Чаро баҳси марзӣ аз Ворух ба Лахш рафт? На дар Ворух баранда будем,на дар Лахш!

«Ховар» -хабаргузории расмии Тоҷикистон ҳам дар ниҳоят Протоколи кайҳо нашршуда дар расонаҳои  Қирғизистонро чоп кард. Ин Протокол  миёни роҳбарони комиссиюнҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории  марз СС. Ятимов, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайати гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев ҳамтои қирғизи вай ба имзо расида буд. Мисли гузаштаҳо СС. Ятимов то кунун дар бораи он лаб во накардааст. Агарчанде Қамчибек Ташиев дар бораи ин санад ба хабарнигорон  чанд рӯзи пеш маълумот дод.

Бо таваҷҷуҳ ба шарту шурути ин Протокол намешавад гуфт, ки он кадом як ҳуҷҷати ҷиддии тайинкунанда аст. Ҳанӯз, ки роҳбари ҳайати гуфтушуниди Тоҷикистон дар барои он изҳори назар накардааст, яке аз шартҳои он, ки таъкид мешавад бидуни ҳамоҳангӣ тарафҳо наметавонанд маълумотеро дар ихтиёри хабарнигорон бигузоранд, аммо ин бор ҳам ҷониби Қирғизистон  муҳтавои онро дар дастраси журналистон ва ҳамин тавр мардум қарор дод. Ва ин Протоколи иборат аз 9 банд ба ёди ман ҳамон эълонҳои симчӯбҳои хатҳои баландшиддати барқро, ки : ЭҲТИЁТ, ХАТАРНОК, СТОП, ОПАСНО  навишта шудаанд, овард.

«Фалон корро намекунем», «бармегардем ба ҷойи пешинаи худ»,

«бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем» ва аз ҳамин қабил гапҳои дарунхолӣ, ки  чуноне гуфтем ҳанӯз ранг дар варақи он хушк ношуда ҷониби Қирғизистон онро нақз кард.

Ин санад ҳам мисли асноди қаблӣ, ки байни ин ду  нафар ба имзо расид, вале риоят нашуд, яке ду рузи дигар аз хотирҳо фаромӯш мешавад.

Баъд аз ҳодисаи хунини авохири апрел тарафҳо филвар дидору мулоқот анҷом дода санадҳо имзо намуданд. Гуфта шуд, ки то 1 июн фалон корҳо, аз ҷумла  дар имтидоди 112 километри марзи муштарак делимитатасия ва демаркатсия  ба анҷом мерасанд. Аммо чуноне ҳамагон шоҳид ҳастем, ин тавр нашуд. Балке баракс  ҷангу хунрезӣ ҷойи худро ба ҷанги  иттилоотӣ  дод.

    “Бо таваҷҷӯҳ  ба вазъи мавҷуда ва бахусус  беш аз пеш доман задани кинаву  нафрату  бадбинӣ миёни аҳолӣ ва сиёҳу бадном кардани давлатҳои ҳарду тараф ва адами одитарин алоими оштиву сулҳу салоҳу муросо  кас ба ин натиҷа мерасад, ки роҳбарони ҳарду давлат дар фикри дигаранд. ” 

Дуруст аст ки ҳалли баҳси марзӣ душвор аст. Аммо на он душворие, ки ҳал нашавад. Ҳатман  бояд ҳал шавад. Ва, агар дигар масъалаҳо дар васат набуд, хеле пештар ҳал мешуд.

Ҳамагон огоҳем, ки ин  баҳси марзи солҳост, ки идома дорад ва аламовар он аст  ки тӯли ин солҳо  фақат қирғизҳо будаанд, ки гапашонро гузаронидаанд. Дар наворе, ки дар соли 2013 дар деҳоти Исфара «Озодӣ» бардоштааст, сокинон мегӯянд, ки қирғизҳо болои боми онҳо байрақи худро насб ва дуғу пуписа ҳам карданд, ки инҷо Қирғизистон аст, тарку тахлия кунанд. Мақомоти маҳаллӣ онҳоро таскин медодаанд, ки сабр кунед, вазнин шавед. Ҳоло, ки натиҷаи ҳамин сабр тоқат аст, ки авзоъ чунин буҳронӣ шудааст.

Аммо асли кор ин аст  ки  маҳз дар ҳамон солҳо буд, ки Раҳмонову «Фароз», дар айни авҷи дуздиву қочоқи соляркаву бензини қирғизӣ  машғул буданд. Аз инҷо буд, ки Раҳмонов мардумро даҳонсӯхта карда буд.

