Дар “биҳишт”и -“пешво”: “интригаҳо, мақомҳои поёнтар, давутозҳо барои курсӣ …”

( Вижаи сенздаҳум)

Ё “Тоҷиксодиротбонк” ва пуштибонҳои пуштипардагии онҳо

Генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор каме пештарак 3-4 гектар замини ноҳияи Рӯдакиро аз беҳтарин мавқеъ ба сари раиси ноҳия фишор оварда қарорашро ба номи хешу таборони Хушаков ва Пиров Тоҷиддин бароварда дод, то ин ки дар оянда гуё як заводи калонтарини саноатӣ ҳамроҳ бо онҳо бисозад.

Хонандагони азиз!

Тибқи ваъда аз паси нафароне, ки сабабгори муфлисшавии «Тоҷиксодиротбонк»-яке аз бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ шудаанд, ҳастему ҷиноятҳои онҳоро дунбол менамоему ошкор менамоем. Ахбори ниҳоят зиёде нисбати ин шахсони “муътабар”-и ҷамъият ва аҳлу оилаи онҳо ба дасти мо мерасад, ки бо қадри имкон пешкаши шумо менамоем. Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки бо маблағҳои аз ҳисоби мардуми ҷабрдида дуздидаи худ кайфу сафо ва оромона бо фарзандони худ зиндагӣ дошта бошанд. Ақаллан асабҳояшон ва агар заррае виҷдон дошта бошанд, виҷдонашонро азоб медиҳем. Чунки қонунҳои Тоҷикистон ба онҳо ва фарзандони онҳо дахл надорад ва ҳеҷ кас онҳоро “формально” бошад ҳам пурсиш наменамояд. Масалан, гуё Кумитаи амният паспортҳояшонро гирифтаасту иҷозати тарк кардани Тоҷикистонро надоранд. Лекин бинобар маълумоти расида ба мо барои 2-3 рӯз Хушаков Қурбон ба Истамбул рафта омадаасту боз паспорти худро ба Кумитаи амният супоридааст. Дар Тоҷикистон ҳар кор шуданаш мумкин аст. Кормандони Кумитаи амният магар одам нестанд, ба онҳо низ хонаву мошин ва пулу мол лозим аст, ё ин ки фақат ба прокурору ҷонишини сарвазир пул лозим аст?!

 “Мо, албатта нисбати муносибатҳои на онқадар дӯстонаи Хушаков Қурбон, Пиров Тоҷиддин рӯзҳои охири баъд аз вазифа озод шудани пуштибон, шогирд ва ҳаммаслаки ҷиноятиашон собиқ муовини аввали прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва бозиҳои навбатии устодашон Шерхон Салимов поёнтар қайд карда мегузарем. Хушаков дар Кумитаи амният аз номи генерал Умаров Мансур ҳарф зада, шогирдони ӯро дар мавридҳои лозимӣ ба ҳар мақсадҳои нопоки худ истифода мебарад, ки дар мақолаҳои оянда ному насаб ва вазифаҳои онҳоро ҳатман менависем.”

Дар ҳақиқат вазъият дар оилаҳои Хушаков ва Пиров хеле муташанниҷ аст. Ҳама асабонӣ, ҳама аз ҳама хафагиву ҷангҷолҳо доранд. Ҳамсари Хушаков, Раиса Махсумовна аз ҳама зиёдтар ба эҳсосот дода шуда бо ҳар як нафари кучагӣ ҷанг мекунад. Масалан, вақтҳои охир дар назди бозор аз мошини Lexus- 570 – и худ фаромада, бачагоне, ки “янга чи кумак кунем” гуфта пешаш меоянд бо як дашномҳои қабеҳ “дафъ шавед ай пешум гадобачаҳо” гуфта онҳоро бо сумкаи худ заданӣ мешаванд. Он бечораҳо ҳайрон шудаанд, ки ба ин янга чи шуда бошад, камтар пештарак меҳрубон буду ба ҳар яки мо 20-30 сомонӣ медод. Аз рӯи нақли Хушаков дар хона ҳам аҳвол бадтар аз ин аст.

