Дар КДАМ бар зидди мардум, моро  чӣ меомӯзониданд?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ман корманди собиқи КДАМ –Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон ҳастам.

Маро моҳи июли соли 2018 барои дарсомӯзӣ ба Кумитаи амният даъват карданд. Соати 7-и субҳ ман дар онҷо шудам. Як лейтенант маро пешвоз гирифта аз пушти маркази савдои “Ситора” ба бинои кумита даровард ва ба як кабинете бурд. Дар онҷо мисли ман 5 шахси дигар ҳам, ки ҳамагӣ ҷавон буданд, ҳузур доштанд: аз 20 то 25 сола. Баъди як чанд дақиқа ду ҷавонзани дигар ҳам омаданд. Мо бо ҳамдигар гап намезадем. Дар кабинет хомушӣ буд. Тақрибан соатҳои 9 дар кушода шуд ва 4 шахс даромаданд, ки яке аз онҳо либоси низомӣ дар тан дошт. Дигаронашон шиму костюм доштанд. Маълум буд, ки низомипӯш мақомдори баланд аст. Ӯ худашро муаррифӣ кард:Фарҳод Камолзода. Гапро аз солҳои 1920 шӯравӣ ва коммунистӣ оғоз кард. Дар тамоми сӯҳбаташ ягон маротиба бисмиллоҳ ва ё Аллоҳ нагуфт. Фақат мегуфт, ки шумо якбор чашмонатонро кушоед бинед, ки  ягон мамлакати мусалмонӣ орому осуда гаштаанд. Ё ки ягон давлати мусалмонишин дорову бой гаштаанд? Мегуфт Аврупоро бинед, Америкаро бинед, чихел тавоно ва осудаанд. Дур наравем Хитойро бинед, ки дар ҳамсоягии мост. Дар ҷаҳон аз ҷиҳати иқтисод якуманд ва дар тамоми ҷаҳон молҳояшон содирот мешавад ва онҳоро эхтиром мекунанд. Як ҷавонро хезонида аз ӯ пурсид: хитоиҳо оё мусалмонанд? Ҷавон гуфт не, будпарасту хиристиан, аммо мусалмон ҳам доранд. Камолзода боз савол дод: оё ту намоз мехонӣ? Ҷавон не гуфт. Ягон бор намоз хондаӣ, боз пурсид Камолзод.Ҷавон боз ҷавоби рад дод.

Ва ба ҷавон гуфт вақте пенсия баромадӣ баъд мехонӣ. Шин. Камолзода боз як духтарро хезонд ва гуфт шавҳар дорӣ? Ҷавоб дод, ки не ҳоло шавҳар накардаам. Камолзода гуфт шавҳаркуни ва кудакдор шавӣ, кӯдакатро ман таҷовуз кунам чи кор мекунӣ? Ин духтар дар ҷавоб гуфт магар ту ақлатро хӯрдаӣ ё ки девона ҳастӣ?  Камолзода гуфт барову дарро аз берун пӯш. Духтар баромада рафт. Як шахси дигар худашро МЕЛС муаррифӣ карда гуфт ман аз ин пас куратори шумоям ва ба нафаре, ки ҳамроҳ даромада буданд гуфт: муаллим китобҳоро муаррифиашон кун. Муаллими фалсафаи донишгоҳи миллӣ китобҳоро муаррифӣ кард.

1) Принсипҳои коммунизм, ки муаллифашон Фридрих Энгельс ва Карл Маркс мебошанд.

2) Истоки тоталитаризма муаллифи китоб Аренд Ханна

3) Фридрих Энгельс присхождение семьи, честност собственности государства

 4) Капитал.

