Дар ҷаласаи махфӣ, СС.Ятимов- ро бозанда унвон карданд!

Ислоҳ нет

Ҷаласаи махфии дастгоҳи президент СС.Ятимовро дар набарди иттилоотӣ бар алайҳи мухолифон бозанда гуфтанд.

Фаъолияти муассир ва босамари расонаҳои оппозитсионии тоҷик дар Аврупо сардамдорони режими Душанберо дучори ваҳшат ва нигаронии ҷиддӣ кардааст. Таваҷҷӯҳи фазояндаи мардум ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар ба ин расонаҳо барои мансабдороне мисли Саймумин Ятимов, раиси КДАМ таъсири истеъмоли заҳри ҳалоҳилро дорад.

“Манобеи мо аз Душанбе хабар доданд, ки афзоиши эътибору нуфузи расонаҳои оппозитсиони тоҷик дар кишвар ва бахусус дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар як ҷаласаи пинҳонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии шадид қарор гирифтааст.””

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, ташвишу изтироби худро пинҳон дошта наметавонист, бо итобу хитобу хашму ғазаб ва ошуфтагии тамом аз як назарсанҷие сӯҳбат кардааст, ки тибқи он шумораи тамошочиҳо ва муштариёни шабака ва каналҳои оппозитсиони тоҷик дар Ютуб ва Фесбук дар муқоиса бо соли пешин то се баробар зиёд шудааст. Ин «масъули амнияти 9уним миллион сокини Тоҷикистон», ки феълан масруф ва саргарми «завалит» кардани Помир ва помириҳост, аз кори сардорони Раёсатҳо ва муовинони худ бо қаҳру ҷаҳл интиқод карда амалкарду иқдомоти онҳоро дар мубориза ва набарди иттилоотӣ бо оппозитсиони тоҷик нокофӣ ва ҳатто ба сифр баробар кардааст:

«Дар солҳои гузашта мардум ба тамошои Кабирӣ тамоюл нишон намедод. Вале дар соли гузашта таваҷҷӯҳи мардум ва махсусан муҳоҷирони корӣ ба баромадҳои вай хеле зиёд шудааст. Ин таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти иттилоотии давлат аст, ки бояд пеши роҳи онро  бо ҳар роҳе, ки бошад, ҳатман бигирем»-гуфтааст СС. Ятимов.”

СС. Ятимов аз он башиддат изҳори нигаронӣ кардааст, ки «дастрасӣ ва робитаи расонаҳои оппозитсия бо ниҳодҳои давлатӣ ва мардум зиёд шуда истодааст, шумо куҷоро нигоҳ мекунед?!! Агар ин ҳолат идома ёбад мо контроли мардум ва кишварро аз даст медиҳем. Шумо бояд кор кунед ва сарчашмаву манбаъҳои онҳоро дар миёни ниҳодҳои давлатӣ пайдо ва муқобилашон бо сахттарин шева мубориза баред»!!!

 Дар ҳоле рӯзба рӯз адади мақомот ба суфуфи мухолифин меафзояду кам намешавад. Ҳар роҳеро мебандад СС.Ятимов роҳи дигаре пайдо мешавад,ки корашонро фарзандони содиқи ин миллат ва ватан барои ин ватан ва ин миллат анҷом медиҳанд. Ончунон мақомот аз ин режими оилавӣ норозиянд,ки ҳоли онҳоро мо мефаҳмем. Вале онро мутаассифона наметавонем бигӯем, бо далелҳои амниятӣ.

Бо тамоми сароҳат мегӯям ва Аллоҳро шоҳид меорам, ки СС.Ятимов дар набарди иттилоотӣ бохтааст ва ин ҳолатро худаш ҳам эътироф мекунад ва ба бемории “Нервоз” и шадиди ба ҷунун омехта гирифтор гаштааст ва дастонаш аз шафати он меларзанд.

-Аз як тараф заъфаш дар муқобили он вазифаҳое “Пешвои муаззам”аш гузоштаро хуб иҷро карда натавониста истодааст.

-Аз тарафи дигар Рустам ва командаи ӯ ба СС.Ятимов сахт нафрат дорад ва ҳамеша зери назорати шадиди ӯ қарор дорад.

-Боз бо Зоири домод мушкилоти худашро дорад,ки тиҷорати ӯро халалдор намудаасту намедонад онро чӣ гӯна ислоҳ ва бартараф намояд.

-Аз тарафи дигар фитнаи нокоми барангехтааш дар Бадахшон, ки намедонад ниҳояти ин фитнааш чӣ мешавад.