Вазъи равонии Раиса Махсумовна хело бад шудааст

Ба гуфтаи Хушаков, агар дар хона касе набошад бо сояи худ ё бо мебели хона Раиса Махсумовна ҷангҷол мекунанд. Хуб мефаҳмем, ки ин ҳама стрессҳову фишорҳо аз як тараф, ноомадии корҳои Хушакову фарзандон аз тарафи дигар, Раиса Махсумовнаро ба ҳамин ҳолатҳо расонида аст. Раиса Махсумовна як саволро такрор ба такрор ба шавҳари худ медиҳанд, ки

“охир ту дар Тоҷиксодиротбонк як шахсе будӣ, ки аз дастат ягон кор намеомад, барои чӣ фақат ту ва оилаи моро Ислоҳ гунаҳкори муфлисшавии Тоҷиксодиротбонк меноманду роҳбари асосии бонк, ки дар дохили миллионҳо доллар бо фарзандони худ ғутта мезад, Пиров Тоҷиддинро наменависанд”?!

Чи хеле дар вижаматолиби  гузашта гуфта будем, Раиса. Махсумовна вақтҳои охир “расследования”– ро зери дасти худ гирифта, хеле ҳолатҳои асосии муфлисшавии бонк ва душманони оиларо аниқ кардаанд ва гунаҳкорони асосиашро ном ба ном низ барои худ муайян намудаанд, ки роли Хушаков Қурбон онҷо хеле ночиз будааст. Албатта, ҳоло ҳам то охир шавҳари худро Раиса Махсумовна нашинохта будааст. Рост ҳам мегӯянд, ки Пиров Тоҷиддин роҳбари бонк буд ва бе иҷозати ӯ ягон амалиёти пулӣ гузаронида намешуд. Дар дасти мо ҳамаи маълумоти лозими нисбати Пиров Тоҷиддин ва кураторони бонк ҳаст.Ҳоло ҳама бо навбат чоп мегардад.

Пешниҳоди ҳамкори бо “Ислоҳ” ба Раиса Махсумовна

Аммо агар Янгамулло таҳқиқоти анҷомдодаи худро дар мавриди ҷиноятҳои Пиров Тоҷиддин ва афёраҳои бонкии ӯро ва иллатҳои муфлисшавии бонкро ба “Ислоҳ” фиристанд мо ҳатман онҳоро мепазирему тақдим менамоем. Албатта ин сабаб мегардад,ки дар чанд матлаб номи Қурбон Хушаков ва шуморо ва ҷиноятҳои шуморо намегӯем. Агар хоста бошед каме истироҳат дошта бошед пас таҳқиқоти анҷомдодаатонро фиристед, мо ваъда медиҳем,ки касе аз ин коратон огоҳ намешавад.

Аммо янгамулло фикр накунед, ки ҷинояти зиёда аз 500 миллион доллар содир шуда, бо се- чор мақола ба анҷом расад.Ин мақолаҳо ҳатман мисли сериали “Санта Барбара” дарозу беохир мебошанд, ки ҳатман навбати Пиров бо аҳлу оилааш ва дигар гунаҳкорон дар пеш аст. Чуноне, ки дар қадим гуфтаанд, “дар ноомади кор атола дандон шиканад” .

Келини Арабии Қурбон Хушаков воқеъият ё миф ? 