Хулоса омӯзиш 4 соат давом кард. МЕЛС моро ҷавоб дод. Баъди ду рӯз боз фарёдамон карданд. Ин дафъа як нафар як нафар қабул карданд. Худи Камолзода Фарҳод бо мо сӯҳбат гузаронд. Ба ман савол дод агар ҳозир хонаатон рафтӣ, ки ман занатро таҷовуз дорам, ту чи кор мекунӣ? Гуфтам ба суд муроҷиат мекунам ва дар назди қонун ҷавоб медиҳӣ. Гуфт агар суд ба додат нарасад чи кор мекунӣ? Боз гуфтам, ки ба Суди Олӣ муроҷиат мекунам.   Агар Суди оӣ ҳам ба додат нарасад чи? Ман ҷавоб додам, ки то адолат ҷояшро нагирад ман дар асоси қонун шикоят кардан мегирам. Гуфт аҳсан. Ман дар чашмони ту ояндаи дурахшонро мебинам. Рав кураторат ба ту вазифаҳои даркориро медиҳад. Куратор гуфт пагоҳ Ҷаноби Олӣ аз Маскав меояд, ту аз соати 6 субҳ бояд дар назди оперка (театри опера ва балет) шавӣ ва роҳи марказиро хуб назорат кунӣ, то омадани Ҷаноб. Шахсоне,ки шубҳаноканд дар ҳол ба ман хабар медиҳӣ: мошинҳое, ки зиёда аз 1 соат дар як ҷо меистанд ё ҷояшонро дар наздикии роҳи марказӣ зуд -зуд иваз мекунанд ба ман хабар медиҳӣ ва шахсоне, ки ягон сумка ё борхалтадорро бинӣ хабар мекунӣ. Аз ман пурсид, ки   фаҳмо? Гуфтам фаҳмо. Ва ба ман як пакет дод. Гуфт дар дарнуаш либоси варзишии дутарафа аст. Ду соат пас дар як ҷойи ноаён иваз мекунӣ. Ду соат бо кепка ва 2 соат бе кепка бояд гардӣ.

Ман ҳамин тавр кор кардам ва фикр мекардам, ки ман дар хидмати халку миллати азизам ҳастам. Аммо хато кардам. Дар хизмати халқу ватан не, балки дар хизмати як ҳукумати таҷовузкори атеист истифода мешавам.

Ман тӯли якуним сол дар КДАМ дарс омухтам. Ба мо китоби Истоки тоталитаризмро меомузониданд. Ман ин китобро мутолиа кардам. Дар ин китоб фақат асосан дар бораи мустаҳкам кардани режими ҳукумат гап меравад.

Тоталитаризм дар сиёсатшиносӣ як шакли муносибати байни ҷомеа ва қудрат аст, ки дар он қудрати сиёсӣ назорати комил (куллӣ) -и одамон ва ҷомеаро меҷӯяд ва вазифаи пурра назорат кардани тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро ба миён меорад. Мухолифат дар ҳама гуна шакл аз ҷониби давлат пахш карда мешавад. Мафҳуми “давлати тоталитарӣ” (итолиёвӣ stato totalitario) дар ибтидои солҳои 20-ум барои тавсифи режими Бенито Муссолини пайдо шуд.  Ба давлати тоталитарӣ ваколатҳои номаҳдуди ҳокимият, аз байн бурдани ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионӣ, репрессия ба дигарандешон, милитарикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ хос буданд. Ҳуқуқшиносони фашизми Италия ва нацизми Олмон ин истилоҳро ба таври мусбат истифода кардаанд, мунаққидони онҳо бошад, ба таври манфӣ истифода кардаанд. Дар солҳои баъд аз ҷанг кӯшишҳои муттаҳид сохтани сталинизм ва фашизм дар зери ниқоби тоталитаризм ҳам дар таҳқиқоти илмӣ ва ҳам дар таблиғоти зиддикоммунистӣ сурат гирифта буданд. Маънои тоталитар ин аз байн бурдани озодиҳои мардум, озодии сухан яъне ғулом кардан аст. Ҳукумати Раҳмонов бо усули ана ҳамон давраи гитлери фашистӣ давлатро идора карда истодааст. Соли 2016 буд ба фикрам, ки Саймумин Ятимов ба парлумон пешниҳод кард ба кормандони КДАМ ҳуқуқ дода шавад, бе иҷозати суд ба хонаҳои одамон зада  дароянд. Ман бо принсипҳои идораи давлат шинос шудам. Мисол дар китоби “Принсипҳои коммунизм” яке аз роҳҳои осони идоракунии давлат буд камсавод ва сархушу маст сохтани ҷомеа аст. Яъне одамон алкашӣ карда мегарданд ва дар ин ҳолат давлатро идора кардан осон аст.

