Чаро Ҳукумати Муросои Миллӣ комёб нашуд?

Ислоҳ нет

Ҳузури намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳайати Ҳукумати Муросои Миллӣ дар моҳи майи соли1992 Русия ваУзбакистон-ду кишвари таъсиргузор болои Тоҷикистонро дучори тарсу ваҳшати шадид кард. Ин ду кишвар, ки раванди таҳаввули сиёсии беш аз думоҳаи майдони «Шаҳидон» ва гирдиҳамоии ҷавобии «Озодӣ»-ро мушоҳида мекарданд, ба ин суръати зуд дар чавкии қудрат нузул кардани ноиби аввали раиси ҲНИТ-ро ҳатто тасаввур карда наметавонистанд. Чунин ранг гирифтани натоиҷи майдоннишиниҳо барояшон тамоман ғайрипешбинӣ буд.

Узви ҳизби исломӣ дар ҳокимияти марказӣ дар Тоҷикистон барои Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон мисли наъраи раъду инфиҷори барқ дар тамузи тобистон буд, ки ӯро то марзи ҷунун расонду васвосаш кард.

10-майи соли1992 Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии мунтахаби Тоҷикистон пас аз мувофақа бо неруҳои навзуҳури миллӣ ва демократӣ: ҲНИТ, ҲДТ, Растохез ва Лаъли Бадахшон фармони таъсиси Ҳукумати Муроси Миллӣ бо ширкати намояндаҳои ин неруҳоро имзо расонд. Ба ин тартиб дар ҳайати Ҳукумати Муросои Миллӣ дар қатори Мирбобо Мирраҳим, Бозоралӣ Сафаров, Худойбердӣ Холиқназарзода, Ҳайдаршо Акбаров, намояндаҳо аз неруҳои демократии ба истилоҳ дунявӣ ҳамчунин Давлати Усмон, ноиби аввали раиси ҲНИТ шомил шуда ва раҳбарии кумитаву вазоратҳоеро бар ӯҳда гирифтанд. Дуруст аст ки барои равоншод Аслиддини Соҳибназар раёсати Бонки Миллӣ вогузор ва фармон дар ин бора ба имзо расид, аммо худи ӯ бо мулоҳизоте, ки пеши худ дошт, қабул накард. Давлат Усмон, ки муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, бар асоси тавофуқи миёни неруҳои милливу мардумӣ ва ҳукумати Раҳмон Набиев ноиби нахуствазири Тоҷикистон таъин гардид ва назорати фаъолияти ниҳодҳои қудратии кишварро бар дӯши ӯ вогузор карданд.

Ҷойи таъкид ва тазаккур аст ки таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ бо ширкати неруҳои милливу демократӣ ва ба хусус исломи сиёсӣ дар қаламрави собиқи шӯравӣ беназир буд ва ҳамто надошт. Ҳаракоти милливу мардумӣ дар Тоҷикистон бисёр ҳам нақши қавӣ дошт ва дар миёни мардум аз пуштибонии густарда бархурдор буд.

“Дуруст аст ки дар Озарбойҷон ва Гурҷистон низ (Абулфазл Элчибей ва Звиад Константинович Гамсахурдия) намояндагони неруҳои навзуҳур, ки аҳдофи озодӣ ва истиқлоли миллиро ба ҷон харида буданд, ба рағми коммунистҳои куҳнагарои рӯ ба Русия сари кор омаданд.”

Аммо, инки намояндаи як ташаккули мазҳабӣ дар як фурсати начандон тулонии фаъолият ва ҳамагӣ давоми як соли ба даст овардани ҳуқуқи амали расмӣ дар ҳукумати марказӣ мақом биёбад, барои Русия ва Узбакистон ғайритаҳаммул буд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар соли 1973 ташкил ёфта ва дар соли 1991 ба фаъолияти расмӣ оғоз карда буд, бори асосии муборизаҳо барои озодиву истиқлолхоҳии бақия неруҳои навзуҳури сиёсии кишварро мекашид ва амалан ба қувваи асосии он бадал шуда буд. Нақши меҳварӣ ва марказӣ барои таъсиси Ҳукумати Муросои Миллиро маҳз ҲНИТ бозидааст. Новобаста аз онки дар майдони сиёсӣ фаъолияти алании тулонӣ надошт аммо соҳиби неру ва пуштибонии оммаҳои васеъи мардум буд ва ҳамин авомил мусаббиби он гардид, ки хасми аҷнабӣ қасами шикасти онро бихурад. Аз ҳақ набигзарем,ки дар майи соли 1992 ҲНИТ тавониста буд қудрати сиёсӣ ва ҳокимият дар кишварро ба даст бигирад ва ин сару садоҳо ҳам садо дода буданд, ки бо ташкили Шӯрои инқилобӣ ва ё Шӯрои давлатӣ мудирияти давлат комилан тағйир дода шавад. Аммо неруҳои дигари сиёсӣ бо таваҷҷӯҳ ба мухолифати яқини Узбакистон ва Русия тарҷеҳ доданд, ки бо ҳокимияти мавҷуда ҳамроҳ бишаванд. Ҳоло,бо гузашти се даҳа аз он рӯзҳо ҳам наметавонем қатъан тазаккур диҳем, ки ин кори дуруст буд ё хайр?