Яке аз сабабҳои асабонӣ гаштани оилаи Хушаков дар он аст ки писари дар Парижи Фаронса будаи онҳо Эҳсон бисёр сахт “подводить” кард. Ҳамаи он овозаҳое, ки гӯё ӯ яке аз менеҷерони калонтарини компанияи Ашани Фаронса мебошад дурӯғ будааст, маълум гашт, ки ҳамагӣ дар вақти таътил каме дар дохили яке аз мағозаҳояш ба ҳайси коргар кор карда будааст. Қурбон Хушаков бо писараш чи қадар одамони босаводу бузург набошанд ҳам, Фаронса ҷамъияти 70 миллион нафара дорад, албатта бе Эҳсон ҳам ин яке аз компанияҳои калонтарини ҷаҳонӣ захираи кадрҳои худиро дорад, мӯҳтоҷи писари профессорони пиёз ба фикрамон нестанд. Аммо ҳамчун касир ё фурӯшанда дар АШАН метавонад кор кунад ҳоло ҳам , агар инро хоста бошад Эҳсон ҳатман кумакаш мекунем, то касир дар ин фурӯшгоҳ кор кунад. Албатта ин пешниҳод буд агар қабул дошта бошанд ҳатман занг занед дурусташ мекунем. Мо ахбори дақиқ нисбати Эҳсон дорем, ки дар вақти таътилаш дар Душанбе бисёр ахлоқи бад дошта, доимо гурӯҳ – гурӯҳ бо ҷангу ҷангҷол ва ба  дуздиву ғоратгарӣ машғул будааст. Дар мо шаҳодати шоҳиди воқеъаи ду ҷавонро бо мошин зада куштанаш вуҷуд дорад, ин оқибати беҷазо мондан аст. Қурбон Хушаков бо Раиса Махсумовна то ин ки Эҳсон стресси сахт гирифта ба ягон касалӣ дучор нагардад, ба ҳамаи гапҳояш гӯш намуда маблағҳои зиёдеро равон мекарданд ба Париж, то ин ки ҷавон оромона дарс хонад. Якчанд духтарони дӯстони худро пайдо намуда, хостанд, ки оиладор намоянд, лекин Эҳсон рад менамуд ва каме пас ба падару модари худ хабар дод, ки бо як ҳамкурси худ ошиқ шудаасту ӯ духтари яке аз Шайхони Аморати Муттаҳидаи Араб, аниқтараш духтари Шайхи Аҷмон аз Наъимиҳо будааст. Албатта падару модар ниҳоят хурсанд шуда розигӣ доданд. Масрафҳои Эҳсон бо баҳонаи ман бо ин духтари шайх якҷоя ҳастам ва ба наздики туй менамоем, якчанд маротиба зиёд шуданд. Хушаков бо Раиса Махсумовна чи қадар маблағ талаб мекард, равон мекарданд. Аз байн ду -се сол гузашт. Якчанд маротиба Раиса Махсумовна ба Париж рафт, лекин ягон маротиба вохӯрӣ бо духтари шайх насибашон нагардид, Эҳсон доимо баҳона мекард, ки ҳозир дар Париж нест ё ин ки бисёр банд аст ва ғайраҳо. Оқибат яке аз рафиқони Эҳсонро дар Париж, ки номаш Нурсултон мебошад, Раиса Махсумовна пайдо намуда пурсон шуданд, нисбати духтари шайх ва мақсадҳои дар оянда доштаи Эҳсон бо он духтар. Вақте ки Нурсултон нақл намуд, ки Эҳсон бо ягон духтари араб шиносоӣ надораду бо як русдухтар каму беш рафтуой дорад ва асосан шабҳои худро дар казинои калонтарини Париж бо номи “Imperial Club Paris” мегузаронад, ҳуш аз сари Раиса Махсумовна парид. Ин миллион-миллион евро, ки гуё ба номи духтари шайхи Аҷмон масраф менамуд ана куҷо мерафта будааст. Дар давоми 3-4 сол Эҳсон як чанд миллион евро пулро несту нобуд сохт, ҳама ба умеди келини арабӣ. Мо, албатта тавба мегӯем, лекин дуои мардуми бечора ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки шумо бо пулҳои охирони онҳо ба худ ва фарзандони худ хушбахтӣ бихаред!

Муовини генпрокурор, тасодуф ё кори “Ислоҳ” ?

