Архивы Таърихӣ - ISLOH.net

Оё Кремли Маскавро як меъмори мусалмон сохт?
Фаромӯшшудае дар таърих: Алишбек Субҳон оғлу Керемли ва нақши ӯ дар бунёди рамзи давлатдории рус

Таърихи Кремли Маскав, ки имрӯз рамзи қудрат ва давлатдории Русия маҳсуб меёбад, шояд решаҳои амиқтар ва ғайричашмдошттар дошта бошад. Бар пояи баъзе таҳқиқоти озарӣ ва эронӣ, эҳтимол дорад меъмори асосии Кремл як устои маъруф аз шаҳри Шемахии Озарбойҷон будааст — Алишбек Субҳон оғлу Керемли. Русҳо номи Алишбекро ба Алис Крмели ихтисор мекунанд,то шахсияти меъмор ошкор нагардад.  Ин навишта аз бугу магуҳои охири мақомоти аршади Русӣ ва Озарӣ, ки дар ҳодисоти охири миёни шаҳрвандони Озарӣ ва Русӣ ба вуқуъ пайваста маншаъ мегирад.

Аз Қафқоз то Маскав

Алишбек Керемли соли 1322 дар Шемахӣ — маркази фарҳангиву меъмории Шарқ — таваллуд шудааст ва ба гуфтаи манобеъ, ӯ дар даврони худ дар саросари Қафқоз, Форс ва ҳатто Ҳинд шуҳрати бузург дошт. Ҳамин шуҳрат буд, ки Дмитрий Донской, шоҳзодаи Маскав, соли 1366 намояндаи худро бо тӯҳфаҳо ба дарбори Ширваншоҳ мефиристад, то аз ӯ хоҳиш кунад, ки Керемлиро барои сохтмони қалъаи Маскав ба Русия равона созад.

Бо вуҷуди мухолифати аввалияи Шайх Иброҳими I, дар ниҳоят, бо ризояти худи Керемли ва кафолати амнияти ӯ, иҷозати сафар дода мешавад.

Бунёди қалъаи нав — Кремл

Керемли дар Маскав на танҳо гарм истиқбол ёфт, балки ихтиёрномаи комил гирифт: ӯ бидуни маҳдудият ба кор оғоз кард. Ӯ дар маркази шаҳр, дар ҷазирае миёни дарёи Москва ва Яуза, бо истифода аз техникаи пешрафтаи он рӯзгорон сохтмонро оғоз намуд. Бори аввал дар Русия маҳлул аз сафедии тухм истифода шуд, деворҳои чӯбин барканда гаштанд ва бурҷҳо, дарвозаҳо ва бурҷҳои нави сангин қомат афрохтанд.

Номи «Керемлин» ва ҳазфи он

Сокинони Маскав бо эҳтиром сохтмонро «Қатори Керемли» меномиданд. Аммо замоне ки сохтмон ба анҷом расид, рӯзи 22 июни соли 1371, меъмори шемахӣ ногаҳон кушта шуд — сари ӯро як казак бурид. Ҳарчанд Дмитрий Донской дар маросими видоъ ширкат накард, баъзе муҳаққиқон бовар доранд, ки ин куштор бо амри ӯ сурат гирифтааст. Шояд аз рӯи ҳасад, шояд барои он ки дигар касе ин шоҳкории ғайрирусиро такрор накунад. Аммо ҳасад ва номардӣ дар хуни ин мардум вуҷуд дорад ва ҳаргиз ба аҳди худ бо ҳеҷ мардумоне вафо накардаанд.

Аммо куштор натиҷаи баръакс дод: номи «Керемлин» дар забони мардум монд ва ҳатто ба Кремли баъдӣ — аз хишти сурх низ боқӣ монд.

Фоҷиа ва ишқ

Ин достони таърихӣ як ҷанбаи ошиқона низ дорад. Анна, ҷияни Дмитрий Донской, ошиқи Алишбек Керемли будааст ва ба ифтихори ӯ яке аз бурҷҳоро бо номи меъмор номгузорӣ кардааст. Пас аз қатли ваҳшиёнаи Алишбек Керемли, Анна комилан узлат гирифту узлат нишин шуд ва то охири умр ба зиёрати оромгоҳи маҳбубаш мерафт.

Ҳақиқат ё ривоят?

Бисёре аз муаррихон ин ҳикояро бо эҳтиёт мепазиранд, аммо ҳуҷҷатҳое, ки ба гуфтаи шоҳидони замони шӯравӣ (мисли Фёдор Афанасев дар соли 1977) дар бойгонии Маскав мавҷуд будаанд, ба манфиати ин фарзия шаҳодат медиҳанд. Ҳоло суоли муҳим ин аст: оё мо омодаем таърихро аз нав бихонем, агар он моро ба натиҷаҳои ғайримунтазира ҳам бирасонад?

Хомӯшии таърих ва ҳифзи рамз?

Мумкин аст маҳз ҳамин далел сабаби куштори ваҳшиёнаи Алишбек Керемли бошад. Таърихсозон медонистанд, ки рамзи қудрат набояд таърихи «бегона» дошта бошад. Ва барои пок кардани номи ӯ аз ёдҳо, як куштор басанда буд.

Аммо таърихро наметавон комилан нобуд кард. Номҳо, анъанаҳо, ва ҳикояҳо мемонанд. Ва имрӯз, вақте Кремлро ба ҳайси рамзи Русия мебинем, шояд зарур аст як суоли фалсафӣ бипурсем:

Оё рамзи давлате, ки даъво дорад бо решаҳои худ ифтихор мекунад, метавонад бо дастони як шахси ғайриифтихорӣ барои миллати Рус ва провословӣ сохта шуда бошад?

Ps: Имрӯз Кремл на танҳо як ёдгории меъморӣ, балки рамзи марказии давлатдории Русия ва муҷассамаи сиёсат ва ҳокимияти он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Аммо дар паси ин рамзи миллии ҳувиятсоз, агар воқеан меъмори он шахсе аз ҷаҳони исломӣ ва Шарқ — Алишбек  Субҳон оғлу Керемли — бошад, пас мо бо як воқеияти таърихии печида ва таҳрифишуда рӯ ба рӯ мешавем.

Дар ҷаҳони муосир, ки рамзҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ нақши ҳалкунанда доранд, шинохти Кремл ҳамчун маҳсули тамаддуни ғайрирусӣ ва ғайриортодокс метавонад на танҳо муносибати суннатиро ба таърих ба чолиш кашад, балки зарурати бознигарӣ ба таҳаввулоти муштараки тамаддунҳо ва саҳми қавмҳои «ҳошиягӣ»-ро дар сохтмони давлатдории русӣ барҷаста созад.

Агар Кремл, ки имрӯз ба маънои маҷозӣ худи Русия номида мешавад, воқеан маҳсули фикр ва заҳмати як меъмори мусалмон ва ғайриславянӣ бошад, ин далел метавонад ба гунае хомӯшии таърихро бишканад ва замина барои бозбинӣ дар бораи шахсияти воқеии рамзҳои миллӣ гардад.

Сообщение Оё Кремли Маскавро як меъмори мусалмон сохт? появились сначала на ISLOH.net.

Устод Нурӣ дар 5 сол ҳукуматро ба зонӯ шинонд Кабирӣ дар 10 сол Раҳмоновро ба ГААГА шикоят кард
Ду соли пеш, дар 2023 «Ислоҳ» ба муносибати 50умин солгарди таъсиси ҲНИТ риштагузориши муфассалеро таҳти унвони «ҲНИТ,ним қарни пурталотум» таҳия ва тақдими ҳаводорон кард, ки роҳи тайнамудаи ин муассисаи муқтадир ва муътабари сиёсиро тули панҷ даҳа мунъакис мекард. Аммо таҳия ва тақдими бахши поёнӣ, ки қарор буд, даврони ҳиҷрати дуввум, сарнавишти урупоии онро ба тасвир бигирад, даст надод. Тамоми зуру мадорамро кор бурдам, аммо чизе набуд, чизе руи коғаз наомад. Чунки ман суфоришӣ ва матлаби ҷаълие наметавонам нависам.

Бахшида ба ин руйдоди таърихӣ ва муҳим кадом ҷашну маъракае, кадом нишасте, кадом ба истилоҳ «кофе-брейк»-е ҳам баргузор нагардид. Гуё ҳизбе бо номи Наҳзати исломӣ мавҷуд набуд ва бадтар ва аламовартар ин буд, ки аз ҲНИТ гуфтан мебоист эҳтиёт, эҳтиёт, ки чӣ иҷтиноб кард, таҳти тардид ва ибҳом қарор гирифт, дар лабаи партгоҳи амиқ, овезон ба як шохаи нимхушки дарахте буд. Ва, роҳи чора ин гардид, ки дар таркиби як иморати маснуӣ бо номи ПМТ ба сони моли дасти ду, секонҳенд ва утилизатсияшуда дохилаш карданд ва бо ҳамин дигар исмеву ёде аз он бурда ва карда нашуд.

На, на, ин тавр нагумореду напиндоред, ки пропагандаи Раҳмонов ҲНИТ-ро ба ин ҳолу ба ин рӯз овард. Тамоми ин ҳама бадному сияҳсозии дорудаста, мафкурасозони ин режими палид ҳиҷ асаре ба пайкари бузурги ин ташаккули муҳташам асар накард, ин дурсозӣ, ин ҳошияафканӣ, ин дурангиву дусамтиву дупустиҳои дохилӣ буд, ки заъиф ва ранҷур бишавад. Гуё бо вуҷуди Наҳзати исломӣ замона носозгор аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибаташ дигар аст…яъне тавре талаққӣ шуд, ки мо муносиби вақт нестем.

Ман Аллоҳро гувоҳ мегирам, ки Сайфиддин Тоҷибоев зуҳур намекард, ин сиёсати худкушӣ, худинкорӣ ва худкамбинӣ ва ҳамин сиёсати ҳазар ва парҳез ва ҳошиягузорӣ  идома мекард ва ончики ҳоло ба Догоҳи байналмилалии Лоҳа рафт бо номи ҳамон ПМТ мерафт.  Аммо агар бараҳнатар бигуям ҳамин Тоҷибоев на аз Раҳмонов балке аз ҲНИТ ва масъули он қаҳр ва фирор карда буд. Ин ки гуфта мешуд фишорҳо болои созмони муътадили исломӣ ҷавонҳоро дунболи гурӯҳҳои радикал мебарад ғалат набуд вале асл ва воқеъият ин буд, ки ақибнишинии мудовим, нокифоятӣ, майдонфирорӣ, мавридношиносӣ ва мавқеъаздастдиҳии пайваста, бепосухгузории ончунонӣ ва пеши ҳаракатҳоро гирифтан онҳоро водор ба тарки кишвар кард. Онҳо сад дарсад аз ҳукумат саду панҷоҳ фоиз аз раис норозӣ рафтанд. Ончики мо талабу пешниҳод барои ислоҳ ва салоҳи кори ҳизби НИТматраҳ кардаем, ҷоҳу ҷалолхоҳӣ, даъвои курсии раёсат набуд, агарчи ҳиҷ ишколе ва ҳиҷ масъалае ва ҳиҷ иқдоми ғайритабиие нест. Зеро ҳизби НИТ барои ман ва барои ононе, ки дар ин ваҳла ва мақтаъи замонӣ бо ҳам ҳастем, онгуна, ки ҷомеаи кишвар таваққуъ дорад, амал накард. Ҳизби НИТ, ин мероси пурифтихор ва пуршарафи падари бузургворам ва ёрони содиқаш ва ин ташаккули сиёсии муллоҳову домуллоҳои ришдори саллаву ҷомапуши тоҷикӣ, ки замоне ҷаҳонро тасхир ва маҷзуби кору пайкораш карда ва то ба иртифои дабири кулли СММ ва давлатҳои абарқудрате чун Русияву Эрон барояш қоил ва фиристодаи хос таъин карда буданд, имрӯзҳо, ба сад таассуфу дареғ сахттарин рӯзҳои худро мегузаронад.

Ман аз он нигаронам, ки агар ин тавр тадовум биёбад ҳизбе, ки таърих сохт ба экспонати таърих бадал мешавад. Ва, гуфтаи он нафар, ки мегуфт идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф, бо сад дарду дареғ таҳаққуқ пайдо мекунад.

Кӣ ба ин рӯзу ба ин ҳол афканд?

«Раиси шумо лидери рӯзи масоф, соати номусу нанг нест. Аз дарун мутаҳаввил ва муталошӣ кард. Онҳое, ки буданд доданд, онҳо, ки ҳастанд, гирифтанду мегиранд, ҳатто дар ҳамин амри мусоидат дар дарёфти паноҳандагӣ хосу омм ва ҳисобҳои ғаразолуд карда шуд».

Шуморе аз бузургони ин муассисаи бузург, бо таъкиди ин гуна фикру назар бар ин боваранд, ки девори Хитойро похсаи гилин кард ва сади искандариро ба проходной двор, ки метавонӣ қаҳбаеро дар Раёсати олӣ бубинӣ.

Ҳоло агар ҳамин аризаи шикоятӣ ба Лоҳа набуд, намедонам, чи мегуфтем? Ҳузури ҲНИТро ҳатто фабрикаи ҷавоб фаромуш кард.

Мо, сари мавқеъи худ устуворем ва ончиро, ки матраҳ кардем, дигар накардаем. Чунки ҲНИТ дигар на чеҳраи мазҳабӣ ва на либеролӣ дорад. На домуллову муллову имоме, ки битавон ӯро марҷаъ қарор дод, на либероле, ки гуӣ, ана муҳлати пешбинишудааш саромад, мардона бирафт.

Қаҳбае, ки на пояш, чи расад ба ҷояш дар риёсат бошад, узви Раёсати олӣ аст. Шарҳу тафсир зиёд намедиҳам, аммо бархе мегуяд, ки вай маъмуре дар кадом бахши кор будааст.

Хуб, ҳоло агар ҳамин тавр ҳам бошад, бигзор бо худат ва пеши худат бошад, на бо… лакка ва…

Навиштани ин сатрҳо барои ман душвор аст.

Вақте «валлоҳ» -ро ба боди масхара мекашанд. Ман узви қаторӣ ҳастам ва будам, бедареғ кор карда истодаам. Магар бояд раис бошам, ки бошам? Агар раис набошам биравам дигар, бераисӣ наметавонам.

Магар мешавад раиси муассисаи исломӣ бошиву боз гуӣ, ки фаришта нестам? Чи кор кардӣ, ки қиёс бо фариштаҳо кардӣ? Яъне инсон, раиси муассисаи исломӣ фаришта набошад ё бошад? Раис бояд намуна ва улгӯ бошад ё на?

Ҳама наҳзатиҳо яксара метавоннад бигуянд, ки фаришта нестанд? Ё фақат раис фаришта нест?  Маломатзада наметавонад раиси муассисаи исломӣ бошад.

Вақте аз инҷову онҷо таҳдид мешавад, ки «агар ба ҷои фалонӣ раис шавӣ…» , «ё даъвои раисӣ накун», «номзадиатро пешбарӣ накун»…чи мешавад гуфт ба ин вазъу ба ин ҳол? Дар ҳоле аслан чунин пиндоре аслан дар торпуди ман набуд ва нест. Ин ҳама выдумкаҳоро аз куҷо мегуянд он зангзанҳои хориҷӣ ва дохилӣ ва давлати Х ?

Чи гуна як қаҳба аз номи ҲНИТ паноҳандагӣ мегирад аммо фалонӣ намешавад? Фалонӣ ҳатто ба интервю даъват намшавад, аммо даъват ва таҳдид мешавад, ки агар раис шуди капат сӯхт. Инро чи гуна бояд фаҳмид? Мо подконтроли кием? Тамоми дағдаға ва ҳамҳамаи мо то ҷоест, ки иҷозат дода мешавад, ҳисобшуда аст? Барои мо хати қирмиз андохта шудааст? Мо, мухтору мустақил нестем? Моро, ки мудирият мекунад? Инсоф куҷост? Бо ин вазъу бо ин ҳол чи гуна ҳоло ҳам меистӣ? Ҳамаи ин ҳолатҳоро болои мо меоварӣ, чи кор карданиӣ?

Магар супоридану дар мақоми дигар истодан душвор аст? Ин вазъу ин ҳол ҷомаи кишварро ноумед ва нобовар мекунад, ки агар аз як ҳизб рафта натовонад чи гуна курсии давлатро медиҳад?

Ду чорсолӣ, ду панҷ ё ҳатто ҳафтсолӣ меъёри қонун аст ва онро мешавад байъат бо аъзо ва бо мардум гуфт. Байъат кардӣ, ки дар ҳамин муҳлатӣ, на беш аз ин. Сарҳаду марзи демократӣ чӣ шуд? Инҷо гап сари принсип ва аслу усул аст.

Мо, месозем, эҷод мекунем, зеро падарони мо сохтанд, сухтанд, аммо сохтанд. Мо дида истодаем, ки сохти онҳо, сохтмони ҳизби НИТ ҳоло он чизро, ки бояд медошт надорад. Такрор ҳам шавад боз мегуям, ки ин тавр нест, ки пропогандаи Раҳмонов аз роҳ бадар карда бошад, ин тавр аст ки эътибори онро аз дохил коҳиду коҳонд.

Афроде аз хайли Тоҷибоев садҳо, ҳазоронанд, ки хеле барвақттар навмед  шудаву рафтанд, чун НИТро табдил ба ниём кард. Ниём бо сад рангу хатту холу нақш ниём аст на шамшер.

Мутаассифона имрӯз ифтихори мо МУС-Додгоҳи байналмилалии Лоҳа мешавад, вақте ки он ришдорони ҷелакпуш водор карда буданд, ки ООН, чи расад ба Гаага, барои ҳизби НИТ фиристодаи вижа таъин кард. Инро мегуянд, ҳодисае, ки Шарқу Ғарб ёд надорад. Ва МУС моро намебарад аммо ООН бурда буд.

Хеле аз бародарон, ки дар саргаҳи ин ҳизб қарор доштанд ва риёзат ва уқубатҳои зиёдро мутаҳаммил шудаанд, муътақиданд, ки онро аз дарун тосонд ва тармиму таъмираш бо онки ҳаст, ношуданист. Вақте ҷигарат дар пеши ҳарду айнакат лахталахта, тикатика буридабурида аз даҳонат меояд, ҳеҷ табибу пизишке чорагар ва ҳеҷ дармоне илоҷсоз намешавад.

Онҳо мегуянд, ки дар муборизаи гарм набуд сангару ҷиҳодро надидааст. Дар ҳоле ки тараф камонбадаст ва фронтовик аст. Писанд ҳам накард ва писанд ҳам намекунад. Худо бадгумон накунад, инро ҳам шунидам, ки он солҳо Абдуҳалим Назарзодаро Раҳмонов «баччахонд» карда буд ва аз нақши Назарзода дар интихоби раис дар соли 2006 пештар як каме ишоратҳо шуда буд.

Ман ҷудоӣ ва дудаста накардам ва нахоҳам кард. Аммо ин гапро хезонидан, ки раиси ҲНИТ то имрӯз беалтернатива интихоб шуда буд бо имрӯзӣ сидқ намекунад. Ҷойгоҳи он ду бузургвор дигар буд. Яке падари биологӣ ва дигаре падари маънавӣ буданд, ки ҳазорон шогирду пайраву послодевател доштанд. Ҳар яке аз онҳо бо ҳазорон кас сарукала мезаданд. Аз вуруди чор нафар дар ҳайати Раёсати олӣ вараҷа дар андом доранд, чи гуна метавонад бар фарзе Артиши НИТ фармондеҳ бошад?

Ҳама созмонҳо дар даруни Наҳзати исломӣ паноҳ бурданд ва дар ислом зуру бозу ва ирода ва ҷасорати мубориза ёфтанд. ҲНИТ Русияро зеруру кард, сарҳадро убур кард, Қаротегинро гирифт, Помирро гирифт, Орҷоникидзеобод, Файзобод, Ленинский, Теппаи самарқандӣ, 9километрро гирифт ва омаду ҳукуматро гирифт. Наҳзати исломӣ худро узви таркибӣ накард. Ҳеҷ зонтик ва сақфе надошт, изо ва хиҷолат намекашид аз номаш балке ифтихор мекард, эҳсоси заъфу  хурдак будан надошт, китфи дигаре шонаҳои дигареро ниёз надошт.

Аммо ин бор мо даруни Паймон шудем. Онҷо ҳамаро дар гирдаш ҳалқа занонд, дар худаш даровард аммо ин бор муҳтоҷ. Чаро? Онҷо демократу Растохезу Лаъли Бадахшону Қозиёту шайхону уламои исломӣ наҳзатӣ шуданд, инҷо НИТ паймонӣ шуд. Чаро? Инро, ин вазъу ҳолро кӣ хост ё хостааст? Аъзо, аъзои Раёсати олӣ ва ё Раис? Мардум ҷавоб мехоҳад. Магар ҳизби НИТ маълулу маслуху маъюб аст, инвалид шудааст, ки ин бародарон асобағалаш бишаванд, чигасаш бошанд?

Ҳизб 50 сола шуд, ҳатто як ҷаласа ба ин муносибат доир накардем. Гуё он замон Амрико ва Урупо бо исломиҳо хуб набуд, аммо ҳоло Аҳмад Аш-Шаръ дигар кардааст.

Ман аз Худо мехоҳам, ки Мисру Мурсӣ нашавад, Ғанушӣ нашавад. Вале мо қабл аз онки гароишеро дунбол бикунем, он гароишро бояд бишносем, муътақид шавем, ки гароиш гароишест, ки аз умқи ҷонамон аст на руи забон. Аш –Шаръ ҳамин тавр аст.

Мо як роҳ дорем ва он роҳест, ки падарони мо тай намуданд.

Ҳоло агар онҳо бо ҲНИТ ҳукуматро дар панҷ сол ниманисфа карданд, мо дар даҳ сол як аризаи шикоятӣ ба ГААГА бурдем?

Ману ҳизби НИТ дар як манзил ба дунё омадаем. Бо бузургони он аз кудакӣ будам, болои зонувони онҳо мешиштам, аммо ҳоло ҳамин тавр шуд. Аллоҳ шоҳид аст имрӯзҳо сафаҳоти иҷтимоиро мехонам ҳар почакандаи аз адиру чул рехта ҳимоятгару ариза ба ГААГА бар шудаасту ба шакле мехоҳад писханд занаду худро помошнику ёвари аризадиҳанда мехоҳад муаррифӣ кунад. Аслан чашми чапам намепарад аз шумо кавданҳои як сента. Ман тули солҳо наҳзат гуфтаму ҳимояткарда омадам шумо ҳатто номгирифтан ҷой худаш мегуфтед илтимос дар хонаи ман номи наҳзатро нагиред,ки оилаам нафаҳмад. Имрӯз шудааст ҳимоятгару ёвари аризанавис….

Навиштани ин ҳама, савганд ба Аллоҳ, бароям сахт дарднок буд, аммо навиштам…

Сообщение Устод Нурӣ дар 5 сол ҳукуматро ба зонӯ шинонд Кабирӣ дар 10 сол Раҳмоновро ба ГААГА шикоят кард появились сначала на ISLOH.net.

Психологияи ҳаромкории 800 соларо чи гӯна решакан намоем?
Ё

Психологияи ҳаромкорӣ ба  фаҳмиши «тоҷикиш»

Ростӣ, то дербоз ба ин назар будам, ки бо фурӯпошии Шӯравиии оҳанинпанҷа ва қонунмеҳвару ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани тоҷикистониён дар мо, гӯё, ахлоқу рафтору кирдору амалкарду ҳаромкорию дуздию тағабозию ҷурму ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар «психологияи ҳаромкорӣ» (тоҷикиш кн) падид омада бошад, вале пас аз таҳлилҳои амиқу тулонӣ ва баррасию пажӯшиши осори аҳди Шӯравии тоҷикизабон ба ин хулоасаи ниҳонӣ расидам, ки ин миллат, ин менталитет, ин психологияи ҳаромкорӣ, ин тағабозӣ, ин тортуқгарӣ, ин хиштакҳаромӣ, ин дӯздии давлатӣ, ин изофанависӣ, ин ҳама бадбахтию беэмонию бадкирдорӣ, натанҳо сарчашмааш дар «фасоди идории Шӯроҳо», балки, ба ақабтар, ба аҳди давлатдории беқонунию сарҳӯйии манғитиён рафта мерасида аст. Ақаби ақаб равем, ин ҳама касофатҳову касофаткориҳо дар лашкари чингизиён ба соли 1220 вориди ҷаҳони поки тоҷикон шуд, ки имрӯз, пас аз гузашти 800 сол, дигар аз он покии тоҷикӣ чизе намонда, балки «тоҷикӣ кардан», эквиваленти «ҳаромкорӣ» карданро мефаҳмонад!

Ва имрӯз, ки як мушт зуррияи наҳси чингизтабор худро «тоҷик» номидаву бо амалкардии пасту палиди муғулонаи худ чеҳраи тоҷикро дар оинаи торихи навин нангину хадшадор кардаанд, чӣ бад кардаанд?!

Вале, аминам, ки ин ҳама рӯсияҳсозии мо – тоҷиконро ин нотоҷикони «тоҷикшумурдагон» қасдан доранд анҷом медиҳанд, то тоҷик баробари  «дузд», «қотил», «чумо», «тарсӯ», «камақл», «нотавон», «нотавон дар кишвардорӣ», «нотавон дар ҳизбу ҳарактдорӣ» «ақабмонда», «ҳероинфурӯш», «беимон», «танфурӯш» ва «террорист» бошанд.

Ин корро солҳост, ки русҳову узбекҳои Узбекистон амалан доранд анҷом медиҳанд: русҳо бо филми «Бригада», ки аксаран ин филмро дидаед намоиш медоданд, ки тоҷик як шеърро аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонда наметавонад!

Ҳероинфурӯш аст!

Мафиоз аст!

Дузд аст!

Бадкора аст!

Вале дар фарҷом ҳамагияшон сагмур кунонида мешаванд!

Ва миллати ҳувиятбохти тоҷик то ҳол мелофад, ки урусҳо дар филмашон мо – тоҷиконро «таъриф» кардаву шеъри Тӯрсунзодаамонро бозхонӣ кардаанд.

На, ҷанобон! Шуморо русҳо бо ин филм таҳқир кардаанд!!! Худ хабар надоред!

Аммо ҳеҷ зиёии ин миллат эътирозе накарданду онро пазирӯфтанд,ки чунонем.

Баргашт ба мавзӯъ…

Барои идомаи ин муъзали ахлоқӣ ва мушкилоти равонию психологияи ҳаромкории ин миллат-ҳо (ӯзбеку тоҷик дар нигар аст, чун ба аҳди манғитиён сар занем) -ро решаёбӣ кардан, боз ҳам ба осори парокандаи мунавварфикрони охиири асри 19-у аввали асри 20, ки саромадашон Аҳмад Маҳдуми Дониш аст, руҷуъ кардааму боз ҳам аз аъмоқи ин осор нидои ҷонгудози мунавварфикрони ислоҳотхоҳи тоҷикро шунидаам, ки ба як садо нидо медиҳанд: ин Аморати Бухоро, ки «шариф»-аш мехонанд, «Шаҳристони Лут» асту ин миллат, ки «миллати баргузида»-аш мехонанд, миллати «ҳаромкор» гашта аст. Аз амиру вазир то тоҷиру ҳокиму беку понсадбошию амлокдору миршабу ҷаллоду харбонаш, ҳамагӣ расми «корчалонӣ»-ю» «даллолӣ»-ю «миёнҷигарӣ»-ро рушд додаанд, ки вабои ин кишвардорист.

Оне кораш хоҳад саришта ёбад, ба «восита», «миёнрав», «корчалон», «ҷаллобу даллол» бояд ришват диҳаду он бадбахт, ки худро чун  «воситаи байни Амиру кабиру вазиру надим»-у «коруфтодагону арзудодхоҳону ҳақиқатталабон» — бо мардумон, фуқароёни амир, карда аст, кори ӯро сомон диҳаду мушкили ӯро, агарчи ҷиноят ҳам карда бошад, осон созад. Барои ин ҳама «миёнаравӣ» албатта ришва, пул, маблағ, тангаву тилло додан зарурат буд.

Ба гуфти Садриддин Айнӣ ин шахсияти шумрӯро тоҷикон, дар он замон, «Ҷабраили дурӯғин» меномиданд. Дар ҳоле Ҷаброили амин асту Аллоҳ ӯро амин гуфтааст. Ин туда яъне гӯё расонандагон ё воситаҳои дурӯғин будаанд.

Гову бузу гуспанди гирддунба «ширинкорона» тақдим кардан зарурат буд, агар толиби вазифаву ҷоҳу ҷалолу зиндагии мураффаҳу обруву ҷойгоҳу маконату зиндагии волотаре мебудаанд, бар замми тангаву тиллову гову аспу хару гуспандон, мебоист як-ду гулдухтари дӯшизаи худ, ё дигаронро ба расми «тортуқ» бо «туқуз-туқуз» (туқуз ё тоқуз,ки мегуянд ин рақами 9 аст, ки назди ҳокимони муғултабор хосияти асроромезе дошт, ки ҳар ҳадияи олиеро бояд 9-то, 9-тоӣ мепазируфтанд. Масалан, амири девонаавзоъи Бухоро, Музаффархон аз таззори рус талаб карда буд, ки барош аз духтарони «ғаниматгирифтаи словянӣ» 9-то фиристаду ин талаби аҳмақонааш радд гашта буд), амволу матоъу ҷомаву «сару тан» фиристанд, онгоҳ кордашон рӯи равғани миллати фақир мечархид; як додаашонро аз фарқи сари ин миллати ҷафокашидаи торих, ҳазор карда мегирифтанд!

Аз ҳамин рӯ буда, ки миллати тоҷик аз нониқоқхӯрӣ қоқу як идда тайлоқи духтарфурӯши бешараф  шуда буданд – чоқ !

Ин бадбахтӣ, мутаассифона, бо барҳам хӯрдани Аморати Бухоро барҳам нахӯрду чун дигар «психологияи ҳаромкорӣ» аз Аморат ба Шӯравӣ, ки ядрои асосии ғуломонашон ҳамоно Осиёи Марказӣ буду аз ин кишварҳои 5-гонаи мусулмонкеш тамоми ашёи хом, сарватҳои нодири табии, пахтаву гандуму боигариҳои табиии лозимаро  — аз сурма то урану алюмин мекашиданду мебурданд, сироят кард.

Русҳои болшевик ҳам, ба ҷои ин «миллатҳои ваҳшисифат»-ро чун худ «бомаданият»-у аврупоӣ кунанд, омаданду дар «чайхана»- чай заданду дар «ашхана»- аш.

Пасон, диданд, ки бо он ҳама принсипҳои сахтгиронаи Марксию Энгелсӣ рӯзашон хуб намегузарад, аз осиёиҳо, ки мо ҳастем, дасти пир гирифта, «психологияи ҳаромкорӣ»-ро кам-кам, тадриҷан аз худ карданд – аз ғуломонашон омӯхтанд! Чун ин ғуломон 700 сол қабл аз хоҷагони чингизияшон ин ҳама ҳаромкорию ҳашарро омӯхта буданду ин русҳо, боз, ба ғуломонашон «колхозникӣ»-ро омӯзониданд!

Русҳо омада буданд, ки ин «ваҳшиҳо»-ро «одам» кунанд, вале ба нигар омад, ки ин «ваҳшиҳо» он қадар ҳам ваҳшиҳои тупой нестанду шиорҳои пухтаи торихие чун: «Пора санги хораро об мекунад»-ро хуб дарк мекунанд.