Дар ҳақиқат иллати  кашолёбии баҳси сарҳад ва ҳамин тавр асоси забонкутоҳии тоҷикҳо ин буд, ки Раҳмонов ва домодҳои бешумори вай дар Қирғизистон тиҷоратҳои зиёд доранд ва танҳо аз ҳисоби воридоти маводди сӯхти қочоқӣ миллионҳо даромад доштанд. Қамчибек Тошиев, роҳбари ҳайати музокиротии қирғизҳо дар 26 марти соли ҷорӣ дар як нишасти хабариаш гуфта буд, ки дигар намегузорем як литр сузишворӣ ба таври қочоқӣ ба Тоҷикистон дода шавад.

Хуб, бигзарем аз ин ҳама, ки агар сад раҳ ҳам бигӯӣ, барои Раҳмонову оилааш кадом таъсире надорад. Вале ҳоло, ки ин тиҷоратҳо баста ва манъ шудааст, чаро ҳанузам мавқеъи қотеъ ва нияти ҳалли мушкили марзро надоранд?

  “Ба назар мерасад, ки манфиатдор нестанд, ки низоъи марзӣ хушибахушӣ, бидуни ҷангу хунрезӣ ҳал шавад. Маълумотҳое, ки ба мо мерасад ва низ аз рӯи пешбинии бархе аз коршиносон роҳбарияти сатҳи аввали ҳарду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон камтарин иштиёқу алоқаи ба ин зудӣ ҳал кардани баҳси марзиро надоранд ва шароити мавҷуда ва ҳатто бештар аз он, вахимтар ва ва вазнинтар шуданро мехоҳанд.”

Агар кушоду равшан гуфта шавад барои онҳо зарур аст, ки як «ҷангча» бишавад, ки худашон идорааш кунанд, ва чунин даргирии идорашаванда ҳоло мисли обу ҳаво лозим аст. Сабаб дар он аст ки Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурӣ ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон айни замон дар дохили кишвар ба маҳву зиндонӣ кардани ҳарифони эҳтимолӣ ва рақибони дар гузаштаи худ  машғуланд. Як навъ сиёсати интиқому  ниқорро пеша кардаанд, чунки ин ҳарду аз утоқи зиндон ба курсии қудрат омадаанд.

  “Ҳоло ҳам ҳукумати Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон барои бақои қудрати худ мехоҳанд тоҷику қирғизро ба ҷангу хунрезӣ тела диҳанд. Мусаллам аст ки Ҷабборов  ва Ташиев сарҳад омада хона намесозанд. Ҳамин тавр на Рустами  Эмомалӣ ва на худи Раҳмонов, генерал ва Сарфармондеҳи олӣ дар ин ҷанг ширкат намекунанд.”

Балке садҳо нафарро ба куштан дода ва сипас боз қатъ мекунанду барои рафъи хисорот аз ҷомеа ҷаҳонӣ кумак талаб мекунанд. Ин кумакҳоро ҳам ба яғмо мебаранд. Ва боз чанд соли дигар онҳо дар қудрат меистанд. Барои онҳо ними ин халқҳо бимирад ҳам мижаашон хам намехурад, муҳим ки онҳо дар қудрат бошанд. Онҳо бояд мардумро дар ду тарафи марз дар як ҳолати изтирориву изтиробу ваҳм нигоҳ доранд. Онҳо нияти ҳалли масъаларо надоранд.

Барои боқӣ мондани Раҳмонов дар сари қудрат низ чунин «ҷангча»  лозим аст. То ки ин «Сарлашкар»  худро дигарбора ба рамзи Сулҳу Оромӣ табдил созад. Аз мардум даъват хоҳад шуд, ки бояд дар ин гуна шароити ҷангӣ дар гирди Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешво муттаҳид шавем. Бо ин васила норозигии мардум аз сиёсатҳошяро маҳор кунад. Барои ҳамин дар гумон аст , ки ба ин наздикиҳо вазъи марзи миёни ин ду кишвар  ҳал шавад

“Ҳоло агар мардумро басиҷ карданду нерӯҳоро вориди ҷанг намуданд ва бар фарзе то Бишкек пешрафт карданд ва ё баракс қирғизҳо заданду омаданд то Варзоб, хуб, ки чӣ хоҳад шуд? Албатта баъди чанде ҳарду тараф ба маҳалли қаблии худ бозмегарданд. Натиҷа ин хоҳад шуд, ки мардум ба гӯру чуби кушташудаҳо ва ободсозии хонаҳои сухтаву валангоргаштаашон  банд мешаванд.”

