунанду варзишкор аз маҳдудаи тамрин берун наандешаду муллои дарборӣ ба ҷуз «ирзои хотири муборак»-и мустабиду валинеъматаш наандешаду олимони маддоҳ ҷуз «роман»-и Ҳазрати Заҳҳоку «торихномаҳои ҳумоюнӣ» чизе аз хомаашон натаровад!

Агар инҳо равшангаро буданд, ки дар ин маҳдудаҳову ботлоқҳо дарнамемондаанд!

Аз онҷо ки диктаторон аксар вақт ҷоҳилу бесавод мешаванд, аз ин рӯ,  дар гирду барашон ҳамеша ашхоси тамаллуқкору ҷоҳилтар аз худро гирд меоранд. Аз ин ҷост ки олиму огоҳу равшанзамиронро то ҷон доранд бад мебинанд. Ва дар дарбор барошон ҷойгоҳе нест.

Сухани машҳури Ибни Халдун – падари илми ҷомеашиносӣ аст, ки : «Тамаллуқкорон дастболо гаштаанд». Оре даргоҳи диктатор ҷои илму фарҳангу ҳунару озодагиву мардонагӣ нест, онҷо макони хиффату тамаллуқу мадҳу санову чоплусиву устухонлесиҳост!

Ба таъбири Саъдӣ:

Ба даст оҳаки тафта кардан хамир,

Беҳ аз  даст бар сина пеши амир.!

Вале диктаторон тамаллуқпарасти ростизудоянд! Аз тамаллуқи дурӯғин хушнуд, вале аз ҳақиқати ғамангез бадашон меояд. Чун худ осудаанд, тавони дидани ноободии дигаронро надоранд!

Аз онҷо ки шахсияти боризе надоранд, ба дурӯғҳои тамаллуқкорон меболанд. Ва дӯст доранд, чун Раҳмонов,  дар ҳама маҷолис дар васфи худ суханони «пуртумтароқи кӯдакона» шунида, биболанд! Вале ку оқиле, ки дар суги ин аблаҳон бинолад?!

Ин ҳукумат ҳукумати тамаллуқкорон аст. Аз сарвазир гирифта то ба раиси КДАМ, вазири ВКД, ҳокимони вилоятҳову шаҳрҳо ва ҳатто тамоми генералҳои худхондаи ҷангнадида, ва дар умум, кулли шаҳрвандони ин кишвар ба навъе ба ҳамдигар тамаллуқкорӣ доранд, ба ҷуз огаҳон, ки сазои тамаллуқ накарданашон ононро ё дар зиндон, ё дар ҳиҷрат, ё дар инзивову ҳошияи ин ҷомеаи мутамаллиқ қарор дода!

Ва ин ҷамоаи хармағз шиор ҳам дорад: «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош»!

Вале бубояд гуфт, ки онки аз охуру обишхӯри тамаллуқкорон бурун шуд, дунё агар сари як ботил гирди ҳам оянд, ӯ ба роҳи худ — танҳо, хоҳад рафт.

Ва ин шиораш ҳаст:

Тарсам аз туркони тирандоз нест

Ишваи тироваронам мекушад!

Ва сифати аслии модарзодии як чоплуси тамаллуқкор ин аст, ки ҳамеша назди хоҷааш «дум ликонад»-у чун сагон забон аз даҳон берун «ҳак-ҳак» кунад!

Ва Қурон сифаташон карда:

فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ الْكَلْبِ إِن تَحْمِلْ عَلَيْهِ يَلْهَثْ أَوْ تَتْرُكْهُ يَلْهَث

الأعراف ١٧٦

Чӣ масали бадест, ки инсонияти худро фурӯхтаанд бар ивази чанд устухони нимхоидаи хоҷаашон, ки дар ду олам рӯсиёҳанду омили асосии таҳкими истибдод дар як кишваранд!

Иқболи Лоҳурӣ мегуфташон:

Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард,

Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард.

Яъне аз хӯйи ғуломӣ зи сагон хортар аст,

Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.

Ва аммо, инҷо танҳо соҳибмансабони манфиатхоҳ омили рушди бемайлони диктатура нестанд, балки миллате, ки худро бетараф гирифтаву дар ислоҳи ҷемеаву кишвару раҳбарон ва вазъияти феълияш дастбакор намешавад, албатта зери юғи истибдод гирифтор шуда, умре дар истиъбод – ғуломӣ худу фарзандону ояндагонаш ба сар хоҳанд бурд!

Ва Худо ҳам бо нидои малакутӣ гӯшзад карда, ки :

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

الرعد:11

Ва он чист дар дохили нафсу ҷисму равони ҳаряки мо, ки онро бояд тағйир диҳем то ҳоламон тағйир ёбад?!

Он тамаллуқ аст, ки бо бериёӣ ивазаш бояд кард!

Он дурӯягист, ки ба сидқ бояд ивазаш кард!

Он тарс аст, ки ба ҷуръати гуфтору рафтор бояд ивазаш кард!

Он бетарафист, ки ба тарафгирӣ аз ҳақиқату адолату садобаландсозӣ ивазаш бояд кард!

Он табиату фитрати инсонии мост, ки аз табиати тамаллуқкорию сагсифатӣ покаш бояд кард!

Хуру хобу хашму шаҳват, шағаб асту ҷаҳлу зулмат

Ҳаявон хабар надорад зӣ ҷаҳони одамият!

Бубахшед, шумо ҳайвонед, ё инсон? Ҳатто ҳайвонот ба сарнавишти насли хеш то ин ҳад бетарафию бешарафӣ намекунад!!

Ё кай инсон мешавед, қабл аз онки даъвии имону ислому родмардӣ кунед?

Кормандони ҳукуматӣ, ки аз ҳоли табоҳи ин кишвару миллат огаҳанд интизори хезиши миллатанду миллат интизори амалкарди сардамдорон – мурдагон ба умеданд, ки Аҳмад ба руған рафта аст!

Ана ҳамин аст сифати олии буздилию тамаллуқкорию бешарафии ҳарякамон – аз олим то ҷоҳил! Аз корманд то зорманд…!

Мо ҳамин вазъияти асафборро ба вуҷуд овардаем:  баъзеҳомон бо тамаллуқкорӣ, баъзеҳомон бо бетарафию тарсу сукут! Баъзеҳомон бо шайтанату фатвову рақсу суруд – ҳаркӣ бо усули хеш дорем истибдодпарварӣ мекунем, ки агар харпарварӣ мекардем, аз ин дида беҳтарамон мебуд.

Хоҷагон барои сари ақл овардани бандагонашон чӯбдасте доранд, ки гаҳу ногаҳ бар фарқашон мекӯбанд. Вале Худо тиёқ надорад то бар фарқамон бикӯбад – задани Худо садо надорад, вақте ки зад, даво надорад.

Он «асо»-и Худо ҳамин Мустабиддинанд, ки барои баргашти миллати мустабидду ҳамдигарозор ба ҷодаи савоб, сари қудрат меоянд, ки ононро аз биҳишти озодӣ ба дузахи ғуломӣ хоҳанд кашонд!  Ва дар хабар омада: «Мустабид шамшери Худост, ки бо он интиқом хоҳад гирифту дар фарҷом ӯро ҳам ба сазои аъмолаш хоҳад расонид».

Дар дигар ривоят омада: «Касе, ки золимеро тарафгирию дастгирӣ кунад, Худованд дар фарҷом он золимро бар ӯ мусаллат хоҳад кард». Ё масали тоҷикист: Чоҳкан —  зери чоҳ!

Инҳо сухани хӯшку холӣ нестанд, балки айни ҳақиқати рӯзгоранд! Магар ҳаминҳое, ки солҳои мадид барои бақои режими истибдодии Раҳмонов ҷон мекоҳониданд, саранҷом кушта, бадарға ё акнун вориди зиндони ҳамин золимашон нагаштаанд?!

وَكَذَلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

[ 129 سورة الأنعام]

Гуноҳ гуноҳи золим аст, зеро золим аст,ки нахуст бар худаш зарар ворид намудааст. Фаромӯш набояд кард,ки ҳарвақтоки бандагон зулмашон ва фасодашон бештар шуд. Ҳуқуқҳои воҷибро анҷом надоданд. Дар ин ҳолат як золимеро бар онҳо ҳоким қарор медиҳад Аллоҳ,ки ба бадтарин азоб онҳоро он золим озору шиканҷа менамояд. Даҳҳо маротиба бештар бо зулмаш он золим аз он мардум меситонад барои онки ҳаққи Аллоҳашонро надоданду ба ҷой наовардаанд. Боз бадбахтона ин мардумон дар ин зулме болояшон сурат мегирад ҳеҷ аҷре аз ҷониби Аллоҳ барояшон нест , ҳатто агар сабр ҳам кунанд дар он шиканҷа ва озор.Хело ҳолати бадест,ки мо феълан дақиқан дар ин ҳолат қарор дорем Аллоҳул мустаъон…

Суол инҷо матраҳ мешавад, ки чаро миллати «ситамкор»-ро мустабид зери по мекунаду ситамкорро ситамкортари дигар, дар фарҷом, лаҳ мекунад?

Ҷавоб ҳам яктост, ки Худо гуфта: بما كانوا يكسبون!

Барои он корҳое, ки якҷо, ё якмаром, ҳамтироз, умре мекардаанд!

Падари золим диктатор аст.

Модари хоин диктатор аст

Раиси колхози дузд диктатор аст.

Мулоии мунофиқ диктатор аст

Муаллими талабаозор диктатор аст

Тоҷири фоҷири фиребкор диктатор аст.

Ва…,…,….,….,…

Ва ҳамин силсиламаротиб аз поён то ба сарвари ситамкорон – диктатор Раҳмонов рафта мерасаду аз боло то ба поён яке бар дигаре ситам хоҳанд кард!!

Аз боло ба поён фишори зулм сарозер ва аз поён ба боло тамаллуқу ғуломию чокарӣ рафтан мегирад!

Танҳо инҳоро Худо аз шарри миллати ситамгору ҳокимони дижманиш наҷот хоҳад доду бас:

وَيُنَجِّي اللَّهُ الَّذِينَ اتَّقَوا بِمَفَازَتِهِمْ لا يَمَسُّهُمُ السُّوءُ وَلا هُمْ يَحْزَنُونَ (الزمر ٦١)

Дигарон дар зумраи

فَٱلۡتَقَطَهُۥٓ ءَالُ فِرۡعَوۡنَ لِيَكُونَ لَهُمۡ عَدُوّٗا وَحَزَنًاۗ إِنَّ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا كَانُواْ خَٰطِـِٔينَ

[8 القصص:]

Яъне сипоҳи золим, мақомоти золим ҳамроҳ бо золимон хатокоранд. Мақомоти золим сахт бояд диққат кунанд дар ин ояти 8 и Сураи Қасас!

Дохиланд дар ҷурм, ки гумон меравад ҳамшарики ғарқи Фиръавн буда бошанд!

Худо ҳам ду оташи интиқом офарида: яке истибдод аст, ки дузахи дунёсту дудигар оташи дузах аст, ки падидаи ондунёист!

Касоне, ки парвои озодагию озода зистану истиқлоли фикрию амалию давлатиро надоранд, ҳатман чун имрӯзи мо дар дузахи истибдод боқӣ мондаву умре бечоранолӣ мекунанд, ки Худо ҳам, то вақте ба «ҳатта юғайиру мо бианфусиҳим» напардозанд, ба ҳолашон расидагӣ нахоҳад кард, агарчи садҳо сол ҳам гузарад!

Ва то рӯзе диктатура побарҷост ҳеч соҳае аз соҳаҳои зиндагӣ рушд нахоҳад кард, агарчи ҳазорон сол ҳам сипарӣ шавад!

Худо таклифашро кайҳо нисбат ба диктатор ва миллати «ситамкор» ошкор карда, ту ҳам мусогарӣ кун, на қорунию ҳомонӣ, ки ҳамғариқи Фиръавн хоҳӣ буд!

Инро ҳам бояд гуфт, ки Худованд Малики Одил асту ба касе зулм раво нахоҳад дид. Вале диктаторро рӯи миллати ситамгор, рӯи миллати тамаллуқкор, рӯи миллати диктаторпарасту шахсиятпарасту дурӯя, ҳатман мусаллат хоҳад кард, ки гуфта шуда: كما تكونوا يولي عليكم.

Пас, раҳбари ситамкоронро ситамкоре роҳбар мешаваду озодагонро озодае!

Ҷангал аз худаш дастаи табар медиҳад!

Эмомзолими мо ҳам аз худи мост. Мо будаем, ки як колхозники нотавонеро ба арикаи қудрат баровардаему бо мадҳу санову дурӯғу чоплусӣ то ба ин сатҳе овардаемаш, ки расида асту балои сари худамон гашта аст!