Ва ин ҳама «тортуқбозӣ» дар аҳди Шӯравии «адолатпарвар» чун заҳри мори манғитӣ дар баданаи ин давлатдории «русӣ» низ сироят карду ин кишвари «принсипнок»-и душмани «ҳаромдастӣ»-ро дар муддати кӯтаҳи торих, ба як кишвари саросар «ҳаромкор», ришвахор, тағабоз, ҷӯраву ҷаҳмандбоз, миёнаравбоз ва гуспандҳадягиру асптӯҳфагиру вазифафурӯшу рӯйхотирбину изофанавису дурӯғгӯву миллатфиребгар;  дар фарҷом ба як катаклизмаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молӣ, эътиборӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, принсипнокии фурӯҳишта, обрӯрехта, нотавон, худбохта, ношоиста, ноӯҳдабаро, ноқодир, ва варшикаставу муфлис оварда расонид!

Оре, ман имрӯз бо он ҳама далоиле, ки аз аҳди Аморат, Империяи Таззорӣ, аҳди Шӯроӣ ва пасошӯравӣ дар даст дорам, иддао мекунам, ки ҳам Таззорҳоро, ҳам амирони Манғитро, ҳам Болшевикону Шӯроҳоро ва ҳам рӯзе ҳокимони кунунии Осиёвиро ҳамон вабои торихие сарашонро хӯрду мехӯрад, ки номаш гузоштаем: «Психологияи ҳаромкорӣ», «рӯҳияи ҳаромхӯрӣ», «ришва», «пора», «миёнарвӣ», «корчалонию даллолию ҷаллобӣ»-и дар ҳама сатҳҳои кишвардорӣ!

Ҳамин гумонро Таззорону Амирони тортуқгир доштанд, ки гирифтани тӯҳфаву ҳадяву «тоқуз-туқӯзҳо» чӣ таъсир ҳам дар раванди кишвардорияшон, ки сахт «мустаҳкам»-у «мардумию» пойбарҷосту бар рӯи найзаву шамшеру пулемётҳои Максимаву карабинҳову қарамилтиқҳо сари ҷост,  доштан метавонад? – ҳеч!

Вале, ҳамин «ҳеч» ин ду кишвару ҳазорон «ходимони баруманди давлатӣ»-яшонро шармандаву рӯсиёҳи торих карду ҳамин «ҳаромкории иқтисодии ҳечу пӯч» хунашонро барҳадар дод!

Ҳамагӣ маҳву нобуду қир шуданд. Инҳоро штикножҳои калтакдорони сурх на, балки ҳамин «психологияи ҳаромкорӣ»-яшон дар фарҷом ба хоки зиллат кашонид.

Вале ин мори заҳрогини манғитӣ, ки аз Бухорои Шариф, ё ба таъбири аллома Аҳмади Дониш «Шаҳристони Лӯт» сар бароварду пас аз шикасти Аморати Бухоро дар соли 1868 ба пас, ва вассали Русияи Таззорӣ шудан, ба кохи Император, дар остину домани «ҳайати сафорати амирони Манғит» ба Петербург ворид гашту хонадони дарозумри Романовҳоро, саранҷом, заҳролуди фасоди молӣ карда, ба дасти В. И. Ленин барандохт.

Пасон худи ин «кишвари беқонунӣ» ҳам зеру забар гашта маҳву нобуд гашт.

Вале ин мори заҳрогини «ришваву порадиҳӣ», танҳо рангу пӯст иваз карда, аз зери харобаҳои Бухоро, дубора сар бардошту ин дафъа дар домани Ҷавонбухориёну Ҷадидони шӯроишуда, вориди ҳам Тошканду ҳам Душанбеву ҳам Кремлину ҳам Остонаву ҳам ҳамагӣ 15 кишвари Шӯроӣ шуд!

Дар остини Босмачиҳо бошад то ба ақсо нуқоти олам рафта сироят кард.

Амири тортуқгири  Бухоро – Олимхон бошад то дами марг бо ин муфтхӯрии одатӣ зисту мурд! Дар ғурбату дарбадарӣ ҳам ҳамин ифлоскориҳоро мекарду мекард!!

Бизнес мекарду «соҳибкори ватанӣ»-и рақами як дар Афғонистон шуда буд, дар пӯсти қарақулфурӯшӣ!

Ҳамеша босмачиҳоро фиреб медоду гӯл мезад, ки ҳаминак «кумаки фарангиҳо» мерасаду мо Московро рафта фатҳ мекунем!

Ҳамон ваъдаҳои дурӯғу шайтанатеро мекард, ки имрӯз Раҳмоналӣ-хони навманғити дашти Олимтой бо ману шумо мекунад!

Дар воқеъ бошад, на парвои миллат, давлат, ободӣ, шукуҳ, пешрафту тараққиёти Бухорои Ғарбию ҳаминак Шарқиро Олимхону Эмомалӣ-хону Рустам-хон доштанду доранд!!

33 сола аст, ки аз «фаровонию серию пурию барқи доимию ҷои кору болоравии маошу некӯаҳволию осудагию амнияту боигариҳои табиӣ»-ю ҳазору як балову батар парту палохонӣ дорад, вале ба ҷуз сирқату дуздию пулшӯию ҳаромкорию хиштакҳаромию хиёнату зулму бедоду ситаму ҳаққимардумхорию оворасозию кинхоҳию қасосгирию ҷанг бо мо, кореро аз пеш набурд!!  Ҳамаро бо шиори «ба пеш» ба гӯри падари номаълумаш, ба нокучо бурдан дорад!!

Олим-хони манғит ҳам 10 сол дар Бухоро ва  24 сол дар ҳиҷрат ё ғурбат ё фирор (ҳарчи биномедаш), миллату пайравонашро гӯл заду каллаи хар кард, ки имсол ислоҳот мекунам, соли дигар маъорифу мактабҳои замонавӣ месозам, имрӯз рӯзномаҳоро бозкушоӣ мекунаму фардо ғами миллату раъиятро мехӯрам. Вале, дар асл ҷуз ғами шаҳвати худу шиками бастагону тамаллуқкоронаш дар фикри касею чизею ватану миллате набуд! Ва ақлаш ҳам ба ин чизҳо намегирафт, ҳамон гуна ки имрӯз ақлонияти Шарипчақури говбон ба ин масоили ҳаётан муҳими давлатдорӣ намерасад. Расад ҳам ба нафъи худу хукзодаҳои гирду бараш, ки нест, аз он сарфи назар карда, бо он душманӣ ҳам дорад!

Тамоми осори муҳаққиқони ин аҳди 70-сола, хусусан аврупоиҳо ба ҳамин самт ишора мекунанд, ки Шӯравиро низоми молии фасодгаштааш дарҳам кӯбид, вагарна аз ҷиҳати низомӣ ҳамто надошт.

Вале ҳамин мори заҳрогини тоҷикӣ-ӯзбакӣ, «порадиҳӣ» ва амсолаш, дар гиребони аскарҳои шӯроӣ, рӯи БТР-у БМП-ву тонку ҳавопаймоҳошон, вориди Кобулу Қандаҳору кулли Афғонистон ҳам шуд.

Аскарҳо, «духҳо», «душманҳо»-и шӯравӣ, ки аксаран, боз ҳам аз табори ҳамон тоҷику ӯзбаку дигар «Осиёиҳо» — аз насли ҳамон амирону фуқароёни Бухорову Хеваю Хӯканд буданд, боз ҳам ба ҳамон «хуни ҷазир»-у «психологияи ҳаромкорӣ»-яшон, албатта бо ҳамдастии русҳо, тамоми заминаҳоро барои «шикасти худ дар хоки Хуросон» анҷом доданд: пора доданд, аз афғонҳо афюну бангу чарс дар ивази тиру силоҳ  гирифта, чун манғитиён – аҷдодонашон, чилим заданду зино карданду таҷовуз карданду тороҷ карданду ҳамдигарфурӯшӣ карданду миллионҳо рублро барбод доданду ҳамагӣ ба ҷои ҷанг, мағоза  ба мағоза пайи «ҷинс», «кожинка», «радиои ҷопонӣ», «матоъҳои ҳиндӣ» ва ҳарчики дар Шӯравӣ мамнуъулфурӯш буд, мегаштанду бо ҳар қиммате чун аскарҳои амирони манғит «тоҷирӣ» мекарданд. Бартер мекарданд – силоҳу тӯфангу гулӯлаву норинҷак дода, либосу хуроку ҳашиш мегирфитанд!

Кореро мекарданд, ки тӯли 33 сол аст, афсарону гейнералҳои тоҷики ҷангнадида бо хӯроку сарутани (экипировка)-и аскарҳо раво мебинанд: медузданд!

Садақаҳоро «гум-помош» номида «гум» мекунанду ҳаққи гадову камбизоатонро аз ин садақаҳои хориҷӣ чун Олимхону дигар оқипадарон медузданд. Чун «духҳо»—и шӯравии вориди Афғонистоншуда обулой мекунанд!

Боз ҳам ҳамин мор дар гиребонашон, сархам аз дарёи Омӯ баргаштанд – фирор карданд!

Ин мореро, ки муғултаборон ба соли 1220 ба пас вориди ин минтақа карданд, то кунун касе ёрои саркӯб карданашро надорад. Баръакс, ҳамагӣ тӯъмаи он гаштаанд!

Ҳар ҳукқмату давлату режиме, ки дар ин 800 соли охир вориди ин марзу бум шуд, дар фарҷом аз заҳри қаттоли ин афъӣ ба фано рафт, ки рафт!

Агар ба танзи машҳӯри Майсам Мутиъӣ, ки сербинандатарини танзҳост, як каме тағйирот дароварем мешавад:

20, 30 чист? Ҳамон «мор», ки дар остини мост!

Ҳаромкор, хоктусар холӣ мебандад чапу рост!

Ин ҳама Таззорию амирию шӯравӣ ҳам, рафт, ки рааафт…

Навбати Эмомалист, ин харандом ҳам сарнагун хоҳад рафт, ки раааафт!

Ва кунун ин мор дар қасри Раҳмон Хон лона гузоштаву тухмаи наҳсаш бор оварда аст.

Режими Раҳмоновон рӯи ин се гӯшаи наҳс бино шуда:

Шиносбозӣ (воситабозӣ, тағагароӣ)

Сохтакорӣ (гузоришҳои бардарӯғу ҳисоботу статистикаи бардурӯғу паёмҳои дилбазани тӯлонии бемаънову пӯчу фачу мардумфиребӣ, будҷети касрӣ )

Бепарвоӣ (бхр, бдзд, бчар, бпар, бгард – пока фурсатай)

(Оид ба зарару зиёну торихи пайдоишу густариши ин 3 ҳолату падидаи нангини кишвардории тоҷикон, дар гуфторҳои баъдӣ маълумоти муфассал хоҳем дод).

Кунун, ба фарҷоми таҳқиқи хеш наздиктар мешавем, вале барои шинохти ин қазияи «сархури кишварҳо»-е, ки замоне дар ин маҳдуда барпо шуда буданд, ё чун Таззорҳову Болшевикҳо вориди он шуда буданд, ё бо Афғонистон бо ин «психологияи ҳаромкорӣ» юриш бурда буданд, ҳамагӣ маҳву нобуд гаштанд, аз неши ин «ҳаюлои бадкеши қаттоли сархор», ҳаминро илова карданием, ки ин «балои сархӯр» ҳатман сари Раҳмонову дуздони гирду бар ва миллати тоҷикро хоҳад хӯрд!

Агар огоҳона саркӯб ё ислоҳ нашавад

Ин тарзи давлатдориро, ки чингиззода Эмомалӣ аз «отамиз»-аш И. Каримов, ҳангоми иштирокаш дар «дарсҳои давлатдорӣ» сабақ гирифтаву гумон карда, ки Каримов барояш роҳи дурусти «давлатдорӣ»-ро, ки нусхабардор кардани низоми фартуту фатаротрафтаву корношоями манғитиён будро нишон дода буд! Дар ҳоле ки худи И. Каримов ва инак Мирзиёев асло ба услубу тарзи кишвардории пӯсидаи манғитиёнашон барнагашта, балки ҳамеша рӯ ба сӯи беҳбуду ислоҳоти ҳамаҷонибаи кишвардорӣ майл медоштаанд.

Вале ба ин архари дастнишондааш таълим додаанд, ки ҳо, Шарипович, роҳи дурусти давлатдорӣ ҳамоно ҳамон Бухорои пӯсида аст.

Далелам ҳамон сухани Каримов ба намояндаи Амрикост, ки вақте «Ҷаноби олӣ»-яш хитоб мекунад, мегӯяд: ин унвонҳои манғитиро ба Шарипчақур гӯед, ба ман ин алқоб писанд нест. Чун Каримов ин «шогирд»-и духони харақлашро хуб медонист!

Чаро? – чунки ин оркестрони пуртаҷрибаи султахоҳ ҳеч гоҳ розӣ нестанд, ки тоҷиконон кишвари пешрафта ва воқеан озоди демократӣ ва рафоҳияту некрӯзӣ дошта бошанд, чунки орзуи дар оянда «якҷо» кардани Бухорои Ғарбӣ бо Бухорои Шарқиро дар сар доранд!

Ин олами сиёсат аст;  ҳар миллати зарангу огоҳу пухта кӯшиш мекунад, то дигар миллатҳо ва кишварҳои аз худ заифтарро тобеи иродаи сиёсию иқтисодаш қарор диҳад, вале ин ландаҳӯри говбони колхозник ин фаросатро надорад, ки ин «сабақҳои отамиз»-аш аслан бар зарари худу бастагону миллату кишвараш рӯзе анҷом меёбад!

О, ту падарсаг чун Олимхону Кӯри Шермат аз ин маҳдуда мегурезед, вале ин 10 миллион  тоҷику тоҷикистонӣ дигар ҷое барои фирор надоранд.

Эй мардум, нашавад, ки дер шаваду пасон ҳасад баред, ки чаро фурсат аз каф нарафта буд, ин хармағзи арусаку худшефтаи бемағзу дузди ватанфурӯшу беаслу таборро сарнагун накардем!?

Ин гови рӯи курсиро ба зер бояд афканд!

Ҳама мусибати мо аз дасти ҳамин хари тавқилаънатдор бар гардан асту бас!

Барои тадқиқи ин қазия, лутфан, асари таҳлилии пурбаҳои устод Урӯн Кӯҳзодро зери унвони «Ахлоқи воло, дафъи бало» бо диққат мутолиа кунед, бошад, ки ин мори даруни остинамонро, ки асрҳои мадид аст моро неш мезанад, раҳову саркӯб кунему аз ин «психологияи ҳаромкорӣ» ва «ҳаромхорӣ», зимнан, раҳо ёбему ҳампои кишварҳои аврупоию Осиёи Шимолӣ-Шарқӣ шавем.

Лаънат ба Чингизу Чағатою Угатою Ҳолекуву дигаронашон, ки ин наҳсиро вориди маҳдудаи мо кардаанд!

Вале онон —  ку мурданду рафтанд, аммо чаро мо, ҳукуматдорон, мансабдорони порахӯру ришвагир, пешвои мансабфурӯшу барқфурӯшу кунфурӯш, низомиёни муғулнажоди дорои ҳамин рӯҳияи чингизӣ, ки худро «тоҷик» меноманд, ҳоло ҳам, дар асри 21, пас аз гузашти 8 аср, 800 соли расо, аз ин «мор», аз ин «вабо», аз ин «шармандагии торихӣ» дасту дил канданӣ, чун миллатҳои шарофатманду покдилу ҳалолхор, бидуни тортуқу ришваву пораву тағобозию воситагариву руйхотирбинию авлодгароию маҳалгароӣ , давлатравоӣ кардан намехоҳанд! Ё наметавонанд?!

Омода нестанд, ки кишварро аз печиши ин мори сиёҳи пири 800 — солаи чингизӣ наҷот дода, бо принсипҳои мардумсолорӣ, инсонгароӣ, ахлоқи идорӣ, шарофати кормандӣ ва бидуни ягон намуд «тиҷорати мансаб», кори давлатро пеш баранд!

Дидем, ки ин навъ давлатдорӣ моро то ба куҷо оварда расонид, минбаъд ҳам ҳол аз ин табоҳтар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, эй мардум, бархезеду ин давлатамонро худамон соҳибӣ карда, ин мори фасодро барандохта, дар ин марзубум Демократия, Ҳуқуқбунёдӣ, Адолати Иҷтимоиро бароҳ меандозему ҳама гуна мансабфурӯшӣ, хокиватанфурушӣ, қарзгирию гадоӣ аз хориҷиёнро барҳам дода, маблағҳои дар оффшорҳо анбоштаи ин дуздони худозадаро ба кишвар баргардонида, тортуқу пешкашу тӯҳфаву ҳарромкориву коррупсияву авлодбозию авлоддавлатдориро решакан карда, зимоми давлатро ба дасти хеш гирифта, ҳама гуна табъизи нажодӣ, динӣ ва ҳама гуна ҳошияронии инсонҳои фарҳехтаву огоҳи ин миллатро ба поён расонида, зиндониҳои сиёсии бегуноҳро озод намуда, иқтисодро аз зери инҳисори авлоди гадозодаи дузд раҳо бахшида, дар тамоми идораву ниҳоду вазоратхонаву дастгоҳҳо ислоҳоти саросарии озмудашуда ба роҳ мемонем.

Ҳар киро дар ҷои худаш ҷобаҷо кунем: харбонро – харбон, сагбонро – сагбон ва дуздро – зиндон интизор аст!

Бошад, ки мо ҳам рӯзи хушу хотири ҷамъу дили беғаму сари буландро бинем!

Роҳи наҷот яктост : ҳамин роҳ аст. Дигар роҳҳо ҳама бероҳаанд!

Сообщение Психологияи ҳаромкории 800 соларо чи гӯна  решакан намоем? появились сначала на ISLOH.net.

Илми Тоҷик мурд, ҷанозаашро хонданд!
Эмомалӣ Раҳмонов на фақат дар давлату давлатдорӣ, на фақат дар ҳукумату ҳукуматдорӣ, балки дар илму маориф ҳам ганд зад, ҷиғелу ҷазир кард. Як нафареро оварду Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин кард, ки ба ҷуз аз маҳалли таваллудаш, зодгоҳаш ҳеҷ тафовуте бо як омузгори одии донишгоҳ надорад. Кадом осору асару ихтироъоти илмӣ, ки мутафовит бошад, надорад. Баръакс исму ному шахсияти вай дар шумори онҳое аст, ки «Диссернет» ба асардуздӣ, ба плагиат муттаҳам кардааст.

Ёдатон бошад ҳамин Раҳмонов дар моҳи марти соли 2020 дар суҳбат бо зиёиён аз чиҳил маврид асардуздии олимони тоҷик, ки пойгоҳи «Диссернет» ошкор карда буд, интиқод кард. Вай дар Кохи Борбад 18 март гуфта буд,ки «маълум мешавад, баъзе аз унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд.»

Ин ҳарфҳоро Раҳмонов дуруст дар он вақте гуфта буд, ки ҳамин Қобилҷон Хушвахтзода, ки акнун Президенти АМИТ таъйин шуд, тоза курсии ректори Донишгоҳи миллиро бо як фармони Раҳмонов ба даст оварда буд. Аммо ҳамон шабурӯзҳо буд, ки вай ба яке аз «персонаж»-ҳо ё «образи манфӣ»-и «Диссернет» бадал шуда буд. Тайи ин се соли ректорӣ Хушвахтзодаи ҳамшаҳрии Эмомалӣ Раҳмонов чи дастоварди илмие дошт, чи ихтирое кард, ки яку якбора аз курсии ректорӣ ба курсии президентии Академияи улум нишаст? Бори дигар таъйид ва тасдиқ шуд, ки Раҳмонов ин қадр ба маҳаллу ҳаммаҳалҳояш шароиту имконият медиҳад, ки тамоми Тоҷикистон бояд дар дасти ҳаммаҳалҳои вай бошад. Шумо худатон қазоват ва хулоса кунед, ки магар ин мардака, ки асардуздиаш дар тамоми олам ифшо ва ошкор шуд сазовори роҳбарии Академи илмҳои Тоҷикистон аст? Ба ҷуз аз маҳал далели дигари Раҳмонов барои таъйини Хушвахтзода чист? Нафаре, ки дар илм ҳиҷ нуфузу ҷойгоҳу мақому мартаба ҳатто дар худи ҷумҳурӣ надорад, чи тавр мешавад ӯро раиси олимон монд. Раҳмонов сатҳи ҳамачиро то сатҳи худаш овард, ҳамин Академияро ҳам оқибат то ба ин сатҳ хамбонд.

Ва, инак бори дигар шинос бишавед, ки Президенти АМИТ кӣ аст:

Мақоларо аз шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон оғоз мекунем. Инак Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар гузашта Барфиев Қобилджон Хушвахтович 5 ююни соли 1982 дар Данғара маҳалли таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов ва Асадулло Раҳмонов (Сумбулоғо) таввалуд шудааст. Соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1999 мактаби миёнаро хатм карда ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст. Тарҷумаи ҳоли пураашро метавон дар саҳифаи Академия Илмҳои Тоҷикистон дар ин суроға мутолиа кард: https://anrt.tj/tj/rajosati-ai-t/ro-bariyati-akademiyai-ilm-o/prezidenti-ai-t

Аммо барои ман ва шумо он тарҷумаи ҳоли бардуруғу сохтааш лозим нест ва ҳоло ман мехостам оиди кори илмиаш дар аввал сухан бикунам. Хушвахтзода Қобилҷон диссертасияи худро 24 апрели соли 2010 ҳимоя кард. Мавзуи диссертация: “КОНКУРЕНТОСПОСОБНОСТЬ ДЕХКАНСКИХ (ФЕРМЕРСКИХ) ХОЗЯЙСТВ В УСЛОВИЯХ МНОГОУКЛАДНОЙ ЭКОНОМИКИ : НА МАТЕРИАЛАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН” (Расми 1).

Расми 1.

Маънба(Саҳифаи 2):https://new-disser.ru/_avtoreferats/01004721857.pdf

Аммо ин диссертасияи академики Тоҷикистонро дар саҳифаи диссернет, ки фоизи плагиати корҳои илмиро меомузад, дарёфт кардем. Яъне каме бифаҳмонам ин чи маъно дорад. Дар олами илм дар вақти навиштани кори илмии худ агар фикр, ягон рақам, формула ва ғайра аз они худи муаллифи асар набошад, ӯ бояд ҳатман манбаъи аз куҷо будани фикр/рақам/формула ва ғайраро дар охири кори илмӣ бинависад. Яъне ба унвони сарчашма ва маъхази илмӣ, ки муаллиф ба ҳангоми навишти рисола аз он истифода намудааст. Агар на, инро плагиат ё дуздии фикр мегуянд. Дар вақти навиштани асар/реферат/диссератасия шахс ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ҷумла ба ҷумла ва ё калима ба калима аз дигар кори илмӣ копия/руйбардор бикунад. Инро бояд роҳбари кори илмӣ назорат бикунад. Ва, ин аз аввли дунё ва дар тамоми мамолики олам роиҷ аст, ки овардани фикри дигарон ба унвони иқтибос дар тақвияти фикри худ, бояд ҳатман тазаккур шавад. Афсус ки дар Ҳукумати узурпатории Раҳмонов мақомдорон ҳатто фикри дигар шахсро медузданд!

Шахсан муаллифи ин мақола донишгоҳҳои Амрикоро хатм кардаам ва ҳатто дар вақти навиштани корҳои курсӣ агар аз 10%-15% фикри дигар касро менавиштем, профессорон корҳои моро тамоман қабул намекарданд. Дар донишгоҳ барномаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки корҳои моро санҷида мебаромаданд, барои пайдо кардани фоизи фикрҳо/ ҷумлаҳои аз дигар манбаъҳо.

Манбаъи мо диссернет нишон медиҳад, ки фоизи дуздии фикр аз тарафи Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон, муҳтарам доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон хело баланд ҳаст(Расми 2).

Расми 2.

Маънба: https://www.dissernet.org/expertise/BarfievKH2010?ysclid=lsqegfipm7457354499

Худ хонанда ва ё бинандаи азиз қазоват кунед(Расми 3).

Расми 3.

Чи тавре ки мебинем аз 134 саҳифаи диссертасияи Академик ва акнун Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 92 саҳифаи он аз дигар диссертасия ё манбаъи дигар дуздӣ шудааст!

Биёед якчанд намунаро аз кори илмии АадемикиТоҷикистон мехонем.

Расми 4a.

Расми 4а, намуна аз диссертасияи академик Қобилҷон ва Расми 4b намуна аз кории илмие, ки дуздида шудааст ва ба қалами муаллифи дигар мутааллиқ аст.

Расми 4b.

Саҳифаи 35 аз кори илмии академик Қобилҷон(Расми 4a). Чи тавре ки мебинем ин академики Раҳмонов ҷумла ба ҷумла ва ҳатто калима ба калима аз асари дигар шахс дуздӣ кардааст.

Маънба: https://wiki.dissernet.org/wsave/BarfievKH2010/1026.html

Боз каме пеш меравем ва намунае мегирем аз кори илмии академики тоҷик Қобилҷон. Бояд қайд кард, ки манбаъҳои ҳама фикрҳо оварда шудаанд ва ҳар як шахс метавонад худ низ вориди ин манбаъҳо бишавад ва бисанҷад.

Расми 5a.

Расми 5а, ин намуна аз саҳифаи 76-и кори илмии Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон, ки асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамин чанд ҳафта пеш ба ин мансаби муҳим таъин кардааст. Оё як асардузд ва олими хасакӣ чи метавонад бикунад? Бо чи руе аз олимони дигар натиҷаи кор мепурсад? Акдемияи илмҳоро магар ба як дуздхона бадал намекунад?

Акнун дар расми 5b нигаҳ мекунем, ба манбае, ки аз онҷо академики Раҳмонов барои рисолаи илмиаш дуздидааст. Бояд қайд кард, ки дар асл ин кори илмии як олими рус аст ки оиди яке аз вилоятҳои Русия навиштааст. Аммо ин асардузд ва порахури Раҳмонов аз ӯ ҳам фикрашро (идеяаш) дуздидааст ва ҳам ҳатто ҷумлаву калимаҳои он олими русро беибову беҳаёёна дуздида ва дар рисолааш ҷо додааст, ки барои илми тоҷик, барои меросбарони Синову Беруниву Хоразмиву дигару дигар, барои Айнӣ, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Улмас Мирсаидов, Собит Неъматуллоев ва Фарҳод Раҳимӣ як шармандагист. Ҳатто дуруст дуздида наметавонад, яъне, ки фикрро дуздидӣ ҳадди ақал бо суханҳои худат ва ба иқтисоди Тоҷикистон мутобиқ карда бинавис. Бовар кунед, то ин дараҷа бесавод аст, калима ва ҷумларо иваз карда наметавонад. Ин нишонаи нотавонӣ ва аҷзу заифӣ аст академик Қобилҷон!

Расми 5b.

Маънба: https://wiki.dissernet.org/wsave/BarfievKH2010/1063.html

Магар бо чунин академики дузд илми тоҷик ояндаи дурахшон дорад? Ҳоло ман оиди мавзуи кори илмиаш ва ихтисосаш тамоман сухан накардаам! Ман шахсан дар донишгоҳи Тоҷикистон таҳсил кардаам ва аз руи таҷрибаи ҳаёти худ медонам, ки фасодзадатарин факултаҳо ин: молия (фин кредит), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (бугалтерский учёт и аудит) ва ҳуқуқ аст. Зеро ин факултаҳо шуъбаҳои ғоибонаро ҳам доранд. Ҳама донишҷуён медонанд, ки касе ғоибона мехонад, аксарият бо пора зачету имтиҳонҳои худро месупорад. Ҳоло ин ки академики Раҳмонов, Қобилҷон Хушвахтзода аксарияти ҳаёти кории худро дар факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит гузаронидааст! Худ фикр кунед ва баҳо диҳед, ки дар чи қадар порагирӣ ва пора додан ин шахс даст дошт! Ин шахс дар ҳақиқат дар илми ришвату пора академик шудааст, таҷриба ва малакаи кофӣ ҳосил кардааст.

Акнун як суол ба дигар академикҳо, албатта, агар академикҳои ҳақиқӣ монда бошад. Оё шумо ҳуқуқи интихоби Президенти худро надоред? Чаро ҳатто президенти академияро як тракторчии аблаҳи порахури УЗУРПАТОР таъин мекунад? Чаро шумо мурдаҳои фикрӣ ва мантиқӣ як бухгалтерро ҳамчун президенти худ қабул кардед? Оё шарм намедоред?

Фарҳод Раҳимӣ бо ҳама камбудиҳояш бо физикаи назариявӣ машғул буд, ин аблаҳи ҳозира чи? Агар бо ҳамон лаҳҷаи кучагӣ гуем як ҳисбокунак — калькулятор, ки танҳо дебиту кредитро мефаҳмад, на беш!

Мо он ҷавононе, ки дар хориҷа унвонҳои худро ҳимоя мекунем баъд аз Инқилоб бар гуратон туф мекунем! Ба чунин академикҳои мурдафикр! Ба он академикҳои чоплусу танҳо шиками худро фикр мекарда! Ин миллат номи шумоҳоро дар қатори ҳамон золимоне ,ки ботинан ин миллатро мекушанд, номнавис мекунад! Шумоҳо зеҳнан ин миллатро нобуд карда истодаед, танҳо барои шиками худу авлодатон ба пора зачету имтиҳонҳоро мегузоред! Барои як бурда нон аз дастархони хоини миллат Эмомалӣ Раҳмонов нафақат худро бо замин яксон кардед, балки авлоди худро шарманда кардед. Ман тарафдори ақидаҳои Ленин нестам, лек акнун мефаҳмам чаро ӯ мисли шумо чоплусони дарбориро ба як киштӣ бор карда аз Русия бадарға кард! Ман то ҳол дар ёд дорам чи гуна яке аз ҳамон ба ном академикон барои зачет китоби таърихи худро ба ман фурухта буд! Нафрат бар шумо!

Замона хело ва хело пеш рафта истодааст, куҷо корҳои шумо оиди мавзуъҳои гуногун ?

Куҷо он биологҳо бо фикрҳои муосир? Куҷо тухмиву дарахтон, ҳайвонҳои ба иқлими мо мутобиқ карда шуда? Куҳҳоро намебинед пур аз эрозия ва ҳар сол сел мезанад деҳаҳои Ватанро. Куҷо он дарахтоне, ки ба иқлими мо мутобиқ карда шуда? Куҷо тухмии он хурокиҳои чорпо, ки дар доманакуҳҳои мо мутобиқ карда шудааст?

Математикони амалӣ куҷо корҳои шумо? Куҷо алгоритму дигар маҳсулоти фикрии шумо? Ё илми шумо то асри 20 буд? Чаро математикаи дискретиро пеш намебаред, то ки беҳтарин алгоритмҳоро барои суперкомпютерҳо аз номи мо ба бозори ҷаҳонӣ барояд! Ё шумо танҳо барои 100сомонӣ зачет гузоштанро медонеду халос? Шуморо шоҳи ҳама илмҳои дақиқ мешуморанд ва математиконро яке аз мардумони исботхоҳ мешуморанд, дар қатори олимон! Куҷост корҳои шумо?

Физикҳо шумо ҳатто ҳамон обсерваторияи аз замони Шуравӣ мондаро натавонистед нигоҳ доред, ки дар Бадахшон ҷойгир буд. Оҳир ҳамонро ҳам тарма нобуд кард! Kуҷо реакторҳои ҳастаии замони Шуравӣ? Чаро физикҳо бо табибон якҷоя кори худро пеш намебаред ва як маркази калони саратонро ташкил накардет. Бо Росатоми Русия шартнома бастед, лек ба ҷои тайёр кардани физикҳо шумо ба кадом МГИМО равон кардед донишҷуёнро. Чаро? Як маркази калон барои муолиҷаи касалиҳои саратон, ки беҳтарин ва калонтарин дар Осиёи миёна метавонист ташкил кард, дар Тоҷикистон. Аз ҳамон Росатом тариқи шартнома метавонист циклотронҳоро гирифт/ бихарид! Дар он беморхона ҳадди ақал шаҳрвандони худро, ки касалии саратон доранд метавонистем бепул муолиҷа бикунем ва аз хориҷиҳо маблағ бигирем. Лек афсус шумо ҳам дар ҳамон ботлоқи маънавии як авлоди ҳаром ғарқ шудед!

