Чанд пурсишу посухи қуръонӣ № 10

Ислоҳ нет

Чанд пурсишу посухи қуръонӣ № 10 Савол:

Чаҳор исм аз исмҳои Қуръонро ном баред?
Ҷавоб: Фурқон, Китоб, Зикр, Танзил.
Савол: Аввалин ва бартарин ҳофизу муфассири Қуръон чӣ касе буд?
Ҷавоб: Ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ паёмбари гиромии ислом (с).
Савол: Чӣ касе аввалин бор калимоти Қуръонро нуқтагузорӣ кард?
Ҷавоб: Абуласвади Дуалӣ.
Савол: Оё мешавад ба ҷойи баёни оят танҳо маънии онро зикр кард?
Ҷавоб: Саҳеҳ нест! Зеро калимот ва оёти Қуръон ваҳй ҳастанд, бояд айнан очуноне ҳаст зикр кард.
Савол: Чӣ касе охирин бор Мусҳафи ҳазрати Усмон ибни Аффон (р)-ро, ки дар Шом буд, дида ва вижагиҳои онро зикр намудааст?
Ҷавоб: Ҳофиз ибни Касир, ки дар соли 771 ҳиҷрӣ даргузашта, дар китоби “Фазоили Қуръон” роҷеъ ба он сухан гуфтааст.
Давом дорад, бо мо буданро фаромӯш масозед, хонандагони гиромӣ

Share This Article