Аз мост, ки бар мост!

Сари нокасон барафроштан

В-аз эшон умеди беҳӣ доштан.

Сари риштаи хеш гум кардан аст,

Ба ҷайб андарун мор парвардан аст!

Ва то рӯзе мустабид бедод мекунад ин падидаҳои 6-гонаи ҳаётан муҳими зиндагии мардум рушд нахоҳад кард, балки рӯз то рӯз уфул хоҳад кард, ки гуфта шуд инҳоянд:

Дин бозичаи дасти диктатор мешавад (моддаи 307)

Илм аз рушду истеҳсолоту тараққӣ бозмемонад (қатлу террори олимони саршиноси тоҷик ва зандонисозияшон)

Тарбияи фарзанд аз дасти волидон ба дасти мустабидон интиқол меёбад (қонуни масъулияти волидайн)

Ахлоқи «насли истиқлол»—и Раҳмонов ба ҳама маълум аст, ки айни бадахлоқист

Обрӯе касе ба ҷуз обрӯи Пешвои муъаззам дар ин кишвар надорад! Ҳамагиро рӯйрост, дар назди дурбинҳову чашмҳо, ҳарчӣ хоҳад гуфта, сархаму мулзаму муттаҳам месозад

Сарват аз дасти дигарон бо роҳи ғасби рейдерию зулму фишору ҳатто қатлу куштор дар зери қабзаи Раҳмонов ва наздиконаш қарор гирифта аст

Пас, вазифаи равшанфикрон аст, ки дар набард бо мустабидд қоим шаванду «авомуннос»-ро дар саргардонӣ раҳо накунанд, чунки агар мардуми оддӣ дар сардаргумӣ раҳо шаванд, тӯъмаи ҷаҳолат мегарданд. Ва чун дар ҷаҳл ғуттавар шуданд, тарсу мегарданд ва чун тарсу шуданд, таслими истибдод хоҳанд гашт. Ана, ҳамин оммаи мардуманд, ки чун ба огаҳӣ расиданд, ба сухан гуфтан оғоз карда, чун чизеро оғоз карданд, дар фарҷом коре хоҳанд кард!

Ҷавлонгаҳи қудратнамоии диктатор ҳамин мардуми оддист; ҳаргоҳе хост тарсашон медиҳад, ҳар гоҳе хост қатлашон мекунад, ҳар гоҳе хост дороиҳошонро салб мекунад, ва инҳо ҳам ҳар боре мадҳу санояш мехонанду наздаш рақсу курниш карда, азаш кимчиҳое «метарошанд».

Ва рӯзе чун мардуми оддӣ аз шабакаи ҷаҳлу нодонӣ раҳиданд, ба огаҳӣ хоҳанд расид, ва чун огаҳ шуданд, қабри диктаторро бо дастонашон хоҳанд канд!

Пас, ҳамин мардуми оддӣ ҳам чарогоҳи диктатор ва ҳам кушторгоҳаш метавонанд бошанд.

Тарси диктатор аз интиқоми миллат бадтар аз тарси миллат аз ӯст. Чунки мардум аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ аз ӯ метрсанд, дар ҳоле, диктаторе, ки миллати озодаеро ба ғуломон мубаддал сохта аст, огоҳона аз ин интиқоми бадфарҷом, умре дар тарсу изтироб аст!  Ҳамин аст сазои сазовори диктаторон, ки умре дар пушти бораҳо на рӯзи хуш доранду на хотири ҷамъу на табъи болида! Умре дар тарси сарнавишти норӯшани хешанд; чун ситам бешумор ба ҳаркӣ кардаанд!

Диктаторон,  ба гуфти Луқмон Бойматов «Хабисони торих»-анду ба гуфти Абдураҳмон Алкавокибӣ: «мардони девонаавзоъи аҳмақ», ки агар хабису аҳмақу ҷоҳил набуданд, ба ҷои душманию душмантарошию истибдод дар кишвари хеш нури маърифатро густурда, миллатро аз бардагӣ ба озодагӣ роҳнамоӣ мекардаанд! Меомаданду хидмат карда, мерафтанд. На инки чун анкабут тори абадии бедодӣ танида, миллатеро бӯғӣ карда, ба бадрӯзӣ гирифтор мекарданд!

Истибдод душмани ҳама ҷанбаҳои зиндагист, ки ҳарчи зудтар барандохтанаш амри зарурист! Ба забони қуронӣ гӯем: «Фарзи ъайн» аст!

Хулоса, диктатор душмани ҳарчи озодагиву огаҳист! То рӯзе метарсад, метарсонад. Ва ҳеч гоҳ, то рӯзе сари қудрат қарор дорад, ин тарси малъун гиребонашро раҳо нахоҳад кард. Барандохтани ӯ раҳматест ҳам ба ҷони ӯ, ки аз ин тарси абадӣ раҳо хоҳад ёфту ҳам мояи умеду озодагии миллате, ки ҳоли иҷтимоию ахлоқию равонию илмияш дар бадтарин ҳолати табоҳ қарор дорад!

Аз олимону равшанфикрон вобаста аст, ки инҳоро (тӯдаҳои мардумро)  бо сукуту бетарафии хеш дар зулмоти ҷаҳлу нодонию ситами бепоёни диктатор вомегузоранд, ё ба соҳили огаҳию равшангарӣ хоҳанд баровард!

Ман душманам ба ҳарчи ки ғуломию бардагист!

Ту бигӯ, ки барои ин миллат чӣ кардан мехоҳӣ?!

Ту бикун ончи метавон кардан.

Сообщение Тарси диктатор аз кисту чист? появились сначала на ISLOH.net.

Қисса: Бо мардум ҳамон тавре муомила кун, ки барои худат дӯст дорӣ
Зану шавҳар нишаста буданд ва яке шавҳар ба ҳамсараш гуфт: мехоҳам баъд аз чандин соли зиндагии якҷояамон падар, модар, бародарон ва хоҳаронамро фардо шаб ҷамъ кунам ва меҳмондорӣ намоям. Туро заҳмат медиҳам азизам то хӯроку чизҳои лаззиз баҳрашон омода намоӣ.

Зан каме ба фикр фурӯ рафту гуфт: Иншоаллоҳ хайр мешавад.

Мард гуфт: пас ман меравам ба хонаводаам иттилоъ медиҳам то фардо хонаи мо ба меҳмонӣ биёянд.

Рӯзи баъди мард ба кораш рафт ва баъд аз баргаштан ба манзил ба ҳамсараш гуфт: Хонаводаам ҳоло мерасанд ғизои шом омода кардаӣ ё не?

Зан гуфт: Не хаста будам, ҳавсала надоштам то хӯрок омода кунам, охир хонаводаи ту бегона нестандку. Як чизи андаке тайёр мекунем кифоя.

Мард гуфт, Худо туро бубахшад чаро аз дирӯз ба ман нагуфтӣ, ки наметавонам ки ғизо омода кунам. Охир ҳозир мерасанд меҳмононам ман чи кор кунам?! Зан гуфт, ки ба онҳо занг бизан ва узрхоҳӣ кун (яъне имшаб наоянд)

— Онҳо бегона  нестанд ва туро мефаҳманд.

Мард бо нороҳатӣ аз хона берун шуд. Баъд аз чанд дақиқа дари хона тақ -тақ шуд ва зан рафта дарро боз кард ва падару модар, хоҳару бародарони худашро дид, ки дохили хона шуданд…

Падараш аз ӯ пурсид, ки домод куҷост?

Зан гуфт: Ҳамин ҳоло аз хона хориҷ шуд.

Падар гуфт: Дирӯз шавҳарат хонаи мо омада, моро барои ғизои шоми имшаб даъват кард. Магар мешавад, ки дар хона набошад?

Зан ҳайрон ва парешон шуд ва фаҳмид, ки ғизое ки бояд мепухт барои хонаводаи худаш буд, на хонаводаи шавҳараш !….Дарҳол ба шавҳараш занг зада, ба ӯ гуфт, ки чаро зудтар ба ман нагуфтӣ, ки хонаводаи маро барои ғизои шом даъват карда будӣ?

Мард гуфт: Хонаводаи ман бо хонаводаи ту фарқе бо ҳам надоранд, меҳмон атои худост. Мебоист бо хоҳиш ва ҳаваси тамом дастархон омода намуда, хурок тайёр мекардӣ

Зан гуфт: Хоҳиш мекунам ҳеҷ чиз дар хона надорем. Лутфан зуд биё харид карда биё.

Мард гуфт: Ҷойе кор дорам ва ба хона дер меоям. Инҳо ҳам хонаводаи ту ҳастанд фарқе намекунад як чизи андеке таёр кун барояшон бидеҳ ҳамон тавре, ки хостӣ барои хонаводаи ман бидиҳӣ. Ин дарсе аст барои ту, ки хонаводаамро эҳтиром бигзорӣ, пас бо мардум ҳамон тавре муомила кун, ки барои худат дӯст дорӣ …!

Сообщение Қисса: Бо мардум ҳамон тавре муомила кун, ки барои худат дӯст дорӣ появились сначала на ISLOH.net.

Қиссаеки ба ин рӯзгорон созгор аст
Қиссаеки ба ин рӯзгорон созгор аст

Дар Яман подшоҳе будааст ва дар саховату эҳсон номаш шўҳрати олам ва дар ганҷбахшӣ беназир будааст. Оре, бахшиши ў ба андозае будааст, ки арзиши инро, ки ба ў «Абри ҷавонмард» лақаб ниҳанд, доштааст. Чун дасти ў пулу тангаро мисли борон меафшондааст. Ҳар кас номи Ҳотами Тойро дар назди ў ба забон меовард, подшоҳ аз шуниданаш асабонӣ мешуд ва мегуфт, ки то ба кай аз хабарҳои он бефаросате, ки на мулк дораду на мансаб ва на мақом дораду на ганҷу хазина, ба гўши ман мехонед.

Шунидам, ки рўзе ин подшоҳ ҷашни шоҳона барпо кард ва дар ин базм мардуми зиёдеро даъват намуд ва мисли садои чанг, ки дилҳоро ҷазб мекунад, дили мардумро бо навозиш ба даст овард. Иттифоқан дар ин базм як нафар аз ширкаткунандагон номи Ҳотамро ба забон овард ва бо шунидани номи ў як нафари дигар дар ҳаққи ў мадҳу саноро оғоз кард. Шоҳ аз шунидани ин моҷаро ва мадҳу саное, ки нисбат ба Ҳотами Той мегуфтанд, ҳасаду рашкаш омад ва ҳисси кинатўзӣ дар дилаш шўълавар шуд ва яке аз навкаронашро барои рехтани хуни Ҳотам фиристод. Ў гуфт: — «То он замоне ки Ҳотам зинда аст, номи ман ҳеҷ гоҳ ба некӣ машҳур намешавад, бинобар ин, бояд вуҷуди ў аз рўйи замин бардошта шавад».

Он навкари балоҷў роҳи мулки Тайро, ки зодгоҳи Ҳотам аст пеш гирифт ва барои куштани он ҷавонмард камин кард. Вақте ба Тай расид, ҷавоне ба пешвозаш омад, ки бўйи хуши ошноӣ аз ў ба машом мерасид, хушрўй, доно, ширинзабон буд, мардро бо худ ба хонааш бурд ва тамоми шаб меҳмоннавозӣ кард. Он қадар эъзозу икром кард, ки дили он бадандешро бо хубиҳояш ба даст овард. Чун субҳ шуд, дасту пояшро бўсид ва илтимос кард, боз чанд рўзи дигар наздаш бимонад. Он мард гуфт: — «Ман як супориши муҳим ба ўҳда дорам, бинобар ин, наметавонам ин ҷо бимонам». Ҳотам гуфт: — «Агар онро ба ман бигўйӣ, мисли дўсти якдил барои анҷоми супориш ман ҳам саъй мекунам ва кўмакамро аз ту дареғ намедорам». Он мард гуфт: — «Пас агар мехоҳӣ ба ман кўмак кунӣ, гўш деҳ. Ман туро ҷавонмард ва пардапўш ва роздор шинохтам. Оё ту дар ин қаламрав касеро бо исми Ҳотам мешиносӣ? Мегўянд ў инсони некбахт ва некандеш ва хушахлоқ аст. Подшоҳи Яман сари ўро мехоҳад, вале намедонам, ки дар миёни инҳо чӣ душманӣ вуҷуд дорад? Аз ту интизори инро дорам, ки агар макони ўро ба ман нишон диҳӣ, хеле дар ҳаққи ман лутф кардаӣ».