Мо боварии калон дорем, ки баъд аз навиштани мақолаҳо нисбати собиқ муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо роҳи худ баъзе ҷиноятҳои ӯро ошкор сохта ҳатман ба пешво расонидааст, то ин ки пешво тақдири ӯро ҳал намояд. Бо ҳамин баҳона худи Юсуф Рахмонов аз яке конкурентҳои худ халос гашт. Аҷоиботи кор дар он аст, ки пешво вақти таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор гуё насиҳат карда бошад, ки фақат ба ту бовар менамоям, ба фурӯши замини ноҳияи Рӯдакӣ хотима гузор, то имрӯз ягон раисони пештараи ноҳия ҳамин супориши маро иҷро накарданд. Куҷо ҳастанд мақомоти қудратии ноҳия, ки ҳамаи раисон ҷинояткорӣ мекунанд. Боз аҷибтараш ин аст, ки “гургро сари рама посбон монданд”, Ҳикматуллозода Абдуғаффор каме пештарак 3-4 гектар замини ноҳияи Рӯдакиро аз беҳтарин мавқеъ ба сари раиси ноҳия фишор оварда қарорашро ба номи хешу таборони Хушаков ва Пиров Тоҷиддин бароварда дод, то ин ки дар оянда гуё як заводи калонтарини саноатӣ ҳамроҳ бо онҳо бисозад. Ӯ худ куратори ҳамин соҳаҳо буд. Ин ҳама афсона аст, ки муовини аввали прокурори генералиро раиси ноҳия таъин намуда ба заминфурушӣ хотима гузорад. Ҳатман нисбати Ҳикматуллозода дар вақтҳои наздиктарин парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ӯ бо истифода аз вазифааш садҳо парвандаи бофтаву сохтаро имзо намудааст ва ба сохтани ин парвандаҳо ба зердастони худ фармонҳо додааст, фақат ба хотири пул! Дар Тоҷикистон дар давоми 30 сол ба ҳамаи мардум маълум аст, ки парвандаҳои бофта дар мақомоти қудратӣ, асосан қисми зиёде аз тарафи Ҳасан Асадуллозода сохта ба иҷро расонида мешавад ва боз қисми дигарашро худи роҳбарони мақомоти қудратӣ ё бо закази намояндагони оила месозанд. Лекин боз як гурӯҳи дигари пулдорон, соҳибкорон ба воситаи прокуророн ва кормандони агентии зидди фасоде ки худашон дар фасод ғутта задаанд, ин парвандаҳо сохта мешавад.

“Махсусан фармоишҳоро Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз тарафи бонкдорон, соҳибкорон, зиёде аз онҳоро аз тарафи Хушаков, Пиров ва якчанд соҳибкорони зодаи ноҳияи Фархор, ки дар Русия кору зиндагӣ менамоянд, мегирифтааст. Ҳикматуллозода Абдуғаффор имрӯзҳо даҳҳо хона дар “новостройкаҳо”-и Душанбе ва Жилой Комплексҳои Москва дорад. Ҳавлии якчанд миллион доллара дар Душанбе ва коттедж дар яке аз ҷойҳои беҳтарини Московский област дорад, ки ҳамаи ин амволи номбаршударо бепул, барои “хизмат” гирифта аст. Зиёде аз ин амволашро маҳз бо миёнаравии бевоситаи Хушаков Қурбон ва Тоҷиддин Пиров гирифтааст, ки “заказ”-ҳои парвандаҳои бофтаро низ онҳо додаанд.”

Ҳамаи рӯйхати парвандаҳои сохта бо амволи гирифтаи Ҳикматуллозода Абдуғаффор дар дасти мо омода шуда истодааст, ҳатман онҳоро нашр менамоем, то мардум бидонанд,ки чӣ касонеро ба курсиҳои ҳукумат менишонад ҷаноби “пешво”. Барои мо фарқе надорад, онҳо ҷазо мегиранд ё не, асосаш халқ бифаҳмад, ҳатман вақти ҷавоб дар назди қонун ба наздикиҳо фаро мерасад.

