Чанд пурсишу посухи қуръонӣ № 7

Ислоҳ нет

Чанд пурсишу посухи қуръонӣ № 7

Савол: Тартиби сураҳои Қуръон аз ҷониби Худованд ва Паёмбар (с) аст ё назар ва иҷмоъи саҳоба?

Ҷавоб: Ҳамчун тартиби оёт ба тавҷеҳи Расули гиромӣ (с) сурат гирифтааст. Пас бидон! Қуръоне, ки миёни дастони мову шумост тартибу ҷамъаш, рақамгузории оёт, сураҳояш, пораҳояш айни ҳамон Қуръонест, ки Паёмбар (с) онро тартиб дода, барои мо мусулмонон дар ҳаёти муборакашон амалӣ намуданд. Ва ин амре аз ҷониби Худованд аст, ки дар он на тағйир, на таҳриф, на табдил, на таъдил ва на каму беше вуҷуд надорад.

Савол: Ба чӣ далел тартиб қарор гирифтани сураҳои Қуръон ба василаи ваҳй сурат гирифтааст?

Ҷавоб: Сухани ҳазрати Ҷабраил (а) аст, ки пас аз овардани ояти:
«Аз он рӯз, ки сӯи Худо бозмегардед ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.»
Фармуд: онро баъд аз ояти 280 сураи Бақара қарор бидеҳ. “ Ин оят ба баъзе ривоятҳо охирин ояте аз Қуръони карим аст, ки Ҷабраил (а) ўро ба Расули Акрам (с) расонид. Он рўзҳо аз ҳаёти Расули Акрам (с) танҳо ҳафт рўз боқӣ монда буд.

Савол: Аз нигоҳи шумо пешрафти санъати чоп дар тағйир наёфтани Қуръон чӣ нақш дорад?
Идомаи ин саволҷавоби Қуръониро аз Сомонаи Васатият ва ё бахши фесбукии он мутолеъа намоед.

Сомонаи Васатият:http://wasatiyat.tj/2011-07-11-17-02-32/2799——7.html

Васатият дар Фесбук:https://www.facebook.com/groups/160750644136038/

Share This Article