Ҷавон бо шунидани ин сухан аз даҳони он мард беихтиёр хандид ва гуфт: — «Он Ҳотаме, ки ту дунболаш мегардӣ, манам ва ин сари банда дар ихтиёри туст, биё, аз танам ҷудо кун. Ту то сафед шудани субҳ ва равшан шудани рўз набояд, ки сабр кунӣ, чун шояд дигарон бохабар шаванд ва ба ту осеб расонанд ва аз анҷоми дастури шоҳ ноумед шавӣ». Ҳотам инро гуфт ва ҷавонмардона сарашро ба замин гузошт. Бо дидани ин саҳна оҳу фиғон аз дили он мард баромад ва мисли шер ғуррид ва ҳамон замон ба хок афтод ва Ҳотамро гоҳ чашмашро ва гоҳ дасту пояшро мебўсид ва шамшерашро дур андохт ва мисли бечорагон дастонашро ба рўйи сина гузошту гуфт: — «Агар ман бо барги гул туро озору азият кунам, дар назди мардон мард нестам, аз зан ҳам пасттарам». Инро гуфт ва Ҳотамро бағал кард ва чашмонашро бўсид ва худоҳофизӣ кард ва роҳи Яманро пеш гирифт.

Чун назди подшоҳи Яман омад, ў донист, ки ин мард кореро, ки ба ў супорида буд, анҷом надодааст, гуфт: — «Биё, бубинам, чӣ хабар овардӣ? Чаро сари Ҳотамро ҳамроҳат намебинам? Оё касе аз далерони номдор ба ту ҳамла кард, ки аз нотавонӣ натавонистӣ бо ў ҷанг кунӣ?»

Он мард заминро бўсид ва ба подшоҳ ҳамду сано гуфт ва эҳтиром ба ҷо оварда гуфт: — «Ман Ҳотамро марди номдор, обрўманд, ҳунарманд, хушманзар, хўшрўй, хушфикр, хирадманд ва дар мардонагӣ фавқулодда дидам, бо ин лутфу меҳрубонии вай камари маро хам кард ва ў маро бо шамшери фазлу эҳсон кушт». Сипас он мард ҳар чӣ бузургӣ аз Ҳотам дида буд, як-як ба шоҳ нақл кард. Шоҳ бо шунидани ин ҳикоят ба аҳли Тай сано ва офарин хонд ва ба он мард халтаи пур аз зар, ки ба даҳонаш мўҳр зада буд, бахшид ва гуфт: — «Карам ва бузургворӣ ба номи Ҳотам мўҳр шудааст ва танҳо ўро сазовор аст, ки гувоҳӣ диҳанд бар ин ки кирдораш бо овозааш ҳамроҳ ва якест».

Сообщение Қиссаеки ба ин рӯзгорон созгор аст появились сначала на ISLOH.net.

Панде барои ҷӯяндагони дунё
Панде барои ҷӯяндагони дунё
(панди аввал)

Ҳазрати одам панҷ васият ба фарзандаш Шис кард ва дастур дод ӯ низ ин васиятҳоро ба фарзандаш бигӯяд.

1. Ба дунё мутмаин нашавед, ки ман ба биҳишти ҷовид итминон ёфтам, Худо ин итминонро написандид ва берунам кард.

2. Ба ройи ( фикри) занон рафтор накунед, ки ман ба майли зан амал кардам ва аз дарахт хӯрдам ва пушаймон шудам.

3. Ҳар коре, ки мехоҳед бикунед аввал оқибаташро бингаред, ки ман агар оқибатандешӣ карда будам, ба ин мусибат дучор намешудам.

4. Кореро, ки дил дар анҷомаш ором надорад накунед, ки ман ҳангоми хӯрдан аз он дарахт дилам меларзид, аммо эътино накардам, хӯрдам ва пушаймон шудам.

5. Дар корҳо машварат кунед, агар ман бо малоика машварат мекардам гирифтор намешудам.

(панди дуввум)

Дар яке аз рӯзҳо муҳандиси сохтмоне аз табақаи шашум мехоҳад бо яке аз коргаронаш ҳарф бизанад. Ӯро фарёд зад, аммо ба хотири сару садои зиёд коргар мутаваҷҷеҳ намешуд. Ночор муҳандис 10 доллар ба поён мепартояд, то ин ки коргар болоро нигоҳ кунад. Коргар 10 долларро бармедорад ва дар ҷайбаш мегузорад ва бидуни ин ки болоро нигоҳ кунад машғули кораш мешавад.
Бори дуввум муҳандис 50 доллар мефиристад ва дубора коргар бидуни ин ки ба боло нигоҳ кунад пулро дар ҷайбаш мегузорад. Бори саввум муҳандис санги кӯчакеро ба поён меандозад ва санг ба сари коргар бархурда, осеб мебинад. Дар ин асно коргар сарашро боло бардоша нигоҳ мекунад ва муҳандис ҳарфашро ба ӯ мегӯяд.
Ин достон ҳамон достони зиндагии инсон аст. Худованд ҳамеша неъматҳояшро барои мо мефиристад, аммо мо сипосгузор нестем ва вақте ки санги кӯчаке ба сарамон меафтад, ки дар воқеъ ҳамон мушкилоти кӯчаки зиндагианд ба Худованд рӯй меоварем.
Бинобар ин ҳар замон аз Парвардигорамон неъмате ба мо расид лозим аст, ки сипосгузор бошем қабл аз он ки санге бар сарамон биафтад.
Баргардон ва таҳрири

Сообщение Панде барои ҷӯяндагони дунё появились сначала на ISLOH.net.

Саргузашти марди тоҷике дар Аврупо
Саргузашти марди тоҷике дар Аврупо
(Қиссаи ҳақиқи)

Дар ҷамъи ёру дўстон, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва зиёфате барои мани меҳмони аз Тоҷикистон омада ороста буданд, шоҳиди ҳоли як нафар ҳамзабону ҳамдину ҳамватанам гаштам, ки дар дафтари хотира сабт кардану барои дарси ибрати дигарҳо рўи коғаз оварданашро холӣ аз манфиъат намебинам. Чуноне ки дар ин маврид шоир ва сардафтари адабиёти классики тоҷик шайх Абўабдуллоҳи Рудакӣ фармудаанд:

Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Мардуми гирдиҳамомадае, ки ин ҷо ҳузур доштанд маълум буд, ки аз ҳар гўшаву канори Тоҷикистони азиз ҳастанду барои касбу кор омада ва дар пайи дарёфти ризқу рўзӣ буда ва ҳар кадом мувофиқи шароити даромади корие, ки доранд, бояд ҳам худро таъмин созанд ва ҳам ба хонаводаҳояшон барои таъминоти онҳо пул фиристанд ва инчунин пасандозе дошта бошанд, ки ақаллан дар сол як ё ду маротиб ба дидани зану фарзандон ва падару модару хешу ақрабо бираванд. Аммо мутаассифона қисмате аз онҳо бо сабабҳои мухталиф, аз рўи надоштани ихтисос ва ё пайдо накардани кори муносиби сердаромад, фақат рўзеро ба рамузе мегузаронанд ва дар чанд моҳу сол агар пулаки ночизе ба хона равон кунанд, боқиро барои коркобию аз шаҳр ба шаҳр гаштан дар ин кишвари паҳновари Русия сарф месозанд. Ҳатто баъзеҳо ҳастанд, ки беш аз 5-6 сол рўи зану фарзандро надида ва бўи ватан ҳам барояшон нарасидааст. Ҳар шахси дар ғарибиҳо гаштаву мусофират дошта ва ё дур аз ватану зану фарзанд зиндагӣ мекарда хотираҳои талху ширине дорад ва чун шахси муносиб ва ё ҳамсўҳбати мувофиқро пайдо кард, ҳатман аз он хотираҳо ёдовар мешавад то шояд андаке бошад ҳам ғубори дилашро барорад ва ғаму дардашро таскин бахшад. Ҳамсўҳбати ман ҳам яке аз чунин ғарибгаштони ҳамватан аст, ки беш аз 15 сол ҳаёти худро сарсону саргардон дар кишвари Русия ва шаҳрҳои дигари Аврупо гузаронида ва акнун бо ранги зарду дасти холӣ ва бе зану фарзанд қасди ватан ва зодгоҳаш Тоҷикистони азизро дорад ва гўё бо забони ҳол мегўяд:

Дар ғарибӣ гашта-гашта ранги зард овардаам,
Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.

Вале бо вуҷуди ин ҳама нокомию фиребхўрдагиҳо, боз ҳам рўҳафтода несту худро ноком намеҳисобад ва чун ин ғурбату саргардониҳо сабаби ҳидоят ва дубора пайвастан ба динаш гаштаанд ва акнун лаззати ибодату шиносоии динӣ ва шириниву гармии оғуши модар ва ватанро дарк кардааст, худро хушбахт меҳисобад. Ҳамсўҳбатам, чун мо бо ҳам унс гирифтаву якдигарро мувофиқ ёфтем, хотираи гузаронидаашро пеши назар оварда, қиссаро чунин оғоз бахшид: «Дар кишварамон Тоҷикистони азиз, дар ноҳияи Ҳисори шодмон мисли бақия ҳаммиллатонам буду бош намуда, зиндагии хушу осудае доштам. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъият дар кишвари азизамон ноором гашт, ман ҳам мисли дигар ҳамшаҳриҳоям ба Русия ҳиҷрат намудам. Дар ин кишвар, пас аз чанд муддат зистану касбу кор пайдо кардан, дар пайи кори сердаромад ва макони зисти пешрафтаи серу пур гаштам ва бо кӯмаки як хонуми рус ба давлати Намсо (Австрия) ҳиҷрат кардам. Зиндагию кору фаъолиятамро он ҷо оғоз намуда ва чун мутахассиси соҳаи барқ будаму забони англисиро медонистам, дар як шўъбаи барқи шаҳр, ҳамчун инженер-техники барқӣ ба кор қабул шудам, ки моҳонаам нисбат ба маоши дар Русия доштаам бисёр баланд буд.

Пас аз чанд муддат кор кардану бо шаҳр ва мардуми онҷо шинос гаштанам, ба ҳукми тақдир, бо хонуме шиносоӣ пайдо кардам ва пас аз чанд муддати ҳамдигарро омўхтан, бо ў издивоҷ намудам ва Худованд ба мо дугоник- як писар ва як духтари дўстрўяк ато намуд. Хурсандии мо зану шавҳарро, ки ҳам соҳиби писар ва ҳам соҳиби духтар гашта будем ҳадду канор набуд. Ба хусус, ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидаму ҷои нишаст намеёфтам ва Худои меҳрабонро бисёр шукргузор будам, ки маро дар ин мулки ғариб ва дур аз ватану хешу ақрабо соҳиби ду ҷигарбанде карда, ки аз насли худи ман ҳастанд ва дигар ман танҳо нестам. Духтару писарамро бо хоҳиши ман номҳои тоҷикӣ Зуҳро ва Фахриддин номгузорӣ кардем. Ман шаҳрвандии он кишварро низ қабул намудам ва зиндагӣ бо чунин сурат дар маҷрои худ равон буд. Дар маҷмўъ ҳаёти воқеъан хубу хушеро мегузаронидему аз зиндагӣ қаноатмандӣ доштем ва танҳо чизе, ки маро гоҳе нороҳат менамуд, ин муҳит ва муҷтамаи он кишвар буд. Расму русуми мардуми дигар, урфу одоти бароям ноошно маро ба дуродур ба андеша мебурд. Меандешидам, ки ояндаи фарзандони маро чӣ интизор бошад? Оё ман метавониста бошам барояшон забони модариам тоҷикиро биомўзам ва муҳаббати ин забон ва ватани аҷдодиашон Тоҷикистонро дар қалбҳои онҳо ҷой кунам? Оё ман, ки худ маълумоти дурусте дар бораи динам надорам, метавониста бошам пайрави дини Ислом будани падару бобо ва ҳама аҷдоди падарӣ ва тарзи ибодат кардани онҳоро барояшон бифаҳмонам? Оё ман рисолатамро ҳамчун падари мусалмони тоҷик ба ҷо оварда метавониста бошам?