Аммо боз ҳам, мутаассифона ин дуздону ғоратгарон дар ҳарду кишвар дар сари қудрат боқӣ мемонанд. Барои ҳамин мардум набояд ба ин фитнаҳо дода бишаванд, зиркаии сиёсиро аз даст надиҳанд ва маҷбур кунанд, ки ҳукуматҳо мушкилоти марзиро бидуни ҷангу хунрезӣ ҳал намоянд. Мушкили марзиро бояд ҳам ҳукуматҳо ҳал кунанд, вагарна аз ҳукумате, ки масъала ва мушкилиро ҳал карда натавонад, барои мардум чи фоида?

Аммо вазъияти мо баракс аст. Баҳсу низоъҳои марзӣ дар сарҳади Исфара бо Бодканд буд. Пойи низоъро аз Исфара ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кашониданд ва  ҳоло оварданд ба Лахш-Ҷиргатоли собиқ. Кашонидани низоъ ба Лахш чи аҳадеро дунбол мекунад?

“Мо ҳама шоҳиди ду мулоқоти пас аз ҷанги СС.Ятимов ва Тошиев будем.  Дар мулоқоти СС.Ятимов бо Тошиев дар сафари аввалаш ба Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ дида мешуд каме хушҳол менамуду чашмҳои тангаш намоён буд. Аммо дар мулоқоти дуввум бо Тошиев агар ба акс аҳамият дода бошед СС.Ятимов рӯяшро ба дигар тараф гардонида яъне тақрибан пушташро ба тарафи Тошиев карда як паҳлӯ ба Тошиев даст додааст,дар акс чашми танги СС комилан махмуру норозӣ аст. Инҷо чи муаммои сар ба муҳр шудае нуҳуфта аст. Боз дар ин мулоқот СС. Ятимов ҳеҷ суҳбате бо хабарнигорон накарда аст. Аммо Тошиев бо хабарнигорон суҳбат кард ва боз ҳам аз пирӯзии худашон ва пеш кардани марзбонони Тоҷик аз наздикии марз ва бозгашти сокинони осоишта ба хонаҳояшон хабар дод.”

Дар ҳар сурат кашолкорӣ ва карахтӣ дар ҳалли низоъи марзӣ хеле ҳам шубҳаовар аст.

Протоколи 9 бандии Ятимов ва Тошиев мушаххас кардааст, ки мавқеи ҷонибҳо ниҳоят дур аст. Пас аз ҳодисаи хунини 28-29 апрел  ин фосила калонтару калонтар.

  “Ҷои онки хуни 50 қурбонӣ таҳрик бидиҳад, бишитобонад, ки роҳи ҳал ҷуста шавад, хусумат ва хушунат боло гирифтаст. Дар ҳамин Протокол як банде ҳаст, ки тарафҳо бояд то се километр пас раванд. Ин шарт дурусту дақиқ ба ҳамон контейнери гузоштаи марзбонони тоҷик дахл дорад, ки пойи ҷангро аз Исфара  гирифта ба Лахш бурданианд. Биёед, ҷудо аз онки мо оппозитсион ҳастему шумо дар ҳақи мо иттиҳом зада истодаед, ки тарафи қирғизро мегирем, ба ин савол посух бидиҳем, вақте мушкилоти марзи Исфараву Бобоҷон Ғафуровро ҳал накардаед, чаро боз Лахшро ноором мекунед?”

Хабарҳои расида бароямон аз он гуфта истодааст, ки Шоҳ Искандар нерӯ ҷамъ карда истодаасту собиқ аъзои Фронти халқӣ ҳам беш аз сад нафар ҷамъ шудаанд. Маълум аст ки чи нақшае дар сар доред.

Аммо агар шаби 28-29 нерӯҳои Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шуда бошанд он дигар ҳуҷум  ва ҳамла ба хоки давлати дигар ва воқеан ҳам таҷовуз ҳисобида мешавад ва қирғизҳо наметавонанд, ки онро бидуни посух бигузоранд. Вале агар нерӯҳои мо дар ҳудуди Тоҷикистон амалиёт гузаронида бошанд, ин ҳаққи мусаллами онҳост. Аммо савол ин аст  ки агар мо дар ҳудуди худ будем, пас чаро пас гаштем? Чаро ҳудуди бар ивази ҷангу хун баргирифтаи худро дигарбора пас додем? Акнун, ки хоки мамлакати худро пас гирифтем, бо чи асосе, бо чӣ ҳисобе, додем?