Маблағ нест барои реакторҳо? Лек пешвои шумо ба $92 миллион як тайёраи хусусӣ бихарид. Агар он пулҳои дуздидаи тамоми авлоди Раҳмоновро бигирем 1000 сола ва 10000 сола буҷаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон мешавад!

Олими тоҷик ҳатто оиди ҳавои ифлоси ҳамон шаҳри фахр мекардаи чоплусон Душанбе, метарсад сухан бикунад! Аз мо мухолифон зориву таввало мекунад, то ки кори илмии худро барои исботи ҳавои ифлоси Душанбе истофода набарем! Oиди ҳамон ҳавои ифлосу кучаҳои пур аз партов дар ояндаи наздик чоп мекунам!

Академикҳои беамали диктатор Раҳмонов! Оё намешавад, корҳои илмии худро оиди коркарди мисол жарфои ангишт ба Раҳмонов бесавод пешкаш бикунед! Илми худи шумо аз замона хело ва хело ақибмонда ҳаст! Маъданҳои зеризаминии ин Ватанро ҳамон Раҳмонови аблаҳ бо оилаи худ ва ё чиниҳо ҳамчун ашёи хом экспорт мекунад. Чаро пружаҳои худро пешкаш намекунед оиди коркарди он ашё дар Тоҷикистон?

Академикҳои номуҳтарами Тоҷикистон бахшиш, ҳатто ҳамон зерпуши (труси) худро аз Чину дигар давлатҳо меоред! Шумо чи тавр ҳамон тавре Ленин мегуфт «Гавно нации»! Дар ҳақиқат партови маънавии ин миллат гаштаед, қадри илму донишро ба дараҷае паст кардед, ки ягон майда дар байни мардум қадр надоред! То кай ин миллат зардолуву дигар маҳсулоти аграрии худро экспорт мекунад? То кай? Куҷо пружаҳои шумоён барои сохтани коргоҳҳои гуногун!

Бо интихоби ин гусфанди нав ва порахур Хушвахтзода Қобилҷон аз тарафи Раҳмонов бояд ҷанозаи илми тоҷикро бихонд! Шахсе, ки ҳам асардузд, ҳам порахур аст илми тоҷикро роҳбарӣ мекунад? Донишу илми Қобилҷон аз курси 2 бештар нест!

Биёед рост мегуем, ки дар қатори олимон мо ин ҳисобчиёнро, ё бо дигар лаҳфз КАЛЬКУЛЯТОР-ҳоро ба қавли русҳо «всерьез воспринимать» намекунем!

Академияи илмҳо на барои чоплусии як диктатори аблаҳ, ки фурсаташ ҳам кам мондааст, балки барои пеш бурдани ҳаёти ҷомеъа, осон кардани ҳаёти ҳамватани худ, барои фикр кардан оиди оянда, ҳадди ақал 20-30 сол бояд фаъолият кунад. На ин ки 10 асардузд омаданду худро академик ҳисоб мекунанд! Академик шудед, марҳамат вазифаи инсонии худро назди ин миллат иҷро бикунед! Даҳҳо ҳазорон ҷавонони ин миллат соҳиби унвонҳои гуногун хориҷ аз Тоҷикистон кор мекунанд, дар ҳама соҳаҳо. Оё боре ҳам тариқи сафоратҳо академикҳои аблаҳи режим бо мо дар тамос баромадед? Бо олимоне ҷавоне, ки дар чор канори дунё кор мекунанд. Бигзор мо, шахсан ман ақидаи дигари сиёсӣ дорам, лек ман фарзанди ин миллат ҳастам! Оё боре ҳам бигзор тариқи интернет як конфронс ташкил кардед? Бахшиш, шумо солхурдаҳо мисли ҳамон пешвоятон рашкин ҳастед ва аз фикрҳои нав, алалхусус аз олимони ҷавон метарсед!

Хонанда ва бинандаи азиз, бинед,ки аз дасти режими хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто Академияи Илмҳои Тоҷикистон пур аз фасодз ва асардуздон аст! Худ фикр кунед оянда чи мешавад, ояндаи фарзандони шумоён, ояндаи ин Ватан!

Ба қалами Далери Хуҷандӣ

Сообщение Илми Тоҷик мурд, ҷанозаашро хонданд! появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(бахши саввум, давраи панҷум)

Ҳамлаҳои бидуни вақфа ва мудовими расонаҳои расмӣ ва тохтутозҳои «фабрикаи ҷавоб», ки то пойи шоир Бозор Собирро ҳам ба компайни зидинаҳзатӣ кашида буд, дар матбуоти он рӯз бо номи  маъракаи «Антинаҳзат» ном бароварда буд. Тамоми гуруҳҳои фикрии кишварро ба ҷони ҲНИТ андохтанд. Вале, ин ҳама барои бастани ҲНИТ танҳо фазосозии маснуиву ҷаълӣ беш набуд. Аммо, ҲНИТро Раҳмонов, онгуна ки дар Пртоколи 32/20 дидем ба дасти мақомоти қудратӣ супорида буд. Аз инҷо буд, ки билофосила, баъд аз анҷоми нақшаи ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим мақомоти Тоҷикистон ба боздошт ва ҳабси аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ кард. Дуруст аст, ки парванда алайҳи ҲНИТ то ин кудето ҳам омода шуда буд.

Аммо ташкили ин кудето охирин шонсу охирин илоҷ ва охирин чораи ҳукумат барои маҳву маҳори ҲНИТ буд ва ҳукумат барои иҷрои ин ҳадаф «калаву пуст» зад.

Акидан таъкид мекунем ки бастани ҲНИТ танҳо ва танҳо ба Раҳмонов муҳим ва зарур буд. Ин танҳо Раҳмонов буд, ки бо ҲНИТ хусумат ва ҳасодат дошт. Баъди омадани устод Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҲНИТ танаффур ва душмании Раҳмонов як бар ҳазор боло рафт.

Аммо ба рағми муроди Раҳмонов ҳар қадр ки вай болои ҲНИТ фишор овард, ҳар қадр ки  хост онро камрангу беқувват ва заиф нишон диҳад, баракс мешуд. Шумори тарафдору ҷонибдорони ҲНИТ меафзуду меафзуд ва аксарияти мардум бар ин бовар буданд,ки танҳо ҲНИТ аст ки метавонад кишварро аз зери юғи ҳукумати оилавӣ-қабилаӣ раҳо кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ ва пуштибонии густардаи мардумро ба даст оварда буд. Ва,аз инҷо буд, ки ба ҲНИТ ҳамчун неруи наҷотбахш раъйу овози худро медоданд. ҲНИТ ба як воқеъияти қотеъ ва инкорнопазиру устувори ҷомеа бадал гашта имкон надошт, ки бо вай ҳисобу китоб карда нашавад. Ҳамин Абдулло Раҳнамо, ки ҳолоҳолоҳост роли ҳазордостони Раҳмоновро мебозад, дар он солҳо роҷеъ ба ҲНИТ мегуфт, ки «..имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст» ва боз ҳам мегуфт, ки «Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст»  ва беш аз чунин тафсиру таъвил мекард: «дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.»

Қисматҳои суҳбати Абдулло Раҳнамо аз ҳамоише таҳти унвони «ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» овардем, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» мунташир шуда буд.

Ва, аммо  Прокуратураи генералӣ Ҳизби наҳзати исломиро тарроҳ ва пуштибону ҳодии ин кудето хонд ва аз Суди олии кишвар хост, ки фаъолияти онро манъ кунад.

Мурофиаи додгоҳии ҲНИТ махфиёна ва дур аз чашми ҷомеаи кишвар доир шуд. Инро ҳам бояд бигуем, ки алайҳи ҲНИТ на танҳо Прокуратураи генералӣ, чанде дигар аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам шикоят карданд.

Додгоҳи олӣ 29 сентябр, ҳануз ду ҳафта аз кудетои ҳоҷӣ Ҳалим нагузашта буд, ки ҲНИТро баст ва бадтар аз ин террористӣ эълон кард.

Бар алайҳи ҲНИТ ҳатто вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам шикоят кард ва намояндаи он аз додгоҳ хост ин ҳизб мамнуъ ва террористӣ шинохта шавад:

«Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Давлат аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.»

Бале, ин ҳамин Давлат Сафар аст, ки ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.   Аммо агар ҲНИТ тавассути васоити ахбори омма даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада буд, чаро як бор дар ин панҷ сол(!) –и мавриди назараш як бор огоҳинома ба ин ҳизб нафиристод. Ин ҳизб тайи он панҷ соле, ки Давлат Сафар дар назар дорад, дар кадом минтақа ва маҳалли Тоҷикистон бесуботиву ноамнӣ, ки боиси халалдор шудани ҳаёти осуда шудааст, ба вуҷуд овард? Ҳиҷ мисолу мадраке пешниҳод накардааст.

Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба Додгоҳ протоколҳои гуё бо хоҳиши худ бастани шуъбаҳои ноҳиявӣ ва ихтиёран аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шудани масъулин ва аъзои онро пешниҳод карда талаб намудааст, ки ҲНИТ баста шавад, зеро вай дигар ҳуқуқи ҳамчун ҳизби умумиҷумҳурӣ амал карданро надорад:

«Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015,…..» ва дар умум вазорати адлия ҳудуди 80 протоколро далел меоварад, ки бахшҳои ноҳиявӣ дигар амал намекунанд:

«Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд.

Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд.

Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст.

Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст».

Ҳамин тавр Суди олии Тоҷикистон барои бори дуввум (бори аввал соли 1993) 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТро баст ва онро террористӣ эълон кард. Давлати Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ талаб кард, ки бо вай ҳамовозӣ ва ҳамраъйи кунанд. Аммо баракс, ҷомеаи байналмилалӣ ин кори ҳукуматро интиқод кард

Хабаргузории расмии Ховар ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистонро мунташир кард, ки он нусхаи иттиҳомоте буд, ки Прокуратураи  генералии Тоҷикистон нисбати ҲНИТ зада буд:

“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад.

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад.

Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj  ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии  www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

Ва, як соли баъд аз иттихози ҳалномаи Суди олӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,дар як мусоҳибаи муфассал бо Азизов Шамс Одинаевич,  қозии додгоҳи парвандаи ҲНИТ мусоҳиба орост ,ки ҳоло як қисмате аз онро инҷо меоварем:

“-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

—Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ  ба  ҳизби  мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки  байни  Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз  Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори  Давлат  аз  муовини  раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот  ред.) даст  дорад  бовар мекунад? Муовини  Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки  ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо  ба  сохтакорие  роҳ  доданд?

— Аз як ҷониб нишондоди Абдулазиз Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам” ”.Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим…..

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт». «Тоҷикистон» 30.10.2017

Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар нисбати ҲНИТ на як санади ҳуқуқӣ, балки комилан сиёсӣ буд. Ин ҳалнома аз ягон ҷиҳат ба ҳалномаҳои дигари Суди Олӣ шабеҳ набуд. Барои таъйиди ин иддио аз арзёбиҳои  “Бунёди Бузургмеҳр”                       ( Buzurgmehr Foundation) ро роҷеъ ба ин ҳалнома чанд қисматеро иқтибос меоварем:

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ навишта шудааст: “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чи хеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт. Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва -ғайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парванда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То ҳол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди ҷиноятӣ, ҷой доштанд.

Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, ҳамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст.

Дар ҳалнома гуфта мшавад: «ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст».

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

16-уми сентябри соли 2015 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ тавассути КДАМ  боздошт шуданд.

Моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А,ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифт ва ҳамчуноне медонем дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифтанд. Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Ва, аммо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Аммо вокунишҳо ҳам дар дохили кишвар  ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба боздошт ва ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати ҲНИТ ва 13 нафар аз аъзои Раёсати олии бисёр ҳам шадиду сахт буд. Ҳеҷ касе бовар намекард, ки ҲНИТ дар ин кудето даст дошта бошад. Раҳматулло Зоиров,роҳбари пешини ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар дар як мусоҳибаааш дар сеюми феврали соли 2016 дар ин бора чунин изҳори назар кардааст:

«Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт.»

Ва, аммо роҳбарони КДАМ ва вазорати дохила,ки дастандаркорон ва иҷрочиёни бозии кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ва масъули боздошту зиндонисозии аъзои Раёсати олӣ ва ниҳоят бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ мебошанд, талош мекарданд, ки ин амали ҷинояткоронаи худро тавҷеҳ кунанд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои сентябри соли 2015-и  кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон карда мегуяд, ки“Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд” Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро «ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ» хондааст. Дар як матлаби Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон декабр 17, 2015 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, «мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод»-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд.  Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем.»

Устод Кабирӣ чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ бо «Ислоҳ» аз он рӯзгорон ёдовар шуда гуфт, ки вай аз ҷумла бо Ятимов суҳбат кард ва Ятимов гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани ҲНИТ гирифта шудааст ва беҳтар ин аст ки худашон довталабона ва бо дастони худ барҳамдиҳии худро эълон ва иҷро кунанд. Аммо гуфт устод Кабирӣ, ки онҳо розӣ ба гирифтани ин ном ва лаккаи нанг нашуданд.

Аммо ҳамчуноне гуфтем, мақомоти қудратӣ талош мекарданд, ки бастани ҲНИТ-ро кори дуруст ҷилва диҳанд. Тибқи як навиштаи «Озодӣ» Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабри соли 2015  ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро «аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии» ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: «Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд.»

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ба дунболи бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабсҳои тулонии аъзои Раёсати олии он, аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ созмонҳои байналмилалӣ вокунишҳои сахту сангинеро аз худ нишон дода ин амали ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар ин қисмати ин матлаб чанде аз ин баёния ва изҳори назарҳои созмони ҷаҳонии дифоъ аз ҳукуқи башар ва давлатҳоро, ки он замон расонаҳо мунташир карда буданд, аз сарчашмаҳои бози интернетӣ пешкаш мекунем, то манзара ва ҳавлу ҳоли он рӯзҳои ҲНИТ ва роҳи нимасраи пурталотуми он рушантар бишавад:  Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июни соли 2016 дар баёнияаш гуфт:  “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Вай гуфтааст, ки “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.”

Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июни сли 2016  дар ҳамоиши «Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт,  ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, «Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”– суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст: “ ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони  аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Поёни бахши саввуми давраи панҷум, ин давра идома дорад….

Сообщение  ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\2
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши дуввум, давраи панҷум)

Фишорҳои ошкоро ва пайвастаи мақомот ҲНИТ-ро маҷбур кард, ки рӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои кафили сулҳ ва Гурӯҳи тамос оварад. Аммо, ҲНИТ ба унвони як муассисаи муътабару маданӣ ва як ташкилоти пухта ва боандеша қабл аз руҷуъ ба ин созмонҳо ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат карда аз ӯ хост, ҳамчун зомини ҳуқуқ ва озодиҳо, кафили субот ба ин ҳама фишору зуроварии мақомот расидагӣ кунад. Яқин буд, ки аз санг садо меомаду аз Раҳмонов не. Зеро ҳама чиз зери сари ӯ буд. Бо ин вуҷуд муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар 15 июни 2015 ва муроҷиати Раёсати олии ҲНИТ ба Дабири кули СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди  Аврупо (ИА), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос баъд аз ним моҳ, дар таърихи 1 июли 2015 қабул гардид. Дар ин муроҷиатнома аз фишорҳои тоқатшикан болои ҳизб ва аъзои он ба шиддат изҳори нигаронӣ карда мешуд. Аммо, ин муроҷиатномаҳо боиси хашму ғазаби мақомот гардид ва онҳо ҳарчи бештар ҳамлаҳои худро тавассути расонаҳо ба роҳ монданд.

Мақомот ва ба вижа КДАМ, ки барои кор дар “фабрикаи ҷавоб” тамоми муассисаҳои фикрии кишварро вобаста карда буд, посухи ин муроҷиатномаҳои ҲНИТро дар матлабе таҳти унвони «Муроҷиатномаи аҳли маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» рӯзи 9 июли соли 2015 аз тариқи хабаргузори «Ховар» дод. Ҳоло аз ин муроҷиатномаи аҳли маориф ва илми ҷумҳурӣ чанд пораеро иқтибос меоварем:

«Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин рӯзҳо бо муроҷиатномаҳои бепояи хеш ба унвони Роҳбари давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ коҳи куҳнаро бод медиҳанд….

Дар ин рӯзҳои тантанаи адолат ва солгарди Ваҳдати миллӣ роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боз бо кадом нияте ба Дабири кулли СММ, ҷаноби Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи «Тамос» ба ном барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд. Мо, аҳли маориф аз ин амали хушунатбор, авомфиребона ва риёкоронаи шумо, ҷанобон, муздурони сиёсати гурӯҳҳои иртиҷоии хориҷӣ ангушти ҳайрат газидем ва изҳори таассуф мекунем…..

Баъдан фаромӯш набояд сохт, ки Ҳукумати кишвар бо мухолифини вақт Созишномаи сулҳро ба имзо расонида буданд, на бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки онро ҳамчун истеҳкоми худ қарор додаанд. ….
Дар муроҷиатномаатон дар бораи аз узвияти ҳизби шумо маҷбуран даст кашидани «ҳазорон нафар ва ба хориҷа ҳиҷрат» намудани онҳо ҳарф мезанед. Мо, омӯзгорон, ки ҳамеша дар байни мардум ҳастем, ба ҳазорон нафар будани узви шумо шак дорем. Баъдан, аз ҷавобгарӣ ба хориҷа гурехтани чанд нафар ҷиноятпеша маънои ҳазорон нафарро надорад ва он ба халқи одии заҳматпеша муносибате дошта наметавонад…..
….Ҳадафи муроҷиатномаи бепояи шумо об рехтан ба осиёби гурӯҳҳои моҷароталаби хориҷӣ аст. Таҳлили воқеии вазъият нишон медиҳад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар шароити ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ, зуҳури неруҳои нави ифротгаро ва муборизаи нерӯҳои абарқудрати ҷаҳон барои ҳокимият дар мафкураи одамон ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор шудааст ва қудрати ба шароити нав мутобиқ шуданро надорад. Агар ақли солимро ба кор гиред, саривақтист, ки онро бо ташаббуси хеш барҳам диҳед ва ба  фаъолияти осоишта аз рӯйи ихтисосу малакаи хеш шурӯъ намоед.

Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бовар кунед, ки мо барои манфиати насли оянда, таълиму тарбияи дурусти онҳо, ба роҳи росту қуллаҳои дониш раҳнамун намудани фарзандонамон ин ҳарфҳоро мегӯем.

Шумо, ба ин ҷумлаи «аҳли маориф ва илм» таваҷҷуҳ фармоед: «Таҳлили воқеии вазъият нишон медиҳад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар шароити ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ, зуҳури неруҳои нави ифротгаро ва муборизаи нерӯҳои абарқудрати ҷаҳон барои ҳокимият дар мафкураи одамон ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор шудааст ва қудрати ба шароити нав мутобиқ шуданро надорад. Агар ақли солимро ба кор гиред, саривақтист, ки онро бо ташаббуси хеш барҳам диҳед ва ба  фаъолияти осоишта аз рӯйи ихтисосу малакаи хеш шурӯъ намоед».

Дар зимн, ин  нуктаро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки ҳукумат барои исботи он ки дар баробари ҲНИТ сиёсати дуруст ва қонунӣ пеша кардааст, ҳатто аз мухолифини собиқ, ки дар доираи  саҳмияи 30% аз тарафи оппозитсион мансаб гирифта буданд, истифода кард. Маълум аст ин нафарон ба иҷбор ва таҳти фишори шадид розӣ шудаанд, ки аз ин мавқеъи ҳукумат пуштибонӣ ва барои мисол ҳамин муроҷиатномаҳои ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалиро амали нодуруст ба қалам диҳанд. Боз ҳам хабаргузории Ховар ба қалами профессор Абдунабӣ Сатторзода, мақолаеро зери сарлавҳаи “Иштибоҳҳои гузаштаро набояд такрор бикунем…” аз 7 июли соли 2015 ба нашр расонд. Дар ин мақолаи Абдунабӣ Сатторзода ишора мекунад, ки ҳеҷ созмонҳои хориҷӣ ба мушкилоти дохилии Тоҷикистон беғаразона муносибат намекунад. Аммо ҷаноби Сатторзода, бо ин вуҷуд ки ба назар мерасад аз муроҷиати ҲНИТ нохушнуд аст, ба унвони як шахсияти боинсофу боимон ва бо риояти ҳарчи тамоми таодул роҳи бурунрафт аз ин ҳолатро дар муколама мебинад ва аз якуякбора ва гурӯҳ –гурӯҳ хориҷ шудани аъзои ҲНИТ аз сафи он  изҳори таҳайюр мекунад:

«Раёсати олии ҲНИТ, тавре ки аз матни Муроҷиатномаи он ба унвони Дабири кулли СММ, САҲА, ИА, СҲИ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос бармеояд, сабаби даъвати худ аз мухотабонашро «барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон» дар «фишору таъкибҳо», «амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф» дидааст. Ва дар поёни Муроҷиатномаи мазкури худ изҳор доштааст, ки тамоми талошҳояш «барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳама фишору қонуншиканиҳо натиҷаи мусбат надод». Агар, дарвоқеъ, чунин бошад, чунонки дар ин Муроҷиатнома оамадааст, боиси таассуф аст. Мо дар бораи он, ки навиштаҳои Раёсати олии ҲНИТ то чӣ андоза ба ҳақиқат  мувофиқат дорад ва дуруст аст, қазоват карданӣ нестем.
Аммо, агар аз сари инсоф нагузарем, бояд бигӯем, ки дар моҳҳои охир якуякбора гурӯҳ-гурӯҳ аз сафи ҲНИТ хориҷ шудани аъзои он дар ин ва ё он шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, яке аз паси дигаре баста шудани дафтари ин ҳизб ва то рафт зиёд шудани даъватҳои қатъ гардидани фаъолияти он як андоза сунъӣ ва шубҳаовар ба назар мерасад ва аз воқеият дида, бештар ба «маърака» монанд аст.Бо вуҷуди ин ҳама, сарфи назар аз он, ки ин падидаҳо худҷӯш ва воқеӣ ҳастанд ё не, бояд ҲНИТ мушкилоти мавҷудаи худро бо мақомоти расмӣ дар дохил ҳал мекард ва аз даъвати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ «барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон» худдорӣ менамуд».

Дар иртибот ба ин муроҷиатномаҳои ҲНИТ Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ бо як изҳороти махсус баромад карда онро ғайриқонунӣ хонд. Матни пурраи Изҳороти Прокуратураи генералӣ дар таърихи 8 июли соли 2015 дар сомонаи хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон «Ховар» чоп шуд,ки аз ин матн ҳам чанд пораеро иқтибос меоварем:

«Дар муроҷиатҳои худ Шўрои сиёсии ҲНИТ зикр намудааст, ки ҳизб солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд.
Ин исрори роҳбарияти ҲНИТ ягон воқеият надошта, ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд.

Аз ҷумла, 25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ дар мавриди  зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гўё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.
Аз натиҷаи санҷиш 25 майи соли 2015 ба муаллифи муроҷиат ҷавоби муфассали хаттӣ ирсол карда шуд.

Дар муроҷиати Шўрои сиёсии ҲНИТ инчунин аз кашида гирифтан ва тахриб намудани моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзои он сухан равад ҳам, барои тасдиқи ин гуфтаҳо ягон ҳолати мушаххас ё худ далели аниқ оварда нашудааст.
Дар баробари ин, муайян гардид, ки роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ  роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.

Раиси ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ ас

Бинобар ин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 апрели соли 2015 натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя  беэътибор дониста  шудаанд. Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд.

Дақиқан дар моҳҳои июн ва июл амвоҷи ҳайратангези пешниҳоду дархосту тавсияю муроҷиатномаҳо аз ақшори мухталифи ҷомеа барои бастани ҲНИТ дар расонаҳо садо доданд. Маълум буд, ки ин ҳама сохтаву пардохтаи мақомот аст ва бидуни шак дар доираи ҳамон «Протоколи 32-20» амалӣ мешавад.

Ва, ҳоло, ки мебинанд, ҲНИТ ҳеҷ вокунише ҷиддитар карданӣ нест, масалан даст ба тазоҳурот ва чораҳои дигари ҷавобӣ масалан рехтан ба хиёбонҳо, ташкили хезишҳои майдонӣ заданӣ нест, ҳалқаи фишорро тангтару тангтар мекарданд. Барои мисол дар давоми ҳамагӣ ду рӯз дар фазои маҷозӣ суҳбатҳои тасвирӣ ва наворҳое аз масъулони бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳру деҳоти ҲНИТ ба намоиш гузошта шуданд, ки онҳо иқрор ва эътироф мекарданд, ки зарурат ба вуҷуд ва ҳузури ҳизби наҳзати исломӣ боқӣ намондааст ва онҳо худашон бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шудаанд.

Барои мисол Муллоаббос Раҷабзода (Раҷабов Аббос Ниёзович) раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, дар як навори видео эълон кард, ки аз ин масъулияти худ даст кашидааст. Ӯ ҳамагӣ як сол пеш, баъди аз мақомаш рафтани Илҳом Ёқубов раиси ҲНИТ дар Суғд таъин шуда буд. Ҷаноби Раҷабзода  дар навор мегӯяд: «ҳамаатон медонед, ки то имрӯз дар як ҳизби сиёсӣ  масъулият доштам.  Ҳамакнун ҳамааш қатъ шуд. Парвардигор оқибати кори ҳамаи мову Шуморо ба хайр гардонад.»

Он шабурӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳуҷҷат бо имзои Муллоаббос Раҷабзода низ давр мезанад, ки дар он дида мешавад, ӯ дар посух ба суоли нашрияи расмии «Ҳақиқати Суғд» гуфтааст: «Шӯъбаи ҲНИТ фаъолияташро дар вилояти Суғд аз 20.06.2015 қатъ кардааст.»Аъзо ва роҳбарони шӯъбаҳои ин ҳизб дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара, Айнӣ ва Хуҷанди вилояти Суғд низ тариқи наворҳои видеоӣ аз хориҷ шудани хеш ва барҳам хурдани шӯъбаҳои ин ҳизби динии сиёсӣ дар маҳалли истиқоматашон хабар додаанд. Танҳо тайи ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора ҳудуди 20 навор нашр шудааст.”

Аз наворҳо дида мешавад, ҷаласаи аз ҳама бузурги “барҳамхӯрии” ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо ҳузури Зафар Мамадҷонов, як масъули мақомоти иҷроияи ин ноҳия сурат гирифтааст. Оқои Мамадҷонов дар ин ҷаласа мегӯяд, баъди интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ шумори зиёди аъзои ҲНИТ ихтиёрӣ аз он даст кашидаанд.

«Пеш аз интихобот як омор буд, ки ҲНИТ дар ноҳия 1567 узв дорад. Аммо маълум шуд, зиёда аз 600 нафари инҳо зиёданависӣ аст ва онҳо аслан аз аъзои ҳизб будани худашон хабар надоранд. Ҳоло 30-32 нафар узви ҳизб боқӣ мондаанду тамом,» – меафзояд ӯ.

Дар баъзе аз ин наворҳо аъзои ҲНИТ пас аз эълони даст кашидан аз аъзогии ҳизб ҷумлаҳои «Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад», «Мо тарафдори сиёсати Ҷаноби Олӣ», «Аз Ҳизби наҳзат фоидае надидем» ва ё «Маро бидуни огоҳӣ аъзои ҳизб карданд»-ро ба забон меоранд. Дар бархе аз наворҳо талаби «манъи фаъолияти ҲНИТ» низ матраҳ шудааст.

Аз ҷумла, Илҳом Ёқубов, раҳбари пешини ҲНИТ дар вилояти Суғд дар як навор мегӯяд, «вақтҳои охир ҳузури ҳизби наҳзат дар ҷомеа боиси ихтилофҳо шудааст. Бинобар ин, агар ҲНИТ сулҳу ваҳдатро халадор карда истода бошад, пешниҳод мекунем, фъаолияташ манъ гардад. Ҳамин пешниҳоди ман ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба раҳбарияти ҳизб низ гуфта шудааст.»

“Тайи ду рӯзи охир айни чунин наворҳо бо саҳнаҳои мушобеҳ аз ноҳияҳои Нуробод, Ҷиргатол, Рашт ва Восеъ низ дар Youtube пайдо шудаанд. Дар ин наворҳо низ аъзои, инак, собиқи ҲНИТ бо зикри ному насаб ва собиқаи  ҳизбиашон ихтиёрӣ даст кашидан аз ҳизбро эълон дошта, ҷонибдорияшон аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро баён медоранд”.

Ҳамин гуна суҳбату даъвату дархостҳо аз тарафи масъулони маҳаллии ҳизб боис мешавад, ки Муҳаммадалии Ҳайит, муовини онрузаи раиси ҲНИТ, рӯзи 21 июн дар як сӯҳбати расонияш мегуяд бастани шӯъбаҳои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ  ва тасмими аз ин ҳизб хориҷ шудани аъзои он “ҳосил”-и фишор мақомот номид. Ӯ гуфтааст:  «мувофиқи қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 8 майи соли равон ҳар аризае, ки таҳти фишор дар мавриди аз ҳизб хориҷ шудан гирифта шудааст, ғайриқонунӣ буда асоси ҳуқуқӣ надорад. Ҳамчунин, мувофиқи банди 4 ва 7-и Оинномаи ҲНИТ танҳо раёсати олии ҳизб ҳақ дорад, ниҳодеро ташкил кунад ва ё ниҳодеро барҳам диҳад.”

Дар ҳар сурат ба таври дастаҷамъона ва муташаккилона берун овардани аъзо ва масъулони ҲНИТ дар маҳаллҳо як кори ба пиндори мақомот «қонунӣ» барои қатъи фаъолияти ҲНИТ мебошад.

Ин ҳама фишорҳоро мақомот болои ҲНИТ дар марҳалае бештар тақвият доданд,ки ҲНИТ қасд дошт Анҷумани навбатии худро доир ва натоиҷи интихоботи парлумонии моҳи мартро баррасӣ ва Раёсат ва Шурои нави сиёсии худро интихоб кунад. Барои онки ҲНИТ натавонад ин Анҷуманро доир ва бо вуҷуди ин ҳама фишору тазъиқ аз ҳузури худ дар кишвар паём бидиҳад, аввал чопхона, сипас нашрия ва ниҳоят Дафтари марказии онро масдуд карданд. Дигар яқин буд, ки тасмими ҳукумат барои бастани ҲНИТ гирифта шудааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон, ниҳоди масъул барои фаъолияти ҳизбу созмонҳо дар кишвар ба унвони роҳбарияти ҲНИТ  расман мактуб ирсол дошта ва бо ҳамел кардани як қатор аз «камбуд» ва иштибоҳҳо дар фаъолияти он қатъи довталабонаи онро тақозо кард.  Дар вебсайти расмии Тоҷикистон «Ховар» рӯзи 28 августи соли 2015, яъне ҳамагӣ як ҳафта қабл аз кудетои нофарҷоми Ҳоҷӣ Ҳалим таҳти унвони « Вазорати адлияи ҶТ: «ҲНИТ дигар ҳизби умумиҷумҳуриявӣ нест» матлабе муфассал ба нашр расид. Ин матлаб ҳам айни Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҲНИТро ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ муттаҳам карда ҳушдор медиҳад, ки бо таваҷҷуҳ бо нокифоятии созмонҳои ибтидоӣ худаш расман фаъолияти худро қатъ кунад:

«Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳинома ирсол намуда, аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намудаст. Тавре дар номаи мазкур омадааст, мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад.

Мувофиқи санадҳои ба Вазорати адлия воридшуда дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Бинобар ин ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ карда, анҷуман баргузор кунад.

