Досияи сиёҳи боз як мақомдор, Обид Шаропови Исфарагӣ

Ин “мусичаи бегуноҳ” танҳо ба хотири қасосгирӣ ба тамоми вуҷудаш кӯшиш кардааст, ки Хайрулло Мирсаидов ба солиёни дароз пушти панҷараи зиндон шавад. Ин амали разилонаро тарзе ба иҷро расонидааст, ки бозӣ аз назарҳо дур мондааст.

Тули чанд соли охир аст, ки мардуми шарифи Исфара ба хотири диндории худ аз ҷониби ҳукумати худкома ва навкаронаш тазйиқу шиканҷа мешаванд. Дар ин чанд соли охир чӣ балоҳое ба сари ин мардуми фарҳангдӯсту диндори Исфара наомадааст, худашон медонанду Худо. Садҳо зулму истибдодҳо ба хотири тарси зулм болои зулм зам нашудан, ҳамчу сири ногуфтанӣ дар қаъри қалбҳо боқӣ мондааст.

 

Нафарҳое ҳам дар ин диёри бостонӣ ёфт мешаванд, ки маҳз барои обрӯи чандлаҳзаина ва ба мақому мансаб расидан, даҳҳо ҷавонони бегуноҳро бо тӯҳматҳои сохтаву бофта пушти панҷараи зиндон кардаанд.

 

Ингуна инсонҳои курдил ба хотири ҳаёти ширини худ зиндагии садҳо нафарро талх мекунанд, ин дунёро барои шахсони беҷурму бегуноҳ ва бепушту паноҳ ба дӯзах табдил медиҳанд, вале ҳамоно аз ҳисоби ин зулму бедодиҳо кабкбирёну оҳукабоб аз гулӯяшон мисли ҳубоб мегузарад.

 

Яке аз ин нафарони сангдилу мустабид Обид Шаропов аст. Баъди расидани як маълумоти ваҳшатнок дар бораи ин шахс, тули ин чанд рӯз, мо барои таҳаққуқи он кор кардем. Бароямон маълум шуд, ки кадом хислатҳои ваҳшатноку бадтарини инсоние набошад, ин шахс дар вуҷуди худ ҷамъ намудааст.

 

Бо вуҷуди он  ки ин таҳқиқоти мо дар бораи Обид Шаропов хому нопурра аст, бароямон муяссар шуд, ошкор намоем, ки на камтар аз 30 нафар бо “мусоидати” ин махлуқ пушти панҷараи зиндон шудаанд. Даҳҳо нафари дигар бошанд, сар ба гурезу ғарибу муҳоҷир гаштаанд.

 

Шаропов Обид Олимович 21 марти соли 1958 дар Ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Собиқаи корӣ дар прокуратура дорад. Чанд муддат раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баъдан раиси суди ноҳияи Айнӣ шуда ҳам кор кардааст.  Бояд қайд кард, ки замоне ба вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуда буд, ҳатто собиқаи кории якрӯза дар мақомоти судӣ надоштааст. Дар умраш ақалан котиби суд шуда кор накарда будааст. Дар вазифаҳои калидии Агентии мубориза бо фасод ва Кумитаи замин низ собиқаи корӣ дорад.

 

Зина ба зина боло ҷаҳиданҳояшро шоҳидони ҳол бештар ба чоплусиву хабаркашияш рабт медиҳанд. Пушту паноҳи ӯ то соли 2009 собиқ вазири корҳои дохилӣ Муҳаммадназар Салихов будааст. Салихов дар ҳама кору бор Обид Шароповро дастгирӣ намуда, дар ивазаш ӯро ҳамчун “буз”- и кордон истифода мекардааст.

