Дар ноҳияи Панҷ подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор, муовин- «зам по опер» ва полковник Шокирзода Баҳром Хол, сардори шуъбаи милисаи ноҳия мебошанд. Аммо байни ин ду ҳамкорӣ неву рақобати шадид дар ҷараён аст. Гап сари он меравад, ки Қурбон(муовин) талош дорад, ки ҷойи Баҳром(сардор)-ро бигирад. Ин матлаберо, ки ҳоло мутолиа мекунед, ончуноне манобеъи мо муайян кард, маълумоту далелҳояшро Баҳром Шокирзода ба воситаи “одамҳо”-яш ба мо фиристодааст, то инки тавассути “Ислоҳ” аз ниятҳои Қурбон ҷилавгирӣ намояд.
Полковник Шокирзода Баҳром вазифаро пас аз барканории Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло- бародарзодаи Муҳаммадсаид Убайдуллоев соҳиб шуд.
“Шокирзода Баҳром Хол 56 сол дорад ва дар деҳаи Охсуи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз соли 1993 дар ВКД корро шурӯъ кардааст. Маълум аст,ки дар ин солҳо чи афрод ва шахсиятҳое дар ВКД ба кор омадаанд. Аз соли 1995 дар воҳиди низомии 3502 (аз Суҳроб Қосимов) корро оғоз намудааст. Ҳамеша ва дар ҳар куҷо худро ҷияни генерал Суҳроб Қосимов муаррифӣ намуда ба ғорати одамон ва таҷовузи духтарони ноболиг дар Душанбе, Варзоб, Ваҳдат ва Рудакӣ машгул буд. Қатли садҳо афроди мулкӣ, сокинони Душанбе, ВМБК ва манотиқи шарқии кишвар дар сияҳномаи ӯ сабт шудааст.”
Як ҳамсилоҳи собиқаш,ки феълан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад гуфт, ки Баҳром он солҳо бо як такаббур ва манманӣ мегуфтааст,ки
“агар ма як духтари ғармӣ ё шаҳрӣ накунам он рӯз безеб мегузарад. Ё инки агар натонистам карда бояд ягон ғармӣ ё помириеро азобу шиканҷа тиям, ки ором шавам.”
Ба гуфтаи ҳамин ҳамсилоҳаш “ҳамеша ҳар фармони қатл ё “безарар” гардонидан содир мешуд ӯ ин амалиётро бо се нафари дигар, ки намехоҳем номҳояшонро гӯем,ба ӯҳда мегирифт.Бераҳмона мекушт ва аслан раҳм ба ҳеҷ касе надошт. Ҳатто дар як амалиёт ба тарафи гаҳвора тир кушод вале дигар намедонем ҳоли он тифл чи шуд ва дар ҳол аз ҷои ҳодиса дур шудем. Мо шоҳиди ин ваҳшониятҳои ӯ ҳастем”
Ӯ чанд соле дар мақоми сардори милисаи фурудгоҳи Душанбе ҳам кор кардааст. Он солҳо дар иҳотаи муҳофизони мусаллаҳ ва бо як дабдабаву савлату салобат мегашт. Ба интиқоли маводи мухаддир ба Русия машғул буду ба ғорати рӯйрости мардуми оддӣ. Ӯ дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла дар отряди махсуси милисаи ШВКД дар Варзоб ва қисми низомии 3502 -и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон кор кардааст.
“Сипас ӯ дар мақомҳои сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, сардори ШВКД- ноҳияи Шаҳринав, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор фаъолият доштааст.”
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Шокирзода Баҳром Хол вақтҳои охир иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буда аст.
