Ҳукумати Раҳмонов (вазорати маориф ва илми Тоҷикистон) фаъолияти литсеи Оғохон-IV дар Хоруғро ба таълиқ дароварда литсензия ва ё муҷаввизи кори онро бозхонд кардааст. Пойгоҳи хабарии “Pamir Daily News”, ки ин хабарро мунташир кард, менависад пештар лагерҳои тобистонаи мактаббачаҳо дар қаламрави Вилояти Худмухтори Куҳистони Бадахшонро, ки аз ҳисоби фонди Оғохон сармоягузорӣ ва наздики сӣ сол амал мекард, бидуни кадом далеле бастанд.
Ин хабар дар ҳоле интишор мешавад, ки Раҳмонов ва чокару навкарони таблиғии вай на як маротиба аз «вуҷуди дастҳои хориҷӣ» дар ҳаводиси хунини моҳи май дар ин вилоят таъкид карданд. Ҳоло маълум мешавад, ки Раҳмонов чаро гуфт, ки дар як муддати кутоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва бо зикри ин сифр амалан киро дар назар доштааст:
«Вақте ки корҳои охирон карданд, мо маълумот доштем, инҳоро лаҷомашонро хоҷаҳои хориҷӣ ба даст гирифтанд. Дар як муддати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузориашон карданд. 26 миллион! Ҳамин гурӯҳҳо! Ва роҳбариашон мекарданд аз хориҷа».
Раҳмонов дар идомаи суҳбаташ аз Ҳизби наҳзати исломӣ зикр карда гуфт: «Ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом! Ва хоҷагонаш. Ҳамон! Ҳадаф, мақсад – табаддулот кардан!»
Аммо ҳоло маълум мешавад, ки вай аз Оғони IV ҳам бадгумон ва машкук шудааст.
«Хоҷа(ҳо)-и хориҷӣ»-таъбири дӯстдоштаи Раҳмонов аст ки ҳар аз гоҳе мардум барои масоил ва мушкилоте аз вай як каме ҷиддитар додхоҳӣ бикунад, ин ибора омили ин эътирозот талаққӣ мешавад. Ба назар мерасад акнун ва минбаъд Шоҳкарим –ал-Ҳусайнӣ, ҳозиримоми исмоилиёни ҷаҳон-Оғохони IV низ дар шумори афроде ворид карда мешавад, ки қасд доранд дар Тоҷикистон табаддулот ва тағйирот ҷорӣ кунанд. Аз ин ҷост ки Раҳмонов ба хурду майда кардани созмону муассиса ва ташкилотҳои вай дар Тоҷикистон, ки Раҳмонов кайҳост милку мулки хусусии худ меҳисобад, шуруъ кардааст. Агарчанде дар ҳама ҳаводиси рухдода дар ин вилоят ,бахусус дар ҷангҳои Раҳмонов алайҳи ин мардум дар солҳои 2012-2022 Оғохони 4 пайравони бадахшиашро ҳамвора ба ҷонибдорӣ аз ҳукумат ва сиёсатҳои Раҳмонов ташвиқ кардааст.
Оғохони IV барои мардуми вилояти Бадахшон, на танҳо як Пешвои мазҳабӣ, Имом, балки донор ва сарпарасти асосии иқтисодии онҳо мебошад. Махсусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва замони барқарории баъдиҷангӣ ва то ба ҳамин ҳоло ташкилоту муассисаҳои Оғохон ба мардуми ин вилоят садҳо миллион доллар кумак кардааст. Ин кумаку имдоди Оғохони 4 буд, ки мардуми ин вилоят аз гушнагии сартосарӣ дар он солҳо наҷот ёфтанд.