Ин гуна суолҳо дигар қариб, ки ҳар рўз маро домангир мешуд ва ҳоли маро ба танг меовард. Рӯз то рӯз бароям зиндагӣ тоқатфарсо мегардид. Ман аз динам қариб, ки чизеро риъоят намекардам, вале ҳамсарам ҳар рӯзи якшанбе ҳамроҳи Зуҳро ва Фахриддин ба калисо мерафт ва гоҳ-гоҳе маро низ даъват мекард, ки имрӯз рўзи истироҳат аст ва биё бо бачаҳо ба калисо рафта баъди анҷоми ибодат ба сайру гашт бароем. Инсон вақте дар зиндагӣ мушкилоте надошта ва аз ҳама ҷиҳати моддию маишӣ осудаҳол гардад, бештар дилаш ба ватан ва хешу табор ва русуму одоти мардумаш мекашидааст ва ба ин чизҳо ниёз доштанашро баръало мушоҳида мекардааст. Бовар кунед номуси мусулмонӣ ва тоҷикиям намегузошт, ки ҳамроҳи онҳо ба калисо равам ва рӯз то рӯз садои занги калисо ба назарам гӯшхарошу изтиробовар мегашт ва худ намедонистам, ки чаро ин тавр шудаам. Рӯзе ба ҳамсарам гуфтам: Дигар намехоҳам, ки ту фарзандонамонро ба калисо барӣ ва онҳо худро масеҳӣ пиндоранд. Ман, ки падари онҳо ҳастам тоҷики мусалонам ва мехоҳам, ки фарзандонам ҳам пайравам бошанд ва ту худ ваъда карда будӣ, ки ҳар вақт хостӣ ба Тоҷикистон ҳамроҳ меравем ва гуфта будӣ, ки бо дини Ислом мушкил надорӣ ва агар лозим шавад онро меомўзӣ ва пайрави он мегардӣ.

Ҳамсарам бо диққат маро гўш карду гуфтаҳоямро инкор накард, лекин писхандомез гуфт: Ту худат аз динат чиро медонӣ, ки ману фарзандонамонро меомўзӣ? На ба ман ва на ба фарзандонамон боре ҳам дар мавриди чӣ гунагии динат ва чӣ таълимот доштану чӣ хел ибодат кардани пайравонашро маълумот надодаӣ ва ин манам, ки дар ин чанд сол ниёзи диниашонро бароварда сохтам ва онҳоро ба назди падари рўҳонӣ бурда таълимоти дини масеҳиро барояшон таълим додам.Ҳатто онҳороҳам криститҳам намудам агарчӣ ту аз ин амалам огоҳ набуди вале воқеъият ин аст ҷонам. Пас аз чунин эътирозҳои ҳамсарам ба хулосае омадам, ки дар ҳақиқат кўтоҳӣ аз ман аст, чун ман дар бораи динам ҷуз чанд калимаҳое, ки аз бибиам дар хурдӣ омўхта будам, чизеро намедонистам. Ва акнун ба дарки гуфтаҳои падару модарам мерасам, ки доимо таъкид мекарданд, дар баробари дарсҳои мактабиам назди домуллои маҳалла рафта илми динамро ҳам омўзам. Дар чунин вазъ қарор гирифтанам маро водор кард, ки ҳар навъ шуда бояд ман аввал худам динамро фаҳмам ва сипас фарзандонамро ба он роҳнамоӣ кунам. Ба ҳамин мақсад дар рӯзи ҷумъа ман аз ҷои корам соати 11 рухсат гирифтам ва ба хона омада сару танамро шуста ғусл намудам ва ба сӯи масҷиди бузурге, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд шитофтам. Вақте ба масҷид расидам, то вақти адои намоз, тақрибан 1 соат вақт боқӣ монда буд. Ман қасд доштам, ки аввал аз масъулини масҷид тарзи намозгузориро омӯзам ва сипас намоз хонам. Шукри Худо, ки дар масҷид барои касони тоза исломро пазируфта, ҳуҷрае ҷудо карда шуда ва дар он ҷо навмусалмононро масъулини масҷид тарзи намозгузорӣ ва исломпазириро роҳнамоӣ мекардаанд. Ман аз нафарони онҷо мунтазиристода пурсидам, ки чиро интизоранд ва чаро вориди ҳуҷра намешаванд. Гуфтанд: Мо омада ва навбат гирифтаем, ки дини Исломро бипазирем ва ҳозир шахси дохилбуда, ки барояд як нафари дигарамон ворид мешавад. Бовар кун бародари азиз, ман худро дошта натавониста мегиристам, ки чӣ тавр мани мусалмон боз аз сари нав Ислом оварам. Ба худам гуфтам: Ҳар чӣ бодо-бод!

Охир ман ҳам аз динам ҳеҷ чиз намефаҳмам-ку! Хулоса навбат ба ман ҳам расиду дохили он утоқ шудам. Вақте дохили ҳуҷра гаштам, ки ба шурўъи намоз 10 дақиқа вақт монда буд. Ҷавони кушодачеҳра ва нуроние, ки масъули таълиму роҳнамоӣ буд ба ман гуфт: Биё бародар калимаи шаҳодатро хон ва мусалмон шав ва ҳамин ки намозро хонда шудем, мо барои шумо китобҳои таълими динӣ ва тавсияҳо медиҳем. Агар хоҳиш дошта бошед ҳар ҳафта 3 рӯз дар ин ҷо дарси диншиносӣ, улуми динии эътиқодӣ ва фиқҳи ибодот омўзонида мешавад ва метавонед худро номнавис кунед ва бештару хубтар дар мавриди дини Ислом ва тарзи ибодатҳои он огоҳӣ пайдо кунед. Ман дарҳол калимаи тайиба ва шаҳодатро арза намудам ва акнун мани бо ном мусалмон гўё дубора дини Исломро қабул мекардам. Чун намозро гузоридем, ман пештар аз дигарон худро ба назди он утоқ расонидам то китобе дар мавриди дини Ислом ва раҳнамудҳои он дастрас намоям ва динамро дурустар бифаҳмам. Худоро шукр, ки шайх ва масъули он марказ омад ва бо ману дигар нависломпазируфтагон қариб 2 соат сўҳбат кард ва бароямон маълумоти зиёде аз таърих ва усули дин пешкаш намуд ва инчунин тарзи гузоридани намозҳоро дар танҳогӣ ва ҳамроҳ бо ҷамоат нишон дод. Инчунин барои ҳар кадомамон китобчаҳо ва дастурамалҳои диниеро низ ҳадя намуд. Ман, ки акнун худро як каме осудахотир ҳис мекардам, бо табъи болида ба хона рафтам ва намози асрро танҳо гузоштам. Намози шомро мегузоридаму ҳоло тамом накарда будам, ки фарзандонам аз мактаб ва ҳамсарам аз кор баргаштанд.Чун болои ҷойнамоз маро дар чунин ҳол диданд, ҳамагӣ дар таъаҷҷуб ба ман менигаристанд ва аз якдигар мепурсиданд, ки ман чӣ кор мекарда бошам? Ва худ фарзия ва тахмин зада мегуфтанд, ки мумкин ин ягон намуди машқ аст, ки ман анҷом медиҳам? Чун ман аз намоз фориғ гаштам бо садои баланд гуфтам: Ман намоз хондам ва ин ҳеҷ гуна машқу тамрине ба ҳисоб намеравад, балки тарзи ибодати мусалмонҳо чунин аст.

Ҳоло ман ҳамин қадарашро мефаҳмам, ки бо ин ҳол ман дар назди Офаридагор ва он зотек,ки мепарастам Аллоҳ ҳузур дорам ва бузургӣ ва пурқудратию тавонмандии Ўро пеши назар оварда, дар баробараш сар бар замин мемонам ва банда буданамро изҳор мекунам. Инчунин калимаҳоеро аз Қуръон, ки ёд дорам мехонам ва бо дуъову ниёиш аз Худои кариму раҳим талаби мағфирати гуноҳони худу падару модар ва тамоми мусалмонҳоро мекунам. Боз дуъо мекунам, ки касони аз ин дин бехабар ва бероҳгаштаро Худои меҳрабон ҳидояти роҳи росту тавфиқи бандагӣ ва худошиносӣ ато намояд, то тамоми мардум дар сулҳу оромиш зиндагӣ намуда хушу хурсанд бошанд. Инчунин боз дигар ҳикматҳое дар ин намоз нуҳуфта аст, ки бо фарогирии бештар аз ин дин, бо хости Худои ҳакиму доно, онҳо низ бароям маълум мегарданд.Чун барои ҳамсар ва фарзандонам дар мавриди дини Ислому роҳу равиш ва тарзи ибодаташ аз имрўз омўхтаҳоям каме рўшанӣ андохтам онҳо дигар чизе нагуфта ҳар кадом аз пайи корҳои худ рафтанд. Вақте сари суфраи шом шиштем, пас аз итмоми хўрок, дар мавриди аз имрўз ба баъд бо равиши мусалмонҳо зистан ва дар ин маврид таълим гирифтану аз ҳар гуна хўрданӣ ва нўшиданиҳои номашрўъ дурӣ кардан тасмимамро изҳор намудам, ҳамсарам ин тасмимамро тасмими шитобзадагӣ унвон кард ва ба фарзандонаш нигоҳи маънидоронае намуда гуфт: Ҳоло шитоб накунед, вақт худаш нишон медиҳад, ки мо бояд чӣ гуна зиндагӣ ва кадом роҳу равишро интихоб намоем.

Чун ман ба қарори қатъӣ омада будаму тасмимамро дар ин маврид гирифта, ба худ қарор гузоштам, ки онҳоро кам-кам ба ин равиши нав одат мекунонам. Бинобар ин, онҳоро яку якбора сахтгирӣ накардам ва ба ҳолашон гузоштам. Танҳо худам ҳафтае 3 рўз ба масҷид рафта он ҷо таълим мегирифтам ва дониши диниамро пурра менамудам. Дар мавриди хўрданӣ ва нўшиданиям худам кушиш мекардам, ки чизҳои номашрўъро истифода набарам. Бо ҳамин тарз зиндагӣ ҷараён дошт ва ман аз омўхта ва фаҳмидагиҳоям, кам-кам ҳамсару фарзандонамро огоҳ мекардам, то ин ки рўзе Зуҳро ва Фахриддин, ки акнун ба 13 солагӣ қадам монда буданд, бо як писару духтари бегона ба наздам омаданд ва онҳо худро дўстписару дўстдухтари Зуҳро ва Фахриддин шиносониданд. Агарчӣ ин кор барои онҳо як чизи одӣ буд ва ман, ки хуни тоҷикӣ дар баданам меҷушиду каму беш аз динам ҳам огоҳӣ пайдо карда будам хеле оташин шудам, вале бо вуҷуди ин ҳам худро ба даст гирифтаму астағфируллоҳ гуфта шайтони лаъинро дур кардам ва ба онҳо фаҳмонидам, ки мо мусалмонзода ҳастем ва ин равиш муносиби мо нест. Бо ҳамин ман онҳоро аз мулоқоту вохўрӣ бо ҳамдигар манъ намудам. Ба хубӣ маълум буд, ки ин тарзи муъомилаи ман ба ҳамсару фарзандонам писанд набуд, вале бо вуҷуди ин ҳам, гўё ба хотири эҳтироми ман бошад, эътирози шадид нишон надоданд ва фақат ҳамсарам маро ҳушдор дода гуфт: Мо ҳам ҳаққу ҳуқуқи худро дорем ва агар лозим шавад метавонем аз ваколатҳоямон ба нафъи худ истифода намоем.

Ман аз ин гуфтаҳо чизеро дарк накардам ва пиндоштам, ки ҳаққу ҳуқуқи башарӣ, заношавҳарӣ ва фарзандонро мегўяд, бинобар ин бо хотири осуда гуфтам: Бале азизам, шумо метавонед аз ҳуқуқҳоятон озодона истифода намоед. Бо ҳамин маҳдудкунии аз номашруъҳо ва фаҳмондану тарғиб ба чизҳои ҳалолу покиза ҳашт моҳи зиндагӣ сипарӣ шуд ва дар якчанд рўзи ҷумъа Фахриддинро бо вуҷуди эътирозҳои модараш, бо худ ба намоз бурдам. Яке аз рўзҳои истироҳатӣ буду ман дар хона ҳузур доштам ва ҳамсару фарзандонам барои дидорбинии як хешованди беморашон рафта буданд, ки занги дар садо дод ва дарро кушода бинам ҳамон ду нафаре, ки худро дўстписару дўстдухтари Зуҳро ва Фахриддин номида буданд пушти дар истодаанд. Ман онҳоро пеш карда дарро ба рўяшон бастам ва таҳдидашон кардам, ки агар дигар бор ба хона биёянд ба пулис муроҷиат мекунам.

