Дар “Пешво” буданат меравӣ, ё ҳамтақдири “Элбасӣ” шуданро интизори?

Парлумони Қазоқистон тамоми имтиёзҳои истисноии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишварро аз байн бурд. Вай дигар Элбасӣ- Пешвои миллат нест. Вай аз куллия салоҳият ва ихтиёроти «якумрӣ» маҳрум карда шуд. На раиси якумрии Шӯрои амнит ва на раиси модомулумри Анҷумани халқҳои Қазоқистон аст. Бо вай минбаъд на сиёсати дохилӣ ва на сиёсати хориҷӣ ҳамоҳанг карда мешавад. Вай, чуноне ҳам дар як навори видеоӣ дар интернет мунташир кард, дигар танҳо «як пенсионер» аст. Тибқи маълумотҳои гуногӯн гӯйё Элбасӣ навори охири сабт кардаашро дар сафорати Қазоқистон дар Русия сабт ва нашр шудааст, на дар Астана.

-Ҳамакнун савол инҷост, ки ба Назарбоев ҷабр шуд ё ҳақаш ҳамин аст? Худи ман, табиист, ки ҷонибдори онҳоем, ки мегӯянд, бале, ҳақаш ҳамин аст.

– Ҳар нафаре, ки худро аз халқаш, аз миллату мардумаш боло гирифт, Пешво эълон карду мустасноӣ ҷилва дод, ҳақаш ҳамин аст.

-Ҳар нафаре, ки аз ҳисоби сарвату заҳмату захоири мансуб ба миллат дуздиду дуздиду дуздиду худро ғанӣ, бениёз ва бой кард, ҳақаш ҳамин аст.

-Ҳар нафаре, ки духтарҳову домодҳову ҷияну холабачаву амубачаву қудаву андаву ба ҳамин тартиб олу авлоду ҳаммаҳалу ҳамшаҳриҳояшро аз ҳисоби молу мулку сарвати мансуб ва мутааллиқ ба тамоми миллат ва мардум ва халқ бою сарватнманд кард, ҳақаш ҳамин аст.

-Ҳар нафаре, ки ихтиёри мардумро гирифт, интихоби мардумро дуздид, бист сол, сӣ сол ва гузашта аз ин барои «тамоми умр» инони давлатро гирифт, ҳақаш ҳамин аст. Ба вай ҷабр нашудааст, вай ҳоло сипос ва раҳмат ба ин мардум бигӯяд, ки ин ҳама муддат, беш аз сӣ сол ҷабру ситами вайро тоқат кардааст.

-Ҳамин ҳоло ҳам, ки 80% аз маоши раиси ҷумҳурӣ маблағи маоши нафақаи ӯро ташкил медиҳад, ин хеле гузашту одамияти мардуми қазоқ аст.

Дороиҳои худи Назарбоевро «8 миллиард» ва танҳо як духтар як домодашро ҳам беш  аз 7 миллиард доллар баровард кардаанд. Албатта ин қатрае аз садҳо миллардҳои ӯро гӯйё расонаӣ кардаанд.   Магар мешавад ба ин ҳадду ба ин ҳаҷм халқи худро дуздид ва боз ҳам худро Элбасӣ-Пешво баргумориду барчаспи «якумрӣ»-ро қонунӣ ба худ нисбат дод? Магар қазоқ одам нест?  Магар қазоқ касе нест ба ҷуз аз Назарбоев?

Акнун аз Шумо даъват мекунам ин ҳамаро ба худамон татбиқ кунед. Ин Эмомалӣ Раҳмонов аз Назарбоев чӣ фарқ дорад?

