Дар роҳи Худо, муқобили маҷро

Ислоҳ нет

Азамату бузургии инсонҳоеро, ки бо онҳо будед, якҷоя зиндагӣ мекардед, дар дастрасатон қарор доштанд, замоне дарк мекунеду мефаҳмед, ки дигар бо шумо нестанд, ба макони дастнорас рафтаанд, аз даст додаед. Бахусус, ки ин гуна инсонҳо аз шумори азизони наздики шумо, масалан бародар, хоҳар, модар ва ё падари шумо бошанд.

“Се сол мешавад, ки дигар падари бузургворамро надорам. Вай ба дорулбақо рафтааст. Худобиомурз бегоҳи ҷумъа шаби 21 уми марти соли 2019 ин оламро падруд гуфтанд. Аллоҳи меҳрубон манзили охираташро дар яке аз гӯристонҳои мусалмонони Лаҳистон, дар 26-марти соли 2019 муайян кард. Ҳазорҳо мил дур аз ватанаш. ” 

Падари ман, ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода,68 сол дошт, ки даъвати илоҳиро лаббайк гуфт. Вай як инсони маъмуливу муқаррарӣ набуд. Азамат ва бузургии вай ҳам дар ҳамин буд, ки аз ҳамон сини ҷавонӣ, роҳеро интихоб карду рафт, ки дар афсонаҳо он роҳро роҳи пурхатар ва саъбулубур мегӯянд. Он роҳро танҳо ӯ ва ҳаммонандони ӯ интихоб мекунанд, чунки ба дурустӣ ва ҳақиқати он роҳ имон доранд.

  ” Имрӯзҳо, ки сарнавишти вай, қисмати пур аз достону ҳикоёти вайро дар худам ва зиндагиам таҷриба мекунам, Худоро гувоҳ мегирам, ки ӯ аз қаҳрамонони ростин ва аз соликони воқеии дини муҳаммадӣ аст.”

13 декабри соли 1992 бо аҳли байташ ватанро ба қасди Афғонистон тарк кард. Чун дигар ватанашро калоғону шағолон ишғол карданд ва ба хотири ҳифзи ҷону номуси худ ва хонаводааш ва муҳимтар аз ин, ба хотири идомаи муборизаҳои тамоми умраш, танҳо ҷилои ватан ягона роҳ монда буд. Қиссаи ин мусофирату муҳоҷират ва зиндагӣ дар Афғонистон хеле дароз аст. Аммо инро бигӯям ва тамоми онҳое, ки моро медонистанд, воқифанд, ки ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода ва аҳли байташ,ки банда ҳам узви ин хонадонам бо модару бародарону хоҳаронам аз Хостави Дарвоз то Хоҳони Афғонистон, ки роҳи хело пурхтар ва як одам имкони роҳ рафтанро дошт ва дар наздамон чандин афғониҳо бо хару аспҳояшон дар дарёи Омӯ ,ки 50 метр ва ҷоҳое бештар аз он иртифоъ дошт меафтоданд. Аммо мо роҳамонро идома медодему мерафтем. Мо,ки ҳаргиз гуруснагӣ, ташнагӣ ва камоӣ ва нодориро аслан надида будем. Пайваста аз падар мепурсидем дадаҷон кай хурок мехурем? Чун намедонистем,ки хурок ва ҷое,ки  хурок бояд хурем аслан вуҷуд надошт ва танҳо нон ва об бояд хурему тамом. Аммо як хислати хубе дар мардуми Афғон ин буд,ки аз ҳар касе мепурсидем,ки чи қадар то Хоҳон мондааст? Мегуфтанд камтар пас мерасед. Аммо дар ҳоле бояд 13 рӯз пиёда мерафтем. Ҳаргиз дилшакаста намекарданд,ки ҳоло хело дер аст , то Хоҳон. Муҳим ҳама ин роҳи пурхатарро тай намудем ва ба Хоҳон расидем. Каму беш аз як моҳ мондем дар Хоҳон ва пас аз муҳовала ва сӯй қасде падарам шуд дар Хоҳон,ки мехостанд ба ноҳияи Московский ,ки дақиқан аз он тарафи Хоҳон буд моро таслим менамуданд ва натавонистанд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳимояти моро ба уҳда гирифту тавассути ду ҳелекуптер (вертолёт) моро ба Тахор маркази Вилояти Толиқон расониданд.  Ҳамзамон бо расидан ба Тахор як ҳавлиеро хариданд. Падарам дар як ҷомадони калоне аз ватан бо худ валюта оварда буд. Чун он солҳо доллар намегуфтанд волюта мегуфтанд. Дар роҳ чанд бор маро таъкид кард,ки агар чизе бо ман шуд,ин ҷомадонро эҳтиёт кун,василаи зиндагиатон мешавад. Ёдам ҳаст, ки баъди чанде ба ин ҳавлии мо зану фарзандони устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омаданд ва мо то як муддат бо ҳам зиндагӣ мекардем.