Дар китоби “Тоталитаризм” –и Аренд Хана муҳимтарин функсияи идоракунии давлат инаст ки шахсоне, ки ба давлат ғулом намешаванд ва ба динашон боварии комил доранд ва давлат аз ин гуна шахсон ҳарос дошта  метарасад, ки як рӯз не як рӯз талоши курсии прездентӣ мекунанд ва аз ҳамин сабаб онҳоро мухолиф дониста ва ба худаш мақсад мемонад, ки мухолифинро аз байн барад. Шумо хаёл мекунед, Ҳизби наҳзати исломиро барои чи бастанд ва ҷонибдоронашро чаро зиндон карданд? Дар инҷо муаммои бузурге ҷой дорад. Барои ин нақшаҳои деринаи  Эмомалӣ Раҳмон будааст, ки 15 сол пеш ин нақшаро кашиданд. Масалан чихеле ки дар Русия 90% алкашӣ карда мегарданд аз ин нозукӣ Путин истифода бурда ҳокимият ронда истодааст. Эмомалӣ ҳам ҳамин нақшаро 15 сол пеш кашид буд, ки бояд масҷидҳо  баста шаванд, мардумро аз ислом дур кунем. Тавре кунем ки духтарҳой сабукпой, қиморхонаҳо, дискоклубҳо бисёр шаванд, нушокиҳои спиртиро натанхо калонсолон, балки ҷавонон бисёртар истеъмол кунанд. Ҷавонон бояд бангу нашъаву героин  истифода баранд. Барои ин нақшаҳояшон ҲНИТ  қурбонӣ шуд. 15сол пеш наметавонистанд, ки яку якбора масҷидҳоро банданд, наметавонистанд, якбора сатру ҳиҷобу ришро гиранд. Зеро 15сол пеш мардум камтар дар вуҷудуш нангу номус дошт ва иҷозат намедоданд, динашонро, номусашонро, апаву хоҳаронашонро таҷовуз кунанд.

Нақшаи дуввумашон ин буд, ки  мардумро бесавод кунанд. Имрӯз ҷомеа пур аз фасод ва миллат бе савод шуд. 90% мардум намедонанд чи кор кунад. Ҳама ғарибу муҳоҷир шудаанд. Аксарияти мардум аз бекориву камбағалӣ намедонанд чи кор кунанд. Як рӯз як мардро дидам дар бозори Гипрозем, ки як дасташ набуд, ароба мекашид. Гуфтамаш чанд сум кор мекунӣ? Гуфт 10 сомонӣ дар як рӯз. Аммо Исмоили набераи ҷаноб дар як шаб дар дискоклуби пеши парки Победа 25000 (биступанҷ ҳазор) сомонӣ зиёд масраф карда бо духтарҳо дам мегирад. Дар ҳамон шаб як духтар гапашро нагирифт. Нагузошт,ки дар дубур, ақибаш таҷовуз кунад зада биниашро шикаста дар таксии 3333 равонаш кард. Ин ҳолатҳое навишта истодаам худам ҳамчун корманди КДАМ дидаам. Вақте ҲНИТ ро дар Тоҷикистон манъ карданд аз фурсат истифода бурда масҷидҳоро ҳам маҳкам карданд. Амри маъруфро манъ карданд.