Тавсия ё машварати сӯдманд ба Юсуф Раҳмон

Прокурори генералӣ хоссатан Юсуф Раҳмон аз пушти сохтани туҳмат ва деллоҳои бар дурӯғ сохтан нисбати мухолифони сиёсиро як тараф гузорад. Дар мадди аввал бояд як комиссияи махсус таъсис дода тамоми фаъолияти кории Ҳикматуллозодаро дар давраи муовини аввал будан дида бароянд, то ин ки ба ноадолатиҳое, ки ба хотири пул даст задааст, ошкор карда шуда, нисбати нафарони бегуноҳ парвандаҳо қатъ карда шаванд ва мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон барои сохтакорӣ, порагирӣ, сӯистифода аз мансаб ва аз ваколатҳои худ берун баромадан нисбати Ҳикматуллозода ва зердастонаш, ки супориши ғайриқонунии ӯро иҷро намудаанд, парвандаҳо оғоз карда шавад. Инчунин решае дар генпрокуратура гузоштаашро решакан кунад, то боз тавассути онҳо генпрокуратураро низ идора накунад.

Генерал Ҳикматуллозода ва пуштибонони ӯ чӣ касоне ҳастанд ?

Ҳикматуллозода доимо устоди асосии худ Шерхон Салимовро меҳисобад. Лекин мехоҳад ҳамчун сарватманд мисли шефи худ Юсуф Рахмонов бошад, яъне амволи зиёд дошта бошад. Бе ягон шакку шубҳа, Тоҷикистон ягона мамлакате дар байни собиқ давлатҳои шуравӣ аст, ки дар давоми 30 соли истиқлолият, мардуми соҳиби пул ва амволи зиёд дошта, фақат аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ мебошад. Аз вазирону муовинон, сардорони раёсату шӯъбаҳои мақомоти қудратӣ сар карда то сардорони ноҳиявии ин мақомот ҳама “долларовый миллионер”, ҳастанд, ин ҳама дар давраи ҳукмронии Раҳмонов пайдо гаштаанд. Раҳмонов фақат ба хотири сари қудрат мондани худ ба тамоми ҷинояти мақомоти қудратӣ чашми худро пушида аст. Хуб медонад, ки онҳо миллионерҳо ҳастанд, ки бо роҳҳои зулму ситам, вазифафурӯшиҳо ва сохтакориҳо соҳиби ин миллионҳо гаштаанд. Соҳибкорон ҳама назди кормандони мақомоти қудратӣ маблағ қарздор ҳастанд ё ин ки барои бизнеси худ, аз онҳо қарзҳои маҷбурӣ мегиранд. Махсусан миллионерҳои зиёд дар байни кормандони мақомотҳои қудрати инхо мебошанд: рақами якум кормандони гумрук, баъдан кормандони прокуратураҳо, агентии коррупсия, вазорати дохила, боз зиёдтар кормандони андоз, баъд сар мешавад раисону вазирон ва дар охир соҳибкорон. Албатта, зиёде аз ин миллионерҳои мақомоти қудратӣ ба аҳлу оилаи пешво наздикӣ доранд, ё ин ки ба гирду атрофи онҳо наздикӣ доранд. Ё инки ҷинояте содир намудаанд ва бо он делояшон бо шантаж онҳоро гови ҷӯшо карда ҳамеша пулҳои ғораткардаашонро ба ин оила медиҳанд. Боварии калон дорем 80-90% кормандони сафи қаторӣ ё оддии мақомоти қудратӣ бо як азоб зиндагии оилаи худро кашола мекунанд, ҳалолу покиза вазифаҳояшонро иҷро мекунанд ва ҳамаи ин нобаробариву ноадолатиҳоро мебинанд, лекин ягон илоҷе надоранд, ки пешгирӣ ё зидди онҳо истодагарӣ намоянд. Барои он ки об аз боло лой аст!