Хотиррасон бояд кард, ки чанде пеш роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар симои Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон бо ҷамъ овардани гурӯҳи журналистон дар як манзили шахсии истиқоматӣ, ба ном нишасти хабарӣ баргузор карда, баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро эълон намуданд. Роҳбарияти ҲНИТ дар баёнияи худ сабаби баста шудани қароргоҳи ҳизби наҳзатро ба қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар хусуси баргузор кардани анҷумани ҲНИТ алоқаманд шарҳ дода, дархост карданд, ки қароргоҳи ҳизб боз карда шавад ва барои фаъолияти он монеа аз байн бурда шавад. Мавриди зикр аст, ки сабаби баста шудани қароргоҳи ҲНИТ баҳси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки бино ва ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур эълон шудааст». Ҳамчуноне, ки дар навиштаҳои қаблӣ тазаккур дода будем, мақомоти Тоҷикистон махсусан дар маҳаллҳо арсаро барои ҲНИТ ба таври рузафзун танг мекарданд. Чун дар Душанбе-маркази кишвар, дар он замон расонаҳо ҳаводисро кам ҳам бошад инъикос мекарданд ва аз тарафи дигар ҲНИТ ҳамоно ҳизби парлумонӣ буд. Дар тобистони соли 2014 дар вақти сафари Муҳиддин Кабирӣ ва дидору мулоқоташ бо интихобкунандаҳо дар шаҳри Кулоб ӯро бо тухм ва помидор заданд. Ҳодисаи мазкур дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои маҷозӣ бозтоби густарда пайдо кард ва худи Кабирӣ ҳам хост ин масъаларо дар ҷаласаи навбатии парлумон дар миён бигзорад. Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба Муҳиддин Кабирӣ иҷозат надод, ки дар ин масъала суҳбат кунад. Он вақт расонаҳо, аз ҷумла сайти худи ҲНИТ навишт, ки  “Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар посух ба дархости Муҳиддин Кабирӣ, гуфт, ки ман ин масъаларо дар сӯҳбат бо Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон матраҳ хоҳам кард ва ҳоҷат ба шарҳи он дар ҷаласаи порлумон нест. “

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки шахсони ҳамлавар бо партоби тухму помидор мақсад доштанд, ки аз ҷониби афроди ҳизб вокунише ба амал ояд ва муноқиша сурат бигирад. Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, “дар дасти афроди ҳамлагар корду меху дигар ашё ба мушоҳида расидааст.” Вай афзуд: «Вале аъзои ҳизб сабру таҳаммул намуданд ва дар баробари рафтори ин афроди ҳамлагар ором истоданд”.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ҳатто ҳангоми бозгашт аз Кӯлоб ба Душанбе, дар се ҷой кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худрави онҳоро манъ карда, дар яке аз нуқтаҳо маъмури пулиси роҳ гуфтааст, ки «ба мо амр шудааст, ки мошинро манъ кунем.»

Дар шабакаи Фейсбук навори видеоии ҳамла бо тухму помидор алайҳи ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст, нашр шуд. Сардабири сомонаи ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори ҳамлаи имрӯза ба раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро нашр кардааст. Як ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн баъд аз мулоқот бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар манзили раиси созмони минтақавии ҳизб Муҳаммадшариф Набизода мавриди ҳамлаи як гурӯҳи ҷавонони «мусаллаҳ» бо тухму помидор қарор гирифт.

Маҳмудҷон Файраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба «Озодӣ» гуфтааст, ки ин афрод телефон ва планшетҳои афродеро, ки аз ин ҳодиса аксбардорӣ мекарданд гирифта ва бархе аз онҳоро шикастанд. Ин афрод, ки бархе аз онҳо занон буданд, шиор сар медоданд, ки гӯё дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ шавҳарон ва бародарони онҳо аз сӯи нерӯҳои мухолифин кушта шудаанд.

Мақомоти ҲНИТ ҳамлаи имрӯза дар шаҳри Кӯлобро иғвои навбатӣ алайҳи ҲНИТ унвон мекунанд.

Рӯзи 27 феврали соли равон низ зимни як сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Кӯлоб як гурӯҳи занон ва фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Иброҳим Исмоилов ба дафтари ҳизб ворид шуда, талош кардаанд, то ҷаласаи фаъолони ин ҳизби мухолифро вайрон кунанд.  Ин ҳамла танҳо баъди як сӯҳбати кӯтоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо Иброҳим Исмоилов анҷом ёфт.

Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳамла ба вакили порлумон ва раиси ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро маҳкум карда, хостори ба масъулият кашондани омилони ин ҳамла шудаанд.

Масъулони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳамлаи рӯзи 10 июн ба  Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ин ҳамлагарон «хизмати хирсона» -еро ба ҳукумати феълӣ мекунанд. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта, ки «афроде, ки ба вакили порлумон ва раҳбири ҲНИТ ҳамла карда ва ӯро бо помидор ва тухм задаанд, гурӯҳест, ки дар талоши нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.»

Ҳануз баъд аз гузашти ҳамагӣ се рӯз аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 бархе аз масъулони ҲНИТ дар манотиқи кишварро мақомоти интизомии Тоҷикистон дастгир карданд. Бинобар таъйиди Ситоди интихоботии ҲНИТ ин нафарон дар даст асноде доштанд, ки собит мекард дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст ва онҳо ин мадорик ва шавоҳидро аз маҳалҳо ба қароргоҳи марказии ҳизб дар Душанбе оварданӣ буданд. Ин ҳодиса дар як гузориши радиои «Озодӣ»,ки баъдан сомонаи «Рузгор.тҷ» бознашр кардааст, ба ин зайл ба қалам дода шудааст:

«Ситоди интихоботии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния ҳадафи мақомот аз боздошти дастикам 3 раҳбари созмонҳои маҳаллии ин ҳизби мухолиф дар рӯзи 2 мартро мамониат дар роҳи расидани онҳо ба пойтахт, шаҳри Душанбе ва ба дасти ситоди марказии ҳизб расондани протоколҳо ва шикоятҳо аз ҷараёни интихобот номид.

Дар ин баёния гуфта мешавад, «рӯзи 02.03.2015 ҷаласаи васеъи ситодҳои интихоботӣ, номзадҳо ва нозирони ҲНИТ, барои баррасӣ, натиҷагирӣ ва баҳодиҳии интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Қарор аст, ки номзадҳо, нозирон ва ситодҳо нусхаҳои протокол ва арзу шикоятҳоро ба марказ биёранд. Аммо аз субҳ барои омадани масъулини ҳизб ба пойтахт монеаҳо эҷод шуда, бо ҳар баҳона онҳо дар идораҳои мақомоти марбут нигоҳ дошта мешаванд.»

Ситоди интихоботии ҲНИТ мегӯяд, рӯзи 2 март дастикам 3 тан аз аъзои фаъолаш — Аббос Раҷабзода, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, Анвар Қурбонов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ва Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир «ва чандин нафарҳои дигар» боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест ки мақомоти умури дохилаи Қумсангир аллакай  Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси ҲНИТ дар ин ноҳияро баъд аз як «пурсуҷӯ» раҳо кардаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ва яке аз ду нафари боздоштшуда тавассути пулиси ноҳияи Қумсангир, рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Муҳаммаднабӣ  Саидбурҳонов,  раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро пас аз як сӯҳбати кӯтоҳ раҳо карданд.”

Ҷаноби Файзраҳмонов, қазияи боздошти худ ва Муҳаммаднабӣ Саидбурҳоновро ин тавр шарҳ дод: “Мо қабл аз зуҳр аз ноҳияи Қумсангир ба сӯи Душанбе ҳаракат кардем. Дар даромадгоҳи ноҳия пости маъмурони пулис фаъол аст ва дар фосилаи байни ноҳияи Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ пулис моро дошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ҳатто дар роҳ маро ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки Муҳаммабнабӣ Саидбурҳонов бо мо ба шӯъбаи корҳои дохилӣ меравад ва онҷо сӯҳбат мекунем.»

Аммо мегӯяд Файзраҳмонов, «ман, гуфтам, ман низ бо шарикам бо Шумо меоям. Чун ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир рафтем, албатта, муносибати маъмурон бо мо хуб буд ва миёни мо ва онҳо ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Маъмурони пулис сабаби боздошти моро ба он рабт доданд, ки дар пост худрави моро манъ карданд, аммо мо ба фармони пулис итоат накардем. Мо гуфтем, нафаҳмидем ва баъдан моро раҳо карданд. Ҳамин ҳоло ҳамроҳи Муҳаммаднабӣ  Саидбурҳонов дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳастем.»

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 2 март, як рӯз баъд аз интихоботи парлумонӣ аз боздошти раисони бахшҳои ин ҳизби мухолиф дар ноҳияи Қумсангир ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ хабар дод. Сомонаи ҲНИТ навишт, раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Сарбанд Ҳоҷӣ Анварро низ маъмурони милиса ба далоили ҳанӯз норӯшан боздошт кардаанд. Ӯ худаш дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба дафтари ҲНИТ гуфтааст, «ҳангоми омаданаш ба Душанбе барои ширкат дар ҷаласаи ҷамъбасти интихобот, чанд нафар милиса ӯро боздошт карда ба шӯъба бурдаанд.» Талоши намояндагони ҲНИТ барои тамос бо ин намояндааш ҳанӯз натиҷа надодааст.

Раҳбарони ҲНИТ расман ин ду боздоштро шарҳ надоданд, вале як манбаи наздик ба раҳбарияти ҳизб ба мо гуфт, боздошти ин ду раҳбари ҳизб ғолибан ба эълони натиҷаҳои расмии интихоботи 1 март рабт дорад. Ӯ гуфт, агар ҳизби наҳзатро аз парлумони оянда берун карданӣ бошанд, чунин боздоштҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои эҳтимолӣ идома хоҳанд ёфт.

Бо ин ҳама фишору зуровариҳо ҲНИТ ҳозир нашуд, ки даст ба худбарҳамдиҳӣ-самороспуск бизанад ва аз даъватҳои ошкорову таҳқиромези мақомоти зидахл, аз ҷумла вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ, ки бо ихтиёри худ қатъи фаъолият кунанд, гардан наниҳоданд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки он шабурӯзҳо дар хориҷ аз кишвар қарор дошт, моҷароҳои он марҳала аз таърихи нимқарна ва пурталотуми ҳизбро дар як суҳбат бо радиои «Озодӣ» чунин тавзеҳ кардааст:

Радиои Озодӣ: Дар паи ҳушдори вазорати адлия, бархе ин фарзияро матраҳ карданд, ки «болоҳо» ба Кабирӣ ишора мекарданд, ки раёсати ҳизбро ба ягон нафари гапдаротар вогузор кунад, вале ӯ нафаҳмид ишораҳоро ва товонашро ҳоло ҳизбаш пардохт мекунад. Фикр мекунед, агар канор мерафтед, наҳзат метавонист ҳадди аққал муваққатан аз ин мушкилот халос бихӯрад?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин фарзия сиҳат надорад. Бо он таҷрибаи хоксоранае, ки дар сиёсат дорем, метавонистем баъзе ҳаракатҳоро пешбинӣ кунем ва кардем. Ғайри президент каси дигар намонда буд, ки дар ин бора сӯҳбат накарда бошам. Мардум шояд фикр мекунанд, ки ман якравӣ кардам, ё нахостам ба мусолаҳа биравам. Яке аз айбҳое, ки ба шахси ман мегиранд, маҳз ҳамин мусолаҳакорӣ ва гузашт кардан аст. Танҳо ман не, чандин ҳайатҳои мо дар сатҳҳои гуногун сӯҳбат карданд ва мехостанд бидонанд ки ҳукумат чӣ мушкилиро мебинад дар фаъолияти мо ва чӣ бояд кард, то аз ин ҳолати ноҷӯр ҳама берун биёянд. Ҳеҷ вокунише намешуд, магар ин ки «фаъолияти худро қатъ кунед». Гоҳо худам ин масъаларо матраҳ мекардам, ки агар мушкилӣ дар мо аст, метавонам қабл аз анҷуман биравам, то вазъияти кишвар аз ин бадтар нашавад. Чун таъсири бад шудани муносибати мақомот бо як ҳизби сиёсӣ, ҳатман болои ҷомеа мерасад ва мо инро намехоҳем. Баръакс, мегуфтанд, ки маҳз мудирият ва сабру таҳаммули мо борҳо вазъиятро аз ҳолати бӯҳронӣ наҷот додааст ва зоҳиран мушкиле надоштанд. Хулоса, мо ҳамаи вариантро пешниҳод кардем, аз рафтани мо, то ивази ном ва ғайра. Аммо эҳсос кардем, ки дигар фоида надорад, чун мушкил дар шахси мо, ном ё фаъолияти мо нест. Мушкилӣ дар заъфи ҳукумат аст, ки аз ҳама метарсад. Магар Зайд ҳам номи исломӣ дошт ё ягон радикал буд? Заъфи ӯ дар қудрати ӯ буд ва ҳамин чиз кори ӯро тамом кард. Мушкилии мо ҳам дар мардумӣ будани мост, на дар чизи дигар. Агар мо ҳукумати қавӣ, бо шахсиятҳои қавӣ медоштем, аз як ҳизби қавӣ не, аз даҳҳо ҳизб наметарсиданд ва ин балоро ҳоло сари миллат намеоварданд. Ҳукумат аз лиҳози пулу низомӣ қавӣ аст, вале аз лиҳози андеша ва фикр заъифтарин ҳукумат дар минтақа мебошад ва ин чиз маҷбур мекунад ки ҳамеша аз пул ва силоҳ истифода намояд, на аз ақл ва мантиқ. Мусибати миллии мо ҳам дар ҳамин аст, аз ҳамаамон — ҳизбҳо, зиёиён, рӯзноманигорон ва тоҷирон, ҳатто, худи кормандони давлат ҳам. Инро ҳам бигӯям, ки аъзои Шӯрои сиёсиро маҳз ба ҳамин хотир ба Истамбул даъват кардам, то машваратҳоеро дар ин бора дошта бошем. Ва аз баъзе аъзои ҳайат хоҳиш ҳам кардам, ки ин масъаларо бори дигар бо мақомот бубинанд ва агар мушкил дар шахси ман аст, бояд нафари дигар масъулиятро ба дӯш бигирад. Муҳим, ки ин сулҳу ваҳдат барҳам нахӯрад, ин қадар гузашт кардем, як бори дигар ҳам мушкил нест. Вале натиҷаро гуфтанд, ки касе дар ин бора сӯҳбат карданӣ нест, агарчи бисёриҳо дар мақомот аз ин раванд хушнуд нестанд».

Аз ин пора иқтибос аз суҳбатҳои Кабирӣ ду масъаларо мешавад ҷудо карду дар борааш каме шарҳ дод. Яке инки Кабирӣ мегуяд,ки ба мақомот пешниҳод кард, ки агар мушкил дар сари шахси вай аст, омода аст ки раёсати ҳизбро бисупорад. Бадеҳист, ки мақомот ин пешниҳодро қабул намекард, чун ҳатмани ҳатман ин кор овоза мешуд ва аз даҳон ба даҳонҳо мегузашт ва боиси маҳбубияти бештари Кабирӣ ва афзоиши рейтинги сиёсии вай мешуд. Аз тарафи дигар, мақомот, он қадар шерак ва бо ҷуръат пеш мерафт, ки дигар дастурот ва ё нақшаи дар Протоколи 32/20 матраҳшуда дар ҳоли ниҳоӣ шудан буд, барои ҳамин ҳеҷ гоҳ бо чунин муомила аз ҳадафи барчидани худи ҲНИТ, ки метавонад дар оянда барои Раҳмонов дардисарҳое дуруст кунад, даст намекашид.

Ва, аммо нуктаи дигар аз ин суҳбат ёдоварии Кабирӣ аз нишасти Шурои сиёсии  ҲНИТ дар Истамбули Туркия аст. Дар ин нишаст ҳам чуноне мебинем, Кабирӣ ба мақомот паём мефиристад, ки омода аст аз раёсати ҲНИТ даст бикашад, то сулҳу субот дар кишвар боқӣ бимонад.

Аммо дигар ҳарфи сулҳу субот ба гӯши ҳукумат намедаромад ва ҳукумат ғарра ба қудрати худ буд ва ба вузуҳ пай бурд, ки ҲНИТ дигар дар қапқон ё доми тазвири Раҳмонов уфтодаву бедасту по шудааст. Вале, ба ҳама сахтиву фишорҳо тоб оварда ҳамоно сабру таҳаммулро пеша карда истодааст. Ин мавқеъи ҲНИТ косаи  сабри Раҳмонровро лабрез кард ва онҳо даст заданд ба чораи охирин. Ин чораи охирин ташкили ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим-генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон буд. Шаҳид ҳоҷӣ Ҳалим барои он ҷиҳати иҷрои ин барнома интихоб шуда буд, ки дар гузашта аз фармондеҳони ҲНИТ буд ва бо вуҷуди расидан ба мақоми муовини вазири дифоъ ва рутбаи генералӣ ҳамчун намояндаи ҲНИТ мавриди шаку шубҳа қарор дошт. Ин кудето дар 4 сентябри соли 2015 сурат гирифт.Г уё ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо маслиҳати  роҳбарияти ҲНИТ ва Кабирӣ ва мақомоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон қасди анҷом табадуллоти давлатӣ  дошт. Кудетои ҳоҷӣ Ҳалим-генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон чораи охирин ва ниҳояти иҷрои дастуроти Раҳмонов бар мабнои санади «Протколи 32/20» бар муқобили ҲНИТ буд, ки сентябри соли 2015 ба амал гузошта шуд. Аммо, то ин ки авзоъ ба ин ҳад печида ва буғранҷ шавад, мақомот на фақат компайни таблиғотӣ бо ҳадафи бадном ва тазъиф кардани ҳизб тавассути масҷид, матбуот, шахсиятҳо роҳ андохт, мустақиман ба шуъбаҳои ҲНИТ дар манотиқ ва навоҳии кишвар ҳамлавар шуд, ки намунаҳое аз онро пештар мутазаккир шудем. Баъди онки дар интихобот ҲНИТро аз ҳамон ду курсӣ ҳам маҳрум ва ғайри парлумонӣ карданд, дигар шароит барои бастани ҲНИТ фароҳам омад.

Дар сомонаи «Ислоҳ» дар мавриди ин кудетои нофарҷом чанд матлаби муфассале о барномаҳои видеоии комил ҳаст. Барои ҳамин ин моҷароро инҷо зикр намекунем. Танҳо ҳаминро мегуем, ки ҳамин кудетои сохта ва дуруғии ташкилкардаи худро баҳона карда ниҳоят ҲНИТро бастанд. 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҳизбро дастгир карданд. Баъди 11 рӯзи ин моҷаро яъне 15 сентяб дар як мурофиаи пушида Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТро дар қаламрави кишвар мамнуъ ва онро созмони террористӣ эълон кард.

Поёни бахши дуввуми давраи панҷум.

P.S Хонанда ва бинандаи азиз  «Ислоҳ»! Дар қисмати баъдӣ, ки бахши саввум ва ғолибан ниҳоии ин риштаматолиби мо хоҳад буд, аз фаъолиятҳои ҲНИТ дар хориҷа, дар Аврупо хоҳем гуфт. Каме маълумот дар бораи мурофиаи додгоҳии ҲНИТ ва аъзои раёсати он ҳам хоҳем дод. Вале бештар аз он хоҳем гуфт, ки Раҳмонов зоҳиран ба он чи ки мехост, даст ёфт. ҲНИТро баст ва арсаро барои худу писару оилааш барои ҳузури ҳарчи бештар дар курсии риёсат холӣ кард. Аммо, натвонист ва муваффақ нашуд, ки ҲНИТро аз байн бибарад ва ҳизб ба рағми нақшаҳои Раҳмонов дар Аврупо ба фаъолияти худ идома медиҳад. Дар ин бора ва низ дар бораи онки Паймони миллии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ва дар маҳофили сиёсии созмон ва давлатҳои пешрафта шинохта шудааст, низ батафсил хоҳем гуфт….

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\2 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\1
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши аввал, давраи панҷум)

15 сентябри соли 2015 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дуввумин ҳизби пурҷамъият ва танҳо ташкилоти сиёсии динӣ дар густураи шуравии пешинро баст. Беш аз ин, онро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон кард.

Ин барои дуввумин бор буд, ки фаъолияти ҲНИТ дар давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қатъ ва мамнуъ карда мешавад.

Июни соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳама аҳзоб ва ҳаракатҳои оппозитсионии кишвар, ҲНИТ, ҲДТ, созмонҳои мардумии Растохез ва Лаъли Бадахшонро бо як қарор ғайриқонунӣ хонда санади қайди расмии онҳоро лағв кард.

Мусалламан, Раҳмонов ба ин роҳатӣ наметавонист, ки ҲНИТ-ро бубандад. ҲНИТ ва дар умум аҳзоби оппозитсионӣ ҳануз аз соли 1990-91 пуштибонӣ ва ҳамроҳии беш аз 40% ҷамъияти кишварро дар даст дошт. Баъди бозгашт аз ҳиҷрат ва вориди саҳнаи сиёсат шудан ҲНИТ шумори ҷамъияти тарафдорони худро ба маротиб афзуда буд.

Раҳмонов бо бастани ҲНИТ ошкоро бо нисф ва агар воқеият бараҳнатар баён карда шавад, беш аз нисфи ҷамъияти Тоҷикистон ба набард мебаромад. Ин набард барои Раҳмонов масъалаи ҳаёту мамот буд ва мебоист тавре меҷангид, ки ҷамъияти пушти ҲНИТ карахт бишавад ва маҷол ва ёрои муқобилат надошта бошад.

Коршиносони дохиливу хориҷӣ дар робита ба ҷойгоҳ ва нуфузи ҲНИТ дар муҳит ва майдони сиёсии кишвар ибрози ақида карда онро ба як рукни муҳим ва асосии суботу амният арзёбӣ мекарданд. Барои мисол Парвиз Муллоҷонов, пажуҳишгар саршиноси тоҷик дар яке аз навиштаҳояш дар робита ба мақому манзалати ҲНИТ чунин ибрози назар кардааст:

«…Ҳизби наҳзати исломӣ бахши ҷудонашавандаи таъриху ҷомеаи ҳозираи Тоҷикистон буда, бо мурури замон ба яке аз ҷунбишҳои сиёсиву иҷтимоии бонуфузи кишвар табдил ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки ҲНИТ ҳамчун падидаи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҷои бавижаро ишғол менамояд. Пеш аз ҳама бо сабаби онки дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ ҲНИТ имрӯз ягона ҳизби сиёсие мебошад, ки дар заминаи арзишҳои динӣ ташкил ёфта, аз қайди расмӣ гузаштааст ва ба таври қонунӣ фаъолияти худро амалӣ мегардонад. Ва, афзун бар ин дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар намояндаҳои худро дорад. Ҳатто дар минтақаҳои мусулмоннишини ҷаҳон вуҷуд чунин ҳизби исломии муътадилу барасмият шинохташуда падидаи камёб ва нодир мебошад.

Аз тарафи дигар,таърихи ҲНИТ то андозае беҳамто мебошад, ки пайдоиши вай аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар шароити сахти низоми шӯравӣ, таъқибу фишори давлатӣ атеистӣ, сарчашма мегирад». Наҷот.25.04.2013

Абдулло Роҳнамо, яке дигар аз пажуҳишгарони тоҷик, ки ҳоло комилан тағйири ақида ва мавқеъ кардааст, низ иқрор ва эътироф мекунад, ки вуҷуд ва ҳузури ҲНИТ дар муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон инкорнопазир аст:

«Дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики муътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳала ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест». Абдулло Раҳнамо. Наҷот.25.04.2013

Аммо, ҳамчуноне гуфтем Раҳмонов дар сар фикру хиёли дигар дошт. Вале вай наметавонист якшаба ва бо як фармон бихезаду ҳамчунин ҳизби пурнуфуз ва пуртарафдорро бубандад. То онки Раҳмонов дигарбора ҲНИТ-ро бубандад, шуруъ аз соли 2011 ба кандану кофтани зери пойи он, иттиҳомҷуиву айбмониҳо, мунтаҳо ба хусумату душманӣ даст зад ва тамоми ин ҳама муддат аз мошинаи қудрат ва зӯри ҳукумат бар муқобили он истифода кард.

Бори дигар мутазаккир мешавем ҳукумати Э.Раҳмонов, ки акнун бештар ва ошкоротар қабилаӣ ва маҳаллӣ шуда, бадтар аз ин, сиёсати авлодиву оилавиро пеша кард, дар симои ҲНИТ мониа ва садди бузург барои идомаи ҳузури давомноки худ дар қудратро медид.

Интихоботи парлумонии феврали соли 2010 ва маҷолиси маҳаллӣ ҳадсу тахминҳои Раҳмонов дар робита ба нуфуз ва ҷойгоҳи ҲНИТ дар ҷомеро ба яқин бадал кард ва Раҳмонов ба вузуҳ пай бурд, ки ҲНИТ пойгоҳи иҷтимоии фароху қавӣ дорад ва агар ки даст ба кор нашавад, ҳокимияташро аз даст хоҳад дод. Вай ҳисобу омори воқеии орои ин ташаккули муқтадири сиёсӣ дар интихоботи парлумониро дар даст дошт. Дар бархе аз округҳои интихоботи раъйи ба дастовардаи ҲНИТ аз 80-90% ҳам боло буд.

Ба раёсати ҲНИТ омадани Муҳиддин Кабирӣ, ки ба фарқ аз Раҳмонов ҳеҷ рабте ба ҷанги шаҳрвандиву куштору ваҳшоният надошт, ба фарқ аз Раҳмонов, ки ҳам ҷавон ва ҳам донишманд, забондону фасеҳбаён аст ва ҳама хусусиёту хислатҳои як роҳбари омода ба мудирияти давлатро дорад ва новобаста аз ҷавонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳам шинохташуда аст, Раҳмоновро то пойи ҷон тарс дод ва тасмим гирифт, ки ҳоло, ки ҳукумат ва қудрат дар дасташ ҳаст, бояд дастбакор бишавад, дирангу таъхир накунад.

Протоколи 32/20 директиваи давлатӣ, плани ҳукуматӣ, спетспроект барои барандохтани ҲНИТ буд, ки ангеза, асос ва муҳаррики пайдоиши он ҳамин интихоботи парлумонии соли 2010 ва ба саҳнаи сиёсат омадани Муҳиддин Кабирӣ буд.

Огаҳони равандҳои сиёсии Тоҷикистон медонанд, ки Раҳмонов, ҳанӯз дар соли 2010 нақша дошт, ки ба Қонуни Асосии Тоҷикистон тағйирот ворид карда ҳама он «ислоҳот»-еро, ки баъдан, яъне дар соли 2016 ворид кард ба ин қонун бидарорад. Аммо инқилоби рангаи бархоста дар Қирғизистон, ки муҷиби сарнагунии Қурмонбек Боқиев гардид, ӯро бим дод, чун дар онҷо ҳам масъала масъалаи Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев шуда буд, ки дигар дар мақому мансаби ҳокимияти марказӣ омада ошкоро ба корҳои давлатӣ лезит мекард. Ин ҳам дар ҳоле, ки қасд ва ҳадафи асосии тағйири Қонуни асосӣ, ҳамчуноне дар майи соли 2016, акнун, ки ҲНИТ-ро «в не игре» карда буд, фароҳам овардани шароит барои овардани писараш ба ҷойи худаш ва барои худаш фароҳам кардани шароити модомулумр боқӣ мондан дар қудрат буд.

Раҳмонов ҳамеша аз ҲНИТ ва махсусан аз зуҳури Кабирӣ дар майдони сиёсии Тоҷикистон нороҳат ва нохуш буд ва хавфу хатар ба қудраташро аз ҳамин зовия ва аз афзоиши рейтини сиёсии ҳамин шахсият медид. Ричард Ҳоугленд, сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон дар яке аз номаҳои маҳрамонааш ба унвони Департаменти давлатӣ чунин менигорад: ….”президент Раҳмон намехоҳад,ки пас аз Нурӣ маҳз Кабирӣ раҳбари ҳизб шавад.Куллан ҳукумат талош дорад Кабириро аз саҳна берун ва ҳошия нишин кунад”. Сафир ҳамчунин навиштааст, ки: “Раҳмонов ҲНИТ-ро як душмани хатарнок медонад ва ба бархе аз ҳамсӯҳбатони ғарбияш онро як созмони террористӣ меномад, вай инчунин мехоҳад  ҲНИТ-ро дар зери Хаймаи бузург бигирад , агар ба шарте, ки ҳис кунад, метавонад, ба он назорат дошта бошад. Ба навиштаи сафир …..” Раҳмон аз дидорҳои Кабирӣ бо сарони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст”. Ба навиштаи сафир Кабирӣ дар мулоқот бо ӯ гуфтааст : “ҳадафи асосии ӯ ҳамчун “сиёсатмадори мухолиф” эҳтиёт аз зиндон шудан аст”.

Номаи маҳрамонаи ин сафир тавассути “Викиликс” фош шудааст ва ин нома замоне навишта шудааст, ки Кондализа Райс, мушовири амниятии онвақтаи раиси ҷумҳурии Амрико аз Тоҷикистон дидан карда ва аз ҷумла бо раиси ҷумҳур Раҳмон ва ҳамчунин бо Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси ҲНИТ дидор анҷом додааст. Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар поёни мулоқот ба Кабирӣ инро ҳам гуфтааст, ки бино бар паёми Райс ба ҳукумати Тоҷикистон “Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол ва бегазанд бубинад”.

Ин суҳбатҳо ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2005 доир шуда ва ҳамчуоне зикраш рафт, матни онро сафири Амрико ба Департаменти давлатӣ  ироа доштааст. Ҳоло сол чанд асту вазъу ҳол чи гуна аст.

Ва, аммо бар мабнои банду муфоди Протоколи 32/20 мебоист ҲНИТ ба як ҷасади мутаҳаррики сиёсӣ ва ба як муҷассама ва тимсоли ҳизби мухолиф бадал карда мешуд.

Қабули ин санади махфӣ ва махуф дар Шурои амнияти Тоҷикистон 24 ноябри соли 2011  бо ширкат ва ҳузури тамоми вузарои қудратии кишвар сурат гирифт.

Дабири Шурои амнияти онрӯзҳо генерал Амирқул Азимов, аз ёрони қадимӣ, аз фронтихалқчиёне буд, ки Раҳмоновро ба сари қудрат нишонида буданд. Афзун бар ин Амирқул Азимов дар ҳама амалиёти низомӣ дар водии Қаротегин дар солҳои 2008 то 2012 ҳузур дошт ва дар бархе аз ин амалиётҳо яке аз масъулони анҷоми онҳо буд.

Аммо, сарусадоҳо дар мавриди бастани ҲНИТ ба дунболи интихоботи парлумонии соли 2010 дар миёни ҷомеа беш аз пеш паҳну парешон мешуданд. Кор ба ҳадде кашида буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва он замон яке аз ду вакили Маҷлиси намояндагон гуфта буд, ки «танҳо девона» дар фикри бастани ҲНИТ аст ва ё мегуфт, ки «хуб, ки чӣ? Аз дасти мо танҳо як варақи расмиро пас мегиранд, аммо бо ин ҳама аъзову ҳаводору ҷонибдор чи хоҳанд кард»?