Ҳатто ҳафта тул накашид, ки маркази тавзеъи оби «Головной» аз тарафи низомиёни қирғиз забт шуд ва онҳо шурӯъ карданд ба тармиму навсозии  иншооте, ки мо-тоҷикҳо аз они худ мешуморем. Пас,мантиқи ҳамлаву ҳуҷум чи буд? Пас, мантиқи гирифтан ва боз бозпас доданро яке бояд ба мардуми Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ бидиҳад. Магар не?

 “Ҳамин ҳоло низ. Контейнерро бурдеду дигарбора бозпас овардед, чаро? Чаро кореро, ки то ба охир намесанҷед, иҷро мекунед ва ҳам худу ҳам мардуми Тоҷикистонро шарманда мекунед….То кай? Дар ҳоле ношармида “пешво”ятон Тоҷикистон ба пеш мегӯяд. Ҳамеша аз бурди дипломатияи пешво сухан мегӯед.Ҳама коратон носанҷида ва хом аст. Чаро чизеро намедонед,ки натиҷааш хароб аст,онро мекунед? Дар миёни шумо ягон таҳсилкарда ва фареҳхтае ҳаст,то шуморо омӯзад? Ё ҳамаи шумо қипчоқиҳо хонашери майдонғарибед? Ҳаст ягон бо саводе аз шумо ба ин савол посух гӯяд? “

Тибқи иттилоъе ба “Ислоҳ” аз Лахш расид рӯзҳои 4 ум ва 5 уми моҳи июн. Аз Пилдони миёна ва Пилдони калон бо камазҳо 60 нафарро бор карда ба маркази ноҳия бурданд. Барояшон гуфтанд бо як садо ҳама дод зада бигӯед: “мо таёрем барои ҳифзи ватан ва барои ҳифзи ватан ҷонамонро медиҳем” Боз барояшон дрежорҳои КДАМ гуфтанд бигӯед: “мо бо шумоем пешвои миллат”

Рӯзе СС.Ятимов омад пеш аз он ду камаз мардҳо ва ҷавононро бор карда ба сарҳад бурданд,то аз хоки ватан ҳимоят кунанд. Ин ду камаз бурда шуд як рӯз истоданд ҳама гурусна монданд ва дубора баргаштанд ба хонаҳояшон. Инчунин бо зури аз ҳар хонадон дар Лахш 40 сомонӣ барои сарбозон ҷамъоварӣ намуданд ва аз мардум нон ва хурока талаб доранд,то ба сарбозон бубаранд.

Инчунин  манбаъи дигари “Ислоҳ” аз мақомоти амнияти аз Лахш гуфт: “дақиқан се рӯз қабл аз ин ҳодисаи марзии Лахш бо Қирғизистон як мошини сиёҳшиша ба қишлоқи Пилдони поён фиристода шуд ва соат тақрибан 1 шаб буд. Маъмурияти ин сафарбаркарда шудаҳо чунин буд, ки аз мошин фароянду ба ҳаво салют паронанду баргарданд”.

Манбаъи дигари “Ислоҳ” гуфт: “сӯбҳи он рӯз аз кумитаи амнияти  ноҳияи Лахш,ки номаш Парвиз аст бо чанд нафар ва агрономи ҳамин қишлоқ Хуҷаев Алишер ду масҷиди деҳаро дарҳояшро муҳр мезананд ва мегӯянд дигар намоз нахонед. Мо маълумот гирифтем,ки дар ин деҳа террорист вуҷуд дорад. Касе даромад ҷазо мебинад. Инро гуфтанду рафтанд”.

Ҷиноятҳои Парвизи корманди амнияти Лахш ба “Ислоҳ” расида аст. Хело зулм ва ҷабр мекардааст ва яке аз он ҷиноятҳо заминҳои як зани бева ва бе касро бо зурӣ ғасб карда картошка шинонда аст. Ин зан ба ҳар даре рафту шикоят кардааст, касе ба додаш намерасад. Парвиз мегуфтааст, ки ма касеро чикоре кунам ҳеҷ кас ба ман чизе намегӯяд. Бароям пурра ҳама корро  аз боло иҷозат додаанд.