Соли 1973, дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ дар Қурғонтеппа дар манзили Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода нахустин ҷаласаи муассисони созмоне баргузор шуд,ки ин созмон баъдҳо ба як ҳизби муқтадири сиёсӣ-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бадал шуд. Ҳизбе, ки тӯли камтар аз 20 соли фаъолиятҳои зеризаминиву аланӣ тавонист дар сиёсати давлат нуфуз кунад, беш аз ин нисфе аз идораи давлатро дар ихтиёр бигирад. Ва, инки мегӯям, падарам дар шумори бузургону қудратмандон қарор дошт ва як инсони қаториву одӣ набуд ба ҳамин ҷиҳат аст. Онҳо панҷ ёри мубориз, муассисони ҲНИТ, таҳти раёсати устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ корҳое карданд, ки имрӯз бештар ба афсона мемонад. Онҳо танҳо муллобача буданд. Дипломи олии донишгоҳро падарам баъдан гирифт. Вале, ҳоло вақте барои онҳо ва кору пайкорашон андеша мекунам ва бо шароити имрӯзи худам ва дӯстонам ва ҳамталошонам муқоиса мекунам, боварам намеояд, агарчи хеле аз ин ҳама ҳаводису таҳаввулот дар пеши чашми худи ман руй додааст.

Падарам,ба унвони яке аз муассисони ҳаракати исломӣ ва яке аз муборизони сарсупурда дар ин роҳ дар Афғонистон дар назди роҳбарияти ин кишвар устоди шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид Амир Исмоилхон ва дигарон эҳтирому эътибори хосе дошт. Бахусус Амир Исмоилхон ӯро сахт эҳтиром мекард.Падарам соли 1994 ба Ҳирот омад ва дар онҷо чаҳор дӯкони умдафурӯшӣ хариду фаъол кард. Даромади моҳиёнааш на камтар аз 50.000 доллар буд. Ба ростӣ, вай дар Тоҷикистон ҳам нафари доранда буд. Садҳо нафар аз муллобачаҳоро таъмин мекард, барояшон ҳам дар Қурғонтеппа ва ҳам дар Душанбе беш аз 20 хона харида дода буд, то бо хотири ҷамъ дар назди домуллоҳо ва муддарисин улуми исломӣ биомӯзанд. Вай дар роҳи эҳё ва истиқрори динаш аз ҳеҷ чиз дареғ намедошт. Омода буд тамоми дору мадорашро дар ин роҳ харҷ кунад.

Аз ман ва аз корҳои ман бисёр розӣ ва қонеъ буд. Маро ба унвони фарзанди бузургаш ва инки роҳи ӯро идома додам, бисёр ҳам дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Вақте ба нашру чопи кутуби шаръӣ шурӯъ кардам, бисёр ҳам хурсанд буд. Мегуфт, ки Аллоҳи меҳрубон ҳатмани ҳатман ин ҳама заҳамоти туро беподош намегузорад.

  ” Вай дар соли 2017 дигарбора ночор шуд, ки тарки кишвар кунад. Чун «давлатсозон» ва нукарону чокарони онҳо имкони зиндагиро аз ӯ гирифтанд. Вай беш аз 100 маротиба ба умури дохила ва амният кашонида шуда пайваста мавриди азият ва озор қарор мегирифт. Ҳатто бар асари ин шаллоқҳо саломатиашро аз даст дод, инсулт гирифт. “