Пас аз соате ман барои хариди баъзе лавозимоти рўзгор ба бозор баромадам ва чун баргаштам чашмам ба мошини пулис афтод, ки дар назди дарвозаи хонаи ман истода ва мардони пулис рафту омад доранд. Ман ин ҳолро дида сахт хавотир шудам ва дар як лаҳза чандин гумонҳо аз сарам гузашт. Ба худ меандешидам, ки чӣ шуда бошад? Шояд дузд даромада бошад ва ё ягон ҳодисаи дигаре рўй додааст. Ғарқи чунин фикру хаёлҳо ба назди дарвозаи хона расида хостам дохили ҳавлӣ шавам, ки ҳамин вақт яке аз он пулисҳо аз ман пурсид, ки ман кистаму чӣ мехоҳам? Гуфтам, ки ман соҳиби ин ҳавлӣ ҳастам ва ана ин ҳуҷҷатам. Пулис ҳуҷҷати маро аз назар гузаронид ва ман вориди ҳавлӣ шуда дидам, ки ҳамсару фарзандонам омадаанд ва он ду нафареро, ки соате пештар аз ин ҷо ронда будам, низ ҳамроҳи ду пулиси дигар ҳузур доранд. Чун ҳамсарам маро дид, ба пулисҳо нишон дода гуфт, ки ана ҳамин кас аст. Ҳамагӣ, ки димоғсўхта менамуданд бо қошу қавоқи гирифта арзи салом намуданд ва яке аз пулисҳо ба ман гуфт, ки аз пушти ман шикоят шудааст ва ҳозир бояд бо онҳо ба идораи пулис биравам. Дар он ҷо аризаи шикоятиеро, ки ҳамсарам навишта ва фарзандонаму он ду нафари дигари ҳамроҳашон буда онро таъйид кардаанд, бароям нишон доданд. Дар ариза аз ҷумла омада буд, ки гўё ман аз зурӣ кор гирифта ҳуқуқу озодиҳои ҳамсару фарзандонамро поймол мекарда бошам ва онҳоро ба зур аз динашон хориҷ ва ба дини худам пойбанд карданиам.Ман инро дида ҳамасарамро як шаппотии обдор задам ва писарам хост модарашро ҳимоят кунад ӯроҳам тела додаам,ки ин амалам шикояти онҳоро таъйид намуд.

Маро ба ҳабс гирифта дигар ба хона омадан намонданд ва ҳамин тавр мурофиа барпо намуда маро аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум карданд ва ҳама дороиямро ба ҳисоби ҳамсарам гузарониданд ва додгоҳ маро маҳкум карда барои 3 сол равонаи зиндон кард. Дар зиндон ҳам касе аз ҳамсару фарзандонам барои мулоқот наомад. Пас аз ба озодӣ баромаданам фаҳмидам, ки ҳамсарам ҳавлиро фурўхта ҳамроҳи фарзандон ба дигар ҷо рафтаанд ва чанд ҳафта пурсуҷуҳоям натиҷае набахшид. Бинобар ин аз он шаҳру мардумаш дилам гирифт ва мани ғарибу бечора боз ба Русия баргаштам ва қасд дорам, ки кор карда сармояе ба даст биёрам ва ба Тоҷикистони азиз рафта зиндагии ҳалолу покизаеро оғоз кунам.» Чун ҳамсўҳбатам, қиссаи талху саргузашти аламнокашро ба ин ҷо расонид, ман ки дар ин ҳама сафарҳо ва гирифторию хориҳо худро ҳамроҳи ў тасаввур мекардам, як оҳ кашида худро каме сабук ҳис кардам, вале боз ҳам тасаввур карда наметавонистам, ки ў ҷигаргўшаҳояш Фахриддин ва Зуҳроро чӣ қадар пазмон шудааст. Боз ҳам Худои бузургу тавоноро шукргузор будам, ки ин марди ҳамватанам сиҳату саломат аст ва дар баробари ин ҳама сахтиҳо худро гум накарда ва аз зиндагӣ ноумед нагаштааст ва ҳар куҷо, ки зиста бо ёду хотири ватан ва кишвари азиз зистааст. Беихтиёр гуфтаҳои шоири нуктксанҷе ба хотирам расид, ки фармуда:

Бе ватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,
Дар ватан будаи бе ёди ватан бе ватан аст.

Сообщение Саргузашти марди тоҷике дар Аврупо появились сначала на ISLOH.net.

Иҷобати дуъои мазлум
Иҷобати дуъои мазлум
(Қисса)

Тӯли солиён аст, ки бо посух додан ба саволу ҷавобҳои шаръӣ бо мардуми зиёд аз қишрҳои мухталифи ҷомеъа дар тамосам ва ошноӣ дорам. Баъзе аз ҳолат ва воқеъоте, ки худ ба он рӯ ба рӯ ё гирифтор мешаванд нақл мекунанд ва барои машварату маслиҳат суол мекунанд ё аз мақолаву китобҳо ва навиштаҷоти қабливу ҷадидам истифода мебаранд.
Дирӯз як табиб (духтур) бо ман дар тамос шуд ва нахуст изҳори сипос аз он кард, ки аз навиштаҳои мо истифода мекунанд. Баъдан қиссаеро аз аҳволи як беморе, ки дар беморхона бистарӣ шуда буд, нақл кард. Шунидани ин қисса маро таҳти таъсир қарор дод, аз ин рӯ онро барои хонандаи азиз пешкаш мекунам, то ибрате бошад барои золимону ситамгарон ва қабл аз он ки ба ин ҳол афтоданд, тавба кунанду даст аз зулму тааддӣ бардоранд.

Қисса чунин аст:

Як мардеро ба беморхона оварданд. Номаш ҳам маълум аст, аммо барои онки мушкиле барои ин табиб пеш наояд онро зикр намекунам. Он мард писари яке аз ашхоси маъруфи кишвар аст.
Мушкили қалбӣ доштанд ва тақрибан як ҳафта табобат намудем, зери табобати табибони дохилӣ ва эронӣ қарор дошт. Як ҳафта гузашт, аҳволаш вахимтар шуд ва мо ташхисро аз истеъмоли доруҳо шуруъ кардем, меъдааш низ дарди шадид дошт. Ба табобати меъдааш шуруъ кардем, ҳамин тавр дар ҳафтаи дуввум гурдаи чапаш ва баъдан ҳар як аъзо пайи ҳам аз кор мондан гирифтанд. Дар 27 соли таҷрибаи корӣ ҳолатҳои гуногунро мушоҳида кардам, аммо чунин беморро бо ин ҳолат бори нахуст дидам. Вақте вориди утоқи хобаш шудам бо дастонаш ишора кард, чун пеш рафтам бо садои пасту ҳазин гуфт: ман шифо намеёбам, заҳмат накашед. Гуфтам: ноумед нашавед, мо умед дорем, Аллоҳ шифоятон медиҳад.
Вақте номи Аллоҳро гирифтам об аз чашмонаш ҷорӣ шуд ва боз бо садои паст гуфт, агар шифои ман ба Аллоҳ вобаста бошад, пас дигар умед надорам.
Гуфтам: чаро чунин мегӯед? Ин сухан чӣ маъно дорад? Мо табибон ончи вобаста ба илми тиб аст ва он масъулияте, ки бар дӯш дорем анҷом медиҳем ва ҳамеша ба Аллоҳ такя мекунем ва аз Ӯ умед дорем.
Гуфт: як хидмат кунед, ҳар чизе хоҳед медиҳам, аммо ончи мегӯям анҷом диҳед.
Гуфтам: ҳеҷ чиз лозим нест, агар тавони онро дошта бошам барои Шумо анҷом медиҳам.

Гуфт: аз телефони ман як рақамро гиред ва бо телефони худ занг занед ва гӯед, ки фалонӣ дар бемористон аст ва мехоҳанд бо Шумо суҳбат кунанд.
Ман дарҳол телефонашро гирифтам ва он рақамро пайдо кардам ва занг задам. Пас аз чанд занг гӯширо бардошт ва ман пас аз салом гуфтам, ака шумо фалониро мешиносед? Аввал ҷавоб надод ва баъдан гуфт: -бале, чӣ тавр ӯро нашносам. Гуфтам: ҳоло дар беморхона аст ва мехоҳад бо шумо вохӯрад.

Гуфт: мехохад бо ман вохӯрад? Гуфтам: -бале. Гуфт: ака шумо кӣ ҳастед? Ин боз як бозии навбатӣ аст. Моро ба ҳоли худ гузоред. Дигар чизе надорем, ки аз мо гиред, моро бечора кардед, бас аст охир!!! Гуфтам: ман духтур ҳастам, Он чиро, ки Шумо мегӯед ман тамоман намефаҳмам. Ман бо хоҳиши худи ӯ ба Шумо занг задам.
Гуфт: ин мард хонаи маро сӯхт ва маро бо панҷ фарзандам аз хона бехона кард. Ҳама моли тиҷоратиамро бо таҳдид ва зӯрӣ гирифт. Маро ва боз чанд нафаре, ки мешиносам ба чунин ҳол гирифтор кард. Дигаронро намедонам, аммо ман ҳар шаб бо падару модари пирам ва зану фарзандонам дуъо мекунем, эй Аллоҳ ин марде, ки моро ба чунин ҳол овард, гирифтори беморие кун, ки бо дарду ранҷ ва бо азоб таманнои маргро кунад, аммо ҷонашро нагир. Аъзо аъзои баданашро пас аз якдигар бекор кун, аммо ҷонашро нагир ва ба сахтарин ҳолате, ки ҳеҷ нафарро гирифтор накардаӣ гирифтораш кун. Зиёд мехохам ӯро дар чунин ҳол бинам. Оё иҷозат ҳаст ман наздаш дохил шавам?
Духтур мегӯяд, бовар кунед ман дигар чи гуфтанамро намедонистам. Гуфтам, майлаш биёед ман ҳам шуморо барои ҳамин занг задам ва ӯ мехохад Шуморо бинад. Дасту поям меларзиданд, вуҷудамро тарсу ваҳшат фаро гирифта буд, ки чӣ тавр дуъо мустаҷоб мешудааст. Ин ҳолатро танҳо он шахсе мефахмад, ки аз асли воқеъа огоҳ бошад. Ман ин ҳолати беморро аз вақти овардан то охирин ҳолаташ медонистам. Вақте чунин гуфтани он нафарро шунидам якбора тарсу ваҳшат вуҷудамро пур кард.

Баъд аз муддате як марди миёнаумри нӯроние омада расид. Қабл аз дохил шудан ба ҳузури бемор аз ӯ хоҳиш кардам, ки ӯро бубахшад, зеро ҳолаташ хеле вазнин аст, ҳадди ақал ба осонӣ ҷон диҳад.
Об аз чашмонаш рехт ва -не гӯён сар ҷунбонид. Вақте дохил шуд ман низ бо ӯ якҷоя даромадам. Агарчӣ бемор намехост ман он ҷо ҳузур дошта бошам, аммо ман исрор кардам, ки ҳолати Шумо хуб нест ман бояд ин ҷо бошам. Марди мазлум курсиро гирифт ва дар рӯ ба рӯяш нишаст ва дар халта ҳатто чизе ҳам барояш оварда буд.Инро дида, худро дошта натавонистам.

Аҷибтарин ҳолатеро дар умри худ медидам мисле, ки Қиёмат барпо гаштаасту додгоҳи ҳақиқӣ оғоз мегардад. Мазлум дар рӯ ба рӯи бемор нишаст, аммо нигоҳи ӯ хеле боҳасрат ва ҳолати пушаймонӣ дар амалкардаш дида мешуд.
Мазлум гуфт: ман умед доштам, ки дуъоям мустаҷоб мегардад, аммо фикр намекардам шумое, ки бо карру фарри беандоза ба замин нигоҳ накарда роҳ мерафтед бо дуъои мо барин мазлум ба ин ҳол гирифтор мегардед. Оқибати зулмро дидед? Бемор бо садои хеле паст гуфт, акаи ҳоҷӣ ҳозир равед, ҳама ончи гирифтам ба шумо пас мегардонанд ва зиёд ҳам медиҳанд, аммо маро бубахшед, то ба осонӣ ҷон диҳам. Маро бубахшед, ман ҷавонӣ кардам, илтимос маро бубахшед. Писаратонро ҳам гӯед ба ватан баргардад дигар касе ба ӯ кордор намешавад. Мазлум: ман шуморо бахшидам ва барои ман чизе аз шумо лозим нест, имрӯз ман яқин кардам, ки Аллоҳ дуъои мазлуме мисли ману хонаводаамро мустаҷоб кард. Умед дорам дар охират бароям иваз диҳад. Писарам бошад ҷояш хуб аст, мабодо золими зиндаи дигаре сари курсии мансаб қарор дошта, озораш диҳад. Духтур мегӯяд: ман гуфтам: ака, ончи аз шумо гирифтаанд он ҳаққи ҳалоли шумост онро пас гиред ва зиндагиатонро пеш баред, шумо ҳам ба пул ниёз доред. Писаратонро баргардонед, аз ин фурсат истифода баред! Мазлум гуфт: духтур, ман он чи мехостам онро пайдо кардам ва дигар аз ин дунё ҳеҷ чиз намехоҳам. Ин ҳолатро Аллоҳ барои ҳама насиб намекунад, то иҷобати дуъояшро бо чашми сар бинад. Ман то имрӯз аз уламо истиҷобати дуъоҳоро мешунидам, аммо имрӯз бо чашми сар онро дидам.