Ба ҷойи Ҳикматуллозода кӣ бояд нишинад ?

Бармегардем ба Ҳикматуллозода Абдуғаффор. Ин бори аввал аст ки муовини аввали прокурори генералиро ба вазифаи раиси ноҳия таъин менамояд. Инҷо Юсуф Раҳмонов ҳамчун қудо хеле ғайрат намудааст, ки Ҳикматуллозода Абдуғаффор тамоман аз мақомоти прокуратура дафъ карда шавад. Лекин барои Юсуф Раҳмонов кадри боз ҳам хатарноктареро Шерхон Салимов ва наздиконаш тайёр намудаанд, ки бе шубҳа ба ӯ Юсуф Рахмонов низ боварӣ дорад. Прокурори вилояти Хатлон Раҳимов Абдураҳим. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз наздиктарин шахсони Шерхон Салимов мебошад. Бинобар маълумоти ба мо расида Шерхон Салимовро ҳам падару бародар мегуфту ҳам яке аз “массажистон”-и ӯ буд. Махсусан баъд аз нисбати Раҳимов Абдураҳим оғоз кардани парванда аз тарафи агентии зиддифасод, ки дар вилояти Суғд, фақат дар як ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 200 иншооти хурду калони шахсӣ ва дар номи хешу таборкарда доштааст. Бо талаби директори Агентии зиддифасод Раҳимовро Шерхон Салимов маҷбур шуд аз вазифа озод намояд ва ба хотири ӯро ба ҳабс нагиранд, назди худ мушовири Прокурори генералӣ таъин намуда аз худ дур намегузош. Вай бо ҳамроҳии Ғолиб Абдураҳим шефи худро “массаж” мекарданд. Юсуф Раҳмонов хуб мефаҳмад, ки вақти аз прокурори вилояти Суғд озод намудан, маҳз Абдураҳим Раҳимов ва ду -се нафари дигар Шерхон Салимовро бо ҳар гуна маълумоти компроматӣ таъмин намуда буданд.

“Вале баъд аз Прокурори генералӣ таъин шудани Юсуф Рахмонов Раҳимов Абдураҳим бо як шайтонгарӣ мо бародару ҳамкурс гуфта ба гуфтаи наздиконаш бо як суммаи калон гуноҳҳои худашро назди Юсуф Рахмонов шуста соҳиби вазифаҳо гаштааст. Раҳимов Абдураҳим то устухони худ ба Шерхон Салимов шахси содиқ аст ва доимо ба таври махфӣ дар пайи иҷрои супоришҳои ӯ мебошад. Шумо моро хуб дуруст бифаҳмед, ки онҳоро на балки дӯстиву бародари, балки “зиёдтар” аз он пайваст мекунад. Ҳоло бошад тамоми истеъдоди худро сарф намуда мехоҳад курсии муовини аввали Прокурори генералиро соҳиб шавад. Раҳимов Абдураҳим онқадар нотарс шуда аст ки дар вилояти Хатлон фақат аз хешу табор ва наздикони пешво пораҳои калон мегирад ва ҷиноятҳои онҳоро рӯйпӯш менамояд. Мегӯяд, ки аз ҳама бехатараш аз хешу табори пешво пора гирифтан мебошад, чунки онҳо аз Худо наметарсанд, лекин аз пешвову Ҳасану Зоир метарсанд ва ба хотири ба боло гап нарасад “хизмат” мекунанд.”

