Данғарагиҳо аз «Сомонҷон» шикоят доранд

Салому дуруди бепоён аз Данғара ба «Ислоҳ».

(бахши аввал)

Мо, сокинони Данғара ҳастем ва ба шумо шикояти худро расониданием. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки президент ва мансабдорони зиёде аз Данғара аст ва ин сабаб шудааст, ки  мардуми Данғара зиндагии хуб доранд. Вале тамоман баръакс ва асли қазия дигар аст. Ҳолу аҳволи баде, ки мардуми Данғара дорад мардуми дигарҷо надорад. Танҳо як роҳи маркази ноҳия, ки барои гашту гузори мошинҳои худашон асту ва чор, панҷ бино дар он сохтаанд, як каме обод карда шудааст, барои мардуми одӣ бошад ҳеҷ беҳбудие нест. Баракс рӯз то рӯз барои мардуми бечора зарар расонида истодаанд. Корхонаву бозор ва дӯконҳову тамоми заминҳои деҳаи Ёғсуро Шамсов Рамазон бо лақаби Рамазони шрек аз худ кардааст. Азбаски  Рамазон қаддарози бисёр фарбех ва дурӯғгую ганда буд, мардуми Дангара ба ӯ лақаби мувофиқи Шрекро дода буданд.

Як қисми дигари Данғараро  фирмаи «Сомонҷон» (ба номи Сомонҷони писари Ҷаноб) аз они худ намудааст. Роҳбари ин фирма Амон аз Қурғонтеппа аст. Ҷои зисти ин одам ҳавлии пеши хонаи Ҷаноб аст. Заминҳои кишоварзӣ, кӯҳҳои писта ва ҳатто чарогоҳҳои мардумро  то қишлоқҳои дуртарини Данғара ва 1. 2. 3.юм фермаҳоро, ки бо ноҳияи Панҷ ҳамсарҳад аст гирифтааст.

  “Мардуми деҳаҳои Данғара акнун гову гӯсфанд яктараф истад, дар деҳа шиштаанду ҳатто мурғ парвариш карда наметавонанд. Чунки ҳамаи заминҳову чарогоҳҳоро фирмаи  “Сомонҷон” ишғол карда гирифтааст. Агар як гӯсфанд ё гов дар замини ишғолкарда гирифтагиашон дарояд аз 200 то 500 сомонӣ ҷарима мекунанд.”

Деҳаи Кавралӣ ҳозира Нурбахшу Навободро то ба охири деҳа симтӯру сетка кашидаанд, ки то ҳатто як  мурғ даромада наметавонад. Заминҳои лалмии Данғараро баъди обёрӣ кардан ба хоҷагидорон тақсим намуданд. Хоҷагидорон ин заминҳои пасту баланду нишебу барозро худашон ружду ҳамвор карданд, аммо аммо баъди ду сол шахсе бо номи Амон ва бародараш Маҳмасаид аз Қурған ҳамчун роҳбари фирмаи «Сомонҷон» ҳамаи заминҳоро, бо шумули заминҳои чарогоҳу кӯҳҳои писта аз дасти мардум зада гирифтанд.

Ҳоҷӣ Амони хусурбачпи Раҳмонов ё тағои Сомон доим бо Прадои рақами давлатиаш 8888 мегардад. Аз ин рӯ  ӯро Амони 88 меноманд. Ӯ, чуноне гуфтем рӯбарӯи хонаи Ҷаноб ҷои зист интихоб кардааст. Офиси фирмааш ҳам дар ҳамонҷо аст.

Дар мактаб -интернати пешинаи паҳлуи роҳи совхоз дар соли 2004 ё 2005 филиали Донишкадаи аграрии Точикистонро кушоданд ва дар кучаи Садбарг як қисми боғчаи бачаҳоро ба Коллеҷи тиббӣ табдил карданд. Ҷавонони Данғара хурсанд шуданд, ки дар коллечу донишкада таҳсил карда соҳиби ҷои кор  мешаванд, вале ин хурсандӣ баръакс шуд.

“Ин донишкадаву коллеҷ барои тағадорҳо биҳишту барои мардуми одиву бачаи деҳқон аз дузах бадтар шуд. Вақте  як абитуриент-довталаб ариза навишта ба назди ректор медарояд, ректор Асоев.Н мепурсад, ки « ай киҷо мешай, кӣ ройи кадут?» Ва ҳамин тавр « сортировка» мекунад тағодорҳоро аз деҳқонбачаҳои бетағо, Тағодорҳоро, ки одамони худашон ҳастанд мефиристанд ҷойи супоридани ҳуҷҷатҳо вале деҳқонбачаҳоро роҳӣ мекунанд пеши муаллим Салимов Амирхуҷа.”

Ин Салимов Амирхуҷа  бародари вазири тандурустии собиқ аст. Барои он назди Салимов мефиристанд, ки вай ошкоро бо онҳо савдо карда нарху наворо муқаррар мекунад. Духтарҳои бетағоро бошад  Салимов Амирхуҷа  шарт мегузорад, ки «нарх ҳамиқаяй, кати ма я бор хов мерай корот туғриай, набоша наметонӣ дохил шида».