“Сафари муштарак бо Оғони IV ба Бадахшон барои Раҳмонов дар гузашта мояи ифтихор ба ҳисоб мерафт. Чун,ки маҳз бо иззат ва обурӯйи ӯ ба Раҳмонов обурӯй ва қадру манзалат миёни мардуми Бадахшон меафзуд. “
Аммо, чуноне мушоҳида мешавад, алъон ҳисобу китоби Раҳмонов бо Оғохони 4 дар ҳоли тағйирёбии шадид қарор дорад ва қатъи кори лагерҳои мактабиён ва бозхонди мауҷаввизи фаъолияти литсеи Оғохони IV дар Бадахшон шурӯъи ин тағйирот аст. Ба баёни возеҳтар Раҳмонов дар Бадахшон на танҳо бо мардум ва ҷавонону лидерони халқии он, балки акнун бо Пешвои мазҳабии онҳо ва арзишҳову муқаддасти онҳо ҷангро оғоз кардааст. Ва,яқинан, мо шоҳиди он хоҳем буд, ки муассисаҳои вобаста ба Оғон дар Тоҷикистон дучори мушкил хоҳанд шуд ва яке паси дигаре ба эҳтимоли зиёд масдуд мешаванд.
“Пушида нест, ки Раҳмонов бо аҳолии ВМКБ ҳеҷ гоҳ миёнаи хуб надошт, ҳамеша онҳоро бегона ва душман меҳисобад. Тамоми ин ҳама се даҳаи фаъолияташ онҳоро ҳамчун атбои комилҳуқуқ ва баробар, масалан ба монанди сокинони Данғраву Фархор ё ноҳия дигари вилояти собиқи Кулоб қабул накардааст, дар симои онҳо бегона ва аҷнабиро мебинад.”
Дар ҳамон мулоқоташ дар Бохтар ё дақиқтараш Данғара рӯйи рост иқрор кард, ки тамоми тули фаъолияти сисолааш талош кардааст,ки миёни помириҳо ҷудоӣ андозад, тухми нифоқ корад: «Он чанд нафаре, ки вай карданд, шумораашон ангуштшумор аст. Онҳо аз номи мардум фақат сӯиистифода мекарданд. Онҳо симои мардуми Бадахшон набуданд. Набуданд, нестанд! Ҳамин чизро мо бояд доимо дар муносибатамон ҷудо кунем. Ман шахсан ҳамин хел ҷудо мекунам».
Ҳоло, чизе дар бораи камбуд ва нуқси литсеи Оғон дар Хоруғро мақомот шарҳу тавзеҳ накардааст. Вале, ҳатман чизе мегуянд, баҳонае пеш меоваранд. Аммо,маълум аст ки ин ҷо кор кори марбут ба худи литсей ва ё ҳамон лагерҳои бачагона нест. Мушкил дар шахси Оғохони IV аст ва инҷо масъала бармегардад ба шахсияти Оғохони IV. Оғохони IV,барои мардуми Бадахшон эътибору манзалати баланд дорад. Ҳеҷ касеро, онгуна, ки ӯро эътибор бидиҳанду гуш кунанду фармон баранд, намешиносанд ва намепазиранд, агарчи вай раиси ҷумҳурӣ ҳам бошад. Акнун, ки Раҳмонов гуиё ин вилоятро тасарруф ва истилову ишғол кард, бояд нишон бидиҳад, ки инҷо «хуҷаин» кист?
Ба ҳамин сабаб аст, ки дар мактабу омузишгоҳу донишгоҳ ва дар дигар ҷойҳо низ суҳбат аз Оғони IV дар ВМКБ мамнуъ эълон шудааст. “Pamir Daily News” менависад, ки тули фаъолияташ литсейи Оғохон дар Хоруғ ҳазорҳо истеъдодҳоро тарбият кард. Хатмкунандаҳои он дардонишгоҳҳои муътабарӣ минтақию байналмилалӣ таҳсил карда соҳиби ихтисосҳои замонавӣ шуданд ва ба ҳайси мутахассисони варзида дар арсаҳои мухталиф кор карда истодаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон, ки ҳоло мехоҳанд аҳолии Бадахшонро мунзавӣ ва муҳтоқ созанд, манфиатдоранд, ки онро бубанданд.