Шокирзода Баҳромро соли 2015 бо ҷурми гирифтани пора аз тарафи СБ МВД(Хадамоти амниятидохилии ВКД)дасгтир карда буданд аммо бо навиштани ариза бо хоҳиши худ аз вазифа рафта буд. Аммо як каме баъдтар бо дастгирии бевоситаи директори Агентии коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб (Саидов Фаттоҳ Ғоибович) Шокирзода Баҳром Хол ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии коррупсия таъин шуд (аҷоибаш ин аст ки сардори милисаро бо далелҳои равшан, бо порагирӣ аз тарафи СБ ВКД дастгир мекунанд, аммо ба баҳонаи он ки корманди “хизматнишондода” будааст, аз кор намеронанд, ба зиндон намекашанд, баракс ин қотили порахурро ба вазифаи болотар таъин мекунанд.
“Албатта, оиди ин ҳолат полковник Раҳмоналӣ Давлатов, сардори Раёсати Амнияти дохилии ВКД дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ баромад карда Фаттоҳ Саидовро танқид ҳам карда буд. Аммо директори Агентии мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов (падари Шоҳрух Саидов, дусти Рустами Эмомалӣ) шантажисти моҳир ва модари афёра ва интригаҳои махуф аз ӯ ҳамеша ёд мекунанд, Баҳром Шокирзодаро дастгирӣ кард. Чунки он вақтҳо Фатоҳ Саид бо президент Эмомалӣ Раҳмонов наздикии сахт дошт. Дар ҳол ин полковники бовиҷдони милиса Давлатов Раҳмоналиро (ҳол он ки ӯ акаи хусури Рустами Эмомалӣ аст) сиёҳ карда аз вазифаи сардори СБ МВД гирифта ба поён, яъне чуноне мегӯянд “понижений” ба мақоми сардори милисаи ноҳия Панҷакент бадарға кард. Айни замон полковник Давлатов Раҳмоналӣ сардори милисаи минтақаи Кулоб аст.”
Полковник Шокирзода Баҳром Хол дар соли 2021 сардори милисаи ноҳияи Панҷ таъин шуд. Вай аз “круг”-и Фаттоҳ Саид аст. Ва дар ин “круг” муовини сардори Хадамоти гумрук генерал Ҳурматов Ислом (домоди акаи президент) ва генерал Сафаров Хуршед (бачаи ошнои президент ва “сабутилник”-и ӯ Сафар Шералӣ ) ҳамагӣ аз Данғара буда хешу табор ва “ҳамкеш”-у ҳамахлоқи падари Шоҳрух Саидов мебошанд. Ин афрод барои вазифа ба ҳар номардӣ омодаанд, ҳатто барои сиёҳ кардани ҳамкор, рафиқ ё муовинонашон заррае виҷдон азобашон намедиҳад.
“Ҳаминро мегӯем, ки Шокирзода Баҳром нафари наздики Фаттоҳ Саид бо мусоидати Шоҳрух Саид ба ин вазифа таъин шудааст. Овардани Баҳром Шокирзода ба вазифаи сардори милисаи ноҳияи Панҷ, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошад бо ин мақсад аст ки канали интиқоли маводди мухаддири Шоҳрух Саидро контрол ва ҳимоят кунад.”
Тибқи маълумоти охири расида Баҳром Шокирзода ҳар ҳафта ба назди Фатоҳ Саид меомадааст: “ма ҳама вақт дар хидмати шумо ва Шоҳрухи ҷиян ҳастам ва чихеле ба Суҳроб Қосимов хизмат кадам шумода ҳаминхел хизмат мекунам. Қадри маро шумо донистед, на Рустам ва на Ҷаноб. Барои чанд суми пора қапиданма мара аз система берун кадан. Благодаря шумо ма зиндон нашудам ва то ҳозир дар миёни ин оила кор карда истодаам”
“Маълумоти амниятӣ ба “Ислоҳ” расида аз он ҳикоят мекунад, ки ин ҳама интригаҳои сиёҳ кардани муовинашро ба Баҳром Шокирзода Фаттоҳ Саид ёд додааст. Инчунин барои таъини ӯ ба ин мақом Шоҳрух чанд маротиба Рустамро фаҳмонида будааст, ки ин минтақа барои тиҷоратҳои мо муҳим аст ва Рустам ба ин пешниҳод розӣ шудааст. Ҳоло ба воситаи ҳар кас ба сиёҳ кардани муовинони худ шурӯъ кардааст.”
Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор, муовини Баҳром Шокирзода як дузд ва порахӯри дигар аст. Албатта вай бе супориши сардори милиса ягон кор карда наметавонад. Чуноне бе супориши Президент ягон кор намешавад бе супориши сардорони милиса, кормандони милиса ягон корро ҳал ва ё анҷом дода наметавонанд!!
Қурбони «замнач»-и Панҷ кист ва ба чӣ корҳо машғул аст?
Ё Ҷиноятҳои Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор
Моҳи апрели соли гузашта дар деҳаи Пограничний як ҷиноятро пинҳон карда хост сум кор кунад. Ин ҷиноят марбут аст ба таҷовуз ба номуси як арӯси ҷавон. Ному насаби ин духтарро намегӯем вале ӯро ду марди калонсол таҷовуз карданд. Он духтар бо шавҳараш милисахона рафта аз болои он ду мард шикоят мекунад.
Аммо Хайруллозода Қурбони «замнач» аризаро гирифта онро пинҳон месозад. Он ду нафар марди таҷовузкорро фарёд карда вазъиятро мефаҳмонад ва аз онҳо барои пӯшонидани ҷиноят пул талаб мекунад. Қурбон чунин корҳоро ба як кори маъмулӣ мубаддал кардааст. Вай дар байни мардуми инҷо чанднафарро ҳамчун «шестёрка» истифода мекунад.Ҳоло номи ҳамаи ин одамҳоро намегирем. Вале вақту соаташ ояд ҳатман мегӯем. Ин «шестёрка»-ҳо ҳамчун «посредник» ҳам кор мекунанд.Мегӯяд, ки бираведу гапзанон кунед,«соҳибош кати суҳбат куне, пулшон мекунем».
Яке аз рафиқони беҳтарини Қурбон Ҳамза гуфтанӣ шахс аст. Вай раиси корхонаи пахтаи ноҳия Панҷ ва одами ҳоҷӣ Раҳматулло, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тамоми заминҳои Пограничний аз они ҳамин одам аст. Мардуми инҷо ранги ғулом ва Ҳамза мисли фиръавнча мебошанд. (Хуб диққат диҳед Ҳамза одами Ҳасан Асадуллозода аст ва ба “круг”-и сардори милиса хуш намеояд ва бояд ӯро аз ин ноҳия дур кунанд. Бори дигар мегӯем, ки диққат диҳед ба интригаҳои дохилии инҳо. Чи хел кор мехоҳанд кунанд дар ноҳияи Панҷ.)
Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор он арӯси ҷавонро ба шӯъбаи милиса меоварад. Он ду нафарро ҳам даъват карда меоварад ва мурданивор латту кӯб мекунад. Баъд Ҳамзаро мефармояд, ки биравад бо ин ду нафар маслиҳат карда пулашонро гирад, ҷавобашон медиҳем. Ҳамза, ки раиси ин ду нафар будааст ҳам аз онҳо сум мекунад ва ҳам муттаҳам карда ғуломвор кор мефармояд. Онҳоро «отдел» меоварад, мегӯяд, ки ҳар кадомат 50.000 сомонӣ зуд оваред, вагарна 12 солӣ зиндон мешавед. Онҳо мераванд вале ин қадар сумро пайдо карда наметавонанд. Онҳоро ҳаррӯз даъват карда, ба «подвал» дароварда мезананд.Маҷбур мешаванд,гову чизу чораҳояшонро мефурӯшанду 15-20.000 сомонӣ меоранд. Мегӯянд, ки дигар наёфтем, ҳамин қадар пайдо кардем. Вале онҳоро боз маҷбур мекунанд, ки рафта боқии пулро биёранд. Онҳо дигар ночор мешаванд мераванд идораи коррупсия ва ҳолатро ҳикоят мекунанд.
