Давлаталӣ Саид кист ва корномаи сиёҳи ӯ

Ислоҳ нет

(бахши аввал )

Давлаталӣ Саид,раиси тозатаъйини вилояти Хатлон, ҷияни Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад. Очаи Давлаталӣ  бо падари Матлубхон апаву бародаранд, падар яку модар  ҷудоянд.

Ба назар мерасад, ки Давлаталӣ Саид дар вилояти Хатлон он нозу неъматеро, ки ба ҳангоми муовини аввали сарвазир буданаш дошт, дар ин мақоми ҷадидаш нахоҳад дошт, дар хоби шабаш мебинад он рӯзгоронро. Матлубхон Давлатов ӯро то ба сатҳи муовинати аввали сарвазир расонд, вале мисле, ки дигар Давлаталӣ Саид ба Хатлон бадарға шудааст.

Чун «тамом»-и чизи асосии ин вилоят «соҳибдор» аст. Дар минтақаи Кулоб ба мисли Муроди телеху Кӯри Авази Султони Кабиру СС.Ятимову Абдуҷаббор Зардиев, оилаи Нуриддин Раҳмонов, домодҳои ӯ,ҷиянҳои Азизмо мисли Амриддин Нахшов ва ҷиянҳои домоди калони Зоир Соҳибов.

Дар минтақаи вилояти собиқи Қурғонтеппа бошад аз бародарзанҳои пурнуфузи Эмомалӣ Раҳмонов дар худи шаҳри Қурғонтеппа Маҳмадзоир Соҳибов, Амруллои Асадулло, Ҳоҷӣ Амон ва даҳҳо қудою андаи худи оила сад дар сад тасаллути комил бар ин шаҳр доранд ва ҳеҷ ҷой пойе барои Давлаталӣ Саидов дар ин шаҳр ё маркази вилоят нест.

Дар  Колхозобод, Қумсангир, Ҷиликул, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ бошад оилаи катазани Асадуллоевҳо Ҳасан Асадуллозода, Ҳоҷӣ Раҳматулло, Муҳибулло ва дигар қудою шайкаи  аждаҳонафси оилаи ҳамсари Раҳмонов, ки ин вилоятро дар умум ва ин манотиқро бахшу тақсим кардаанд, гумон аст ки барои Давлаталӣ чизе боқӣ монда бошад.

“Ҳатто деҳқонҳо ва ҷамоатҳо ва ҳукуматҳо комилан зери саитара ва идораю панҷаи оҳанини ин оилаи аждаҳосифат қарор доранд. Аслан куҳу пуштаҳо ва дашту саҳрои солҳо дар ихтиёри мардум буда ҳоло бошад дар  ихтиёри давлат не ин оила ба пуррагӣ қарор доранд. Данғара комилан як ҷумҳурии алоҳида ва дар ихтиёри оилаи писар бародарони Раҳмонов қарор дорад. Аз Норак, то Данғара куҳу пуштаҳо симхор гирифта мамнуъгоҳи ин оила қарор дорад. Давлаталӣ Саид дар ин қаламрави захват шуда чи баде карда метавонад? Хулоса ба шумо хонандаи гиромӣ!”

Дар аввалин нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон Давлаталӣ Саид ба унвони раиси вилоят фирорро авлотар донисту ба Вахш рафту ҳамроҳ бо Қурбони бех  бо мардум «гап» зад. Чун, маълум аст, ки бо журналистон рӯбарӯ шудан наметавонад. Журналист савол мепурсад, барои ҷавоб додан дониши кофӣ ва малака лозим аст, чизе, ки Давлаталӣ надорад. Баъдан барои журналист чӣ бигуяд? Ман инҷо як арусаки Зоир ва додпрарусони “пешво”ям?. Беҳтар нест аз чунин нишасти матбуотӣ фирор куни ва ба як зани собиқадори меҳнат дар Вахш ду линча орд ва 10 литр равған бидиҳи аз он пулҳои откатҳои дуздидаи проектҳое дар мақоми муовини сарвазир буданат. Инчунин ҳама раисони ҷамоату мақомотҳои Вахшро ҷамъ куни ва таҳдидашон куни хуб кор кунеду онро дар ТВ.Вахш сабту ба намоиш гузорӣ, инро мегуянд фирори зебои сиёсӣ ва холгирӣ.