Худро Пешво ва Асосгузор эълон кардааст. СС.Ятимов дар чандин навиштаҳояш ӯро бартар ва болотар аз ҳар касе дигар, ҳатто аз Исмоили Сомониву Бобоҷон Ғафуров ба қалам дода навишта буд, ки баъди ҳазору анд сол Эмомалӣ Раҳмонов давлату давлатдории тоҷикӣ сохт ва ҳамин чанд шумора пештар як нафаре ӯро дар канор ва қатор ва шумори Садриддин Айнӣ гузошт. Калла ва қавораву қиёфаву қоши Эмомалӣ Раҳмоновро дар болои гардани Исмоили Сомонӣ гузоштан, ончуноне баъдтар маълум шуд, аз хушомаду шайтанатҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев будааст. Хуб, дигар муҳим нест, муҳим ин аст, ки як каламуши колхозӣ, ки бо дастони хадамоти русиву узбекӣ овардаву бар рағм ва бар қасд ва бар муқобили рӯшанфикрону озодихоҳону истиқлолталабони милливу мардумиву мазҳабӣ бар раъси қудрат нишонида шуд, фақат ба хотири онки тарафдори коммунистҳо ва русҳо ва СССР буд, имрӯз шудааст, Асосгузору Пешво.

“Ин ки Эмомалӣ Раҳмонов, зишттар, пасттар, палидтар, нафратангезтар, дуздтар аз Назарбоев аст, ба ҳама маълум аст. Аммо ҳол, ки дар сари қудрат аст атомирхоҷаҳо, абдуллороҳнамо ва амсолуҳум аз вай ба унвони давлатмадору давлатсозу байналмилаливу фаромилливу ҷаҳониву амнияту осудагиву боз чи сифатҳое, ки дар асл ба вай сидқ намекунад, мутамаллиқона ситоиш мекунанд ва ин сифотро ба ҳадди иғроқу ғулув мекашонанд, ҳамчуноне Мирхоҷа навишт, ки ҳар сол, ки Раҳмонов паём ироа кард Путину Син Ҷин Пину Трамп кору борашонро яксӯ гузошта наздики се соат онро гӯш мекунанд.”

Аммо воқеият ин аст, ки ин Пешво ва он Элбасӣ ва дигару дигараш дар ҳукми як губернатореанд, фаразан дар Омс ё Мурманск, ки ҳар аз гоҳе Путин хост аз гӯшашон мегираду ба ошғолдон парташон мекунанд.

Владимир Путин, вақте гуфт, ки Эмомалӣ Шарипович баъди ҷаласа бо ман тамос бигир, Эмомалӣ Раҳмонов дар эзораш тар кард. Путин ҳар гоҳ бихоҳад бо Раҳмонов телефонӣ сӯҳбат мекунад ва ниёзе барои эълони он набуд. Аммо ин эълон, ки ба ман занг зан маъниҳое дорад, аз ҳама пештар Роҳнамо мефаҳмад.

Инки СПАД ҷиҳати саркӯби «террорист»(?)-ҳо вориди Қазоқистон шуд, дар асл Путин буд, ки гуфт, ҳар гоҳе лозим шуд шумоҳоро метозаму медарронам. Ин на барои он буд, ки ба Раҳмонов гуфта бошад ва ё итминон дода бошад, ки «ман дар пуштат ҳастам». Дуруст баракс. Рамзу розаш ин аст ки «аз қудрат сарнагунат мекунам ва ҳам боз Нерӯҳои посдори сулҳамро медарорам, ки ҷонбароиятро ҳам тамошо кунам».

Путин бо ворид кардани КСМ-и ОДКБ (Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД) қуввае, ки ҳеҷ санад ва эътирофу байналмилалӣ надорад, на фақат ҷанозаи Назарбоевро хонд, ба Раҳмонов ҳам гуфт, ки «ҳушата гӯ бар сарат биёяд. Ман дар минтақаи таҳти нуфузам, ман дар қаламрави манофеи стратегиам, оромиву сабот мехоҳам, на инки ҳукумати маврусӣ ва «очаг сопротивление» ва « горячие точки»-и эҳтимолӣ».

 ” Русҳо ва Русия барои истиқрору истеҳкоми ҳукумати Эммалӣ Раҳмонов ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам моли зиёд додаанд ва инки Раҳмонов минтақаи нуфузи Русияро ба як «корхонаи шахсӣ» табдил кардааст, розӣ нест. Раҳмонов дер давом нахоҳад овард ва нақшаву нияти овардани Рустам ба ҷойи худаш ва худашро Асосгузор эълон кардану то охири умр аз ҳисоби халқу давлат хӯрдану нӯшидану хуспиданашро иншоаллоҳ ба гӯр хоҳад бурд.”