Аз коррупсия ба онҳо пул дода мегӯянд, ки раванду бигӯянд, ки пулро ёфтем, омада гиранд. Ин ҳодиса моҳи рамазон руй дода буд. Ин вақт дар Ворухи Исфара ҷанг бо қирғизҳо сар мешавад. Подполковник Хайруллозода Қурбон Сатторро бо ҳамроҳии дигар милисаҳо шабошаб Ворух «отправка» мекунанд.
“Саҳар Ҳамза пулро аз инҳо гирифтанӣ мешавад. Ҳамза пулро мегирад, кормандони коррупсия ӯро қапида ба дастонаш «наручник» мезананд. Ҳамза мегӯяд, ки ман ин пулро бояд ба подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор бидиҳам. Мегӯянд, ки занг зан, Қурбон омада сумро бигирад. Қурбон дар ҷавоби Ҳамза мегӯяд, ки ман дар Ворух ҳастам, омадан наметавонам. Кормандони идораи коррупсия Ҳамзаро бо худ ба Бохтар- маркази вилояти Хатлон мебаранд. Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳи Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, ки Ҳамза коргари вай мебошад аз дастгир шудани Ҳамза бохабар мешавад. Идораи Агентии коррупсияи вилоят омада мегӯяд, ки Ҳамзаро зуд сар диҳед, чунки Ҳамза на танҳо коргар, ҳамчунин бойфренди Раҳматуллоҳ будааст.”
(дар мавриди амалҳои нангини Раҳматулло даҳҳо далоил вуҷуд дорад, ки ӯ чунин амалҳоро анҷом медодааст. Шавоҳиди зинда бо эътирофоти онҳо дар “Ислоҳ” вуҷуд дорад. Каме аз онро мегузорем ,то дигар шакку шубҳае надошта бошед. )
Аммо дар ин мобайн як “генерал Фатҳулло” , муовини сардори Раёсати милисаи вилояти Хатлон, ки тағои подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор мебошад аз ҳодиса бохабар мешавад. Вай «криша»-и Қурбони ҷиянаш аст. Қурбон барои вай ҳам «кор» мекардааст, чунки Фатҳулло барои Қурбон «воля»-и зиёд додагӣ аст. Барои ҳамин аст ки кораш фақат «безпредел»-ӣ аст. Қурбон на сардори худ, на прокурору суд, на раиси ноҳия ва на ҳеҷ касро «признават» намекунад. Чизеро, ки хоҳад ҳамонро мекунад. Гӯиё ягон кори ӯро мақомот намебинад. Вай ду “дело” дорад: яке барои маводди мухаддир ва дуввум барои ришва, аммо ҳоло ҳам муовини сардори милисаи Панҷ аст. Ба баҳонаи бизнеси пахта наркотик савдо мекунад. Ба Москваи Русия мефиристанд.
“Аз сарҳади Панҷ Хайруллозода Қурбон Саттор худаш «бор»-ро мегирад. Қурбон дар Панҷ тавре мегардад, ки гӯиё ин ноҳия барои вай аз падараш мерос монда бошад. Вай ба баҳонаи шикор меравад ба сарҳад ва наркотикро мегирад. Қурбон дар ҳақиқат наркобизнеси калон аст. Тамоми «бор»-и Панҷ ба воситаи Қурбон аз ноҳияи берун мебарояд. Бо ҳамроҳии «шестерка»-ҳояш шабҳо шабнишинӣ ташкил мекунад ва духтарони ноболиғро бо пулу бо ягон чизи дигар фиреб дода меорад ва онҳоро водор месозад, «голий» шуда дар пеши онҳо рақс кунанд. Худашон арақу банг зада сипас бо онҳо ҳамхоба мешаванд. Қурбон як педофил аст. Инро ҳама медонад. Ба номуси кудакҳо мерасад. Аҷобат дар ин аст ки амнияти ин ҳукумат агар як кас мабодо як «лайк» мондаву дар сайёраи марс ҳам бошад ӯро пайдо ва дастгир мекунад.”
