Дину эътиқодоти пеш аз исломии арабҳо

Ислоҳ нет

Дину эътиқодоти пеш аз исломии арабҳо
Бо сабти мақолаи мазбур дар мавриди вазъи ногувори динии нимҷазираи Арабистони пешазисломӣ мушахассан маълумотеро аз русуми ботил ва эътиқодоти мухталифи қабоили араб дар ин аҳд барои хонандаи гиромӣ арз менамоям.
Дар тамоми нимҷазираи Арабистон қабл аз ислом дини ягона вуҷуд надошт. Ҳар як ҷамоа ва ё худ қабила пайрави оини муайяне буд. Эътиқодоти арабҳои бодиянишину бутпараст, мувофиқи маълумоти аксар муаррихону муҳаққиқони дин, дорои асотиру мабодии кайҳонӣ ва ҷаҳоншиносӣ набуд. Арабҳо мисли дигар қавмҳои Шарқи Бостонӣ назари махсуси “хилқат ва таквини олам”, ки шомили низому усули муайяну мушаххаси офариниш бошад, надоштанд.
Миллати араб гирифтори ақибмондагии динию бутпарастии беҳамто ва ахлоқи пасти иҷтимоию сиёсӣ гашта буд. Шаъну шарафи онҳо аз байн рафта, дар ҳошияи китоби таърихнигорон гузошта мешуд ва беҳтарин мавқеият барои онҳо ин буд, ки думболарави давлати Форс ё императории Юнон қарор бигиранд. Агарчи дини аҷдодии онҳо сар то по аз хурофоту гумроҳӣ ва инҳирофу бутпарастӣ буд, онро бузург шумурда, аз он баробари ҷонашон ҳимоят менамуданд. Ҳар қабилаеро бут ва худои хосе буд, ки онро парастиш мекард. Қабилаи Хузайл ибни Мудрика бути Сувоъ, қабилаи Калб бути Вад, қабилаи Мазҳаҷ бути Яғус, қабилаи Хайвон бути Яъуқ, қабилаи Ҳимяр бути Наср, қабилаи Хузоъа ва Қурайш бути Исоф ва бути Ноиларо мепарастиданд. Бути Манот, ки дар соҳили баҳр вуҷуд дошт, мавриди бузургдошти ҳамаи арабҳо ва махсуси қабилаҳои Авсу Хазраҷ буд. Бути Лот дар Сақиф ва Уззо болои Зотуирқ қарор дошт, ки бузургтарин бути Қурайш ба ҳисоб мерафт. Ҳатто номҳои қабилаҳои араб ва шахсони маъруфи алоҳидаи он қабоил аз бутпарастии онҳо дарак медоданд. Мисли, Абдушамс, яъне “бандаи офтоб”, Абду-л Уззо, яъне “бандаи Уззо” (номи бут), Ваҳбу-л Лот, яъне “тӯҳфаи ал-Лот” (худои офтоб), Абду-Вадд, “бандаи Вадд” (номи бут). Арабҳо инчунин олиҳае дар Каъба бо номи Аллоҳ доштанд ва тавре мебинем, қабилаҳои араб ва шахсони алоҳида худро бандаи офтоб, моҳ ва баъзе бутҳо донистаанд. Ҳамзамон дар миёни арабҳо то зуҳури ислом дини яҳудӣ, масеҳӣ, маҷусӣ ва бутпарастӣ маъмул буд. Гурӯҳое низ буданд, ки пайрави даҳрия, собеия ва муваҳҳидия буданд.
Мардуми араб илова бар ин бутсардорҳо, дигар бутҳои хурду бешуморе вуҷуд дошт, ки онҳоро дар хонаҳо гузошта, ҳангоми сафар бо худ мебурданд.
Имом Бухорӣ дар китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» аз Абӯраҷои Уторидӣ ривоят мекунад, ки ӯ гуфтааст: «Мо сангро ибодат менамудем ва агар санге беҳтар аз он санг пайдо мекардем, онро партофта санги дигарро парастиш менамудем. Ва агар санг пайдо намекардем, хокро ҷамъ намуда, тӯда мекардем ва гӯсфандеро оварда, ширашро болои он тӯдаи хок меҷӯшидем ва сипас атрофи он давр зада, тавоф мекардем!»