Умуман офарин ба Абдураҳим Раҳимов, ягона нафаре, ки аз хешу табори пешво натарсида пора мегирад, мо аз сидқи дил хурсандем, беҳтарин маҳоратро дорад ин шахс! Бадии кор дар он аст ки бо зиёда аз 200 иншооти шахсӣ аз ҳисоби мағозаҳову дӯконҳо, амборҳову заминҳо, корхонаҳову автозаправкаҳо ба даст афтода, боз соҳиби ҳамин тавр мансабҳои баланд дар мақомоти назоратии давлатӣ расидааст. Ҳақиқат дар куҷост?! Ин гапҳо ҳақиқати радношавандаанд. Шумо метавонед аз Агенти зиддифасод савол кунед, ё ин ки аз худи Прокуратураи генералӣ бипурсед. Ҳоло бошад як бародари Абдураҳим ва чияни ӯ тамоми вилояти Суғдро аз номи Юсуф Раҳмонов ба дод овардааст, ки нисбати онҳо ҳатман дар оянда гуфта мегузарем. Айнан ҳамин тавр бедодгариҳоро, онҳо якчанд сол пештар аз номи Шерхон Салимов мекарданд. Умуман дар ҳама давра онҳо мисли шағол роҳ доштаанд. Дар мақомоти Прокуратураи генералӣ шахсони содиқона ба ватану мардум хизмат карда истода кам нестанд, лекин ҳамин тавр шайтонҳо ба мисли Абдураҳим Раҳимов низ як гурӯҳи майда ҳастанд, ки дар вақти лозима пӯсти худро иваз намуда боз худро беҳтару хубтар дар ҳама ҳолат ҳис мекунанд.

Давлаталӣ Саиди ноуҳдабаро чаро раиси Вилояти Хатлон  таъин шуд?

Аз тағйироти кадрии гузаронидаи пешво мардум дар ҳайрат мебошад. Махсусан аз таъин намудани раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидов. Ин нафар тамоман ба хоҷагидорӣ алоқамандӣ надорад ва дар ҳаёти худ як рӯз таҷрибаи корӣ бо мардум надорад. Баъд мо мехоҳем пешравӣ ва ободкорӣ дар ватанамон бошад. Нисбати фаъолияти Давлаталӣ Саидов ду -се мисолҳоро меорем, ки ҳамаи мардум бояд хулосаи роҳбарии ӯро барорад. Қарордоде, ки бо тавсия ва роҳбарии ӯ шудааст, нисбати сохтумони ГЭС- и Роғун бо ширкати итолявии «Salini Impregilo», ки бояд ба маблағи 3,9 миллиард доллар сохта мешуд. Онҳо тендери давлатиро буридаанд, лекин дар рафти иҷроиши кор, қарордод якчанд маротиба бидуни тендер ё комиссияи махсус тағир дода шуда, маблағи сохтумонӣ то ба 8,5 миллиард доллар зиёд карда шудааст, ки ин маблағ якчанд бюҷети давлати мо мебошад.

“Мисолҳо хеле зиёданд, ки ягон проекти давлатӣ дар вақти роҳбарии Давлаталӣ Саидов бо қимати қарордод шуда ва дар мӯҳлати таъин гардида сохта нашуда аст. Ҳамаи ин натиҷаи бесаводӣ ва маълумоти пурраи олӣ надоштани ӯро шаҳодат медиҳад. Он дипломҳое, ки ҳамчун меҳмон ва турист ягон ҷой рафта гирифта аст, саводнокии ӯро нишон намедиҳад. Дар давраи кории ӯ ҳамчун муовини аввали сарвазири Тоҷикистон яке аз заводҳои калонтарини ҷумҳурӣ гуфтан мумкин аст пурра аз фаъолият монда истеҳсоли маҳсулоти худро аз 510 ҳазор тонна алюминий ба 20 ҳазор тонна оварда расонида аст  ки маҳз президент Давлаталӣ Саидовро мутасаддии ҳамин завод таъин намуда буд. Давлаталӣ Саидов бошад дар навбати худ ба ҷои он ки назорати истеҳсолотро пурқувват намояд, аз роҳбари Талко Шералӣ Кабиров тӯҳфаҳо гирифта бо анекдотгуӣ табъи Шералӣ Кабировро болида мегардонид. Ана ҳамин тавр ин ду актёр як корхонаи бузургтарини Осиёи Марказиро ба нестӣ оварда расониданд ва заводу миллатро якчанд миллиард доллар дар назди инвесторони хориҷӣ қарздор намуданд, ки албатта онҳоро халқ ва таърих фаромӯш намекунад.”