 

Аммо ин “бузи кордон” ба соҳибаш вафо накарда, алайҳи ӯ ба душманони соҳибаш ҳам “бузӣ” мекунад. Маҳз бо маълумотҳои Обид Шаропов собиқ вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо дасти Абдурахмон Бузмаков (Аламшозода Абдурахмон), ки он вақт роҳбарии раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ – ро ба уҳда дошт, кушта мешавад. Маълумотҳоро Обид Шаропов  танҳо ба хотири “повышение” дар ихтиёри Бузмаков мегузорад. Бузмаков ҳам қатли Салиховро танҳо ба хотири “повышение” ба иҷро мерасонад. Ҳодисаи чигуна бо дасти Бузмаков ба қатл расидани Салихов ва ҳамчун худкушӣ ба қайд гирифта шудани сабаби марги ӯ мавзӯъи дигар аст, ки дар замони муносиб маълумотҳои заруриро дар ихтиёри хонандагон хоҳем гузошт. Танҳо инҷо гуфтан ба маврид аст, ки корфармои Бузмаков барои қатли Салихов имрӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Худи Бузмаков бошад, аллакай то ба муовинии вазири корҳои дохилӣ ва сардори раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон расидааст. Яъне, ин қотилон бо чанд чоплусону худобехабарон командаи ваҳшатафкану террористии худро созмон дода,  наздик ба 10 сол аст, ки шабу рӯз машғули террори мардуми осоишта будаанд.

 

Салихов Махмадназар, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамон нафарест, ки замони дар вазифа буданаш гуфта буд, на танҳо диндорон, балки ҳатто  “равияи салафия ба амнияти Тоҷикистон ҳеҷ хатаре надоранд”.

 

Инҷо ба мо муяссар нашуд, маълум намоем, ки чигуна Обид Шаропов илова бар муносибати зичаш бо Салихов, бо Рамазон Раҳимзода ва Бузмаков низ робита барқарор кардааст. Чигуна барояш муяссар шудааст, ки дар ду фронт кор кунад ва бидонад, ки ҳатман ин ду қотил, баъди қатли Салихов дер ё зуд ҷои ӯро ишғол мекунанду соҳиби сари Шаропов иваз мешавад?.

 

Танҳо тахмини инҷониб ин аст, ки чун Рамазон Раҳимзода пеш аз ишғоли вазифаи вазири корҳои дохилӣ дар дастгоҳи президент кор мекард, ҳамчунин Салихов низ собиқаи корӣ дар дастгоҳи президентро дошт, маълум мешавад, ки Шаропов низ остонаи Дастгоҳи президентро гоҳ-гоҳ ба гунае мекӯфтааст.

 

Баъди ба курсии вазирии ВКД нишастани Рамазон Раҳимзода, корди Обид Шаропов дар равған мешаваду бо вуҷуди ҳама нобакориҳояш, ба қавле аз об тар нашуда баромадан мегирад. Бузмаков бошад, мисли харгушаки ҷаққон, чолок-чолок ба қуллаҳои баланд зуд- зуд ҷаҳидан мегирад.

 

Бармегардем ба мавзӯъ. Обид Шаропов вақте эҳсос мекунад, касе пишакашро пишт гуфта наметавонаду “крыша”-аш  аз пештара дида ҳамандеша ва хунхортару золим аст, ба тиҷорати чандин тоҷирони муваффақи ноҳияи Исфара, бо тарс додан аз “боло” бидуни ҳеҷ саҳме дар масрафу меҳнат шарик мешавад. Айни ҳол иддае аз ин тоҷирон муфлис гардида, ба Русия сар ба гурез шудаанд, ки ба хотири амнияти онҳо номашонро аз зикр кардан худдорӣ мекунем. Инро ҳам дар мавзӯъи махсус насиб бошад, нақл хоҳем кард.

 

Хабаркашӣ, зулм, қаллобӣ, тиҷоратдуздии Обид Шаропов то ба ҳадде мерасад, ки иддае аз мардуми ба додомада аз паи қасдгирӣ мешаванд.  Ҳамин асно бародари Шаропов, ки бозоркоми шаҳр будааст, тавассути силоҳи оташфишон дар ҷои хобаш ба қатл расонида мешавад.

