ДАР ТАҲРИМИ МУВАҚҚАТ КАДОМ ЗАНҲО ДОХИЛ МЕШАВАНД?

Ислоҳ нет

ДАР ТАҲРИМИ МУВАҚҚАТ КАДОМ ЗАНҲО ДОХИЛ МЕШАВАНД?
(Фиқҳи никоҳ,аҳком ва чанд нукта ва тавсияҳои муфид)

Он чи ки дар мақолаи қабли зикрашон рафт, занҳое, буданд, ки никоҳи онҳо бо марде, ки байни онҳо қаробат, хешовандӣ, ширхорагӣ ва ё лиъон вуҷуд дорад, барои ҳамеша ҳаром аст ва ба ҳеҷ ҳоле ва дар ҳеҷ вақте намешавад, ки байни онҳо никоҳ барқарор гардад. Вале табақаи дигаре аз занҳо вуҷуд доранд, ки никоҳи онҳо ба сабаби беморӣ ва ё ҳоҷати ғайриаслӣ монеъ буда, ба таври муваққат бар мард ҳаром аст ва дар ҳамон лаҳзае, ки он монеъ аз байн биравад, марде, ки байни ў ва издивоҷ намудан бо он зан, монеъ вуҷуд дошт, метавонад он занро ба никоҳ бигирад. Занҳое, ки никоҳи онҳо бо таври муваққат ҳаром аст иборатанд:

АВВАЛ – ЗАНИ ШАВҲАРДОР
Яъне ҳар зане, ки шавҳар дошта бошад, никоҳи вай бо ҳар марди дигаре дар ҷаҳон ҳаром аст ва албатта, ин таҳрими муваққатӣ аст.
Ба ин маънӣ, ки агар шавҳари он зан вафот намуд ва ўро талоқ дод ва монеъи дигаре монанди идда, хоҳари он зан дар никоҳи марди издивоҷ кунанда набошад ва мисли онҳо вуҷуд надошта бошад, ҳар мард метавонад аз он зан хостгорӣ намуда ва дар сурати мувофиқаташ онро ба никоҳи худ дароварад.

ДУВВУМ – ЗАН ДАР ҲОЛИ ИДДА
Зане дар ҳоли идда зане аст, ки аз шавҳараш бо сабабе аз сабабҳо, монанди талоқ, хулъ, вафот ва мисли инҳо ҷудо гардида бошад, чунин зане барои муддати муайяне, ки «идда» гуфта мешавад, тафсили иддаи занонро дар мақолаи махсусе баён менамоям, аз издивоҷ намудан бо марди дигаре манъ аст, вале баъд аз ба поён расидани идда метавонад бо ҳар шахсе, ки монеъи дигаре дар никоҳ бо вай вуҷуд надошта бошад, ақди никоҳ бандад.

Нукта:
Агар зан дар иддаи худи шахс қарор дошта бошад, ба никоҳ гирифтани он зан барои он мард, агар монеъи дигаре вуҷуд надошта бошад, раво аст.
Масалан, агар шахсе аз занаш маблағи молие гирифта ва ўро дар муқобили он мол талоқ медиҳад, ин талоқ «бойин» гуфта шуда ва ба занаш руҷўъ карда наметавонад. Вале агар ду тараф бо ҳам ризоят дошта бошанд, агарчи зан ҳанўз дар идда аст, ҳамон шавҳари талоқдиҳанда метавонад он занро ба никоҳ бигирад (вале агар он талоқи раҷъӣ бошад, яъне якталоқа ё дуталоқа).

САВВУМ – ҶАМЪ НАМУДАН ДАР БАЙНИ ДУ МАҲРАМ
Яъне агар ду зан бо ҳам маҳрам будан, раво нест, ки шахсе дар як вақт он ду занро ба никоҳ бигирад, монанди ба никоҳ гирифтани ду хоҳар ва ё ба никоҳ гирифтани зан ва аммааш ва ё ба никоҳ гирифтани зан ва холааш ва ё ба никоҳ гирифтани зан ва духтари бародараш ва ё ба никоҳ гирифтани зан ва духтари хоҳараш ба мисли инҳо. Хулоса, ки ду зане, ки яке аз онҳо «мард» фарз гардида ва ба никоҳи дигари барояш раво набошад, раво нест, ки шахсе он ду занро дар як вақт ба никоҳ бигирад, магар он ки яке аз он ду занеро, ки ба никоҳ дорад, талоқ дода ва ё он зан вафот намояд.Ҳикмат дар ин масала чӣ аст,ки шариъати ислом ҷамъ намудани зан ва хешовандону наздиконашро дар ақди як мард ҳаром намудааст?Зеро эҳтиром ва хешованди миёни ин ду аз байн меравад зеро рашки зан маълум аст.Аз ин сабаб шариати исломӣ инро мамнуъ намуда аст.

