Досияи сиёҳи Хони Суғд Раҷаббой Аҳмадзода №3

Ислоҳ нет

 

(бахши севвум)

 

Хонанда ва бинандаи арҷманди “ Isloh.net”, тибқи ваъда инак қисмати саввум аз досйеи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, мулаққаб ба Қофлонбойро ҳам бароятон омода ва пешкаш намудем. Ин матлаб аз сӯҳбат ва маълумоти ироадодаи як нафар аз кормандони бособиқаи давлатӣ дар вилоят, ки айни замон бознишаста шудааст, таҳия шудааст. Мо мутмаин ҳастем, ки ин нафар на ҳама ончиро,ки медонист, гуфт. Ӯ ваъда кард, ки дар ояндаи наздик маълумоти зиёдеро аз бизнесҳои пинҳонии Аҳмадзода, занҳову маъшуқаҳои ӯ ва фарзандони ӯ аз оилаи дуввумаш,ки гуфта мешавад имсол дар кадоме аз ноҳияҳо вакил ҳам интихобаш кардааст ва низ аз корҳои пуштипардагии шарику мушовири ҳамешагии ӯ Самадова Биволида ба мо мерасонад. Алҳол ончиро, ки дар даст дорем ба мутолиаи шумо вомегузорам.

 

….Дар шаҳри Панҷкент дар мавзеи Қайнар барои Раҳмонов як қароргоҳ-резиденсия сохтанд. Ин қароргоҳ шояд яке аз гаронарзиштарин қароргоҳҳои Раҳмонов бошад. Инҷо қаблан осоишгоҳ будааст. Ҳар боре Панҷакент равад онҷо рафта дам мегирад. Барои истироҳати як шабааш қароргоҳ месозанд. Дар чандин навоҳӣ ва шаҳри вилояти Суғд барои ӯ қароргоҳ сохтагианд. Як зане, ки гуфта мешавад аз шиносҳои наздики Раҷаббой Аҳмадзода аст (мегӯянд,ки ҳамкурсаш аст) барои пардаи тирезаи яке аз утоқҳои ин бино 17.000 сомонӣ гирифтааст. Агарчанде шӯъбаи молияи шаҳр аз дигар сохтмончиҳои ин бино қарздор аст, аммо Аҳмадзода супориши қатъӣ додааст, ки аввал пули он занро бидиҳанд. Танҳо барои 1 номераи ин қароргоҳ, ки гуфта мешавад утоқи истироҳати Раҳмонов мебошад, ба маблағи 17 000 сомонӣ парда харидааст. Акнун тасаввур кунед, ки барои тамоми бино, ки даҳҳо номера дорад, чи қадар маблағи бюҷетӣ харҷ шудааст. Агар резиденсияи шаҳри Кӯлобро Қофлонбой бо 2.000.000 доллар сохта бошад, ки дар назди резиденсияи мӯҳташами Панҷакент, хеле кӯчак метобад, арзиши резиденсияи ин шаҳр чи қадар бошад?

 

Дар ҳоле,ки имрӯзҳо барои табибону парасторон ва ҳатто бемористонҳо мардум пул ҷамъ карда сару либоси муҳофизатӣ ва ниқобу доруворӣ ва дигар лавозими табобатӣ харидорӣ карданд. На дар Хуҷанд ва на дар Бохтар ва на дар Хоруғ лаборатория, ки COVID-19-ро ташхис бидиҳад, мавҷуд нест. Дар бемористонҳо ҳам маълум шуд, ки дастгоҳи нафаскашӣ ва ё ИВЛ тухми анқо асту Раҳмонов дасти гадоӣ ва тамаъ ба сӯи ҳамсояҳо ва дигар кишварҳову созмонҳо дароз кардааст. Ин хулқу хӯй ва одати гадоӣ аз номи давлат ва миллат кай тамом мешавад? Моро ба ин ҳолат расониданд. Тоҷикистони моро ба ҳамин ҳол оварда расониданд. Наход як давлат, ки ҳамарӯза талқин мекунад, “биҳишти рӯи замин аст”-у шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред дар бюҷеташ ҳеҷ чи набошад, то имрӯз ба мардуми худаш дар ин шабурӯзҳои вазнин кӯмак кунад. Давлатҳои қашшоқтарини офриқоӣ ин тавр нестанд ва кори инҳоро накардаанду намекунанд. Суратҳисоб кушода аз мардум пул талаб карда истодааст давлат ва вазорати хориҷӣ нашармида ба мардуму давлатҳои дунё дасти дарвешӣ дароз мекунад. Ба болои ин ҳама мудирони мактаб ва раиси маҳалла хона ба хона гашта гадоӣ карда истодаанд. Охирон маблағҳои мардумро гирифта истодаанд. Чун онҷо деҳа аст ва деҳа вижагиҳои худро дорад. Рафту агар надодед ва дар ҳақиқат ҳам имконият надошта бошед, пас шумо ҳеҷ чи, касе нестед.Маҷбурӣ несту вале дар байни мардум як рӯз ногузашта дар тамоми ҷо гап мекунанд, ки ана фалонӣ ҳатто 20 сомонӣ ё 50 сомонӣ ёфта додан натавонист.