    “Аммо метавонем бо қотеъият ва итминони комил бигӯем, ки Ҳукумати Муросои Миллӣ бо дастони Русия ва Узбакистон суқут дода шуд.”

Роҳбарият дар Узбакистон биму ҳарос дошт, ки таҳаввулоти сиёсии руйдода дар Тоҷикистони ҳамсоя, махсусан омадани намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳокимият тамоми водии Фарғонаро, ки маҳди неруҳои исломии Узбакистон аст ба таҳрик медаровард ва бармеангезад ва онҳо низ метавонанд бо роҳандозии як ё ду гирдиҳамоӣ курсӣ дар зери пойи Ислом Каримовро мутазалзил бикунанд. Чун дар воқеъ ин неруҳо нуфузи беҳадду марз дар иҷтимоъ доранд ва тарафдорони онҳо, ки ақида ва имони мустаҳкам доранд, метавонанд дар пайравӣ ва тақлиди ҳамтоёни тоҷики худ даъвои қудрат кунанд. Барои ҳамин Ислом Каримов ба душмани сарсахти Ҳукумати Муросои Миллӣ табдил ёфт ва ҷиҳати нобудсозии он аз ҳеҷ коре дареғ надошт. Иллати суқути зуди Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки аз намояндаи тамоми неруҳои сиёсӣ, чи нав (демократҳо) ва чӣ куҳна (коммунистон) таркиб ёфта буд, ҳамин мухолифат ва душмании ошкорои Ислом Каримов буд. Вагарна ин ҳукумат бо эъломи онки дар зудтарин фурсат интихоботи парлумонӣ баргузор ва Қонуни асосии Тоҷикистони мустақилро тавассути раъйпурсӣ қабул хоҳад кард тарафдорону мухолифони худро дар дохил таскин дода буд.

  “Раиси ҷумҳурии Узбакистон, ки ҳанӯз худи Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии мунтахаби Тоҷикистонро чашми дидан надошт, баъд аз онки вай қудратро бо неруҳои милливу демократӣ қисмат кард, беш аз пеш равобит бо Тоҷикистонро тира кард.”

Узбакистон роҳҳои заминиву ҳавоӣ, аз ҷумла роҳи оҳанро ба рӯи Тоҷикистон баст ва амалан Тоҷикистонро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дод.

Ислом Каримов дар нақши «инспектор»-и Осиёи Марказӣ баромад карда на як бору ду бор авзоъи Тоҷикистонро барои Созмони милали муттаҳид ва махсусан Русия вахим ва сиёҳ нишон дод. Вай бо зикру таъкиди ин нукта, ки Тоҷикистонро фундаменталистони исломӣ забт карданд ва такрори Афғонистон дар ин кишвар ногузир аст ҷаҳонро тарс медод. Аммо дар асл дар фикри ҷоҳу курсии худаш буд. Зеро, дар Тоҷикистон ҳамоно раиси ҷумҳурии мунтахаби мардум ҳукумат мекард ва намояндаҳои воридшуда аз неруҳои милливу мардумӣ аз ҷумла намояндаи ҲНИТ ҳама амру дастуроти ӯро иҷро мекарданд ва ҳеҷ тағйиру таҳаввули ғайриқонуние сурат нагирифта буд ва ҳокимияти конститутсионӣ сари ҷойи худаш буд.

 “Ташкили Фронти Халқӣ бо дастони В.Квачков, сарҳанги бригадаи 15-и вазорати мудофиаи Узбакистон, ки дар гузашта корманди ГРУ-и Русия буд ва мусаллаҳ кардани Сангак Сафарову Сафаралӣ Кенҷаев ва таҳрику роҳнамоиву пуштибонии вилояти собиқи Кулоб ва Ленинобод ( Хатлон ва Суғди имрӯза) ҳамагӣ кори дасти Узбакистон буд.”