 

Баъди ин ҳодиса, Обид Шаропов раиси суди ноҳияи Айнӣ таъин мешавад. Муддати 4-5 моҳ дар ин вазифа кор мекунад. Дар ин муддат дарк мекунад, ки косаи сабри касоне, ки ба онҳо зулм кардааст, лабрез шудааст ва аз паи қасосгирӣ миён бастаанд. Эҳтимол, ҳеҷ не дар ағбаи Шаҳристон мазлумон ба ҷарӣ телааш  хоҳанд кард. Бо ин ваҳшатзадагӣ бо ихтиёри худ аз вазифа канор меравад. Дере нагузашта, бо дастгирии “соҳибони сараш” ба идораи Агентии зидди фасод ба кор меояд.

 

Замони дар Агентии зидди фасод кор карданаш, писари акояш Содиқ Ашуров корманди коммисариати ҳарбиро ба қатл мерасонад.  Обиди кордон дарҳол ду шоҳиди қалбакиро бо пул гапзанон карда, ба онҳо замин ваъда мекунад. “Шоҳидон” дар рафти тафтиш алайҳи чор нафар бегуноҳ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамин чор нафар корманди коммиссариати ҳарбиро куштаанд. Аммо  ин ду “шоҳиди қалбакӣ” вақте мебинанд, ки ваъдаҳои Шаропов иҷро намегардад, дар рафти мурофиаи судӣ иқрор мешаванд, ки Обид Шаропов бо бародаронаш ба онҳо фишор овардаанд ва онҳо иҷборан нишондоди бардуруғ додаанд. Суд бошад, барои нишондоди бардурӯғ нисбати ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз мекунад ва ҳарду маҳкум ба зиндон мешаванд. Бар замми ин, он чор нафар бечораи тӯҳматшуда низ пушти панҷараи зиндон мешаванд.

 

Дар ин бора, рӯзноманигори машҳур Хайрулло Мирсаидов дар Хабаргузории Азия плюс пай дар пай чанд мақолаи таҳқиқӣ навиштааст.  Дар натиҷа, Обид Шароповро ночор Фаттоҳ Саидов, раиси ҳамонзамонаи Агентии мубориза алайҳи фасод аз кор меронад. Аммо, дар оянда ин мақолаҳо барои рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов дарди сар мешавад.

 

Хайрулло Мирсаидов, ки баъди он ки аз пораталабкунии корманди ҳукуматӣ барои ҷудо кардани маблағ ба гурӯҳи КВН дар саҳифаи фейсбукияш шикоят менависад, ин қазия сару садоеро ба миён меоварад. Ҳукуматиҳо кӯшиш мекунанд, ба ҳар қиммате, ки бошад аз ин ботлоқ чиркин нашуда бароянд.  Обид Шарипов ба хотири қасосгирӣ фурсатро ғанимат дониста, бо истифода аз он ки дар Агентии зидди фасод кор карда буду таҷриба ва робитаи хуб дошт, қазияи даъвои Хайрулло Мирсаидовро бо мазҳакаҳои сохтаву бофта, сӯи дигар мекашонад. Дар натиҷа, баръакс худи Хайрулло Мирсаидовро бо ҷурми ғайримақсаднок аз худ кардани маблағ боздошт мекунанд. Боздошту мурофиаҳои судии Хайрулло Мирсаидов яке аз пур сару садотарин қазия дар соли 2018 буд, ки ба ҳамгон маълум аст. Аммо дар ҷое номи Обид Шаропов гирифта нашудаст.  Ин “мусичаи бегуноҳ” танҳо ба хотири қасосгирӣ ба тамоми вуҷудаш кӯшиш кардааст, ки Хайрулло Мирсаидов ба солиёни дароз пушти панҷараи зиндон шавад. Ин амали разилонаро тарзе ба иҷро расонидааст, ки бозӣ аз назарҳо дур мондааст.

 

Вақте дар ин бора ба мо як корманди ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба шарти ифшо нашудани номаш маълумот медод, гуфт, ки зишткориҳои Обид Шаропов нисбати Хайрулло Мирсаидов то ба ҳол идома дорад.  Ин манбаъи мо афзуд: “То ба ҳол Шаропов кӯшиш дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дубора боздошт шавад ва ба солиёни дароз зиндонӣ гардад”.

Худи Хайрулло Мирсаидов дар ин бора ба мо гуфт, ки аз кишвар хориҷ шудаасту то аз байн рафтани ин режим ва разилоне мисли Шароповҳо ба Тоҷикистон баргаштанӣ нест.