 

Махсус шахсони шаттоҳу берӯро барои ин корҳо мутасаддӣ мекунанд. Онҳо беҳаёву шаттоҳӣ карда охирон пули мардумро гиранд. Ин ҳамаро набояд дигар тоқат кард, мумкин нест, бас аст. Акнун мардуми мо бояд ягон чора бубинанд. Барои баргузории танҳо як ҷашни Наврӯзи имсола, ки боз ҳам Қофлонбой спонсорӣ кард, даҳҳо миллион аз бюҷети мамлакат масраф карданд. Агар Раҳмонов барои халқ фикр мекард, ҷойи харҷи ин ҳама маблағ барои сохтмони қароргоҳҳои фаровонаш,ки тақрибан дар ҳама навоҳии кишвар мавҷуданд, маблағҳои бюҷети давлатиро ба соҳаи тандурустӣ ва ё барои бунёди коргоҳҳо масраф мекард. Аммо ӯ майишат ва айшу айёшии худашро дар ҷойи аввал гузоштааст. Рости гап ба одам алам мекунад.

 

Дар бораи резиденсияи Раҳмонов дар Панҷакент гап зиёд аст. Барои мисол танҳо барои харидории ҷиҳози сантехникӣ ва насбу васли онҳо 3 миллион сомонӣ аз бюҷети ноҳия ва албатта бо супориш ва мусоидати Аҳмадзода “списат” карданд. Ҷолиб инҷост, ки вақте гурӯҳе аз сохтмончиҳо аз шӯъбаи молия хароҷот ва маоши худро талаб мекунад молия “протсент” талаб мекунад. Яъне то як маблағи муайянро аз нӯги он насупоред, пулатонро гирифта наметавонед. То чандин муддат баҳона карда пулҳояшонро надода буданд. Аммо сохтмончиҳои наздик ба раиси вилоят, ки дар ин қароргоҳ як қисме аз корҳоро иҷро кардаанд, дар қадами аввал ва бемалол маблағашонро гирифтаанд.

 

Ман шахсан дар ҷараёни корҳои омодагии сафарҳои Раҳмонов ба вилояти Суғд ва навоҳии он чанд бор ширкат кардаам. Он чизе, ки худ шоҳиди он ҳастамро бароятон мегӯям. Фикр мекунед, ки чаро дар расми пешвозгирии Раҳмонов ва ҷашнҳои бо иштироки ӯ духтарҳо зиёданд. Гӯё ин супориши бевоситаи худи Раҳмонов будааст. Ҳатто раиси пешини вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ин гапро гуфта ва таъкид мекард, ки духтарҳои хушрӯро дар қатори пеш саф кашонанд ва дар вақти рақс ҳам духтарҳо бештар ҷумбоннад. Чанд духтарҳои ҷавонро ҳатто чанд бор Душанбе ҳам бурда буданд, аммо намедонам барои чӣ?