Чанд нукта:
1. Агар шавҳар ҳамсарашро талоқ диҳад, то вақте ки худаш иддаи зани талоқ кардааш ба охир нарасидааст, наметавонад бо хоҳари он зан ва ё бо ҳар каси дигаре аз вобастагони он зан, ки никоҳаш ба сабаби он зан бо вай ҳаром буд, издивоҷ намояд, чи талоқи раҷъӣ бошад ва чи бойин;

2. Агар ҳамсари шахсе вафот намуд, метавонад хоҳари он ҳамсар ва ҳар зани дигаре аз вобастагони ҳамсарашро ки никоҳи он ба сабаби он зан бо вай ҳаром буд, агар мувофиқати ду тараф бошад, бе интизор ба никоҳ бигирад;

3. Ҷамъ кардан дар байни ду маҳрам дар як ҳолат раво аст ва он ҷамъ кардани байни ҳамсари шахс ва духтари духтари он шахс аст, ки аз зани дигараш мебошад. Масалан, агар шахсе бо номи Аҳмад ду ҳамсар бо номҳои Лайло ва Ширин дошт ва Ширин духтаре дорад бо номи Зубайда. Агар Аҳмад вафот намуда ва ё Лайлоро талоқ медиҳад, барои шахси дигаре раво аст, ки Лайло ва Зубайда-духтари Ширинро бо ҳам ба никоҳи худ дароварад ва ин дар ҳоле аст, ки агар Зубайда мард фарз шавад, никоҳи Лайло барояш раво нест, зеро Лайло ҳамсари падараш мешавад.

ЧАҲОРУМ – ЗАНИ СЕТАЛОҚА
Яъне зане, ки шавҳараш ўро се талоқ додааст, хоҳ ин се талоқ ба якбор сурат гирифта бошад ва хоҳ ба дафъаҳои мухталиф. Чунин зане ба таври муваққат наметавонад бо шавҳаре, ки ўро талоқ додааст, дубора издивоҷ намояд, магар он ки шартҳои зайл омода гардад:

а) Иддааш аз шавҳаре, ки ўро талоқ додааст, ба поён бирасад;

б) Шавҳари дигареро ба никоҳ бигирад;

в) Қасди шавҳари дуввумӣ ҳалол сохтани он зан барои шавҳари аввалиаш набошад яъне ҳалола. Агар чунин қасде дошт, дар назди бисёри уламо он зан барои шавҳари аввалааш ҳалол намегардад.

Вале уламои ҳанафӣ бар онанд, ки шахси никоҳгиранда бо чунин қасде гунаҳкор мегардад, вале агар он занро талоқ дод, никоҳи вай бо шавҳари аввалиаш раво мегардад;

г) Шавҳари дуввумӣ бо вай бо таври ҳақиқӣ ҳамбистарӣ карда бошад ва агар пеш аз сурат гирифтани ҳамхобагӣ он занро талоқ дод, ин зан наметавонад шавҳари аввалиашро, ки ўро се талоқ додааст, ба никоҳ бигирад.

д) Шавҳари дуввумӣ вафот намояд ва ё ба ризояти худ, он занро талоқ дода бошад;

е) Иддаи он зан аз шавҳари дуввумӣ ба поён расида бошад;
Баъд аз иҷрои ин шартҳои шашгона, зан агар ризоят дошта бошад, метавонад бо шавҳари аввалааш, ки ўро се талоқ додааст, издивоҷ намояд.

Чанд нукта:

1. Дар ҳамхобагӣ кардани шавҳари дуввумӣ бо зане, ки шавҳари аввалиаш ўро се талоқ додааст, инзоли (баромадани) оби манӣ шарт аст.

2. Мурод аз ҳамхобагӣ он аст, ки ҳадди ақал «ҳашафа» яъне сари олати таносули мард ба фарҷи (олати зан) дохил гардида бошад.

Онҳоеки занҳояшонро се талоқ додаанд хуб бихонед ва диққат диҳед то дигар савол надиҳед.Хело содда ва бо табақаҳо ҷудояш намудам то дигар саволе пайдо нагардад

ПАНҶУМ – ЗАНИ ПАНҶУМ
Барои марди мусалмон раво аст, ки то чаҳор занро ба никоҳ бигирад ва касе, ки чаҳор занро ба никоҳи худ дошта бошад, никоҳи зани панҷум, то вақте ки яке аз он чаҳор дар қайди никоҳи худ намуда ва дар никоҳаш бошанд ва ё то яке аз онҳо вафот накарда бошад, барои он мард раво нест.