Аммо подполковник Хайруллозода Қурбон Саттори замначро намебинад. Мегуянд, ки сардори амнияти ноҳия як каме инсони худотарсу ботақво аст аммо чаро ин ҳама корҳои Қурбонро намебинад, ҳама ҳайрон мешаванд. Мо аз амният хоҳишамон ин аст ки ин корро бубинанд.
“Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор ҳам ришва мегирад, ҳам «подстава» мекунад, ҳам ноболиғонро таҷовуз ва ҳам наркотик мефурӯшад. Як ҷинояткори гузаро аст аммо касе онро намебинад. ( ин ҳама суханинони Баҳром Шокирзода аст,ки хостааст тавассути “Ислоҳ” муовинашро аз кор барканаор кунад)”
Дар мсалаи Қурбон Хайруллозода маълумотҳои воқеъӣ аз кругҳои худашон дар ҳолати сархушияш расидааст,ки чунин гуфтааст: “пеш мегуфтанд Панҷ ҷой пулкоркунӣ ҳаст бовар намекадам. Масалан у ҳафта одамои полковникро қапидем 15 кг героин кати. Вақте пресшон кадем гуфтанд илтимос 3 кг нависен дигарша гирен худтон. Мо ҳам 3 кг навиштем 12 кг ро фиристодем рафт ҷоша гирифт” Акнун худатон фикр кунед,ки полковник кӣ ҳаст? Инчунин чихел инҳо пул кор мекунанд дар ин ноҳия вале чун кришаҳо муайян аст ва касе наметавонад ин ҷинояткорони дар либоси мақомоти вазорати дохиларо чизе бигӯяд.
Моҳи декабри соли 2021 подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор як чанд касро барои кашидани банг қапида оварда зада- зада дар «ток» монда дар сарҳояшон пакет мекашад. Бо баклашка дар сарҳояшон зада зери нохун ва дар сари мардияшон қувваи барқ мемонад, то онҳо бигӯянд, ки бангро аз кӣ гирифтаанд, бо кӣ кашидаанд. Як барбарро мебарад, қариб 20 нафарро. Номи баъзеи онҳоро, ки Қурбон сумашонро гирифта ҷавоб додааст, инҷо менависам:
Файзиддини бачаи доктор Раҳмуддин 28.000 сомонӣ дод, Неъмат аз Савзихар, ҷамоати Меҳвар 20.000 сомонӣ,
Зафар, бачаи Раҳмони Роберт аз деҳаи Қизилдуз, ҷамоати Меҳвар 22.000 сомонӣ,
Насим аз участкаи №2 50.000 сомонӣ,аз деҳаи Сангвор,ҷамоати Меҳвар.
Шахсе бо лақаби Камазист 20.000 сомонӣ ва аз ҳама зиёдтар Раҷаби Анвар аз деҳаи Кирови ҷамоати Меҳвар 130.000 сомонӣ ба Қурбон дода халос хурданд.
Ин гуна ҳолатҳову ин гуна одамҳо хеле бисёранд, ки дар доми Қурбон афтода барои наҷоти ҷонашон маблағҳои калон ба вай додаанд.( ин афрод комилан ба Баҳром Шокирзода бо ному фамиляҳояшон маълум аст. Шакле ин маълумотро фиристодааст,ки гӯйё мардуми оддӣ инро фиристодаанд,хуб диққат диҳед!)
“Яке аз «шестерка»-ҳои Қурбон дар Панҷ Ваҳҳоби сиёҳ аз деҳаи Сафедорон аст. Ҳамчунин Юсуфи раис, бачаи Кабути Сайфиддин бо ҳамроҳии бачаҳояш ва ҷиянаш Далер. Ин Юсуфро Қурбон «аво» садо мезанад. Мегӯяд, ки ман як отаву як аво дорам, ки номаш Юсуф аст. Юсуф ҳамроҳи Қурбони милиса аз мардум сум мекананд. Юсуф ва дигар «шестерка»-ҳо хабарҳоро мерасонанд ба Қурбон. Қурбон ба «отдел» мебараду мурданак мезанад, таҳдид ба ҳабсу зиндон мекунад.”