Аллоҳи пок хонаи охираташро мунаввар ва муаттар гардонида бошад, бо вуҷуди ин ҳама азобу азият, ба ҳеҷ ваҷҳ бар дурустии роҳаш хаста ва дудила нашуда буд. Вай сактаи қалбӣ гирифту бемору бистарӣ шуд, вале сари мӯе сар хам накард. Бо дили чоку кашол-кашол тарки ватан кард. Гуфт зиндагӣ дар ғурбат афзалтар аст аз гузаронидани он дар ғуломиву даступобастагӣ. Руҳашро, ҷисмашро гирифту баромад, гуфт озодӣ ба ҳеҷ қимате муомила намешавад ва дар сари пиронсолӣ ғарибиро ихтиёр кард. Вай тамоми умр ҳамин тавр буд. Ҳеҷ гоҳ афкору ақида ва мавеъашро тағйир накард, напӯшонд. Вақте кормандони КГБ дар соли 1985 хонаамонро «обиск» карданд, ёдам ҳаст ба тамоми саволҳои онҳо рӯирост ҷавоб медоду онҳо мегуфтанд, ки «ин одам барои бадарға шудан ба Сибир» худаш ёрӣ дода истодааст.  Ҳарчи мепурсиданд аз ӯ мегуфт : “бале намоз мехонад, бале мутадаййин аст, бале радиоҳои хориҷӣ гӯш мекунад, бале муқобили фиристодан ҷавонони мусалмони тоҷик ба ҷанги Афғонистон аст».

 “Вай, ҳеҷ гоҳ пинҳон накарда буд, ки муқобили маҷро ва дар роҳи Худо аст. Таъкид ва тавсияаш ба ман ва боқии фарзандонаш ҳам ҳамин буд, ки ҳеҷ гоҳ аз ин роҳ мунсариф нашавем ва ҳеҷ шубҳае ба дурустии ин роҳ надошта бошем.”

Чанд муддате пеш аз бозгашт аз ҳиҷрати дар Афғонистон дар Мазори шариф дар назди як қабристони маркази шаҳри Мазории Шариф,ки бо номи Хоҷа обҷӯш ном дошт ба 46.000 доллар хона харид. Самти мазорро дар имтидоди 40 метр девор бардошт. Ҳавлиро таъмири куллӣ (капиталний ремонт) кард. Дар он хона ду сол бештар зиндагони карданд. Вақте бозгаштем 140.000 доллар  он хонаро фурӯхт. Падарам аз ҳеҷ чизи дунё кам надошт. Ҳатто дар ҳамон муҳоҷират ҳам. Моро ҳам серу пур бузург кард.

    “Бо далоили маълум дар маросими хоксупориаш ширкат накардам. То ба имрӯз ва то ба охири умр аз дӯстону бародаронам, ки дӯстону бародарон ва раҳравони сулуки вай буданд, миннатдорам, ки бо адои тамоми фароиз тадфину такфин кардаву ба манзили охират, ба дунёи абадӣ бадрақааш карданд. Ба монанди Эшони Давлатхӯҷа, Домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ, Эшони Абдусаттор Бобоев , Домулло Исломҷони Саид, Муаллим Ҷумъа ва бародар Нуруллоҳ ва дигар бародароне дар ин маросими ташеъ ҷаноза иштирок намуданд.”

Вай дар ҳиҷрати дуввумаш, дар дори ғурбат,ки чизе бештар аз ду сол идома кард бемор ва рӯйи ҷогаҳ буд. Ҳар гоҳе ҳамроҳаш сӯҳбат мекардам, пинҳон намедошт, ки аз доштани ман ифтихор мекунад. На танҳо ба ҳайси писари бузургаш,ки табъан меҳру муҳаббате ҷудогона дар қалби волидонро дорад, бештар аз он ҷиҳат, ки роҳи ӯро давом медиҳам, барои интишори маорифи исломӣ, нашру чопи осори бузургони исломӣ хурсанд   ва қонеъ буд. Ҳамеша дар ҳақи ман ва боқии раҳравони ин роҳ дуои хайр мекард.

Бо ин роҳ ба Парвардигорат қурбат хоҳӣ ёфт. Мегуфт ҳар коре мекунӣ, бале, зиндагӣ ҳаст, хӯрдан пӯшидан истироҳату фароғат аммо барои касби ризои Худо ва аз рӯи сидқу ихлос ва ишқу муҳаббат ба дини Худо бояд анҷом бидиҳӣ. Вай мегуфт дар иҷрои ин роҳ ба ҳар мушкилу душворӣ ва ҳам пеш гирифтор шавӣ, ғусса нахур. Аз ҳеҷ касе ҳеҷ таваққуъе надошта бош дар шинохти дӯсту душман иштибоҳ накун! Мубориза ва алайҳи маҷро кори саҳлу осоне нест, ҳар мусибат ва мушкилоте бароят расид онро ба хубӣ таҳаммул кун ва собир бош аҷрат назди Аллоҳ аст.