Чанд нукта:

1. Шахсе, ки чаҳор зан дар никоҳи худ дорад, агар яке аз онҳоро талоқ дод, то вақте ки иддаи он зан ба поён нарасидааст, наметавонад зани дигареро ба никоҳ бигирад, чи талоқи он раҷъӣ бошад ва чи бойин.

2. Шахсе, ки чаҳор зан дар никоҳ дорад, агар яке аз онҳо вафот намуд, он шахс метавонад бо зани дигаре издивоҷ намояд;

ШАШУМ – ЗАНИ ҒАЙРИ МУСАЛМОН
Зани ғайри мусалмон дар ҳар дин ва ойине, ки бошад, ба никоҳ гирифтани он барои марди мусалмон раво нест, магар он ки он зан аз аҳли китоб, яъне яҳудӣ ё насронӣ (масеҳӣ) бошад.

Чанд нукта:
1. Мурод аз зани ғайри мусалмон, ҳар зане аст, ки мўътақид ба дини дигаре, ғайр аз дини Ислом бошад ва ё он ки аслан мўътақид ба ҳеҷ дине набошад. Бинобар ин, издивоҷ намудан бо бутпараст, говпараст, бедин, аз дин баромада ва мисли инҳо раво нест;

2. Издивоҷ бо ғайри мусалмон агар аз аҳли китоб бошад, раво аст;

3. Мурод аз «аҳли китоб» ҳар тоифа ва гурўҳе аст, ки ба дине аз динҳои осмонӣ ва китобе аз китобҳои нозилшуда, монанди Таврот, Инҷил, Забур имон дошта бошад;

4. Гарчи издивоҷ намудан бо зани яҳудӣ ва насронӣ раво аст, вале агар зани мусалмоне муртад гардида ва ба дини яҳуд ва ё насронӣ дохил гардида бошад, чунин зане муртад шумурда шуда ва издивоҷ намудан бо вай раво нест;

5. Шахсе, ки барояш издивоҷ бо зани мусалмон муяссар мегардад, беҳтар аст, ки аз издивоҷ намудан бо зани яҳудӣ ва ё насоронӣ худдорӣ намояд.Ҳамеша қабл аз издивоҷ бо зани ғайри мусалмон инро аз ёд набаред. Шумо издивоҷ менамоед то фарзанддор шавед.Самараи издивоҷ фарзанд аст ва кудак ҳамеша бо модараш ҳаст. Дар тарбияи фарзанди ояндаатон агар оҷиз мондед.Бидонед фарзандатон аз дини шумо дур мемонад ва ҳеҷ нафъе бароятон на дар дунёст ва на дар қабру на дар охират.

6. Барои зани мусалмон ба ҳеҷ рў раво нест, ки бо марди ғайри мусалмон, агарчи аз аҳли китоб, яъне яҳудӣ ва ё насронӣ бошад, издивоҷ намояд;

7. Таҳрими муваққат бар хилофи таҳрими абадӣ сабаби маҳрам будани зан барои мард намегардад. Пас бояд зан аз марде, ки байни ў ва байни он мард таҳрими муваққат вуҷуд дорад, ҳиҷоб намуда ва аз хилват намудан бо вай парҳез намояд;

8. Чунин таҳрими зан барои бародари шавҳари зан, таҳрими муваққатӣ аст, бинобар ин, бар зан лозим аст, ки аз бародари шавҳари худ ва амаки шавҳари худ (ва аз хешҳои дуртари вай ба таври авло) ҳиҷоб намуда ва барои онҳо иҷоза надиҳад, ки дар набудани шавҳараш ва ё маҳрами дигаре аз зан ба хонааш дохил гарданд ва бо будани шавҳар ва ё бо маҳрами дигаре, боз ҳам зан бояд аз онҳо ҳиҷоб намояд.

Дар масъалаи ҳиҷоби зан аз бародари шавҳар ва амаки шавҳар писар амаки худаш ва писархола ва мисли инҳо ҳиҷоби шарияшро комил риоят намояд.Мутассифона дар байни мардуми мо, ин ҳукми шаръӣ камтар риоя мегардад,ки хело бад аст.

9. Чун таҳрими никоҳи хоҳари зан таҳрими муваққатӣ аст, аз ин сабаб шавҳари зан нисбат ба хоҳари зани худ бегона буда ва маҳрам шумурда намешавад. Бинобар ин, лозим аст, ки зан аз шавҳари хоҳари худ ҳиҷоб намуда ва аз хилват намудан бо вай худдорӣ намояд.

Аллоҳ моро муваффақ намояд то дар шинохти ҳалолҳо ва ҳаромҳояш моҳиру огоҳ бошем.Ба мардони мо тавфиқи комил ва барои занҳои мо иффату покдоманиро ато намояд омин
Бо эҳтироми хос бародари шумо

Share This Article