Ёдатон бошад бароӣ чи азонро маън карданд?Завҷаи  яке аз кормандони КДАМ ариза ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гӯё саҳарҳо кӯдакони онҳоро азон аз хоб мехезонидааст ва ба хобашон халал мерасонидааст. 10000ҳо аризаи мардуми бечораро ин ҳукумат ба назар намегирад, вале аризаи як занро ба назар гирифта азонро дар тамоми кишвар манъ карданд. Эй,мардум худ қазоват кунед,ки шумо киро ҷаноб мегӯеду киро пешво?! Эй кормандони КДАМ охир шумо мурдан надоред? Наход одаме,ки бар зиди конунҳои Аллоҳ  гап мезанад онро тарафдорӣ кунед? Ман дар як чизи дигараш ҳайронам,ки аксарияти кормандони КДАМ медонанд, вақте ба ин кумита ба кор медароӣ оқибаташ ё мурдан аст ё девона шудан. Шахсе, ки ба КДАМ кор медарояд вақте аз сирҳои давлат огоҳ мешавад ӯро ё мекушанд ё ягон сӯзандору гузаронида девона мекунанд, яъне аз ақл бегонааш мекунанд. Чандин ҳолатҳои аз ошёнаҳои боло ба замин андохтани мақомдорони КДАМ ва донандагони сирҳоро медонам,дар фурсати муносиб онҳоро ҳам менависам,то миллат огоҳ гардад.  Баъд мегӯянд,ки бечораро “давлени” зад даҳанаш каҷала шуд ё шал шуду аз гап монд. Ҳоло худатон мебинед мардуми Тоҷикистон, ки 10сол пас чи гап мешавад?Дигар намедонед, ки ислом чиву намоз чи? Ҳозир чи хеле ки кӯдаконатонро аз боғчаи кудаконаву аз мактаб меоваред 10 сол пас духтаронатонро аз дискоклубҳо меоред

Вақте одам худобехабар шавад аз ӯ ҳар корро интизор шудан мумкин аст.

Як шаб бо як хамкорам ба милисахонаи ноҳияи  Фирдавсӣ рафтем. Нозири минтақавӣ бо ва чанд милисаи дигар дар як мерседес спринтер ноболиғону духтарҳои шабгардро аз дискотекаи Клеаопатра овардаанд. Ягонтааш ҳушёр набуд. Сардори милиса Пӯлод омаду тарафи учаскавой гуфт:

“к… очаҳо шуморо, ки гуфтак иёра бигирен биёрен? иёра иҷа овардӣ маҳкам кардай чи хоҳару очата мебари да ҷошон мемонӣ?”

Дар ҳамин лахза як корманди милиса гашту гуфт:

“Азиза як ҳафта шид доляра надодай, барой аму гирифтем овардемшон, ки дар ҷавоб гуфт равед Азизара аз таги замин ҳам бошад гиред биёред инҳоро барен дар якум саветский ҳамаша сар тиен”.

Баъди 20дақиқа буд, ки Азизаро бо як мошини нексияи сафед оварданд.Мо дар кабинети замначалник будем,садоҳои Азиза аз кабинети Пулод чунон баланд меомад: “назанма, куштимае”,инсоф надорӣ, ин қадар суматон медиҳам,боз чи кор кунам?”  Баъдан фаҳмидам,ки Азиза дар колсевои Профсоюз мамарозагӣ мекардааст. Сипас ӯ точкаашро дигар карда назди кинотеатри Молодёжний омадааст.

“Мо ӯро дастгир карда ба амният бурдем, ки ҳолати корро хубтар фаҳмем. Мефаҳмем,ки Азиза мамарозаи Сомони Эмомалӣ ҳам будааст. Ин як мавӯи дигар аст, ки дафъаи баъди дар борааш мегӯям.”