Боз яке аз ҳама зарарҳои калони расонидаи ӯ ба мардуми Тоҷикистон дар вақти муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буданаш, ин муфлисшавии Тоҷиксодиротбонк мебошад, ки ҳамчун куратор ва яке аз депозитҳои калон дошта дар ин бонк, муфлисшавии бонкро дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ пешгирӣ нанамуд. Фақат тавонист ба хотири пулҳои худ бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазорати молия маблағ барои баргардонидани депозитҳои мардум ҷудо намуда, ҳамаи маблағҳои ҳукумат ҷудо намударо бо Ҷамолиддин Нуралиев, Гулов Шералӣ, Пиров Тоҷиддин ва ду -се нафари дигар гирифту ба мардуми депозит гузошта як сомонӣ то имрӯз надодаанд. Боз дар мақоми муовини аввали сарвазир бо духтарони зиёде ишқу ошиқӣ намуда ба онҳо хонаву мошинҳо туҳфа намудааст. Барои як қисми онҳоро ба вазифаҳои гуногун ба ҷойҳои кор кӯмак намуда аст. Дар якчанд соли сари ин вазифа будан бо сӯистифода аз хешу таборӣ бо пешво ва сӯистифода аз вазифааш Давлатӣ Саидов соҳиби якчанд хонаву қасрҳо дар Душанбеву бустонсаройҳои якчанд миллион доллара дар ноҳияи Варзоб, садҳо миллион доллар пораву ришваҳо аз проектҳои калон ва инвесторони хориҷӣ “откат”- ҳо гирифта бо “сари баланд” халтаҳои худро пур намуда ба вазифаи дигар рафт, ки дар мақолаҳои дигар дороии ӯро баъди муовини аввали сарвазир таъин шудан нақл менамоем. Маълумоти аниқ ба дасти мо расид, ки Давлаталӣ Саидовро тамоман аз мақомҳои баланди давлатӣ пешво хостааст дур кунад. Ҳатто як рӯз пештар пешво, мушовири президент оид ба кадрҳо Асадулло Раҳмоновро ба назди худ хонда, ҳамроҳаш мусоҳиба (собеседование) гузаштааст, ки раиси вилояти Хатлон таъин менамояд. Аммо шаб ба хонаи пешво аммаву тағои Давлатӣ Саидов Матлубхон Давлатов бо апаву хоҳараш омада бо як гиряву нола фикри пешворо дигар намуданд ва саҳарӣ ӯро раиси вилояти Хатлон таъин намуда аст. Барои ҳамин ҳеҷ кас аз бегоҳ то саҳарӣ ё ин ки то фармон гирифтан кафолати 100% надорад, чунки дар оила ҳар як дақиқа вазъият ва қарор дигар шуданаш аз эҳтимол дур нест. Фарзандон калон шудаанд, ҳама бо худ гурӯҳ ташкил намудааст, махсусан дар оилаи пешво занҳо овози баланду бартариҳо доранд. Пешво ҳам гаранг шуда мондааст…..

Поёни қисмати сенздаҳуми ин вижаматолиби мо, қисматҳои дигари ин вижа матолиб ҷолибтар аз ин хоҳанд буд, чун,ки маълумотҳои ҷолибтаре расидааст,ки пас аз таҳқиқи онҳо тақдими шумо азизони хонанда мегардонем. Қаҳрамонҳои ин вижаматолиби мо метавонем гӯем дар ҳолатҳои аҷибтаре қарор гирифтаанд. Аз боло ба поён рафта истодаанд,ки ин аз баракати қаламе,ки Аллоҳ ба он савганд ёд кардаааст.

Total
40
Shares
Related Posts