P.S: Бори дигар таъкид мекунам, ки нерӯҳои оппозитсион розӣ нестанд, ки як ваҷаб хоки кишвар ба каси дигар дода бишавад.Аммо инро ҳам бояд кушоду равшан бигӯем,ки Раҳмонов мехоҳад аз низоъи марзӣ барои тақвияти қудрати худ истифода барад. Мо, аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳишамон ин аст ки  қурбонии сиёсатбозиҳои номардонаи Раҳмонов нашаванд. Ӯро водор кунанд, ки масъаларо бар нафъи миллат ҳал намояд. Мо, маҳкум ба ҳамзистии осоишта бо ҳамаи ҳамсояҳоямон аз ҷумла қирғизҳо ҳастем. Аммо инро дар ёд дошта бошед, ки  феълан барои Раҳмонов эҷоди  як душмани берунӣ лозим аст. То чандин вақт ин душман Узбакистон буд. Баъдтар Эрон ҷойи Узбакистонро гирифтааст. Ҳоло Қирғизистон ба симои душман дароварда шуд. Ин як сиёсати комилан зиддимиллӣ ва зидди тоҷикӣ аст. Ин сиёсат танҳо барои Раҳмонов ва оилаи вай лозим аст ки бо ин васила бақо  ва ҳузури худ дар роҳбарии кишварро ҳифз кунад, идома диҳад.

 Эмомалӣ Раҳмонов, бо онки 29 сол аст қудратро дар қабзаи оҳанини худ нигоҳ доштааст, роҳе дигар надорад ба ҷуз аз ин ки як даргирӣ ва ҷанги идорашавандаеро ташкил карда  ба ҳадафи асосии худ-нишонидани Рустами писараш ба ҷойи худ бирасад. Раҳмонов худ кадри давраи ҷангу хун аст ва на танҳо дастони ӯст,ки то оринҷ, даҳону забону ҳалқу комаш ҳам ба хуни мардуми тоҷик омӯхта шудааст.

  Ба назар менамояд, ки мардум аҳамият намедиҳанд, парво надоранд, ки Раҳмонов чи кор мекунад. Аммо афзоиши шумори қишри нодору муҳтоҷ ва норасоии маводди аввалияи мавриди ниёзи мардум, норозигии рӯ ба афзоиш баргузории як интихоботи зудҳангом барои  овардани Рустами Эмомалиро бисёр ҳам мушкил кардааст. Вақте барои як билети барои мардикорӣ ва муҳоҷирату ғурбат дар як хонавода то ду, се гов фурӯхта мешавад, вақте аксарияти мутлақи ин қишри  ҳаволаи номуродӣ ва ноумедӣ шуда роҳкирои худро аз бонкҳои аъзои оилаи Раҳмонов дастрас мекунад, мизони нафрат ва бадбинии аҳолӣ ба Раҳмонов ва ҳукумати вай бештару бештар мешавад. Камтарин ҷарақа метавонад  бар оташи ғазаби мардум равған бирезад.

Ба бахти бади мардуми тоҷик ҳукумати феълии Қирғизистон ҳам  қасдаш айни қасди Раҳмонов аст. Барои вай, ки аллакай дар дохили кишвар бо ҳарифони сарсахт ва ҷангҷолиаш  мушкили ҷиддӣ пеш омадааст.

Боздошту ҳабси сарвазири пешини ин кишвар ва раиси собиқи  парлумонаш, ки бародари раиси ҷумҳурии собиқ аст нишон медиҳад, ки роҳбарони феълии Қирғизистон низ огоҳона  бар  ҳалли баҳси марзӣ диранг карда истодааст. Барои роҳбарони ҳозираи ин кишвар низ  як ҷанги кучак дар марз даркор аст. Вагарна чаро кашол медиҳанд? Бо кашол додан ва «обстановкаро нагнетат» кардан  чи муроде ҳосил мешавад?

Гумон намеравад, ки Русия дар ин шароит тарафи Содир Ҷабборов ва ё Эмомалӣ Раҳмоновро бигирад. Ин ҳарду ҳоло на танҳо мусаббиби ноором кардани авзоъи дохилӣ дар кишварҳои худ, ҳатто дар минтақа ҳам хоҳанд шуд. Нооромие,ки русҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд,ки буруз кунад,аммо чуноне мебинем вазъро ба дасти ду раисҷумҳури фурсаталаб вогузор карда назоратгаранд. Пас инҷо танҳо огоҳии сиёсии мардум муҳим аст,ки ба тавтиъаҳо дода нашаванд.

Total
0
Shares
Related Posts