Муҳиддин Кабирӣ, он солҳо дар як мусоҳиба бо Мирзои Салимпур, хабарнигори вақти «Озодӣ» роҷеъ ба ин сару садоҳо, ки эҳтимол меравад, ки ҲНИТ-ро бубанданд, чунин посух додааст:

«Агар манзури шумо аз ҳизб мӯҳру санади сабти ном ва сохтори имрӯзаи ҳизб аст, кори он бо имзои Протоколи 32-20 ҳал шуда буд. Масъалаи вақт монда буд, ки то ҳамин рӯз будааст ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Албатта, мехостанд ки ин кор бо дасти масъулини ҳизб анҷом шавад, яъне худи ҳизб пароканда шуд, то ин нанги таърихӣ ба дӯши масъулини ҳукумат наафтад. Манъи расмии як ҳизбе, ки ин ҳама ҷонбозиҳоро барои сулҳу ваҳдат кардааст ва ин ҳама сабру таҳаммулро барои ватану миллат, назди таърих — кори соддае нест. Вале диданд, ки нашуд, бо баҳонаи ин ҳодисаҳо ҳатман масъаларо яктарафа хоҳанд кард. Аммо, агар манзур аз саволи шумо, ҳизб ҳамчун фикр, андеша ва роҳ аст, он на танҳо идома дорад, балки қавитар ба саҳна бармегардад. Ман ба ин шаке надорам. Чӣ ман бошам, чӣ не, вақт инро нишон хоҳад дод. Агар бо куштану ҳабсу задан андешаҳо ва арзишҳо аз байн мерафтанд, ҳоло ҳеҷ арзише ва муқаддасоте боқӣ намемонад дар ҷаҳон. Бахусус, андешаи миллӣ ва исломӣ, ки рабт ба Худованд ва мардум дорад, на ба шахсе ё гурӯҳе, ки агар онҳо аз байн рафтанд, фикр ҳам биравад. Ҳоло гуфта наметавонам, ки ин андеша ба кадом самт ҳаракат мекунад, вале то рӯзе ки ҳастам, аз чорчӯби мавҷуда берун нахоҳад рафт ва ҳеҷ тӯфоне моро аз ин роҳи сабру устуворӣ дур нахоҳад кард.»

Ҳамин Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам ним соли қабл аз қабули «Протоколи 32/20» дар як мусоҳабааш бо радиои «Озодӣ» итминон медиҳад, ки касе дар ҳукумат ин гуна қасду андеша надорад ва сарусадоҳо дар бораи бастани ҲНИТ-ро рад ва овозаҳо дар ин бораро «кори иғвогарон» меномад:

«Масалан, имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон барҳам додани ҳизби наҳзати исломӣ матраҳ нест. Лекин дар расонаҳо чор тараф мегӯянд, ки ҳукумат ҳизби наҳзати исломиро мебандад ё не. Ин иғвогарӣ ва ҷудоиандозӣ ба кӣ даркор аст? Фарзанди ҳақиқии Тоҷикистон ҷомеаро ҷамъ ва дар якҷоягӣ масъалаҳоро ҳал мекунад, на ин ки ҷудоӣ меандозад. Таҳлилҳои нохуб ба ҷомеаи мо, ба ғайр аз зарар фоидае надорад. Ин гуна ниятҳо дар ҳукумати Тоҷикистон нест. Роҳбарият мехоҳад, ки Тоҷикистон як ҷомеаи ягона бошад ва дар иттиҳод мушкилотро ҳал кунад. Яъне мо бояд ягона бошем, миёни мардум тафриқа наандозем».

Аммо, Протоколи 32/20,ки 24 ноябри соли 2011 дар Шурои амният қабул гардид ва ин санад, ҳамчунон тазаккураш ҳам рафт, ҳукм ва қасами эъдоми ҲНИТ буд, ки Раҳмонов ва қудратиёни вай содир карданду хурданд.

Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Zvezda.ru дар охири феврал ва марти авоили соли 2012 онро чоп кард.

Барои онки як каме аз ҷузъиёти ин санад бохабар бишавед ва инки чаро мо онро дирктива, план ва қасами Эмомалӣ Раҳмонов барои бастани ҲНИТ маънидод кардем, пораҳое аз онро пешкашатон мекунем:

Вазорати корҳои дохилӣ-Қаҳҳоров А.А.,Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-Ятимов С.С ва Кумитаи оид ба корҳои дин-Холиқов А.Ғ.якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону фаъолони маҳалҳо харитаҳои сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дода, доир ба муайян кардани рӯихати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо ошкор намудани тарзу усули кори таблиғоти ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-ЯтимовС.С ва Вазорати корҳои дохилӣ-Қаҳҳоров А.А бо ҳамкории сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

доир ба гузаронидани санҷиши низомӣ, шиносномаи шаҳрвандони мамлакат ,хусусан пойтахти он, муайян кардани ин, ки онҳо аз куҷо ва чӣ вақт омадаанд, инчунин мансубияти ҳизбии онҳо, бо дарназардошти масъалаи торафт аз ҳисоби занон афзудани шумораи аъзои ҲНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазамро ба роҳ монанд;

бо истифода аз маводу имкониятҳои мавҷуда дар бобати муайян кардани онҳое, ки дар майдоннишиниҳои соли1992 ширкат доштанд ва маҳаллу минтақаҳи зисти онҳо чораҷӯӣ намоянд;

бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба муайян кардани манбаъҳои маблағгузории фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз ҷумла ҲНИТ ва тафтиши фаъолияти молиявии онҳо тадбирҳои бетаъхир андешанд;

Ҷиҳати дар васоити иттилооти омма дар асоси гуфтор ва рафтори роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҳо андешида шавад;

Ҳамаи ин бандҳо, баъди қабули ин санад оҳиста –оҳиста вале пайваста ба иҷро дароварда шуданд.

Агарчи, ҲНИТ воқеияти ин Протоколро ба чолиш кашида ва то ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳияи иҷроияи Президенти Тоҷикистонва Суди Олӣ арзу шикоят бурд ва ҳамаи ин мақомот ва аз ҷумла Прокуратураи генералӣ ба унвони ниҳоди нозири иҷрои қонунҳо дар кишвар расман посух дод, ки муҳтавои ин санад, на он гунае аст, ки дарҷ шудааст. Он замон расонаҳо навиштанд, ки ду вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ ба унвони Додситони куллӣ ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархост фиристода аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар масъалаи «Протоколи 32-20» расман ибрози нуқтаи назар кунад.
Додситони кулли ҷумҳурӣ дар посухи худ ба ин дархост эълон дошт, ки дар ҳақиқат, дар санаи мазкур дар ҳукумат чунин як ҷаласае таҳти раҳбарии Президент баргузор гардидааст. Вале санаде, ки дар ин ҷаласа қабул шудааст, аз он «Протоколи 32-20» ба куллӣ фарқ мекунад. Шерхон Салимзода «Протоколи 32-20»-ро, ки дар матбуот ба нашр расид, тақаллубӣ ва бепоя хонд.
Аланӣ шудани муҳтавои Протоколи 32-20, ки дастуроти Раҳмонов бар зидди ҲНИТ буд, аҳзоби дигари оппозитсиониро ҳам дар таҳлука ва ташвиш андохт. Зеро маъно ва моҳияти ин дастуроти Раҳмонов аз он иборат буд, ки сарнавишти минбаъдаи ҲНИТ дар даст ва ихтиёри ниҳодҳои қудратӣ супорида шуд.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси вақти ҲСДТ- яке аз дигар аҳзоби оппозитсионии онрӯза бо баргузории як ҷаласаи Шурои сиёсии ин ташкилот ба баррасии муҳтавои ин Протокол мепардозад. Ба эътиқоди Зоиров «ин масъаларо на Додситонии кулл бояд муқаррар кунад, балки бевосита худи ҳукумат бояд шарҳ диҳад. Зеро ин ҷо гуфта шудааст, ҷаласа дар зуҳури президент доир шуд, ин одамон ширкат намуданд ва рақаму таърихи рӯз дорад ин санад. Боз санади дигаре аст, бо имзои вазири дохилӣ, ки он ҳам рақам ва таърих дорад. Агар дар воқеъ бо чунин рақамҳо санаде дар ҳукумат мавҷуд бошад, бояд шаффоф шавад. Зеро барои пешрафти сиёсӣ ин зиён ва халали ҷиддӣ мерасонад.»

Ва, аммо дар пайи қабули Протоколи 32/20 тафтишу таҳқиқи фаъоляити ҲНИТ аз ҷамоат –ячейкаи ибтидоӣ бигир то марказ – Дафтари марказии вай дар Душанбе аз тарафи Прокуратураи генералииТоҷикистон ва дигар мақомоти қудратӣ шуруъ шуд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва яке аз зиндониҳои ин ташаккули сиёсӣ, ки дар соли 2016 ба ҳукми абад гирифтор шудааст, дар мавриди Протоколи мазкур чунин ибрози назар кардааст:

«Протоколи 32/20 идомаи сиёсати ҳукумат алайҳи ҲНИТ аст. Мо давраи имзои Созишномаи сулҳро ба ёд дорем, ки муносибати ҳукумат ба собиқ мухолифин хуб буд, нисбат ба онҳо эҳтиром мегузошт, вале он дер давом накард. Баъди он ки Наҳзат дубора ба фаъолият шурӯъ ва дар интихоботҳо фаъолона ширкат намуд, ҳукумат дарк намуд, ки ҲНИТ бо ин фаъолиятҳои хеш метавонад соҳиби раъйи мардум гардад ва эҳтимол дорад рӯзе мақоми қонунгузорӣ ва ҳатто ҳукуматро соҳиб шавад. Ҳукумат сиёсати худро нисбат ба ҲНИТ аз соли 2000 ба баъд тағйир дод. Дар интихоботи президентии соли 1999 номзади ҲНИТ Давлати Усмон агарчи номзадияшро бозпас гирифта буд, барои ба интихобот машруъият бахшидан, номашро аз бюллетенҳо нагирифтанд. Ба интихоботи парлумонии соли 2000 ҲНИТ бидуни омодагӣ ворид шуд ва беш аз бист дар сад раъйи мардумро дарёфт кард, вале ба мо ҳамагӣ 7,62% раъй доданд. Дар интихоботҳои баъдӣ ва ба хусус интихоботи парлумонии соли 2010 бо таблиғоти начандон қавӣ, ҲНИТ, бо иқрори таҳлилгарону коршиносон беш аз 50% раъйро ба даст овард, ки ҳукуматро сахт нигарон намуд. Дар аксари ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои ҲНИТ аз намояндагони дигар аҳзоб ва ба хусус ҳизби ҳоким як сару гардан боло буданд, дар маъракаи таблиғотӣ Наҳзат қавитар буд ва услубҳои нав ва тозаеро роҳандозӣ намуда буд, ки далели бартарият ва нуфузи ҲНИТ буд. Аммо ҳукумат бо табартақсиме, ки дорад, барои мо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҷой надод ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ каме бештар аз 8% раъйро дод. Бо таҳлили вазъияти соли 2010 ҳукумат ба хулоса омад, ки бояд иқдоми ҷиддие алайҳи ҲНИТ гирифта шавад. Ин иқдом дар Протоколи 32/20 омадааст, ки аз рӯзи 24 ноябри соли 2011 қабул шудааст ва рӯзи 26 ноябри соли 2011 аз тарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Агар на коршинос, балки як шахси оддӣ ба бандҳои он назар кунад, мебинад, ки агар ба хотири мубориза бар зидди масҷид, эшону мулло, ба танзим даровардани фаъолияти масҷид ва сабти наворҳои амри маъруф, 12 банд бошад, дар ин санад дигар ҳамаи бандҳои он ба фаъолияти ҲНИТ нигаронида шудааст. Аз моҳи январи соли 2012 фишор болои ҲНИТ ва ниҳодҳои он дар шуъбаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ хело ва хело зиёд шуд. Фаъолияти ҲНИТ аз тарафи прокуратураҳои ноҳияҳо, вилоятҳо ва Прокуратураи генералӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Воқеъӣ будани онро мақомоти судии мо, ки имрӯз тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказианд, барои мо исбот накарданд, вале ба андешаи ман, он воқеият дорад. Имрӯз амалӣ шудани бандҳои мухталифи протоколро мушоҳида мекунем, бандҳои супориши Прокуратураи генералӣ ба сохторҳояш ба бандҳои протокол мувофиқат мекунанд. Талаботе, ки Вазорати корҳои дохила барои ҳамаи ниҳодҳои худ дар минтақаҳо ва вилоятҳо ирсол дошта буд, ба он мувофиқат мекунад ва мактуби раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба фаъолияти масҷидҳову ҲНИТ унвонии раисҷумҳур, далеле барои сиҳҳат ва воқеӣ будани протокол мебошанд. Ба андешаи ман номаи расмии Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин асоси пайдоиши “Протоколи 3220” мебошад. Имрӯзҳо дар атрофи ҲНИТ туҳмат мебофанд, мақолаҳо менависанд ва мақоланависон дар «фабрикаи туҳмат» ҳамарӯза қалам тез мекунанд, қоғаз мефарсоянд, ки идомаи татбиқи бандҳои ҳамон протоколи махфист. Аммо то кунун таъсири манфие ба фаъолият ва обрую нуфузи Наҳзат нарасонидаанд, чун ҲНИТ реша дар ормони мардум дорад».

Ва, аммо, Протоколи 32/20 ва дастуроти он чуноне гуфтем, дигар ба дасти иҷро супорида шуд. Барои мисол дар январи соли 2012, баъди ҳамагӣ ду моҳи қабули он тамоми ниҳодҳои қудратӣ аз Прокуратураи генералӣ гирифта то вазорати адлияву фарҳангу кмитаи дин ва андоз ба тафтиши ҲНИТ ва созмонҳои он дар саросари кишвар шуруъ карданд. Моҳи майи соли 2012 Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки ҲНИТ ба маблағи 20.000 сомонӣ ҷарима шуд. Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегуяд:  «баъд аз таҳқиқи семоҳаи фаъолияти ин ҳизб дар саросари кишвар аз сӯи мақомоти тафтишотӣ ва идораи андози кишвар, бархе аз нуқсонҳо дар пардохти молиёт ошкор шудааст. Мақомот дар заминаи фаъолиятҳои молии ин ҳизб, аз ҷумла дар пардохти носаҳеҳи молиёт (андоз) камбудҳо ошкор кардаанд ва роҳбарияти ҳизб бар ин натиҷа расидааст, ки маблағи ҷаримаро бипардозад. Вале бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ, гуфт, интизор меравад даъвои ин ҳизб бар алайҳи Додситонии кулл ҷиҳати нодуруст даст ба тафтишоти фаъолияти ҳизб задани ин ниҳод дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар рӯзҳои наздик оғоз шавад.»

Албатта, додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе мавқеи Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дуруст ҳисобида шикояти ҲНИТ аз болои он ҷиҳати бекор намудани қарори ҷаримаро рад кард.
Зарбаи дигари сахту сангини ҳукумат ба ҲНИТ дар интихоботи президентии соли 2013 сурат гирифт.

Вале то интихоботи соли 2013-и раёсати ҷумҳурӣ ва ҳатто қабл аз интихоботи парлумонии соли 2010 Раҳмонов бо ҳар баҳона ба манотиқи пойгоҳи иҷтимоии ҲНИТ водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон на як бору ду бор юришҳои ҳадафмандонаи низомӣ анҷом дод ва масъулияти ин муноқишоти хунин, аз ҷумла нооромиҳои солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар водии Рашт ва 2008,2012,2014 дар ВМКБ-ро бори фармондеҳони дар гузашта вобастаи ҲНИТ — Мирзо Зиёев ва Шайх Неъмат дар Тавилдара,Мулло Абдулло РаҳимовваАловиддин Давлатов дар Рашт ва Имомназар Имомназаров, Толиб Аёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров карданд. Ҳамаи ин фармондеҳони собиқ дар ин набардҳо дар Рашт кушта шуданд, вале ин ҳама низоъҳоро ҳукумат баъдан, замоне мурофиаи додгоҳии ҲНИТ-ро дар соли 2015 шуруъ кард бар алайҳи ҲНИТ истифода кард, агарчи ҲНИТ мукарраран эълон мекард, ки дигар ҳиҷ гуруҳ ва ё фармондеҳи ҷангӣ надорад, аммо гумон ва шаки мақомот аз ҲНИТ ҳамчунон боқӣ монд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 номзади ҲНИТ муваффақ ба ҷамъоварии имзо ҷиҳати сабти ном нашуд. Бархе бар ин назар шуданд, ки «дар интихоботи президентии ноябри соли 2013 210 000 имзо ҷамъ оварда натавонистани ин ҳизб барои сабти номзадаш ҳам нисбат ба солҳои қабл хеле заиф шудани ҲНИТ-ро ба намоиш гузошт ва мақомотро нисбат ба он далертар кард. “

Ва, аммо дар муноқишаи хунини соли 2012 дар Хоруғ-маркази ВМКБ ҳукумт чанд нафар аз масъулони ҲНИТ ба шумули раиси вилоятии он Сабзалӣ Мамадризоеви 32 соларо бо тири тактирандоз ба шаҳодат расонд ва худи ҳизбро бошад, баъдан, дар мурофиаи додгоҳии ҳизб, ки ба таври пушида сурат гирифт, муқассир шумурд. Дар айбномае, ки баъдан Прокуратураи генералӣ алайҳи ҲНИТ эълон кард, он ҳодиса чунин тафсир карда шудааст: «Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзои ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият намуда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд.

Чунончи, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятй шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишон-автомати тамғаи «Калашников» ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додааст.

Карамхудоев Ш.Е. барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятй, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодй маҳрум карда шудааст.

Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалй  24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров» ёфта гирифта шудаанд».

Ва, аммо маъракаи матбуотии  алайҳи ҲНИТ, ки дар раъси он шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур дошт, то интихоботи парлумонии марти соли 2015, ки ин бор барои ҲНИТ ҳатто як ҷойро ҳам қоил нашуд ва баъди он, то замони ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим дар сентябри соли 2015 аз тамоми васоили дар ихтиёрдоштаи ҳукумат ба роҳ андохта шуд.

Дар масоҷид руҳониёни расмӣ ошкоро даъват ба бастани ҲНИТ мекарданд. ҲНИТ то чанд вақт ба мавзуъи асосии мавъизаҳо дар масоҷиди саросари кишвар бадал шуда буда буд. Яъне Протколи 32-20 амалан ба марҳалаи ниҳоии худ мерасид.
Рузи ҷумъаи 27 марти соли 2015, ҳануз як сол ҳам нагузашта аз анҷоми интихоботи парлумонӣ, ки гуфтем ин бор барои ҲНИТ ҳатто як мандат ҳам қоил нашуданд дар намози ҷумъаи масоҷид масъала ва мавзуъ якто буд, даъват ба бастани ҲНИТ. Хабаргузориҳо, аз ҷумла радиои Озодӣ навишт, ки домулло Сайидакбар, муовини муфтии Тоҷикистон, дар хутбаи намози ҷумъааш гуфт, ҳоло зарурате барои вуҷуд ва фаъолияти ин ҳизби исломӣ намондааст. Дар хутбаи ӯ ва, ҳамин тавр, имомхатибони дигар дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз намозгузорон хоста шуд, то дастҷамъона ба ҳукумат муроҷиат кунанд, ки мақомот роҳҳои қонунии бастани ҲНИТ-ро пайдо намоянд. Ва ,аммо пешниҳоди сахтару сангинтареро Мулло Абдураҳим, собиқ қумандони ҲНИТ ва дар гузашта яке аз масъулони асосии ҲНИТ дар вилояти Кулоб ироа дошт. Вай гуфт ,ки ҲНИТ баста ва бадтар аз ин террористӣ эълон карда шавад. Мулло Абдураҳим, ки бо номи Раҳим Каримов ва ба унвони устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон Дар як семинаре таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,  ширкат ва зимни суханронӣ  даъват кард, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ ва созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шавад.

Албатта, ҲНИТ ин ҳама сарусадоҳоро бепосух нагузошт.

ҲНИТ бо нашри як баёния иқдоми ахири мақомот ва пешниҳодҳо барои қатъи фаъолияти ин ҳизбро «мухолиф ба Қонуни асосӣ» ва «хатарнок барои сулҳу субот» дар кишвар донистааст.

Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо додани пешниҳодҳо дар бораи бастани ин ҳизби сиёсӣ аз сӯи бархе аз доираҳои динии кишварро «фитнаомез» ва «мухолиф ба Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ» номид. Масъулони ҳизб рӯзи 30 марти соли 2015 бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтанд, бардоштани ин масъала «барои миллат ва давлат оқибатҳои хуб нахоҳанд дошт».

Радиои Озодӣ аз қавли Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» ,нашрияи расмии ҲНИТ, навишт, «фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидошта меъёри конститутсионӣ буда, натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулху ваҳдат дар кишвар аст.» Ба қавли ӯ, «ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як нерӯи муътадили сиесӣ эътироф шудааст.»

Ва аммо маърака ва корзори таблиғотӣ барои бастани ҲНИТ баъди як суҳбати матбуотии шоир Бозор Собир, ки акнун аз хориҷа ба ватан омада буд дар тамоми кишвар обороти тоза гирифт. Бозор Собир пешниҳод кард, ки ҳукумат ҲНИТро бубандад, чунки вуҷуди ҲНИТ монеаи рушд аст. Ин суҳбати расонаии Б.Собир, ки дар нашрияи «Миллат» мунташир шуд дар тамоми расонаҳои чопииТоҷикистон, то нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо бознашр гардид. Маълум буд, ки дастур аз боло аст. Беш аз ин мубтакири ин амалу моҷаро, нашрияи «Миллат» як мизи гирдеро дар робита ба масъалаи бастани ҲНИТ, ки ин нашрия онро «як воқеият» талаққӣ мекунад доир кард. Албатта, ҳама назару ақидаҳои баёншуда дар ин маҷлисро намешавад, инҷо овард. Вале порае аз суҳбати Сайидумар Ҳусайнӣ,муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон ва ҳоло яке аз бандиёни бо ҳукми абади ҲНИТро инҷо меоварем:

«Дуруду салом бар ҳама аҳли нишаст. Инҷо зикр карданд, ки мухбирҳо аз оқои Бозор Собир пурсиданд, ки дар бораи мусалмон будан ё набуданатон мавқеъатон маълум аст, аммо дар бораи ҲНИТ мавқеъатонро маълум кунед ва Бозор Собир изҳор доштааст, ки агар аз ман вобаста мебуд, ҳамин ҳизби наҳзатро комилан мебастам. Ҳамагон медонем, ки устод Бозор Собир мавқеъи худашро дар мавриди мусалмон будан ва набуданаш ошкор ва ҳувайдо гуфтааст, ки дигар барои фаҳмидан зарурат боқӣ намемонад. Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки касе ошкоро аз ин дин берун будани худашро қабул дорад ва ягон суннату меъёрҳои ин динро қабул надорад, ҳатман ӯ ҳизберо, ки дар асоси ин дин поягузорӣ шудааст, онро ҳам қабул надорад. Ин амри табиие аст, ки ҷои тааҷҷуб надорад, аз ин ки чун ҲНИТ дар асоси ақидаи исломӣ поягузорӣ шудааст, Бозор Собир мехоҳад, ки он баста шавад. «

Аз ҷониби дигар устод Бозор Собир, воқеъан як шоири шинохтаи тоҷик аст ва ҳамагон дар тӯли таърих медонанд, ки шуъаро касоне ҳастанд, ки аслан ба умури сиёсӣ зиёд дахолат надоранд ва аз умури сиёсӣ гурезон ҳастанд. Бинобар ҳамин, мавқеъи шахсии Бозор Собир, дар умури сиёсӣ мавқеъи ниҳоӣ ва мустаҳкаме ба шумор намеравад. Аз ҷониби дигар Бозор Собир касе аст, ки дар тӯли солҳои ахире, ки ҳамагон шиносоӣ доред, мавқеъи худро хеле ва хеле тағйир додааст. Ман ёд дорам, замоне пеш аз ин ҳаводисе, ки дар кишвар ба вуҷуд омада буд, ӯ бори аввал дар нахустин сафаре, ки ба Ирон дошт, баъди бозгашт аз он ҷо бо тамоми вуҷуд Ҷумҳурии исломии Иронро васф кард ва ҳамаи Тоҷикистонро даъват карда буд, ки ягона наҷоти шумо дар Ислом аст. Ва як замоне шунидем, ки он кас бисёр мухолифати шадид ба сиёсати Ирон кард. Баъдан ба Амрико рафт, як вақт бар зидди Амрико ҳам гап зад. Ҳамин тавр, имрӯз бар зидди ҲНИТ ва бастани он овоз баланд мекунад. Ҳама тааҷҷуб аз он карданд, ки мавқеъи устод Бозор Собирро ҳукумат барои худ як меъёр қарор дода ва дар пушти шонаҳои устод Бозор пинҳон шуданду он ҳадаферо, ки дар дохили худ доранд, ҷуръати ошкор гуфтанашро надоранд ва аз номи устод Бозор онро дар нашрияҳои ноҳиявӣ чоп карданд. Тааҷҷуб дар ҳамин аст. Вале аз мо рӯзи аввале, ки ин ҳодиса рух дода буд, пурсиданд, мо гуфтем, ки аввалан хурсанд аз он ҳастем, ки ҳамин газетаҳои ноҳиявӣ, ки дар як сол як бор ё чанд боре чоп мешаванд, ба хотири ҲНИТ ва ҳамин мақола як бор рӯи чопро бубинад, барои кормандҳояш ҳам як музди меҳнат мешавад. Ва ин ҳам як шарафест ва як хидматест аз сӯйи ҳизби наҳзат ва Миллат». “Мизи гирди баргузор намудаи Миллат”

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ», ки ин силсиламатолиби моро мутолиа ва пайгирӣ мекунед, дар ҳаминҷо ин бахш, бахши аввали Давраи панҷумро ба поён мебарем. Дар бахши дуввуми даври панҷум талошу фаъолияти иғвоангезона ва дасисакоронаи Раҳмонов ва масъулони сохторҳои низомии вайро барои бадном ва бастани ҲНИТ идома медиҳем. Аз он хоҳем гуфт, ки агар дар воқеъ устод Муҳиддин Кабирӣ аз раёсати ҲНИТ мерафт, Раҳмонов онро ором мегузошт?. Чаро дар Кулоб Муҳиддин Кабириро тухм ва помидоршапак карданд. Мақомот боз аз чи василаҳое барои барандохтани ҲНИТ аз арсаи сиёсӣ истифода карданд ва кудетои ҳоҷӣ Ҳалим илоҷи охари Раҳмонов бар муқобили ҲНИТ буд… ва амсоли ин.

Поёни бахши аввали давраи панҷум, давом дорад…

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\1 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ,ним қарни пурталотум №4\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши саввум, давраи чаҳорум)

Интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри соли 1999 ва ҳамагӣ 2% овоз гирифтани номзади ҲНИТ ва дучори шикасти шадид шудани ҲНИТ ҳам дар сатҳи раҳбарӣ ва ҳам дар ин маъракаи сиёсӣ ба ин маъно буд, ки кор дар шароити осоишта душвортар аз даврони ҷиҳод ва муқовимати мусаллаҳона пеш меравад.

Имрӯз баҳо додан ва арзёбии он марҳила осону роҳат аст. Вале як нуктаро бояд мутазаккир шуд, ки таваққуъ ва бовар ба ҳариф ва рақибе, ки бо вай дар ҷангу муборизаи мусаллаҳона қарор доштед, балки вай аз ночор ва таҳти фишор ва ба иҷбор бо шумо сулҳу оштӣ карда буд, сангинтарин иштибоҳи оппозитсион ва бахусус ҲНИТ буд, ки ҳаста ва асоси онро ташкил мекард. Аз ҳақ набигзарем, ки хеле аз роҳбарияти онрӯзаи ҲНИТ, ки баъдан бо ин ва ё он баҳона худро канор кашиданд, ҳамон замони таҳияи асноду қарордодҳо ин рӯзҳоеро, ки баъдан ба сари ҲНИТ гардон ва бор карданд, пешбинӣ мекарданд, вале хушбоварӣ ва гузаштҳои хеле зиёд оқибат ҲНИТ-ро боз ҳам ба шароите, ки ҳоло дорад, бозгардонд. Инҷо, дар мавриди ин паҳлуи масъала тафсилоти бештар доданро ҷоиз намедонем, вале наметавон аз воқеиятҳо фирор кард ва ё пинҳон дошт, дар ҳоле, ки мо дағдағаи навиштани таърихи нимасраи ҲНИТ-ро карда истодаем.

Дар ҳақиқат ҲНИТ дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ дар даврони шуравӣ, дар давраи талошҳо барои гирифтани иҷозати расмӣ ва дар давраи сангарнишиниҳои муқовимати мусаллаҳонаи панҷсола корҳое кардааст, ки аҳзобу ҳаракат ва созмонҳои сиёсии дигар кишварҳои дунё ҳаваси онро мехуранд ва ҳамин ҳоло, ки аз он марҳалаҳо ҳануз фурсати зиёд нагузаштааст, боваратон намеояд,ки ҲНИТ ҳамон мароҳилро тай кардааст ва фикр мекунед, ки он ҳама афсона аст. Аммо он ҳама афсона набуд. Воқеият буд, ки намояндаҳои устод Нурӣ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо қабулу бадрақа мешуданд ва СММ барои ҳамин муассисаи таҳти итоати устод Нурӣ як намояндаи вижа таъсис дода буд. Мешавад аз корнома ва дастовардҳои он мароҳили тайкардаи ҲНИТ дар ин тули 50 сол хеле зиёд навишту гуфт. Аммо, онки ин ҳама талошу пайкор ба роҳатӣ ва бисёр ҳам осон аз даст рафт хеле дардовар аст…..

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, агар нуқтаи оғози зарбахурии ҲНИТ шуда бошад, интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 боиси аз даст додани мақому манзалати вай мешуданд. Давоми ин се навбати ширкат дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ ва ҳақу саҳми ӯро ҳамагӣ бо наздики 9% ҷамъбаст мекарданд. Яъне бо ду вакили Маҷлис. ҲНИТ садди 5%-ро бо як “азобе”тай мекард. Агарчи воқеият чизи дигар буд. Дар асл ҲНИТ раъйи мардумро соҳиб мешуд аммо саришта ва истифода карда наметавонист.Тайи ин се давра навбати интихобот: 2000,2005 ва 2010 қисмати аъзами овози мардуми Тоҷикистонро гирифта буд ва мардум ҳам ба хотири раҳоӣ ва наҷот аз манҷалоб ва ботлоқи сохтаи Раҳмонов ба ҳарифи вай раъй медоданд.

Бахусус дар интихоботҳои маҷолиси маҳаллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ҲНИТ раъйи аксариятро ба даст меовард.

Аз соли 2000 то соли 2015 ҲНИТ тавонист, ки намояндагони худро вориди органи олии қонунгузори кишвар Маҷлиси намояндагон ва бархе аз маҷолиси маҳаллӣ бикунад. Ва, ҳамин тавр ҲНИТ ба унвони як ҳизби парлумонӣ ва дуввумин нерӯи сиёсии пурнуфус ва муқтадир баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Раҳмонов дар кишвар эътироф шуд.