Владимир Квачков баъдҳо, ки Эмомалӣ Раҳмоновро на як бору ду бор коррупсионер ва дузд хонд, ошкоро иқрор ва эътироф кард, ки барои ӯ ва сад нафари истихдомшуда аз ГРУ барнома таъйин шуда буд, ки неруҳои русгаро ва коммунистмаоби рӯ ба Русия дар Тоҷикистонро сари кор оварад. Вай изҳор дошт, ки хуб медонист Сангак Сафаров як ҷинояткори бо 23 соли собиқи зиндон аст ва ба ҳангоми муаррифии вай ба Ислом Каримов ба унвони лидери ояндаи Тоҷикистон ҳам таъкид карда буд, ки онҳое, ки ба дунболи ӯ мераванд, айнан ҳамин гуна лидерро мехоҳанд. Манзури вай ҳамон қисмат аз мардуми тоҷик буд, ки омода буданд барои раҳоӣ аз гушнагиву пойлучӣ аз баҳри истиқлолу озодии кишварашон бароянд ва ҳамроҳ ва дар канори хасми миллӣ қарор бигиранд ва беҷиҳат набуд, ки вақте вориди майдони Душанбе шуда буданд айни ҳамин шиори Зинда бод СССРу  Нест бо Исломро рӯи даст доштанд. Барои Ислом Каримов ва Квачков дурусту дақиқи ҳамин гурӯҳ ва ҳамин тоифа аз мардуми, мутаассифона, тоҷик лозим буд, ки муқобили неруҳои милливу мардумӣ силоҳ ба даст бигиранд. Имрӯз, ки аз истиқлолу озодӣ ва имрӯз, ки аз Тоҷикистони мустақил дам мезананд, на барои онки онро мехостанд, барои он аст ки доранд ишкамҳояшоро сер мекунанд ва ҷои ҷирғоти бо шир омехта ва қрутови бо олича кабобу палав мехуранд.

Боризтарин намунаи аҷиру марионетка будани Раҳмонов дар рӯзи 9 уми май

Рӯзи 9-уми май дар назди ҳама миллат ва мардум ва корпусҳои дипломатии кишварҳои кориҷии муқими кишвар дар назди навиштаҷоте “ Барои таҳкиму барқарории ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон” ки дар назди ин навишта сарвазир, раисони порлумонҳои поёнӣ ва болоӣ муовини порлумон қатор истода ва бо нозу карашма роҳ рафтани Раҳмоновро наззора менамуданд. Боз аҷибаш дар ин буд, ки дар назди он навиштаҷот дар дохили як давра истодааст,то аз ӯ аксбардорӣ кунанд. Бо ин истоданҳояш мехоҳад ғуломи ҳалқабаргуш будани худро ба намоиш гузораду бигуяд ман содиқтарин раисҷумҳурони осиёи миёна ҳастам, ки мунтазири ҳар фармони хоҷаам амал мекунам. Лозим бошад аз донишгоҳҳои кишвар шаҳрвандони кишварамро барои ҷанг дар ихтиёри хоҷаам қарор медиҳам. Агар дар он солҳо 290 ҳазор фиристоданд ман алакаи беш аз ду миллион фиристодаам ба Русия боз лозим бошад ҷавонтарҳояшро ҳам мефиристам. Муҳим хоҷа розӣ бошаду ман дар курсӣ қарор дошта бошам. Дар ҷанги дуввуми ҷаҳон 290 ҳазор шаҳрвандони кишвар иштирок ва беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷонҳои худро аз даст дода буданд. Аммо Раҳмонов, ки  ҳаргиз истиқлол хоҳ ва истиқлолталаб набуд ва намехост аз мустамликаи Русия озод гардем. Дар ин ҷашн дар назди ин навишта бори дигар нишон дод, ки ӯ ҳаргиз хоҳони истиқлолияти кишвари мо набуд ва то ба ҳол ҳам нест. Чаро чун, ки ӯ худаш як арусаки онҳо буд ва то ба имрӯз дар чунон маслаке боқӣ мондааст. Дар ҳоле раисҷумҳурони кишварҳои ҳамсоя аслан ин кори ӯро накардаанд ва намекунанд. Чун истиқлоли худашонро ҳифз карда ва онро арҷ мегузоранд. Дар рӯзи ғалаба ба ҷойи поси хотири шаҳрвандони кушта шударо ёд кунад боз ҳам дар фикри гуруснагӣ ва захираи дусола сухан гуфт. Чун Раҳмонов ҳеҷ стратегия ва иқдомоти ҷиддие барои ояндаи миллату кишвар надорад.