 

Як минбари чӯбиеро ҳамаамон дар телевизионҳо ҳам мебинем,ки Раҳмонов варақу коғазҳои матни суханрониашро болои он гузошта аз пушти он суханронӣ мекунад. Ҳамон минбар 64 000 сомонӣ нарх дорад. Шояд дар Хатлону бадахшон нархаш дигар бошад. Як усто ҳаст одами раиси вилоят.Ӯ дар ҳар ноҳияе, ки Раҳмонов сафар мекунад меояд ва онро месозад. Нархи он минбарро раиси вилоят гузоштааст. Ноҳия бояд ба ин усто 64.000 сомониро нақд бидиҳад. Албатта маблағи бюҷет ва супориши бевоситаи раиси вилоят аст ва ҳатто 1 рӯз мӯҳлати пардохти маблағро таъхир набояд кард. Ин ҳам дар ҳоле аст ки масолеҳи онро худи ноҳия бояд ба усто дастрас кунад. Ҳар сафари Раҳмонов ба вилоят барои Раҷаббой Аҳмадзода тӯй аст. Ва дар ин тӯй ӯ тӯҳфаву инъомҳои зиёд ба даст меорад. Аммо тӯй гуфтани ман ба ин маъно аст ки аз ин сафарҳо ӯ маблағи зиёд кор мекунад. Аҳмадзода маблағҳои миллиониро дар ин сафарҳо харҷ мекунад. Шоҳиди як ҳодиса будам. Ҳангоми сафари Раҳмонов ба ноҳияи Спитамен аз ҳукумати ноҳияи Спитамен талаб мекунанд, ки фақат барои гулҳои пеши минбари Пешво 200.000 сомонӣ бидиҳанд.

 

Як нафар,ки ҳоло ҳам фаъолият мекунад ҷангҷол карда мегӯяд мо 200,000 сомониро аз куҷо ёбем? Ва,байни ба истилоҳ тарафҳо кашокаш мешавад ва ниҳоят бозору савдо карда ин маблағро то ба 80 000 сомонӣ коҳиш медиҳанд. Гап дар инҷост, ки барои харидорӣ ва таъмини гулҳои минбари Раҳмонов чанд нафар махсус мутасаддӣ карда шудаанд. Ва,маълум,ки аз ҳамин ҳисоб бизнеси худро мечархонанд. Як шиносам нақл кард,ки дар як сафараш ба шаҳри Кӯлоб пеш аз 3000 солагии Ҳисор, ки дар соли 2015 шуда буд, барои гулҳои минбари Раҳмонов 150.000 сомонӣ харҷ кардаанд. Ва, вақте дар Ҳисор маросими 3000 солагӣ ҷашн гирифта мешавад ҳисориҳо мо бояд аз кӯлобиҳо фарқ дошта бошем гуфта ба 300 000 сомонӣ гулҳои тару тозаро аз Голландия ва Тошканд заказ карда меоваранд. Дар ин сафарҳо миллионҳо сомонӣ сарф, балки барбод мешавад. Бар замми харҷу хароҷот барои шахси худи Раҳмонов боз барои “охрана” ва ҳамроҳонаш, ки на камтар аз 100 нафар меоянд, бояд пулу маводди ғизоӣ ва шаробу нӯшобаҳо омода кард.

 

Охранааш се-чор рӯз пештар меояд. Ба тамоми ноҳияҳо “доля” баста мешавад. Хӯрду хурок ва хоби онҳо ҳамааш дар гардани вилоят мешавад. Ин Қофлонбой бисёр ҳам муғамбир аст. Ӯ аз ин ҳисоб барои ҷайби худаш пули калон кор мекунад. Маблағҳои калонро, ки барои Пешво гуфта аз бюҷет сарф мекунад, ҳеҷ кас онро намепурсад,чунки онҷо номи Раҳмонов истодааст. Аммо ҳақиқат ин аст ки аз 100%, 40%-и онро Аҳмадзода бо чанд нафари наздики Раҳмонов байни ҳам тақсим мекунанд. Ба тафтишот ҳам ҳатман як ҳисса мерасад. Ҳамаро харҷи сафари Раҳмонов мегӯянд ва онҳо ҳам орому сокит мешаванд ва ҳамин тавр дар байни “кругҳо”-и худашон миллион-миллиони халқ гум мешавал. Инҷо боз мехоҳам аз як кирдори бисёр ҳам номардона ва ғайриинсонии Раҷаббоой Аҳмадзода бигӯям. Мову шумо огоҳем,ки дар баъзе аз сафарҳои Раҳмонов маъракаи хатнаи ятимҳоро доир мекунанд ва гӯиё Раҳмонов аз ҳисоби худаш онҳоро сару либос ва ҳар гуна бозичаҳо тӯҳфа мекунад. Аммо дар асл ин тавр нест. Раҳмонов як тин ҳам сарф намекунад.