Дар ин вақт ҳамин «шестеркаҳо», масалан Юсуф «миёнадаро» мешаваду мегӯяд, ки «иқа сум бте корта ҳал мекунм». Он одам, ки дигар роҳе барои халосӣ надорад ба ҷуз аз розӣ шудан чораи дигар надорад. Яъне бо ҳамин гуна фиребу найранг болои мардум зулм ҷорӣ кардаанд.
Ин Ваҳҳобаш бошад ҷиянашро ба як шогирди Қурбон, ки корманди ОБНОН буд, дода буд. Вай бо ин роҳ «садоқаташ»-ро, ки то ин дараҷа паст аст, нишон дод. Қурбон бе вай об намехурад ҳамеша бо ӯ ҳаст. Аммо ин гуна «шестерка» ва чоплусҳо ҳоло дар район бисёр шудагианд. Агар ором нагиранд номҳои онҳоро ҳам мегӯем.
Ps: Хонандаи гиромӣ агар хуб диққат карда бошед инҷо ҳадафи асосӣ подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор аст ки Шокирзода Баҳром мехоҳад ӯро аз мақомаш сабукдӯш намоянд ва ба ҷойи ӯ шахси худро биёрад, то тавонад корҳои ҷиноятияшонро ба шакли озодттар анҷом диҳанд. Чуноне исми генерале дар Бохтар рафт агар диққат дода бошед чунин навиштааст : “Генерал Фатҳулло, муовини сардори Раёсати милисаи вилояти Хатлон, тағои подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор аст”. Дар ҳоле пурра ному насаби ин генералро метавонад нависад. Аммо барои он,ки яке нафаҳманд,ки инро кадом рутбадоре навиштааст ва кашф нагардад,танҳо бо рутба ва номаш иктифо намудааст.
Вақтамон камтар аст вагарна таҳқиқи бештар мекардем дар бораи шахсияти генерал Фатҳулло. Ба эҳтимоли зиёд ин Фатҳулло аз одамони Зоир аст. Зеро Бохтар “минтақаи таҳти нуфуз”-и Зоир, домоди Эмомалӣ Раҳмонов яке аз наркобаронҳои маъруфи кишвар мебошад. Ва, ин ҳама Фатҳуллову Қурбони милиса ҳам ҳалқаҳои занҷиреанд, ки ба Зоир рафта мерасанд. Вақте Шокирзода Баҳром, сардори милисаи Панҷ мегӯяд, ки Хайруллозода Қурбони муовинаш касеро писанд намекунад ин аз он далолат мекунад, ки “криша”-и Хайрулло шахси боқувват ва бозуманде аст. Дар оянда ин масъаларо бештар пайгирӣ мекунем. Аммо як чиз мушаххас аст ки рақобати “клан”-ҳои наздик ба боло, масалан Баҳром Шокирзода одами Шоҳруху Рустам ва Қурбон Хайруллозода одами Зоир дар маҳалҳову минтақаҳо ҳам доман кашидааст.
Вале аз он ҷиҳат, ки “одам”-и Фаттоҳ Саиду Шоҳрух (Баҳром Шокирзода) дар Панҷ натавониста истодааст кори дилхоҳашро анҷом диҳад ва аз ин хотир рӯй овардааст ба “Ислоҳ” ,то аз ин тариқ роҳро ҳамвор намояд, маълум мешавад, ки феълан Зоир дар болои аспи сафед аст. Вале мову шумо наззора хоҳем кард, ки идомаи ин моҷаро бо чӣ меанҷомад.
Ба иттилоъи хонандаи ин матлаб мерасонем,ки дар навори ин матлаб аз фактҳои дигаре, низ сӯҳбат мешавад,ки онҳоро дар матлаб наовардаем. Интизори нашри навори ин матлаб бошед,то аз ҷузъиёти бештаре огоҳ гардед!