Дар мавриди чандучунии ширкати номзадҳои ҲНИТ дар нахустин интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки феврлаи соли 2000 доир шуд, як пора аз хотироти Асадулло Вализода, узви собиқи ҲНИТ-ро пешкашатон мекунем, то манзара ва ҳолати он сол ва он интихобот рушан бишавад:

«Баъди эҳёи фаъолияти ҲНИТ соли 1999 ба узвияти РО интихоб гардидам. Дар интихоботи парлумонии соли 2000 дар ҳавзаи интихоботии Ҳисор номзадии маро ҳамчун намояндаи ҲНИТ ба вакилии МН МО ба қайд гирифтанд. Мақсад аз пешбарӣ нишон додани чеҳраи намояндаҳои ҳаракати исломӣ ва дар андешаи мардум шикастани қолаби куҳна буд, то онҳо бовар кунанд, ки наҳзатиҳо обод кардани охиратро дар масъулияти ислоҳу таъмири ҳаёти дунё медонанд. Аз дигар тараф, бо истифода аз минбари номзадӣ аҳдофи Наҳзатро бо риояи қонуни шариат ҳамаҷониба тарғиб мекардем ва ба мардум ин рисолатро мерасондем. Албатта, дар он шароити баъдиҷангӣ (имрӯз низ) аз ҷиҳати адами шаффофияти интихобот ва тазвири натиҷаи он баранда шудан имкон надошт. Ба ин нигоҳ накарда, дар байни се номзад тибқи ҳисоби «расмӣ» ба касби 14% орои интихобкунандагон ноил гардидам. Вале тибқи протоколҳои ба дасти намояндагони ҲНИТ расида, аз қитъаҳои интихоботӣ натиҷаи овозҳои ба банда додашуда 25%ро ташкил медод, ки дар ин сурат баргузории интихоботи такрорӣ ногузир буд. Бо машварати аъзоёни ситоди интихоботӣ дар асоси ин протоколҳо банда ба Комиссиюни марказии интихобот даъво пешниҳод намудам. Бо қарори ин Комиссиион гурӯҳи махсус иборат аз кормандони Вазорати адлия дар якчанд участкаҳои интихоботӣ тафтишот гузарониданд. Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки интихобот дар баъзе участкаҳо бо қонунвайронкунии фоҳиш сурат гирифта, варақаҳои зиёди хатназада дар байни тӯдаи варақаҳо партофта шудаанд. Бояд қайд намоям, ки мақсад аз пешниҳоди шикоят ба мардум нишон додани тақаллубу қонунвайронкунӣ дар баргузории интихобот аз ҷониби масъулони участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ ба шумор мерафт, ки маъмулан эшон бо фармони боло ба ин амри номатлуб даст зада, ҳеҷ гоҳ пурсишу кофтуковро нисбати ин аъмоли ҷурмовар гумон намекарданд. Бо ин тафтишот мо ин қолаби номатлуби бемасъулиятию беҷазо мондани раисони участкаҳои интихоботиро шикастан мехостем. Вале дар рӯзи эълони натиҷаи тафтишот дар ҳузури фаъолони ноҳия ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо иштироки номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки қарор буд ин натоиҷ сипас ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод карда шавад, барои монеъа шудан ба ин чорабинӣ ба муқобили банда сӯиқасди мусаллаҳона доир гардид. Бар асари ин сӯиқасд автомобиле, ки дар он савор будем, хароб гашта бошад ҳам, Худованд ҷони моро дар амон нигоҳ дошт. Бо вуҷуди ин тирборон, мо ҳадаф доштем масири худро ба сӯи Ҳисор давом дода, аз чорабинӣ дер намонем. Вале дар минтақаи Испечак якчанд мошинҳои сиёҳшиша моро дунболагирӣ карданд. Дар ин замон бо маслиҳату исрори дӯстон ба хотири муташанниҷ нагардидани вазъият ноилоҷ аз раъйи ба Ҳисор рафтан даст кашидем». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Ҳафтаномаи «Наҷот»-органи чопии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии таъсисёбии ин созмони сиёсӣ як шумораи махсуси идонаеро дар апрели соли 2013 ба чоп расонд. Дар ин шумора як матлаби муфассале роҷеъ ба ширкати ҲНИТ дар интихоботҳои парлумонӣ аз ҷумла интихоботи парлумонии соли 2000 чунин наившт:

«Бо ҳазорон таассуф бояд бигӯем, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама он ҳаводиси ба сари миллат омада ибрати лозимиро нагирифтанд ва аз сулҳдӯстии ҲНИТ-у гузаштҳои пайдарпайи он суиистифода намуда интиихоботи соли 2000-умро бо тақаллубкории гӯшношунид баргузор карданд: ба овозҳои касбнамудаи ҲНИТ хиёнат намуда танҳо барои он ду курсии парлумонро лоиқ донистанду халос. Ба маврид аст агар дар ин замина масале зада шавад.

Дар яке аз интихоботҳои парлумонӣ дар ҳавзае, ки ноҳияи Нуробод, Файзобод, шаҳри Роғун ва як қисми ноҳияи Ваҳдатро фарогир аст, бародар Муҳиддин Кабирӣ номзади ҲНИТ дар ин ҳавза буд. Номзад дар маъракаи таблиғотиаш бо вуҷуди мушкилоти хеле зиёди ин минтақа ҷадидтарин услубҳои таблиғотиро истифоданамуд ва бо касби 52% овозҳо барандаи интихоботаш эълон карданд. Аммо баъди гузаштани як рӯз бо дахолати «боло» натиҷаи интихобот дар ин ҳавза нодуруст дониста шуду овозҳои Муҳиддин Кабирӣ на 52 фоиз, балки 48% эълон карда шуд ва интихоботро ба даври дуввум кашониданд. Дар даври дуввум бошад Кабирие,ки 48% овоз гирифта буд, пирӯзӣ ба даст наовард, балки рақибаш, ки танҳо бисту чанд дар сад овоз дошт, пирӯз гардид. Ин аст яке аз он тақаллубкориҳои гӯшношунид». №17(734)«Наҷот.26 апрели соли 2013».

Дар интихоботи маҷолиси маҳаллӣ ҳам ҳукумати Раҳмонов тамоми зарфият ва иқтидори худро ба он равона мекард, ки номзадҳои пешбаришуда аз тарафи ҲНИТ шомили маҷлис нашаванд. Дар ин интихоботҳо баҳсу муборизаҳо бештар аз баҳсу муборизаҳо барои  интихоботи Маҷлиси намояндагон сурат мегирифт. Аммо, аз он ҷиҳат, ки дар ҳайати участкаҳои  интихоботӣ аъзо аз тарафи ҲНИТ ворид карда нашуда буданд, баргаҳои раъйдиҳӣ ба манфиати ҳизби халқӣ-демократии Раҳмонов ҷамъбаст карда мешуданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама фишору тақаллубкориҳо дар бархе аз манотиқи мамлакат номзадҳои ҲНИТ вориди маҷолиси маҳаллӣ мешуданд. Қамариддин Афзалӣ, роҳбари пешини ҲНИТ дар вилояти Хатлон, ки ҳоло дар шумори аъзои раёсати ҲНИТ дар ҳиҷрат ба сар  мебарад, дар як суҳбаташ мегуяд, ки онҳо муваффақ шуданд, ки 7 нафар аз аъзои худро ба маҷолиси шаҳриву ноҳиявӣ ворид кунанд:

«Феълан дар минтақа ҳафт вакили ноҳиявӣ дорем. Вакилон дар ҳавзаҳои худ дар корҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ саҳмгузоранд».

Ба ин тартиб дар интихоботҳои баргузоршуда дар соли 2000, 2005 ва 2010 ҲНИТ тавонист, ки дутоӣ номзадҳои  худро соҳиби курсии Маҷлиси Намояндагон кунад ва ин вакилон ба истиснои нависанда Сайид Насриддин, ки ҳамроҳи устоди марҳум Ҳимматзода аввалин вакилони наҳзатӣ дар парлумон ба шумор мерафтанд, дигарҳо, Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ наҳзатӣ буданд.

ҲНИТ ва намояндаҳои он дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар се давраи интихобот, яъне тули 15 сол чи корҳое карданд ва ҷойгоҳи онҳо дар мақоми боқии вакилон чи гуна будро дар инҷо баён намекунем.

Аммо лозим ва зарур аст ки нақш ва таъсири ҲНИТ дар ин мақтаъ ва фосилаи таърихиро мухтасар ҳам бошад, бозгӯ бикунем.

Баъд аз онки ҲНИТ ба фаъолияти расмӣ пардохт ҷомеаи кишвар, ки таҳти фишори равонии ҳукумат ва сиёсати зиддидинии вай қарор дошт, ҲНИТ-ро ба худ пуштибон ва такягоҳ ҳисобида аз нав рӯ ба арзишҳои мазҳабии худ овард. Ба баёни сода ва оммафаҳм бигуем, мардум дигарбора рӯ ба ислом оварданд ва шумори масҷид ва масҷидрав афзуд. Мурооти аркони ислом аз тарафи мардум бештар мешуд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ, аз қабили туйҳо ҳам бо шаклу шеваи исломӣ баргузор мешуд. Мунтаҳо ҷомеаи кишвар явош-явош исломӣ мешуд. Чунки ҲНИТ ва масъулони он аз мардум ошкоро даъват мекарданд, ки барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои динии худ талош биварзанд ва дар ҳарҷо, аз ҷумла дар матбуот ҳам, ки суҳбат мекарданд, изҳор медоштанд, ки ҳадафи онҳо эъмори ҷомеаи исломӣ аст, на давлати исломӣ. Чун интихоби сохти давлат марбут ба худи мардум аст. Аз инҷо буд, ки таййи солҳои 2000-2015 ислом дигарбора дар Тоҷикистон мақому манзалати худро ба даст овард.

Марҳум Файзиниссо Воҳидова, аз адвокатҳои саршиноси тоҷик фишорҳои мақомот болои ҲНИТ-ро натиҷаи ҳамин ҳолати ҷомеа медонад, ки боиси нигаронии Раҳмонов ва тими вай шудааст:

«Мо имрӯз ба таври ошкор мушоҳида мекунем, ки дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ фишор болои ҲНИТ хеле сахт шудааст. Ин ҳама омилҳоеанд, ки давлат аз исломишавии ҷомеа ба тарсу таҳлука уфтодааст, ҳол онки ба фикри шахсии ман давлат набояд аз исломишавии ҷомеа тарсу ҳарос пайдо мекард. ҲНИТ ҳам ҷонибдорӣ аз ҷомеаи исломӣ мекунад на аз давлати исломӣ. Айни замон ҲНИТ дар як даври ҳассос қарор дорад. Фишорҳо беш аз пеш афзоиш меёбанд, ки ба шӯҳрати пайвастаи ҳизб рабти мустақим доранд. Зеро Наҳзат воқеъан тарафдори зиёд дорад. Аз ин тарзи вазъият ва густариши нуфузи Наҳзт, албатта, ҳизби ҳоким меҳаросад ва зимоми идораи давлатро аз даст доданӣ нест.» №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013.

Бидуни шак, исломишавии ҷомеаи тоҷик Раҳмонов ва ҳукумати вайро сахт нороҳат ва нигарон мекард. Чунки онҳо, бар ин бовар ҳастанд, ки исломишавии ҷомеа шонсҳои пирӯзии ҲНИТ дар интихоботҳоро бештар хоҳад кард. Онҳо сахт ҳарос доштанд ва барои онки ин раванд ва ин таҳаввулро ҷилавгирӣ кунанд ба он зайл ва таври дигар баҳо медоданд: «ифротишавии ҷомеа».

Барои мисол, ҳамин Иброҳим Усмон, муаррихи тоҷик, ки дар ин риштаматолиб иқтибосҳои фаровоне аз навиштаҳои эшон истифода шудааст, дар ин авохир дар як матлабе нигаронии худро аз исломишавии ҷомеаи тоҷик ошкоро эълон кардааст:

«…..дар замони гузар аз идеологияи коммунистӣ ба иделогияи нав олимоне ва ҳатто гуруҳҳое ба миён омада истодаанд, ки ба рӯи ҳама чизҳои гузашта хати бутлон мекашанд, аз ҷумла ба масъала ва андешаҳои пешқадам низ. Аз ин неруҳои худхоҳ дар шароити Тоҷикистон-тундравони исломӣ суиистифода менамоянд. Дар шаҳри Душанбе ба миён омадани муҳити нимаисломӣ шояд аз намунаҳо ва нишонаҳои ҳамин андеша бошанд». (Омузгор№40,5-10.2013)

Аммо новобаста аз онки мақомот болои ҲНИТ ва масъулону аъзои он фишор меоварду зӯроварӣ мекард ва ҳатто афроди саршиноси он назири Шамсиддин Шамсиддин, муовини фарҳангии ҲНИТ ва Қосим Раҳим, узви Раёсати олии онро бо иттиҳомоти бепоя ба зиндон кашонд обру ва мақоми ҲНИТ на танҳо дар дохил, дар хориҷ аз кишвар ҳам боло мерафт.

Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар як ёддоште дар ин маврид изҳори назар кардааст: «ҲНИТ танҳо ҳизби дохилӣ нест, аллакай ин ҳизбро дар бисёр давлатҳои Шарқу Ғарб хуб мешиносанд. Вақте ман бо бештари сиёсатмадорони Аврупо сӯҳбат мекунам, онҳо мегӯянд, ки ҳизб хеле ботаҳаммул аст. Ва он вохӯриҳое, ки бо нависандагону шоирон ва олимон мегузаронанд, рӯз аз рӯз сафҳои он, хусусан аз ҳисоби занону ҷавонон зиёд шуда истодааст». №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013

Дар ҳақиқат ҳамагӣ дар давоми ду — се соли фаъолият ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат тавонист, ки дар тамоми қаламрави кишвар созмон ва ячейкаҳои аввалияи худро фаъол ва як созмони мураттабу муназзам ташкил бидиҳад. ҲНИТ амалан ҳизби парлумонӣ шуда ва намояндагони он дар ҳукумати марказии Тоҷикистон фаъолият мекард. Албатта, ин ҳама комёбӣ ва муваффақияти як созмони сиёсии динӣ буд, ки ба мухолифат ва мухосаматҳои дохиливу берунӣ эътино нокарда собитқадамон пеш мерафт. Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҷаласаи бахшида ба сивумин солгарди таъсисёбии ҲНИТ аз ин ҳама дастовардҳо бо ифтихор суҳбат кардааст:

«ҲНИТ алҳол дар 61 шаҳру навоҳӣ ба таври расмӣ фаъолият пеш мебарад ва тақрибан 40 ҳазор узви фаъол ва ҳазорон ҷонибдорони худро дорад. Танҳо дар минтақаи Кӯлоб бо фишори баъзе аз масъулини тангназар ин ҳизб ба таври расмӣ натавонистааст, ки конфронсҳои худро баргузор кунад. Вале ман мутмаинам, ки оҳиста-оҳиста майдон барои кӯҳнапарастон танг хоҳад шуд ва адолат ғалаба хоҳад кард. Баргузори конфронсҳои ҳизб дар ноҳияи Фархор ба ин далолат медиҳад.

Иртиботи ҲНИТ бо намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилал сол то сол мустаҳкамтар мегардад. Вохӯрӣ ва мулоқотҳои ҳамешагии роҳбарияти ҳизб бо корпусҳи дипломатӣ ва баррасиву муҳокимаи масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон ва ҷойгоҳи баланди ҲНИТ дар миқёси ҷаҳонӣ, хусусан Аврупо ва ғарб, шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки намояндагони ҳизби мо дар мақомоти баланди ҳукумати ифои вазифа мекунанд. Аз ҷумла: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Зокир Вазиров, муовинони сарвазир, Зайд Саидов, вазири саноат, Мирзо зиёев вазири вазъи фавқулода, Ғайрат Адҳамов муовини аввали вазири дифоъ ва даҳҳо нафари дигар дар чорабиниҳои сиёсӣ ва мавқеъгириҳо бо мо нестанд, вале ҳамчун рамзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳизб ба шумор меравад, як пули иртиботие байни мо ва давлат хоҳанд буд. Ҳизб дар давоми сол конфронс, семинар ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо дар саросари ҷумҳурӣ баргузор хоҳад кард. Аз ҷумла соли ҷорӣ 1115 чорабинии сиёсӣ, 820 чорабинии фарҳангӣ ва 153 чорабинии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 190-тои он тавассути шӯъбаи ҷавонон ва 150-тои дигар ба василаи шӯъбаи бонувон бояд амалӣ гарданд. Роҳбарияти ҳизб ба ҷуз аз кӯмакҳои рӯзмарраи ҳоҷатмандон як ҳазор ятимро сарпарастӣ мекунад.

Манбаи даромади ҳизб аъзоҳаққӣ, хайрия, фурӯши рӯзнома ва маҷаллаҳои ҳизбӣ ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин теъдоди зиёде аз ҷонибдорони мо дар кишври Русия кор мекунанд ва аз даромади худ саҳмеро ба хазинаи ҳизб ирсол менамоянд. Масрафи чорабиниҳои калони моро ашхоси алоҳида, сарватмандони ҳизбӣ ва ихлосмандону ҷонибдорони мо мепардозанд».

С.А Нурӣ «Ормони мардуми мусалмони кишвар» Душанбе-2003

Нуҳуми августи соли 2006 қалби муассис ва бунёдгузори ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз тапидан бозмонд. Унвонии дафтари ҲНИТ дар Душанбе аз ақсо нуқоти олам, аз роҳбарияти кишвраҳои муқтадир, аз созмонҳои бонуфузи дунё барқияҳои таслият ва таъзия сарозер мешуданд. Маҳмадсаийд Убайдуллоев  дар маросими дафни устоди марҳум номаи Эмомалӣ Раҳмоновро қироат ва ҳамдардии ҳукумати Тоҷикистонро баён дошт. Албатта бо рафтани устоди шаҳид ҲНИТ дучори бохти сахт шуд, вале пайравони мактаб ва сиёсати вай даступохурда нашуданд. Роҳи ӯро идома доданд. Ҳар ончики дар интихоботи парлумонии соли 2005, замони дар ҳаёт будани устоди марҳум болои ҲНИТ бор карда шуд, яъне натоиҷ комилан дасткорӣ шуд, дар интихоботи соли 2010-и Маҷлиси намояндагон низ такрор гардид. Вале ин бор ва ин дафъа истиқболи ниҳоят гарм ва саросарии мардум аз ҲНИТ ҳукумати Тоҷикистон ва раиси он Эмомалӣ Раҳмоновро дар ҳолати шок қарор дод. Чунки ин бор ҲНИТ бо тозакориҳое вориди ин сабқат шуда буд, ки нишон медод, зарфият ва тавоноияш дар ҳоли такмил шудан аст. Инҷо аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» як пораеро иқтибос меоварем:

“ҲНИТ дар ин интихобот зери раҳбарии раиси ҷавони он Муҳиддин Кабирӣ вориди корзор шуд ва ҳузури ҳавасангезу бозии зебои ҳизб дар интихобот як навгонӣ ва тозакорӣ дар сиёсати Тоҷикистон буд. Аз шиору овеза ва роликҳои интихоботиву ширкат дар сабқат ва мулоқот бо интихобкунандаҳо таваҷҷуҳангез ва диққатҷалбкунанда буд.  Вале боз ҳам натиҷаи интихобот тавре ҷамъбаст карда шуд, ки барои ҲНИТ  аз ду курсӣ бештар надоданд. Аммо аксари коршиносон ва огаҳони умур, ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд ҳамон солҳо ва ҳамин ҳоло ҳам бар ин андеша буданд, ки ин навбати охирини ширкати ҲНИТ дар интихобот буд.

Дар интихоботи баъдӣ, ки панҷ сол пас доир мешавад ба ҳизб овози гирифтаашро нахоҳанд дод ва шояд ҳам то он интихобот нарасад ва баста бишавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар интихоботи соли 2010 амалан ҲНИТ онро бурида буд. Агарчи Комиссиюни марказии интихобот барои ҲНИТ ҳудуди 10% қоил шуд аммо сифри болотар аз 60 ва ҳатто дар бархе аз ҳавзаҳо 70 то 80%раъйи мардумро ба даст оварда буд. Чунин тарафдорӣ ва истиқболи бузурги мардум аз ҲНИТ ҳукуматро дар муқобили он комилан дигар кард. Зеро як чунин истиқбол аз ҲНИТ-ро ҳукумат интизор надошт. Тамоми дастандаркорони қитаҳои райдиҳӣ, мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ диданд ки ҲНИТ баранда ва пирӯзи интихобот аст».

Нуктае дигар, ки бояд алоҳида мутазаккир бишавад ин аст ки ҳанӯз дар соли 2003 ҲНИТ соҳиби 40000 узв шуда буд, ки инро худи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суханрониаш бахшида ба сиюмин солгарди ҲНИТ дар соли 2003 иброз доштааст. Аммо дар соли 2010 ҳам ҳамин сифр, яъне 40.000.

Вале Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз суханрониҳояш аз он мегуяд, ки шумори нафароне, ки қасд ва ният доранд узви ҲНИТ бишаванд дар ҳоли афзоиш аст:

«Барои мисол,пештар агар 700-800 аъзои ҷадидро дар як сол ба қайд мегирифтем ва 10-12 нафари онҳо аз ҳизб хориҷ мешуданд, ҳоло оморҳо чизи дигарро тайид мекунанд: дар як моҳ 300-350 нафар аъзо мешаванд ва ҳизбро тарк намудаҳо 30-40 нафарро, инҷо таъсир ҳаст. Вале бартарият ба тарафи пайвастшавӣ ба ҳизб аст. Дар моҳи март аз нигоҳи оморӣ 450 нафар аъзо шудаанд ва 92 нафар аз ҳизб хориҷ шудааст. 92 нафар барои мо хеле зиёд аст, вале як чиз ҷои фикр намуданро ҳам дорад, ки соли 2012, 300-350 нафар дар сол буд ва дар моҳи марти имсол 459 нафар аъзо шудаанд». №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013

Аммо ҳарфи дигаре, ки бояд гуфта шавад ин аст ки ҳамин интихоботҳо, новобаста аз онки ҳукумати Раҳмонов чи натиҷаеро ва чи омору арқомеро барои ҲНИТ медиҳад, ҲНИТ-ро дар маърази хатар гузошт.

Дустону душманони дохилию хориҷӣ ҷойгоҳи ҲНИТ-ро ба дурустӣ ва хубӣ фаҳмиданд. Фаҳмиданд, ки ҲНИТ пуштибонии халқро касб кардааст. Дар сурати пешгирӣ накардан як рӯз не як рӯз ҳокимиятро хоҳад гирифт.

Бахусус интихоботи соли 2010 ва рӯи саҳна омадани як сиёсатмадори ҷавон аммо зарангу забардаст-Муҳиддин Кабирӣ, ки акнун раёсати ин ҳизбро бар уҳда дорад, пояҳои ҳукумати мустабид ва ғайримардумии Раҳмоновро ба ларза андохт. Раҳмонов, албатта, омори воқеии ин интихоботро дошт. Вай, ки дар ҳавои исломишавии ҷомеа талош мекард худро як нафари пуштибони мусалмонҳо ҷилва диҳад ва ҳатто маросими таҷлил аз 1310 солагии имом Абуҳанифа бунёнгузори мазҳаби ҳанафиро дар сатҳи давлат доир кард, то ибтикоротро дар дасти худ бигирад, ба якбор ҷомаи худро чапа пушид ва қасами ҲНИТро хурд.

Протоколи 32/20, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳи баргузории интихоботи феврали соли 2010 қабул гардид, қасами Эмомалӣ Раҳмонов барои ҲНИТ буд, ки барои ба иҷро гузоштани он чаҳор соли дигар мубориза кард.

Ҳукумати Раҳмонов замони интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015-ро бесаброна интизорӣ мекашид. Агар Раҳмонов ва СС.Ятимов имкон медоштанд, қабл аз феврали соли 2015 корҳо, яъне Протоколи 32/20, ҳамин қасами катбии Раҳмоновро амалӣ мекарданд. Вале дасташон кутаҳӣ мекард, агарчи мепиндоштанд,ки замина ва афкору зеҳнияти иҷтимоъро барои иҷрои ин корҳо фароҳам ва мусоид карда буданд. Вале аз онки ҳанӯз ҲНИТ дар парлумон намоянда дошт, кор мушкил пеш меовард. Сохта ва бозӣ будани нақшаҳо дафъатан маълум мешуд ва бовар намекарданд. Албатта, пай бурдед, ки манзур бастани ҲНИТ аст, ки бо тамоми талош ва зарфияте,ки доштанд,комёб нашуданд. Ҳатто бо иҷрои кардани нукоти ҳамин Протоколи 32/20, магар инки кудетои ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода, муовини вазорати дифоъи Тоҷикистон)-ро тарроҳӣ ва татбиқ карданд.

Дар бахши панҷум ва ниҳоӣ бо иттифоқоти вобаста ба Протколи 32/20 ва кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ҳикояти мустанади худ аз таърихи нимасраи ҲНИТ-ро идома хоҳем дод.

Поёни бахши саввуми давраи чаҳорум, ин давра ба поён расид, мегузарем ба давраи панҷуми ин мақтаъи таърихӣ. Бо “Ислоҳ” бошеду огоҳҳтар гардед….

Сообщение ҲНИТ,ним қарни пурталотум №4\3 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\2
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши дуввум, давраи чаҳорум)

Фаъолияти расмии ҲНИТ ва ширкат дар корзорҳои сиёсӣ

«Дар робита ба ҲНИТ метавон гуфт, роҳбарияти давлати мо ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти ҲНИТ мухолифат надорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар як вохӯрӣ гуфтанд:

«Фаъолияти ҲНИТ дар асоси Конститутсияи Тоҷикистон аст ва Сарқонун моли мардуми Тоҷикистон мебошад, мақомоти давлатии кишвар ва мақомоти кишварҳои хориҷӣ ҳақ надоранд ин чизро мухолифат кунанд. Шумо дар чаҳорчӯбае, ки қонун муайян кардааст, фаъолият кунед, мо зери фишори каси дигаре сиёсатамонро нисбати ҲНИТ тағйир намедиҳем».  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе -2013

Баҳси фаъолияти расмии ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат ҳанӯз дар замони музокирот ҳам бисёр доғу гарм шуда буд. Ҳукумат бо тамоми якравӣ ва гарданшахӣ талош меварзид, ки ҲНИТ ҳарчи дер ва дуртар ба саҳнаи сиёсӣ биёяд. Албатта, ин сабабҳои зиёде дошт. Аммо муҳимтарин сабаби эҷоди мамониат ва ҳарчи ба ақиб андохтани замони фаъолияти ҲНИТ дар кишвар он буд, ки Раҳмонов дар  симои он рақиби воқеӣ ва ҷиддии худро медид, чун аз ҳар лиҳоз  ва аз ҳар боис Раҳмонов наметавонист дар маъракаҳои сиёсӣ-интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ пуштибонии халқро ба даст оварад. Аз ин ҷиҳат буд, ки пайваста пофишорӣ мекард, ки ҲНИТ ҳарчи дертар ва агар тавонист муваффақ бишавад, умуман ба майдон ва ҳаёти сиёсии кишвар барнагардад.

«Ислоҳ», қаблан ҳам дар яке аз матолиби таҳлилиаш навишта буд, ки баҳси гирифтани иҷозаи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар ҳанӯз дар  яке аз давраҳои музокирот гарму доғ шуда буд. Роҳбарияти ИНОТ пешниҳод ва назараш ин буд, ки ба муҷарради вориди кишвар шудани КОМ аҳзоби сиёсии оппозитсион ба фаъолияти расмӣ шуруъ кунад. Аммо Раҳмонов ва ҳайати музокиротии вай қатъиян муқобили ин пешниҳод буд.

Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустин раиси расмии ҲНИТ ва аз масъулони ҳайати музокиротии ҷониби ИНОТ дар як суҳбати расонаияш дар ин робита чунин ёдоварӣ кардааст:

«Ҳангоме, ки дар шаҳри Бишкек Протоколи сиёсӣ дар бораи ба фаъолият шурӯъ кардани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ИНОТ имзо мешуд, ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон талаб мекард, ки ин кор бояд баъд аз татбиқи марҳалаи дуввуми протоколи низомӣ сурат бигирад, аммо ҷониби мо тақозо дошт, ки бояд бо муҷарради имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ ва бозгашти роҳбарияти ИНОТ ба кишвар, монеъият аз болои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ИНОТ бардошта шавад. Чанд рӯз музокирот бо миёнҷигии Раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон, ҷаноби Аскар Акаев ва ширкати бевоситаи Президенти Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) идома меёфт, вале он натиҷае намедод. Ҳарду ҷониб дар мавқеъҳои худ пойфишорӣ мекарданд. Вақте устод Нурӣ(р) дид, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мо дар мавқеи худ пофишорӣ дорем, гузашт кард, то ин ки протоколи сиёсӣ ба имзо расид ва ончи ҳукумат талаб мекард, тибқи ҳамон шуд. Бисёриҳо марҳум устод Нурӣ(р)-ро барои анҷоми ин амал мавриди маломат қарор доданд. Вале баъди гузашти замон мо ба ин хулоса расидем ва дарк намудем, ки мо саҳв карда будем ва мавқеъеро, ки устоди шодравон(р) гирифт, дониставу огоҳона анҷом дод». «Муҷаддиди аср».Душанбе. «Деваштич»,2007

Ин суҳбати устоди равоншод, дар он солҳое, ки дар ҳаёт буд, сидқ мекарду дуруст буд. Вале, мову шумо дидем, ки оқибат «зангӣ ба шустан сафед нашуд» ва «гургзода оқибат гург шуд» ва гургиашро карду дигарбора ҲНИТ-ро баст. Бале, дуруст пай бурдед, ки манзури мо Раҳмонов аст, ки гуфтем усулан розӣ набуд, ки ҲНИТ дигарбора мақоми расмӣ касб кунад.

Дар ҳамин қисмати ин бахш боз аз як ҳодисаи дигаре мутазаккир мешавем, ки чи гуна Раҳмонов талош мекард, ки ҲНИТ-ро сабти ном накунад ва тамоми солҳои муқовимату ҷиҳодӣ, пайрав ва аъзои ин ташаккули сиёсиро беарзиш кунад ва ба сифр табдил диҳад.

Иброҳим Усмонов, доктори улуми таърих ва аз ширкатдорони тамоми раванди музокироти сулҳ, ки китобҳои зиёде дар бораи ин марҳалаи таърихи давлати Тоҷикистон навиштааст, аз як ҳолати бисёр ҳам ногуворе ёдовар мешавад:

«Дар моҳи май ду воқеаи муҳим ба амал омад, ки он дар раванди сулҳ таъсири равшане дошт. Тавре қаблан зикр намудем КОМ дар қатори соири вазифаҳое, ки дошт дар моҳҳои ноябр-март лоиҳаи қонунро «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баррасӣ карда ба Маҷлиси Олӣ фиристод. Ин лоиҳа аввал дар зеркомиссияи сиёсӣ тайёр шуд. Онро сипас зеркомиссияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ якҷоя дида пурра карданд. Ниҳоят ба маҷлиси умумии КОМ манзур шуда моҳи март дастгирӣ ёфт ва ба Маҷлиси Олӣ фиристода шуд. Бо назардошти онки тарафи ҳукуматӣ ҳамчун ҷониби оппозитсион ҳамаи амали худро бо роҳбарият дар айни ҳол бо Президент ҳамоҳанг мекунад, бояд проблемае пеш намеомад. Ин лоиҳа ба лоиҳаи Маҷлиси Олӣ мувофиқат мекард. Аммо ҳангоми баррасии он дар Маҷлиси Олӣ бо ташаббуси иддае аз вакилон моддаҳои сеюм ва чоруми он тағйир дода шуданд ва чунин маъно ба миён омад, ки таъсиси ҳизбҳои равияи динидошта дар Тоҷикистон манъ аст. Дар маҷлисҳои минтақавии вакилон ва дар худи сессияи депутатҳо –аъзои КОМ мавқеи КОМ-ро дар ин мавзуъ ҳимоя карданӣ мешуданд. Аммо гапашон нагузашт. Депутатҳо бо назардошти онки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, қатъан зидди рухсат ба фаъолияти ҳизбҳои динӣ буданд. Ва моҳияти созишномаи умумиро дар ин маврид эътироф кардан намехостанд. Ин буд, ки қарори иҷлосияи Маҷлиси Олӣ ИНОТ-ро қонеъ накард. Онҳо ба СММ, ба Президент нома навишта ҳукумати Тоҷикистонро ба он гунаҳкор намуданд, ки Созишномаи умумиро вайрон мекунад ва бо ин ҳукумат ҳамкорӣ кардан  мумкин нест». Иброҳим Усмон. «Сулҳнома». Душанбе-2001,Матбуот.