-Боз мояи нигаронии дигараш оилааш ,бародаронаш мушкилоти хонаводагии онҳо барои тақсими молу мулк.

-Аз ҳама муҳим барояш феълан ҳифзи дороиҳои бо зулму ситам андухтаашро намедонад чи кор кунад ва ҷонаш сахт дар хатар аст,ки медонад ниҳояти Маҳмадназар Салихов ӯро интизор аст.

-Боз он қотили Салихов,ки Бузмаков аст феълан бо ӯ дар Бадахшон қарор дораду мисли малакулмавт аз ӯ ҳарос дорад ва бо ӯ тавассути телефон гап мезанад ва як задухурде ҳам миёни АЛФАи КДАМ ва муҳофизони Бузмаков яъне Аламшозода Абдурраҳмон шуда буд чанд ҳафта қабл ё дақиқтараш пеш аз паёми рӯзи 21 уми декабр.

Акнун худатон вазъи вахими ҷаноби СС.Ятимовро фикр кунед,ки дар чӣ ниҳоят ва фарҷоми баде қарор дорад. Агарчӣ хело золим ва қотилу махуф аст боз дили инсон месӯзад,ки бубин дар охир Аллоҳ барояш чӣ сарнавишти талхеро муҳайё намуда аст. Чуноне мегӯянд “дар интизор ва изтиробу ваҳшати марг будану лаҳзашуморӣ кардан,аз худи мурдан бадттар аст”

 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нагуфтааст, ки ин назарсанҷӣ тавассути кадом ниҳоде ва дар байни кадом табақа аз ақшори ҷомеа ва кай  гузаронида шудааст. Аммо, тибқи маълумоти дарёфтӣ манобеъи “Ислоҳ” ин назарсанҷӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ доир шуда ва танҳо хулосаи он дар ихтиёри СС.Ятимов вогузор шудааст. Бо хати сурх,ки ин хосси хонум Озода Раҳмонова аст ишора шуда будааст,ки “ Кори КДАМ  дар соли 2021 ғайри қаноатбахш ва бе натиҷаи дилхоҳ буда аст”  Кори КДАМ дар умум вақте “гайри қаноатбахш” қаламдод шуд , ба ин ҷаноби СС. Ятимов муқассир аст. Инро метавон хати “пригововор”и оила ва ё чуноне худи СС.Ятимов ҳангоми куштани мухолифон ва аз байн бурдани онҳо мегуфт: “безарар гардонида шуд” . Дақиқан бояд худаш бо ин истилоҳе,ки тули 11 сол аз он истифода мекард вақти “безараргардон”ии худаш ҳам фаро расидааст. Барои ҳамин аст ки СС. Ятимов сахт ошуфта ва парешону зиқ ба назар мерасид.

“Ятимов ба таври муфассал аз муҳтавои ин назарсанҷӣ сӯҳбат накардааст, чунки худаш ҳам тафсилоти онро намедонистааст. Вале, то онҷое ки аз манобеъамон иттилоъ ёфтем маълум мешавад, ин назарсанҷӣ баъди тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузаронида шуда ва пурсидашудаҳо асосан иборат аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёну устодони донишгоҳҳо ва як қисми каме аз ҳисоби сокинони оддӣ мебошанд. Ва, онро ба таври ниҳоят сиррӣ ва пӯшида доир кардаанд, ки ҳатто СС. Ятимов ва шӯъбаҳои амният дар навоҳии кишвар аз он дарак наёфтаанд.”

Манбаи мо, ки аз қавли яке аз иштирокчиёни ин ҷаласаи махфӣ сӯҳбат мекард, афзуд, ки  баргузории ин назарсанҷӣ барои СС. Ятимов ғайримунтазира ва ногаҳонӣ будааст. Зеро қаблан дар ҳамаи назарсанҷиҳо ва ё омӯзиши афкор як намоянда аз мақомоти амниятӣ ширкат мекард, аммо ин бор на инки ширкат накарданд, ҳатто хабар наёфтанд ва дар ҷараён гузошта нашуданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки СС.Ятимов ҳамеша бо «фермаи ҷавоб»-у матлабҳои навиштаи онҳо худро дар назди Ҷаноб хурӯси ғолиб нишон медод ва мегуфт, ки дар набарди иттилоотӣ дору дастаи ташкилдодаи ӯ пирӯз аст. Аммо, акнун ба дасти ӯ хулосаи назарсанҷиеро додаанд, ки ҳама чизро воруна ва чапа нишон медиҳад ва дақиқ аст ки аз муҳтавои он қабл аз вай Ҷаноб ё “пешвои муаззам”аш хабардор шуда аст.