Бутпарастӣ, миёни мардуми араб ва Худо чун деворе қарор дошт, ки онҳоро аз бузургдошти воқеӣ ва тавқиру эҳтироми Худои ягона ва имон доштан ба рӯзи охират дур сохта буд. Бутпарастиро онҳо василае байни худ ва байни Худо қарор дода буданд. Бутпарастӣ як ҷузви ҳаёти онҳо гашта, ки бидуни бут Худоро тасаввур карда наметавонистанд ва тарси аз Худо дар дили онҳо заиф гашта буд. Чунончӣ Худованд дар сураи Анъом мефармояд: «Ҳароина танҳо онон, ки мефаҳманд, мепазиранд. Ва мурдагонро Худо зинда мекунад ва сипас ба назди Ӯ бозгардонда мешаванд».
(Сураи Анъом, ояти 36)
Дар қисми шимолу ғарби Арабистон қабилаҳое иқомат доштанд, ки оинашон аксаран масеҳӣ буд. Яке аз чунин қавмҳо қабилаи Хайра маҳсуб меёфт, ки дар ноҳияи Ироқ (байни Фурот ва Наҷд) воқеъ буд. Аввал аҳли ин қабила бутпараст буданд, вале баъди нуфузи оини масеҳӣ ба он гаравиданд, дар ибтидо тобеи калисои суриёнӣ, сипас тобеи калисои настурӣ шуданд. Яман дар қисмати ҷанубии Арабистон таҳти таъсири сиёсиву фарҳангии Ҳабаш қарор гирифта буд ва маркази дини масеҳӣ маҳсуб меёфт.
Дини яҳудӣ бештар дар шаҳрҳои Мадина, Хайбар, Яману Ҳиҷоз, Фадак, Тимо ва амсоли ин роиҷ буд. Бузургтарин қабилаҳои онҳо Бани Назир, Бани Қинқоъ, Бани Қурайза, ва … буданд. Онҳо китоби осмонии худро Таврот меномиданд. Пайравони он ба дигар шаҳрҳо низ сафар карда, ғояи таълимоти худро тарғиб менамуданд. Дар қисми шарқии Арабистон, хусусан дар Баҳрайн ва Умон нуфузи эрониён зиёд ва оини зардуштӣ русух карда буд.
Баробари роиҷ будани оинҳои мазкур дар миёни арабҳо дигар таълимоту динҳо низ амал мекунанд. Масалан миёни онҳо таълимоти даҳрия васеъ интишор ёфта буд. Пайравони он оламро дар замони бекарон офарида ҳисобида, ба қувваву фаъолияти табиат боварӣ доштанд, кавну фасод ва ҳаёту мамотро натиҷаи ҷамъу тафриқаи табоеъ мешумориданд. Ҳукамои тоисломии араб, ки бо номи муваҳҳидин машҳур буданд, коинотро маҳсули иродаи илоҳӣ пиндошта, Омир ибни Тараби Удвонӣ ва Зуҳайр ибни Абисалмо барин намояндагони он ба маъоди ҷисмонӣ ва сазову ҷазо эътиқод доштанд.
Дар Макка вазъи динӣ дигар хел буд. Дар ин шаҳр Каъба дар шакли бинои чаҳоргӯшае вуҷуд дошт, баъдтар бо пардаи сиёҳи абрешимӣ зинат дода шуда буд. Дар саҳни он ба кавли муҳаққиқин бут ё худ санам қомат афрохта буд. Ҳанӯз дар ибтидои пайдоиши Каъба аввал намояндагони қабилаи Ҷурҳум, сипас қабилаи Хузоъа ва ниҳоят қабилаи Қурайш русуму одоб ва маросимҳои динӣ, аз қабили парастишу ниёиши асном, қурбонӣ ва …-ро анҷом медоданд.
Аввалин бути арабҳо Манот ном дошт. Мувофиқи маълумоти Ҳишом Муҳаммади Калбӣ (ваф. 821) дар “Китоб-ул-асном” Манот Худои тақдиру сарнавишт ба ҳисоб мерафт ва дар соҳили дарё миёни Маккаву Мадина ҷой гирифта буд. Онро қариб тамоми арабҳо мепарастиданд.