Аммо, бо вуҷуди ин ҳама мухолифат ва бархурди хасмона Раҳмонов ночор буд, ки ба фаъолияти расмии ҲНИТ тан дарниҳад. Ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон 11 августи соли 1999 қарор дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ ва бақия ҳизбу созмонҳои шомили Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷикро лағв кард ва ҲНИТ  ба фаъолияти худ дар кишвар оғоз кард. Албатта, чуноне мутазаккир шудем, бо вуҷуди аҳду қавлу паймон ва дар асноди Созишномаи умумии сулҳ изофа кардани Протоколи алоҳида барои ҲНИТ ҷониби оппозитсион аз муносибати душманонаи Раҳмонов барои оянда ҳам бим дошт. Аз инҷо буд, ки «ҷиҳати тазмин ва кафолати ҳуқуқии фаъолияти Ҳизби Наҳзат дар Қонуни Асосии Тоҷикистон моддаи махсусеро таҳти рақми 28 ворид гардид, ки ин модда барои аҳзоби характери динӣ дошта иҷозаи амал медод ва ин модда дар натиҷаи мувофақаи ҳукумат ва оппозитсион дар шумори дигар аз тағйироти ворида ба ин санад дар раъйпурсии мардумӣ ҷиҳати ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 1999 аз ҷонибдории мардум бархурдор шуд».

Дар мавриди моддаи 28-и Қонуни асосӣ, ки онро моддаи Наҳзат ҳам номида буданд, метавон тулонӣ навишт. Чунки он дар ҷаласаҳои хеле зиёди КОМ мавриди мубоҳисаҳои ҷонибҳо гардида буд. Аммо дар ниҳоят, хулоса он шуд, ки пешниҳоди ҷониби оппозитсион пазируфта бишавад ва таъбири «ҳизби характери динӣ ва атеистӣ» дошта дар матни Қонуни Асосӣ ба таври хосу алоҳида мусаббат бишавад ва мақоми конститутсионӣ касб кунад, яъне ҲНИТ гарантияи конститусионии фаъолият бигирад. Ва,ҳамин тавр баъди бозгашт аз ҳиҷрат 18 сентябри соли 1999 Анҷумани ҲНИТ дар Душанбе доир шуд ва устод ва бунёдгузори он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси он интихоб гардид.

Устоди худобиёмурз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,ки акнун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шуда буд, солҳо баъд раванди баргузории Анҷумани нахустини баъд аз ҳиҷратро чунин ба қалам додааст: «Пеш аз барпо гардидани Анҷумани навбатии ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ ва кумитаи тадорукотӣ доир гашт ва дар он тасмим гирифта шуд, ки банда раисии ҳизбро гирифта ба уҳда бигирам. Воқеан, афроде пайдо шуд, ки ақида доштанд, ки камина ба мисли пешина дар ақибгоҳ дар фаъолияти пасипардагӣ бошам. Шахсан банда ба ин фикр розӣ нашудам. Чаро? Барои онки вақте мехостанд маро ба раисии КОМ интихоб кунанд ҳамин нафарон маслиҳат доданд, ки ба ин кор розӣ нашавам. Онҳо мавқеи пасипардагии манро ба манфиати кор меҳисобиданд. Вале камина ба ин розӣ нашудам ва роҳбарии КОМ-ро қабул кардам. Зеро медонистам, ки аксари мутлақи роҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони саҳроӣ ба сухани банда гӯш медиҳанд ва итоат мекунанд. Фикр кардам, ки агар раисии КОМ-ро ба ӯҳда нагирам барқарор гардидани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амри маҳол аст. Ҳамин корро кардаму шукри худованд ба сулҳу салоҳ муваффақ шудем. Аммо вақте хостанд маро раиси ҲНИТ интихоб кунанд мавқеи ҳизб дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле ногувор буд, яъне обрӯву эътибор ва ҷойгоҳи онро баланд бардоштан лозим буд. Камина дар вазифаҳои раиси ИНОТ ва КОМ обрӯи зиёди байналмилалӣ пайдо карда будам ва дар сурати раиси ҲНИТ интихоб шуданам престижи сиёсиам то андозае коста мегардид. Аммо ман инро зарур медонистам, ки бояд бо ҳамон обрӯи сиёсие, ки дорам дар сурати раиси ҲНИТ интихоб гардиданам мақом ва манзалаи ҳизбро баланд бардорам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Феълан намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои мамолики гуногуни ҷаҳон худашон барои мулоқот ба қароргоҳи ҲНИТ меоянд, ки ин аз баланд гардидани обрӯю эътибори ҳизби мо шаҳодат медиҳад. Имрӯз ҳизби мо ба эътибори таҳлилгарони сиёсии ҷаҳон яке аз ҳизбҳои бисёр обрӯманд ва зиндаи ҷомеаи кишварамон ба шумор меравад. Аз ҳаминҷост, ки намояндагони ҳизби моро ба нишастҳои байналмилалӣ, семинару симпозиумҳо тез-тез даъват мекунанд.

Моҳи ноябри соли гузашта камина ҳамроҳи ҷонишини раиси ҲНИТ Муҳиддин  Кабирӣ ба кишвари Таиланд барои ширкат дар конфронси ҳизбҳои сиёсии қитъаи Осиё рафта будем. Дар онҷо Тоҷикистонро танҳо ҳизби мо намояндагӣ мекард. Вақте аз масъулини конфронс пурсидем, ки чаро аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои ҷумҳурии мо даъват ба амал наомад. Дар ҷавоб гуфтанд, ки мо ҲНИТ-ро ягона созмони фаъолу тавонои сиёсӣ дар кишваратон мешиносем. Бинобар ин шуморо барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват кардему халос.

Хайр, дигар чи гӯям? Чун раиси ҲНИТ ба фаъолият шурӯъ кардам. Ба як қатор комёбиҳо низ ноил гардидам. Мо аз соли 1999 то ин дам се марҳаларо аз сар гузаронидем. Соли аввал масъалаи ташкилию таъмирии шикасту рехти ҳизб буд, соли дуввум марҳалаи барқароркунӣ буд, соли сеюм марҳилаи сиёсикунонӣ эълон шуда буд. Имсол бошад соли ислоҳот барои ҳизб ба шумор меравад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар як узви ҳизб аз шахси қаторӣ сар карда то раиси ҳизб бояд ба кору фаъолияти худ ба назари танқидӣ бинигарад ва ҳатман бозсозиву навсозӣ ҷорӣ созад, камбудиву норасоиҳоро бартараф кунад». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Ин суҳбатҳое аст ки дар соли 2003, яъне дувоздаҳ соли қабл аз бастани дубораи ҲНИТ тавассути Раҳмонов ва дору дастаи вай, яъне ба муносибати сисолагии таъсисёбии ҲНИТ аз ҷониби муассиси он ироа шудааст.Аммо, он сол, яъне дар соли 1999, ки моҳи август ба ҲНИТ расман иҷозаи фаъолият дода шуд ва Анҷумани он ҳам, ки дар моҳи аввали фасли поиз баргузор гардид,ҲНИТ намедонист, ки то чанд ҳафтаи пас, яъне моҳи ноябр, замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо чи зарба ва ҳамалоти ҷонкоҳе мувоҷеҳ мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз онки Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарори манъи ӯро лағв кард,шуруъ ба фаъолияти расмӣ кард ва вориди маъракаҳои сиёсӣ шуд.  Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ ширкат варзид.Аммо ширкати ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноябри соли 1999 боиси ҷудоӣ на танҳо дар ҳайати эътилофи ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ-ИНОТ гардид, ҳамчунин дар раёсати худи ҳизб низ ҷудоӣ ба амал омад ва мусаббиби тарки бархе аз шахсиятҳои калидӣ аз суфуфи он шуд.

Амалан ин нахустин ва ҳамин тавр охирин мавриди ширкати мустақим ва бо номзади худи ин ҳизби динии сиёсӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меояд.

Ҳузур ва ширкати ҲНИТ дар ин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи мардум бисёр ҳам гарму хуш  истиқбол гардид. Чунки аз бедоду ғорату зургуии «фронтовикҳо» ва ҳукумати руикоровардаи вай ба шиддат безор шуда чашми умед ба ҲНИТ духта буданд ва бовар доштанд, ки аз ин мусибат ва фоҷиа наҷоташон медиҳад.

Вале ҲНИТ дар оғози ин маърака дучори дудастаӣ шуд ва маълум гардид, ки барои бароварда кардани таваққуъоти мардум аз зери истисмору юғи фронтихалқичиён зарфияти кофӣ надорад.

Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ, ки тибқи саҳми 30дар100-ии оппозитсион вазири савдо ва рушди иқтисод шуда буд, ба ҳайси номзади ҲНИТ дар интихоботи 6 ноябри соли 1999 бо Эмомалӣ Раҳмонов вориди корзори интихоботӣ шуд. Аммо худи ҷаноби оқои Усмон дар як суҳбати расонаияш ёдовар мешавад,ки ҳануз дар даврони ҳиҷрат машварат ва қарор шуда буд, ки номзади ҲНИТ устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода хоҳад буд.Вале оқои Тураҷонзода бо сароҳат ва қатъан дар муқобили Раҳмонов қарор гирифтани ҲНИТ ва  номзади онро қабул намекард. Давлати Усмон мегӯяд,ки ҷаноби Тураҷонзода, ки он замон бар тибқи саҳмияи 30% муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд, барои ширкат нанамудан далелҳои худро дошт ва далелҳояш асоснок буданд.

Маврид ба тазаккур аст ки на танҳо устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ҳамчунин бархе аз дигар шахсиятҳои шинохтаи оппозитсион, аз ҷумла Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ҲДТ, ки раиси «Тоҷикгаз» ва Ҳабиб Сангинов, ки тибқи саҳми мухолифин муовини аввали вазири дохила таъин шуда буданд, эълон карданд, ки аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ҷонибдорӣ хоҳанд кард ва ҳамин тавр шикофи васати роҳбарияти ҲНИТ ва ИНОТ бузург ва эълони ҷомеа шуд.

Худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ҳамон суҳбаташ бо Салими Аюбзод мегуяд, ки ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноябри соли 1999 аз рӯи иҷбор ва ночорӣ ва  ба хотири дифоъ аз сулҳ буд: «….мушкилоте ки дар сабти номи номзади мо Давлати Усмон ба миён омада буд, низ наметавонист, вазъиятро комилан тағйир диҳад ва муносибати ҳукумату оппозисюни собиқро тахриб кунад, чунки асли мушкил дар дохили худи мо буд. Шарте гузошта буданд, ки агар он шартҳо намешуданд, дигар ба комиссия ҳам рафта намешуд. Ва фаъолияти комиссия бо ҳамин қатъ мешуд. Дар он сурат раванди сулҳ ҳам агар аз байн намерафт, заъиф мешуд. Роҳи баромадан аз он бӯҳронро надоштем. Хуб, воқеъан дигар дар бораи Давлат Усмон, мо натавонистем ҳамон миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунем. Ин воқеъият буд. Вале онҳо ӯро ғайриқонунӣ, бидуни ҳамоҳангӣ бо мо, бо вуҷуди он ки мо шифоҳан ва хаттиву расман эълон кардем, ки омода шуда натавонистем, онҳо номзадии Давлат Усмонро ба қайд гирифтанд, яъне кореро карданд, ки мо розӣ набудем. Як рӯз пешаш мо ҷаласа доштем дар ситоди оқои Давлат Усмон. Ҷаласаи мо ҳудуди панҷ то ҳашт соат давом кард. Ҳама чизҳои марбут ҳам Кумиссюни оштии миллӣ, ҳам интихобот ва ҳам номзадии Давлат Усмон баррасӣ мешуд ва аммо онҳо барои он ки мабодо мо интихоботро таҳрим кунем, бойкот эълон кунем, барои пешгирӣ аз чунин қадам мақомоти ҳукумат моро ба гуфтушунид даъват карданд. Мо дар ситод сӯҳбат кардем ва ба ҳамин хулоса омадем, талаб кунем, он чизе ки мебоист, ба мо дар Кумиссюни оштии миллӣ дода мешуд ва дода нашудааст, ба мо бидиҳанд ва дар он сурат мо аз таҳдиди таҳрими интихобот мегузарем. Дар як ҷаласаи васеъи панҷ-ҳаштсоата мо талабҳои батаъхирафтодаи Кумисюни оштии миллиро муфассал навиштем ва аз оқои Давлат Усмон хостем, ки худашон бираванд барои сӯҳбат кардан, аммо он кас нарафтанд, мо ҳамроҳ бо устод Ҳимматзода рафтем ва ҳамон шаб аз соати даҳ то соати дувоздаҳ нишастем, он чизе ки дар протоколи Кумисюни оштии миллӣ гӯё мо, ҳамчун кормандони ситоди оқои Давлат Усмон, пешниҳод кардем, президент ҳамаи онҳоро қабул кард, роҳи фаъолияти комисия боз шуд, дархостҳое ки мо доштем, то як андоза мавриди иҷро қарор гирифтанд ва мувофиқи қароре, ки дар ситод гирифта шуда буд ва дар ҷавоб ба пазириши талабҳои Кумисюни оштии миллӣ оқои Давлат Усмон ҳақ надошт, ки бойкот эълон кунад. Ва ҳама розӣ буданд, ки агар ин протокол имзо шавад, мо фардо меравем ва дар интихобот ширкат мекунем. Протокол ҳамон шаб имзо шуд, мо рафтем ва агарчи соат аз як ҳам гузашта буд, эълон кардем, ки дар интихобот ширкат мекунем. Яъне ҳар кас ки хост, овоз медиҳад, нахост — кори ӯ. Ман ҳам рӯзи дигараш, дар поёни рӯз рафтам ва раъй додам ва ин ҷо дигар чизи бузургу фитнаангез ҳам вуҷуд надошт ва масъалаҳо бо тафоҳуми ҳамдигарӣ ҳал шуданд».

Дар қисмати дигари ҳамин суҳбаташ устод Нурӣ (р) иқрор мекунад, ки дар асл мансабу талоши мансаб, яъне ҳамин саҳмияи 30 фоиза оғози тафриқа ва азҳампошиҳо дар миёни мухолифин шуда буд:

«Саҳмия боиси эҷоди сабқату нафрату фишороварию тафриқа шуда, нобовариҳоеро миёни раҳбар ва пайравон ба вуҷуд овард. Баъд дигар вақте шуд, ки агар ман дар оғоз барои гирифтани ҷойҳо озод будам, акнун талаб пайдо шуд, ки бояд кадом ҷойро бигирам ва барои кӣ. Ва мебоист як вазифаро дар байни чаҳор гурӯҳ тақсим мекардам, ба шакле ки ҳамаи онҳо розӣ боқӣ монанд. Дар ин байн гирифтани ин ё он мақом аз тарафи ҳукумат низ мушкил шуд. Ин ду мушкил бо ҳам тамоми раванди гирифтани саҳм ва пур кардани онро ба омили ҷудоиву таҳдиду тафриқа табдил дод. Ҳукумат ин ҷо боз як кори дигаре кард. Дар номгӯи ибтидоии саҳмияи сидарсада, вазорати дифоъ низ мебоист ба оппозитсия дода мешуд, аммо дертар дар як номаи нави ҳукумат ин вазорат ҳазф шуд. Ҳукумат розӣ нашуд ин мақом ба намояндаи мухолифин дода шавад. Вақте ки ин ҳолат пеш омад, онҳое, ки ин вазоратро мехостанд, пеш аз ҳама аз ман норозӣ шуданд ва ҳолатҳое шуд, ки ҳатто ин афрод Душанберо тарк карданд, ба кӯҳистон баргаштанд ва ҷабҳагирӣ карданд, таҳдидҳо садо дод. Инҳо таҳдид ба сулҳ буданд».

Вале марҳум Ҷалолиддини Маҳмуд,яке аз собиқадорони огоҳи ҲНИТ, ки бо мақомоти раҳбарии он алоқаи қавӣ дошт дар як мусоҳиба бо «Озодӣ» гуфтааст, ки ихтилофи назар миёни устодон Нурӣ ва Тураҷонзода, ду раҳбари аввали Наҳзати исломӣ ҳануз дар марҳалаи музокироти ҷонибҳо вуҷуд дошт:

«Агар аҳамият дода бошед, дар худи музокираҳо ҳам мавқеи устод Тӯраҷонзода як зарра дигар буд. Вақте дар бораи афв миёни тарафҳо музокира шурӯъ шуд ва гӯиё, ки ба як натиҷа расиданд, устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки «ман ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам аз ҳукумат. Онҳо метавонанд, ҳамаи моро зери он моддаҳои ҷиноӣ биоваранд. Дар ҳоле ки ду тарафи ҷанг аст ва аз ду тараф сулҳ мешавад, пас, барои чӣ бахшиш яктарафа мешавад. Мо тарафи ҳукуматро на дар кадом сатҳ, балки комилан бахшидем ва мо нагуфтем, ки моддаҳое дорем, ки ин нафаронро намебахшем. Пас, бояд тарафи дигар ҳам чунин кунад».

Устод Тӯраҷонзода ба тақсими сифоизаи ҳукумат низ бовар надошт ва мегуфт, ҳоло механизми ташкил ва иҷрои он тартиб дода нашудааст. Ваъда шуда буд, ки механизми онро Кумиссюни оштии миллӣ рӯшан мекунад. Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода мегуфт, ки то ин Комиссия (КОМ) корро шурӯъ мекунаду мустақар мешавад, умри ҳукумати сифоизаи мо, ки ҳамагӣ як солу нӯҳ моҳ — ду сол аст, ба охир мерасад. Фурсат тамом мешавад. Мегуфт, ки “биёед ин тақсимотро дар хориҷи кишвар ва қабл аз ворид шудан ба ватан анҷом диҳем. Яъне, ҳамин гуна нигарониҳо дошт устод Тӯраҷонзода».

Давлати Усмон, яке аз собиқадорони ҲНИТ, ки ҳам дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ дар даврони шуравӣ ва ҳам дар даврони фаъолияти расмии ҲНИТ дар Ҳукумати мусолаҳаи Миллӣ ва махсусан барои сабти номи расмии он бо ин ташаккулӣ сиёсӣ буд ва низ дар даврони муборизаҳои мусаллаҳона сардори Ситоди кулли ҲНИТ буд, солҳо баъд дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегуяд, ки роҳбарияти ҲНИТ баъд аз бозгашт ба иштибоҳҳо роҳ дод, ва ин иштибоҳҳо боиси аз ҳам пошидани он шуданд:

«Оппозитсион баъди бозгашт пушти ҳам иштибоҳҳо кард. Дар тақсими вазифаҳо(манзур саҳмияи сӣ дар садӣ) дар дохили худаш ихтилоф пайдо шуд. Луқмае, ки доданаш, дуруст ҳазм карда натавонист. Шояд, панҷ дар садаш анҷом шуд, аммо онро ҳам пурра ҳазм карда натавонист. Баъдан оппозитсиони сиёсӣ (роҳбарият) аз ҳам пошид. Неруҳои низомияш тибқи қарордод ба сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҳукумат ворид шуд, аммо таъсирро болои онҳо аз даст дод, аз онҳо дур шуд, тарафдории маънавӣ ҳам накард. Шумо фикр мекунед, ки ба ҳамаи ин ҳукумат айбдор аст? Оппозитсион худаш худашро ба ин ҳол овард. Ҳатто аз дохили наҳзати исломии Тоҷикистон афроди саршиносаш берун рафтанд. Онҳо бармало диданд, ки бо он мушкилоте, ки пеши рӯ омад, оппозитсион заиф мешавад, Наҳзат заиф мешавад. Он қудрати сиёсӣ, он киштии бузург оҳиста, оҳиста хурду реза ва дар саҳна камранг мешавад. Шояд, баъзеашон ба ин хотир, баъзеи дигар бо шароити дигар рафтанд. Яъне ноумед шуданд, чун диданд, ки натиҷаи талошҳояшон ҳадар рафта истодааст». Давлати Усмон. «Нигоҳ»№17(345) 17.07.2013 «Наҳзатиҳо худро рақиби ҷиддӣ ҳисоб намекунанд».

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ солҳо баъд дар як суҳбаташ бо радиои «Озодӣ» ба ин суол, ки чаро онҳое, ки дар оғози мубориза ҳамроҳи Шумо буданд, аз ҷумла Давлати Усмон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, имрӯз ҳамроҳи Шумо нестанд. Чӣ боис шуд, ки онҳо аз Шумо ҷудо шуданд:  ақидаҳо тағйир ёфтанд ва ё муносибати байни ҳамдигарии роҳбарияти ҳизб сабаб гардид, ки ин ҷудоӣ ба миён ояд,чунин посух додааст:

« Ман тарафдори ин назар ҳастам, ки ҳизб бояд марбут ба шахсият набошад. Масалан, ҷаноби Тӯраҷонзода ва Давлати Усмон, ки рафтанд ва ҳоло бо мо кор намекунанд, аз ин ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ зиён ва зарар ворид нагаштааст. Ман шахсан аз ин чиз хеле хурсандам. Агар худи ман хаста шавам ва ё натавонам, ки кор бикунам ва ё биравам, чун системма ҳаст, ҳар каси дигар биёяд, метавонад кор кунад. Мехоҳам посухи ин суолро бипурсам, чаро ҳизбҳои ғайриисломӣ, ки ҳамеша афродашон тағйир меёбад ва ё дар давлатҳои ғайри низоми исломӣ як нафар президент мешавад аз мақом мераванд, ё вазир истеъфо медиҳад ҷояшро каси дигар мегирад, чизи ғайритабиие иттифоқ намеафтад, баръакс, ҳама хурсанд мешаванд. Вале чаро дар кишварҳои исломӣ аз ин амри оддӣ ва падидаи табиӣ проблема месозанд, ки чаро ва барои чӣ фалонӣ рафт ва даҳҳо суоли дигар ба миён мегузоранд. Ин шахсиятҳое, ки Шумо ёдовар шудед, ба ақидаи банда, аз лиҳози фаъолияти ҳизбӣ мутаваққиф шуданд, аммо ҳамчун фарди мӯъмину мусалмон барои нафъи ислом кор мекунанд. Модоме, ки онҳо дар ҳар куҷое, ки ҳастанд ва ба манфиати ислому имони хеш фаъолият мекунанд, ҳеҷ вақт аз чаҳорчӯбаи аҳдоф ва сиёсати ҳизби мо берун нестанд».

Поёни бахши дуввуми давраи чаҳорум, идома дорад ин давра бо Ислоҳ бошед!

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\2 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\1
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши аввал, давраи чаҳорум)

Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон

Роҷеъ ба фаъолияти Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон дар бахши қаблӣ (ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3) маълумоти мухтасар ироа карда будем.Аммо бо таваҷҷӯҳ ба онки КОМ дар таърихи нимасраи ҲНИТ марҳалае хос ва бисёр ҳам боарзиш мебошад,лозим донистем дар шуруъи ин бахш низ як-ду нукотеро дар робита ба КОМ мутазаккир бишавем.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р), муассиси нахустин ва танҳо ҳизби исломӣ дар қаламрави шӯравии пешин, раиси Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик, чуноне таззаккураш рафт, раёсати Комиссиюни оштии миллӣ-ниҳоди муштараки давлат ва оппозитсиони тоҷик барои иҷрои қарордод ва муоҳадаҳои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро бар ӯҳда гирифт. Ин масъулият ва маъмурият барои бунёдгузори як созмони сиёсии динӣ,ки ҳиҷ гоҳ таҷрибаи раҳбарӣ дар ҳукуматро надошт як имтиҳон ва озмоиши ҳаётӣ ба шумор мерафт.Дуруст аст ки устоди шаҳид дар Афғонистон роҳбарии ба маънои томаш як ҳукуматро таҷриба ва малакаи кофии раёсатро ҳосил карда буд. Аммо инҷо дар КОМ авзоъ фарқ мекард. Онҷо устод омир ва фармонраво буд ва афрод дар итоати ӯ қарор доштанд. Инҷо ин тавр набуд, нисфе аз аъзо вобастаи вай набуданд, балки ҳарифу рақиб ва дар сангар ва ҷабҳаи дигар қарор доштанд. Ҳам онҳоро мебоист мудирият мекард ва ҳам тарзе бояд кор мекард, ки обру ва ҷойгоҳи ҲНИТ яъне мухолифин, тавону зарфият онҳо ҳимоят ва намудор мешуд. Дар ҳақиқат сахт душвор буд.

Дуруст аст ки КОМ ниҳоди давлатӣ набуд, аммо вай аз ваколат ва салоҳиятҳои ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ бархурдор буд. Афзун бар ин, ба фаъолияти КОМ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар ҳам сахт таваҷҷуҳ мекарданд. КОМ мебоист натиҷаи ҷаҳду ҷиҳод ва муборизаҳои панҷсолаи сиёсиву низомӣ, музокироти сулҳро ҷамъбаст мекард ва тавре бояд натиҷа ба даст меовард, ки ин ҳама заҳамот набояд барҳадар мерафт. Ин ҳама масъулият ва маъмурият бар души устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Мунтаҳо ҲНИТ ба маърази санҷиши тамоми дунё,аз ҷумла Созмони милали муттаҳид, бузургтарин марҷаъи сиёсии дунё қарор дошт.

ҲНИТ дар таркиби КОМ нақши меҳварӣ ва асосӣ дошт. Балки КОМ амалан ниҳоди мураккаб ва муташаккил аз ҳукумат ва ҲНИТ буд.

Ҳузури устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони раиси КОМ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва Одинабеки Абдусалом, минҳайси масъулин ва аъзои КОМ худ далолат бар он мекунад, ки КОМ барои ҲНИТ чи арзишеву аҳамияте дошт ва ҲНИТ дар таркиби КОМ аз чи мақому мартабае бархурдор буд. Ба истиснои марҳум, устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода се нафари дигари ин афрод: устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, домуллои равоншод Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва  Одинабеки Абдусалом аз муассисони ҲНИТ шомили КОМ буданд. Беш аз ин, ҳар се раиси ҲНИТ, ҳам устоди равоншод Нурӣ, ҳам устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода,ки раёсати яке аз чаҳор зеркомиссиюни КОМ-ро бар уҳда дошт ва ҳам раиси феълии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси ёвари раиси КОМ дар ҳайати КОМ фаъолият кардаанд.

Муассиси ҲНИТ раёсати ниҳодеро бар уҳда гирифт, ки панҷоҳ дар сади онро намояндаҳои ҳукумат ба шумули муовини аввали раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон ташкил медод.

КОМ нахустин ниҳоди расмӣ ва эътирофшуда ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар дохили кишвар буд, ки раёсати онро як руҳонӣ ва як сиёсатмадори динӣ бар ӯҳда дошт ва ин воқеият аст ки КОМ оғози иқрор ва эътирофи ҳузур ва вуҷуди исломи ба истилоҳ сиёсӣ дар ин қаламрав буд. Исломи сиёсие, ки ташаккул дошт, пойгоҳи иҷтимоӣ дошт, зарфият ва таҷрибаи мудирият ва бартар бар ин ҳама дар ихтиёраш неруи мусаллаҳи кофӣ дошт. Ва аз ин ҳама ҷиддитару муҳимтар бахши бузурги қаламрави кишварро амалан таҳти контроли худ дароварда буд.

КОМ –амалан эътирофи ҳукумати дар табъиди устод Нурӣ, шинохтани ҲНИ ва ниҳоятан эътирофи зарфияту тавонмандии ин ҳаракати муташаккилу муқтадиру муҷаҳҳази сиёсии динӣ буд.

Дар мавриди онки КОМ то чи ҳад комёбу муваффақ буд, назарҳо мутафовит аст. Вале инро бояд тазаккур дод, ки устод Нурӣ тавонист, ба ин ҳама ғирому ваъдахилофиҳои Эмомалӣ Раҳмонов, роҳбари ҷониби дигар таҳаммул биварзад ва тавре муносибат кунад, ки КОМ миссияи бар уҳдааш гузоштаро ба иҷро ва ба охир бирасонад. Аз ин ҷиҳат аст ки мегӯем КОМ як боби пур аз достонҳои ҷолибу омузандае дар китоби таърихи ҲНИТ аст ва худи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар як сухарониаш тазаккур мекунад, ки давраи фаъолият дар КОМ аз сафаҳоти зебои кору пайкори уст: «…..камина, рӯзҳои фаъолияти хешро дар КОМ аз саҳифаҳои дурахшони девони ҳаётам медонам». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе -2013

Иброҳими Усмон муаррихи тоҷик, ки дар КОМ раҳбарии яке аз чаҳор зеркомиссияи он, комиссияи сиёсиро бар уҳда дошт ва шоҳиди фарозу фурудҳои фаъолияти он буд, менависад КОМ бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳ ва мақоме, ки дошт, беназир буд:

«Солҳои 1997-2000 дар таърихи Тоҷикистон давраи муҳиме ба ҳисоб мераванд. Махсусияти ин замон аз он иборат аст ки гарчи ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми идораҳояш ва ба таври қонунӣ ва эътирофшуда амал мекард, аммо раванди давлатдорӣ ва ислоҳоти давлатдорӣ ба суи демократикунонии ҷомеа ба қувваи дигаре низ вобаста буд ва чунин қувва Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳисоб мерафт. КОМ мақоми ғайриҳукуматие буд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар якҷоягӣ кор мекарданд ва дар татбиқи Протоколҳои дар раванди музокирот ба имзорасида қарори вай баъд аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфтанашон барои тамоми мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аз ин ҷиҳат чунин мақом дар таърихи давлатдории дунё тимсол надорад». И.Усмонов.«Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003

Муҳиддин Кабирӣ, раиси имрӯзаи ҲНИТ ҳам, ки ба сиёсати амалӣ тавассути кор дар КОМ ворид шудааст,дар як суханрониаш гуфтааст, ки ончики дар мактаб ва аз шахсияти устод Нурӣ омухт дар ҳеҷ ҷойи дигар наомухта буд:

«Бо боварӣ ва бе муболиға мегӯям ,ки он чизеро, ки дар мактаби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омӯхтам, на аз ду донишгоҳе, ки ман таълим гирифтам,  на аз Академияи илмҳо ва на аз ҳимояи унвони номзади илмҳои сиёсатшиносӣ гирифта тавонистам. Ҳамаи ин донишгоҳҳои таълим гирифтаамро ба мактаби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баробар намедонам». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) муассис ва раиси ҲНИТ тайи наздик ба се соли фаъолият ба ҳайси раиси КОМ бо сангинтарин ҳолату мавридҳо рӯбарӯ шуд. Чунки Раҳмонов дар давраи фаъолияти КОМ на як бору ду бор ошкоро аз қавлу ваъдаҳои дар давраи музокирот ва мулоқотҳо додааш гашт.

Дар мавриди ғиромӣ ва аҳду қавлшикании Раҳмонов «Ислоҳ.нет» дар яке аз матолиби пешинааш навишта буд, ки

«КОМ дар дохил ба ҳадде бо мушкил ва душвориҳо рӯбарӯ шуд, ки худобиёмурз, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на як бору ду бор ба Раҳмонов муроҷиат ва номаҳо ирсол дошт, ки сари ақл ояд ва бар аҳду паймони бастааш амал кунад. Кор тавре ҷараён мегирифт, ки оппозитсиюн дигар худро бо пойи худ ба дом ва он ҳам доме пур аз тазвиру риё афканда ва роҳи берунравиашро аз даст дода буд. Чаро, ки Раҳмонов дигар он Раҳмонови Хусдеҳ ва он Раҳмонови афтодаву дар ҳоли сарнагунӣ набуд, вай дигар тавониста буд, ки душмани мусаллаҳ ва муқтадирашро халъи силоҳ ва дар шароити дастнигарӣ оварад».

Устод Нурӣ,ки дигар халъи силоҳ шуда буд ба масобаи як паҳлавони занҷирбанд дар дасти душмани дустнамо амалан асир уфтод. Вале ба унвони як сиёсатмадори мутадаййин ва як роҳрави собиту муътақид аюбвор сабру тоқатро пеша кард, то сулҳи бар ивази ҷону хуни ҳазорон-ҳазор ба даст омада, ҳифз шавад. Дар воқеъ ин сабру тоқат ва гузаштҳои устоди зиндаёд буд, ки боис шуд ҷанги дохилӣ ниҳоятан бо сулҳу оштӣ бадал шавад.

Тайи фаъолияти наздик ба сесолаи худ КОМ чаҳор навбат бо коршиканӣ мувоҷеҳ шуд ва гоҳо ҳолатҳое ҳам пеш меомад, ки як гуна навмедӣ ва нобоварӣ бар идомаи татбиқи раванди сулҳ масъулони онро таҳти фишор қарор медод.