Агар босавод ҳам бошӣ, мегӯяд, «дигар ҷо надорем, ҳамаи ҷо пур шидагиай, буфората ҳамихели кати ягон бало мекунем».

Донишкадаро асосан ҳамин муаллим Салимов Амирхуҷа идора мекунад. Як вақт як ака ё додари ҳамин Салимов ректори Донишгоҳи кишоварзии Душанбе буд. Аммо дар медучилиши Данғара онҷо боз «условия»-и худашро дорад. Мудири медучилиши Данғара Азимов худаш рӯирост аз донишҷӯёни бетаға пул меситонаду  духтаронро мегӯяд, ки «як бор кати ма хов мерай  ёрдамут  мекунум, корот ҳалай».Баъд аз онки ин духтарҳо «дастҳояшон рост мешуд» (ин истилоҳе будааст,ки худашон чунин мегуфта будаанд дар кругҳои худашон) онҳоро ҳамчун «проситутка» барои Амон ва бародари мурдагии Ҷаноб Нуриддин ба дачаҳо мебурданд.

  ” Донишҷӯҳо тағадор бесавод ҳам бошад, аз ҳисоби давлат (буҷҷавӣ) мехонанд, вале чуноне, ки ба ҳама маълум аст ба бахши буҷҷавӣ бояд донишҷӯе, ки бо саводи худаш дохил мешавад, хонанд. Ҳоло мегӯянд, ки имтиҳонҳоро тестӣ кардаанду дигар пулдуздӣ нест. Вале ин ҳама гапҳо дурӯғ аст. Ҳамон «условия» диктоват кардани Салимов Амирхуҷа  дар донишгоҳ ва шарту шурути Азимов дар медучилиш (омӯзишгоҳи тиббӣ) ҳамоно бар сари донишҷӯёни бетаға боқӣ монда аст ва то рӯзе инҳо дар сари коранд ҳамин тавр мемонад.”

Салимов Амирхуҷаи бародари вазири пешини тандурустӣ бояд дар курсии ректор менишаст. Аммо ба ҳамин дуздӣ ва таҷовузи духтарон ӯ ба ин мақом даст наёфт. Чанд навбат аз болои вай даъво ва арзу шикоят шудааст. Вале ҳар бор чунин ҳолат пеш ояд ӯро зуд мегурезонанд ё дар ошёнаи сеюм ва ё дарпушти бинои Донишгоҳ пинҳон мешавад. Салимов Амирхуҷа ҳатто пули  шартномавии бачаҳоро гирифта худаш ба касса месупорад ва аз ин кор низ аз ҳар донишҷӯ аз 200 то 300 доллар кор мекунад. Як вақте чунин шуд, ки донишҷӯҳо паси ҳам пеши Салимов Амирхуҷа  рафтан гирифтанд. Маълум шуд,ки пули чандин нафар аз донишҷӯҳоро гирифта аслан ба хазинаи Донишгоҳ насупоридааст. Аммо Салимов Амирхуҷа ҳангоми танаффус пеши донишҷӯҳо ба аудитория даромада дод мезанад, ки чаро ин қадар пеши ман меоед? «Ай дастатон чизе меоя, букнен, духтаро намешуд, ягон гаптон гуфта будум, гапзанта фалон мекунум». Мутаассифона, дар Данғара ин хел гапҳоро дар ҳамаи корхонаҳо, милисихонаву идораҳои давлатӣ ҳатто беморхонаҳо нисбати мардуми одиву камбағал мегӯянд ва аз касе наметарсанд.

Дар вақте ташкил шудани Донишгоҳ Салимов Амирхуҷа  бо як 07-и кӯҳна меомад, ҳоло аз ҳисоби донишҷӯҳо сумдору пулдор шудааст ва зери пояш чандин мошинҳои хориҷии 60-70.000 долларии Лексусу Ренҷ Ровер. Духтарҳои бетағаро, камбағалдухтарҳоро ба кабинеташ даъват мекунад, «шарт» мегузорад. Онҳо ё бояд ба кабинети даруни кабинет дароянд, ки онҷо ҳама шароит, диван, душевой, сачоқи калони баданпоккунӣ фароҳам карда шудааст ва донишҷӯдухтар бояд бо Салимов «бихобад»:  «я бор кати ма хов мерай  корот туғрияй набоша не».

Худо гувоҳ аст, ки аз ин корҳои  бадтар ҳам кардааст. Ду бор овоза шуд, ки духтаре тифли бадунёовардаашро меорад донишгоҳ пеши Салимов Амирхуҷа ,чун ӯ падари он тафил аст. Милисаҳо меоянду тафтиш мекуннаду мефаҳманд, ки кори Салимов аст, дар ҷояш «ҳал» мекунанд. Шояд, боваратон наояд, он тифли ғайриникоҳӣ ба дунёомадаро Салимов  Амирхуҷа водор мекунад, ки ба канал ба латта печонида партоянд ва ҳамин тавр ҳам мекунанд ва кудакро мекушанд. Ҳама аз ин ҳодиса огоҳанд вале чун барояшон лозим аст ва ба калонҳо духтар пешниҳод мекунад ва ҷойгоҳи бародараш озодона ҷиноят карда гаштааст.