Қатъи фаъолияти ин литсей аз ҷониби аҳолии Бадахшон ҳамла ба Пешвои мазҳабиашон қабул мешавад. Онҳо мефаҳманд, ки Раҳмонов ба дунболи ин ҳама қабоҳату ҷаҳолати анҷомдодааш дар ин вилоят боз даст ба таҳқиру тавҳини арзишҳо ва муқаддасоти ин мардум зада истодааст. Тибқи як маълумоти дигар тасвири мусаббатшудаи Оғохони IV аз бағали теппаи куҳ тавассути низомиёни Раҳмонов тахриб шуда овезаҳое бо суханони ӯро ҳам аз гушаву канорҳои ҷода ва девори биноҳо барчидаанд. Инчунин рамзи Исмоиляҳоро, ки дар фарози куҳ дар Хоруғ навишта шуда буд онро ҳам бардоштанд.
Шояд ин бадгумонии Раҳмонов нисбат ба Оғони IV бархоста аз ҳасодати шахсӣ бошад ва ё шояд таҳти таъсири он идеологҳояш қарор гирифт, ки мепиндоранд Оғохони IV омили нуфузии ғарб асту вай ҳам якҷо бо Амрикову Толибону Ҳизби наҳзат мебошад. Чун,ки Раҳмонов ақли ташхис ва тафкикро аслан надорад. Вале як нукта мусаллам аст ки Раҳмонов бо ҳар руҳонӣ ва пешвои мазҳабии дини ислом душманӣ дорад, бахусус агар он руҳонӣ ва пешво дар Тоҷикистон эътибор дошта бошаду пайраву ҷонибдор.
Аммо хабарҳои расида аз Хоруғ ва навоҳии дигари Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бисёр ҳам бад ва навмедкунанда аст. Раҳмонов мехоҳад, ки бо ҷорӣ кардани сиёсати тарсу ваҳшат ва зӯргӯиву саркуб аҳолии ин вилоятро дар қабза ва чанголи худ дароварад. Вале аз аксуламал, реаксияи чапаи ин мардум андеша намекунад, ки дар лаҳза ва соати сарнавиштсоз ба ҳеҷ гоҳ тарафи вайро намегиранд. Ахиран хабарҳое мерасад, ки ходимони пулис ва амният ошкоро ба таклифи ҳамхобагӣ ва дасти зӯр бо хоҳарону модарони ин мардум машғуланд. Бо истифода аз шароити мавҷуда бо ҳар баҳона духтарону занони бадахширо мавриди озору азияти ҳатто ҷинсӣ қарор дода истодаанду чандин духтарон нопадид шуда истодаанд. Ин аст истило ва саитараи комили ғосибона бар ин минтақа.
Раҳмонов набояд фаромӯш кунад,ки ин марҳила пушти сар мешавад ва ин мардуми ғаюр ва шуҷоъ пеши ҳар нокасе сар хам намекунанд, аз дигар боз қасосу ниқори худро хоҳанд гирифт. Ҳеҷ амале бидуни подош нахоҳад монд.
Ҷанги шуруъкардаи Раҳмонов бо Оғони IV-Пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки мардуми Бадахшон муътақиди ин равияанд бо чи меанҷомад, то куҷоҳо мекашад, давомнок нахоҳад буд, зуд рушан мешавад. Аммо як нукта мушаххас аст ки Раҳмонов бо таҳқиру таҷовузи занҳову духтарҳои бадахшӣ, ки ҳар рӯз дар қаламрави Бадахшон ғайбу нопадид шуда истодаанд ва ҳамин тавр беэътибору паст задани шахсияти Оғохони IV-пешвои мазҳабии ин мардум довталабона ба як нооромии дигар доман зада истодааст….