Дастонашро болои дастони бемор гузошт ва гуфт: эй Аллоҳ ин шахсро бахшидам ва пиҳилаш кардам. Аллоҳ аз ӯ даргузар. Ва сахт гирист ва ростӣ ман ҳам бо онҳо гиристам. Мазлум пас аз каме утоқи беморро тарк кард. Ман аз пушташ берун шудам, аммо дигар нахост бо ман суҳбат кунад. Ман мехостам фаҳмам, ки чиро аз ӯ гирифтанд ва чӣ қадар маблағро ситониданд, аммо бароям муяссар нагашт. Ӯ пушташро нигоҳ накарда, беморхонаро тарк кард. Бемор пас аз ҳашт соати расо дурустараш шоми он рӯз ҷон дод. Ман ин ҳолатро бо чашми сар дидам ва ба шумо нақл кардам.

Хонанди азиз, фикр мекунам ҳеҷ ниёз ба шарҳу тавзеҳи дигар боқӣ намонд. Он чи навиштам қиссаи воқеие буд, ки асри рӯзи 27.03.2017. бароям расид ва ман низ онро барои шумо нақл кардам. Умед аст золимоне, ки айни ҳол сиҳату солиманд ва ба зулму ситами худ идома медиҳанд аз ин қисса панд гиранд ва тавба кунанд.

Сообщение Иҷобати дуъои мазлум появились сначала на ISLOH.net.

Қиссаи ҳидояти тоҷикписаре дар русия
Қиссаи ҳидояти тоҷикписаре дар русия

Зодгоҳ ватан аст?

Барои ҳар шахс мафҳуми ватану зодгоҳ ва ватандорию ватандўстӣ хусусият ва фаҳмиши хосеро дорад. Масалан дар забони халқаст, ки мегўянд:

Ватан он ҷо, ки озораш набошад,
Касеро бо касе кораш набошад.

Ва дар китоби Фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст: Ватан калимаи арабӣ буда маънои зодгоҳ ва ҷои нашъу наморо медиҳад. Ба ин гуфтаҳо ҳаминро илова карданиам, ки ватан ба зами зодгоҳи шахс будан, инчунин зодгоҳи аҷдодон ва қавму қабилаҳо ва наслҳои шахс ҳам ба ҳисоб меравад ва ҷоест, ки мардум пушт ба пушт ва насл ба насл ҳамдигарро дар ҳар гўшаву канори ин кишвар, ки бошанд мешиносанд ва бо якдигар робитаи хешутаборӣ доранд. Бинобар ин, табиатан ҳам мебояд шахс ҷои таваллуд ва ба воя расидану камолот ёфтанашро дўст дорад.

Метавон хулоса кард, ки ватан барои ҳар шахс ҷои муқаддас ва боарзиш аст ва месазад, ки шахси дар ғайри ватан шоҳона ва ё гадоёна зиндагидошта аз фироқаш бисўзад ва ҳамеша дар ёди он бошад. Ҳамин аст, ки шоири ширинкаломе ҳолати шахси дар ғурбат зиндагидоштаро чунин зебо ба риштаи назм кашидааст:

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар,
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Акнун мехоҳам зиндагӣ ва ҳаёти дар ғурбат доштаи хешу ақрабо, ёру дўстон ва шиносону ҳамдеҳагонеро, ки дур аз ватан ҳамроҳи зану фарзанд аз пайи ризқу рўзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари паҳновари Русия рафта ва дар шаҳрҳои обод ва ё деҳоти ноободи дурдаст ҷою мақом кардаанд пеши назар биёред. Албатта, мушоҳида кардаед ва ё шунидаед, ки оилаҳое ҳастанд падар дар як шаҳру писар дар шаҳри дигар ва ё духтараш дар як вилояту модар дар дигар вилояти ин кишвари паҳновар аз пайи ризқу рўзиянд. Баъзан кор то ҷое расида, ки падар намедонад писараш дар кадом ҳол аст ва бародар намедонад, ки бародараш дар кадом шахр аст ва ба чӣ кор машғул. Ҳатто якеашон мегуфт, ки намеданам бародарамро чӣ дуъо кунам, дуъо карда бигўям, ки Худо нигаҳбонаш бошад ва ё Худо раҳматаш кунад, яъне аз якдигар чунон дур гашта ва аз ҳамдигар чунин бехабаранд. Мақсад аз зикри гуфтаҳои боло ин нест, ки мардум набояд мусофират кунанд ва ё аз пайи касбу кор гарданд, чун ин қонуни зиндагист, балки ҳадафи мо ин аст, ки ҳар куҷо, ки бошанд бо ёду хотири ватан ва кишвари азиз бошанд ва забону дин ва фарҳанги миллиашонро аз хотир набароранд ва яқин дошта бошанд, ки обу хоки сарзаминашон ба мисли модаре, ки ҷигаргўшаҳои дар мусофират будаашро интизорӣ мекашад онҳоро интизор аст.Аллоҳ моро ҳарчӣ зудтар ба ватанамон баргардонаду дар фазои озодиҳои динӣ,мазҳабӣ ва дидгоҳи озод ва дур аз хушунату таъқибу фишор ва мамониъатҳои сохтае,ки як гурӯҳ дар кишвар эҷод кардааст умр басар бубарем.

Оғози қисса.

Ба ҳукми тақдир ғарибгашта ва ё бо сабабҳое тарки ватан кардагонро қиссаҳо ва сарнавиштҳои гуногунест, ки аз ҳамдигар фарқияту тафовутҳо доранд. Хотираҳои талх, ғаму ғуссаҳои гуногун, дардҳои ҷонгудози ҷисмию рўҳӣ, моддию маънавӣ, ки дар дил доранд шахси шунавандаи он сарнавиштҳоро андўҳгин менамояд. Инҷо мехоҳам хотираеро аз сафар, ки ба яке аз шаҳрҳои кишвари паҳновари Русия доштам бароятон қисса намоям. Ин қиссаи як хонаводаи мусалмони тоҷикест, ки ба ҳукми тақдир тарки хонаву кошона намуда ва дар Русия умр басар мебаранд.

Моҳи мубораки Рамазон буд ва пас аз адои намози таровеҳ чун ёру дўстон ва ҳамшаҳриҳо аз омадани ман хабар доштанд, ба наздам омаданд то бо ҳам аз диду боздидҳоямон сўҳбату гуфтугузорҳо дошта бошем. Бо мавъизаҳои атрогини рамазонӣ ва сўҳбати пурмуҳтаво дар фазилати ин моҳи муборак хотири он ҷавононро шод намуда, ба саволҳои гуногуни эшон посух додам. Соат наздики 10 –и шаб шуда буд ва ман мехостам дар пайи истироҳат шаваму куфтагии роҳро барорам, ҳамин вақт яке аз ҳозирин, ки аз чеҳрааш маълум буд сўҳбат карданам барояш писанд омадааст ба наздам омад ва гуфт: Писарам, ман як марди сармоядори ин шаҳрам ва тақрибан 19 сол аст, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунам. Аз шумо як хоҳиш дорам, ки ба хонаи ман меҳмон шавед. Ман аввал фикр кардам, ки мехоҳад маро меҳмонӣ кунад ва аз ҳамин хотир барояш изҳори миннатдорӣ намуда гуфтам: Ман фардо каме машғулият дорам ва намехоҳам музоҳими шумо шавам. Он мард гуфт: Шукри Худо, ки ман якчанд фарзанд дорам ва феълан, ки як писарам дар хона аст мехоҳам, ки шумо ўро каме насиҳат мекардед то бифаҳмад, ки ў тоҷикзабон асту мусалмонзода ва бобою аҷдодаш ҳам мусалмонанд. Пас аз шунидани ин суханон, хоҳишашро пазируфтам ва гуфтам: Агар барои чунин кор бошад, ман омодаам худи ҳозир бо шумо равам.

Ҳангоме ки бо ў савори мошинаш гаштем ва ба роҳ баромадем хело шод гашт ва аз худ каме қисса кард. Аз гуфтаҳояш маълум гашт, ки дар ғурбат машаққатҳо кашида ва сармоя ба даст овардааст. Охируламр мошини мо дар назди як хонаи бо ҳашамате қарор гирифт ва ў бо як чолокӣ аз мошин пиёда шуд ва гуфт: Ана расидем, марҳамат ин хонаи ман аст, хуш омадед! Чун вориди ҳавлӣ гаштем моро ба меҳмонхонаш роҳнамоӣ намуд ва гуфт: Шумо марҳамат карда ҷо ба ҷо шавед, ман ҳозир меоям. Дарҳол хидматгоронаш дастархони бо нозу неъматеро бароямон омода карданд ва соҳибхона ҳам ба наздамон ворид гашту моро хушомадед гуфт. Ман, ки дар мошин аз ранҷу азоби қисса намудааш шунида будам ва акнун ин ҳавлии бо ҳашамат ва зиндагии бо рафоҳият ва дастархони пурнозу неъматашро мушоҳида кардам, беихтиёр барояш гуфтам: Худоро шукр, ки пас аз он ҳама ранҷу мушкилот ҳоло дар неъмат ва фараҳ зиндагӣ доред ва давлати пирӣ меронед. Аз ин гуфтаҳои ман аламҳои пирамард тоза гашт, ки гуфт: Бале писарам, ман Худоро шукр 6 фарзанд, 4 писар ва 2 духтар дорам. Албатта, ҳар ки аз атроф ба ман бингарад мебинад, ки хело марди сарватманд ҳастам, чунки хонаи бо ҳашамат, хидматгорон ва мошинҳои қиммати тамғаи хориҷӣ дорам ва инчунин дорандаи ширкати калони тиҷоратӣ ҳастам, ки дар ширкати ман 300 нафар корманд кор мекунанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама, ман худро ин ҷо бегона ва яке аз бадбахтарин шахс меҳисобам. Чаро ки фарзандонам забони модарӣ ва фарҳанги миллиашонро гум карда ва пайрави кадом дин буданашонро намедонанд ва насиҳату раҳнамудҳои маро низ гўш намекунанд, на духтаронам ва на писаронам, ҳатто ҳамсарам ҳам дигар он тоҷикзани бофарҳангу боимоне, ки эҳтироми шавҳарро медонаду ба ҷо меоварад нест, ба ман беэътиноӣ ва камаҳаммиятӣ мекунад. Ман дигар худро марди дорои ҳайбату салобат намебинам ва мепиндорам, ки марди пиронсол ва фартуте ҳастам, ки салоҳиятам дар зиндагӣ ба интиҳо расида ва вуҷудамро беҳуда ва бесамар меҳисобам, зеро хонаводаи тоҷикӣ надорам.

Фарзандонам аз миллати худашон чизе намедонанд, ҳатто боре аз паси дар шунидам, ки писарам ба бародараш мегуфт: Ин «тоҷик» чӣ миллате бошад, ки падарам ҳамеша онро таърифу тавсиф мекунад ва моро низ мегўяд, ки шумо тоҷик ҳастед? Не! Ман на тоҷик ҳастам ва на аз дину фарҳанги миллати тоҷик хабардор ва ғайриимкон аст, ки ман худро тоҷик шуморам. Пирамард ин суханҳоро мегуфту мегирист ва ман низ аз тақдири ин ҳаммиллатам, ки тамоми сармояи моддиро соҳиб аст, аммо сармоя ва ғановати маънавӣ, аз қабили забону дину фарҳанги миллӣ ва ватанашро аз даст дода ва ба қавли шоир «мурғи бе болу пар» гаштааст, сахт андўҳгин будам. Бо ин ҳол худро ба даст гирифта ва гуфтам, ки ман наомадаам, то шумо хотири маро ин қадар озурда намоед. Падари азиз, ман мехоҳам бо писаратон ҳамсўҳбат шавам, агар ин ҷо ҳаст ба назди ман биёяд. Ў дарҳол аз ҷояш бархост ва Мухаммед садо намуд. Мухаммед, яъне Муҳаммад. Хонандаи гиромӣ! Бовар кунед вақте пирамард номи писарашро ба чунин шакл ном бурда садо кард, аз тақдири талхи он ҳамватан чунон гиристам, ки аз гиряи ман ҳамроҳбудагонам низ гирён шуданд. Чанд лаҳза баъд як ҷавони хушқаду қомати зебо вориди хона гашт ва боодобона даст дода вохурӣ намуд ва бо забони русӣ ба падараш хитоб намуда гуфт, ки инҳо кистанд? Оё хешу таборанд? Падар ҳам дар ҷавоб бо забони русӣ гуфт: Бале писаракам, инҳо хешу табори мо, меҳмонони тоҷикистонӣ ва донандагони улуми дини Ислом ҳастанд ва мехоҳанд барои рушанӣ андохтан, ки тоҷик чӣ миллат аст ва дини Ислом, ки дини мо аст, чӣ гуна дин аст бо ту чанд сухан гўянд.