Ҳоло, бубинед, ки Назарбоев чи шуду Тимур Кулибоеви домодашу Дариғаи духтарашу дигар домоду духтарҳову хешу таборҳояш ,ки мисли кана дар ҷисму ҷони миллати қазоқ часпида хуни онҳоро мемакиданд.

Дақиқан ин сарнавишти нангин ва ин бешарафиву бешарофатӣ болои Раҳмонов, Зоир Соҳибов, Ҷамолиддин Нуралиев, Озода Раҳмонова,Рустами Эмомалӣ ва бақия домодҳои расмиву ғайрирасмии бешумораш такрор хоҳад шуд. Шак ва тардид надошта бошед.

“Бубинед, ки ҳамин фарз кардем, як моҳи пеш ва ё чил рӯзи пеш Нурсултон Назарбоев-Элбассӣ, «якумрӣ» кӣ буду имрӯз чи ҳолу аҳвол дорад. Мегӯяд ман як «пенсионерам».Чил рӯз пеш ҳамин тавр мегуфт? Мисли як хук рафт Санкт-Петербург барои ширкат дар нишасти сарони давлатҳо. Вай, ки раиси ҷумҳурӣ нест.”

Як инсон то чи ҳад пуррӯ ва бешарму ҳаё мешавад, ки на худашро, на халқашро, на раиси ҷумҳурии ҳатто худаш таъинкардаашро ва на ҳамон ба истилоҳ «коллегия»ҳояш аз дигар давлатҳоро. Тоқаев мисли як пирарӯс буду халос. Ҳоло, ҳамту барои андеша. Аагар тамоми давлатҳои узви ИДМ айни ҳамин кори Назарбоевро кунанд, яктоӣ Элбасӣ-Пешво ва яктоӣ раиси ҷумҳурӣ ба ҷаласаҳо бираванд? Раҳмонов ҳам мехоҳад худро Асосгузор кунаду Рустамро раиси ҷумҳурии намоишӣ. Хуб, дар ин миён обрӯву эътибори давлат ва халқ чӣ мешавад?

Парлумони Қзоқистон дуруст кард, ки тамоми ановину рутбаи ин Диктатори дуздро фасху лағву салбу ҳазф кард.

Беҳтар ва дурустташ ҳам ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов шароитро то ба ин ҳад нарасонад ва худаш довталабона дар як суханронии пурмуҳтаво аз ин ҳама имтиёзот, аз номи Пешвои миллат даст кашад ,гӯяд, ки қонуни Асосгузорро нобуд кунед, Рустамро ҳам бараду ба ҳамон аспу футболаш бисупорад. Аз ин беш худрову халқро дар азобу азият намонад.

-Номеру прававу техталонро аз Фарозу Шамсулло баргардонад ба ГАИ.

-Шираи камолро ҳам. Лабораторияҳои Фарозро аз бемористонҳо дафъ кунад.

-Билети ҳавопаймоҳоро аз Зарифбеку Таҳмина баргардонад ба худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ.

-Роҳи Душанбе-Чанақро ба ҳолати пешинааш барградонад ва аз тасарруфи IRS-раҳо кунад, бепул шавад ин роҳи халқ ва пули то ин вақт ҷамъоварикарда аз ин роҳоро аз Спитаменбанк, суратҳисобҳои оффшорӣ (дуздӣ) оварда қарзи давлати Чинро аз ин ҳисобҳо баргардонад.

-Хуллас, тамоми дуздиҳояш, ба шумули ҳамин пулҳои дуздидаи РоғунГЭСстройи Ҳасан Асадуллозода аз нерӯгоҳи Роғунро баргардонад. Ва, боз садҳову ҳазорҳо дуздиҳои дигарашро баргардонад ва давлату халқ-соҳибони асосӣ бидиҳад.