Марги устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи  Нуриро бисёр ҳам ба дард қабул кард. Сахт мегирист. Чанд рӯз ба ҷуз аз обу чой чизе хӯрда натавонист. Падарам устодро на фақат эҳтиром мекард, бисёр дӯсташ медошт. Аммо як чизро бигӯям, ки падарам ба Раҳмонов сахт нафрат дошт. Ба устод мегуфт, ки Домулло ҳеҷ гоҳ ба вай бовар карда наметавонам. Дилаш намешуд бигӯяд, ки шумо ва сулҳи шуморо фиреб медиҳад. Вале, Худову ростӣ, ва наздикони падарам ҳам медонистанд, ки аслан ба Раҳмонов бовар надошт. Мегуфт вай имон надорад, имон, ки надорад, аҳду қавл ҳам надорад. Ҳеҷ гоҳ ихтилоф миёни ҳамҳизбиёнашро қабул надошт ва ҳеҷ гоҳ ҷудоиро интихоб намекард. Хуб ёд дорам ба Ҳирот аз афроде ҳоло дар ҳукумати Раҳмонов ҷойгоҳи бадеро доранд омаданд,ки биё мо ҷудо мешавем ва гурӯҳи худро ташкил мекунем рӯй рост гуфт : “шумо меҳмонед ва ҳурмати меҳмониятонро донед ва ман ҳаргиз ҷудо аз ин ҳаракат ҳаракати дигаре нахоҳам дошт. Дар ҳоле ҳама имконотро ҳам дошт ва нуфӯзи ҷойгоҳи ин тарҳро ҳам амалӣ карданро ҳам дошт. Чун медонистанд,ки Амир Исмоилхон пурра дастгирияш мекард ва ин тарҳҳо амалӣ метавонист кунад. Инчунин пас аз имзои созишномаи сулҳ хуб дар ёд дорам,ки Мулло Абдурраҳим Каримов бо се нафари дигар, ки дӯст намедорам номҳояшонро зикр кунам ба Мазори Шариф омаданд махсӯс барои ин тарҳ. Субҳ буд Абдурраҳим Каримов бо ман каме дар масоили шаръӣ баҳс кардем ва чанд иштибоҳ кард дар ҳол гуфтам, на ин чунин аст ва фаҳматон иштибоҳ аст. Эшони Қиёмиддини Ғози ҳам бо ӯ буд ва як нафари дигар,ки исмашро набарам беҳтар аст. Ба падарам пешниҳод карданд,ки мо мехоҳем аз Нурӣ ҷудо шавем ва ӯ бо Раҳмонов сулҳ кардааст мехоҳем як гурӯҳи ҷадидеро ташкил кунем ва муборизаро идома диҳем. Дар ин кор шумо ҷойгоҳи мардуми доред ва имкони пеш бурдани ин тарҳро ба хубӣ метавонем анҷом диҳем. Хуб фаҳмидед инҷо чӣ тарҳе аст? Абдурраҳим аз Кулоб Эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз Ғозималик ва он нафари севвум,ки каме нуфӯз дошт бо падарам метавонистанд як гурӯҳи хуберо роҳандозӣ ва идомаи корзорро дунбол диҳанд. Падарам ба Амир Исмоилхон тамоси мухобиравӣ карданд ва Амир Исмоилхон гуфтанд ҳоҷи соҳиб аз тарафи ман ҳар хидмате бошад мо омодаем кумак намоем. Устод Ато,ки он замон қумондонии амнияи Мазори Шарифро ба уҳда доштанд тамос гирифтанд он кас ҳам гуфтанд бо Дустум дар миён мегузорем вале Амир Исмоилхон тоҷик аст ва бештар ба он кас такя кунед дар ин тарҳ. Аммо устод Ато гуфтанд ман ончи метавонам дар ҳамроҳи бо Амир Исмоилхон кумак мекунам. Устод Ато он солҳо онқадар нуфӯзу ҷойгоҳи вижае надоштанд дар Афғонистон. Ҳарсе хело хушҳол буданд,ки корро шурӯъ мекунем. Падарам гуфт шурӯъ кардем вале Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд мухолифи ин тарҳ мебошанд ва комёбии мо намедонам то чӣ андоза пеш меравад. Чун самти шимол дар қабзаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва шурои наззор мебошад. Ман мухолифи Раҳмонов ҳастам ва медонам ӯ фиребамон медиҳад вале инҷо ин сулҳро набояд дигар зери суол барем. Имзои ин созишнома ва кафилони сулҳ бояд назорат бубаранд ва фиреби Раҳмонов инҷо камтар бояд бошад ва ин кишварҳо намегузоранд ин қадар заҳмат зери суол бурда шавад. Дар се рӯз 350 разманда омода карда буданд ва омода ба пайкор буданд. Пас аз зуҳр аз берун бо як муҳофизашон рафтанд се соат набуданд ва аниқ кадом мулоқоте анҷом доданду баргаштанд хона. Нишастанду Мулло Абдурраҳим пурсид чи шуд ҳама хуб аст ин шо Аллоҳ? Падарам каме чизе нагуфтанду гуфтанд: ман дигар ҷанг намекунам ва ин сулҳро агарчи медонам ниҳояташ ғиром асту фиреб аст. Чорае надорем ва ман дар ин тарҳ нестам бо шумо. Қиёмиддини Ғозӣ шурӯъ кард ба ҳар гап гуфтан. Ман гуфта будам ин бо Нурӣ аст ва ӯро хиёнат намекунад вале Мулло Абдурраҳим пофишорӣ кард,ки на чунин нест ва ӯ норозӣ ҳаст. Муҳим ним соат ҳам наистоданд ин се нафар нишастанду рафтанд ба Толиқон. Ҳатто шабашонро рӯз ҳам накарданду баромаданд. Пеш аз баромадан Мулло Абдурраҳим гуфт: “ин гапҳо монад инҷо,то боз Нурӣ нафаҳмад. Инхел нашуд он тарафашро қапем боз аз он тарафаш ҳам намонем.!