Пирамард сипас ба ман нигариста гуфт: Дар ин мамлакат фарзандатро бояд ба ҳоли худаш гузорӣ. Падару модар мувофиқи мехостагиашон тарбия кардани фарзандро ҳақнадоранд ва манъ намудани фарзанд аз коре, ки дилаш мехоҳад мумкин нест. Ту фақат як шахси парваришдиҳанда ҳастӣ ва дигар салоҳияте надорӣ ва набояд ўро маҷбур ба он чӣ мехоҳӣ намоӣ, зеро тибқи қонуни ин мамлакат ин амал бароят ҷазо муқаррар менамояд. Ин писарам ба дини Ислом бовар надорад ва динро як хурофот ва зулм бар инсонҳо медонад ва ҳар саҳар сарашро бо теғ метарошад. Ҳамеша мусиқии гўшхароши ғарбӣ гўш мекунад ва бо мо кам ҳамсўҳбат мешавад ва падар будани маро эҳсос намекунад. Агар тарзи либоспўшӣ ва либоси тани ўро бинед дилатон аз фарзанд хунук мешавад. Пирамард боз ҳам чизҳое гуфтан мехост, аммо ман ўро аз идома додани суханаш боз дошта гуфтам: Мехоҳам маро чанд лаҳза фурсат диҳӣ то бо Муҳаммад ҳамсўҳбат шавам. Сипас ба Муҳаммад хитоб намуда бо забони русӣ пурсидам, ки оё забони тоҷикиро мефаҳмад. Ў гуфт, ки баъзе калимаҳои тоҷикиро мефаҳмад, аммо бо ин забон сўҳбат карда наметавонад.

Сўҳбати мо атрофи миллати тоҷик ва шахсиятҳои донишманд ва машҳури он тасфид ва дар зимн аз ӯ пурсидам, ки падарат мегўяд дар мавриди дини Ислом ҳам чизе фаҳмидан мехоҳӣ, вале падарат туро қаноъатбахш карда наметавонад? Гуфт бале. Гуфтам: Пас ту аввалтар аз ҳама, бояд Офаридгоратро бишносӣ ва ба ягонагии Ў таоло бовар дошта бошӣ. Дар ҷавоб гуфт: Боварии ман чӣ гуна бояд бошад? Гуфтам: Бояд бовар дошта бошӣ, ки Худованди яккаю ягона, бе шарик, бе мислу монанд ва музайян ба сифатҳои донандаи илми ғайб, бинанда ва шунаванда, сухангўянда ва қодир ба анҷоми тамоми корҳои ирода кардааш ва соҳиби ирода ба он чӣ ки бихоҳад мешавад ва он чӣ ки нахоҳад намешавад ва соҳибу молики тамоми сифатҳои комили неку писандидае вуҷуд дорад, ки поку муназзаҳ аз тамоми сифатҳои пасту разила аст. Ў Зотест, ки осмонҳо ва заминро ва он чи дар инҳо мавҷуд аст офарида ва ба инсу ҷин амр карда, ки хос Ўро парастиш кунанд ва фақат аз Ў кўмаку ёрӣ бихоҳанд. Ба бандагонаш аз инсу ҷин дастур дода, ки Ўро парварандаю мураббӣ, неъматбахшу кафили ризқу рўзӣ ва бахшандаи гуноҳу хатопўш бишносанд. Инчунин барои бандагонаш аз инсу ҷин маълум карда, ки ҳар ки аз фармудаҳои Худованд итоат кунад ва аз манъкардаҳояш боз истад, ризомандии Худоро соҳиб мегардад ва дохили Ҷаннат мешавад ва ҳар ки фармудаҳояшро итоат накунад ва манъкардаҳояшро муртакиб шавад аз ҷумлаи бандагони саркашу ҷинояткор ба ҳисоб рафта ва дохили Дўзах мегардад.

Муҳаммади ҷавон, ки хомўшона ва бо диққат суханҳои маро гўш мекард, каме ба фикр фурӯ рафт ва сипас қаноатмандона гуфт: Идома диҳед. Гуфтам: Бояд бовар дошта бошӣ, ки Худованд боз бандаҳои итоаткоре дорад, ки онҳоро фаришта ва малак мегўянд ва онҳо ҳамеша дар итоат буда аз фармудаҳои Худованд камтарин сарпечӣ надоранд. Инчунин бовар дошта бошӣ, ки Худованд аз байни бандагонаш беҳтаринҳоро барои роҳнамоии башарият намояндаи Худ ва пайғомбар интихоб карда барояшон саҳифаҳо ва китобҳоро ҳамчун дастурамали корӣ фиристодааст. Боз бовар дошта бошӣ, ки ин ҳаёти дунёро поёне ҳаст ва пас аз марг боз зинда гаштану сазо ва ҷазои амалҳои неку бади анҷомдодаро соҳиб шудан. Ва инчунин бояд бовар дошта бошӣ, ки тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз ҷониби Худо ва ҳар чиз ба андоза аст.

Бояд як чизро бароят хотирасон намоям, ки пайғомбарони Худо дар ҳар давру замон ва барои ҳар қавму миллате, ки омада бошанд ҳам ҳадаф ва мақсадашон як чиз буда ва он, барқароркунии иртибот ва шиносонидани бандагони Худо бо Офаридгорашон аст. Паёмбарони Худо ҳамагӣ масъулияти дар зима доштаашонро ба пуррагӣ анҷом додаанд ва охирини он пайғамбарон Муҳаммад ном дошта ва китоберо, ки Худованд барояш ҳамчун роҳнамо ва барномаи корӣ дар давоми 23 соли паёмбариаш фиристод Қуръон ном дорад. Ин паёмбар махсуси ҳеҷ қавму миллате нест ва пайғамбари охирин барои тамоми башарият ба ҳисоб меравад ва баъд аз вай дигар пайғамбар ва китобе фиристода намешавад. Чун ҷавон номи худро шунид бо ҳаяҷон гуфт: Мехоҳам дар бораи Муҳаммади пайғамбар бароям як каме маълумот медодед. Гуфтам: Муҳаммади пайғамбари Худо шахсе буда, ки дар Маккаи мукаррама, яке аз шаҳрҳои имрўзи давлати Арабистони Саъудӣ, таваллуд шуда ва дар хурдӣ аз падару модар ятим мемонад ва дар тарбияи бобо ва амакаш ба воя мерасад. Ў аз ҳамон замони хурдсолӣ бо ахлоқи ҳамида, аз қабили ростқавлӣ, нармхўӣ, меҳрубонӣ, кўмакрасонӣ, кушодачеҳрагӣ, хушсуханӣ, бовафоӣ ва амонатдорӣ чунон машҳур гашта буд, ки ўро мардум Муҳаммади амин мегуфтанд. Ў ороста бо ҳамин гуна ахлоқи ҳамида ба воя мерасад ва дар байни мардум мавриди эҳтироми ҳамагон қарор мегирад. Чун ба 40 солагӣ мерасад ва камолот меёбад Худованд барои роҳнамоии башарият ва расонидани амру фармонҳояш ба бандагонаш ўро пайғамбар интихоб мекунад.

Мардуми Арабистон, ки дер боз паёмбаре барояшон наомада буд, аксаран бутпараст гашта ва ҳар қавму қабила аз сангу чуб ва нуқраю тилло ва дигар ашё барои худ бут сохта ва онро мепарастиданд ва аз ибодати Худои ягона ғофил монда буданд. Ҳамон Муҳаммади амин бо ҳамон ахлоқи накў ва эҳтироме, ки дар байни мардум дошт, чун бо дастури Парвардигораш мардумро аз бутпарастӣ ва шарики Худо қарор додани бутҳо манъ намуд ва онҳоро барои парастиш ва ибодати Худои ягона даъват кард мавриди изову алам ва ранҷу кулфати мардуми манфиъатҷу ва бадхоҳи қавму қабила ва минтақа қарор гирифт. Вале ў ба ҳамаи ин ранҷу машаққатҳо нигоҳ накарда, даъвати ягонапарастӣ ва тавҳидиро давом доду рўҳафтода нашуд ва дар давоми 23 соли паёмбарияш шогирдони бовафое, аз қабили Абўбакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Абдурраҳмону Билол ва Аммору Салмони форс ва садҳову ҳазорҳо нафар тарбия намуда ҳамроҳи онҳо мардуми Ҷазиратуларабро аз торикии ҷаҳлу бутпарастӣ ба сўи нури Ислом ҳидоят намуд. Баъдан он шогирдони мактаби муҳаммадӣ ва пайравонашон ин таълимотро идома доданд ва Исломи азизро то сарзаминҳои мо ва дурдастарин гўшаву канори ҷаҳони имрўз густариш доданд. Муҳаммади ҷавон бо сари хам суханонамро гўш медоду ба чизе андешаманд буд. Чун маро хомўш дид ва фурсатро муносиб суолборонам кард, ки:
— Ислом чӣ гуна дин аст?
— Оё ҳақиқат дорад, ки мегўянд Ислом ҳуқуқи дигаронро поймол мекунад ва аз хушунат кор мегирад?
— Боз мегўянд, ки Ислом дини кўҳнапарасту асримиёнагӣ ва монеъи пешравии илму техника аст, оё ин гуфтаҳо ягон асос доранд?
Ба худ меандешидам ва тасдиқмекардам, ки ҳар гоҳ инсон дар мавриди чизе ки барояш пешниҳод мекунанд маълумоти дуруст надошта бошад ва имконияти таҳқиқҳам барояш муяссар набошад, пас чӣ гунае ки онро барояш пешкаш мекунанд айнан ҳамон хел қабул мекунад. Ба ҳамсўҳбатам рўй оварда гуфтам: Муҳаммад, ту як каме андеша намо! Ба ҳар бадгўӣ ва айбборкунии душманон ва бадхоҳони дини Ислом дода нашав ва зуд хулосабарорӣ накун. Беҳтараст, ки дар ин маврид аз ақл кор гирифта китобҳои таърихнависони беғаразро мутолиа кунӣ ва инчунин донишатро дар мавриди асосҳои ин дин такмил намуда баъд аз омўзиш хулосабарорӣ кунӣ. Чун ба асосҳои дини Ислом, ки Қуръону суннат аст назар кунӣ, мебинӣ ки сар то по амр ба некӣ аст. Аз қабили ростгўӣ ва рострафторӣ, эҳтироми падару модар, риояи ҳуқуқи хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ятимону бепарасторон, бечораю дармондагон, эҳтироми калонсолону шафқат ба хурдсолон, ҳатто раҳму шафқат ба ҳайвонҳои безарар ва риояи ҳуқуқи онҳо ва умуман асосҳои ин дин иҷрои тамоми корҳои неку писандидаро амр кардааст.

Инчунин аз тамоми бадиҳо ва корҳои ношоиста, аз қабили дурўғгўӣ, бадгумонӣ, ғайбат, таҷассус, зулму истибдод, ба ноҳақҳақи касеро гирифтан, хўрдани моли ятим, ба номусу обрўи касе таҷовуз кардан, оқи волидайн ва умуман асосҳои ин дин аз тамоми корҳои нописанд манъ кардааст. Дигар ин ки аввалин оятҳои аз Қуръони карим нозилшуда бар Муҳаммади пайғомбар амр ба хондану донишомўзӣ карда ва тамоми кашфиётҳои нодири илмӣ, ки донишмандон кашф мекунанд мебинанд, ки дар Қуръони карим 1400 сол пештар ин чизҳо маълум карда шудаанд, пас чӣ гуна ин дин муқобили пешравию тараққиёт аст?