 

Пеш аз омадани Раҳмонов Раҷаббой Аҳмадзода аз наздикони сағираҳои кулл пул-маблағи барои ӯ харҷмешударо меситонад. Одамҳои махсуси Қофлонбой ин маблағҳоро пешакӣ гирифта бурда ба ҳукумати вилоят месупоранд. Баъд аз он маблағ сару либосу пойафзолу ягон тӯҳфа мехаранд. Раҳмонов меояд ба вилоят ва ҳамон пушокҳоро ба сағираҳои кулл аз номи худаш мепӯшонад. Як маротиба аз амак ё тағои як ятими бепадару бемодар маблағро мегиранд. Маблағ 490 сомонӣ. Азбаски номи ин ятим дар рӯихат буд, роҳи бозгашт надоштанд, маҷбур буданд ин миқдори пулро супоранд.

 

Ин одам дар аввал қатъан рад карда мегӯяд бо ин маблағ ман худам рафта ба ҷиянам ду ҷуфт сару тан мехарам. Аммо мақомот ба зӯрӣ аз он одам ин миқдори пулро кашида мегиранд ва ба ҳукумати вилоят месупоранд. Одамҳои Қофлонбой либос мехаранд ва Раҳмонов ҳам онро пӯшонд.

 

Ҳатто як ҳодисаи аз ин риққатовар дар шаҳри Бӯстон рӯй дод. Аз яке аз наздикони як ятими кулл талаб мекунанд,ки пул ёфта биёр, мо сару тан мехарем, худи Ҷаноб яъне Раҳмонов омада ба ӯ мепӯшонад. Ба ӯ мегӯянд,ки шояд ситорааш ба Раҳмонов маъқул шаваду барояш пул ҳам медиҳад. Ва бо ҳамин гуна фиребу найрангҳо ва ба чашми халқ хок пошиданҳо Раҳмоновро як роҳбари сағирапарвар нишон медиҳанд. Дар асл ин тавр нест. Балки аз ҳамон 490 ва ё 500 сомонӣ ҳам мезананд. Ба 150-200 сомонӣ сарулибосҳои арзонтаринро харида боқиашро Раҷаббой Аҳмадзода ва одамҳояш ба кисса мезананд.

 

Яке аз ҳамин гуна одамҳои наздики Раҷаббой Аҳмадзода Самадова Биволида мебошад,ки ҳоло раиси дастгоҳи раиси вилоят мебошад. Ин хонум аз замони дар шаҳри Қайроққум кор кардани Аҳмадзода то ба имрӯз нафари дасти рости ӯ ва мушовири асосиаш аст. Вақте Душанбе ҳам ба мақоми раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ рафт ин хонумро ҳам ҳамроҳаш бурда буд. Аслан ягон масъаларо худи Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой ҳал намекунад. Ҳама ҳамин Биволида ҳал мекунад.Тибқи хабари як манбаъи наздик ба ҳукумати вилоят,Биволида Самадова ҳатто ба утоқи корияш чанд зани ҷодугарро даъват мекунад ва дарро баста соатҳо онҷо чикоре мекунад.Пас аз он мо бо чашмонамон мебинем,ки Раҷаббой Аҳмадзода Биволидаро мекобад ва ин воқеъиятест мо бо чашмонамон мебинему тавба мекунем.Наворҳои сафарҳои Раҳмонов ба вилоятро бинед,онҷо як бева ҳамроҳи Аҳмадзода намудор мешавад,ки ҳамон зан аст.

 

Ҳар боре Раҳмонов ояд дар дасти ӯ як сумка аст, сумкаи занона.ки дарунаш пури доллар аст ва агар ки Раҳмонов ба касе ягон чи доданӣ шуд ӯ аз ҳамон сумка гирифта медиҳад. Нафари дигари Раҷаббой Аҳмадзода ин раиси идораи сохтмони вилояти Суғд мебошад. Ин ду нафар аждаҳорҳои вилояти Суғданд,ки ба гуфти мардум ҷарраси бюҷети вилоятро мебароранд. Ҳамаи ин корҳоро ин нафарон ва зери назорат ва бо ширкату пуштибонии бевоситаи худи раиси вилоят анҷом дода ва ба ҳамин минвол маблағҳои вилоятро обу лой мекунанд. Як раиси ноҳия ҳам гуфт он устое,ки минбари чубӣ месохтааст аз он 64.000 сомонӣ танҳо 2 000 ҳақи устоӣ доштаасту боқимондаи пулро ба худи Раҷаббой Аҳмадзода медодааст.