Лот-худои қадимаи сомӣ дар Тоиф буд ва олиҳаи асосии арабҳо дар шимол маҳсуб меёфт. Бобулиён Лот гуфта, “фасли тобистон”, набатиён бошад “офтоб”-ро дар назар доштанд. Барои парстиши Лот маъбадҳои зиёде вуҷуд дошт. Яке аз маъбаҳои машҳури он дар шаҳри Тоиф дар 100 километрии Макка воқеъ гашта, он аз харсанги сафеди чоркунҷа иборат буд. Мардуми қабилаи сақифи араб болои онро бо матоъ пӯшонида буданд. Арабҳо онро бисёр эҳтиром карда, барояш ҳадяҳо меоварданд.
Худои саввум Уззо буд, ки арабҳо онро муқтадир мепиндоштанд ва ба Афродитаи юнониён шабоҳати зиёд дошт. Ин бутро қурайшиён мепарастиданд ва мутаваккили он қабилаи Бани Шайба буд.
Вале бути асосии қурайшиён дар Макка буд ва Ҳубал ном дошт. Он дар шакли инсони дасти росташ шикаста миёни санамҳои Каъба қомат афрохта буд. Қурайшиён дасти шикастаи ӯро дуруст карданд. Ҳубалро Хузайба ибни Мудрик бори нахуст дар Каъба ҷой додааст, аз ин рӯ онро Ҳубали Хузайба мегуфтанд. Дар атрофи Ҳубал дигар санамҳо аз қабили Маноф, Зулхаласа (худои ҷанг), Саъд (худои бахту иқбол), Нуҳм, Суайр ва … қомат афрохта буданд.
Аз нуктаҳои дар боло зикрёфта маълум мегардад, ки дар Арабистон пеш аз ислом динҳои гуногуни амал мекарданд, вале таназзули сохти қабилавиву авлодӣ, ба вуҷуд омадани моликияти хусусӣ, пайдоиши унсурҳои ҳокимияти давлатӣ ва як қатор шароитҳои тозаи иҷтимоиву иқтисодӣ созмон додани давлати ягонаи арабҳоро тақозо мекарданд. Ин масоил дар навбати худ талаб мекард, ки ба динҳои бисёрхудоӣ хотима дода шавад ва барои муттаҳид кардани тамоми арабҳо аз миён бурдани зиддиятҳои гурӯҳӣ ва ҷангу ҷидолҳои авлодӣ як дини умумии яккахудоӣ ба вуҷуд оварда шавад, то ихтилофҳои дохилӣ аз миён бардошта шавад ва баробарии ҳамаи арбаҳо таъмин гардад. Зеро минтақаҳо ва вилоятҳои зисти қабилаҳои арабро дину эътиқодоти мухталиф аз ҳам ҷудо месохтанд. Гуногунии ақидаҳои диниву мазҳабӣ боиси ҷудоӣ ва парокандагии сиёсии қабилаҳои араб мегашт. Ҷамъияти он замони аъроб барои муттаҳид кардани тамоми арабҳо ба як дини ягонаи яккахудоӣ ниёз доштанд. Чунин дини муттаҳидсоз ислом буд, ки дар ибтидои асри VII дар Макка пайдо гардид. Он мардумро ба парастиши Худои ягона-Аллоҳ даъват кард, ки дар ин даъват идеяи иттиҳоду муттаҳид намудани арабҳо ниҳон буд. Пайдоиши ислом дар нимҷазираи Арабистон зарурати ногузири таърихӣ буд. Ислом ҳамаро баробар дониста, мардумро ба сарфи назар кардан аз даҳҳо бутҳову худоҳои бисёр ва ба парстиши Худои ягона даъват намуд. Ин даъват, ки воқеъан як даъвати паёмбарона буд,ки тавонист дини исломро Муҳаммад (с) бо ихлоси комил ва роҳнамудоти Илоҳӣ бо тамоми ҳастияшон анҷом доданд.Дар натиҷа ҳама он Худоҳои бофтаву сохтаро канор гузоштанд ва ба ин дин гаравиданд,ки мояи хушбахтияшон дар дунё ва охират гардид. Дар оянда ҳатман дар ин мавзуъ, яъне зуҳури ислом ва ҷонгудозиҳои паёмбар Муҳаммад (с) дар интишори ин дини поку муназзаҳи исломи азиз мақолоти ҷолибу хондариро барои хонандаи закиву нуктасанҷ пешкаш хоҳем кард…

Share This Article