Ин суханон Муҳаммади ҳамсўҳбатамро хело таъсир намуд, ки гуфт: Оё Қуръон китоби Худо асту навиштаи худи Муҳаммад нест? Ин саволашро бо таърихчаи нузули ваҳй ва нузули тадриҷии Қуръон дар давоми 23 сол ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салам баён намудам. Пас аз сўҳбати дуюним соата Муҳаммади ҷавон хело муассир гардид ва аз ў пурсидам, ки оё сураи Фотиҳаро медонад? Гуфт: Бале, вале намедонам дуруст мехонам ё не. Ба ростӣ, вақте сураи Фотиҳаро хонд, аз хурсандӣ гиристам ва гуфтам: Мусалмонзода ҳаргиз набояд аз динаш баргардад. Сипас аз ў хостам, ки ба ман наздиктар биншинад ва чун дар паҳлўям нишаст дастамро болои қафаси синааш гузошта ва се бор сураи Фотиҳаро қироъат намудам. Ҳамин буд, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашту такрори ба такрор ман мусалмонам ман мусалмонам мегуфт. Боз дигар бора дастамро болои сандуқи синааш гузошта оёти 21 то 24 сураи мубораки Ҳашрро қироъат намуда ва онро тарҷума кардам, ки Худованд мефармояд:

«Агар ин Қуръонро бар кўҳ нозил мекардем, аз тарси Худо онро тарсида ва шикофхўрда медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд ба фикр фурў раванд. Ўст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақҷуз Ў нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст. Ўст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақҷуз Ў нест, фармонравост, пок аст, саломат аст(аз ҳар айбу нуқс), эминбахш аст, нигаҳбон аст, пирўзманд аст, ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Ва аз ҳар чӣ ки барои Ў шарик қарор медиҳанд пок аст! Ўст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш аст, номҳои некў Ўрост. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст тасбеҳгўи Ў ҳастанд ва Ў пирўзманду ҳаким аст!»
Муҳаммади ҷавону ғарқи андеша ин ҳангом гӯё хаёлӣ гашта бошад худ ба худ мегуфт: Чаро ман то ин ҳад ғофилу бехабар ва дур аз ин ганҷи маънавӣ монда ва маро то ба ҳол касе ба ин тариқ аз ин дин ва асоси он нафаҳмонда аст? Чун ў ба худ машғул буду ҳузури он ҷо будагонро ҳис намекард, ман ояти 164 сураи Бақара ва оятҳои 9 то 12 Сураи Фуссилатро хонда тарҷума намудам, он ҷо ки Худованд мефармояд:
«Дар офариниши осмонҳову замин ва дар рафту омади шабу рўз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва мояи суди мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурў мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он барангезад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост.»

«Бигў: Оё ба Зоте, ки заминро дар ду рўз офаридааст кофир мешавед ва барои Ў шарикҳо қарор медиҳед? Ўст Парвардигори ҷаҳониён! Бар болои замин кўҳҳо падид овард ва ононро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро дар чаҳор рўз, яксон барои ҳамаи пурсандагон (ризқталабон) муаян кард. Сипас ба осмон пардохт ва он дудмонанд буд. Пас ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем». Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рўз офарид ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард ва осмони дунёро ба чароғҳо биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири (Худои) ғолибу доно».
Сўҳбатамро бо тарҷума ва шарҳу баёни ин оятҳои карима хотима бахшидаму мушоҳида кардам, ки ҳама ҳозирин бо шавқу завқин сўҳбати тўлониро гўш кардаву дар чеҳраи ҳеҷ кадом осори хастагӣ дида намешавад ва ба хусус ҳолати Муҳаммади ҷавон аҷаб диданӣ буд. Ў мегиристу худро таскин дода мегуфт: Худоро шукр, ки ман аз насли мусалмонам. Ман тоҷики мусалмонам ва бо тоҷик буданам мефахрам.Чун ин ҳолатро падараш мушоҳида кард аз ҷояш бархост ва омада фарзандашро ба оғуш гирифт ва аз шиддати хурсандӣ гиря гулугираш карда буд, ки чизе гуфта наметавонист ва фақат мегиристу оби чашмонаш ҷорӣ буд. Чанд лаҳза пас чун каме ором гирифт гуфт: Ҳамеша дар дилам мегузашт, ки фарзандони ман, бо хости Худои меҳрубон, ҳатман миллат ва дини худро хоҳанд фаҳмид ва ба он боз хоҳанд гашт, вале намедонистам, ки ин кор кай ба вуқўъ меомада бошад. Орзуи ягонаам ҳамин ҳолатро бо чашмони худам дидан буд, ки Худоро шукр онро дидам ва дигар ҳеҷ армоне надорам. Умеди онро дорам, ки ман ҳамчун падар рисолатамро анҷом дода бошам. Муҳаммади ҷавон чун ин таманниёти падарро шунид, пас аз авфу бахшишпурсии бисёр гуфт: Падарҷон маро бубахш, ки ман намефаҳмидам чунин миллати бофарҳанги сердонишманд ва дини олии тарбиятгару инсонсоз дорам. Акнун, ки фаҳмидам қавл медиҳам, ки донишамро дар мавриди Офаридагори ҳастӣ ва холиқи махлуқот аз тариқи нишондодҳои ин дин комил гардонам ва дар роҳи ҳидоят ва худшиносии миллӣ ва динии бародарону хоҳаронам шуморо кўмакрасон бошам. Ману ҳамроҳонам чун ин комёбӣ ва ихлосмандии падару писарро дидем хобу хастагиямонро фаромўш кардем ва тасмим гирифтем, ки ин шаби пурбаракати моҳи муборакро бо намозу ниёиш зинда бидорем. Ба ҳамин хотир аз дасти Муҳаммад гирифта гуфтам: Бародарам Муҳаммад, акнун рафта ба нияти покию ибодат нағзакак шустушў ва оббозӣ карда биё то ҳамроҳ ҳаёти наву ҷадидеро оғоз кунем.

Аз он ба баъд Муҳаммад ҳаёти наверо оғоз намуд ва то ба ҳол бо мо мукотабаи интернетӣ дорад ва аз ин роҳи интихобкардааш хушҳол аст. Дар як мукотибааш хабар расонид, ки ў назди олим ва донишманди дини Ислом рафта таълим мегирифтааст ва аллакай 3 ҷузъи Куръони каримро ҳифз кардааст. Инчунин навиштааст, ки дар хонавода ҳамагӣ ба воситаи ў Қуръонхон шудаанд. Ин буд он қиссаи оилаи ғариби тоҷик дар кишвари Русия. Дар охир аз Худованди кариму корсоз таманнои онро дорам, ки ҳар яки моро ҳидоятгар ва ҳидоятёфта дар динаш қарор диҳад. Бояд ҳар як фарди мусалмон тибқи фармудаи Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал намояд, чуноне ки фармудааст:
« Агар Худованд шахсеро тавассути тӯ ҳидоят намояд, бароят аз шутури сурхмӯй беҳтараст».
Дар ривояти дигаре омада, ки:
«Бароят аз дунё ва ончи дар дунёст беҳтар аст».
Ҳар фарди ин миллатро мебояд барои худогоҳии ҳаммилати хеш бикушад то миллат ҳама огоҳ ва фарзона гардад.
Дўстдори якояки шумо бародарон ва хоҳарони гиромӣ:

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Сообщение Қиссаи ҳидояти тоҷикписаре дар русия появились сначала на ISLOH.net.

Аз Солеҳи Алмарқадӣ(рах)ривоят аст,ки ҳазрат мегузаштанд ҳангоми
Аз Солеҳи Алмарқадӣ(рах)ривоят аст,ки ҳазрат мегузаштанд ҳангоми сафарашон аз як диёр ё сарзамине,ки ба харобае мубаддал гаштааст ва ҳеҷ ҳаракати зиндаҷонеро эҳсос накарданд.Чунин гуфтанд: «Эй диёр ва эй сарзамини зебо куҷо шуданд бошандагони пешинаи ту,ки дар ту зиндагони ва сукунат менамуданд? ва куҷоанд онҳоеки дар рӯйи ту хонаҳо ва қасрҳо бунёд намуда буданд?»Ҳотифе садо дод: «Аз бошандагони ин сарзамин асаре намонда аст.Ҷасадҳои онҳо дар зери хок ҳар кадом ба танҳои нобуд гаштаанд.Аммо бар гардани онҳо амалҳои кардаашон ҳамчун гарданбанд боқимонданд».

Сообщение Аз Солеҳи Алмарқадӣ(рах)ривоят аст,ки ҳазрат мегузаштанд ҳангоми появились сначала на ISLOH.net.

Ҳангоми ҷон додан ё қабзи рӯҳ!
Ҳангоми ҷон додан ё қабзи рӯҳ!

Инсон сухан намегӯяд, магар он суханеро, ки дилаш аз он пур шуда бошад. Аз ин хотир қабл аз сухан гуфтанамон хуб биандешем сипас сухан гӯем.
Аллоҳ дар ин маврид чунин фармудааст:
وَلَن يُؤَخِّرَ اللَّهُ نَفْسًا إِذَا جَاءَ أَجَلُهَا ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ
[المنافقون ٦٣ | الآية: ١١]
Тарҷума: «Чун касе аҷалаш фаро расад, Худо марги ӯро ба таъхир (дертар) намегузорад, Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (Сураи Мунофиқун, ояти 11)

Пас вакте аҷал ё марги мо муқаддар ва муайян шуда бошад. Бояд ҳамеша мувозиби суханҳое, ки мегӯем бошем. Калб вақте пур аз чизе шуд аз ӯ ҳамон чиз хориҷ мешавад. Чунонеки мегуянд: Дар дохил чизе бошад ҳатман он аз забон хориҷ мешавад. Мо намунахои зиёде аз ҳолатҳои қабл аз қабзи руҳ дорем.
Худи ман шоҳиди бевоситаи чандин қабзи рӯҳ будам. Чанд сол пеш маро барои хондани Қуръон ба назди як ҷавоне бурданд, то Ёсин хонам чунонеки эътикод доранд мардуми мо. Ман вақте вориди хона шудам ҷавон дар ҳолати кашидани нафасхои охиронаш қарор дошт.Дар садамаи нақлиёти дучор гашта будааст.Пас аз онки табибон оҷиз монданад ӯро ба хона оварданд,то оромона ҷон ба ҷонофарин таслим намояд. Ман дар хол ба талкини калимаи шаходат шуруъ кардам. Ҳарчӣ такрор мекардам мутассифона ӯ зери лаб чунин мегуфт: Аз панҷара дори нигох…. пасон фаҳмидам охирон мусиқие будааст,ки дар мошин гӯш мекардааст.Бародараш ба ман бо таъаҷҷуб менигарист. Гуфтам Акмалҷон ин аст ниҳояте,ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) аз он талаби паноҳ металабиданд ҳоло бо чашмонамон он ҳолатро дида истодаем. Бо чунин ҳол он ҷавон қабзи рӯҳ гашт. Пас аз худ хело таъсири хубе гузошт. Ҷавононе онҷо ҳузур доштанд метавон гуфт ҳама аҳли масҷид гаштанд ва ба кулли тагйир карданд. Алҳамдулиллоҳ ниҳояти баде, ки асари хайре аз худ баҷой гузошт.

Эй бор Худоё охири умри моро некӯ бигардон.
Амалҳои моро охирашро ба хайру хубӣ бигардон.
Беҳтарин рӯзҳои моро он рӯзе бигардон, ки бо тӯ рӯбарӯ мегардем омин.

Сообщение Ҳангоми ҷон додан ё қабзи рӯҳ! появились сначала на ISLOH.net.

Волии Хуросон ва марди хардор
Волии Хуросон ва марди хардор

Мегўянд Осафуддавла рўзе ба иттифоқи ғуломони худ аз яке аз кўчаҳои танги хуросон мегузашт. Дар ин мавқеъ марде чанд сар хари худро пеш андохта буд ва бидуни таваҷҷўҳ ба Осафуддавла пеш меронд ва роҳро барои гузаштани волӣ боз намекард.

Ғуломони волии Хуросон, ки вазъро диданд, пеш давиданд, ки харҳоро бизананд ва роҳро борои Осафудддавла боз кунанд. хардор асабонӣ шуд ва ба навкарони волӣ дарафтод. Осафуддавла нораҳат шуд ва бо асабният ба марди хардор гуфт: — «Мардака, чаро роҳро банд кардаӣ? Ту як хардоре беш нестӣ».

Он шахс ҷасурона посух дод: — «Ман ҳамчун шумо ҳақ дорам, ки аз ин роҳ убур кунам, мунтаҳо, ман одаме ҳастам, ки хар меронам ва ту харе ҳастӣ, ки одам меронӣ!».
Волии Хуросон бо ҳамаи асабонияте, ки дошт, натавонист аз ҳозирҷавобии хардор аз ханда худдорӣ кунад ва дастур дод ғуломонаш мазоҳими ў нашаванд ва ҳамчунон то интиҳои кўча мард ва харҳояш пешопеш ва Осафуддавлаву навкаронаш ба дунболи онҳо роҳро тай намуданд.

Агар чунин ҳодисае дар кишварҳои мо рухдиҳад, раиси давлат ҷойи худаш, бо шаҳрдоре ё раиси ноҳияе.Он бечораро барои суйи қасд солиёни дароз равонаи зиндон мекунанд.

Сообщение Волии Хуросон ва марди хардор появились сначала на ISLOH.net.