 

Дар мавриди ҳоҷатхонаи сайёри Раҳмонов манбаъ аз вилояти Суғд навишт,ки он 25,000 ҳазор доллар қиммат доштааст. Ҳар куҷое сафар кунад ва дар ифтитоҳи ҳар бино ва иншооте,ки иштирок бояд кунад,он ҳоҷатхонаи сайёрро як рӯз пеш мебаранд. Он ҳоҷатхонаро ду муҳофиз нигаҳбонӣ мекунанд ва як нафари дигар махсус дар тозагии он сафарбар карда шудааст. Дар мавриди ин ҳоҷатхонаи сайёр ҳатман барномае тақдиматон мекунем.

 

То онҷое,ки маълумот дорам Аҳмадзода курсии раисии вилоятро бар ивази 5 миллион доллар харидагӣ аст. Бисёриҳо дар вилоят инро медонанд. Барои ӯ Асадулло Раҳмон, ёрдамчии Президент дар масъалаи кадрҳо ёрдам расонидагӣ аст, ки вазифаи раисӣ дар вилоятро соҳиб шавад. Аммо 2миллион доллари ин маблағи пора пули раиси кони тиллои “Апреловка” аст. “Апрелевка” ширкати муштараки Тоҷикистону Канада аст ва дар мавзеи Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд тилло истихроҷ мекунад. Бахтиёр Маҷидов раиси корхонаи тилло ҳамкурси худи Аҳмадзода аст. Аҳмадзода пулро дода вазифаро мегирад вале бо гузашти чандин вақт пули раиси корхонаи тиллоро барнамегардонад. Баргардонида натавонист ва ё нахост диҳад ва ё “кидат” кард, ин тарафаш ба мо рӯшан нест. Аммо раиси корхонаи тилло чун дид, ки гирифта натавониста истодааст, пулаш намерӯяд дар корхона “забастовка” ташкил кард. Пули маоши чандинмоҳаи онҳоро пардохт накард ва гӯиё онҳо ҳам ба нишони эътироз тазоҳурот ва корпартоӣ карданд. Ин ҳодиса моҳи феврали соли гузашта рух дод. Маҷидов хост бо ин роҳ раиси вилоятро тарсонад, то Қофлонбой маблағҳояшро диҳад. Кори онҳо ниҳоят ба чӣ анҷомид,номаълум аст.

 

Дар ҳоли ҳозир тамоми фикру хиёли Раҷаббой Аҳмадзода ба он банд аст ки чи гуна курсии сарвазириро ба даст оварад. То ҷойе шунидам, дар ҷашни Наврӯзи имсола ӯ барои Рустам ду аспи яке зоти аҳалтегинии Туркманистон ва як аспи англисиро ба қимати 1.5.00000 доллар харида ва тӯҳфа кардааст. Ва барои сохти саҳнаи Наврӯз ҳам аз хориҷа мутахассисонро бо маблағҳои калон овардааст,ки ба Раҳмонов нишон диҳад, ки ӯ чи қадар кордон ва содиқ аст. Хуб, бубинем, ки то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳам вақт кам монд. Қофлонбой-аждаҳои вилояти Суғд бо ин ҳама дуздиву ғорату ришваву фасод Сарвазир хоҳад шуд ва ё сокини зиндон мешавад….

 

Поёни қисмати севвум,қисмати чорумро ҳам хонандагони гиромӣ интизор бошед. Агар маълумотҳое дар мавриди Раҷаббой Аҳмадзода доред ва дар онҳо характери ҷиноятӣ дида шавад,онро ба ” isloh.net ” ирсол намоед. Умедворем мардуми шариф ва ғаюри Суғд ҳазорҳо ҷиноятҳои дигари ӯро мефиристанд ва аз чанголи ин коррупсионер раҳо меёбанд.

Идома дорад….

 

Share This Article