Дар чанде аз матолиби қаблии «Ислоҳ.нет» мо дар бораи Давлаталӣ Саид ва ҷурму ҷиноятҳову дуздиҳои вай навишта будем. Ҳоло, инак, боз дар бораи ин “кадр”и Эмомалӣ Раҳмонов фактҳои тару тозае пайдо кардем, ки шахсият ва чеҳраи воқеии вайро бештар бозгӯ мекунад.

Оғози кориераи Давлаталӣ Саид

Давлаталӣ корро аз соҳаи андоз сар кардааст. Вақте Матлубхон Давлатов дар мақоми раиси Кумитаи амвол кор мекард Давлаталиро дар инҷо дар вазифаи сардори Раёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ ба кор гирифт. Як вақт Саъдӣ-командир, шогирди Сӯҳроб Қосимов ба Кумита омада бо Матлубхон ҷанг шуд ва панҷаҳои Матлубхонро зада шикаст. Ин ҳангом Давлаталӣ, ки кор мекард давида рафта тағоямро заданд, гуфта доду фарёд баровард. Матлубхонро ончунон лат карданд, ки аз дар парида берун афтод. Сипас Давлаталӣ бо кумаки Матлубхон дар Кумитаи варзиш ва сайёҳӣ  раис таъин шуд. Аз ҳамон солҳо нафсашро сар дода буд. Аз варзишгоҳҳо, ҳатто аз ҳавзҳои шиноварӣ пул мечинд. Одамҳояшро гузошта буд, пул ҷамъаш мекарданд. Баъдан сафири Тоҷкистон дар Япония таъин шуд. Аз онҷо баргашт. Ронандаашро бо занаш гумон кард. Ва, ӯро аз кор ронд. Номаш Маҳмуд буд. Баъди чанд вақт занаш 25.000 долларашро дуздида ба кадоме аз хушдорҳояш дод. Маълум шуд, ки ронандааш бегуноҳ будааст. Аз нав ба кораш гирифт ва то ҳоло кор мекунад. Занаш Сабоҳат ном дорад. Давлаталӣ 4 фарзанд дорад:-2 духтар ва 2 писар. Духтараш келини Маҳмуди “Chicken” аст.

Каме аз корномаи сиёҳи писари Давлаталӣ Фаромуз

Писараш Фаромуз аз 10 фирма бо маблағи 200 ҳазор доллар «доля» гирифта ваъда дода буд, ки дар тендер ёрдаматон медиҳам. Як рӯз дар дискотекаи Роял даромада воҳима карда ҳамара ҳақорат мекунад, ки Шоҳрух Саидов онҷо кайф карда истода будааст. Онҷо онҳо барои худ ҷойи махсус сохтаанд, ки бо шишаҳои сиёҳ панаҳ карда шудааст. Вале аз даруни он метавонанд саҳнаро бубинанд. Шоҳрух аз дарун дастур медиҳад, ки Фаромузро наздаш биёранд. Меоваранд. Шоҳурх Саид мегардад ба тарафашу мегуяд, ки «худату отаатро ме..м» ва сураш мекунад. Фаромуз аз онҷо мебарояд, ҳам сархуш ва ҳам сари қаҳр мошина ба шиддат меронад, садама мекунад, духтари ҳамроҳаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад, худашро касал гуфта хориҷа гурезониданд Фаромузро. Ва,ҳамин тавр овоза андохтанд,ки дар он садама как будто «памят»-ашро аз даст додааст ва бо ин баҳона пулҳои мардумро мункир шуду дигар надод. Он нфарҳо пеши падараи Фаромуз омаданд. Аммо Давлаталӣ «угрожат» карда мегуяд, ки фирмаҳоятонро мебандам, асло руи тендерро дигар нахоҳед дид. Хуб дигар кӣ метавонад бо Давлаталӣ Саид сар ба сар шавад?