 “Узбакистон дар садҳо чархбол бо ин баҳона, ки ба навоҳии вилояти Кулоб кумаки башардустона мерасонад дар он солҳо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ба Фронти халқӣ дастрас карда дар асл як қисме аз мардуми тоҷикро ба қисми дигараш ҷанг андохт. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз ҳамин «кумакҳо» ва аз ҳамин квачковҳоу меркуловҳо ва аз Тошканду Маскав маншаъ ва реша мегирад. Ин ҳамин ду кишвар буд ,ки миёни мардуми бедору озодихоҳи тоҷик оташи ҷанги шаҳрвандиро шуълавар карда ва бо вуҷуди онки Ҳукумати Муроси Миллӣ истеъфо дод онро то ба панҷ соли дигар ба дарозо кашиданд. Чархболу қиркунандаҳои Узбакистон болои Ғарм ҳазорҳо тонна бомба афканд. Узбакистон дар он солҳо нақбҳои Роғунро ҳадафмандона мунфаҷир кард. Дуруст аст, ки баъди ҳамагӣ ду се сол аз онки Раҳмоновро пуштибонӣ карду сари кор овард шадидан пушаймон шуд ва роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро ба Тошканд даъват ва бо онҳо роҳҳои расидан ба оромӣ дар Тоҷикистонро машварат кард, аммо дигар дер шуда буд.”

Вале, ба ҳар сурат неруҳои милливу мардумӣ дигар барои пиёда кардани барномаҳои оромонии худ шароит ва имконро надоштанд. Онҳо боз ҳам дар сангарҳои муқовимат ва мубориза қарор гирифтанд. Воқеият ин буд, ки дар ҳавои таҷаддудхоҳӣ ва нуфузуу ҷойгоҳи ин неруҳо имкон дошт онҳо дар интихоботи парлумонӣ аксарияти курсиҳоро ба даст оваранд ва ҳукумати мавриди назари худро сари кор биёранд. Яке дигар аз мухолифатҳои шадид ва асоси Русия ва Узбакистон ҳамин ҳам буд, ки неруҳои милливу мардумии тоҷик натавонанд ҳокимиятро аз тариқи интихобот ба даст гиранд. Солҳо баъд, дар соли 2000, 2005 ва 2010 ҳам ҲНИТ тавониста буд, ки то 60% раъйи мардум дар интихоботҳои парлумониро ба даст оварад.

 “Аммо, агарчи Ҳукумати Муросои Миллӣ бо дастони омилони хориҷӣ суқут кард ҲНИТ худро бой надод. Агар Ҳукумати Муросои Миллӣ дар худи Тоҷикистон таъсис дода шуд вале Русия ногузир шуд,ки 30% аз ҳукумати Раҳмонов, ин арӯсаки дастнишондаи худро бигирад ва дар ихтиёри ҲНИТ ва бақия неруҳои милливу мардумӣ: ҲДТ, Растохез ва Лаъли бадахшон бигзорад. Яъне ин бор низ неруи асосӣ ва қувваи пешбаранда ҲНИТ буд. Агарчи он замон дар номи ҳукумат тағйирот ворид нашуд, яъне Ҳукумати Муросои Миллӣ ном нагирифт вале Русия ночор шуд, ки ба ҲНИТ ва муттаҳидони сиёсии вай қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистонро ҳисса кунад.”

Ҳоло, ин чанд сол аст ки Раҳмонов ва мафкурасозони тиҳимағзи он дар чаҳорсӯи олам талош доранд аз ҲНИТ ба унвони як созмони терроррстӣ муаррифӣ ва тарси кунанд. Аммо ин як амале аст,ки ношуданӣ.

ҲНИТ, тули фаъолияти тақрибан нимасрии худ, ки бештарини онро дар муборизаҳои пинҳонӣ сипардааст, ҳамеша ошкор ва шаффоф амал кардааст ва дар интихоботҳои парлумониву президентӣ, ки ба таври расмӣ ширкат кард, ба ҳиҷ ваҷҳ берун аз доираи қонун по нагузоштааст.

    “Инро мехоҳем ё не Ҳукумати Муросои Миллӣ ҷузъи таркибии Тоҷикистони навин ва соҳибистиқлол аст. Вай, новобаста аз онки муваффақ ба ислоҳоти сиёсӣ шуд ё хайр бо ҳузури кутоҳи худ дар амри таҳкими равандҳои мардумсолорӣ дар кишвар ва минтақа нақши муҳим ифо кардааст. Аҳдофи он озодӣ, истиқлол ва мардумсолорӣ то ҳамин имрӯз ҳам барои неруҳои милливу мардумӣ аслӣ ва асосӣ ба шумор меояд.”

Ҳукумати Муросои Миллӣ барои ба арсаи сиёсати калон ворид шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва муаррифии ин ҳаракати бузурги сиёсии исломӣ дар саросари олам замина гузоштааст, далели раднопазир аст.

Ёди хотири бузургони ин миллат ва корнамоиҳояшон гиромӣ бод ва таърихи ин миллат онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Танҳо ва танҳо номҳои қаҳрамонони воқеии миллат манут бар сарнагунии ин режими дастнишондода аст. Офтоби озодӣ ва шукуфоии ин миллат ин шо Аллоҳ рӯзе тулӯъ хоҳад кард…

Share This Article