 “Раиси КДАМ дар ин нишаст аз бурдани номи расонаҳои оппозитсиони тоҷик парҳез кардааст вале аз Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров ба унвони муҷриёне, ки тавонистаанд диққат ва таваҷҷӯҳи мардумро бештар ба худ кашанд, махсус таъкид кардааст. Вай ба омору арқоми назарсанҷии дар дасташ буда нигариста гуфтааст, ки соли гузашта шумораи бинандагони пахшҳои мутақими онҳо аз 50 то 60.000 нафарро ташкил дода бошад, ҳоло онҳоро аз 150 то 180.000 ҳазор дар рӯз тамошо мекунанд. Вай бо дарду алам гуфтааст, ки  «дар ҳақиқат ин даҳшат аст. Пешвои муаззам ин ҳама заҳматро  барои мо кашида истодааст, мо наметавонем, ки сиёсатҳои ӯро ба мардум бифаҳмонем».

СС. Ятимов фаъол шудани устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  бо ифтитоҳи канали шахсии ютубии ӯ,ки хело фаол шудааст ва бо мардум суҳбат карданҳояш ва афзоиши шумораи бинандаҳо бо ширкати ӯро натиҷаи кутаҳии кори дастгоҳҳои таблиғотии ҷониби ҳукумат дониста ва аз зердастонаш тақозо кардааст, ки дар шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо ва бахусус фазои маҷозӣ бештар бар зидди вай баромаду навору суханрониҳоро ташкил намоянд.

Тибқи иттилои расида «муаллим» (амниятиҳо Ятимовро ҳамин хел ном мебаранд) гуфтааст, ки расона ва шабакаҳои оппозитсиони тоҷик дар соли гузашта дар амри ҷалби таваҷҷуҳ дар миёни мардум ва кормандони идораҳои давлатӣ «эффективний» кор кардаанд.

  «Ҳоло замон аз тиру туфанг дида таҳти таъсири ҳамин шабакаҳо мондааст. Барои коҳиши эътибор ва нуфузи барномаҳои мухолифин бояд барномаҳои ҷиддӣ ва таъсиргузор ташкил намоем. Мо, бояд қудрати давлатамонро ба намоиш бигузорем. Ягон зарра набояд дар  набарди иттилоотӣ дастпоча шуду кутоҳ омад. Мо бояд бо интернет бештар сару кор гирем. Нашрияҳои чопии мо хонандаи ночиз доранд. Оппозитсия рӯзбарӯз шумораи тарафдоронаш дар шабакаҳои иҷтимоиро ро зиёд карда истодааст. Ин бисёр ҳам сигнали ҷиддӣ ва хатарнок аст. Тамоми талоши мо ин буд, ки Кабириро ба унвони як террорист бишиносонем ва бадном кунем. Аммо ҳоло аз вай дигарбора қаҳрамон сохта истодаанд».

 Дар рафти ҷаласаи маҳдуди КДАМ бо иштироки худи ҷаноби СС.Ятимов яке аз воломақомҳои ин ниҳод,ки ба оила наздикии хоссе доштааст аз СС.Ятимов пурсида аст: Охир ҳама васоили бадномсозиро муаллим истифода намудем, ҳама ончи нақша кашидед анҷом додем вале кор баракс шуд ку?”

Ҷаноби СС.Ятимов гуфтааст: “Агар ҳама кормандони КДАМ  содиқона бо ончӣ мо гуфта будем кор мекарданду ба ину он афрод дода намешуданд. Танҳо шахсияти пешвои муаззамро асос қарор медоданд. Ҳеҷ хоине наметавонист мардумро ба иғво кашонад. Аз дохили мо ба онҳо маълумот мефиристанду бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Шоҳидед шумо , ки генералҳои КДАМ курнамак баромаданд вале боз ҳам ашхосе ҳастанд, ки дар назди пешвои муаззам онҳоро сафед мекунанд. Инҷо манфиатҳои баъзе фурсатталабҳо корро ба ин ҳолат расонид.”

  “Сипас СС.Ятимов хеле ҳам бо шиддат ва дурушту дағал ҳарф зада таъкид кардааст, ки аз идомаи ин раванди хатарнок бояд ҳатман ҷилавгирӣ кард. Аз сардорони Раёсатҳо талаб кардааст, ки дар зудтарин фурсат фикру пешниҳод ва тавсияҳояшонро дар мубориза барои камтаъсир сохтани расонаҳои оппозитсионӣ ба таври катбӣ пешниҳод намоянд.”