Хушгузаронии Давлаталӣ Саид 

Як шогирдаш Нурхон Ҳаётов, раиси беморхонаи Қараболо аст. Тамоми медсестраҳо ва донишҷуёни Донишгоҳи тиббиро меоварад ба Давлаталӣ Саид пешкаш мекунад.  Ин кори Нурхон Ҳаётовро ҳама кругҳои дохили оила медонанд.Як духтар бо номи Қаюмова Умедаро чанд вақт Давлаталӣ Саидов «тоб» дод, вале фиреб кард. Баъди Давлаталӣ худи Нурхон мебурдаш. Ӯро дар Қараболо кор монданд. Чанде баъд аз онҷо ҳам рондандаш. Духтар бероҳа набуд. Ҳатто Давлаталӣ Саид мехост «оқсақол» фиристад, ба занӣ гирифтаниаш буд. Аммо дар охир аҳмақаш кард.

Квартираи «арусбозиаш»-он дар рӯ ба рӯйи Қараболо буд. Фақат айфон заказ мекард. Давлатмуроди директори биржа ҳамроҳи Исфандиёр, директори барномаи муҷаҳҳазгардонии мактабҳо ва Некруй, раиси Тоҷинвест корашон айфон харӣ буд. Фақат мегуфтанд, ки «безор шидем ай дасти шефа,дар цум айфон намонд, ай Дубай заказ кардестем». Хуб бояд фаҳмида бошед Айфонҳо барои додан ба духтарон, то бо онҳо хушгузарони кунанду онҳо розӣ бошанд. Мегуянд ин корро Давлаталӣ Саид аз Ҳасан Асадуллозода ва Шералишо Кабиров омухта будааст ва дида будааст,ки онҳо бо ин роҳ ин амалҳоро анҷом медиҳанд.
Бародараш Саймумин дар як проекти ширкати «Барқи тоҷик» кор мекард. Ба худо қасам проектро комилан ҷазир кард. Наздикиҳои ревизия уволиташ кард ва ба дигар кор гузашт. Ранги еврей ҳушёранд.

Як бародари дигараш Айниддин ном дорад ва дар «Тоҷиксодиротбонк» дар кадом филиалаш раис буд. Вақте Тоҷиддин Пировро ҳам кидат кард, ӯро гуфт, ки корро бас кунад. Ин бародараш ҳам хеле сумҳои«Тоҷиксодиротбонк»- ро дуздид. Вақте корро бас кард қариб 10 миллион сомонӣ камбуд дошт. Вай бидуни «залог» қарз медод, танҳо ба хотири онки аз ин кредит «доля» бигирад. Пиров Тоҷиддин чизе гуфта натавонист ва чи ҳам гуфта метавонист.

Тороҷи тоҷир бо ваъдаи тендер ва зиндонӣ кардани ӯ

Дар Данғара бошад, қариб 5 гектар замина гирифта як вагон мондагӣ аст. Ин замин бекор хоб аст. Ба ягон камбағал намедиҳад, ки ягон чи корад. Вақте дар Данғара беморхона сохтанд, дирекори фирмаро маҷбур кард, хонаи Давлаталиро пеш аз он сохт, роҳашро асфалт кард. Бечораро, бо ин ваъда, ки тендер медиҳад, хеле хунашро макид. Аз саҳар то бегоҳ Давлаталиро интизор мешуд. Аммо қабулаш намекард. Як мардаки ҳисорӣ буд. Баъд барои масрафи пулҳо барои хонаи Давлаталӣ Саид ин тоҷир зиндонӣ  шуд, аз пушти қарзи бонк албатта. Дигар ҷони Давлаталӣ халос шуд ва ҳеҷ даъвогаре нест вале як бегуноҳро хона вайрон кард.