Сӣ сол, хӯрдӣ, бурдӣ, дуздидӣ, бас аст!! Як бор фикр кун, ба он чизҳое, ба он боигарие даст ёфтӣ, ки дар гӯшаи хиёлат набуд ва ҳатто хобашро ҳам намедидӣ. Бо хоҳиши худ бирав, то як рӯз халқ нахезаду рав нагӯяд! Гӯли абдуллороҳнамоҳо, ссятимовҳо ва дигару дигарашро нахур. Ҳатто ба ҳамин депутатҳои сохтагии худат ҳам умед мабанд. Бубин, ки ҳамин депутатҳои қазоқ ҳам одамҳои Элбасӣ буданд. Имрӯз ҳама бо як овоз на унвони элбасиашро монданду на «модомулумриаш»-ро. Дар болояш хати бутлон кашиданд. Гуфтанд, ки гум шав, дафъ шав, ки на афтатро бинем,на андоматро на номатро бишнавем!!!

Барои ҳамин, баъди хондани ин матлаб ва тамошои навор, дар як хонаи танҳо дарову як чойи талх фармову бо ҳарду дастат саратро қапу сахт андеша кун! Вақти Элбасӣ -Пешво буданат равӣ хуб аст ё истиву истиву ҷони ҳамаро ба лабаш оварда эшакбашӣ шуда, расвову радди маърака шуда равӣ нағзтар аст? Хуб, андеша кун. Ба хулосаи даркорӣ биё!!Чунки дар ягон давру замон фиребгар, ҳақи мардумхӯр, дурӯғгу, ситамгар ва дузд обрӯ нагирифтааст, ки ту бигирӣ. Имрӯз болои давлатӣ, фардо, ки ба чоҳи яъсу номуродӣ, чуноне, Элбасӣ афтидааст, парт шавӣ чи хоҳӣ кард? Бовар кун, Зарифбек сраза Таҳминаро талоқ медиҳаду Рамз Заринаро

“Инки имрӯз ба аҳли авлодат сомониҳоятонро, баъзе чизу чораҳоятонро фурӯхтаву доллар карда истодаед, ҳама хабар дорад. Аз онки «охранаат»-ро се рӯз пасу ду рӯз пас иваз карда истодаӣ, фоидаат намекунад. Афзоиши парвозҳои чартерӣ ба самти Хитойро роҳи халосӣ медони. Хитой туро қабул намекунад, то ҳол касеро қабул накардааст, ки туро кунад.”

Ва, дар охир аз Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳам ба ин саволам ҷавоб диҳад. Чаро талабу дархости эътирозгарон дар робита ба поён додани ҳузури Назарбоев дар қудрат билодиранг аз тарафи Тоқаев қабул шуд ва шуда истодааст. Баҳонаи муътаризини қазоқ   гаронии маводди сӯхт буд, ки онҳо ба хиёбонҳо баромаданд. Вале онҳо истеъфои Назарбоевро талаб карданд. Чаро?  Чаро Тоқаверо истеъфо нахостанд? Чунки Назарбоев аз курсӣ рафта бошад ҳам аммо қудратро дар дасташ нигоҳ дошта буд. Вай рафту ҳам нарафт, ҳамчуноне ту нақшаву ният дорӣ, ҳам равиву ҳам наравӣ, ҳамаро гӯлу гарангу ъангу аблаҳу аҳмақ фарз кунӣ! Пеш аз ҳама халқи худатро!  Назарбоев гӯиё рафт, такрор мекунам, гӯиё рафт, аммо аъзои хонаводааш ҳамоно истода буданд. Ана аз ин ҷиҳат аст, ки имрӯз бо камоли майл ва бо қаноату ризоияти тамом Қосим-Ҷомарт Тоқаев бозмондаҳои Нурсултонро ронда истодааст. Мудири ширкати духтари Назарбоев худкушӣ кард, ҳеҷ медонӣ чаро? Ба баёни дигар ин хунҳои рехта ва ҷонҳои қурбоншуда амалан ва воқеан бар манфиати Тоқаев ба анҷом расид ва ин имрӯз на танҳо халқ, ин Путин ва ин Тоқаев астанд, ки аз Назарбоев халос мешаванд. Ва, бубинед ҳоло нафрати Тоқаев, нафаре, ки худи Назарбоев «одам» кард, дар баробари Назарбоев ба ҳадде аст ки ҳатто забонаш пеш намеравад, номи пойтахти кишварашро ба забон оварад, «Нурсултон»  намегӯяд, «пойтахт»-у «пойтахти кишвар» мегӯяд.

Ин хеле маънову мантиқу мазмун дорад…..

Total
19
Shares
Related Posts