 

Баъди ронда шуданаш аз идораи Агентии мубориза алайҳи фасод дар вилояти Суғд, Обид Шароповро Раҷаббой Аҳмадзода, феълан раиси вилояти Суғд, ки он вақтҳо раиси шаҳри Хуҷанд буд, ба кор даъват мекунад.

 

Вақте дар шуъбаи танзим корро сар мекунад, туфайли қадами номуборакаш дари садҳо масҷид баста мешаванд. Муддате нагузашта, ҳуқуқшиноси ҳукумат таъин мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода, он замон аксари корҳои ҳуқуқиро дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Обид Шаропов вогузор мекард. Ҳаллу фасли масоили ҳуқуқӣ ва дуздиҳои Раҷаббой Аҳмадзодаро пинҳон намуда, ҳуҷҷатҳоро “қонунӣ” карда мондан, барои Обид Шаропов барин гурги борондидаву аз таги сад дор гурехта, як кори саҳлу содае буд, ки бо маҳорати тамом иҷро мекард.

 

Вақте Раҷаббой Аҳмадзода ба Кумитаи замини ҷумҳурӣ раис таъин мешавад, Обид Шаропови кордон ва пири об лойкуну моҳидорашро бо худ ба Душанбе мебарад. Дар Кумитаи замин ҳам Обид Шаропов ба ҳайси  ҳуқуқшинос фаъолият мекунад. Чун идораи Кумитаи замин ба дасти суғдиҳо мефарояд, ин замон, дар ҳама ноҳияҳои вилояти Суғд заминфурӯшӣ ба авҷи аъло мерасад.

 

Бино ба баъзе маълумотҳо, ки натавонистем таъйид кунем, вақти харидани вазифаи раисии ҳукумати вилояти Суғд, маблағи Раҷаббой Аҳмадзода тақрибан 1млн доллар камӣ мекунад. Ин маблағро Раҷаббой Аҳмадзода аз Обид Шаропов қарз мегирад. Ҳарчанд ин маблағро дар муддати шаш моҳ халос мекунад, вале ин сир тавассути Парвиз Шаропов ном пайванди Обид Шаропов ифшо мегардад.

 

Парвиз Шаропов дар ин бора ҳангоми сархушӣ ба дӯстонаш қисса мекунад, ки гӯё Раҷаббой Аҳмадзода бо пули Обид Шаропов ба курсии раисии ҳукумати вилояти Суғд такя задааст. Шахсе, ки дар ин ҳангом ҳамроҳи Парвиз Шаропов будааст, ин қиссаро ба мо фиристод. Аммо, бояд гуфт, ки мастиву сархушӣ, ки як намуди ҷунунист, намешавад нақли мастро ба ҳайси далел қабул кард ва ин танҳо гумон боқӣ мемонад. Вале, аз ҷониби дигар нигарем, агар ин накл ҳақиқат дошта бошад, вақте Раҷаббой Аҳмадзода, дар муддати 6 моҳ 1 млн доллар бо навкараш муомила карда бошад, худ қазоват кунед, ки талаву тороҷи моликияти давлатӣ дар кадом сатҳ аст.

 

Ин навиштаҳо қатрае аз дарёи ҷиноятҳои Обид Шаропов аст ва дониста шуд, ки дар қисми асосии ҷиноятҳо ӯ танҳо як навкари кориҷрокун асту халос.

 

Ҳангоми навиштани ҳамин матлаб бароямон маълум шуд, ки ҳама “чиновникҳо”-и ҳукумати Тоҷикистон аз як реша об мехуранд ва идора мешаванд. Барои дар курсӣ боқӣ мондану хуни мардумро макидан, онҳо ба ҳама разолату ваҳшигарӣ омодаанд.  

Ҳар ки ва ҳарчие, ки тахдид ба бақои курсияшон дониста мешавад, ба ҳар қиммате, ки бошад, ӯро аз сари роҳашон дур мекунанд.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

ДУШМАНОНИ ХОНАИ ХУДО ДАР МАСЧО

Ба номи Худои Бахшояндаи меҳрубон. وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَا…