Дар пасманзари дасисаи навбатии “Пешво” дар Бадахшон

Ислоҳ нет

Ҳанӯз замони таъйини Ёдгор Файзов маълум буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз рӯи иҷбор ва ноилоҷӣ чунин қарор қабул кард. Агар шароит дар Хоруғ оддӣ ва авзоъ ором буд, Раҳмонов ҳеҷ гоҳ Файзовро раиси ВМКБ таъйин намекард. Бо овардани Файзов ба унвони «одам»-и Оғони 4 ва нафаре, ки дар доираи гурӯҳ ва афроди зинуфузи Бадахшон аз эътибор ва эҳтиром хос бархурдор аст, Раҳмонов шиддати авзоъ дар Хоруғро паст кард ва тавонист аз хезиш ва эътирозоти мардумӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ёдгор Файзов тайи се соли фаъолият тавонист муваффақ ба ҳифзи тавозун дар васати ҳама ҷавониби дар он замон рӯдарӯ қарордошта бишавад. Оштӣ додани лидерони мардумӣ ва ё ғайрирасмии вилоят бо худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси фармондеҳи Қувои мутаҷовиз ба хоки Бадахшон, овардани онҳо ба Душанбе ва бастани қарордодҳо бо ҳар кадоме аз онҳо аз иқдомоте буданд, ки эътибори Ёдгор Файзовро боло бурд. Вагарна имкони такрори сенарияи ҳуҷуми таҷовузкоронаи соли 2012 ва рехтани хуни инсонҳо ногузир буд. Ҳамон хунрезие, ки ба маҳзи миёнҷигии Ёдгор Файзов генералҳои то ба дандон мусаллаҳи Раҳмонов розӣ ба сулҳу оштӣ шуданд ва даъвоҳои баландпарвозонаи худро пас гирифтанд. Албатта, муқовимати ҷоннисоронаи ҷавонмардон ва зану марди худи Бадахшон алайҳи мутаҷовизин буд, ки авзоъро дигаргун кард, вале шахсияти Ёдгор Файзов дар ҳамон ҳодиса матраҳ ва ба ҳайси одами Оғохони 4 таъсиргузор шуд.

Ҳоло, ки авзоъи дохилӣ дар Бадахшон нисбатан сокиту босубот аст барои Раҳмонов нафаре лозим аст, ки дар баробари хавфу хатарҳои берунӣ биистад ва дар ҳолоти изтирорӣ дар ҷалби афроди мулкӣ-яъне халқи одии Бадахшон барои ҳифзи қудрати сиёсӣ диранг ва кутаҳӣ накунад.

    “Овардани Алишер Мирзонаботов, генерали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва муовини пешини «масъули амнияти 9униммиллион аҳолии Тоҷикистон» ба мақоми раиси ВМКБ бо ҳамин ҳадаф ва нақша сурат гирифта аст.”

Таваққӯи Раҳмонов аз Ёдгор Файзов ин буд, ки лидерони мардумии ин минтақаро   «бишканад» ва тасаллути Раҳмонов ва ҳокимияти қавмиву хонаводаги вай бар болои «помириҳо»-ро таъмин кунад. Помириҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ дар муқобили Раҳмонов ва якҷо бо мухолифин қарор доштанд. Раҳмонов бисёр мехост аз шахсияти Файзов барои манфиатҳои ҳокимияти хеш суистифода кунад. Барои Раҳмонов муҳим ва асос ҳамин буд. Аммо Файзов бо дурандешӣ ва оқилии тамом зери ин бор нарафт, помириҳоро нафурӯхт. Ҳамчуноне, дар ҳамлаи Раҳмонов ба Бадахшон дар соли 2012 Мамадшо Илолов, Президенти онрӯзаи Академияи улум ва Мамадамин Маҳмадаминов, вазири собиқи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз фармони Раҳмонов барои вуруди артиш ба Хоруғ ҷиҳати саркӯби мардум ба шиддат интиқод карданд ва ба маҳзи аз мардуми худ пуштибонӣ карданашон, Раҳмонов онҳоро аз мақомҳо барканор кард.

  “Ёдгор Файзов бо камоли фаросат дарёфт, ки Раҳмонов қасд дорад тавассути вай миёни бадахшониҳо хусумат ва ҷудоӣ андозад. Барои ҳамин вай ин дастури Раҳмоновро муаллақ гузошт, иҷро накард. Балки тавре рафтор кард, ки мардуми Бадахшон ба ӯ ҷазбу ҷалб шуданд ва ӯ ҳам дар маъракаҳои ҳашару корҳои оммавии мардум, дӯшодӯш бо онҳо ва бидуни «телех» ширкат мекард.”

Аммо ҳоло Раҳмонов Бадахшон ва бадахшониҳоро ба дасти «амниятиҳои реваншист ва аламдардил» супорид. Зеро ҳеҷ гоҳ ба мардуми Бадахшон эътимод надошт ва дошта ҳам наметавонад, чун ин мардум сахт саркашу мағруранд ва аз сӯи дигар Толибони тоҷикӣ дар ҳамин марзи бо Бадахшон идора ва ихтиёротро дар даст гирифтаанд. Раҳмонов дар чунин вазъу дар чунин замон зимоми умури бадахшониҳо ва Бадахшон бояд дар дасти як одами ниҳоят содиқу сарсупурдаи худаш бидиҳад, ки ҳамзамон хӯю хислату рафтори даррандаро дошта бошад ва чунин  нафарро ба ҷуз аз генерали амният Алишер Мирзонаботов кӣ буда метавонад?

     “Нотавонӣ барои мутеъ сохтани лидерони мардумии Бадахшон, итминон надоштани  Раҳмонов ба мардуми Бадахшон, таҳдиди толибони тоҷикӣ дар марз ва бар болои инҳо  даъвои Содир Жапаров, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бар сари Мурғоб  аз омилҳое мебошанд, ки Раҳмоновро водор кардааст Бадахшонро ба як минтақаи низомӣ ва ё ниманизомӣ табдил бидиҳад.”

Ташкили пойгоҳи низомии Чин дар Мурғоб ва нишондани як нафари низомӣ дар курсии раҳбарии ВМКБ аз тадобири амниятиест, ки Раҳмонов барои эминӣ ва ҳимояти ҳокимияти қавмиву хонаводагии худ рӯйи даст гирифтааст. Кореро, ки тайи ин ҳама муддати сӣ сол анҷом додааст-барои ҳифзи қудрат ва сарвати андӯхтаи худ ва оилаи калонаш омодааст, ки тамоми Тоҷикистонро ба савдо бизанад ва дигарбора ба хоку хун нишонад. Вагарна,Бадахшонро ба як минтақаи низомӣ табдил намекард ва баъид нест, ки дар оянда нақшаҳоеро барои маҳву безараргардонии лидерони мардумии Бадахшон ва ба ин баҳона боз ҳам бештар ворид кардани Қувои ҳарбиву техникаи низомӣ ба ин вилоятро дар даст дошта бошад.

“Раҳмонов ҳеҷ коре ба кори мардуми ин минтақа ва инки вазъияти иҷтимоии онҳо чи гуна аст ва инки онҳо гармиву рӯшанӣ доранд ё хайр, надорад. Вале бояд пояҳои қудрати худро ба ҳар шакле ва ба ҳар нархе, ки бошад таҳким бахшад.”

Шояд, ин хабари расида барои мо шойеъа бошад, аммо гуфта мешавад, ки Ёдгор Файзов ба содироти нерӯи барқ аз ҳисоби «Помирэнерҷӣ»(хонда шавад аҳолии ВМБК) ба Афғонистон зид будааст. Зеро дар сохтмони «Помирэнерҷӣ» ҳукумати Раҳмонов, мешавад гуфт, ки аслан пайсае масраф накардааст. Ва, онро пешвои маҳбуби мазҳабии ин мардум Имом Оғохони 4 сохтааст. Аммо соли гузашта аҳолии ин вилоят ҳам бо лимит барқ дарёфт карданд, чунки аз ҳиссаи онҳо ба Афғонистон фурӯхт.

Ёдгор Файзов дар мусоҳибааш баъди рафтан аз мақом бо радиои «Озодӣ» бо як ишораҳое розомез нороҳатии худро дар робита ба барканориаш пинҳон надоштааст.

Инки мегуяд ӯ танҳо баъди омадани Асадулло Раҳмон-Сумбулоғои Раҳмонов фаҳмид, ки фармони баканориаш имзо шудааст, як далели ин гуфтаи мост. Кинояҳои таҳдори ӯ, ки мегӯяд «як одам дар як вазифа умрбод намемонад», «бидуни хиёнат ба давлату мардум аз мақом биравад» беҷиҳат гуфта нашудааст ва мухотаби худро дорад. Чунки вай фикру андешаи худ, ва ҷисму ҷони худро сарфи кор барои мардумаш карда истода буд ва бидуни шак нақшаҳоеро барои солҳои баъдӣ дар сар дошт ва яке нохоста ва ногумон ба як шеваи золимона аз вазифа маъзулаш мекунанд. Вақте аз ӯ суол мекунад, ки шояд як иллати равонидани шумо нотавонӣ дар ҷалби инвеститсия бошад, ӯ дар инҷо ҳам посухи воқеӣ медиҳад:…. «сармояро танҳо ман намеорам, ҳукумати марказӣ ва шарикони рушд ҳам меоранд». Маълум аст, ки тазккури  «ҳукумати марказӣ» чи маъно дорад. Яъне ин ҳукумати марказӣ-Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки воридоти сармояро ҳам таҳти назорат дорад. «Шарикони рушд»-ин ба он маъност, ки ҳоло ҳеҷ сармояи давлативу хориҷӣ бидуни ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ширкатҳое назири «Фароз» ва инак ҳоло «Авесто-групп» ба минтақаҳо ворид карда намешаванд.

Вақте Ёдгор Файзов мегӯяд, ки «дар бораи пойгоҳ маълумоти зиёд ҳам надоштам. Ин аз салоҳияти ман  берун аст»,хеле гапҳоро гуфтааст. Манзураш ин аст ки новобаста аз онки ВМБК мақоми махсусе дорад аммо дар ҳудуди ӯ бидуни ризояти Маҷлиси намояндагони халқи ин вилоят пойгоҳи ҳарбӣ ташкил карда мешавад. Ин ба он маъно аст, ки ҳатто ба худ иҷозат намедиҳанд, ки раиси вилоятро дар ҷараён бигзоранд.

То ҳамин имрӯз Раҳмонов он идда аз мансабдоронашро, ки бо ҳамин шева, яъне бидуни огаҳии қаблӣ аз кор гирифтааст, ба ягон мансаби дигар наовардааст. Гумон намекунам ки ӯро ба кадом масъулияти давлатӣ ҷалб намоянд ва баъид аст ки худи ӯ розӣ шавад. Алишер Мирзонаботро аз КДАМ овардану муовини Файзов дар Бадахшон мондан ва аз онҷо ба Хоруғ бурдану ниҳоят дар курсии Файзов нишондан бар он далолат мекунад,,ки аз ҳамон оғози кори Файзов ӯро барои муваққат оварда будааст.

   “Акнун Алишер Мирзонаботов дасиса мечинад ва иғво меангезад. Оромиро аз Толиб Айёмбекову Мамадбоқир Мамадбоқирову Ёдгор Шомусалламов мегирад ва талош мекунад султаи Раҳмоновро ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз дар Бадахшон ҷорӣ кунад. Ин эҳтимолро наметавон истисно кард, ки онҳоро дар шарикӣ ва ҳамдастӣ бо Толибон муттаҳам карда ва сарнавишти Аловуддин Давлатов-Алии бедакиро бар сари онҳо биёваранд.”

Дар мавриди раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ,ки тоза ба ин мақом баргузида шуд. Ӯро шахси бо савод ва фаҳмидае мегӯянд. Ҳолдонҳо ба ин назаранд,ки агар ӯро ба мақоми раиси ВМБК ба ҷойи Алишер Мирзонабот мегузоштанд муносибтар ба ин вилоят буд. Аммо Раҳмонов ҳамеша кори худро ба шакле анҷом медиҳад,ки ба ӯ писанд ва муносиб бошад,на инки ба нафъи мардум ва беҳбудии онҳо.

Ҳоло яке ду рӯзе аз сари кор омадани Алишери Мирзонабот нагузашта ташкил кардани дидору мулоқоти вай бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Хоруғ ва ин суханони ӯ, ки «бо дастгириҳои сокинони сарбаланди шаҳри Хоруғ, роҳбарияти Олии мамлакат нисбати мо боварӣ пайдо намуда, моро ба ин вазифаи пурмасъул таъин намуданд,… «гарчанде,ки ман раиси вилоят интихоб гардида бошам ҳам шаҳри Хоруғ ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дорад» бозгӯи он аст, ки дар инҷо ҳам дурӯғу воҳимаву манманӣ-маҳак ва меҳвари сиёсатҳои то ба имрӯз давомкардаи Эмомалӣ Раҳмонов ҷойи воқеиятро мегирад.

  “Вале, афроде мисли Ёдгор Файзов, ки хидмат ба мардумро дар ҷойи аввал мегузоранд, дар ҳукумати Раҳмонов зиёд давом намеоваранд, чунки ҳузури онҳо пеш аз ҳама ва беш аз ҳама худи Раҳмоновро нигарон ва мушавваш месозад.”

Дар охир инро изофа менамоям,ки ҳама мардуми ғаюри сарзамини Бадахшон огоҳии сиёсии худро аз даст надиҳанду ҳамеша аз ин проектҳои шуми “Пешво” дар ҳазар бошанд. Қумондонҳо ва афроди саршиносу маъруфи Бадахшон низ ҳеҷ интизори хайру хубе аз ин иқдоми охири Раҳмонов ҷашминтизор набошед. Ончи бар сари мо гузашт ,дар дигар манотиқи ватани азизамон ,намехоҳем бар сари шумо такрор шавад. Мо Раҳмонов ва дасисаҳои ӯро хубтар аз ҳар сокинони бақияи кишварамон медонему огоҳтарем. Мо огоҳ кардему шумо шунидед!

Share This Article