Баъзе аз доду гирифтҳо ва муносибатҳояш 

Ҳозир бошад як ҳавлии калон дар колхози Россия дорад, ки300 кв метр ва як ошёна дар рӯ ба рӯи налог якчоя кардагиай пеш зиндаги мекард. Дар маркази шаҳр дар ошёнаи 6 зани якмаш Сабоҳат зиндагӣ мекунад. Як духонагиро бо як сехонагӣ якҷоя кардагӣ аст. Дар пеши УУР тамоми утоқҳои як ошёнаро гирифтагӣ аст. Дар 8-ми март ду ҳавлии калон ва дар маҳаллаи «Водонассос» дар бари хонаи Тоҷиддин Пиров коттеджи 3 ошёна дорад. Албатта шумо дар мавриди ин хонаи сохтаи Пиров Тоҷиддин ва Қурбон Хушаков барои Давлаталӣ гуфта будед , ин ҳамон хона аст. Шояд порки мошинҳояш 15 адад бошад, ки ягонтоаш аз 80.000 доллар кам нест. Аз зани якумаш бо 4 фарзанд ҷудо шуд. Барои онки занаш бисер фарбеҳ ва мардаксифат буда аст. Дар вақти сафири Япония будани Давлаталӣ Саид дар маъракаҳо бо мардони бегона арақнушӣ карда мегашт. Як рӯз кадом аз устодони Давлаталӣ Саид ин ҳолатро дида ба ӯ хабар мерасонад. Давлаталӣ пас аз ин аз қафояш барои аниқ кардани ҳолат одам мемонад. Баъд аз одам мондани Давлаталӣ 25.000 доллари ӯро медуздад. Бо як бачаи ҷавон «алоқа» доштааст. Барои ҳамин ҷудо шуданд. Наздики 2 сол Давлаталӣ дар наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ дар ҳамсоягии Пиров Тоҷиддин дар доми 9 этажаи открытия лестнитса зиндагӣ мекард. Ҷияни Давлаталӣ Саид Собиров Нуралӣ дар Донишгоҳи миллӣ кор мекард ва папа розаи Давлаталӣ Саид буд. Ду  сол пеш муовини вазири маориф ҳам буд. Ҳозир намедонам чи кор мекунад. Дар донишгоҳ духтарҳоро зачёт намонда дар ивазаш пешниҳод мекард, ки «кати Раис сауна брен ҳама кортон то 5 курситон ҳалай». Хуллас барои «раис» арус меовард. Набераи Уроқови ҳисориро, ки пештар вазири ғалла буд, барои Давлаталӣ котиба интихоб карда мегуяд, ки «тағоӣ и духтари хубай, бероҳа нест, сад бор гуфтм отказ кард, корда розӣ шид, хдт усуша ягон кор ку». Ин духтар ҳам қариб 2 сол котиба кор кард. Вақте Давлталӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд ӯро зани дуввум кард. Ҳоло бо ҳамон духтар зиндагӣ мекунад. Давлаталӣ чанд нафар шогирд дошт, ки бо воситаи онҳо сум мегирифт. Яке аз шогирдонаш Давлатмурод раиси биржа аст. Тамоми амволи давлатиро чи хеле мехостанд нархгузорӣ карда сум мегирифтанд. Аз тамоми лоиҳаҳои давлатӣ 4 фоиз ҳақи Давлаталӣ Саид буд. Нафаре бо исми Раҷабов аз Ваҳдат, сардори Сарраёсат 4%-и ҳақи Давлатали Саидро рӯирост мегирифт.