СС.Ятимов гуфтааст, ки ӯ барои ҷалби маблағи иловагӣ барои ин кор бо пешвои муаззам машврат хоҳад кард, вале гуфтааст «дар чунин вазъият ва бо чунин назарсанҷӣ, намедонад ба Ҷаноби олӣ чи гӯяд»?

Ҳамин манбаъ ба Ислоҳ гуфт : СС.Ятимов дар назди круги худаш гуфта будааст: “ ман корамро дар ҳаққи ин ду нафар мекунам. Яке Муҳаммадиқбол ва дигари Ҳусейн Ашуров. Ин ду зарбаҳое ба ман задаанд,ки ҳеҷ касе ворид накарда буд”

Аммо дар ин ҷаласаи махфиву пӯшидаи худ Саймӯмин Ятимов ноиби аввали худ Фарҳод Камоловро даъват накардааст. СС.Ятимов ба ӯ бовар надорад ва ин назарсанҷиро ҳам кори дасти вай медонистааст. Чунин назарҳо ҳам ҳастанд,ки ба ҷойи СС.Ятимов бояд Фарҳод Камолови Данғарагӣ биншинад.

Дар ҳақиқат барои СС. Ятимов, ки худро ҳомиву посбони амнияти ҳукумати Раҳмонов , аз ҷумла амнияти иттилоотии вай мешуморад ин назарсанҷии ғайримунтазира таъсири бисёр ҳам бад гузоштааст.

СС. Ятимов то ҳамин ҷаласа талош мекард, нишон диҳад, ки оппозитсиюни тоҷикро «тамом» кардааст ва тавре вонамуд мекард, ки кори онҳо асаре надорад. Аммо ҳоло дигар ноилоҷ мондааст. Вай, баъди ин ҷаласа ба кормандони сахт сарсупурдааш дастур додааст, ки мансабдорони баландпояеро,ки шабакаҳои мухолифинро тамошо мекунанд, ба хусус «Ислоҳ.ТВ»-ро маълум ва рӯихат карда бо онҳо «корҳои фаҳмондадиҳӣ» баранд. Агарчи хуб медонад мақомоти милиса, коррупсия, прокуратура ва худи амният на як бору ду бор дар асоси далелҳои матолиб ва барномаҳои расонаҳои мухолифин корҳои тафтишотӣ оғоз ва чандин нафарро ҳам аз вазифаҳо озод кардаанд. Ҳатто мунтизар менишинанд,то навор ё матлаби ҷиноятҳои мақомдорон дар “Ислоҳ” нашр шавад ва онҳо пул кор кунанд.

Як мақоми аршади амниятӣ чунин гуфтааст : “ҳамин “Ислоҳ” хело мода аз як нигоҳ фоида овард. Ба онҳо фарқ намекунад ин шахс кӣ ҳаст, ӯ хеши пешво аст, кришааш кӣ аст. Ҷинояташро мардум менависанд ё ҳатто делоҳое дар дасти мо омодааст мехоҳем рафта боздошташ кунем. Роҳбарият монеъамон мешавад,ки ин одами фалонӣ аст хуб намешавад. Ҳамон делоро ба “Ислоҳ” мефиристем нашр шуд роҳбарият дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонад. Ман худам чор дело фиристодам боз худашон чанд ҷинояти дигари онҳоро пайдо карда нашр карданд,ки мо онҳоро ҳатто намедонистем.”

Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» дар матлаби ҷамъбастии мо, ки ҳамин чанд рӯзи пеш дар сайтамон мунташир шуд, огоҳ шуда буд, ки дар соли гузашта нашрияҳои электронии оппозитисонӣ ва расонаҳои мустақил дар чи сатҳу мақоме қарор доштанд. Ҳоло бори дигар мехоҳем ҷадвали нашршударо бозчоп намоем,то тамоми шубҳаву гумонҳо бар афзоиши нуфузу ҷойгоҳи мо дар миёни ҷомеаи кишвар рафъ шавад. Албатта дар ин чанд рӯз адади бинандагони бархе беш аз ду миллион афзуда аст. Аммо муҳим ,то ниҳояти соли 2021 чунин буд:

Ин раддабандӣ вобаста ба ҳаҷми маҷмӯии бинандагони каналҳои мухолифин ва расонаҳои мустақил дар Ютуб дар соли 2021аст, мо танҳо 23 каналро дидаем:

1) ИСЛОҲ – 39 млн

2) Уфуқ – 25 млн

3) Гурӯҳи24 – 23млн

4) Ислоҳ Plus – 17 млн

5)Ҳ. Ашуров – 16,2 млн

6)Салмон Х – 16 млн

7)DURBIN TJ – 11,1 млн

8)ПАЁМ TV – 10 млн

9) Azda TV – 7,8 млн

10) Бомдод ТВ – 7,1 млн

11)KHULOSA TV – 7 млн

12)Abdurrahman 09 – 5,9млн

13) Ҷомеъа Live – 4,9 млн

14) Ҷомеъа – 4,4 млн

15) ҲАҚ ВА БОТИЛ- 4,3 млн

16) Зайд Бобоев – 4,2 млн

17) Daler Imomali – 3 млн

18) Muhiddin Kabiri – 2,2 млн

19) Ходими халқ – 1,9 млн

20) M. Kuhistoni – 1,5 млн

21)ПМТ – 1,1 МИЛЛИОН

22)V. Odinaev – 1 млн

23) Sulaymon – 700 ҳ.

“Дар бахши ютубии “Ислоҳ.ТВ” соли гузашта бинандагони мо  82% афзуд. Барои мисол дар ҳамин давраи соли 2019 адади обуначиёни “Ислоҳ. ТВ” наздик ба 20 ҳазорро ташкил мекард. Дар охири соли 2020 бинандагони “Ислоҳ” ба яксаду ду ҳазор расид. То ниҳояти соли 2019 барнома ва мустанадоти видеоии “Ислоҳ. ТВ” ҳудуди 5 миллион бинанда дошт. Аммо дар интиҳои соли 2020 ин адад афзоиши 8 баробарӣ дошта   ба 41 миллион расида буд. Ин ба он маъност, ки тӯли соли 2020, 36 миллион бинанда ҷазбу ҷалби барномаҳои мо шуда буданд. Дар соли 2021 бошад адади обунашудагон ба 154 ҳазор ва барномаҳои моро 40 миллиону 150 ҳазор бинанда тамошо кардааст. Соли 2021дар шумори муштариҳои мо  52 ҳазор нафар изофа шуд ва феълан пурбинандатарин шабакаи хабариву таҳлилӣ ба ҳисоб меравем.” 

Ва,дар охири ин навишта ин нуктаро аз ҷаласаи махфии КДАМ махсус ва ҷудогона зикр карданӣ ҳастем. Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо расид айни замон барои дастгир ва ба зиндон кашонидани Далери Имомалӣ, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи барномаҳои ютубии пурбинанда барномае дар ҳоли татбиқ шудан буда аст. Дастур шудааст,ки барномаҳои ӯ мушикофна бозбинӣ шавад ва алоқаҳои ӯро бо мухолифин ошкоро кунанд ва тавре парванда таҳия ва иттиҳом баста бишавад, ки мардум бовар кунанд, ки вай ба диверсияи иттилоотӣ машғул аст ва барои иҷрои ин барномаҳо пулро аз оппозитсия мегирад. Гурӯҳи махсусе бар зидди вай кор карда истода будааст.

“Аммо аз ҳоло мегӯем, ки аслан ҳеҷ иртиботе бо ӯ надорем ва ҳаргиз на ба таври катбӣ ва на ба таври гуфтугӯйи бо Далери Имомалӣ тамос надоштаам. Ин иттиҳомотро аз ҳоло эълон мекунем,то чунин иттиҳоме накунанд.”

Мо, аз тарафи худ ба СС.Ятимов ва дигар маъмурону муздурони режими Душанбе гуфтанием, ки замони ҳукумати шумо ба сар омадааст. Шумо худатон шоҳидед, ки чи гуна аъзои оилаи Ҷаноб, аз худаш гирифта то Бег Сабур, баъди ҳодисаи Қазоқистон дар такудави баҷо кардани дуздиҳояшонанд. Шумо худатон шоҳиди ҳолед,ки афроди оила пулҳои сомонияшонро доллар карда истодаанду ба ҳисобҳои хориҷияшон ворез доранд. Болоравии қурби доллар дар кишвар ва уфти Сомонӣ яке аз боризтарин шавоҳид аст. Аммо ин мавзӯи навиштаи баъдӣ аст. Вале, Шумо худатонро ҳимоят кунед, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳамаатонро ба дираме намехарад. Манзурам аз кормандони мақомоти интизомии бо шарафи кишвар аст. Аммо фосидону ҷинояткорони ин ниҳодҳо бидонед,ки пас аз ҳар шоме саҳаре ҳаст.

Share This Article