Хуб медонам баъзе аз бақоёи ин афроди дар боло исмҳояшонро гирифта метозанд вале ҳақиқат бояд гуфта шавад. Агар нагӯем ин мақтаъи таърих барои ҳамеша пинҳон мемонад ва шахсиятҳо ношинохта мемонанд. Ҳама ончӣ таърихи воқеъӣ аст бояд ба миллат ва мардум гуфта шавад.  

Аммо имрӯзҳо мебинам ин гиряҳои Мулло Абдурраҳимро ба Худо хандаам мегирад. Аввал кофир муртад мушрик мегуфт баъд Раҳмонов мегуфт. Худо биомӯрзӣ Эшони Қиёмиддин ҳам дар Тоҷикистон шурӯъ карда буд ба ҳарчи гуфтан алайҳи устод Нурӣ ва дигар ба ҳама маълум аст хушбоварӣ ба Раҳмонов ба чӣ расонид.

Падарам ҳамеша мегуфтанд: “писарам ҳаргиз хиёнат ба касе накун, зеро хиёнат кардӣ ҳатман хиёнат мешавӣ. Ҳар нофаҳмиро дар суҳбат ва гуфтугӯ метавон бартараф кард. Ҳар касе дар мавриди касе чизе гуфт дар ҳол бовар накун ва кушиш кун хунсардона ин суханро аз худаш пурсӣ. Ҳаргиз ба гуфти ҳеҷ касе тасмиматро нагир, то дақиқ накарди онро.”

Пештар, дар навиштаҳои қаблӣ дар бораи падарам гуфта будам, ки ҳеҷ натавонистам як чизе муносиби ӯ бинависам. Вай ҳамеша дар лабонаш табассум дошт. Табассуми зебо ва хоси лабони худаш.Беш аз пеш набуди ҳузури ӯ азиятам медиҳад.

Имрӯз 21 март аз даргузашти падарам се сол сипарӣ мешавад. Падарам ҳоҷӣ Қаландари Садруддин соли 2019 дар Лаҳистон, дар мулки ғарибӣ даъвати Аллоҳи меҳрубонро лаббайк гуфт. Вай бегоҳи ҷумъаи 21.03.2019 ба ҷавори ҳақ пайваст. Вай шикояташро назди аҳкамулҳокимин аз Раҳмонов-Фиръавни замони мо хоҳад кард. Мисли дигар шаҳидони тоҷик, мисли кушташудаҳои бегуноҳ дар зиндонҳои Раҳмонов

Нидои ҷонкоҳи занону модарон ва фарзандони ин мазлумин ҳам бо шикояти қиблагоҳам якҷо садо хоҳад дод ва ӯро ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Дар солгарди саввуми реҳлаташон ҳама аҳли оила якҷо шудему барояш ашк рехтему аз ӯ ёди хайре кардем. Падари бузургвор! Ҳеҷ саҷдае аз ман бе дуъо дар ҳаққат нест ва ҳама фарзандонат якҷо бо модар дар фироқат месӯзем. Ҳатман мо он роҳе то охир нарасонидӣ тай хоҳем кард.

Руҳат шод ва хонаи охиратат обод бошад қиблагоҳи азизу як дарвозаи ҷаннатам….

Share This Article