Мо пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ:- Инстаграм, Фейсбук, ВКонтакте, ок. Ватсап. Вайбер. Имо  нишаста мехондем, маълумот ҷамъ мекардем. Ногуфта намонад бо сайтҳои ҳар хела бо номҳои духтарона ё ягон магазининтернет сайт регистрация карда бо мардум гап мезадем. Ман ба мардум тавсия медиҳам,ки  дар телефон баъзе калимот ва номщоро истифода накунанд. Дар КДАМ таҷҳизотеро бо махсус программа установка кардагианд,ки мисол дар бораи  Эмомалӣ, Рустами наркоман, ё Таҳминай клеопатраи тоҷикӣ, ё Шоҳрухи писари гей ягон чизе мегӯӣ. Дар ин таҷҳизот сигнал меояд ва ҳамон лаҳза гапи шуморо сабт мекунад. Шумо ҳайрон мешавед,ки чи тавр дар ин программа миллион калимаро ҳифз кардагианд. Бо телефон вақте ин калимаҳоро такрор мекунӣ сабт мекунад.Ман тавсия медиҳам,ки ИМОҳоятонро удалит кунед. Зеро онро КДАМ дида метавонад. Телеграм кушоед, чунки инро қариб ки номумкин аст гӯш кунад. Касоне,ки интернетро сарфаҳм мераванд бо internet toro регистратся кунед ва Инстаграмро ҳам кам истифода баред. Эмомалӣ ҳоло  мехоҳад,ки халки тоҷик ӯро  ибодат кунад. Наузубиллоҳ аз ин гумроҳии ошкор!

Мо халқи тоҷик худамонро намебинем, ки чи хел як одамро, ки аз оби манӣ пайдо шудааст ибодат дорем, қариб мондааст, ки Худояш бигӯем. Эй мардум бедор шавед, шумо аз Эмомалӣ метарсед чаро аз азобҳои Аллоҳ наметарсед? Чаро аз малакулмавт наметарсед? Ман корманди амният ҳастам ва медонам, ки ин ҳукумат вақтҳои ахир аз мардум сахт дар ҳарос аст. 70% кормандони ВКД ва КДАМ мунтазиранд,ки кай мардум мехезанду ин режима барҳам медиҳем. Зеро милисаву сарбозу афсару кормандони КДАМ тоқа нестанд дар ин дунё. Онҳо ҳам модару падар, зану кӯдак ва  акаву додару апаву хохар доранд.

Онҳо дар чи хел ҳолате, ки набошад сӯи мардуми одӣ тир холӣ намекунанд ку. Чаро қирғизҳо тавонистанд мо наметавонем? Ҳоло шумо як чизи дигаащро аҳамият диҳед. Ду соли ахир дар мағозаҳои либоси занона ягон либоси мусулмонӣ нест ҳама миёнтанг, пешаш ҳуй. Ҳоло бошад барои соли 2030 тайёрмон карда истодаанд. Ман худам ин нақшаро дар амният бо якчанд корманди бо имони амният фаҳмидем. Мегӯед, ки чи нақшаро фаҳмидем? Нақша аз он иборат аст ки Тоҷикистон давлати подшоҳӣ бояд шавад.

ЭМОМАЛӢ 1,ЭМОМАЛӢ 2 баъд АНУШЕРВОН баъд ЭМОМАЛӢ 3. Мо ва  наслҳои баъдии мо ғуломи ҳалқа бар гӯши инҳо мешавему тамом.Агар мо мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳукуматро сарнагун накунем, бовар кунед насли тоҷик мумкин аз байн равад ё ки як давлати автономии Хитой ё ки Русия шавад.

Ба ин Эмомалӣ боварам кунед фарқ надорад,ки милат нобуд мешавад, нажод нобуд мешавад, ӯ главний кайфу сафо кунад шуд. Ман боварӣ дорам, ки бародарони бо имони КДАМ баъди шунидани ин нома бетараф намешаванд ва нафраташонро ба ин режими Раҳмонов мисли ман изҳор менамоянд.

Ps:  Ин номаи корманди собиқи КДАМ  бидуни тасарруф ба нашр расид. Мо мутмаинем,ки кормандони бо шарафи КДАМ он чизҳоеро медонанд, ки на ҳама миллат ва мардуми кишвар аз онҳо огоҳанд. Хуб ончи мебинед маълум аст,ки бар зарари миллат ва мардум асту, ба нафъи як оила. Шумо охир узви оилаи Раҳмонов нестед? Шумо ғуломи ин оила нестед, ки дар хидмати ин оила бошеду дунё ва охирати худро хароб кунед. Ҳушёр бошед ва бар зидди миллат ва давлати худ бо хидмат ба ин оила набошед!

Share This Article