Салими Аюбзод,хабарнигори радиои «Озодӣ» солҳо баъд аз хатми кори КОМ дар Мюнхени Олмон бо устоди равоншод, ки таҳти табобат қарор дошт, дар бораи чанду чунии фаъолияти КОМ суҳбат мекунад. Устоди зиндаёд,пинҳон намесозад, ки кор дар КОМ барояш бисёр сахт буд: «Воқеан, чӣ хеле ки гуфтем, татбиқи созишҳое, ки сулҳро ба вуҷуд оварданӣ буданд, осон набуд. Чунки созишнома ин танҳо тарҳи сулҳ буд ва фақат иҷрои он метавонист, сулҳи воқеиро ба миён орад. Тасаввур кунед, баргашта омадани як гурӯҳи мухолиф ба оғӯши мухолифони худаш ва дар он ҷо фаъолият кардан ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ мушкил буд ва ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам аз лиҳози оддитарин шароити кор. Вале чӣ тавре ки гуфтем, ҳамон ангеза буд, ки моро мутмаъин мекард ва агар аз дигарон ба андозаи кофӣ боварӣ надошта бошем ҳам, ҳамон чанд мулоқоте ки бо Эмомалӣ Раҳмонов доштем, ба мо итминон медод, ки вай дарвоқеъ хостори сулҳ аст ва бале дар рафти татбиқи созишҳои сулҳ дар Кумисюни Оштии Миллӣ мушкилоти зиёде ба вуҷуд омад ва бархе аз онҳо ба андозае бузург буданд, ки дар он лаҳзаҳо воқеан гумон мерафт, ки ҳамин дақиқа ва ё дар чанд дақиқаи дигар сангаргириҳо шурӯъ мешавад ва ҳамаи дастовардҳое ки бо заҳмати зиёд омада буданд, барбод мераванд. Ин хел ҳолатҳо метавонист аз рӯйдодҳои ҷузъӣ сар занад, масалан, аз дастгир кардани яке аз намояндагони оппозитсия ва ё бадтар аз ин ҳатто кушта шудани чунин афрод. Ё ки масалан, аз халъи силоҳ кардани гурӯҳҳои оппозитсия ва ё нирӯҳои Вазорати дифоъ ва ё дастаҳои ғайримасъул ва ғайра. Инҳо чизҳое буданд, ки агар воқеъан дар раъс шахсони ботаҳаммул намебуданд, боиси аз ҳам рехтани сулҳ мешуданд ва ҳамчунин, масалан, рабудани афрод, одамро аз ду ҷониб мерабуданд ва одамон ғайб мезаданд, бенишон мешуданд. Бархе худро намояндаи оппозитсия эълон кардаву ба хотири пул одамонро мегирифтанд ва фармондеҳоне, ки худро тарафдори давлат мегуфтанд, ҳамчунин одамонро мерабуданд, ҷанҷолҳои дохилӣ дар ҳарду тараф пайдо мешуд ва фишоре ки болои мо, ки раҳбарияти сулҳро бар ӯҳда доштем, танҳо худ медонем, на ҳама кас огоҳ буд. Шабҳои дарозе, ки хоб намерафтем ва мехостем, ин масъалаҳоро бо кадом роҳе ки бошад, ҳал кунем, ҳуҷумҳое ки ба КОМ шуд, ҳуҷумҳои мусаллаҳона, ки дар яке аз онҳо дар боғчаи пеши бинои КОМ чанд кас захмӣ шуд ва куштаҳо ҳам буданд. Фишорҳое буданд, ки тарҳрезишуда ва махсус аз тарафи онҳое ки ғаразе доштанд ва фишорҳое буданд, ки тасодуфан, аз ҳамдигарнофаҳмӣ сар мезаданд. Ҳам дар дохили худи оппозитсия ин ҳолатҳоро ба вуҷуд меоварданд, ки ҳама чиз тарк шаваду ҳар кас равад думболи кори худаш. Ба ҳар ҳол ин чизҳо буданд. Ва ҳамчунон байни давлат ва мухолифин низ ҳамин гуна ҳолатҳо ё дуруст карда мешуд ва ё тасодуф меафтод».

Бо ин ҳама вазъу ҳол ончики дар фаъолияти КОМ ба даст омад ва ҳосил шуд, самарбахш ва умедворкунанда буд. КОМ сулҳро бар ҷойи ҷанг ва бародаркушӣ дар кишвар мустақар кард.

Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон 11сентябри соли 1997 ба кори худ дар Душанбе оғоз ва 31марти соли 2000 поён дод. Яъне бештар аз 2 солу 8 моҳу 25 рӯз фаъолият кард. Давоми ин муддат КОМ дар шумори дигар уҳдадорӣ ва маъмуриятҳое, ки дошт, ба унвони як ниҳоди қонунбарор, тарҳи қонун дар бораи афв, Санади ҳамдигарбахшӣ, лоиҳаи қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, тарҳи Қонуни Асосӣ, лоиҳаи қонун дар бораи аҳзобро омода кард. Барои инъикоси мавқеъи худ намояндагони ҲНИТ дар КОМ хеле ҳам ҷоннисорона талош мекарданд.

Қабули лоиҳаи қонун дар бораи афви иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ аввалин кори амалии Комиссияи Оштии Миллӣ буд, ки шаҳодат медод ин ниҳод барои эътимод ва маҳкамсозии бовари тарафҳо ба ояндаи сулҳу оштӣ ба таври ҷиддӣ ва бо як ҷаҳон умеду дилгармӣ талош мекунад.

Яке аз баҳсҳои гарму доғ дар КОМ масъалаи боқӣ гузоштан ва нагузоштаи калимаи “дунявият” дар Қонуни Асосӣ буд. Ҷониби оппозитсион сабту зикри онро дар Қонуни асосӣ зарур намешуморид. Оппозитсион мехост ин таъбир дар матни Қонуни асосӣ сабт нагардад ва дар ҷойи он истилоҳи «маданӣ» оварда шавад. Аммо дар ниҳояти амр ҷониби ҳукумат ҳарфи худро гузаронд.

Маврид ба тазаккур аст ки устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар замони баҳси тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар ва бахусус ҷой доштан ва ё надоштани вожаи «светский-дунявӣ» ҳам хеле пофишорӣ кард, ки онро набояд сабт ва дарҷ кард, чун дар оянда боиси суистифода ва дардисарҳои тоза дар ҷомеа  хоҳад шуд. Зеро 97 дар сади ҷомеаи тоҷикро мусалмонҳо ташкил медиҳанд ва аз тарафи дигар ҲНИТ ҳам расман ба фаъолият хоҳад пардохт. Вуҷуди ин истилоҳи сиёсӣ дар сифати сохт ва низоми давлат  як чизи зиёдатӣ ва нолозим аст:

«Масалан, ба ҳамагон маълум аст ки ба даст овардани ҳуқуқҳои поймолшуда ва таъйини ҷойгоҳи волои сиёсӣ ва иҷтимоии ислом дар Тоҷикистон муҳимтарин ҳадафи муборизаи панҷсолаи Неруҳои Наҳзати Исломӣ буда ва дар тӯли ин муддат ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ин ҳаққи табиии мусулмонони тоҷикро эътироф кардааст. Вале бо вуҷуди ин тарроҳони ҳақиқии фоҷиаҳои хунини Тоҷикистон ҳанӯз ҳам рӯи ҳадафи аслии худ, яъне роҳ надодан ба бозгашти ислом ба саҳани сиёсии кишвар таъкид меварзанд.

Гӯё, ки дар ин кишвар ба хотири ба даст овардани ҷойгоҳи сиёсии ислом ҳазорон нафар қурбонӣ нашуда бошанд ва садҳо ҳазори дигар ба хотири расидан ба ин ҳадафи муқаддас солҳои тӯлониро дар ҳиҷрат ва хорӣ ба сар набурда бошанд, яъне гӯё аслан ҳеҷ фоҷеае рух надода бошад ки яке мисли раиси Думаи Давлатии Русия дар як сафари кӯтоҳи худ ба Тоҷикистон моҳи январи соли 1998 се бор бар зарурати ғайримазҳабӣ ба ибораи фиребандаи онҳо «дунявӣ» боқӣ мондани низоми давлатдории Тоҷикистон исрор меварзад ва дигаре эълом медорад, ки тоқати дидани исломӣ шудани кишвари ҳамсояашро надорад. Ҳамфикрони онҳо дар Ҳукумати Тоҷикистон низ воқеияти ватани худро нодида гирифта таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамеша лоик, ғайримазҳабӣ, яъне ба қавли худашон «дунявӣ» боқӣ мемонад ва ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳанд, ки исломро барои ҳадафҳои сиёсиаш истифода барад.

Агар ин гуфтаҳо ишораи ҳукуматдорони имрӯза ба раҳбарони ҳаракати исломӣ бошад, мо эълом медорем, ки ҳеҷ вақт исломро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода накардем ва намекунем. Ба ҳамагон рӯшан аст, ки дар ҷаҳони имрӯза неруҳои исломихоҳ бо чи душворию мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд ва агар ҳадафи мо фақат расидан ба қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб мебуд аз роҳҳои дигар ба даст овардани онҳо хеле осонтар буд. Ва мо ҳам мисли ҳар як фарди манфиатҷӯ аз роҳи бехатару осонтар мерафтем. Аммо ин ислом аст ки ба пайравони худ амр кардааст то тибқи аҳкоми илоҳӣ зиндагӣ намуда барои барпоии ҷомеаи исломӣ талош кунанд. Аз ин рӯ дӯстони Худо ин ҳама азобу машаққат ва шаҳодату ҳиҷратро ба ҷон пазируфта барои ризои Худо мубориза мебаранд.

Дар мавриди таъкидҳои мукаррари доираҳои мазкури хориҷӣ ва ҳукуматдорони Тоҷикистон бар лоик-дунявӣ боқӣ мондани низоми ин кишвар низ бояд гуфт, ки ин асл ба ҳеҷ ваҷҳ ба воқеияти ҷомеаи муслумони Тоҷикистон мувофиқ нест. Дунявӣ ё лоик будани низом ба он маъност, ки ҳеҷ гуна шахсият ва гурӯҳҳои сиёсии дорои ақидаи исломӣ ҳаққи фаъолият ва ширкат дар ҳаёти сиёсии кишварро надоранд. Дар кишваре чун Тоҷикистон, ки 97% мардуми он мусулмон аст ин амр ба маънои аз ҳаёти сиёсӣ дур нигоҳ доштани тамоми мардуми мусулмон мебошад ва саҳнаи сиёсиро хоси онҳое мекунад, ки аз муҳимтарин аркони эътиқоди исломии худ даст кашида бошанд. Оё мардуми мусулмони Тоҷикистон баъд аз фаҳмидани маънои «дунявӣ» будани ҷомеа ба ин вазъ розӣ мешаванд?!

Калимаи  «дунявӣ», ки дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, тарҷумаи истилоҳи русии «светский» буда маънои ҳақиқии он бедин, ғайримазҳабӣ, зидидинӣ, “лоик” ва дар кишвари мо ба мафҳуми «зиддиисломӣ» аст.

Аз сӯи дигар акнун Наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як неруи сиёсии исломӣ ҷойгоҳи воқеии худро дар ҷомеа ба даст овардааст ва ба як воқеияти инкорнопазир табдил гаштааст. Дар назар нагирифтани ин воқеият як бор Тоҷикистонро ба оташи ҷангу хунрезиҳои тӯлонӣ кашонд. Оё онҳое, ки имрӯз ҳам аз роҳ надодани ислом ба саҳнаи сиёсӣ сухан мегӯянд, ин ҳамаро фаромуш кардаанд?

Оё шарти аввали сулҳи Тоҷикистон эътирофи мавҷудият ва эҳтироми ҳуқуқи сиёсии ҳамдигар набуд?»

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…» 1998

Вогузории сӣ дар сади ҳокимият ба оппозитсион

Вогузории 30% мақому вазифаҳо дар тамоми сутуҳи ҳокимият, аз марказ гирифта то вилояту навоҳӣ ба ихтиёри намояндагони ИНОТ-Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик яке аз шартҳои асосии Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки мебоист то шуруъи интихоботҳо ба иҷро мерасид.

Масъулияти интихоб ва пешбарии номзадҳо аз ИНОТ ба маснаду мансабҳои давлатиро устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) раиси Комиссиюни оштии миллӣ бар уҳда дошт. Ба эътирофи устоди марҳум интихоб ва интисоби номзадҳо ба мақомҳои давлатӣ яке аз душвортарин бахши кори ӯ дар Комиссиюни оштии миллӣ будааст. Муассис ва бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои расонаӣ ва суханрониҳояш дар анҷуману маҳофили мухталиф борҳо ва бакаррот тазаккур додааст, ки гирифтани курсиҳои ҳукуматӣ барои вай ба ҳеҷ ваҷҳ ҳадаф набуд, балки ин як васила ва тазмине барои таҳкими сулҳу оштӣ ва эътиқоду боварӣ буду бас. Аммо бо ин вуҷуд, мегӯяд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вай тамоми талошашро барои онки саҳми сидарсадиро барои тарафдоронаш то ба охир бигирад,ба харҷ додааст. Бояд махсус ва алоҳида тазаккур бидиҳем,ки Ҳизби наҳзати исломӣ ин бор ба тафовут аз Ҳукумати Муросои Миллӣ дар соли 1992, ки танҳо як нафарро ба ҳукумат ворид кард, 30% ҳукуматро гирифт. Ва, дар ин тавр қисмат кардани ҳокимият дар Тоҷикистон ин бор на Русия ва на Узбакистон,ки дар соли 1992 аз вуҷуди як намояндаи исломи сиёсӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дунёро кунфаякун ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашониданд, чизе, ҳеҷ эътирозе карда натавонистанд, балки зери асноди ин гуна қисматсозӣ имзо гузоштанд ва тан доданду ба гардан гирифтанд, ки ҳиссаи исломи сиёсӣ дар идора ва ҳокимият дар Тоҷикистонро бояд барояш бидод.

Дар ҳаминҷо ва қабл аз тавзеҳу ташреҳи баръзе аз ҷузъиёти ҷараёни татбиқи шарти 30%-ӣ   мехоҳам ба як саволи то ба ҳоло борҳо ҷавобашро дода як бори дигар посух бидиҳам. Ин савол ин аст ки шумо –яъне манзур оппозитсион ва мушаххастар ва руиросттар бигуем, Ҳизби наҳзат дар ҳукумат будед, бо Раҳмонов будед, чи кор кардед?

Дуруст аст. Оппозитсион, ядро ва ҳастаи он -ҲНИТ тибқи қарордоди Сулҳ якҷо бо Раҳмонов ҳукумат кард. Бо Раҳмонов муқобили Маҳмуд Худойбердӣ ҷангид, бо Раҳмонов Неруҳои мусаллаҳи худро реинтегратсия-ҳамоиш кард, ҷангиёни ҳар ду тарафро мавриди афву бахшиш қарор дод, қонунҳо қабул кард, ҳатто Қонуи Асосии кишварро аз дигар навишту ба маърази муҳокимаи мардумӣ қарор дод ва воқиан ҳам ҳамин ҲНИТ буд, ки розӣ шуд барои Раҳмонов ба ҷойи панҷ соли минбаъда як ҳафтсолӣ ҳаққи ҳукумат дар кишварро бидиҳад.

Аммо, бале, аммо воқеият чизи дигар аст. Намояндаҳои мухолифин дар ин ҳукумати давраи гузор амалан якуним -ду сол кор карданд, на бештар аз ин. Бадтар ва сахттар аз ин ҳар кадом посту масъулияте, ки дар ихтиёри намояндаҳои оппозитсион вогузор шуд, қабл аз интисоби онҳо салби салоҳият ва бахусус буҷҷа шуда буд. Масалан ҳамин вазорати савдо ва рушди иқтисод, ки дар ихтиёри Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ гузошта шуд, то интисоби ҷаноби Усмон хеле салоҳият ва ваколатҳо ва табъан, ки буҷҷа дошт. Аммо ҳамаи онро гирифтанду ба дигар мақомот доданд ва ин вазорат ба номаш вазорат буд,мисли як киштии зебои болои дарё, ки муҳаррик надорад. Ва ё ҳамин тавр муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, то инки устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба ин мақом биёяд, аз салоҳиятҳои фаровон бархурдор буд. Вале баъди омадани устод Тураҷонзода онро ба як ниҳоди комилан ташрифотӣ, ки фақат ба қабулу гусели меҳмонҳои давлатӣ ва ё дар раъси ягон ҳайат ҷиҳати ширкат дар ҷаласаҳои СНГсафар кунад, бадал карда буданд. Хуллас, тамоми вазорату кумита ва дигар идоротеро, ки дар ихтиёри оппозитсион гузошта буданд салоҳияту ваколати онҳоро тангу хурду ночиз карда буданд, ки фақат ном доштанду халос. Бад-ин ҷиҳат намояндаҳои оппозитсион, ки дар ҳокимият мақом гирифтанд, наметавонистанд кореро мустақилона анҷом бидиҳанд. Барои ҳамин ин савол, ки шумо дар ҳукумат будед,чи кор кардед, як саволи гулзананда ва фиребдиҳандаи мардум аст.

Хуб,ҳоло баргарем ба дунболи матлаби худ. Нахустин нафароне, ки тибқи саҳмияи 30% ба ҳукумати Тоҷикистон шомил гардиданд, Давлати Усмон намоянда аз ҲНИТ ва Аюб Алиев, ба намояндагӣ аз ҲДТ яке вазир ва дуввумӣ раиси Кумитаи давлатӣ оид ба назорати техникии саноати кӯҳӣ таъин шуданд. Ва ҳамин тавр бо фармони раиси ҷумҳурӣ ин афрод дар чунин мақтаъи замонӣ ба мақому вазифаҳо таъин гардиданд:

«Раиси Ҷумҳур бо як фармони худ рӯзи 12 феврали соли 1998 Давлати Усмонро (аз НИТ (ҳаракат) вазири иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Худойбердӣ Холиқназаровро (аз ҲДТ) вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ,  Давлатбек Махсудовро (аз ҲДТ) вазири мелиоратсия ва хоҷагии об, Абдураҳим Каримовро (аз НИТ) раиси Кумитаи давлатии гумрук ва Аюб Алиевро (аз ҲДТ) раиси Кумитаи давлатӣ оид ба назорати техникии саноати кӯҳӣ таъин намуд. Ин аввалин 5 нафар намояндаи ИНОТ буданд, ки ба мансабҳои баланди давлатӣ мушарраф гардиданд. Билохира аввалин қадами устувор дар роҳи амалӣ кардани ислоҳоти сохтори ҳукумат гузошта шуд. Рӯзи 10 – уми марти соли 1998 бошад, фармони Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи муовини аввали Сарвазири ҶТ таъйин шудани муовини аввали Раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (аз НИТ) эълон гардид.

Рӯзи 3 – уми августи соли 1998 боз панҷ нафар аз намояндаи ИНОТ Шодӣ Кабиров (аз НИТ) вазири кишоварзии Тоҷикистон, Маҳмадҷон Давлатов (аз НИТ) раиси кумитаи металлҳои қимматбаҳо, Маҳмадрӯзи Искандаров (аз ҲДТ) раиси кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ, Саламшоҳ Муҳаббатов (аз НИТ) раиси кумитаи нафту газ ва Довудхӯҷа Исломов (аз НИТ) раиси ширкати маҳсулоти ширу гӯшт таъйин гардиданд.

Рӯзи 8 – уми октябри ҳамон сол аз ҳисоби саҳмияи сӣ дар сада намояндаи дигари ИНОТ Зокирҷон Вазиров (аз НИТ) ба вазифаи муовини сарвазир таъйин гардид. Каме баъдтар боз чор нафар намояндаи ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ аз ҷониби сарвари давлат таъйин карда шуданд. Инҳо Саидов Зайд (аз НИТ) раиси кумитаи саноат, Зиёев Мирзо (аз НИТ) вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Мирзоев Эмомадӣ (аз НИТ) раиси Бонки амонатӣ, Муродов Сарабек (аз НИТ) раиси кумитаи металлҳои қимматбаҳо мебошанд. Бояд шарҳ дод, ки Муродов Сарабек ба ҷои Давлатов Маҳмадҷон, ки раиси ҳукумати ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе таъйин шуда буд, ба ин вазифа мансуб гардид. Ҳамин тариқ бо шумули ду нафар муовинони сарвазир 15 нафар намояндаи ИНОТ дар раъси вазорату кумитаву бонку ширкатҳои давлатӣ тибқи саҳмияи 30 дар сада зимоми роҳбариро ба даст гирифтанд. Ҳаждаҳ нафар намояндаи дигари ИНОТ бошад дар вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати сиҳати омма, вазорати фарҳанг, вазорати алоқа, вазорати дифо, вазорати нақлиёт, вазорати таъминоти иҷтимоӣ, вазорати ҳифзи табиат, кумитаи андоз, кумитаи сангҳои қимматбаҳо, кумитаи ҳифзи сарҳадот, агентии омори давлатӣ, сарраёсати геологоия, кумитаи амволи махсус, кумитаи спорти назди ҳукумат, агентии назорат бар маводи нашъадор ва Прокуратураи генералӣ аз ҷониби ҳукумат ба ҳайси муовинони аввал ва муовинон пазируфта шуданд. Дар мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, асосан дар сатҳи ноҳиявӣ намояндагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик ба сохторҳои иҷроияи ҳукуматӣ ворид карда шуданд. Дар ҷараёни татбиқи Созишномаи Умумии Сулҳ намояндагони мухолифин дар шаҳру навоҳии Норак, Истравшан, Қайроқум, Табошар, Ҷаббор Расулов, Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Бешкант, Ғозималик, Ғарм, Ванҷ, Ишкошим, Кофарниҳон, Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, ба ҳайси раисони ҳукумат таъйин карда шуданд.

Аммо роҷеъ ба ин тарфи масъала, ки то ин нафарон ба ин мақомҳо интисобу таъйин шаванд, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси КОМ ва раиси ҲНИТ бо чи душворӣ ва мушкилоте рубарӯ шуда ва кам монда буд, ки дигарбора сангарҳо аз нав ташкил бишавад,як каме бояд маълумот бидиҳем. Ҳолати кор ва авзоъи руҳиву ҷисмонии муассиси ҲНИТ-ро устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки шоҳиди бевоситаи он рӯзҳо буд, ба ин шакл ёдовар шудааст:

“Қайд кардан аз рӯи инсоф аст ки шахсан устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ заҳмати бисёр кашиданд, барои афроде, ки аз ҷониби ИНОТ ҷоҳу мансаб гирифтанд. Болои ишон фишор меоварданд, даъво менамуданд,  нозу нуз мекарданд ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  ба хотири сулҳу оштӣ ин ҳамаро таҳаммул намуданд. Ҳатто бо Президенти ҶТ дар баъзе мавридҳо суханони пасту баланд гуфтанд ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои он, ки шахсе аз ҷониби ИНОТ соҳиби вазифае гардад. Аммо ӯ барои худ ҳеҷ вазифае талаб накард, мақомеро нахост, ҳарчӣ кард барои дигарон кард ва табиист, ки ин мақому вазифаҳо, ки ба намояндагони собиқ мухолифин расид, ҳамаро розӣ ва қаноатманд кунонида натавонист ва баъзеҳо хафаву малол низ гаштанд. Аз ин нигоҳ, албатта, баъзеҳо сулҳу салоҳ ва оштии миллиро, ки дар ҳақиқат дастоварди бузург аст, нодида мегиранд ва ба он яктарафа баҳо медиҳанд. Лекин ба фикри ман таърих довари одил мебошад ва дар ин маврид қазовати холисона мекунад.» «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Аммо худи устоди равоншод Саийд Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳамон суҳбаташ бо Салими Аюбзод тақсимоти мақому мансабҳо тибқи саҳмияи 30%-ро аз мураккабтарин ва мушкилтарин марҳалаи кор дар КОМ арзёбӣ кардааст:

«Вале мушкилоти умда, дар ҳоли ҳозир, ки ба ёдам мерасад, дар тақсими вазифаҳо буд.  Саҳмияи сидарсада. Мушкили асосии ман ҳамчун раиси КОМ ин  буд,ки ҳамон саҳмияҳоеро, ки қарор шуда буд, зуд гирифта наметавонистам. Яке дар гирифтани ҳамон мақом ё вазоратхона аз давлат ман мушкил доштам ва дигаре дар таъини афрод ба ин мақомҳо.  Дар ибтидо, вақте ин мақому вазоратҳоро гирифтем, ман бо ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ сӯҳбат кардам. Ҳеч яки онҳо ҳозир набуд, ин ё он мақомро бигирад. Онҳо мегуфтанд, мо фақат барои ризои худо кор кардем ва омадему ба сулҳ расидем, ҳамин барои мо бас аст. Ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ин ё он вазифаро бар дӯш бигиранд, онҳо рад мекарданд. Вале баъд аз чанд вақт, он одамоне ки аз хориҷ бо нияти сулҳ, бо орзу ва ҳаваси сулҳ бозгашта буданд, бо ёру дӯсти худ ва ҳамдиёрони худ дар Тоҷикистон омехта шуданд, ман он вақт донистам, ки дар ин байн дар Тоҷикистон нирӯи маҳалгароӣ чӣ андоза қавӣ шудааст. Вақте мо Тоҷикистонро тарк карда будем, гароиш ба маҳалҳо дар кишвар ин гуна сахту ваҳшатангез набуд. Мо гӯё ба як Тоҷикистони комилан дигар бозгашта будем. Ва чӣ андоза бад будани нирӯи маҳалро ман то он вақт дарк накарда будам. Масалан, вахёчиҳош сари вахёчиҳое, ки дар ҷиҳод буданд, фишор оварданд, ғармиҳо дар ғармиҳо, шимолиҳо дар шимолиҳо, ҷанубиҳо дар ҷанубиҳо. Аз ин ҳама як ҳолате ба вуҷуд омад, ки дигар барои гирифтани вазифа мусобиқа сар шуд, аз мусобиқа гузаштем ба ҷанҷол, аз он ҳам гузаштем ба фишороварӣ ва ҷаласаҳои тӯлонӣ, ҳамааш барои дарёфти вазифа. Ман ҳанӯз ҳам нигоҳ доштаам, баъзе дархостҳоеро, ки гуруҳҳои мухталиф барои ман оварда буданд, баъзе аз онҳо ҳатто лаҳни ултимотумро дорад ва дар онҳо аз боло то поён даҳҳо вазифаю мақомҳоро талаб кардаанд».

Дар ин суҳбатҳои устоди марҳум ҳақоиқи талхи он солҳо намоён ва возеҳ шудааст. Махсусан дарди бисёр ҳам ҷонсузу бедавои маҳалгироӣ.

Аммо, ҲНИТ ва махсусан роҳбарияти он ин ҳама фишору таҳдидҳоро таҳаммул кард. Ахлоқу одоби исломӣ, таълиму тарбияти қуръонӣ нагузошт, ки ба неру ва қувва ғарра бишаванду дигарбора даст ба силоҳ бубаранд. Агарчи онҳо дигар шерони зиндонӣ шуда буданд, вале боз ҳам талош барои канда кардани занҷир накарданд. Вале ҷониби дигар ва махсусан худи Раҳмонов дар ин маврид ҳам зери қавлаш зад.

Инҷо аз яке аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ», аз қавли муаллифи китоби  «Сулҳнома», Иброҳими Усмон, ки шоҳиди ин вазъу ҳол буд як иқтибосеро барои тасбити ин иддаоямон меоварем. Ҷаноби Усмон аз қавли устоди шаҳид Нурӣ менависад:

«Корҳо пеш намераванд ва ман низ мисли М.Ҳимматзода аз ин дилмурда шудаам. Аммо зоҳир намекунам, то ба дигарҳо таъсир нарасонад. Ман президентро намефаҳмам. Аз суҳбати мо мегурезад. Наход суҳбати мо дар сарнавишти Тоҷикистон аз сӯҳбат бо раиси Бонки ҷаҳонӣ камтар бошад. Агар ин дафъа сулҳ вайрон шавад, дигар тамоми Тоҷикистон-Душанбе низ вайрон мешавад. Мо дар ҳолате ба сулҳ розӣ шудем, ки пирӯзӣ доштем, ба Ховалинг ҳуҷум мекардем. Ин сабақ аз Афғонистон буд. Ҳамчунон, шояд донед, ки Эмомалӣ Шарифович ҳануз 10 декабри соли 1996 дар Афғонистон розӣ буданд, ки яке аз вазифаҳои қудратиро ба мо диҳад. Гуфтам Протокол кунем, бигзор махфӣ бошад. Гуфт, лафз ҳалол аст, ду шоҳиди муътабар дорем-ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Бовараш кардам. Сипас, 27-июни соли 1997 дар Маскав боз инро таъкид намуд. Акнун имрӯз далел меорад, ки Суҳробу Ғаффорҳо мегуянд, ки мо туро ба сари вазифа нишондему чаро ба мо не, ба оппозитсия вазифа медиҳӣ, пас ба мо низ бидеҳ. Ман ба ҷаноби президент фаҳмонидам, ки агар онҳо зур мешуданд, қувваи мо-оппозитсия ҳоло шикастхурда мебуд ва зарурати суҳбати эшон ба мо боқӣ намемонд».

На танҳо вазорати дифоъ, ки тибқи аҳду қавл ва асноди тавофуқшуда ба тарафи оппозитсион дода нашуд, балки квотаи 30% танҳо дар сатҳи мақомоти марказӣ ҳал гардид. Дар сатҳи вилоят ва навоҳӣ ҳатто 40% ҳам ба иҷро нарасид.

Дар яке дигар аз суханрониҳояш устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  иқрор мекунад, ки саҳмияи 30дарсадии оппозитсион сабаби дигари бурузи ихтилоф миёни тарафдорони ҲНИТ шуда буд. Ин нуктаро устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар паёмаш бахшида ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ чунин баён кардааст:

«Мебоист, сӣ дар сади мақомот ба намояндагони мухолифин дода мешуд. Ин амал дар сатҳи вазорату кумитаҳо анҷом шуд. Яъне 14 нафар намояндаи ИНОТ дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ширкат мекард. Ҳамин тариқ дар сатҳи муовинон 65-70фоиз ва дар сатҳи раисони ноҳия ҳудуди 60 фоиз ислоҳот анҷом гирифт. Метавон гуфт 48 нафар намояндагони ИНОТ дар мақомоти баландпояи давлатӣ бо ризоияти комил ифои вазифа мекарданд. Агарчи масоили ҳалношуда дар ин росто зиёд буд, вале то як андоза ризоияти онҳое мушкилзо буданд, ба даст омад. Аз ин тавр анҷом ёфтани кор ман розӣ будам. Зеро намояндагони мо ба куллӣ ҳамоиш пайдо карда буданд. Мехоҳам инҷо як нуктаеро баён кунам, ки ҳамеша аз ман пурсида мешавад. Чаро мо бақияи саҳмияи 30дар садаро талаб накардем? Бале, ман ҳамеша онро талаб кардам. Ва аз ҳамаи имкониятҳои дар даст дошта истифода кардам, вале бенатиҷа буд. Ман фикр мекунам ин ду сабаб дошт. Сабаби аввал фишори атрофиён ба президент, ки ҳамаи ҳукуматро ба исломиён додааст. Аммо сабаби дуввум камфаъолиятии намояндагони ИНОТ, ки дар мақомоти баланди давлатӣ кор мекарданд. Яъне, онҳо чун масъулиятҳоро гирифтанд, чунон саргарми кор буданд, ки дидаю дониста як созмони муҳими таърихии ИНОТ-ро барҳам заданд. Бояд онҳо дар маҷлиси ҳукумат ҳам проблемаҳои боқимондаро ба хотири тафоҳуми комил талаб мекарданд». «Наҷот» №26,2001

Поёни бахши аввали давраи чаҳорум, ин давра идома дорад бо мо бошед!

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\1 появились сначала на ISLOH.net.