Айни чунин ҳодиса дар омӯзишгоҳи тиббӣ (медучилиш)и Данғара низ рух дода буд, ки онро низ «хапу дам» хомӯш карданд. Салимов ва Азимов духтарҳои донишҷӯро бадроҳу бадгашт карда боз ба дигар раисону сумдорҳо пешкаш мекунанд.

Чуноне гуфтем ин омӯзишгоҳи тиббӣ дар бинои боғчаи бачагона сохта шуд. Директори он Азимов ошкоро духтарҳоро мегӯяд, ки ё бо ман хоб меравӣ ё аз омӯзишгоҳ хориҷат мекунам. Аз ин ҳолати ин коллеҷ ҳама бохабар аст. Барои ҳамин ҳеҷ кас онҷо духтарашро намегузорад, ки хондан биравад, метарсанд.

“Азимов як духтарро,ки бениҳоят зебо буд, сахт азоб медиҳад,агарчи он духтар босавод ҳам будааст. Кор ба ҷое мерасад,ки духтар роҳи халосиро дар худкушӣ мебинад.Ва дар байни долон-роҳрави омӯзишгоҳ худро ҳалқовез карда мекушад. Аммо, ҳеҷ касро барои ин амали ғайриинсонӣ,ки як духтари ҷавони аз сад гулаш ношукуфтаро ба худкушӣ мерасонад, ба ҷавобгарӣ намекашанд. Баракс ҳамаро сокит мекунанд.”

Ҳар гоҳе, ки Амони 88, раиси фирмаи «Сомонҷон» бихоҳад меояд ё аз донишгоҳ ва ё аз коллеҷи тиббӣ духтарҳоро ба мошинаш савор карда мебарад, дамгирӣ. Вай меояд ба муаллимҳо сум медиҳад ва ба баҳонаи онки ин духтарро барои тозаву озода кардани офисаш (уборка)мебарад, ба мошинаш савор мекунад. Чанде аз духтарҳо гиря кардаву ба падару модаронашон ин ҳолатро рафта ҳикоят мекунанд.

“Ҳозир донишгоҳро ба кучаи марказӣ кучондану акнун он филиал нею ДДД (Донишгоҳи давлатии Данғара) шудааст. Ва, дар назди бемористони нав мактаби миёнаро ба коллеҷ табдил карданд. Азимов як духтари «криша»-дорро хиёли «бекриша» карда чанд бор ба кабинеташ фарёд мекунад. Падари духтар дарак меёбад. Азимовро ба ҳадде фишор меоваранд, ки дигар корро дар Данғара бас карда ҳоло дар кадом омӯзишгоҳи тиббии Душанбе муаллими одӣ шуда кор мекунад.”

Хуллас, вазъияти Данғара ва мардуми одии он бисёр бад аст. Баъзе аз падару модарҳо аз 180 то 200 сомонӣ нафақапулӣ мегирнад. Аммо баъзе аз мансабдорҳо то кудакони хурдсолашонро ҳамчун инвалид гузаронида ва маоши бознишастагиашон ҳам аз 850 сомонӣ болотар аст. Барои мисол Шоев Маҳмадюсуф, ки Идораи давлатии агролизингро роҳбарӣ мекунад ва бародараш Ҳоҷӣ Муродалӣ бо ду зану 18 фарзанду келинҳо ҳамаашон «пенсионер»-анд.

Як қисми калони заминҳои Данғара дар дасти фарзандони Нуриддини Раҳмон, бародари тракторчии Эмомалӣ Раҳмонов аст,ки соли 2017 мурд,аммо бовармон кунед ҷонмон халос нашудааст аз фарзандони ин тракторист. Писари Нуриддин ҳоло раиси Данғара аст.Исломиддин ном дорад.Ҳозир як бозор сохтааст ва мардумро маҷбур дорад,ки дар бозори пешина корро қатъ карда бозори сохтаи вай раванд ва гӯиё васияти падарша иҷро карда будааст. Ин оила дар зиндагишон моро азоб медиҳанд ва ҳатто пас аз мурданшонам васиятҳошона бачаҳошон иҷро мекунанду боз идомаи ҳамон зулм аст. Умеди онро дорем мефаҳмед азоби мо мардуми Данғараро.

Ps: Пас аз нашри навори ин матлаб фикр намекардем аз Данғара шикоят хело зиёд аст. Аз ин хотир нашри шикоятҳо аз Данғараро идома медиҳем. Ҳар шикояте доред ба “Ислоҳ” фиристед,то онҳоро нашр кунем. 

Total
21
Shares
Related Posts