Атактҳо ва баднафсии Давлаталӣ Саид

Лоиҳаи сохтмони роҳи Душанбе-Турсунзода 120 миллион арзиш дошт, ки аввал 4% ҳақашро гирифт баъд тендерро дод. Ин ширкати хитоӣ, ки роҳро сохт шиноси Ҷамолиддин Нуралиев буд. Давлаталӣ Ҷамолиддин Нуралиевро бад медид,чунки Ҷамолиддин Нуралиев зидди пешниҳодҳои Давлаталӣ мебаромад. Аз сохтмони роҳи Шуробод аз ширкати туркӣ қариб 10 фоиз ҳақ гирифтанд, ширкат банкрот шуд. Ин ширкат наздики 200 миллион аз Бонки исломии рушд қарз дошт. Ин ширкатро ҷӯраи наздики Давлаталӣ бо номи Ҳасан оварда буд. Барои он ноадолатиаш ҳоло Ҳасан бо Давлаталӣ гап намезанад. Ҳамаи пулҳои Давлатлӣ Саид феълан дар ихтиёри домод ва қудояш аст. Қудояш директори “Чикен”и Душанбе ва узбектабор аст. Давлаталӣ Саид аз қудошавӣ бо ин узбектабор норозӣ буд. Аммо духтараш думи бачаро гирифта рафт. Пас аз чанд вақт шарманда нашавам гуфта духтаршро гуфт «биё туй карда гусел мекунем». Ҳозир бошад дар дар дуввум ошёнаи Ашан  ҳама фасфутҳо аз Давлаталӣ Саид аст, домодаш контрол мекунад.
Давлаталӣ Саид тамоми рафиқонашро кидат карда аст. Барои ҳамин аст ки Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Раҳматов дар чанд ҷо ӯро мазори бешафоат гуфтаанд. Давлаталӣ то ҳозир ҳамроҳашон гап намезанад. Дар бонки Пиров  “Тоҷиксодиротбонк” 17миллион доллар дошт. Вақте ҳукумат бо имзои Раҳмонов барои гӯё дастгирии «Тоҷиксодиротбонк» пул дод аввалин одам, ки 50 миллион долларашро гирифт Озода Раҳмон буд ва нафари дуввум Давлаталӣ Саид . Ба хотире, ки имзои Давлаталӣ ҳам барои ҷудо кардани сум лозим будааст. Ба Пиров Тоҷиддин занг зада шарт мемонад ва мегӯяд, ки ман зид намебароям, «аммо суми мара метиӣ».
Дар вақти ҷура буданашон як ошхонаи пушти Фурӯшгоҳи марказӣ, ки «Белый аист» ном дошт ва чанд сотих замин ҳам дошт дар назди меҳмонхонаи « Тоҷикистон» ба Пиров Тоҷиддин бо нархи арзон шахсӣ карда дод. Дар иваз Пиров Тоҷиддин дар Водонасос дар пеши хонаи худаш 3 ошёна хонааш сохта дод. Айни замон Давлаталӣ бо зани дуюмаш онҷо зиндагӣ мекунад. Аммо ба ин зан ва кудаконаш супориш додагӣ аст, ки бо зану кӯдакони Пиров Тоҷиддин ва Қурбон Хушаков гап назанд. Аммо баъди аз кор рафтани Давлаталӣ Саид санадҳоро лағв карданду он ошхона, ки дар баланси Фурушгоҳи Марказӣ будааст, дубора пас гирифтааст. Баъди ин муносибаташон бо Пиров Тоҷиддин тамоман бад шудааст.
Як ҷияни дигараш Воҳидова Умеда ном дорад. Ин Умеда мардсифат ва гуфтораш ҳам мисли мардҳост ва аслан фикр намекунед ӯ як зан аст.Директори проект монданд Умеда Воҳидоваро.  Умеда Воҳидова ошкоро мегуфт: “ маро тағам Давлаталӣ Саид кати апаи Озода Раҳмонова ба хотире дар ин проект гузоштанд, ки 20 фоизи аз ҳамаи проект бояд  ба ин ду диҳам, ма хдм ягон сум кор накнм, ман ме….м и вазифара».  Ана ҳамин хел ранги мард гап мезад. Дар умум аз тамоми маркази татбиқи лоиҳаҳо, ки дар он вақтҳо 56 марказ амал мекард ва қариб 200 адад лоиҳа дар ҳоли иҷро ва камтарин сармояи он аз 1миллион доллар сар мешуд 4% ҳақ мегирифт Давлаталӣ Саид.
Аз президент ҳам он қадар бовар надорад. Дар ҳама ҷо кушиш мекунад одами худашро монад, ки ҳама хабарҳоро пеш аз президент  бифаҳмад. Ёрдамчии ҳозираи президент ҳам одами Давлаталӣ Саид аст. Ҳатто дар Данғара акаи ҳамин Собиров Нуралӣ, Собиров Шералӣ ном дорад. Қаблан бо Давлаталӣ  Саид кор мекард. Ҳозир  раиси дастгоҳи ноҳияи Данғара монда аст ӯро  ва супориши қатъӣ додааст, ки ҳама маълумотҳоро  ба ӯ но чаонда ва но резонда бирасонад.

Поёни бахши аввал, идома дорад…

Эзоҳ: Албатта, бо ин навишта дар бораи Давлаталӣ Саид иктифо нахоҳем кард. Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои дигари Давлаталӣ Саид ҳастед ба “Ислоҳ” нависед, пас аз санҷиш ва тасдиқи худро пайдо кардани он навиштаи шумо ҳатман дар матолиби оянда ҷой хоҳем дод. Ба муҷарради расидани маълумотҳои навбанав, ки дар роҳ аст ва омода шуда истодаанд матолиби дигари моро мунтазир бошед…

Share This Article